Научная статья на тему 'Sanai Ghaznavi's moral-ethical views'

Sanai Ghaznavi's moral-ethical views Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
111
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САНАИ ГАЗНАВИ / МЫСЛИ О НРАВСТВЕННОСТИ / МИСТИЧЕСКИЕ МАСНАВИ / ЭТИЧЕСКИЕ ВОЗЗРЕНИЯ / ПОЭЗИЯ / SANAI GHAZNAVI / THOUGHT ON MORALITY / MYSTICAL MASNAVI / ETHICAL OUTLOOK / САНОИИ ҒАЗНАВӣ / АНДЕШАҳОИ АХЛОқӣ / МАСНАВИҳОИ ИРФОНӣ / ТАЪЛИМОТИ АХЛОқӣ / ШЕЪР

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Гафарова Умеда Абдуллоевна

Статья посвящена рассмотрению нравственно-этических воззрений Санаи Газнави в его мистических поэтических произведениях. Автор статьи анализирует на основе иллюстрации поэтических отрывков поэта его нравственно-этические мысли относительно таких добродетелей, как стремление к знанию, разуму и добру. Отмечается, что в поэзии Санаи, наряду с воспеванием обучения, разума и добра, особое внимание уделялось и использованию достижений науки и человеческого интеллекта в повседневногй жизни, при этом данная этическая доктрина приветствовалась во все времена. Автор приходит к выводу, что Санаи с интерпретацией моральных явлений человека призывает все человеческие общества к нравственному совершенству и к развитию интеллекта.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Нравственно-этические мысли Санаи Газнави

The article under consideration dwells on Sanai Ghaznavi's moral-ethical views in his mystical poetic productions. Designing on the premise of poetic fragments illustration of the poet, the author of the article analyzes his moral-ethical views concerned with such willingness as aspiration to intelligence, knowledge and kindness. It is underscored that in Sanai's poetry alongside with chanting tuition, intelligence and kindness, particular attention is paid to the usage of achievement of science and humanitarian intellect at the arena of global affairs, this ethical doctrine has been greeted all over the world. In a nutshell, the author of the article comes to the conclusion that Sanai with the interpretation of moral phenomenon of a human-being invokes all the humanitarian society to development of intellect and moral sophistication.

Текст научной работы на тему «Sanai Ghaznavi's moral-ethical views»

Ю.ОО.ОО.ИЛМ^ОИ ФИЛОЛОГИ Ю.ОО.ОО.ФИЛОЛОГИЧЕСКИЕ НАУКИ lO.OO.OO.PHILOLOGICAL SCIENCES

10.01.03.АДАБИЁТИ МАРДУМИ КИШВАРХ,ОИ ХОРИ^И 10.01.03.ЛИТЕРАТУРА НАРОДОВ СТРАН ЗАРУБЕЖЬЯ 10.01.03.LITERATURE OF FOREIGN COUNTRIES PEOPLES

УДК 8 Т. ББК 83,3Т

АФКОРИ АХЛОКИ Fаффорова Умеда Абдуллоевна д. и.ф., директори

ВА ТАРБИЯВИИ Институти илмй-тащицотии улуми цомеашиносии

САНОИИ МДТ "ДДХ ба номи академик БТафуров "

FАЗНАВИ (Тоцикистон, Хуцанд)

НРАВСТВЕННО-ЭТИЧЕСКИЕ МЫСЛИ САНАИ ГАЗНАВИ

Гафорова Умеда Абдуллоевна д.ф.н., директор Научно-исследовательского Института гуманитарных наук ГОУ "ХГУимени акад. Б.Гафурова", (Таджикистан, Худжанд)

SANAI Gaforova Umeda Abdulloevna, Dr. of Philology, director of

GHAZNAWS the scientific-research Institute of humanitarian sciences

MORAL-ETHICAL under the SEI "KS U named after academician B. Gafurov

VIEWS (Tajikistan, Khujand) E-mail: umedagafaril @mail.ru

Вожщои калиди: Саноии Fазнавй, андешауои ахлоцй, маснавщои ирфоМ, таълимоти ахлоцй, шеър

Мацола ба баррасии андешацои ахлоцй ва тарбиявии Саноии Fазнавй дар маснавщои ирфонии у бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси тащици муутавои намунацои мунтахаб аз осори манзуми ирфонй андешщои ахлоцй ва тарбиявии шоирро роцеъ ба беутарин фазилатуои неки инсонй, илму дониш ва ацлу хирад мавриди тащиц царор додааст. Тазаккур рафтааст, ки дар ашъори ин суханвар дар баробари талцини тарбия ва омузишу парвариш, кор фармудани илму ацл дар умури дунёй шаруу тафсир шудаанд, ки ин таълимоти ахлоцй дар щма давру замон истицбол меёфт. Муаллиф ба ин натица мерасад, ки Саной бо шаруу тафсири мууимтарин падидацои ахлоци инсон тамоми цомеауои инсониро ба суи камолоти маънавй хондааст.

Ключевые слова: Санаи Газнави, мысли о нравственности, мистические маснави,этические воззрения, поэзия

Статья посвящена рассмотрению нравственно-этических воззрений Санаи Газнави в его мистических поэтических произведениях. Автор статьи анализирует на основе иллюстрации поэтических отрывков поэта его нравственно-этические мысли относительно таких добродетелей, как стремление к знанию, разуму и добру. Отмечается, что в поэзии Санаи, наряду с воспеванием обучения, разума и добра, особое внимание уделялось и использованию достижений науки и человеческого интеллекта в повседневногй жизни, при этом данная этическая доктрина приветствовалась во все времена. Автор приходит к выводу, что Санаи с интерпретацией моральных явлений человека призывает все человеческие общества к нравственному совершенству и к развитию интеллекта.

Key words: Sanai Ghaznavi, thought on morality, mystical masnavi, ethical outlook

The article under consideration dwells on Sanai GhaznavVs moral-ethical views in his mystical poetic productions. Designing on the premise of poetic fragments illustration of the poet, the author of the article analyzes his moral-ethical views concerned with such willingness as aspiration to intelligence, knowledge and kindness. It is underscored that in SanaVs poetry alongside with chanting tuition, intelligence and kindness, particular attention is paid to the usage of achievement of science and humanitarian intellect at the arena of global affairs, this ethical doctrine has been greeted all over the world. In a nutshell, the author of the article comes to the conclusion that Sanai with the interpretation

of moral phenomenon of a human-being invokes all the humanitarian society to development of intellect and moral sophistication.

Саноии Fазнавй дар таърихи адабиёти точик ба унвони бунёдгузори шеъри ирфонй эътироф гардидааст. Хдрчанд дар огози фаъолияти эчодй чанбахои мадхии ашъори вай нуфуз доштанд, вале тагйироти рухии дар вучуди вай ба вукуъпайваста, ки дар сарчашмахо ба ривоёте маъруф мансуб дониста мешавад, омил ба нуфузи макомаш дар каламрави адабиёти тасаввуф гардид. Дар натича, таълифи маснавихои бузурги ирфонии "Сайр-ул-ибод ила -л-маод", "Хддикат-ул-хакикат", "Корвони Балх" ва амсоли ин боис ба сахми боризи у дар ташаккули шеъри ирфонй гардиданд.

Таваччух ба аслу чавхари шеъри ирфонии форсу точик равшан мегардонад, ки дар мехвари ин навъ сурудахо асосан шинохти макоми инсони комил ва шеваву роххои расидан ба он карор мегиранд. Ба ин хотир, ба мушохида мерасад, ки мохияти аслии шеъри ирфониро низ ахлоки олии инсонй ба вучуд овардааст. Аз ин лихоз, дар баробари нуфузи афкори ирфонй ва шархи сайру сулуки маънавй дар ашъори Саной афкори ахлокй ва баррасии масоили марбут ба таълиму тарбият аз чойгохи вежае бархурдоранд, ки мурочиат ба намунахое аз анвои мухталифи ашъори шоир муфассири хакикати ин амр хохад буд.

Мусаллам аст, ки яке аз рукнхои барчастаи тасаввуф мавзуи бахси аклу ишк мансуб мешавад. Хдрчанд ахли тасаввуф дар сурудахои хеш аклро инкор ва даст ба суи ишк мебаранду онро дар сайри сулуки маънавй афзалият мебахшанд, аммо дар умум дар чараёни баррасии афкори ахлокй ва аз мавкеи бахси тарбият ба он арч мегузоштанд. Саной дар маснавии "Хддикат-ул-хакика ва шариат-ут-тарикат" аклро чашму паямбариро нури он медонад, ки онхо харгиз аз хамдигар дур нестанд. Аз ин ру, инсонхои ба таъбири мардум боакл ва хирадманд метавонанд дар макоми маънавй ба чое бирасанд ва дар маърифати оламу одам рох ба чоме бубаранд:

Ацл чашму паямбари нур аст,

Он аз ин, ин аз он на бас дур аст(1,111).

Дар мавриди дигар дар идомаи хамин сухан Саной аклро хам худи гавхару хам кон номидааст. Аз ин ру, аклро шоир хам расул, ки паёми андарунии инсониро мерасонад ва хам нигахбони вучуди инсон ба шумор меоварад:

Ацлхам гавхар асту хам кон аст, Х,ам расул асту хам нигахбон аст (1,92).

Аз ин ру, Саной инсонро ба гирди акл гардидан даъват мекунад, чун инсонро акл метавонад комил намояд ва ба макоми барчастаи маънавй расонад. Инсоне, ки ба акл такя мекунад, метавонад агар писар бошад, падар шавад. Ин таъбир пеш аз хама ба маънии комил шудан мавриди истифода карор гирифтааст, зеро акл инсонро вокеан комил ва сохибназар месозад, то рохи хакикии хешро дар зиндагонй пайдо кунад:

Муддате гирди ацл баргардад, Гарчи бошад писар падар гардад (1,106).

Саной аклро зинати инсон ва ороишгари адаби вай унвон мекунад. Гурухе аз инсонхое хастанд, ки бо сарвату молу чох ва насаби хеш ифтихор мекунанд ва асли шукух маърифати зиндагониро дар ин арзишхои ночиз медонанд. Аммо Саной талкин мекунад, ки зинати асосии инсон аклу адаби вай аст, агар у сохиби хамин ду арзиши мухим ва олии инсонй бошад, хама дороии олам, аз чумла насабу шараф барояш насиб гардидааст. Хддафи аслии Саной дар ин маврид талкини такмили аклу фаросат ва сохиби хулки хасана ва адаб гардидани инсонхост, чун адабро точе аз адли илохй номидаанд:

Гар бувад зинаташ зи ацлу адаб, В-арна хам бо бахоим аст насаб (1,181).

Чунонки дар аксари осори фалсафиву ирфонй аклро подшохи салтанати вучуди инсон донистаанд, Саной низ ба шеваи дигар каламрави вучуди инсонро ба шахре мушобех мекунад, ки дар он акл ба хукми дастур ва рахнамо хидмат мекунад ва дил макоми подшохиро дорад. Аз ин ру, андешаи мехварии ахлокии Саной дар он чамъбаст мешавад, ки инсон бояд хамеша аклро дастури зиндагонии хеш шиносад, то ба рохи мурод бирасад, чун акл харгиз хато наандешад ва инсонро ба балову офатхо гирифтор насозад, балки аз онхо нигах дорад.

Х,аст аъзо чу шахру пешаварон,

Акд дастуру дил дар он султон(1,110).

* * *

Акд харгиз хато наадешад, Бо ману ту бало наадешад (1,100.).

Вобаста ба ин, шоир марди окилро хамеша тандурусту солим медонад ва марди нодонро залилу нотавону ниёзманд ба дигарон медонад, чун акл асли чавхари зиндагонии ростини инсонхо бошад, ки дар вучуди инсонхои чохил наметавонад чой бигирад.

Марди оцил хамеша тандор аст, Марди цохил зариру гамхор аст(1,95).

Вобаста ба ин аст, ки Саной инсонро барои дар рохи донишу хирад кушидан даъват намуда, талкин менамояд, ки хамеша барои хирадманд будан бикушад, чун хирад ба таъбири Фирдавсй афсари шахриёрон ва гавхари точдорон аст. Аз ин ру, Саной хам инсонро барои ба хирад кушидан ва аз хавову хавас дурй чустан даъват намуда, хакикати ин амрро талкин мекунад, ки хавову хавас чун атласи гуногунранг инсонро мефиребад:

Бохирад бошу аз хаво бигрез, Ки хаво атласест рангомез (1,112).

Саной низ дар идомаи андешахои хакимонаи Фирдавсй ва дигар бузургони адабиёти мо, ки то замони вай хирадро васфу ситоиш намудаанд, хирадро василаи рахоии инсон аз бадй медонад ва хатто онро хати барот, яъне хати начот ёфтани инсон аз дузах унвон мекунад. Хосили матлаби шоир он аст, ки агар инсон ба хирад такя кунад ва бохирадона амал намояд, метавонад, аз хамаи бадиву зиштихои олам начот ёфта, ба рохи дурусту инсонй ба муроду максади хеш бирасад:

Хирад аз бад туро нацот дихад, Хирад аз дузахат барот дихад (1,104).

Аз ин ру, ба андешаи Саной бехтарин сарвату сармояе, ки инсон чамъоварй мекунад, хамоно хирад аст, чун хирад чон аст ва сурат моя. Бояд инсон ба чизхои абадй, ки яке аз онхо хамин хирад аст ва рамзи човидонагии у ба шумор меравад, таваччухи бештар дошта бошад:

Цамъ карди бар аввалин поя, Хираду цону сурату моя(1,37).

Саной тамоми махсули зиндагониро, ки ба унвони неку бад тавсиф мешаванд, махсули хирад медонад ва албатта ин бехикмат нест, зеро агар инсон хирадманд бошад, метавонад даст ба амалхои матлубу нек занад ва агар баръакс аз донишу хирад махрум бошад, амалу рафтори зишт аз вай сар мезанад. Аз ин чост, ки Саной неку бади дунёро махсули хирад медонад, яъне яке дар мавчуд будани он ва дигаре дар набудани он. Шоир ин маъниро ба сурати хушачини хирмани хирад будани онхо, яъне неку бади дунё тафсир мекунад:

Х,ар чи дар зери чарх неку баданд, Хушачинони хирмани хираданд (1,92).

Ин чо нуктаи дигаре маълум мешавад, ки Саной андешахои ахлокии хешро низ дар колиби таркибхои шоирона баён намуда, каломи хешро пуртаъсир гардонидааст:

Дар идомаи андешахои хеш рочеъ ба хирад Саной макоми илмро болову воло нишон дода, андешахои арзишманди хешро баён медорад. Афроди чомеа ба андешаи Саной аз лихози пайванд ба илм низ аз дарачахои муайян бархурдоранд, зеро касоне хастанд, ки аз руи хусну ихлос ба илм ручуъ кунанд ва нафароне, ки аз руи расидан ба хадафхои муайяни хеш илмро васила карор медиханд. Аз ин ру, Саной таъкид бар он дорад, ки илми мухлис даруни чони уст, чун ба сидку ихлос дар рохи илм кадам гузорад:

Илми мухлис даруни цон бошад, Илми дуруй бар забон бошад(1,90).

Дар баробари ин, инсони беилмро Саной шахси гумрох мешуморад, ки дасти вай аз боиси надоштани илм хамеша дар олам кутох бошад. Аз ин ру, андарзи човидонаи Саной он аст, ки бояд инсон дар пайи касб бошад, то ки дар зиндагонии хеш муваффаку комгор бошаду умрро дар пайи пирузиву расидан ба ормонхои олии инсонй паси сар намуда, дар каламрави рузгор муваффак бошад:

Х,ар киро илм нест, гумрох аст, Дасти у з-он сарой кутох аст (1,114).

Ба назари Саной илм аст, ки инсонро ба даргохи илохй мебарад ва ин чо зимнан як ишорате ба сайри ма;омоти маънавй низ мекунад, ки аз илм шуруъ мешавад ва онро орифон шариат хам номидаанд. Аммо чавхари андешаи ахло;ии Саной дар чой гирифтааст, ки илм инсонро рахнамо ба суи ха; аст, на ин ки ба суи нафсу чох барад, чун илм хамеша бо чахл дар му;обили хам ;арор доранд. Аз ин лихоз, омухтани илм ё фарогирии таълим дар андешаи Саной чойгохи мухим дорад ва бегумон дар заминаи тал;ини илм афкори таълимии ин суханвари мумтоз мучассам аст:

Илм суи дари илох барад,

На суи молу нафсу цох барад (1,113).

* * *

Сухани ацл чун тамом омад, Илмро дар цахон низом омад (1,113).

Тавсифи илму хирад ва тал;ини таълиму омузиш дар андешахои Саноии Fазнавй аз он дарак медихад, ки дар таълимоти ахло;ии у масъалахои таълиму тарбия ва донишу хирад аз чойгохи махсус бархурдор мебошад. Дар зимни тал;ини фаро гирифтани илм шоир хамеша хостори он аст, ки инсоният бояд тавассути омухтани илму дониш зиндагонии хешро рангину мунаввар гардонида, ба суи ;уллахои мурод сафар намояд, зеро ба андешаи шоир хирад худ як бахри отифат аст, ки сифати аслии рузгор ва хаёти инсонро равшан месозад:

Хирад аз бахри отифат бошад, Хатми умраш бад-ин сифат бошад (1,113).

Пайванди илм ба амал яке аз андешахои бузургест, ки аз ;адим мавриди тал;ини мутафаккирони бузурги адабиёти форсу точик ;арор доштааст. Саноии Fазнавй низ пайваста ин андешаро тал;ин намуда, илмро бо кор судманд медонад. Илми бо кор хамон бо амал пайвастани он махсуб мешавад, ки барои инсоният мухим ба шумор меравад. Агар илм бо амал пайванд набошад, баръакс пеши рохи пешравихои инсониро бигирад ва ба ;авли шоир пойбанди инсон шавад:

Илм бо кор судманд бувад, Илми бе кор пойбанд бувад.

Илму дониш бояд бо хилму мехрубониву хоксорй пайванд дошта бошад. Инсони олим дар баробари доштани чунин фазилатхои ба а;л такякунанда бояд хоксору халим ва мехрубон бошад, то тавассути ин фазилатхояш донишу хирадашро ба дигарон тавдим намояд. Саной инсони дорои илм ва бо хилмро ба санге, ки лаъл шавад, монанд мекунад ва илми бехилмашро ба хоки ку, шамъи бенур, шахди безанбур баробар намуда, нуфуз ва мартабати илму донишро ба пайванди он бо хилм да;и; менамояд,

Илм аз хилм некпай гардад, Санг бе санг лаъл кай гардад? Илми бе хилм хоки кей бувад, Илми бохилм обруй бувад. Илми бе хилм шамъи бенур аст, Харду бо хам чу шахду занбур аст.

Ин чо ба назар мерасад, ки ;абл аз Саъдй Саной олими беамалро ба занбури беасал монанд кардааст, зеро ин суханвар илмро бо хилм шахду занбур номидааст, ки тарзи ифодаи дигари хамон матлаб аст. Дар идома матлабхои хешро дар мавриди пайванди илму амал таъкид мекунад, ки агар илм дошта бошиву аз руи он амал накунй, пас дон, ки ту хар хастй, яъне нафаре, ки аз доираи инсонй берун рафтааст. Илмро ба амал пайваст накардан мисоли он бошад, ки гавхарро ба дигарон дихиву ба чои он кох харй. Аз ин ру, шоир донишро ба ханчар монанд мекунад, ки дар сурати амал кардани он натича хосил мешавад:

Илм дори амал на, дон, ки хари, Бори гавхар барию кох х(в)ари. Донишат хаст, кор бастан ку? Ханхарат хаст, сар шикастан ку?

Дар идомаи андешахои арзишманди таълимии хеш Саной тал;ин менамояд, ки илмро бояд барои илм ва аз руи он амал намудан омухт ва агар илмро танхо барои худнишондихиву булфузулй аз бар намоянд, ин мисоли он аст, ки барои дузд чарог ва натичааш албатта ранчу азияту бадрузй бошад. Аз ин ру, ба фикри Саной бояд илмро барои анчоми амалхои нек истифода кард, на барои хашмату чоху сарватандузй:

Илм, к-аз бахри богу рог бувад, Х,амчу мар дуздро чарог бувад. Илм, к-аз бахри хашмат омузи Хрсилаш ранц дону бадрузи.

Тавре таъкид гардид, илму акл сабабест, ки инсонро мушарраф гардонад. Шоир вобаста ба ин талкин дорад, ки одамй танхо метавонад ба воситаи акл азизи дигарон шавад ва хатто дар чараёни бахсу баррасии масъалаи акл ва ишк гохо аклро созандаву таълимдиханда ва рахнамову сарвари сарварон муаррифй намуда, ишкро дарди подшохсуз ном мебарад, ки ин андешахои Саной аз назари тарбият ва таълим дар хама чомеахо арзиш ва ахамияти махсусеро сохибанд:

Одами шуд ба илму акл азиз,

Набувад пойи мизро тамйиз (1,173).

* * *

Акд мардест хоцагиомуз, Ишк дардест подшохисуз (1,126).

Олимону доноёнро шоир сохибони ду чахон медонад, зеро тавассути илм аст, ки инсон саодати дучахониро пайдо намояд. Инсони нодон бошад дар хама олам хакиру хайрон бошад.

Илмдон кадхудои ду цахон аст,

В-он ки нодон хакиру хайрон аст (1,115).

Ин андешахои судманди Саной чомеаи моро хам барои касби илму дониш ва таваччух ба таълиму тарбият талкин мекунанд.

Дар баробари ин, дар таълимоти ахлокии Саной масоили мубрами тарбияи инсон чойгохи махсус касб намудаанд. Аз чумла, яке аз амалхои шоёне, ки хам дар ахлок ва хам дар ирфон накши мухим дорад, даст задан ба амалхои хайр мебошад. Саной инсонро ба некй кардан даъват намуда, талкин месозад , ки дар сурати анчоми амалхои нек ачри онро дар ин дунё хохй ёфт ва дар рамзи човидонагии номи инсон дар ин чахони омадшуд низ ба андешаи шоир некй кардан аст, ки онро чунин баён дошта:

Гар ту неки куни цазо ёби, Дар цахон цовидон бако ёби (1,249).

Дар баробари некй кардан, адабро Саной яке аз падихахои барчастаи ахлоки инсонй ба шумор меорад, ки тавассути он низ инсон дар зиндагонй маком ва мавкеи хешро пайдо мекунад. Дар холи акс ба инсонхои беадаб мурочиат намуда, Саной таъкид месозад, ки ту аз он чихат беодоб хастй, ки адабро ба тозй мехонй, яъне аз забони бегонагон мехонй, ки ин албатта як навъ сухани танзомез аст. Чун мо медонем, ки аксари олимони замони рузгори шоир илму динро барои худнамой ва дар чомеа мавкеъ пайдо намудан азбар намуда, онро барои манфиатхои хеш ба кор мегирифтанд, ки дар мавриди дигар низ дар ин бора ишорат шуд. Аз ин ру, Саной андарз медихад, ки илмро ончунонки бояд аз бар намо ва аз конуниятхои одоб бахравар шавй, то мавкеи хешро пайдо созй:

Инчунин цилфу беадаб з-они, Ки ту този адаб хамехони (1, 89).

Барои расидан ба хадафхои начиб бахравар гардидан аз сухбати одамони начиб ва донишманд ва дурй чустан аз сухбати афроди бедонишу аблах яке аз рукнхои барчастаи камолоти маънавй ба шумор меравад. Саной сухбати инсонхои аблахро ба мисоли деги тихй медонад, ки баробари дарунхолй будан, зохиран сиёх аст. Вобаста ба ин, шоир талкин менамояд, ки то метавонад инсон бояд аз сухбати чунин инсонхо дурй чуяд ва дар баробари ин аз дустии ин гуна афрод низ пархез кунад, чун дустй бо онон дар рохи дин ва на дар рохи ирфон макбул нест:

Сухбати аблахон чу дег тихист,

Аз дарун холи, аз бурун сияхист (1, 210).

* * *

Дустии аблахон зи таклид аст, На-зрахи дину тавхид аст (1,210).

Баробари ин, Саной дар мавриди дурй чустан аз мухаббати моли дунё низ, ки яке аз рукнхои барчастаи ирфон ба шумор меравад, инсонхоро даъват намуда, одамиро таълим медихад, ки мол дар дасти инсон ба мисоли пил дар киштй аст, ки ба андак лагзиш аз миён

меравад. Аз ин ру, молро дар дил бояд чамъ намуд, ки манзур аз мол дар дил, ки онро шоир об дар киштй донистааст, хамоно тамоми фазилатхои неки инсонй бошад, ки сарчашмаи он хамон дил аст.

Мол бар каф чу пил бар киштист, Мол дар дил чу об дар киштист(1,189).

Ба назари шоир инсони дар фикри пулу молу асбоб ;арордошта мушобех ба одаме хаст, ки дар миёни гирдоб тар; шудааст. Аз ин ру, шоир та;озои онро дорад, ки бояд дар фикри рахо шудан аз миёни ин гирдобхо бошад:

Он ки дар банди молу асбобанд, Хама гарца миёни гирдобанд (1, 226). Насихати бегараз мояи рахнамоии инсон ба суи камолот аст ва ба таъбири Саной ба мисли ;анд аст. Аммо нафароне хам хастанд, ки аз руи гараз насихат мекунанд, ки ба ;авли шоир он ба гунаи пойбанд бувад. Вобаста ба ин,

Бегараз панд хамчу цанд бувад, Богараз панд хамчу пойбанд бувад (1, 224). Дар мачмуъ, таваччух ба мероси манзуми ирфонии Саной ин ха;и;атро ошкор месозад, ки дар ха;и;ат дар ашъори ин суханвар дар баробари тал;ини тарбия ва омузишу парвариш, касби илму дониш, таваччух ба некй кардан ва кор фармудани илму а;л дар умури дунёй тамоми дигар падидахои ахло;и инсонй шарху тафсир шудаанд. Саной бо шарху тафсири мух,имтарин падидахои ахло;и инсон тамоми чомеахои инсониро ба суи камолоти маънавй хондааст. Вобаста ба ин, метавон боитминон изхор дошт, ки Саной дар баробари як нафар шоири ориф будан хакими фарзона ва муаллими тарбият низ эътироф гардидааст, ки нисбати кунияти хаким барои вай сарчашма дар хамин андешахо дорад, ки онхоро метавон имруз низ барои камолоти маънавии чомеа ва чахони муосир ба шоистагй истифода кард.

ПАЙНАВИШТ:

1. Fазнавй, С. Мунтахаби ашъор. Мураттиб, муаллифи пешгуфтор, тавзехоту луготу таркибот Кароматулло Олимов/Саноии Fазнавй. - Душанбе: Адиб, 2011,-480 с.

2. Fазнавй, С. Сайр ул-ибод ил-ал-маод. Бо эхтимоми Хусайн Кухии Кирмонй. Тасхех ва му;аддимаи Саид Нафисй / Хаким Саной - Техрон: Офтоб, 1316 -111 с.

3. Дебрюн. Хакими и;лими иш;. Таъсири мута;обили дин ва адабиёт дар зиндагй ва осори Хаким Саноии Fазнавй.. Тарчумаи Махёри Улвии Му;аддам, Мухаммад Ч,аводи Махдавй. -Машхад: Остони ;удси разавй. 1378.- 576 сах.

4. Кадканй, Ш. Тозиёнахои сулук. На;д ва тахлили чанд ;асида аз Хаким Саной/ Шафеии Кадканй- Техрон: Огох, 1372. -522

5. Саной, Х. Девон. Му;аддима, шархи зиндагй ва шеваи сухани Саной ба ;алами Б. Фурузонфар. Ба эхтимоми Парвизи Бобой/Хаким Саной -Техрон: Нигох, 1379 х., -677 сах.

REFERENCES

1. Gaznavi, S. Selected poems compiler, author of preface, notes, dictionary and phrases, Karomatullo Olimov/ Sanai Gaznavi - Dushanbe: Adib, 2011. - 480 pp.

2. Gaznavi, S. Sair ul-'ibad il-al- ma'ad. Led by Husain Kuhi Kirmani. Editing and preface by Said Nafisi/ Sanai Gaznavi - Tehran: Oftab, 1316-111 p.

3. Debrune. The Lord of the air of love. Inter-influence of religion and literature into the life and creation of Hakim Sanoi Gaznavi. Translated by Mahyori Ulvi Muqaddam, Mohammed Javodi Mahdavi.- Meshhed: Ostoni qudsi razavi.1378.- 576 p.

4. Kadkani, Sh. The matters of "suluk". Review and interpretation of several qasida of Hakim Sanai/ Shafei Kadkani - Tehran: Ogoh,1372. -522 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

5. Sanai, H. The Divan. Preface, description of biography and style of Sanai by B. Furuzonfar. With respect to Parviz Boboi / Sanai Gaznavi - Tehran: Nigoh1379 h., -677 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.