Научная статья на тему '"ЗАФАРНАМЕ" НИЗОМУДДИНА ШАМИ КАК ВАЖНЫЙ ИСТОРИЧЕСКИЙ ИСТОЧНИК ВТОРОЙ ПОЛОВИНЫ XIV - НАЧАЛА XY ВВ'

"ЗАФАРНАМЕ" НИЗОМУДДИНА ШАМИ КАК ВАЖНЫЙ ИСТОРИЧЕСКИЙ ИСТОЧНИК ВТОРОЙ ПОЛОВИНЫ XIV - НАЧАЛА XY ВВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
150
28
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
"ЗАФАРНАМЕ" / ИСТОЧНИК / НИЗОМУДДИН ШАМИ / ИСТОРИЧЕСКИЕ СОБЫТИЯ / ЭМИР ТЕМУР / МАВЕРАННАХР / ХОРАСАН / ПОХОДЫ / КАЗНЬ / ОГРАБЛЕНИЯ / ПОКОРЕНИЕ / ИСТОЧНИКИ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мирзоев Шухрат Джумамуродович

В статье рассматривается «Зафарнаме» Низомуддина Шами как основного источника для изучения исторических событий второй половины XIV и начала XV веков. Также отражены основные причины создания «Зафарнаме», содержание, сущность, стиль его выражения и источники использованные автором. Автор уделяет внимание на кровопролитные походы и оккупации городов ближнего и дальнего зарубежья со стороны Тимура в «Зафарнаме», и приходит к выводу, что находясь на службе у Тимура Низомуддин Шами, откровенно смог написать о самых кровавых его актах. Автор статьи подчеркивает, что «Зафарнаме» Низомуддина Шоми является важным первоисточником для изучения исторических событий второй половины XIV и начала XV веков.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ZAFARNOMA" OF NIZAMUDDIN SHOMI - THE MAIN HISTIRICAL SOURCE OF SECOND HALF OF XIV-BEGINNING OF XV CENTURY

The article considers the "Zafarnoma" by Nizamuddin Shomi as the main source for studying the historical events of the second half of the XIX century and the beginning of the XY century. It also reflects the main reasons for creating «Zafarnoma», the content, essence, style of its expression and sources used by the author. The author pays more attention to the bloodshed of the campaigns and the occupation of the cities of near and far abroad by Timur in «Zafarnoma», and concludes that, being in the service of Temur, Nizamuddin Shami openly was able to write about the most bloody acts of Timur. Due to the fact that Nizamuddin Shomi is a direct witness to some historical events of this period, and gives the first information received at the residence of Timur, he rated «Zafarnoma» as the source. The author of the article emphasizes that the “Zafarnoma” of Nizamuddin Shomi is the primary source for studying the historical events of the second half of the XIV century and the beginning of the XV century in comparison with other sources of this period.

Текст научной работы на тему «"ЗАФАРНАМЕ" НИЗОМУДДИНА ШАМИ КАК ВАЖНЫЙ ИСТОРИЧЕСКИЙ ИСТОЧНИК ВТОРОЙ ПОЛОВИНЫ XIV - НАЧАЛА XY ВВ»

УДК: 9(575.3)

«ЗАФАFHGМА»-И НИЗОМУДДИНИ ШОМЙ МАЪХАЗИ МУ^ИММИ ТАЪРИХИИ HИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIV ВА

ИБТИДGИ АСFИ XV

МИРЗOЕB Ш. Ц., Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Тaъpихнaвиcоне, ки дap нимаи дуюми acpи XIV ва acpи XV yмp ба cap бypдa, хдводиси тaъpихии он дaвpapо ба калам додаанд, хидмати бyзypг ба наслх,ои оянда ба сомон pacонидaaнд. Низомуддини Шомй аз зyмpaи чунин тaъpихнaвиcон аст, ки бо офapидaни acapи «Зaфapномa»-aш дap инъикоси хдводиси замони зикpшyдa сах,ми босазо гузоштааст.

Дap боpaи шapx,и х,оли муаллифи «Зaфapномa»-Низомyддини Шомй маълумоти кам боки мондааст. Масалан, то х,оло соли таваллуд, овони ча-вонй, таълиму тaдpиcи у номаълум мебошад, аммо лах,зах,ои пapокaндaи х,а-ëxH у дap acapaш «Зaфapномa» ва якчанд capчaшмax,ои дигapи тaъpихй, ба монандаи «Зaфapномa»-и Шapофyддин Алии Яздй, «Зайли «Зaфapномa»-и Шомй»-и Х,офизи Абpy ва гaйpax,о инъикос ëфтaaнд.

Зимни омузишу тахдик маълум гapдид, ки Низомуддини Шомй дap Шанаби Fозон, ки дap чанубу гapбии Тaбpез вокеъ буд ба дyнë омадааст. Та-халлуси у «Шомй» ба аз ах,ли Шом будани вай paбт нaдоpaд.

Аз фасли «Зи^и таваччухи aмиpи сохибк^он ба чониби Багдод»-и «Зaфapномa»-и Шомй маълум мегapдaд, ки Низомуддини Шомй хднгоми лaшкapкaшии aмиp Темyp ба Багдод дap соли 1393 дap ин шах£ сукунат дошта, баъд аз гypехтaни султон Ах,мад аз Багдод аввалин шуда ба дидоpбинии Темyp меpaвaд. Дap ин хусус худи у мефapмояд: «Ва дap он вакт ин банда дap Багдод сокин будам ва аввал касе аз суккони он шах£, ки ба бисотбус pacидaнд, ин банда буд»[4, 218]. У то ин вакт дap дapбоpи султон Ах,мад хидмат мекapд.

Низомуддини Шомй соли 1401 аз чониби aмиp Темyp бо максади навиштани тaъpихи салтанаташ даъват мешавад.Вай ин нyктapо дap мукаддимаи «Зaфapномa» чунин бaëн кapдaacт:«Аммо баъд сабаби тax,pиpи ин китоб он аст, ки дap санаи apбaъ ва самонумия (804 х,.к.-1401-1402) бандагии x,aзpaти aмиpи сохибк^он халладаллох,у мулках,у ало мapи замон ба эx,зоpи бандагии камина Низоми Шомй мисол дод ва чун ба шapaфи бисотбус мyфтaхиp гаштам, баъд аз такдими мapоcими навозишу икpом ва тамх,иду вазоифи лутфу инъом дap макоми тapбиятy бaндaпapвapй ишоpaти олй нифоз ëфт, то тaъpихе, ки чихдти он x,aзpaт ва cодиpоти афъоли эшон ба мабдаи зу^и ин давлати абадпайванд илло явмино навиштаанд ва тapтиби камоянбагй ба такдим нapacидa, ин банда ба танкеру тapтиб ва тансику табвиби он машгул гapдaд. Аммо ба шapте, ки аз х,уляи такаллуф ва пиpояи

тасаллуф масуну махрус бошад ва аз шеваи суханрой ва накшперой мухайя ва махфуз монад» [4, 28].

Низомуддини Шомй бо дастури амир Темур ба навиштани таърихи салтанати у машгул шуда, соли 1404 онро ба итмом мерасонад. Аммо «Зафарнома» аз аввалин асархое нест, ки таърихи салтанати амир Темурро инъикос кунад, балки пеш аз Низомуддини Шомй таърихнависони дарбори Темур, аз чумла Гиёсиддин Алй ба ин икдом даст зада буд ва бинобар сабаби он ки асари у ба Темур писанд наомад, ин масъулият ба души Низомуддини Шомй афтод. Дар ин бора суоле пеш меояд, ки чаро Темурланг чихати иншои таърихи салтанаташ махз Низомуддини Шомиро интихоб кард? Дар дарбори у таърихнависони мохир ва шахсони донишманд кам набуданд. Оид ба ин масъала аз чониби Низомуддини Шомй ва дигар муаррихони давраи у ишора нашуда бошад хам, метавон тахмин кард, ки Темур хангоми вохурй бо Низомуддини Шомй дар Багдод дар ду дафъа аз дониш ва истеъдоди суханофарии у вокиф гашт ва ё баъзе мухаккикон, ки Шомиро муаллифи ду асари дигар медонанд, Темур ба онхо ошной пайдо карда, сабки равиши баёни онхо ба у писанд омада буд.

Темурланг чихати таълифи ин асар ба Низомуддини Шомй таъкид менамояд, ки таълифи «Зафарнома» бояд сода, оммафахм ва сазовори таваччухи шахсони донишманд бошад. Низомуддини Шомй тибки фармудаи Темур бо тамоми чидду чахд асарро бо забони форсй ва калимаву иборахои равону содафахм таълиф менамояд. Вале дар он баъзан калимахои бегона ва мушкилфахмро вохурдан мумкин аст. Махз дар хамин росто олими точик. доктори илмхои таърих, профессор Хдмза Камол хеле бамаврид кайд менамояд: «Дар вокеияти амр дар мукоиса ба дигар рисолахое, ки дар ин замина навишта шудаанд, «Зафарнома»-и Шомй бо эътибори содагию равонй ва насри зебо мутамоиз аст. Аммо истифодаи вожахои туркию мугулй гоху гузаре дарки матлабро барои хонанда низ мушкил мекунад»[3,10]. Шояд калимоту ибороти арабй ва туркию мугулй, ки баъзан дарки матлабро дар «Зафарнома» мушкил менамоянд, дар он давра оммафахм буда, бо мурури замон аз забони гуфтугуии форсй-точикй хорич шудаанд, ки имруз барои омма нофахмо мебошанд. Масалан, сунуф, мадоеъ, лочарам (арабй); яйлок, чулко, углон, дукуз, рухут, угрук, тура, ёсок, човангор, баровангор, эл ва гайрахо, ки дар забони муосири точик кариб истифода намешаванд.

Низомуддини Шомй дар таълифи «Зафарнома» тамоми вокеахои сиёсиеро, ки ба Темур рабт доранд ва ё замина ё сабабе барои таъсис ёфтани давлати Темуриён гаштаанд, ба тафсил баён кардааст. Масалан, у дар боби аввали асараш, ки «Огози таърихи мубораки хазрати чахонкушой» номгузорй шудааст, тасвири таърихи давлати Чингизхонро зарур нашуморида, вале аз подшохони ин давлат, хусусан аз шохоне, ки дар улуси Чагатой хукмронй кардаанд, ёдовар мешавад ва сабаби инро чунин баён медорад: «Ва чун мавзуи ин таърих зоти маликсифот ва содироти афъолу акволи ин амири сохибкирон аст ва шачараи давлати у бар чуйбори салтанати чагатой нашъунамо ёфта, боисти ки зикри Чагатой мукаддам будй»[4,30].

Низoмyддини Ш^мй дap ин acap 6a зикри томи TeMyp дap bok^xom cиëcй aз лaxзae oгoз мекутад, ки бинoбap caбaби вучуд нaдoштaни xoкимияти мyтaмapкaз дap улуси Чaгaтoй xoкимoни мaxaлй cap бapoвapдa, мaйли Чyдoихoxй дoштaнд Ba дap ин acTO Темур Ba Хрчй Бapлoc Шaxpиcaбзpo дap тacappyфи худ нигох, мeдoштaнд. Шoмй нooгoxoнa Ba ë aмдaн 6a хoтиpи aмнияти хеш ин шaxppo aз гадим 6a o^o мyтaaллик; мeдoнaд: «...Ba дap ин acнo Шaxpиcaбз, ки тур^н Кеш мeхoнaнд Ba тaвoбeи вaлox,и oн дap тacappyфи aмиpи cox,ибк;иpoн Ba кишвapкyшoи чaxoн aмиp Темури Кypaгoн Ba Хрчии Бapлoc буд Ba aз гадим 6a эшйн тaaллy; дсшт Ba мaмлaкaти Ху^нд дap тacappyфи aмиp Бoязид буд Ba Бaлх Ba бaъзe aз вилoят дap тacappyфи aмиp Xycaйн Ba мaнcaби пaдap мeтaлбид Ba Ултой Бyгoн Сулдузй дap бaъзe вилoят тacappyф нaмyдa Ba Шaпypгoнpo Myxaммaдхoчaи Опapдй гиpифтa буд Ba шox,x,ои Бaдaхшoн дap куxxoи capбapoвapдa Ba Кaйхycpaвy Ултойту дap вилoяти ^aтлoн Ba Apxa^ дaъвoи capBapï кapдa Ba aмиp Хизр мaчмуи яcoвypиëнpo дap тacappyфи худ oвapдa Ba xap киpo aндaкe ;yввaтe буд, дap мa;oми мyхoлифaт capкaшй мeнaмyдaнд»[4,34].

Ma^s aз xaмин нукга xaвoдиcи cиëcии Moвapoyннaxpy Хypocoн дap «Зaфapнoмa» oгoз мeëбaд Ba мyaллиф тaмoми xoдиcaxoи тaъpихии мapбyт бa нимaи дуюми acpи XIV ибтидoи acpи XV дap Moвapoyннaxpy Xypoco^ инчунин дap Хopaзм, Эpoн, CypMBy Иpo;, X,индycтoн Ba дигap шax,px,oвy дaвлaтxoи дypy нaздикpo тo шли 1404 6o caбaбxoяш пaйдapxaм мeнaвиcaд. Хдмчунин, Низoмyддини Шoмй xap як x^^aBy Boraapo 6o фacлxo ЧУДО кapдaacт, ки бapoи хoнaндa фaxмo Ba ocoн мeбoшaд. Macaлaн, «Зи^и oмaдaни пoдшox Туглу; Тeмyp бa вилoяти Moвapoyннaxp»,...«Зикpи лaшкap кaшидaни aмиpи coxиб;иpoн бa тониби Хopaзм, rapara aввaл»...«Зикpи лaшкap кaшидaни aмиpи coxиб;иpoн бa тониби Уpycхoн», «Зикpи тaчдиди вaxшaт миëни aмиpи coxиб;иpoн Ba Юсуф Суфй»,... «Зикpи тaвaччyxи aмиpи coxиб;иpoн бa тониби Бaгдoд» Ba гaйpaxo.

Бeштapи фacлxoe, ки бa aмиp Тeмyp хoc acт, мyaллиф Boraaxopo 6o мaдxy caнoхoнй дap вacфи Тeмyp бa aнчoм pacoнидa, уpo вopиcи xaK^K^ точу тaхт дap шбик; вилoятxoe, ки дap улуси Чaгaтoй бyдaнд, мeдoнaд. Xycyca^ nac aз oн ки Тeмyp дap миëни xoкимoни мaxaллй дacтбoлo гaшт, aмиp Xycaйнpo бa гатл pacoнид Ba шaxpy нoxияxoи Moвapoyннaxppo дap тacappyфи худ дapoвapд, хocт худуди дaвлaти хyдpo вaceъ нaмoяд. Бинoбap ин, ишгoли Хopaзм яке aз xaдaфxoи acocии aмиp Тeмyp гapдидa буд, aммс бapoи ин бaxoнae лoзим буд. Дap ин бopa Низoмyддини Шoмй мегуяд: «Чун aмиpи coxиб;иpoн мaмлaкaтpo aз дacти бeгoнaгoн хaлoc кapд, бap мy;тaзoи «иннa-л-Лoxa яъмypyкyм aн тyaддy-л-aмoнaти rao axлиxo» (бa дypycтй, Хyдo бa шyмo мeфapмoяд, ки aмoнaтxopo бa axли oнxo aдo кунед) caлтaнaти мaмлaкaт бap дyдмoни Чaгaтoй мy;appap фapмyдa, эxëи ;aвoиди эшoн кapд. Myддaти танч coл буд, ки ^т Ba Хeвapo aмиp Xycaйни Суфй 6o тacappyф гиpифтa буд» [4, 107].

Низoмyддини Шoмй дap бeштapи фacлxoи «Зaфapнoмa» 4a^y хyнpeзиxoи aмиp Тeмyppo 6apxa; дoниcтa, o^opo 6o oятxoи ;ypъoнй.

хадисхои пaйгaмбap ва дигap конунхои шapиaти ислом асоснок менамояд ва Темyppо фиpиcтодaи Хак чихати аз байн бypдaни фиску фасоде, ки Tyë аз хад гузашта ва мapдyмpо аз pоxи шapиaти ислом бapкaноp намуда буд, медонад: «Аммо чун фиску фасод ва лачочу инод гиpебони халк гиpaд ва cap аз pоx,и шapиaт бигapдонaд,...то Худои тaолоpо фapомyш кунанд ва фapмони сохиби шapиaт нaбapaнд, хикмати илох,й иктизои он кунад, ки дили подшоxpо ба эшон мyттaфиp гapдонaд ва дap хотиpи мулук илко кунад то эшонpо гушмол дихад» [5,193]. Ва ë дap фасли «Зи^и мyxоpибaи aмиpи cоxибкиpон бо султон Мах,муд волии Дехлй ва зaфap ëфтaн ва фатхи шaxp» мефapмояд: «..^ap асхоби фахм возеху хувайдо, ки кушояндаи фатху зaфap инояти Эзид аст ва намояндаи pоxи саодату икбол paxмaти бегояти Илохй,...аммо бap хасби хадиси pacyл саллалоху алайхи васаллам, ки фapмyд: «Хуффати -л-чаннату би-л-мaкpиxй» (биxиштpо ба коpxои мушкил воpид шудан) маълум мешавад, ки чамоли каъбаи мypод бе тааммули бодияи машаккат мyяccap нашавад» [4,290].

Ё дap «Зи^и бинои шaxpи Байлакон ва xaфpи хандаки он» мегуяд: «... xaзpaти Иззат мефapмояд: «ва хува-л-лазй чаъалакум хaлоифa-л-apзи ва paфъa баъзакум фавка баъзин дapaчотин лияблувакум фимо отокум» (ва У он (Худой) аст, ки шyмоpо чонишини замин сохт ва бaъзеpо болои баъзе ба дapaчaxо баланд кapд, то шyмоpо дap он чи ба шумо додааст, биозмояд). Яъне Боpии таоло шyмоpо хулафои pyйи замин гapдонид ва мapтaбaи баъзе аз баъзе болотap ниход то шyмоpо бдазмояд, ки дap ин давлату pифъaт аз шумо чй cодиp мешавад» [4,438-439].

Дap байни тaъpихнaвиcони acpxои XIV-XV истифодаи поpчaxои назмй дap дохили матн биcëp маъмул буд ва бештapи тaъpихнaвиcон аз ин анъана истифода мекapдaнд. Масалан, дap acapи Fиëcиддин Алй [2], Ибни Аpaбшоx [1] ва дигapон чунин суннат pиоя шудааст. Низомуддини Шомй низ аз ин услуб истифода бypдaacт. Асосан истифодаи поpчaxои назмй хангоми тacвиpи чашнхо, нaбapдxо, мyзaффapиятxои Темyp ва дap танкиди он нaфapоне, ки бо Темyp мухолифат кapдaнд ва душманй вapзидaнд, дap «Зaфapномa» ба нaзap меpacaнд:

Яке чашн кapдaнд бо зебу соз, Ки дap васфи он кисса гapдaд дapоз. Зи симу зapy неъмату хоста, Хама сахни айвон биоpоcтa [4,52].

Низомуддини Шомй гaйp аз он ки нaбapдxои aмиp Темyppо бо душманонаш ба ^cp тacвиp менамояд, дap чойи мувофик онpо ба pиштaи назм низ кашида, мaнзyp медоpaд:

Сapоcap хама дашту caxpовy кух, Зи суми cyтypони лaшкap сутух [4,194].

Ё хангоми тacвиpи ходисаи дигap:

Ба чунбиш дapомaд ду лaшкap чу кух, Аз он чунбиш омад зaминpо сутух [4,294].

Хдрчанд Низомуддини Шомй дар «Зафарнома» боби алохидае дар хусуси сирату сифоти амир Темур нанавиштааст, вале дар «Зафарнома» хангоми тасвири вокеахо ё лашкаркашихои Темур маълум мегардад, ки уро хамчун шохи одил, раъиятпарвар, бахшанда, мехрубон, пуштибони шариати ислом ва мардум ва гайрахо тасвир намудааст. Аз чумла, Низомуддини Шомй дар зикри калъаи Тикрит, ки Темур барои тасхири ин калъа ба он чо расида буд, мефармояд: «Амир Хасан, ки волии калъа буд, бародари кехтари худро берун фиристод ва узри таксироти худ талабида, амон хост. Амири сохибкирон навозиш фармуда, хилъату асп дод ва фармуд, ки хам дар соат боз гард ва «Хасанро гуй то беандеша дар хазрати мо ояд, то ба инояти бедарег ихтисос ёбад» [4,222].

Дар чойи дигари ин асар Низомуддини Шомй горат шудани мусулмононро дар Дизах аз чониби дувист нафар мугул шарх медихад, ки дар ин холат Темурланг гуё худро дар химояи мусулмонон бисёр масъул медонад: «...фармуд (Темур - М.Ш.), ки раият вадоеи хазрати Иззатанд ва фардои киёмат ахволи эшон аз мо хоханд пурсид» [4,222].

Дар баробари мадху санохонихо Низомуддини Шомй аз зикри вахшониятхои Темур худдорй накардааст, балки онхоро бочуръатона, вале зери кабои тавсифи у менигорад. Масалан, дар фасли «Зикри тачдиди вахшат миёни амири сохибкирон ва Юсуф Суфй изхор медорад: «Чун нихоли вучуди Юсуф Суфй ба тундбоди ачал аз пой дарафтод ва кулохи хавову хавас аз сари пиндор биниход, хисорро мусаххар карда, горатиданд. Ва асир гирифта ва он мавзеъро зеру забар гардониданд ва молу маноли бехаду андоза ба даст оварданд» [4,131].

Ё он вахшонияте, ки амир Темур дар Исфахон анчом дод ва аз сари 70 хазор одам манора сохт, Низомуддини Шомй ин ходисаро намунаи рузи растохез баён доштааст: «Он шарирон, ки фасод карда буданд, бигурехтанд ва ахли шахрро арзаи шамшери балиёт гардониданд. Рузи дигар хукм нофиз шуд то хафтод хазор адад сари одамй ба зохири Исфахон чамъ карданд. Намунаи рузи растохез дар он шахр зохир шуд ва хакикат «явна яфирру-л-маръу мин ахихи ва уммихи ва абихи ва сохибатихи ва банихи» (рузе, ки мард бигурезад аз бародари худ; ва аз модараш ва аз падараш; ва аз занаш ва фарзандаш) ошкоро гашт ва фармуд то аз он сархо манорахову гилтудахо сохтанд» [4,167].

Ё ин ки хангоми тасхири калъаи Тикрит Низомуддини Шомй менависад: «Охир лашкар галаба карданд ва душманонро гирифта оварданд. Хукм шуд, ки раиятро аз сипохй чудо карда, барои умарои кушунот бахш карданд. Ва чамоати муфсидону харамиёни эшонро сиёсат карда, сархо чун гуй дар майдон андохтанд ва аз он гилтудахо ва манорахо сохтанд ва фармон шуд то калъа ва хисорро бо дашту х,омун баробар карданд» [4,225].

Низомуддини Шомй аз сабаби он ки вазифадор шуд то асаре аз лашкаркашихои Темур нависад, бинобар ин харфе ба мухолифати у ва дарбориёнаш гуфта наметавонист ва мачбур буд Темурро бо он хама горатгариву хунхориаш тавсиф намояд. Аммо аз чониби дигар у бо тасвири вахшатхои Темур ба хонандаи зирак симои аслии уро нишон додааст.

Албaттa, нaвиштaни чунин як acapи бyзypг дap бaëни xaвoдиcи нимaи дуюми acpи XIV Ba ибтидoи acpи XV бе иcтифoдaи мaнбaъxoи дигap нoмyмкин acт. Аммo дap зикpи xoдиcaвy Bo;eaxo, ки дap ин acap 6aën шyдaaнд, Низoмyддини Шoмй capчaшмaxoи oнxopo, мyтaaccифoнa, дa;ик нишoн нaдoдaacт. Тaнxo дap мy;aддимaи acap мaxз дap ин хycyc ишopa мeнaмoяд: «...кaмapи ичтиxoд 6a миëни тон бacтa, илтизoм кapдaм, ки caвoнexи xoлaт Ba bok^ coдиpoти aйëми ин дaвлaт, ки бoяд мa;pyн бoд. чутончи тo гoяти зoбитoнe, ки xoзиp бyдaнд Ba мyлoзимoнe, ки дap caфapy xaзap вaкoeъ Ba xaвoдиcpo нoзиpи caбт кapдa бoшaнд, либocи ибopaтии пoки бeтaкaллyф пyшoнaд Ba oнpo мypaттaб Ba мaбвyб Ba мyкappapy мyxappap гapдoнaд»[3,28-29].

Maxз 6o тaкя 6a ин ишopaxoи Низoмyддини Шoмй oлими точик X,aмзa Кaмoл чунин хyлoca кapдaacт: «Capчaшмaи иншси «Зaфapнoмa» ин нaвиштaxoи муншии шaхcии Тeмypлaнг, acнoди pacмй Ba гyзopишxoи шифoxии шиpкaткyнaндaгoни лaшкapкaшиxoи у 6yn,aacr» [4, 11].

Дap зимн мeтaвoн нaтичaгиpй кapд, ки Низoмyддини Шoмй дap тaълифи acap aз чунин мaнбaъxo иcтифoдa бypдaacт:

-мyшoxидaxoи шaхcии мyaллиф, ки aз coли 1401 aмиp Тeмyppo дap лaшкapкaшиxoяш xaмpoxй кapдaacт;

-мyкoтибoти pacмй, нaвиштaxoи муншии шaхcии Тeмyp, ки xaмcaфapи у

буд;

-acapxoe, ки пеш aз у ë дap зaмoни у дap ин хycyc нaвиштa шyдaaнд; -таклу гyзopишxoи шифoxии иштиpoкчиëни лaшкapкaшиxoи Тeмyp. Низoмyддини Шoмй тaъpихи 6a кyдpaт pacидaн Ba лaшкapкaшиxoи Тeмyppo тo coли 1404 бaëн мекутад, ки 4^ara oмузиши тaъpихи c^rä. и^и^дй Ba ичтимoии Moвapoyннaxp, Хypocoн Ba Эpoни нимaи дуюми acpn XIV Ba ибтидoи acpи XV xaмчyн мaнбaи гapoнapзиш Ba дacти aввaл шинoхтa шyдaacт. Хдтто бaъзaн мyappихoнe, ки nac aз у 6a нaвиштaни тaъpихи вoкeaxoи тaъpихии acpxoи зикpшyдa, 6a хycyc тaъpихи caлтaнaти Тeмypлaнг мaшгyл шyдaaнд, aз ин мaнбaъ иcтифoдa бypдaaнд. Худи Низoмyддини Шoмй низ xaнгoми тaълифи китoб дap мyкaддимaи oн axaммияти ин acapи хyдpс дapк кapдa, мeнигopaд: «Умед boot; Ba paTO шди; acт, ки фaвoиди ин китоб 6ap pуйи pузгop Ba caxoифи лaйлy нaxop 6ok^ мoнaд. Ba тo чaxoн бoшaд. зи^и oн xaзpaт 6ap caфaxoти pузy шaб мycaббaт гapдaд. Ba чун oвoзaи мyxoбoт Ba зикpи caлoбaти у 6a мaшpикy мaгopиби oлaм pacaд» [4,29].

^йд кapдaн 6a мaвpид acт, ки Низoмyддини Шoмй nac aз 6a итмoм pacoнидaни «Зaфapнoмa», oнpo 6a Тeмypлaнг тaкдим кapдa, итозaт гиpифтa. 6a вaтaни худ Тaбpeз бapгaшт Ba шли 1431 дap oн то вaфoт кapд.

Хдмин тapик, «Зaфapнoмa»-и Низoмиддини Шoмй яке aз мaнбaъxoи acocии дacти aввaл дap нигopиши вoкeaxoи тaъpихии нимaи дуюми acpи XIV Ba ибтидoи acapи XV дap Moвapoyннaxpy Хypocoн Ba дигap кишвapxoe, ки дap тoбeияти caлтaнaти Тeмyp ;apop гиpифтaнд Ba ë Тeмyp 6a oнxo лaшкap кaшидaacт, 6a хишб мepaвaд. Myaллифи «Зaфapнoмa», 6o вучуди oн ки ин acappo 6o cyпopиши aмиp Тeмyp 6a ^cp нaвишт Ba xaнгoми тaълифи oн дap

рикоби Темур карор дошт, горатгариву берахмихои Темурро бо сабку услуби содаву равон ва зери кабои мадху сано баён доштааст. Аз ин ру, «Зафарнома» -и Низомуддини Шомй чихати омузиши ходисахои таърихии нимаи дуюми асри XIV ва ибтидои асри XV дар мукоиса бо дигар сарчашмахои ба ин давра тааллукдошта манбаи асосй ба хисоб меравад.

АДАБИЁТ

1. Ахмад ибни Мухаммад ибни Арабшох. Зиндагии шигифтовари Темур (Ачоибу-л-макдур фи ахбори Темур). Мутарчим Мухаммад Алй Начотй. Баргардонанда ба хати кириллй Ахмадхон Муродзода./Арабшох ибни Мухаммад ибни Ахмад -Душанбе: «ЭР-граф», 2018. - 400 сах.

2. Еиёсиддин Алй. Рузномаи газовати Х,индустон.Петроград.'Типография Императорской Академии наук. 1915.- 231 сах.

3. Камол Х,. Низомуддини Шомй ва «Зафарнома»-и у// Низомуддини Шомй. Зафарнома. Баргардонанда. Ахмадхон Муродзода./Х,.Камол.- Душанбе: «ЭР-Граф», 2019. -488 сах.

4. Низомуддини Шомй.Зафарнома.Баргардонанда Ахмадхон Муродзода./Шомй Низомуддин.-Душанбе: «ЭР-Граф», 2019. - 488 сах.

5. Низомуддини Шомй. Зафарнома. Бо сайъ ва эхтимому тасхехи Филекс Тауэр. Бейрут, 1937. -368 сах.

«ЗАФАРНОМА»-И НИЗОМУДДИНИ ШОМЙ МАЪХАЗИ МУ^ИММИ ТАЪРИХИИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIV ВА ИБТИДОИ АСРИ XY

Дар макола «Зафарнома»-и Низомуддини Шомй хамчун манбаи асосй дар омузиши вокеахои таърихии нимаи дуюми асри XIV ва ибтидои асри XV мавриди тахкику омузиш карор гирифтааст. Сабабхои асосии таълифи «Зафарнома»,мазмуну мохият, сабку услуби баёни он ва манбаъхои истифоданамудаи муаллифи асар дар макола инъикос меёбад. Муаллиф бештар ба лашкаркашиву хунрезихо ва ишголи шахру давлатхои дуру наздик аз чониби Темур дар «Зафарнома» таваччух намуда, ба хулосае омадааст, ки бо вучуди дар рикоби Темур карор доштани Низомуддини Шомй, у тавонистааст хатто хунхортарин амалхои Темурро дар асараш тасвир намояд. Бинобар сабаби он ки Низомуддини Шомй шохиди бевоситаи кисме аз ходисахои таърихии давраи зикршуда мебошад ва аввалин маълумот дар дарбори Темур ба дасти у мерасид, муаллиф «Зафарнома»-ро манбаи дасти аввал арзёбй кардааст.

Муаллифи макола кайд менамояд, ки «Зафарнома»-и Низомуддини Шомй чихати омузиши ходисахои таърихии нимаи дуюми асри XIV ва ибтидои асри XV дар мукоиса бо дигар сарчашмахои ба ин давра тааллукдошта манбаи асосй ба хисоб меравад.

Калидвожах,о: «Зафарнома», сарчашма, Низомуддини Шомй, уодисауои таърихй, амир Темур, Мовароуннаур, Хуросон, лашкаркашй, цатл, горатгарй, тасхир, манобеъ.

«ЗАФАРНАМЕ» НИЗОМУДДИНА ШАМИ КАК ВАЖНЫЙ ИСТОРИЧЕСКИЙ ИСТОЧНИК ВТОРОЙ ПОЛОВИНЫ XIV - НАЧАЛА XY ВВ.

В статье рассматривается «Зафарнаме» Низомуддина Шами как основного источника для изучения исторических событий второй половины XIV и начала XV веков. Также отражены основные причины создания «Зафарнаме», содержание, сущность, стиль его выражения и источники использованные автором. Автор уделяет внимание на кровопролитные походы и оккупации городов ближнего и дальнего зарубежья со стороны Тимура в «Зафарнаме», и приходит к выводу, что находясь на службе у Тимура Низомуддин Шами, откровенно смог написать о самых кровавых его актах. Автор статьи подчеркивает, что «Зафарнаме» Низомуддина Шоми является важным первоисточником для изучения исторических событий второй половины XIV и начала XV веков.

Ключевые слова: «Зафарнаме», источник, Низомуддин Шами, исторические события, эмир Темур, Мавераннахр, Хорасан, походы, казнь, ограбления, покорение, источники.

"ZAFARNOMA" OF NIZAMUDDIN SHOMI - THE MAIN HISTIRICAL SOURCE OF SECOND HALF OF XIV-BEGINNING OF XV CENTURY

The article considers the "Zafarnoma" by Nizamuddin Shomi as the main source for studying the historical events of the second half of the XIX century and the beginning of the XY century. It also reflects the main reasons for creating «Zafarnoma», the content, essence, style of its expression and sources used by the author. The author pays more attention to the bloodshed of the campaigns and the occupation of the cities of near and far abroad by Timur in «Zafarnoma», and concludes that, being in the service of Temur, Nizamuddin Shami openly was able to write about the most bloody acts of Timur. Due to the fact that Nizamuddin Shomi is a direct witness to some historical events of this period, and gives the first information received at the residence of Timur, he rated «Zafarnoma» as the source.

The author of the article emphasizes that the "Zafarnoma" of Nizamuddin Shomi is the primary source for studying the historical events of the second half of the XIV century and the beginning of the XV century in comparison with other sources of this period.

Key words: «Zafarnoma» source, Nizamuddin Shomi, historical events, аmir Temur, Maverannahr, Khorasan, hiking, murder, robbery, delay, source.

Сведения об авторе: Мирзоев Шухрат Джумамуродович-PhD докторант Института истории археологии и этнографии имени А. Дониша Академии наук Республики Таджикистан. Телефон: (+992) 918-19-45-12, E-mail: [email protected].

Informanion about the autor: Mirzoev Shuhrat Jumamurodovich-doctoral student of the Ahmad Donish Institute of history, archeology and ethnography of Academy of Science of the Republic of Tajikistan. Telefon: (+992) 918-19-45-12, E-mail: [email protected].

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.