Научная статья на тему 'ОСВЕЩЕНИЕ ВТОРЖЕНИЯ ТАМЕРЛАНА В ХОРЕЗМ В "ЗАФАРНОМЕ" НИЗАМИДДИНА ШОМИ И "АДЖОЙБУ-Л-МАКДУР ФИ АХБОРИ ТЕМУР" ИБН АРАБШАХА'

ОСВЕЩЕНИЕ ВТОРЖЕНИЯ ТАМЕРЛАНА В ХОРЕЗМ В "ЗАФАРНОМЕ" НИЗАМИДДИНА ШОМИ И "АДЖОЙБУ-Л-МАКДУР ФИ АХБОРИ ТЕМУР" ИБН АРАБШАХА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
93
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПИСЬМЕННЫЕ ИСТОЧНИКИ / "ЗАФАРНАМЕ" / НИЗОМИДДИН ШОМИ / "ЗИНДАГИИ ШИГИФТОВАРИ ТЕМУР" / ТАМЕРЛАНГ / ВОЕННЫЕ / ХОРЕЗМ / РАЗМЫШЛЕНИЯ / СРАВНЕНИЕ / ИССЛЕДОВАНИЯ / ИССЛЕДОВАТЕЛИ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мирзоев Шухрат Джумамуродович

В статье исследуется освещение вторжения Тамерлана в Хорезм в двух письменных источниках «Зафарнома» Низомиддина Шоми и «Зиндагии шигифтовари Темур» Ибн Арабшаха. В своем исследовании автор отмечает, что Тамерлан считал себя преемником государства Чагатая и первоначально воспользуясь сданными городами и провинциями государства Чагатая как удачный повод для вторжения в соседние страны, требовал от амира Хорезма Хусейн Суфи области Кота и Хевы, которые в прошлом относились к улусу Чагатая, но в последние пять лет Хусейн Суфи взял их под свой контроль. После того, как Хусейн Суфи отказался вернуть эти провинции, Тамерлан отправил войска в Хорезм. Кроме того изучая боевые действия Тамерлана в Хорезме в «Зафарноме» Низамиддина Шоми и «Зиндагии шигифтовари Темур» Ибн Арабшаха, автор приходит к выводу, что, хотя Низомиддин Шоми стоял на стороне Тамерлана и больше интересовался им, описание его боевых действий в Хорезме по сравнению с Ибн Арабшахом более полное и близко к истине. Ибн Арабшах мало знал о содержании и сути событий и не зная о годах их начала, полагался на информацию, которая была распространена среди народа. При этом, с одной стороны «Зиндагии шигифтовари Темур» при нападения Тамера не упоминаются, с другой стороны, суть и подробности событий остаются вне поля зрения автора. Однако описание событий в «Зафарноме» Низомиддина Шоми имеет научную значимость и их достоверность в исследованиях ученых заслуживает доверия.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE COVERAGE OF TEMURLANG'S INVASION OF KHOREZM IN"ZAFARNOMA" BY NIZAMIDDIN SHAMI AND "AJOIBU-L-MAQDUR FI AKHBORI TEMUR" BY IBN ARABSHAH

The article examines the coverage of Temurlang's invasion of Khorezm in two first-hand sources - «Zafarnoma» Nizamiddin Shami and Ibn Arabshah's treatise «Zindagii shigiftovari Temur». In his research, the author notes that Tamerlane introduced himself as the successor of the Chaghatai state, initially using the lost cities and provinces of the Chaghatai state as a good excuse to invade neighboring countries. and for the last five years, Hussein Sufi had taken them under his control. After Hussein Sufi refused to return these provinces, he sent troops to Khorezm. Also, while studying the coverage of Temurlang's invasion of Khorezm in Nizamiddin Shami's "Zafarnoma" and Ibn Arabshah's treatise «Zindagii shigiftovari Temur»", the author concludes that although Nizamiddin Shami was in Temur's rivalry, he was more interested in him. to Khorezm in comparison with Ibn Arabshah, which is more complete and close to the truth. Ibn Arabshah did not know much about the content and essence of the events, as well as the year of their origin, and relied on information that was common among the people. In addition, on the one hand, the year of events is not «Zindagii shigiftovari Temur» Life in the three times of Timur's attack, on the other hand, the essence and details of the events are out of sight of the author. However, the description of the events in Nizomiddin Shami's “Zafarnoma” has gained scientific significance and is credible in researchers' research.

Текст научной работы на тему «ОСВЕЩЕНИЕ ВТОРЖЕНИЯ ТАМЕРЛАНА В ХОРЕЗМ В "ЗАФАРНОМЕ" НИЗАМИДДИНА ШОМИ И "АДЖОЙБУ-Л-МАКДУР ФИ АХБОРИ ТЕМУР" ИБН АРАБШАХА»

УДК- 9 (575.3)

ИтИТОСИ ЛАШKАPKАШЩOИ ТEМУPЛАHГ БА

XOFA3M ДАF «ЗАФАFHOМА»-И HИЗOМИДДИHИ

ШOМИ ВА «АЧOИБУ-Л-МАВДУF ФИ АХБOPИ ТEМУF»-И ИБHИ АFАБШO^

МИFЗOEB Ш.Ч., Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Хдводиси таъpихии нимаи дуюми асpи XIV ва ибтидои асpи XV -и Моваpоyннаx,py Хypосон, хусусан ба саpи х,окимият омадани Темypланг даp Моваpоyннаx,p, лашкаpкашиx,ои y ба кишваpx,ои бегона ва дигаp фочиах,ои анчомдодаи y даp манбаъх,ои хаттии таъpихии давpаи зикpшyда ба тавpи васеъ инъикос ёфтааст. Аз чунин манбаъх,ои хаттии дасти аввал, ки даp баpобаpи дигаp х,одисах,ои таъpихии асpx,ои даpназаpдошташyда лашкаpкашиx,ои Темypлангpо бо чузъиётх,ояш ба Хоpазм даp худ тасвиp намудаанд, «Зафаpнома»-и Низомиддини Шомй ва «Ачоибу-л макдyp-фи ахбоpи Темyp»-и Ибни Apабшоx, мебошад.

Кдйд каpдан ба мавpид аст, ки Темypланг соли 1370, баъди ба даст оваpдани Моваpоyннаx,p, кypyлтой доиp намуда, «бо иттифоки yмаpовy нуинон СyюpFOтмишхон»-pо [5, 102] (1370-1388), ки аз насли Чагатой буд, ба подшох,й нишонд ва бо ба занй гиpифтанй x,амсаpи амиp Дусайни мактул, ки дyхтаpи ^азанхони чингизй буд, лакаби «Kypагонй»- (домод)-pо гиpифт. Сипас, y низоъх,ои дохилии кишваppо баpтаpаф каpда, ба забти кишваpx,ои бегона тайёpй дид. Аз pyйи навиштаи Ибни Apабшоx, "Чун мамолики Моваpоyннаx,p аз мухолифони Темyp паpдохта ва оpом шуд ва тавсани pyзгоp саpкашй бигзошта, бад-y pом гашт, баp он шуд, ки ба ки-шваpx,ои дигаp паpдозад ва pиштаи бандагй ба гаpдани озодагон даpандо-зад»[1,49-50].Мувофики ахбоpи Низомиддини Шомй ва Шаpафyддин Алии Яздй пас аз ба низом даpоваpдани авзои сиёсии Моваpоyннаx,p худуди давлати хyдpо <^p дудмони Чагатой мyкаppаp фаpмyда, эх,ёи кавоиди эшон каpд» [5,107: 6,74].

Ба андешаи мо Ибни Apабшоx,, ки даp инъикоси вокеах,ои таъpихй озод буд, сабаби хучуми Темypлангpо ба Хоpазм ба хдкикат наздик тасвиp намудааст. Аммо Низомиддини Шомй, ки зимни таълифи pисолаи худ даp pикоби Темyp каpоp дошт, хднгоми навишти х,учумх,ои Темypланг бештаp кушиш намудааст сабаби мyвофикеpо офаpад, ки амалх,ои манфypи Те-мyppо pyйпyш намояд. Шаpафyддин Алии Яздй низ, ки даp даpбоpи во-pисони Темyp хидмат мекаpд ва зимни таълифи pисолаи худ аз «Зафаpно-ма»-и Низомиддини Шомй истифода бypдааст, ба Темyp бештаp таваччух, дошт. Аз ин py, ба хулосае омадан мумкин аст, ки Темyp ба воситаи Су-юpFOтмишхон хукумат каpда, даp назди худ максад гузошт, ки Хоpазмpо

ба давлати худ xамpоx кунад. Бо ин максад аз амиpи он Хусайн СуФй ви-лоятхои Кот ва Хеваpо, ки пештаp даp улуси ЧаFатой дохил мешyданд ва мyддати панч соли охиp Хусайни Суфй онxоpо даp тасаppyфи худ даpо-ваpда буд, талаб каpд. Баъд аз он ки Хусайни Суфй аз баpгаpдондани ин вилоятхо саpкашй каpд, ин баpои Tемyp бахонаи муносиб афтода, ба Хо-pазм лашкаp кашид.

Хучуми Tемyp ба Хоpазм даp «Зафаpнома»-и Низомиддини Шомй ва «Зиндагии шигифтоваpи Tемyp»-и Ибни Аpабшоx даp чоp мавpид инъикос ёфтааст. Мувофики навиштаи Низомиддини Шомй даp фасли «Зи^и лашкаp кашидани амиpи соxибкиpон ба чониби Хоpазм, каppати аввал» Tемyp (бо сабабхои даp боло зикpшyда) вилояти Котpо ишFOл rap-да, ба чониби Хоpазм xаpакат намуд ва зимни мyбоpизаи xаp ду лашкаp Хусайн Суфй даp калъа вафот каpда, ба чояш Юсуф Суфй5 ба тахт ни-шаст: «Баъд аз он элчиён даp миён таpаддyд каpданд ва бо якдигаp пай-ванди хешй каpда, ваxшатpо ба улфат мубаддал гаpдониданд...» [5, 111]. Аз pyйи хамин манбаъ Tемyp Хонзодаpо, ки аз хонадони Хусайн Суфй буд, ба писаpаш ^x^rap хостгоpй намуда, pобитаи хешyтабоpиpо ба миён оваpад.

Ибни Аpабшоx хучуми Tемyppо ба Хоpазм ба тавpи умумй ва хеле кутох тасвиp намуда, мефаpмояд: «Чун Tемyp бад-он нохият pасид, сохиби он Хусайн Суфй FOиб буд ва Tемyp бад-y даст наёфт. Пас Fоpатy чаповул OFOЗ каpд ва ба кушудани он кодиp наёмад. Он гох, аз тасаppyфи кишваp pyй баpтофта, ба суйи Самаpканд шитофт» [1,50]. Даp саpчашмаxои дига-pи таъpихй, хусусан «Зафаpнома»-и Ш^афуддин Алии Яздй ва «Равзату-с-сафо»-и Mиpхонд ин вокеа ба монанди pисолаи Низомиддини Шомй тасвиp ёфта, тафовути онхо танхо даp такмили матн даp pисолаи Алии Яздй ба назаp меpасад. Аз pyйи навиштаи Низомиддини Шомй ин вокеа даp соли муш [5,108] ва бино ба ахбоpи Алии Яздй ва Mиpхонд баxоpи соли 773, мутобик ба соли муш (1372) сypат гиpифтааст [б,75; 4,1028].

Аз тасвиpи ин вокеа даp саpчашмаxои таъpихй баpмеояд, ки хучуми Tемypланг даp навбати аввал даp «Зафаpнома»-и Низомиддини Шомй ба хакикат наздик тасвиp ёфтааст. Ибни Аpабшоx аз соли ба вукуъ омадан ва pаванди ходиса бехабаp монда, оид ба ин масъала танхо ба тавpи умумй маълумот доштааст.Аз ин py, ба хулосае омадан мумкин аст, ки Tемypланг соли 1372 аввалин маpотиба ба Хоpазм хучум намуда, вилоятхои Кот ва Хеваpо даp тасаppyфи худ даpоваpд.Хангоми наздик шудани y ба Уpганч хокими Хоpазм Хусайн Суфй ногахонй вафот намуда, ба чойи y Юсуф

5Робитаи хешyтабоpии Юсуф Суфй бо Хусайн Суфй даp «Зафаpнома»-и Низомиддини Шомй зик^ нашудааст. Аммо даp pисолаи «Зиндагии шигифтоваpи Tемyp» писаpи Хусайн Суфй (С.б3), даp «Зафаpнома»-и Шаpафyддин Алии Яздй баpодаpи хypдии Хусайн Суфй (Зафаpнома.С.-77) ва даp «Равзату-с-сафо»-и Mиpхонд баpодаpи Хусайн Суфй (Равзату-с-сафо. С.-1027) зи^ шудааст.

Суфй ба тахт нишаст. Темур аз ин фурсат истифода намуда, бо Юсуф Суфй ба тавоффук расиданд, ки дар зимн вилоятхои Кот ва Хева ба хокимияти Темур хамрох карда шуданд. Аммо тавре ки кайд намудем, максади Темур на танхо ишголи вилоятхои Кот ва Хева, балки тамоми Хоразм буд. Бино-бар ин у соли 1374 дубора ба он чо лашкар кашид.

Масоили хучуми дувуми Темурланг ба Хоразм дар сарчашмахои хат-тй зикр шудааст, ки мувофики ахбори Низомиддини Шомй, Шарафуддин Алии Яздй ва Мирхонд сабаби он дар бахори соли 775 (1374) хароб наму-дани вилояти Кот аз чониби Юсуф Суфй мебошад [5,112; 6,78;4, 1029]. Аз руйи ахбори ин манбаъхо Юсуф Суфй аз кардаи худ пушаймон шуда, аз Темур амон талабида, Хондзодаро, ки дар хучуми маротибаи аввал Темур ба писараш Чдхонгир хостгорй карда буд, ба Самарканд равон намуд [5,112]. Аммо вокеахое, ки дар навбати якум ва дуюми хучуми Темурланг ба Хоразм дар рисолахои Низомиддини Шомй, Шарафуддин Алй Яздй ва Мирхонд тасвир ёфтаанд, дар рисолаи Ибни Арабшох дар бори сеюми хучуми Темур ба Хоразм зикр мешаванд, ки тибки ахбори у хангоми бори сеюми лашкаркашии Темур ба Хоразм султони Хоразм вафот карда, ба чойи у писараш Юсуф Суфй ба тахт нишаста, Темур духтаре аз ин хонадон бо номи Хондзодаро ба писараш Чдхонгир хостгорй намуд [1,63]. Ибни Арабшох дар маротибаи дуюми хучуми Темурланг бошад, чунин вокеаро тасвир кардааст: «...бори дигар ба азми тасарруфи Хоразм миён барбаст ва бо сипохе чун дарёи мавчзан бад-он суй хамла бурд. Дар ин бор низ султон гоиб буд. Темур бар он шуд, ки душизаи маликро хутба ку-над»[1,50-51].Мувофики хамин манбаъ яке аз бозаргони Хоразм Хдсани Суринч ба Темур молу сарвати зиёд такдим намуда, ба ин восита мардум-ро аз чанги у халос кард.

Даводиси дар «Зафарнома»-и Низомиддини Шомй, «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздй ва "Равзату-с-сафо"и Мирхонд оид ба масоили хучуми дуюми Темур ба Хоразм то андозае ба хакикат наздикй дорад. Иб-ни Арабшох ба руйдоди вокеахо ва пайдархамии онхо чандон риоя накардааст.Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки соли 1374 Юсуф Суфй бо пайдо намудани тарафдорони худ дар симои Султонмахмуд-писари Кайхусрави Хатлонй,6 Абуисхок-писари Хизри Ясовурй ва Махмудшохи Бухорй, ки аз Темур гурехта, ба Хоразм омада буданд, бо маслихати онхо ба чониби Кот хучум намуд. Аз ин сабаб Темур ба Хоразм дар навбати дуюм хучум кард. Аммо Юсуф, ки тавони мукобилият карданро ба Темур надошт, аз Темур узр пурсида, бо у сулх баст.

Аз руйи навишти Низомиддини Шомй Темур бахори соли 778 (1376) бори сеюм ба Хоразм хучум кард. Аммо хангоми аз вилояти Кот ба вилояти Хос расиданаш дар Самарканд шуриш сар зада, баргашт. Пас аз ин у ба чониби подшохи мугул ^амариддин ва баъдан бо Урусхон лашкар ка-

6Кайхусрави Хатлонй аз чониби Темур ба катл расонида шуда буд.

шид. Юсуф Суфй аз ин фypсат истифода намуда, ба Бyхоpо лашкаp фиpи-стод, вале ба натичае наpасид. Мувофики хамин манбаъ соли 781х.к. (13791380) Темypланг ба Хоpазм лашкаp кашида, онpо муддати се мох мухоси-pа намуд ва даp ин вакт Юсуф Суфй вафот каpда, шахp ба тасаppyфи Те-мyp даpомад: «Чун нихоли вучуди Юсуф Суфй ба тундбоди ачал аз пой даpафтод ва кулохи хавову хавас аз саpи пиндоp биниход, хисоppо мусах-хаp каpда, Fоpатиданд. Ва асиp гиpифта ва он мавзеъpо зеpy забаp гаpдо-ниданд ва молу маноли бехаду андоза ба даст оваpданд» [5,131].

Дучуми Темyp ба Хоpазм даp соли 1376 ва соли 1379 даp «Зафаpно-ма»-и Низомиддини Шомй сеюм маpотиба ва даp «Зафаpнома»-и Алии Яздй ва «Равзату-с-сафо»-и Миpхонд даp бобхои алохида маpотибаи сеюму чахоpyм тасвиp ёфтаанд. Яъне, Ш^афуддин Алии Яздй ва Миp-хонд ин навбатхои хучуми Темyppо вобаста ба солхо чудо каpдаанд, вале даp мухтавои онхо даp мукоиса ба pисолаи Низомиддини Шомй тафовути чиддй дида намешавад.

Дучуми дигаpи Темypланг ба Хоpазм даp «Зафаpнома»-и Шомй маpотибаи чоpyм низ зикp шудааст, ки мувофики он Темypланг аз Са-маpканд ба чониби Хоpазм хучум намуда, амиpи он Сулаймон Суфй фи-pоp каpда, Хоpазм даp тасаppyфи Темyp каpоp мегиpад: «.. .ва чанд pyз даp Хоpазм таваккуф фаpмyда, хукм нофиз шуд, то мачмуи маpдyми шахpy вилоятpо куч каpда, ба Самаpканд pасониданд» [5,171]. Даpчанд соли ин вокеа даp «Зафаpнома» даpч нагашта бошад хам, тасвиpи он баъди хучуми Темypланг ба Хypосон ва ишголи шахpхои Султония, Табpез, Ис-фахон ва Шеpоз сypат гиpифтааст. Даp pисолаи Ибни Apабшох бошад, ин масоил ба соли 773 х.к (1371-72) нисбат дода шудааст: «...он диёppо мyсаххаpи хеш дошт ва сyлтонашpо аз пой даpоваpд ва бyнёдашpо бо хоки pох яксон каpд. Он гох ноибе баp бокимондагон бигмошт ва он чи накдаш мумкин менамуд, баpдошта, ба Самаpканд фиpистод ва худ низ аз дунбол биpафт. Калимаи «азоб» (773 х.к. 1371-72) ба адади думмал таъpихи хаpоби Хоpазм аст» [1,63-64].Тавpе зи^ намуда будем, мувофики ахбоpи дигаp саpчашмахои таъpихй, хусусан «Зафаpнома»-и Низомиддини Шомй, «Зафаpнома»-и Алии Яздй ва «Равзату-с-сафо»-и Миpхонд соли 1372 аввалин хучуми Темypланг ба Хоpазм pyх додааст.

Вокеаи хучуми чоpyми Темypланг ба Хоpазм даp «Зафаpнома»-и Алии Яздй ва «Равзату-с-сафо»-и Миpхонд маpотибаи панчум номгyзоpй шуда, тасвиpи вокеахо даp онхо ба хучуми маpотибаи чоpyми «Зафаpнома»-и Низомиддини Шомй ва аз чихати хачму мазмун нисбатан васеътаp инъикос ёфтаанд. Aгаpчи даp хаp се саpчашма максад як баён шудааст, аммо Алии Яздй соли хучум ва pаванди вокеахоpо бехтаp нишон додааст. Аз pyйи ахбоpи «Зафаpнома»-и Шаpафyддин Алии Яздй ин вокеа даp соли 799 хичpй (1388) pyх дода, шахp хаpоб ва ахолии он ба Самаpканд кучонида шуда, даp чойи шахpи вайpона чав кишт намуданд [6,126-127].

Ба андешаи мо хучуми Tемypланг ба Xоpазм даp соли 1388, ки даp «Зафаpнома»-и Низомиддини Шомй, «Зафаpнома»-и Шаpафyддин Алии Яздй ва «Равзату-с-сафо»-и Mиpхонд зикp шудааст, ба хакикат наздик аст. Хаводиси даp «Зиндагии шигифтоваpи Tемyp» инъикосшуда, бо сабаби зи^и ходиса ба тавpи умумй ва ба соли 1372 нисбат додани он аз чониби муаллиф боиси шубха буда, ба назаpи мо аз хакикат дyp аст. Аз натичаи омузиш, тахлил ва мукоисаи саpчашмаxои таъpихй ба хулосае омадан мумкин аст, ки Tемyp соли 1388 маpотибаи панчум ба Xоpазм хучум намуда, «онpо чунон хаpоб намуд, ки то се соли дигаp муттанафсе даp он бокй намонд» [3, 435].

Хамин тавp, даp тасвиpи лашкаpкашиxои Tемypланг ба Xоpазм даp «Зафаpнома»-и Низомиддини Шомй ва «Зиндагии шигифтоваpи Tемyp»-и Ибни Аpабшоx ба хулосае омадан мумкин аст, ки Низомиддини Шомй хучумхои Tемyppо ба Xоpазм нисбат ба Ибни Аpабшоx мукаммал ва ба хакикат наздик инъикос намудааст. Ибни Аpабшоx ба мазмун ва мохияти вокеахо, инчунин соли саp задани онхо чандон ахамият надода, ба ахбоpи шypидааш такя каpдааст. Илова баp ин, агаp аз як таpаф соли вокеахо даp «Зиндагии шигифтоваpи Tемyp» даp се маpотиба хучуми Tемyp зикp нашуда бошад, аз таpафи дигаp мохият ва чузъияти вокеахо аз назаpи муаллиф дyp мондаанд. Хамчунин, лашкаpкашиxои Tемyp ба Xоpазм даp pисолаxои Шаpафyддин Алии Яздй ва Mиpхонд ба тасвиpи вокеахои «Зафаpнома»-и Шомй хеле шабохат дошта, бо эхтимоли зиёд Шаpафyддин Алии Яздй ва Mиpхон аз pисолаи Шомй истифода намудаанд.

Низомиддини Шомй даp инъикоси хучуми Tемypланг даp чоp навбат ба Xоpазм ва тасвиpи вокеахо ва соли саp задани онхо таваччух каpда, онxоpо ба тавpи васеъ инъикос намудааст ва ахбоpи y ба хакикат наздик мебошад.

Хамин таpик, Tемyp аз номи намояндаи хонадони чаFатой СyюpFOтмиш хукумат каpда, бо ин бахона xамpоx каpдани шаxpy вилоятхои аз дастpафтаи давлати ЧаFатойpо ба хокимияти худ максад гузошт. Аз ин сабаб соли 1372 баpои аз худ каpдани вилоятхои Кот ва Xева ба Xоpазм хучум намуда, онxоpо ба даст_оваpд, аммо ба хадафи нихоии худ-забти Xоpазм pасида натавонист. У чоp маpотибаи дигаp: солхои 1374, 1376, 1379 ва 1388 ба Xоpазм хучум намуда, окибат онpо хаpоб каpда, ахолии онpо ба Самаpканд кучонид. Шаxpи Уpганчpо, ки пойтахти Xоpазм буд, ба хок яксон намуда, даp чойи он чав кишт каpд ва «факат даp соли 1391 Tемyp ба дyбоpа баpкаpоp каpдани Уpганч pyхсат дод» [2,647].

АДАБИЁТ

1. Ахмад ибни Myxаммад ибни Аpабшоx. Зиндагии шигифтоваpи Tемyp (Ачоибу-л-макдyp фи ахбоpи Tемyp). Myтаpчим Myxаммад Алй Hачотй.Баpгаpдонанда Ахмадхон Mypодзода.-Душанбе: «ЭP-гpаф», 2018.- 400 с.

2. Еафуров Б. Е. Точикон. Ч,.1. Душанбе: Ирфон-1983.-704 с.

3. Миргулом Мудаммад Еубор. Афгонистон дар масири торих. Ч,.1.Чопи аввал, 1375.

4. Мирхонд. Равзату-с-сафо. Тедрон. Чопхонаи «Мадорат», Чопи аввал, Ч,.6,-1358.

5. Низомиддини Шомй. Зафарнома. Баргардонанда Адмадхон Муродзода.-Душанбе: «ЭР-Граф», 2019. - 488 с.

6. Шараф ад-Дин Али Йаздй. Зафар-наме. Предисловие. Перевод со староузбекского комментарии, указатели и карта доктора исторических наук, профессора Ашрафа Ахмедова.Ташкент, издателского журнала «БА^АТ»,-2008.-486 с.

ИНЪИКОСИ ЛАШКАРКАШЩОИ ТЕМУРЛАНГ БА ХОРАЗМ ДАР

«ЗАФАРНОМА»-И НИЗОМИДДИНИ ШОМИ ВА «А^ОИБУ-Л-МАВДУР ФИ АХБОРИ ТЕМУР»-И ИБНИ АРАБШОД

Дар макола инъикоси дучуми Темурланг ба Хоразм дар ду манбаи хаттии дасти аввал-«Зафарнома»-и Низомиддини Шомй ва «Зиндагии шигифтовари Те-мур»-и Ибни Арабшод мавриди омузиш карор ёфтааст. Муаллиф зимни тадкикоти худ кайд менамояд, ки Темур худро вориси давлати Чагатой муар-рифй карда, дар аввал шадру вилоятдои аз дастрафтаи давлати чагатоиро бадонаи муносиб чидати дучум ба кишвардои дамсоя дониста, аз амири Хоразм Хусайн Суфй вилоятдои Кот ва Хеваро, ки пештар дар улуси Чагатой дохил мешуданд ва муддати панч соли охир Хусайни Суфй ондоро дар тасарруфи худ дароварда буд, талаб кард. Баъд аз он ки Хусайни Суфй аз баргардонидани ин вилоятдо саркашй кард, ба Хоразм лашкар кашид.

Хамчунин, муаллиф зимни омузиши инъикоси лашкаркашидои Темурланг ба Хоразм дар «Зафарнома»-и Низомиддини Шомй ва «Зиндагии шигифтовари Темур»-и Ибни Арабшод ба хулосае меояд, ки дарчанд Низомиддини Шомй дар рикоби Темур буд ва ба у бештар таваччуд дошт, аммо дучумдои Темурро ба Хо-разм нисбат ба Ибни Арабшод мукаммал ва ба дакикат наздик инъикос намуда-аст. Ибни Арабшод ба мазмун ва модияти вокеадо, инчунин соли сар задани ондо чандон сарфадм нарафта, ба маълумоти дар байни мардум ба таври умумй маъмул буда такя кардааст. Илова бар ин, агар аз як тараф соли вокеадо дар «Зиндагии шигифтовари Темур» дар се маротибаи хучуми Темур зикр нашуда бошад, аз тарафи дигар модият ва чузъиятдои вокеадо аз назари муаллиф дур афтодаанд. Аммо тасвири вокеадо дар «Зафарнома»-и Низомиддини Шомй дар тадкикоти мудаккикон адаммияти илмй пайдо намуда, боиси эътимод мебошанд. Калидвожадо: манбаъуои хаттй, «Зафарнома», Низомиддини Шомй, «Зиндагии шигифтовари Темур», Темурланг, лашкаркашй, Хоразм, инъикос, муцоиса, таХ/Цщот, мух,ащщон.

ОСВЕЩЕНИЕ ВТОРЖЕНИЯ ТАМЕРЛАНА В ХОРЕЗМ В «ЗАФАРНОМЕ» НИЗАМИДДИНА ШОМИ И «АДЖОЙБУ-Л-МАКДУР ФИ АХБОРИ ТЕМУР»

ИБН АРАБШАХА

В статье исследуется освещение вторжения Тамерлана в Хорезм в двух письменных источниках «Зафарнома» Низомиддина Шоми и «Зиндагии шигифтовари Темур» Ибн Арабшаха. В своем исследовании автор отмечает, что Тамерлан считал себя преемником государства Чагатая и первоначально воспользуясь

сданными городами и провинциями государства Чагатая как удачный повод для вторжения в соседние страны, требовал от амира Хорезма Хусейн Суфи области Кота и Хевы, которые в прошлом относились к улусу Чагатая, но в последние пять лет Хусейн Суфи взял их под свой контроль. После того, как Хусейн Суфи отказался вернуть эти провинции, Тамерлан отправил войска в Хорезм.

Кроме того изучая боевые действия Тамерлана в Хорезме в «Зафарноме» Ни-замиддина Шоми и «Зиндагии шигифтовари Темур» Ибн Арабшаха, автор приходит к выводу, что, хотя Низомиддин Шоми стоял на стороне Тамерлана и больше интересовался им, описание его боевых действий в Хорезме по сравнению с Ибн Арабшахом более полное и близко к истине. Ибн Арабшах мало знал о содержании и сути событий и не зная о годах их начала, полагался на информацию, которая была распространена среди народа. При этом, с одной стороны «Зиндагии шигифтовари Темур» при нападения Тамера не упоминаются, с другой стороны, суть и подробности событий остаются вне поля зрения автора. Однако описание событий в «Зафарноме» Низомиддина Шоми имеет научную значимость и их достоверность в исследованиях ученых заслуживает доверия.

Ключевые слова: письменные источники, «Зафарнаме», Низомиддин Шоми, «Зиндагии шигифтовари Темур», Тамерланг, военные, Хорезм, размышления, сравнение, исследования, исследователи.

THE COVERAGE OF TEMURLANG'S INVASION OF KHOREZM IN"ZAFARNOMA" BY NIZAMIDDIN SHAMI AND "AJOIBU-L-MAQDUR FI AKHBORI TEMUR" BY IBN ARABSHAH

The article examines the coverage of Temurlang's invasion of Khorezm in two first-hand sources - «Zafarnoma» Nizamiddin Shami and Ibn Arabshah's treatise «Zindagii shigiftovari Temur». In his research, the author notes that Tamerlane introduced himself as the successor of the Chaghatai state, initially using the lost cities and provinces of the Chaghatai state as a good excuse to invade neighboring countries. and for the last five years, Hussein Sufi had taken them under his control. After Hussein Sufi refused to return these provinces, he sent troops to Khorezm.

Also, while studying the coverage of Temurlang's invasion of Khorezm in Ni-zamiddin Shami's "Zafarnoma" and Ibn Arabshah's treatise «Zindagii shigiftovari Temur»", the author concludes that although Nizamiddin Shami was in Temur's rivalry, he was more interested in him. to Khorezm in comparison with Ibn Arabshah, which is more complete and close to the truth. Ibn Arabshah did not know much about the content and essence of the events, as well as the year of their origin, and relied on information that was common among the people. In addition, on the one hand, the year of events is not «Zindagii shigiftovari Temur» Life in the three times of Timur's attack, on the other hand, the essence and details of the events are out of sight of the author. However, the description of the events in Nizomiddin Shami's "Zafarnoma" has gained scientific significance and is credible in researchers' research.

Key words: written sources, "Zafarnoma", Nizomiddin Shomi, «Zindagii shigiftovari Temur», Temurlang, military, Khorezm, reflection, comparison, research, invastigation.

Сведения об авторе: Мирзоев Шухрат Джумамуродович-PhD докторант Института истории археологии и этнографии имени А.Дониша.Телефон:(+992)918-19-45-12,E-mail: 985538822@mail.ru.

Informanion about the autor: Mirzoev Shuhrat Jumamurodovich-doctoral student of the Ahmad Donish Institute of History, Archeology and Ethnography.Telefon: (+992) 918-19-45-12, Email: 985538822@mail.ru.

УДК- 9(575) (092)

«ТАЪРИХИ ХУМУЛЙ» ВА АДАММИЯТИ САРЧАШМАШИНОСИИ ОН

Ахмад ДО^ИЗОДА, Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Мухаккикони машхури сатхи чахонй таъкид кардаанд, ки «бе тасав-вури равшан оид ба чузъиёт ва хачми захираи мухташами осори форсй-точикй, бунёд намудани таърихи фарханги вокеан илмии мардумоне, ки ин ганчинаро фарохам сохтаанд, амри махол аст» [17,7].

Дар бораи Хумулй дар доирахои илмии Точикистон ба чуз маълу-моти кутохи тарчумаихолй, ки дар Энсиклопедияи советии точик ба табъ расидааст, чизеро пайдо кардан душвор аст. Дар китоби дарсй барои мак-табхои олй танхо ба зикри номи Хумулй хамчун шоири зуллисонайн дар катори шоирони нимаи аввали асри XIX к;аноат кардаанд [9, 38].

Аз донишмандони точик нахустин шахсе, ки аз Хумулй ёд мекунад, устод Садриддин Айнй мебошад. Дар «Таърихи амирони мангитияи Бухо-ро» устод Айнй дар хотимаи китоб, зимни зикри 9 маъхази истифодакар-дааш «Таърихи мулло Хумулии Самаркандй»-ро бо таъкид кайд кардааст [15,14].

Академик Ах,рор Мухторов дар асархои худ хангоми баррасии вокеахои таърихии марбут ба Уротеппа ва Дисор, аз «Таърихи Хумулй» накли кавл мекунад [14, 1999, 69-79,14, 1995, 104-106].

Инчунин дар маълумоти мухтасаре, ки одатан тахиягарони фехристхои нусхахои хаттй доир ба муаллифони нусхахо дарч мекунанд, аз чумла, дар фехристхои собик Институти шаркшиносии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, зикри номи Хумулй ва асархои у низ рафтааст [16].

Дар доирахои илмии Узбекистан таваччух ба Хумулй ва эчодиёти у аз солхои 70-уми асри XX шуруъ мешавад. Маълумоти тарчумаихолй доир ба у дар китобхои таърихи адабиёт ворид мегардад [1,18] ва хаёту фаъолияти Хумулй мавзуи рисолаи тахкикотй карор гирифта, ба ин васила доирахои илмй оид ба шахсияти у огохии бештар пайдо карда, ба намунахои эчодиёти у шинос мешаванд [2].

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.