Научная статья на тему 'ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЮ ШАШМАКОМА'

ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЮ ШАШМАКОМА Текст научной статьи по специальности «Искусствоведение»

CC BY
82
74
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Область наук
Ключевые слова
ШАШМАКОМ / ТАДЖИКСКАЯ МУЗЫКА / МАКОМ / УЧИТЕЛЬ-УЧЕНИК / КУЛЬТУРА / ИСПОЛНЕНИЕ / МУЗЫКАЛЬНЫЙ ИНСТРУМЕНТ / МУЗЫКАНТ / НАРОДНАЯ МУЗЫКА

Аннотация научной статьи по искусствоведению, автор научной работы — Зубайдов Абубакр Ҷаъфарович

В статье рассматривается структура и этапы становления и развития «Шашмаком» -а. Автор, опираясь на научную литературу и музыкальное наследие, представляет поэтический и музыкальный характер этого таджикского музыкального цикла произведений, показывает процесс его развития в разных исторических периодах. Исследуя данный вопрос автор считает, что «Шашмаком» до двадцатых годов прошлого века развивался по систематическим, исполнительским, композиционным канонам на основе учебного процесса «устод-шогирд» (учитель и ученик), благодаря знатоков музыки, певцов и музыкантов. В предыдущие годы XX века развитие «Шашмаком» -а имело только функции сохранения и пропаганды. Ввиду этого процесса исчезли многие традиционные элементы теоретического изучения и преподавания, особенно школы устод-шогирд. Автор научно обосновывает пути реанимации и развития в изучении «Шашмакома».

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

A VIEW TO THE HISTORY OF SHASHMAKAM

In this article were studied the structure and contents, developing periods of Shashmakam. Author based on scientific sources and musical works analyzed poetical and melody specifications of this musical masterpiece of Tajiks. In the result of investigations he comes to conclusion that Shashmakam has developed due to hard works of singers, musician, and practitioners. Until 20’s of the last century Shashmakam texts and melodies passed from masters to students through sequential canons, performance and observation, classification master-student method. During the XX century Shahshmakam was kept due to its publicity function. Therefore many its traditional teaching elements, including master-student method became weak. The author of this article tries to show the ways of revitalization and development of the Shahshmakam in modern period

Текст научной работы на тему «ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЮ ШАШМАКОМА»

НАЗАРЕБА ТАЪРИХИ ЗУБАЙДОВ Абубакр Цаъфарович,

ШАШМАЦОМ н.и.т., ходими калони илмии Институти таърих,

бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ Цумуурии Тоцикистон, (Тоцикистон, Душанбе)

ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЮ ЗУБАЙДОВ Абубакр Джафарович,

ШАШМАКОМА к.и.н., старший научный сотрудник Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша АН РТ (Таджикистан, Душанбе)

A VIE W TO THE HISTORY ZUBAYDOV Abubakr Jafarovich,

OF SHASHMAKAM сandidate of historical studies, senior scientific offiser

of the Institute of history, archeology and ethnography named after A.Donish under the Academy of Sciences of Tajikistan Republic, (Tajikistan, Dushanbe)

Калидвожа^о: Шашмацом, мусиции тоцик, мацом, устод-шогирд, фаруанг, ицро, соз, мутриб, мусиции халци.

Дар мацола муфассал сохту таркиби «Шашмацом», маруалауои ташаккул ва инкишофи он мавриди пажууиш царор гирифтааст. Муаллиф дар такя ба адабиёти илми ва осори мусици хусусиятуои шеърию оуангии ин шоуасари мусиции тоциконро барраси намуда, раванди инкишофи онро дар маруалауои гуногуни таърихи нишон медиуад. У зимни таулил ба хулоса меояд, ки ««Шашмацом» тавассути зауматуои мусицидонон, уофизону навозандагон то солуои бистуми асри гузашта, аз руйи цонущои хоси силсилави, ицрой, таснифи, раванди таълими аз устод ба шогирд амал намудаву рушд кардааст. Дар солуои минбаъдаи асри XX рушди ««Шашмацом» тануо ба хотири мауфуз доштани сохту таркиби он буда, хусусияти таргибй дошт. Аз ин ру бисёр унсуруои анъанавии омузиши назариявии он, аз цумла таълими аз устод ба шогирд тахриб гардид. Муаллифи мацола роууои эуё ва рушди анъанауои суннатии омузиши «Шашмацом»-ро илман асоснок менамояд.

Ключевые слова: Шашмаком, таджикская музыка, маком, учитель-ученик, культура, исполнение, музыкальный инструмент, музыкант, народная музыка.

В статье рассматривается структура и этапы становления и развития ««Шашмаком» -а. Автор, опираясь на научную литературу и музыкальное наследие, представляет поэтический и музыкальный характер этого таджикского музыкального цикла произведений, показывает процесс его развития в разных исторических периодах. Исследуя данный вопрос автор считает, что ««Шашмаком» до двадцатых годов прошлого века развивался по систематическим, исполнительским, композиционным канонам на основе учебного процесса «устод-шогирд» (учитель и ученик), благодаря знатоков музыки, певцов и музыкантов. В предыдущие годы XX века развитие ««Шашмаком» -а имело только функции сохранения и пропаганды. Ввиду этого процесса исчезли многие традиционные элементы теоретического изучения и преподавания, особенно школы устод-шогирд. Автор научно обосновывает пути реанимации и развития в изучении «Шашмакома».

Key words: Shashmakam, Tajik music, makam, master-student method, culture, instrument, musician, folk music.

In this article were studied the structure and contents, developing periods of Shashmakam. Author based on scientific sources and musical works analyzed poetical and melody specifications of this musical masterpiece of Tajiks. In the result of investigations he comes to conclusion that Shashmakam has developed due to hard works of singers, musician, and practitioners. Until 20's of the last century Shashmakam texts and melodies passed from masters to students through sequential canons, performance and observation, classification master-student method.

During the XX century Shahshmakam was kept due to its publicity function. Therefore many its traditional teaching elements, including master-student method became weak. The author of this article tries to show the ways of revitalization and development of the Shahshmakam in modern period.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки «Шашмаком» асос ва куллаи баландтарини фархднгу маърифати мусикии суннатии халки точик буда, хдмчун рамзи ягонагй ва муттахддсозандаи ин миллати кухднбунёд хдзорон х,одисот ва боду буронх,ои таърихро паси сар намуда, то ба имруз

расидааст. Бедуда нест, ки дар матни суруду таронадои он аз ашъори шоирони дама манотики Точикистон ва точикнишини бурунмарзй интихобан чой дода шудааст. Ин шодасари мусикии классикии точикон бо бузургтарин дастоварддои фардангиву маънавии адли башар дамсангй дорад.

«Шашмаком» асари мураккабу мушаххаси гуногунсатду серпадлу ва силсилавии мусикии халки точик буда, аз шаш маком - Рост, Наво, Бузург, Дугод, Сегод ва Ирок иборат аст ва дар пояи кавонини хоси ладнй, зарбй ва шаклй устувор аст. Дар дар суруду наво ва одангу таронадои ин шохдсари мусикй руди тавонои ниёгони бузурги мо Борбади Марвазиву Абyабдyлло Pyдакй, Ибродими Мавсиливу Котибии Хоразмй, Абунасри Форобиву Ибни Сино, Сафиуддини Урмавию ^утбиддини Шерозй, Амир Хусрави Дедлавию Абдурадмони Ч,омй, Кавкабии Бухороиву Дарвешалии Чангй ва дазорони дигар нудуфтааст. Fазалдои нобу каломи мавзуни шоирони бузурги мо Рудакию Низомй, Хусраву Мавлавй, Саъдию Х,офиз, Камолу Ч,омй, Х,илолию Бедил, Сойибу Сайидо, Х,айрату Шодин ва дигарон бо силсиланаводои он чун чону тан ба дам пайвастаанд. Х,ар яке аз ин нобигагони илму адаб ва савту калом барои суфтаву пухта ва рудбахшу нишотангез шудани ин хорикаи бузурги мусикии суннатии устодона садмгузор буда, порае аз дилу чону хиради худро ба он бахшидааст. Фораму руднавоз, таскинбахши дилу ромиши чон ва нушдоруи дардмандон будани ин суруду таронадо аз ин чост.

Шодасари гаронкиммати мусикии устодонаи шифодии халки точик «Шашмаком» бо шукуду чалоли гоявиаш дар радифи «Шоднома»-и безаволи Фирдавсй, «Маснавй»-и маънавии Мавлавй, газалиёти Саъдиву Х,офиз ва дигар шодкоридои адабиёти пургановати классикии точик чой дошта, дар хазинаи бойи фарданги миллии мо чун дурру гудари суфтаю пурчило маскан гирифтааст. Ин падидаи комилу барчастаи силсилавии мусикии макомй ифодагари таърихи тамаддуни бостонию фарданги кудани мардуми мо мебошад. Халки куданбунёд ва тамаддунофари точик дар ин шодасари мусикй дарду алам, умеду орзу ва ормондои чанддазорсолаи худро дарч намудааст. Аз ин ру, дар дар ладну наво ва одангу суруди «Шашмаком» гиряву ханда, фироку висол, дарду дармон, дузну сурури мардум чун донадои дурру марворид шадда бастаанд.

«Шашмаком» аз силсилаи бахши соз-Mушкилот (силсилаи аслй) ва ду силсилаи бахши овоз-Наср (силсилаи аслй) ва Савт (силсилаи фаръй) иборат буда, беш аз 300 суруду таронадоро дар бар мегирад, ки аз суруддои шаклан калону мураккаб (Сарахбор, Талцин, Наср), ки чидати зарбиву ичроияшон душвор аст, суруддои муфарраду дилкушои тарабангезу рудияи базмидошта (Социнома) ва инчунин суруддои одии мардумии шухи ичроишашон сабук ва бештар хусусияту усули раксидошта (Тарона, Уфар) иборатанд. [11].

Аз руйи жанр ва хусусиятдои шаклбандиашон макомдо ба мусикии касбй мансубанд, зеро ташаккулу тадаввули дурударози таърихии ондо бо фаъолияти устодони бузургу содибкасби давру замондои гуногун дар иртиботи кавй ва пайваста карор доштанд.

Каломи бадеъ ва умуман, санъати бою рангини шеъри форсии точикй дар давру замондои гуногун яке аз омилдои мудим ва асосии рушди санъати мусикии мардумиву дирфавии халки точик буд, даст ва мемонад. Масалан макомдо, ки дорои конуниятдои хоси усуливу ладнй ва шаклй мебошанд, бо жанрдои гуногуни назми классикй: Социнома, Тарона, Mухaммaс, Mусmaзод, Myw^m, Faзaл ва амсоли индо пайвастагии зич доранд. [13, 54].

Дар давоми асрдои XIV-XVII дар Мовароуннадр намуддои шеъриву мусикии Faзaл, Myсmaзод, Социнома, Цавл, Тарона, Рехта, Фурудошт, Пешрав, Кор, Амал, Хона, Бозгуй, Нацш, Савт маъмул буданд ва дар ташаккулу тадаввули «Дувоздадмаком» ва меросбари вай «Шашмаком» накши назаррас гузоштаанд. Монандии одангдо, суруда шудани матндои гуногун бо оданги ягона дар мусикии мардумй низ дучор меояд, ки ин тарзи эчоди оданг дар чанбаи мусикии мардумй ташаккул ёфтаву рушд кардааст.

Дар санъати макомхонй ба дам омезиш ёфтани мусикии хуб ва шеъри баланд хело мудим аст. Номи бисёр бахшдои мусикии «Шашмаком» - Тарцеъ, Социнома, Myхaммaс, Сацил, Myсmaзод, Тарона аз номи жанрдои шеърй гирифта шудаанд ва матнашон асосан аз газал, рубой, цасида, мустазод, тарцеъбанд, социнома, дубайтй, таркиббанд, фард ва амсоли индо иборат аст.

Мудаккики варзидаи точик Фарогат Азизй алокамандии таърихии пайдардами силсилаи ладнии макомдоро бо создои гуногуни мусикй кайд намуда, менависад, ки дар дифозату фаъолияти силсиладои ладнии макомдо сози барбат - дар силсилаи ладнии тоисломии Х,афтпарда, уд - дар Дувоздадмакоми асрдои миёна (асри XII - такрибан то ибтидои асри XVIII) ва танбур - дар Шашмаком накши якрангу мудим бозидаанд [5, 54-55].

Агар санъати ичро ва амалияи дунари «Дувоздадмаком» дар даста ва пардадои сози мусикии уд (барбат) мураттабу мукаммал гардида бошад, дар «Шашмаком» танбур сози мусикии асосй ба дисоб меравад, ки дар ташаккули низоми ботартиби адвори мусикии он накши бориз дорад, яъне

бунлоди (асоси) ташаккули тартиби пардадои Шашмаком ба низоми нагамоти сози танбур вобастагии зич дорад [1].

Мусикии касбии классикии точик «Шашмаком» таърих ва суннатдои дирфавии бостонй дошта, решадояш аз каъри карндо об мехурад. Асоси пайдоиши «Дувоздадмаком» ва меросбари он «Шашмаком» аз суннатдои силсилахонии замони Сосониён ибтидо мегирад. Дар ин давра содиби эдтиром будани дунармандон дар дарбори шодони сосонй, рушд ёфтани дастонсарой (силсилаи созиву овозй), мавкеи хоси мусикй дар маъбаддо барои ба вучуд омадани мусикии силсилавии касбии классикй заминаи боэътимод ба вучуд овард.

Суруду одангдои мардумии точикон таърихи зиёда аз 4500-сола дошта бошанд дам, аз руйи нишондоди маъхаздои таърихиву адабй мачмуи аввалин суруду таронадои силсилавй дар замони Сосониён (222-651), дар давраи дукмронии Бадроми Гур (асри V) ба вучуд омада, замони салтанати Хусрави Парвиз (590-628-38) аз чониби Борбади Марвазй (585-628-38) ва дамкасбонаш Саркашу Саркаб, Накисову Озодвари Чангй, Pомтинy Гесуи Навогар рушду такмил ёфтаанд [11].

Дар замони Борбад силсиласуруддо бо номи «Сроти Хусравоник» (Суруддои Хусравонй) машдур буда, дар чашндои дарборй ичро мешуданд ва донишмандони гузаштаи мусикии мо онро асоси ба вучуд омадани санъати маком ва макомсарой донистаанд. Аз чумла, Абулабоси Сарахсй, Абудафси Сугдй, Котибии Хоразмй, Абунасри Форобй, Ибни Сино, Мудаммади Нишопурй дар нигоштадои худ оид ба мусикй дастони дафтгонаи «Хусравонй»-и Борбадро дамчун заминаи бавучудоии пардадо (макомдо) ёдрас кардаанд.

Олими сарчашмашиноси точик А. Pачабов ба вучуд омадани макомдоро охири асри VI ва аввали асри VII гуфтааст. [11, 82].

Нишопурй дар асараш «^исола дар илми мусикй» силсилаи Дувоздадмакомро шард дода, мусикиро илми шариф донистааст ва дамзамон дар бораи ба вучуд омадани силсилаи макомдо чунин акидаи чолибро баён кардааст: «уафт пардаи аввал (аз Дувоздаумацом) аз ихтирооти Борбад буда, панц пардаи дигарро устодони баъдй тасниф намуда». [7, 404].

Чи тавре ки маълумамон гардид, дар поягузорй ва ташаккули силсилаи макомдо, санъати дирфавии маком ва макомсарой садми Борбади Марвазй ва дунармандони дамзамонаш хело назаррас будааст.

Баъд аз истилои хоки Эронзамин ва Мовароуннадру Хуросон арабдо бедтарин олимону шоирон ва дунармандонро гулом намуда, ба кишвари худ бурданд. Устодони мусикии суннатии дирфавии форсу точик дар шадрдои калони хилофат Макка, Мадина, Багдод, Мосул, Басра, Х,ичоз гуруддои дунарй ва мактабдои мусикй ташкил намуданд. Мусикидонони эронитабор Нашитии Форсй (с. т. номаълум-с.в. 712), Мансури Залзали Pозй (727-814), Ибродими Мавсилй (742-805), писараш Исдоки Мавсилй (767-850) бо эчодиёти худ дар инкишофи мусикии ин давра садми арзанда гузоштаанд. Санъати мусикии мардумони эронитабор дар равнаки мусикии давраи хилофати аъроб тадаввулоти бузург ба вучуд овард. Арабдо баъд аз истилои Мовароуннадру Хуросон бисёр чанбадои дунарй, илмй ва истилодии мусикии ачдодони мо, вожадои гуногуни мусикиро аз забони форсии точикй айнан кабул намуда, баъзеашро тарчума кардаанд. Масалан маънои вожаи «маком» аз «дастон, род, парда»-и точикй гирифта шудааст.

Мувофики маълумоти рисоладои мусикии асрдои XIII-XVII «Китоб-ул-адвор»-и Урмавй, «Макосид-ул-адвор» ва «Макосид-ул-алдон»-и Абдулкодири Гуянда, «Pисолаи мусикй»-и Ч,омй, «Pисолаи мусикй»-и Кавкабии Бухорой, «Тудфат-ус-сурур»-и Дарвешалии Чангй «Дувоздадмаком» дар Эрону Озарбойчон, Самарканду Бухоро, Х,ироту Хучанд маъмул буд. Дар ондо дар бораи таркиби Дувоздадмаком, 6 овоза, 24 шуъба, 17 бадри усул, 48 гуша, создои мусикй, сохти ондо, тор, парда, зарб (икоъ), композитсия (таълиф), жанрдои мусикй, алокамандии шеъру мусикй маълумот дода шудааст.

Силсилаи одангии Дувоздадмаком дануз дар асрдои XIII-XIV маъмул буд, лекин дар рисоладои мусикии Мудаммади Нишопурй, Сафиуддини Урмавй, ^утбиддини Шерозй ва дигарон бо истилоди парда, чамъ, шадд, давра мавриди тадкик карор гирифтаанд. Истилоди «дувоздаумацом» баъдтар дар рисоладои мусикии Ч,омй, Хусайнй, Кавкабии Бухорой, Дарвешалии Чангй истифода гардидааст. [9, 136].

Ч,омй дар «^исолаи мусикй»-аш чанбадои гуногуни илму амали мусикй-пайдоиши он, фосиладо, сохту таркиби овоз, создои мусикй, таркиби Дувоздадмакомро ба риштаи тадкик кашидааст. Макомдои 12-гона чунин омадаанд: Ушшоц, Наво, Бусалик, Рост, ^усайнй, Хицоз, Рауавй, Зангула, Ироц, Исфауон, Зерафканд, Бузург. Инчунин шаш овоза: Наврузи асл, Салмак, Гардония, Гувашт, Mоя, Шауноз, 24 шуъба шард ёфтаанд.

Ба акидаи баъзе мудаккикон аввалин тайгиротдои чузъй ва нишонадои ба «Шашмаком» табдил ёфтани «Дувоздадмаком», ки заминаи ягона ва асосии он ба дисоб меравад, дар нимаи дуюми асри XVI огоз гардида буд. Масалан А. Низомй дар дамин давра ба «Х,афт дастгод»-и эронй

ва «Шашмаком»-и точикй таксим шудани «Куллиёти Дувоздахмаком»-ро тахмин менамояд. Ин раванди табодул тули чанд садсола давом карда, дар нимаи дувуми асри XVIII ва дахсолахои аввали асри XIX, дар хавзаи ичроии Бухорову Самарканд мукаммал гардидааст. Минбаъд ба Хучанду Тошканд, Исфара, Истаравшану водии Фаргона, Х,исору Зарафшон, Рашту Дарвоз пахн гардидааст [9, 145].

Гуфтан мумкин аст, ки мазмуну мундаричаи рисолахои мусикии то замони Дарвешалии Чангй (асри XVII) таълифгардида ва таърихи тахаввули сохтори Дувоздахмаком дар рисолаи мусикии у «Тухфат-ус-сурур» як навъ чамъбаст гардидааст. Шояд ин охирин рисолаи мусикй дар бораи Дувоздахмаком бошад. Сипас раванди ба Шашмаком табдил ёфтани он огоз гардида, чанд садсола давом мекунад ва мухаккикони макомшинос давраи ташаккули пурраву мукаммали Шашмакомро асрхои XVIII-XIX мехисобанд...

Аввалин бор истилохи «шашмаком» дар як рисолаи мусикии муаллифаш номаълум (соли 1847) оварда шудааст. Баъдтар дар «Рисолаи мусикй»-и Мусохочаи Туркистонй (соли 1884) дар бораи Шашмаком маълумот дода шудааст. Пас дар хакикат ин шохасари мусикии халки точик дар шакли пурраю мукаммали имрузааш нимаи дувуми асри XVIII арзи хдстй намуда, барои омузиши он дар нимаи дуюми садаи XIX имконият ва шароити мусоид фарохдм омадааст.

^авонини илмию назариявии «Дувоздахмаком» дар рисолахои гуногуни мусикй хдллу фасл гардидааст ва мактаби «Шашмаком» бошад дар шакли хаттй, танхо дар баёзхо дарч гардидааст.

«Шашмаком» тавассути захматхои мусикидонон, хофизону навозандагон то солхои бистуми асри гузашта, аз руйи конунхои хоси силсилавй, ичрой, таснифй, раванди таълими аз устод ба шогирд амал намудаву рушд кардааст. Донандагону ичрокунандагони бузурги Шашмаком дар охири асри XIX ва ибтидои садаи XX ^орй Каромати Дилкаши Танбурй, Бобочалол Носирзода, Бобогиёс Абдуганизода, Мирзо Назрулло, Левй Бобохон (Левича), Домулло Х,алим, Устод Шодии Азиз, Содирхони Х,офиз, Х,очй Абдулазиз буданд, ки ин махзани симу зари мусикии халки точикро хифз намудаву ба наслхои оянда интикол доданд.Чи тавре ки олими точик Фарогат Азизй кайд намудааст: «Дар хар як давраи таърихй, новобаста аз идеология ва афзалиятхои он, низоми устод-шогирд мавкеи сазовор дошт.

Дар тули карнхо ин низоми таълим барои хифзи анъанахои эчоди маком мусоидат намудааст» [5, 116].

Солхои 20-и асри XX аз чониби олими мардумшинос, охангсоз ва мусикидони рус В. А. Успенский (1879-1949) сабти нотавии «Шашмаком» огоз гардид. У бо охирин устодону донандагони ин шохасари мусикй дар дахсолахои аввали асри XX Бобочалол Носирзода (18451928) ва Бобогиёс Абдуганизода (1859-1927) хамкорй намуда, суруду навохои онхоро ба нота гирифт ва махсули захматхои вай соли 1924 бо номи «Шесть музыкальных поэм» (макомы) («Шаш достони мусикй» (макомхо) дар Маскав ба чоп расид, ки кори хело бузургу мондагор буд. Бо хиёнату дахолати баъзе аз пантуркистону душманони миллати точик матни Шашмаком, ки пурра бо забони точикй буд, ба табъ нарасид ва танхо охангхои он нашр гардиданд[3]. Ба ин нигох накарда асари мазкур барои тахкику омузиши макомхо фазои нави тахкикй ба вучуд овард. Худи хамон сол дар Бухоро мактаби мусикии Шарк таъсис ёфта, як идда донандагони маком ба таълими асосхои назариявии маком ва макомсарой сафарбар шуданд.

Соли 1926 бо ташаббуси олимони мусикидони рус В. А. Успенский ва Н. Н. Миронов дар Самарканд донишкадаи мусикй ва хореография таъсис дода шуд ва барои таълими асосхои макомхонй Бобочалол Носирзода, Х,очй Абдулазиз, Мулло Туйчй, Домулло Х,алим, Устод Шодй, Мирзо Нарзулло чалб шуданд.

Дар гирдовариву сабти нотавй ва тахкики макомхо олимону мухаккикони рус В. Успенский, Н. Миронов ва Е. Романовская хизмати арзанда кардаанд.

Боиси таассуф аст, ки солхои аввали Х,окимияти Шуравй (с. 30 асри гузашта) дар Точикистон акидаи нодурусте таргиб мешуд, ки гуё «Шашмаком» мусикии дарборист ва умуман, мусикии суннатии точик моли замони гузашта буда, ба замони нав мувофик нест ва омезиш (синтез)-и он бо мусикии нави касбй-композиторй гайриимкон аст. Нимаи дуюми солхои сиюми асри ХХ як идда композиторон ва мутахассисони мусикй С. Баласанян, А. Ленский, Урбах ва дигарон барои ташкил ва инкишофи мактаби мусикии касбй-композитории точик ба Точикистон омаданд. Ба мусикии кадимаи точикон жанрхои нави мусикии аврупой опера, балет, симфония, консерт, кантата, оратория ва гайра ворид гардиданд. Омузиши мусикй ба тарзи аврупой ба рох монда шуд. Ин аз як тараф хуб бошад хам, вале бадии кор дар он буд, ки ташаккули мусикии нави касбй дар мукобилгузорй бо мусикии халкй ва класикии точик сурат мегирифт. Мувофики сиёсати замона намуди нави мусикии касбй бояд шакли «кухна»-и онро иваз мекард. Ин качфахмихо боиси таназзули конуниятхои мусикии суннатй ва тахриби мактаби «устод-шогирд» гардид.

Чи тавре ки А. Абдурашидов кайд намудааст «Шашмаком» аз раванди таълим дур карда шуда, омузиши назариявии он тахриб ёфт ва модияти мавчудияташ тандо аз чидати ичрой дида мешуду бас [2, 120].

Тавассути мактаби «устод-шогирд» аз чониби донанда ва ичрокунандаи «Шашмаком» -устод тамоми назокату зебой, бадеият, тачрибаи бои илмию амалй ва нозукидои ин шодасар ба шогирд омузонида шуда, дар баробари ин «Шашмаком» на ба шакли асари колабй, балки дамчун вучуди зиндаву эдёшаванда ва инкишофёбанда таълим дода мешуд. Ин тарзи омузиш на тандо донишу малакаи шогирдро инкишоф дода, мустадкам менамуд, балки мадорати эчодкории уро ривоч дода, боиси дар тафаккури вай ба вучуд омадани шароиту имконоти эчоди равия ва шаклу намуддои нави осори мусикии классикй мегардид. Аз ин ру, устод дангоми интихоби шогирд датман ба мадорати ичрокунандагй, овоз, шунавоии мусикй, малакаи эчодкорй ва истеъдоди табий доштани вай адамият медод. Устод донандаи хуби илмй-назариявии Шашмаком буда, аз чидати амалй низ суруду наводои онро дар сатди баланд ичро менамуд. Хамзамон дониш, мадорату малака ва нозукидои тачрибаи дар тули солдо ба даст овардаашро ба шогирд меомузонд.

Аз таърих медонем, ки пас аз галабаи Инкилоби Октябр ва дар дудуди Осиёи Марказй таъсис ёфтани чумдуридои алодида, марказдои таърихии фардангу тамаддуни точикон, шадрдои Бухорою Самарканд дар марзи бегона монданд. Аз ин ру бедтарин зиёиёну рушанфикрони точик, ки ба такдири ояндаи халки хеш бетараф буда наметавонистанд, барои барпой нигод доштани илму фарданги дазорсолаи ин мардум ба маркази нави орзую армондои миллати точик, шадри Сталинобод (Душанбеи имруза) омаданд. Дар байни ин фидоиён донандагони барчастаи Шашмаком ва бедтарин намояндагони мактаби ичроии макомхонии Бухоро Бобокул Файзуллоев (1897-1977), Шодназар Содибов (1903-1972) ва Фазлиддин Шадобов (1911-1974) низ буданд. Ондо барои барчоияту равнаки мусикии классикии мо «Шашмаком», ташвики он задмат кашида, хизмати мондагорро ба сомон расонидаанд.

Якумин коре, ки ин мардони баруманду фардангии точик анчом доданд, дар асоси аввалин дастаи макомсароён, ки соли 1939 дар назди радиои РСС Точикистон ташкил шуда буд, соли 1946 дар ш. Душанбе ансамбли академии макомхонони точикро бо номи «дофизон-шашмакомсароён» таъсис доданд. Дигар ин ки бо дидояту маслидати устод Айнй (1878-1954), кушиш ва дастгирию гамхории родбари вакти Х,изби Коммуниста Точикистон, академик Бобочон Гафуров (1908-1977) аз чониби ин устодон, зери тадрири мудаккики мусикишиноси рус Виктор Михайлович Беляев (1886-1968) ба нота гирифтани суруду одангдои «Шашмаком» огоз гардид. Ч,илди якум-макоми «Бузург» соли 1950 дар Маскав ба табъ расид, ки дар даёти фардангии мардуми точик додисаи фарадбахш буд. Макомдои дигар бо навбат (дар панч чилд) то соли 1967 ба нашр расиданд.

Хамзамон ин устодон дар тарбияи мутрибону дофизони Шашмаком Н. Аминов, Б. Ниёзов, Б. Исдокова, Н. Шоулов, Л. Баракаева, А. Хошимов, А. Солиев, М. Исдокбоева, М. Эргашева, Бадалбоева ва дигарон, ки минбаъд дар ташвику таргиби суруду таронадои «Шашмаком» хизмати арзанда кардаанд, садм гузоштанд. Ин мардони дунарвар дар рушди назариявии «Шашмаком» низ садмгузорй намудаанд, ки «Баёзи Шашмаком» (рисолаи мусикй)-и Ф. Шадобов гуводи ин гуфтадост. Ин рисолаи илмии пурарзиш соли 2007 бо тадриру тафсир ва иловадои олими варзидаи точик Фарогат Азизй ба табъ расонида шуд [14], ки дар рушди минбаъдаи илмй-назариявии макомсарой адамияти мудимро дорост.

Соли 1964 бо талошдои пайваста ва зери родбарии ондо дар назди Кумитаи радио ва телевизиони назди Хукмати РСС Точикистон ансамбли «Шашмаком» таъсис ёфт, ки барои рушди минбаъдаи санъати макомсарой накши ногустурданй дошт. Тавассути он суруду одангдои «Шашмаком» дар хазинаи тиллоии радиову телевизиони точик тадричан сабт карда шуданд. Дар дайати ансамбли мазкур дунармандони варзида М. Болтуев (1890-1974), Н. Аминов (1916-1998), М. Бадодуров (1920-1996), Б. Исдокова (1927-2002), Б. Ниёзов (1927-2009), А. Бобокулов (1931-1990) фаъолият менамуданд, ки дар оянда дамчун устодони «Шашмаком» машдур гардиданд.

Ансамбли ма;омхонони точик дар симпозиумхои байналхал;ии мусикии анъанавии хал;й-классикии кишвархои Шар;-ма;ом, мугам, нуба, рок ва кюй (Хива, 1979, Самарканд, 1983, 1987) ширкат варзида, яке аз бедтарин ансамбл дар ичрои ма;ом дониста шудааст. Хусусан, хунари ичрокунандагии Хунарпешаи халкии Иттидоди Шуравй А. Бобо;улов ва Хунарпешагони халкии Точикистон Б. Исхокова, М. Эргашева ва Хунарпешаи шоистаи Точикистон С. Бадалбоева иштироккунандагони симпозиуми Самар;андро ба хайрат оварда буд.

Ба санъати баланди ма;омхонони точик дар ин симпозиумхои байналхал;й муси;ишиносони мамолики гуногун ба монанди Салох-ал-Маддй (Тунис), доктор Анна Чикановска (Ладистон), Абдулкарим Корй (Алчазоир), композитор Андрей Шпай ва доктори илми санъатшиносй В. С. Виноградов (Москва), Ангелика Юнг (Олмон), Ж. И. Бадраа (Мугулистон) бахои сазовор додаанд. Чунончи ноиби президенти фонди байналхал;ии муси;й, доктори илми муси;ишиносй Нараян

Менон (Хиндустон) чунин гуфта буд:«Аз маърузаву гузоришх,ои олимон, х,унарнамоии хуби макомхонони точик доир ба мусикии бою сермазмуни он мардум таассуроти амик х,осил намудам. Мусикии классикии точик ба мусикии классикии х,инд-рокх,о хеле наздикй дорад. Аз маъхазх,ои хаттии мусикию адабй равшан мегардад, ки робитах,ои адабиву мусикии точику х,инд аз замонх,ои кадим них,оят устувор аст. Ин робита аз даврони Амир Хусрави Де^лавй, ки дар танзими мусикй, адабиёти хдр ду миллат хизмати бузурге намудааст, боз хдм кавитар шуд. Барои устувории хдмин робитах,о ба мардуми точик, а^ли мусикии он шодкомих,о орзумандам...».

Дар таргиби «Шашмаком» Иттифоки композиторони Точикистон низ сах,м гузоштааст. Дар эчодиёти композиторон асарх,ои бахшида ба макомх,о эчодшуда чойи намоёнро ишгол менамоянд. Масалан З. Шахддй «Симфонияи макомот», Ф. Бах,ор Симфониях,ои «Бузрук», «Наво» ва гайра.

Дар Точикистон вучуд надоштани муассисаи таълимии олй барои тайёр намудани мутахассисони зарурии баландпоя дар рушди минбаъдаи санъати макомсароии кишвар монеа эчод менамуд. Бинобар ин бо кушишу талошхои мусикишинос А. Низомй соли 1979 дар Донишкадаи давлатии санъати Точикистон ба номи М. Турсунзода, кафедраи мусикии Шарк ташкил гардид, ки дар он устодони маком Б. Исхокова, Б. Ниёзов, Н. Аминов, М. Солиев, Н. Шоулов, М. Эргашева, А. Солиев, А. Х,асанов, А. Абдуллоев, А. Абдурашидов, М. Абдукаримов ба шогирдон нозукихои макомсароиро меомузониданд. Х,оло шуъбаи мазкур дар сохтори Консерваторияи миллии Точикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият дорад. Датпарварони ин шуъба дар рушду нумуи маком ва макомсарой сахмгузоранд.

Ба назар чунин мерасад, ки хама корхои мондагоре, ки дар асри XX доир ба «Шашмаком» ба сомон расонида шуд, аз чумла нашри аввалини адвории ин шохасар аз тарафи В. Успенский бо номи «Шест музыкальных поэм» (макомы) дар Маскав (1924), аз чониби устодон Б. Файзуллоев. Ф. Шахобов ва Ш. Сохибов ташкил намудани ансамбли академии макомхонон дар ш. Душанбе (1946), таъсиси дастаи касбии макомхонон дар назди кумитаи радио ва телевизиони точик (1964), бо ташаббус ва дастгириву рахнамоии бевоситаи устодон С. Айнй ва Б. Гафуров гирдоварй ва ба нотагирии «Шашмаком» (1947), чопи он иборат аз панч чилд дар Маскав (1950-1967), таъсиси гурухи макомхонон дар Филармония давлатии Точикистон (1955), сабти аудио ва видеоии охангу таронахои «Шашмаком» дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони точик ва амсоли инхо, танхо ба хотири махфуз доштани ин шохасар анчом дода шудаанд. Анъанахои таълимиву ичроии санъати макомсароиро, ки тули садсолахо бо захматхои пайвастаи хазорон устодону донандагони илму амали маком ба даст омада буданд, хавфи аз байн рафтан тахдид менамуд.

Мутаассифона, бо дигаргунихои сиёсиву ичтимоии чахонй ва нобасомонихои дар кишвари мо дар солхои навадуми асри сипаригардида рухдода бисёр мутахассисони варзида ба дигар мамлакатхо куч бастанд. Х,ама сохахои хочагии халк, бахусус илму фарханг ру ба таназзул ниход. Таълиму тадрис дар мамлакат ру ба харобй овард. Дар ин катор омузишу таргиби мусикии касбй классикии мардуми точик «Шашмаком» низ, дар сатхи паст карор дошт.

Хушбахтона, баъди истиклолияти давлатй ба даст овардани Точикистон хама ин камбудихо аз назари дурбин ва аклу хиради худододу модарзоди Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мухтарам Эмомалй Рахмон дар канор намонд. Бо Фармони Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон 12-уми майи соли 2000 ба дастаи макомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони точик макоми давлатй ва номи устоди Шашмаком Фазлиддин Шахобов дода шуд. Х,ар сол дар ин рузи бахорй дар саросари кишвари азизамон «Рузи Шашмаком» ботантана тачлил мегардад. Дар партави ин фармон, дар шахрхои Кулобу Хучанд, Панчакенту Истаравшан, Исфараву Бохтар, Конибодому Х,исор, нохияхои Файзободу Айнй, Рашту Ашт дастахои макомсароён ташкил дода шуд, ки дар рушди минбаъдаи маком ва макомсарой дар мамлакат заминаи боэътимод ба вучуд оварданд.

Бо таъсис ёфтани Консерваторияи миллии Точикистон (2000), Ансамбли давлатии макомхонони «Нури Хучанд» (2000), Академияи маком (2003) ва мактаби мусикии бачагонаи «Шашмаком» дар Душанбе (2005) - (дуи охир бо ибтикори А. Абдурашидов созмон ёфтаанд) дар тадриси Шашмаком дар кишвар шароити мусоид фарохам омад. Истеъдодхои чавону умедбахш руйи сахнаи хунар омаданд. Хдмаруза тавассути шабакахои гуногуни радио ва телевизиони Точикистон консерту баромади макомсароён таргиб карда мешавад.

Соли 2003 бо пешниходи Х,укумати Точикистон созмони фархангии байналмилали ЮНЕСКО «Шашмаком»-ро шохкории мероси фарханги гайримоддй эълон намуд.

Соли 2006 дар пойтахти кишвари Иёлоти Муттахидаи Амрико - Вашингтон «Албоми макоми Рост» -и Шашмакоми точикон дар ичрои Академияи маком интишор гардид, ки он дар Чдшнвораи 49-уми дарёфти чоизахои байналмилалии «Грэмми» сазовори номинатсия - «Албоми бехтарин дар бахши мусикии суннатии халкхои чахон» гардид.

Соли 2012 дар Форуми 8-уми мусикии халкдои чадон «Бабел мед мюзик», ки дар шадри Марсели Фаронса баргузор шуд, устоди Шашмаком, Хунарпешаи халкии Точикистон А. Абдурашидов барои ичрои мусикии классикй дар создои танбуру сато сазовори шодчоизаи «Франс мюзик» - барои комёбй дар риштаи мусикии суннатии халкдои чадон гардид.

Ансамблдои гуногун ва дунармандони макомсаро пайваста тавассути радио ва телевизиондои мамлакат ва дар саднадои гуногун бо барномадои консертй баромад намуда, дар таргиб ва ба мардум расонидани суруду наводои Шашмаком садми арзанда мегузоранд. Ин дама аз рушди Шашмаком дар кишвари мо ва афзудани эътибори он дар арсаи байналмилалй шадодат медидад. Ин дастоварддои бузург аз файзи Ваддати миллй ва Истиклолияти давлатии Точикистони азизи мост.

Албатта ин дама анчоми кор нест. Барои пурра баркарор намудани суннатдои хоси «Шашма-ком», аз чумла пайванди сегонаи «донанда, бастакор, ичрокунанда» ва мактаби «устоду шогирд» солиёни зиёд задмати пайваста бояд кашид. Барои аз байн бурдани мушкилоти чойдошта якчанд масъаладои зеринро даллу фасл намудан лозим аст:

1. Бояд кудакон дануз аз богча бо ин шодкории бебадои халки худ шиносой пайдо намуда, дар бораи он тасаввурот дошта бошанд.

2. Порчадои нисбатан содаю хурди созиву овозии «Шашмаком» ба барномаи таълимии дарс-дои мусикии мактабдои тадсилоти дамагонй ворид карда шуда, ба хонандагон таълим дода шавад.

3. Дар мактабдои мусикй шиносой ва омузиши датмии нисбатан васеътари суруду наводои «Шашмаком» ба род монда шавад, зеро далли ин масъала дар тайёр намудани донишчуёни оянда барои коллечу макотиби олии мусикй ва мутахассисини бомадорати мусикии суннатии халкамон хеле муфид аст.

4. Дар шуъбадои махсуси мактабдои мусикй, ансамблдои бачагонаи макомсароён, шуъбадои макомхонии коллечу макотиби олии мусикии чумдурй бояд тамоми нозукидои амалию назариявии Шашмаком, конуну суннатдои хоси ин асар, бахусус нозукидои мактаби «устоду шогирд» эдё ва омузонида шаванд.

5. Донандагону мутахассисини ин сода бояд бикушанд, ки солдои наздик суннатдои фаромушшудаи Шашмаком аз нав эдё гардида, ин хорикаи мусикии классикии мардуми точик дамчун вучуди зинда, бо эчоди шодкоридои нави тару тоза рушд ёбад.

Шашмаком шодасари мукаммали силсилавии касбии классикии точикон буда, аз навову суруд ва таронадои мардумии точик сарчашма мегирад. Ин хорикаи эчоди аждодони бузургамон боиси ифтихори мо буда, бори дигар аз фардангпарвару тамаддунофар будани миллати куданбунёди точик ба чадониён дарак медидад. Имруз мо бояд суруду наво ва таронадои «Шашмаком»-ро шунавем, омузем, тадкик кунем, инкишоф дидем ва дифз намуда, ин мероси гаронкиммати ниёконро ба наслдои оянда дастрас гардонем.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдурашидов А. Танбур и его функция в изучении ладовой системы Шашмакома / Автореферат диссертации на соис. уч. ст. к. искусствоведения. - Душанбе, 1991. - 26 стр.

2. Абдурашидов А. Шашмацом ва масоили инкишофи он. - Душанбе: Бухоро, 2012. - 324 с.

3. Абдурашидов А. О проблеме наименований макомов в Шашмакоме: Бузрук или Бузург? Ашкулло или Ошикуллох?//Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). Серия гуманитарных наук. 3/4 (139). - Душанбе: Сино, 2010. С.12 - 20. - 176 с.

4. Абдурашидов А. Фаруанги тафсирии истилоуоти шашмацом. - Душанбе, 1991. - 400 с.

5. Азизи Ф. Маком и Фалак как явления профессионального традиционного музыкального творчества таджиков. - Душанбе: Адиб, 2009. - 398 с.

6. Буруон Мууаммадуусейн. Буруони цотеъ. Ц.1. - Душанбе: Адиб, 1993. - 416 с.

7. Донишномаи Шашмацом. - Душанбе, 2009. - 422 с.

8. Кайковус, Унсурмаоли. Кобуснома. - Душанбе, 1979. - 192 с.

9. Низомов, А. Таърих ва назарияи Шашмацом. - Душанбе, 2003. - 334 с.

10. Низомов А. Таърихи мусиции тоцик // Аслиддин Низомов. -Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. -382 с.

11. Рацабов А. Актуальные проблемы истории и теории таджикской музыкальной культуры. -Душанбе, 2017. - 566 с.

12. Рацабов А. Афкори мусиции тоцик дар асруои ХП-ХУ // Рацабов Аскарали. - Душанбе: Дониш, 1989. - 236 с.

13. Таджикская музыка // Ред. Коллегия. Таджикская музыка. - Душанбе, 2003. - 296с.

14. Шауобов Ф. Баёзи Шашмацом. Мураттиб, мууаррир ва тавзеудиуанда Ф. Азизова // Ф. Шауобов. -Душанбе: Сарредаксияи илмии ЭМТ, 2007. - 288 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.