Научная статья на тему 'STUDY OF TRADITIONAL MUSIC BY USING THE "USTOD-SHOGIRD" SYSTEM IN THE GENERAL SCHOOLS OF THE REPUBLIC'

STUDY OF TRADITIONAL MUSIC BY USING THE "USTOD-SHOGIRD" SYSTEM IN THE GENERAL SCHOOLS OF THE REPUBLIC Текст научной статьи по специальности «Искусствоведение»

CC BY
34
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СИСТЕМА "УСТОД-ШОГИРД" / ФАЛАК / КЛАССИЧЕСКАЯ МУЗЫКА / ТРАДИЦИОННАЯ МУЗЫКА / ОБРАЗОВАНИЯ / ОБУЧЕНИЕ / УЧЕБНО-МЕТОДИЧЕСКИЙ / ШКОЛА

Аннотация научной статьи по искусствоведению, автор научной работы — Сафари Гулназар

Статья посвящена исследованию процессу развития и возрождения система «Устод-шогирд» (наставник -ученик), в общеобразовательных школах Республики Таджикистан. Автор анализируем приниятые государственные программа, направленные на подготовку кадров в сфере развития культуры и исскуства, а также прилагает решение рида конкретных задач, способствунощих подготовке подготов в области традицонной музыки для общеобразовательных одтфежденний.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ИЗУЧЕНИЕ ТРАДИЦИОННОЙ МУЗЫКИ ПУТЁМ ИСПОЛЬЗОВАНИЕ СИСТЕМЫ "УСТОД-ШОГИРД" В ОБЩЕОБРАЗОВАТЕЛЬНЫХ ШКОЛАХ РЕСПУБЛИКИ

The article is devoted to the study of the process of development and revival of the system "Ustod-Shogird" (mentor-pupil), in general schools of the Republic of Tajikistan. The author analyzes the adopted state programs aimed at training personnel in the development of culture and the arts, and also makes a decision on a number of specific tasks that help to train teachers in the field of traditional music for general educational institutions.

Текст научной работы на тему «STUDY OF TRADITIONAL MUSIC BY USING THE "USTOD-SHOGIRD" SYSTEM IN THE GENERAL SCHOOLS OF THE REPUBLIC»

Как отмечает автор статьи, андрагогика раскрывает принципы, методы и средства, с помощью которых в жизни взрослых обеспечивается развивающая, социализирующая и адаптирующая роль образования.

Ключевые слова: система, место, андрагогика, взрослые, подготовка, проблема, развитие, потребности, социальный.

THE PLACE OF ANDRAGOGY IN THE SYSTEM OF HUMANITIES

The article considers the place of andragogy in the system of human science. According to author's opinion, as the science andragogy allows reasonably to formulate and implement the educational goals of adults.

As the author of the article points out, andragogy discloses the principles, methods and means by which the developing, socializing and adapting role of education is ensured in the life of adults.

Keywords: system, place, andragogy, adults, preparation, problem, development, needs, social.

Сведения об авторе:

Сафаров Мунир Ватанович, кандидат педагогических наук, старший преподаватель Кулябский государственный университет им. А. Рудаки 734360, РТ, Хатлонский область, г. Куляб, ул. С. Сафаров-16, тел: 918665441, Е-mail: munir11(@,list.ru

About the author:

Safarov Moneer Vatanovich, candidate of pedagogical sciences, senior teacher in Kulob State University named after A. Rudak, phone: 918665441, Е-mail: munirl K lisl.ru

ИСТИФОДАИ УСЛУБИ «УСТОД-ШОГИРД» ЧДХДТИ ОМУЗИШИ МУСЩИИ

АНЪАНАВИ ДАР МАКОТИБИ ТАДСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ЧУМДУРИИ

ТОЧИКИСТОН

Сафари Г.

Донишкадаи давлатии фарщнг ва санъати Тоцикистон ба номи М. Турсунзода

Дар замони пешрафти босуръати илму техникаи муосир ва пешравй дар тамоми сохахои хаёти ичтимой тарбияи шахси бофархангу босавод ва хамачониба ташаккулёфта вазифаи мукаддаси хар як омузгори макотиби миёнаву олй ба шумор меравад. Аз он чумла, вобаста ба талаботи давру замон тарбияи насли наврас дар рухияи зебоипарастй ва фахмиши амики мусикй, дарки санъату фарханги волои ниёгон, яке аз рукнхои асосии таълиму тарбия дар макотиби олии санъат аст.

Факултаи мусикй-омузгории ДДФСТ ба номи М. Турсунзода мохи феврали соли 1983 дар заминаи шуъбаи суруд ва мусикии факултаи корхои маданй-равшаннамоии донишкадаи мазкур таъсис ёфтааст. Факулта дар давраи 26-соли Истиклолияти давлатй зиёда аз панчсад нафар кадрхои баландихтисосро тайёр намудааст, ки дар сохахои фархангу маорифи чумхурй кору фаъолият намуда истодаанд. Факултаи мазкур барои мактабхои тахсилоти хамагонй, коллективхои касбии хунарй ва дигар муассисахои фархднгу санъат кадрхои баландихтисос тайёр мекунад.

Вазифаи асосии мо омузгорон, дарёфтани роху усулхои пурсамари таълим бахри омузонидани мусикии муосиру замонавй ва хам суннатии ниёгон ба шогирдонамон аст.

Яке аз усулхои хеле пурсамаре, ки аз санчишхои таърих гузашта, то ба замони мо омада расидааст, ин усули «Устод-шогирд» мебошад. Истифода аз ин усул ва ё аз тачрибаи ниёгонамон -ин амали хайру савоб ва рохи хеле пурсамари омузонидани санъати анъанавии ачдодонамон «Шашмаком» ва «Фалак» мебошад. Асархои классикй ва ё мусикии анъанавй хусусияти ба худ хоси услуби ичроиш дошта, хар як хофиз ва ё ичрокунанда онро вобаста ба махорату истеъдоди касбй ва сабки хоси навозандагй ва ё сарояндагии хеш ичро мекунад ва ин анъана тайи чанд асрхо сайкал ёфта, то замони мо махз тавассути услуби «Устод-шогирд» расида омадааст.

Тибки тадкикотхои олимони соха чанбаи услу6и «Устод-шогирд» хамчун сарчашмаи aмaликyнaндaи анъанахои касбй ба хисоб меравад. Роху воситахои чанбаи мазкур хаматарафа буда, дар таълиму омузиши пахлухои гуногуни санъати анъанавй истифода бурда мешавад.

Дар санъати мусики имрузаи точик дар раванди услуби мазкур омузиши мусикии анъанавии «Шашмаком» ва «Фалак» хеле хуб ба рох монда шудааст.

Роху воситахои услуби мазкурро дар шакли зайл номбар кардан мумкин аст:

- ба тарики шифохй яъне «аз дахон ба дахон». Дар ин раванд ду нафар-устод ва шогирд иштирок менамоянд;

- азхуднамоии арзишхои суннатии давру замон.

Аз маданияти халкхои эронинажод-ачдодони тамаддуни ориёй, ки меъёрхои ба таври шифохй «аз дахон ба дахон» додани маълумотхои диниро ташаккул дода буданд, ба эхёи мусикии касбй дар замони хукмронии сулолаи Сосонихо, то он замоне ки мусикй чун хунари волои бадей ва хамчун касб макому мавкеи худро пайдо менамояд, мактаби «Устод-шогирд» ташаккул ёфта, ин ришта ба асрхои IX-X замони хукмронии сулолаи Сомониён кашида мешавад.

Дар баробари дигар макотиби маданияти тоисломй, мактаби «Устод-шогирд» низ бо тадрич маданияти Исломро кабул намуда, фаъолона инкишоф меёбад: мактабхои хусусй ташкил карда мешаванд, ки дар онхо тахсил ба мисли пештара бо забони форсй-точикй ва бо истифода аз истилохоти мусикии форсизабон гузаронида мешуданд. Дар охирхои асрхои миёна (IX-XV) чанбаи таълимии «Устод-шогирд» мавкеи устувор пайдо намуда, дар шакли нав дар илм инъикос меёбад. Дар илми мусикй ду чараёни дакик муайян карда мешавад, ки баъдан боиси пайдоиши ду анъанаи таълифи асархои илмии санъати мусикй мегардад:

- асосхои назариявии мусикй, ки дар он мусикй ва дарачахои он бо воситаи илмхои дакик («Китоб ал-мусикй ал-кабир»-и Ал-Форобй, «Донишнома»-и Абуалй Ибни Сино, «Китоб ал-адвор»-и Сафиуддини Урмавй, «Рисолаи мусикй»-и Абдурахмони Ч,омй);

- амалй (ичрокунандагй), ки рисолахо хамчун рахнамо барои касби мутрибй бо назардошти омузиши амалии мусикй таълиф шуда буданд («Рисолаи мусикй»-и Алии Нишопурй, «^онуни илмй ва амалии мусикй»-и Зайнулобиддини Хусайнй, «Дар баёни Дувоздахмаком»-и Начмиддини Кавкабй).

Махз омузиши чунин асархо, ки бо забони форсй-точикй таълиф шуда буданд, ба пайдоиш ва ташаккулёбии системаи «Устод-шогирд» замина гузошт. Истифодабарандаи асосии ин рисолахо, асосан шогирд ба хисоб мерафт, ки дар баробари аз худ намудани сарчашмахои хаттй, хамзамон бо рохи омузиши «аз дахон ба дахон» дарси майорату малакахои ичрои асархои мусикиро низ меомухт.

^обилияти шунавой ва эхсосоти дарки мусикй омили асосии таълимоти услуби анъанавиро муайян мекунад.

Тибки гуфтахои Худойбердиев С. «Дар шароити амалияи мусикии анъанавй созхои мусикй мавкеи асосиро ишFOл менамоянд, зеро кулли мундаричаи асари мусикй махз бо тавассути созхои мусикй истифода мегарданд. Бинобар ин сохти оханг, шаклбандй ва хатто силсилабандии мусикии анъанавй дар сохти мукаррарии дастаи созхои мусикй бо конуниятхои муайян инъикос мешавад. Ин гуфтахоро дар мисоли танбур ва дутору сетор, ки созхои асосии мусикии анъанавймебошанд, мушохида мекунем. Дар шароити услуби таълими анъанавй сохти пардабандии дастаи сози мусикй, натанхо манбаи ичрои ин ё он асари мусикй, балки воситаи аёнй, ё худ системаи омузиши таълимиро низ ифода мекунад. Ин система тавассути чурхои алохида (муносибати фосила байни торхо, масалан, кварта, квинта, секста, прима) ва дар натичаи он ба вучуд омадани пардахои устувор (шохпарда, зарпарда) зохир мешавад. Хулоса, созхои миллй дар амалияи мусикии анъанавй махсули эчодиёти мафкураи касбй буда, аз аввалин даврахои пайдоиши худ то ба имруз хамчун ифодакунандаи тафаккури мусикии инсонй омили асосй ба хисоб мераванд. Пас, метавон гуфт, ки созхои мусикй хамчун ифодаи модии мачмуи тафаккури мусикии инсонй ба вучуд омада, дар шароити омузиши таълимй онро хдмчун дастур ва ё воситаи асосии таълимй кабул кардан зарур аст».

^айд кардан бамаврид аст, ки имрyзxо барои заминагузорй ва чорй намудани услуби таълимоти омузиши мусикии анъанавй дар мaктaбxои тaxсилоти миёнаи умумй корxои зиёде амалй шуда истодааст. Тайи чанд сол аст, ки барои дар оянда тайёр намудани мутахассисони мусикй-омузгорй ва санъати мусикии анъанавй дар донишкадаи мо низ дар баробари таълими дaрсxои мусикй, xaмзaмон барои ба роx мондани омузиши мусикии анъанавй дар мaктaбxои тaxсилоти миёнаи умумии чyмxyрй бо истифода аз системаи мазкур фаъолияти назаррас ва корxои пурсамар анчом дода шудааст. Чанд сол пеш дар заминаи факултаи мусикй-омузгорй ансамбли Шашмакоми донишкада таъсис дода шуд, ки бо чалби устодони варзидаи мусикии анъанавй ва роxaндозй намудани системаи «Устод-шогирд» дар як муддати кyтоx ба мyвaффaкиятxои назаррас ноил гашт. Имсол бошад, дар заминаи факулта бо чалби устоди варзидаи жанри фалак, профессор ^урбони ^урбониён ансамбли «Фалаксароён» низ кушода шуд, ки барои дар амал чорй намудани максад ва вaзифaxои дар боло ишорашуда як кори хайру савобе хоxaд гашт.

Бо ташаббуси роxбaрияти донишкада ва пешниxоди садорати факулта xaмaсолa сарояндагону навозандагони мaшxyри чyмxyрй ва устодони варзидаи санъат аз чумла, Aбдyрaxим Шерматов, Сафар Муродов, овозхони ансамбли «Дарё» Назруддин Неъматуллоев, навозандагони чирадаст Абдусалом Paxимов ва Бaxром ^одиров ба донишкада даъват гардида, барои боз xaм зинда гардонидану нигоx доштани сабку рaвияxои гуногуни санъати сарояндагию навозандагии гузаштагонамон ва баланд гаштани сaтxи мaxорaт ва малакаи ичрокунандагии шогирдон дар ин самт сaxми арзанда мегузоранд.

Х,адафи асосии дар факулта ба роx мондани фаъолияти таълими мусикии анъанавии ниёгонамон дар вaзифaxои зерин муайян мегардад:

- дар баробари тайёр намудани омузгорони ояндаи фанни суруд ва мусикй xaмзaмон омода намудани зинаи аввалини мутахассисон барои ба роx мондани таълими мусикии анъанавй дар макотиби миёнаи тaxсилоти умумии чyмxyрй;

- таълиму тарбияи насли наврас дар раванди услуби анъанаи «Устод-шогирд» дар мaктaбxои тaxсилоти миёнаи умумии чyмxyрй;

- таъсис додан ва тaрxрезии бaрномaxои шаклан нави таълимй дар асоси сабку услуби анъанавй;

- воридоти омузиши мусикии анъанавй дар мазмуни барномаи таълимии мaктaбxои тaxсилоти миёнаи умумии чyмxyрй вобаста ба дaрсxои суруд ва мусикй (мaxфилxои xaвaскорони мактабё ин, ки ба роx мондани дaрсxои иловагй) бо истифода аз системаи мазкур.

Дар чараёни таълим дарфакулта корxои муфиди системаи aнъaнaxои «Устод-шогирд» ба роx гузошта шудааст, ки ин амал дар айни xол xaмчyн намуна дар семинaр-мaшвaрaтxо, дaрсxои кушод, сайкали xyнaри мутахассисони пешкадам ба xaйaти васеи омузгорони дигар шyъбaxои мусикии донишкада мавриди баррасй карор дорад.Шогирдон дар баробари азхуд намудани сaбкxои гуногуни ичрокунандагии мусикии ниёгонамон инчунин бо истифода аз малакаю мaxорaти азхуднамудаашон доимо дар чорaбиниxои фaрxaнгии факултаю донишкада ва сaтxи чyмxyриявй xyнaри худро пешкаши xaводорони ин xyнaри воло мегардонанд.

Хулоса, аз натичаи тадкикоту тaxлилxо бармеояд, ки аз замоне мусикй ва санъати овозхонй xaмчyн xyнaри волои бадей ба арсаи xaёт кадам ниxод ва тадричан xaмчyн илм арзи вучуд кард, мактаби «Устод-шогирд» пайдо шуд, яъне ин мактабест, ки пеш аз навишти адвор пайдо шуда, то замони мусикии муосир бо тамоми таровати аввалинаш омада расидааст. Сaбaбxои асосии яке аз yслyбxои хеле пyрмaxсyли таълими мусикиву суруд ба шумор рафтани услуби «Устод-шогирд»-ро дар нyктaxои зер номбар намудан мувофики максад аст:

- мактаби «Устод - шогирд» дар асоси yзвxои мyxимтaрини дарки мусикй дaxон (асоси овозхонй) ва гуш (xисси шунавой) заминагузорй гардидааст;

- дар асоси шакли хеле маъмулу сода - «аз дaxон ба дaxон» тaрxрезй гардидааст;

- дар бисёр xолaтxо ба тарики авлодй ё оилавй инкишоф меёбад ва аз насл ба насл мегузарад;

- каробати хеле наздик дар ин усул бо устод, ки дар xaмaи давру замон дар Шарк накши асосй ва ифтихориро мебозад;

- устод бахри зинда нигох доштани хунари хеш тамоми махорату нозукихои касбашро ба шогирд ба таври инфиродй меомузад.

Дар хакикат, дар мамлакатхои Шарк хамеша макому манзалати устод дар назди шогирд хеле баланд буда, таълими хунари волои овозхонй ва ё ичрокунандагй бо ин услуб, албатта, бахри рушду нумуи санъати анъанавии касбй накши босазо дорад.

Аз он чумла омузиш ва таълими «Шашмаком» ва «Фалак» бо ин воситаву услуб боиси зинда мондан ва ё эхё гардидани ин хунари анъанавии миллии халкамон гардидааст.

Яъне мактаби «Устод-шогирд» хамаи он сабку услуб, хусусиятхои хоси овозхонй ва ё ичрокунандагии ин ё он устоди хунарро аз каъри асрхо то ба имруз нигох дошта сайкал дода, ба мо расонидааст ва ба ояндагон хам бо таровату нафосати аввала хохад расонид.

Аз ин ру, инкишофи ин услуб ва мухайё намудани шароитхо бахри бештар кор бурдан бо шогирдон бо услуби «Устод-шогирд» вазифаи хамаи мо устодони макотиби олии санъат ба шумор меравад.

Чунин як тачрибаи дар амал истифодашудаи имруза, инчунин омузиш ва тадкикотхои хоси системаи «Устод-шогирд» моро водор месозад, ки системаи мазкур барои нигохдошт ва ташаккули мусикии анъанавй равона гардида, як чанбаи мукаммали таълимй ба хисоб меравад ва дар оянда низ ривочу равнак додан ва истифода аз системаи мазкур ба хусус дар муассисахои таълимии санъат ва мактабхои тахсилоти умумиичумхурй аз манфиат холй нахохад буд.

АДАБИЁТ

1. Татбики устод-шогирд омили асосии рушди системаи таълими мусикй: /Фарогат Азизй, доктори илмхои санъатшиносй//Ахбороти Академияи улуми Чумхурии Точикистон, апрели 2009.

2. Рушди фарханг ва маориф дар шароити технологияи муосир: С. Худойбердиев, профессори ДДХ ба номи академик Б. Fафуров//Маводи конференсияи илмй-назариявии устодону донишчуёни ДДСТ ба номи М. Турсунзода ба истикболи 20-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон. -Душанбе: Истеъдод, 2011.-208 с.

3. Таърих ва назарияи Шашмаком:/А.Низомов, доктори илмхои санъатшиносй- Душанбе: Ирфон.

ИЗУЧЕНИЕ ТРАДИЦИОННОЙ МУЗЫКИ ПУТЁМ ИСПОЛЬЗОВАНИЕ СИСТЕМЫ «УСТОД-ШОГИРД» В ОБЩЕОБРАЗОВАТЕЛЬНЫХ ШКОЛАХ

РЕСПУБЛИКИ

Статья посвящена исследованию процессу развития и возрождения система «Устод-шогирд» (наставник -ученик), в общеобразовательных школах Республики Таджикистан. Автор анализируем приниятые государственные программа, направленные на подготовку кадров в сфере развития культуры и исскуства, а также прилагает решение рида конкретных задач, способствунощих подготовке подготов в области традицонной музыки для общеобразовательных одтфежденний.

Ключевые слова: система «Устод-шогирд», фалак, шашмаком, классическая музыка, традиционная музыка, обучение, образования, форма изучения, учебно-методический, общеобразовательных, школа.

STUDY OF TRADITIONAL MUSIC BY USING THE «USTOD-SHOGIRD» SYSTEM IN THE GENERAL SCHOOLS OF THE REPUBLIC

The article is devoted to the study of the process of development and revival of the system "Ustod-Shogird" (mentor-pupil), in general schools of the Republic of Tajikistan. The author analyzes the adopted state programs aimed at training personnel in the development of culture and the arts, and also makes a decision on a number of specific tasks that help to train teachers in the field of traditional music for general educational institutions.

Keywords: system «Ustod-shogird», falak, shashmakom, classical music, traditional music, teaching, education, form of study, educational-methodical, general education, school.

Сведения об авторе:

Сафари Гулназар, декан музыкального факультета Таджикского государственного института искусств Таджикистана имени М. Турсунзаде, тел: +(992)934400123; +(992)907076699

About the author:

Safari Gulnazar, dean of the music faculty of the State Institute of Arts of Tajikistan named afterM. Tursunzade, tel: + (992) 934400123; + (992) 907076699

АСОСХфИ НАЗАРИЯВИИ АМАЛИСОЗИИ ТАЪЛИМИ ТАФРЩАВИИ МАТЕМАТИКА ДАР СИНФ^ОИ ИБТИДОЙ

Махмудшехова М., Рацабов Т.

Донитгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Дар хама давру замон маориф чабхаи пешбурди чомеа, раванди сохибмаърифатии инсон мебошад. Х,алли кариб хамаи масъалахои кору зиндагй, низому суббот ба он алокаманд мегардад. Аз ин ру, хамеша дигаргунихои куллй чомеа, муайян намудани самти ояндаи инкишофи фарханги чомеа, вазифаи асосии маориф ва масъулияти хамин сохтор ба шумор меравад. Дар хакикат мутахассисон, мухаккикон, махсусан омузгорони пешкадам кушиш ба харч медиханд, ки хар як хонанда бо назардошти имкониятхои таълимиашон ташаккул ёбанд. Барои амалй сохтани ин хадафхо таълими тафрикавии фанхоро дар мактаби муосир бештар бояд ба рох монд.

Бояд кайд намуд, ки муносибати тафрикавии таълим аслан масъалаи нав нест, он хануз дар огози рушди бонизоми назарияхои илмии педагогй ба вучуд омада буд, дар даврахои гуногуни инкишофи ин соха дар кишвархои гуногуни олам, аз чумла собик Иттиходи Шуравй, ки чомеаи имрузаи мо низ пешбарандаи бевоситаи низоми илму таълими он аст, аз чониби педагогхо, метадистон-олимони чудогона истифода мешуд, дар таълифоти чудогонаи онхо таъкид мегардад.

Х,амин тарик, дар мархилаи хозира тафрикаи тахсилот яке аз проблемаи рузмарраи назария ва амалияи таълиму тарбияи хонандагони муассисахои тахсилоти миёна ба хисоб мераванд.

Сарогоз максади асосии тафрика ба амикомузии хонандагон дар самтхои физикаю-математика, табиию гуманитарй, рушди хавасмандии гуногун ва кобилияти онхо бахшида мешуд, холо бошад, аз диди тахкикотчиён ба тарзхои гуногун баррасй мешавад.

Масалан, И.Э.Унт муносибати инфиродиро (тафрика холати хусусии он) баррасй намуда максадхои хусусии онро ин тавр чудо мекунад:

1) таълими тавассути муносибати инфиродй-донишхо, махорат ва малакахоро такмил медихад, барои амали сохтани барномахои таълими дарачаи баланди донишхо, махорат ва малакахои хар як хонанда вобаста ба майлу хавасашон мусоидат менамояд;

2) рушддихандагй-ташаккул ва инкишофи тафаккури мантикй, танкидй, махоратхои корхои таълимй бо назардошти майлу хавасу кобилиятхои хонандагонро такя ба мархилаи наздики рушд фарохам меоварад;

3) тарбияи шахсиятро бо маънои пуррааш муайян мекунад;

4) бехдошти майлу марокро ва инкишофи хаваси азбаркуниро ба вучуд меоварад;

5) таъмин ба инкишофи ояндаи фардии кудакро мусоидат мекунад [7, с.33-35].

Т.Е.Кузменков максади тафрикаро аз се нуктаи назар баррасй намуда, аз он чумла, чунин

ибрози акида менамояд:

1. Аз диди психологй-педагогй: инфиродикунонии таълим барои мухайё намудани шароитхои куллаи муайянкунии инкишофи майлу рагбат ва кобилияти хар хонанда равона шудааст, асоснок мебошад;

2. Аз диди ичтимой: таъсири максаднок бо назардошти истифодаи самараноки имкониятхои хар як фард ба ташаккули нуфузхои эчодй, интелектуалй касбии чомеа нигаронида шудааст;

3. Аз диди дидактикй: халли масъалахои бахсталаби мактаб тавассути роххои навини мухайё сохтани системаи методии таълими тафрикавии хонандагон, ки такя ба принсипхои навини марокзохиркунй равона шудааст [4].

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.