Научная статья на тему 'STAGES OF TELEVISION DEVELOPMENT AT THE PERIOD OF INDEPENDENCE IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN'

STAGES OF TELEVISION DEVELOPMENT AT THE PERIOD OF INDEPENDENCE IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
51
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТЕЛЕВИДЕНИЕ / ИНТЕРАКТИВНЫЙ / ЖУРНАЛИСТ / ЭТАПЫ РАЗВИТИЯ / МОДЕЛЬ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Умарова Гавхар

Данная статья посвящена этапам развития телевидения в Республике Таджикистан. Автор, анализируя историю развития телевидения, делает акцент на годы независимости, и тем самым, приходит к выводу, что процесс развития телевидения в стране необходимо выделить на 4 этапа, каждый из которых имел положительное влияние на формирование интерактивного телевидения в стране.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ЭТАПЫ РАЗВИТИЯ ТЕЛЕВИДЕНИЯ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН В ГОДЫ НЕЗАВИСИМОСТИ

The article devoted to the problems of Tajik TV development. Author, analyzing the history of TV development, emphasizes the independent ages. Author comes to the conclusion that the process of TV formation in country needs to be divided into 4 stages, each of which had positive influence on interactive TV development in country.

Текст научной работы на тему «STAGES OF TELEVISION DEVELOPMENT AT THE PERIOD OF INDEPENDENCE IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN»

Адабиёт:

1. Аминов Р. Детская литература. История таджикской советской литературы. Т. VI. (Ч. 1.). -Душанбе: Дониш, 1982. 347с.

2. Бобокалонова Дж. Некаторые взгляды на истории критики таджикской литературы. -Душанбе: Ирфон, 2003. 306с.

3. Детская литература. Методическая рекомендация (составитель Джонон Бобокалонова). Часть 1. - Душанбе, 1989. 57с.

4. Маъсуми Н. Таджикский фолклор. - Душанбе, 1952. С.63.

СКАЗКА В ТАДЖИКСКОЙ ДЕТСКОЙ ПРОЗЕ

В данной статье автор исследует истории появления сказки в таджикской детской литературе. Сказка считается одним из старинных жанров литературы, в ней показана мечта и радостной жизни крестяника. Жанр сказки для развития познания и образа детей имеет огромное значения. Автор выполнил ту задачу, которую поствил перед собой.

Ключевые слова: автор, сказка, жанр, стиль, цель, мечта, изображение, мысль.

TALE IN THE TAJIK CHILDREN PROSE

In this article the author researches the emerge of tale in the Tajik children literature. The tale is considered of the oldest genre of literature, it dealt with dream and a joy of the life of peasants. The tale for the development of cognition and children image as well as. Key words: author, tale, genre, style, aim, dream, image, think.

Сведения об авторе: Исматуллоев Мирзо Рачабалиевич, кандидат филологических наук, доцент, докторант Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни

About author: Ismatulloev Mirzo, Ph.D in philology sciences, Associcele professor, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini

ЗИНА^ОИ РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИЦЛОЛИЯТИ ЧУМ^УРИИ ТОЧИКИСТОН

Умарова Г.

Донишкадаи давлатии санъати Тоцикистон ба номи М. Турсунзода

Журналистикаи точик зинахои зиёди таърихиро убур кардааст. Олимони намоёни сохд, профессор Иброхим Усмонов ва Давлат Давронов кайд менамоянд, ки барои омухтани таърихи журналистика бояд: «Пеш аз хдма муайян кардани он мухим аст, ки ба сифати хатии инкишофии журналистикаи точик кадом меъёрхо мувофиктар мебошад: матбуоти форсизабонхо, Мовароуннахр ё матбуоти сирф точикии Осиёи Миёна» [5, с. 5].

Чун бузургони сохд устод Садриддин Айнй ба матбуот ва рушти он аз матбуоти сирф точикй истифода бурдаанд мо низ барои рушани андохтани як шохаи матбуот- телевизион ба он такя менамоем.

Журналистикаи хар як миллат ба он вобастааст,ки вай дар кадом чомеа ко рва эчод менамояд. Ва назорат аз болои ахбори омма дар кадом чорчуба карор гирифтааст.

Дар шароити кунунй, ки чахонишавй босуръат чомеаро фаро мегирад руз аз руз тахдиди нав чун ифротгароиву терроризм тамаддунхои миллиро тахдид менамояд. Аз ин ру ягона рохи мукобила ба ин тахдидхо таквият бахшидан ба кори кормандони ВАО таваччух бахшидан ба фарханги эчоди онхо ва рангину пурмухтаво намудани барномахои Радио ва телевизион мебошад.

Дар бораи пайдоиши телевизион олимон сухан ронда мегуянд,ки « Огози онро пайдоиши лампа (чарог) - чароги электроннии вакумй асос гузошт...» [1, с. 11].

Мо дар кори худ дар бораи техника ва технологияи ТВ гузаштаи телевизионро бозгуйи наменамоём. Бештар ба тахаввул, яъне зина ба зина рушти ТВ дар Точикистонро дида баромада дар бораи инкишофи он дар солхои истикдолияти Чумхурии Точикистон истода мегузарем.

Нахустин тачрибахои намоишхои телевизион дар солхои 1930-юми асри ХХ дар Олмон сурат гирифт. Тачрибахои дигаре, ки дар Россия ба вукеъ пайваст ба солхои 1930-1935 рост меояд. Сабаби асосии рушт накардани телевизион дар он аст, ки солхои 1935- 1937 дар Олмон хукумати фашистй бо рохбарии Адолф Гитлер пайдо шуд ва ба амнияти кишвархои хамсоя

тахдид кард. Ва он боиси бурхони сиёсии байналхалкй гардид. Дар чунин вазъият аксари мамлакатхои олам, аз чумла Иттиходи Шуравй иктисодиёти худро барои равнак додани саноати харбй равона кард, то ки ба мукобили Германияи фашистй истодагарй карда тавонад. Бо хамин сабабхо рушди ТВ маъкуф гузошта шуд. Баъди Чанги Бузурги Ватанй бо рушди ТВ хамчун яке аз воситахои мухимтарини ВАО ахамият медодагй шудаанд ва корхонахои саноатй сохта шуд, ки онхо тачхизотхои лозимаро барои ТВ тайёр мекардаанд. Дар аввали солхои 50-ум дар Москва, Киев Тибиси, Алмаато, Тошкент шабакахои ТВ- он ташкил карда шуданд.

Дар Точикистон «Мутобики карори Совети Вазирони РСС Точикистон аз 19-уми июни соли 1997 №171 Кумитаи оид ба радиошунавонй ва телевизионии Совети Вазирони РСС Точикистон таъсис ёфт» [4, с. 10]. Ба сохтани шабакаи телевизион огоз кардаанд.

3-октябри соли 1959 ин Телевизион бо номи студияи телевизиони Сталинобод ба фаъолият шуруъ кард. Нахуст намоиши он бо нашри Ахбор огоз гардид. Дар рузи аввал фаъолиятшро ТВ- Сталинобод, З-дакика «Ахбор» нишон дода, сипас кинофилми «Чарогак дар кухсор»-ро манзури тамошобинон гардонида буд. Бояд кайд кард, ки дар солхои аввали фаъолияти худ бо кадрхои эчодиву техникй таъмин набошад хам ду нафар шахсиятхои шинохтаи ахли фарханги точик Х,омид Обидов чун директор, Иброхим Рахматов чун сармухаррир корхои зиёдеро ба анчом расониданд. Аксари кормандони техникй дар марказхои бозомузии Тошканд, Москва, Боку сабак гирифта ба ТВ Точикистон омада, ба кор шуруъ карданд. Иморати студия: аз студияи калон, студияи хурд, студия барои хондани ахбор иборат буд. Барои кормандони техники ва эчодй кабинетхои алохида сохта шуда буданд. Дар студияи калон- пулти марказй чойгир шуда буд. Дар студияи калон се телекамераи насб гардида, кор мекард. Ва хар кадом камера вазифаи худро дошт. Агар камераи 1 -ум ба тарафи наток ё худ баранда равона карда шавад, 2-юм камера аз руйи диду назари коргардон-режиссёри барнома харакат мекард. Сониян хангоми барномахои калонхачм хамаи камерахои дар студия насбгардида, мавриди истифода карор мегирифт. 3-юм камера бештар титр (номи барномахо, сарлавхахо), ё суратхоро ба навбат нишон медод.

Сарфи назар аз кам будани кормандони техники ва эчодй талабот ба сифатхои намоиш хеле сахт буд. Интихоби кормандони эчодй ва техникй аз руйи озмунхо ба кор кабул карда мешуданд. Хусусан ба интихоби натокон, ахмияти чиддй медоданд. Азбаски дар донишгоххову, донишкадахои Точикистон хануз кадрхои журналистй тайёр карда намешуд, онхороаз хисоби хатмкунандагони бомахорати бахши филология ба кор кабул мекарданд Х,амчунин кадрхои коргардони хам аз хисоби хатмкунандагони Институти шахри Тошканд ба номи Островский ба кор даъват карда шуда буданд. Олимчон Гафуров,Чурабой Охунов,Нуриддин Пиримкулов Х,абиб Х,амроев, Акбар Чураев, Анвар Сулаймонов,Неля Сакай, Холик Келдиёров,Луъбат Бурхонова, Хосият Олимова, Рафоат Абдусаломова, Хокима Назарова, Наим Латипов, Шодибек Атамбеков, Музаффар Ганиев, Худоёр Имомёров, Сочида Гуломова, Умарчон Донизода, Абдуллочон Гаффоров, Зайнаб Гуломова, Пулотой Азимова, Абдумачид Замонов, Искандар Мирзоев, Хушбахт Беков,Расул Шарипов, рассомон Бурй Олимов, Вафо Назаров, адибон Шохин Боев, Равшани Ёрмухаммад дар давраи аввали фаъолияти ТВ кор мекарданд. Сарфи назар аз журналист набуданашон онхо тавонистанд ба ТВ Точикистон поягузорй намоянд. Ягона коргардони касбй дар байни онхо Борис Муллокандов буд, ки вай дар шахри Ленинград тахсил карда буд. Аз рузхои аввали фаъолияти худ ТВ Точикистон тавонист хамчун колективи техникй ва эчодй фаъолияти телевизионро ба дарачаи хеле хуб ба рох монда, миёни бинандагон махбубият пайдо намояд.

Дар солхои 1970- 1980 ба ТВ точик гурухи калони журналистон кабул шудаанд, ки аксари онхо хатмкунандагони факултаи журналистикаи Донишгохи Миллй (УДТ) будаанд. Инчунин бателевизион онхое даъват мешудаанд, ки кобиляти хуби эчодй доштанд ва метавонистанд барномахои баландмазмуни бадей тахия намоянд. Адибон Мехмон Бахтй, Бахром Фируз, Мухиддин Хочаев, Фотех Исокй, Шамсй ^иёмов, ва журналистон Елена Фронс, Бурмиева Елезавета, Света ^осимова, Лилияна Чонсоевна Налоева, Х,аким Эргашев,Миша Никулин, Саидмурод Рахимов, Рахматшох Додихудоев, Кароматулло Ахмадов ба фаъолият шуруъ намуданд.Х,амчунин дар сафи онхо; Турсунмурод Аминчонов, Луъбат Аминчонова, Каримчон Бурхонов, Мансур Султонов, Облоберди Шодиев, Чориёр Иброхимов, Гавхар Умарова, Саёхат Неъматова Аскар Х,акимов, Саидкул бурбонов, Равшан Ганиев, Зулфиддин Муъминчонов, Кароматулло Ахмадов, Х,алим Сангинов, Изатулло Самадов, Лариса Вершковекая, Сайфи Чурабоев, Равшан Турабеков, Бахром Сайфиддинов, Барно Гайбуллоева, Абдуллочон Гаффоров, Роза Мамонова, Саодат, Чураева, Рахмони Остон, Сергей Ситковскйи ба фаъолият сар карданд ва давраи тиллои ТВ Точикистонро таъмин намудаанд. Зеро хангоми фаъолияти ин эчодкорон барномаи «Бегараз Панд», «Ватан ва фарзандон», «Чойхонаи Дилкушо», «

Hовеллxои телевизионй», «Kулуби Дугонxо», «Бишнав аз най», «Дурдонаxои шашмаком», телеспектаклxо, барномаxои варзишии «Майдон аз далер аст», «Офарин», шоубарномаxои «Зарринточ», «Маърифат», <Жулуби мухлисони кино» барномаи xачвии Шалтаю», «Лабханд»

«Ронда» барномаxои манзараxои рузи истироxат «Саëxат бо кинокамера», «Баxористон», «Чашма», «Театр ва тамошобин», «X^ë™ деxот», «Афсона барои хурдтаракон» , «Хасанчону Хусенчон» ба тамошобинон манзур гузаронида шуд ва обруву эътибори ТВ-ро боло бардоштанд, инчунин кормандони телевизиони точик барои ТВ- марказй доир ба дастовардxои Точикистони Шуравй барномаxо таxия карда, маxорати касбии журналистони Точикистонро намоиш дода буданд. Он солxо гузаронидани озмунxои телевизионии «Бустон» имконият дод, ки беxтарин иштирокчиëни онxо ба дастxои машxури xунарй даъват карда шаванд. Ва дар ривочу равнаки саънати мусикии точик саxмгузорй намоянд. Инчунин дар ТВ на тащо санъатxои театрxои Точикистон намоиш дода мешуданд, боз худи ТВ xам телеспектаклxо таxия менамуданд, ки онxо дар сатxи баланди касбй эчод шуда, талаботxои маънавии тамошобинонро конеъ карда метавонистанд. То имруз телеспектаклxои «Гули œëx», «Виро», «Шабxои фирок»,

«Парии чазира», «Зани оxанин», «Модар нигарон буд», «Hайрангxои Майсара » ва гайра дар хотири бинандагони калонсол то xол бокй монадааст. Нахустин баромади дастаи раксии «Зебо» аз тарики ТВ дар он солxо манзури бинандагон гардид. Накши ТВ дар таргиб кардани дурнамои мусикии точик «Шашмаком» ва xунарxои халкй ва касбй хеле здад аст. ТВ точик тавонист, ки дар шакл гирифтани маърифат, шавку завк ва худшиносии миллй саxми босазо гузорад. ТВ точик дар фаъолияти худ кушиш мекард, ки байни худ ва тамошобинони иртиботи кавй дошта бошад ва ин кушишxояш хеле самарабахш буданд. Зеро xамаи намоишномаxояш ба завку шавки мардум мутобик буданд ва он барномаxо (сатxи интереактуалй) зеxнй одамонро боло мебардошт Хулоса ТВ дар ин давраи дуюм тавонист дар шакл гирифтани чаxонбинию афкору андешаи мардум бемайлон хизмати шоиста намояд.

Давраи сеюми ТВ точик ë худ рушди телевизион ба давраи бозсозй рост меояд. Дар ин давра xам ТВ точик чй аз ниxозй техникй ва чй аз нидози эчодй пурсамар фаъолият мекард. Дар ми^си мамлакат нисбати си0сати Хукумати Шуравй тачдиди назар ба амал омад. Мафxумxои «Демократиям», «Озодандешй», «Oшкорбаëнй» ва озодии баëн эътироф карда шуд. Ва он як гардиш ва инкилоб афкори омма сабаб шуд. Дар ин давра журналистон эxсос карданд, ки андеша ва акидаи худро метавонанд озодона баëн намоянд. Зеро соли 1991 аз болои матбуот назорати давлатй (ГЛАВЛИТ) бекор карда шуд. Он имконият фароxам овард,ки фазои иттилоотии Точикистон фарогиртар шавад ва журналистон имконият пайдо карданд, ки озодандеш бошанд. Ва кормандони телевизиони Точикистон xам дар катори дигар ВАО услуби корашро тибки талаботxои чомеаи он руза ба роx монда, бештар ба проблемаxои чомеа ру овард.

Сарфи назар аз сифатxои хуби барномаxои телевезионй, телевизиони точик ду мушкили муxим дошт. Яке - барномаxои ТВ Точикистон наметавонист дар тамоми каламвари Точикистон пахш шавад. Ба монанди Вилояти Мухтори Бадахшони Kyxï ва баъзе навоxии дури ку^стен. Сокинони он маxалxо наметавонистанд ТВ Точикистонро мустакиман тамошо кунанд. ^удрати ТВ точик хеле суст буд.

Мушкили дуюм дар он буд, ки ТВ дар шакли тасвири œëx ва сафед пахш мегардид.

Аввалин барномаxои байни чумxуриявй бо номи «Эркани дуста » (Ч,умxуриxои Осдаи Мдана) телемост эстефедаи коргарй ( байни чумxуриxои Точикистон ) Белорусия, Украина дар бораи сохтмони (ГЭС) Ноби Норак барномаxо таxия кардаанд. Талабот нисбати барномаxои баландмазмун хеле чиддй ба роx монда шуда буданд.

Огози Навруз ва наврузофарй дар телевизиони Точикистон ба таври мукамал аз соли 1983- огоз гардид, ки он боиси мустаxкам гаштани суннатxои миллй гашт ва дар дили мардум ифтихори миллй ва худшиносй бедор кард. Маxз телевизион тавонист Наврузро ба сатxи байналхалкий барорад ва окибат он бо талошxои ва ташаббуси Президенти мyxтарам. Эмомали Pаxмон аз чониби Созмони Миллали Муттаxид 21 феврал соли 2010 xамчун чашни арзишманди байналxалкй кабул гардид. Накши ТВ Точик дар худшиносии миллй ва сунатxои он хеле бузург аст. Бояд зикр намуд, ки ин самти эчодй телевизиони точик дар оянда барои равнак ëфтани фарxангу санъат ва маънавдати чомеаи Точикистон хизматxои шоиста кардааст. Маxз аз тарики ТВ точик тамошобинон бо мероси бой мусикй, дастаxои xунарй, театр, кино ва дигар намудxои санъати миллии точик огаxи пайдо кардаанд. Соли 1980-ум дар Москва олимпиадаи умуми чаxонии варзишгарони чаxон барпо гардид. Ба ин муносибат дар варзишгоxxои Олимпии шаxри Москав тачxизотxои нави телевизионй насб карда шуданд, ки ощо наворxоро ранга тасвир мекарданд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда собик раиси ^митаи Радио ва Телевизион журналисти оташинсухан Соxибназар ^аландаров аз

Ляпин(дусти назик 6уд) - Pаиси ^митаи Pадиошyнавонй ва телевизиони Иттиходи Шуравй дархост намуд, ки чанде аз дастгоххои наворбардорй ва пульт ба Точикистон интикол дода шавад. Бояд тазаккур дод, ки махз дар хамин солхо камерахои дастии ранга пайдо шудаанд, ки онхо тавонистанд, чой кинокамерахоро иваз намоянд. Ва кори ба наворгирй ва танзими барномахо осонтар гардид. Инчунин солхои 1983-85 чойи Студияи Сайëри (ПТС)- сдаху сафедро студияхои сайëри ранга ишгол карданд. Хамчунин бояд кайд кард, ки имкониятхои техникй ва эчодии ТВ точик бо сифату сатхи нав фаъолият мекард. Тачхизотхои нави техникй барномахоро ба сатхи баланди замонавй бардошт. Яъне берун аз студия сабт кардани барномахоро фарохам овард ва бори студияи калонро сабук кард. Дар ин солхо баномахое, ки берун аз студияхои ТВ сабт шаванда афзоиш ëфта, дар бой гаштани мазмуну мундаричаи барномахо маънии дигар бахшидаанд. Дар охири солхои 80-ум ва ибтидои солхои 90-ум ташанучи киршхои гуногуни чомеа ба вукуъ пайваст. Чунин ваъзияти аз журналистон талаб мекард, ки мавкеи худро нисбати руйдодхои чомеа муайян карда, ба кори эчод даст зананд.

Чомеа ба 2 гурух таксим шуда аз лизохе идеологй ба мукобили якдигар баромад мекарданд ва дар натича бо сабаби тахаммулнопазирии назари тарафхо чанги шахрвандй сар зад. Ва аз 2-чониб журналистони здад ба халокат расиданд. Ва ин раванд давраи чорум сабабгардид ва он аз соли 1991 то ин чонибро фаромегирад.

Дар ин давра харчанд рузноманигорони касбй суннахои замони пешро давом дода бошанд хам, вале бо дигаргун шудани вазъият, низоми матбуот дигар гардид.

Огози соли 1991 саркарда вазъи ичтимоиву сдесй давлат тагйир ëфт. Ва давраи 4- уми фаъолияти телевизиони Точикистон ба он рост меояд. Нобосомонихову чангхои дохилии кишвар каламкашонро ба маъсулияти чиддй водор кард, ба гуфти устод Садриддин Айнй: «Фикр росту харакати дуруст кардан» [2, с. 18] водор намуд ^рмандони матбуоти даврй ва хам журналистон радиову телевизион ба хар як нуктаи сухани хеш бо масъулияти чидди муносибат карда авзои иттилоотй, сиëсй, маънавй ва маънавиро фархангии чомеаро таъмин мекарданд. Вазъият талаб мекард, ки эчодкорон махсусан рузноманигорон заргарона рафтор намоянд. Баробари матбуотчдан эчодкорони радиову телевизион рузу шаб дар талоши Вахдати миллй захмат мекашанд. Вазъиятро дар тарозуи акл баркашида, матнро ба хонанда, барномаро ба бинанда, садоро ба шунаванда пешкаш мекарданд.

Лозим ба ëдоварист, ки як барномаи пагохирузонаи «Сапеда», ки он солхо пахш мегардид тахиягарон на танхо ба матн хатто дар интихоби суруду мусикй махал эътибор медоданд. Мабодо агар як навор ë як суруди ин ë он манотик зиëтар пахш гардад ба сари кудратй давлатдорй, онхо даст боло гардиданд,- гуфта миëни мардум овозахо пахн мегардид. Суханхои кучагии « Вовчик » ва «Юрчик» миëни мардум пахн гардида буд. Барои онро бархам задан барномахои созандаи « Овоза ва хакикат»- и Давлаталй Pахмон ва Эргаш Сафаров хизмати шоëн намуд.

Дар шароити вазнини он давра рузномаву нашрияхо бисëр имкониятхои чопи худро аз даст дода буданд ва онхо хамаруза чоп намешудаанд.

Бояд як нуктаро кайд намоям, ки харчанд соли 1991 истиклолияти худро давлати мо ба даст овард, вале холо хам вазъият ноором буд. Бисëр рузномахо чоп намегардиданд. Боиси ëдоравист, ки: соли 1992 - истиклолоият - як сола гардид, вале аз нобасомонии вазъият дохилй, хатто рузноманигорони телевизион натавонистан, ки мардумро бо ин неъмати иллохй табрик намуда, барномаи мукамале тахия намоянд. Танхо бо талошхои патриотии Гавхар Умарова, Чориëр Иброхимов ва Мунира Pахимова, як-ду чумлае доир ба яксолагии истиклолияти чумхурй дар барномаи «Ахбор» иттилоъ дода шуду халос. Бо вучуди он рузноманигорон мубориз диккати асосиро ба мавзуи ризояти миллй ва сулху оштй равона карда мардуми кишварро ба вахдат даъват мекарданд.

Барномаи Pадио «Хоки Ватан» (соли1993)мухаррири аввалини он Бобо Бекмуродов, дар ТВ «Во гарибии»-и Шералй Мустафкулов бо Анвар Fайбyлоев бо боварии мардум замина мегузоштанд. Президенти мухтарам, Эмомалии Pахмон бо талошхои зиëд барои ба даст овардани Сулху вахдати миллй бо тарафхои мухолиф махсусан шахси маърифатхох Абдулло Нурй вохурй ба амал овард. Ва барои як порчагии Точикистон созишномаи истикрори сулх ва ризояти миллиро ба имзо расонид. Ва билохира 27- уми июни соли 1997 - соли таърихй гардид. ^шишхои здад, чонфидоиву матонат далериву часорат, талошхои президенти мухтарам Эмомалии Pахмонро халк бидид ва пуштибони худро дарëфт. Аз ин ру уро соли 2016-Асосгузори Сулху Вахдат ва Пешвои худ донист.

Хукумати Чумхури Точикистон бо сарварии рохбари окилу доно барои рушти телевизионнигорй ва озодбаëнии онхо сахм гузошта, якчанд шабакахои телевизионро таъсис намуданд.

Соли 2005 Муассисаи давлатии телевизионй «Сафина» хамчун шабакаи фарханги -фарогатй, соли 2006 муассисаи давлатии телевизиони кудакону наврасон « Бахористон», соли 2008 Муассисахои давлатии телевизиони «Чахоннамо» шабакаи иттилоотие, ки холо шабонарузи фаъолият мекунанд, яке аз руйдодхои таърихии замон мебошад.

Лозим ба ёдовариест, ки барои чавобгуии талаботи замони муосир гардидани барномахои радио ва телевизион баробари маъниву мантики барномахо сифати пахши он мухим гардид. Аз ин ру барои инъикоси барномахо системаи ракамй руй кор омад. Зеро сифати намоишхои телевизионхои ракамй аз хар чихат чолиб аст

Рузи 26-уми июни соли 2006 барои телевизиони точик рузи тачдиди асобобхои техникй пахши барномахо буд, зеро «Точик - Телеком» сохиби бунгоххои замонавии пахши ракамй гардид ва ин имконият фарохдм овард, ки сифатнокиву пойдориши телевизион ракамй аз телевизионхои оддй устувор ва бештар бошад.

Барои рушти ин сохд 1-уми марти соли 2016-ум шабакахои нав бо иштироки бевоситаи Асосгузори Сулху Вахдат, Пешвои Миллат, Президенти мухтарам Эмомалй Рахмон ба фаъолият шуруъ намуд, ки он барои таргиби фарханги милливу хештаншиносй хизмати босазое хохад кард. Аз чумла бунёди телевизиони «Варзиш » ва «Синамо» руйдоди хуби фархангй телевизионнигорй аст. Илова бар ин Муассисаи давлатии «Академияи Воситахои Ахбори Оммаи Точикистон» бунёд гардид, ки барои рушти илмиву оммавии журналистони касбй хиссаи арзанде хохад гузошт. Х,амин тавр, дар Точикистон дар солхои Истиклолият ба иттилои раиси чумхур дар кишвар 70 муассисаи телевизиониву радиой, аз чумла 9 телевизион ва 10 радиои давлатй, 31 телевизион ва 20 радиои гайридавлатй фаъол мебошанд. Аммо хануз хам дар баробари тахдидот давр фазои иттилоотии мо осебпазир аст» [6, с. 2].

Боиси нигарони гардидани рохбари чумхур аз вазъи кори журналистони телевизион онхоро ухдадор менамояд, ки дар шароити нав тибки талаботи имрузаи чомеа фаъолият намоянд.

ВАО пахлухои зиёди омузиши дорад. Асосгузори адабиёти навини точикон, устод Садриддин Айнй дар яке аз маколахояшон хеш «^авми точик ва рузнома» навиштаанд: « .. Хар кавме, ки ба дунё зиндааст дардхо дорад,мухточихо дорад ва мусибатхо дорад . Ба хамаи ин чизхо ин кавмро забон лозим аст, ки дарди дили худро изхор кунад. Забон кавм мисли забони ашхос, мукарарй нахохад буд, балки забоне, ки тарчумони як кавм метавонад рузномаи он кавм аст» [5, с. 3].

Имруз бо пешрафти чомеа кормандони телевизион ва радио бояд кушиш намоянд, ки баробари роздону холдони халк будан бо онхо бештар хамкорй намоянд. Муносибат, шаклу усулхои интерактивиро бештар истифода бурда, ба мавзухои тарбиявй, ватандустй, худшиносии миллй ва таргиби сиёсати Хукумат муносибати чиддй намоянд.

Хулоса, яке аз шохахои ВАО - телевизиони Точикистон, чунон ки дар боло ишора кардем, сарфи назар аз камбудихои чойдошта, бунёдаш, ки нур аст, ба таври бояду шояд барои равшан кардани рохи инсонхо хизмат менамояд ва инъикоскунандаи хаёти маданй, маърифатй, сиёсй, иктисодй, ичтимой ва таргиби хаёти солими мардумон гардидааст.

Адабиёт:

1. Вачнадзе Г. Всемирное телевидение. - Тбилиси: Издателство «Ганатлеба», 1989. - 871 с.

2. Гулмуродзода П. Пурсиш ва Посух. - Душанбе, 2012. - 132с.

3. Рафоати Абдусалом. Телевизион - ойинаи зиндагй. - Душанбе, 2002. - 144с.

4. Саидмуроди Хочазод. Таърихи Телевизиони Точикистон. - Душанбе, 2007. - 240с.

5. Усмонов И., Давронов Д. Таърихи журналистикаи точик. - Душанбе, 2008. - 280с.

6. Хафтаномаи «Миллат». - №10 (545). - 9 марти соли 2016.

7. Чураев А. Телевидение. - Душанбе, 1979. - 88 с.

ЭТАПЫ РАЗВИТИЯ ТЕЛЕВИДЕНИЯ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН В ГОДЫ

НЕЗАВИСИМОСТИ

Данная статья посвящена этапам развития телевидения в Республике Таджикистан. Автор, анализируя историю развития телевидения, делает акцент на годы независимости, и тем самым, приходит к выводу, что процесс развития телевидения в стране необходимо выделить на 4 этапа, каждый из которых имел положительное влияние на формирование интерактивного телевидения в стране.

Ключевые слова: телевидение, интерактивный, журналист, этапы развития, модель.

STAGES OF TELEVISION DEVELOPMENT AT THE PERIOD OF INDEPENDENCE IN THE

REPUBLIC OF TAJIKISTAN The article devoted to the problems of Tajik TV development. Author, analyzing the history of TV development, emphasizes the independent ages. Author comes to the conclusion that the process of TV formation in country needs to be divided into 4 stages, each of which had positive influence on interactive TV development in country.

Keywords: television, interactive, journalist, stages of development, model.

Сведения об авторе: Умарова Гавхар, кандидат филологических наук, доцент Таджикского государственного института искусства имени М. Турсун-заде, e-mail: mino-577@mail.ru

About author: Umarova Gavhar, PhD of philology, Associate Professor, State Institute of Arts of Tajikistan namen's after Mirzo Tursunzoda, e-mail: mino-577@mail.ru

А^АМИЯТИ ТАЪСИСИ НАХУСТИН МАТБУОТИ ТО^ИК ДАР ТАШАККУЛИ

МАЧДЛЛАИ "РА^БАРИ ДОНИШ"

Андамов Х.

Донишгоуи миллии Тоцикистон

Таърихи инсоният собит кардааст, ки пайдоиши матбуот ва рушди он, ба хусус нашрияву мачаллахо ба давроне рост омадааст, ки бедории фикрй авч гирифта ва ин амр, омили он шудааст, ки мардум рози дил ва мушкилотеро, ки доштанд, хатман аз тарики минбаре баён кунанд. Зеро дар хама давру замон маънавиёт хамкадами мардум будааст ва ин амр дар охири асри 19 ва аввали асри 20 чомеаи равшанфикри Осиёи Марказиро барои ба майдон овардани нашрияву мачаллахо ва адабиёту мачмуъахои илмй ва бадей бештар такон додааст. Мухаккикону муаррихони точик бар таквияти ин фикр таъкид мекунанд, "...зухури нашру табъ, матбуот, бахусус фарханги рузноманигорй хоси замони рушангарй, даврони ба Дунёи Нав ворид шудани Шарки мусулмонй, аз чумла Осиёи Марказй, замони дар чомеа бедор шудани афкори тахлилй ва назар ба ахволи худ, яъне худшинохтагй будааст." [1, с. 5].

Як нукта мусаллам ва кобили зикр аст, ки офарандагони публитсистикаи то солхои 50-уми асри гузашта, рузноманигорони касбй (ба фахмиши томи имрузаи ин тахассус) набуданд, балки шоиру нависандагон, ахли адабу фарханг ва маорифпарварон ба шумор мерафтанд. Инро мутолиаи таърихи нашри рузномаву мачаллахо, мубтакирону муассисон ва хайати эчодии он собит месозад. Ба таври дигар гуем публитсистикаи то нимаи солхои 50-уми садаи 20 ба шарофати устодони сухан арзи хастй кардааст. Аз ин ру хангоми ру овардан ба таърихи пайдоиши нашрияхои форсизабон ва нигохе ба фаъолияти адибон ва масоили адабии хамон давра, ба маънии аз мавзуъ канор рафтанро надорад. Чун назаре ба осори гаронмояи устодон Садриддин Айнй ва Абулкосими Лохутй дар ибтидои солхои 20-и асри ХХ кофист, ки робитаи зич ва пайвастагии адабиёти бадей ва публитсистика бештар намоён гардад.

Хатто донишманд ва мухаккики таърихи матбуоти точик - Пайванди Гулмуродзода дар китоби "Публитсистика и время" менигорад, ки аввалин ишорахоро доир ба нашри матбуоти точик дар китоби устод Садриддини Айнй - "Таърихи Инкилоби Бухоро" (с. 1920) дидан мумкин аст. Зеро устод Садриддин Айнй таърихи нашрияхоро муштарак бо вокеахои инкилобй баррасй намуда, арзиши аввалин нашрияхои точикии то инкилобй, ба монанди, "Бухорои Шариф", "Самарканд", "Оина" ва гайраро нишон додааст. Инчунин устод Садриддини Айнй дар китоби худ "Намунахои адабиёти точик" (чопи Москав, с.1926) матбуоти даврии точикро яке аз сарчашмахои омузиши адабиёти точик арзёбй мекунад ва барои такрияти суханони худ чанд намунаро аз эчодиёти шоиру нависандагони давр, ки дар ин нашрияхо руи чоп омадааст, далел меорад.

Албатта равшан аст, ки пайдоиши матбуоти точик дар Осиёи Миёна аз соли 1912 шуруъ шудааст ва руи чоп омадани "Бухорои шариф", дар таърихи 11-уми марти хамин сол ба унвони нахустин рузномаи точикй бидуни бахс аст. Яке аз асосгузорони "Бухорои шариф" Мирзомухиддин, падари яке аз муборизони ташкили чумхурии Точикистон Абдукодир Мухиддинов буд. Аз соли 11 март ба унвони иди матбуоти точик ва бо хузури макомоти давлатй ва ахли фархангу калам ба таври бошукух тачлил мешавад. Сарчашмахо хокист, ки пас аз Инкилоби Октябр мухити нисбатан озод барои ривоч додани матбуоти миллй пайдо шуда аз адибону публитсистон захмату талоши фаровонеро талаб мекард. Хатто дар ин давра бисёре аз

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.