Научная статья на тему 'Musical culture of the upper Zeravshan referring to the VI-th - the XIV-th centuries'

Musical culture of the upper Zeravshan referring to the VI-th - the XIV-th centuries Текст научной статьи по специальности «Искусствоведение»

CC BY
972
67
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МУЗЫКАЛЬНОЕ ИСКУССТВО / ПЕСНИ / МУЗЫКАЛЬНЫЕ ИНСТРУМЕНТЫ / ИСТОРИЯ / ВЕРХОВЬЕ ЗЕРАВШАНА / СОГД / БУТАМОН / ДРЕВНИЙ ПЕНДЖИКЕНТ / ФАЛГАР / МАТЧА / MUSICAL ART / SONGS / MUSICAL INSTRUMENTS / HISTORY / UPPER ZERAVSHAN / SUGHD / BUTAMON / ANCIENT PANJAKENT / FALGAR / MATCHA

Аннотация научной статьи по искусствоведению, автор научной работы — Норбадалов Сорбон Соатмуродович

В статье на основе достоверных источников впервые исследуется история музыкальной культуры верховья Зеравшана VI XIV веков. Отмечается, что музыкальная культура в верховье Зеравшана возникла на достаточно высоком уровне и жители древнего Пенджикента проявляли высокое мастерство и профессионализм в игре на музыкальных инструментах. Подчеркивается, что после нападения арабов и господства исламской культуры над таджикской, музыкальное искусство верховья Зеравшана сохранило свое бытие в интеграции с религиозными ценностями, что особенно проявлялось в структуре траурных ритуалов и в элементах тариката кодирия. В период правления Саманидов музыкальное искусство получает существенное развитие в долине Зеравшана, в особенности, на территории его верховья. Автор статьи приходит к выводу, что, несмотря на недостаточное количество письменных источников, а также исторических находок, связанных с верховьем Зеравшана, необходимо предпринять всестороннее и специальное исследование истории его музыкальной культуры.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Музыкальная культура верховья Зеравшана в VI-XIV веках

Based on reliable sources the author of the article dwells on the history of the musical culture of the upper Zeravshan referring to the Vl-th the XlV-th centuries, for the first time. It is noted that the musical culture in the upper Zeravshan arose at a high enough level and the inhabitants of ancient Panjakent displayed high skill and professionalism in playing musical instruments. It is emphasized that after the Arab attack and the domination of Islamic culture over the Tajik one, the musical art of the upper reaches of Zeravshan preserved its being in integration with religious values, which was especially evident in the structure of mourning rituals and in the elements of the tariqat of coding. During the reign of the Samanids, musical art has been significantly developed in the Zeravshan valley, especially in its upper reaches. The author of the article comes to the conclusion that, despite the insufficient number of written sources, as well as historical finds related to the upper Zeravshan, it is necessary to undertake a comprehensive and special study of the history of his musical culture.

Текст научной работы на тему «Musical culture of the upper Zeravshan referring to the VI-th - the XIV-th centuries»

УДК 709 С.С. НОРБАДАЛОВ

ББК 85

ФАР^АНГИ МУСИКИИ БОЛООБИ ЗАРАФШОН ДАР АСРХОИ VI-XI

Омузишу тахлили осори тадкикотй ва намунахои фолклори болооби Зарафшон нишон дод, ки махз шароити табиву ичтимой дар хифзу эхё, ташаккулу таназзул ва инкишофу рушди фарханги мусикии мардуми ин минтака омили муассир ба шумор мерафтааст.

Даврабандии таърихи мусикии точик, хоса мусикии болооби Зарафшон, чунонки санъатшинос Низомй Аслиддин таъкид мекунад, "на хамеша авчу куллахои дурахшони сахифахои таърихи сиёсй бо ташаккулу инкишофи фарханг ва махсусан, хунари мусикй таъвам мебошанд" (10, 13). Аз ин ру, бештар дар заминаи бозёфтхои бостоншиносии мавчуда ва тахкикшудаи худуди худи болооби Зарафшон ва маълумотхои илмии ба фарханги мусикии мардуми ин минтака алокаманд тадкикот бурдан ба максад мувофик буда, натичаву хулосабарорихои дилхохи илмй ба даст хохад овард.

Водии Зарафшон яке аз водихои хушобу хаво ва зебоманзараи Осиёи Марказй мебошад, ки кисми зиёди он дар худуди чумхурии Узбекистан вокеъ гардида, 46,6% территорияи онро ташкил медихад (8, 4). Ин водй дар миёни силсилакуххои Зарафшон, Туркистон ва Х,исор чойгир мебошад, ки ахолии Точикистон дар ду тарафи руди Зарафшон ва шохобхои он, аз руи нишондоди муаррихон аз давраи кадим, зиндагй карда меоянд (13, 93-99; 4, 5-7; 5, 3-5; 7, 7). Бошишгохи Саразм, ки таърихи мавчудияташ ба давраи биринчй рост меояд, аз кадимтарин мавзеи ин минтака ба шумор меравад. Оби руди Зарафшон, чунончи мухаккикон муайян кардаанд, пеш аз хамлаи арабхо то шахри Байканд- 35 километр дуртар дар чанубу гарбии Бухоро рафта мерасидааст (1, 61).

Муайян кардани решахои ташаккули таърихи мусикй дар болооби Зарафшон барои мухаккикони санъатшинос аз давраи давлати Сугд, яъне аз асрхои VI-VII муяссар шудааст. Зеро онхо маводу маълумот хафриётхои мутааллик ба ин асрхоро, ки дар худуди давлати Сугд ва берун аз он ба даст омадаанд, асоси тахкикоту тадкикот карор додаанд.

Болооби Зарафшонро, ки имруз нохияхои Панчакент, Айнй ва Кухистони Мастчохро фаро мегирад, то истилои арабхо Панч (кисмати нохияи имрузаи Панчакент) ва Бутамон (кисмати нохияхои Айнй ва Кухистони Мастчох) мегуфтанду руд ва водии Зарафшонро Сугд меномиданд. Баъзе таърихшиносон акида доранд, ки баъд аз асрхои XVI-XVII Сугдро Зарафшон ва Бутамонро Кухдстон меномидагй шуданд(4, 9). Аммо омузиши катибахои дехаи Оббурдони Мастчох собит кардааст, ки хануз дар асри XIV ин минтакаро Кухдстон меномидаанд (13, 98-99).

Аз ёдгорихои таърихии тоисломии маркази Панч - шахри Панчакенти кадим маълум мешавад, ки санъати рассомй ва наккошй ба авчи аъло расида, сугдиён дар "зинданигорй ва хайкалтарошй" сохиби мактаби хос будаанд (2, 36). Нигорахои деворхои Панчакенти кадим на факат аз рушди санъати тасвсирй, балки хамчунин аз авчи тараккии санъати мусикии сугдиён - сокинони болооби Зарафшон иттилоъ медиханд. Хусусан мусаввараи рангаи "Чангнавоздухтари Панчакент"-и мутааллик ба асрхои VII- VIII, ки хеле зинда тасвир шудааст, далели барчаста мебошад. Аз руи таъкиди санъатшинос Низомй Аслиддин, ки баробари шарху ислохи матни тарчумаи точикии "Таджикы"("Точикон")1-и аллома Бобочон Гафуров, мохияту ахамияти таърихй ва фархангии ин мусаввараро ёдрас кардааст, сози дасти духтари навозанда "чанги камоншакл" мебошад ва бар руйи торхои чанг тасвир шудани ангуштони зебою нозуки у ифодагари "лахзаи зиндаи ичрои оханг" бояд фахмида шавад. Хдмчунин киёфаи "дар хакикат пурандеша"-и мутриба собит менамояд, ки рассом уро бо "лирикаи хушку холй не", балки бо "эхсосоти амики фалсафй" тасвир кардааст (10, 76-77). Ин тарзи тасвир аз он шаходат медихад, ки мутриба дар ру ба руи рассом "зинда" истода, холати табии худро дар муносибат бо сози чанги камоншакл хангоми навозиш нишон додааст.

Тасвири чангнавоз дар тасвири руи девории мутааллик ба асри VI Панчакенти кадим аз он дарак медихад, ки дар асри VI аллакай намудхои мухталифи сози чанг ва чангнавозй дар болооби Зарафшон хамчун навъе аз хунари мусикй маъмул будааст.

Кофтуковхои Панчакенти кадим нишон дод, ки аз 18 намуд асбоби мусикии аз тасвирхову накшхо маълумгардида (2, 89-90) 9-то торй (кифара, чангхо, рудхо), 1-то нафасй, 3-то зарбй, 5-то худсадодиханда мебошад. Бозёфти тасвири рангаи "сози мусикии нодир - духул" аз Панчакенти кадим (соли 1999) ва вучуди "созхои мусикй"-и мазкур ба "маъмул будани услубхои навозандагии ансамблй (дастачамъй)" ва "тасвири симои сарояндагон" ба рушди хунари сарояндагй дар ин замон делел шуда метавонад.

Аз тахкикоти олими шуравй А.М.Беленитский ва тахлилхои санъатшинос Низомй Аслиддин маълум мешавад, ки ба чуз чангу уд дар хафриёти Панчакенти кадим сози "шабехи флейта (най)-и Пан" низ ба кайд гирифта шудааст.

Х,амаи ин созхои мусикии дар аксхо ба кайд гирифташуда аз он шаходат медиханд, ки рушди мусикии касбй дар Панчакенти кадим ва болооби Зарафшони садахои VI-VШ ба дарачаи баланд расида будааст.

Мучассамахои раккосахои Панчакенти кадим, ки бо чунин шаклу хайат дар Чоч, Кеш, Самарканд низ пайдо шудаанд, аз "жанрхои махсуси ракси занона дар базми шохон" дарак медиханд, ки чунин раксро ачнабиён "шамоли тез" меномиданд (12, 25). Дар базми ашрофони Панчакенти кадим раккосахо аз Чоч, Кумед, Кеш, Маймург, Самарканд чамъ мешуданд (2, 89).

Аслан раксхо, аз чумла ин намуди ракс хам дар гузашта мохияти мазхабй-маросимй дошта, чунон ки мухаккикон собит кардаанд, дар Осиёи Миёна дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX низ дар базмхои пинхонии гуруххои махсуси чомеа роич будааст (10, 7778). Аз тадкикоти санъатшинос Низом Нурчонов муайян мешавад, ки мардону занони точик аз хунари ракс ба дарачаи баланди касбй огохй, тачрибаву малака доштаанду нишонахои хунари онхо дар раксхои имрузаи точикон ба мушохида мерасад.

Базмй ва динй будани раксхо, дар дасти раккосон мавчуд будани асбоби мусикй далели хунари хаматарафаи санъаткорони Панчакенти кадим ва хамчунин далели пайванди амики мусикию ракс ба шумор меравад. Н.Нурчонов баъди тадкики тахлили маводу маълумоти хафриёти Панчакенти кадим ба натичае меояд, ки "мусикй ва ракс дар рузгори панчакентихо"-и кадим хамчун навъе аз санъат маъмулу машхур будааст (12, 26).

Дар хуччатхои кухи Муг зикр шудани номи рустохо ва дехахои имруз хам бо хамин ном машхури Мадрушкат (Мадчо), Паргар (Фалгар), Могиён, Киштут ва дехахои Маргузор, Вешист, Кум, Мадм, Зировадк, Искодар, Хушикат, Варз, Фатмев, Похут, Шавакт, Вешаб, Фатмовут, Вардаккат, Курут, Саритог, Утогар, Вишак... (4, 6) ва мутааллик будани аксари онхо ба бойгонии волии Панчакенту фармондор Утт (16, 71) аз он далолат медихад, ки байни дехахо ва шахри Панчакенти кадим робитахои хамачониба, аз чумла иртиботи фархангй низ ба таври доим баркарор будааст. Ин гуна иртибот далели он шуда метавонад, ки мо рочеъ ба фарханги мусикии дехахои номбаршуда низ аз равзани маданияти мусикии Панчакенти кадим нигарем ва бахогузорй кунем. Зеро аксар намояндагони дехахои номбурдаи болооби Зарафшон хамин маданияти мусикии ниёгони худро то имруз хифз карда омадаанд.

Болооби Зарафшон - Панч ва Бутамон солхои 713-714 аз тарафи арабхо забт гардид. Аз соли 715 то 722 дар ин вилоят Деваштич хамчун ихшид хукмронй мекард. Баъди шикастхурии Деваштич Панч хамчун вилоят бархам мехураду Бутамон мустакил мешавад, ки минбаъд дар асри IX Зуннона ном малика онро идора мекард. Дар асри X болооби Зарафшон ба давлати Сомониён дохил шуд.

Доир ба таърихи мусикии точик дар даврони Сомониён маводу сарчашмахои илмии зиёде мавчуд аст, ки фишурдаи онхоро дар бахши 2-юми фасли "Эхёи хунар ва мусикй"-и "Фарханги Сомониён"-и таърихшинос С. Абдуллоев метавон пайдо кард. Дар ин самт тадкикоти аз дидгохи илми мусикй анчомдодаи санъатшинос А. Низомй дар китоби "Таърихи мусикии точик", ки аз тахлилхои мушикофона аст, тадкикоти хеле арзишманд ба шумор меравад.

Дар даврони Сомониёни омилхои зиёде барои рушди фарханги мусикй мусоидат кардааст. Илми мусикй дар замони Сомониён баробари улуми дигар дар мадрасахои Самарканду Бухоро, Марву Нишопур ба таври ихтисосй таълим дода шуда, бо шеъру шоирй пайванди ногусастанй хосил карда буд. Афкори гании илмй-назариявии мусикии ахди Оли Сомон мисли адабиёти пуршукуху чахонгири он дар таърихи асрхои миёна аз ахамият ва арзиши вижа бархурдор аст.

Ба тарчумаи осори марбут ба илми мусикии юнониён машгул шудани мусикишиносони ахди Оли Сомон (хусусан Ибни Сино ва Абунасри Форобй) имкон фарохам овард, ки онхо бо такмилдихии чихатхои назариявии асархои тарчумашуда заминаи мусоиде барои рушди

назария ва амалияи мусикии точикй гузоранд. Дар ин давра адибону донишмандоне чун Абуабдуллох Рудакии маъруф бар Самаркандй, Абухафси Сугдй, Абулаббоси Сарахсй, Мухдммади Сарахсй, Шои Барбатй, Абуалй ибни Сино, Абдуллох Котибии Хоразмй, Абунасри Форобй, Марвони Сарахсй, Х,асан ибни Мусо, Амр ибни Бано, Ахмад ибни Мухаммади Рабехй, Убайдуллох ибни Абдуллох ибни Тохир, Абулфарачи Исфахонй ва дигарон дар ташаккулу рушди хаматарафаи илму илми мусикй ва амалияи он хизматхои шоиста кардаанд.

Аз донишмандони зикргардида Абуабдуллох Рудакй ягона нафаре мебошад, ки дар болооби Зарафшон ба дунё омада, то овони чавонй аввал дар зодгохи худ дехаи Панчруд ва баъдан Самарканд бо овози хушу табъи баланди шоирй шинохта шудааст. Аз ин хоки шоирхезу суханпарвар бархостани бузургтарин шоири олами форсизабонон, ки аз хаштсолагй хофизи ^уръон буду дар чавонй навозанда ва сарояндаи шухратёр, далели ба фарханги мусикй алокаманд будани сокинони Зарафшони ахди Сомониён мебошад. Санъатшинос Низомй Аслиддин собит менамояд, ки Рудакй касидаи "Буйи Ч,уйи Мулиён"-ро бо хохиши умарои сомонй бадохатан гуфта, оханги онро низ (дар макоми «Ушшок») бадохатан эчод кардаву дар хузури амири Бухоро Наср ибни Ахмад ибни Исмоил (914-943) сурудааст (10, 106).

Рудакй дар овони чавонй аз устодони бузурги мусикй монанди Абулаббоси Бахтиёр дарс омухта, аз ухдаи навохтан ва ичро кардани мусикй устодона мебаромадааст. Дар ашъори бозмондаи Абуабдуллох Рудакй корбурди калимаву таъбирхои марбут ба сохаи мусикй, монанди "нагмаи кухан", "лахнаки гариб", "бонги зер" ё "бонги нолаи зер", "чанг баргирифтану навохтан ва суруд андохтан", "руд задани мутриб", "овози хуб", "сурудгуён хазордастон будан", "хуруши барбат", "латифдастии чанггавозон", "бо наю бо руд", "ба як даст чанг пеш омадан", "ба савти наво", "барбати Исову лахнхои Фуодй", "чанги Мудакниру нойи Чобуки Х,обон", "самоъ", "солу маху гуш ба руду суруд доштан", "ридакони мутриб", "ба сарв шохруд баровардани фохта", "ба танбур захма фуру хиштани зандвоф", "бонги руд шунидан", "хунёгари нагз", "ба чанг чанг гирифтан", "ба шаст чангро навохтан" (14, 26, 27, 28, 37, 38, 42, 44, 46, 48, 50, 56, 71, 73, 80, 82, 116, 119, 121) шаходат аз он медиханд, ки дар замони у на факат дар Бухорову Самарканду Марву Нишопур, балки дар тамоми худуди давлати Сомониён, аз чумла болооби Зарафшон олоти мазкури мусикй дар хаёти фархангии точикон мавриди истифода карор доштааст.

Рудакиро на факат асосгузори жанри газалу рубой, балки расман аз шакли шифохй ба шакли адабии хаттй воридсозандаи анвои шеърй мешуморанд. Ин нуктаро мо дар ташаккул ва мавчудияти намунахои осори халкии бадей - байт, тарона, рубой, газалу касида, китъа, достон, ки дар замони Сомониён далели ба мархалаи нави рушди таърихй ворид шудани санъати мусикии точик ба шумор мерафту имруз низ то андозае он асолати таърихиву фархангии худро дар болооби Зарафшон хифз кардааст, ба мушохида гирифта метавонем. Илова бар ин, кариб 10 карн баъд аз Рудакй ба арсаи адабиёту санъат омадани шоири забардаст мисли Накибхон Туграли Ахрорй аз болооби Зарафшон, рушди байтхониву рубоисарой дар миёни мардуми ин водй ва дар суруду таронахои маросимиву мавсимй бештар ба кор рафтани ин ду жанри фолклорй дар асрхои минбаъда, хусусан дар садахои XIX ва ХХ аз пайванди таърихй ва гусаста нашудани анъанахои мазкур шаходат медихад.

Баъд аз фурупошии давлати Сомониён фарханги мусикии точик, хусусан мусикии хирфай дар шахрхои марказй то андозае ру ба таназзул овард. Зеро мусикй барои дарбориёни Газнавихову ^арохонихо ба яке аз воситахои айшу ишрат табдил ёфта буд (10, 139).

Дар асрхои XII-XIII пайдоишу ташаккулёбии адабиёту фарханги суфиёна ва пайванду омезишёбии мусикй ба чараёнхои гуногуни тасаввуф дар таърихи фарханги миллии точикон ба кайд гирифта шудааст2. Вале дар даврони мугул "хунари мусикй дар колбади бадеияти дигар вориди хонакохи шайхон шуд" (10, 165). Дар самти муайянсозии ин пайванд тадкикоти густардаю доманадор ва пурарзиш аз тарафи санъатшинос Низомй Аслиддин анчом дода шуда, натичахои он дар сурати китоби алохида "Суфизм в контексте музыкальной культуры народов Централной Азии"(2000) (11) мунташир шудааст.

Падидахои омезишу рушди хамчояи мусикии мардумй ва самоъ дар фолклори мардуми болооби Зарафшон то имруз низ дида мешавад. Ин нуктаро мо дар мисоли бо хам омехтани истилохоти суфиёнаи равияи дар болооби Зарафшон пахншудаи кодирия (6, 47-48; 9, 90) ва фолклори мардуми ин минтака ба исбот расонида метавонем. Аз тадкикоти М.А. Хрмидчонова оид ба "чахри мардона" ном маросими азо дар болооби Зарафшон пайдост, ки то солхои 1973-77 ва шояд баъдтар аз он низ дар дехахои Хушекат, Варзиманор ва Зосуни

нохияи Айнй дар маросими азо баробари занон мардхо хам ба раксу овозхонй ширкат мекардаанд ва онро "чахр" мегуфтаанд (17, 54). Мардхо дар пеши тобут дастонашонро сари китфи якдигар гузошта, халкавор ба ракс медароянд ва хангоми чарх баробар бо овоз "хй, ха, облохй" мегуянд. Вакти "облохй" гуфтан хама пойи ростро аз пеши пойи чап бардошта, ба пеш харакат медиханд (17, 55-56) ва байни раксу овозхонияшон як навъ хамохангй меофаранд. Ба назари мо лафзи "Облохй" шакли вайроншудаи калимаи "Оллоху" аст, дар байни он ба таври васеъ истифода мешавад.

Дар тасаввуф мафхуми "чахр" (арабй- бо садои баланд хондан; ошкор) хамчун муродифи "чалй" (арабй-равшану ошкор) ва зидмаънои "хафй" (арабй-пинхону пушида) - яке аз ду навъи анъанаи зикр (10, 144-152) мебошад, ки суфиёни равияхои гуногун онро дар танхой ва дастачамъй ичро мекардаанд. Дар мусикии суннатии точикон истилохи "чахорат" мавчуд аст, ки маънои истилохии аввалаш "авч гирифтани савту овоз" ба кайд омадааст (3, 388). Дар "чахри мардона"-и мардуми болооби Зарафшон низ бо овози баланд такрор кардани зикри "хй, ха облохй" асоси оини мазкурро ташкил медихад.

Ин аломатхо нишон медихад, ки дар асрхои XVI- XVII баробари решаёбии оинхои равияхои кодирия ва каландария дар болооби водии Зарафшон анъанаи зикри чалй ё чахри суфиёна бо маросими азодории мардуми болооби Зарафшон, ки реша дар маросими суги Сиёвуш дорад (15, 14), омезиш ёфта, то охирхои садаи XX байни ин мардум роич будааст.

Дар охир бар асоси тахлилу баррасихои болой метавон ба натичахои зерин расид:

1.Натичаи тадкикотхои санъатшиносй бар асоси бозёфтхои бостоншиносии аз Панчакенти кадим сурат пазируфта собит менамояд, ки сокинони болооби Зарафшон дар садахои VI ва шояд пештар аз он ба санъати мусикй майлу рагбати беандоза дошта, дар базмхои оилавию чамъиятй аз созхои гуногуни мусикй на факат барои дилхушй, балки барои баланд бардоштани сатхи зебоипарастиву зебоиписандиашон истифода бурда, аз ухдаи навохтани устодонаи аксари онхо мебаромадаанд.

2. Бозёфтхои археологй аз хунари ракс, бавижа ракси махсуси базмй ва ривочу равнаки он дар болооби Зарафшон то вуруди арабхо ба ин минтака дарак дода, собит менамоянд, ки мусикй ва ракс дар фарханги сокинони ин водй баробар рушд карда, яке таквиятгари дигаре будааст.

3.Баъди аз тарафи арабхо тасарруф шудан хам точикони болооби Зарафшон (Бутамон) нимамустакилияти худро, бар асоси омилхои чугрофй ва табиии водй, нигох дошта, заминае барои хифзи фарханги мусикии миллй ба даст оварда, онро дар давраи Сомониён дубора дар шаклу мазмуни тоза эхё кардаанд.

4. "Чдхри мардонаву занона", "зикр" барин анъанахои муштараки мардуми бумии Зарафшон ва пайравони тарикатхои каландарияву кодирия дар асрхои XII-XIV на танхо далели омезиши гайричашмдошти ду фарханги зотан зидду накиз аст, балки аз асолатмадорй, устуворй, тавону муковимати фарханги мусикии точикони болооби Зарафшон дар баробари ирфони исломй-тасаввуф дарак медихад.

ТАВЗЕ^ОТ:

1 Аз руи таъкиди санъатшинос Низоми А. мутарцимон дар тарцимаи матни марбут ба «Чангнавоздухтар» ба иштибоу роу дода, бино бар «хеле озодона» тарцума кардан дар шаруи уолати чашмони мутриба калимаи «хумор»-ро ба кор бурдаанд, ки дуруст нест. Онуо «арфистка»-ро мебоист на «духтари уднавоз», балки «духтари чангнавоз» тарцума мекарданд ва уамчунин ибораи «чашмони хумор»-ро ба матни тарцума ворид намекарданд. Зеро, аввал он ки дар матни руси чунин ибора нест ва дуюм ин ки бодомшакл тасвир кардани чашми инсон услуби чеуранигории замон буда, он уатто баъди уазор сол дар замони Беузод низ мавриди истифода царор дошт. Ниг.: Низоми, Аслиддин. Таърихи мусиции тоцик.-Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. -384 с. -С.76-77

2 Тибци нишондоди Низоми Аслиддин дар ин асруо шоироне чун Манучеурии Домгони, Абусаид Абулхайр, Авуадуддин Мууаммад Анвари, Афзалуддин Мууаммад Кошони, Низомии Ганцави, Умари Хайём ба арсаи адабиёт омадаанд, ки дар осори онуо падидауои пайвандёбии шеъру мусици ва самоъ ба мушоуида мерасад. Ба мавзуи самоъ бахшидашавии уицоб (парда)-и 11-уми асари «Кашф-ул-мауцуб»-и Али ибни Усмон ал-Цалолй ^уцвирии Газнавй, фасли "Китоби вацд ва самоъ"-и "Эуёулум-ад-дин"-и мутаффакири олами ислом Имом Мууаммад Газзоли аз огози пайвандёбии тасаввуфу санъати мусици дарак медиуад. Дар "Суфинома"-и ал-Аббоди таулилу уамчун яке аз цанбауои таълимотии суфия дар мавриди тазуиби нафс тафсир шудани жанри "Гиря "-ро, ки падидауои он дар силсилаи Шашмацом низ мушоуида мешавад, метавон далели

дигар омезиши мусщии суннати бо унсур^ои суфиёна донист.Ниг.: Низоми, Аслиддин. Таърихи мусщии тоцик.-Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. -384 с. -С. 138-151

ПАЙНАВИШТ:

1.Абдуллоев, С. Фарханги Сомониён/ С. Абдуллоев.-Москва: Шуъбаи чахоруми нашриёти харбй, 2001.-600 с.

2.Дастур оиди таърихи Панчакенти кадим / Гирдоваранда Исроил Исмоилов. -Душанбе: Адиб, 1994.-112 с.

3.Донишномаи "Шашмаком".-Душанбе: Контраст, 2009.-422 с.

4.Ёкубов, Ю. Ёдгорихои болооби Зарафшон / Ю. Ёкубов.-Душанбе: Ирфон, 1977. -64 с. 5.Захидов, П. Архитектурные памятники Зарафшанской долины/ П. Захидов.-Ташкент:

Узбекистан, 1985. -64 с.

6.Камол, X.. История мазаров Северного Таджикистана / Х.Камол.-Душанбе: Деваштич,

2005. -208 с.

7.Каримзода, М. Дехе дар домани сапедадам/М. Каримзода. -Душанбе: Деваштич,

2006. -200 с.

8.Мамадиева, Ш. Историография этнографии Заравшанской долины (конец XIX - 20-30 гг. XX в.) /Ш.Мамадиева-Ташкент, 2012.- 90 с.

9.Мустачир, А. Рузномаи сафари Искандаркул /А.Мустачир.-Душанбе: Ирфон, 1989.-176 с.

10.Низомй, А. Таърихи мусикии точик / А.Низомй.-Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. -384 с.

11.Низомов, А. Суфизм в контексте музыкальной культуры народов Центральной Азии / А.Низомов. - Душанбе: Ирфон, 2009. -286 с.

12.Нурчонов, Н. Олами беканори ракси точик: очерки таърихй-назариявй/ Н. Нурчонов.-Душанбе: Mega Basim YayinSan.Ltd.Sti, 2004.-338 c.

13.Ранов, В.А., Неъматов Н.Н., Мухторов А. Асрори замони кухан / В.А.Ранов, Н.Н.Неъматов, А. Мухторов..-Душанбе: Ирфон, 1974. -142 с.

14.Рудакй. Девон Тахия, тасхех ва сарсухану хавошии ^.Рустам. -Олмотй: Атамура,

2007. -256 с.

15.Таджикова, З. М. Песенная культура таджиков: по материалам Зеравшанских искусствоведческих экспедиций 1958-1961 гг. Автореферат диссертации на соискание ученной степени искусствоведения / Таджикова З. М. - Ленинград, 1977. -19 с.

16.Ч,умъаев, Р. Ягнобмарз ва мардуми он пажухиши таърихй-этнолочй/ Р.

Чумъаев. -Душанбе: Амри илм, 2000.-160 с. 17.Этнография Таджикистана сборник статей.-Душанбе: Дониш, 1985. -180 с.

REFERENCES:

1.Abdulloev, S. Samanids" Dictionary / Abdulloev. -M.: The Department of The Fourth Military publishing-house, 2001.- 600 p.

2.Reference to the History of Ancient Panjakent / Complied by Isroil Ismailov. -Dushanbe: Man-of-Letters, 1994. - 112 p.

3."Shashmaqom" Donish-Name (Encyclopedia). - Dushanbe: Contrast, 2009. - 422 p.

4.Yoqubov Yu. Monuments of Upper Zerafshan / Yu. Yoqubov. - Dushanbe: Cognition, 1977. -64 p.

5.Zahidov, P. Architectural Monument of Zarafshon Volley / P. Zahidov. -Tashkent: Uzbekistan, 1985. - 64 p.

6.Kamol, Kh. History of Shrines of Northern Tajikistan / Kh.Kamol. - Dushanbe: Davashitch, 2005. - 208 p.

7.Karimzoda, M. A Village in the Domain of Dawn -Dushanbe: Davashitch, 2006. -200 p.

8.Mamadieva, Sh. Historiography and Ethnography of ZarafshanVolley (the end of the XlX-th

- the 20-ies - 30-ies of the XX-th century). / Sh. Mamadieva. Tashkent State Institute of Oriental Studies, the Faculty of World Politics and History. - Tashkent, 2012.- 90 p.

9.Mustajir, A.Travelling Diary to Iskandarkul / A. Mustajir. -Dushanbe: Cognition, 1989.-176 p.

10.Nizomi, A. The History of Tajik Music / A. Nizomi. - Dushanbe: Children's Literature, 2014.

- 384 p.

11.Nizomov, A. Sufism in the Context of Music Culture of in regard to the peoples of Central Asia / A. Nizomov. - Dushanbe: Cognition, 2009. - 286 p.

12.Nurjonov, N. The Endless World of Tajik Dance: Historic-Theoretic Stekch / N. Nurjonov. -Dushanbe: Mega Basim YayinSan.Ltd.Sti, 2004. - 338 p.

13.Ranov, V.A., Ne'matov N.N., Mukhtorov A. Legend of the Ancient Time / V.A. Ranov, N.N. Nematov, A. Mukhtorov.- Dushanbe: Cognition, 1974. - 142 p.

14.Rudaki. Collection of Compositions. Preparation, editorship and supplements by Kodiri Rustam. - Almaty: Atamura, 2007. - 256 p.

15.Tadjikova, Z.M. Musical Culture of Tajiks: According to the Materials of Zarafshan Art Historical Expedition Referring to 1958-1961. Synopsis of candidate dissertation in art history / Abandonmental dissertation in the field of art / Tadjikova Z.M. - Leningrad, 1977. -19 p.

16.Jumaev, R. Yaghnobmarz and its People Historical-Ethnologic Research / R. Jumaev. -Dushanbe: Order of Science, 2000. - 160 p.

17.Ethnography of Tajikistan: Collection of Articles. - Dushanbe: Knowledge, 1985. - 180 p.

Фаруанги мусиции болооби Зарафшон дар аср^ои VI-XIV

Вожа^ои калидй: санъати мусщй, созу суруд, таърих, болооби Зарафшон, Сугд, Бутамон, Пащакенти цадим, Фалгар, Масчоу Дар мацола таърихи фаруанги мусиции болооби Зарафшон аз асри VI то асри XIV дар заминаи сарчашмауои эътимоднок бори нахуст мавриди тадцицу омузиши алоуида царор гирифта, муаллиф дар он ба натицаи муайяни илмй расидааст. Мундарицаи мацола бозгуи он аст, ки дар болооби Зарафшон фаруанги мусицй дар асри VI - VII дар дарацаи баланд арзи уастй дошта, сокинони Панцакенти цадим аз уудаи дар сатуи уирфай навохтани созуои мусицй мебаромаданд.

Муаллиф таъкид мекунад, ки пас аз ууцуми арабуо ва тасаллути фаруанги исломй бар фаруанги тоцикй санъати мусиции болооби Зарафшон уастии худро дар уоли омезиш бо арзишуои диниву мазуабй, хусусан дар таркиби маросимуои азодорй ва унсуруои тарицати цодирия уифз карда омадааст. Дар давраи Сомониён санъати мусицй дар водии Зарафшон, бавижа дар болооби он хеле рушд карда, заминаи хубе барои ба саунаи адабиёту санъат омадани шоири мусицидоне уамчун Рудакй уануз як сада пеш аз таваллуди ин нобигаи фаруанги цауонй гузошта буд.

Бо вуцуди кам будани сарчашмауои хаттй ва бозёфтуои таърихии болооби Зарафшон муаллиф ба натица мерасад, ки таърихи мусиции он ба таври густарда мавриди омузишу тауциц царор дода шавад.

Музыкальная культура верховья Зеравшана в VI-XIV веках

Ключевые слова: музыкальное искусство, песни, музыкальные инструменты, история, верховье Зеравшана, Согд, Бутамон, древний Пенджикент, Фалгар, Матча

В статье на основе достоверных источников впервые исследуется история музыкальной культуры верховья Зеравшана VI - XIV веков. Отмечается, что музыкальная культура в верховье Зеравшана возникла на достаточно высоком уровне и жители древнего Пенджикента проявляли высокое мастерство и профессионализм в игре на музыкальных инструментах.

Подчеркивается, что после нападения арабов и господства исламской культуры над таджикской, музыкальное искусство верховья Зеравшана сохранило свое бытие в интеграции с религиозными ценностями, что особенно проявлялось в структуре траурных ритуалов и в элементах тариката кодирия. В период правления Саманидов музыкальное искусство получает существенное развитие в долине Зеравшана, в особенности, на территории его верховья.

Автор статьи приходит к выводу, что, несмотря на недостаточное количество письменных источников, а также исторических находок, связанных с верховьем Зеравшана, необходимо предпринять всестороннее и специальное исследование истории его музыкальной культуры.

Musical Culture of the Upper Zeravshan Referring to the VI-th - the XIV-th Centuries

Key words: musical art, songs, musical instruments, history, upper Zeravshan, Sughd, Butamon, ancient Panjakent, Falgar, Matcha.

Based on reliable sources the author of the article dwells on the history of the musical culture of the upper Zeravshan referring to the VI-th - the XIV-th centuries, for the first time. It is noted that the musical culture in the upper Zeravshan arose at a high enough level and the inhabitants of ancient Panjakent displayed high skill and professionalism in playing musical instruments.

It is emphasized that after the Arab attack and the domination of Islamic culture over the Tajik one, the musical art of the upper reaches of Zeravshan preserved its being in integration with religious values, which was especially evident in the structure of mourning rituals and in the elements of the tariqat of coding. During the reign of the Samanids, musical art has been significantly developed in the Zeravshan valley, especially in its upper reaches.

The author of the article comes to the conclusion that, despite the insufficient number of written sources, as well as historical finds related to the upper Zeravshan, it is necessary to undertake a comprehensive and special study of the history of his musical culture.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Норбадалов Сорбон Соатмуродевич, сармуаллими кафедраи мусщии суннатии тоцики Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Fафуров,(Цум^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд )E-mail [email protected] Сведения об авторе:

Норбадалов Сорбон Соатмуродович, старший преподаватель кафедры таджикской традиционной музыки Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E mail: [email protected] Information about the author:

Norbadalov Sorbon Soatmurodovich, senior lecturer of the department of Tajik traditional musics under Khujand State University named after acad. B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.