Научная статья на тему 'Babоjоn Gafurov and the grounds of the national self-consciousness of the Tajiks referring to the XX-th century'

Babоjоn Gafurov and the grounds of the national self-consciousness of the Tajiks referring to the XX-th century Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
492
49
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
БОБОДЖОН ГАФУРОВ / ИСТОРИЯ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА / НАЦИОНАЛЬНОЕ САМОПОЗНАНИЕ / XX ВЕК / ДУХОВНОЕ СОЗНАНИЕ / "ТАДЖИКИ" / BABОJОN GAFUROV HISTORY OF THE TAJIK PEOPLE / NATIONAL SELF-CONSCIOUSNESS / THE XX-TH CENTURY / SPIRITUAL CONSCIOUSNESS / "TAJIKS" / БОБОҷОН ГАФУРОВ / ТАЪРИХИ ХАЛқИ ТОҷИК / ХУДШИНОСИИ МИЛЛӣ / АСРИ БИСТУМ / ШУУРИ МАЪНАВӣ / “ТОҷИКОН”

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Усмонов Аюб Исмоилович

В статье предпринимается попытка рассмотрения роли и места академика Б. Гафурова в формировании национального самопознания таджиков в XX веке. Автор статьи на основе изучения и анализа общественно-политической деятельности и научных работ этого выдающегося ученого утверждает, что, несмотря на политические ограничения, Б.Гафуров внес огромный вклад в развитие национального самосознания таджикского народа, а также, используя свою политическую роль и влияние, в рамках нескольких конференций, посвященных истории и культуре таджикского народа, привлекая ученых к исследованию национальной истории и литературы, он смог внести достойную лепту в дело сохранения национальных ценностей и развития самосознания таджиков.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Бободжон Гафуров и основы формирования национального самопознания таджиков в XX в

In his article the author makes an endeavor to study the role and place of the academician B. Gafurov in the national self-consciousness formation of Tajiks referring to the XX-th century. Designing on the premise of study and analysis dealing with social and political activities and scientific work of this outstanding scientist, the author asserts that, despite political restrictions, B. Gafurov made a great contribution into the development of the national self-conciousness of the Tajik nations. Resorting to his political role and influence, within the frame works of several conferences devoted to the history and culture of the Tajik nations, involving scientists in the study of national history and literature, Academician B. Gafurov was able to make a worthy contribution into the preservation of national values and the development of Tajik identity inclusive.

Текст научной работы на тему «Babоjоn Gafurov and the grounds of the national self-consciousness of the Tajiks referring to the XX-th century»

УДК 9(с53)27

ББК 63.3(2т)722.1 А. И. УСМОНОВ

БОБОЧОН ГАФУРОВ ВА ЗАМИНА^ОИ ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ТО^ИКОН ДАР КАРНИ XX

Таърих гувох аст, ки афроди бонангу номуси миллати точик, мисли ^ахрамонони Точикистон Садриддин Айнй, Бобочон Гафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва дигар бузургон фарзандони фарзонаи ин хоку оби мукаддас хастанд, ки дар муаррифии макоми маънавии точикон ва Точикистон дар садсолаи охир накши муассир гузоштаанд. Дар ин миён хидматхои академик Бобочон Гафуров, чй аз назари сиёсй ва чй аз диди таърихиву илмй, кобили таъкид ва дорои ахамияти бузург мебошанд. Хоса накш ва макоми ин олим ва чехраи барчастаи сиёсй дар ташаккули худшиносии миллии точикон дар карни бистум аз хар чихат кобили тахсин ва тахкик аст. Дар бораи академик Б. Fафуров ва сах,ми у дар рушди илму фархднг ва матбуот тадк;ик;оти зиёде дар илми таърихнигорй ба калам омадаанд (4,5).

Академик Бобочон Гафуров дар таърихи давраи навини Точикистон бо ичрои рисолати бузурги маънавй, инсонй, сиёсй барои эхёи таърихи миллат, баланд бардоштани макоми точикон ва миллати точик аз хар нигох хидмат намудааст. Дар навбати аввал хамчун Котиби аввали Х,изби Коммунисти Точикистон дар низоми идоракунии Точикистон ва танзими фаъолияти идоракунии давлатй сахми муносиб гузошта, дар фосилаи начандон тулонй барои эчоди як тахаввулоти фархангй накш бозидааст. Ин хизматхои бузурги аллома Бобочон Гафуров бо замони раёсати у дар Х,изби Коммунисти Точикистон махдуд нест, балки бо огози фаъолияти хизбй аз охирхои солхои 30-юм аллакай барои ба вучуд овардани як тахаввулоти маънавй дар хаёти Точикистони Шуравй, хатто дар замони чанг, хидматхои мондагоре ба сомон расонидааст. Аз руи маълумоти донишманди точик Абдухолик Набавй дар китоби "Ч,анги ватанй дар афкори адабии точикй" (6, 240) маълум мегардад, ки дар амри таваччухи олимони точик ба тахкики масоили таърихи адабиёти кухани точик, хоса, эчоди асархои илмии чудогона дар мавриди шоирону адибони классики он, ручуъи олимон ба навиштани тахкикоти марбут ба таърихи гузашта ва чалби нависандагон ба таълифи асархои насрии таърихй махз накши дастур ва хидоятномахои академик Бобочон Гафуров хамчун масъули бахши таргиботии Х,изби Коммунист ба назар мерасад. Х,атто аз номаи устод Айнй ба Мухаммадчон Рахимй маълум мегардад, ки китоби "Исёни Муканнаъ" махз махсули андеша ва ормони академик Бобочон Гафуров будааст.

Албатта, агарчи яке аз гояхои аслии ба ин мавузот чалб намудани адибону суханварону олимон таъсиргузорй ба ташаккули оини ватандорй ва ватандустии точикони ба майдонхои чанг рафта бошад, аз тарафи дигар бо истифода аз ин шеваи корбарй академик Бобочон Гафуров барои таърихи миллати точик дар вокеъ хидмати бузургу барозандаеро ба сомон расонид. Дар он солхои душвори сиёсй ва хам нуфузи ходисахои чангй ба анчоми корномахои илмй чалб намудани олимон ва суханварони точик бешак кахрамонии беназир буд. Дар баробари сахми назарраси олимону суханварони мамлакати мо дар майдонхои чанг чихати рушду нумуи илму маориф, хоса омузиши мухимитарин масоили таърихй, адабиёти гузаштаи мо корномахои шоёне ба анчом расиданд, ки боз хам дар саргахи ин хама дастовардхои беназир худи академик Бобочон Гафуров карор дошт. Бевосита ба масъалаи тахкики сахми точикон ва талошхои таърихии онхо барои озодии Ватан таваччух намудани худи Бобочон Гафуров аз як тараф дар он солхои пурошуб ахамияти бузурге барои баланд бардоштани ифтихори ватандории диловарони точик бошад, аз назари дигар ба сахми ин донишманд дар тахкики масоили умдаи таърихи халки точик таъкид меварзад. Китоби арзишманди "Точикон ва талошхои онхо барои озодии Ватан", ки бо хаммуаллифии Николай Прохоров ба калам омад, як рисолаи таърихии нодири он айём рочеъ ба корномахои озодихохонаи халки точик дар даврони мухталифи таърихй махсуб меёфт. Дар он як самти мухиму бузурги таърихи кухани халки точик инъикос ёфта буд. Дар хамон соли таълифи ин китоб, ки ба замони Ч,анги Бузурги Ватанй рост меомаду хануз хам нуфузи афкори сиёсии шуравй дар мавриди мафхуми миллат равшан эхсос мегардид, баёни чунин нуктаи назар дар хакикат кахрамонии бузурге ба шумор мерафт: "Дар ахди бисёр кадим масохати бисёр азиме, ки имруз Афгонистони Шимолй, Туркманистон, Узбекистан, Точикистон, кисматхои гарбй, хатто шаркии Туркистони Чин чойгиранд, манзилу макони кабилахои тахчой ва кучии эронинажод хисоб мешуд"(3, 4).

Ба дамаи ин нигод накарда, устод Бобочон Гафуров худ масъалаи таълифи асари безаволи "Точикон"-ро мадз аз дамин даврон заминагузорй намуд. Ин донишманди бузург нахуст таваччуди худро ба навиштани "Очеркдо аз таърихи точикон ва Точикистон" нигаронида, мардила ба мардила силсилаи пажудишоти хешро дар ин самт такмил дод. Соли 1947 аллакай тарди нахустин китоби "Точикон"-ро дар сурати "Таърихи мухтасари халки точик" тадия ва омодаи нашр кард. Хамаи ин талошдои академик Бобочон Гафуров ба шинохти масоили таърихи халки точик ва адамияти омузиши он дар он айём равона гардида буд. Вай дар он солдо, ки сухан аз ягонагии куллии миллатдои Шуравй мерафт, китоби "Точикон"-ро бо дамин ном аввал ба забони русй таълиф ва нашр намуд. Аз ин род ба чомеаи чадонй дар он рузгор собит сохт, ки точикон миллати кудантаърих ва кадимтарини Осиёи Марказй мадсуб меёбанд. Хидматдои бесобикаи академик Бобочон Гафуров дар тадаввули фарданги миллии точикон дар замони Шуравй тандо ба навиштани китоби "Точикон" ва осори дигари арзишманди эшон рочеъ ба таъриху тамаддуни точикон ба поён намерасад, балки садми муносиби устод дар дигар самтдои рушди даёти фардангии кишвар низ бузург ва сутуданй мебошад. Пеш аз дама, ин чо накши муассири академик Бобочон Гафуров дар чодаи фародамоварй ва ба нота даровардани "Шашмаком" кобили таъкид аст. У дамрод бо Садриддин Айнй дар гирдоварй ва нашри панччилдаи "Шашмаком" дар нота, ки давоми солдои 1940-1960 дар шадри Маскав сурат гирифт, садми босазо гузоштааст. Натичаи дидоят ва раднамоидои ин устодони бузург буд, ки се нафар аз донандагони хуби "Шашмаком" - Бобокул Файзуллоев, Шодназар Содибов ва Фазлиддин Шадобов ба навиштан ва фародамоварии ин мероси бузург ва беназири саънати точик машгул гардида, онро дар ин фурсат ба поён расонидаанд. Задматдои шоистаи ондо аз чониби Хукумати Точикистон мавриди кадршиносй карор гирифт. Соли 1972 барои навиштан ва тадияву нашри ин китоби панччилда мураттибони он ба гирифтани мукофоти давлатии Чумдурии Точикистон ба номи Абуабдуллоди Рудакй такдир гардиданд. Кдрори ичрои ин кори мудим дануз соли 1947 аз тарафи Управленияи кордои санъат дар назди Шурои Вазирони ЧШС Точикистон ба имзо расид. Тавре маълум аст, он сол масъулияти аслии родбарии Точикистон, хоса вазифаи Котиби аввали Хизби Коммунисти Точикистонро академик Бобочон Гафуров бар удда дошт. Садми академик Бобочон Гафуров дамчун директори Институти шаркшиносии АИ ИЧШС, инчунин дамчун муаррихи забардаст барои баргузории дамоишдои бонуфузи илмй хеле бузург аст. Бобочон Гафуров, бино бар навиштаи профессор Усмончон Гафуров, "соли 1977 дамчун Раиси омузиши тамаддуни Осиёи Марказй дар ЮНЕСКО масъалаи омузиши мероси мусикии классикии Шаркро мегузорад. Тавассути карордоди Комитети мусикии ЮНЕСКО дар Шурои миллии ИЧШС дар соли 1978 дар Самарканда бостонй -маркази тавлидгоди "Шашмаком" симпозиуми байналхалкии мусикишиносй баргузор шуд. Мутассифона, ташаббускори гузаронидани ин чорабинй Бобочон Гафуров дар симпозиум иштирок карда натавонист, зеро ки марги бемадал барои ба ин максад расидан халал расонид..." (2, 243).

Албатта, мавзуи садми академик Бобочон Гафуров дар чодаи омузиши санъат ва мусикии классики точик дамчун чузъи беназири фарданги миллии мо хеле бузург аст. Ишорат бар чанд нуктаи мудим дар ин чо аз хидматдои бесобикаи ин донишвари бузург далолат мекунад. Умедворем, ки дар оянда ин чанбаи фаъолияти барчастаи устод бо диди нав мавриди тадкик карор ходад гирифт. Фаротар аз дамаи ин корномадо ба сари кудрати сиёсй дамчун Котиби Хизби Коммунисти Точикистон омадан ва баъдтар ба вазифаи директори Институти шаркшиносии АИ ИЧШС содиб шудани Бобочон Гафуров аз чанд чидат кобили адамияти сиёсй ва миллй буд. Давоми солдои 40-ум ва 50-уми асри ХХ Бобочон Гафуров яке аввалин намояндаи миллати точик буд, ки бар чунин макоми сиёсй расида ва давоми 10 сол бетанаффус дар ин макоми олии сиёсии кишвар фаъолият дошт. Харчанд Урунбой Ашуров кабл аз Бобочон Гафуров дар ин маком дамчун фарзанди миллати точик фаъолият дошт, аммо фосилаи кутоди родбарии у (19361937) то чое накши рушан дар даёти сиёсии кишвар гузошта натавонист. Хамин омил боис гардид, ки аксаран бо назардошти тулонй будани муддати родбарии Бобочон Гафуров дар макоми Котиби Хизби Коммунисти Точикистон ва дастоварддои бузурги миллии у дар ин чода мавсуфро чун аввалин точик дар ин вазифаи пурмасъулият эътироф созанд.

Директори Институти шаркшиносии АИ ИЧШС интихоб шудани академик Бобочон Гафуров пеш аз дама ифодаи эътирофи макоми илмии намояндагони Точикистон дар арсаи ин кишвари абаркудрат ва берун аз он буда, бар ин макоми баланди давлатй ва илмй расидани як нафар точики асил ва ягона олими точик, бадри таргиби дастоварддои фарданг ва маорифи миллии мо низ мусоидат намуда, мачмуан рушди андешаи миллии точиконро дар замони шуравй таъмин кард. Ин тадаввулот пеш аз дама ба номи академик Бобочон Гафуров ва таълифи асари дамноми миллати у "Точикон" пайванди кавй дорад. Бардак, ин макоми барчаста ва садми арзандаи академик Бобочон Гафуровро пеш аз дама дар самти ховаршиносй ва рушди мактаби шаркшиносии шуравй, инчунин шинохт ва манзалати таърихии точикон дар миёни аквоми Осиёи Марказй эътироф намуда, ховаршиноси номии чадон Ричард Фрай ба хидматдои аллома Бобочон Гафуров бадои баланд дода навиштааст, ки бузургии академик Бобочон Гафуров дар пажудиши таърихи кишвардои Осиёи Марказй на тандо дар он зодир мешавад, ки у ба дукми як нафар фарзанди халки точик, балки дамчун директори Институти шаркшиносии Академияи

илмхои Иттифоки Шуравй ба тахкики ин мавзуъ муносибат намудааст, ки вокеан дар ин муддат ин боргохи илмии бонуфузи чахонй ба дастовардхои назаррас ноил гардид. Аз ин ру, Ричард Фрай хатто пешниход намудааст, ки агар зарурати тарчумаи ягон асаре рочеъ ба таърихи кишвархои Осиёи Марказй ба забони англисй аз русй пеш ояд, "Точикон"-и Бобочон Гафуров дар макоми аввал карор мегирад". Ин бахои баланди Ричард Фрай, ки бешак худ дар замони зиндагонии Бобочон Гафуров ба корномахои эшон ошно буд, аз он шаходат медихад, ки дар тахкики таърихи халкхои Осиёи Марказй ба хакикдт ва адолати таърихй риоя намуда, мухимтарин чабхахои сарнавишти мардумони ин минтакаро дар заминаи омузиши сарчашмахои муътабари кухани шаркй ва аврупой шарху тафсир додааст, ки пеш аз хама ин амр мояи ифтихори точикон мебошад.

Ч,олиби таваччух аст, ки тахкики корномахои бузурги академик Бобочон Гафуров ва шинохти манзалати сиёсиву илмии у аз замони зиндагонии вай сар карда то имруз ба як чараёни бузурги пажухишй мубаддал гардидааст. Хоса, баргузор гардидани чашни бошукухи 90-солагии ин алломаи беназир бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон рохи тозаеро дар амри тайъини маком ва манзалати таърихии ин абармарди миллат боз намуд ки хамоно боз хам дар саргахи ин чодаи бузург бевосита худи Пешвои миллат карор гирифтанд. Аз чумлаи нахустин ибтикороти Пешвои миллат дар муносибат ба шахсияти илмй, сиёсй ва маънавии академик Бобочон Гафуров ин буд, ки бо шинохт ва эътирофи чойгохи ин донишманди нотакрор ва сиёсатмардори барчаста хануз кабл аз баргузории чашни мазкур - яъне 90- солагии академик Бобочон Гафуров аз таърихи 8-уми сентябри соли 1997 ба у унвони олии Кдхрамони Точикистон дода шуд, ки аз ин руйдоди нодир 20 сол сипарй гардид.

Хоса, ахли тахкик, муаррихону суханшиносон ба фаъолият ва корномахои илмиву адабй, сиёсиву давлатй аз нигохи имруз бояд бахои сазовор диханд.

Шинохти корномахои таърихиву илмй ва сиёсии академик Бобочон Гафуров, тавре гуфта омад, ба фаъолиятхои пурдоманаи Пешвои миллат такя мекунад. Ручуи бевоситаи Пешвои миллат ба сарнавишти таърихй ва корномахои илмиву сиёсии Бобочон Гафуров ба суханронии пурмухтавои эшон дар чашни 65-солагии Донишгох ва маросими ба Донишгох додани номи академик Бобочон Гафуров пайванд дорад. Дар хамин суханронй Пешвои миллат хамчун донишманди хуби таърихи миллат ба корномахои академик Бобочон Гафуров бахои баланд дода, бо таваччух ба таъйини сабаби аслии ба ин боргохи бузург додани номи академик Бобочон Гафуров ва ахамияти таърихии ин икдом аз чумла чунин таъкид намуданд: "асари човидонаи у "Точикон" моро ба гузаштаи таърихй, имруз ва ояндаи халкамон пайванд кардааст. Аз ин ру, ба Донишгохи давлатии Хучанд додани номи Бобочон Гафуров, аз як тараф, маънои гиромидошти хотираи уро дошта бошад, аз чониби дигар, ба он умед аст, ки дастпарварони ин даргохи илму маърифат давомдиханда ва номбардорони сазовори кору зиндагии ин шахсияти барчастаи миллатамон бошанд, барои пешрафт ва шукуфоии Точикистон, вахдат ва ягонагиамон содикона хидмат кунанд"(1,195-196).

Нашри китоби арзишманд ва илмии "Чехрахои мондагор"-и Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон вусъати корномахои илмии рохбари давлатро дар самти омузиши сарнавишт ва корномахои чехрахои барчастаи миллати куханбунёди мо нишон медихад. Ба сафи афроди таърихй яке аз симои барчаста академик Бобочон Гафуров низ шомил мебошад. Дар ин китоб ду макола ба тахкики хадамоти беназири таърихии илмии Бобочон Гафуров ва китоби арзишманди у "Точикон" бахшида шудааст, ки бо номхои "Фарзанди фарзонаи миллат" ва "Олими тавоно ва арбоби барчастаи сиёсиву давлатй" чой гирифтаанд (7, 328,336). Дар онхо ба таври мустанад ва бо ручуъ ба корномахои беназири сиёсиву давлатй ва илмиву фархангй накши пуртаъсири академик Бобочон Гафуров дар ташаккули миллати точик ва эхёи дастовардхои беназири таърихи кухани мо собит гардидааст. Пешвои миллат ба макоми таърихии академик Бобочон Гафуров бахои баланд дода, хатто номи ин абармарди миллатро ба номи точику Точикистон пайванди ногусастанй бахшидааанд: "Устод Бобочон Гафуров хатто пас аз даргузашти чисмонй хам дар чараёни корхо неки худ хамрохи хамватанони хеш зиндагиро давом медихад. Бобочон Гафуров ва точику Точикистон - мафхумхои аз хам чудонашавандаанд"(7, 343).

Корномахои барчастаи Пешвои миллат дар шинохти макому манзалати шахсиятхои барчастаи таърихи кухан ва навини миллати мо ба ахли илму адаб, хоса зиёиёни точик руху илхоми тоза ато намуданд. Дар натича ба равшанй эхсос шуд, ки баъд аз ин таваччухи бузурги рохбари давлат ба омузиш, нашр ва тахкики мероси бузурги академик Бобочон Гафуров, баррасии чойгохи таърихии ин донишманди точик дар пажухишхои муаррихон ба як тамоюли мухим бадал гардид. Бар асоси ин равиши хуби тахкик соли 1998 китоби арзишманди профессор Усмончон Гафуров тахти унвони "Алломаи замон" аз чоп баромад, ки дар сахифаи аввали он Фармони Президенти Чумхурии Точикистон "Дар бораи ба академик Бобочон Гафуров додани унвони олй- Кдхрамони Точикистон" хамчун рамзи илхом аз ин икдоми начиб будани ин асари арзишманд чой дода шудааст. Х,арчанд китоби нахустини профессор Усмончон Гаффоров рочеъ ба корномахои академик Бобочон Гафуров бо номи "Равшангари таърих" (Душанбе, соли 1990) ба чоп расида буд, аммо эхсос мешавад, ки чунин икдомоти Пешвои

миллат ба эшон як неру ва илхоми дигар ато намуд. Таъсири ин илмхом буд, ки муаррихи номбурда он асари аввалиро тачдиди назар карда, матолиби фаровоне дар робита ба корномахои академик Бобочон Гафуров афзудаву пахлухои чудогонаи пайкорхои ин донишманди фарзона ва арбоби барчастаи давлатиро равшантар сохт.

Х,амин тавр, дар доираи баргузор гардидани чунин чашнворахо чандин мачмуаи маколот ва навиштахои чудогона дар матбуот ва мачмуахову мачаллахои илмй рочеъ ба фаъолиятхои давлативу чамъиятй ва илмии академик Бобочон Гафуров ба чоп расиданд.

Корномахои бевоситаи Асосгузор сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, тамоюли тадкики мероси гаронмояи академик Бобочон Гафуровро суръат бахшида бошад хам, хануз пайкорхои илмй, сиёсй, давлатй, чамъиятй ва байналмилалии алломаи бузург ниёз ба тахкики бештар дорад. Хоса, накши муассири академик Бобочон Гафуров ва мероси илмии у дар шинохти сарнавишти таърихии точикон, баррасиву маърифати андешаи миллй ва зарурати такмилу тахаввули он дар айёми зиндагонии вай, омузиши таърихи фарханг ва хунари миллй, маърифати маком ва чойгохи таърихии халки точик дар масири таърих бештар аз он чи омухта шудааст, ниёз ба баррасй дорад. Таваччухи амики академик Бобочон Гафуров ба масоили хастии миллати точик ва боло бурдани худшиносии миллй ва худогохии маънавй дар он айёми мушкили сиёсй ва мавчудияти махдудахои фикриву давлатй ба баррасии хастии миллати точик дар таркиби миллатхои Шуравй ба унвони миллати мустакилу сохибтамаддун дар каламрави таърих шоистаи арчгузорй ва такдир аст. Вокеан ин хидмати бузург ва беназирест, ки мо аз дидгохи фосила ва замон хар кадам аз он дур меравем, ба хамон андоза бузургиву манзалати ин корномахо афзунтар гардида, дидгоххои амик ва жарфтареро барои баходихии хакконй ва маърифати дурусту саривактй хостор хохад буд.

ПАЙНАВИШТ:

1 .Бобокалонов, А. Х,афтод нахли пурсамар/ А.Бобокалонов/ \ Холчураев.-Хучанд: Нури маърифат, 2002.-532 с

2.Гаффоров, У. Алломаи замон/ Усмончон Гаффоров.-Хучанд: Хуросон, 1998.- 374с.

3.Гафуров Б. Точикон ва талошхои таърихии онхо барои озодии Ватан (Очеркхо аз таърихи точикон ва Точикистон)/ Б. Гафуров/ Н. Прохоров.- Душанбе: Адиб, 2012.-256с.

4. Каримзода, О. К. Сахми академик Б. Fафуров дар рушди илми шар^шиносй / О.К. Каримзода // Номаи

донишгох. Силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй.- 2017.- N° 4 (53).-С. 18-24.

5. Кароев, Ф. К. Инъикоси сахми точикон дар галабаи солхои Ч,анги Бузурги Ватани дар осори академик Бобочон Fафуров / Ф.К. Кароев // Номаи донишгох. Силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй.-2016.-№ 4 (49).- С. 32-36.

6.Набавй, А. Ч,анги ватанй дар афкори адабии точикй (нашри дуюм).- Душанбе: Андалеб Р, 2015.- 240 с.

7.Рахмон, Эмомалй. Чехрахои мондагор.-Душанбе: ЭР-граф,2016.- 364 с.

REFERENCES:

1. Bobokalonov, A. Seventeen Fruitful Trees/ Kholjuraeyv H. - Khujand: Light of Enlightenment, 2002. - 532 p.

2. Gafforov, U. An Encylopedist of the Time/ U.Gafforov. - Khujand: Khuroson, 1998. - 374 p.

3. Gafurov, B. Tajiks and their Historical Contentions for the Freedom of the Home (Essays from the history of

Tajiks and Tajikistan)/ N. Prokhorov. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2012.-256 p.

4. Karimzoda, O.K. Academician Bobojon Gafurov's Contribution into Science of Oriental Studies / O.K. Karimzoda // Scientific Notes. Series ofHumanities and Social Sciences. - 2017. - .№4(53). - P. 18-24.

5. Qaroyev, F.Q. Reflection of Tajiks' Contribution into the Victory of the Years of Great Patriotic War in Acad.

Bobojohn Gafurov's Works. Scientific Notes. Series of Humanities and Social Sciences. - 2016. - .№4(49). - P. 32-36.

6. Nabavi, Abdukholiq. Patriotic War in Tajik Literary Ideology (the second edition). - Dushanbe: Andaleb R,

2015. - 240 p.

7. Rahmon, Emomali. Outstanding Faces. - Dushanbe: ER-Graph, 2016. - 364 p.

Бобочон Гафуров ва заминщои ташаккули худшиносии миллии точикон дар царни XX

Вожахри калиди: Бобоцон Гафуров, таърихи халци тоцик, худшиносии миллй, асри бистум, шуури маънавй, "Тоцикон"

Дар мщола саъй шудааст, ки мщоми академик Бобоцон Гафуров дар ташаккули худшиносии миллй дар царни бистум мавриди тащщу баррасй царор бигирад. Муаллиф бо такя ба корномахои сиёсиву цамъиятй ва таълифоти илмии ин донишманди бузург муцаррар намудааст, ки сахми Бобоцон Гафуров дар боло бурдани худогохии маънавии халци тоцик дар асри бистум новобаста ба махдудахои сиёсй бузург аст, зеро бо истифода аз мацоми сиёсии хеш тавонистааст, ки дар баргузории чандин конфронсхо вобаста ба

таъриху фар^анги тоцикон, цалби донишмандон ба омузиши адабиёт ва таърих ва дигар шева^о дар уифзи арзишуои милли ва тащввули худшиносии мардум нацши назаррасе аз худ бощ гузорад.

Бободжон Гафуров и основы формирования национального самопознания таджиков в XX в. Ключевые слова: Бободжон Гафуров, история таджикского народа, национальное самопознание, XX век, духовное сознание, «Таджики» В статье предпринимается попытка рассмотрения роли и места академика Б. Гафурова в формировании национального самопознания таджиков в XX веке. Автор статьи на основе изучения и анализа общественно-политической деятельности и научных работ этого выдающегося ученого утверждает, что, несмотря на политические ограничения, Б.Гафуров внес огромный вклад в развитие национального самосознания таджикского народа, а также, используя свою политическую роль и влияние, в рамках нескольких конференций, посвященных истории и культуре таджикского народа, привлекая ученых к исследованию национальной истории и литературы, он смог внести достойную лепту в дело сохранения национальных ценностей и развития самосознания таджиков.

Babоjоn Gafurov and the Grounds ofthe National Self-Consciousness of the Tajiks Referring to the XX-th Century

Key words: Babоjоn Gafurov history of the Tajik people, national self-consciousness, the XX-th century, spiritual consciousness, "Tajiks"

In his article the author makes an endeavor to study the role and place of the academician B. Gafurov in the national self-consciousness formation of Tajiks referring to the XX-th century. Designing on the premise of study and analysis dealing with social and political activities and scientific work of this outstanding scientist, the author asserts that, despite political restrictions, B. Gafurov made a great contribution into the development of the national self-conciousness of the Tajik nations. Resorting to his political role and influence, within the frame works of several conferences devoted to the history and culture of the Tajik nations, involving scientists in the study of national history and literature, Academician B. Gafurov was able to make a worthy contribution into the preservation of national values and the development of Tajik identity inclusive. Маълумот дар бораи муаллиф

Усмонов Аюб Исмоилович, номзади илщои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватани Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафурова (Чумуурии Тоцикистон ш.Хуцанд), E- mail: uchzaphgu@mail. ru Сведения об авторе:

Усмонов Аюб Исмоилович, кандидат исторических наук, доцент кафедрыг Отечественной истории Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E- mail:uchzaphgu@mail.ru Information about the Author:

Usmonov Ayub Ismoilovich, Candidate of Historical Sciences, Assistant professor of the Department of National History of Khudjand State University named after academician B. Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand),E- mail: uchzaphgu@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.