Научная статья на тему 'ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЮ МИГРАЦИИ ТАДЖИКОВ В КОНЦЕ XIX И НАЧАЛА XX ВВ'

ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЮ МИГРАЦИИ ТАДЖИКОВ В КОНЦЕ XIX И НАЧАЛА XX ВВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
45
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВОСТОЧНАЯ БУХАРА / ТУРКЕСТАНСКИЙ ГЕНЕРАЛ-ГУБЕРНАТОР / КУШБЕГИ / БУХАРСКИЙ ЭМИРАТ / АРХИВ / КОФАРНИХОН / ЗАКАСПИЙ / АКСАКАЛ / ТУКСАБО / БЕК / МИРЗО / АРБОБ / МЕЧЕТЬ / МЕДРЕСЕ / ТАДЖИКСКОЕ КРЕСТЬЯНСТВО / ВАКФНОЕ ЗЕМЛЕВЛАДЕНИЕ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Кушматов Абдували

На востоке, в том числе в Средней Азии, особенно в Северном Таджикистане и Восточной Бухаре на протяжении веков широко были распространены тяжелые трудовые повинности, выполнявшиеся населением в пользу феодалов и феодального государства. Эта принудительная мобилизация населения на выполнение различных работ (строительство объектов, сезонные работы в хозяйствах правящей феодальной верхушки, работа в общественных ведомствах) происходила в рассматриваемое время в дореволюционном Таджикистане в форме хашара и мардикора. Под словом «мардикор» понимается не только поденный наемный труд, но и «хашар». Мардикорами называют и людей привлеченных на эти работы. Слово «хашар» имело весьма емкое содержание.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

LOOK AT THE HISTORY OF TAJIKI MIGRATION AT THE XIX TH - BEGINNING OF XX TH CENTURY

In the East, including Cental Asia, northern Tajikistan and eastein Bukhara for centuries has been widely spread heavy labor of the feudal lords and the feudal state. This mobiliration of the population forced to perform various works (construction of seasonal work on the farms of the riling feudal elite work in public agencies) took place at the relevant time in Tajikistan in the form of pre-revolutionary and hasher-mardikor. Mardikor the word refers not only per diem wage labor and hasher. Mardikors calls and people attracted to his work. Hashar word has very capacious contents.

Текст научной работы на тему «ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЮ МИГРАЦИИ ТАДЖИКОВ В КОНЦЕ XIX И НАЧАЛА XX ВВ»

НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ МАРДИКОРИИ ТО^ИКОН ДАР ОХИРИ САДАИ XIX ВА ИБТИДОИ САДАИ XX

Абдували КУШМАТОВ,

доктори илмхои таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи кадим, асрхои миёна ва бостоншиносии факултети таърихи Донишгохи миллии Точикистон

Дар таърихи тоинкилобии Точикистон яке аз мухимтарин масъалахо - мардикорй буд. Мавриди зикр аст, ки дар таърихнигории Точикистон ин масъала хеле кам инъикос ёфтааст. Пахлухои гуногуни он дар асархои мухаккикон баррасй шуда бошад хам, аммо тадкикоти махсус оид ба ин мавзуъ то имруз ба табъ нарасидааст.

Мардикор аз вазнинтарин намудхои ухдадори ё мачбурият аст, ки ба маънои сафарбаркунии ичбории мардум аз тарафи хокимияти марказй ва махаллй дар сохтмони коххо, роххо, пулхо, таъмири бинохо ва кандани чуйборхо фахмида мешавад.

Истифодаи мардикорон дар Точикистон бо номи «марди вило» аз соли 1579, аз давраи сохтмони канал дар водии Вахш маълум аст. Дар давоми асрхо мачбуриятхои гарони мехнатй вучуд доштанд.

Мавриди зикр аст, ки барои сохтмони калъаю объектхои давлатй, харбй, таворахои мудофиа, сохтмони рох, бино, касру мактабу мадрасахо, мазорхо, масчидхо, купрук, чуйбортозакунй, анчом додани корхои обёрй хазорон одамони факиру бенаворо мачбуран оварда, бепул ё ба ивази музди ночиз кор мефармуданд.

Дар давраи хашар ба мардуми сафарбаршудаи хар деха оксаколи он сардорй мекард. Хдшар хатмй ва бо навбат буд. Ахолй ба хашархои якрузаю серуза ва хафтаина сафарбар шуда, мехнати бемузди вазнину токатфарсоро ба анчом мерасонд. Ахли мехнат ба хашар бо асбобу анчоми кишоварзй ва воситахои наклиёт сафарбар карда мешуд. Дар хочагии амиру дарбориён дехкон хар сол мачбурй кор мекард.

Дар Осиёи Миёна, аз он чумла Шимоли Точикистон ва Бухорои Шаркй (Точикистони Марказй ва Чднубй), дар давоми асрхо мачбуриятхои гарони мехнатй вучуд доштанд ва тахлили онхо хеле марокангез аст.

Мехнати мачбурии ахолии мутеи шахру дехот дар чабхахои гуногуни хаёти хочагии мамлакат васеъ истифода мешуд. Дар ин давра дар Шимоли Точикистон сафарбарии мачбурии ахолй (мехнати бемузди дехкон) ба ичрои корхои гуногун, аз чумла сохтмони силсилаи каналу обанборхо, дарготу сарбандхо, иншооти харбии мудофиа, купрукхо, мехнати мавсимй дар хочагии бою шайххо хеле авч гирифта, мардумро хонахароб мекард. Дар вилоятхо, махалхо маъмурони амир бо салохдиди хеш амал карда, худсарию горатгарй ва ришвахурии онхо хеле ривоч меёбад. Хусусан ахволи дехконони Бухорои Шаркй вазнину токатфарсо буд. Аксарияти кулли ахолии ин марзхоро точикон ташкил медоданд. Мехнати мачбурй зиндагонии сахти дехкононро руз ба руз бадтар мекард. Дехконони карздор ба истимори сахту берахмона тобу токат наоварда, аксаран фирор менамуданд. Нобаробарии зиёди ичтимой боиси шиддат гирифтани зиддиятхои синфй мегардид.

Он вактхо на танхо мехнати кирояи харруза, балки хашарро низ мардикорй меномиданд. Мардуми ба ин корхо чалбшударо мардикор меномиданд. Калимаи «хашар» маънои нихоят васеъ дошт. Дар давоми асрхо хам ичрои корхои чамъиятй, хам корхои одами мехнаткашро дар хочагии шахсй, хам корхои чудогонаи мавсимиро, ки аъзои оила аз ухдаи ичрои он намебаромад, хашар меномиданд.Дар шароити хукмронии муносибатхои феодалй он, пеш аз хама хамчун мехнати мачбурии оммаи мехнаткаш дар замини феодал, аз он чумла дар замину корхонахои давлати феодалй истифода мешуд.

Корхои барои хамон замон бузурги сохтмон, тармими мазору масчиду мадрасахо ва дигар муассисахои динй сафарбар кардани шумораи хеле зиёди сокинони дехотро талаб мекард.

«Хдшар дар шакли мехнати мачбурй хамчун баршинаи конунии нихоят гарони оммавй татбик мегардид» [1]. Ба хашар ахли мехнатро бо фармони амиру бек, маъмурияти дехоти амир ё бо амри сардори сохтмон, амалдор (бек, саркор, туксабо, додхох, мирзо,

оксакол) сафарбар мекарданд. Сокинони кишлокхоро ба хашар амалдорони махсус даъват мекарданд, зеро ичрои ин фармон кори душвор буд. Бо рохи хдшар корхои гуногун - дарави алаф, чамъоварию кашондани хосили зироат, шудгори замин, корхои мавсимии богот анчом дода мешуданд.

«... Дар хашар на танхо одамон, балки чорвои корй, асбобу анчоми кишоварзй ва воситахои наклиёт низ истифода мешуданд. Худи дехкони сафарбаршуда вазифадор буд белу каланд ё чуфти гови худ, тушаи роху хашари якруза, серуза барои аспу барзаговхояш ему хошок, чома, бистар тайёр кунад». [2] Ба мардикор баъзан лозим меомад то чойи хашар даххо ё садхо чакрим пиёда ё харакй рафта ояд.

Яке аз сершумортарин табакаи истисморгари феодалй дар Осиёи Миёна намояндагони аркони дини ислом буданд, ки садхо иддаои ахлокй, динию сиёсиро дастак карда, дехкононро берахмона истисмор мекарданд.

Ба муаллифи ин сатрхо, ки солхои 1975-1985 дар Бойгонии марказии давлатии Ч,умхурии Узбекистон [3] ва Точикистон [4] кор карда буд, пайдо намудани нусхаи як катор хуччатхое муяссар гардид, ки аз мехнати мачбурии дехконони точику узбек далолат медиханд. Дар зер аз онхо порчахо оварда мешаванд.

Дар ин хуччатхои бойгонй дар бораи корхои обёрй, аз он чумла кофтани каналу чуйборхо мачбуран сафарбар карда шудани ахолй низ маълумотхо хастанд. Яке аз чунин хуччатхо фармони беки Дисор дар бораи сафарбарии навбатй ба корхои таъмири руди Кофарнихон аст. Тугёни дарё ба мардуми мехнаткаш зарари калон мерасонд. Бахорон аз боронхои зиёд дарёхо тугён карда, на танхо кишти дехкононро хароб мекарданд, балки боиси фавти мардум хам мешуданд. Алалхусус тугёни дарёи Кофарнихон харобихои зиёд меовард. Дукумати аморати Бухоро, ки хар сол аз ахолй андози бисёр меситонд, ба сохтмони сарбандхо, мустахкам кардани сохили дарёхо ва мухофизати махалхои ахолинишину киштзор умуман маблаги ночизе чудо мекард. Тибки маълумоти хуччатхо [5] ахолии вилояти Дисор, аз он чумла Душанбе, хар сол бахорон баъди сел мачбурй ба тармиму сохтмони пулхои дарёи Кофарнихон ва мустахкам кардани сохили дарё сафарбар карда мешуданд. Танхо ба таъмири пули дарёи Кофарнихон ва мустахкам кардани сохили дарё, аз руйи маълумоти хуччат ахолй соле ба хисоби миёна 15-20 руз мачбурй мехнат мекард. [6] Азбаски ахолй бахорон мавсими киштукор ба ин кор сафарбар мешуд, ин сафарбарй ба хочагии дехконон зарари калон мерасонд.

Дар натичаи муддати мадид дур шудан аз хочагй ахолии камбагали хам дехот ва хам шахр хонахароб мегардид. Шароити обёрии сунъй ба мухлатхои зиёд сафарбар шудани дехконони точик ва ахолии шахрхоро такозо мекард.

Дуччатхои бойгонй аз он шаходат медиханд, ки дар Осиёи Миёна, аз он чумла дар Шимоли Точикистон ва Бухорои Шаркй хукуматдорон, боёну ашрофзодахо ба тамоми шахрхо ва дехот андоз баста, бо мехнати мачбурии дехконон аксарияти иншоотхои обёрй, нахрхо, каналу чуйборхои обёриро тоза ва бунёд менамуданд. Дехконони точик харчанд барои тоза кардан ва сохтмони иншоотхои обёрикунанда захмати зиёд мекашиданд, аз он манфиате намедиданд. Ба мардикорон барои корхои хеле вазнину душвор музди ночизе дода мешуд. Барои ичрои корхои зиёди хашари мачбурй олотхои мехнат ва наклиётро киро карда, барои хизматашон ба хар кас хамагй 1 танга медоданд.

Дар Шимоли Точикистон дар замони мустамликадорй (1867-1917) амалдорони хукумати подшохии рус ба корхои обёрии дашти Дилварзин ба хар мардикор барои хурок рузе 5 тин, ба оксакол 10 тин медоданд. [7]

Бино ба маълумотхои хуччатхо мехнати барзиёди мардикорон дар корхои кишоварзй, корхонахои шахрии феодалони дунявй ва пешвоёни дин низ истифода карда мешуд. Аммо, чуноне зикр шуд, мардикорон на хама вакт ба мехнати кироя чалб мешуданд, онхоро дар ичрои корхои мухталиф аксаран хамчун хашарчиён истифода мебурданд. Амиру бекхо, хокимони вилоятхо, эшонхо дар мулкхои худ дар хамаи корхои кишоварзй аз мехнати мачбурй хамчун хашар истифода мебурданд.

Ахолии садхо дехкадахо, кабл аз хама, дехкадахои гирду атрофи мулки хоким аз моххои февралу март, давраи киштукори бахорй ва нихолшинонй то чамъоварии хосил мачбуран дар заминхои бойхову амалдорон кор мекарданд.

«Дар Бухорои Шаркй, аз чумла дар бекигарии Кдротегину Дарвоз заминхои мир (бек), амлокдор, эшонхо бо мехнати мачбурии дехконон- хашарчиён киштукор карда мешуд, вале тамоми хосили чамъовардашуда ба хазинаи мир ворид мегашт. Дехконони бекигарихои мазкур ба хашар бо асбобу анчоми кишоварзй ва хуроки худ сафарбар мешуданд». [8]

Дуччати дигари Бойгонии марказии давлатии Узбекистон, ки соли 1895 тахия шудааст, вазъиятро равшантар нишон медихад.[9] Тибки фармоиши хокими Дисор Остонакулбий кушбегй, ки нисбат ба дигар хокимони Бухорои Шаркй ва Помир хукуку имтиёзхои бештар дошт, шогирдпешаи (мансабдори) хисорй Аббосалй Мирзобошй ба Помир фиристода шудааст. Аббосалй ба амир оид ба баъзе мачбуриятхои мехнатие, ки фукарои Помир аз даврахои кадим ичро менамуданд, хабар додааст. Мувофики он, ахолии мехнаткаш мачбур буд, ки вакти аз чой ба чое сафар намудани мансабдорон онхоро бо навбат бо чорвои саворию боркаш таъмин намояд. Еайр аз ин, мехнаткашон кургони хокимро бо хезум таъмин менамуданд, онро хамеша тоза ва таъмир мекарданд, мактубхои хокимро пиёда ба оксаколон бурда мерасонданд. Ин хуччат аз тобеияти захматкашон ба хокимони махаллй ва дар Помир вучуд доштани шакли махсуси тобеияти дехконон далолат медихад. Азбаски хукуки крепостной дар Русия хануз соли 1861 бекор шуда буд ва Помир тахти химояи хукуматдорони Русияи подшохй карор дошт, бо талаби генерал-губернатори Туркистон амири Бухоро фукарои Помирро факат ба мухлати се сол аз корхои мачбурии дар боло номбурда озод намудааст. Аммо ин фармони амир дар амал татбик наёфта, мансабдоронаш бе музд мачбуран кор фармудани фукароро давом медиханд ва ин боиси норозигии зиёди мардум мегардад. Пас аз як сол бо талаби намояндагони Русияи подшохй амир мачбур мешавад ба мансабдоронаш фармон дихад, ки онхо боз ба мухлати ду сол, яъне то тамом шудани мухлати сесола фукароёнро мачбуран кор нафармоянд. Барои ичрои корхои дар боло зикршуда, амир ба хокимон аз даромади андоз дах хазор танга медихад, то ки онхо фукароёнро хамчун мардикор кор фармуда, музди мехнаташонро диханд.

Гуфтан лозим аст, ки ин гузашти муваккатии ночиз ахволи халки Помирро ягон бехбудие набахшид. Торочгарй, зулму тааддй ва истибдоди амалдорон идома дошт ва ин сабаби ба хукуматдорони Русия беш аз пеш шикоят кардани фукароёни Помир гардид. Ба ин далелхои зерини хуччат асос шуда метавонад: «Давлати Русия мегуяд, ки моён Помирро панчсола маоф карда будем, моро тинч кунед, албатта, чизе талаб накунед, ки дар ин бобхо сухан бисёр аст». Бо вучуди бо талаби хукуматдорони Русия ба мухлати панч сол аз мехнати мачбурй озод намудани фукаро амалдорон, арбобу оксаколони кишлокхоро чамъ намуда, ба мухлати се сол аз корхои мачбурй озод будани фукароро эълон намуданд. Еайр аз корхои мачбурии номбурда, мувофики маълумоти хуччат, фукароён мачбур буданд, ки аспони амалдорон ва навкаронро бо коху беда, зину наъл ва дигар тачхизот бепул таъмин намоянд. Норозигии мардуми бенаво ва кашшок торафт меафзуд. Нихоят, амири Бухоро боз гузашти муваккатй намуд. Мувофики фармони у фукаро боз ба мухлати як сол аз ин мачбуриятхо озод карда шуданд.

Азбаски бо ин гузаштхои муваккатй ахволи халки мазлуми Помир бехтар нашуда, муборизаи халк бар зидди зулми амалдорони аморат давом мекард, намояндагони амир кушиш намудаанд, ки бо инъом ва сабукихо хокимони аввали Помир ва шайхони машхурро, ки дар байни ахолй таъсиру нуфузи зиёд доштанд, ба тарафи худ чалб намуда, бо кумаки онхо тобеияти Помирро ба хукумати аморати Бухоро мустахкам намоянд.

Дар маъхазхои асосй дар бораи оммаи дехкононе низ сухан меравад, ки дар чангхои беохири феодалй хамчун лашкари харбй иштирок доштанд. Ин мачбурият барои ахолии каторй бори гарон буд, онхо барои гунохи ночизтарин чазои сахт медиданд. Нависанда ва шоир, ходими давлатй ва сарлашкар Захириддин Бобур кайд мекунад, ки аскаронро бо тахдиди чазои сахт мачбур мекарданд, ки дар чангхо иштирок кунанд. Амиру бекхо, феодалони махаллй ва рухониён барои кашондани тамоми маводи зарурй, алалхусус хезум, алаф низ хашар ташкил мекарданд.

Дар хуччатхои бойгонй оид ба хашархои якрузаю серуза ва харсола низ маълумотхо мавчуданд. Вале маълум нест, ки кадом вакт хашархои якрузаю серуза ташкил карда мешуданд. Шояд, чунин хашархо дар давоми истехсолоти кишоварзй анчом

мепазируфтанд ва мавсимй буданд. Кайд кардан чоиз аст, ки «... баъзан барои ичрои корхои мехнатталаби тулонй хашар хафтахо хам давом мекард ва ин кор аз руйи карздор будани дехкон ё ба ягон бахонаи дигар карда мешуд». [10] Ин албатта, ба корхои сохтмон дахл надорад, зеро мухлати ичрои онхо хеле зиёд буд. Чунин чихати масъаларо низ кайд кардан лозим аст, ки хашарчиён дар ин муддати кутох хам мачбур буданд бо тамоми ахли оила аз як деха ба дехаи дигар рафта, баъзан масофаи хеле зиёдро тай кунанд.

Феодалони махаллии Осиёи Миёна, одатан, дар шахр икомат доштанд ва дар айни замон заминхои зиёд, дехахо, корхонахои тичоративу хунармандии сердаромад доштанд ва ба мехнати мачбурй мехнаткашони шахру дехотро истимор мекарданд.

Бекхо, аъёну ашроф, амлокдор, бою муллохо дар ичрои бисёр корхои хонаи худ низ хашар ташкил мекарданд. Дар корхои дузандагй, ичрои корхои муайяни хонагй махсус хашари занон ташкил мешуд. Дар хочагихои амалдороне, ки абрешим ресида мешуд, маснуоти бофандагй низ истехсол мекарданд.

Дар замони мустамликадорй мардикоргирй ба ахли мехнат нихоят гарон меафтид ва ин бо тарзу усулхои мачбурй анчом дода мешуд. Инак барои возехтар шудани масоили мардикоргирй аз мусулмонони табааи руси Туркистон дар ахди хукумати генерал-губернатории Туркистон овардани матни якчанд мактубхои гумоштаи сиёсиро ба кушбегй Мирзо Насруллобий ва чавобхои эшонро ба максад мувофик донистем:

«Кушбегии Бухоро Мирзо Насруллобий 28-уми июни соли 1916. Оликадр Николай Андреевич (гумоштаи сиёсй). Мактуби шумо аз 27 мохи чорй нисбати овозахои ташвишовар, ки оммаи зиёди исёнгарони махаллии вилояти Самарканд дар махалли дарёи Санчар чамъ омада, нияти ба Зарафшон ва аз он чо ба Кдротегин ва Дисор рафтан дорад ва ин овоза хатто ба гумоштаи сиёсй маълум шудааст, ба дасти банда омада расид. Камина худи хамин руз ба бекхои мавзеъхои номбурда фармон додам, ки дархол сархадхои худро баста, тамоми чорахоро андешанд то исёнгарон ба мавзеъхои онхо рох наёбанд. Ба шумо хабар расонда, бо эътимоди комил бовар мекунонам, ки ахолии ин бекихо баъди чорахои эхтиётй андешидан ором мегардад ва ягон исёнгар ба худуди бекихои зикршуда рох дода намешавад. Шумо хабар медихед, ки 22 июл дар бораи генерал-губернатори Туркистон таъин гардидани генерал-губернатор Куропаткин фармони олй баромадааст. Аз ин хабар шахсан ман шоду мамнунам ва умедворам, ки сокинони кишвар бе истисно аз чунин таъиноти олй хеле каноатманд хоханд буд ва хайрияту бехбудии комил ва комёбии намоён орзу мекунанд. Мухри кушбегй». [11] «Гумоштаи сиёсй. 11 июли соли 1916. Ба Мирзо Насруллобий кушбегй. Аз руйи маълумотхои ба камина расида дар вилояти Самарканд ва дигар вилоятхои кишвар бисёр касон аз тахмини мардикоргирй норозианд. Ин мардуми норизо ба шахрхои гуногуни хонии Бухоро, аксаран Шахрисабзу Дисор, чуноне ба ман аз Самарканд хабар доданд, омада, хар гуна овозахо пахн мекунад ва ахолии махаллиро ба ташвиш меорад. Шуморо аз ин овозахо огох карда, хохиш мекунам, хамаи бекхоро фавран дар бораи он огох кунед, ки аълохазрат император лозим донистанд мусулмонони табааи руси Туркистонро даъват кунанд, то ба микдори муайян мардикор фиристанд ва ин тадбир ба фукарои Бухоро ягон муносибат надорад». [12]

«Ба гумоштаи сиёсй. Сардори шуъбаи нохиявии посбонй, 2 августи соли 1916, ш. Тошканд. Махфй.

Ба маълумоти чанобашон мерасонам, ки аз руйи маълумотхои мавчудаи комилан махфй ва расман санчидашуда дар мулкхои Бухоро бисёр гурезахои вилояти Самарканд панох бурдаанд. Зимнан кушбегии Бухоро ба бекхо катъй фармон додааст, ки чунин гурезахоро дастгирй кунанд. Мегуянд, ки бисёр гурезахо дастгир карда шудаанд. Фукарои Бухоро аз ин фармон багоят норозианд, зеро онхо бо дастахои мардикор ва ахолии махаллии Самарканд тифоку хамфикранд ва тахдид доранд, ки барои чунин фармон аз кушбегй касос мегиранд».[13]

Чунин чихатро низ бояд ёдовар шуд, ки хукумати подшохй тартиботи феодалии асримиёнагии аморати Бухороро хамачониба дастгирй мекард. Дозиркунандагони чоп ва муаллифони мукаддимаву тавзехоти асари гаронбахои Абдуррахмони Мустачир «Рузномаи сафари Искандаркул» Аълохон Афсахзод ва Мирзо Муллоахмадов дар ин бобат дуруст навиштаанд:

«Амир ва амалдорони у бо садакахои амалдорону сарлашкарони армияи подшохй каноат карда, тавки гуломиро дар гардани худ мархамати олй шумурда, бо истилогарон дар истисмори халк хамдастй мекарданд. Вале халки мехнаткаш ба ачнабихо сар нафуроварда тез-тез бар зидди «тартиботи» онхо шуришу исёнхо мебардошт. Дукумати подшохй, ки ба таквият додани хочагии сармоядорон манфиатдор буд, бо сиёсати худ ба асорати дехконон мусоидат мекард». [14]

Инкишофи муносибатхои молию пулй бо истифодаи кувваи кории арзон эхтиёч дошт ва аз хисоби дехконони камзамину безамин чунин шахсонро бахри хамин гуна эхтиёч истифода мебурданд. Вале мардикорй хоси чамъияти сармоядорй аст.

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX мардикорй на факат як навъи истифодаи кувваи кории арзон ё хариду фуруши кувваи корй, балки як навъи хаёти чамъиятй, ичтимоиёт ва фаъолияти мехнатии афроди камзамину безамин гардид.

Мардикоронро дар давраи мустамликадорй (1867-1917) дар тамоми сохахои хочагии халк, саноат ва кишоварзй васеъ истифода мебурданд. Ибтидои пахн гардидани мардикорй хамчун фаъолияти мехнатй ба солхои 80-уми асри XIX, ба давраи сохтмони рохи охани Закаспий рост меояд. Шумораи мардикорон дар баъзе солхо ба 20 хазор нафар мерасид, вале бо итминони комил метавон гуфт, ки ин ракам хам дакик нест.

Авчи баланди истифодаи мардикорй хар сол ба моххои декабр- феврал ва июл-сентябр рост меомад. Дар ин давра дехконон аз корхои сахрой озод мешуданд ва ба мардикорй мерафтанд.

Аз тамоми гуфтахои ин макола ба хулосае омадан мумкин аст, ки ахли мехнат вазифадор буд тамоми корхои ба душаш гузошташударо бечунучаро ичро кунад. Дашар хатмй ва бо навбат буд. Ахолй ба хашархои якрузаю серуза ва хафтаина сафарбар шуда, мехнати бемузди вазнину токатфарсоро ба анчом мерасонд. Ахли мехнат ба хашар бо асбобу анчоми кишоварзй ва воситахои наклиёт сафарбар мешуд. Дар хочагии амиру дарбориён дехкон хар сол мачбурй кор мекард. Дар давраи хашар ба мардуми сафарбаршудаи хар деха оксаколи он сардорй мекард.

Дукуматдорони кишвари Туркистон хашарро ба мачбурияти умум табдил дода, дар горат ва тахкир кардани ахолй ягон хадду худудро намедонистанд. Дар бораи халк ба ном гамхорй зохир карда, риёкорона ахли мехнатро зулму истисмор мекарданд.

ЭЗОД

1. Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. - Душанбе, 1963. Ч.2. - С. 57.

2. Миддендорф А.Ф. Очерки Ферганской долины (Пер. с нем. В.И. Ковалевского). -СПБ., 1872. - С. 182-192.

3. БМД Ч,умхурии Узбекистон, ф.126. Д.761, 762, 769, 770, 820, 961, 1597.

4. БМД Точикистон, ф.1., р.1. д 2406; ф.3, р.1. д. 460.

5. БМД Ч,умхурии Узбекистон, ф.126. р.1, Д.820, В.14.

6. АМД Узб-н, ф.126, р.1 .д.826, В.14.

7. АДМ Ч,умхурии Точикистон, ф.1, р.1, д.2406, в. 20.

8. Мачлисов А. Аграрные отношения в Восточной Бухаре в XIX - начале XX в. -Душанбе. - Алма-Ата, 1967. - С. 189-190.

9. БДМ Ч,умхурии Узбекистон, ф.126, р.1, д.770. - хуччати 3.

10. Кушматов Абдувалй. Вакф. - Душанбе, 1990. - С. 114.

11. БМД Узбекистон, ф.3, р.2, д. 1445, в.14.

12. БМД Узбекистон, ф.3, р.2, д. 445, в.2.

13. БМД Узбекистон, ф.3, р.2, д. 1445, в.14.

14. Мустачир Абдурахмон. Рузномаи сафари Искандаркул. - Душанбе, 1989. - С.4.

РУЙХАТИ МАЪХАЗДО ВА АДАБИЁТ

1. Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир во второй половине Х1Х в. /Б.И. Искандаров. - Душанбе, 1963. Ч.2. - С. 57.

2. Кушматов А. Вакф (Вакфное землевладение Северного Таджикистана в 1870-1917 гг.) / А. Кушматов. - Душанбе, 1990. - С. 114.

3. Маджлисов А. Аграрные отношения в Восточной Бухаре в Х1Х - начале ХХ в. / А. Маджлисов. - Душанбе - Алма-Ата, 1967. - С. 189-190.

4. Мачлисов А. Аграрные отношения в Восточной Бухаре в Х1Х - начале ХХ в. / А. Мачлисов. - Душанбе. - Алма-Ата, 1967. - С. 189-190.

5. Миддендорф А.Ф. Очерки Ферганской долины (Пер. с нем. В.И. Ковалевского) / А.Ф. Миддендорф. - СПБ., 1872. - С. 182-192.

6. Мустачир Абдурахмон. Рузномаи сафари Искандаркул. / М. Абдурахмон. - Душанбе, 1989. - С. 4.

7. ЦГА Республики Таджикистан. - ф.1., оп.1. д 2406; ф.3, оп.1. д. 460.

8. ЦГА Республики Таджикистан.- ф.1, оп.1, - д.2406, - Л. 20.

9. ЦГА Республики Таджикистан.- ф.1, оп.1, - д.2406; - Л. 20.

10. ЦГА Республики Узбекистан. - ф.126. д.761, 762, 769, 770, 820, 961, 1597.

11. ЦГА Республики Узбекистан. - ф.3, оп.2, д. 1445, - Л.14.

12. ЦГА Республики Узбекистан. - ф.3, оп.2, д. 1445, - Л.14.

13. ЦГА Республики Узбекистан. - ф.3, оп.2, д. 445, - Л.2.

14. ЦГА Республики Узбекистан.- ф.126, оп.1, д.770. - хуччати 3. (документ № 3).

15. ЦГА Республики Узбекистан.- ф.126, оп.1, д.770. - хуччати 3. (документ № 3).

ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЮ МИГРАЦИИ ТАДЖИКОВ В КОНЦЕ XIX И НАЧАЛА XX вв.

Абдували КУШМАТОВ,

доктор исторических наук, профессор кафедры древней, средневековой истории и археологии факультета истории Таджикского национального университета

На востоке, в том числе в Средней Азии, особенно в Северном Таджикистане и Восточной Бухаре на протяжении веков широко были распространены тяжелые трудовые повинности, выполнявшиеся населением в пользу феодалов и феодального государства.

Эта принудительная мобилизация населения на выполнение различных работ (строительство объектов, сезонные работы в хозяйствах правящей феодальной верхушки, работа в общественных ведомствах) происходила в рассматриваемое время в дореволюционном Таджикистане в форме хашара и мардикора. Под словом «мардикор» понимается не только поденный наемный труд, но и «хашар». Мардикорами называют и людей привлеченных на эти работы. Слово «хашар» имело весьма емкое содержание.

Ключевые слова: Восточная Бухара, Туркестанский генерал-губернатор, кушбеги, Бухарский эмират, архив, Кофарнихон, Закаспий, аксакал, туксабо, бек, мирзо, Арбоб, мечеть, медресе, таджикское крестьянство, вакфное землевладение.

LOOK AT THE HISTORY OF TAJIKI MIGRATION AT THE XIX TH - BEGINNING OF XX TH CENTURY

Abduvali KUSHMATOV

In the East, including Cental Asia, northern Tajikistan and eastein Bukhara for centuries has been widely spread heavy labor of the feudal lords and the feudal state.

This mobiliration of the population forced to perform various works (construction of seasonal work on the farms of the riling feudal elite work in public agencies) took place at the relevant time in Tajikistan in the form of pre-revolutionary and hasher-mardikor. Mardikor the word refers not only per diem wage labor and hasher. Mardikors calls and people attracted to his work. Hashar word has very capacious contents.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.