Научная статья на тему 'РОЛЬ РОССИЙСКИХ ПУТЕШЕСТВЕННИКОВ, УЧЕНЫХ И ВОЕННЫХ В ПОЛИТИЧЕСКОЙ, СОЦИАЛЬНОЙ И ЭКОНОМИЧЕСКОЙ ЖИЗНИ ПАМИРА КОНЦА XIX-НАЧАЛА XX ВЕКОВ'

РОЛЬ РОССИЙСКИХ ПУТЕШЕСТВЕННИКОВ, УЧЕНЫХ И ВОЕННЫХ В ПОЛИТИЧЕСКОЙ, СОЦИАЛЬНОЙ И ЭКОНОМИЧЕСКОЙ ЖИЗНИ ПАМИРА КОНЦА XIX-НАЧАЛА XX ВЕКОВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
37
17
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МЕСТНОЕ НАСЕЛЕНИЕ / ПАМИР / РОССИЯ / ЗАПАДНЫЙ ПАМИР / ВОСТОЧНЫЙ ПАМИР / ХОРОГ / ПАМИРСКИЙ ОТРЯД / ПОЛИТИЧЕСКАЯ СИТУАЦИЯ / ВЕЛИКОБРИТАНИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Алимшоев Мамадризо

Статья посвящена освещению роли российских путешественников, ученых и военных в политической, социальной, экономической жизни Памира конца XIX и начала XX веков. В статье также рассматривается вклад русских военных начальников Памирского пограничного отряда в экономическом и социальном преобразовании дореволюционного Памира и в обеспечении жителей этого горного края, а также предотвращении насилия со стороны иностранных завоевателей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE ROLE OF RUSSIAN TRAVELERS, SCIENTISTS AND MILITARIES IN POLITICAL, SOCIAL. EECONOMICAL LIFE OF PAMIR AT THE END OF XIX AND BEGINNING OF XX CENTURIES

The article is consecrated the role of Russian travelers, scientists and militaries in political, Social, Economical life of Pamir at the end of XIX and beginning of XX centuries. The article discusses the contribution of Russian military principals of Pamir boundary commandoes in economic and social transformation thus revolutionary Pamir, and also their contribution to the people provision of these mountain area and prevention foreign conquers violence.

Текст научной работы на тему «РОЛЬ РОССИЙСКИХ ПУТЕШЕСТВЕННИКОВ, УЧЕНЫХ И ВОЕННЫХ В ПОЛИТИЧЕСКОЙ, СОЦИАЛЬНОЙ И ЭКОНОМИЧЕСКОЙ ЖИЗНИ ПАМИРА КОНЦА XIX-НАЧАЛА XX ВЕКОВ»

НАЗАРЕ БА НАЩПИ САЙЁХОН, ОЛИМОН ВА НИЗОМИЁНИ РУСИЯ ДАР ХАЁ1И СИЁСИ, И^ТИМОЙ ВА ИКТИСОДИИ ПОМИР (ОХИРИ АСРИ XIX ВА АВВАЛИ АСРИ XX)

Мамадризо АЛИМШОЕВ,

муовини ректор оид ба таълими Донишгохи давлатии Хору* ба номи М. Назаршоев, номзади илмхои таърих, дотсент

Ибтидои солкой 50-уми асри XIX Хукумати подшохии Россия бо максади мустахкам намудани мавкеъи геополитикии худ барои забти кишвархои Осиёи Миёна шуруъ менамояд ва то охири солхои 80-90 минтакаро пурра зери тасарруфи худ карор медихад. Вале такдири Помир, ягона минтакае, ки дер боз ба майдони муборизаи сиёсии ду давлати абарк,удрат Англия ва Россия карор гирифта буд, халли худро наёфтабуд.

Мулкхои Помири Fap6ü дар зери асорати афгонхо ва кисмати шаркии он дар тасарруфи отряди манчурхо карор гирифта, ахолии махаллй аз азобу шиканчаи ин ачнабиён ба дод омада буданд. Асорати дахсолаи (1883-1895) афгонхо ахолии махаллиро мачбур намуд, ки ба мук,обили душманонашон мубориза баранд.

Таърих гувох аст; ки халкд точик дар давоми таърихи давлатдории хеш ба ягон давлат ё халке хучум накардаанд, баръакс сарзамини худро кахрамонона хифз менамуданд. Аз ин ру мардуми Кухистони Помир новобаста аз таъкибот ва асорати душманони беруна сархам набуданд, балки мардонавор ба зидди душман мукобилият нишон медоданд.

Тирамохи соли 1883 дар Шугнон, соли 1887 бо рохбарии Саидакбаршо дарРушон ва солхои 1888-1889 дар Шугнону Вахон ва Бадахшон шуринщои калон ба мукобили ачнабиён cap заданд. Сарчашмахои зиёди таърихй аз он шах,одат медиханд,ки ахолии махаллии Помир кушишхои зиёдеро ба харч доданд, ки ба дастгирии русхо кишвари азияткашидаашонро аз ачнабиён озод намоянд.

Хокимони махаллии Шугнон, Рушон, Вахону Ишкошим борхо бо мактубхои зиёдашон ба сайёхони рус ва намояндагони генерал-губернатории Туркистон мурочиат менамуданд, ки дар мубориза ба мукобили аз душманони беруна озод намудани сарзаминашон мурочиат намоянд. Хдмин тарик, аввалин заминахое пайдо шуданд, ки ахолии Помир мехост худихтиёрй ба Россия хамрох гардад.

Бояд кайд намуд, ки вазъияти сиёсии онвак,таи Помир, амалиёти фаъолонаи англисхо Хукумати подшохии Россияро водор сохт, ки сиёсати худро нисбати ин минтакди стратеги тагйир диханд ва намояндагони худро барои омухтани вазъи сиёсй сафарбар намоянд.

Тобистони соли 1882 духтур А, Регел бо дархости хокими Шугнон Юсуф -Алихон ба Калъаи Барпанча меояд. Дар ин сафараш аз Fy-нд ва Шохдара низ дидан мекунад. У дар гузоришхои хеш б а унвони сардори округи Зарафшон, генерал-майор Иванов дар бораи вазъияти сиёсии Шугнон, ки ахолии он дар зери зулми афгонхо карор гирифтаанд, ахборот медихад109.

Дар омузиши то инкилобии хаёти иктисодй- ичтимой ва сиёсии Помири Рарбй экспедитсияи Д.В.Путято, ки ба хайати он геолог Д.Л. Иванов ва топограф H.A. Бендерский (1883) шомил буданд, хизмати босазое намуданд. Д.Л. Иванов дар «С'афархо дар Помир» (1884) ва

«Шугнон". Очеркхои Афгонистон» (1885) дар бораи ходисахои сиёсии Шугнон, забти он аз тарафи кушунхои амир Абдурахмонхон, муборизаи ах,олии махаллй ба мукобили ачнабиён, талаби мардум барои худихтиёрй, хамрох намудани ин мулкхо ба хайати Россия маълумот медихад.

Ю9 Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Изд. второй. Душанбе, 2012..С 155-156.

Дар хисобот ва асархои Б.Л.Громбчевский «Мактуб аз Дарвоз», «Манфиатхои мо дар Помир», «Вазъияти хозираи сиёсй дар хонигарихои Наздипомир ва хатти сархад бо К^ошгар» дойр ба самтхои мухталифи таърих, этнография, геология, география ва набототу хайвоноти мулкхои кишвар маълумот оварда шудааст. Бехуда нест, ки уро яке аз «актёрони» бозихои сиёсии Россияю Англия дар масъалаи Помир дар баробари иштирокчиёни барчастаи ин бозихо Ний Илеяс ва Фрэнсис Янгхазбенд хисоб мекунанд.

Тобистони соли 189] аввалин отряди харбии полковник М.Е.Ионов ба Помири Шаркй меояд ва гуфтан мумкин аст, ки аз ин вакт таърихи таъсисёбии аввалин отряди сархадбонони Россия дар Помир огоз меёбад. Сафари дуюми полковник М.Е. Ионов (баъдан генерал - майор) соли 1892 Помири Шаркиро аз ачнабиён озод менамояд.

Бо максади таъмин намудани бехатарии ахолии махаллй аз душманони беруна ва химояи сархад ба генерал - губернатории Туркистон супориш дода мешавад, ки дар тарафи рости дарёи Мургоб мавзеъи Шочон барои сохтмони аввалин истехкоми (пости) харбии Россия дар Помири Шаркй чой чудо карда шавад. Сохтмони он мохи июл бо рохбарии мухандиси харбй, капитан А. Г. Серебренников (муаллифи як катор маколахо ва очеркхо дойр ба таърих ва фарханги Помир) огоз ёфта, мохи ноябр ба охир расид. Бо супориши Ионов бо сарварии капитан А.П. Кузнетсов барои давом додани хизмати харбй ва химояи сарвдц отряди харбй дар Помири Шаркй мемонад. Баъдан барои мустахкам намудани мавкеъи хеш дар тамоми худуди Помири Шаркй русхо дар Лангар, Ишкошим, Сасиккул, Зоркул истехкомхо сохтанд.

Тобистони соли 1893 бо максади омузиш ва т ад кики Рушону Ванч бо рохи Бартанг отряди капитан С.П. Вановский фиристода мешавад ва худи хамин сол пости махсус бо сарварии поручик Рукин таъсис дода мешавад. Пости Рушон бо талаби сокинони он бо максади пешгирй намудани хучуми афгонхо сохта шуд. То ибтидои соли 1897 пости Помир аллакай аз чихати шумораи афсарону аскарон ва иктидори харбияш мустахкам шуда, вазъияти амниятй дар ин минтака бехтар гардид.

Вале вазъияти сиёсии мулкхои Помири Еарбй вазнин буд. Ахолии махаллй зери тахдиди афгощо карор доштанд. Аз таре сокинони махаллй ной зисти худро тарк менамуданд ва бисёри вакт ба Помири Шаркй ба назди аскарони рус мерафтанд ва аз онхо имдод мехостанд. Соли 1894 бо пешниходи генерал- губернатори Туркистон, Хукумати Россиян подшохй барои фиристонидани отряд бо сарварии генерал М.Е. Ионов ба Помири Еарбй ичозат дода мешавад ва 13-уми августа хамин сол М.Е.Ионов вориди Шугнон мегардад.

Дар ин муддат дойр ба «масъалаи Помир» бо максади муайян намудани хати сархад ва доираи нуфуз байни Англия ва Россия бозихои сиёсй мерафтанд. Гуфтушунид муддати ду сол давом ёфта, мохи марти соли 1895 ин ду давлат дойр ба таъсиси комиссияи муайянкунандаи сархад ба мувофика омаданд.

Барои муайян намудани хати сархад комиссия иборат аз намояндагони чор давлат: Россия, Англия, Х,индустон ва Афгонистон ташкил карда мешавад. «25-уми феврали соли 1895 Шартномаи Англия ва Русия баста мешавад. Мувофики он ба Афгонистон мулкхои сохили чапи дарёи Панч ва кисми чанубии Дарвоз дода, ба ивази онхо Рушон, Шугнон ва як кисми Вахон ба амири Бухоро дода шуданд. К,исми дигар Вахон, ки аз резишгоххои дарёи Панн болотар чойгир буд, ба Афгонистон гузашт. Бо хамин Англия Россияро ба воситахои мулкхди борики Афгон аз Хдндукуш чудо кард»110

Мухаккикони зиёди ватанй ва хоричй дойр ба имзо расидани Созишномаи соли 1895 фикру акидахои гуногун доранд. Албатта бархурди сиёсати ду давлати абаркудрат Англия ва Россия дар он давра манфиати геополитикиашонро химоя мекард, аммо такдири ахолии махаллй барои онхо дар чойи дуюм меистод. Вале як чиз мусаллам аст,ки сокинони Помири Еарбй тавассути «бозихои сиёсии» давлатхои абаркудрат аз зери зулму ситами афгонхо озод гардиданд. Илова бар ин бо таъсис

по Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Изд. второй. Душанбе, 2012..с 30

ёфтани отряди сархадбонони Помир сохти идоракунии маъмурй тагйир до да шуда дар хаёти сиёсй, иктисодй ва ичтимоии ахолии махаллии ин минтака тагйирот ворид гардид.

Муаллифони «Таърихи Бадахшон» Курбонмухаммадзода ва Мухаббатшозода дар ин бора чунин менависанд: «Мохи июли соли 1894 афсари рус Бинковский бо отряди начандон калон ба Хоруг мебиёяд ва барои сохтмони отряди сархадбонони Россия дар Хоруг чой мекобад. Барои сохтмон аввал мавзеъи Дашти поён ( шояд махаллаи хозираи Селхозтехника) ва кдлъаи кухна дар Хоруги болоро пешниход мекунанд, вале ин чойхо ба у маъкул намешаванд. Билохира чойи имрузаи отряди харбиро интихоб мекунанд. Ин замин ба Давлатбек ном шахе тааллук доштааст ва онро аз 5? харидорй мекунанд. Дар ин замин пахта ва полезихо кишт мешуданд»111 .

Бо ба охир расидани ин сохтмон соли 1897 штаби отряди сархадбонони Помир аз Мургоб ба XopyF кучонида мешавад. Аз ин вакт cap карда муносибатхои байнихамдигарии ах,олии махаллй бо сархадбонони Россиян подшохй огоз меёбад.

Сардорони он дар баробари химояи сархад ва ичрои вазифахой харбй ба омузиши хамачонибаи Помири Fap6n ва инкишофи ичтимой-иктисодии он фаъолона иштирок менамоянд. Сардорони аввалини отряди сархадбонони Помир ба монанди М.Е. Ионов, П.А. Кузнетсов (1892-1893), В.Н. Зайтсев (1893-1894),А.Г. Скерский (1894-1895), Слутской (1895-1896), Эгерт (1896-1897), Э.К. Кивекас (1897-1899), Аносов (1899-1900), Бодритский (1900-1901), Э.К. Кивекас (1901-1902), А.Е. Снесарёв (1902-1904), A.B. Муханов (1904-1911), Е.А.Шпилко (1911-1914), И.Д. Ягелло (1914-1917), Фенин (1917-1918) дар гузоришу мактубхояшон ба унвони Хукумати Россия аз вазъияти сиёсй -интим ой ва иктисодии ахолии махаллй ахборот медоданд. Асару маколахои илмии навишташудаи ин низомиён имруз барои мухаккикони таъриху фарханги Помир хамчун маводи пурарзиши илмй хисоб мешавад112.

Х,укумати подшохии рус дар баробари химояи манфиатхои харбй дар ин сарзамин ба масъалаи идоракунии маъмурй, сохтмони роххо, каналу чуйборхо, азхуд намудани заминхои бекорхобида, таърлини ахолй бо олотхои мехнат, омузиши таъриху фарханги сокинони он диккати зиёд медод.

Бо максади пайваст ва баркарор намудани алокаи доимй бо генерал-губернатории Туркистон, соли 1894 бо супориши Россини подшохй аз Фаргона ба самти Помир сохтмони рох, шуруъ гардида барои сохтмон маблаги 185 000 рубл чудо гардид. Бо иштироки сокинони махаллй ва сархадбонон рохдо аз пости Мургоб то Хоруг, Рошткалъа, Рушон, водии Еунд сохта шуданд. Бо ташаббуси полковник Муханов Хамчун сард ори отряди Помир солхои 1910-1911 сохтмони рохи мушкилгузари Дарвоз-Ванч- Хоруг, ки агбахои касногузар дошт cap шуда соли 1915 ба анчом расид. Бо сохтмони роххо вазьи иктисодии сокинони Помир то андозае бехтар гардида, савдо ва тичорат байни ахолии мулкхои алохидаи он ривоч ёфта буд. Соли 1895 дар пости Помир аввалин бозори тичоратй кушода шуд. Ба ин бозор аз Каротегин галла, либосвории пахтагй аз Кршгар ва Уш савдогарон мол оварданд. Дар ин бозор зиёда аз 20 магозаи хурд ва доимй амал мекарданд.

Муносибатхои дустонаи байнихамдигарй имконият медоданд,ки сардорони отряд Помир ба халли масъалахои маданй-фархангй низ машгул бошанд. Сардори отряд, капитани штаби генералй Е.А. Шпилко соли 1913 дар хисоботаш кайд намудааст, ки «Бо максади бехтар намудани хамкорй бо ахолии махаллй ва мустахкам намудани сиёсати русхо дар махалхо ва нишон додани фарханги халки Россия дар худудхои империя чорабинихои маданй дар самти маориф ва фарханг гузаронида мешуданд».113

Бо ин максад соли 1911 бо ташаббуси сардори отряди Хоруг мактаби руей-махаллй кушода мешавад. Дар назди мактаб инчунин интернат барои хонандагон таъсис ёфт, ки се вакт ройгон онхоро бо хурок ва чойи хоб таъмин мекард. Аллакай

111 «Таърихи Бадахшон» Курбонмухаммадзода ва Мухаббатшозода Дафтари 4. С.9).

112 Алимшоев М.М. История взаимоотннашений Российской пограничной службы на Памире с местным населением в конце Х1Х-начале XX вв. Душанбе, 2012. с.95-103

113 Пирумшоев Х-., Маликов М. Россия -Таджикистан: история взаимоотношенией. Душанбе, 2009.

91

дар соли тахсили 1915-1916 шумораи хонандагони мактаб ба 40 нафар расида буд. Бояд кайд намуд, ки таъсиеи ин мактаб наметавонист, масьалаи маорифро дар Помир хал намояд, вале хатмкунандагони ин мактаб имконияг пайдо намуданд.ки забони русиро азхуд намуда минбаъд тахсилро дар шахрхои Осиёи Миёна давом диханд. Хатмкунандагони ин мактаб ба монанди С. Абдуллоев, И.Исмоилов, X. Кирмоншоев, А.Зинатшоев ва бисёри дигарон дар солхои минбаъдаи Х,окимияти Совета дар вазифахои масъули рохбарикунандаи вилоят ва чумхурй кору фаъолият намуданд.

Отряди сархадбонони Помир дар масъалаи расонидани ёрии тиббй ба ахолии махаллй корхои зиёде анчом дода буд. Духтурон ва фелдшерони отряд дар баробари ичро намудани вазифаи худ тавонистанд дар бартараф намудани хуручи харгуна беморихо ба ахолй низ хизмати тиббй расонанд.

Муносибат ва муоширати харрузаи сокинони мукимй бо афсарону аскарони рус докистани забони русиро такозо менамуд. Аз ин ру русхо лозим шумориданд,ки аз байни одамони махаллй тарчумонхоро ( тилмоч A.M.) тайёр намоянд. Аввалин тарчумони отряди Помир, сокини донишманд аз Поршнев Саидмахсуми Саидэсо, ки афсарон ва аскарон уро Саидмансур ном мебурданд, хисоб мешуд. Хучуми афгонхо_ба дехоти Помири Гарбй оилаашонро мачбур сохт, ки ватанашро тарк намоянд ва ба Уш фирор намоянд. Саидмансур дар ин мудцат забони русиро азхуд намуда, шахсан бо Ионов, Скерский_, Муханов, Шпилко, Ягелло, Зарубин ва дигар сардорони отряд шиносой дошт. У инчунин аввалин тарчумоне буд, ки соли 1892 бо отряди Ионов ба Помир омад.

Афсарони отряди сархадбонони Помир дар навбати худ ба ахолии махдллй дар дастрас намудани тухмии полезихо. баланд бардоштани хосилнокии зироатхои хочагии кишлок, парвариши пилла, таьсиси корхонахои хунармандй ва гайрахо кумак мерасониданд. Бо супоршни сардори отряд дар Хоруг корхонаи хурди хунармандй кушода мешавад.

Соли 1909 азболоидарёи Гунд дар Хоруг купрук сохта шуда, соли 1914 неругохи обии баркй барои аз барк таъмин намудани отряди сархадй ба исгифода дода шуд. '

Дар зери таъсири афсарон ва аскарони отряд тагйироти куллй дар сохтмони манзили истикоматй ва пушидани сару либоси ахолии махаллй ва дигар хусусиятхои маишй ва фархангй ба вучуд меоянд. Мардум бештар ба пушидан ва духтани сару либосхо аз матоъхои нави русй машгул шуданд. Афсарони рус ба урфу одати ахолии махаллй бо як эхтироми хоса му1юсибат менамуданд. Х,амаи ин чорабинихо аз он шаходат медод, ки сокинони махаллй бо хайати отряд муносибати дустона дошта, хамкорщои байни хамдигарй торафт тахким меёфтанд.

Сардорони отряди сархадбонони Помир хамчун шахсиятхои фархангй дар баробари хифзи сархад ба омузиши таърих, забон, урфу одат, табиат ва набототи ин сарзамини бостонй машгул буданд. Ба хусус аз нимаи дуюми асри XIX кишвархои Осиёи Миёна аз чумла Помир низ мавриди омузиши илмии олимони рус карор мегирад.

Аъзои «Ч,амъияти чугрофидонони Россия» капитан В.Н.Зайтсев, ки солхои 1893-1894 вазифаи сардори отряди Помирро ичро мекард ба давраи истилои амири Афгонистон Абдурахмонхон дар Помири Гарбй рост омад. Вазъияти ба амал омадаи ахолии Шугнон уро мачбур месозад, ки ба хокимони афгон хотиррасон намояд, ки мувофики Созишномаи соли 1873 онхо бояд ба корхои сокинони сохили рости дарёи Панч дахолат накунанд ва бо ин амалаш онхоро дастгирй менамуд. Хизмати ин низомии донишманд низ дар омузиши таърихи ин минтакаи кухистон хело назаррас мебошад.

Солхои 1902-1904 А.Е. Снесарёв рохбари отряди Помирро бар душ дошт. А.Е. Снесарёв дар даврае ба ин вазифа таъин гардид, ки мулкхои Помири Гарбй дар зери тобеъияти амалдорони Бухоро карор доштанд. Тахлили вазъияти сиёсй уро водор месозад, ки дар маълумотхои расмииаш бештар ба масъалахои ичтимоии маскунон диккат дихад ва манфиатхои онхоро химоя намояд. Асару маколахои зиёди олим аз кабили «Очерки мухтасари Помир» (1902), «Помир» (1903), «Дин ва урфу одати кухистониёни Помири Гарбй» (1904) ва гайрахо натичаи ковишхои илмии у дойр ба таърих, мардумшиносй ва хаёти иктисодии ин сарзамин мебошанд.

Дар байни корхое, ки ба вазъияти сиёсй, иктисодй - ичтимоии Помир баъди худихтиёрй ба Россия хамрох шуданаш макоми хоса Доранд, ин асари полковник A.B. Муханов «Райони Помир» (1912) мебошад. Боби сеюми он «Очерки харбй - стратеги» ба хусусиятхои идоракунии маъмурии мулкхои Помир баъди хамрохшавй бахшида шудааст. Муханов чорй намудани чунин идоракуниро бо сарварии сардори отряди Помир зарурияти сиёсй хисоб мекунад

Маърузаи амалдори дипломатии назди генерал-губернатори Туркистон Половтсов (1903), маълумотномахои агента сиёсии Россия дар Бухоро А.Черкасов (1904-1905) аз сарчашмахое махсуб мешаванд, ки дар онхо масъулин дойр ба таълимоту афкори динии ахолй, вазъияти сиёсй, муносибатхои хоцагидорй, системаи идоракунии маъмурии амалдорони Бухоро, кушиши ба тобеияти Россия баргардонидани худудхои бекигарии Шугнон, Рушон ва Вахон ахборот пешниход мекарданд ва имруз чун сарчашмаи таърихй арзишманд мебошанд.

Дар омузиши таъриху фарханги мардуми Помир накши рузнома ва мачаллахое, ки дар Россия ва шахрхои калонтарини кишвари Туркистон чоп мешуданд хело бузург буд. Яке аз аввалин рузномахо «Туркистанские ведомости» буд, ки аз соли 1870 дар Тошканд бо забони русй чоп мешуд. Рузномаи мазкур 48 сол фаъолият намуда, аз 15 декабри соли 1917 бо карори СКХ Туркистон фаъолияти он катъ гардонида шуд.

Дар сахифахои рузномаи номбурда ба гайр аз маълумотхои расмй, рочеъ ба таърихи халкхои Осиёи Миёна, аз чумла Помир маводхои зиёде дарч мегардиданд. Дар кавиштану чопи чунин маколахо дар баробари сардорони отряди Помир олимони барчастаи рус Бартолд В. В., Хорошхин А.П., Маев Н., Липский В.И., Литвинов В.Н. ва дигарон дойр ба таъриху фарханги мардуми кухистон сахми хеле калон доштанд. Як кисми зиёди маколахои илмй дар журнали «Вестник Ташкентский офицерской школы восточных языков при штабе Туркестанского военного округа» (аз соли 1911 нашр мегардид) чоп мешуданд. Олимони варзида Остроумов Н.П., Семёнов A.A. ва Хаников Н.В., ки фаъолияти худро ба омузиши таърихи халкд точик бахшидаанд, дар сахифахои «Вестник» бо маколахои худ баромад мекарданд.

Забоншинос ва этнограф И.И. Зарубин дар сафархо ва фаъолияти кориаш ба хайси Комиссари халкии Помир соли 1917 бо урфу одат, хаёти маънавй, забон ва вазъи ичтимою иктисодии мардум аз наздик шинос шуда, фаъолияти ояндаи илмии худро ба ин сарзамин бахшид. Дойр ба таърих, этнография ва забони мардуми Шугнонзамин корхои зерини илмй, аз чумла «Ба таърихи Шугнон» (1926), «Достон дар бораи охангари аввал дар Шугнон» (1926), «Таваллуди кудаки шугнонй ва кадамхои аввалини у» (1927), «Матнхои шугнонй ва лугат» (1960) нашр карданд.

Х,амин тарик, охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар хаёти иктисодй, ичтимой ва фархангии мардуми Помир дигаргунихои зиёде ба амал омаданд. Гарчанде, ки ин дигаргунихо дар шароити хозира на он кадар чиддй ба назар мерасанд, вале онхо аввалин кадамхое буданд,ки барои дигаргунихои замони Шуравй ва Точикистони сохибистиклол заминахои боэьтимоде гузоштанд.

АДАБИЁТ

1. Алимшоев М.М. История взаимоотношений Российской пограничной службы на Памире с местным населением в конце XDC-начале XX вв. Душанбе, 2012.

2. Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Изд. второе. Душанбе, 2012.

3. Муханов A.B. Памирский район. Ташкент, 1912.

4. Пирумшоев X,-, Маликов М. Россия -Таджикистан: история взаимоотношенией. Душанбе, 2009.

5. «Таърихи Бадахшон» Курбонмухаммадзода ва Мухаббатшозода Дафтари 4.- С.9.

РОЛЬ РОССИЙСКИХ ПУТЕШЕСТВЕННИКОВ, УЧЕНЫХ И ВОЕННЫХ В ПОЛИТИЧЕСКОЙ, СОЦИАЛЬНОЙ И ЭКОНОМИЧЕСКОЙ ЖИЗНИ ПАМИРА КОНЦА XIX-НАЧАЛА XX ВЕКОВ

МАМАДРИЗО АЛИМШОЕВ,

кандидат исторических наук, доцент, проректор по учебной работе Хорогского государственного университета

им, М. Назаршоева

Статья посвящена освещению роли российских путешественников, ученых и военных в политической, социальной, экономической жизни Памира конца XIX и начала XX веков. В статье также рассматривается вклад русских военных начальников Памирского пограничного отряда в экономическом и социальном преобразовании дореволюционного Памира и в обеспечении жителей этого горного края, а также предотвращении насилия со стороны иностранных завоевателей.

THE ROLE OF RUSSIAN TRAVELERS, SCIENTISTS AND MILITARIES IN POLITICAL, SOCIAL. EECONOMICAL LIFE OF PAMIR AT THE END OF XIX AND BEGINNING OF XX CENTURIES.

The article is consecrated the role of Russian travelers, scientists and militaries in political, Social, Economical life of Pamir at the end of XIX and beginning of XX centuries. The article discusses the contribution of Russian military principals of Pamir boundary commandoes in economic and social transformation thus revolutionary Pamir, and also their contribution to the people provision of these mountain area and prevention foreign conquers violence.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.