Научная статья на тему 'ВКЛАД ТАДЖИКСКИХ ТРУЖЕНИКОВ НА ПУТИ ЛИКВИДАЦИИ БАСМАЧЕСКОГО ДВИЖЕНИЯ В ТАДЖИКИСТАНЕ'

ВКЛАД ТАДЖИКСКИХ ТРУЖЕНИКОВ НА ПУТИ ЛИКВИДАЦИИ БАСМАЧЕСКОГО ДВИЖЕНИЯ В ТАДЖИКИСТАНЕ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
118
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
БАСМАЧЕСТВО / ИНОСТРАННЫЕ ИМПЕРИАЛИСТЫ / ДОБРОВОЛЬЧЕСКИЕ ОТРЯДЫ / КРАСНОПАЛОЧНИКИ / СОВЕТСКАЯ ВЛАСТЬ / КРАСНАЯ АРМИЯ / ТРУДЯЩИЕСЯ / КОММУНИСТИЧЕСКАЯ ПАРТИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Хусрав Х.

В данной статье показана роль трудящихся Таджикистана в их борьбе против босмачества. Акцент сделан на то, что без поддержки трудящихся, Красной Армии было бы трудно победить басмачей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE CONTRIBUTION OF TAJIK PEOPLE TO THE ELIMINATION OF THE BASMACHI MOVEMENT IN TAJIKISTAN

This article shows the role of the working people of Tajikistan in their fight against bosmachestva. Emphasis is placed on the fact that without the support of the working people, the Red Army would have been difficult to beat Basmachi.

Текст научной работы на тему «ВКЛАД ТАДЖИКСКИХ ТРУЖЕНИКОВ НА ПУТИ ЛИКВИДАЦИИ БАСМАЧЕСКОГО ДВИЖЕНИЯ В ТАДЖИКИСТАНЕ»

СА^МИ МЕ^НАТКАШОНИ ТО^ИК ДАР РО^И БАРДАМ ЗАДАНИ ^АРАКАТ^ОИ БОСМАЧИГАРЙ ДАР ТО^ИКИСТОН

Хусрав ^УСАЙНЙ,

аспиранти Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи илмхои Ч,умхурии Точикистон

Ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна раванди вайроншавии муносибатхои патриоархалй-феодалиро тезонд, ба инкишофи капитализм такон дода, сабаби дар кишвар пахн шудани идеологияи синфи коргар гардид ва барои бо мехнаткашони Россия муттахид шудани мардуми мехнаткаши Осиёи Миёна рох кушод.

Замони таъсиси синфи коргари точик аз давраи ба Россия хамрох карда шудани Осиёи Миёна огоз меёбад, ки дар ин давра ба он муносибатхои молию пулй рох ёфта, заводу фабрикахо кушода мешаванд. Дар баробари бино ёфтани заводу фабрикахо, рохи охан ва дигар корхонахои капиталистй сохта шуда, шумораи синфи коргар, махсусан аз чумлаи дехконону косибони хонавайроншуда меафзояд. Ба туфайли равнаки муносибатхои молию-пулй дар хочагии кишлоки Осиёи Миёна ба табакахо чудошавии дехконон вусъат меёбад. Дехконони бенаво сафи синфи коргарро пур карда, бойхо, сохибони заводу фабрикахоро бо кувваи арзони коргарй таъмин мекарданд. Мардикорони мавсимй ва косибони хонавайроншуда, ки шумораашон сол аз сол меафзуд, манбаи асосии пур кардани сафи синфи коргар буданд. Ахволи коргарон, ки дар шароити вазнину токатфарсо мехнат мекарданд, капиталистонро харгиз дар ташвиш намеандохт.

Мухточй, кашшокй, бехукукй, муомилаи дурушт-хамаи ин норизогй ва нафрату адовати коргаронро нисбат ба капиталистон ва умуман ба сохти истисморгарй пурзур мекард.

Исботи ин гуфтахо дар хотирахои мардикори мавсимй, иштирокчии мухорибахои мохи октябри соли 1917 дар Тошкент рух дода Наврузбеков Азизбек чунин баён ёфтааст: "^исмати камбагалони Помир пеш аз инкилоб бисёр вазнин буд. Мухточй ва гуруснагй онхоро мачбур мекард, ки дар дасти бойхои махаллй гуломй кунанд ва ё барои чустучуи як бурда нон ба шахрхои Туркистон раванд, ки дар ин чо хам хамон истисмор ва истибдод хукмфармо буд" [2:24].

Намунаи муборизаи кахрамононаи пролетариати рус мехнаткашони Осиёи Миёнаро рухбаланд мекард. Онхо тадричан ба муборизаи умумй барои сарнагун кардани хокимияти махаллй, сохти амирй кушиш мекарданд.

Мехнаткашон ба азобу укубати вазнин токат карда натавониста, борхо ба мукобили зулми капиталистон ва низоми амирй шуриш бардошта буданд. Аммо аз сабаби набудани рохбари бевоситаи пролетарй ин шуришхо шикаст мехурданд. Бо вучуди ин, муборизаи озодихохонаи халки точик ахамияти бузурги прогрессивй дошт. Вай асосхои сохти подшохй ва аморатро суст мекард.

Галабаи инкилоби Октябр дар марказ ва гушаву канорхои Россия ва худудхои пахновари он аз чумла Туркистон бо барпо карда шудани Докимияти Шуравй анчом ёфт.Бояд кайд намуд, ки бо барпо карда шудани Докимияти Шуравй дар як муддати кутох харакатхои зиддишуравй ба вучуд омад. Сабаби асосии сар задани харакати босмачигарй, аз руи гуфтахои Мулло Эркаев, ки номбурда мухаккики давраи мазкур мебошад, чунин аст: "Дар солхои 1921-1923 дар натичаи сиёсати душманони Шуравй

кисмхои Армияи Сурх дар ахволи хеле вазнини сиёсй-иктисодй афтода монданд. ^исмхои Армияи Сурх, ки маблаг надоштанд, аз дехконони Бухорои Шаркй озукаворй ва ему хошокро забонхат дода мегирифтанд. Дар шуъбахои махсулоттайёркунии комитетхои инкилобй бисёр вакт бо рохи фиребгарй одамони зиддишуравй амалдорони машхури амир ва рохбарони дастахои горатгарон сар медароварданд. Онхо бо агентхои озукатайёркунии худ дар махалхо дар вакти чамъ кардани озукаворй ва ему хошок бисёр вакт сиёсати Докимияти Шуравиро вайрон карда, нисбат ба дехконон ба муносибати дагалона рох медоданд. Озукаворй аз хисоби бойхо не, балки баръакс, аз хисоби камбагалон чамъоварй карда мешуданд. Аксар вакт бурдаи охирини нон, чорво ва дигар махсулоти онхоро кашида мегирифтанд ва бо хамин дар байни дехконон нисбат ба Докимияти Шуравй норизогй ба вучуд меоварданд"[7:220].

Аз ин фурсати муносиб истифода намуда, империалистони хоричй, ки Осиёи Миёнаро ба мустамликаи худ мубаддал гардониданй буданд, ба харакати босмачигарй фаъолона ёрй мерасониданд.

Амалдорони амир, бойхо ва муллохо аз мавчуд будани хурофоти динй дар байни ахолй истифода бурда, мохияти босмачигиро бо никоби динй руйпуш менамуданд ва хар касеро, ки барои Докимияти Шуравй мубориза мебурд, "кофир" меномиданд. Зиддишуравихо бо хамин гуна найранг оммаро ба доми фиреби худ афтонданй мешуданд.

Мехнаткашон аз ин амали бади балвогарон огох шуда, нисбаташон нафрат пайдо мекарданд ва пуштибони Докимияти Шуравй мешуданд. Тавре ки муборизи рохи Шуравй ^осимов Самигулла дар хотирахои худ меорад:"Мо дар куххои Боботог дам гирифта, ба мукобили босмачиён амалиётхои чангиро сар кардем.Оммахои мехнаткашон дар ин рох ба мо кумак мерасонданд. Онхо дар махалхои ба мо ношинос рохбаладй мекарданд, дар бораи дастахои босмачиён маълумот чамъ менамуданд. Ин маълумот баъзан нисбат ба маълумоти оперативй хам дакиктар буданд"[2:290].

Мехнаткашони точик ба пешравии кушунхои Шуравй аз хар чихат ёрмандй мерасониданд. Чунончи, барои онхо озука ва ба аспхо ему хошок оварда медоданд, дар байни кисмхои Армияи Сурх накши алокачиро ичро менамуданд, ба онхо рохи аз пайрахахои кухй харакат карданро нишон медоданд, дар бораи аз кучо ба кучо рафтани душман ва чй ният доштани вай хабар дода меистоданд. Дар мубориза ба мукобили босмачихо мехнаткашон ва дехконони камбагал накши бузург бозиданд. Аз чумла, дехконони камбагал Шариф Сулаймон, Нуралй Сиддик ва Ниёз Ятим аз худи рузхои аввали ба ёрии халки точик омадани Армияи Сурх накши рохбаладони кисмхои Армияи Сурх ва алокачиро ичро менамуданд. Онхо хаёти худро дарег надошта, супоришхои Комитети инкилобии Душанбе ва хайати фармондехии кисмхои Армияи Сурхро дар бобати бурда расонидани почта ва маълумотхои махфй хамеша ичро мекарданд" [8:12].

Даракати босмачигарй аввал соли 1917 дар Туркистон, аз он чумла дар нохияхои шимолии Точикистон низ пайдо шуда буд. Ба босмачигй хукумати зиддишуравии буржуазй-помешикии "автономияи ^уканд" ибтидо гузошта, аввалин бор аз дастахои босмачиёни горатгар барои мубориза ба мукобили Докимияти Шуравй истифода бурда буд. Дар аморати Бухоро босмачигй бо муборизаи бойхо ба мукобили Докимияти Шуравй дар солхои 1920-1921 пайдо шуда буд, ки он вакт оммаи мехнаткашон барои сарнагун кардани аморати Бухоро мубориза мебурданд.

Дар Бухорои Шаркй аввалин дастахои босмачихо дар вакти ба ин чо омадани амир ташкил шуда буданд. Ба дастахои босмачй амалдорони амир, муллохо, эшонхо ва дигар унсурхои чинояткор сардорй мекарданд. Чунончи, Иброхимбек - писари амалдори амир, саркардаи дастаи горатгарон, ки молу амволи ахолиро дар давраи пеш аз инкилоб тороч мекарданд, Фузайл Махсум беки собики ^аротегин, Эшони Султон ва дигарон аз чумлаи онхо буданд.

Бе ёрии мехнаткашони точик ба голибият аз болои босмачихо муваффак гаштани Артиши Сурх гайриимкон буд. Онхо аз хар чихат аз тарики кувваи чангй, озукаворй ва ему хошок ба кушунхои Артиши Сурх кумак мекарданд.

Дар он рузхое, ки барои гарнизони Душанбе рузхои сахт буданд, дехконони мехнаткаш ба аскарони сурх дар муборизаи устуворонае, ки бар зидди гуруххои Анварпошшо мебурданд, аз хар чихат ёрмандй мерасониданд. Мисоли ин гуна ёрмандй, корномаи кахрамононаи Ахмад Ашуров-раиси Комитети инкилобии тумани Чорбог ва Гоиб Тошев -раиси Комитети инкилобии тумани Харангон мебошанд. Онхо аз кишлокхои Чорбог ва Харангон озука ва ему хошок чамъ намуда, ба зиёда аз 50 асп бор карда, хамрохии як гурух дехкононе, ки ба Докимияти Советй садокатманд буданд, дар як шаби хунуки мохи декабри соли 1921 ба Душанбе равон шуданд. Корвони озукахо аз кишлоки Заргар бо рохи душворе ба чараёни дарёи Душанбе нигох карда поён мерафт. Дехконон ба кишлоки Чармгарон даромаданд ва барои он, ки ба босмачиён вохурда намонанд, хеле эхтиёткорона ба суи мавкеи гарнизон равон шуданд ва хамаи озукаву ему хошокро ба аскарони сурх супурданд. Дангоми бозгашт ин дехконон ба гуруххои Анварпошшо дучор омаданд. Дар задухурди сахти зидди босмачиён Еоиб Тошев сахт ярадор шуд ва рафиконаш уро гирифта бурданд [8:18]. Ин ёрмандй тавонист, ки кисмхои Аскарони Сурхи гарнизони Душанберо аз гуруснагй начот дихад.

Дар муборизахои зидди босмачигарй мехнаткашони Шимоли Точикистон гуруххои чангй барпо мекарданд.

Дар зарфи солхои 1918-1919 гуруххои чангии коргарон дар Уротеппа, Нов, Исфара, Конибодом, Панчакент ва дигар чойхо ташкил карда шуданд. Чунин гуруххои чангии коргарон х,учумх,ои босмачиёнро зада бармегардонданд.

Ахолии мехнаткаши нохияхои шимолии Точикистон Докимияти Шуравиро хамчун хокимияти худи мехнаткашон дарк намуда, органхои махаллии советиро дастгирй менамуданд ва ба душманон зарбаи катъй мезаданд. Дар ин бора карори Конференсияи иттифокхои камбагалон ва комичроияхои хукуматй, ки 30 октябри соли 1919 дар шах,ри Уротеппа барпо гардидааст, шаходат медихад: "Мо намояндагони иттифокхои камбагалон ва комичроияхои волостхо изхор менамоем, ки ба хама гуна хуручи зидди хокимияти коргару дехкон бо мукобилияти сахт чавоб медихем. Зеро мо хам пролетариати мусулмон ва хам пролетариати рус, хокимияти коргарону дехконон ва Дизби Коммунистиро, ки хукукхои мехнаткашонро мухофизат мекунад, табрик менамоем. Ва мо, пролетархои мусулмон, бо хамрохии пролетархои дигар мамлакатхо Докимияти Советиро то нафаси охирин мухофизат хохем кард'[2].

Кирдорхои зишти босмачиён нисбат ба ахолии мехнаткаш симои хакикй ва максади онхоро фош менамуданд. Аз ин ру ахолй охиста-охиста фиребу найрангхои босмачиён ва рухониёнро, ки дину диёнат ва шарафи мусулмононро химоя мекарда бошанд, фахмида гирифтанд ва аз онхо дур шуда, шуравихоро дастгирй мекардагй

шуданд. Ин бошад амалиётхои кисмхои Армияи Сурх ва гуруххои ихтиёриро пурзур намуда, ба кори торумор кардани босмачиён ёрии калон расонд.

Дар кисмати саргахи Зарафшон, ки он чоро Кухистон меномиданд, мехнаткашон ва дехконон низ барои мубориза ба мукобили босмачихо ба Армияи Сурх кумак мерасониданд.

Дар мачлиси умумии намояндагони кишлокхои Урметан ва Работ аз таърихи 10 июни соли 1919 саъю кушиш ва омодагии дехконони мехнаткаш ба мубориза барои тезтар нест кардани босмачигарй ифода карда шудааст. "Ба ёрй расонидан зидди босмачиёни горатгар тайёр хастем ва мехохем на танхо бо додани махсулот кумак расонем, балки ба даст ярок гирифта дар ин мубориза иштирок кунем. Аз ин ру, ба мо ярок доданатонро илтимос мекунем, агар ярок нарасад, дар даст сангу калтак гирифта, бо гуруххои аскарони сурх меравем, то ки ба кори торумор кардани дастахои горатгари Эргаш ва мастчохиён ёрии аз дастамон меомадагиро расонем. Агар Армияи Советй бо ягон сабаб горатгаронро торумор накарда рафта монад, он гох мо зану бачахоямонро гирифта хамрохи Армияи Советй меравем, зеро ин горатгарон моро несту нобуд мекунанд, чунки аз тахти дил ба Докимияти Советй ёрй расонидаамонро медонанд"[5].

^исмхои Армияи Сурх ва гуруххои ихтиёрй, ки аз тарафи мехнаткашон ташкил меёфтанд, моххои январу феврали соли 1923 кариб хамаи дехахои волостхои Фалгару Искандаркулро аз босмачиён озод карданд. Дар ин чангхо дехконон ба Армияи Сурх ёрй расониданд. " Дамин тарик, вакте ки дар дехаи Миндона отряди хурди Аскарони Сурх дар мухосира афтид, дехкон Алй Усмонов ба Панчакент омада, ба фармондехи эскадрон хабар дод. 28 сарбози Лобов ду шабонаруз хамлаи босмачихоро нигох доштанд. На об буду на хурок. Вакте ки эскадра намоён шуд, ду-се дона патрон бокй монда буду халос. Сарбозони Лобов, хамин тавр, ба туфайли садокати дехкон Алй Усмонов начот ёфтанд"[1,45].

Мастчох такягохи тамоми куввахои босмачиёни вилоятхои Фаргона, Самарканд ва дигар махалхо шуда буд. Дар Мастчох таъсири рухониёну бойхо хеле пурзур буд. Камбагалони Мастчох, ки аз ин тартибот ва зулми боён ва рухониён ба дод омада буданд, борхо намояндагони худро бо арзу шикоят ба шахрхои Уротеппаю Самарканд фиристода, хохиш менамуданд, ки дар кори дар Мастчох чорй кардани тартиботи Докимияти советй ба онхо ёрмандй расонанд. Бо мушкилихои зиёд ва бо чахду талошхои мардуми мехнаткаши азиятдида ва кумаки Армияи Сурх дар саргахи Зарафшон аз хама дертар сохтори Шуравй чорй карда шуд.

Мехнаткашони Бухорои Шаркй низ мисли дигар мехнаткашони вилоятхои Осиёи Миёна дар торумор кардани босмачиён сахми намоён гузоштаанд.

Халки мехнаткаши Бухорои Шаркй, ки тартиботи горатгаронаи Анварпошшоро аз сар гузаронида буданд, Армияи Сурхро бо хурсандй пешвоз гирифтанд.Мухбири рузномаи "Правда" дар ин хусус чунин навишта буд: "Зарбае, ки ба Анварпошшо зада шуд, муносибати хакикии ахолиро нисбат ба аскарони сурх нишон дод. Ахолии аз чабру зулми Анварпошшо ба куххо баромада рафтагй акнун ба истикоматгоххои худ баргаштанд, он касоне, ки дар кишлок монда буданд, аскарони сурхро хамчун озодкунандагони худ пешвоз мегирифтанд"[6].

Мехнаткашони Бухорои Шаркй дар несту нобуд кардани дастаи Анварпошшо фаъолона иштирок намуданд. Бар хилофи бойхо ва муллохо, мехнаткашон ба сифати рохбаладхо, озукатайёркунандагони Армияи Сурх, иштирокчиёни гуруххои дидбонй,

ки кишлокхоро аз хамлахои ногахонии дастахои босмачиён мухофизат мекарданд, ба хайати фармондехони кисмхои Армияи Сурх дар несту нобуд кардани дастаи Анварпошшо ёрии калон расониданд. Аз чумла, чунин шахсонро ном гирифтан мумкин аст: "^аршй - оксакол аз Ёвон, Эшмат Тошматов ва бародарон Ч,ура, Тура аз ^убодиён, Ч,уракул Розиков аз Гарм, Умаркул Саид аз Кулоб, ^увандик Тошев аз Куктош, Ахмад Ашур, Шариф Сулаймон, Гоиб Тош аз Варзоб ва бисёр касони дигар" [7,271].

Барои пурра бархам додани босмачигарй дар Точикистон гузаронидани маъракахои зарбдори махсусро талаб мекард. Маъракаи зарбдори торумор намудани босмачиён чунин маъно дошт, ки тамоми куввахои армия ва халки мехнаткаш гун карда, барои задани зарбахои халокатовар ва хар чи зудтар нест кардани босмачиён ба кор андохта мешуданд. Дар чунин маъракахои зарбдор мехнаткашон фаъолона ширкат меварзиданд.

Баъди нест кардани кувваи бузурги Анварпошшо, дигар кувваи бузург, ки метавонист барои мардуми минтака хавф эчод кунад, ин Иброхимбек буд. Мехнаткашони Точикистон дар торумор кардани дастаи Иброхимбек низ сахми намоён гузоштанд. Баъди торумор кардани Анварпошшо сардори асосии босмачиён Иброхимбек хисоб меёфт. Ин вазъиятро ба назар гирифта, хайати фармондехони Армияи Сурх куввахои асосии худро ба мукобили Иброхимбек равона карданд.

Ахолии мехнаткаш дар рузхои муборизаи зидди дастахои Иброхимбек садокатмандй ва дар атрофи Дизби Коммунистй муттахид будани худро нишон дод. Дар нафари мехнаткаш мехост, ки дар торумор намудани душман фаъолона иштирок кунад.

Дар рафти муборизаи зидди босмачиён бисёр далелхое буданд, ки мехнаткашон бо тамоми оилаи худ ба сафи чанговарон дохил мешуданд. Чунончи, дар нохияи Куктош дехкони 60-сола Хучаназар Саидов, ки ба мукобили босмачиён мубориза мебурд, бо занаш ^ундуз Хучаназароваи 48-сола ба мукобили Иброхимбек хар ду ба мубориза баромаданд. Писари калонии онхо - Дустмахмад чанговари Баталёни точик буд ва барои дар муборизаи зидди босмачиён мардонагию далерй нишон доданаш ордену мукофот гирифта буд. Писари хурдиашон Буриназар бошад чанговари фаъоли гурухи ихтиёрй буд.[ 7:447-448].

Бояд кайд намуд, ки барои пурра несту нобуд кардани босмачиён мехнаткашони точик гуруххои ихтиёрй ва калтакдорони сурхро созмон медоданд. "Бо даъвати Дизби Коммунистй сафи калтакдорони сурх 50 хазор нафар ва сафи гуруххои ихтиёрй 3 хазор нафарро ташкил медод"[7:443].Ташкилотхои хизбй дар вакти ташкил кардани гуруххои ихтиёрй ба онхо диккат медоданд. Барои он, ки дар шароити кухсор чанг кардан ба мукобили босмачихо осонтар шавад, гуруххои ихтиёрй иборат аз 15 нафар то 30 нафар ташкил дода мешуданд, ки ин ба онхо имконият медод, тез-тез чои худро дигар карда, ногахон ба душман хучум кунанд.

Характери умумихалкй доштани муборизаи зидди босмачиён, хиссиёти баланди ватандустии халки мехнаткаш дар ташкилёбии гуруххои худмудофиакунй, яъне гуруххои калтакдорони сурх равшан ифода ёфт. Ба хайати хар як гурухи калтакдорони сурх аз 10 то 40 кас дохил мешуд. Максади ин отрядхо аз он иборат буд, ки дехахоро аз хучумхои ногахонии босмачиён мухофизат кунанд. Гуруххои калтакдорони сурх бо гуруххои ихтиёрй ва кисмхои Армияи Сурх дар кори несту нобуд кардани босмачиён

фаъолона иштирок мекарданд. Аъзоёни ин гуруххо дехконон, колхозчиён, муаллимон, духтурхо ва дигарон буданд.

Ин гуруххо дар баъзе чойхо бо калтак мусаллах гардида буданд, барои хамин хам онхоро "калтакдорони сурх" меномиданд. Онхо бо хамин яроки худ ба мукобили босмачиён чангида, дар мудофиаи кишлокхо далерию мардонагй нишон медоданд.Махз кувваи ин гуруххо буд , ки Армияи Сурх ба мукобили босмачихо голибият ба даст овард.

Гурухи ихтиёрие, ки бо рохбарии Муким Султонов ташкил карда шуда буд, дар як муддат тавонист Иброхимбекро дастгир карда, ба дасти шуравихо супорад. Муким Султонов дар бораи ташкил шудани гурухаш чунин гуфтааст: "Ман хабари ба хоки чумхуриамон зада даромадани Иброхимбекро шунида, фавран фахмидам, ки у кушиш мекунад пеш аз хама ба Куктош ояд, зеро пештар ин мулки вай буд ва дар байни баъзе бойхои хануз несту нобуд нашуда хамфикронаш бокй монда буданд. ^ишлоки мо-Эсанбой дар пахлуи Куктош мебошад. Ман дустони кадрдону чанговари худ, колхозчиён Эгамбердй Юлдош, Карим Алимардонов, Абдурахмон, ^арохон Сардоров, Чут Кучаров, Гулхонча Назар, Махмадрачаб ва Ёрматовро чамъ кардам. Мо навакак колхоз ташкил карда будем. Мо ба оянда боварии калон доштем ва намехостем, шахсе ки падараш мо ва падаронамонро гуломи худ карда буд, пои худро ба заминамон гузорад"[7:445-446].

Баъди дастгир шудани Иброхимбек дастахои босмачихо пароканда гардида, бо хамин харакатхои зиддишуравй дар Точикистон хотима ёфт.

Бояд иброз намуд, ки бе кумаки мехнаткашони точик аз болои босмачиён голиб омадани Армияи Сурх аз эхтимол дур буд. Махз иттифоки синфи коргару дехконони мехнаткаши Точикистон буд, ки аз болои душмани гаддор голибият ба даст оварда, рох ба суи хаёти осоиштаро пайдо намуданд.

Мехнаткашони точик дар мубориза зидди босмачиён душворихои зиёдеро бартараф намуда, бо якчоягии Армияи Сурх рох ба суи сотсиализмро пеш гирифтанд.

АДАБИЁТ

1) Абулхаев Р., Субхи Зарафшон.-Нашриёти "Ирфон", Душанбе.-1961: 53-сах.

2) Барои галабаи советхо. Нашриёти давлатии Точикистон.-Сталинобод,-1961: 573-сах.

3) Бойгонии марказии вилояти Сугд, фонди 8, руйхати 1, дафтари 17, вараки 47.

4) Рузномаи "Комсомоли Точикистон", 11декабри соли 1935.

5) Рузномаи "Комсомоли Точикистон", 5 июли соли 1957.

6) Рузномаи "Правда", 13 июли соли 1922, №154

7) Эркаев М., Барпо ва мустахкам намудани Докимияти Советй дар Точикистон.-Нашриёти "Ирфон",Душанбе.-1966: 470-сах.

8) Эркаев М., Николаев Ю., Мубориза барои Точикистони Советй.-Сталинобод,- 1956: 100-сах.

ВКЛАД ТАДЖИКСКИХ ТРУЖЕНИКОВ НА ПУТИ ЛИКВИДАЦИИ БАСМАЧЕСКОГО ДВИЖЕНИЯ В ТАДЖИКИСТАНЕ

ХУСРАВ Х.

В данной статье показана роль трудящихся Таджикистана в их борьбе против босмачества. Акцент сделан на то, что без поддержки трудящихся, Красной Армии было бы трудно победить басмачей.

Ключевые слова: басмачество, иностранные империалисты, добровольческие отряды, краснопалочники, Советская власть, Красная Армия, трудящиеся, Коммунистическая партия.

THE CONTRIBUTION OF TAJIK PEOPLE TO THE ELIMINATION OF THE BASMACHI MOVEMENT IN TAJIKISTAN

KHUSRAV KH.

This article shows the role of the working people of Tajikistan in their fight against bosmachestva. Emphasis is placed on the fact that without the support of the working people, the Red Army would have been difficult to beat Basmachi.

Keywords: Basmachi foreign imperialists, volunteer corps, krasnopalochniki, the Soviet government, the Red Army, working people, the Communist Party.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.