07.00.09.ТАЪРИХНИГОРИ, МАЪХАЗШИНОСИ ВА
РАВИШИ ТАДК|ИК;ОТИ ТАЪРИХИ 07.00.09.ИСТ0РИ0ГРАФИЯ, ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ И МЕТОДЫ
ИСТОРИЧЕСКОГО ИССЛЕДОВАНИЯ 07m09.HISTORIOGRAPHY,A SOURCE STUDY AND METHODS OF HISTORICAL RESEARCH
УДК 9 (С 53) М.М.ХАЛИФАЕВ
ББК 63.3 (2 Т)
ИНЪИКОСИ САРНАГУНШАВИИ АМОРАТИ БУХОРО ДАР «ТАЪРИХИ НОФЕЪЙ»- И
МУ^АММАДАЛИИ БАЛ^УВОНИ
Вожа^ои калиди:Мухаммадалии Балчувонй,амир Олимхон,аморати Бухоро,Артиши Сурх, инкилоб, чадидон.
«Таърихи нофеъй» яке аз сарчашмахои нодири таърихй махсуб ёфта, он ба калами Мухаммадалй ибни Мухаммадсаиди Балчувонй тааллук дорад. Муаллиф асари худро дар солхои 1923-1927 навиштааст. Асар аз 277 сахифа ва 15 максуд иборат буда, барои омухтани таърихи сиёсй, маъмурй, иктисодию- ичтимой ва фархангии аморати Бухоро ахамияти калон дорад. Аз чумла, дар «Таърихи нофеъй» доир ба инкилоби Бухоро ва сарнагуншавии тартиботи амирй маълумоти чадид инъикос ёфтааст.
Чи тавре ки маълум аст, мохи марти соли 1918 байни сарбозони раиси Шурои Комиссарони халки Ч.МШС Туркистон Ф. Колесов ва лашкари амири Бухоро мухориба барпо гардид, ки дар таърих бо номи «амалиёти Колесов» маълум аст.
25 марти соли 1918 дар ^изилтеппа байни амир Олимхон ва Ф. Колесов шартномаи сулх имзо гардид. Мувофики он амир бояд шартхои зеринро ичро мекард:
-бесилох ва пароканда намудани лашкари барои чанг ташкилкардашуда;
-рондани хамаи сафедгвардиячиён аз Бухоро;
-баркароркунии рохи охан, додани товони чанг ва таъмини минбаъдаи бехатарии рохи охан, почта ва телеграф дар тамоми каламрави аморат;
-таъмини бемамониати рафтуомади артиши шуравй бо рохи охани Осиёи Миёна;
-эътирофи Комиссари шуравии дар назди аморати Бухоро буда;
-ивази асирон бе хеч мукофотдихй;
-вогузор накардани харочотхои харбй ба зиммаи ахолй (10, 126).
Мутассифона, ин шартхо аз чониби хукумати Бухоро ичро нагардид ва дар аморат вазъият руз ба руз муташаннич шуд. Амир мукобили Х,окимияти шуравй сиёсати оштинопазирй ва чангчуёнаро пеш гирифт. Таъкибот нисбат ба чавонбухориён пурзур шуда, садхо нафар хабс ва ба зиндону канахонахо партофта шуданд. На танхо чадидон, балки мардуми одии зиёде бо тухмати чадидй ба чазо ва халокат гирифтор шуданд.
Дар ин бора устод С. Айнй чунин навиштааст: « Баъд аз вокеаи Колесов амир дар сиёсати дохилии худ нихоятдарача ба шиддат муомила мекард. Х,ар касе ки махалли шубхаи чузъие шавад, бедарег кушта мегардид» (2, 179). Устод С. Айнй ахбори худро афзуда, кайд менамояд, ки «...амир панч хазор раияи мусулмони бегунохро гусфандвор кушт ва амволашонро ба тороч дод»(1, 55).
Юриши Ф.Колесов новобаста ба нокомии худ, кадами калоне буд барои муборизаи минбаъдаи мехнаткашони Бухоро ва Туркистони шуравй зидди тартиботи истисморгаронаи амирй. Дар натичаи ин вокеа маълум гардид, ки амир ва амалдорон зидди хар гуна навоварй ва тагийрот буда, алайхи он муборизаи ярокнокро пеш гирифтаанд.
Баъд аз вокеаи Колесов аввалин коре , ки ба он ин амир икдом намуд, аскар чамъ кардан ва мусаллах намудани он шуд.«Барои сариштаи интизоми асокир, - навиштааст амир Олимхон, - ва олоти харбй тараддуд ва саъй намудам. Ба фурсати ду сол камобеш асокир ва олоти харбй дар Бухоро андаке чамъ оварда, ба дарачаи интизом расонидам» (6,47).
Доир ба ин вокеа дар «Таърихи нофеъй» низ маълумоти чолиб мавчуд аст. Мувофики он, Олимхон баъд аз вокеаи Колесов аъёну ашрофи мамлакатро чамъ намуда, машварат кард ва ба кароре омад, ки бояд ба мукобили Х,окимияти шуравй муборизаи мусаллахонаро пеш гирифт.
Вале дар ин рох равшанфикрони Бухоро ба амир халал мерасониданд. Бинобар он амир Олимхон барои пахшу фишори онхо якчанд нафар уламо, аз чумла Холмурод судури тошкандй, Мулло ^утбиддин судури бухорой, Домулло Шафкаталии урок ва Мулло Мухаммадшох судури бадахшониро вакил таъин кард (12, 47).
Дар ин бора устод С.Айнй ахбори мухиме овардааст. Мувофики он дар он рузхо мулло ^утбиддин, мулло Холмурод, Ибодулло махдум, Музаффархоча ва Шафкатхоча хизматгорони бовафои амир ба хисоб рафта, хатто козикалон бе ризоияти онхо хеч кор карда наметавонист (5, 215-217).
Муаллифи «Таърихи нофеъй» сухани худро давом дода, зикр кардааст, ки бисёре аз ахли Бухоро ба тухмати чадидй кушта шуданд. Чунончй яке аз фозилони тараккипарварон Мулло Масъуди Махдум валади муфтй Абдукодири судурро ба катл расониданд. Баъзехо худуди аморатро тарк карда, ба Туркистон фирор намуданд. «Ин ахвол, ин амалро дида, - навиштааст Мухаммадалй, - адовати халк нисбат ба амир зиёд шудааст. Лекин амири Бухоро гаме надошт, зеро ки ташкили аскари низомиро ба панчох хазор расонда буд, ки аз давлати кавишавкати Русия камй надошт. Аммо хайати лашкари амир аз хисоби писарони гулгункабо, ки ба гайр аз фохиша (бозй) дигар чизеро намедонистанд, зиёд мешуд» (12, 47).
Дар хакикат,амир Олимхон дар як муддати кутох,якчанд маротиба сафарбарии харбй гузаронд. Бахори соли 1919 дар аморати Бухоро лашкари 50 хазорнафара ташкил ёфта, он ба тамоми бекигарихо,хусусан дар Бухоро ва атрофи Чорчуй чойгир карда шуд (8,86).Дар сархадхои кисми туркистонй истехкомхои мудофиавй сохта мешавад. Таъмин намудани чунин артиши бузург дар ухдаи дехконону камбагалон буд. Баробари зиёд шудани андозхо, инчунин андозхои иловагй чорй гардид. Боз мардум ухдадор буданд, ки як нафар сарбозро ба сафи артиши амир фиристонанд, ё ин ки андози харбй ба микдори 100 хазор рубл пардозанд (10,165).
Мувофики ахбори «Таърихи нофеъй» низоми артиши аморати Бухоро аз хафт фавчи муташаккил иборат буд:
1.Фиркаи тупчй;2.Отликазок;3.Шефски;4.Терски;5.Араббача;6.Турк;7.Сарбоз.
Гайр аз фиркаи турк ва сарбоз дигар хама аспсавор буданд. Як дастаи дигар буд, ки онро шербачагон мегуфтанд. Адади чамоахои Шефскй ва Терскй ба 10 хазор нафар мерасид. Шумораи сарбозони чамоаи турк бошад 20 хазор нафарро ташкил медод. Вазифаи онхо мухофизати рохи охан ва вилоятхои маъмурй буд (12, 54).
А. Фитрат низ доир ба дастахо ва хайати артиши аморати Бухороро ахбори мухим овардааст. Бинобар маълумоти у, дар аввали хукмронии Абдулахадхон артиши низомии Бухоро иборат аз 5-6 хазор нафар буда, ба ду кисм: Дунболапар ва Сешанбегй таксим мешуданд. Ин сарбозон дар аввал 14 танга, баъдтар 20 танга маош мегирифтанд. Сипас ду дастаи савора- яке Терски ва дигаре ^авонски, ташкил ёфта, хайати он аз хисоби бачагони амрад пур карда мешаванд. Олимхон вакте ки ба тахт нишаст як даста аскари савораи дигар ташкил карда онро Шефски ном ниход. Х,айати ин фиркаро бачахои барахнаруйи хурдсол ташкил медоданд. Онхо барои назари шахвонии Олимхонро чалб намудан либосхои рангоранг пушида, худро ба хазор гуна ороиш медоданд. Баъд аз вокеаи Колесов Олимхон аз чамоаи арабхо як дастаи савора бо номи Араббача тартиб дод. Инчунин як фиркаи аскарони пиёда бо номи Турк ташкил намуд.Аз дастахои дуздон ва махбусон як дастаи дигар бо номи Шербачагон ташкил карда, онхоро яроку аслиха дод (15, 37-38).
Бояд кайд намуд, ки аз рузхои аввали галабаи Инкилоби Октябр, аморати Бухоро Х,окимияти шуравиро эътироф накарда, бо душманони дохилй ва хоричии он робита баркарор намуд. Хусусан, муносибат бо Англия ва гвардиячиёни сафед зери рохбарии А. И. Деникин ва адмирал А. В. Колчак пурзур гардид. Тобистони соли 1918 байни Англия ва аморати Бухоро ахдномаи харбй имзо гардид, ки мувофики он Англия сарбозони Бухороро бо яроку аслиха таъмин менамуд. Масалан, мохи апрели соли 1919 корвони 600 уштура 20 хазор милтикро ба воситаи Афгонистон ба Бухоро овард. Чунин корвонхои пурбори аслиха тез- тез меомаданд.400 нафар мушовирони англис ва 150 нафар афсарони турк барои таълими кори харбй ба ёрии лашкари Бухоро омадаанд (16, 51).
Рочеъ ба ин муаллифи «Таърихи нофеъй» навиштааст, ки «50 нафар аскари низомй, аз чамоаи араббача ба чули Ишкобод рафта, аз давлати Инглис пулемёт ва милтикхои инглисй овардаанд. Туракулбойи Пустро бо чихил уштур пусти бара ба инглисхо фиристоданд. Х,амаро барои дустй байни Бухоро ва Инглис эълон намуданд» (12, 55).
Империалистони англис ба мукобили Туркистони шуравй хамла овардани аморати Бухороро мадди назар дошта, амирро бо яроку аслиха харчи бештар таъмин мекарданд (16, 49). Аммо набояд фаромуш кард, ки Англия пеш аз хама манфиатхои худро дар назар дошт ва онро химоя
мекард. Аввалан, Англия мехост барои муборизаи минбаъда бо Русияи шуравй аморати Бухороро ба сифати майдони муборизаи харбй истифода намояд. Баъдан, ба ивази ёрии мусаллахона, ба микдори зиёди тиллову нукра, ки солхои зиёд мардуми захматкаши аморати Бухоро чамъ карда буданд, сохиб гардид. Англисхо дар муддати кутох, бо рохи фиреб ва ришва тавонистанд аз Бухоро захираи зиёди тиллову нукраро ба микдори умумии 350 млн рубл , бароранд (8, 80).
Амир Олимхон барои мусаллах намудани лашкар баъзе тадбирхои дигар низ андешидааст.Бо ёрии англисхо дар атрофи Бухоро ду заводи борут ва патрон сохта шуд, ки дар онхо кариб 2 хазор асири харбии австро-венгерй кор мекарданд (9, 195).
Оид ба ин масъала Мухаммадалй ахбори зеринро овардааст: Хукумати Бухоро ба як гурух австриягихо, ки дар чанги якуми чахон асир шуда буданд, мохона таъин намуда, дар тахти дарвозаи Имом Хафси Бухорои тупрезй ва тиррезй фармуданд.Дар гузари Кофаробод тупу доруи милтик мерехтанд. Бо хамин навъ чорачуихо адади «тупхои мухорибагии Бухоро», - ба гуфти Мухаммадалй,-кариб ба 600 дона расидааст (12, 55- 56).
Амир бидуни тайёрии дохилй ва муносибат бо англисхо якчанд чораи дигар низ дидааст. Робитаи у бо амири Афгонистон Хабибуллохон хеле вусъат ёфт ва пойдортар гардид.
Бинобар маълумоти Мухаммадалй амири Бухоро барои бо Афгонистон «иттиход баста дустй» намудан, домулло ^утбиддини судурро бо Турахучаи накиб ба ин мамлакат равон кард. Подшохи Афгонистон Хабибуллохон (1901 - 1919) ба ионати (кумак) давлати Бухоро 6 фили махмудй ва 200 нафар аскари чаррорро фидой гуён дода ва боз ба амир 10 хазор лашкари мусаллах ваъда намудааст (12, 56).
Ин ахбори Мухаммадалиро маълумоти худи амир Олимхон низ тасдик менамояд. У кайд менамояд, ки «баъд аз истиклоли давлати Бухороро хосил намудан, хамрохи давлати Афгонистон равобити дустй ва ошной ба зухур оварда, аз тарафи давлати Бухоро вазир Турахуча ва Муллокутбиддинро ба давлати Афгон фиристодам. Олихазрат амири Афгонистон ба тарики равобити истехкоми дустй Фазлахмадхон баркади низомро бо маъа дусад нафар аскария, як даста музика,7 туб 7 адад фил барои ман равона кардаанд» (6, 16).
Амир Олимхон дар баробари бо Афгонистон иттиходи дустй бастан, мехост бо хонигарии хамсоя- Хева низ муносибати худро мустахкам ва пурзур намояд. Бинобар он у ба хонигарии Хева намояндагони худро фиристода, бо максади бархезонидани мардуми ин хонигарй бар зидди Хокимияти шуравй ва тарафдорони инкилоб, «газавот» эълон кард.
Амир ду шахси муътабари Бухоро - Эшони Бурхонхони хиёбонй ва Домулло Бурхониддин Махдуми кулобиро ба Хоразм фиристод. «Хоразм ва Бухоро, -навиштааст муаллифи «Таърихи нофеъй», - дар натичаи гуфтушунид камари муковимат баста, хама якдил шуданд, ки ба мукобили Русия муковимат намоянд» (12, 56).
Шояд дар ин чо Мухаммадалй зери истилохи Хоразм хонигарии Хеваро дар назар дошта бошад. Чунки хонигарии Хоразм хануз соли 1876 бархам дода шуда буд. Дертар баъди галабаи инкилоби февралии соли 1920 дар Хева, дар худуди ин хонигарй Чумхурии Халкии Шуравии Хоразм ташкил меёбад. Вакте ки 2 феврали соли 1920 хонигарии Хева бархам дода шуд, сарбозони бокимонда ва кувввахои зиддишуравии он, ба аморати Бухоро панох ёфтанд.
Баъди бастани иттиходи дустй бо Афгонистон ва Хоразм амири Бухоро, бо ибораи Мухаммадалй, «Бухороро ру ба тараккй пиндошта, дар роххои охани Русия каровулхо насб намуд ва дар хар истгох кариб сад нафар сарбозон барои мухофизати мамлакат ва тафтиши чадидон дар вагонхо, таъин шуданд» (12,56-57).
Вокеан, охирхои соли 1919 ва ибтидои соли 1920 сиёсати тачовузкоронаи Бухоро зиёд гардид. Сарбозони амир якчанд маротиба сархадро вайрон намуда, ба дидбонгоххои наздисархадии Туркистон хучум намуданд. Дар баробари ин робитаи наздики амир бо фармондехони гвардиячиёни сафед -А.И.Деникин ва А.В. Колчак давом дошт. Босмачиёни Фаргона аз тарафи амир хаматарафа дастгирй ва бо яроку аслихаи англисй таъмин мегаштанд.
Хамин тарик, аморати Бухоро на танхо ба маркази азими аксулинкилобии Осиёи Миёна, балки ба пойгохи тачовузи харбии империализми байналхалкй бар зидди Туркистони шуравй табдил ёфт. Тобистони соли 1920 шумораи умумии сарбозони Бухоро 70 хазор нафарро ташкил медод, ки дар хайати он афгонхо ва хиндухо низ бисёр буданд (8, 108).
Бо максади ба эътидол овардани вазъияти бавучудомада дар аморати Бухоро, намояндагони Турккомиссия - Ш. З. Элиава ва М. В. Фрунзе якчанд маротиба бо амир Олимхон вохурданд. Лекин амири Бухоро таклифхои сулххохонаи онхоро ба эътибор нагирифт ва баръакс робитаи худро бо душманони Хокимияти шуравй пурзур намуд.
Дар баробари андозхои бешумор, душворихои иктисодй инчунин тамоми харочоти харбй ба ухдаи халки мехнаткаш вогузор буд. Руз аз руз таъкиб нисбат ба равшанфикрон ва шахсони аз сиёсати амир норозй пурзур гардида, чазохои чисмонй ва куштори вахшиёна ходисаи мукаррарй гардида буд. Бисёр шахсон, танхо ба гумони он, ки гуё рузнома мехонанд, ё ин ки хайрхохи Хукумати шуравй хастанд, дастгир гардида, хабс ё ба катл хукм мешуданд. Дар натичаи чунин сиёсати истисморкунандаи хукумати амир, норизоии табакахои гуногуни ахолй афзуда, дар тамоми каламрави аморат баромадхои халкй авч гирифтанд.
23 августи соли 1920 дар дехаи Шакарбозор (наздикии Чорчуй) шуриши халкй ба вучуд омад. Шуришгарон бо ёрии отряди туркманхо бо рохбарии Бешим Сардор хокимияти амирро сарнагун карданд. Дар натича зиёда аз 36 нафар амалдори амир кушта шуда, дар ин чо Х,окимияти шуравй барпо карда шуд (9, 229). Аммо шуриши мехнаткашони Шакарбозор аз чониби сокинони дигар дехахо ва худи Чорчуйи кухна низ, дастгирй наёфт.
28 августи соли 1920 дар Чорчуй шуриши халкй ба вучуд омад, ки ин огози инкилоби Бухоро ба хисоб меравад (10, 187) Дар ин руз ба муносибати огози инкилоби Бухоро М. В. Фрунзе, ки ба харакатхои инкилобй рохбарй мекард, барои ба хучуми катъй гузаштан, фармон медихад (9,232233).
Огози инкилоби Бухоро дар «Таърихи нофеъй» низ тасвир ёфтааст. Муаллифи китоб навиштааст, ки амир ва ахли дарбор хаёли хом карда, аз тадбири чавонбухориён гофил монданд. Илова бар он, дар рузхои ид (иди маъдуда-мукаррарй,маъмул-М.Х.) як кисми сарбозони амир ба хонахояшон рафта буданд. Ин навъ хотирчамъии амир барои инкилобчиён матлаъ шуда, 28 августи соли 1920, шаби якшанбе, тахминан соати сеи баъд аз нисфи шаб чадидон ба Когон хучум намуда, баъзе рустохои Бухороро ишгол намуданд. Инкилобчиён бо ёрии аскарони Русия, ки аэроплон ва тупхои бомбадор доштанд, хучуми катъй намуданд.Дар фазои шахри Бухоро се адад аэроплон каровулй мекард ва ба хар кучо фавчи аскар бошад, бомба партофта ба халокат мерасонд (12, 58). Ин ходисаро худи амир Олимхон дар хотирахояш чунин баён кардааст: «Душманон то эхтимом бо ин найранг маро гофил сохта, бидуни эълони харб, бехабар хучум намуданд...» (6, 19).
^исмхои Артиши Сурх аз чихати шумора аз сарбозони амир кам бошанд хам, вале аз лихози тачрибаи чангй ва силох бартарй доштанд. Онхо дорои 31 аслихаи сабук, 5 аслихаи вазнин, 8 автомашинаи зирехпуш, 5 поезди зирехпуш ва 11 хавопаймо буданд (17, 64).
Бояд илова намуд, ки сафи инкилобчиёнро на танхо аскарони Русия (Артиши Сурх) ва чадидон, ки Мухаммадалй ишора кардааст, ташкил медоданд, балки тамоми халки захматкаши аморат, мехнаткашони Туркистон ва дастахои ихтиёриён дар сарнагун кардани сохти амирй фаъолона иштирок намуданд.
Аз ахбори «Таърихи нофеъй» бармеояд, ки Мухаммадалй дар ин шаб дар хучраи дусти худ, ки дар мадрасаи Баходур Х,очии гузари Кофаробод вокеъ буд, карор дошт. Мухаммадалй навиштааст, ки: «Овози тупи дилкуб ба гушхои моён расид. Гумон кардем магар руз шуда Ч,аноби Олй хамрохи аскар барои машк ба Шуркул рафтаанд гуфта аз чой бархезем, холо соат се буд. Дар хайрат афтодем магар, ки ин овози туп аз Когон омада истодааст. Чусту чолок ба Регистон омадем. Дар хакикат, ахвол дигаргун, хама асокири низомй фавч - фавч (гурух-гурух) барои мухориба баромада истодаанд. Аскарони Бухоро аз шаш дарвоза: ^аршй, Самарканд, Бобои Порадуз, Намозгох, Шайх Ч,алол ва ^арокул баромада, ба тарафи Когон туп холй мекарданд. Аз ду тараф овози милтик ва туп наъра мезад. Сарбозони Бухоро ба гайри туп ва милтик дигар лавозимоти чангй надошт. Аммо дар он тараф (давлати Русия) айроплон ва тупхои бомбагй бисёр буд. Кучо фавчи аскар бошад, бомба партофта ба халокат мерасониданд» (12, 59).
Дар натичаи туппаронй ва дар зери бомбаи хавопаймо бисёр бино вайрон гашта, мардуми зиёде ба халокат расиданд, ки аксарияти онхо ахолии осоишта буданд.
Мухаммадалй аз забони дусти худ, ки яке аз мукаррабони (шахси наздик, хамнишин) амири Бухоро буд, ходисаи зеринро накл мекунад: «Аксар шабхо хамрохи амир савора ба хар кучо мебаромадем. Дар он шаб, ки шаби якшанбе буд, бо хамрохи амир то Дилкушо, ки чорбоги амир ба хисоб мерафт, расидем. Ногох аз тарафи Когон овози милтик баромад. Пештар рафтем, боз ду -се бор овози милтик баромад. Ягон ходиса шудагист гуфта аз аспхо фаромадем. Овози одаме ба гуши моён расид. Тафтиш кардем, наёфтем. Ба асп савор шуда, ба суи Когон равон шудем. Ба наздикии Когони кухна расидем. Яке аз моён ба аспхо каровул шуд. Хдмрохи амир наздиктар рафтем. Ба забони русй овози бисёре ба гуши мо мерасид. Дидем, ки асокири моён хама асири дасти онхо (русхо) шудаанд. Фавран ба аспхо савор шуда, ба Ситораи Мохи Хоса расидем. Ба
вазоратпанох телефон карда, сурати ходисаро баён намудем. Ман ба шучоати Олимхон офарин намудам. Агар ин ходисаро амир намефахмид, хамон шаб кори моён табох мешуд» (12, 59-60).
Чунон ки худ Мухаммадалй ишора кардааст, аксари вокеахое, ки дар «Таърихи нофеъй» дарч ёфтааст, у бо чашми худ дида ва ё аз забони шохидон шунидааст. Чунин хусусиятхо арзиши ин сарчашмаи нодирро боз хам афзунтар мегардонанд.
29 август Артиши Сурх, ки аз якчанд кисми алохида иборат буд, Чорчуйи кухна, ^арокул, Хатирчй, ^аршй, Китоб ва Шахрисабзро ишгол намуданд (9, 234-235). Дар натича як кисми сарбозони амир ба тарафи инкилобчиён гузаштанд. Бокимонда лашкарони амир шикаст хурда, яроку аслихаи худро партофта, фирор карданд. Сипас амир Олимхон дар Бухорои кухна сарбозони зиёдро чамъ намуд. Аз тамоми бекигарихои аморат ба ин чо кариб 27 хазор аскари халкй фиристода мешавад (8, 154).
Аз руи маълумоти «Таърихи нофеъй» рузи душанбе - 29 август аскарони Русия шахри Бухороро мухосира намуданд. Ахволи Бухоро хеле танг шуд. Бисёр чойхо, аз чумла иморатхои Арки олй хароб гардиданд. Аскарони Бухоро маглуб шуда, баъзехо руй ба гурез ниходанд (12, 61).
Абдурауф Фитрат аз руи асари «Танзил-ул-амсол», ки он ба яке аз шохидони инкилоби Бухоро тааллук дорад, рузи дуюми мухорибаро тасвир намуда, чунин навиштааст: «... хучуми имруза аз дируза сахттар буд. Аз зарб ва садои тупхо тамоми бинохо ба ларза даромада буд. Аскархои амир аз Ситораи Мохи Хоса аз амир фотиха гирифта, якбора сари аспро сар дода, чунон медавиданд, ки гуё рост рафта, худро ба калбгохи лашкари инкилоб зада, онхоро торумор мекарда бошанд. Лекин омада ба даруни шахри Бухоро худошонро ба чойхурй ва обхурй машгул мекарданд. Ва ба хар куча, пасткуча, хусусан ба махаллаи яхудиён рафта, ахолиро бехузур мекарданд ва аз онхо хар чиз металабиданд» (15, 50).
Боиси зикр аст, ки хам дар «Таърихи нофеъй»-и Мухаммадалии Балчувонй ва хам дар асари Фитрат хар як рузи мухориба ба таври алохида ва возеху равшан баён гаштааст. Асархои С. Айнй низ барои омузиши таърихи инкилоби Бухоро ахамияти калон доранд. Устод С. Айнй низ хамчун шохиди зинда вокеахои онвактаи Бухороро хеле муфассал ва боварибахш баён намудааст.
Мухаммадалй ахбори худро идома дода, навиштааст, ки рузи сешанбе хам мухориба хеле шадид шуд. Дар ин руз дарвозаи ^арширо бо туп зада вайрон карданд. Аз тарафи чануби дарвоза кариб сад газ девори калъа фуру рафт. Дар ин руз бисёр махаллаву гузархо сухта, тахминан ду хазор одамон халок гаштанд (12, 61).
Дар чанги рузи 30 август Артиши Сурх ва шуришгарон ба мукобилияти сахт дучор гаштанд.Танхо гуруххои алохидаи сарбозони инкилобй лашкари амирро шикаст дода, ба калъа наздик шуданд. Дар дигар самтхои амалиёти кисмхои хучумкунанда муваффакият ба назар намерасид. Баръакс, сарбозони амир якчанд маротиба аз дарвозаи Мазори Шариф баромада, хучумхои ногахонй намуданд. Дар ин руз аз гурухи Когонии аскарони сурх 25 нафар кушта, 30 нафар мачрух ва 60 нафар бедарак гум шуданд (9, 236-237).
Аз хабархои минбаъдаи «Таърихи нофеъй» бармеояд, ки рузи чахоршанбе (31-август) мухориба боз хам авч гирифт. Бисёр ахолй барои халосии чони худ ба тарафи туманхо фирор намуданд. Панч хазор аскари Бухоро бо сардории Абдулсатторбек тупчибошй дар Лаби Хавзи Девонбегй ба инкилобчиён мукобилият нишон доданд. Дар ин чанг аскарони Бухоро шикаст хурда, кисми зиёди онхо рохи гурезро пеш гирифтанд. Сарбозони бокимонда бошанд, тупхоро даруни хавз партофта, онхо низ фирор карданд. Худи Абдулсатторбек дар Лаби Хавзи Девонбегй мактул гардид.
козикалон, раискалон ва дигар ашрофони Бухоро гурехтанд. Дар рох онхоро одамони амир дастгир карда, назди амир оварданд. Бо фармони амир Олимхон онхо хабс карда шуданд (6, 62).
Мувофики маълумоти Абдурауф Фитрат бошад, козикалон ва раискалон пагохии он руз бедарак шуданд. Онхо ба гурехтан карор дода, аз Бухоро баромаданд ва пеши амир рафтанро лозим надониста, ба тарафи тумани Зандонй, ки дар он чо Аминчон Махдум - бародарзодаи козикалон, козй буд, равон шуданд ба умеди ин ки Амин Махдуми мазкур як вакте бо чадидон дуст буд, шояд ки эшонро химоя намояд. Дар рох аскархои «араббача» инхоро дастгир карда, пеши амир Олимхон оварданд. Олимхон ба онхо рухсат дод, ки ба хар чо ки хоханд бираванд (15, 52-53).
Амир Олимхон баъд аз он, ки ба хабси козикалон ва раискалон фармон дод, ба чамоаи афгонхо руй оварда, аз сардори онхо генерал сохиб маслихат пурсид. Генерал сохиб ба амир маслихат дод, ки бояд у аз шахри Бухоро фирор кунад. Амир ин маслихатро кабул намуд (12, 6263).
Дар «Таърихи нофеъй» номи генерали афгонхо оварда нашудааст. Дар хусуси маслихате, ки амири Бухоро бо сардори афгонхо кардааст, дар дигар сарчашмахо низ маълумот вучуд надорад.Танхо дар асари академик Б. Искандаров омадааст, ки вакте амир аз шахри Бухоро фирор намуд, уро сардори бригадаи афгонхо Абдул Шукурхон ва собик намояндаи Афгонистон дар Тошканд Мухаммад Аслон Миршикор хамрохй мекарданд (8, 155).
Бояд гуфт, ки амир Олимхон хануз дар аввали чанг фикри гурехтанро карда буд. У хуб медонист, ки ба мукобили халки шуришбардошта ва Артиши Сурх истодагарй карда наметавонад, бинобар хамин накшаи фирор карданро кайхо кашида буд.
Дар ин бора А. Фитрат дуруст кайд кардааст, ки «Амир хамрохи саркардахои худ, Имомкул, Иброхимча ва Х,очикулбек пинхонй машваратро пухта монда будааст, инхо якин доштанд, ки ба асокири инкилобй галаба карда наметавонанд, пас мунтазири вакти гурез буданд» (15,51).
Рузи 31 август низ мухосираи шахр идома ёфт. Ба кисмхои аскарони сурх аэропланхо ёрии чиддй мерасонд. Ёрии он на танхо дар бомбаборон намудани шахр ифода мегардид, балки аз чойгиршавй ва харакати сарбозони амир хабар медод. Дар ин руз мухофизони шахр мукобилияти сахт нишон доданд. Микдори захмиён ва халокшудагони кисмхои Артиши Сурх ба 138 нафар расид. Дар шаби 31 август рохбарияти кисмхои Артиши Сурх барои хучуми навбатй ба Бухорои кухна корхои тайёриро пухта расониданд. Дар зери девори дарвозаи ^аршй 800 кг маводи тарканда гузошта мешавад (8, 155) . Субхи 1 сентябр соати 530 кисмхои Артиши Сурх девори дарвозаи ^арширо тарконида, ба шахр дохил гаштанд (9, 238). Вале муаллифи «Таърихи нофеъй» рузи тарконида шудани девори дарвозаи ^арширо, чуноне, ки дар боло ишора гардид, 30 август зикр кардааст.
Амир Олимхон хануз шаби 31 август аз Бухоро фирор карда буд. Уро 300 нафар одамон хамрохй мекарданд, ки 100 нафари онхоро афсарони афгон ташкил медоданд (14, 192).
Мухаммадалй низ дар асари худ фирори амир Олимхонро тасвир намуда, навиштааст, ки рузи чахоршанбе ( 31-август ) амир хамрохи якчанд нафар саркардаю уламохои Бухоро ва 2 -3 хазор аскари низомй ба рох баромаданд. Худи хамин руз ба Вобканд ва хавлии Абдуллох бойбачча омада, шабона аз болои рохи охани ^изилтеппа гузашта, ба чули ^аршй даромаданд. Баъди ду -се руз ба шахри Дехнави вилояти Х,исор расиданд (12, 63).
С. Айнй низ аз забони яке аз саркардагони Бухоро Х,очй Абдусаттор, ки дар ин фирор ба амир рафокат дошт, айнан хамин маълумотро овардааст. Фаркият дар он аст, ки якум, С. Айнй шумораи аскароне, ки амиррро хамрохй мекарданд наовардааст; дуюм, амир аз Гиждувон баромада аз байни Соктаре ва Гиштй Зарафшонро убур карда, ба кухи ^арнаб ва аз он чо ба ^аршй, Бойсун сипас ба Х,исор рафтааст (2, 186).
Бинобар маълумоти амир Олимхон онхо аз Ситораи Мохи Хоса баромада, ба Гиждувон, аз он чо ба вилояти ^ургонтеппа ва сипас бандари мавзеи Дарбандро гузашта, ба Х,исори Шодмон рафтаанд (6, 19-20).
Дар натичаи чангхои кучагй, ки 1 сентябр барпо гардид, лашкари Бухоро шикаст хурд. Факат аз тарафи якчанд сарбози содики амир Арк мухофизат карда мешуд. 2 сентябр соати 10 аз тарафи полки 10 - и тирандоз охирин такягохи амир дар шахри Бухоро - Арк ишгол карда мешавад (9, 240). Аз каср ва таххонахои Арк микдори зиёди тилло, нукра ва чизхои киммабахо, мусодира гардид. Дар баробари хазинаи амир, инчунин боигарии дигар амалдорони аморат мусодира карда мешавад. Масалан, кисмхои Артиши Сурх баъди ишголи Шахрисабз тахминан 150 сандукхои калони якунимаршина, ки пур аз тилло ва дигар чизхои кимматбахо буд, ба даст дароварданд (9, 240-246). Доир ба микдори умумии тилло ва чизхои кимматбахое, ки аз хазинаи амир ва дигар амалдорони аморат мусодира гардида буд, маълумот вучуд надорад.
Дар натичаи туппарронй ва бомбапартоии чорруза, бинохои зиёди маъмурй, маданй, хизматрасонй ва истикоматии Бухоро хароб гаштанд. Аз руи ахбори «Таърихи нофеъй» сухтор дар шахр 20 руз давом кард. Дар натича 34 гузар, зиёда аз 1000 дукон, 29 масчид, 20 сарой ва кариб 3 хазор хавлй сухта нобуд шуданд. Дар худи Арк кариб 300 иморати олй сухт... (12, 66). Ин маълумоти Мухаммадалй дар асархои С Айнй, А Фитрат ва дигар шохидони инкилоби Бухоро ба назар намерасанд.
Нависандаи машхур Ч,. Икромй доир ба харобихои баъди инкилоб сухан ронда, навиштааст, ки « .дар натича бисёр бинохои Арк вайрон гашта, дар яке аз харамсарои дохили Арк сухтор огоз гардид. Модар ва занхои амир бо хизматгорон дар таххона панох ёфтанд (7, 427).
Инкилоби Бухоро, инкилоби халкию-шуравй буда, дар он хамаи табакахои ахолй иштирок намудаанд. Азбаски дар Бухоро холо синфи коргар мавчуд набуд, аз ин ру кувваи асосии харакатдихандаи инкилобро Артиши Сурх ва дехконону бенавоёни шахр ташкил медоданд. Дар
хама шахрхои аморат дастахои ихтиёриён ташкил ёфта, ба мукобили сарбозони амир мубориза мебурданд. Ба ёрии халки шуришбардоштаи Бухоро, хазорон мехнаткашу коргари Туркистон омаданд. Дар корхои таргибу ташвикот дар байни мардум, рохбарй ва гузаронидани инкилоби Бухоро сахми Турккомиссия, Хизби Коммунистии Бухоро ва Бюрои марказии чавонбухориёни инкилобчй хеле калон аст. Дар пахн намудани гояхои болшевикй рузномаи «Тонг» ва мачаллахои «Шуълаи инкилоб», «^утулиш», «Учкун» низ накши бузург бозидаанд.
Инкилобчиёни Бухоро тавонистанд дар як муддати кутох - аз 29 август то 2 сентябр амирро аз тахт сарнагун намоянд. Инкилоби Бухоро ба тартиботи пусидарафтаи амирй хотима гузошта, накшахои империализми байналхалкиро барбод дод. Дар натичаи галабаи инкилоб мехнаткашони аморат сохиби озодй, замин, об, воситахои истехсолот гардиданд.
Дар «Таърихи нофеъй» якчанд нукс ва камбудй низ мавчуданд:
-Муаллифи асар танхо аскарони Русия (Артиши Сурх) ва чадидонро кувваи пешбарандаи инкилоб шуморидааст;
-Мухаммадалй доир ба санаи руй додани вокеахо баъзан ба хатой рох додааст. Чунон ки академик А. Мухторов кайд кардааст, муаллифи «Таърихи нофеъй» дар баргардонидани солшумории хичрй ба мелодй ба иштибох рох медихад (11, 51).
-Дар «Таърихи нофеъй» рочеъ ба Турккомиссия ва аъзои он, Хизби Коммунистии Бухоро, фармондехони Артиши Сурх, рузномаю мачаллахои инкилобй ва сахми онхо дар галабаи инкилоби Бухоро, маълумот вучуд надорад;
Вале ба ин камбудихо нигох накарда, асари Мухаммадалии Балчувонй сарчашмаи нодир ба хисоб меравад. Ин асар барои омухтани таърихи инкилоби Бухоро, иштироки табакахои гуногун дар ин инкилоб, робитаи амир бо душманони Хокимияти шуравй, ишголи Бухоро аз чониби инкилобчиён ва окибатхои харобиовари он барои шахр маълумоти парарзиш медихад. «Таърихи нофеъй» барои пурра ва дакиктар намудани баъзе пахлухои камтадкикшуда ва норавшани таърихи аморати Бухоро, хусусан рузхои охири салтанати охирин намояндаи сулолаи Мангитиён - амир Олимхон манбаи нодир ба хисоб меравад ва маълумоти сарчашмахои дигарро пурра ва мукаммал месозад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Айнй, С. Ахтари инкилоб/ С. Айнй. - Душанбе: Ирфон, 1974. - 263 с.
2. Айнй,С.Куллиёт.Таърихи амирони Мангитияи Бухоро/С.Айнй.-Душанбе:Ирфон,1966.-342с.-10 ч.
3. Айнй,С.Куллиёт.Таърихи инкилоби фикрй дар Бухоро/С.Айнй.-Душанбе:Матбуот,2005.-270с.-14ч.
4. Айнй,С.Мухтасари тарчимаи холи худам/ С. Айнй. - Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1958. - 128 с.
5. Айнй, С. Таърихи инкилоби Бухоро/ С. Айнй. - Душанбе: Адиб, 1987. - 240 с.
6. Амир, Олимхон.Хотирахои амир Олимхон. Муаллифи сарсухан, тавзехот ва тахияи узви вобастаи Академияи улуми Точикистон Ахрор Мухторов/ Амир Олимхон.-Душанбе:Адиб,1992.-48 с.
7. Икроми, Дж.Двенадцать ворот Бухары/Дж.Икроми.-М.:Советский писатель,1976. - 429 с.
8. Искандаров, Б.И.Бухара (1918-1920 гг.)/ Б. И.Искандаров.- Душанбе: Дониш, 1970. - 168 с.
9. История Таджикского народа. Новейшая история (1917-1941гг.). Под редакцией академика АН РТР Масова. - Душанбе, 2004. - 752 с. - 5 т.
10.Ишанов,А.И.Бухарская Народная Советская Республика/А.И.Ишанов.-Ташкент: Узбекистан, 1969. - 390 с.
11.Мухторов,А.М.Шохиди инкилоби Бухоро/А.М.Мухторов//Садои Шарк. - 1992. - №2. - С. 101115
12.Мухаммадалй, ибни Мухаммадсаиди Балчувонй. Таърихи нофеъй/ Б. Мухаммадалй. Бо эхтимом, тасхех, хавошй ва пешгуфтори Ахрор Мухторов. Мухаррир Ч,. Шарифов. - Душанбе: Ирфон, 1994. - 122 с.
13. Мухаммадалй, ибни Мухаммадсаиди Балчувонй. Таърихи нофеъй/ Б. Мухаммадалй. Бо кушиши Ахрор Мухторов. - Техрон: Маркази аснод ва таърихи дипломатия, 1384 хичрй (2004). - 143 с.
14.Тухтаметов, Т. Г. Россия и Бухарский эмират в начале ХХ века/ Т. Г. Тухтаметов. - Душанбе: Ирфон, 1977. - 208 с.
15.Фитрат, Абдурауф. Давраи хукмронии Амир Олимхон/ А. Фитрат. - Душанбе: Палатаи давлатии китобхо, 1991. - 63 с.
16.Х,айдаров,Г.Х,.Таърихи ЧШС Точикистон/Г.Х,.Х,айдаров.-Душанбе:Маориф, 1991. - 172 с.
17.Шек, Л. К. Победа Народной Советской Революции в Бухаре/ Л. К. Шек. - Ташкент: Госиздательство Уз ССР, 1956. - 78 с.
REFERENCES:
1.Ayni, S. Extinguished Revolution/ S. Ayni. - Dushanbe: Cognition, 1974. - 263 pp.
2.Ayni, S. Collection of Compositions. The History of Manghyt's Emirs in Bukhara/ S. Ayni. -Dushanbe: Cognition, 1966. - 342 p. - V.10.
4.Ayni, S. Collection of Compositions. The History of Ideological Revolution in Bukhara/ S. Ayni. -Dushanbe: Press, 2005. - 270 p. - V.14.
5.Ayni,S.ABrief Biography about myself/S.Ayni.-Stalinabad:Tajikistan state printing-house,1958.-128 p.
6.Ayni, S. The History of Bukhara Revolution/ S. Ayni.-Dushanbe: Man-of-Letters, 1987. - 240 p.
7.Amir, Olimkhon. Amir Olimkhon's Reminiscences. The author of Introduction, commentaries and preparation: correspondent member of Tajikistan Republic Academy of Sciences, Ahror Mukhtorov/ Amir Olimkhon. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1992. - 48 p.
8.Ikromi, J. Twelve Doors of Bukhara/ J. Ikromi. - M.: Soviet writer, 1976. - 429 p. 9.Iskandarov, B.I. Bukhara (1918 - 1920)/ B.I. Iskandarov. - Dushanbe: Knowledge, 1970. - 168p. 10.The History of the Tajik People. The Newest History (1917-1941). Under the general editorship of
acad. TR AS, R.Masov. - Dushanbe, 2004. -752 p. 11.Ishanov, A.I. Bukharin People's Soviet Republic/A.I.Ishanov.-Tashkent:Uzbekistan,1969.-390p.
12.Mukhtorov, A.M. The Witness of Bukhara Revolution/ A.M. Mukhtorov // Voice of the Orient. -1992. - # 2. - p. 101 - 115.
13.Muhammadali, ibni Muhammad saidi Baljuvoni. Nofe'i History/ B. Muhammadali. Under the editorship, correction and introduction: Ahror Mukhtorov. Editor: J. Sharifov. - Dushanbe: Cognition, 1994. - 122 p.
14.Muhammadali,ibni Muhammad saidi Baljuvoni.Nofe'i History/B.Muhammadali.Under the editorship of Ahror Mukhtorov.-Tehran: Centre of acts and history of diplomacy, 1384 hijra (2004). - 143 p.
15.Tukhtametov,T.G.Russia and Bukharian Emirate at the Beginning of the XX-th Century/T.G.Tukhtametov.-Dushanbe: Cognition,1977.-208 p.
15.Fitrat,Abdurauf.The Period of Amir Olimkhon's Reign/A.Fitrat.-Dushanbe:State book-house,1991.-63 p.
16.Haydarov,Gh.H.The History of the Tajik SSR/Gh.H.Haydarov.-Dushanbe:Education,1991.-172 p. 17.Shek, L.K. The Victory of People's Soviet Revolution in Bukhara/ L.K. Shek. - Tashkent: State
publishing-house of the Uzbek SSR, 1956. - 78 pp.
Отражение свержения Бухарского эмирата в «Таърихи нофеъи» Мухаммадали Балджувани
Ключевые слова: Мухаммадали Балджувани, эмир Алимхан, Бухарский эмират, Красная Армия, революция, джадиды.
«Таърихи нофеъи» («Полезная история») является одним из редких исторических источников, который принадлежит перу Мухаммадали Балджувани Автор является непосредственным очевидцем многих важных исторических событий, происходивших во время правления эмира Алимхана(1910-1920), и его свержения с трона.
Освещается Бухарская революция и свержение эмирской власти. Автор статьи старался посредством использования новых данных, имеющихся в «Таърихи нофеъи», уточнить некоторые неясные стороны революции 1920 г. в Бухаре. Мухаммадали Балджувани как очевидец многих исторических событий, приводит важные сведения об отношении Бухары с Советским правительством, о процессе подготовки Алимхана к войне против Советского Туркестана, всесторонней помощи империалистических государств бухарскому эмиру, связях Бухарского эмирата с Афганистаном и Хивой. Также подробно отражены начало революции, участие в ней джадидов, Красной Армии и различных слоёв населения, свержение эмирского порядка, разрушительные последствия её для города Бухары и т. п.
Анализируется и сопоставляются сведения Мухаммадали Балджувани со сведениями других исторических источников, публикаций учёных-историков, специалистов истории
Бухарского эмирата рассматриваемого периода. Показаны некоторые недостатки «Таърихи нофеъи».
The reflection of overthrow of Bukhara Emirate in «Tarfchi nofe» ( Living history)
of Muhammadali Baljuvoni
Key words: Muhammadali Baljuvoni, emir Alimhan, Bukhara emirate, Red Army, revolution jadidi.
"Tarikhi nofei" ( "Living History") is one of the few historical sources, which belongs to the Mukhammadali Baljuvani. The author is the direct witness of many important historical events that took place during the reign of Emir Alimhan (1910-1920)dethronement.
This article highlights the Bukhara Revolution and the dethronement of the emir's power. The author tried to use the new data from "Tarikhi nofei" which defines more precisely some obscure side of the revolution of1920 in Bukhara. Muhammadalii Baljuvani as a witness of many historical events gives important information about the relationship with the Soviet government of Bukhara, Alimkhan's military training for war against the Soviet Turkestan. The author states about the the comprehensive assistance of the imperialist states of Bukhara's Emir of and his relationship with Afghanistan and Khiva. The article also reflects the beginning of a revolution in detail, and participation of Jadid, the Red Army and the various segments of the population in overthrow of the Emir's order which had devastating influence on Bukhara and ect.
The article has comparative character which renews information of Muhammadalii Baljuvani with details of other historical sources, scientists-historians publications, experts stories of Emirate period .The article also sho ws some shortcomings of "Tаriкhi nofei".
Маълумот дар бораи муаллиф:
Халифаев Масъудцон Мацсудцонович, аспиранти кафедраи таърихи ватани Донишгохд давлатии Хучанд ба номи академик Б.Рафуров (Чумхурии Точикистон, г.Хучанд) E-mail: masudjon [email protected]
Сведения об авторе:
Халифаев Масъуджон Максуджонович, аспирант кафедры отечественной истории Худжанского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд) E-mail: masudjon [email protected]
Information about the author:
Halifaev Masudjon Maksudjonovich, Researcher of the chair of of the Native History of Khujand State University named after academician B. Gafurov( Republic of Tajikistan, Khujand) mail: masudjon [email protected]