Научная статья на тему 'БАСМАЧЕСТВО: РЕАЛЬНОСТЬ И ПРЕДПОЛОЖЕНИЯ'

БАСМАЧЕСТВО: РЕАЛЬНОСТЬ И ПРЕДПОЛОЖЕНИЯ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
108
18
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ОКТЯБРЬСКАЯ РЕВОЛЮЦИЯ / БАСМАЧЕСТВО / АНТИСОВЕТСКИЕ ДВИЖЕНИЯ / СТРУКТУРА ЭМИРАТА / СТОРОННИКИ ЭМИРА / ПАНТЮРКИСТЫ / ВОСТОЧНАЯ БУХАРА / СОВЕТСКАЯ ВЛАСТЬ / ГРАЖДАНСКАЯ ВОЙНА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Акрами Зикриё Иномзода

В статье басмаческое движение рассматривается на основе реальных событий, освещённых в источниках того периода и на основе существующих исследований. Октябрьская революция, её влияние на Центральную Азию, основы зарождения революционного движения, свержение Бухарского Эмирата, гражданская война и её последствия составляют основу данного исследования. Также даётся сравнение басмаческого движения и гражданской войны 1918-1923 гг. в Таджикистане с гражданской братоубийственной войной 90-х годов ХХ века и выявляются общие характерные черты этих двух событий.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

BASMACHES MOVEMENT: REALITY AND ASSUMPTIONS

In the article, the Basmach movements is regard on the basis of real events lighting in sources from that period and on the basis of existing research. The October Revolution, its influence on Central Asia, the foundations of the birth of the revolutionary movement, the overthrow of the Bukhara Emirate, civil war and its consequences form the basis of this study. A comparison of the Basmachi movement and the civil war of 1918-1923 is also given. in Tajikistan with the civil fratricidal war of the 90-s of the ХХ-th century and the common characteristics of these two events are revealed.

Текст научной работы на тему «БАСМАЧЕСТВО: РЕАЛЬНОСТЬ И ПРЕДПОЛОЖЕНИЯ»

07.00.02 - ТАЪРИХИ ВАТАН 07.00.02 - ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07.00.02 - HOME HISTORY

БОСМА ЧИГАРИ: АКРАМИ Зикриё Иномзода,

ВОК,ЕИЯТВА д.и.т., директори Институти таърих, бостоншиноси ТАХАЙЮЛОТ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмуои ЦТ (Тоцикистон, Душанбе)

БАСМАЧЕСТВО: АКРАМИ Зикриё Иномзода,

РЕАЛЬНОСТЬ И д.и.н., директор Института истории, археологии и ПРЕДПОЛОЖЕНИЯ этнографии им. А. Дониша Академии наук РТ

( Таджикистан, Душанбе)

BASMACHES AKRAMIZikriyoInomzoda,

MOVEMENT: Dr. of History, Director of the Institute of history, REALITY AND archeology and ethnography named after A. Donish under ASSUMPTIONS the Academy of Sciences of Tajikistan Republic (Tajikistan, Dushanbe)

Калидвожа^о: Ищилоби Октябр, босмачигари, уаракатуои зиддишурави, сохтори аморат, тарафдорони амир, пантуркистон, Бухорои Шарци, Xокимияти Шурави, цанги шаурванди.

Дар мацолаи мазкур оид ба уаракати босмачигари, воцеауои таърихии он дар асоси сарчашмауои уамон давра ва тауцицотуои донишмандон сухан меравад. Инцилоби Октябр (1917), таъсири он ба Осиёи Миёна, заминауои пайдоиши уаракатуои инцилоби, сарнагун гардидани Аморати Бухоро, цанги шаурванди ва оцибатуои он асоси мацоларо ташкил медиуад. Дар мацола уаракати босмачигари ва цанги шаурвандии солуои 1918-1923 дар Тоцикистон бо цанги бародаркушии солуои 90-уми асри ХХ циёс шуда, тафовут ва умумиятуои ин ду цанг матрау гардидаанд.

Ключевые слова: Октябрьская революция, басмачество, антисоветские движения, структура эмирата, сторонники эмира, пантюркисты, Восточная Бухара, Советская власть, гражданская война.

В статье басмаческое движение рассматривается на основе реальных событий, освещенных в источниках того периода и на основе существующих исследований. Октябрьская революция, её влияние на Центральную Азию, основы зарождения революционного движения, свержение Бухарского Эмирата, гражданская война и её последствия составляют основу данного исследования. Также даётся сравнение басмаческого движения и гражданской войны 1918-1923 гг. в Таджикистане с гражданской братоубийственной войной 90-х годов ХХ века и выявляются общие характерные черты этих двух событий.

Key words: October revolution, Basmach movements, anti-Soviet movements, structure of the emirate, supporters of the Emir, Pan-Turkists, Eastern Bukhara, Soviet power, civil war.

In the article, the Basmach movements is regard on the basis of real events lighting in sources from that period and on the basis of existing research. The October Revolution, its influence on Central Asia, the foundations of the birth of the revolutionary movement, the overthrow of the Bukhara Emirate, civil war and its consequences form the basis of this study. A comparison of the Basmachi movement and the civil war of 1918-1923 is also given. in Tajikistan with the civil fratricidal war of the 90-s of the ХХ-th century and the common characteristics of these two events are revealed.

Карни XX дар таърихи халки точик чун ";арни та;дирсоз" ворид гаштааст. Баъд аз рукути хазорсола дар чахоряки аввали ;арн сохтмони поядевори давлатдории сохибистиклоли Точикистои огоз гардида, дар солхои 90-ум ташаккули он ба мархилаи анчомёбй ворид гардид.

Мутаасифона, ин мархилаи раванди ташкилёбии давлатдории точикон хам бо му;овимати пуршиддати шахрвандй ва хунрезихои зиёди фарзандони миллат чараён гирифта буд. Аз як тараф, ин во;еахо боиси афсус ва пушаймонй нисбат ба хуни ноха; рехтаи хазорхо точикон бошад, аз тарафи дигар, онро чун категорияи таърихии инкишофи чомеаи инсонй, диалектикаи таьрихии

решахои иктисодй-ичтимой дошта ва вокеъаи ногузири таърихй дар мархилаи мyайяни ^ë™ ин ë он халк шарх додан мумкин аст.

Мyтаассифона чанг дар таърихи инсоният баробари тасодуфй буданаш маком ва мавкеи муайянкунанда хам дорад. Яке аз намудхои чанг- чанги шахрвандист, ки дар дохили як кишвар ва ë халку миллат ба вукуъ омада, сарнавишти минбаъдаи онро муайян месозад Таърихи халки точик низ шохиди чандин чангхои шахрвандист ки дар зинахои мухталифи инкишофи чомеаи точик руй дода, вобаста аз шароити замона, максаду маромхои куввахои ба хам мукобил дар такдири халки мо накши муайяне бозидааст. Дар карни XX миллати точик ду маротиба ба гирдоби чанги шахрвандй афтида, хазорхо фарзандони худро курбон намудааст. Х,ар як ин чангхо баробари заминахо, омилхо, тамоилхо ва хусусиятхои ба худ хос доштанаш, чабхахои умумиро низ доро хастанд.

Таърих гувох аст, ки баъд аз табадуллоти сиëсй дар чомеа тайи муддати кутох ë дароз муковимати куввахои маглубгардида (собик хукмрон ë кухна) бар куввахои голиб, хомдани дигаргунихои нави чамъиятй сурат мегирад. Махз ин ракобати сиëсй куввахои ба хам мухталиф, ки аксаран бо кувваи ярок амалй мегардад ва боиси курбонихои зиëди инсонй мешавад, такдири ояндаи чомеаро муайян месозад.

Аз ин ру, хар гуна инкилоб, хох буржуазй ва хох сотсиалистй бо музаффарият дар ракобати шахрвандй ë чанги шахрвандй, ки баъди табадлуллоти сдасй руй медихад, бояд ба анчом расад. Инкилоб, ба гуфти яке аз дох^ни инкилобии ибтидои карни ХХ, танхо дар он холат кадре дорад, ки худро (хокимияти ба даст овардаи худро) дифоъ карда тавонад. Дар ин гуна ракобати шахрвандй кувваи маглубнашаванда халк аст. Махз куввае, ки бо амал ва гояи худ аксарияти халкро ба тарафи худ чалб намояд, он сазовори музаффарият дар ин ракобати шахрвандй мегардад.

Инкилоби сотсиалистии Русия, идеология ва сдасати Хокимияти Шуравии рус нисбати халку миллатхои собик империя бечуну чаро шароити таърихии бушди давлатхои миллиро ба мдан овард. Такдири мавчудияти ин шароит баъд аз табадуллоти с^сии мохи октябри соли 1917, аз окибати чанги шахрвандии солхои 1918-1920 дар Русия ва солхои 1918-1923 дар Остеи Миëна, вобастагии калоне дошт. Махз Fалабаи Хокимияти Шуро ва идеологхои он, дар давраи чанги шахрвандй, барои гузаронидани таксимоти миллй-худудии Осиëи Миëна шароити лозимиро фарохам овард. Анчоми чанги шахрвандй маънои ба охир расидани муковимати куввахоро надошт. Ч,ойи муковимати силохиро, муковимати идеологй, пинхонй ва руйпуш гирифт, ки он то солхои 30-ум давом ëфтааст. Хокимияти кувватгирифтаи шуравй мачбур буд, ки бар зидди рохзанй ва авбошй нисбатан пароканда, куввахои дар дохили сохтори давлатй чойгирифта, муборизаи мураккабро давом дихад.

Душманони хокимияти нав ба захирахои аклию зехнии худ такя намуда, акнун FOяхои ракибони худро ба нафъи худ ва зарари халки точик пеш мебурданд. Даххо душманони ашадии Хокимияти Шуро, ки дар сохтор ва зинахои гуногуни он чой гирифта буданд, FOяхои интернатсио-нализми пролетариро ба максади амалй намудани накшахои пантуркизм ва панисломизм мохирона истифода мебурданд. Дар байни онхо зиëиëни точик низ зиëд буданд. Хох ва нохох, аз тарафи онхо муковимат нишон додан ба Хокимияти Шуро, бар зарари миллати точик буд. Зеро, ки ягона FOяи нисбатан муташакиле, ки дар он замон бар зидди сдасати сохтори нави давлатдорй ва интернатсионализми пролетарй иктидори ракобат дошт - ин куввахои пантуркистон дар хамраъй бо панисломистон ба хисоб мерафт. Дар шароити надоштани давлатдории миллии точикон ва ба вучуд омадани заминахои таърихии сохиб шудан ба зинахои аввали давлатдории он, хар фарде, ки зидди Хокимияти Шуро баромад мекард, табиатан ва амалан равияи пантуркизм ва панисломизмро дастгирй мекарда ва бар хилофи манфиатхои иктисодй, ичтимой, сдасй ва фархангии миллати точик амал менамуда, фахмида мешуд.

Махз дар натичаи чунии амалиëти пинхонии душманони Хокимияти Шуро ва миллати точик соли 1924 дар Осдаи Мдана «табартаксим» гузаронида шуд ва точикон аз макони асосии таърихии худ бенасиб монданд. Аксарияти здадани точик манфиати миллии худро дуруст дарк карда натавониста манфиати шахсй ва мазхабии худро аз манфиати миллй боло гузаштанд. Хатто устод Садриддин Айнй дар муборизаи кахрамононаи худ дар рохи созмони пойдевори давлати точик хаммаслакй ва дастгирии зиëиëнро суст хис менамуд.

Ч,анги шахрвандй дар Бухорои Шаркй махз пас аз сарнагун шудани сохти амирй сар задааст. Ду лагери ба хам зид - тарафдорони сохти амирй-собик заминдорони калон, сармоядорон ва рухонтени бонуфуз аз як тараф ва тарафи дигар, оммаи васеъи мардуми азияткашида-дехконон, хунармандон, мардикорон бо рохбарии хизби болшевикон, хар ду гуногунмиллат буданд. Хам ба

сафи кувваи аввал ва хам ба сафи кувваи дуюм намояндагони халку миллатхои гуногуни собик империяи Pyсия шомил буданд. Ч,анги шахрвандй бешубха мохияти синфй дошт, ба максади ба даст даровардани хокимияти сдасй ва бо ин рох сохиб шудан ба воситахои истехсолот ва неъматхои моддие, ки халк бо мехнати худ ба нафъи чомеа ба даст меорад, бурда мешавад.

Баъд аз чараëн гирифтани раванди демократикунонии чомеа, оиди пахлухои гуногуни таърихи кишвар, акидахо ва FOяхои мухталифе пайдо шуданд. Масоили чанги шахрвандии солхои 1918-1923 низ мавриди бахсу талошхои илмй карор гирифтааст. Дар баъзе дастурхои таълимй, ки дар макотиби олй дар раванди таълими таърихи халки точик истифода мешаванд, ин чанг хамчун муборизаи мардуми мо бар зидди ачнабдан, харакатхои миллии озодихохй ва гайра муаррифй шудаанд. Муаллифони ии гуна дастурхои таълимй аз донишчyëн пинхон кардаанд, ки барон чй ин «мубориза бар зидди ачнабдан» ва «харакати миллй озодихохй» махз баъди сарнагун шудани сохти подшохй дар Pyсия ва сохти амирй дар Бухоро cap задааст. Ва чунин савол, ки барои чй душманони сохти нав аксyлинкилобчиëни махаллй ва рус ин муборизаи озодихохонаи худро дар давоми 60 соли мустамликадории Pyсияи подшохй ба чунин куллаи шиддат бароварда натавониста, ин амалдатро махз баъди аз даст рафтани хокимияти подшохй, хукумати муваккатии буржуазй, сохти амирии Бухоро, ба дасти халк гузаштани замин ва дитар воситахои истехсолот бо кувваи здад ривоч додаанд, посух талаб наменамояд.

Чи тавре, ки маълум аст, омилхои асосии сарнагун шудани Аморати Бухоро, ки раванди он хам як намуди чанги шахрвандист, омилхои дохилй набуданд. Дар тавзеху ташрехи ин вокеа бахсхои зиëде вучуд доранд. Дар масъалаи омилхои асосии чанги шахрвандии Точикистон бахсхо боз здадтаранд. Аввалан, ин ки омилхои табиии чанги шахрвандии солхои 1918-1923-и Точикистон омилхои шартианд. Барои он омилхои шартианд, ки худи раванди вокеа хоси халку давлати ба ин холат ë вокеа pyx дода нест. Чанги шахрвандие, ки дар солхои 1918-1923 дар Pyсияи Шуравй шуда гузаштааст, ин вокеаи хоси Pyсиягй буда, ба тамоми минтакахои миллии он: ба Шарки Дур, Кутби Шимол, ба Кавказу Туркистон хам доман пахн карда, дар чое аксyлинкилобиëн ва дар чое хукуматхои ниммустакили махаллиро (ба мисли Хева ва Бухоро) бархам дод.

Аз ин ру, шархи сиëсй ва мантикии чанги шахрвандии Точикистон бе дарки амик ва шархи объективии статуси хукукии байналхалкй ва дохилии хукуматхою халкхои сокини он мумкин нест. Маълум аст, ки дар ибтидои барпошавии Хокимияти Шуравй тамоми худудхои вилояти СyFд ва аксаран Бадахшони Кухй, дар тули солхои 1866-1895 кисми таркибии Pyсия гардида буданд. Худудхои бокимондаи Точикистони кунунй бошад, аз солхои 1870-1878 cap карда, ба хайати Аморати Бухоро шомил буд. Дар навбати худ, Аморати Бухоро аз соли 1868 cap карда, мустамликаи Pyсия буд, ягон хукуки худмухториро дар фаъолияти хоричиаш надошт. Х,атто амирони Бухоро аз амир Музаффар cap карда, дар эълон кардани валиахди худ сохибихтиëр набуданд. Чи тавре, ки аз манбахои таърихй маълум аст, амирони Бухороро мансабдорони Туркистону хукумати подшохй губернатори «худ», «хуб», «бехтарин» хам меномиданд. Ин фахмишу шарх авзоъи хукукии Аморати Бухороро бе таъсир намемонд. Мутаассифона, ба ин холати хукукии аморат муаррихони чй собик шуравй ва чй хозира ахамият надодаанду дар шархи чанги шахрвандии дар ин минтака ба амал омада хам тавзехи дуруст наëфтаанд. Ташрехи хамаи муаррихони ин вокеа чанбаи идеологй дошта аз руи мантики ë синфй ва ë сдасй - аморати сарнагуншуда ба таърих равад ë феодализму капитализм бо сотсиализм, зид буд, дода шудаанд.

Чанги шахрвандии Бухороро фарогирифта ин танхо чанги сохти кухна бо сохти нав дар собик Аморати Бухоро набуд. Ин чанг бо сохти шуравй ва тамоми шуравй дар асл буд. Чудо кардани Бухоро ë Туркистон аз Pyсия ин сдасат дар арсаи байналхалкй буду халос. Ин чанги имепериализми чахонй бо диктатураи пролетариат буд. Ин аст, ки дар тамоми зинахои чанги шахрвандии Точикистон куввахои асосии бо хам зидистода - Шуравй ва аморат, дар шахсиятхои кушунхои Pyсияи Шуравй ва гумоштагони империализми байналхалкй хамеша хузур доранд. Ин аст, ки чй дар вожгун кардани амир ва чй дар рафти рондани он аз Бухорои Шаркй куввахои бо хам размкунанда боз хамон куввахое, ки дар соли 1920 бо хам вохурда буданд, хамонхоянд. Яъне, амир ва пайравони у аз як тараф ва хукумати Чумхурии Бухоро ва Шуравй аз тарафи дигар. Агар ин масъала аз руи омилхои адолати ичтимой, хукукй, синфй ва идеологй шарх дода шавад ва хар гурух андешаю фалсафаи худро тарафдорй кунад, шарххои гуногун мебарояд. Аз мавкеи амир ин чанги "тачовузкорона"-и Pyсия ва "озодихохона"-и амир аст. Аз мавкеи хукукй, амир мехохад, ки аморати худро баргардонад, вале Чумхурии халкии шуравии Бухоро инро намехохад. Аз мавкеи синфй ин чанги байни сотсиализм ва чахони дигар аст. Яъне шархи чанги шахрвандиро дар Бухоро бе муайян кардани мавкеи шархдиханда дуруст баëн кардан душвор аст.

бигузор, ки амир хукуки маънавии cap кардани чангро дошт ва куввае 6уд, ки барои хокимияти сдасй мечангид. Кувваи дуюм чй гуна кувва буд, ки y хам мечангид. Чунки на хама гуна чанге, ки бо чанг мечангад, чанги шахрвандист. Шархи мо чунин аст. Табаддуллоти Бухоро ва ронда шудани амир аз Бухорои Шаркй чунон pyx гирифт, ки мардуми бумй кудрати дарк кардани онро надошт. Аз ин py, y бештар бетарафиро пеш гирифт. Сабаби бетарафии y сиëсати куштор, чазо, таъкиб, истисмор кардани ахолии худро пеш гирифтани амир ва акрабои y буд. Халк гарчи кудрати дарк кардани зарурияти сарнагун кардани амирро надошт, вале мехост, ки ин хама зулму истибдод бархам зада шавад. Ва вакте, ки чунин кувва пайдо шуд, онхо мукобилият накарданд ва аз ин py, бештар бетарафиро интихоб карданд. Ин авом баъд аз он ки амир барои баргардонидани хокимияти худ бархост, холо хам хавфи боз асиру гулом шуданашро дарк карда наметавонист.

Дар чунин холат мафкура, гypyxе, куввае лозим буд, ки уро огохонад, ëpï дихад ва химоя кунад. Чунин мафкура, гурух дар шахсияти хукумати Бухорои Шуравй буд. Вале куввае, ки уро химоят кунад дар чумхурии Бухоро холо набуд. Бинобар ин, дар ибтидо, зидди куввахои талоши баргардонидани хокимияти аз даст рафта, Артиши Сурхи Шуравй ва Артиши тавлидëфтаистодаи Чумхурии Бухоро баромад карданд. Дар ин давра хам боз мардуми бумй аксаран бетараф буданд. Адолати ичтимои он аст, ки касе ки ин табакаи мехнаткашро дастгирй мекард, он кувваи асосй шуда метавонист. Вале ин холат бетаFЙиp намонд. Аз байни мардуми тахчой куввахои химояткукандаи сохти Шуравй пайдо шуданд. Вале яке аз хусусиятхои чанги шахрвандии Точикистон - худ гуногу-нзамина будани он аст. Яъне заминахои кисматхои Русиягй ва Бухороии он дар баъзе масъалахо ва асосан равандаш хам дар сана ва хам дар мазмун фарк мекард. Ин фаркият дар пуштигирии тарафхои даргир хуб хис карда мешуд.

Масалан, кисме аз ахолии вилояти СyFд аз Хокимияти Шуравй замин, кисми дигараш озодй, баъзехои дигар чои кор гирифта буданд ва онхо такягохи ин хокимият гардиданд. Аз чумлаи хаминхо кувваи зидди аксулинкилобй пайдо шуда буд. Вале дар вилояти СyFд куввахои аксулинкилобй хам он кадар бисëp набуданд, ки онхо худро зидди Шуравй ниханд. Вале чунинхо хам пайдо шуданд.

Синф ва табакаи сарнагуншуда муваккатан кафонишинй карда кувва чамъ намуданд. Аз мохи ноябри соли 1917 то июни соли 1918, дар даврае, ки Хокимияти Шуравй ба гузаронидани ислохоти сдасй ва иктисодй машFyл буд, душмани синфй намехобид. У ба органхои Хокимияти Шуравй дохил шуда, ба чамъ намудани иттилоъ доир ба чорачуихои иктисодй, сдасй ва мадании Хокимияти Шуравй ва корхои диверсионй машFyл буданд. Инчунин, онхо ин мухлатро барои тайëp кардани яроку аслиха ва кори ташвикотию таргиботии зидди Хокимияти Шуравй истифода бурда, дар амал дар чанги пинхонй буд. Акнун у кувва пайдо карда ба чанги руиросту кушод бархост.

Табакаи аз сари хокимият рафта дар кори ташвикоту таргиботии худ зидди Хокимияти Шуравй - дин ва намояндагони онро васеъ истифода мебурдагй шуд. Махз тавассути фаъолияти ташвикотии рухонтен буд, ки куввахои зидди шуравй пайдо шуданд. Рухондан, ки кисми асосии фархангдани чомеа буданд, тамоми чорабинихои Хокимияти Шуравиро барои максадхои Fаpазонаи худ шарх медоданд.

Хокимияти Шуравй ва болшевикон кушиш карда, фахмонданй мешуданд, ки хокимияти онхо ин хокимияти умумихалкии мехнаткашон ва барои мехнаткашон мебошад. Вале инро оммаи мехнаткаш аосан дарк карда наметавонист. Рухондан бошанд, рухияи мардумиро хуб медонистанд. Диндорию бовар кардани онхоро ба хар чизе, ки рухондан мегуянд ба хисоб гирифта, карорхою чорабинихои Шуравиро ба тарики фахмишу хохиши худ эзох доданд. Fояи баробарй, адолати ичтимой, озодии вичдон, дин, хатто мафхумхои "шуравй" ва "болшевизм"-ро Хокимияти Шуравй ва болшевикхо чунон тавзех медоданд, ки точик онхоро кабул карда наметавонист. Вале рухондан ин мафхумхоро ва аз чумла, "баробари"-ро хамчун баробарии молумулкй ва динй шарх дода, мефахмонданд, ки ин "баробарй" он маъноро дорад, ки хама чизатон умумй мешавад. Чизу чораатон, молу амволатон, хонахоятон, хатто оилаю фарзандон хам умумй мешаванд. Хамаатон аз ислом дур ва кофир мешавед. Озодии вичдони болшевикй ин озодии инкори дин, худо ва сунатхои миллист. Шуравй ë болшевик шудан ин кофир шудан аст. Хамаи ин тафсирхо барои точик хело рушан ва фахмо буданд. Аз ин ру, мехнаткашони дехоти Точикистон ба тарафдории рухондан гузашта, ба химояи имони худ, дини худ оила ва сунатхои миллии худ бархоста буданд. Аксарияти онхо хатто дар гушаи xаëлашон хам набуд, ки зидди болшевикон мехезанд.

Ташвикоти зидди шуравй ва болшевикии феодалону рухондан натича дод ва як харакати пуриктидори зиддишуравй пайдо шуд. Охири апрел ва ибтидои майи соли 1918 дар вилояти СyFд

исëни хокимиятхохон cap шуд. Бахонаи cap шудани ин чунбиш, ин шикаст хурдани мухторияти Куканд ва ба худудхои вилоят пош хурдани кушунхои хукумати Куканд гардид. Ба ин чо омадани онхо ба душмани дар каминбуда рухи маънавй бахшид. Чанги сарзадаи шахрвандии Точикистон хислату хусусиятхои хоси худро дошт ва бо ин хислату хусусиятхояш аз чанги шахрвандии Pyсия фарк мекард.

Яке аз хусусиятхои фарккунандаи чанги шахрвандии Точикистон нисбат ба Pyсия, ин вучуд доштани дастахои босмачигарй мебошад. "Босмач"- калимаи туркии "босмокчй" буда, аз асри XIV маълум аст. "Босмачй" гуфта, Fоратгар, торочгар, рохзанро мегуфтанд. Вале дар асри XX ва махсусан дар солхои 1917-1939 ва то хол зери мафхуми босмачй шахсеро дар назар доранд, ки зидди Хокимияти Шуравй чанг мекард ва зиддият нишон медод. Зодгохи босмачигарй водии ФарFOна буда, асосгузораш Мамадинбек аст. Босмачигй ин мафхумест, ки Хокимияти Шуравй онро ба гурухи зидди Шуравй мансуб сохта ва донистааст. Босмачден худро бештар мучохид, размкунанда барои ислом, имон ва Ватан мехонданд.

Дар таъсис ëфтани дастахои босмачигарй сахми сафедгвардиячдани рус ва чосусони хоричй калон аст. Махз бо иштироки бевоситаи онхо ва ташкилоти зиддинкилобии «Ташкилоти Харбии Туркистон» (ТХТ) бо сардории Е.Чунковский босмачигарй инкишоф ëфт. Аз бахори соли 1918 дар Тошканд ва дигар шахрхои Туркистон ин ташкилот ба шуриши зидди Шуравй тайëрй медид.

Ва он чизе ки ба гузориши худ хотима доданием, ин аст:

- чанги шахрвандии Точикистон дар солхои 1918-1923 дорои хусусиятхои хоси худ мебошад;

- ин чанг заминаи дохилии худро надошт;

- куввахои бахамдигар размкунанда аз хар ду тараф аз берун идора мешуданд;

- куввахои бахамдигар размкунанда бахри халли масъалахои ичтимой ва миллй намечангиданд, балки бахри хадафхои сиëсии дурнамои системахои сиëсй (сотсиализми навтавлид ва капитализми норасид) мечангиданд.

Дар масъалаи даврабандй бошад, чанги шахрвандии солхои 1918-1923-и Точикистон се давраро: а) 1918-охири 1920; б) тобистони 1921-тирамохи 1922; в) тирамохи 1922-тирамохи соли 1923-ро дар бар мегирад.

Давраи якум, ин чанг танхо шимоли Точикистон ва Помирро дар бар гирифта буду, Fалаба ва шикасти он ба Fалаба ва шикасти Хокимияти Шуравй дар Pyсия вобаста буд.

Давраи дуюм, тобистони соли 1921 - тирамохи соли 1921-ро дар бар гирифта, самти асосии чанг зидди Анварпошо равона шудааст. Дастахои Иброхимбек, махсуми Фузайлмахсум, эшони Султон, Fаюрбек вабосмачиëни шимоли Точикистону хатто туркманхо фаъолгардии онхоро таърихчдан ба омадани Анварпошо алокаманд мекарданд, ки омили асосй набуд. Омили асосй ин заминаи аввал мазхабй- динй буда, точик асосан бахри химояи дину мазхаб ва оилаи худ бархеста буд. Анварпошо ба ин норозигии омма чанбаи сдасй доду халос.

Дар давраи сеюм - Салимпошо сабаби фаъолгардии босмачигарй гардид. Чунки у мехост акнун куввахои зиддишуравиро махз зидди шуравихо муттахид созад. Ин куввахо акнун соф хадафи сиëсй доштанд. Хадаф баркарор кардани хокимияти амирй буда, химояи мусалмонону имон шиор гардида буд. Ин бахсест, ки метавонад дар таърихнигории чанги шахрвандй мафхуму маънихои навро ворид созад.

Дар тамоми даврахои минбаъда (солхои 1924-1931) харакати босмачигарй ва фаъолгардии муваккатии харакат дар дохили мамлакат (CCCP) характери сиëсиро надошт ва хамчун дастахои Fоратгари пуриктидор, вале дар доираи муносибатхои байналхалкии собик CCCP хамчун куввахои иртичочуии байналхалкй, ки аз тарафи империализми чахони дастгирй мешуду равона мегардид, амал мекард.

Хдмин тарик харакати босмачигарй ва чанги шахрвандии солхои 1918-1923-ро дар Точикистон бо чанги бародаркушии солхои 90-уми асри ХХ киëс намоед, баробари тафовут, умумиятхои зиëде дорад. Асоситарин умумият ин дастгирии беруна ва хочагони хоричии гуруххои ярокбадасти зиддихалкй мебошад. Давлатхое, ки ниятхои зери даст даровардани захирахои моддй ва маънавии точиконро доранд, то хол амалхои дассисавии худро бахри заиф намудани кудрати давлатдории сохибистиклоли точиконро идома доранд.

Дар ин рох зархаридорони худро (ТТЭ Х,НИ ва пешвоëни онро) мохирона истифода бурда истодааст. Шиорхои мазхабй ва бо ном демократию миллиро муваккатан парчам намуда, дар асл максади ба манбаи арзиши неъматхои моддй, табий, зехнй ва инсонии Ч,умхурии Точикистонро дорад. Аз ин лихоз, хар як фарди чомеаи Точикистон бояд аз таърих ва максаду мароми гаразноки ачнабтен ва зархаридони онхо огах бошад.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Абдуфаттоу Шарифзода, Заробиддин Цосими. 7 соли Эмомали Рацмон. - Душанбе, 2013. -336 с.

2. Абдуфаттоу Шарифзода, Заробиддин Цосими. Бунёдкор. - Душанбе, 2013. - 336 с.

3. Гражданские движения в Таджикистане. - Москва, 1990. - 249 с.

4. Гражданские политические движения в Таджикистане (1989-март 1990г.). - Душанбе, 1990. -249 с.

5. Зикриёев Ф. Таърихи уизбуои сиёси ва ташкилотуои цамъияти дар Цумуурии Тоцикистон. -Душанбе, 2010. - 102 с.

6. Зикриёев Ф. Таърихи сиёсии халци тоцик ва цацон. Дастури таълими-методи барои донишцуён. - Душанбе: Маориф, 1995. - 87 с.

7. Зикриёев Ф., Набиева Р., Зикриёева М. Таърихи Ватан. Дастури методы барои донишцуёни донишгощои оли. - Душанбе, 2007. - 87 с.

8. Зикриёева М. Историография проблемы женщин Таджикистана. - Душанбе, 2001. - 87 с.

9. История таджикского народа. - Душанбе, 2011.

10. Набиева Р., Зикриёев Ф., Зикриёева М. Таърихи халци тоцик дар асри XX ва ибтидои асри XXI. - Душанбе: Деваштич, 2009. - С.221-223

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.