Научная статья на тему 'НАЦИОНАЛЬНО - ОСВОБОДИТЕЛЬНОЕ ВОССТАНИЕ 1916 ГОДА В ТУРКЕСТАНСКОМ КРАЕ И ЕГО ВЛИЯНИЕ НА БУХАРСКИЙ ЭМИРАТ'

НАЦИОНАЛЬНО - ОСВОБОДИТЕЛЬНОЕ ВОССТАНИЕ 1916 ГОДА В ТУРКЕСТАНСКОМ КРАЕ И ЕГО ВЛИЯНИЕ НА БУХАРСКИЙ ЭМИРАТ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
127
26
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СРЕДНЯЯ АЗИЯ / ТУРКЕСТАНСКИЙ КРАЙ / БУХАРСКИЙ ЭМИРАТ / ПЕРВАЯ МИРОВАЯ ВОЙНА / ВОССТАНИЕ 1916 ГОДА / ВОССТАНИЕ КАЛАНДАРШО

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Хотамов Намоз

Поводом для восстания 1916 года стал царский указ от 25 июня 1916 года, о призыве местных народов Туркестанского края и Казахстана к тыловым работам действующей Российской армии на фронтах Первой мировой войны. Восстание началось в Ходженте и постепенно охватило почти всю территорию Туркестанского края и Казахстана. Царские чиновники, совместно с эмирскими предприняли все меры, чтобы не допустить распространение этого восстания на территории Бухарского эмирата. Однако население эмирата сочувствовало восставшим. В разных местах эмирата происходили волнения, одно из которых выросло до восстания под руководством Каландаршо в Каратегине.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

NATIONAL - LIBERATION UPRISING OF 1916 IN TURKESTAN AND ITS IMPACT ON THE BUKHARA EMIRATE

The reason for the uprising of 1916 became the royal decree of 25 June 1916 year, the call of the indigenous peoples of Turkestan and Kazakhstan to the rear of the Russian army acting work in the First World War. The uprising begans in Khujand and gradually engulfed nearly the weight of the territory of Turkestan and Kazakhstan. Royal officials, together with the Emir's taken all measures to prevent the spread of the uprising in the territory of the Emirate of Bukhara. However, the emirate's population is not only sympathized with the rebels, but also occurred in different places of the emirate excitement, one of which rose to a up rising led by Kalandarsho in Karategin.

Текст научной работы на тему «НАЦИОНАЛЬНО - ОСВОБОДИТЕЛЬНОЕ ВОССТАНИЕ 1916 ГОДА В ТУРКЕСТАНСКОМ КРАЕ И ЕГО ВЛИЯНИЕ НА БУХАРСКИЙ ЭМИРАТ»

ШУРИШИ МИЛЛИЮ ОЗОДИХО^ИИ СОЛИ 1916 ДАР КИШВАРИ ТУРКИСТОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМОРАТИ БУХОРО

Намоз Х,ОТАМОВ,

профессор, доктори илмхои таърих

100 сол мукаддам сарзамини Осиёи Миёна ва Казокистонро шуриши халкй фаро гирифта буд, ки он асосан ба мукобили зулму истибдоди мустамликавй нигаронида шуда буд ва аз хамин сабаб ин шуриш дар таърих шуриши миллию озодихохй ном гирифтааст. Дар сарсухани ба китобчаи Т.Р. Каримов - "Шуриши соли 1916 дар Точикистон" навиштаи академик З.Ш. Рачабов таъкид гардидааст, ки "шуриши соли 1916 характери миллию озодихохй ва хакикатан халкй дошт. Дар мубориза барои озодии миллй ва ичтимоии худ оммаи васеи мехнаткашони миллатхои махаллй иштирок кардаанд".[1]

Шуриши соли 1916-и Осиёи Миёна ва Казокистон бо Чднги Якуми Ч,ахонй сахт алокаманд аст. Ин чанг 19 июли (1 августи) соли 1914 огоз ёфт, ки ба он 38 давлатхои чахон, бо ахолии 1,5 млрд. нафар, ё худ аз чор се хиссаи мардуми башар кашида шуданд. Дар чор соли чанг, яъне то соли 1918, дар амалиётхои чангй аз ахолии башар кариб 10 млн. нафар халок ва зиёда аз 20 млн. нафар мачрух гардидаанд.

Русияи подшохй харчанд аз рузхои аввали ин чанг яке аз иштирокчиёни фаъоли он ба хисоб мерафт, вале он ба ин Чднги Ч,ахонй чандон омода набуд. Хднуз соли 1908 хукумати он барномаи 10 солаи тайёрии чангро кабул намуд, ки он пурра ичро нагардида буд. Сарфи назар аз ин моххои аввали чанг кушунхои рус дар Пруссияи Шаркй галабахои назаррас ба даст дароварданд. Солхои 1915-1916 хам фронти Русия яке аз фронтхои асосй буд. Бинобар ин Дукумати Олмон ва Австро-Венгрия, ки бо Русия мечангиданд, ба ин фронт куввахои асосии худро гузоштаанд. Дар натича дар ин фронт чангхои шадиде рух доданд. Вале чанги тулонй харочотхо ва аскарони зиёдро талаб мекард.

Русияи подшохй дар Чднги Якуми Чдхон зиёда аз 2 млн. нафар ахолии худро талаф дод. Он аз чихати иктисодй боз хам хароб, аз чихати молиявй тобеи мамлакатхои Еарб шуд. Барои пушонидани харочоти чанг хачм ва намуди андозхоро зиёд карданд. Дар натича, мардуми Русия, ки аз чанг дилгир шуда буданд, ба мукобили сиёсати хукумати худ хар чо - хар чо шуриш бардоштанд. Яке аз бузургтарини чунин шуришхо ин шуриши соли 1916 дар Осиёи Миёна ва Казокистон ба хисоб меравад.

Бахонаи шуриш чорабинихо оид ба ичроиши фармони подшохи рус аз 25 июни соли 1916 гардид. Чуноне маълум аст хукумати подшохии Русия, нисбат ба худ, ба садокати мардуми Осиёи Миёна ва Казокистон боварй надошт. Аз ин ру, дар солхои чанг хам аз хисоби мардуми тахчоии ин кишвар ба хизмати харбй сафарбар накард. Вале, соли 1916 хукумати подшохй вазъияти ногувори фронтхоро ба инобат гирифта, ба корхои акибгох сафарбар намудани мардуми тахчоии кишвари Туркистон ва Казокистонро зарур шуморид. 25 июни соли 1916 оид ба ин масъала фармони подшох эълон карда шуд. Мувофики он бояд аз хисоби мардони аз 19 то 43 солаи кишвари Туркистон - 250 хазор нафар ва Казокистон - 80 хазор нафар ба корхои заминкании хатти фронт чалб карда

мешуданд. Аз чумла, факат аз уезди Хучанд бояд 8948 нафар сафарбар мегардиданд [2] ва аз онхо 8140 нафарашон бояд ба корхои акибгохи фронт фиристода мешуданд. Вазнинии таксимот ба гардани ахолии шахри Хучанд афтида буд. Зеро, танхо аз ин шахри бостонй, мебоист 2708 нафар аз чумлаи онхое, ки дар корхои пахтакорй иштирок намекарданд, сафарбар мегардиданд. [3]

Дар асоси фармони номбурда 2-юм ва 3-юми июли хамон сол мардони Хучандро ба руйхат гирифтанд. Аксари онхое, ки ба руйхат дохил шуда буданд, кувваи асосии кориро ташкил медоданд. Аз ин ру, дар айни авчи корхои тобистонй, ба корхои акибгохи фронт чалб намудани онхо бегуфтугу ба вазъияти хочагиашон таъсири манфй мерасонид. Ба гайр аз ин хизмати харбй дар байни мардуми Осиёи Миёна чандон анъанаи хубе набуд ва аз ин ру ин маърака хамовозие пайдо накард. Илова бар ин аз тарафи амалдорони махаллй хангоми ба руйхатгирй ба беадолатихо рох дода шуда буд. Яъне, хар касе, ки доро буд, ба амалдорон

пора дода, худро аз руйхат баровард. Чунин холат мардуми камбагале, ки имконияти пора додан надоштанд, дар газаб намуд ва онхоро ба майдон баровард.

Аввалин шуда 4-уми июли соли 1916 мардуми шахри Хучанд ба шуриш бархестанд. Ин шуриш барои баромади умумии кишвар ишорае гардид. Он бо зуддй нохия ва вилоятхои нав ба нав ва то миёнаи июли он сол кариб тамоми кишвари Туркистонро фаро гирифт.

Хуручхои халкй дар шаклхои гуногун: эътирози оммавй, корпартоии коргарон, аз хочагии бою кулакхо ба дашту куххо баромада рафтани батракхо, фирори мардум ба хорича, нобуд кардани руйхати даъватшудагон, ба амалдорони подшохй итоат накардан, хароб кардани манзилгох ва тороч намудани молу мулки боёну кулакхо, нихоят задухурдхои мусаллахона бо политсияю аскарони подшохй ва гайрахо зохир мегардиданд. Дар шуриш тамоми табакахои ахолй: дехконон, коргарон, точирон, зиёиён, аз чумла рухониён иштирок намудаанд.

Хдмин тавр шуриши соли 1916, ки худуди кишвари Туркистон ва Казокистонро фаро гирифта буд, ба таври амалй ба сиёсати мустамликадоронаи хукумати подшохй як зарбаи катъй зад. Зеро, ин шуриш мазмунан миллию озодихохй ба хисоб мерафт. Шуриш барои бедории сиёсй ва баланд гардидани шуури сиёсии мардуми махаллй кумаки амалй расонид. Он кувваи мардуми махаллии Осиёи Миёнаро, ки хукумати подшохй ба он эътиборе намедод, нишон дод. Аз ин ру ин шуриш ахамияти бузурги таърихй дошт.

Шуриши соли 1916 харчанд кисми зиёди кишвари Туркистон ва Казокистонро фаро гирифт, вале дар аморати Бухоро, амалдорони подшохй, якчоя бо амалдорони хукумати амирй, тамоми чорахоро андешиданд, то ин ки дар худуди аморат ягон хел хуручхои халкй ба амал наояд.

5 июли соли 1916 агенти сиёсии рус дар Бухоро Н. А. Шулга ба Тошканд, ба штаби округи харбии Туркистон, дар бораи нихоят хавотирнок шудани рухияи ахолии Бухоро, ба муносибати эълон карда шудани мардикоргирй чунин хабар дода буд: "Овозахоеро, ки се руз пеш дар Бухоро дар бораи аз вилоятхои кишвари Туркистон ба корхои акибгох фиристода шудани мардикорони миллати махаллй шуда буданд, дируз одамони аз Самарканд омадагй тасдик карда накл намуданд, ки дар ин бора дар кучахо эълонхо овехта шудаанд... Ба ин муносибат тамоми шахр ин навигариро мухокима менамояд, илова бар ин баъзе овозахои афсонавие пахн мешаванд, ки гуё куввахои русхо камй карда, онхо ба як катор нокомихо дучор гардида бошанд... Дина баъзе муллобачахо чунин тахминхо мекарданд, ки Россия аз Бухоро хам сафарбарй намудани одамонро талаб мекунад ва дар он сурат назар ба он ки ба чанг рафта халок шаванд, дар хаминчо мурдан бехтар аст, мегуянд". [4]

То ин ки дар аморати Бухоро хар гуна баромадхо вобаста ба шуриши соли 1916 пешгирй карда шавад, агенти сиёсии рус дар Бухоро 15 июли он сол бо мактуб ба кушбегии Бухоро мурочиат намуда, таъкид намудааст:

1.Мувофики маълумотхои тоза гирифтаам, дастаи савораи исёнчиён дар байни Каттакургон ва Ч,умъа пайдо шудаанд. Аз ин сабаб ба хамаи бекхои сархадй фармони махсус додан зарур аст, ки навкарони худро чамъ карда, ин дастахои мусаллахро хеч гох ба худуди Бухоро рох надиханд;

2.Мувофики баркияи ротмистри жандармхо, дар дехаи Мир маддохе пайдо шудааст, ки дар байни мардум игво меандозад. Дар чамъомади барпогардида 1000 нафар иштирок намудаанд. Фавран он шахсро пайдо намуда, ба хабс гирифта, инчунин хамаи онхоеро, ки ахолиро ба ошуб даъват мекунанд, хабс кардан зарур аст;

3.Аз хамин руз сар карда дар тамоми нуктахои асосии шахри Бухорои Кухна дидбонии аскарони савораро мукаррар намуда, ба козикалон, раис ва миршаб таъин кардан лозим аст, ки ба ягон хел овозахо рох надиханд;

4.Бо сабаби торафт бештар пахн шудани овозахо дар бораи он ки гуё аълохазрат барои хукумати рус якчанд хазор нафар мардикор мегирифта бошад, ба ахолй харчй васеътар фахмонидан зарур аст, ки ин овозахо беасос аст ва ахолй набояд ба он бовар кунад, пахнкунандагони чунин хабархоро сахт чазо додан лозим аст. [5]

Кушбегии Бухоро Мирзо Насрулло (1910-1918) 16 июли соли 1916, яъне рузи дигари гирифтани мактуби дар боло ишорашуда, ба агенти сиёсии рус оид ба чорахои андешидашуда чунин чавоб гардонидааст: Ман ба козикалон, раис ва миршаби Бухоро

фармон додам, ки дар Бухорои Кухна фавран дидбонии аскарони савораро мукаррар намуда, тамоми шахсонеро, ки хар гуна овозахо пахн мекунанд, таъкиб намоянд. Дамин гуна фармон ба бекхо хам равона карда шуд. Илова ба хамаи ин ба онхо боз амри зерин фиристода шуд:

1.Ба бекхои Зиёвуддин ва Хатирчй фармон дода шуд, ки фавран тамоми навкаронро чамъ карда, ба посбонии сархад фиристанд, то ки ба худуди Бухоро гуруххои мусаллах гузашта натавонанд;

2.Ба беки Зиёвуддин фармон дода шуд, ки маддохи дар дехаи Мир пайдошударо, ки ахолиро ба шуриш даъват кардааст, зуд пайдо намуда, ба хабс гирад. Инчунин одамонеро, ки уро дастгирй намудаанд ва ахолиро ба шур оварданианд, бояд хабс карда шаванд;

3.Барои дидбони истгоххои рохи охани Зирабулок, Зиёвуддин, Кармина, Малик, Кизилтеппа, ки дар худуди Бухоро вокеанд, ман супориш додам, ки микдори зарурии навкарон гузошта шаванд. Дар айни хол истгоххои Зирабулок ва Зиёвуддинро навкарони беки Зиёвуддин дидбонй карда, бародарони худи бек ба онхо сарвар таъин гардидаанд. Истгоххои Кармина ва Маликро навкорони бекии Кармина ва истгохи Кизилтеппаро навкорони амлокдори Бустон посбонй хоханд кард. [6]

Садриддин Айнй дар асархои худ далелхои болоиро асосан тасдик намуда, дар бораи таъсири шуриши соли 1916 ба аморати Бухоро махсус таваккуф намуда, чунин маълумоти ачиб медихад: «Ман тобистони соли 1916-ро бештар ба саёхат гузаронидам. Районхо ва кишлокхои Бухороро ягон-ягон гаштам. Ба Самарканд, Хучанд ва тарафхои Фаргона рафтам.

Дар ин тобистон дар Бухоро таъкибот аз солхои пеш бештар ва шиддатноктар шуд. Хусусан баъд аз шуриши дехконон ва мехнаткашони Туркистон ба муносибати мардикоргирй ба мукобили хукумати подшохй, гирифтугири амир ва политсияи подшохй боз хам зиёдтар гардид. Амир дар хар район ва кишлокхои калон агентхои махсус монда, мардумро аз гуфтугузор кардан дар бораи шуриши Туркистон манъи катъй кард».[7]

Садриддин Айнй дар давом ба мавкеи синфи дорои Бухоро нисбат ба шуриши соли 1916-и Туркистон махсус таваккуф намуда, таъкид мекунад, ки «бойхои калони Бухоро бо аризаи коллективонаи худ ба агенти сиёсии давлати Россия дар Бухоро, ба муносибати шуриши Туркистон, садокати худро ба подшохи Россия маълум карданд».[8]

Сабаби чунин мавкеъро ишгол намудани сарватмандон, яъне буржуазияи нав ташаккулёфтаистодаи Бухоро дар он аст, ки онхо бо буржуазияи Русия манфиати ягона доштанд. Аниктараш, кариб хамаи сарватмандони бухорой бо ташкилотхои бонкй ва ширкатхои тичоратии русиягй, ки дар Бухоро фаъолият мекарданд, алока доштанд. Махз чунин хамкорй хар сол ба сарватмандони бухорой низ фоидаи хеле зиёди бедарду миён меовард. Дукумати подшохии Русия бошад, дар баробари манфиати буржуазияи рус, манфиати сарватмандони бухороиро низ химоя мекард. Яъне, сарватмандони бухорой хам дар симои хукумати подшохии Русия пушту панохи худро медиданд.[9]

Албатта муносибати мардуми оддии аморати Бухоро нисбат ба шуриши мардуми Туркистон дигар буд. Садриддин Айнй махз ба мавкеи ин кисми ахолй ахамият дода, таъкид мекунад, ки оммаи мардуми Бухоро «ба шуриш ба назари хайрхохона нигох мекарданд, галабаи шуришро «аз худо» металабиданд ва баъд аз торумор шудани шуриш, гурезагони шуришро дар хонахои худ пинхон мекарданд ва барои гурехта рафтани онхо ба чойхои дигар ёрй медоданд». [10]

Умуман амалдорони хукумати подшохй якчоя бо амалдорони хукумати амирй тавонистанд, ки дар кисми марказй ва гарбии аморат соли 1916 ягон хел хуручи нисбатан калони оммавй сар назанад, харчанд, мардуми ин гушахо хам аз зулму истибдоди амалдорони махаллй-амирй ба дод омада буданд. Вале дар ин соли мураккаб чй амалдорони подшохй ва чй амалдорони хукумати амирй ба вазъи Бухорои Шаркй нисбатан камтар ахамият додаанд. Дол он ки ин кисми аморат аз хамон даври ба аморати Бухоро хамрох шудан чандон ором набуд. Сабаб, дар ин кисми аморат зиндагии токатфарсотар ва худсарии хокимони махаллй боз хам зиёдтар ба хисоб мерафт.

Академик Бобочон Еафуров дар асари худ «Точикон» ба вазъи мардуми Бухорои Шаркй ахамият дода, таъкид намудааст, ки «хукумати амирй аслан Бухорои Шаркиро чун мустамликаи худ карор дода, дар ин чо назар ба кисми гарбии аморат тартиботи

сахттаре чорй намуд». Амир ба сипохиёни худ, ки дар ин гуша «хизмат» мекарданд, ба ивази маош чун танхо, ситонидани андози як ё худ якчанд дехахоро бахшида буд. Дар натича дехконони ин гуна «дехахо амалан дар холати крепостной», яъне бехукукй, ё худ тобеи мулкдорон буданд. [11]

Дар Бухорои Шаркй, махсусан дар бекигарии Каротегин, бештар нооромихо эхсос карда мешуд. Якчанд хуручхои халкии ин гушаи дурдаст бо номи Каландаршо алокаманд аст. Каландаршо (таваллудаш соли 1857) зодаи дехаи Кули Мизанги Калъаи Лаби оби (хозираи Точикобод) бекигарии Каротегин буда, тамоми сахтихои зиндагиро аз сар гузаронидааст. У, ки дар оилаи дехкон ба дунё омадааст, бо сабаби камзаминй, ба мисли дигар хамдиёронаш ба Фаргона, Тошканд ва Боку ба мардикорй рафтааст.

Аввали асри XX махсусан Тошканд ва Боку яке аз нуктахои инкилобй ба хисоб мерафтанд ва он вокеахо албатта барои Каландаршо бетаъсир набуданд. У баъди он ки ба дехааш баргашт, ахволи вазнини хамдехагонашро мушохида намуда, кушиш кард, ки онхоро ба шуриш бархезонад. Зеро, хамон лахза мардум аз зулму истибдоди беки хамонвактаи Каротегин Абдулмуъмин (1904 - 1908) ба дод омада буданд. [12]

Мувофики маълумотхои Н. А. Кисляков, Каландаршо гуё як муддат дар хайати сипохиёни бек хизмат карда, минбаъд аз чунин хизмат саркашй намудааст. [13] О. Р. Мачлисов чунин андешаро тамоман рад намуда, таъкид мекунад, ки Каландаршо хеч гох дар хайати сипохиёни бек набуд ва то охири умр ба мардуми мехнаткаш наздик буд. [14]

Каландаршоро махсусан усули _руёнидани андозхо аз тарафи амалдорони беки Каротегин зиёда ба газаб овардааст. У хануз соли 1905 кушиш кард, ки хамдехагонаш ва мардуми атрофи онро ба шуриш бархезонад. Аммо бек ба воситаи чосусонаш аз ин омодагихои Каландаршо огох гашт. Тарафдорони бек, бо максади ба канор кашидани мардум, ташвик карданд, ки «гуё амири Бухоро аз ахволи мардуми Каротегин огох нест. Агар мардум бо мактуб ба амир мурочиат карда, ахволи худро фахмонанд, он гох хам андозхо сабук карда мешаваду, хам беке, ки нафрати мардум нисбати у зиёд гардидааст, озод мегардад». [15]

Соли 1905 ба ташвики амалдорони бек бовар карда, мардуми зиёде аз Доит ва Калъаи Лаби об, бо сарварии Каландаршо, бо аризаи шикоятй ба суи Бухоро харакат намуданд. Чунин холат беки Каротегин Абдулмуъмин, ки лакаби «чушка» («хук»)-ро дошт, ба вохима андохт. Вай бо гурухи амалдоронаш дар дехаи Пандовчй ба шикоятчиён расид ва ба онхо ваъдахои зиёд дода, аз рохашон гардонид. Дере нагузашта сарварони харакат Каландаршо ва Мирзо Рахматро хабс намуда, барои чазо додан ба Дисор фиристоданд. Дигар фаъолони харакат ба суи Фаргона гурехтанд. Баъди 75 чуби чазо дидан Каландаршо ва Мирзо Рахмат хам ба суи Фаргона, аз он чо ба Тошканд ва Боку рафтанд.

Соли 1908 онхо харду дар Бухоро шудаанд ва аризаи шикоятиро аз болои беки Каротегин ба амир расонидаанд. Амири Бухоро Абдулмуъминро аз вазифаи беки Каротегин озод карда, беки Дисор таъин мекунад. Беки Каротегин Авлиёкулбек (19081910) таъин шуд. Новобаста аз он ки мартабаи Абдулмуъмин баландтар шуда буд, вале аз вазифаи беки Каротегин озод шудани у, обру ва эътибори Каландаршоро дар байни мардум хеле зиёд намуд. [16]

Дар аввали асри XX дар Бухорои Шаркй нооромй ва хуручхои зиёди халкй ба амал омадаанд. Сабабгори асосии ин хама нооромихо кирдорхои ношоистаи амалдорони махаллии амирй ба хисоб мерафтанд. Масалан, шаркшиноси рус Д.Н. Логофет, ки дар ин гушаи дурдаст фиристода шудааст, ба вазъи Бухорои Шаркй ахамият дода, таъкид мекунад, ки умуман аз соли 1907 (албатта дар натичаи таъсири инкилоби якуми рус-солхои 1905-1907) дар байни мардуми аморат пухта расидани норозигии эшон махсусан хангоми чамъоварии андозхо эхсос карда мешавад. Дар ин гушаи дурдаст, таъкид мекунад у, тез-тез хабархои тоза оиди бенизомихо дар бекигарии Дисор, ки бо задани амлокдор анчом ёфтааст, ё худ дар Дехнав мардум закотчиро чазо додаанд ва гайрахо мерасанд. [17] Шуриши нисбатан калонтарине, ки дар Бухорои Шаркй мохи июни соли 1916 ба амал омад, ин шуриш, бо сарварии Каландаршо дар амлокдории Калъаи Лаби оби бекигарии Каротегин ба хисоб меравад. Дар ин сол беки Каротегин Рахмонкул (1914-1916)

фармуд, ки аз мардум иловагй ба тарзи мачбурй андози харбй чамъ намоянд. Албатта чунин амр аз тарафи амири Бухоро Олимхон (1911-1920/21) шуда буд, ки мехост подшохи русро дар Чднги Якуми Чдхонй аз чихати молиявй дастгирй намояд. Бинобар ин амалдорони бек галла ва пулхоеро ки чамъ менамуданд, ба Бухоро мефиристоданд. Дар амлокдорй чамъоварии андози харбиро Дарвозй бий, ки худ аз дехаи Капали хамин амлокдорй буд, сарварй мекард. Вай хатто аз хиссаи худ ба хисоби амир галла ва пули зиёд фиристода, сазовори рутбаи «бий» ва заминхои нав хамчун «танхо» гардидааст. Дехкононе, ки дар худуди танхои у буданд, мачбур шуданд, ки дар як сол ду маротиба андоз супоранд. Аз дехконон на танхо галла ва пул, балки чорво ва чизхои назаррасе, ки хангоми мардикорй аз Фаргона оварда буданд, кашида мегирифтад. Чунин холат норозигии мардумро зиёдтар намуд. [18]

Каландаршо чунин бенизомихоро дида, дигар токат карда натавонист. У дехконони мазлумро ба шуриш даъват намуд. Вай таъкид менамуд, ки агар мо сарчамъ шавем, кувваамон барои пеш кардани амлокдор Халилбек ва хатто мир-беки Каротегин кифоягй мекунад. Факат хамон вакт мо аз зери зулми бойхо ва одамони мир, яъне бек халос шуда метавонем. Каландаршо дехкононро даъват мекард, ки андозхоро насупоранду ба шуриш хамрох шаванд. [19]

Беки Каротегин Рахмонкул бо шунидани хабархо оиди шуриш амлокдори Калъаи Лаби Об Халилбекро вазифадор намуд, ки хамаи фаъолони шуриш, аз он чумла Каландаршоро хабс намуда, ба Еарм фиристад. Як кисми фаъолони шуриш, ки аз дехахои гуногун буданд, хабс гардиданд. Аммо Каландаршо пинхон шуд. У ба дехаи Фатхобод, ба назди Аббосхочаи судур, ки козии тамоми кисми болоии бекигарии Каротегин хисоб мешуд, рафт. Дамрохи вай дехконони зиёд бо табар, зогнул, каланд ва гайра мусаллах буданд. Каландаршо аз Аббосхочаи судур хохиш кардааст, ки «ту одами баобру, мухофизи шариат, дида истодай, ки чй тавр амалдорони бек ба чони мардуми бечора расонидаанд». Бинобар ин аз у хохиш намудаанд, ки ба назди бек равад хамаи вокеахоро ба бек фахмонад, то ин ки ба бенизомихо хотима гузарад, хабсшудагонро озод намояд. Аммо судур аз ичрои ин талабхо даст кашида, баръакс фармуд, ки дасту пойи Каландаршоро банданд. Ин хукум судур ичро нагардид. [20]

Шуришгарон аз Аббосхочаи судур хохиш мекарданд, ки молхои аз мардикорй, аз Фаргона овардаи онхоро баргардонанд. Чдвобан ба ин наздикони судур ба задани шуришгарон сар карданд. Каландаршо аз онхо талаб кард, ки ин корро накунанд. Аммо одамони судур ба худи Каландаршо дарафтиданд. Он гох шуришгарон хам ба хучум гузаштанд. Дар натича, аз тарафи шуришгарон бародари Аббосхочаи судур Козичон кушта ва Абулхайр махсум захмй гардиданд. Шуришгарон хавлии судурро тороч намуда, дар натичаи хамрох шудани дехконони дехахои дигар, онхо якчоя ба суи Калъаи Лаби Об харакат карданд. Каландаршо фармуд, ки хочагихои сипохиёни бекро байни худ таксим кунанд. Амалдорон ва бойхо дар калъа панох шуданд. Аз тарафи шуришгарон мухосираи калъаи амлокдорнишин 4 руз давом кард. [21]

Беки Каротегин Рахмонкул аз амалиёти шуришгарон ба вохима афтода, барои пахш намудани он аз Еарм 200 нафар сарбозони мусаллахро фиристод. Бо наздик шудани сарбозони бек шуришгарон ба суи дехахои худ пароканда шуда рафтанд. Худи Каландаршо ба суи Дараи Мазор пинхон шуд. То 30 нафар фаъолони шуриш хабс гардиданд. Кисми дигари фаъолони шуриш ба суи Фаргона гурехтанд. Бо чои ходиса худи бек Рахмонкул омода, фармуд, ки аз мардуми дехахои дар шуриш иштирок намуда 100 хазор танга чамъ намуда, ба Аббосхочаи судур супоранд. Инчунин фармуд, ки мулкхои сипохиён ба сохибонашон баргардонида шавад ва ба ивази молхои пайдонашудаи сипохиён, аз фаъолони шуриш чарима ситонида шавад. Чдвобан ба ин дехконони дехахои Дараи Назарак, Кул, Фатхобод, Капал ва Дараи Мазор ба тарзи оммавй ба суи Фаргона рох пеш гирифтанд. Дар натича бек мачбур шуд, ки карори аввалаи худро бекор карда, танхо аз хар деха ба фаъолони шуриш чарима бор намояд. [22]

Баъди се мохи шуриши Каландаршо, мохи октябри соли 1916 шуриши мардумй дар дехахои Дараи Мазор ба амал омад. Бахонаи ин шуриш дар ин чо дастгир шуда, ба Еарм

фиристодани Каландаршо гардид. Аммо Каландаршо аз хабсхонаи Еарм хам гурехта, ба Фаргона рафт. Амалдорон ва мулкдорон, ки аз шуриш зарар дида буданд, мехостанд зарари худро аз мардуми хамон дехахое, ки Каландаршоро пинхон кардаанд, руёнанд. Бо хамин максад онхо мардуми ин дехахоро саросар чазо дода, ба онхо чарима бор карданд. Чдвобан ба ин дехконони дехахои Лангари Шох, Дараи Мазор, Дехи Гулмон ва Куло амалдоронро зада, аз супоридани чарима ва хироч даст кашиданд. Шуришгарон дар дехаи болои Дараи Мазор, ки дар баландй чойгир буд, чамъ омада, худро мудофиа карданд. Онхо сипохиёни бекро аз баландй бо санг ба нишон мегирифтанд. Дар натича сипохиён якчанд руз ба макони шуришгарон баромада натавонистанд. Нихоят, сипохиён вонамуд карданд, ки гуё онхо ба хар тараф гурехтаанд, аммо дар амал дар паси харсангхою нишебихо пинхон шудаанд. Дамин, ки шуришгарон ба хамворй, ба дехаи Лангари Шох фаромаданд онхоро сипохиёни мусаллахи савора ихота намуданд. Шуришгарон мачбур шуданд, ки ба хар тараф пароканда шаванд. Дар натичаи ин задухурдхо аз чумлаи дехконон 6 нафар халок, 40 нафар захмй ва 25 нафар хабс гардиданд. Далокшудагон ва захмиён аз чумлаи сипохиён низ буданд. Аз чумла, амлокдор Халилбек хам аз зарбаи дехкон Дочй Иброхим захмй гардидааст. [23]

Мувофики маълумоти дигар халокшудагони аз тарафи сипохиён ва амалдорони бек ду нафарро ташкил додаанд. Шуришгарон маркази амлокдории Калъаи Лаби обро ба даст дароварда, ба суи маркази бекигарии Каротегини Еарм харакат карданй шуданд, ки ба сипохиёни мусаллахи бек дучор омадаанд. [24]

Дангоми шуриш дар амлокдории Калъаи Лаби об ва дар амлокдории Доит хам чунбиши дехконон бо сарварии Одина Лучак ба амал омадааст. Шуришгарон мехостанд ба шуришгарони Калъаи Лаби об хамрох шаванд. Аммо тамоми купрукхоро навкарони бек посбонй мекарданд. Нихоят, ин шуриш хам пахш карда шуд ва Одина Лучак ба суи Фаргона гурехт.6

Дамин тавр, маълумотхои болой аз он гувохй медиханд, ки дар Бухорои Шаркй хам дехконон бо тарзи гуногун эътирози худро нисбати зулму истибдоди амалдорони махаллии амир баён кардаанд. Онхо аз навиштани мактуби эътирозй ба амири Бухоро, то ба мукобилистй дар лангархо расида, ба мукобили сипохиёни беки Каротегин дар баробари белу каланд, зогнул, аз санг ва гайра истифода бурдаанд. Худи Каландаршо, ки дар муборизахо обутоб меёфт, тартиботи шуравиро ба хубй пазируфт, хатто м^нбаъд дар вазифаи раиси Кумитаи инкилобии кенти Лангари Шох адои вазифа намуд. У соли 1931 вафот кардааст.

ЭЗОД

1. Ниг.: Рачабов З. Ш. Сарсухан// Каримов Т. Р. Шуриши соли 1916 дар Точикистон -Душанбе, 1966. - С.3.

2. Ниг.: Энсиклопедияи советии точик. Ч,илди 8. - Душанбе, 1988. - С. 173-174.

3. Ниг.: Каримов Т. Р. Асари номбаршудаю - С. 56

4. Ниг.: Каримов Т. Р. Асари номбаршудаю - С. 74-75.

5. Ниг.: Дамон чо. - С. 79-80.

6. Ниг.: Каримов Т. Р. Асари номбаршуда. - С.80-81.

7. Ниг.: Айнй С. Мухтасари тарчумаи холи худам // Куллиёт. Ч,илди 1. - Сталинобод, 1958. - С. 68.

8. Ниг.: Дамон чо.

9. Пурратар ниг.: Дотамов Н. Б. История банков и предпринимательства в Средней Азии (60-е годы XIX в. -1917 г.). - Душанбе, 2014. - С. 133-149, 161-441.

10. Ниг.: Айнй С. Куллиёт. Ч,илди 1. - С. - 68.

11. Ниг.: Еафуров Б. Е. Точикон. Китоби 2. -Душанбе, 1998. - С. 201-202.

12. Ниг.: История таджикского народа. Т. IV. - Душанбе, 2010. - С. 778.

13. Ниг.: Кисляков Н. А. Каратегин накануне установление Советской власти. -Сталинобод, 1941. - С. 162.

6 Ниг.: Маджлисов А. Р. Асари номбаршуда. - С. 104.

14. Ниг.: Маджлисов А. Р. Асари номбаршуда. - С. 99.

15. Ниг.: История таджикского народа. Т. IV. - С. 778-779.

16. Ниг.: Маджлисов А. Р. Асари номбаршуда. - С. 99-100.

17. Ниг.: Логофет Д. Н. Бухарское ханство под русским протекторатом. Т. II. СПБ, 1911. -С. 264.

18. Ниг.: Маджлисов А. Р. Асари номбаршуда. - С. 100-101.

19. Ниг.: Хдмон чо. - С. 101.

20. Ниг.: Хдмон чо. - С. 101-102.

21. Ниг.: Хдмон чо. - С. 101-102.

22. Ниг.: Маджлисов А. Р. Асари номбаршуда. - С. 102-103.

23. Ниг.: Маджлисов А.Р. Асари номбаршуда. - С. 103.

24. Ниг.: История таджикского народа. Т. IV. - С. 809.

НАЦИОНАЛЬНО - ОСВОБОДИТЕЛЬНОЕ ВОССТАНИЕ 1916 ГОДА В ТУРКЕСТАНСКОМ КРАЕ И ЕГО ВЛИЯНИЕ НА БУХАРСКИЙ ЭМИРАТ

Намоз ХОТАМОВ,

профессор, доктор исторических наук

Поводом для восстания 1916 года стал царский указ от 25 июня 1916 года, о призыве местных народов Туркестанского края и Казахстана к тыловым работам действующей Российской армии на фронтах Первой мировой войны. Восстание началось в Ходженте и постепенно охватило почти всю территорию Туркестанского края и Казахстана. Царские чиновники, совместно с эмирскими предприняли все меры, чтобы не допустить распространение этого восстания на территории Бухарского эмирата. Однако население эмирата сочувствовало восставшим. В разных местах эмирата происходили волнения, одно из которых выросло до восстания под руководством Каландаршо в Каратегине.

Ключевые слова: Средняя Азия, Туркестанский край, Бухарский эмират, Первая мировая война, восстание 1916 года, Восстание Каландаршо.

NATIONAL - LIBERATION UPRISING OF 1916 IN TURKESTAN AND ITS IMPACT ON THE BUKHARA EMIRATE

Namoz KHOTAMOV,

professor, doctor of historical sciences

The reason for the uprising of 1916 became the royal decree of 25 June 1916 year, the call of the indigenous peoples of Turkestan and Kazakhstan to the rear of the Russian army acting work in the First World War. The uprising begans in Khujand and gradually engulfed nearly the weight of the territory of Turkestan and Kazakhstan. Royal officials, together with the Emir's taken all measures to prevent the spread of the uprising in the territory of the Emirate of Bukhara. However, the emirate's population is not only sympathized with the rebels, but also occurred in different places of the emirate excitement, one of which rose to a up rising led by Kalandarsho in Karategin.

Keywords: Central Asia, Turkestan, Bukhara Emirate, the First World War, the revolt of 1916, Kalandarsho uprising.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.