ЦОЗЩОИ БУХОРО ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX -АВВАЛИ АСРИ XX
КАЗИИ БУХАРЫ ВО ВТОРОЙ ПОЛОВИНЕ XIX - НА ЧАЛЕ XX ВЕКОВ
KAZIS OF BUKHARA IN THE SECOND HALF OF THE XIX - OF THE BEGINNING OF THE XX CENTURIES
АСЛОНОВ %ошимцон Зиёмудинович,
н.и.т., ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмуои ЦТ (Тоцикистон, Душанбе)
АСЛОНОВ Хошимджон Зиёмудинович,
к.и.н., научный сотрудник отдела новейшей истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Академии наук РТ (Таджикистан, Душанбе)
ASLONOVHoshimjon Ziyomudinovich,
candidate of historical scences, a scientific Researcher of the Department of newest history of the Institute of history, archeology and ethnography named after A.Donish under the Academy of Sciences of Tajikistan Republic (Tajikistan, Dushanbe)
Калидвожа^о: таърих, цозиёт, Аморати Бухоро, Осиёи Миёна, Тоцикистон, адолат.
Дар мацола дар асоси сарчашмауои таърихи фаъолияти цузоти Бухорои нимаи дуюми садаи XIX ва огози садаи XX тащицу барраси шудааст. Инчунин цайд мешавад, ки таърихи барцароршави ва рушди цозиёт дар Осиёи Миёна, аз цумла дар Тоцикистон кам омухта шудааст. Аз ин ру омузиши ин масоил хеле мууим мебошад.
Ключевые слова: история, суды-казиаты, Бухарский эмират, Средняя Азия, Таджикистан, правосудие.
В статье на основе исторических источников анализируются казийские суды Бухарского эмирата во второй половине XIX- начале XX вв. Также отмечается, что история становления и развития казийских судов в Средней Азии, в частности в Таджикистане, малоизученны. Поэтому изучение этих вопросов является актуальным.
Key words: ka ziy^s judqe, the Emirata of Bukhara, Central Asia, Tajikistan, justice.
On fact the article author analisys the history's alcosion of emirate of bukhara in sclond-halt of XIX and beqins of XX contury. Also author followes to note that history abandoned and developinq of kaziy^s judqe in central asia and honestly in Tajikistan had learned less. That ^s why learninq this question is actual.
Яке аз масоили мухими илмй, омузиши таърихи додгоххои ;озигй мебошад. Аслан, додгохи ;озигй дар амал як институти махсуси ;удратии суди исломй буда, муфассирин ва муаррихин пайдоиши онро ба давраи халифагии Умар ибни Хаттоб (р) (634-644) мансуб медонанд. Аввалин ;озихо аз тарафи Умар (р) дар Мадина, Басра ва Куфа таъйин шуда буданд ва аз ибтидои пайдоиши ислом ин вазифа ба чойи масъулони хакаму хокимони арабии тоисломй омадааст. Аввалин ;озии таъйиншуда хаками ;абилахои атрофи Куфа Шурайх ал-Киндй будааст [1, 25, 264].
Дар садаи VIII бошад, вазифаи козиюлкузот (;озикалон) ба миён омад. Козикалон суди олй ба шумор мерафт, ки сардори хамаи ;озихо буд. Дар хуччатхои расмй «шариатпанох» сабт мешуд [24, 909]. Козй аз чониби халифа ва баъдан аз тарафи рохбари давлати мусалмонон- амир ва ё хон таъйин мешуд.
Дар Аморати Бухоро ;озй барои хар бекигарй бо пешниходи ;озикалон аз тарафи амир якумра таъйин мешуд. Ба муносибати ба мансаб таъйин намудани козй ярликд хонй - хамчун ярликд хумоюнй интишор мешуд. Дар ин хуччат бо фармони хумоюни махдл, вилояте, ки козй дар он таъйин мегардид, муайян карда мешуд. Ба истикоматкунандагони ин махал таъкид карда мешуд, ки шахси мазкур козй мебошад ва дар навбати худ ахолй вазифадор карда мешуданд, ки ба таъйиншуда итоат ва дар халли масоили динй ба у мурочиат намоянд. Маъмулан, дар ин хуччат ба у масъалахои зерин: тартиб додани хуччатхо ва номгуй масъалахо: шартномахои акди никох, баррасии даъвохо (хусумат), нигахдории амволи ятимон ва аз акл берунбудагон (аусия), таксимоти мерос аз руйи шариат миёни меросхурон (матрукаи муслимин), тасдик ва тартиб додани васикахо, ичрои васиятномахо, таъйин намудани васоят ва парасторй, назорат аз болои байтулмол, назорат аз болои вакф ва гайра вогузошта мешуд. Дар ярликхо асосан мукофоти пулии козй барои омоданамоии хуччатхо (ичрои китобат), хизмати никох (никохона), ки халли хукукияшон ба души козй вогузошта мешуд, зикр мегардид. Инчунин махсус кайд карда мешуд, ки дар сурати аз чониби
козй вайрон кардани талаботхо ва меъëрхoи шариат, у аз мансаб сабукдуш карда мешавад [4, 21]. Яъне, фаъолияти козихо бештар ба халли бахсхои гуногуни чиной ва моливу пулии мyддаиëн нигаронида шуда буд. Ба зиндагии рузмарраи шахрвандон онхо муносибати кам доштанд ва раис-мухтасиб буд, ки хифзи оромй ва осоиштагии чомеа, эхтисоби бозорхо, хамчунин назорат аз болои аxлoкy маънавиëт ва ичрои катъии масъулияти динй бар души онхо буд [3, 19]. Аммо баъзан дар як вакт ба вазифаи козй ва раис як шаxс таъйин мешуд ва дар баъзе мавридхо ин вазифахо дар коргузории амалй ба хам муттахид мешуданд. Масалан, дар худудхои аморати Бyxoрo б? козй ва б8 раис буд, ки аз ин шумора Зб нафараш вазифаи козираисро доштанд. Аз б8 козии дар худудхои Точикистон (191?) 21, аз чумла козии Душанбе, ^ургонтеппа, ^убоддан, Регар дар як вакт вазифаи раисро бар ухда доштанд [5, 53-55]. Дар ^ургонтеппа - мулло Каримберди козй, ^убоддан - козй мулло Мухаммад Мансур, Регар - козй мулло Мухаммад Ашур. Инчунин дар бисëр дехахои бекигарихои ^аротегину Дарвоз низ чунин амалхо вучуд доштанд [11, 17-18].
^озй бояд шаxси аз шариат xyб огох ва дар зиндагй xyдoгoх, xyдoтарс, поквичдон ва бетамаъ мебуд. Таъриxнигoр ва адабдатшиноси точик Шарифчон Mаxдyм Садри Зда, ки яке аз куззоти машхури Бyxoрo буд, дар китоби «Наводири Здаия» перомуни чахлу нодонии коздани Бyxoрoи замони амирй маълумоти муфиду чолиберо оиди козихо Олимxoча, Kарoматyллoxoча, Mаъсyмxoча, Бадриддин, мулло Абдулхакими Салват, Бурхониддин хикоят мекунанд. Ва мо холо барои мисол шаммаеро аз нигоштахои устод руи аврок меоварем: «^озй Олимxoча - писари козикалон мавлавй Шарифxoча факат ба риояи падарашон ба мансабхои калон сарфарозй доштанд. Бо он ки шуур надоштанд, амалашон судур буд». Ва дигар, «^озй Kарoматyллoхxoчаи бесавод - яке аз козихои давраи хукумати амир Абдyлахадxoн. Марди бесавод буд ва мансуб ба казои Хайробод...», «Мулло Абдулхакими Салват асл Хучандй буда, дар замони Абдyлахадxoн ба казои вилояти Балчувон мансуб шуд, аз хар чисму хар вачх доди бемазагиро дод...», ва дигар, «Mаъсyмxoча- бародари козй ^авомиддитаочаи судур., дар замони амир Абдyлахадxoн ва мумайизи (маъмурият)-и козй Бадриддини козикалон, аз чумлаи кoзиëни муътабар, як нафар аблахи ахмаки бесаводе буд.», [17, бб-?4] ва хоказо.
Инро хам эътироф бояд кард, ки на хама козихо золиму бесавод, фасодкору фитнагар буданд, дар байни онхо равшанфикрон низ буданд. Мисолхои здад овардан мумкин аст, ки козй намояндаи маърифатнок ва боистеъдоди замони xyд буд. Гузашта аз ин, гуфта метавонем, ки хайати ичтимоии козихо гуногун буда метавонист. Падари мутафаккири бузург ва маорифпарвари асри XIX Ахмади Дониш аз оилаи дехкон буд. Худи Ахмади Дониш дар вазифаи козй кор мекард, адабдатшинос ва таъриxнигoр Шарифчон Mаxдyм Садрй Зда аз табори косиб буд. Падари у матоъшу буда, маълумоти олии мусалмонй гирифт ва дар аввал хамчун мударриси мадраса, сипас козй, раис ва баъдан як муддат (дах сол) козикалони Бyxoрo гардид. ^озй Саададдин Мохир, аз руйи гуфтаи хамасронаш, хамчун олими барчаста ва шоир маъруф буд. ^озй Абдулвохид, ки бо таxаллyси шоиронаи Садри Сарир машхур буд, миëни хамасрони xyд сохиби обруи зиëд гардида буд. ^озй Абусаъид маxдyм писари Начмиддин маxдyм, падари нависандаи xалкии Точикистон Ч,алол Икромй козй Икромиддин ва г. [1?, 8, 18], ки перомуни рузгори отао метавон даххо чилд китобро тадвин намуд.
Мо холо барои мисол шаммае аз фаъолияти як тан аз куззоти Б^оро, козй Абусаъид маxдyм, писари Начмиддин мавдум хикоят мекунем. Чунончи устод Айни дар китоби «Таъртаи амирони мангитияи Бyxoрo» овардааст, амир Музаффар (18б5-1885) Абусаъид маxдyмрo дар Шахрисабз (Kеш) козй таъйин кард. «Аз он чо ки козии мазкур муллои машхур ва ба сифати адлу дод мавсуф буд, мyллoëни Шахрисабз, ки инони татдари эл ба дасти эшон аст, ба атрофаш муридвор чамъ шуданд» [16, 88]. Академик Мухаммадчон Шакурй дар китоби «Фитнаи инкилоб дар Бyxoрo, Аббос Алиев» ин матлабро чунин менигорад: «^озй Абусаъид дид, ки хокими вилоят 120 дyxтарерo, ки дyxтарбинхo дарак дода буданд, гирд оварда, барои фиристодан ба харами амир Музаффари мангит - подшохи Бyxoрo омода мекунад. ^озй Абусаъид падарони ин дyxтарoнрo ба козтаона даъват карда, дастур дод, ки барои начот аз фиристодан ба харамxoнаи амир зуд барои дyxтарoнашoн гахвoрабаxш ë номзад бдаваранд, то ки козй он дyxтарoнрo ба никохи номзадхо дароварда, аз гирифторй озод бикунад. Падарон шод шуда, зуд барои дyxтарoнашoн домодшаванда оварданд ва козй онхоро никох карда, ба шахру дехи xyдашoн фиристод. Ва ба амир ба ин мазмун нома навишт, ки чанд заъифаро аз номи Чдноби олй озод карда, дар хакки Чдноби олй дуо гирифтам ва хама як умр Ч,аноби олиро дуо xoханд кард. Амир он гох дар ^аршй (Насаф) буд, ки ба Шахрисабз наздик аст. Амир аспи xашмрo тозтена зада, ба Шахрисабз омад ва козй Абусаъидро бо xyд ба ^аршй бурд. Дар рохи ^аршй чи мушкилие руй дод ва козй Абусаъид бо заковату корсозй он мушкилиро осон кард, ва бо ин чорасозй аз газаби амир рахои ëфт, амир аз гунохи у гузашт» [8, 43].
А. Фитрат дар рисолаи «Давраи хукмронии амир Олимxoн» перомуни дyxтарбинхoи дарбори амир Музаффар мегуяд: «Музаффар дар тачовуз кардан ба арз ва номуси ахолй онкадар ифрот дошт, ки чанд занро ба унвони «зашби амир» ба xидмат гирифта буд. Онхо руз то шаб xoнахoи мардумро даромада медиданд, дар хар чо, ки зане ë дyxтаре xyбрyй медиданд, ба амир xабар медоданд. Амир онхоро чабран бурда нигох медошт ва баъд аз нафси мурдори xyдашрo таскин додан, он мазлумахоро ба яке аз xидматгoрoни девсирати xyд ба занй мебаxшид...» [19, 14].
Дигар аз равшанфикрон ва аз уламои хакпараст, часуру нотарси oxири садаи XIX ва огози садаи XX, ки бар зидди умарои чохилу золим, xyнxoрy ситамгар, муллохои мутаассиби аз дин беxабар, фосику айшпараст ва козихои фасодкору фитнагар ошкоро мубориза мебурд, муфтй Мухаммадикром ибни Абдусалом машхур ба Домулло Икромчаи Бyxoрй (1847-1925) буданд. Чунончи Садри Зда дар «Тазкори ашъор» дар хаккй вай гуфтааст: «Хочй Домулло Икром хам он кадар сохиби чуръату чалодат буданд, ки бо вучуди яккаву танхо будан ва касе тарафдорй накардан, дар баробари ин хама уламои суъ ва кордорони шум дар хар мартаба мунозира ва мудофиа карда, хар як масоил ва мукаддимоти рисолаашонро ба барохин исбот ва ба далоил мудаллал менамуданд... Ба хеч вачх аз ин кавми беор ва абнои рузгор наметарсиданд. Бад-ин коре, ки таттер кардаанд, устувору баркарор буданд» [18, 5].
Садри Зте чои дигар дар «Наводири Зиëия» зикр мекунад: «...афсус, хазор афсус, ки касе панду насихаташонро нашунид. Балки амиру вазир, уламову умаро мутаффикан ба адоваташ барxoстанд» [17, 79]. Натичаи муборизахои дyраxшoни Муфтй Икромча он шуд, ки вайро ду бор солхои 1912 ва 1917 ба тумани Пешкух ва шахри Fyзoр бадарга карданд ва ду фарзанди уро -Мирзо Насруллох ва Абдуррахмон Mаxдyмрo моххои апрели соли 1917 ва марти соли 1918 аз дами тег гузарониданд [23, 14].
Перомуни ин вокеаи шум дар мачаллаи «Шуълаи Инкилоб» чунин омадааст: «Домулло Х,очй Икроми Муфтии судур... Ба сабаби ин, ки дар боби зулму фасоди коздани аср як рисола навишта, фасоди эшонро бо далоили аклй ва наклй исбот намуда буданд, дар соли 1910 дусола нафъй (бадарга) гардиданд. Дар соли 1917 такрор аз Бyxoрo ба Хузор ^узор) нафъй шуда, тамоми асбобу ашëашoн аз тарафи хукумати амир мусодара ëфт. Дар соли 1918 дар Хузор ^узор) аз тарафи хукумати амир махбус шуда, дар хабсxoна дар хузури xyдашoн Абдуррахмон ном як писари бистсолаашон шахид карда шуд. Эшон то хол дар Хузор зинда будаанд. Баъд аз он ки дар Хузор инкилоб барпо шуда, Хукумати Инкдлобй таъсис ëфтааст, чаноби Домулло дар Анчумани умумй, дар курсии xитoбат баромада, дар боби окибати зулму залима ва ахамияти Инкилоб нутки балеге эрод карда, хозиринро ба гиря даровардаанд" [23, 14-15].
Аз руйи конуни шариат ;озй дар xидмати xал; хдсоб карда мешуду аз xазина маош мегирифт. Мох,онаи он мебоист ба дарачае мебуд, ки на мух,точи тухфа ë пораю ришваи тарафх,ои арзкунанда бошад. Ч,ойи зикр аст, ки таъртаи xал;и точик номх,ои ;озих,ои даврах,ои гуногунро медонад. Козй ва фаъолияту вазифах,ои он дар китобх,ои аш-Шайбонй «Ал-чомеъ ас-сагир», ал-Мавардй «^тоб-ал-ах,ком ас-султонийа», «Одоб-ал ;озй», А. Мец «Мусульманский ренессанс», Б. Маргелонй «Ал-Х^идоя»... xеле муфассал баëн ëфтааст. Таъриx гувох, аст, ки ;озих,ое буданд, ки бо мех,нати хдлол руз ба сар мебурданд. Вале дар аморати Бyxoрoи замони амирй масорифи инх,о ба гардани раъият бор шуд. Устод Айнй менигорад: «.ба замми ин онх,о (;ози^о-^.А.) мачбур шуданд, ки аз раъият пул чамъ карда, ба амсор бидихднд. Козих,о аз хдр чанчол ва даъво ба ;адре, ки метавонистанд, маблаг рyëнда, як микдори онро ба амир ва ба а^ли дарбор медоданд. Мулозимон ва навкарх,ои ;озй хдм ба х,исоби xyд фу;ароро толон карда, як микдори онро ба xoдимoни даруни xoнаи ;озй медоданд» [12, 17].
^озихо чун лукмаи дар гулу дармонда, боиси озори мардум буданд. Мо холо барои мисол, таксими мерос байни меросбаронро, ки ичрои он низ ба души козихо буд, меоварем. Масъала чунин сурат мегирифт. Чунончи, Садри Зда дар «Наводири Здаия» менависад: «.... рузи тарака, xoнаи бечора мутаваффо (мурда) мотамсаро - овози навхаву гиря гуши малоикаро кар мекунад, хазрати эшон (козй) xандoнy шукуфон бо тамоми тавобеашон (меомаданд), мумкин бошад, кудаконашонро хамрох мебурданд. Pаëсатпанoх (раис), ки бад-ин кор хеч даете надорад, маазолик, «дахони саг факат ба лукма дyxта бех» ва инчунин як эхсони муфт, ки аз кисаи хазрати эшон (козй) чизе намебарояд, (козй) хамрохи xyд мебаранд. Koш хазрати раëсат танхо раванд! Он чаноб хам сагиру кабире, ки доранд, хамрох оварда, дар ин зимн чанд нафар мехмон, ки ба хазрати эшонон ворид шаванд, бемалол хамрох мебаранд» [17, 83].
Сохиби майит, ки ин 40-50 нафар тоифаи харoмxyрй мурдорро медид, мурдаро як тараф гузошта, аввал дар садади сер кунондани ин тоифаи беору чохил шуда, як гусфандро кушта, п^та тайëр карда, шиками ин харoмxyрoни бадзотро сер кунонда, баъд ба сари таксими мероси мурда мерафтанд.
Дар ин бора Садри Зда чунин менависад: «Х,ама балохурхо ба як чо чамъ шyдa шуруъ ба навиштани aшë (чизхо) ва нархи онхо мекyнaнд. Масалан, дах адад курпа. Одамони шариатпанох (козй) илко мекyнaнд, ки бист адад нависем бинобар обруи мypдa. (Чунки) ба шуниди дурру наздик ва ошнову бегона «аз бисоти фалон... факат дах адад курпа баромад» гуфтан нагз намешавад.Валхосил адади хар чизу хар асбобро ба кадри тавонистан здад карда, пас аз он бар сари нархи амволу aшë (молу чизхо) меоянд. Гилеме, ки дар бозор як сад танга мегиранд, ду сад танга нарх мекунанд ва хоказо. Ч,амъи aшëе, ки хакикатан ба дах хазор танга меарзид, бинобар музоаф (дучандон) шудани aшë ва тазоуфи (ду баробар шудани) киматаш ба чихил хазор танга мерасонанд. Пас аз он аз хар хазор танга панч танга хисоб карда мегиранд. Баъд аз он нисфи хамин маблагро ба paëсaтпaнох, баъд аз он хакки махдумчони (писари) шариатпанох, хакки девонбегй, хакки мирохурбошй, хакки махдумчони (писари) paëсaтпaнох. Пас аз он хакки умуми хизматгорхо: олуки (хиссаи) саисхонаю дахбошии козихона... Инхо тамом шудан баъд амину оксаколон ва игвогарон. Сахми онхо ба худи сохиби таъзия хавола мешавад ва химмати сохиби таъзия медонад». Дигар мегуяд: «Сохиби таъзия, ки балохурии ин чаханнамданро медонист, калон хисоб карда, эхтдатан «зиëдaтap тараддуд карда монам» ^н чиз фурухта, карз карда, ба зури бисëp (фарзан) панчсад танга чамъ карда буд. Ин маблаг ба хеч кас ва ба хеч чо нарасида, ду хазор танга савои (баробари) харочрти обу оши медодаги шуд» [17, 85]. Ин буд, ки меросбарон ба рухи мархуми бечора ба чои дуову фотиха нифрини бисëp мекарданд, ки: «Кош намемурд, сари моëнpо ба бало намемонд» [17, 86].
Козихо такя ба химояи хокимон ин амали норавои худро аз нигохи дину шариат хак бароварда, мукобилият карданро ба он куфр мешумурданд. Козихо дар асоси ярлики (фармони) хонхо сардори дин гардида, ба раъият нуфузи худро чорй мекарданд. Ин нукта бояд арз шавад, ки хар касе, ки бар зидди козй ë уламо сухане гуяд, ба шариат мукобил баромадагй хисоб ëфтa, ба чазои сахт гирифтор мегардид, катл ва ë сангсор мешуд. Масалан, устод С. Айнй дар «Ёддоштхо» меоранд, ки дар ахди амир Абдулахад соли 1313 х. (1886 м.) як аробакашро ба сабаби дар сари пули кироя бо як-ду мулло чанг карданаш, бо фатвои уламо ва бо хукми козй ба уштуре савор карда, бо сангу кулуххо зада куштанд [13, 498-517]. Яъне, кудрат ва ихтдароти номахдуди коздан боис шуд, ки тачовуз, таадй, истисмору асорати ахли захмат шадидтар шуд.
Он гунна, ки дар фавк зикр кардем, козикалон - суди олй, раиси тамоми маъмурияи адлия ба шумор мерафт. Козикалон хукук дошт хукми ин ë он козиро, ки дар шахру бекигарихо вазифаи довариро адо мекарданд, бекор ва дар шахри Бухоро барои гузаронидани мурофиахо ба худаш ëpдaмчй ва вакил интихоб кунад. Дар ахди амир Олимхон (1911-1920) аввалин козикалони Бухоро козй Бакохоча буд, ки баъд аз вафоти козй Бадриддин (1908) аз тарафи амир Абдулахад таъйин шуда буд. Дар хусуси ин, ки тарики таъйин шудан ба вазифаи козикалони Бухоро чй гуна буд, устод С. Айнй дар китоби «Таърихи инкилоби Бухоро» чунин менигорад, ки дар мохи марти соли 1913 амир Олимхон ба Насрулло кушбегй туй фармуд. «Дар ин туй дар Ситораи Мохи Хосса, дар чорбоги худи амир мачлисхои кайфу сафо хафт руз давом кард» [12, 116]. Пас аз туйи Насрулло кушбегй амир фармуд, ки козй Бакохоча ва раис Бурхониддин дар дарбори амир дар чахорбоги Ширбадан туй диханд. А. Фитрат дар асараш «Давраи хукмронии амир Олимхон» меорад: «.. .аввал козй Бакохочаи тамаъкор туйи бисëp бузурге сар карда, садхо хазор танга исроф намуд ва ба амиру дарбордан ришватхои аз хад зтед дод, ба умеди ин, ки рутба ва мансабаш зтед хохад шуд. Аммо козй Бакохоча ба чизе ки умед дошт, нарасид» [19, 28]. Аз паси козй Бакохоча Бурхониддин, ки козии Чахорчуй буд, ба Ширбадан омада, туйро сар кард. Устод Айнй менависад: «Бурхониддин ба ин туй милионхоеро, ки падараш (козй Бадриддин-^.А.) дар муддати козикалонии бистсола ва худи y дар муддати раисй ва козигй чамъ карда буданд, бедарег харч кард» [12, 116]. А. Фитрат менависад: «...гуянд, ки ба Олимхон як тахти мурассаъ ба чавохир такдим кард.» [19, 28]. Устод Айнй чойи дигар менигорад: «Дар туй сирк ва кино барпо намуд, аз Русия ва Туркистон духтару писарони рус ва мусалмонро оварда, кайфи амирро чок кард. Духтарони наздикони худаш ва касони бо вай муносибатдор низ халос нашуданд.Аъзои элчихонаи русро хам бо воситахои ба худаш маълум хурсанду розй кард» [12, 117]. Дар натича, ба чойи козй Бакохача дар Бухоро козикалон шуда, лакаби «шариатпанох»-козиюлкузотро гирифта, то сентиябри соли 1920 козикалони Бухоро буд. «Баъд аз «инкилоб» ба хукми «суди» инкилоб, ки дар хузури оммаи захматкашони Бухоро тартиб дода шуда буд, кушта гардид» [19, 28]. А. Фитрат дар хаккй козй Бурхониддин чунин мегуяд: «.козй Бурхониддин як марди ахмаки бесаводе буд, бо вучуди он ки раиси рухонтен ва маъмурини адлия ба шумор мерафт, аз хондани хатхои оддй очиз буд.» [19, 28]. Садри Зте дар «Наводири Зтеия» дар хусуси козй Бурхониддин хикоят мекунад, ки Миллер баъд аз он ки консули Русия дар Бухоро таъйин шуд, баъд аз мулокоташ бо амиру кушбегй
козикалонро xoxиши дидан кард. «.Милдир хар кадар сайъ кард, ба хеч як аз мукаддамот (масъалахо)-и сдасй ва таъриxй ва чугрофй ва расмй вукуф (огохй)-ашро мушохида накард... Милдир ба xyд андешид, «Давлате, ки козикалонаш ин аст, пойдор наxoхад шуд. Бечорагоне, ки махкум (дар хукм)-и ин одаманд, чй xайр xoханд дид?!» [17, б5-бб].
Дар баъзе адабиëти таъриxй дида мешавад, ки хатто козикалон аз тарафи кушбегй, яъне наxyствазир ба мансаби козикалонй расидааст. Чунончи А. Фитрат дар рисолаи «Давраи хукмронии амир Олимxoн» меорад, ки козии Fичдyвoн Шарифчон Mаxдyми Садри Зда (1865-1932) баъд аз инкилоби феврал (1917) аз тарафи Насрулло кушбегй ба чои козй Бурхониддин козикалони Бyxoрo шуда буд [19, 28]. Ба фикри мо, ин акида асоси вокеъй надорад, зеро Садри Зда бо пешниходи Насрулло кушбегй ва вакили сиëсии Pyсия Миллер барои ичрои фармони «ислохот» аз тарафи амир козикалони Бyxoрo таъйин шуда буд. Масалан, вакили сиëсии Pyсия Миллер дар як телеграммаи маxфй аз 24 марти соли 1917 ба вазорати корхои xoричии Pyсия фиристодааш менигорад: «Тибки пешниходи ман козикалону раиси Бyxoрo фардо иваз xoханд шуд ва тарафдорони шинoxтаи ислохот коздани Fиждyвoнy Чорчуй Мухаммадшариф ва Абдyсамадxoча, ки о6руйи баланд ва шухрати хамагонй доранд, таъйин xoханд гардид» [7, 27]. Устод Айнй дар ин бобат чунин менигорад: «.15 мохи чамодиюссонии соли 1335 хичрй (29 марти соли 1917 Х.А.) Мирзо Шарифи садр дар Бyxoрo козикалон, як руз пас аз он козии Чорчуй - тараккипарвари машхур Абдyсамадxoча - раис, боз баъди як руз козии Вобканд Орифxoча ба вазифаи муфтии аскар таъйин шуданд. Амир бо ин азлу насбхо Tyë кабинетеро нав кард. Муфтии аскари собик Мусанниф ба Fичдyвoн ва раиси собик Абдyллoxoча ба Чорчуй козй таъйин шуданд» [12, 14б]. Устод Мухамадчон Шакурй дар пoëнгyфтoри «Наводири Зиëия» дар xyсyси козикалон таъйин шудани Садри Зда мегуяд: «Пас аз инкилоби феврали Po^ra амири Бyxoрo мачбур шуд, ки фармони ислохот эълон намояд. Вай бо ин максад Садри Здаро (бидуни огохии пешакй ва пурсидани розигии у) козикалон таъйин кард.» [17, 112]. Устод Айнй дар «Намунаи адабдати точик» сабаби козикалон таъйин шудани Садри Здаро чунин шарх додаст: «Зиë аз чумлаи уламои тараккипарвар ба шумор меравад. Бино бар ин амир Олим дар соли 1917 барои фармони ислохот мумиилайхро дар Бyxoрo козикалон кард» [14, 401]. Аз нигоштахои Садри Зда чунин бар меояд, ки Tyë у xoхишy майлу рагбат ба мансаби козигй надоштааст.Чунончи xyдаш гуфтааст: «Хама вакт аз xизмати козигй мутанаффиру гурезон будам ва ба касе мулозимат намекардам ба умеде, ки шояд аз бахри ман гузаранд, то ки кирдори мурдору атвори нобакори сохибмансабонро набинаму насузам» [17, 108]. Мухаммадчон Шакурй мегуяд: «Лекин боз уро ба козигй мефиристоданд» [17, 108]. Бар ин далел, ки Садри Зда чигунагии ичрои вазифахои козигии xyдрo соли 1906 чунин баëн намудааст:
Гох ичрои шариат буд, гохе дафъи зулм, Алгараз, бекор неву кору боре доштем [17, 108].
Вале А. Фитрат бар xилoфи ин назар, чунин мегуяд: «Мухаммадшарифи садр тарафдори чадидон ба шумор мерафт, лекин хакикатан ин мардро гайр аз мансаби козикалонии Бyxoрo дигар максаде набуд, у козикалониро мероси падари xyд медонист (падараш козикалони Бyxoрo будааст), бинобар он ба хар васила меxoст, ки козикалониро аз Бурхониддин бигирад, барои хусули ин максад аз тарафдории чадидон низ ибо намекард.» [19, 29]. Дар ин маврид шояд хак ба чониби А. Фитрат бошад, аммо инчониб бар ин назараст, ки Садри Зда козии хакпараст, одил ва аз чумлаи равшанфикрон, маорифпарварон ва фозилони замони xyд буда, дар густариши хаëти адабии давр накши бориз гузошта буд. Чунончи Устод Айнй дар «Ёддоштхо» гуфтаи Хайратро овардааст, ки далели ин гуфтахост: «Шарифчoн-маxдyм фозили машхури замони мо буда, хавлии у мактаби адабтети хамин давра аст» [15, 228].
7 апрели соли 1917 фармони «ислохот» эълон шуд ва дар арки Бyxoрo, дар шохидии намояндагони табакахои гуногуни чомеа ва аъзoëни элчиxoнаи рус Насрулло-кушбегй фармонро ба дасти Шарифчон Mаxдyми Садри Зда медихад, ки у фармони ба забони форсй навишташударо бо овози баланд кироат мекунад. Садри Зда, ки яке аз амалисозони фармони «ислохот» буд, аз матни ин фармон огахй надошт. Баъди эълони фармон, оташи фитнае, ки аз тарафи амиру чокаронаш бар мукобили чадидони Бyxoрo афрyxта шуд, домани Садри Здаро низ сузонд. Pyзи 9 апрели соли 1917 Шарифчон Mаxдyми Садри Зиëрo Бурхониддину чокаронаш аз асп афтонда, дар пеши чашми амир латукуб мекунанд. Ч,араëни ин вокеаи шумро Мухаммадалй ибни Мухаммадсайиди Балчувонй дар китоби «Таъртаи нофеъй» муфассал баëн менамояд. Вале муаллиф вокеаро ба соли 1918 нисбат медихад [9, 45-4б]. Садри Зте хамагй 12 руз - аз 29 март то 9 апрели соли 1917 вазифаи козикалониро ичро намудааст. Уро хамон рузе, ки латукуб мекунанд, аз вазифаи козикалонй барканор намуданд. Аммо бояд гуфт, ки амир 9 апрели соли 1917 фармони барканор кардани козикалонро содир накарда, балки то шифо ëфтани Садри Зда муовинаш
Турахоча ин вазифаро анчом медодааст. Ба таъбири донишманди зиндaëд Худойназар Асозода дар китоби «Таърихи aдaбиëти точик» Садри Зиë 31 июли соли 1917 истеъфо медихад, ки аз чониби амири Бухоро кабул мешавад [21, 65]. Аз руйи шаходати Айнй амир мохи шавволи соли 1335 х., яъне баъди се мохи эълони фармон козикалон Шарифчон Махдумро аз вазифа барканор карда, Бурхониддинро такроран козикалон таъйин кард [12, 196]. Худойназар Асозода менависад: «.дар хамаи ин амалхои ноинсофона нисбати Садри Зда дасти пурхуни Бурхониддини кушбегй эхсос мешуд.» [21, 66]. Вале дар асари номбурда иштибох он аст, ки Бурхониддин хеч гох ба мансаби кушбегй (вазирй) нарасида буд. Масалан, баъди эълони фармони «ислохот» амири охирини сулолаи мангит Олимхон Насрулло кушбегиро аз вазифа барканор карда, ба чойи у шахси золиму хунхор Низомиддини Урганчиро таъйин намуд. Дар арафаи фочеаи плесов амир Низомиддини Урганчиро аз вазифаи кушбегй гирифта, ба чойи вай Усмонбек, як мардаки чоплусу ришватситонро таъйин кард, ки то сукути Бухоро бар ин мансаб маслак буд [12, 191, 210]. Масалан, Садри Зда дар «Наводири Здаия» мегуяд, ки: «Усмонбеки кушбегй. Дар сафохат (нодонй) хамокат назиру адил (монанд) надошт. Охирин вузаро (вазирхо)-и Бухоро у буд.» [17, 64].
Бояд тазаккур дод, ки козихои Бухорои Шаркй aмaлиëтхои гуногун гузаронида, аз болои кори хокимон назорат намуда, аз вазъи дохилии бекихо ба амир хабар медоданд. Чунончи таърихшинос А. Кушматов дар асоси мадорики бойгонй кайд менамояд, козии Хисор Мирсаид Махмуд ба амир Абдулахад дар мактуб дар бораи авзои дохилии бекии Хисор баъд аз хоким таъйин шудани Остонакул кушбегй маълумот додааст. Баъд аз таърифу тавсиф зикр гардидааст, ки дар ахди салтанати Абдулмуъмин бинобар аз хад здад будани андозхо кисми бештари ахолии бекй хонахаробу бенаво шуданд. Махсулоти кишоварзй, хатто ба кути лоямути захматкашон басанда набуд. Дар натича, бисëp дехконон ва баъзан кавму кабила ба нохияхои Дехнав, ^лоб, Саричуй ва дигар махалхо куч мебастанд. Остонакул баъди беки Хисор таъйин шудан, сиëсaти мудаббиронаю зираконаро пеш гирифт. Дар натича, бисëp мухочирин ба зодгохашон баргашта, заминхои бекорхобидаро киштукор мекунанд. Баъдан, дар мактуб кайд гардидааст, ки баъди аз тарафи амир ба вазифаи беки Хисор таъйин гардиданаш, мулло Абдулхамидхоча ба ичрои вазифаи худ 0F03 кардааст [2, 88].
Козихои Бухорои Шаркй хукуку ваколати хеле здад доштанд. Дар асл козй дар бекигарй баъди бек шахси дуюм ба хисоб мерафт. Дар аксари хуччатхои бекй дар пахлуи накши мухри бек накши мухри козй низ чой дода шудааст. Козихо ба Faйp аз халли корхои судй, инчунин ба сафарбарии ахолй дар корхои гуногуни мачбурй низ рохбарй менамуданд. Ахолии захматкаш, ба чуз аз ичрои андозхо, инчунин, вазифадор буданд, ки дар таъмири роху пулхо, бушди мадорису масочидхо иштирок намоянд. Масалан, ба яке аз сафарбарихои мачбурии ахолии бекии Хисор козй Абдулфазл рохбарй мекард. Агар бархе дехконон корпартой намоянд, козй фармон медод, ки онхоро латукуб кунанд ва ë ба зиндон андозанд [2, 95]. Дар Бухорои Шаркй хуччатхои конунй ва хукукиро Faйp аз козй ва муфтй мухаррирон тартиб медоданд. Мухаррирони аморату бекигарихоро бо пешниходи козии аморату бекигарихо амир таъйин мекардааст. Ин хулоса аз номахои навиштаи козии Хисор ба амир Абдулахад маълум мегардад, ки онро А. Кушматов дар маколааш овардааст. Масалан, козии Хисор дар номааш ба амир хабар медихад, ки мухаррир мулло Сафар аз олам даргузаштааст ва хохиш мекунад ба чойи вай Fyломмyх,aммaд писари Нурмухаммад - муфтии вилояти Хисор, мухаррири коздати Хисор таъйин карда шавад [2, 92].
^рхои шаръй ва чиной дар ихтиëpи козихо буданд, ки онхо ба табакохои болой тааллук дошта, заминдори калон махсуб меëфтaнд ва мехнаткашонро истисмор мекарданд. Масалан, солхои зиëд Аббосхоча судур (аз дехаи Фатхобод) ном шахс козй буд. Вай бо фармони амир ба ин мансаб таъйин шуда, аз хама здад замин дошт, яъне сохиби 350 манн (хар ман баробари 0,75 гектар) замин буд. Faйp аз ин, вай бо «мархамат» ва «инъоми» амир 400 хочагии дехкониро ба худ танхох карда гирифта буд, ки онхоро мисли Fyломи зархарид кор мефармуд. Дар баробари ин, козй Муллокурбон судури Обигармй 200 манн замин ва 293 хочагии танхох, эшони Шохюсуф, эшони Мирзозухайл, мулло Икром, мулло Мирзои Умед ва дигарон, ки корхои козихонаро ичро мекарданд, замини здад ва дехконони танхохи зиëд доштанд [6]. Козихо аз номи шариат нохак хукм бароварда, бар ивази якчанд табак зaFиp ба амалдорон фурухтани замини дехкононро конунй хисоб мекарданд. Масалан, дар бекигарии Каротегин дехкони кaмбaFaл Асадуллох (аз дараи Мазори ^ë^ дар соли 1916 замини худро дар натичаи мачбурияти иктисодй ба мулло Масех бар ивази чахор табак зaFиp мефурушад ва козй мулло Сулаймон инро конунй хисобида, хукм мебарорад. Дар натича, Асадуллох безамин монда, зану фарзанди худро гузошта, ба водии ФapF0нa ба мардикорй меравад [6], ки чунин мисолхо хеле здаданд.
Хислати торочгарии корбарии козихо на танхо аз руйи корхои шахрвандй, балки аз руйи корхои чиноятй ва чазо додани онхо хам бараъло равшан мегардад. Мисоли равшан, козй Аббoсxoча вакте ки корхои чиноятии чисмониро медид, барои xyни реxтаи чабрдида «товон» доданро хукм мекард. Агар зарари чисмонй «xавфнoк» набуда, чабрдида аз табакаи пoëн бошад, аз гунахкор дах тангаи тилло товон гирифта, панчашро ба xyд нигох дошта ва панчи дигарашро ба бек медод. Агар дар хамин сурат чабрдида аз табакаи боло бошад, козй гунахгорро бо иштироки бек суд карда, панчох-шаст тангаи тилло чарима карда, як кисми онро ба чабрдида, як кисмашро ба бек дода ва кисми дигарашро ба xyд нигох медошт. Агар касе касеро кушад, аз руйи шариат дах хазор танга xyнбахo бояд дихад. Аммо козй Аббoсxoча инро ба дарачахо таксим карда буд: агар кушташуда аз табакаи пoëн бошаду кушанда аз табакаи боло, ба вай панчох тангаи тилло xyнпyлй хукм мекард. Агар баръакси ин бошад, ба камбагал то бист хазор танга товонпулй хукм мекард [б]. Аммо задан ва заxмдoр кардани касе аз тарафи козй, раис, бек ва амалдорон чиноят хисобида намешуд.
^айд кардан ба маврид аст, ки дузди калон xyди козихо, раисхо ва умарову амалдорон буданд. Масъала чунин сурат мегирифт: агар дузд аз табакаи пoëн бошад, аз у чахорсад танга чарима ситонида, мачбур менамуданд, ки тамоми молу ашëи рабудаашро гардонида дихад. Дар ин сурат козй Аббoсxoча аз хар сад танга панч тангаро аз чабрдида ба фоидаи xyд мегирифт [б]. Яъне, аз нигоштахои дар фавк бармеояд, ки куззоти замони амирй xислати табакавй дошт. Онхо, кабл аз хама, химоякунандаи манфиатхои синфи хукмрон ва табакаи дорои чамъият буданд. Хамаи ин далелхо ба тартиб ва мазмуни фаъолияти козихои Бyxoрoи Шаркй даxл доранд, ки мо тартиби чазо додани козй Аббoсxoчарo мисол овардем.
Хулоса, чи гунае ки дар фавк зикр кардем, дар замони амирй истисмор хукмфармо буд. Козихои фасодкору фитнагар доимо барои он мекушиданд, ки xалкрo бо хар рох фиреб дода, ба амиру бекхо ва феодалхо мутеъ кунанд. Дар он замон, ки вожаи «конун» аслан вучуд надошт, козихо аз тарафи амир якумра таъйин мешуданд ва дар сурати талаби синфи хокимро ба чо наовардан, онхо аз вазифа сабукдуш мешуданд. Тамоми тартиботи кори онхо аз ришваю пoраxyрй, гирифтани мухрона, фиску фасод ва аз зулму бедодгарй иборат буд.
Мутаассифона, козихо ва рухондани мунхариф, ки дар асоси ярлики xoнхo «сардори дин» гардида, ба раъият нуфузи xyдрo чорй мекарданд, хама ин амалхои норавои зиддиинсониву исломии умароро аз нигохи Куръон хак мепиндоштанд. Ин буд, ки сoлиëни здаде дар зери фишори саxти идеологияи шуравии «Дин барои xалк афюн аст», «пайваста динро як падидаи сирф иртичой, акибгарой, махсули замони боию феодалй талкин мекарданд, ки ryë чомеаро аз рушду пешравй боз медошта бошад. Таъртаи гузаштаву имруза ин назарияи беасос, бебужд ва аз хакикат фарсаxхo дурро билкул рад мекунад, зеро ба хама маълум гашт, ки имону эътикоди аксари мардумро xарoб ва одамонро ба кучаи сарбаста овард» [20,2]. Хyшбаxтoна, баъди тахлилу баррасии масоили мазкур ба хама маълум гашт, ки «афюни x^^» на дин, балки умарои чохилу золим, xyнxoрy горатгар, муллохои мутаассиби аз дин беxабар, фосику айшпараст ва козихои фасодкору фитнагар ва моли мардyмxyр буданд. Ин нукта бояд арз шавад, ки козй, муфтй, раис, ки маъмури ичрои ахкоми шариат ба хисоб мераванд, хамеша динро хамчун воситаи истисмори x^^ истифода мебурданд.
Ошо (ваф. 1992) ин рафтори норавои зиддиинсонии «хомдани дин»-ро чунин зикр мекунад, ки «.хар кадар ки шумо ба хакикат наздиктаред, ба хамон андоза рухонии мунхариф ба шумо душманй меварзад. Зеро шумо оромиши пайравони уро вайрон мекунед, ба тичорати у xалал мерасонед. Дин барои у тичорат аст, манбаи даромад аст» [10, 197-198].
Сант ^рпал Синга (ваф. 1974) низ дар бораи ин амали шуми козй, муфтй, раис менависад: «Ин гурух бандхои бисëре саxтанд барои нигох доштани мо дар завлонахои бардагй ва чамъиятхои xyд. Хар киро, ки озодандеш аст ва кушиши фирор аз зери чанголи онхо дорад, мулхид, «мунхариф аз рохи Хакк» ном мениханд ва аз масчиду маъбаду калисо меронандаш, таъкибаш мекунанд, ки гyë у дар тасxири чинхост, пайрави шайтон аст.
Мутаассифона, дурии ин гурух аз ин дини хамагонй (Ислом-Х.А.), таълимоти xyшкy берухи онхо одамро душмани одам намудааст. Ба чойи он, ки ишк ба Худованд ва сачда ба зоти Уро таълим диханд, онхо аз дин зиндон сoxта ва xyд нигахбонии ин зиндон ва рохбарии мардумро бар ухда гирифтаанд» [22, 10]. Хамин тавр, давлати Бyxoрo, ки дар ахди Сoмoниëн такя ба дини ислом дошт, бо аз сари кудрат рафтани xoнадoни Сoмoниëн ва ба таxти Бyxoрo нишастани мардуми туркнажод, давлати Бyxoрo дигар хеч гох дар пояи дини ислом чун дар ахди Сомондан устувор нагардид. ^чтени туркнажод аз дину ойин ва тамаддуни исломй бо он таъсире, ки аз ин лихоз мардуми точик мебардоштанд, албатта, ба неруи дар фахмиши пешин нигох доштани ислом кодир
набуданд. Аз ин ру, мардуми точик бо ба тахти Бухоро нишастани кабилахои турку мугул, тадричан пойин фаромадани сатхи илму фарханг ва маърифати исломй пайвандхо дорад. Ба вижа дар ахди хукмронии сулолаи мустабидонаи мангит, бар сабаби дарандагй, зулму ситам, тачовузу таадии амирон... ва хор доштани ислом боиси ривочи куфру бидъат ва бадбахтии мардум гардид. Ин буд, ки давлати Бухоро, ки дар ахди Сомониён бар пояи адлу дод бунёд гардида буд, бар сабаби фиску фучур ва чабру тааддии амирони ситампешаи мангит, пояхои давлат хароб гардида, соли 1920 барои хамешагй аз байн рафт, ки доги нангу ор ва бадномии абадй бо номи ин сулолаи ситамгар карин бод.
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:
1. Ислам. Энциклопедический словарь. М.: Наука, 1991. - 315 с.
2. Кушматов А. Назаре ба усулцои андозситони дар бекии Хисори охири садаи XIX - ибтидои садаи XX. Нацши Хисор дар тамаддуни Шарц. - Душанбе, 2015. - 190 с.
3. Лыкошин Н. (Народные судьи): Бытовой очерк оседлого населения Туркестана //Русский Туркестан: Сборник. - Т. 1: Приложение к газете «Русский Туркестан». - Ташкент: Русский Туркестан, 1899. - С. 19-20.
4. Мууаммадрафи Ансорй. Дастур ал-мулук (устав для государей) предисловие, перевод, примечения и указатели А.Б Вильдановой. - Ташкент: Фан, 1991. - 270 с.
5.Маджлисов А. Аграрные отношения в Восточной Бухаре в XIX - начале XX вв. - Душанбе -Алма-Ата, 1967. - 331 с.
6. Мацлисов О. Дар бораи цозщо //Тоцикистони сурх. - 12. 12. 1951.
7. Мууаммадцон Шакурй. Садри Бухоро. - Чопи 2. - Душанбе, 2005. - 330 с.
8.Мууаммадцон Шакурй. Фитнаи ищилоб дар Бухоро. Аббос Алиев. - Душанбе, 2010. -140 с.
9.Мущммадалй ибни Мущммадсайиди Балцувони. Таърихи нофеъи. - Душанбе, 1994. - 150 с.
10. Ошо. Заратустра: Путь восхождения. - М., 1996. - 321 с.
11.Розщзода А.Ш. Становление милиции Таджикистана. - Душанбе, 2011. - 404 с.
12.Садриддин Айни. Таърихи ищилоби Бухоро.-Душанбе, 1987. - 239 с.
13. Садриддин Айнй. Ёддоштуо. - Душанбе, 2009. - 1087 с.
14.Садриддин Айнй. Намунаи адабиёти тоцик. - Душанбе, 1954. - 448 с.
15. Садриддин Айнй. Кулиёт. - Цилди 7. - Душанбе, 1962. - 648 с.
16.Садриддин Айнй. Таърихи амирони мангитияи Бухоро. - Душанбе, 1966. - 344 с.
17.Садри Зиё. Наводири Зиёия. - Душанбе, 1991. - 123 с.
18. Садри Зиё. Тазкори ашъор. - Теурон: Суруш, 1380. - 428 с.
19. Фитрат. Давраи хукмронии амир Олимхон. - Душанбе, 1991. - 63 с.
20. Фитрат. Мунозира. Душанбе, 1992. - 55 с.
21. Худойназар Асозода. Таърихи адабиёти тоцик. - Душанбе, 2014. - 671 с.
22. Цамшеди Азимпур. Сафири хуршед. - Душанбе, 2008. - 450 с.
23.Шуълаи Ищилоб. - 1920. - №51. - С. 14-15.
24. Энциклопедияи советии тоцик. - Ц. 7. - Душанбе, 1988. - 307 с.