Научная статья на тему 'ВГЛЯД НА ИСТОРИЮ ВАКФА ВОДНЫХ РЕСУРСОВ МАЗОРОВ ХОДЖЕНТСКОГО УЕЗДА В КОНЦЕ XIX И НАЧАЛЕ XX ВВ'

ВГЛЯД НА ИСТОРИЮ ВАКФА ВОДНЫХ РЕСУРСОВ МАЗОРОВ ХОДЖЕНТСКОГО УЕЗДА В КОНЦЕ XIX И НАЧАЛЕ XX ВВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
25
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВАКФНЫЕ УЧРЕЖДЕНИЯ / ХАКОБА / ШАРИАТ / МУТАВАЛЛИ / ШЕЙХ / КАЗИ / ВАКФНАМЕ / МЕЧЕТЬ / ТУРКИСТАН / ЗЕРАФШАНСКИЙ ОКРУГ / ХОДЖЕНТСКИЙ УЕЗД / МЕЛЬНИЦА / МЕРЫ ИЗМЕРЕНИЯ ВОДЫ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Кушматов А.

Среди религиозных учреждений Северного Таджикистана, особенно Ходжент- ского уезда, мазары занимали важное место. Вакф мазаров являлся основным источником их существования, и с другой стороны способствовал упрочению их положения и влияния в обществе. Сильные позиции вакфов мазаров наблюдались не только на равнинных районах, но и в далеких высокогорных краях. Многие состоятельные люди передавали религиозным учреждениям орошаемую воду-хакоба. Хакоба предоставлялась крестьянам на платной основе, цена на которую значительно возрастала. Ряд религиозных учреждений, в нарушение существующих традиций, культуру водопользования превращали в прибыльное дело. Не только земли переданные им в вакф, но и орошаемую воду, превращали в прибыльный товар.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

A POINT VIEW TO THE HISTORY VAQFS WATER RESOURCES OF MAZARS KHUJAND OKRUG IN THE END XIX BEGINNING XX CENTURIES

Among religious institutions of the northern Tajikistan, epically Khujand uezd, mazars of vaqfs. Vaqfs mazars are the main sauces its existence, on the other hand based on its possession and influences in society. The main strong position of vaqf mazars are observed not only in plains regions, but also in far mountains edges. Many of wealthy people gave to the vaqfs institutions of water vaqfs-hakoba. Hako- ba gives to the peasants on a fee-paying base, the value was so higt. A lot of religions institutions in a violation of traditions and culture water using turned to profit business, not only the lands of vaqfs, but also irrigable waters, turned to its profit goods.

Текст научной работы на тему «ВГЛЯД НА ИСТОРИЮ ВАКФА ВОДНЫХ РЕСУРСОВ МАЗОРОВ ХОДЖЕНТСКОГО УЕЗДА В КОНЦЕ XIX И НАЧАЛЕ XX ВВ»

ТАЪРИХ- ИСТОРИЯ - HISTOR Y ♦-»

УДК: 726.1/7(575.31) (09)

НИГОХЕ БА ТАЪРИХИ ХАЦОБАИ* ВАКфИ МАЗОРХОИ УЕЗДИ ХУЧАНД ДАР ОХИРИ АСРИ XIX ВА ИБТИДОИ АСРИ XX

ЦУШМАТОВ а.,

Донишгохи миллии Точикистон

Дар низоми заминдории Туркистон хочагихои феодалии амлоки вакф, ки дорои заминхои хеле хосилхез ва обёришаванда буданд, макоми мухим доштанд. Бисёр муассисоти дини ислом, аз чумла мазорхо дар баробари за-мин, оби обёриро низ вакф карда буданд.

Аз он ки дар Шимоли Точикистон, аз чумла уезди Хучанд, чун дар та-моми генерал-губернатории Туркистон бисёр замину об ба муассисоти динй тааллук доштанд, амалдорони Хукумати подшохии Россия чиддан ба ташвиш омада буданд. Бинобар ин, масъалаи истифодаи замину об борхо дар мако-моти гуногун мухокима шуда буд.Кишоварзии Туркистон бо истифодаи об зич алокаманд буд.

Дар макола дар заминаи омузиши таълифоти зиёди дастхатхои кадима ва асримиёнагй, асархои чугрофй, рисолахои гуногун, хуччату санадхои чадиди бойгонй, вакфномахо, маълумоти тахкикотхои монографй ва мат-буоти даврй тасвир намудани чанбахои мухталифи ин масъалаи нихоят мухимми таърихи хакобаи вакфи мазорхои уезди Хучанд дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX сухан меравад.

Баъзе чанбахои макола ба масъалахои идораи низоми обёрй ва истифодаи ченакхои давраи мавриди омузиш бахшида шудааст. Дар макола, инчу-нин, навъхои заминдорй, андозситонй, зироаткорй ва таърихи хакобаи мазорхои уезди Хучанд дар асрхои XIX ибтидои асри XX инъикос шудаанд.

Мазори Хоча Бокиргон-яке аз кадимтарин мазорхои Шимоли Точикистон буда, таъсиси онро ба соли 1195 нисбат медиханд, дорои амлоки вакфи зиёде буд.Вакте намояндагони идораи вилояти Самарканд хакконияти вакфи мазорро тафтиш карданд, мутаввалии он Мирзокосими Мирзопочо 8 июни соли 1887 ба дасти тафтишкунандагон нух адад хуччат дод. Мувофики ин санадхо мазор солхои зиёд сохиби вакф буд. Ин хуччатхоро ёрдамчии гу-бернатори харбй, полковник Арванитаки, подполковник Яснополский, му-шовири коллечи Филимонов ва В.Л. Вяткин, ки баъдхо муаррих-олими намо-ён шуд, тафтиш карда баромаданд.

Яке аз ин гуна санадхои аввалин маншури Абулфайзи Мухаммадхон-яке аз амирони темурй аст, ки санааш соли 903 хичрй ё 1497 милодй мебошад. Дар ин маншур моли вадф номбар шудааст ва мухимаш ченакхое оварда шудаанд, ки аз руи онхо миддори оби барои обёрй мерафтагиро хисоб мекар-данд;

1. Осиё, як осиё об-калонтарин ченаки об, ки ба гардиши як чархи осиё кифоят мекард ва барои обёрии 300-350 таноб замини кишт мерасид;

2. Об, як об-миддори обе, ки тадрибан ба хафтяки як осиё об баробар буд ва бо он сарфаи шабонарузии оберо хисоб мекарданд, ки аз як осиёб об гирифта мешуд;

3. ^абза, як кабза об-шараёни обе, ки гафсиаш баробари хачми мушти одам буд;

4. Бармок, як бармок об-шараёни обе, ки гафсиаш баробари нарангушти одам буд. Ба мазор оби нахри Гулакандоз (хозира нахри Хоча Бодиргон) вадф шуда буд ва мазор ба намуди хадоба* хеле пул меситонд. Х,адоба, яъне хадди об он музде буд, ки дехдонон барои истифодаи об ба мазор медоданд ва ин пули кам набудДамон солхо оби Гулакандоз ба 12 чуй тадсим шуда буду хар як чуй шабу руз чорй гашта, фоидаи калон медод. Дар охирхои асри XIX нахр ба 12 не, балки ба 20 чуй тадсим шуда мерафт. Бояд гуфт, ки дар ин муд-дат тамоми даромади мазор аз андоз озод буд.

Таърихи санади дуюм соли 1221 хичрй ё 1806-07 милодй аст ва он фар-мони Мухаммади Атолид аст, ки бо амри амири Бухоро баровардааст5. Маълум, ки дар ибтидои асри XIX барои сохиб шудан ба Хучанду Уротеппа (Истаравшан) байни ^уданду Бухоро муборизаи хунин мерафт. Азбаски дар санад номи амири Бухоро хаст, гуфтан мумкин ки хамон солхо Хучанд дар тасарруфи Бухоро будааст. Дар ин давра, дар хамон давра амири Бухоро Х,айдар буд, ки солхои 1800-1826 хукм рондааст6. Аз ин санад хам бармеояд, ки сарвати мазор сол ба сол меафзуд. Масалан, мувофики он мазор на факат аз оби Гулакандоз, балки аз оби чуйи ^истакуз хам хадоба мегирифт.

Дар ин хуччат худуди заминхои мазор ба дарачае муайян карда шуд, ки он лаб-лаби чуйи ^ушбегй аз Ч,индихона сар мешуд ва дар худи мазор ба охир мерасид. Дар ин санад таъкид карда мешуд, ки хам молу мулки вадфи мазор ва хам молу мулки Мирзошохмухсину Мирзодозиву Мирзониёзу баро-дарону авлодони онхо аз хама гуна хирочу андоз озод мебошанд. Ч,олиби диддат аст, ки дар ин санад баъзе намудхои нави хирочу андози аз мардум чамъоваримешуда ном бурда шудаанд.

Санади сеюм фармону супоришоти хони ^уданд Мухаммадалихон аст, ки солхои 1822 ва 1832-1833 оид ба вадфи мазори Хоча Бодиргон бароварда

* Х,акоба-яъне уащы об он музде буд,ки дещонон барои истифодаи об ба мазор медоданд.

аст7. Дар ин санад илова ба зикри номгуи молу мулк ва микдору андозаи онхо дастури наве хаст, ки мутаваллии мазор бояд вазифаи шайхи мазор ва козии нохияро хам дар ухда дошта бошад. Яъне, тамоми хокимият дар махал-хам хокимияти маъмурй ва хам судй, аниктараш, тамоми инони сиёсию и;ти-содию ичтимоии нохия ба дасти мутаваллии мазор гузашт. Ин гуна ходисахо дар дигар чойхо хам мешуданд. Масалан, дар ибтидои асри XVIII дар Уро-теппа (Истаравшан) хам хокимияти маъмурию судй дар дасти феодалони рухонй буд.

Модоме тамоми хокимият ба дасти мутаваллихо гузашт, онхо факат конунхое мебароварданд, ки ба манфиати худашон бошад. Масалан, бо тахрики мутаваллихо соли 1238 хичрй (1822 милодй) маншуре баромад, ки тамоми хирочу андозхои заминхои давлатии атрофи мазорхо ва ичорапулии ичорагирони заминхои вакфи мазор бояд ба дасти мутаваллии мазор дода шаванд8. Худи молу мулки мутаваллй он тараф истад, молу мулки Мирзониёз Мирзомусову Мирзохочй барин акаву бародарони вай аз хироч озод карда шуданд. Аз руйи ин санадхо молу мулки мазор боз афзудааст-як кабза оби чуйи Мухаммади Окбута-бий ва Мухаммади Рахим-бий вакфи мазор шуда-аст, пеш киштзори мазор як мил бошад, акнун се мил* шудааст, осиёхои чуйхои Гулакандозу ^истакуз хам моли мазор шудаанд.

Дар ин санад як ишорате хаст, ки маънои чукур дорад - дар хуччат гуф-та шудааст, ки ба молу мулки мутаваллй ва шайххои мазор дигар ягон даъво-гар набаромад. Пас, маълум мешавад, ки мубориза барои сохиб шудан ба ин даромади калони бедардимиён катъ нашуда, доимо давом доштааст. Сабаб аз як тараф, харисии эшонхо бошад, аз тарафи дигар, норавшании баъзе нуктахои меросгирии молу мулки вакф буд. Дар вакфнома навишта мешуд, ки вакфдех мутаваллй асту баъди мурданаш ягон писараш ё хешу табораш мутаваллй мешавад. Бо мурури замон хешу табори мутаваллй торафт зиёд мешуду хар яке даъвои мутаваллигй мекард ва хар яке дар даст хуччат дошт, ки хешу табори мутаваллй аст.

Аз ин сабаб хархаша ба дарачае мерасид, ки андак-мундак мансабдорон онро хал карда наметавонистанд ва дар ин хел мавридхо бевосита ба амир ё хон мурочиат мекарданд, вай махсус фармон бароварда, чанчолро катъ мекард.

*Се мил-андозаи масофаест,ки баъди маъмул шудани системаи метри аз истеъмол баромад. Андозаи аници мил маълум не. Устод Айни онро "камтар аз се километр" гуфтааст. "Фаруанги забони тоцикй"онро "сеяки фарсах"мегуяд. Мувофици баъзе маълумотуо мил баробари 4000 цадам ё 4000 газ будааст. Дар ин маврид гуфтан мумкин аст,ки 1мил замин тахминан 740 десятина замин буд.

Одатан мувоФики ин хел фармонхо як ë якчанд кас мyтасаддии чойхои даромаднок таъйин шyда, ба ононе, ки мансаб нарасид, ягон имтдаз дода мешyд, масалан, молу мулки онхо хам аз андоз озод карда мешyд ва ë махсyс таъкид карда мешуд, ки боз даъвои молу мулк кунанд, таъзир мешаванд. Мо чанд хуччатро дида баромадем, ки дар онхо тамоми хусусияти ин кабил мавод равшан инъикос шудаанд ва бокй дигар хуччатхо ба истиснои дигар-гунихои ночиз аз ин хуччатхо фарке надоранд.

Дар охирхои асри XIX дар натичаи махдуд карда шудани моликияти муассисахои динй о6рую эътибори шайххову мутаваллихои мазори Хоча Бокиргон хеле кохид. Бисëp дехкононе, ки заминхои вакфи мазорро ичора ги-рифта, махсули араки чабини худро муфт ба мутаваллй медоданд, низ аз чон безор шуда, хукуки мазорро ба ин заминхо зери шубха гузоштанд ва рУйирост гуфтанд, ки махсули мехнати онхоро кашида гирифтани муфтхуро-ни мазор беинсофй аст. Аз руйи шикояти мутаваллии мазор бо фармони сар-дори уезди Хучанд ба он чо комиссияи махсус фиристода шуд, ки мохияти масъаларо тафтиш кунад. Комиссия бори дигар тамоми заминхои вакфи мазорро чен карда баромад, худи мутаваллиро тафтиш кард.

Мутаваллй гуфт, ки аз 16 хонаводаи дехконон, ки 25 таноб заминро киштукор мекунанд, факат 8 хонавода соле ба мазор яксумй андоз медиханд. Аз заминхои лалмй ба сифати назри мазор аз хар хирман як галберй гандум медиханд, ки такрибан як пуд аст. Баъди тафтиши дурудароз комиссия ба чу-нин карор омад, ки мазори Хоча Бокиргон кайхост, ки ба тамоми ин киштзо-ру анхор хукуке надорад, лекин ба 12 шайхи мазор аз хисоби заминхои вакф хеле замин чудо карданд ва хукук додаанд, ки аз чуйи Куза Буйин ба муддати 10,5 шабонаруз об гиранд. Бокй заминхои вакф ба ихтдари давлат гузаштанд ва ба ичорагирони пештара дода шуданд, вале онхо акнун андозро ба давлат месупурданд. Баъдтар 3 марти соли 1905 бо карори идораи вилоятии Самарканд вакфхои Хоча Бокиргон бекор карда шуданд9.

Мо факат хакобаи як мазори Хоча Бокиргонро дидем, хол он ки дар худи Хучанд мазори бисëpy шайхи бисëpе буду оид ба масъалаи хакоба хар яке арзи даъвои здади худро дошт. Масалан, мазори Х,азрати Бобо 40-45 шайх дошту хар яки онхо барои хакоба аз дехконон соле 500 сум пул мегундо-штанд, мазори Хоча Мохруй 3 шайх, мазори Тура Бобохон 2 шайх, мазори Хоча ^обил 5 шайх, мазори Хоча Бакробод 6 шайх, мазори Хоча Камол 6 шайх, мазори Бобои Зжрат-ато 4 шайх, мазори Шайх Муслихиддин соли 1915-80 шайх дошт10. Албатта, он урфу одату анъанахоеро, ки решаи чанди-насра доштанд, дар муддати кутох дигар кардан кори осон набуд ва дарвокеъ, хукуматдорони маъмурияти подшохй дар Туркистон харчанд чора-

ву тадбирхои катъй меандешиданд, вале пояи дину намояндагони он дар он давра хануз устувор буд ва афзудани шумораи шайххо яке аз далелхои ин даъво аст. Гайр аз ин, бояд гуфт, ки мисли мазори Шайх Муслихиддин, Хоча Бокиргон дар Шимоли Точикистон боз бисёр, хеле бисёр мазорхои сервакфи сердаромад буданду сарвату давлату зиёде доштанд.

Масалан, як худи мазори Абдурахмон-ато дар нохияи Спитамен 12 хазор десятина* киштзору хазорхо дехконони дастнигарро сохиб буд. Мазор ба намуди хакоба аз дехконон хеле пул меситонд. Хакоба, яъне хакки об он музде буд, ки хамаи сокинон барои истифодаи об ба мутаваллии мазор медо-данд.

Афзудани сарвати шайху эшонхо ин бенавошавию бештар кашокшавии ахли мехнат буд ва маълум, ки норозигй ва кахру газаби мардум хам меафзуд. Алалхусус, дар Шимоли Точикистон ба мухокима кашидани козибозй бисёр буд.

Масалан, тамоми мардуми дехаи Лангари волости Нов (холо нохияи Спитамен) аз мутаваллии мазори Абдурахмон-ато Додо хочии Авлиёхоча даъвогар шуданд, ки 12 хазор десятина заминро нохак гирифтааст ва бо нар-хи баланд аз дехконон хакоба меситонад.

^озй дар асоси шариат хукм кард, ки даъвои мардум нохак асту замин моли халоли мазор. Лекин генерал-губернатори Самарканд хукми козиро бе-кор карда карор баровард, ки тамоми заминхои мазор ба ихтиёри давлат до-да шавандп.Ин хел вокеахо кам набуданд.

Баъд хаминро хам бояд ба назар гирифт, ки микдори умумии заминхои вакф хам хеле зиёд буданд. Масалан, дар як участкаи Савати уезди Хучанд мувофики руйхати пристав, ки 28 июли соли 1907 тартиб дода будааст, ин кадар замини вакф ба хисоб гирифта шудааст: дар кишлоки Фируз-180 десятина, Чакир-70 десятина; Баландчакир-70 десятина; Варкин-160 десятина; Чулангар-60 десятина; Сармич-42 десятина, Намеган-120 десятина, Уштургон-106 десятина; Ч,андагул-6 десятина; ^ушканд-40 десятина; Хоча Мушкент-200 десятина.

Дар микёси умумии заминхои кишт хиссаи заминхои вакф хеле бартарй дошт. Ин холатро мо дар хар як нохияи Шимоли Точикистон дида метавони-стем, алалхусус Волостхои Нову (Спитамен), Гулакандозу ^истакуз сер-вакфтар буданд.

Дар вакфи мазорхои Истаравшан об бисёр буд.Масалан, мазорхои Хазрати Махдуми Хоразмй ва хазрати Юсуфхочии махаллаи Сари Мазор гайр аз заминхои бисёр боз яке 1/8 об ва дигаре аз чуйи Чакиру Чубек 2 куш об дошт. Ин гапхо дар вакфномаи мазори Юсуфхочй, ки соли 1874 козии

* Десятина- андозаи русии масоуати замин баробари чор таноб ё 1,09 гектар.

вилояти Истаравшан тартиб дода буд, кайд шудааст12. Дар вакфия гуфта ме-шавад, ки писарони Усто Нурмухаммад- Ниёзмухаммад ва Мухаммадхочй ба назди козй омада, хаштяки оби чуйи дехаи Сармичро ба мухлати як навбат дар хар бист шабонаруз ва заминхои аз ин об шодобшавандаро ба мазор вакф карданд. Шарти вакфдехон хамин буд, ки даромади вакфро пурра шайху имоми мазор гиранд ва мохе ду маротиба ба арвохи падари вакфдехон ^уръонро пурра тиловат кунанд. Дар таги ин вакфия мухри козй Саидмахмуд валади Мухаммадмахсум низ хаст.

Мавриди зикр аст, ки мувофики маълумоти расмии солхои 80-уми асри XIX шумораи вакфхо дар округи Зарафшон ба 50713 мерасиду дар ихтиёри онхо хазорхо таноб заминхои кишт буд. Дар болооби водии Зарафшон зиёда аз сй мазори калон хаст, ки ба асрхои Х1-Х1Х тааллук доранд ва хар яки онхо алокадри холи худ вакф доштанд14. Гайр аз ин дар ихтиёри ин мазорхо оби бисёр буд, ки дар шароити Осиёи Марказй сарвати бебахое буд ва ба намуди хакоба ба шайххо фоидаи зиёде меовард.

Бештар аз хама чанчол дар болои об ва хакоба мешуд. Солхои 1897-1898 комиссияи махсус шикояти сокинони волостхои ^истакуз ва Унчии уезди Хучандро, ки хукукашон дар истифодаи оби обёрй поймол шуда буд, тафтиш кард. Мардум шикоят карданд, ки нархи об, хакоба нихоят баланд буда, тамоми обро бойхои Хучанду ^атаган сохибй кардаанду намемонанд, ки мардум аз чуйхо катрае об гиранд. Дар натича, аз беобй богу киштзори мардум сухта рафтаасту одамон на факат кудрати андоздихй, балки нони хурданй надоранду бисёрихо аз гушнагй мурда истодаанд.

Бахсу мунозира аз он сабаб рух медод, ки оби обёриро бо нархи баланд ба сокинон-дехконон мефурухтанд. Мувофики тафтиши комиссияи махсус, генерал-губернатори Туркистон 11-уми майи соли 1898 карори махсус баро-вард. Дар ин карор гуфта мешуд, ки баъзе вакфдорони Хучанд бар хилофи асосии истифодаи об ва хатто бар хилофи коидаву конунхои шариат худи за-минро алохида хисоб кардаанду обро хам алохида хисоб кардаанд, яъне ба-рои замин алохида андоз мегиранду барои об алохида хол он ки аз руйи ко-ида замини киштро бо обаш ба ичора додан даркор буд. Масалан, вакфдоро-ни мадрасаи хиштини Хучанд оби чуйхои Чуголу Мугул ва вакфдорони мад-расаи Хочй Амин оби чуйи Овчиро аз худ кардаанду аз чое, ки оби ин чуйхо меравад, аз мардум як кисми хосили заминашонро кашида гирифтаанд.

Дар карори генерал-губернатор гуфта мешуд, ки ин вазъиятро бояд ба тафсил тафтиш кард. Сокинони уезди Хучанд дар боби худсарии муассисоти вакф дар масъалаи истифодаи об ба маъмурияти вилояти Самарканд низ шикоят кардаанд. Ходимони масчиди Ойим ба вакфи як ченак оби дехаи

Исфисор, (холо нохияи Бобочон Fафypов) ходимони масчиди хоча Камолид-дин, ки дар дехаи Говхона вокеъ аст, ба нисфи ченаки об молик шyданд; ба вакфи мадрасаи Хоча Камолиддин бошад нисфи ченаки об, ба вакфи Бибй Ойша, дyхтаpи Домулло Зохидбой барои тиловати ^уръон ба арвохи гузаш-тагон якуним юхча, яъне се кубур оби чуй6ори Шyхнак тааллук дошт. Вакфи мадрасаи Бадеи Охалик аз чор ба як навбат оби махаллаи ^алъача хукук дошт15.

Генерал-губернатори Туркистон душворихои зиëди истифодаи хакоба-ро, ки ба ин бештар муассисоти вакф гунахкор буд, ба назар гирифта, ба сар-дори уезди Хучанд супориш дод, ки ин масъаларо муайян кунад: оби ба вакфи муассисоти динии зикршуда бахшидашуда чй гуна сарф мешавад; оë муассисахо вазифадоранд, ки оби вакфро барои эхтиëчоти худ ва обëpии за-минхояшон истифода баранд ë дар ваколатнома зикр шудааст, ки ба мутаваллихо хукук дода шудааст оби обëpиpо ба манбаи муомилот ва даромади муфти худ табдил диханд ва дар сурати ичозат шудани ваколатномаи вакф ба кй ва ба чй микдор подош фypyшанд?

Муайян кардан лозим буд, ки чаро сокинон хукуки обдории худро (агар онхо мувофики шариат ва таомул ба ин хукук дошта бошанд), химоя наме-карданд ва барои обе, ки аз чуй6орхои Шyхнак ва Амин мегирифтанд, пул медоданд? Агар сокинони кишлокхо хамрохи фypyшандагони об дар кофтани чуйхо иштирок карда бошанд, пас дар кадом асос дар истифодаи об ба муассисоти вакф мутеъ мешуданд?

Х,алли ин масъалахо ба бисëp душворию зиддиятхо вобаста буданд, ки дар шариат ва хуччатхои расмии конунии мусулмонй дучор мешуданд. Бино-бар ин, маъмурияти уезди Хучанд ба Анчумани козиëти Хучанд таклиф кард, ки хамрохи муфтию эшонхои маъруф хулосаи возеху аник тартиб диханд; оë шариат ба подоши доимй ë муваккатй фypyхтани оби чуй6орхоро чудо аз замин раво дониста буд, агар раво дониста бошад, махз дар кадом холат ва ша-роит? Oë шариат ба он рох дода буд, ки козихо ба фypyхтани чунин обхо ва-сика ë дигар хуччатхо тартиб диханд? Oë муассисоти вакф вазифадор буд оби вакфро барои обëpии заминхои худ истифода барад ë ба касе ки хохад, фypyшад? Ч,авоби хамаи саволхо бояд ба замимаи иктибоси дахлдор аз ки-тобхои шариат асоснок карда мешуданд16.

Аз тахкики масоилхои поймол шудани хукуки истифодаи оби обëpй ошкор шуд, ки дар «Низомномаи идораи кишвари Туркистон» ва дастури амалдорони обëpй нисбати халли низоъхои pyйдода нишондоди муайян сабт нагашта буд. Одатан мубохисахо оид ба оби обëpиpо козй хал мекард ва намояндагони тарафхои манфиатдорро оштй медод. ^озй танхо созиши

хосилшударо тасдик менамуд. Агар тарафхо розй набошанд, корро худи Хон хал мекард. Хон даъвои намояндагони тарафхоро шунида, карори катъй ме-баровард.

Бахсхои истифодаи оби обёрй аз он сабаб ин тарик хал мешуданд, ки мувофики конуни мусалмонй «Ширба», яъне хукуки истифодаи об на хукуки мулкдорй, балки танхо имтиёзи истифодаи об буд. Амалияи халли бахсхо далолат менамуд, ки хатто дахолати маъмурияти хукумати подшохй ба халли мусбати масъалаи истифодаи об асар намекард.

Хуллас, вакфи мазорот яке аз шаклхои маъмули заминдории феодалй буд, ки дар дасти синфи хукмрон ва пеш аз хама, дар дасти пешвоёни дин чун василаи тавонои хукмронй хизмат мекард ва дар айни хол манбаи калони моддии муассисахои динй ва воситаи бойшавии шайху эшонхо ба шумор ме-рафт. Ин вакф, асосан, вакфи авлодй буда, аз тамоми намудхои бочу андоз озод карда мешуд.

Баъди аз чониби Русия истило шудани Осиёи Хукумати подшохии Русия барои махдуд кардани худсарию беинсофии пешвоёни дини ислом ва аз хама мухимаш, барои афзун кардани даромади худ аз хисоби ахли мехнат,ки он даромад асосан ба чайби рохбарони дин медаромаду акнун мебоист ба ха-зинаи хукумати подшохй дарояд, чандин чораву тадбирхо андешида, вусъати ин шакли заминдории феодалиро хеле танг кард, ки ба андозае чихати мусбат дошт, зеро ба дарачае бунёди муносибатхои феодалиро суст мекард.

АДАБИЁТ

1. Кушматов А. Вакф. (Намудхои заминдории вакф дар Шимоли Точикистон дар солхои 1870-1917)./А. Кушматов. -Душанбе: Ирфон, 1990.- С.154.

2. АДМ Ч,умхурии Узбекистан, ф.18, р.1.д.10297,в.6.

3. АДМ Ч,умхурии Узбекистон, ф.18, р.1.д.10297,в.6.

4. Мухторов А. Дилшод и ее место в истории общественной мысли таджикского народа в XIX -начале XX вв./А.Мухторов. - Душанбе, 1969. - С.12.

5. АДМ Ч,умхурии Узбекистон, ф.18, р.1.д.10297,в.6.

6. АДМ Ч,умхурии Узбекистон, ф.18, р.1.д.10297,в.6.

7. Андозаи масофаест, ки баъди маъмул шудани системаи метрй аз истеъмол баромад. Андозаи аники мил маълум не. Садриддин Айнй онро «камтар аз се километр» гуфтааст. «Фарханги забони точикй» онро «сеяки фарсах» мегуяд. Мувофики баъзе маълумотхо мил баробари 4000 кадам ё 4000 газ будааст. Дар ин маврид гуфтан мумкин, ки 1 мил замин тахминан 740 десятина замин буд.

8. АДМ Ч,умхурии Узбекистон, ф.18,р.1.д.10297,В. 81.-88.

9. АДМ Ч,умхурии Точикистон, ф.1, )оп.1.д.955,в.5; Ниг.ф.1,р.1, д.756,в.37-40.

10. Десятина - андозаи русии масохати замин баробари чор таноб ё 1, 09 гектар.

11. АДМ Ч,умхурии Точикистон, ф.1, р.5.д.9,в.147.

12. АДМ Ч,умхурии Узбекистон, ф.18, р.1. д.10068, в.7,10,11.

13. Емельянов Н. Численность вакфов Туркестанского края-//Туркистанские ведомости, 1887, №2,

14. Кушматов А. Вакф. (Намудхои заминдории вакф дар Шимоли Точикистон дар солхои 1870-1917)./А.Кушматов. - Душанбе: Ирфон, 1990. - С .154.

15. АМД Ч,ум^урии Точикистон, ф.1, р.1. д.1698, в.12.

16. АМД Ч,ум^урии Точикистон, ф.1, р.1. д.1698, в.13.

НИГО^Е БА ТАЪРИХИ ^АЦОБАИ ВАЦФИ МАЗОРХОИ УЕЗДИ ХУЧАНД ДАР ОХИРИ АСРИ XIX ВА ИБТИДОИ АСРИ XX

Дар байни муассисахои динии Шимоли Точикистон, аз чумла уезди Хучанд, мазорхо макоми асосй доранд. Вакфи мазорхо, ки василаи асосии вучуди онхо, воси-таи тавоной, таъсиру нуфузи онхо мебошад, на факат дар водй, балки дар кухистон хам шумораи мазорхои вакфдор хеле бисёр буд.

Бисёр муассисоти динии уезди Хучанд, бар хилофи коидаи асосии хукуки обдорй, заминро аз чуйборе, ки обёрй мекарданд ва оби чуйборро ба василаи махсу-си муомилот, табдил медоданд.

Калидвожа^о: муассисоти вацф, ^ацоба, шариат, мутаваллй, шайх, эшон, цозй, вацфнома, мансабуои дини, масцид, хонацоц, Туркистон, уезди Хуцанд, округи За-рафшон, хон, Осиё, як осиё об, об, як об, цабза, як цабза об, бармоц, як бармоц об.

ВГЛЯД НА ИСТОРИЮ ВАКФА ВОДНЫХ РЕСУРСОВ МАЗОРОВ ХОДЖЕНТСКОГО УЕЗДА В КОНЦЕ XIX И НАЧАЛЕ XX ВВ.

Среди религиозных учреждений Северного Таджикистана, особенно Ходжент-ского уезда, мазары занимали важное место. Вакф мазаров являлся основным источником их существования, и с другой стороны способствовал упрочению их положения и влияния в обществе. Сильные позиции вакфов мазаров наблюдались не только на равнинных районах, но и в далеких высокогорных краях.

Многие состоятельные люди передавали религиозным учреждениям орошаемую воду-хакоба. Хакоба предоставлялась крестьянам на платной основе, цена на которую значительно возрастала.

Ряд религиозных учреждений, в нарушение существующих традиций, культуру водопользования превращали в прибыльное дело. Не только земли переданные им в вакф, но и орошаемую воду, превращали в прибыльный товар.

Ключевые слова: вакфные учреждения, хакоба, шариат, мутавалли, шейх, кази, вакфнаме, мечеть, Туркистан, Зерафшанский округ, Ходжентский уезд, мельница, меры измерения воды.

A POINT VIEW TO THE HISTORY VAQFS WATER RESOURCES OF MAZARS

KHUJAND OKRUG IN THE END XIX BEGINNING XX CENTURIES

Among religious institutions of the northern Tajikistan, epically Khujand uezd, mazars of vaqfs. Vaqfs mazars are the main sauces its existence, on the other hand based on its possession and influences in society. The main strong position of vaqf mazars are observed not only in plains regions, but also in far mountains edges.

Many of wealthy people gave to the vaqfs institutions of water vaqfs-hakoba. Hako-ba gives to the peasants on a fee-paying base, the value was so higt.

A lot of religions institutions in a violation of traditions and culture water using turned to profit business, not only the lands of vaqfs, but also irrigable waters, turned to its profit goods.

Key words: vaqf institutions, hakoba, shariat, matavali, sheikh, qazi, vaqfname, mosqie, Turkistan, Zerafshan okrug, Khujand uezd, measure of water.

Сведения об авторе: Кушматов А.-Таджикский национальный университет, доктор исторических наук, профессор. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, проспект Рудаки, 17. Телефон (+992) 919-666917.

Information about the author: Kushmatov A.-Tajik National University, Doctor of Historical Sciences, Professor. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki avenue, 17. Phone (+992) 919-666917.

УДК: 902.7(575.3)

ЗООМОРФНЫЕ МОТИВЫ В ДЕКОРЕ ИЗДЕЛИЙ ТРАДИЦИОННОГО ВЯЗАНИЯ ТАДЖИКОВ

КАМОЛ Х., СОДИКОВА С. А., Институт истории, археологии и этнографии им. А.Дониша

Большой интерес представляет анализ художественного аспекта вязального ремесла таджиков, а именно принципов орнаментации, которых придерживались народные мастерицы, особенно в Горном Таджикистане. Граф А. А. Бобринский писал, что именно благодаря узору предметы их вязального рукоделия имеют «свой особый отпечаток, свой собственный стиль, стиль горных таджиков» [4, с. 17].

Большое значение в декоре этих изделий, среди которых наибольшую известность приобрели джурабы, придается узорам зооморфного характера. Все они заключают в себе магически-сакральное значение. Они защищают от дурного глаза, символизируют плодородие, пожелание блаженной жизни. «Дикие животные выступали обитателями иного мира, мира сверхъестественных существ, предков», - отмечает Н. А. Хакимова [9, с. 134].

Типичными примерами зооморфных узоров являются композиции под названиями паи пишак («кошачий след»), нохуни паланг («коготь тигра»), каж-думак («скорпион»), пайи гург / вурджбидх («след волка»), чорчашм («четырехглазый»), аждарпайкар («тело дракона»), чашмак / сифцак («глаз»). Эти изображения самым тесным образом связаны со скотоводством и охотой - издавна более распространенными занятиями таджикских горцев.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.