Научная статья на тему 'ВЗАИМОСВЯЗЬ ПОЗНАНИЯ И ЧУВСТВА ПРИ ЧТЕНИИ И АНАЛИЗЕ ХУДОЖЕСТВЕННОГО ТЕКСТА'

ВЗАИМОСВЯЗЬ ПОЗНАНИЯ И ЧУВСТВА ПРИ ЧТЕНИИ И АНАЛИЗЕ ХУДОЖЕСТВЕННОГО ТЕКСТА Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
28
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИССЛЕДОВАНИЯ / РАЗЛИЧНЫЕ СТОРОНЫ / ЛИТЕРАТУРЕ / ЗАДАЧИ / АКТУАЛЬНЫЕ ПРОБЛЕМЫ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Муллоев А.

В данной статье рассматриваются актуальные проблемы формирования и развития познания и изучения литературы, поиск особых подходов к решению паставленной задачи, а также вопросы чтения и исследования художественного текста в литературе. На основе анализя и чтения художественного текста решаются различные стороны эстетическое учения и мативов творениях литературы.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

INTERCONNECTION KNOWLEDGE AND FEELINGS AT READINGS AND THE ANALYSIS OF THE ART TEXT

An actual problems of formation and development of knowledge and literature study, search of special approaches to decisions of put problems, and also questions of reading and research of the art text in the literature are reviewed in this article. Various parties of aesthetic doctrines and frost creations of the literature are solved on a basis of the analysis and reading of the art text

Текст научной работы на тему «ВЗАИМОСВЯЗЬ ПОЗНАНИЯ И ЧУВСТВА ПРИ ЧТЕНИИ И АНАЛИЗЕ ХУДОЖЕСТВЕННОГО ТЕКСТА»

СИНТАКСИЧЕСКИЙ АНАЛИЗ АДВЕРБИАЛОВ В РАЗНОСИСТЕМНЫХ ЯЗЫКАХ

Ходжаева С .О.

В данной статье говориться о том, что в словообразовании наречий как в таджикском языке, так и в английском, морфологическая структура качественных наречий отличается предельной четкостью: во всех них вычленяется основа прилагательного. С синтаксической точки зрения между наречиями в рассматриваемых языках обнаружено больше различий, чем сходств. Общими в обоих языках являются определительные функции: обозначение признака действия, состояния и другого признака в сочетаниях с глаголами и прилагательными.

Ключевые слова: достаточно, в течение, относительно, наречие

SYNTACTIC ANALYSIS OF ADVERBS IN THE SYSTME OF DIFFERENT LANGUAGES

Khodjaeva S. O.

It is noted in the article that morphological structure of qualitative adverbs is differd in the word formation of adverbs, as in the Tajik and English languages, extremely. From a view of syntax more differences than similarities have been found between adverbs in reviewed languages. Syntactic feature of qualitative adverbs in Tajik language is also widely used in predicative function in which they are semantically and morphologically contrasted with the verb and adjective.

Квy words: enough, during, concerning, adverb

Сведение об авторе: Ходжаева Сурайёхон Очиловна - кандидат филологических наук, доцент кафедры иностранных языков, Института экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции, Тел.: (992) 919-29-11-20, e-mail [email protected]

Information about the author: Khodjaeva Surayokhon Ochilovna - Ph.D. in Philology, docent, Chair of Foreign Languages, Institute of Economy and Trade, Tajik State University of Commerce. Tel.: (992) 919 291120, [email protected]

АЛОЦАМАНДИИ ИДРОК ВА Э^СОС ДАР ХОНИШ ВА ТА^ЛИЛИ

МАТНИ БАДЕЙ

Муллоев Абдусамад

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Таълим ва тадриси адабиёт дар парвариш ва камолоти инсон, ташаккули ёди таърихй, худогохй ва худшиносии миллии наслхо накши созанда дошта, хадафи он тарбияи инсони бомаърифат ва рисолатманд мебошад. Адабиёт василаи камолоти маънавии инсон ва ташаккули хамачонибаи шахсият буда, дар оинаи зиндагй ибрати рузгори инсониятро меомузонад ва воситаи дарки образноки ва тачассуми вокеияти зиндагист, таълими он дар тарбият, бунёди маънавй, ахлокй ва зебошинохтии инсонхо муассир аст.

Омузиши адабиёти точик хамчун яке аз омилхои муассири ёдгории забони точикй эътироф шуда, ба махсусияти сохтории табиати он такя дорад ва барои ташаккули махорати забондонии хонандагон ганчинаи бебахост. Дарки асари бадей аз тарафи мактабиён чараёни мураккаби эчодй буда, ба тачрибаи гайримустакили зиндагй, зебоишинохтй ва хиссии хонанда вобаста мебошад. Мутаносибии чараёни мутолиа ва омузиши адабиёт аз мухимтарин равишхои таълим буда, омузгори адабиёт ин равишро дар чараёни таълим амалй сохта, барои муваффак шудан намуди муносиби тахлили асари бадеиро ба кор мегирад.

Масъалаи фахмиши дакик ва сахехи осори бадеиро мо ба миён гузошта, дарки вокеии асарро хдмчун осори санъат ба назар меоварем, аксари мухаккикон ва хам

методистон истилохи идроки санъатро ба хамин маънй идрок кардаанд. Ба ин далел муаллими адабиёт на факат дар чараёни таълим хусусияти дарки хонандаро ба назар мегирад, балки уро лозим меояд, ки ба вай таъсири фаъолона расонад.

Масъалаи идроки асари бадей чудо аз вазифахои умумии таълиму тарбияи мухассилин, муносибати онхо ба вокеият ва санъат, ташаккули шахсият чахоншиносй ва маънавияти амалй намешавад. Дар умум чараёни дарки асари бадей дар вакти муайян кардани имконияти хонанда ва натичаи равиши таълими адабиёт бояд хамчун меъёри рахнамо ба назар гирифта шавад. Дар ин замина усули дарки асари хондашуда бо муайян намудани таассуроти пешакии хонандагон дар бораи асари хондашуда, мушохидаи муназам ва хадафнок дар тули тахсилот, тадкикоти тачрибавй бо усули ифшогарй, мукоисаи таассуроти аввалин бо фахмише, ки дар чараёни тахлил ва дарсхои санчишй шакл мегирад. Дар ин холатхо анкетахо ва пурсишхои дахонй ба кор гирифта мешавад. Хдмзамон, дар ин замина супориши хонагй хусусияти афзалиятнок дорад ва аз як мавзуъ то мавзуи дигар пешравии хонандагон муайян карда мешавад.

Чдраёни омузиш ва дарки адабиёти бадей як катор махсусият дорад, ки ба таассуроти инсон аз мухити атроф ва санъат вобаста мебошад. Ин пеш аз хама ба ягонагй, фаолиятмандй ва хусусияти эчодии он вобаста мебошад. Дарки пурсиши пурраи асари бадей ба тахлилу натичагирй вобаста мебошад. Хднгоме, ки сухан дар бораи дарки осори хунарй меравад, бояд ба этибор гирифт, ки ин гуна осор ба хонанда дар бораи андешаи нависанда, назари вай ба вокияти дунё ва масъалахои ахлокию ичтимой таассуроти ягона медихад, илова ба ин ки хонанда дар ин гуна осор мохияти зиндагии инсониро дарк мекунад, хамчунин худашро низ мешиносад. Адабиёт мавкеъ ва микёси зиндагии маънавии хонандаро тавсия бахшида, ба вай мустакилона андешидан ва дар зери таъсири осори бадей шахсияти худро сохтанро ёд медихад. Натичаи хама гуна тахсил дарки камоли асари бадей мебошад.

Тадкикоти равоншиноси собит кардаанд, ки нусхабардорй ва кабули одии маълумот ин маънии донистан ва пурра дарк кардани асари бадеиро надорад. Ин ходиса ба чараёни фаъолиятмандии хонанда вобаста буда, талабот ва завки уро муайян мекунад. Хддафи чунин фаолиятмандиро сохтани каринаи вокеияти зиндагй дар мутоила бо асари бадей дар шуур ва андешаи хонанда тарх медихад. Донистани чахони вокеъ ва дарёфти фарханги маънавй на факат барои инсон лозим аст, балки ин донишхои уро ба зиндагии вокей омода мекунад.

Дарки асари бадей аз тарафи хонанда ва омузиши он зери рохбарии омузгор душворихои вокей дошта, натичаи бесамари ин кор на факат ба равиши сахехи тахсил ва хусусияхои хоси асари бадей вобаста аст, балки омилхои завкии донишомузон ва кобилияти фикрии онхо низ дар ин замина корсоз аст. Тачрибаи бисёрсолаи таълими адабиёт ба мо имкон медихад, ки дар бораи хусусиятхои асосии дарки адабиёт аз тарафи хонандагони синну соли гуногун баъзе натичагирихо кунем.

Хонандагони синни хурди мактабиро, пеш аз хама, лавхахои равшани чудогона шавкманд сохта, андешаи онхо дар бораи рафтори кахрамонони асар катъй ва гохо яктарафа, вале аксаран чун коида пурхиссиёт аст. Хонандаи хурдсолро беш аз хам амалу кирдори кахрамони дустдоштааш гирифтор медорад.

Наврасону чавонон ба инсон хамчун фарогири хусусияти муайяни шахсият таваччух зохир мекунанд. Хонанда тадричан асарро омухта, ба олами андешахои нависанда ва кахрамон ворид мешавад, вай ба донистани мохияти ахлокии шахсияти инсон рагбат карда, ба мохияти рафтору кахрамонони асар диккат медихад. Бо вучуди ин хонандагон на хама вакт метавонанд, ки дар мачмуъ шахсияти кахрамони асари бадеиро арзёбй кунанд ва мохияти амалу кирдори уро дар шароитхои гуногун дарк намояд. Бинобар ин аксари мухаккикони соха бар ин назаре, ки дар синфхои У-У11 дарачаи фахмиши сода ва вокеии хонандагонро бояд ба эътибор гирифт, зеро фахмиши комили арзиши бадей ва зебошиносии асари бадей чун коида дар сифхои У111-1Х фаро мерасад.

Хонандагони синфхои болои бештар чахони мураккаби ботинии кахрамон таваччух зохир карда саъй мекунанд, ки чахоншиносии эчодкоронаи муаллифро дарк кунанд. Дар синни наврасй кушиши дарки чахонбинии инсон ва мохияти ахлокии

шахсияти вай афзоиш меёбад. Бештари хонандагони синфхои Х-Xl кудрати арзёбии мохияти асари бадеиро доранд ва хангоми бахогузориашон умумиятдихии зебоишиносиро ба кор мегиранд. Ба хар хол хонандагони синфхои болой имкон ва хохиши ба низомдарории таассуроташонро аз осори бадеии хондаашон доранд. Баъзе мактабиёни ин синну сол нисбат ба осори хондаашон мантики кавй доранд.

Масъалаи савияи дарки хонандаи мактабй на факат ба синну сол, балки имконоти фардии онхо низ вобаста мебошад. Равоншиносон ва методистон се навъи азхудкунии хонандагонро ба мушохида гирифтаанд. Дар навъи аввал аёният ва унсурхои образнок афзалият дошта, дар навъи дуюм лахзахои шифохй ва мантики азхудкунии донишхо мухим аст. Навъи севум омехта аст. Х,ар кадоме аз ин навъхои азхудкунй омехта аст ва ба махорати хонандагон низ вобастагии кавй дошта, аз омузгор рахнамоии хосро талаб мекунад.

Хонандагони мулохизакор накшаро ба осонй тартиб медиханд, дар корхои хусусияти чамъбастй дошта, фаолона иштирок мекунанд, вале вазифаи дар асоси матн додашударо пурра ичро намекунанд, воситахои тасвирии ин ё он муалифро то андозае пайдо мекунанд, вале дар тахияи накша ва натичагирй мушкилй мекашанд. Донистан махсусияти хар синф барои муаллим нихоят мухим аст, чунки ба y ёрй мерасонад, ки супоришхои инфиродиро дуруст таксим кунад, истеъдод ва шавки хонандагонро ба самти лозимй рахнамой кунад.

Дар хама холат лаззати дарёфти мохияти маънавй ва хунарии асари бадеиро дар ёди хонанда хифз бояд кард. Дар ин равиш шинохти тамаюли фикрй, хиссй ва ахлокии хар хонанда, нихоят мухим аст. Дарки асари алохида бояд хамчун чузъи асари вохид, чун унсури маълумоти адабии хонандагон, нишондихандаи инкишофи аклй, камолоти ичтимой ва таъсирпазирии хиссиву зебошинохтй дар назар гирифта шавад. Дар таълими адабиёт ба хусус хангоми тахлили асари бадеи се чанбаро, ки ба масъалахои алокамандии идрок ва тахлили матни бадеи дар як вакт халли чанд масъаларо дар назар доранд. Душвори дар он аст, ки хар хонанда дар шинохти образи бадеи завку саликаи худро дорад. Дар вакти тахлил хонандаро ба дарки чомеи асари бадей омода бояд кард.

Мухаккикон се намуди тахлили асари бадеиро пешниход кардаанд. Намуди авали он ба хусусияти хоси идроки бадей вобаста мебошад. Ин намуди тахлил дар зинаи аввали омузиши матн ба кор бурда мешавад. Ба хусус барои хонандагоне, ки махорати кофии хондан ва дарк кардан надоранд. Дар намуди дувуми тахлил омузгор тавоноии кофии хонандагонро шинохта, хачми корро зиёд мекунад, ба шаклгирии тафаккури чомеи дарки бадеияти асар ва мохияти шахсиятхои он мусоидат мекунад. Намуди сеюм ба такмили фаолиятмандии хонанда равона карда мешавад, ки барои донистани хусусияти бадеии усулхои омузиши адабиёт ва беш аз он шинохти осори хунарй мусоидат хохад кард.

Хдмин тарик, дарки амики асари бадей аз чониби хонандагон натичаи таъсири судманди чараёни таълими донишомузон мебошад. Хдмчунин, мебояд масъалаи даврахои азхудкунии асари бадеиро мувофики талаботи зинахои омузиш ба миён гузошт. Дар зинаи аввал ва ё ибтидои омузиши асар шитобкорй, чудой аз дарки хамзамонй ва кушиши натичагирии пеш аз вакт хатарнок аст.

Дар дарсхои мукаддимавй ва хадафманд, махсусан тахлили равишманд мухим буда, шавки хонандагонро афзун месозад. Дар зинаи дувум хангоми тахлили образхо ва лахзахои мухиму хотирмони матни асар ва ё сатрхову байтхои шеърро тавсир ва шарх медиханд, омузгор онхоро ба дарёфти маънии амики муалиф ва маънии мушахас ва умумии образхо, хамчунин хусусияти сабки муаллиф ва идроки фардй, фаъолсозии малака ва тавоноии мактаббачагон сафарбар менамояд. Мутаносибии даврахои омузиш бо зинахои азхудкунй ин ба хисобгирии вокеии имконоти равонии хонанда дар таълим ва тадриси куллии фанни адабиёт мебошад. Омузгор хонандаро аз лахзахои ибтидоии шинохти асар то дарки амик, ки бояд фахмиши хиссиётомези осори бадей хифз шавад, рахнамой мекунад. Ба се зинаи омузиш кисмат кардани азхудкунии матн аз он чихат мухим аст,ки дар зинаи аввал муносибати андешидашуда ба асари бадей муайян шуда, дар зинаи дувум худи матн тахлил мешавад ва дар заминаи севум нисбат ба кори анчомгирифта натичагирй шуда, бо усули хулосабарорй ва чамъбасткунй омузгор, тавоной ва малакаи тахлилгарии хонандагонро такмил мебахшад.

Бояд даp pоxи азхyдкyнии навъxои гуногуни адабй хусусияти хоси идpоки хонандагонpо ба назаp гиpифт. Ин pавиш метавонад хусусияти ибтидои азхудкунии асаp ва амикбypди минбаъдxои онpо ошкоp созад. Неpyи бевоситаи таассypоти x^rä хусусияти хоси даpки осоpи эчодй мебошад. Хонандагони синфxои 5-7 ба шеъpи Fиной таваччУxи бештаp доpанд. Шавки хонандагони синфxои 10-11 нисбат ба синфxои 8-9 ба осоpи Fиной зиёд мешавад, вале даp сатxy савияи беxтаpy бештаpе. Даp ин зинаи таxсил на факат даpки маънии чомеъи тасвиpxои шеъpй, балки азхудкунии накши xиссй ва маънавии шакли шеъpй низ баpои хонандагон мyшкилиxои зиёде пеш меоваpад.

Омyзгоp даp вакти таълими шеъpи Fиной хонандагонpо воpиди чаxони маънй ва xиссй муаллиф месозад. Даp ин замина xангоми таxлили чузъиёти шеъpи лиpикй ва yмyмиятдиxии он набояд шитобкоpй каpд. Ба хонанда талкин бояд каpд, ки омузиши шеъpи Fиноиpо xамчyн яке аз масъyлиятxои асосии омузиши адабиёт ба назаp гиpанд.

Дyшвоpии омузиши дpама ба масъалаи набудани нутки муаллиф, аxамияти хоси сухани шахсиятxо, махлутии маъниву эxсос, таносуби дpама бо ногyзиpии тачассуми саxнавй ва он маънщои нyxyфтаи вокеияти зиндагй, ки хонанда зуд ба он саpфаxм намеpавад, алокаманд мебошад. Даp ин xол ба хонандагон чунин yсyлxои коp, монанди хониши ифоданок ва тафсиpй, аз pyи накшxо хондан ошной бо таъpихи ба саxнагyзоpии асаp, сyxбат даp боби асаpи саxнавии (спектакл) тамошокаpда истифода каpда мешавад. Хониши ифоданок ва накши сужаи асаpи саxнавй баpои даpки амики xиссй ва мазмуни асаp мусоидат мекунад.

Таълими навъxои xаммосй (эпикй), ки даp баpнома чойгоxи хос доpанд, баpои хонандагони синфxои миёна ба болои дyшвоpиxо доаpнд. Хонандагони синфxои миёна асосан ба сужет ба обpазxои асаp таваччУx доpанд. Хонандагони синфxои болой илова ба он чи гуфта шуд, ба даpки сохтоpи асаp, FOяи он, xамчyнин паxлyxои гуногуни сабки шоиpон pаFбат пайдо мекунанд. Мyшоxидаxо нишон медиxанд, ки xатто хонандагони синфxои 10-11 xангоми таxлили асаpxои эпикй хусусияти хоси онxоpо, аз чумла аxамияти хоси чаxоншиносии муаллиф, пайванди ботинии кисматxои алоxида ба обpазxои асаp ва махсусияти каломи бадеиpо даp xаммоса муайян каpда наметавонанд.

Усули xамосии тачассуми бадеии вокеият ба тасвиpи беpyнй асос ёфтааст. Бисёp мyxим аст, ки хонандагон ягонагии асаpxои шакли xамосиpо даpёбанд ва жанp xамчyн яке аз воситаxои мyxими ошкоpкyнандаи мyндаpичаи асаp каpоp гиpад.

Хонандаи мактаб беш аз xама бо чаxони бадеии осоpи насpй pаFбат доpад. Бинобаp ин, тачpибаи омузиши осоpи мансyp баpои синфxои 5-9 асоси коpxои минбаъда даp синфxои болоpо муайян мекунанд.

Хониши асаpи бадей, даpки эxсос, баpдошти таассypот ва шакга,ои азхудкунии мyндаpичаи он аз масоили мyxими тадpиси мyосиpи адабиёт маxсyб меёбад.

Равоншиносон хониши бадеиpо ба намуди фаъолияти сухангуии дастypй дохил каpдаанд. Даp ин xол хонанда матни тасвиpиpо (хоx чопию хоx дастнавис бошад) метавонад ба овозй бозгаpдонад ва аз мазмуни он огоx шавад. Максад аз хондан, пеш аз xама даpёфти иттилоот ва маъниест, ки даp матн вучуд доpад.

Даp ин pавиш накшаи дохилй ва беpyнии чаpаёни хониш, таpзи хондан ва фаxмидани он аз xам фаpк мекунад.

Шаклдиxии хондану фаxмида тавонистан фаpоянди тулонй ва дyшвоp мебошад. Фаxмидани матн, ба хусус матщои адабиёти классикй ба савияи забони асаp вобаста мебошад. Ин xолат ба даpачаи малакаи забондонй, идpок, xофиза, шавкмандии хонанда, тачpибаи зиндагишиносй иpбот доpад.

Фаxмидани адабиёти бадей даpачаи баланди хонда тавонистанpо такозо мекунад. Ба ин даpача хонандагон оxиста-оxиста меpасанд, бинобаp ин xам хондан бояд даp тамоми зинаxои таълим идома ёбад. Хондан даp даpсxои адабиёти точик, пеш аз xама бояд шакли хоси фаpогиpии маънавй ва зебошиносй даp зинаxои гуногуни омузиш бошад.

Масалан, даp синфxои поёнй фаъолияти муаллим бояд ба он pавона каpда шавад, ки хонандагон, бигзоp кисман бошад xам, таpзи фаxмида хондан, ^p бо лyFатpо ёд гиpанд. Ташкили чаpаёни хондан бо даpназаpдошти на факат хyсyсиятxои хоси он, балки махсусияти матни бадей низ аз pавиши дypyсти таълими адабиёт хоxад буд.

Чудо каpдани мyндаpичаи обpазноки матн тафсиpи обpазxои бадей, pамзивy истиоpй, pамзи вокеа, шахсияти одамон, обpази муаллиф муносибати мyаллифpо тасвиpи x0дисаx0, каxpамонон ва вypyд ба таxтyлматни xиссии асаp осон ва дастpас мекунад. Дyшвоpии коp даp ин pавиш ба он вобаста аст, ки моxият ва маънии тасвиpxои обpазнок, ифодаxои ташбеxию истиоpй то кучо кашф каpда мешаванд. Датто фаxмидани асаpи на чандон бyзypгxачм низ ба он вобаста аст, ки хонанда ба амалу киpдоpи каxpамонон, муносибати шахсиятxо бо xамдигаp ва Fайpа чй баxо медиxад. Оё вай ба умки андешаи бадеии муаллиф pасида метавонад? Даp ин pоx xам хонанда ва xам омyзгоp xамон вакт муваффак мешаванд, ки агаp хониш чузъ-чузъ сypат гиpад.

Идpок ва тасаввypот ба сабаби ангезаи x^rä доштанашон хеле фаъол мешаванд. Аxамияти эxсосот xангоми даpки асаpи бадей аз он ибоpат аст, ки эxсосот чаpаёни идpок ва тасаввypотpо идоpа мекунанд, pавиши даpки асpи бадеиpо амик бypда, ба шаклгиpии аpзёбии зебошинохтй мусоидат мекунад, нутки хонандаpо таъсиpбахш, фасеx каpда, муносибати шахсии ypо бо чизи омухтааш pавшан ифода мекунад.

Вазифаи аввалини омyзгоp даp зинаи нахустини ошной бо асаpи бадей аз он ибоpат аст, ки эxсосоти хонандагонpо бедоp каpда, онpо бо pоxи дypyст ва судманд pавона кунад. Дамин таpик, даpси pаxнамо матни бадеиpо ба фазои x^rä воpид месозад ва даpки тобиши аслии онpо осон мекунад. Баpои даp ин замина комёб шудан лозим аст, ки ба хонандагон даp боpаи ангезаxои xиссии осоpи мушаххаси адабй хабаp дод, обpазxои бадей чи ангезаxои xиссй доpанд, ба хусус агаp хонанда бо шеъp саpy rap дошта бошад. Масалан, xангоми даp синфи У омухтани афсонаи «Эpачи тилисмшикан» муаллим мyндаpичаи pамзии онpо, ки саpнавишт ва оpзyю оpмони инсонxои нахyстинpо ифода мекунад, ошкоp намояд. Ин даpс заминасози xиссy андешаи хонандагон баpои даpки заpбyлмасалy маколxо мебошад.

Оxанги накли омyзгоp даp афсонаи зикpшyда бояд боваpибахш, yстyвоp ва самимона бошад. Нуткаш шоиpона ва pангин баён гаpдад. Даp ин xол набояд фаpомyш каpд, ки чаpаёни тафаккypи xаp хонанда фаpдй буда, вале даp ин замина миёни онxо умумияте низ xаст. Зеpо тафаккyppо омузиши ягонаи матни бадей ва тачpибаи зебошинохтй баpои xамаи синф шакл медщад. Диссиёте, ки асаpи омухташаванда ба вучуд меоваpад, аз бисёp чиxат ба имтиёзи оxанги он, ки омyзгоp даp pафти таxлили забонй, ба хусус таxлили матщои шеъpй ошкоp месозад, вобаста мебошад.

Муаллим бояд хусусияти идpоки хонандагонpо муайян каpда, даp pавиши даpс имтиёзи оxангнокии матнpо киёс кунад. Ин имкон медщад, ки даp боpаи дypyстии даpки мавод аз чониби хонандагон казоват кунем ва даp сypати фосилагиpй даp вакти таxлили омузишии матн шаpx дода тавонем. Пеш аз омузиши ин гуна матщо даp даpси pаxнамо даp хонандагон xиссеpо бедоp каpдан лозим аст, ки ба оxанги умумии асаp - шодй, xаячон, Fам, таассуф, ноpозигй, бадбинй ва Fайpа мувофик бошад. Даp ин rap муаллим xамон вакт комилан комёб мешавад, ки агаp хонандагонpо ба даpки дypyст ва вокеии матни бадей, паxлyxои xиссии он, моxияти андешаи муаллиф pаxнамой каpда тавонад.

Баpтаpаф каpдани дyшвоpиxои забонии асаpи бадей, ба хусус матщои адабиёти классикй низ паxлyи мyxими фаъолияти омyзгоp аст. Таxлили забонии матн, ки омyзгоp мегyзаpонад, баpои даpки комили мазмун ва мyндаpичаи асаp ёpии мyxим меpасонад. Дамчунин таxлили пешакии матн ошкоp месозад, ки кадом кисмати забони матн ё кадом калима ба шаpxy тафсиp эxтиёч доpад. Даp ин замина асосан вожаxо, таъбиpxо ва ифодаxои ташбеxию истиоpавие бояд тафсиp шаванд, ки хусусияти таъpихии маъной ва бадеии тасвиpй дошта бошанд. Масалан, пеш аз омухтани xикоятxо аз «Наводиp-yл-вакоеъ»-и Аxмади Дониш муаллим бояд даp боpаи таъpихи эчоди асаp, хусусияти замонй ва вокеии он, даp боpаи pавиши F0явии асаp, хyсyсиятxои жанpй ва сохтоpи он накл кунад.

Даp чаpаёни тафсиpи таъpихй, ки то хондани матн xамpоxи хонандагон гyзаpонида мешавад, xакикати таъpихии xаводиси замони Аxмади Дониш, беадолатиxои ичтимой, моxияти сиёсати худномаи амиpони манFитй ошкоp мегаpдад. Мyxимтаpин мафxyмxои таъpихии матни асаp, ки моxияти маънавй ва ахлокии замонpо ифода мекунад, шаpxy тафсиp меёбанд.

Барои дар хонандагон оид ба вокеияти он замон, ки дар осори Ах,мади Дониш тасвир шудааст, тасаввуроти дурусту рост х,осил намудан омузгор бояд дар дарс тасвирх,ои таърихиро, ки манзараи зулму бедодих,ои он замонро тачассум кардаанд, истифода барад. Хдмчунин, Барои ба вучуд овардани эх,соси вокеии он замонй истифодаи ёддоштх,о ва осори вокеии таърихй низ ба максад мувофик аст. Дар ин замина осори устодон С. Айнй ва С. Улугзода ба муаллим ёрии бебах,о мерасонад.

Дар баробари ин, намудх,ои хониш чихдти идрок ва алокамандии эх,сосоти хонанда ахдмиятнок мебошад. Дар тачриба намудх,ои хониш: омузишй, ибтидой, хомушона, овозй ва ё ифоданок ва бознигарй гузаронида мешавад. Аз чумла, хониши омузишй ба дарки пурра ва амики иттилоъоти асар ва дар ёд доштани он мусоидат мекунад. Ин хондани ох,иста аст, ки ба такрор хондани баъзе чузъх,ои матро низ истисно намекунад. Хдмчунин, нигох,и танкидии хонандаро ба киёсу мукобилах,о дар заминаи мукоисаи матн бо вокеияти зиндагй дар бар мегирад.

Дар хониши ибтидой ошноии пешакии хонандаро бо матн, сохт, таркиби лугавй ва душворих,ои забонии он дар назар дорад ва ба тарзи хомушона ва овозй хонда мешавад. Дар хониши хомушона усули хониш хеле маъмул буда, хониш барои худ аст. Дар синфх,ои ибтидой хониши овозй маъмул буда, суръату сифати хониш муайян карда мешавад ва х,ар хонанда ба таври майлу завки худ матнро мехонад. Хднгоми хониши хомушона хонанда дар дил, яъне дар ботин ба маънои аслию мачозии калимах,о сарфах,м рафта, таваччух, зох,ир менамояд ва мазмуну мух,тавои онро дарк карда, лаззати маънавй мебарад. Дар хониши овозй ва ё ифоданок риояи талабот, зада ва таваккуфи мантикй, малакаву воситах,ои нутк, тарзи баён, хушохднгии овоз, меъёрх,ои талаффуз, аломатх,ои китобат, нафаскашй, диксия ва овоз мух,им мебошад. Дар хониши бознигарй мавзуъ ва масъалах,ои ба миён гузоштаи муаллиф чудо карда мешавад.

Адабиёт:

1. Абдусамади М., Кароматуллои Ш. Сабаке дигар. - Душанбе, «Аржанг», 2009.

2. Хдкимов А. Дар каламрави сухан. - Душанбе, 1982.

3. Богданова О. Ю. Развитие мышления старшеклассников на уроках литературы: Пособие к спецкурсу. - М., 1979.

4. Голубков В.В. Проблема психологического обоснавания изучения литературы в школе. Т. ХХ1Х. - Киев, 1963.

5. Наимбоев С. Хониши ифоданок. - Душанбе: «Маориф», 1989.

6. Неверов В. В. Беседы о художественной литературе. - Л., 1983.

7. Мирзод Т., Х,очиев К., Исломов Ш. Методикаи таълими адабиёти точик. -Душанбе: «Маориф», 1991.

ВЗАИМОСВЯЗЬ ПОЗНАНИЯ И ЧУВСТВА ПРИ ЧТЕНИИ И АНАЛИЗЕ

ХУДОЖЕСТВЕННОГО ТЕКСТА

Муллоев А.

В данной статье рассматриваются актуальные проблемы формирования и развития познания и изучения литературы, поиск особых подходов к решению паставленной задачи, а также вопросы чтения и исследования художественного текста в литературе. На основе анализя и чтения художественного текста решаются различные стороны эстетическое учения и мативов творениях литературы.

Ключевые слова: исследования, различные стороны, литературе, задачи, актуальные проблемы.

INTERCONNECTION KNOWLEDGE AND FEELINGS AT READINGS AND THE ANALYSIS OF THE ART TEXT

Mulloev A.

An actual problems of formation and development of knowledge and literature study, search of special approaches to decisions of put problems, and also questions of reading and research of the art text in the literature are reviewed in this article. Various parties of aesthetic doctrines and frost creations of the literature are solved on a basis of the analysis and reading of the art text.

Key words: research, various parties, literature, problems, actual problems.

Сведения об авторе: Муллоев Абдусамад - доктор филологических наук, проректор по научной работе Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айнй, тел: (+992) 917585877; 2242012.

Information about the author: Mulloev Abdusamad- Doctor of Philology Sciences, Vice -rector on scientific works of the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, phone: (+ 992) 917585877; 2242012.

ГАЗАЛИ ПОЙДОРИИ АФГОНИСТОН

Аумад Фарид Асадулло

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айнй

Чунончи аз сурати истилохи газали муковимат бармеояд, ин таъбир аз ду мафхуми комилан мутафовут шакл гирифта аст: яке газал ва дигаре муковимат ва пойдорй. Хдмнишинии ин ду истилох, ки дар дарозои таърихи адабиёти форсй-дарй пешинаи чандоне надорад, низ кобили тааммул аст. Зеро истилохи газал ва тагаззул дар суннати шеъри форсй мафхуми мутафовуттар аз пойдорй, муковимат ва истодадагй дар баробари беадолатй, тачовуз ва фасоди ичтимой ва сиёсиро ифода мекунад. Газал чунончи аз маънии лафзй ва истилохии он кобили фахм аст, дар шеъри классикии форсй аксаран бори мазомини ошиконаро хамл намуда, бинобар хамин мазмун ва мухтаво чойгохашро дар таърихи адабиёти форсй - дарй тасбит карда ва ба хуввияти мухтас ба худаш даст ёфтааст. Дар холе ки муковимат ва пойдорй аз чумлаи таъбирхое аст, ки чадидан вориди комуси адабиёти чахон гардида ва дар хакикат зоидае тахаввулоти сиёсй- ичтимоии садаи бистуми мелодй мебошад.

Ба иборати дигар, аз назари маъно ва мухтаво газали классикии форсй- дариро ба се гунаи умда: газали сабки хуросонй, газали сабки хиндй ва газали сабки бозгашт таксим кардаанд1.

Ин сабкхои гуногуни газали форсй ду масири умдаи мухтавоиро тай кардаанд. Нахуст газали ошикона, ки намунахои он дар газали Анварй дида мешавад, ки дар хакикат идомаи табии газали хиссй ва тачрибаи шоирони Хуросон аст (муфлиси Кимё Фуруш, с. 55) Ин гуна газал дар масири камоли худ аз тагаззулот ва газалхои ибтидоии Фаррухии Сиистонй ва Манучехрии Домгонй шуруъ мешавад ва дар авчи худ ба газалиёти Саъдии Шерозй мерасад. Дигар газали орифона, ки аз тачрибахои парокандаи шоирони пешин аз Саной шуруъ шуда буд ва дар авчи худ ба газалхои оташини Ирокй ва Мавлавй мерасид ва бадуни тардид намунахои камолёфтаи талфик шуда аз ин ду гуна газал дар садаи хаштуми хичрй- камарй дар сурудахои Х,офиз намудор мешавад. Аммо севоаз ин ду буъд мухтавои газали форсй дар садахои ахир бозтобдихандаи масоил ва мавзуоти сиёсй ва ичтимой низ гардид. Ин колиби зариф, бо зарифиятхое, ки дар тули таърихи адабиёти форсй аз худ ба намоиш гузошта, тавонистааст абзори хубе барои баёни дардхо, ранчхо, оворагихо, мусибатхо ва дарбадарихои мардум ба василаи шоирон гардад.

1 Сайри газал дар шеъри форсй, сах.67.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.