Научная статья на тему 'ВЫСТАВКА, КАК ФОРМА ПРЕЗЕНТАЦИИ ИСТОРИЧЕСКИХ ПАМЯТНИКОВ И ПРОИЗВЕДЕНИЙ ИЗОБРАЗИТЕЛЬНОГО ИСКУССТВА'

ВЫСТАВКА, КАК ФОРМА ПРЕЗЕНТАЦИИ ИСТОРИЧЕСКИХ ПАМЯТНИКОВ И ПРОИЗВЕДЕНИЙ ИЗОБРАЗИТЕЛЬНОГО ИСКУССТВА Текст научной статьи по специальности «Искусствоведение»

CC BY
116
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Область наук
Ключевые слова
ВЫСТАВКА / АРХЕОЛОГИЯ / ИЗОБРАЗИТЕЛЬНОЕ ИСКУССТВО / ПРЕЗЕНТАЦИЯ ПРОИЗВЕДЕНИЯ / ТАДЖИКИСТАН / НАЦИОНАЛЬНЫЙ МУЗЕЙ ДРЕВНОСТЕЙ / ВЕРОВАНИЕ / ВСЕМИРНОЕ НАСЛЕДИЕ

Аннотация научной статьи по искусствоведению, автор научной работы — Юсупова Шахноза Азизбековна

В статье раскрывается роль целевых выставок в презентации обществу исторических и современных произведений. Проведение таких мероприятий в отечественных музеях и за пределами страны способствует тому, что наши соотечественники и жители зарубежья узнают о славных и трагических страницах истории народа, его культуры, эволюции мировоззрения. Автор дает краткую характеристику некоторых всемирно известных исторических памятников Таджикистана, в том числе Саразма, древнего Пенджикента, Аджинатеппе, Калаи Кофарнихон, дворца в Бунджикате, и упоминает о найденных во время раскопок наиболее уникальных художественных произведених. Помимо материалов теоретического характера, в статье приводятся сведения о деятельности Национального музей древностей Таджикистана. Краткое описание некоторых артефактов музея показывает, что его богатая и уникальная сокровищница имеет большую научную ценность. Эти произведения служат ценным источником для выполнения исторических, культурологических, искусствоведческих и других исследований. Кроме того, музей вносит достойный вклад в дело воспитания подрастающего поколения, формирования в нем идеи самопознания и любви к отчизне.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

EXHIBITION AS A FORM OF PRESENTATION OF HISTORICAL MONUMENTS AND WORKS OF FINE ART

The article reveals the role of targeted exhibitions in the presentation of historical and contemporary works to society. Holding such events in domestic museums and outside the country contributes to the fact that our compatriots and residents of abroad become aware of the glorious and tragic pages of the history of the people, their culture, the evolution of the worldview. The author gives a brief description of some of the world-famous historical monuments of Tajikistan, including Sarazm, ancient Penjikent, Ajinatepe, Kalai Kofarnihon, Bunjikat Palace, and mentions the most unique works of art found during excavations in them. In addition to theoretical materials, the article provides information about the activities of the National Museum of Antiquities of Tajikistan. A brief description of some of the museum's artifacts shows that its rich and unique treasury has great scientific value. These works serve as a valuable source for historical, cultural, art history and other research. In addition, the museum makes a worthy contribution to the education of the younger generation, the formation of the idea of self-knowledge and love for the motherland in it.

Текст научной работы на тему «ВЫСТАВКА, КАК ФОРМА ПРЕЗЕНТАЦИИ ИСТОРИЧЕСКИХ ПАМЯТНИКОВ И ПРОИЗВЕДЕНИЙ ИЗОБРАЗИТЕЛЬНОГО ИСКУССТВА»

УДК 9 (575.3) (092)

НАМОИШГОХ, ХДМЧУН ШАКЛИ МУАРРИФИИ ЁДГОРИХОИ ТАЪРИХЙ ВА АСАР^ОИ САНЪАТИ ТАСВИРЙ

ЮСУПОВА Ш. А., Донишгохи технологии Точикистон

Намоиши бадей аз чолибтарин падидах,ои фархднги муосир мебошад. Намоиши бадей мачмуи дуруст ташкилшудаи унсурх,ои гоявй, маънавй, эстетикй ва моддй буда, дар каламрави худ чандин зухуроти мубрами санъат ва фархднгро сарчамъ мекунад ва дар ташаккулёбй ва рушди арзишх,ои умумибашарии чамъиятй иштирок мекунад. Ба сифати воситаи ифоданоки асосй аз объектх,ои муаррифишаванда хдмчун тарзи аз х,ама самараноки интиколи иттилоот истифода намуда, намоиш ба спектри хеле васеъи мафх,умх,о ва эх,сосот дар сох,ах,ои гуногуни сохди башардустонаи дониш мурочиат мекунад.

Падидах,ои нахустини фаъолияти намоишй дар фах,миши муосири он х,ануз дар давраи кадим зухур кардаанд. Ин амал барои барои расидан ба натичаи зарурй ин ё он шакли намоиши аёнии арзишх,ои асосии чамъиятй - гоях,ои давлатй ва динй ба гайр аз ин, муносибатх,ои тичоратй рохдндозй карда мешуд. Бо ин максад объектх,ои санъат чалб карда мешаванд ва барои ин принсипх,ои мубрамкунии онх,о ташаккул меёбанд.

Намоиши бадей таърихи кадими мавчудият ва рушд дорад. Ин таърих аз коллексиях,ое огоз меёбад, ки ба шахсони сох,иби х,окимияти дунявй ё маънавй буданд ва ё маблагх,ои пулии зиёд доштанд.

Дар Россия осорхонах,о дар охирх,ои асри Х1Х-ибтидои асри XX пайдо шуданд (Галереяи Третяков ва Осорхонаи давлатии санъати тасвирй дар Москва, Эрмитажи давлатй, Осорхонаи давлатии Россия ва Осорхонаи антропология ва мардумшиносии ба номи Пётри Кабир дар Санкт-Петербург). Дар Точикистон нахустин осорхонах,о дар нимаи аввали асри XX ба фаъолият пардохтанд.

Объектх,ои санъат, ки коллексиях,ои осорхонах,ои мазкурро ташкил мекунанд, сифатх,ои эстетикии худро бо ёрии хорикаи намоиш мубрам менамоянд, ки он дар назди тамошобин дар намуди фазои махсуси бадей зухур мекунад. Намоиш мутобики ташкилоти дохилии ба худ хос, ки ба таъсири мух,ити меъмории осорхона, объектх,ои намоишй, барандах,ои онх,о ва гояи консептуалй тобеъ хдстанд, вучуд дорад.

Дар муддати мавчудияташ намоиши бадей шаклх,ои муаррификуниро ба таври назаррас дигар кард ва васеъ намуд. Х,ануз чанде пеш сифати намоишх,ои осорхонавй ба воситаи мувофикаташон ба накшах,ои илмии анъанавй муайян

карда мешуд.Ин накшахо ба ашёхо ва коллексияхои осорхонавй нигаронида шуда буданд. Х,оло бошад, осорхона навгонй ва асолати шархи мачмааро хамчун нишонаи арзишй мешуморад. Намоишхои, ки ташкил карда мешаванд, хам натичаи омузиши илмй мебошанд ва хам натичаи чустучуи эчодии фардй [4, 139].

Накши намоиш бадей дар рузхои мо аз сабаби пайдоиши чунин самти башардустй чун «тамаддуни фарогат» ба таври назаррас меафзояд. Ба ин самт дар консепсияхои чамъияти баъдисаноатй накши махсус дода мешавад. Фарогатро хамчун фазои рушд ва худтатбикнамоии эчодии шахсият ба калам додаанд. Бо назардошти ин вазъият, мо метавонем бо итминони комил тархрезии намоиширо хамчун яке аз мухимтарин ташкилдихандахои фазои ичтимоии баъдисаноатй кабул намоем. Ва ба сифати яке низомхои робитавии муассиртарини ин фазо намоиши осорхонавй баромад мекунад [7].

Намоишхои осорхонавй барои муаррифии таъриху фарханги Точикистон ва дар умум, миллати точик ахаммияти хеле калон доранд. Точикон аз чумлаи кадимтарин мардумон мебошанд ва таърихи бойи онхо ходисахои фаровони диккатчалбкунандаро дарбар мегирад. Дар давоми хазорсолахои сипаришуда ин миллат дар фазои фархангии динхои гуногун вучуд дошт ва дорад: парастишхои протозардуштй, зардуштй, буддой, эллинистй, исломй. Дар ин бобат осори бостоншиносии сершумор, ки дар маъхазхои Осорхонаи миллии Точикистон, Осорхонаи миллии бостонии Точикистон махфузанд ва ба намоиш гузошта мешаванд.

Муассиси Осорхонаи миллии бостонии Точикистон Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи миллии илмхои Точикистон мебошад. Ин осорхона аз соли 2001 инчониб фаъолият менамояд. Х,арчанд таърихи он хамагй 20 солро ташкил мекунад, маводи намоишии осорхона аз чониби бостоншиносон дар давоми 60 сол чамъоварй карда шудааст.

Осорхона иморати дуошёнаро мемонад, ки дар маркази шахри Душанбе чойгир шудааст. Хазинаи он асосан аз хисоби экспедитсияхои хамасолаи Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва хафриёти муштараки байналмилалй бо иштироки олимони Федератсияи Россия ва дигар давлатхои хоричй ганй мешавад.

Мачмуи ашёхои намоишй зиёда аз 5000 номгуйро дарбар мегиранд: махсулоти сафолй, осори коркарди бадеии санг, устухон, шиша, фулузот, хайкалхои сангию хайкалчахои терракота, зевархо, асархои санъати тасвирй ва ороишй-амалй. Маводи бостоншиносии киматбахо аз кабили сиккахои тиллой, нукрагй ва хоказо дар гушаи «Хазинаи ашёхои нодир» нигахдорй карда мешавад.

Бозёфтхо ба даврахои гуногуни таърихй муносибат доранд, сар карда аз замони кадимтарин то асрхои миёна. ^адимтарини онхо (аз Кулдара) кариб 1 млн сол дорад.

Дар бораи даврахои энеолит-асри биринчй маводи шахркадаи Саразм

маълумот медихад. Ин ëдгории панчакентй ба Фехристи «Мероси умумичахонй»-и ЮНЕСКО ворид карда шyдааст. Дар Саразм сафолпорахои мyнаккаш, хайкалчахои терракота, зарфхо ва асбобхои сангй, мухраю шаба, овеза ва дигар ашëхо бокй мондаанд, ки аз мармар, стеатит, лочувард, акик, фируза санги сyлаймонй, шишаи вулконй тайëр шyдаанд. Филизи бадеии Саразм ашëхои тиллой, нукрагй, кургошимй, биринчй ва мисиро дарбар гирифта, ин ашëхо таъиноти гуногун доранд. Дар байни онхо шаббахо ва мухрахои тиллой, косагули нигинаш фирузагй, дастмонахои тасмаашон васеъ чолибанд. Дар Саразм осори моддии хунархои ресандагй, бофандагй,чуроббофй, намадмолй, рангдихии ресмон ва матоъ низ ошкор гардидааст [3, 124-125].

Замони эллинистии сарзамини моро маводи нодири бостоншиносй аз маъбади Вахши шахркадаи Тахти Сангин (нохияи ^убодтен) муаррифй мекунад. Дар байни ин мавод кисми болои хайкалчаи Искандари Макдунй, гилофи ороишаш зооморфй барои ханчар, лавхачахо бо тасвири сахнаи шикор ва дигар ашëхои санъати бадей мавчуданд. Як кисми ин осор аз устухон бо махорати воло ичро карда шудааст. Баъзе асархои санъати тасвирй хусусияти динй ва асотирй доранд. Мутахассисон ин бозëфтхоро намунахои шохкорихои чахонй мешуморанд. Боиси тазаккур аст, ки маводи маъбади Вахш дар омезиши ду фарханг - юнонй ва махаллй эчод карда шудааст [9].

Дар осорхона намунахо аз мусавварахои девории шахркадаи Панчакенти ^адим ба намоиш гузошта шуда, ба ин тарика санъати тасвирии Сугди асрхои миëнаи бармахал (V-VIII) ба ганчинаи тиллоии тамаддуни чахонй ворид карда шудаанд. Нафистарин тасвири ин мачмуа - «Бонуи уднавоз» чандин маротиба дар осорхонахои маъруфи чахон ба намоиш пешниход карда шудаанд. Сахнахо аз достонхои «Шохнома»-и безаволи Х,аким Aбyлкосими Фирдавсй тамошобинонро мафтун мекунанд. Осори санъати аз Панчакенти кадим ëфташyда хеле сершумор ва гуногун аст: мучассамахо ва лавхахои чубй, сагонахо, хайкалчахои терракота, ашëхои филизи бадей, зарфхои сафолй ва гайра. Бо инобати ин шахркадаи мазкур барои тамоми худуди Осиëи Мтена хамчун ëдгории бостоншиносии намунавй кабул карда шудааст.

Мусавварахои девории дар шахркадахои Aчинатеппа, Кофиркалъа, ^алъаи Кофарнихон, ^алъаи Шодмон, Бунчикат, Хулбук, Сайëд кашфшуда арзиши баланди илмй доранд. Мусавварахои девории Aчинатеппа дар омезиши санъатхои хиндй ва бохтарй-тахористонй эчод шудаанд. Деворнигорахо рохравхои дайри буддоиро оро медоданд. Порахои ëфташyда симохои Буддо ва нафарони хадякунандаро тасвир мекунанд. Дар байни ин расмхо махсусан сахнахои хутба гуфтани Буддо ва сахнаи пешкашкунии курбонй чолибанд [9, 47-53].

Дар маъбади буддоии ^алъаи Кофарнихон бо мусаввара деворхои рохравхо ва сатхи гунбазро пушонида буданд. Дар яке аз деворхо порае аз мусаввараи дузинагй бокй мондааст. Дар зинаи боло буддои нишаста дар байни ду нафар тасвир шудааст, зинаи поëнии мусаввара маросими пешкаши

курбонихоро нишон медихад [9, 47-53].

Дар сатхи деворхои толорхои маросимй, хучрахо ва рохравхои касри Бyнчикат даххо метри мypаббаъ сахнахои мyсаввиpй бокй мондаанд. Дар байни деворнигорахои арзиши бадеияшон маxсyсан баланд сахнахои зерин шоистаи зикранд: олихахои адар дастхояшон рамзхои оФто6у мох, ки ба шерхои оташин савор шудаанд, иблисони сесара; аскарон - иблисон; задyxypди аскарони птеда, аспсаворон ва фойтунхо; аскар - табиби хайвонот; мутрибони харбй; бонуи уднавоз; кадамзании парандахо ва хайвонот, модагургро макидани тифлон [5, 183-202].

Бояд кайд кард, ки деворнигорахои антропоморфй ва ороишии Хулбук ва Сайëд, ки ба асрхои IX-XI муносибат доранд, аз нуктаи назари идомаëбии анъанахои мусаввирии тоисломии Точикистони Ч,анубй ахаммияти маxсyс доранд [2, 202-210].

Мучассамаи «Буддо дар вазъи нирвана» нодиртарин намунаи санъати бостонй мебошад, ки 12,7 м дарозй дорад. Махз хамин асар микдори зиëди парастандагони дини буддоиро аз кишвархои гуногуни чахон ба Точикистон чалб мекунад. Ин мучассамаи аз лой соxташyда аз маъбади Ачинатеппа ëфт гардидааст [8].

Дар даромадгохи осоpxона мехмононро мучассамахои биринчии барзаговхо ва бузхои кухй, ки аз дехаи Дараи нохияи Вахдат ëфт шудаанд, пешвоз мегиранд. Дар арафаи истилои араб ин мучассамахо таxти хокимеро оро медод, ки касри y дар ^алъаи Шодмон чойгир шуда буд [1, 91-93].

Осори кандакорй дар чу6, ки аз касри афшинхо дар ^ахкаха (нохияи Шахристон) ëфт шуданд, бо махорати воло ичро гардидааст. Дар аркаю лавхахо хамбастагихои сужавй ба назар мерасанд, ки иштиpокчиëнашон одамон, хайвоноту парандахо, нимзан-нимпарандахо мебошанд. Дар лавхае маросими рохравии шерхо кандакорй шудааст. Ороиши манзили асосии ^алъаи ^ахкаха аз хисоби чу6и бадей ва мусаввара дар як вакт ичро шудааст. Дар онхо вахдати мавзуъхои тасвирй дида мешавад. Яъне, рассом ва устои кандакор дар мувофикаи байни хамдигар эчод кардаанд. Аз чониби дигар, чу6и бадеии Шахристон шабехи осори кандакорй дар чу6и Панчакенти кадим мебошад [6, 205-217].

Х,амаруза тамошобинони сершумор аз осоpxона дидан мекунанд. Дар катори онхо сайëхон, мактаббачагону донишчyйëн ва дигар шахрвандони хавасмандро метавон дид. Х,айати кормандони осоpxона тамошои умумй ва мавзуиро ба рох мондаанд. Маводи осоpxона вобаста ба ин ë он мавзуъ дар намоишгоххои байналмилалй низ муаррифй карда мешавад.

Тамошо ва омузиши ашëхои таъpиxии Осоpxонаи миллии бостонии Точикистон, ки ба сифати шохасархои таърику фарханги чахонй пазируфта шудаанд, касро мафтун карда, аз таърики кадими точикон огох мекунанд.

Х,амин тарик, дар шароити муосири фархангй таваччухи чамъиятй нисбати намоишхои таърикй ва бадей хамчун шакли мубодилаи байналмилалии фархангй, дастрасй ба Fояхои башардустонаи абадй, воxypй бо шохасархои

санъати чахонй ё тачрибахои эчодии хунармандони навкор кам намегардад.

АДАБИЁТ

1.Атаханов Т. Царский трон правителя Шумана//Мероси ниёгон. -Вып. 1. -Душанбе, 1992. -С. 91-93.

2.Гулямова Э. Раскопки городища Сайёд в 1980 г//Арх. раб. в Тадж. -Вып. 20 (1980). -Душанбе: Дониш, 1987. -С. 202-210.

3.Исаков А. И. Исследование Саразмского отряда в 1984 г//Археологические работы в Таджикистане. - Вып. 24 (1984 г.). -Душанбе: Дониш, 1993. -С. 117-130.

4.Исаков А. И. Исследование Саразмского отряда в 1984 г//Археологические работы в Таджикистане. - Вып. 24 (1984 г.). -Душанбе: Дониш, 1993. -С. 117-130. -С. 124-125.

5. Мастеница Е. Н. Новые тенденции развития музея и музейной деятельности// Триумф музея?

-СПб., 2005.

6.Негматов Н. Н. О живописи дворца афшинов Уструшаны (Предварительное сообщение)//Советская археология. -М., 1973. -№ 3. -С. 183-202.

7.Негматов Н., Зеймаль Т. И. Уструшанский замок в Шахристане//Советская археология. -М., 1959. -№ 2. -С. 205-217.

8. Осорхонаи миллии бостонии Точикистон. Сахифаи асосии сурогаи электронии муассиса.

9. Пчелянская Т. М. Музеи и музейные экспозиции в новом спектре сетевых коммуникаций.

10.Шедевры древнего искусства и культуры Таджикистана. Материалы Южно-Таджикистанской археологической экспедиции. Каталог выставки /Ред. Б.А. Литвинский. -М.: Советский художник, 1983. -80 с. -С. 21-30.

НАМОИШГОХ, ХДМЧУН ШАКЛИ МУАРРИФИИ ЁДГОРЩОИ ТАЪРИХЙ ВА АСАРХ,ОИ САНЪАТИ ТАСВИРЙ

Дар макола ахаммияти намоишхои максаднок дар раванди ба чомеа пешниход кардани асархои таърихй ва муосир баён карда шудааст. Ташкили ин гуна чорабинихо дар осорхонахои ватанй ва берун аз кишвар имкон фарохам меорад, ки шахрвандон ва хоричиён аз сахифахои пурифтихор ва фочиавии таърих ва фарханги миллат ва тахаввулоти чахонбинии он вокиф шаванд.

Муаллиф вобаста ба баъзе ёдгорихои таърихии дар чахон маъруфи кишвар, аз чумла, Саразм, Панчакенти кадим, Ачинатеппа, ^алъаи Кофарнихон, касри Бунчикат ва гайра маълумоти кутох оварда, нодиртарин асархои бадеии хангоми хафриёти онхо ёфтшуда номбар кардааст.

Дар макола ба гайр аз маводи назариявй, вобаста ба фаъолияти Осорхонаи миллии бостонии Точикистон маълумоти амалй оварда мешавад. Тафсири кутохи баъзе ашёхои осорхона нишон медихад, ки хазинаи он хеле бой ва нодир буда, арзишй калони илмй дорад. Ин осор барои ичрои тадкикоти таърихй, фархангшиносй, санъатшиносй ва гайра сарчашмаи киматбахо ба шумор меравад. Осорхона инчунин дар тарбияи маънавии насли навраси точикон, дар онхо ташаккул додани гояхои худшиносй ва механпарастй сахми арзанда мегузорад.

Калидвожа^о: намоишгоу, бостоншиносй, санъати тасвири, муаррифии асар, Тоцикистон, Осорхонаи миллии бостона, парастишуо, мероси умумицщонй.

ВЫСТАВКА, КАК ФОРМА ПРЕЗЕНТАЦИИ ИСТОРИЧЕСКИХ ПАМЯТНИКОВ И ПРОИЗВЕДЕНИЙ ИЗОБРАЗИТЕЛЬНОГО ИСКУССТВА

В статье раскрывается роль целевых выставок в презентации обществу исторических и современных произведений. Проведение таких мероприятий в отечественных музеях и за пределами страны способствует тому, что наши соотечественники и жители зарубежья узнают о славных и трагических страницах истории народа, его культуры, эволюции мировоззрения.

Автор дает краткую характеристику некоторых всемирно известных исторических памятников Таджикистана, в том числе Саразма, древнего Пенджикента, Аджинатеппе, Калаи Кофарнихон, дворца в Бунджикате, и упоминает о найденных во время раскопок наиболее уникальных художественных произведених.

Помимо материалов теоретического характера, в статье приводятся сведения о деятельности Национального музей древностей Таджикистана. Краткое описание некоторых артефактов музея показывает, что его богатая и уникальная сокровищница имеет большую научную ценность. Эти произведения служат ценным источником для выполнения исторических, культурологических, искусствоведческих и других исследований. Кроме того, музей вносит достойный вклад в дело воспитания подрастающего поколения, формирования в нем идеи самопознания и любви к отчизне.

Ключевые слова: выставка, археология, изобразительное искусство, презентация произведения, Таджикистан, Национальный музей древностей, верование, всемирное наследие.

EXHIBITION AS A FORM OF PRESENTATION OF HISTORICAL MONUMENTS AND WORKS OF FINE ART

The article reveals the role of targeted exhibitions in the presentation of historical and contemporary works to society. Holding such events in domestic museums and outside the country contributes to the fact that our compatriots and residents of abroad become aware of the glorious and tragic pages of the history of the people, their culture, the evolution of the worldview. The author gives a brief description of some of the world-famous historical monuments of Tajikistan, including Sarazm, ancient Penjikent, Ajinatepe, Kalai Kofarnihon, Bunjikat Palace, and mentions the most unique works of art found during excavations in them.

In addition to theoretical materials, the article provides information about the activities of the National Museum of Antiquities of Tajikistan. A brief description of some of the museum's artifacts shows that its rich and unique treasury has great scientific value. These works serve as a valuable source for historical, cultural, art history and other research. In addition, the museum makes a worthy contribution to the education of the younger generation, the formation of the idea of self-knowledge and love for the motherland in it.

Key words: exhibition, archeology, fine art, presentation of the work, Tajikistan, National Museum of Antiquities, belief, world Heritage.

Сведения об авторе:

Юсупова Шахноза Азизбековна - ассистент кафедры дизайна костюма и искусства моды Технологического университета Таджикистана (734061, г. Душанбе, ул. Н. Карабаева, 63/3. Тел.: 2340654).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.