to the oxygen isotope scale, it dates back to 127-71 thousand years ago. This discovery expands the geographic scope of the Middle Paleolithic bifacial tradition in Central Asia.
Key words: Middle Paleolithic, Tajikistan, Gofilabad site, loess sequence, buried paleosoil, biface.
ГОФИЛОБОД - БОШИШГОХ,И НАВИ «ПАЛЕОЛИТИ ЗАРДХОКЙ» ДАР
ТОЧИКИСТОН
Макола ба бошишгохи нави давраи санг дар чарии зардхокии Fофилобод ва бозёфтх,ои дарёфтшудае, ки аввалини олотх,ои дутарафа коркардагй (бифас) дар палеолити миёнаи Точикистон мебошад, бахшида шудааст.Онх,о дар кабати ка-димахоки якум ёфта шудаанд ва санаи пайдоиши онх,о ба давраи 5-уми чадвали изотопу оксиген рост меояд ва 127-71 хдзор сол пешро фаро мегирад. Ин кашфиё-ти илмй ба васеътар кардани доираи чугрофии анъанаи олотх,ои дутарафа дар палеолити миёнаи Осиёи Марказй имконият медихдд.
Калидвожа^о: палеолити миёна, Тоцикистон, бошишгохи Гофилобод, царщои зардхокй, цадимахок, олоти дутарафа коркардагй.
Маълумот дар бораи муаллиф: Хучагелдиев Тура Урунович-ходими калони илмии шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.Дониш. Тел.: (+992) 987-59-69-87.
Information about the author: Khudjageldiev Tura Urunovich-research scientific of the Department of archaeology of the Institute of history, archaeology and ethnography named after A.Donish. Tel.: (+992) 987-59-69-87.
УДК: 902 (575.3)
МАЪЛУМОТИ БОЗЁФТ^ОИ БОСТОНШИНОСЙ ДАР БОРАИ ФАРХДНГИ МОДДИИ БОЛООБИ ЗАРАФШОН
САФОЕВ Ч. Б.,
Донишгохи техникии Точикистон ба номи академик М. С. Осимй
Болооби Зарафшон (Кух,истон) дар рузх,ои мо х,удуди нох,иях,ои Айнй, кух,истони Мастчо^ ва Панчакентро дарбар мегирад. Топонимх,ои ба мисли "Зарафшони Боло", "Болооби Зарафшон" ва "Кух,истон" кисмати кух,ии Сугдро дар шарк муайян мекунанд, ки ба он Буттам ё Буттамони асримиёнагй дохил буда, шомили Паргар, Мастчох,, мулкх,ои Киштут буданд. Тах,ти мафх,уми сиёсии истилох,и "Сугд" нох,иях,ое фах,мида мешаванд, ки дар водии Зарафшон аз Панчакент то Кармин ва водии ^ашкадарё вокеъ гардидаанд [9,3].Сугд дар асри VII ва огози аср^ои VIII-IX на танх,о ба мачмуи мулкх,ои алох,идаи хурд, балки инчунин ба иттих,одияи давлатй табдил меёбад [5,26].
Панчакенти муосир ин маркази нохияи хамном буда, ба хайати вилояти собики Ленинобод (соли 1939 таъсис ёфтааст) дохил буд. Ин шахр дар сорили чапи дарёи Зарафшон дар охири водии он, кариб дар доманакуххо, дар 69 км аз Самарканд чойгир шудааст. Шахр бо манзараи зебо дар ду айвонхои аввали наздисохилии Зарафшон, дар шарки мачрои дарёчаи хушкшавандаи Мисрак пахн шудааст.Бокимондахои Панчакенти кадим, яъне димнаи ^айнарсу, дар айвони сеюми Зарафшон, дар чанубу гарби шахри муосир (дар ду километр аз он) хобидаанд, ки майдони кариб 14 гектарро ишгол менамоянд.Шахри кадима дар баландй чойгир шуда, пушта-пуштахои пуриктидори он дар шахри муосир бартарият доранд. Дар таги деворхои димна аз шимол канали сероби Тохсанкорез чорй мешавад, ки сароби худро аз дарёчаи Мугиён-Дарё гирифта, обро дар вакти хозир ба шахри муосир меорад. Димнаи ^айнарсу (тахтуллафзй "оби чушанда") номи худро аз ибодатгохе гирифтааст, ки то вактхои охир аз чониби ахолии махаллй мавриди парастиш карор гирифта буд. Ибодатгох дар сорили канали Тохсанкорез дар пояи баландй вокеъ гардидааст, ки дар он калъаи шахр истодааст; дар ин чо чашмае чойгир шудааст, ки номи худашро хам ба ибодатгох, хам ба димна додааст [1,84-85].
Маъбадхои Панчакент ёдгорихои барчастаи санъати хосса ва такрорнашавандаи сугдй мебошанд. Вежагихои ин фарханги хоссаи бадей боз хдм равшантар дар зебу зинатхои манзилхои ашрофони шахрй инъикос ёфтаанд.Мехмонхона ба сифати маркази хар як хона хизмат мекард-толори васеъ ва бисёр равшан, ки ба зебу зиннатхои он ахаммияти махсус дода мешуд. Дар байни сутунхои чубй дар маркази сакфи хамвор равзанаи калони равшанй чой карда мешуд, ки ба рушной ва хаво дастрасии озодро таъмин мекард. Дар тули деворхо суфахо чойгир шуда буданд, ки бо матоъхо ва болиштхои рангоранг пушида шуда ва бевосита дар мукобили даромадгох одатан макони фахрй чойгир карда мешуд. Сутунхои чубй бо кандакорй пушида шуда, болорхо бошад серранг карда шудаанд. Кандакории чуб дорои накшхои геометрй ва набототй, тасвирхои худоён, одамон ва хайвонотро доро буда, дар намуди барелефхо ё мучассамахои кариб пурхачм ичро карда шудаанд. Наккошихои сосонй, кушонй, шаркиназдикй, эллинй ва хиндигиро дар миёни тасвироти кандакоришуда дучор шудан мумкин аст.
Наккошихои бисёррангаи аз руи сифати ичроиш, рангхо ва сужахо нодир тамоми сатхи деворхои толорхои тантанавиро ишгол менамуданд. Дар аксари даххо хонахои Панчакент бокимондахои наккошихои деворй кашф карда шудаанд ва майдони аз чониби онхо ишголшуда, эхтимолан, ба садхо метри мураббаъ мерасид.Наккошхои Панчакент асархои барчастаи санъати кадимаи асримиёнагй ба шумор мераванд. Рассомони онхоро эчодкарда як катор усулхо, образхо ва композитсияхоро аз санъати
юнону Бохтар, кушон, Х,индустон ва кишвархои дигари Шарк иктибос кардаанд. Вале рассомони сyFдй, хамаи инро азхуд карда, асархои хосса ва комилан такрорнашавандаро эчод кардаанд, ки аз наккошихои дигар кишвархо ва халкхо фарк мекунанд.
Маълумот дар бораи Панчакент дар сарчашмахо ва дар тахкикоти дар онхо асосëфта дар вакти бозëфти бойгонихо дар кухи MyF бо тазаккурхои алохида дар бораи ин шахр ва нохияи он махдуд буданд. Дар адабжти чyFpофй Панчакент хамчун яке аз рустакхои Самарканд зикр мешавад, худи шахр бошад ба сифати шахри ягона, ба Fайp аз Самарканд, дар чануби даpëи Зарафшон дорои масчиди чомеи худ буд [1,84-85]. Чунин холат ба он ишора мекунад, ки Панчакент пас аз истилои арабхо хамчун нохияи фархангй ва динй ба шумор мерафт. Мутобик ба маълумоти худи хамон муаллифон, рустаки Панчакент дар асри IX рустаки аз хама шаркитарини Самарканд ба хисоб мерафт, ки марзи он дар Fаpб аз Варагсар, марзи дигарй аз куххои Шавдара мегузашт. Марзи Панчакент дар шимолу шарк, тавре шуморида мешавад, Зарафшон буд.
Панчакенти тоисломй дар адабжти таърихй танхо дар робита ба яке аз лахзахои таърихии забткорихои арабхо (солхои 7TG-7TT) зикр карда мешавад. Ин лахза бо номи феодали сyFдй Деваштич робита дорад, ки уро Табарй дехкони самаркандй ном мебарад. Дар китоб оид ба таърихи Самарканд (Кандийа), ки то замони мо дар тахрири асри XIV, хабар дода мешавад, ки Панчакент, дар мукобили Иштихон, ба шумори шахрхои нав мансуб буд ва аз ин бармеояд, ки Панчакент баъди Иштихон ба вучуд омадааст ë аз нав сохта шудааст ва он ки ин шахр, эхтимолан, ба шумори чунин шахрхои бузург тааллук дошт, тавре ки дар замони худ Иштихон буд. Дар хуччатхои вакфй, махз дар сарчашмахои вактхои дертар дар бораи махалли MyF-калъаи Панчакент "Маъбади мyFOни Панчакент" зикр карда шудааст, ки дар наздикии шахри Панчакент, дар чануби он чойгир шудааст [10]. Ин ном метавонад ба димнаи панчакентии ^айнарсу мансуб бошад, ки дар назди Панчакенти кадим, дар чануби он чойгир шуда буд. Номи "Маъбади мyFOн" димнаро яке аз чойхои мухим дар водии Зарафшон ва дар гузашта муайян мекунад, ки бо парастишхои тоисломии СyFд иртибот доранд.Исботи бавоситаи ин ибодатгохи дар боло зикршудаи дар таги деворхои он чойгиршуда мебошад ва худи Панчакент бошад яке аз марказхои фархангй ва динии сарзамин то забткорихои арабхо ба шумор меравад.
Таваччухи чиддии бостоншиносон ва муаррихонро ба димнаи панчакентии ^айнарсу бозëфти бойгонихои MyF наметавонист чалб накунад. А. Ю. Якубовский соли 1946 Экспедитсияи Точикистону СyFдpо ташкил намуда, ба омузиши мунтазами ëдгоpихои бостоншиносии Точикистон OFOЗ гузошт. Дар Точикистони шимолй ба сифати объекти
асосии корхои оянда у дар он вакт димнаи ^айнарсуро муайян кард. Тахти рохбарии бевоситаи А.Ю. Якубовский соли 1947 дар димна корхо огоз карда шуданд, ки то вакти хозир идома доранд.Пас аз вафоти А.Ю. Якубовский экспедитсияро М.М. Дяконов сарварй кард, сипас корхоро дар димна А.М. Беленитский бурд. Мавчудияти шахри кадимаро дар ин чо тахкикоти димна мукаррар сохтанд, ки охирй аз чониби А.Ю. Якубовский бо Панчакент айният дода шудааст.
Бори аввал тамоми коллексияи бой тасаввуротро бар бораи симои фарханги моддии сугдиёнро дода, пас аз рамзхонии онхо, кашфиёти таърихии хуччатхои хаттй маълумоти фаровони арзишмандтаринро дар бораи таърих ва фарханги маънавиро ваъда медод. Чун натичаи мехнати пуршиддати А. А. Фрейман рамзхонии дастхатхои сугдй огоз шуда, ки онро шогирдонаш М.Н. Боголюбов, В.А.Лившитс, О.И. Смирнова ба охир расонданд. Хуччати арабй аз чониби И. Ю. ва В. А. Крачковский хонда, шарху тавзех дода шуд.
Маводи навро бар бораи эътикодоти давраи кадим ковишхои Панчакенти кадим додааст. Б. Я. Ставиский, О. Г. Болшаков , Е.А. Мончадская бо истифода аз маълумоти ковишхои нав, дар маколаи "Некрополи Панчакент" (чилди дуюми "Осор") маросимхои дафнро хамчун маздоии ба дини зардуштй наздик, вале бо наздикии бештар ба бутпарастй аз охирй муайян мекунанд. Чунин нуктаи назар аз чониби Б. Я. Ставиский дар маколаи "Дар бораи масъалаи идеологияи Сугди томусулмонй" ("Ахборот" - и Осорхонаи чумхуриявии таърихию кишваршиносии Ч,ШС Точикистон. Нашри 1) оварда шудааст. А.М. Беленитский дар маколаи "Масъалахои идеология ва фархднги Сугд" дар мачмуаи "Наккошии Панчакенти кадим" дар баррасии эътикодоти динии сугдиён ба монавй тамоюл дорад. Нихоят, дар асоси сужахои тасвирй "Сужахои алохидаи тасвирй дар ёдгорихои санъати Сугди кадим" ("Ахборот" - Шуъбаи илмхои чамъиятшиносии АИ Ч,ШС Точикистон. № 2. 1952) Г. А. Пугаченкова акида дорад, ки дар миёни сугдиён парастишхои собит ва мураккаби куввахои эхёшавандаи табиат тасаллут доштанд.
Баъдтар, олими маъруф Юсуфшо Ёкубшо ба омузиши вилояти Буттам, таърихи Паргар, инчунин канорахои он дар давраи асримиёнагии барвактй шуруъ кард. Тамоми маводи ба китоби у "Паргар дар асрхои VII-VIII - и асри мо", "Аз руи изхои фархангхои кадимаи Точикистон" ва диг. [12] дар маълумоти муаллифони арабу форсизабони асрхои IX - XII, инчунин дар тахкикоти бостоншиносони Шуравй дар ин минтака асос ёфтаанд, ки муаллиф ба таври муфассал онхоро мавриди тахлил карор додааст.Академик Ю.Ёкубшо таъкид мекунад, ки агар димнаи Панчакенти кадим шахри асримиёнагии барвактии Осиёи Миёна бошад, он гох
сукунатгохи Гардани Х,исор сукунатгохи асримиёнагии барвактии минтака мебошад [13,114].
Ковишхои Панчакентро дар тули чоряк аср гузаронда шуданд ва баъди вафоти А. Ю. Якубовский, тавре дар боло кайд шуд, онхоро А. М. Беленитский рохбарй намуд.Ба бостоншиносон дар Панчакент мавриди мувофик имконият дод, яъне: ба онхо лозим наомад аз тарики шумораи бисёри кабатхои фархангй то худи кадима расанд - онхо зуд ба асри VIII -и асри мо "ворид шуданд". Бозёфтхое, ки дар ин чо ба даст омадаанд, инсонро доимо ба тааччуб меоранд. Масалан, бокимондахои бинохои сершумор, асархои бебахои наккошй ва мучассамахо симои сугдиёни кадима, вежагихои фархангхои онхоро кушоданд.
Асархои меъморй, наккошй ва хайкалтарошие, ки дар шахри бостонии Панчакент ва шахрхои дигари сугдй ёфт шудаанд, сатхи ба таври гайриодй баланди фарханги сугдиёни охири асри IV-миёнаи асри VIII - ро нишон медиханд. Дар миёни халкхои дигари Осиёи Миёна сугдиён ягона анъанахои кадимаи бадеиро нигох доштанд, ки хануз ба даврони эллинй-масалан, истехсоли терракотхо-мерасанд. Аз чониби устоёни сугдй косахо, харфхо ва кузахои зебо ва хеле гуногун тайёр карда мешуданд, ки дар онхо таъсири намунахои юнонй чашмрас буда, метавонистанд зарфро хуб сузонанд, шохй бофанд, чармро коркард кунанд, чихозу анчоми зебои босифати аълоро истехсол кунанд. Косибони сугдй, бар андозаи назаррас ба тичорати байналмилалй умед баста, маснуоти худро бо завки форсй, хитой ва византиягй ороиш медоданд.
Ковишхои гузаронидашудаи Панчакенти кадим тасвири пурратари фарханг ва маишати шахри сугдиро дар арафаи забткории араб доданд. Дар аввали асри VIII шахр мавриди хамлаи хоричиён карор гирифт, ки равиши табиии инкишофи кишварро халалдор сохт. Х,окими Панчакент-Деваштич муборизаро бо госибон сарварй карда, ба маглубият дучор мешавад, у бо як гурухи начандон калони чанговарон дар калъаи вокеъ дар кухи Муг пинхон мешавад. Вале калъа ба мухосираи тулонй мучаххаз карда нашуда буд ва ин Деваштичро водор мекунад мудофиаро катъ намуда, ба душманон, ки ба у дахолатнопазириро ваъда карда буданд, таслим шавад. Дар ибтидо арабхо ба князи асиршудаи панчакентй бо эхтиром муносибат карданд, вале дертар у чормех карда шуда, сари буридашуда ва дасти чапашро ба халиф фиристоданд. ^алъа дар кухи Муг торумор карда шуд. Х,аёт дар шахрхои Сугдиён аз солхои 20-уми асри VIII ба инкироз ру оварда, танхо баъди солиёни дароз ба ин чо олимон омаданд. Х,амин тарик, калъа дар кухи Муг,ки яке аз панохгоххои охирини сугдиён ба шумор мерафт, ба ёдгории якуми ёфтшудаи фарханги кадима табдил ёфт, ганчинахои худро аз нав ба инсоният кушод.
Дар дахсолахои охир санъати Сугд ба туфайли ковишхои бостоншиносй дар Осиёи Миёна кушода шуд. Агар ним аср пеш танхо хайкалчахои терракотй ва хумхо маълум буданд, акнун дар бораи меъморй ва наккошии ёдгорй,торевтика,кандакории чуб, сафолгарии бадей ва хоказои дигар мухокима рондан мумкин буд.
Дар водии ^ашкадарё, дар вохаи Бухоро, дар заминхои дар чараёни мобайнии Зарафшон ва дар пойтахти Сугд-Самарканд ёдгорихои сершумори чолиб ва мухим кашф карда шуданд. Гарчанде тасаввури том дар бораи санъати сугдй, ки далелхои дар чойхои мухталиф, гарчанд хеле равшан, вале пароканда ба даст омадаанд, танхо дар натичаи корхои бисёрсола дар Панчакент ба вучуд меояд, ки дар он чо аз соли 1948 шуруъ карда, харсола бозёфтхои харчи навтар кашф карда мешаванд [7,233-238].
Маводи арзишмандтарин доир ба таърих ва фарханги болооби водии Зарафшон сиккашиносии сугдй мебошад. Зиёда аз хазор тангахо дар солхои аввали ковишхо кашф карда шуданд, ки кисмати асосиашонро низоми сугдии пулй муаррифй мекард ва ин имкон дод низоми тангавии Сугд, ки то ин вакт дар бораи онхо ягон хел маълумот вучуд надошт, омухта шавад. Барои тахкики хаёти иктисодй, сиёсй ва фархангии минтака, инчунин забонхои эронй омузиши тангахо мухим ба шумор мерафт. ^исмати калони тангахои сугдй дар мобайн сурохй доштанд ва намунахои бесурохиро А. Ю. Якубовский бо асрхои VII-VIII замонабандй кардааст [14]. Дар гардиши пулй тангахои тиллой ба таври вокей иштирок намекарданд [4,51].Замони гардиши тангахои сугдиро О. И. Смиронова тибки навиштачоти арабизабон мукаррар кард [8].
Маводи гании сафоли димнаи Панчакентро И. Б. Бентович мавриди барасй карор дода, онро ба асрхои VII-VIII, пеш аз забткорихои арабхо, нисбат додааст. У сафоли панчакентиро ба ду гурухи асосй таксим мекунад, яъне зарфхои гачкоришуда, истехсоли хонагй ва намунахое, ки дар доираи пойии кузагарй сохта шудаанд [3]. И.Б. Бентович ба афзоишёбии истехсолоти косибй дар асри VI дар маркази мулкдории Панч ишора мекунад. Дар маколаи дигари И.Б. Бентович "Сафоли кабати болоии Панчакент (асрхои VII - VIII)" [3] тавсифи умумии маснуоти сафолй оварда шудааст.
Хулосагирихои мухаккикони давраи Шуравй, ки ба маводи ковишхои бостоншиносй такя мекунанд, маълумоти сарчашмахои хаттиро нисбат ба таърихи шахри Самарканд ва умуман тамоми хавзаи болооби Зарафшонро тасдик карданд. Муоина ва тахкики димна имкон фарохам овард харитаи топографй, вазъи ичтимоии ахолй ва хаёти фархангии тамоми водии Зарафшон дар даврахои кадим ва асримиёнагй баркарор карда шавад.
Хамчун сарчашма доир ба таърихи Осиёи Миёна димнаи Панчакенти кадим кариб тамоми маводи барои омузиши фарханги шахрхои асримиёнагии барвактии шахрхои Мовароуннахр зарурро медихад. Дар ин
чо мактаби комилан ташаккулёфтаи бадей муаррифй гардидааст, ки дорои хусусиятхои ба таври равшан ифода ёфта буда, иттилооти мухимро дар бораи идеологияи минтака мухайё месозанд. Доир ба таърихи меъмории Осиёи Миёна бозёфтхои бостоншиносй маводи нодирро ироа дода, тасаввуроти то ин вакт мавчударо дар бораи шахрсозй, шакл, конструксияхо ва навъи бинохо тавсеа доданд. Чун натича, сохтхои манзилхои навъи шахрй дар асрхои VII - VIII, хусусиятхои асили маъбадхо ва хумхои дафнй кашф карда шуданд. Мохиятан, димнаи Панчакенти кадим як навъ озмоишгох барои омузиши идеология, фарханг ва меъмории шахри асримиёнагии барвакти Осиёи Миёна дар мачмуъ ба шумор меравад.
Маълумоти бозёфтхои бостоншиносй дар бораи фарханги моддии болооби водии Зарафшон дар бораи он гувохй медиханд, ки истехсоли зарфхои атторию дорухонагй (флаконхо) хануз дар асримиёнагии барвактй асос гузошта шуда буд. Аз чумла, дар миёни якчанд порчахои гулобдонхо ва косахои Панчакент флаконхои начандон калон муаррифй шудаанд, ки бо хубтар махфуз мондани онхо бино ба андозахои хурд тавзех дода мешавад. Онхо зарфхои бештар пахншудае мебошанд, ки барои бастабандии хар гуна хамирахо, равганхо ва дорухои моей ба кор бурда шуда, бо тахкикоти сершумор тасдик мешавад [11,312].
Аз солхои 1975-1977 шуруъ карда, дар водии Зарафшон инчунин бозёфтхо ва дафинахои ягона маълум шуданд, ки онхоро ба даврони биринчй нисбат додан мумкин аст. Азбаски ин бозёфтхо ва дафинахо берун аз мавзуъхои асосии таваччухи илмии А. М. Беленитский, Б. И. Маршак, В. И. Распопова, А. И. Исаков ва Ю. Ёкубшо карор доштанд, дар нашрияхо дар бораи онхо танхо сатхй ва мухтасар хабар дода шудааст [2].
Эхтимол дорад, ки водии Зарафшон низ ба мачмааи бохтарию маргиёнй дохил шуда, омузиши ояндаи бостоншиносии водй имкон медихад тасхехоти минбаъдаро ворид кунанд.
Х,амин тарик, нохияхои болооби Зарафшон минтакаи равобити фархангии гуруххои мухталифи ахолии кадима мебошанд, ки ба он чо аз чануб кабилахои мукимию кишоварзии навъи фарханги сапаллй ворид шуда, аз шимол кабилахои биринчи сахрой меомаданд, ки кабристони Даштикозиро бокй гузоштаанд.
Маълумот дар бораи хаёти хочагии мулкдории Панчакент, ки дар хуччатхои аз кухи Муг шомиланд, аз чониби Б.Я. Ставиский (1957), В.А. Лившитс (1962), О.И. Смирнова ва М. Н. Боголюбов (1963) мавриди тахлил карор гирфтаанд. Ба онхо дар кори муштараки худ дертар А. М. Беленитский, Б. И. Маршак (1980) мурочиат кардаанд. Бо вучуди он, ки маълумоти хуччатхои мугй хеле канда ва нопурра мебошад, ба назар хеле тасодуфй мебошад, ки дехотхое, ки дар онхо тазаккур ёфтаанд, дар нохияи кухии Паргар махаллй кунонида мешаванд. Чугрофидонхои араб дертар
Фалгар (Паргар)-ро ба Уструшана,Панчакент ва заминхои водигии мучовири онро-ба Самарканд ва Сугд нисбат дода буданд. Махз ба Паргар матнхои хочагидории марбут ба Деваштич ва идоракунандаи у-фрамандар Утто мансубанд, ки дар он чо домени Деваштич чойгир шудааст. Эхтимол, матнхои дар яке аз калъахои Паргарй ёфтшуда иктисоди нохияи наздикро инъикос мекунанд ва домени Деваштич бошад, инчунин худудхои дигарро низ дарбар мегирифт. Вале, ба назар бештар эхтимолй мерасад, ки заминхо дар канорахои Панчакент на ба Деваштич, балки ба ашрофу аъёни шахрй тааллук доштаанд, ки дар бораи шумораи калони онхо сохтмонхои шахрии Панчакент имкони мухокимарониро медиханд.Равобити иктисодии Фалгар бо Уротеппа (Истаравшан), мутобик ба маълумоти мардумшиносй, назар ба Панчакент зичтар буданд. Масалан, ковишхои Ю. Ёкубшо дар Мадм ва ^ум нишон доданд, ки сафоли воридии дастгохй аз ёдгорихои паргарй ба ду гурух таксим мешавад - панчакентй ва эхтимолан, уструшанй, дар холе ки охирй бартарй дорад.
Хамин тарик, Панчакенти кадим объекти аз хама омухташудатарини асри миёнаи барвактй ба шумор меравад, ки он "Помпейи Шарк" ё худ "Помпейи Осиёи Миёна" ва "Флоренсияи хурд" номида мешуд.Чун натичаи тахкикоти беш аз нимасраи экспедитсионй мавод барои тавсифи тамаддуни сугдй - таърифе, ки дар илми таърих вучуд надорад, ба даст омаданд ва худи Сугд на бештар чун давлати устуравй маълум буд, ки дар кисматхои кадимтарини китоби мукаддаси зардуштиён - "Авасто"-зикр шудааст. Мухаккикони дар корхо иштироккарда, дертар олимони бузурги россиягй, масъалахоеро тахия намуданд, ки дар тахкикоти минбаъдаи ёдгорихои асримиёнагии барвактии тамоми Осиёи Марказй такягохй шуданд. Асоси методикаи омузиши ёдгории бисёркабата аз чониби А. И. Тереножкин гузошта шуда, микёси замонабандй имкон медихад, ки таърихи шахр пайгирй карда шавад, аз чониби О. Г. Болшаков ва Б. И. Маршак тахия шудааст.Дар ин кор ба Б. И. Маршак методикаи ковишхо, накши координатхои топографй, принсипи сабткунии меъмории лойй, методи математикии омузиши сафол ва бисёри дигар, ки аз чумлаи мавриди истифода дар Осиёи Миёна хамчун бехтаринхо эътироф шудаанд [6,55].
Маълумоти бештарро дар бораи фарханги моддии болооби Зарафшон меъмории Панчакент медихад, ки ба предмети тахкикоти наслхои зиёди олимон табдил ёфт. Огози омузиши меъмории болооби водии Зарафшон бо номи В. Л. Воронина марбут аст, ки бори аввал манзилхои алохидаро чудо кардааст.Кори у аз чониби Б.Я. Ставиский идома дода шуда, доир ба манзилхои алохида хамчун махалхои истикоматии аъёну ашрофи шахрй шарху тавзех додааст. В. И. Распопова
бошад, монографияро бахшида ба манзилхои ин минтака навиштааст. Дар давоми ду дахсолаи охир тахкики махалхои истикоматй аз чониби Д. Абдуллоев, И. Рахматуллоев ва дигарон низ гузаронида шуд.
Дар корхои А.Ю. Якубовский сохтори накшаи шахри сyFдй бо кухандиз, шахристон, ахолии наздишахрй аз работхои пароканда ва некропол аз хумхо -навсхо) тавсиф ëфтааст. Аз чониби Г. В. Григорев пештар сохтори бокимондахои дехоти сyFдй бо бурч дар стилобат ("манора" ë "теппа") бо "майдончаи бо девор ихоташуда сабт карда шуда буд.Вале морфологияи бочузъдати сукунатгоххоро танхо ковишхои густурда доданд.
Кашфжти ëдгоpихои нодири санъати сyFдй-наккошии деворй ва хайкалтарошии кандакорй ба Панчакент шухрати умумичахониро овард. Панчакент ба ганчинаи асили наккошии сyFдии даврони тоарабй ба туфайли омезиши муфассали ин фрескахо, ки аз чониби А. М. Беленитский ва Б. И. Маршак гузаронида шудааст, табдил меëбад.
Х,амин тарик, маълумоти сарчашмахои хаттии асpимиëнагй ва бозëфтхои бостоншиносй дар болооби водии Зарафшон ба олимон имкон дод, ки кабатхои мухимми таърих ва фарханги минтака омухта шавад. Мухаккикони нимаи дуюми асри XIX-нимаи аввали асри XX дар асоси маълумоти ëдгоpихои хаттй ва бостоншиносй макоми мухимми сyFдиëни болооби водии Зарафшонро дар таърих ва фарханги минтакаи осиëимиëнагй муайян карданд.
АДАБИЁТ
1. Бартольд В. В. Туркестан в эпоху монгольского нашествия, II, СПб., 19GG.
2. Беленицкий А.М., Маршак Б.И., Распопова В.И., Исаков А. И. 1981.
3. Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. - М:Лаука. 1972.
4. Додхудоева Л. H. Лидерство в культуре.//Средняя Азия в древности и сpедневековье./Л.H.Додхyдоева.- Душанбе, TGG3.
5. Институт истории, археологии и этнографии им. А. Дониша. 6G лет. Под общей ред. М. Р. Масова. - Душанбе: «Дониш», TG13. .
6. Маршак Б. И. Искусство Согда .//Центральная Азия: новые памятники письменности и искусства. M.: 1987. С. T33 - 248.
7. Смирнова О. И. Каталог монет с городища Пенджикент,-(Материалы 1949-1956гг.). -М., 1963.
8. Собиров H. И. Верховьев Зеравшана в историографии второй половины XIX-первой половины XX вв. Автореферат диссертации на соискание ученой степени кандидата исторических наyк.Специальность:07.00.09- историография, источниковедение н методы исторического исследования.Ш.И.Собиров.-Душанбе, TG1T.
9. Справочная книжка Самаркандской области, VI, 1898.
10. Шефер Э. Золотые персики Самарканда. - М., 1981.
11. Якубов Ю. Паргар в VII - VIII веках нашей эры. (Верхний Зеравшан в эпоху раннего средневековья). Ответ, редактор Б. Я. Статский./Ю. Якубов.- Душанбе: Издательство Дониш, 1979.
12. Якубов Ю. По следам древних культур Таджикистана./Ю.Якубов.- Душанбе: Ирфон. 1978.
13. Якубовский А.Ю. Вопросы изучения Пенджикентской живописи // Живопись древнего Пенджикента - М - Нзд АН СССР. С. II.
МАЪЛУМОТИ БОЗЁФТХОИ БОСТОНШИНОСЙ ДАР БОРАИ ФАРХДНГИ МОДДИИ БОЛООБИ ЗАРАФШОН
Дар макола маълумоти бозёфтхои бостоншиносй дар бораи фарханги моддии болооби водии Зарафшон ба риштаи тахки; кашида шудааст.Муаллиф перомуни болоравии иктисодй ва фархангии Сугд ва мавкеи чойгиршавии водии Зарафшон маълумоти мухтасар дода, бевосита ба баррасии ахбороте, ки бозёфтхои бостоншиносии ин минтака дар бораи фархангии модй, аз чумла бойгонии дастхатхои Муг медиханд, муфассал сухан ронда аст.
Ёдрас мегардад, ки ёдгорихои бостоншиносй, меъморй, рассомй ва хайкалтарошие, ки дар шахри бостонии Панчакент ва инчунин дигар шахрхои Сугдиён дар охири асри V-аввали асри VIII ёфт шудаанд, дар бораи фарханги баланди модии ин давра шаходат медиханд.Дикдати махсус ба маълумоти бозёфтхои хафриёти бостоншиносии дар давраи Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон гузаронидашуда дода шудааст. Хулоса карда мешавад, ки маълумоти бозёфтхои бостоншиносй ва сарчашмахои хаттй дар болооби водии Зарафшон имкон доданд, ки кабатхои мухимми таърихию фархангй кушода дода шуда, чойгохи сугдиёни болооби Зарафшон дар таърих ва рушди фарханги минтакаи Осиёи Марказй муайян карда шавад.
Калидвожахо: маълумот, бозёфтхои бостоншиносй, фарщнги моддй, болооби Зарафшон, Сугд.
СВЕДЕНИЯ АРХЕОЛОГИЧЕСКИХ НАХОДОК О МАТЕРИАЛЬНОЙ КУЛЬТУРЕ ВЕРХОВЬЕВ ЗЕРАФШАНА
В статье даются сведения об археологических находках, о материальной культуре верховьев долины Зерафшана. Автор дает краткие сведения о развитии экономики и культуры Согда и месте расположения верховья Зеравшана, непосредственно переходит к рассмотрению сообщений, которые дают археологические находки этого региона о материальной культуре, включая архив мугских источников.
Подчеркивается, что памятники археологии, живописи и скульптуры, найденные в конце V-начале VIII вв., свидетельствуют o высокой материальной культуре этого периода. Особое внимание уделено сведениям археологических находок раскопок, проведенных в период независимости Таджикистана. Автор заключает, что сведения археологических находок и письменных находок в верховье Зерафшана позволили открыть важные исторические и культурные пласты и определить место согдийцев верховьев Зерафшана в истории и развитии культуры Центральной Азии.
Ключевые слова: сведения, археологические находки, материальная культура, верховье Зерафшана, Согд.
INFORMATION OF ARCHEOLOGICAL FINDINGS ON MATERIAL CULTURE OF THE UPPER ZARAFSHAN
The article reviews the information of archeological findings on material culture of the upper Zarafshon. The author gives concise information on the development of economics and culture, the place of situation of the Upper Zarafshon and directly passes to reviewing information, which give the archeological findings of the region on the material culture, including the archive of Mugh sources.
It is underlined that the monuments of archeology, painting and sculpture, which were found at the end of 5th - the beginning of the 8th century, testify about the high material culture of this period. A special attention is paid to information of archeological findings of excavations, which were conducted in the period of independence of Tajikistan. The author concludes that information of archeoelogical findings in the Upper Zarafshon promoted to open the important historical an cultural layers and to define the place of Sogdians of the Upper Zarafshon in the Central Asian history and culture.
Key words: information, archeological findings, material culture, upper Zarafshon,
Sogd.
Сведения об авторе: Сафоев Джамшед Бафоевич-старший преподаватель Таджикского технического университета им. академика М.С. Осими. Адрес: 734025, г. Душанбе. Тел.: +(992) 907558474 E-mail: [email protected].
Information about the autor: Safoev Djamshed Bafoevich-chief teacher, The Tajik Technical University after M.Osimi. Address: 734025. Dushanbe. Тел.: +(992) 907558474. Email: [email protected].