Научная статья на тему 'ВОПРОСЫ ИЗУЧЕНИЯ ПЕРИОДИЗАЦИИ ГРАЖДАНСКОЙ ВОЙНЫ (1992- 1997 ГГ.) В ТАДЖИКИСТАНЕ В ТРУДАХ ОТЕЧЕСТВЕННЫХ И ЗАРУБЕЖНЫХ ИССЛЕДОВАТЕЛЕЙ'

ВОПРОСЫ ИЗУЧЕНИЯ ПЕРИОДИЗАЦИИ ГРАЖДАНСКОЙ ВОЙНЫ (1992- 1997 ГГ.) В ТАДЖИКИСТАНЕ В ТРУДАХ ОТЕЧЕСТВЕННЫХ И ЗАРУБЕЖНЫХ ИССЛЕДОВАТЕЛЕЙ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
69
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ГРАЖДАНСКАЯ ВОЙНА / ФУНДАМЕНТАЛЬНОЕ ИССЛЕДОВАНИЕ / ПРИЧИНЫ ВОЙНЫ / ВНУТРЕННИЕ ФАКТОРЫ / ВНЕШНИЕ ФАКТОРЫ / НАЧАЛО ВОЙНЫ / ПЕРИОДИЗАЦИЯ / ОТЕЧЕСТВЕННЫЕ ИССЛЕДОВАТЕЛИ / МЕМУАРНАЯ ЛИТЕРАТУРА / ПОСЛЕДСТВИЯ ВОЙНЫ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мирзоев Джурабек Абдулович

В статье рассматриваются вопросы изучения история гражданской войны 1992-1997 гг., вследствии которой десятки тысяч таджиков и таджикистанцев погибли и тысячи людей стали бездомными, в трудах отечественных и зарубежных исследователей. При освещении особое внимание уделено предпосылкам, основным причинам, внешним и внутренним факторам возникновения гражданской войны в Таджикистане. В статье автор важное значение придает проблеме периодизации истории гражданской войны, которая до сих пор оставалась нерешенной.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE PROBLEMS OF INVESTIGATION OF CIVIL WAR (1992-1997) IN TAJIKISTAN IN SCIENTIFIC WORKS OF DOMESTIC AND FOREIGN RESEARCHERS

The article analyzes the issues of the study of the terrible pages of the history of the Tajik people- history civil war in the research of domestic and foreign researchers, later which the thousands of Tajiks and Tajik cityzens died and thouthands become homeless. A special attention is given to preconditions, the main reasons, external and internal factors of occurrence of civil war in Tajikistan (1992-1997). In addition, the article also pays a special attention to the problems of periodization of the history of Civil War, which has still remained unresolved.

Текст научной работы на тему «ВОПРОСЫ ИЗУЧЕНИЯ ПЕРИОДИЗАЦИИ ГРАЖДАНСКОЙ ВОЙНЫ (1992- 1997 ГГ.) В ТАДЖИКИСТАНЕ В ТРУДАХ ОТЕЧЕСТВЕННЫХ И ЗАРУБЕЖНЫХ ИССЛЕДОВАТЕЛЕЙ»

УДК: 9 (575.3)

МАСОИЛИ ОМУЗИШИ ДАВРАБАНДИИ ЧАНГИ ША^РВАНДИИ ТО^ИКИСТОН (1992-1997) ДАРОСОРИ МУ^АККИЦОНИ ВАТАНИ ВА ХОРИ^И

МИРЗОЕВ Ч,урабек Абдулович

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.Дониш

Дар ибтидои солхои 90-уми асри ХХ дар натичаи пош хурдани Ит-тиходи Шуравй давлатхои нави мустакил таъсис ёфтанд, ки дар назди онхо вазифахои мухим-тахкими мустакилияти хеш, ташаккул додани асосхои сиёсати дохилй ва хоричй меистод. Ч,умх,урии Точикистон ба чумлаи ин давлатхои тозатаъсиси мустакил дохил мешуд, ки бояд мустакиман унсурхои нави миллии хокимият ва асосхои сиёсати дохилй ва хоричии хешро муайян мекард.Вале,мутаассифона, давлати тозаистиклоли Точики-стон ба гирдоби чанги шахрвандй кашида шуд, ки дар натичаи он хазорхо нафар точикон ва точикистониён курбон ва хазорхо нафари дигар бехону-мон шуда, хазинаи давлат касоду миллати точик парешон гардид.

Рочеъ ба инъикоси вокеоти сиёсй ва хаёти ичтимой-иктисодии солхои 90-уми асри ХХ, аз чониби муаррихон, сиёсатмадорон, журнали-стон, хукукшиносон ва умуман ахли илми Ч,умхурии Точикистон таъли-фоти зиёде ба табъ расидааст, ки фарогири хамаи чабхахои хаёти чомеа мебошанд.Дар байни онхо, махсусан асархое, ки ба инъикоси сахифахои мудхиши таърихи Точикистони сохибистиклол-чанги шахрвандй (19921997) бахшида шудаанд, мавкеи мухим доранд.

Мавриди зикр аст, ки дар инъикоси солхои аввали даврони истикло-лият, чанги шахрвандй (1992-1997), сабабхо, рафт ва окибатхои мудхиши он, пеш аз хама, гузоришу баромадхо ва шохасархои Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Ч,умх,урии Точикистон мухта-рам Эмомалй Рахмон манбаъи мухим ва хеле арзишманд махсуб меёбанд [6]. Сарвари давлат хануз 31-уми декабри соли 1992 зимни суханронии таб-рикотиашон ба муносибати тачлили соли нави мелодй вазъи вазнини сиёсй, иктисодй-ичтимоиеро, ки Точикистони азизро фарогир буд, чунин ифода карда буданд: «Нерухои игвогар зери шиорхои зохиран демократй, вале амалан мочарочуёна коре карданд, ки Ватани хурдакаки моро ба вартаи нобудй расонданд.Хавфи пора-пора шудан, решакан гардондани халки мо аз имкон берун набуд. На танхо вилоятхои том, балки нохияхову кишлокхо хам аз якдигар рохи чудоиро мечустанд. Созмонхои гуногуни махаллй бо номи «Лаъли Бадахшон», «Хдмдилон», «Мехри Хатлон», «Х,исори Шодмон», «Истаравшан», «Зарафшон» ва гайра арзи вучуд кар-

данд, ки саpфи назаp аз ниятхои неки худ ба якпоpчагии Ватани азизамон мyсоидат намекаpданд» [7, 18-19].

Бояд кайд каpд, ки хануз даp солхои 90-уми асpи ХХ як силсила тадкикоте pyи ^p омаданд, ки даp инъикоси мачмуии баpхypди сиëсй даp чyмхypй (1991-1997) манбаъи асосй ба хисоб меpаванд [1]. Мyаллифони онхо кушиш намyдаанд, ки вазъияти сиëсии Точикистонpо даp солхои 90-уми асpи ХХ, хаpакатхои чамъиятй-сдасй, созмон ëфтани нахyстин махфилхои сиëсй, заминахои ба даст омадани истиклолияти давлатй, са-бабхо ва pафти чанги шахpвандй, маpх,илах,ои асосии сулхи точикон, накши Русия ва дигаp давлатхои хамсояи минтака даp pаванди бахамоии точикон, инчунин са^ми ташкилоту созмонхои байналхалкй даp истикpоpи сулх ва вахдати миллии точиконpо инъикос намоянд.

Яке аз масъалахои хеле мухим даp таъpихнигоpии чанги шахpвандии солхои 1992-1997, ки то имpyз халли пyppаи хyдpо наëфтааст, давpабандии ин pyйдоди мудхиши хаpбй-сиëсй махсуб меëбад.Мyхаккиконе, ки таъpихи чанги шахpвандй даp Точикистон (1992-1997)-pо мавpиди тахкик каpоp додаанд, ë умуман ба давpабандй каpдани ин вокеоти нангин даст назадаанд ва ë даp давpабандй каpдани он ба назаpи мо ба иштибохот pох додаанд. Масалан, даp тахкикоти диссеpтатсионии М.Г. Ганчакова [2], ки боби аввали он бевосита ба инъикоси чанги шахpвандии солхои 1992-1997 маpбyт аст ва ба амсоли ин маколахои зиëде, ки аз чониби мухаккикони ватанй ва хоpичй таълиф гаpдидаанд,чанги шахpвандй умуман давpабандй нашудааст.Муаллифони асаpи дастачамъии "№topm таджикского наpода" [3] таъpихи чанги шахpвандиpо ба ду давpа чудо каpдаанд. Ба акидаи онхо давpаи аввал аз 5-уми майи соли 1992 то мохи декабpи соли 1992 ва давpаи дуюм аз мохи янваpи соли 1993 то 27-уми июни соли 1997 идома каpдааст. Даp китоби даpсии "Таъpихи халки точик" [5], ки баpои донишчyëни макотиби олй таълиф гаpдидааст, муаллифон таъpихи чанги шахpвандиpо ба се давpа чудо каpдаанд. Ба акидаи эшон давpаи аввали чанги шахpвандй "аз вокеахои фочиавии мохи февpали соли 1990 саp шуда, то 25-уми маpти соли 1992" [5, 210] идома каpдааст. Муаллифони китоби мазкyp давpаи дyюмpо ба мохи майи соли 1992 то мохи декабpи хамон сол ва давpаи сеюмpо ба мохи янваpи соли 1993 то 27-уми июни соли 1997 нисбат додаанд [5, 210]. Вале, мутаассифона, ба назаpи мо ин гуна давpабандй баpои таъpихи чанги шахpвандй мувофик нест. Зеpо вокеахои нангини мохи февpали соли 1990 ба хеч вачх OFози чанги шахpвандй буда наметавонанд, ки ба ин мухаккикони здад низ ишоpа rap-даанд. Гузашта аз ин, ба хотиpи муайян намудани чойгохи «вокеахои фев-pалй» ва мушаххас намудани он, ки оë «вокеахои февpалй»-pо даp чахоpчyби «чанги шахpвандй» Fyнчонидан мумкин аст, бояд кабл аз хама ба таъбиpи «чанги шахpвандй» pyшанй андозем. Ба истинод ба манбаъхо ва лyFатхои мавчуда бо итминон гуфтан мумкин аст, ки «чанги

шаxpвандй»-ин муковимати низомии ду ва ë зиëда гypyxxои мухолиФ даp дохили як кишваp аст, ки даъвои ба даст даpоваpдани xокимияти сиëсиpо доpанд. Вале «вокеаxои февpалй» як тазоxypот, як ошyбе беш набуд. Ин вокеот муковимати як гypyxи чиноятпеша аст, ки аз чониби чанд нафаp мансабталош ба хотиpи Fасби мансаб pоxандозй шуда, ба мукобили xy^-мати давp pавона шуда буд. Аз ин лщоз, «вокеаxои февpалй»-pо ба чанги шаxpвандй мансуб донистан, ба назаpи мо иштибоxе беш нест.

Мyxаккики pyс О.Х.Шаpафиева низ, ки боби дуюм ва сеюми таxкикоти y маxз ба чанги шаxpвандй даp Точикистон (1992-1997), са-бабxо,pафти чанг ва давpаxои асосии он бахшида шудааст, мутаассифона, 0F0зи чанги шаxpвандиpо аз вокеаxои февpалй медонад. Гузашта аз ин, мавсуф боби дуюми таxкикоти хешpо «ОF0Зи мунокиша ва маpxилаи «шиддатнок»-и чанги шаxpвандй даp Точикистон (1990-1994)» номгyзоpй каpда, маpxилаи якуми амалиëтxои чангиpо даp Точикистон ба моxи апpел -11-уми майи соли 1992 нисбат медщад. Умуман, О.Х. Шаpафиева таъpихи чанги шаxpвандй даp Точикистонpо ба чоp давpа чудо каpдааст. Ба акидаи y давpаи дуюм аз 11-уми майи соли 1992 то 11-уми декабpи соли 1992, давpаи сеюм аз моxи янваpи соли 1993 то моxи апpели соли 1994 ва давpаи чоpyм аз моxи апpели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 идома каpдааст [8].Ба андешаи мо, дyp аз Точикистон, даp xyдyди кишваpи Россия ба анчом pасидани таxкикоти мазкyp ва бо мучиби огоxй надоштани муаллиф аз таълифоти мyxаккикони точик чунин иштибоxот даp мавpиди муайян каpдани давpаxои асосии чанги шаxpвандй даp Точикистон (19921997) иттифок афтодааст.

Хдмин тавp, даp натичаи таxлилy омузиши маводи дастpас ва нигоxи интикодй ба таълифоти мавчуда ба назаp чунин меpасад, ки таъpихи чанги шаxpвандй даp Точикистон (1992-1997)-pо метавон ба ду давpа чудо каpд. Давpаи аввал аз санаи 5-уми майи соли 1992, ки аксаpи кулли мyxаккикон ба он ишоpа каpдаанд, 0F0з шуда, то моxи декабpи xамон сол, яъне то ба анчом pасидани Ичлосияи таъpихии XVI Шypои Олии Ч^х^ии Точикистон, ки даp pафти чанги шаxpвандй низ таxавyлот воpид каpд, давом каpдааст. Давpаи мазкyp маpxилаи аз xама шиддатноки чанги шаxpвандй буда, даp ин муддат ^prô 50 xазоp нафаp точикистониëн Kypбон гаpдиданд. Тибки маълумоти Комиссаpиати Олии СММ оид ба масоили фиpоpиëн, 600 xазоp, яъне даxяки аxолии мамлакат мачбyp шуданд, ки чои истикомати доимии хyдpо дигаp кунанд. 80 xазоp нафаp даp маpзи АфF0нистон паноx бypданд [3, 446]. X^0p0ra иктисодие, ки ба чyмxypй pасонида шуд, тахминан 300 млpд. pyблpо ташкил медод. 80% неpyи саноатии мамлакат аз коp бозмонд, xачми даpомади миллй даp соли 1992 даp мукоиса ба соли 1991 31 % кам гаpдид [4]. Даp охиpи соли 1992 иктисоджти мамлакат як xолати ногyвоppо дошт. Эxтимолияти аз чyмxypй чудо шудани вилояти Ленинобод ба мдан омад. Роxбаpияти Ви-

лояти Мухтори Кухистони Бадахшон масъалаи табдили вилоятро ба чумхурии мухтор пешниход кард. Хатари хамчун давлат аз байн рафтан Точикистонро тахдид мекард.

Давраи дуюм аз мохи январи соли 1993, яъне баъд аз анчоми Ичло-сияи таърихии XVI Шурои Олии Ч,умх,урии Точикистон ва дар шахри Душанбе ба кор шуруъ намудани рохбарияти тозаинтихоби давлат огоз ёфта, то 27-уми июни соли 1997 - ба имзо расидани "Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти миллй дар Точикистон" давом кардааст. Давраи дуюмро ба назари мо метавон ба ду мархила чудо кард. Мархилаи аввал аз мохи январи соли 1993 то мохи апрели соли 1994, огози даври аввали гуфтушуниди байни точикон (5-19 апрели соли 1994)-ро, ки дар дили мардуми точик шуълаи оштии миллй ва сулху амониро афрухт, фаро мегирад. Мархилаи дуюм аз мохи апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 давом карда, бо имзои "Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти миллй дар Точикистон" ба анчом расидааст.

АДАБИЁТ

1. Бушков В.П. Анатомия гражданской войны в Таджикистане. Монография / В.П. Бушков, Д.В. Микульский -М., 1996.-160 с.; Каюмов Н.К. «Локомотивы» преодоления системного кризиса в Таджикистане / Н.К. Каюмов // Проблемы выживания и устойчивого развития Таджикистана: материалы семинара.-Душанбе, 1996; Мама-дазимов А. Новый Таджикистан: вопросы становления суверенитета. Монография / А. Мамадазимов.-Душанбе, 1996; Масов Р.М. Россия и Таджикистан / Р.М. Масов // Россия в исторических судьбах таджикского народа.- Душанбе, 1998. - 156 с.

2. Ганджакова М.Г. Политическая история Таджикистана 90-х годов ХХ века: дис. ... канд. ист. наук: 07.00.02 / М.Г. Ганджакова.-Душанбе, 2015.- 213 с.

3. История таджикского народа / под общей редакции Масова Р.М. - Душанбе, 2011.-

Т.6. -С. 438-488.

4.Кузьмин А. И. Проблемы «Ближнего зарубежья».Уроки Таджикистана /А.И. Кузьмин [Электронный ресурс]. URL: http: / militaryarticle.ru/obozrevatel/1993-оbozrevatel/12799/ (дата обращения: 01.02.2019).

5. Набиева Р.Таърихи халки точик. Китоби дарсй / Р. Набиева, Ф. Зикриёев, М. Зикриёева.-Душанбе: Собириён, 2010.-328 с.

6. Рахмон Э. Таджикистан: десять лет независимости и национального единства. В 4-х

томах.-Душанбе: Шарки озод, 2001; Рахмон Э. Независимость Республики Таджикистан и возрождение нации. В 7 томах. -Душанбе: Шарки озод, 2002-2009; Рахмон Э. Истиклолияти Точикистон ва э^ёи миллй. Иборат аз хафт чилд.-Душанбе: Шарки озод, 2002-2008; Рахмон Э. Ответы на вопросы великобританского издания «Мировой государственный деятель», 1996г., январь // Тысяча лет в одну жизнь (сборник выступлений, речей, интервью и статей).- Душанбе, 2003. - 374 с.

7. Рахмонов Э. Точикистон: дах соли истиклолият, вахдати миллй ва бунёдкорй. Иборат аз се чилд. Ч,илди аввал.-Душанбе: Ирфон, 2001.-С. 18-19.

8. Шарафиева О.Х. Гражданская война в Таджикистане (1990-1997гг.): дис. ... канд.

ист. наук: 07.00.03 / О. Х. Шарафиева.-Томск, 2010.-242с.

МАСОИЛИ ОМУЗИШИ ДАВРАБАНДИИ ЧАНГИ ША^РВАНДИИ ТОЧИКИСТОН (1992-1997) ДАР ОСОРИ МУМККИКОНИ

ВАТАНИ ВА ХОРИЧИ

Дар макола масоили омузиши сахифахои мудхиши таърихи халки точик дар солхои 90-уми асри ХХ-таърихи чанги шахрвандй, ки дар натичаи он хазорхо нафар точикон ва точикистониён курбон ва хазорхо нафари дигар бехонумон шуда, хазинаи давлат касоду миллати точик парешон гардида буд, дар тахкикоти мухдккикони ватанй ва хоричй мавриди тахлил карор гирифтааст. Дар он муал-лиф махсусан ба инъикоси заминахо, сабабхои дохилй ва берунии сар задани чанги шахрвандй дар Точикистон (солдои 1992-1997) диккати махсус дода-аст.Муаллифи мак,ола алалхусус ба масъалаи даврабандии таърихи чанги шахрвандй, ки то имруз халли пурраи худро наёфта, аз чониби мухаккикони ва-танй ва хоричй гуногун арзёбй шудааст, ахаммияти хоса додааст.

Калидвожах,о: цанги шахрвандй, тащщоти бунедй, сабабхои цанг, омилуои дохилй, омилуои берунй, огози цанг, даврабандй, мух,ащицони ватанй, асар^ои ёддоштй, оцибатуои цанг.

ВОПРОСЫ ИЗУЧЕНИЯ ПЕРИОДИЗАЦИИ ГРАЖДАНСКОЙ ВОЙНЫ (19921997 гг.) В ТАДЖИКИСТАНЕ В ТРУДАХ ОТЕЧЕСТВЕННЫХ И ЗАРУБЕЖНЫХ ИССЛЕДОВАТЕЛЕЙ

В статье рассматриваются вопросы изучения история гражданской войны 1992-1997 гг., вследствии которой десятки тысяч таджиков и таджикистанцев погибли и тысячи людей стали бездомными, в трудах отечественных и зарубежных исследователей. При освещении особое внимание уделено предпосылкам, основным причинам, внешним и внутренним факторам возникновения гражданской войны в Таджикистане. В статье автор важное значение придает проблеме периодизации истории гражданской войны, которая до сих пор оставалась нерешенной.

Ключевые слова: гражданская война, фундаментальное исследование, причины войны, внутренние факторы, внешние факторы, начало войны, периодизация, отечественные исследователи, мемуарная литература, последствия войны.

THE PROBLEMS OF INVESTIGATION OF CIVIL WAR (1992-1997) IN

TAJIKISTAN IN SCIENTIFIC WORKS OF DOMESTIC AND FOREIGN

RESEARCHERS

The article analyzes the issues of the study of the terrible pages of the history of the Tajik people- history civil war in the research of domestic and foreign researchers, later which the thousands of Tajiks and Tajik cityzens died and thouthands become homeless. A special attention is given to preconditions, the main reasons, external and internal factors of occurrence of civil war in Tajikistan (1992-1997 ). In addition, the article

also pays a special attention to the problems of periodization of the history of Civil War, which has still remained unresolved.

Key words: civil war, fundamental research, causes of war, internal factors, external factors, beginning of war, periodization, domestic researchers, memoirs literature, consequences of war.

Маълумот дар бораи муаллиф: Мирзоев Чурабек Абдулович - ходими илмии шуъбаи таърихи нав-тарини Института таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ЧТ. Телефон: (+992 37) 2217210; (+992) 987168225,E-mail:mirzoev-dzhurabek@mail.ru

Сведения об авторе: Мирзоев Джурабек Абдулович - научный сотрудник отдела новейшей истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша АН РТ. Телефон: (+992 37) 2217210; (+992) 987168225, E-mail: mirzoev-dzhurabek@mail.ru

Information about the autor: Mirzoev Dzhurabek Abdulovich,-Scientific employee of the Department of The newest History of the Institute of History, Archаeology and Ethnography Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan.Telefon: (+992 37) 2217210; (+992) 987168225,E-mail: mirzoev-dzhurabek@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.