Научная статья на тему 'ВКЛАД СОТРУДНИКОВ ИНСТИТУТА ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ А. ДОНИША НАНТ В ОСВЕЩЕНИЕ ПОЛИТИЧЕСКИХ СОБЫТИЙ 90-ЫХ ГОДОВ ХХ ВЕКА'

ВКЛАД СОТРУДНИКОВ ИНСТИТУТА ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ А. ДОНИША НАНТ В ОСВЕЩЕНИЕ ПОЛИТИЧЕСКИХ СОБЫТИЙ 90-ЫХ ГОДОВ ХХ ВЕКА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
113
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СУВЕРЕНИТЕТ / ГОСУДАРСТВЕННАЯ НЕЗАВИСИМОСТЬ / ПОЛИТИЧЕСКИЕ ПАРТИИ / ФЕВРАЛЬСКИЕ СОБЫТИЕ / ГРАЖДАНСКАЯ ВОЙНА / МЕЖТАДЖИКСКИЕ ПЕРЕГОВОРЫ / КОМИССИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО ПРИМИРЕНИЯ / ПОДЛИННЫЙ СУВЕРЕНИТЕТ / ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИОГРАФИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мирзоев Джурабек Абдулович

В статье исследуется вклад сотрудников Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша НАНТ в освещение политических событий 90-х годов ХХ века. В нем автор рассматривает важные политические события 90-х годов ХХ века, в частности, формирование политических партий и общественных организаций, события февраля 1990 г., гражданскую войну в Таджикистане (1992-1997 гг.), процесс достижения мира и национального согласия и его заключительный этап - реализация достигнутых договоренностей в рамках Комиссии по национальному примирению и отражение этих вопросов в трудах сотрудников Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша НАНТ. Ссылаясь на научные работы этих исследователей, автор рассматривает их вклад в освещение политических событий 90-х годов ХХ века.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONTRIBUTION OF THE STAFF OF THE A. DONISH INSTITUTE OF HISTORY, ARCHEOLOGY AND ETHNOGRAPHY OF THE NATIONAL ACADEMY OF SCIENCE AND TECHNOLOGY TO THE COVERAGE OF POLITICAL EVENTS 90-S OF THE TWENTIETH CENTURY

The article examines the contribution of the staff of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after Ahmad Donish NANT to the coverage of political events in the 90s of the twentieth century. In it, the author examines important political events of the 90s of the twentieth century, in particular, the formation of political parties and public organizations, the events of February 1990, the civil war in Tajikistan (1992-1997), the process of achieving peace and national accord and its the final stage is the implementation of the agreements reached within the framework of the National Reconciliation Commission and the reflection of these issues in the works of the staff of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after Ahmad Donish of the National Academy of Science and Technology. Referring to the scientific works of these researchers, the author examines their contribution to the coverage of political events in the 90s of the twentieth century.

Текст научной работы на тему «ВКЛАД СОТРУДНИКОВ ИНСТИТУТА ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ А. ДОНИША НАНТ В ОСВЕЩЕНИЕ ПОЛИТИЧЕСКИХ СОБЫТИЙ 90-ЫХ ГОДОВ ХХ ВЕКА»

УДК: 342.3 (575.3) (09) +9(575.3)

СА^МИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСИ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А^МАДИ ДОНИШ ДАР ИНЪИКОСИ РУЙДОД^ОИ СИЁСИИ СОЛ^ОИ 90-УМИ АСРИ ХХ

МИРЗОЕВ Ч. А.,

Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Дар ибтидои солхои 90-уми асри ХХ дар натичаи пош хурдани Иттиходи Шуравй давлатхои нави мустакил таъсис ёфтанд, ки дар назди онхо вазифахои мухим-тахкими мустакилияти хеш, ташаккул додани асосхои сиёсати дохилй ва хоричй меистод. Чумхурии Точикистон аз чум-лаи ин давлатхои тозатаъсиси мустакил буд, ки бояд мустакиман унсурхои нави миллии хокимият ва асосхои сиёсати дохилй ва хоричии хешро муа-йян мекард. Вале мутаассифона, давлати тозаистиклоли Точикистон ба гирдоби чанги шахрвандй кашида шуд, ки дар натичаи он хазорхо нафар точикон ва точикистониён курбон ва хазорхо нафари дигар бехонумон шуда, хазинаи давлат касоду миллати точик парешон гардид.

Дар охири солхои 80-уми асри ХХ дар натичаи рохандозии ислохоти сиёсй, иктисодй-ичтимоии чомеа-бозсозй, ки ба сиёсати расмии давлати Шуравй табдил ёфта буд, дар хаёти чамъиятии мамлакат нишонахои озодандешй ва демократия зохир гардиданд.Сиёсати озодандешй дар раванди худогохии миллй таъсири амик гузошт. Бозсозй фаъолнокии сиёсии мардумро баланд бардошта, барои зухури харакатхо ва ташкилоту созмонхои нави сиёсй шароити мусоид фарохам овард.Ин мархалаи таърихи сиёсии Точикистон (аз зухури нахустин ташкилоту созмонхои сиёсй, вокеахои феврали соли 1990 то ба даст овардани Истиклоли давлатй) дар аксар тахкикоти кормандони институт инъикос гардидааст.

Дар инъикоси рохандозии сиёсати бозсозй дар Точикистон, заминахо ва раванди ба даст овардани Истиклоли давлатй асархои кормандони Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши АМИТ назири Р. Масов [9,185-192], Д. Пирумшоев[12], Р. Абулхаев [3], Н. Б. Дотамов [13], В.В. Дубовитский [6], Ф. М. Абдурашитов [2], А. Еафуров [5], Ч,. Мирзоев [10], инчунин асархои бунёдии «История таджикского народа» [7] ва «Очеркхои таърихи Точикистони сохибистиклол» [11]-ро махсус кайд кардан бамаврид аст. Муаллифони мазкур муътакиданд, ки зухури харакатхо ва ташкилоту махфилхои нави сиёсй натичаи рохандозии сиёсати чадиди Давлати Шуравй-сиёсати бозсозй буда, ин созмонхо дар раванди демократикунонии чамъият,

озодандеши ва ба даст омадани Истиклоли давлати накши муассир доранд.

Бояд кайд кард, ки Точикистон дар тули 74-соли мавчудияти Иттиходи ШуравИ як кисми таркибии ин давлат буда, дар чумхурИ низоми яккахизбИ амал мекард. Вале дар партави сиёсати бозсозИ дар аввали солхои 90-уми карни ХХ дар чумхурИ чандин хизбхои сиёсИ ва созмонхои чамъиятИ пайдо шуда, ба фаъолият пардохтанд.

Дар ташаккули низоми бисёрхизбИ ^ онунхри Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи иттиходияхои чамъиятИ дар Точикистон» ва «Дар бораи хизбхои сиёсИ», ки мохи декабри соли 1990 ба тасвиб расида буданд, мусоидат намуданд.

Бояд зикр кард, ки раванди таъсисёбии хизбу созмонхои бешумор ва максаду мароми онхо, накш ва мавкеи хизбхои сиёсИ дар хаёти чамъият, ташаккулёбии бисёрхизбИ дар шароити Точикистон, характер ва махсусиятхои ракобати байнихизбИ ва муборизаи онхо бахри ба даст даровардани хокимият аз чониби мухаккикон Д. Пирумшоев [12], Н.Б. Дотамов [13], Р. Абулхаев [3], Ч,. Мирзоев [10], инчунин дар асархои бунёдии «История таджикского народа» [7] ва «Очеркхои таърихи Точикистони сохибистиклол» [11] хеле амик инъикос гардидааст. Тибки маълумоти ин манбаъхои зикршуда нахустин хизбе, ки дар солхои 90-уми асри ХХ созмон ёфт, Дизби демократии Точикистон буд. Мухаккикони номбурда санаи таъсисёбии ^рзби демократиро дар заминаи маълумоти муассисони хизб 10 августи соли 1990 арзёбИ кардаанд. Зеро дар ин сана конфронси муассисони хизб дар шахри Душанбе баргузор гардида, дар он ма^ омоти рохбарикунанда, оиннома ва барномаи муваккатии хизб тасдик гардиданд. Раиси Дизби демократии Точикистон, ходими илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмх,ои Ч,умх,урии Точикистон Шодмон Юсуф интихоб шуд. Вазорати адлияи Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон 21 июни соли 1991 Дизби демократии Точикистонро расман ба кайд гирифт. Вале бо чурми дар ходисахои солхои чанги шахрвандИ (1992-1997) ширкати фаъол доштан, фаъолияти Дизби демократии Точикистон бо карори Суди Олии Ч,умхурии Точикистон аз 21-уми июни соли 1993 катъ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки аксари мухаккикони таърихи сиёсии Точикистони сохибистиклол фаъолияти Дизби демократии Точикистонро манфИ арзёбИ намуда, дар бархурди сиёсии ибтидои солхои 90-уми асри ХХ даст доштани онро собит намудаанд. Корманди Институти таърих, бостоншиносИ ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши АМИТ Дайдаршо Пирумшоев, хатто дар хакикат демократ будани демократхои чадиди Точикистонро зери шубха мегузорад. Ба назари у, демократхои чадиди Точикистон, ки «одитарин принсипи демократия - итоати аккалият ба аксариятро тамоман ба инобат гирифтанИ нестанд» [12,58] хак надоранд худро демократ номанд.

Доктоpи илмxои таъpих, пpофессоp Дайдаpшо Пиpyмшоев андешаpониxои хешpо даp мавpиди Дизби демокpатии Точикистон идома дода, даp чойи дигаp изxоp медоpад, ки яке аз yсyлxои дyстдоштаи ощо игвоангезии миллй 6уд. Ба акидаи мавсyф «изxоpоти сабyкфикpонаи pаиси Дизби демокpат Шодмони ЮсуФ, ки pyсxоpо гаpавгони фочиаxои сypатгиpифтаи кyвваxои мyхталифи сиёсй эълон намyдааст, сабаби куч баста, аз чyмxypй баpомада pафтани xазоpxо оилаxои pyсзабон ва узбе^о гаштааст» [12, 63], ки xак ба чониби уст.

X,айдаpшо Пиpyмшоев Дизби демокpатии Точикистонpо ба писаpбачае ташбеx медиxад, ки «филмxои голливудй ё таpFибкyнандаи мyштзypиpо дида, мехоxад худ ба онxо таклид намояд, кyвваташpо даp шаpикдаpсон ва аз он калонтаpxо санчад. Бинобаp ин, доимо дасту лаFатпаpтой мекунад. Махсусан, агаp фаxмад, ки ин амали y бечавоб мемонад, он rox хyдpо маFлyбнопазиp эълон каpда, ба pоxгyзаpxо xам xамла менамояд» [12, 63].

Бояд зи^ каpд, ки аксаpи мyxаккикони таъpихи сиёсии Точикистон фаъолияти Дизби демокpатии Точикистонpо xамин гуна аpзёбй намудаанд. Ба назаpи мо низ xизби ба ном «демокpатй»-и Точикистон, ки даp ибтидои солxои 90-уми асpи ХХ вучуд дошт, ягон пpинсипи демокpатияpо боpе xам pиоя накаpдааст ва гузашта аз ин, даp муташаннич гаpдидани вазъи сиёсии чомеа ва саp задани чанги шаxpвандй (1992-1997) накши мyассиp доpад.

Масоили маpбyт ба таъсисёбй ва фаъолияти xизбy созмощои чамъиятй даp ибтидои солxои 90-уми асpи ХХ, даp заминаи адабиёти мавчуда ва шаxодати шоxидон даp моногpафияи муаллифи ин сатpхо мавpиди таxлили таъpихнигоpй каpоp гиpифтааст [10, 20-32].

Лозим ба зи^ аст, ки яке аз масъалаxои мyxимми сиёсии ибтидои солxои 90-уми асpи ХХ, ки то имpyз даp адабиёти илмй садои дyхypа дошта, баxpи инкишофи минбаъдаи демокpатия ва гуногунандешй даp Точикистони замони Шypавй накши умда доpад, вокеаxои февpали соли 1990 маxсyб меёбанд, ки даp таджику баppасии он коpмандони Институти таъpих таваччyxи хоса зоxиp каpдаанд.

Бояд кайд каpд, ки аксаpи мyxаккикини таъpихи сиёсии Точикистони соxибистиклол, аз чумла пажyxишгаpони институт ба вокеаxои февpалй, ки аз 11 то 17-уми февpали соли 1990 даp шаxpи Душанбе ба амал омада, даp натичаи ощо 25 кас кypбон гаpдида, 856 нафаp захм баpдоштанд, баxои манфй дода, ин вокеотpо амали мутташакилонаи гypУxxои чиноятпеша, ки аз як маpказ идоpа мешуданд, медонанд.

Беxyда нест, ки академик Рахим Масов вокеаxои февpали соли 1990-pо «саxифаxои нангин даp таъpихи мо» номидааст. Ба акидаи y «худса-pиxо, сyхтоpxо, Fоpатгаpиxо ва дигаp амалxои Fайpиконyнй аз чониби гypyxxои авбош ва чиноятпеша солxои тулонй, ба таpики махфй аз таpафи душманони халки точик омода гаpдиданд» [9,185]. Рахим Масов акидаеpо,

ки вокеахои февралиро бадандешони халки точик, чй дар дохили чумхурй ва чй дар хоричи кишвар тархрезй намудаанд, чонибдорй карда, кайд ме-намояд, ки «онхо максад доштанд моро на танхо дар назди халкхои мамлакати Шуравй, балки дар назди тамоми чомеаи чахонй шарманда со-занд» [9,186].

Рочеъ ба инъикоси вокеоти сиёсй ва хаёти ичтимой-иктисодии солхои 90-уми асри ХХ, аз чониби пажухишгарони Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ах,мади Дониши АМИТ таълифоти зиёде ба табъ расидааст, ки фарогири хамаи чабхахои хаёти чомеа мебошанд. Дар байни онхо, махсусан асархое, ки ба инъикоси сахифахои мудхиши таърихи Точикистони сохибистиклол-чанги шахрвандй (1992-1997) бахшида шудаанд, мавкеи мухим до ранд.

Зимни тахкику баррасии масоили марбут ба чанги шахрвандй, пеш аз хама чилди шашуми асари бунёдии «История таджикского народа» [7] -ро, ки аз чониби кормандони институти мазкур омода гардидааст, кайд кардан бамаврид аст. Асари мазкур мухимтарин манбаъ дар боби омузиши вокеоти сиёсии солхои 90-уми асри ХХ махсуб меёбад. Дар он ба баъзе масоили бахсноки таърихи чанги шахрвандй, ба амсоли огози чанги шахрвандии солхои 1992-1997 дар Точикистон, ки аз чониби мухаккикон гуногун арзёбй мегардид, хотима гузошта шудааст. Муаллифони асари мазкур, бархак вокеотеро, ки санаи 5 майи соли 1992 дар каламрави мавзеи Оли Совети нохияи Ленин рух дода, дар натичаи он се кас кушта ва чанд нафари дигар захм бардоштанд, инчунин дар назди бинои Шурои Олии Чумхурии Точикистон аз чониби шахсони номаълум кушта шудани намояндаи халк, сардабири рузномаи парлумонии «Садои мардум» Муродулло Шералиев ва иштирокчии гирдихамоии майдони «Озодй» Холик Чурабоевро огози чанги шахрвандй медонанд [7,444].

Маколахои доктори илмхои таърих, профессор Ра^ иб Абулхаев [3] ва номзади илмх,ои таърих, дотсент Абдулло Еафуров [4], ки ба вокеоти сиёсии солхои 90-уми асри ХХ бахшида шудаанд, вокеан чанбаи илмй дошта, муаллифон дар онхо чанги шахрвандй ва даврахои гуфтушуниди миёни точиконро инъикос намудаанд. Ра^ иб Абулхаев сабабхои дохилй ва берунии чанги шахрвандиро бо назардошти методологияи илмй тахкик намуда, яке аз сабабхои дохилии сар задани онро дар мансабталошй ва кушиши табдил додани низоми давлатдории дунявй ба динй мебинад [3,39].

Масоили марбут ба сабабхои сар задани чанги шахрвандй дар Точикистон (1992-1997) дар китобхои дарсй низ ботафсил баррасй гардидаанд. Бахусус дар китоби дарсии «Таърихи халки точик» [13], ки барои ихтисосхои гайритаърихи мактабхои олии Чумхурии Точикистон таълиф шудааст, ин масоил амик тахлилу баррасй гардида, дар он муаллифон панч сабаби асосии сар задани чанги шахрвандиро, амсоли сабабхои иктисодй, ичтимой, сиёсй, мансабталошй, махалгарой ва

инчунин муносибати Fалати Дукумати Шypавй нисбат ба дин муайян каpдаанд [13, 460].

Яке аз вокеаxои мyxимме, ки даp давpаи чанги шаxpвандй ба вукуъ пайваста, даp pафти он дигаpгyнии амик воpид намуд ва ба таъpихи давлатдоpии навини точикон ибтидо гузошт, Ичлосияи ХVI-yми Шypои Олии Ч,yмxypии Точикистон ба xисоб меpавад. Ин ичлосияи такдиpсоз аз санаи 16-уми ноябp то санаи 2-юми декабpи соли 1992 даp ^асpи Аpбоби Хучанди бостонй сypат гиpифта, самтxои асосии pyшди чомеаpо даp оянда муайян каpд. Даp ин ичлосия pоxбаpи нави давлати точикон, саpваpи 40-солаи вилояти Кулоб Эмомалй Шаpипович Раxмонов интихоб гаpдид, ки xангоми савгандёдкунй ба вакилони халк ва маpдyми точик чунин ваъда дод: «...фаъолияти хyдpо ман аз баpпо намудани сyлx OFOЗ менамоям...» [5, 23] ва y нихоят ба ваъдаи хеш вафо каpд.

Баъд аз гузашти 10 сол яке аз вакилони Ичлосияи ХVI-yми Шypои Олии Ч,yмxypии Точикистон М. К^бонов ин вокеаи таъpихиpо ба ёд оваpда, чунин кайд мекунад: «ба xаp як шахси хиpадманд маълум аст, ки маxз бо туфайли чаxдy талоши Эмомалй Шаpипович Раxмонов Точикистон аз ваpтаи xалокат начот ёфт. Ин муболота не, балки таxлили вазъи даxсолаи сиёсй, иктисодй ва ичтимоии кишваpи мо мебошад. Ин xамон xакикате мебошад, ки онpо тамоми чаxон ва аксаpияти созмощои байналмилалй эътиpоф мекунанд» [5, 24].

Ичлосияи ХVI-yми Шypои Олии Ч,yмxypии Точикистон аxаммияти бyзypги таъpихй доpад. Кдоиб тамоми сохтоpxои давлати навини точикон маxз аз ин ичлосия саpчашма мегиpанд. Аxаммияти таъpихй ва pисолати саpнавиштсози Ичлосияи ХVI-yми Шypои Олии Ч,yмxypии Точикистонpо ба инобат гиpифта, пажyxишгаpони Институти таъpих, бостоншиносй ва маpдyмшиносии ба номи Ахмади Дониши АМИТ ба ин масъала таваччyxи беандоза зоxиp намудаанд. Рочеъ ба Ичлосияи XVI Шypои Олии Ч,yмxypии Точикистон ва аxаммияти таъpихии он шyмоpаи зиёди китобxо ва маколаxо ба табъ pасидаанд.

Лозим ба зи^ аст, ки ч^ати инъикоси Ичлосияи XVI Шypои Олии Ч,yмxypии Точикистон, аxаммияти таъpихй ва pисолати саpнавиштсозy паёмадxои он асаpxои бунёдии «Истоpия таджикского наpода» [7] ва "Очеpкxои таъpихи Точикистони соxибистиклол" [11,7-47] накши боpиз доpанд. Муаллифони асаpxои мазкyp Ичлосияи XVI Ш^ои Олии Ч,yмxypии Точикистонpо pyйдоди мyxим ва саpнавиштсоз номида, аxаммияти таъpихй ва паёмадxои он, аз чумла ба таpики pайъпypсй кабул шудани Конститутсияи Точикистон даp соли 1994, интихоби Раиси чyмxyp ва билохиpа ба имзо pасидани Созишномаи истикpоpи сyлx ва pизоияти миллиpо даp санаи 27-уми июни соли 1997 таxлил ва баppасй намудаанд.

Бояд тазаккyp дод, ки чиxати ба танзимдаpоpии сиёсии мунокишаи байни точикон Ичлосияи XVI Ш^ои Олии Ч,yмxypии Точикистон накши такдиpсоз доpад. Ба акидаи доктоpи илмxои таъpих Фозил Абдypашитов

маxз дар ин ичлосия масъалаи мурочиат намyдан ба давлатxои ИДМ ч^ати ворид кардани неpyxои сyлxxоx ба минтакаи даргир xаллy фасл гардида, масоили мубрам, амсоли таъсиси Артиши миллй, ба расмият даровардани xизбxои сиёсй, пароканда намудани гypyxxои Fайpиконyнии ярокнок, таквият додани xифзи маpзxои давлатй баррасй гардиданд [1,26].

Ичлосияи XVI Шурои Олии Ч,yмxypии Точикистон дар таърихнигории ватанй xамчyн ичлосияи сарнавиштсоз ва начотбахш тавсиф мешавад. Ба андешаи пажyxишгаpони институти мазкур Ичлосияи XVI Шурои Олии Ч,yмxypии Точикистон дорои аxаммияти бузурги таърихй буда, давлату миллати точикро аз парокандагй эмин дошт ва санади ба даст омадани Истиклоли давлатиро дар амал тасдик намуд.

Яке аз масъалаxои хеле мyxим дар таърихнигории чанги шаxpвандии солxои 1992-1997, ки то имруз xалли пурраи худро наёфтааст, даврабандии ин руйдоди мyдxиши xаpбй-сиёсй маxсyб меёбад. Бояд rçайд кард, ки мyxаккиконе, ки таърихи чанги шаxpвандй дар Точикистон (1992-1997)-ро мавриди таxкик карор додаанд, ё умуман ба даврабандй кардани ин вокеоти нангин даст назадаанд ва ё дар даврабандй кардани он ба назари мо ба иштибоx pоx додаанд. Масалан, дар маколаxои зиёде, ки аз чониби мyxаккикони ватанй ва хоричй таълиф гардидаанд, чанги шаxpвандй умуман даврабандй нашудааст. Дар фаркият аз ощо муаллифони асари дастачамъии "История таджикского народа"[7] таърихи чанги шаxpвандиpо ба ду давра чудо кардаанд. Ба акидаи онxо давраи аввал аз 5-уми майи соли 1992 то моxи декабри соли 1992 ва давраи дуюм аз моxи январи соли 199З то 27-уми июни соли 1997 идома кардааст.

Муаллифи ин сатрх,о дар натичаи таxлилy омузиши маводи дастрас ва нигоxи интикодй ба таълифоти мавчуда ба хулосае расидааст, ки таърихи чанги шаxpвандй дар Точикистон (1992-1997)-ро метавон ба ду давра чудо кард. Давраи аввал аз санаи 5-уми майи соли 1992, ки аксари кулли мyxаккикон ба он ишора кардаанд, OFOЗ шуда, то моxи декабри xамон сол, яъне то ба анчом расидани Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ч,yмxypии Точикистон, ки дар рафти чанги шаxpвандй низ таxаввyлот ворид кард, давом кардааст. Давраи мазкур маpxалаи аз xама шиддатноки чанги шаxpвандй буда, дар ин муддат кариб 50 xазоp нафар точикистониён курбон гардиданд. Тибки маълумоти Комиссариати Олии СММ оид ба масоили фирориён, 600 xазоp, яъне даxяки аxолии мамлакат мачбур шуданд, ки чойи истикомати доимии худро дигар кунанд. 80 xазоp нафар дар марзи АфFOнистон паноx бурданд [7,446]. Хисороти иктисодие, ки ба чyмxypй расонида шуд, тахминан З00 млрд. рублро ташкил медод. Дар охири соли 1992 иктисодиёти мамлакат як xолати ногуворро дошт. Эxтимолияти аз чyмxypй чудо шудани вилояти Ленинобод ба миён омад. Роxбаpияти Вилояти Мухтори Кyxистони Бадахшон масъалаи табдили вилоятро ба чyмxypии мухтор пешниxод кард. Хатари xамчyн давлат аз байн рафтан Точикистонро таxдид мекард [10, 6З].

Давpаи дуюм аз моxи янваpи соли 1993, яъне баъд аз анчоми Ичлосияи таъpихии XVI Шypои Олии Ч,yмxypии Точикистон ва даp шаxpи Душанбе ба коp шypyъ намудани pоxбаpияти тозаинтихоби давлат OFOЗ ёфта, то санаи 27 июни соли 1997-ба имзо pасидани "Созишномаи умумии истикpоpи сyлx ва pизоияти миллй даp Точикистон" давом каpдааст. Давpаи дyюмpо мо ба ду маpxала чудо каpдаем. Mаpxалаи аввал аз моxи янваpи соли 1993 то моxи апpели соли 1994, яъне то OFOЗи давpи аввали гуфтушуниди байни точикон (5-19 апpели соли 1994)-pO, ки даp дили маpдyми точик шуълаи оштии миллй ва сyлxy амониpо афpyхт, фаpо мегиpад. Mаpxалаи дуюм аз моxи апpели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 давом каpда, бо имзои "Созишномаи умумии истикpоpи сyлx ва pизоияти миллй даp Точикистон" ба анчом pасидааст [10, 64].

Дамин тавp, ба андешаи мyxаккикони чанги шаxpвандй, саpфи назаp аз таxкикоти фаpовон даp ин самт, xанyз xам паxлyxои гуногуни ин pyйдоди мyдxиши сиёсй-низомй, ки чони xазоpxо нафаp точикон ва точикистониёнpо ба гиpдоби фано кашида буд, чандон pавшан нест ва ч^ати баpкаpоp намудани ин саxифаxои нангин даp таъpихи халки точик мyxаккиконpо заxмати бепоён ва таxкикоти фаpовон даp пеш аст.

Яке аз масъалаxои мyxим, ки даp солxои 90-уми асpи ХХ диккати мyаppихон ва умуман аxли чомеаи чаxониpо ба худ чалб каpда буд, pаванди гуфтушуниди миёни точикон даp солxои 1994-1997 ба xисоб меpавад. Ин pаванд пеш аз xама аз он чиxат чолиб аст, ки нахустин тачpибаест даp таъpихи чаxонй, ки бо миёнаpавии созмощои бонуфузи байналхалкй ва шиpкати давлатxои кафили минтака бомуваффакият анчом пазиpyфтааст.

Даp давоми солxои 1994-1997 байни ^укумати pасмии Точикистон ва Иттщоди мухолифин 8 давpи мулокот ва якчанд вохypй даp сатxи олй -миёни Пpезиденти Ч,yмxypии Точикистон - Эмомалй Раxмонов ва pоxбаpи Иттиxоди мухолифин Сайид Абдуллохи Hypï баpгyзоp шуданд. Ин гyфтyшyнидxо таxти назаpи СММ ва бо шиpкати давлатxои кафил -Россия, Эpон, ^азокистон, ^иpFизистон, Покистон, Тypкманистон ва Узбекистон сypат гиpифта, натичаи мусбат доданд.

Раванди ноил гаpдидан ба истикpоpи сyлx ва pизоияти миллй даp Точикистон, таxкими Истиклоли давлатй, хотима бахшидан ба чанги шаxpвандй ва бунёди шаpоитxои мусоид баxpи муътадил гаpдонидани авзои сиёсии чомеа, аз чумлаи мавзуоте буданд, ки таваччyxи олимони самтxои мухталифи илмxои чомеашиносй, аз чумла, пажyxишгаpони Институти таъpих, бостоншиносй ва маpдyмшиносии ба номи Ахмади Дониши АМИТ ва соиpи мyаллифонеpо, ки даp таxкики масоили pизоияти миллй ва сyлx-xамчyн падидаи демокpатикyнонии чомеа саxм гиpифтаанд, ба худ чалб каpд.

Масоили маpбyт ба гуфтушуниди миёни точикон, Созишномаи умумии истикpоpи сyлx ва proOMra миллй даp Точикистон ва фаъолияти

Комиссияи оштии миллй, пеш аз хама дар асари бунёдии «История таджикского народа» [7, 457-487] ва асари дастачамъии «Очеркхои таърихи Точикистони сохибистиклол» [11,48-126] хеле дакикназарона тахкику баррасй гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки асархои характери илмй ва публитсистй дошта, ки ба раванди гуфтушуниди миёни точикон бахри истикрори сулх ва ризоияти миллй дар чумхурй рабт доранд, хеле мухим ва чолибанд. Дар байни онхо бахусус асархои кормандони институт Рах,им Масов [8,244-250] ва Ра^иб Абулхаев [3,47-110] ва дигарон арзиши баланди илмй дошта, лахзахои мухимми раванди гуфтушуниди миёни точикон ва истикрори сулхи деринтизорро инъикос кардаанд.

Рочеъ ба масоили истикрори сулх ва ризоияти миллй хам дар худуди чумхурй ва хам берун аз он таълифоти зиёде низ руйи кор омадаанд. Махсусан, ба ин масъала муаррихон диккати чиддй зохир намудаанд. Боиси кайд аст, ки дар маколаи профессор Ра^иб Абулхаев [3,47-110] масъалахои раванди гуфтушунидхои байни точикон, махсусиятхои ин гуфтушунидхо, ширкати давлатхои кафил аз ^ абили-Россия, Эрон, Афгонистон, ^иргизистон, Узбекистон, ^азокистон ва Покистон дар ин раванд, хадафу мароми онхо ва махсусан накши СММ ва Россия дар раванди бахамоии точикон хеле дакикназарона тахкик гардидаанд.

Хдмин тавр, раванди ба даст овардани сулх ва ризоияти миллй дар Точикистон ва мархалаи хотимавии он-амалигардонии шартномахои ноилгардида дар доираи КОМ дар чахони муосир намунаи беназири бахамоии чонибхои даргир махсуб меёбад, ки назирашро тачрибаи чахонй ёд надорад. Аз ин ру, ин раванд ба объекти тахкикоти мухаккикони Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ табдил ёфтааст.

АДАБИЁТ

1. Абдурашитов Ф. М. Миссия Коллективных миротворческих сил СНГ в период гражданской войны в Таджикистане / Ф. М. Абдурашитов // Диалог. Международный научно-аналитический журнал Межпарламентской Ассамблеи государств - участников СНГ. - 2018. - №4 (11). - С. 25-28.

2. Абдурашитов Ф.М. Феномен таджикского суверенитета / Ф. М. Абдурашитов. - Душанбе, 2017. - 148 с.

3. Абулхаев Р. Сабабхои дохилй ва берунии чанги шахрвандй дар Точикистон / Р. Абулхаев // Вопросы новейшей истории Таджикского народа.(Сборник избранных статей и публикаций). Часть 2.-Душанбе, 2016. - С. 38-46; Абулхаев Р. Даврахои гуфтушуниди байни точикон оид ба оштии миллй / Р. Абулхаев // Вопросы новейшей истории Таджикского народа. (Сборник избранных статей и публикаций). Часть 2. -Душанбе, 2016. - С. 47-110.

4. Гафуров А.М. Гражданская война в Таджикистане: причины и последствия [манбаи электронй]. URL: http: //ia-centr.ru//expert/1920/ (санаи истифодабарй: 01.02.2019).

5. Гафуров А. М. Точикистон дар рохи хифзи истиклолият / А. М. Гафуров // Очеркхои таърихи Точикистони сохибистиклол. - Душанбе: Дониш, 2016. - С.7-47.

6. Дубовицкий В. В. Внешняя политика Республики Таджикистан (1991-2010 гг.) //

История таджикского народа. В 6 томах.Т.6.- Душанбе: Дониш, 1998-2011.- С.615-669.

7. История таджикского народа / под общей редакции Масова Р. М. - Душанбе, 2011.-Т.6. - С. 438-488.

8. Масов Р. Евразия - наш общий дом в СНГ / Р. Масов // Актуальные проблемы историографии и истории таджикского народа (Статьи и выступления). - Душанбе: Пай-ванд, 2005.-С. 244-250.

9. Масов Р. Пазорная страница в нашей истории / Р. Масов // Актуальные прблемы историографии и истории таджикского народа. - Душанбе, 2005.-С. 185-192.

10. Мирзоев Ч,. А. Таърихнигории таърихи сиёсии Точикистони содибистиклол / Ч,. А. Мирзоев. - Душанбе, 2020. - 228 с.

11. Очеркдои таърихи Точикистони содибистиклол / зери тадрири З. Акрамй. - Душанбе: Дониш, 2016. - 463 с.

12. Пирумшоев X,. Бозсозй: сохтем ё бохтем?/ X,. Пирумшоев.-Душанбе: Шарки озод, 2008. - 112 с.

13. Хотамов Н. Таърихи халки точик. Китоби дарсй / Н. Хотамов, Д. Довудй, С. Мул-лочонов, М. Исоматов.-Душанбе, 2011.-582 с.

СА^МИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСЙ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ АДМАДИ ДОНИШИ АМИТ ДАР ИНЪИКОСИ РУЙДОД^ОИ СИЁСИИ СОЛДОИ 90-УМИ АСРИ ХХ

Дар макола садми кормандони Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Адмади Дониши АМИТ дар инъикоси руйдоддои сиёсии солдои 90-уми асри ХХ мавриди тадкик карор гирифтааст. Дар он муаллиф вокеоти мудимми сиёсии дар солдои 90-уми асри ХХ ба вукуъ пайвастаро баррасй намуда, бахусус ба масоили таъсисёбии дизбу созмондои чамъиятй, вокеадои феврали соли 1990, чанги шадрвандй дар Точикистон (19921997), раванди ба даст овардани сулд ва ризоияти миллй ва мардалаи хотимавии он-амалигардонии шартномадои ноилгардида дар доираи Комиссияи оштии миллй ва инъикоси ин масоил дар осори кормандони Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Адмади Дониши АМИТ таваччуди бештар зодир намудааст. Муаллиф бо истинод ба осори илмии мудаккикони мазкур садми ондоро дар инъикоси руйдоддои сиёсии солдои 90-уми асри ХХ баррасй менамояд.

Калидвожадо: со^ибихтиёрй, истицлолияти давлатй, уизбуои сиё'сй, воцеауои феврали, цанги шадрвандй, гуфтушуниди байни тоцикон, Комиссияи оштии миллй, истицлолияти комил, таърихнигории ватанй.

ВКЛАД СОТРУДНИКОВ ИНСТИТУТА ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ А. ДОНИША НАНТ В ОСВЕЩЕНИЕ ПОЛИТИЧЕСКИХ СОБЫТИЙ 90-ЫХ ГОДОВ ХХ ВЕКА

В статье исследуется вклад сотрудников Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша НАНТ в освещение политических событий 90-х годов ХХ века. В нем автор рассматривает важные политические события 90-х годов ХХ века, в частности, формирование политических партий и общественных организаций, события февраля 1990 г., гражданскую войну в Таджикистане (1992-

1997 гг.), процесс достижения мира и национального согласия и его заключительный этап - реализация достигнутых договоренностей в рамках Комиссии по национальному примирению и отражение этих вопросов в трудах сотрудников Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша НАНТ. Ссылаясь на научные работы этих исследователей, автор рассматривает их вклад в освещение политических событий 90-х годов ХХ века.

Ключевые слова: суверенитет, государственная независимость, политические партии, февральские событие, гражданская война, межтаджикские переговоры, Комиссия национального примирения, подлинный суверенитет, отечественная историография.

CONTRIBUTION OF THE STAFF OF THE A. DONISH INSTITUTE OF

HISTORY, ARCHEOLOGY AND ETHNOGRAPHY OF THE NATIONAL

ACADEMY OF SCIENCE AND TECHNOLOGY TO THE COVERAGE OF POLITICAL EVENTS 90-S OF THE TWENTIETH CENTURY

The article examines the contribution of the staff of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after Ahmad Donish NANT to the coverage of political events in the 90s of the twentieth century. In it, the author examines important political events of the 90s of the twentieth century, in particular, the formation of political parties and public organizations, the events of February 1990, the civil war in Tajikistan (1992-1997), the process of achieving peace and national accord and its the final stage is the implementation of the agreements reached within the framework of the National Reconciliation Commission and the reflection of these issues in the works of the staff of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after Ahmad Donish of the National Academy of Science and Technology. Referring to the scientific works of these researchers, the author examines their contribution to the coverage of political events in the 90s of the twentieth century.

Key words: sovereignty, state independence, political parties, February events, civil war, inter-Tajik negotiations, National Reconciliation Commission, genuine sovereignty, national historiography.

Сведения об авторе: Мирзоев Джурабек Абдулович-кандидат исторических наук, старший научный сотрудник отдела новейшей истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша. Телефон: 2217210; E-mail: mirzoev-dzhurabek@mail.ru

Information about the author: Mirzoyev Dzhurabek Abdulovich-сandidate of Historical Sciences, Senior Researcher of the Department of Contemporary History of the Institute of History, Archeology and Ethnography. A. Donisha. Phone: 2217210; E-mail: mirzoev-dzhurabek@mail.ru

УДК 9 (575.3)

ПОЛИТИЧЕСКИЙ СТРОЙ ВОСТОЧНОЙ БУХАРЫ И ПАМИРА ВО ВТОРОЙ ПОЛОВИНЕ XIX В.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.