Научная статья на тему 'АКАДЕМИК Б. Г. ГАФУРОВ И ФОРМИРОВАНИЕ ТАДЖИКСКОЙ НАУЧНОЙ ИСТОРИЧЕСКОЙ ШКОЛЫ'

АКАДЕМИК Б. Г. ГАФУРОВ И ФОРМИРОВАНИЕ ТАДЖИКСКОЙ НАУЧНОЙ ИСТОРИЧЕСКОЙ ШКОЛЫ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
109
18
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАДЖИКИСТАН / УСТОД С. АЙНИ / АКАДЕМИК Б. ГАФУРОВ / НАУКА / ИСТОРИЯ / ИСТОРИОГРАФИЯ / ИСТОРИЧЕСКАЯ ШКОЛА / АКАДЕМИЯ / ФОРМИРОВАНИЕ / НАУЧНАЯ КОНЦЕПЦИЯ / ИСТОРИЧЕСКАЯ ПЕРИОДИЗАЦИЯ / ИСТОРИЧЕСКИЕ ИСЛЕДОВАНИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Убайдулло Насрулло Каримзода

Статья посвящается освещению роли и места академика Б. Гафурова в формирование академической школы исторической науки Таджикистана. Подчеркивается, что если исторические труды и научный подход Садриддина Айни стояли в начале процесса перехода от исторических знаний к науке, то академик Б. Гафуров с научными исследованиями, руководством и организацией научных центров по изучению истории таджикского народа стоит у истоков становления исторической науки Таджикистана. Именно академику Б. Гафурову принадлежит разработка научной концепции, методология и периодизация истории таджикского народа. Его фундаментальные исследования, которые фактически охватывают все периоды истории таджикского народа, начиная с древнейших времен до начала советского периода, являются первыми обобщаюшими научно-исследователскими работами в этом направлении. Отсюда, можно сказать, что академик Б. Гафуров является основоположником новой таджикской академической школы исторической науки.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ACADEMICIAN B. G. GAFUROV AND FORMATION OF THE TAJIK SCIENTIFIC HISTORICAL SCHOOL

This article is highlighting the role and place of academician B. Gafurov in the formation of the academic school of historical science in Tajikistan. If the historical works and scientific approach of Sadriddina Ayni stands at the beginning of the transition from historical knowledge to science, then Academician B. Gafurov with scientific research, leadership and organization of scientific centers for the study of the history of the Tajik people stands at the origins of the formation of the historical science of Tajikistan. Academician B. Gafurov the person, who is responsible for the development of the scientific concept, methodology and periodization of the history of the Tajik people. His fundamental research, which actually covers all periods of the history of the Tajik people, from ancient times to the beginning of the Soviet period, are the first generalizing scientific research works in this direction. Hence, we can say that Academician B. Gafurov is the founder of the new Tajik academic school of historical science.

Текст научной работы на тему «АКАДЕМИК Б. Г. ГАФУРОВ И ФОРМИРОВАНИЕ ТАДЖИКСКОЙ НАУЧНОЙ ИСТОРИЧЕСКОЙ ШКОЛЫ»

ТАЪРИХИ ВАТАНЙ-ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ-NATIONAL HISTORY

4-»

УДК 001 (575.3) (092)

АКАДЕМИК Б. F. ЕАФУРОВ ВА ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ИЛМИИ ТАЪРИХШИНОСИИ ТО^ИК

УБАЙДУЛЛО Насрулло Каримзода, Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухта-рам Эмомалй Рахмон дар асари «Чехрахои мондагор»-и худ менависанд: «Дар ташаккули хар як халку миллат бузургоне хастанд, ки номи онхо дар хеч давру замон аз хотираи мардум фаромуш намешавад» [15,328]. Яке аз чунин чехрахои мондагор, фарзанди фарзонаи миллат, ^ахрамони Точикистон, академик Бобочон Еафурович Еафуров мебошад, ки хамчун ходими барчастаи сиёсиву давлатй ва рохбари аввал дар рушду пешрафти чумхурй, хамчун олим ва мухаккик дар омузишу тахкики таърихи халки точик ва ташаккули мактаби илмии таърихшиносии миллат накши бориз гузоштааст.

Имруз дар арафаи чашни 30-солагии Истиклоли давлатии Чумхурии Точикистон ва рушду нумуи илми точик, агар мо ба рохи тайкардаи илми таърихшиносии миллй назар андозем дар саргахи он устод Садриддин Айнй, академик Бобочон Еафуров ва як гурух шаркшиносони шинохтаро мебинем.Агар устод Садриддин Айнй бо усули тахкик ва назару пажухишхои таърихии худ дар табодули донишхои таърихй ба илм мусои-дат карда бошад, академик Бобочон Еафуров бо пажухиш ва хунари волои рохбарию ташкилотчигии худ дар саргахи ташаккули мактаби илмии таърихшиносии точик меистад.

Робитаи ташаккули мактаби илмии таърихшиносии точик бо номи академик Б. Еафуров ба назари мо пеш аз хама дар якчанд самт зохир ме-ёбад. Академик Б. Еафуров бо коркарди консепсияи илмии тахкики таърихи халки точик, методологияи он, ба вижа даврабандии таърихи халки точик, гузориши масоили пажухишй, тахкикоти бунёдй, таргибу ташвики донишхои таърихй, муаррифии таърихи халки точик дар дохил ва беруни кишвар ва иштироки бевосита дар ташкил ва ба рох мондани фаъолияти марказхои илмй-тахкикотй ва омодасозии кадрхои сохибтахассуси илмй накши барчастаи худро гузоштааст.

Академик Б. Еафуров фаъолияти касбии эчодии худро аз рузномани-горй огоз намудааст ва аввалин маколахои у дар сахифахои рузномаи «Бе-дории точик» соли 1928 ба чоп расидаанд, ки мавзуи асосии онхоро низ масоили таърихй, муборизаи чомеаи нав ва кухна, дастовардхои хокими-яти Шуравй дар рохи эъмори чомеаи нав ташкил медоданд.

Аз чумла, маколахои «Хиёнаткорони Исфисор», «Аз дафтари се нафар чинояткор», «Аз ахволи се нафар мунофики номдор» соли 1928 дар рузномаи «Бедории точик», маколахо доир ба харакати колхозй ва дастовардхои колхозчиён дар рузномахои «Бо рохи ленинй» соли 1934, «Кизил Тожикистон» соли 1935 ба мавзуъхои рузмарраи замон бахшида шудаанд. Соли 1939 Бобочон Еафуров доир ба мавзуъхои мубрами замон, пеш аз хама занон ва озодии онхо, мубориза ба мукобили фаранчй ва урфу одатхои динй силсилаи маколахоро дар рузномаву мачаллахои чумхуриявии «Коркуни партиявй», «Бо рохи ленинй», «Коммунист Таджикистана» чоп намуд. Дар заминаи ин маколахо соли 1940 рисолаи у бо номи «Ба мукобили фаранчй ва урфу одатхои динй» дар хачми 36 сахифа аз тарафи Нашриёти давлатии Точикистон чоп шуда буданд.

Фаъолияти рузноманигории Бобочон Еафуров солхои минбаъда низ новобаста аз ишголи вазифахои баланди сиёсию давлатй пайваста идома ёфт.Танхо дар давоми соли 1940 зиёда аз 13 маколаи илмй-оммавии Бобочон Еафуров доир ба мавзуъхои таърихй тавассути васоити ахбори умум бо се забон-точикй, русй ва узбекй ба чоп расиданд. Дар солхои Ч,анги Бузурги Ватании 1941-1945 ва давраи азнавбаркароркунии хочагии халки чумхурй низ Бобочон Еафуров аз навиштани маколахои илмй-оммавй ва таргиботй канор начуста, баробари расонахои хабарии чумхуриявй сахифахои рузномахои марказии Шуравй, ба мисли «Известия»-ро низ истифода намуд. Аз чумла, соли 1941 дар сахифахои нашрияи «Известия» ду маколаи у бо номхои «Ба музаффариятхои нав» («К новым успехам») ва «Точикистон ба чабха» («Таджикистан фронту») чоп шуданд, ки хар ду ба мавзуи мухимми дастовардхои Точикистон дар рохи дигаргунсозихои сиёсй ва ичтимою иктисодй ва кумаки бевоситаи чумхурй ба чабха бахшида шуда буданд. Хдмин гуна маколахо дар давраи ичрои вазифахои масъулиятноки муншй, муншии дуюм ва билохира муншии аввали Дизби коммунисти чумхурй будан низ тавассути рузномаву мачаллахои умумишуравй, пеш аз хама рузномахои бонуфузи «Правда» ва «Известия» ба чоп расида буданд, ки дар онхо муборизаи кахрамононаи точикистониён дар химояи марзу бум ва корномаи мехнатии онхо дар самтхои гуногуни иктисодию фархангй тавсиф ёфтаанд. Дастовардхо ва пешравихои чумхурй ва инчунин вазифаву хадафхои аввалин дар ягон самт аз мадди назари ин фарди механпараст берун намондааст. Беш аз хама Б. Еафуров ба масоили таргибу ташвики донишхои сиёсй, омода намудани кадрхои баландихтисос, фаъолияти ташкилоти хизбй, сатхи фархангию донишмандии кормандони макомоти хизбию давлатй, адабиёти шуравии точик ва вазифахои он, рушди минбаъдаи фарханги халки точик, пахтакорй ва ривочи он дар маколахои илмй-оммавии худ таваччух намудааст.

Ру овардани академик Б. Еафуров ба пажухиши илмии таърихи халки точик ба охири солхои 30-юми асри гузашта рост меояд. Кадами аввал дар

ин самт ба чоп pасидани ду pисолаи илмй-«Ба мукобили фаpанчй ва ypфy одатxои динй» [6] ва «Афтидани амоpати Бyхоpо» («Падение Бyхаpского эмиpата: к 20-летию Советской pеволюции в Бyхаpе (1920-1940 гг.»), даp xаммyалифй бо Н. Пpохоpов [3] маxсyб меёбанд. Таваччyx ба таxкики таъpихи халки точик аз таpафи як нафаp чавони содик ба xокимияти нави Шypавй ва xадафxои асосии он бесабаб набуд. Агаp аз як таpаф тавассути фаъолияти pyзноманигоpии худ ба масоили таъpихй бештаp ошно шуда бошад, аз таpафи дигаp y аз авзои сиёсию xyкyкии маpдyми точик ва маxдyднамоии маснyии xyKyKy манфиатxои он даp ибтидои асpи XX ва махсусан даp ду даxсолаи аввали мавчудияти xокимияти Шypавй пyppа баpхypдоp буд. Б. Fафypов pоxи асосии xимоя аз xyKyKy манфиатxои халки хyдpо даp таxкик ва мyаppифии таъpихи бой ва пypFановати он дид, pоxxои дигаp даp он солxои pавнаки таъкиботи сиёсй басо хавфнок ва фочиаоваp буд.

Бо ин максад Бобочон Fафypов соли 1940 pоxи таxсил даp аспиpантy-pаpо пеш мегиpад ва 11-уми апpели соли 1941 даp Ш^ои махсуси Инсти-тути таъpихи Академияи илмxои Иттиxоди Шypавй даp мавзyи «Таъpихи сектаи исмоилиён аз ибтидои асpи XIX то чанги якуми импеpиалистй» p^ солаи номзадиpо дифоъ менамояд. Даpчанд пас аз xимояи pисолаи ном-задй ypо очилан баpои ишFоли вазифаxои баландтаpи xизбию давлатй ба чyмxypй даъват менамоянд, вале y аз таxкикy омузиши таъpихи халки точик каноp намечуяд. Соли 1942 бо xамpоxии Н. Пpохоpов маколаи ил-мие доиp ба мyбоpизаи халки точик ба мукобили F0сиб0ни бегона ва исти-логаpонpо даp мачмуаи «Коpи мо xак, душман саpкyб хоxад шуд» («Наше дело пpавое, вpаг будет pазбит») [2] ба нашp меpасонад. Соли 1944 даp за-минаи xамин макола pисолаи илмии Б. F. Fафypов ва Н. Н. Пpохоpов "Халки точик даp мyбоpиза баpои озодй ва истиклолияти ватани худ. Очеpкxо аз таъpихи точикон ва Точикистон" [7] аз чоп баpомад. Баpобаpи ин соли 1945 мачмуаи "Мавод оид ба таъpихи точикон ва Точикистон" [13] китоби якум аз xамин силсила таxти pоxбаpй ва назаpи y чоп шуд.

Солxои 1942-1948 Бобочон Fафypов даp баpобаpи ичpои вазифаxои масъули сатxи чyмxypиявии сиёсию давлатй, ичpокyнандаи вазифаи муди-pи сектоp (бахш)-и таъpихи Институти таъpих, забон ва адабиёти Филиали точикистонии Академияи илмх,ои Иттих,оди Шypавиpо низ ба зимма дошт. Рисолаи илмии "Халки точик даp мyбоpиза баpои озодй ва истиклолияти ватани худ. Очеpкxо аз таъpихи точикон ва Точикистон" даp доиpаи фаъолияти xамин шуъба омода гаpдид. Китоби мазкyp соли 2012 бо кушиши нашpиёти «Адиб» ба ифтихоpи 21-солагии Истиклолияти давла-тии Ч,yмxypии Точикистон зеpи унвони «Точикон ва талошxои таъpихии онxо баpои озодии ватан. (Очеpкxо аз таъpихи точикон ва Точикистон)» [11] ба забони точикй нашp гаpдид. Ин китоб нахустин pисолаи илмии фа-pогиpандаи таъpихи халки точик аз замощои кадим то соли 1944 буд, ки 23 фасл дошт ва фасли аввали он «Гузаштаи пypFановати халки точик»

номгузорй шудааст. Арзиши илмии китоби мазкур пеш аз хама дар он аст, ки бори аввал муаллифон часурона таърихи точиконро дар алохидагй ва тибки талаботи методологияи нав ба риштаи тахкик ва тахлил кашиданд. Дар он шароит, ба чунин шакл манзур намудани таърихи халки точик ва ба замми он, хамчун сокинони аслй ва сохиби таъриху тамаддуни минтака муаррифй намудани точикон гайрату часорати беандозаро талаб мекард. Дар пешгуфтори хамин китоб аз номи хайати тахририяи "Таърихи точикон ва Точикистон" омадааст, ки «то имруз акидае чорист, ки гуё навиштани таърихи алохидаи точикону Точикистон...зарурате надо рад, мувофик ин аст, ки барои тамоми халкхои Осиёи Миёна як таърихи уму-мии Осиёи Миёна навишта шавад» [11,3]. Ин акидаро бархе аз шаркшино-сони шинохта низ чонибдорй менамуданд.

Академик Б. Еафуров на танхо ин чахорчубаро шикаст, балки исбот намуд, ки таърихи хар як халки мукими Осиёи Миёнаро метавон дар алохидагй тахкик ва таълиф намуд. Баъдан, соли 1949 дар нашри русии «История таджикского народа в кратком изложении» [4,465] у менависад, ки новобаста ба муковимати баъзе аз шаркшиносони шинохта бояд таъкид намоем, ки «хар як халки Осиёи Миёна дорои хусусияти махсус ва таърихи хусусии худ аст». Б. Еафуров дар ин рисолаи илмии худ бо як часорати олимона на танхо талошу муборизаи халки точикро дар рохи озодй ва химояи марзу буми хеш ба риштаи тахкику тавсиф мекашад, балки таърихи пайдоиш ва ташаккули точиконро хамчун этноси вохид ва аз кадим сокинони бумии ин минтака будани онхо, дар заминаи халкхои ориёии шаркиэронй ташаккул ёфтани точиконро пеш мегузорад.

Аз чумла, таъкид менамояд: «Назар ба онхое, ки дар хайаташ эрониё-ни гарбй шомил будаанд, халки точик дар чахорчубаи давлати дигари му-ташаккил (яъне Сомониён-Н.У.) нашъу намо кардааст, вай истиклолияти вижаи худ, фарханг, анъанахои маданиву таърихии мустакил ва новобаста ба Эронро дорад»[11,8]. Дар хамин чо доир ба ватани ниёкони гузаштаи точикон - ориёихо, таксим шудани онхо ба ориёихои гарбй ва шаркй, давлатхои нахустини ориёй маълумот дода, дар заминаи ориёихои шаркй-сугдиёну бохтариён, хоразмиён, парфиёнихо ташаккул ёфтани точикон хамчун этноси вохид часурона андешаронй менамояд. Ба замми он дар хавошй оид ба пайдоши истилохи точик таъкид менамояд:«Истилохи «точик» бо калимаи «точ», ки маънояш «сарир» («венец, корона») аст, алокаманд аст. Калимаи точик маънои «одами точдор»-ро дорад.

Акидае хаст, ки бори нахуст истилохи «точик» махз ба хамин маънои мазкур, дар асри 2 то милод истифода шудааст ва он дар сарчашмахои таърихии Чин доир ба шохигарии Тяожи хаст» [11,7].

Хдмин тарик, дар рисолаи нахустини тахкикотии ба таърихи халки точик бахшидаи худ Б. Еафуров на танхо зарурати таълифи таърихи коми-ли онро пеш гузошт, балки тавонист масоили умда ва мубрами онро низ муайян намояд. Дар тахкикоти баъдинаи худ академик Б. Еафуров ин ма-

соилро дар заминаи санаду далелхои кавй ва маъхазхои хаттй боз хам асосноктар намудааст.

Доир ба зарурати боз хам чукуртар омухтани таърихи халки точик ва масоили умдаи он Бобочон Еафуров 24-уми апрели соли 1944 дар чаласаи сессияи аввали илмии Филиали точикистонии Академияи илмх,ои Иттих,оди Шуравй бо маъруза баромад намуда, тахкику таълифи таърихи комили халки точикро пеш мегузорад.Ва дар рохи ичрои ин вазифа у авва-лин шуда соли 1947 нахустин таърихи чомеи халки точикро бо унвони «Таърихи мухтасари халки точик»[8] пешкаши мухаккикону хонандагон менамояд.«Ин таълифот,-менависад яке аз гафуровшиносони шинохта,-аввалин ва котеътарин чавоби побарчое хисоб меёфт ба мукобили таърих-созони гузаро, ки илми мукаддаси таърихро бо максадхои гаразмандонаи сиёсии худ истифода мебурданд» [14,247]. Накши ин китоб ва арзиши илмии онро асос намуда, академик Б.А. Литвинский Б.Еафуровро асосгузори илми таърихи халки точик номид [12,49-66].

Устод Садриддин Айнй дар такризи муфассали худ ба «Таърихи мухтасари халки точик» чоп шудани ин китобро самимона табрик намуда, онро «дар пешрафти маданияти советии точик як ходисаи бузург» номидааст [1,135]. Хдмзамон устод С. Айнй менависад, ки «Дарчанде ахволи таъри-хии гузаштаи таърихи халки точик дар манбаъхои шаркй ва гарбии гуно-гун ба тарзи пароканда кайд шуда бошад ва бо хуччатхои илмй-археологй ба субут расида бошад хам, он ахвол ба тарзи илмй ба оммаи точикон маълум набуд ва бо тафтишхои чудогона ба даст даровардани он гуна маълумот барои хар кас муяссар хам намешуд» [1,98].

Академик Б. Еафуров бо чопи точикии ин китоб каноат накарда, онро такмилу тахким дода, ба забони русй зери унвони «История таджикского народа в кратком изложении: С древнейших времен до Великой Октябрьской социалистической революции 1917г.»[4] соли 1949 дар Москва нашр намуд. Ба гуфтаи худи академик Б.Еафуров барои такмили нашри русии китоб 10 сол вакт масраф намуда, бо назардошти эродхои рохбари мамла-кат Иосиф Виссарионович Сталин дар сухбати шахсй мохи январи соли 1948 ба он тагйироти зиёд ворид намудааст [14,248]. Доир ба зарурати таълифи китоб Б. Еафуров таъкид менамояд, ки «то ин вакт таърихи навишташудаи точикон мавчуд набуд. Асархои зиёди олимони Шуравй ва шаркшиносон асосан таърихи халкхои Осиёи Миёнаро дар мачмуъ инъикос намуда, таърихи алохидаи халкхои мукими ин минтакаро маври-ди баррасй карор намедиханд» [4,465].

25 феврали соли 1952 Шурои илмии Институти таърихи фарханги моддии Академияи илмх,ои Иттих,оди Шуравй барои китоби мазкур ба Б. Еафуров якдилона дарачаи илмии доктори илмхои таърихро дод. Ин тахкикоти Б. Еафуров бо такмилу иловахо боз ду маротибаи дигар, солхои 1952 ва 1955 дар Москва аз чоп баромад.

Чопи точикй ва русии таърихи чомеи халки точик кадами аввал дар

таxкики таъpихи комил ва пyppаи сокинони 6умии Осиё Миёна - точикон 6уд. Накши ин ва дигаp таълифоти академик Б. Fафypoв пеш аз xама даp он аст, ки новобаста аз тундии замон ва чаxopчyбаи маxдyди идеологй, xадафxoи Fаpазмандoнаи баpхе аз мyаppихин ва xаттo мактабxoи таъpихии минтака даp дoиpаи пpинсипи интеpнатсиoнализм ва дустии халвдо тавонист на танxo таъpихи ба ибopаи худаш пypFанoвати халки точило баpoи маpдyми точик ва чаxoниён навишта кунад, балки ба xама он точикситезон, ки мавчудияти ин халки тамаддyнoфаppo инкop каpдавy oнxopo омада ё зеpи таъсиpи фаpxанги дигаpoн афтода мепиндоштанд, чавоби сазoвop ва муштшикани олимона дщад. Таълифоти Бобочон Fафypoв xамеша олимона ва дакиккopoнаю илмй буд, пеш аз нашpи xаp як китоб мазмуну мyxтавoи он даp маpказxoи калонии илмии Иттиxoди Шypавй мавpиди баppасию казоват каpop мегиpифт.

Баpoбаpи таваччyx ва паpастиши таъpихи миллати худ ба таъpихy фаpxанги дигаp халкxo, пеш аз xама халвдои минтака xypматy эxтиpoми хyдpo бенщоят аpзoнй доштааст. Аммо нисбат ба ощое, ки ба таъpихи точикон бо чашми кач нигox мекаpданд ва ё таъpихи ин маpдyми тамаддyнoфаppo нодида мегиpифтанд, xамеша чавоби амики олимона медод. Аз чумла, сoлxoи 30-юми асpи гузашта як тамоюле даp байни мyаppихoн ва умуман олимон паxн шуд, ки тибки он боясти таъpихи xаp як халки минтака даp дoиpаи чyFpoфии чyмxypиxoи шypавии мавчуда мавpиди таxкикy омузиш каpop гиpад. Хдтто соли 1936 дoиp ба навиштани китoбxoи даpсй даp Душанбе кoнфеpенсияи калоне баpгyзop шуд, ки даp он пpoфессopи Дoнишгoxи давлатии Осиёи Миёна В.Я. Яpoтский пешниxoд намуд, ки таъpихи халки точик даp заминаи xyдyди имpyзаи Ч,ШС Точикистон таълиф ва омухта шавад ва y xаттo номгуи мавзyъxoи китоби даpсиpo ба тавpи худ пешнщод намуда буд. Чунон ки мавзyъxoи «X,yкмpoнии Хдхоманишщо даp Точикистон», «Искандаpи Макдунй даp Точикистон» ва ё «Давлатxoи тypк (Сомониён, Kаpахoниён ва Kдpахитoиxo) ва Точикистон даp асpxoи IX-XIII», «Чингиз ва Темyp ва макоми oнxo даp Точикистон» ва Fайpа. Даp xoшияxoи маъpyзаи ин «таъpихшинoси номй», ки он вакт декани факултети таъpихи ДДОМ буд, Б. Fафypoв бо чаxл ва часypoна изxopи нopизoй намуда «Консепсияи Fайpиилмию ниxoят заpаpoваp» ва амсоли ин чандин кайдxo гузоштааст [мyфассалтаp ниг:14, 136-138].

Даp чавоб ба чунин oлимтаpoшoни Fаpазманд Б. Fафypoв xангoми таxкикy таълифи таъpихи халки точик аз ч^ати чyFpoфй тамоми xyдyди тoчикнишинpo фаpo гиpифтааст. Яъне таъpихи халки тoчикpo на даp чаxopчyбаи чyмxypии Шypавй, балки даp тамоми каламpави точикнишин-ВаpopУдy Хypoсoн мавpиди таxкик каpop додааст. Осopи таъpихй ва фаpxангии точикон, ки имpyз беpyн аз xyдyди чyмxypй мондаанд, мансуб ба таъpихy тамаддуни точиконанд, на ба он маpдyме, ки имpyз он чо сукунат дopанд. Даpчанде, имpyзxo низ азхудкунии таъpих, моли худ ва

маpбyт ба таъpихи гузаштаи халки худ каpдани осоpи таъpихию фаpxангии точикон даp каламpави минтака бо вусъати тоза идома доpад.

Академик Бобочон Fафypов бо асаpxои безавол ва бунёдии худ консепсияи илмии таxкики таъpихи халки точикpо мypаттаб намуда, xyдyдx0и асосии ташаккули точикон xамчyн этносpо илман асоснок каpда, давpабандии комилан илмии таъpихи халки точило пешниxод намуд. Консепсияи илмии таxкики таъpихи халки точик, ки Б. Fафypов пешниxод намудааст, пyppа аз чониби олимони шинохта ва маpказxои бyзypги илмии сатxи чаxонй мавpиди эътиpоф каpоp гиpифтанд ва он имpyз низ кимати илмии хyдpо аз даст надодааст. Вале Б. Fафypов бо ин низ каноат накаpда, мушикофона таxкики таъpихи халки точило идома дода, онpо боз xам мукаммалу комилтаp намудааст, ки натичаи заxматxояш даp pоxи шинохти таъpихи ниxоят тулонии маpдyми точик чопи асаpи безаволи «Точикон» соли 1972 ба забони pyrä [5] ва солxои 1983, 1985 ба забони точикй [9;10] мебошад. Ин китобpо, ки Пешвои муаззами миллат мyx,таpам Эмомалй Рах,мон баpxак «шиносномаи миллат» ном них,одаанду имpyз ба хонадони xаp як точикистонй чун тyxфаи Пpезиденти Ч,yмxypии Точикистон воpид гаpдидааст, мондагоpтаpин заxмати фаpзанди фаpзонаи миллат ба халку кишваpи азиз мебошад.

«Точикон»-и Бобочон Fафypов даp заминаи асноду далел, бо истифода аз саpчашмаю мадpакxои таъpихй ва таxлили дакиконаи пажyxишxои илмии таъpихшиносию ховаpшиносии ватанию хоpичй таълиф гаpдидааст. «Точикон» xамчyн асаpи бунёдии таxкикотй аз pyзи аввал даp илми таъpихшиносй ва ховаpшиносии чаxон макоми аpзанда ишF0л намуд, ки шаxодати он чоп шудани такpизxои зиёд аз таpафи олимони шинохта ва таpчyма гаpдидани он ба забощои гуногун даp хоpича мебошад. Олими баpчаста ба таъpихи миллати хеш аз мавкеи вокеият, бо асноду далелxои кавй даp чаxоpчyбаи мyкаppаp намудаи илми замон xамчyн чузъи таpкибии таъpихи yмyмибашаpй муносибат намудааст.

Бобочон Fафypов бо чопи ин шоxасаp исбот намуд, ки точикон доpои таъpихи бой ва тулонй xастанд ва ниёзе ба таъpихи сохтаю бофта ё таxpифи таъpих надоpанд. У даp xама xолат xангоми таxкики ин ё он масъалаи илмй xадди муайяну заpypиpо нигоx медошт ва пайваста таъкид менамуд, ки «xадде xаст, ки аз он гузаштани таъpихшинос мумкин нест, зеpо агаp вай аз ин xад гyзаpад, таъpихшинос не, балки киссапаpдоз мешавад».

Олими шинохта тавассути асаpxои хеш, махсусан «Точикон» ба мо ва оламиён саxифаx,ои таъpихи бою pангини миллати тамаддyнофаpи точикpо бо хдма бypдy бохташ нишон дода, мyкаppаp намуд, ки ин халк доpои таъpихи зиёда аз шашxазоpсола буда, сокинони аслии Хypосонy ВаpоpУд, офаpандагони тамаддуни минтака ва ойину сyннатxои начиби то имpyз побаpчои ачдодй мебошад. Точикон даp масиpи таъpих хдмеша xамчyн маpдyми давлатсозу давлатдоp, эчодкоpy бyнёдкоp, тамаддунсозу

сулхофар ва дар баробари ин муборизи рохи озодию истиклол, хомии марзу бум ва суннатхои ачдодй, забони модарй ва фарханги ниёкон тасвир ёфтаанд. Аз сахифахои ин асар бармеояд, ки миллати точик хамеша аз хама гуна гирдобу курдуди замона, ки бисёрии он чонкоху камаршикан буд, на танхо зиндаву саломат берун омад, балки дар фурсати ками ба даст омада аз нав комат меафрохт ва эхё мешуд.

Академики шинохта, устод Бобочон Еафуров бар замми таълифоту тахкикоти бунёдй, инчунин тавассути талошу захматхои зиёд дар рохи ташкили муассисахои илмй-тахкикотй, марказхои таърихшиносй, тайёр намудани таърихшиносони касбй, инчунин дар ташаккули мактаби илмии таърихшиносии точик накши боризи худро гузоштааст. Кушишу талошхои у дар рохи ташкили нахустин Донишгохи давлатии Точикистон ва Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ба хамагон маълум аст. Накши у дар таъсиси институти мустакили таърих хамчун маркази асосии омузишу тахкики таъриху бостоншиносй ва мардумшиносии точик мавриди таваччух аст. Вакте соли 1951 Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносй таъсис ёфт, махз бо пешниходи устод Бобочон Еафуров нахустин директори он донишманди шинохта ва донандаи таърихи халки точик А.А. Семенов таъин гардид. Баробар ба ин академик Б. Еафуров барои ба рох мондани фаъолияти босамари институт гурухи калони олимони барчаста, аз чумла М. С. Андреев, А. Ю. Якубовский, М. М. Дяконов, А. М. Беленитский, А. Окладников, А. Манделштам, Б. А. Литвинский, Е. А. Давидовичро ба кор даъват намуд. Барои фаъолият дар институт ва тахкики таърихи халки точик чалб шудани ин гуна мухаккикон боиси пешравии фаъолияти муассиса ва афзоиши макоми таърихшиносии точик дар микёси Иттиходи Шуравй гардид.

Иктидори илмии институт ва доираи баррасии масоили мавриди тахкик ба маротиб вусъат ёфта, фаъолияти густурдаи муассиса дар самтхои таърихшиносию таърихнигорй, фархангшиносй, маъхазшиносй, бостоншиносй, мардумшиносй, сиккашиносй ва дигар шохахои илми таърих ба рох монда шуд.

Хдмин тавр, академик Бобочон Еафуров бо тахкикоти мондагори бунёдии худ, коркарди консепсияи илмии тахкики таърихи халки точик ва накши барчаста дар ташкили марказхои илмй-тахкикотй ва тайёр намудани мутахассисони хирфавй, бешак бунёдгузори мактаби нави академивии таърихшиносии точик мебошад.

АДАБИЁТ

1. Айнй С. Таърихи мухтасари халки точик// Андар шинохти точикон. Китоби сеюм. Мураттиб Н. Убайдуллоев.-Душанбе: ДДОТ, 2018.- С. 97-135.

2. Гафуров Б.Г. Наше дело правое, враг будет разбит.- Сталинабад: Таджикгосиздат, 1942.-С.34-73.

3. Гафуров Б.Г., Прохоров Н. Падение Бухарского эмирата: к 20-летию Советской революции в Бухаре (1920-1940 гг.).-Сталинобод: Нашрдавточик, 1940.- 95 с.

4. Гафуров Б.Г. История таджикского народа в кратком изложении: С древнейших времен до Великой Октябрьской социалистической революции 1917г. - М.: Госполитиздат, 1949.- Т.1.- 468 с.

5. Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история.- М.: Наука, 1972.- 664 с.

6. Еафуров Б. Е. Ба мукобили фаранчй ва урфу одатхои динй.- Сталинобод: Нашрдав-точик, 1940.- 36 с.

7. Еафуров Б.Е., Прохоров Н.Н. Халки точик дар мубориза барои озодй ва истиклоли-яти ватани худ. Очеркхо аз таърихи точикон ва Точикистон.-Сталинабад: Таджикго-сиздат, 1944.- 212 с.

8. Еафуров Б.Е. Таърихи мухтасари халки точик.-Сталинобод: Нашрдавточик, 1947.-^.1.-382 с.

9. Еафуров Б.Е. Точикон: (Иборат аз ду китоб). Китоби якум: Таърихи кадимтарин, кадим ва асри миёна. (Мухаррири масъул -академик А. Мухторов) - Душанбе: Ирфон, 1983.-704 с.

10. Еафуров Б.Е. Точикон: (Иборат аз ду китоб). Китоби дуюм: Охирхои асри миёна ва давраи нав. (Мухаррири масъул -академик А. Мухторов) - Душанбе: Ирфон, 1985.416 с.

11. Еафуров Б.Е., Прохоров Н.Н. Точикон ва талошхои таърихии онхо барои озодии ватан. (Очеркхо аз таърихи точикон ва Точикистон).-Душанбе: Адиб, 2012.

12. Литвинский Б.А. Бободжон Гафурович Гафуров-основоположник таджикской исторической науки// В масштабе века. Сб. воспоминаний о Б. Г. Гафурове - ученом, политике, гражданине. М., 1999.- С. 49-66.

13. Мавод оид ба таърихи точикон ва Точикистон. Зери назари Б. Еафуров - Сталина-бад: Таджикгосиздат, 1945.-145 с.

14. Пирумшо Д. Ахтари илму сиёсат.-Хучанд: Нури маърифат, 2019.

15. Эмомалй Рахмон. Чехрахои мондагор. - Душанбе: «ЭР-граф», 2016.

АКАДЕМИК Б. Г. ГАФУРОВ ВА ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ИЛМИИ ТАЪРИХШИНОСИИ ТО^ИК

Макола ба инъикоси накши академик Б. Гафуров дар ташаккули мактаби академивии таърихшиносии точик бахшида шудааст. Таъкид ба он мешавад, ки агар Садриддин Айнй бо усули тахкик ва назару пажухишхои таърихии худ дар табодули донишхои таърихй ба илм мусоидат карда бошад, академик Б. Еафуров бо пажухиш ва хунари волоии рохбарию ташкилотчигии худ дар саргахи ташаккули мактаби илмии таърихшиносии точик меистад.

Академик Б. Еафуров бо коркарди консепсияи илмии тахкики таърихи халки точик, методологияи он, ба вижа даврабандии таърихи халки точик, гузо-риши масоили пажухишй, тахкикоти бунёдй, таргибу ташвики донишхои таърихй, муаррифии таърихи халки точик дар дохил ва беруни кишвар ва ширка-ти бевосита дар ташкил ва ба рох мондани фаъолияти марказхои илмй-тахкикотй ва омодасозии кадрхои сохибтахассуси илмй накши барчастаи худро гузоштааст. Бо ин накш ва хизматхо мо метавонем академик Бобочон Еафуровро бунёдгузо-ри мактаби нави академивии таърихшиносии точик номем.

Калидвожах,о: Тоцикистон, устод С. Айнй, академик Б. Гафуров, илм, таърих, таърихшиносй, таърихнигорй, мактаби таърихй, академия, ташаккул, консепсияи илмй, даврабандии таърихй, тащицоти таърихй.

АКАДЕМИК Б. Г. ГАФУРОВ И ФОРМИРОВАНИЕ ТАДЖИКСКОЙ НАУЧНОЙ ИСТОРИЧЕСКОЙ ШКОЛЫ

Статья посвящается освещению роли и места академика Б. Гафурова в формирование академической школы исторической науки Таджикистана. Подчеркивается, что если исторические труды и научный подход Садриддина Айни стояли в начале процесса перехода от исторических знаний к науке, то академик Б. Га-фуров с научными исследованиями, руководством и организацией научных центров по изучению истории таджикского народа стоит у истоков становления исторической науки Таджикистана.

Именно академику Б. Гафурову принадлежит разработка научной концепции, методология и периодизация истории таджикского народа. Его фундаментальные исследования, которые фактически охватывают все периоды истории таджикского народа, начиная с древнейших времен до начала советского периода, являются первыми обобщаюшими научно-исследователскими работами в этом направлении. Отсюда, можно сказать, что академик Б. Гафуров является основоположником новой таджикской академической школы исторической науки.

Ключевые слова: Таджикистан, устод С. Айни, академик Б. Гафуров, наука, история, историография, историческая школа, академия, формирование, научная концепция, историческая периодизация, исторические иследования.

ACADEMICIAN B. G. GAFUROV AND FORMATION OF THE TAJIK SCIENTIFIC HISTORICAL SCHOOL

This article is highlighting the role and place of academician B. Gafurov in the formation of the academic school of historical science in Tajikistan. If the historical works and scientific approach of Sadriddina Ayni stands at the beginning of the transition from historical knowledge to science, then Academician B. Gafurov with scientific research, leadership and organization of scientific centers for the study of the history of the Tajik people stands at the origins of the formation of the historical science of Tajikistan.

Academician B. Gafurov the person, who is responsible for the development of the scientific concept, methodology and periodization of the history of the Tajik people. His fundamental research, which actually covers all periods of the history of the Tajik people, from ancient times to the beginning of the Soviet period, are the first generalizing scientific research works in this direction. Hence, we can say that Academician B. Gafurov is the founder of the new Tajik academic school of historical science.

Key words: Tajikistan, S. Ayni, academician B. Gafurov, science, history, historiography, historical school, academy, formations, scientific conception, historical periodization, historical research.

Сведения об авторе: Убайдулло Насрулло Каримзода-доктор исторических наук, профессор, директор Института истории, археологии и этнографии им. А.Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Адрес: 734025, г. Душанбе, проспект Рудаки, 33. Телефон: (+992 37) 2213742, (+992) 938500010, E-mail: [email protected]

Information about the author: Ubaydullo Nasrullo Karimzodа-Doctor of Historical Sciences, Professor, A. Donish director Institute of History, Archeology and Ethnography National National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: 734025, Dushanbe, Rudaki Avenue, 33. Telephone: (+992 37) 2213742, (+992) 938500010. E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.