Научная статья на тему 'РОЛЬ АКАДЕМИКА БОБОДЖОНА ГАФУРОВА В ПОДГОТОВКЕ НАУЧНЫХ КАДРОВ'

РОЛЬ АКАДЕМИКА БОБОДЖОНА ГАФУРОВА В ПОДГОТОВКЕ НАУЧНЫХ КАДРОВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
302
25
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АКАДЕМИК / ВОСТОКОВЕД / ГЕРОЙ ТАДЖИКИСТАНА / ГОСУДАРСТВЕННЫЙ ДЕЯТЕЛЬ / ИСТОРИК / НАУЧНЫЕ КАДРЫ / СОВЕТСКИЙ СОЮЗ / УЧЁНЫЙ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Набиев Ваххоб Машрапович, Усмонов Аюб Исламович, Кабилов Зафарджон Закирович

Выдающийся партийный и государственный деятель, академик АН СССР, Герой Таджикистана Бободжон Гафуров является гордостью и славой таджикского народа. В статье на основе достоверных материалов освещается деятельность академика Бободжона Гафурова по подготовке и воспитании научных кадров.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ROLE OF THE ACADEMICIAN BOBOJON GAFUROV IN PREPARATION OF SCIENTIFIC EXPERTS

The outstanding party and governmental worker, the academician of Academy of Sciences of the USSR, the Hero of Tajikistan Bobojon Gafurov is pride and glory of the Tajik people. Activities of the academician Bobojon Gafurov for preparation and education of scientific experts are learned in article based on reliable materials.

Текст научной работы на тему «РОЛЬ АКАДЕМИКА БОБОДЖОНА ГАФУРОВА В ПОДГОТОВКЕ НАУЧНЫХ КАДРОВ»

НАБИЕВ Ва^^об Машрафович, д.и.т., профессор, мудири кафедраи таърихи ватании ДДХ ба номи акад. Б.Г.Гафуров; УСМОНОВ Аюб Исломович, н.и.т, дотсенти кафедраи таърихи ватании ДДХ ба номи акад. Б.Г.Гафуров; К,ОБИЛОВ Зафарцон Зокирович, сармуаллими кафедраи таърихи ватании ДДХ ба номи акад. Б.Г.Гафуров, (Тоцикистон, Хуцанд)

НАБИЕВ Ваххоб Машрапович,

д.и.н., проф., заведующий кафедрой отечественной истории ХГУим. акададемика Б.Г.Гафурова; УСМОНОВ Аюб Исламович, к.и.н., доцент кафедры отечественной истории ХГУ им. акад. Б.Г.Гафурова; КАБИЛОВ Зафарджон Закирович, старший преподаватель кафедры отечественной истории ХГУ им. акад. Б.Г.Гафурова, (Таджикистан, Худжанд)

NABIEV Vahob Mashrafovich, Dr. of History, professor, Head of National history department of Khujand State University named after academician Bobojon Gafurov; USMONOV Ayub Islamovich, candidate of historical sciences, docent of National history department of Khujand State University named after academician Bobojon Gafurov; KABILOV Zafarjon Zakirovich, senior teacher of National history department of Khujand State University named after academician Bobojon Gafurov, (Tajikistan, Khujand)

Калидвожацо: академик, арбоби давлатй, Иттщоди Шуравй, кадрцои илмй, Цацрамони Тоцикистон, муаррих, олим, шарцшинос.

Арбоби барцастаи х,избию давлатй, академики Академияи илмцои ИЦШС, Цацрамони Тоцикистон Бобоцон Гафуров ифтихору сарбаландии халци тоцик мебошад. Дар мацола фаъолияти академик Бобоцон Гафуров дар тайёр ва тарбия кардани кадрцои илмй инъикос карда шудааст.

Ключевые слова: академик, востоковед, Герой Таджикистана, государственный деятель, историк, научные кадры, Советский Союз, учёный.

Выдающийся партийный и государственный деятель, академик АН СССР, Герой Таджикистана Бободжон Гафуров является гордостью и славой таджикского народа. В статье на основе достоверных материалов освещается деятельность академика Бободжона Гафурова по подготовке и воспитании научных кадров.

Key words: nice son of the nation, scientist, founder of the higher schools and research institutes, Soviet school of orientalists, careful head.

The outstanding party and governmental worker, the academician of Academy of Sciences of the USSR, the Hero of Tajikistan Bobojon Gafurov is pride and glory of the Tajik people. Activities of the academician Bobojon Gafurov for preparation and education of scientific experts are learned in article based on reliable materials.

Бузургдошти абармардони миллати тоцик боиси ифтихору сарбаландии хар яки мо мебошад. Ин амали нек писанди мардум аст ва худшиносию худогохии миллатро меафзояд. Тоцикон барха; таърихи бой доранду Тоцикистонро дар дунё бо номи фарзандони бузурги миллат мешиносанд.

Фарзанди фарзонаи миллат, ^ахрамони Тоцикистон, академики Академияи илмхои Иттиходи Шуравй Бобоцон Fафуров низ аз зумраи онхоест, ки бахри инкишофи илму маорифи кишвари махбубамон садо;атмандона мехнат намуда, махбуби хамватанон гаштааст.

Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоцикистон Эмомалй Рахмон хангоми суханронй дар мацлиси ботантана ба ифтихори цашни 100-солагии зодрузи Бобоцон Fафуров гуфта буданд: «Агар рохи пуршарафи тайкардаи ин олим ва сиёсатмадори барцастаро мухтасар цамъбаст намоем, метавон чунин гуфт, ки у дар ха;и;ат ходими давлатии дар сатхи академй бомаърифат ва академики дорои тафаккури давлатй буд. Гузашта аз ин, тамоми зиндагии у намунаи хизмати соди;она ва фидокорона ба манфиати илм ва хал;у Ватани хеш аст» [1].

САХ.МИ АКАДЕМИК БОБОЦОН ГАФУРОВ ДАР ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРХОИ ИЛМЙ

РОЛЬ АКАДЕМИКА БОБОДЖОНА ГАФУРОВА В ПОДГОТОВКЕ НАУЧНЫХ КАДРОВ

ROLE OF THE ACADEMICIAN BOBOJON GAFUROV IN PREPARATION OF SCIENTIFIC EXPERTS

«^адри зар заргар бидонад» - мегуянд дар урфият. Шояд яке аз омилхои асосии дар рохи пешбурди илму маърифат пайваста захмат кашидани академик Бобочон F афуров дар он аст, ки у худ олиму донишманд буд. Бобочон Fафуров 11 апрели соли 1941 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Таърихи мазхаби исмоилия аз ибтидои асри XIX то огози чанги чахонии империалиста» бомуваффацият дифоъ кард. 25 феврали соли 1952 Шурои илмии Институти таърихи маданияти моддии Академияи илмхои СССР ба муаллифи китоби «Таърихи мухтасари халци точик» Бобочон F афуров унвони доктори илми таърихро муносиб дид. Олимони забардаст, оппоненти расмй Е. Э. Бертелс, Н. Якубовский, М. Дяконов, И. Брагинский ба кори у бахои баланд доданд. Аз чумла, И. С. Брагинский гуфта буд: «Дар кори илмии Бобочон Fафуров «характери точикона» мушохида мешавад. Точикон на он вацт цаноат хосил мекунанд, ки дар як нихоли пахта 8-10 курак мешукуфад, балки он вацте ки охирин курак дар цисми болоии нихол сафедй мекунад. Ана хамин тарзи рафтор дар фаъолияти илмии F афуров, ки ба тахцици таърихи халци точик бахшида шудааст, равшан ба назар мерасад» [2].

Истеъдоди фавцуллода ва нодири ташкилотчигй, принсипхои амици хизбй, цобилияту махорати кор карда тавонистан бо мардум дар симои Бобочон Fафуров дар давраи фаъолияташ дар вазифаи Котиби якуми КМ ХК (б) Точикистон ба таври барчаста зохир гардид. Дар ин вазифаи масъул вай зиёда аз дах сол кор кард.

Ба давраи осоиштаи баъдичангй ворид шудани Точикистон, барои таъсиси Университети давлатии Точикистон ва Академияи илмхо шароит фарохам овард. Соли 1948 бо дархости Котиби якуми КМ ХК (б) Точикистон Бобочон Fафуров ва Раиси Шурои вазирони Ч,ШС Точикистон Чаббор Расулов Шурои вазирони ИЧ,ШС дар бораи таъсиси Университети давлатии Точикистон царор цабул намуд. Бобочон Fафуров хайати профессорону омузгоронро худаш интихоб кард. Масалан, аз Чумхурии Узбекистон се нафар профессорони маъруф, бародарон Рачабовхоро ба кор даъват намуд, ки яке аз онхо Зариф Рачабов нахустин ректори Университет таъйин гардид. Бобочон Fафуров дар интихоби шогирдони Университет низ маслихату кумак мекард. Дар ин бобат кушиш менамуд, ки фиристодагони минтацахои дурдасти чумхурй, аз чумла чавонони Кухистони Бадахшон аз имтиёзхо бархурдор бошанд.

Дар таъсис додани Академияи илмхо кор мушкилтар буд. Чунки олимони варзидаи сохахои гуногунро ба Сталинобод мебоист даъват намуд. Дар он вацт Бобочон Fафуров нисбати шарцшиносони кухансоли рус, ки хаёти илмиашон хануз аз ибтидои асри XX огоз ёфта буд, эхтироми бехад дошт. Аз илтифоти махсуси у М. С. Андреев ва А. А. Семёнов бахравар буданд.

Академик Ахрор Мухторов дар китобаш «Академик Бобочон Fафуров» менависад: «Соли 1950 дар Иттиходи Шуравй як равияи махкум намудани шахс бо номи «космополитизм» авч гирифт. Шахсони зиёд - олимон ва муаллимони мактабхои миёнаву олй, ба космополитизм (бепарво будан ба ватани худ) махкум ва аз кор ронда шуданд [11].

Дар Тошканд А. А. Семёновро ба ин ному нанг айбдор намуда, аз кор гирифтанд. Уро дар Точикистон хеле хуб мешинохтанд. А. А. Семёнов борхо ба Сталинобод сафар карда, нохияхои шимолиро низ хуб медонист, пахлухои гуногуни таърихи халци точикро тахциц карда буд. Ба ин хотир хануз соли 1946 уро бо унвони олй - «Ходими хизматнишондодаи илми Точикистон» цадр карда буданд.

Бобочон Fафуров нисбати махкум кардани ин олими номй дар Тошканд бетараф истода наметавонист. Боре у бо корхои чумхурй ба цабули рафта будааст. Дар охири сухбат у ба И. В. Сталин мурочиат карда, гуфтааст:

- Иосиф Виссарионивич! По стране идет «космополитическая» компания. В эту компанию попали учёные. Учёные, которые принесли большую пользу науке и еще могут принести пользу. Как быть с такими учёными?

И. В. Сталин чунин посух медихад:

- Такие дураки у нас и в Грузии появились!

Чунин чавоб барои Бобочон Fафуров кифоя буд. У А. А. Семёновро аз Тошканд ба Сталинобод даъват намуд. А. А. Семёнов директори Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносй таъйин шуд. Уро академики Академияи улуми Точикистон интихоб намуданд. Дар наздикии бинои Институти номбурда ба А. А. Семёнов хона доданд...

Ба замми хамаи ин, А. А. Семёнов депутати Шурои Олии ИЧ,ШС Точикистон интихоб шуд. Ин пири кордону кордида, одаму олими номй, аз ухдаи хамаи корхо мебаромад, хам институтро идора менамуду хам шогирдхо тайёр мекард, ки банда яке аз онхо хастам». [3]

Махз бо хидояти А. А. Семёнов олими чавон Б. А. Литвинский ва хамсараш, сиккашинос Е. А. Давидович аз шахри Тошканд ба Сталинобод омаданд. Котиби якуми КМ ХК (б) Точикистон Бобочон F афуров олими чавони бостоншинос Б. А. Литвинскийро ба хузури худ пазируфта, доир ба пахлухои гуногуни илми таърихшиносй ва бостоншиносй сухбат карда, доир ба пешрафти ин сохахо дастурхои судманд дод.

Боиси зикр аст, ки дар он давра дар пойтахти Точикистон мицдори зиёди олимони рус -академикхо, аъзо-корреспондентхо, инчунин мутахассисони чавон фаъолият мекарданд, ки дар чараёни «муборизаи зидди космополитизм» ичборан шахрхои Москва ва Ленинградро тарк карда буданд. Бо ризоияти Бобочон F афуров онхоро ба Академияи илмхо ва мактабхои олии Точикистон ба кор цабул карданд. Махз дар хамон вацт марказхои илмии эроншиносй, бостоншиносй, этнография ва дигархо таъсис гардиданд.

F амхории дилсузонаи Бобочон F афуров буд, ки яке аз бунёдгузорони Донишкадаи давлатии омузгории Ленинобод, омузгори бехтарин ва обрумандтарин, дусти бегумони точикон Богдан Михайлович Комаров, ки бо «гунохи» ба «космополитизм» пайвастан аз кор хорич шуда буд, ба вазифааш барцарор гардид.

14 апрели соли 1951 КМ ХК (б) Точикистон якчоя бо Президиуми Шурои Олй ва Шурои Вазирони Ч,ШС Точикистон царор «Дар бораи таъсиси Академияи илмхои Ч,ШС Точикистон»-ро цабул карданд. Маросими ифтитохи Академияи илмхои Точикистон дар Театри опера ва балети чумхурй барпо шуд. Бобочон Fафуров раиси мачлиси муассисон буд. Дар мачлис 11 нафар узви пайваста ва 9 нафар узви вобастаи Академияи илмхо интихоб гардиданд, ки дар байни онхо Садриддин Айнй, Бобочон Fафуров, Бобочон Ниёзмухаммадов, Зариф ва Солех Рачабовхо, Аловаддин Баховаддинов, Мирзо Турсунзода, Сотим Улугзода, Абдуганй Мирзоев, Сохиб Табаров ва дигарон буданд. Президенти АИ устод Садриддин Айнй интихоб гардид. [4]

Тарбияи мутахассисони чавон самти мухими фаъолияти Бобочон F афуров буд. Бо ташаббуси Бобочон F афуров ба Академияи илмхо ва дигар муассисахои тадцицотии чумхурй доир ба самтхои гуногуни илмй олимони варзида аз чумхурихои иттифоцй, пеш аз хама аз шахрхои марказии Федератсияи Россия даъват карда шуданд. Дар натича рохбари илмии аспирантон чунин олимони барчаста ба мисли академик Павловский Е. Н., узви вобастаи АИ ИЧ,ШС Якубовский А. Ю., Бертелс Е. Э., докторони илм Овчинников П. Н., П. Н. Колесник, Плешко С. И., Морозова О. И. ва дигарон буданд. [5]

Хануз соли 1946 бо ташаббуси чонишини комиссари халции нигохдории тандурустии Точикистон М. Я. Расулов ва дастгирии Бобочон Fафуров ба шахри Москва барои ба итмом расонидан ва химояи рисолахои номзадй нахустин духтурхои точик З. Хочаев, Я. Рахимов, А. Бобоев, С. Хакимова, К. Каримова, З. ^осимова, Х. Мансуров фиристода шуданд. Дар соли 1951 бошад аз хисоби хатмкунандагони Донишкадаи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуалй ибни Сино 10 нафар духтурони чавон барои ичрои рисолахои номзадй ба муассисахои бехтарини тиббии Москва сафарбар гардиданд.

Бобочон Fафуров ташаббускори ба Академияи хочагии халц фиристодани Fулом Алиев ва ба Академияи илмхои чамъиятшиносй - Абдусаттор ^обилов, Пулот Хамроцулов, Рустамбек Юсуфбеков буд. [6]

Бо дастгирии у чавони чуё ва умедбахш Мухаммад Осимй аз руи ихтисоси фалсафа ба аспирантураи Москва фиристода шуд. «Бобочон Fафуров, - ёдоварй мекарданд академик Мухаммад Осимй, - баъди маро ба аспирантура фиристодан хам фаромуш накарданд. Дар давоми тахсил кормандони намояндагии доимии Точикистон дар Маскав маро ба корхое чалб мекарданд, ки бо супориши кй будани онро фахмидан душвор набуд. Пас аз хатми аспирантура ба зодгох баргашта, дар донишкада кори илмиамро давом додам. Хамон вацт дар бораи таъсиси донишкадаи политехникии Точикистон (соли 1956) царор цабул шуд. Он вацтхо барои чунин як донишкадаи техникй директор пайдо кардан кори осон набуд. Аз байни точикон хануз ягон кас дарачаи илмии техникй надошт. Номзадхои илмхои физикаю математика ва химия хам ангуштшумор буданд ва хеч яки онхо тачрибаи кории маъмурй надоштанд. Бобочон Fафуров боз хам маро ба хотир меоранд. Ба он кас мегуянд, ки Мухаммад Осимй номзади илми фалсафа асту ин донишкада техникй мешавад. Бобочон Fафуров мегуянд, ки хеч гап нест, у аслан мутахассиси сохаи физика мебошад, сониян кори мактаби олиро хуб медонад, чанд сол дар вазифаи муовини директори донишкадаи олй кор кардааст, тачрибаи хуби рохбарй дорад. Маро фавран ба Душанбе даъват карданду пас аз сухбати кутох барои тасдиц ба Маскав фиристоданд. Хамин тавр, таъсиси нахустин Донишкадаи олии техникии Точикистон ба зиммаи ман вогузошта шуд» [7].

Соли 1956 дар зиндагиномаи аллома Бобоцон Fафуров сахифаи нав огоз гардид. Уро директори Институти шарцшиносии Академияи илмхои СССР таъин карданд.

Бобоцон F афуров бо маънои томаш сохиби дили бузург буд. Нисбати хец кас дар дил кина намеварзид, харгиз аз паи шухрат нашавад хам аллакай шухрат пайдо карда буд, ки ин шухрати цахонй буд. Хамсафону шогирдонаш то хол уро боифтихор ёдоварй мекунанду хотираашонро пос нигох медоранд.

Олими маъруфи шарцшинос, профессор Юрий Владимирович Ганковский дар сухбат бо журналист Махмудцон Иброхимов чунин гуфта буд: «Аз цанг сихату саломат баргашта омадам. Ба сад дар сар халондам, ба кор нагирифтанд, осонакак «цои холй нест мегуфтанд. 10 соли баъди аз фронт баргаштанам, рости гап дар якчанд цой кор кардам, хамаги ду-семохй. Тоцатам тоц шуд, аз рафицонам имдод цустам. Як хамсабаци пешинаам гуфт, ки ба Институти шарцшиносй директори нав омадааст, аз тарафхои Осиёи Миёна, рав бахтат омад карда бошад, сохиби цои кор мешавй, у дар бораи волидайни ту чизе намедонад-ку! Ту хам аз хусуси падарат гап назан!

Охирин умедам ба хамин даргох буд, бинобар хамин рафтам. Бо чехраи кушод ва хеле мехрубонона цабул кард. Мацсадамро гуфтам. Дафтарчаи мехратиамро варац заду сабаби дар якчанд цой кам-кам кор кардану сабукдуш шуданамро пурсид. Бар ивази ин цадар самимият ва сухбати сидцдилона ман хуцуци маънавй надоштам, ки дуруг гуям. Дудила хам нашуда гуфтам, ки падарам «репрессия» шудааст.

- Вацте ки ба цанг фиристоданд, нагуфтанд, ки падараш «душмани халц» буд. Акнун писари «душмани халц» гуфта, ё ба кор цабул намекунанд ва ё аз кор меронанд, ин беинсофхо?! Дар майдони цанг даркор будй, акнун нодаркор шуда мондй?! Аризаатро навис, аз хамин руз ту ходими илмии институт, - гуфтанд Бобоцон Fафурович!

Хамин тавр, ман дар хамин даргох туфайли одамияти Бобоцон F афуров цои кор ва ризцу рузй пайдо кардам. ^ариб хама руз аз холу ахволи ман пурсон мешуданд, ба корхои илмиам кумак мерасонданд, маслихатхо медоданд. Хуллас, намегузоштанд, ки ман худро танхо, бекасу куй хис кунам. Ана хамин хел одам буданд Бобоцон F афурович, цони одам...» [8].

Лозим ба ёдоварист, ки профессор Ю. В. Ганковский низ дар тайёр кардани олимони шарцшиноси тоцик сахмгузор мебошад. Тахти рохбарии у чанде аз тоцикистониён рисолахои номзадй ва докторй химоя кардаанд.

Дар мохи майи соли 1966 дар хаёти илмии хайати профессорону муаллимони Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров воцеаи мухимтарине ба амал меояд. Муаррихи барцастаи Шарц Бобоцон Fафуров мехмони донишкада мешаванд. Профессор Fафур Хайдаров (рухашон шод бод) дар хотирахояш менависад: «Дар мустахкам гардидани робитахои дустй бо Б. F. Fафуров, нацши мухимро ташрифи у ба донишкадаамон дар соли 1966 бозид. Вай дар назди мо бо маърузаи калони илмй дар бораи комёбихои асосй, вазифахо ва пешомадхои илми таърих дар мамлакат суханронй намуда, дар хотима ваъда дод, ки Институти шарцшиносии АИ ИЧ,ШС ба муаррихони донишкада дар тайёр кардани докторони илм ёрй мерасонад. Бобоцон F афуров хамчун марди асил ваъдаашро ба цо овард» [9].

Дар натицаи таваццухи доимй ва гамхории академик Бобоцон Fафуров 22 феврали соли 1968 F афур Хайдаров рисолаи докториашро дар Институти шарцшиносии АИ ИЧ,ШС бо муваффацият химоя кард.

Доктори илмхои тиб, профессор А. М. Пулотов лахзаи дигареро аз хаёти Бобоцон Fафуров ба хотир оварда, чунин иброз намудааст: "Боре дар байни солхои 70-ум устод оиди химояи рисолаи доктории муаррихи хеле хам умедбахш Мансурхон Бобохонов дар Шурои ДДТ хабардор шуда, аз муаррихи машхур, профессор Хейфитс хохиш намуд, ки вайро аз натицаи химоя огох намояд. Химоя бо муваффацият гузашт, вале маводхои он хануз ба КОА (Комиссияи Олии Аттестатсионй) ирсол нагардида, аз Тошканд мактуби беимзои бадномкунандае оиди рисола ва муаллифи он ворид гашт.

Бобоцон Fафуров дар бораи кирдори пасти шахси номаълуме хабардор шуда, ба муайян кардани хацицати объективй машгул шуд. Шахси беимзо фош нагардида бошад хам, Бобоцон F афурович дар кори комиссияи экспертии КОА фаъолона ширкат варзида, барои ба унвонцу М. Б. Бобохонов додани дарацаи илмии докори илмихои таърих муваффац шуд. Баъди он устод хамчун мураббии хацицй, новобаста аз серкорй ва носолимиаш, ба воситаи телефони байналхалцй шахсан Мансурхон Бобохоновро оид ба тасдиц шудани рисолааш хабардор карда, барои сохиб шудан ба дарацаи илмии докторй муборакбод намуд" [10].

Чунин лахзахои хаётй ва тацдирсоз дар фаъолияти аллома Бобоцон F афуров хеле зиёданд.

Бобочон Гафуров тули 21 сол ба фаъолияти Институти шаркшиносии Иттиходи Шуравй рохбарй кард. Дар як муддати кутох вай тавонист, ки коллективи бузурги мутахассисони сохахои таърих, иктисодиёт, адабиёт, забонхои халкхои Шаркро гирд оварда, ба халли вазифахои мухим-тарине, ки дар назди шаркшиносони шуравй меистод, равона созад.

Хизмати арзандаи Бобочон F афуров на танхо дар тайёр кардани кадрхои шаркшиносй барои Институти шаркшиносии Маскав мебошад, балки ба воситаи аспирантураи максаднок барои дигар чумхурихо низ аст. Бисёр олимон-шаркшиносони бузурги Душанбе, Тошканд, Алма-ато, Боку ва дигар шахрхои Иттиходи Шуравй мактаби хуби илмиро дар Институти шаркшиносии АИ ИЧ,ШС гузаштаанд. Собик чонишини директори Институти шаркшиноси АИ ИЧ,ШС, профессор Г.К.Широков бархак кайд менамояд: «Бобочон F афуров на дар сухан, балки дар амал интернат-сионалист буд. Дар давраи фаъолияти у дар институт намояндагони 38 миллат кор мекарданд. Ман дидам, ки чй тавр бо лутфу мухаббат ба вай дар Грузия ва Арманистон муносибат мекарданд. Дар байни дустонаш одамони миллаташон гуногун буданд» [11].

Академик Бобочон F афуров тамоми умри худро ба хизмати Ватан, точику точикистониён ва инчунин чахониён бахшидааст. Ба манфиати худ кор накардаасту ба худ манзиле, хонаи бошукухе насохтааст. Вале дар дили мардум касри мухаббату дустии безаволу зеборо офаридааст. Барои ворисон шохасари «Точикон» ва дигар ганчхои маънавии пурбахои човидонаро мерос гузоштааст.

Умедворем, ки мавзуи мазкур тахкики алохидаи илмй хохад шуд, чуноне ки асосгузори адабиёти муосири точик, ^ахрамони Точикистон Садриддин Айнй гуфтааст: «Хушбахтии халки точик аст, ки вай дар симои Б. F. F афуров фарзанди шарафманд дорад».

ПАЙНАВИШТ:

1. Рахмон Э. Суханронй дар мацлиси ботантана бахшида ба ифтихори цашни 100-солагии зодрузи Бобочон Гафуров, 24 декабри соли 2008 // Э. Рахмон. Истиклолияти Тоцикистон ва эхёи миллат. -Душанбе: Ирфон, 2010. - Ц.9. - С.290.

2. Пулатов А.М. Академик Гафуров - гордость нации, факел знания. - Душанбе: Ирфон, 1998. - С.22.

3. Сухани халк. - 2014. - 11 январ.

4. Набиев В. Бузургони миллат дар шохрохи таърих. - Хуцанд: Меъроц, 2014. - С.240.

5. Абулхаев Р. Вклад академика Б.Г.Гафурова в подготовке научных кадров в годы Великой Отечественной войны и в послевоенный период // Материалы Международной научной конференции "Б.Гафуров - выдающийся исследователь истории Центральной Азии". - Душанбе, 2009. - С.88.

6. Пулатов А.М. Академик Гафуров - гордость нации, факел знания. - С.16.

7. Сухани халк. - 2014. - 11 январ.

8. Иброхимов М. Рох ба цовидонщо //Х,акщати Сугд. - 2009. - 3 январ.

9. Хайдаров Г.Х. Моя стезя. (Итог жизни длинною в 80 лет). - Худжанд: Нури маърифат. - 2007. -С.38.

10.Пулатов А.М. Академик Гафуров - гордость нации, факел знания. С.30-31.

11.Мухторов А. Академик Бобоцон Гафуров (Хотирахо). - С.146.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.