Научная статья на тему 'ВОПРОСЫ ИЗУЧЕНИЕ РЕГИОНАЛЬНОЙ ПОЛИТИКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В ОТЕЧЕСТВЕННОЙ И ЗАРУБЕЖНОЙ ИСТОРИОГРАФИИ'

ВОПРОСЫ ИЗУЧЕНИЕ РЕГИОНАЛЬНОЙ ПОЛИТИКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В ОТЕЧЕСТВЕННОЙ И ЗАРУБЕЖНОЙ ИСТОРИОГРАФИИ Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
61
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НЕЗАВИСИМОСТЬ / ВНЕШНЯЯ ПОЛИТИКА / ДИПЛОМАТИЯ / ДВУХСТОРОННИЕ ОТНОШЕНИЯ / МЕЖДУНАРОДНЫЕ ОРГАНИЗАЦИИ / ПОЛИТИЧЕСКОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО / ДОБРОСОСЕДСКИЕ ОТНОШЕНИЯ

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Мирзоев Джурабек Абдулович

В статье анализируются вопросы изучение региональной политики Републики Таджикистан в отечественной и зарубежной историографии, особенно взаимоотношения Таджикистана с постсоветскими государствами Центральной Азии, различные аспекты сотрудничества Таджикистана с персоязычными странами, которые является приоритетным направлением во внешней политике Республики Таджикистан, и были проанализированы и освещены в статьях исследователей. В ней автор уделяет особое внимание на политические, научно-культурные аспекты проблемы, которые исторически связывают народов персоязычного мира и имеют историческую общность. Кроме того в статье проанализированы труды иранских и афганских исследователей, которые затрагивают различные направления взаимоотношения с Республикой Таджикистан.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

QUESTIONS OF THE STUDY OF THE REGIONAL POLICY OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN IN DOMESTIC AND FOREIGN HISTORIOGRAPHY

The article analyzes the issues of the study of the regional Policy of the Republic of Tajikistan in the national and foreign historiography, especially the relationship of Tajikistan with the post-Soviet states of Central Asia, various aspects of cooperation Tajikistan with Persian Speaking countries, which is a priority in the foreign policy of the Republic of Tajikistan, and have been analyzed and covered in the articles of researchers. The author pays special attention to the political, scientific and cultural aspects of the problem, which historically bind the peoples of the persue-speaking world and have a historical commonality. In addition, the article analyzes the writings of Iranian and Afghan researchers, which affect different directions of relations with the Republic of Tajikistan.

Текст научной работы на тему «ВОПРОСЫ ИЗУЧЕНИЕ РЕГИОНАЛЬНОЙ ПОЛИТИКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В ОТЕЧЕСТВЕННОЙ И ЗАРУБЕЖНОЙ ИСТОРИОГРАФИИ»

МАСОИЛИ ОМУЗИШИ МИРЗОЕВ Цурабек Абдулович,

СИЕСАТИ МИНТАЦАВИИ ТОЦИКИСТОН ДАР

ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносй ва

ТАЪРИХНИГОРИИ мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи ВАТАНИВА ХОРИЦЙ илмуои ЦТ (Тоцикистон, Душанбе)

ВОПРОСЫ ИЗУЧЕНИЕ РЕГИОНАЛЬНОЙ ПОЛИТИКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В ОТЕЧЕСТВЕННОЙ И ЗАРУБЕЖНОЙ ИСТОРИОГРА ФИИ

QUESTIONS OF THE STUDY OF THE REGIONAL POLICY OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN IN DOMESTIC AND FOREIGN HISTORIOGRAPHY

МИРЗОЕВ Джурабек Абдулович,

научный сотрудник отдела новейшей истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Академии наук РТ (Таджикистан, Душанбе) E-MAIL: mirzoev-dzhurabek@mail.ru

MIRZOEV Jurabek Abdulovich,

a scientific Researcher of the Department of Modern History of the Institute of history, archeology and ethnography named after A.Donish under the Academy of Sciences of Tajikistan Republic (Tajikistan, Dushanbe) E-MAIL: mirzoev-dzhurabek@mail.ru

Калидвожа^о: истщлолият, сиёсати хорицй, дипломатия, муносибатуои дуцониба, созмощои байналхалцй, уамкориуои сиёсй, уусни тафоуум, муносибатуои неки уамсоягй.

Дар мацола масоили роуандозии сиёсати минтацавии Чумуурии Тоцикистон дар таърихнигории ватанй ва хорицй, бахусус муносибатуои Тоцикистон бо давлатуои пасошуравии Осиёи Марказй, уамкории Тоцикистон бо кишваруои форсизабон, ки яке аз самтуои афзалиятноки сиёсати хориции Чумуурии Тоцикистон ба уисоб рафта, паулууои гуногуни он дар таълифоти мууаццицон инъикос ёфтааст, таулил ва баррасй гардидаанд. Дар он муаллиф бештар ба масоили сиёсй ва илмй-фаруангй, ки аз умумияти сарнавишти таърихй ва эусоси мансубият ба олами форсизабонон маншаъ мегиранд, таваццууи хоса зоуир кардааст. Илова бар ин, дар мацола таълифоти мууаццицони эронй ва афгон, ки самтуои мухталифи муносибатуои муштараки ин кишваруоро бо Тоцикистон инъикос кардаанд, мавриди таулили амиц царор гирифтаанд.

Ключевые слова: независимость, внешняя политика, дипломатия, двухсторонние отношения, международные организации, политическое сотрудничество, добрососедские отношения.

В статье анализируются вопросы изучение региональной политики Републики Таджикистан в отечественной и зарубежной историографии, особенно взаимоотношения Таджикистана с постсоветскими государствами Центральной Азии, различные аспекты сотрудничества Таджикистана с персоязычными странами, которые является приоритетным направлением во внешней политике Республики Таджикистан, и были проанализированы и освещены в статьях исследователей. В ней автор уделяет особое внимание на политические, научно-культурные аспекты проблемы, которые исторически связывают народов персоязычного мира и имеют историческую общность. Кроме того в статье проанализированы труды иранских и афганских исследователей, которые затрагивают различные направления взаимоотношения с Республикой Таджикистан.

Key words: independence, foreign policy, diplomacy, bilateral relations, International organizations, political cooperation, good-neighborly relations.

The article analyzes the issues of the study of the regional Policy of the Republic of Tajikistan in the national and foreign historiography, especially the relationship of Tajikistan with the post-Soviet states of Central Asia, various aspects of cooperation Tajikistan with Persian Speaking countries, which is a priority in the foreign policy of the Republic of Tajikistan, and have been analyzed and covered in the articles of researchers.

The author pays special attention to the political, scientific and cultural aspects of the problem, which historically bind the peoples of the persue-speaking world and have a historical commonality. In addition, the article analyzes the writings of Iranian and Afghan researchers, which affect different directions of relations with the Republic of Tajikistan.

Яке аз самтхои афзалиятноки муносибатхои хоричии Ч,умхурии Точикистон рохандозии сиëсати минтакавй мебошад. Дар ин чода Точикистон хам дар чорчубаи созмонхои минтакавй ва хам дар чорчубаи хамкорихои расмии дучониба сиëсати хешро пеш аз хама бо кишвархои Осдаи Марказй - Узбекистон, ^иргизистон, ^азокистон ва Туркманистон, бо кишвархои форсизабони минтака - Ч,умхурии исломии Эрон ва Ч,умх,урии исломии Афгонистон, инчунин бо Ч,умхурии Халкии Чин, Ч,умх,урии исломии Покистон ва бо кишвари Х,индустон амалй месозад.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи татбики сдасати минтакавии Точикистони сохибистиклол дар таърихнигории ватанй ба таври комил омухта нашудааст. Таълифоти мачмуй ва алохида дар ин чода хануз вучуд надорад. Аммо пахлухои гуногуни ин мавзуъ аз чониби мухаккикон тадкик гардида, дар асархои онхо инъикос гаштаанд.

Мавриди зикр аст, ки рохандозии сдасати минтакавии Ч,умхурии Точикистон баъд аз ба даст омадани истиклолият, пеш аз хама, дар гузоришу баромадхо ва шохасархои Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон инъикос гардидааст [26]. Дар солхои 1991-1992 Точикистон ба тахкими сохтори давлатй ва дарëфти мавкеи хеш дар арсаи байналмиллалй машгул буд, вале чанги шахрвандй ин равандро амалан катъ намуд. Махз Эмомалй Рахмон дар низоми давлатдории точикон давраи наву сифатй ба вучуд оварда, раванди мазкурро аз нав огоз бахшид ва тавсеа дод. У дар мурочиатномаи аввалини хеш ба халки шарифи Точикистон аз 12-уми декабри соли 1992 принсипхои асосии сиëсати дохиливу хоричиро изхор намуд, ки дар он принсипи «мустахкам кардан ва боз хам инкишоф додани алокахои неки хамсоягй ва хамкории хамачониба бо давлатхои муштаракулманофеъ, пеш аз хама бо Русия, Узбекистон, ^азокистон, ^иргизистон ва Туркманистон накши мухим дошт» [23, 56]. Яъне зарурати ба рох мондани равобити хасана бо кишвархои минтака ва авлавияти минтакавии сдасати хоричиро сардори давлат хануз аз рузхои аввали ба сари кудрат омадани худ таъкид намуда буданд.

Сарвари давлат бо назардошти он, ки кишвархои Осдаи Марказй дар гузаштаи начандон дур шомили як низоми вохиди сдасй ва иктисодй буда, шахрвандони ин чумхурихоро риштахои махками умумияти ичтимоию фархангй мепайвандад, 30 сентябри соли 1994 зимни суханронй дар ичлосияи 49-уми Ассамблеяи Генералии СММ афзалиятнок будани муносибатхои Ч,умхурии Точикистонро бо кишвархои Остеи Марказй таъкид кардааст [29, 10].

Авлавияти минтакавй дар сдасати хоричии Чумхурии Точикистон дар баромадхои сардори давлат хамчун муайянкунандаи самти сиëсати хоричии кишвар ва асноди марбут ба он инъикос гаштааст.

Махз бо назардошти боло рафтани макоми минтака ва таваччухи кудратхои чахонй ба он, Э. Рахмон зимни ироаи Паëм ба Мачлиси Олй дар соли 2000-ум вазифаи танзими консепсияи сиëсати хоричии Ч,Т-ро гузошт. Бо карори Коллегияи Вазорати корхои хоричй аз 18 июни соли 2001 гурухи корй таъсис ëфта, лоихаи санади мазкурро омода намуд, ки 24 сентябри соли 2002 аз чониби Президенти кишвар тасдик гардид. Дар ин санад оид ба бартарияти минтакавй дар бахши «Авлавиятхои сдасати хоричии Ч,умхури Точикистон» таъкид гардид [21, 68].

Сарвари давлати точикон дар суханронии худ хангоми ифтитохи бинои нави Вазорати корхои хоричй дар самти муносибат бо кишвархои минтака чунин таъкид намуданд: «Дар низоми муносибатхои байнидавлатии Точикистон кишвархои хамсоя ва минтака макоми авлавиятро ишFOл менамоянд. Мо чонибдори минбаъд вусъат бахшидани тачрибаи мусбат, бисëрасра ва созандаи хамзистии дустонаи мардумони Осдаи Марказй мебошем» [31].

Дар консепсияи нави сдасати хоричии Ч,умхурии Точикистон самти минтакавии сдасати хоричй чунин инъикос гаштааст: «Сдасати хоричии Ч,умхурии Точикистон дар муносибатхои байнидавлатй бо кишвархои хаммарз ва минтака сдасати дустй, некухамсоягй ва мудохила накардан ба корхои дохилии якдигар буда, хадафи эчоди навори эътимоду амниятро дар тулу марзи кишвар пайгирй мекунад» [21, 110]. Ин сдасат дар халли масъалахои бахснок, аз чумла масоили сархадй ва обу энергетика ба халли осоиштаи онхо ба воситаи музокироту гуфтушунидхо, хусни тафохуми чонибхои дахлдор ва эътирофи усули баробарй ва таксимнопазирии амният дар минтака такя мекунад. Дар низоми равобити байнидавлатии Ч,умхурии Точикистон кишвархои хамчавор макоми авло доранд. Точикистон чонибдори густариши минбаъдаи тачрибаи мусбй, бисëрасра ва созандаи хамзистии дустонаи халкхои Осиëи Марказй мебошад.

Дар мархилаи хозира дар сдасати хоричии Ч,умхурии Точикистон доштани равобити хасанаи наздик ва собит бо кишвархои хамсоя ба хотири эчоди камарбанди боварй ва амниятй дар тулу марзхои кишвар ва таъмини сулху оромй дар минтакаи Осдаи Марказй аз авлавиятхо ба шумор меравад [21, 110].

Барои ин, Ч,умхурии Точикистонро зарур аст, ки дар муносибат бо кишвархои хамсоя ва минтака сиёсати дустй, хусни хамсоягй, хамзистии осоишта ва дахолат накардан ба корхои дохилии якдигарро пеша намуда, дар халли мушкилоти мавчуда ва масъалахои бахсталаб, ба шумули масъалахои сархадй, аз хама гуна фишор худдорй намуда, бо рохи халли мусолиматомези сиёсй ва гуфтушунидхо афзалият дихад. Гузашта аз ин вай бо истифода аз тачрибаи нодире, ки дар сулхофаринй ва халли низоъхо дорад, дар пешгирй ва халлу фасли холатхои низой икдом мекунад ва сахм мегирад [21, 110].

Махз ин нуктахо дар сиёсати сулхпарваронаи Пешвои миллат Э. Рахмон инъикос мегардад, ки ба тахкими равобити минтакавй, дустй, хусни хамчаворй ва таъмини амният дар он даъват менамояд: «Точикистон чунин мешуморад, ки минтакаи Осиёи Марказй барои халли хамаи мушкилоти иктисодиву ичтимой ва экологй, муковимати муассир бо тахдиду хатархои муосир ва таъмин кардани сатхи рушди сифатан нав хамаи захираву имкониятхоро дорад.

Амалй намудани барномахои хислати минтакавидошта дар бахшхои энергетикаву алока, наклиёту коммуникатсия ва эчоди технологияхои нав барои афзоиши имкониятхои мо, ба минтакаи амну субот ва рушд, майдони хамкорихои созандаву мутакобилан судманд, мубаддал гаштани Осиёи Марказй, ки ба боло бурдани некуахволии мардумони мо ва пешрафти минтака нигаронида шудаанд, шароит фарохам хоханд овард» [32].

Президенти кишвар баркарор намудан ва тавсеа бахшидани муносибатхои муштараку судмандро бо давлатхои форсизабони минтака низ зарур хисобида, дар асархои хеш бештар ба гузаштаи таърихии халки точик ва сахми он дар пайдоиш ва рушди минбаъдаи тамаддуни кабилахои ориёй - ачдодони точикон ва эронихо диккати махсус додааст. Сарвари давлат махсусан муносибатхои Ч,умхурии Точикистонро бо Ч,умхурии исломии Эрон афзалиятнок хисобида, дар мусохибаи хеш бо нашриёти бритониёии «Арбоби давлатии чахонй» мохи январи соли 1996 чунин кайд мекунад: «Бо назардошти он, ки Эрон неруи басандаи иктисодии таъсиргузорй ба кишвархои минтака дорад ва ин, ки Эрон метавонад яке аз шарикони асосии тичоратй ва иктисодии Точикистон бошад, мо дар оянда низ бахри устуворй ва густариши минбаъдаи муносибатхо бо ин кишвари дусту бародар хамачониба кушиш хохем кард» [26, 263].

Монографияи собик вазири корхои хоричии Ч,умхурии Точикистон Т. Назаров ва А. Сатторзода фарогири назарияхои консептуалии арзишманд дар боби ташаккул ва рушди дипломатияи точик баъд аз ба даст омадани истиклолият мебошад [21]. Дар он муаллифон консепсияи нави сиёсати хоричии Ч,умхурии Точикистонро мавриди тахлил карор дода, татбики сиёсати минтакавй ва муносибатхои муштараку судманди Точикистонро бо давлатхои хамсоя инъикос намудаанд.

Яке аз бобхои чилди шашуми асари бунёдии «История таджикского народа», ки ба сиёсати хоричии Ч,умхурии Точикистон бахшида шуда, аз чониби мухаккики намоён В. В. Дубовитский [5] ба анчом расидааст, нахустин тахкикоти мачмуй оид ба сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол махсуб меёбад. Дар он муаллиф кайд кардааст, ки хануз аз солхои аввали ба даст омадани истиклолият афзалиятхои геополитикии мамлакат муайян гардида, самтхои асосии фаъолият дар муносибатхои хоричй ташаккул ёфтанд. Ба акидаи у самти асосй дар сиёсати хоричии Ч,умхурии Точикистон рушди бемайлони муносибатхои дучониба ва бисёрсамта бо давлатхои узви Иттиходи Давлатхои Мустакил, пеш аз хама Федератсияи Руссия ва кишвархои минтакаи Осиёи Миёна: Узбекистан, ^азокистон, ^иргизистон ва Туркманистон ба хисоб меравад [5, 619].

Маълумоти нисбатан васеъ ва мачмуиро дар боби рохандозии сиёсати минтакавй аз асархои З. Саидов [27] пайдо кардан мумкин аст. У инчунин дар китоби «Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики «открытых дверей» [28] ва «Фаъолияти байналмилалии пешвои миллат Эмомалй Рахмон: бозгашти давлати миллии точикон ба арсаи сиёсати чахонй» [30] ба ин масъала бори дигар ру оварда, бо назардошти гузаштаи таърихй, пеш аз хама ба равобити дучонибаи Точикистон ва кишвархои Осиёи Марказй диккати бештар додааст. Муаллиф баркароршавии муносибатхои солим, дустона ва густурдаро бо кишвархои хамсояи минтака низ то як дарача инъикос менамояд. Аммо дар китобхои у, бо мучиби он, ки онхо махз ба ин мавзуъ бахшида нашудаанд ва муаллиф эхтимол дар оянда ин мавзуъро пайгирй намояд, масъалаи рохандозии сиёсати минтакавии Точикистон амик ва хамачониба баррасй нагардидааст.

Силсилаи корхои илмй-тахкикотии А. Шариповро, ки дар хаммуаллифй бо С. Фатоев, С. Шамсиддинов ва З. Сирочов таълиф гардидаанд, ёдрас шудан ба маврид аст. Дар онхо муаллифон сиёсати дохилй ва хоричии Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмонро дакикназарона тахлил намуда, дар зимни он масоили марбут ба сиёсати минтакавии Ч,умхурии Точикистонро низ баррасй намудаанд [41].

Бояд зикр кард, ки мухимтарин хавзаи хамкорихои Точикистон баркарор намудани равобити дустона бо кишвархои минтака аст, ки бо хадафхои геополитикии мамлакат низ мутобикат мекунад. Аз чониби дигар, баркарор намудани муносибатхои дустона бо халку миллатхои маскуни минтака барои таъмини бехатарии чомеаи чахонй зарур аст. Мухаккик Ф. Абдурашитов дар китоби хеш «Феномен таджикского суверенитета» махз ин масъаларо тадкик намуда, кайд мекунад, ки Чумхурии Точикистон дар сиёсати минтакавй мавкеи хос ва тагийрнопазири худро дорад [1]. Чониби Точикистон ягона рохи халли хама гуна масъалахои бахснок ва мунокишавии Осиёи Марказй, аз он чумла минтакаи чангзадаи Афгонистонро танхо дар гуфтушунид мебинад [1, 109].

Бояд зикр кард, ки баъд аз пош хурдани Иттиходи Шуравй бахри ба тахти нуфузи худ даровардани чумхурихои собик шуравии Осиёи Марказй давлатхои абаркудрати дунё (Иёлоти Муттахидаи Амрико, Чумхурии Халкии Чин, Федератсияи Россия) ва минтака (Чумхурии Исломии Эрон, Чумхурии Туркия) талош меварзиданд. Чумхурихои Осиёи Марказиро зарур буд, ки ба хотири таъмини амнияти минтака ба як ниходи вохиди сиёсй ва иктисодии нав муттахид гарданд. Чунин ниходи сиёсй созмони ба тозагй бунёдёфтаи Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) махсуб меёфт. Чумхурихои Осиёи Марказй бо назардошти гузаштаи начандон дури таърихй, ки онхоро умумияти ягонаи сиёсй ва иктисодй муттахид месохт, хануз 21 декабри соли 1991 ба узвияти Иттиходи Давлатхои Мустакил шомил гардиданд. Акнун Чумхурии Точикистон хам дар чорчуби ИДМ ва хам дар чорчуби муносибатхои дутарафа хамкорихои судманду пурсамарро бо кишвархои Осиёи Марказй огоз кард. Афзалиятнок будани муносибатхои Чумхурии Точикистонро дар чорчуби ИДМ, чй тавре ки ишора рафт, Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон 30 сентябри соли 1994 ёдрас шуда буд. Сарвари давлат ду самти афзалиятноки муносибатхои Чумхурии Точикистонро дар чорчуби Иттиходи Давлатхои Мустакил таъкид кард, ки манзури у муносибатхои судманду густурда бо Федератсияи Россия ва кишвархои Осиёи Марказй буд.

Муносибатхои дутарафа ва бисёрсамта (дар чорчуби созмонхои минтакавй)-и Чумхурии Точикистон бо давлатхои собик шуравии Осиёи Марказй дар аксар тахкикоти мухаккикони ватанй ва хоричй инъикос гардидааст. Дар ин росто кабл аз хама чилди У1-уми асари бунёдии «История таджикского народа» [5], асархои З. Саидов [27; 28; 30], силсилакитобхои дар хаммуаллифй эчод намудаи А. Шарипов [11] ва бисёр дигаронро ёдрас шудан бомаврид аст.

Дар боби хамкорихои Точикистон бо кишвархои форсизабони минтака, аз чумла бо Чумхурии исломии Эрон низ як катор асархо руи кор омадаанд. Бояд кайд кард, ки Эрон аввалин кишваре буд, ки Истиклолияти давлатии Точикистонро ба расмият шинохт ва намояндагии дипломатии хешро хануз мохи январи соли 1992 дар Душанбе ифтитох бахшид. Ин икдом пеш аз хама ба умумияти забонй, маданй ва динй доштани ду халки бародар вобастагй дорад. Бо назардошти ин нукта, мухаккикони точик низ ба масъалаи хамкорихои Точикистону Эрон таваччухи бештаре зохир намудаанд. Дар байни таълифоте, ки ба ин мавзуъ бахшида шудаанд, асархои мутахассиси таърихи муосири Эрон Н. М. Мирзоевро ёдрас шудан ба маврид аст. У дар таълифоти хеш дар асоси манбаъхои муътамад, адабиёт ва маводхои воситахои ахбори умум равандхои гуногунсохаи хамкорихои ин кишвархоро инъикос намудааст. Китоби аввали муаллиф «Точикистон - Эрон: шохрохи хамкорихо» [15] ном дошта, боби аввали он ба таърихи баркароршавии хамкорихои Точикистони Шуравй ва Эрон бахшида шудааст. Боби дуюм махз масъалаи хамкорихои Точикистону Эронро дар замони муосир инъикос менамояд. Дар ин боб, дар асоси санадхои зиёд ва маводхои муътамад, ки аз фондхои гуногуни бойгонихо ва матбуоти даврй ба даст омадаанд, мухаккик тавонистааст, ки мархилахои асосй ва роххои баркароршавию густариши дучонибаи иктисодй ва алокахои илмй-фархангии Точикистону Эронро муайян намояд.

Китоби дуюми Н. М. Мирзоев «Таджикистан и страны Востока» [16] ном дошта, соли 2010 ба табъ расидааст. Муаллиф ду боби охири онро ба масъалаи муносибатхои мутакобилаи Точикистони сохибистиклол ва Чумхурии Исломии Эрон бахшида, дар асоси сарчашмахои муътамад тавонистааст, ки раванди инкишофи хамкорихои иктисодй, фархангй ва илмй-техникии ин кишвархоро инъикос намояд.

Мушовири президенти Чумхурии Точикистон оид ба сиёсати хоричй Зафар Сайидзода низ дар китоби хеш тахти унвони «Фаъолияти байналмилмилалии пешвои миллат Эмомалй Рахмон: бозгашти давлати миллии точикон ба арсаи сиёсати чахонй» хамкорихои дучонибаи Точикистонро бо кишвархои форсизабон, аз чумла бо Чумхурии Исломии Эрон мавриди тахлил карор додаст [30, 112-117]. Гарчанде, ки ин таълифот махз ба масъалаи хамкорихои Точикистону Эрон бахшида нашуда бошад хам, муаллиф тавонистааст, ки баркароршавй ва пахлухои гуногуни рушди муносибатхои Чумхурии Исломии Эрон ва Чумхурии Точикистонро инъикос намояд. У бархак хамкорихои гуногунсохаи Точикистону Эронро хеле арзишманд арзёбй намуда, кайд менамояд, ки

рушду тавсеа ёфтани хамкорихо дар оянда низ ба манфиати хар ду чониб аст. Зеро барои Эрон мухим аст, ки «як такягохи форсизабон дар минтакаи Осиёи Миёна, ки умдатан туркзабон аст, дошта бошад. Барои Точикистон низ хамкорй бо Эрон муфид аст, зеро кишвари мо ба сармоягузорихо, аз чумла дар тарххои бузурги зербиной, ниёз дорад» [30, 115]. Дар хакикат, Эрон аз назари сармоягузорй дар иктисодиёти Точикистон мавкеи хоса дорад. Сайидзода оид ба хамкорихои иктисодии Точикистону Эрон сухан ронда, кайд менамояд, ки «дар чанд соли охир байни ду кишвар беш аз 100 мувофикатнома дар бораи хамкорй дар заминахои мухталиф ба имзо расидаанд. Тарххои бузурге, аз чумлаи неругохи барки обии «Сангтуда-2» ва тунели Анзоб, ки то имруз аз чониби Эрон ичро шудаанд,» [30, 113] нишонгари устувории равобити иктисодии ду кишваранд. Ба кавли муаллиф карор аст, ки дар ояндаи наздик чанд тархи тоза ва мухим аз кабили «неругохи барки обии «Айнй» бо зарфияти 150 МВт ва неругохи хурди барки обй дар руди Искандардарё бо зарфияти 22 МВт сохта шаванд» [30, 114].

Самти дигари хамкорихои Ч,умхурии Точикистон ва Ч,умхурии Исломии Эрон равобити илмию фархангии ду кишвар мебошад, ки аз чониби Сайидзода дар таълифоти мазкур амикан тахлил гардидааст. Ба акидаи у хамкорй дар ин хавза бештар дар «табодули тачрибаи пажухишгарон, муаллимон, донишчуён, рохандозии барномахои фархангй ва мусикй, ширкати ахли илму фарханг дар маросимхои фархангй» [30, 116] амалй магардад.

Таълифоти чолиби дигаре, ки фарогири масъалаи хамкорихои дучонибаи Точикистону Эрон буда, тахти унвони «Ирано-таджикское сотрудничество в конце ХХ - начале XXI вв.» [2] ба табъ расидааст, ба калами мухаккики барчаста Р. А. Абулхаев тааллук дорад. Муаллиф дар асоси нашрияхои каблй, сарчашмахои бойгонй, хуччатхои дар сатхи давлатй ба имзо расида ва маводхои воситахои ахбори умум махсусиятхои баркароршавй ва инкишофи хамкорихои иктисодй, тичоратй, илмй-фархангй, инчунин бунёди объектхои саноатию рохсозй ва дигар лоихахои муштараки Эрону Точикистонро дар охири асри XX - ибтидои асри XXI инъикос намудааст.

Бояд зикр кард, ки муносибатхои фархангии Ч,умхурии Точикистон ва Ч,умхурии Исломии Эрон низ аз назари мухаккикон берун намонда, дар аксар тахкикот мавриди тахлили вокеъбинона карор гирифтааст. Масалан, мухаккики точик Расулиён тахкикоти худро тахти унвони «Нигохе ба алокахои фархангии Ч,умхурии Исломии Эрон ва Чумхурии Точикистон» [25] махз дар ин мавзуъ ба анчом расонида, дар он маводи зиёд оид ба алокахои фархангии Точикистону Эрон гирдоварй намудааст. Илова бар ин, муаллиф масоили гуногуни марбут ба алокахои фархангии ду кишварро дар сохаи санъат, адабиёт ва илм хеле дакикназарона тахлил менамояд. Дар тахкикот инчунин накши ниходхои фархангй ва институтхои Ч,умхурии Исломии Эрон дар рушди хамкорихои фархангии Ч,умхурии Точикистон ва Ч,умхурии Исломии Эрон дар охири асри XX -ибтидои асри XXI инъикос гардидаанд.

Бояд кайд кард, ки ба тахкики муносибатхои Точикистону Эрон дар як вакт олимон ва мухакикони Ч,умхурии Исломии Эрон низ машгуланд. Дар монографияи мухаккики эронй Xома Аббосиён «Иран и Таджикистан: пятнацать лет взаимовыгодного сотрудничества» [34] масоили мухталифи хамкории Точикистону Эрон хеле муфассал ва амик инъикос гардидааст. Муаллиф дар таълифоти хеш дар асоси манбаъхо ва маводхои гуногун, инчунин адабиёти мавчуда бисёр масъалахои ба хамкории ду кишвар марбутбударо мавриди тахлил карор додааст. Дар катори чунин масъалахои мухим, аз кабили мавкеъ ва накши Ч,умхурии Исломии Эрон дар раванди ба даст омадани сулх ва вахдати миллй дар Ч,умхурии Точикистон, муаллифи рисолаи мазкур инчунин ба раванди баркароршавй ва рушди хамкорихои тичоратй-иктисодй ва илмй-фархангй дар байни ду кишвар диккати бештар додаст. Вале бояд кайд кунем, ки ин таълифот раванди хамкорихои Ч,ИЭ ва Чумхурии Точикистонро танхо то соли 2006 фаро мегирад.

Лозим ба зикр аст, ки дар масъалаи рушди муносибатхои дипломатй миёни Ч,умхурии Исломии Эрон ва Ч,умхурии Точикистон рисолахои номзадй низ таълиф гардидаанд. Яке аз чунин рисолахо тахкикоти донишманди эронй Муртазо Махмудй мебошад, ки ба масъалаи «Состояние и перспективы сотрудничества Таджикистана и Ирана в конце XX - начале XXI веков» (Вазъият ва дурнамои хамкорихои Точикистон ва Эрон дар охири асри XX - ибтидои асри XXI) [17] бахшида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки рисолаи мазкур тахкикоти комил ва чиддй буда, дар он тамоми адабиёти фарогири масоили хамкорихои Точикистону Эрон тахлил гардидаанд. Муаллиф дар ин тахкикот дар асоси консепсияи нав ва маводу манобеъи дастрас, инчунин назари интикодй ба адабиёти таърихй хулосаи дурусти илмй бардоштааст. Ба акидаи у халкхо ва миллатхои давлатхои тозаистиклол, аз чумла Точикистон, дар аснои чустучуи хуввияти миллии хеш дар шароити фазои холии идеологй, ногузир ба чустучуи арзишхои гоявй-фархангй дар таърих, фарханги кадима, анъанахо ва дини хеш пардохтанд.

Мухаккик Муртазо Махмудй дар боби омузиши масоили марбут ба хамкорихои Точикистону Эрон дар охири асри ХХ - ибтидои асри XXI як силсила маколахои илмй низ таълиф намудааст. Яке аз маколахои у зери унвони «Диалог и дипломатия: таджикско-персидский язык и литература и их влияние на культурное и политическое сотрудничество двух стран» [18] ба омузиши масоили таъсири забон ва адабиёти форсй-точикй дар рушди хамкорихои фархангй ва сиёсии Чумхурии Исломии Эрон ва Чумхурии Точикистон дар охири асри XX - ибтидои асри XXI бахшида шудааст. Маколаи дигари мухаккик «Стратегические интересы Ирана и России в Таджикистане» [19] ном дошта, дар он муаллиф масъалахои манфиатхои стратегии Эрон ва Россияро дар Точикистон, инчунин зарурияти таъмини амнияти минтакаро тахлил намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ба гайр аз умумияти забонй ва фархангй, инчунин умумияти динй низ омили хеле мухим дар баркароршавй ва рушди муносибатхои гуногунчанбаи Точикистону Эрон махсуб меёбад. Ин аст, ки мухаккик Неъматов И. рисолаи номзадии худро махз дар ин мавзуъ: «Исламский фактор во взаимоотношениях республики Таджикистан и Исламской Республики Иран (конец XX - начало XXI вв.)» [24] таълиф намудааст. Дар рисола муаллиф бо далелу асноди раднопазир исбот кардааст, ки умумияти динй чихати рушду устуворшавии минбаъдаи муносибатхои судманди байни ду кишвар мусоидат хохад кард.

Тахкикоти дигаре, ки ба масоили марбут ба хамкорихои Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Исломии Эрон дар охири асри XX - ибтидои асри XXI бахшида шудааст, рисолаи номзадии мухаккики эронй Хдфтех ^азази Махди Иброхим тахти унвони «Становление и развитие взаимоотношений Республики Таджикистан и Исламской Республики Иран (конец XX - начало XXI вв.)» [35] мебошад. Тахкикоти мазкур ба тахлили мачмуй ва баррасии раванди баркароршавй ва рушди муносибатхои байнихамдигарии Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Исломии Эрон дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI бахшида шудааст. Мухаккик дар зимни тахлили муносибатхои ду кишвар бархак ба хулосае меояд, ки рушди бемайлони муносибатхои Точикистону Эрон бештар чанбаи фархангй дошта, ба умумияти забонй ва эхсоси мансубият ба олами форсизабонон асос ёфтааст. Аз чониби дигар, ба акидаи муаллиф, дар Точикистон ва Эрон хам дар сатхи давлатй ва хам дар сатхи чамъиятй худро ворисони фарханги бойи кадимаи ориёй мехисобанд. Эрон бо назардошти ин умумияти сарнавишти таърихии ду халки бародар, дар солхои бархурди сиёсй (1991-1997) ва солхои мудхиши чанги шахрвандй (1992-1997) ба Точикистон кумак кард, ва аз чониби дигар асоситарин шарики сиёсй-иктисодии Точикистон дар Осиёи Марказй махсуб меёфт [36, 26], ки мо низ ин мавкеи мухаккикро комилан чонибдорем.

Муаллифи таълифоти мазкур масоили хамкорихои Точикистону Эронро дар чорчуби созмонхои минтакавй низ мавриди тахлил карор дода, яке аз зербобхои боби дуюми корро махз ба ин масъала бахшидааст. У кайд мекунад, ки хамкорихои бисёрчанбаи ду кишвар ба гайр аз муносибатхои дутарафа, инчунин дар чорчуби созмонхои минтакавй, аз чумла Созмони Хдмкории Иктисодй (СХ,И), Созмони Конфронси Исломй (СКИ - аз соли 2011 Созмони Х,амкории Исломй -СХ,И), Созмони Хдмкории Шанхай (СХ,Ш) ва муносибатхои сетарафаи давлатхои форсизабон -Чумхурии Точикистон, Чумхурии Исломии Эрон ва Чумхурии Исломии Афгонистон низ амалй мегардад [36, 1 8].

Чумхурии Точикистон дар чорчуби Созмони Хдмкории Иктисодй дар сохаи сузишворй ва энергетика бо Чумхурии Исломии Эрон хамкории устувор дошта, дар халли масъалахои мухими минтакавй, аз кабили мубориза бо терроризми байналхалкй ва экстремизми динй, ки аз Афгонистон маншаъ мегирад, инчунин таъмини амнияти минтакавй бо шарики стратегии худ -ЧИЭ дар якчоягй амал мекунад, ки ин нукта низ аз назари донишманди эронй дур намонда, дар тахкикоти у амикан инъикос гардидааст [36, 18].

Мухаккик хамкорихои Точикистону Эронро дар чорчуби Созмони Х,амкории Исломй низ мавриди тахлил карор дода, кайд менамояд, ки Чумхурии Точикистон дар кори ичлоссияхои сарони давлатхо, хукуматхо ва вазирони корхои хоричии узви Созмони Х,амкории Исломй фаъолона ширкат дошта, барои амалй намудани накшаи стратегй чихати устувор гардонидани хамкории иктисодй дар байни давлатхои аъзо хамчоя бо Чумхурии Исломии Эрон пайваста талош меварзад [36, 19].

Мавриди зикр аст, ки Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Исломии Эрон дар чорчуби Созмони Х,амкории Шанхай низ хамкории густурда доранд. Эрон соли 2005-ум ба Созмони Х,амкории Шанхай ба хайси мамлакати нозир пазируфта шуд. Ба кавли Махди Иброхим хамчун аъзои доимии Созмони Хдмкории Шанхай пазируфта шудани Эрон, сатхи хамкории давлатхои минтакаро меафзояд [36, 20].

Махди Иброхим дар таълифоти хеш инчунин ба муносибатхои Точикистону Эрон дар чорчуби давлатхои форсизабон - Чумхурии Точикистон, Чумхурии Исломии Эрон ва Чумхурии

Исломии Афгонистон диккати бештаре зохир менамояд. У комилан дуруст кайд менамояд, ки «махаки муносибатхои байни хамдигарии се давлатро дар хавзахои гуногуни хаёти давлатй ва чамъиятй идеяи «умумияти ориёй» ташкил медихад, ки бештар характери фархангй-тамаддунй дорад, на чанбаи сиёсй» [36, 19]. Аз чониби дигар, ба фикри мухаккик, бунёди заминаи иктисодии хамкорихои се кишвар бештар аз мавкеи Эрон вобастагй дорад, зеро Точикистон ба халли вазифахои стратегии худ - таъмини истиклолияти энергетикй, таъмини амнияти озукаворй ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионй машгул аст, дар Афгонистон бошад, то кунун чанги шахрвандй идома дорад [36, 19-20], ки дар ин чо низ хак ба чониби уст.

Муаллифи рисолаи мазкур як силсила маколахои илмй низ дар ин мавзуъ таълиф намудааст, ки мухимтарини онхо «Подход Таджикистана к проблемам безопасности в Персидском заливе в контексте отношений с Ираном» [37], «Гражданская война в Таджикистане и роль Ирана в установление мира» [38], «Центральная Азия и крупные державы» [39], «Подход Ирана к отношениям с персоязычными странами» [40] махсуб меёбанд. Мухаккик дар ин маколахо бо истифода аз манобеъи муътамад ба тарики фишурда хамкорихои бисёрчанбаи Точикистону Эронро инъикос намудааст.

Х,амин тарик, тахлили таърихнигории адабиёти мавчуда аз он шаходат медихад, ки Ч,умхурии Точикистон дар тули солхои зиёди давраи сохибистиклолй бо Ч,умхурии исломии Эрон дар тамоми риштахо хамкорихои густурда доштааст. Аммо мутаассифона, чанд соли охир бо чурми баъзе омилхо муносибатхо миёни ин кишвархои дусту бародар, махсусан дар риштаи сиёсй каме кохиш ёфтаанд. Итминон дорем, ки ин мушкилоти пешомада муваккатианд ва халкхои бародари точику эронй чихати бартараф намудани ин бухрон саъю талош варзида, ба мархилаи нави хамкорихои созанда ворид хоханд гашт.

Хдмкорихои густурдаи Ч,умхурии Точикистон бо дигар кишвари форсизабони минтака -Чумхурии Исломии Афгонистон низ назаррас буда, хадалимкон мавриди тахлили мухаккикон ва коршиносон карор гирифтааст. Лозим ба зикр аст, ки дар хамаи мархилахои рушди хеш Точикистон ва Афгонистон хамчун хамсояхои карин ба якдигар пайваста кумак мекарданд. Баъд аз фурупошии ИЧ,ШС дар заминаи мушкилоте, ки халкхои ин ду кишварро мубтало гардонда буд, Точикистону Афгонистон боз хам каринтар гардиданд. Бо вучуди ин, бо чурми омилхои гуногун хануз аз рузхои аввали ба даст омадани истиклолияти Точикистон масоили чиддие ба миён омаданд, ки ба рушди босуботи муносибатхои дучониба монеъа эчод мекарданд. Ба акидаи мухаккики муносибатхои сиёсй, тичоратй ва фархангии Точикистону Афгонистон Р. С. Казаков «хануз аз огози мунокишаи харбй дар Точикистон дар соли 1992 на танхо даххо хазор гурезагони точик, балки хазорхо чангиёни мухолифини точик низ дар Афгонистон панох бурданд. Гузашта аз ин мунокишаи харбии бардавом дар Афгонистон ба рушди муносибатхои неки хамсоягй, мустахкам намудани хамкорй миёни ду кишвар таъсири амики манфй расонид ва расонида истодааст» [10, 3].

Бо вучуди ин, мавкеи чугрофй ва геополитикии Афгонистон дар амалисозии хадафхои стратегии Ч,умхурии Точикистон накши мухим дорад. Илова бар ин, умумияти забонй ва фархангии халкхои ду кишвар такозо мекард, ки Точикистону Афгонистон муносибатхои густурда дошта бошанд. Ин аст, ки мохи декабри соли 1993 дар Душанбе миёни ду кишвари дусту бародар шартнома баста шуда, хамкорихои созанда огоз ёфтанд. Ин хамкорихо дар солхои минбаъда тавсеа ёфта, аз чониби мухаккикони ватанй ва хоричй тахлил ва баррасй гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин самт кабл аз хама гузоришу баромадхо, паёмхо ва шохасархои Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон [26] хеле мухим буда, дар онхо масоили баркароршавй ва чараёни инкишофи муносибатхои дучониба миёни ду кишвар инъикос гардидаанд ва масъалахои асосие, ки ба рушди босуботи ин муносибатхо монеъа эчод мекунанд, муайян шудаанд.

Добили зикр аст, ки дар як катор асархои бунёдй ва дастачамъии ба сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол бахшидашуда, масоили муносибатхои Ч,умхурии Точикистон ва Чумхурии Исломии Афгонистон низ то андозае тахлил ва баррасй гардидаанд. Ба зумраи ин тахкикот асархои «Дипломатия Таджикистана вчера и сегодня», «Внешняя политика Таджикистана в годы независимости», «Многовекторная дипломатия Таджикистана», ки бо ширкати бевосита ва тахти назари собик Вазири корхои хоричй Хдмрохон Зарифй [6] ба табъ расидаанд, дохил кардан мумкин аст. Дар асархо, маколахои бешумор, баромадхо ва гузоришхои собик Вазири корхои хоричии Ч,умхурии Точикистон, академик Т.Н. Назаров [22] масоили мухталифи сиёсати хоричй, дипломатия ва муносибатхои судманди дучонибаи Точикистон бо кишвархои хамсоя, аз чумла Афгонистон инъикос гардидаанд.

Ба масъалаи хамкорихои Точикистон бо кишвархои хоричй таълифоти бешумори мушовири президенти Чумхурии Точикистон оид ба сиёсати хоричй Зафар Сайидзода [27] бахшида шудаанд, ки дар онхо мархилахои рушди сиёсати хоричй ва дипломатияи Точикистон инъикос гардида, муносибатхои Точикистон бо кишвархои форсизабони минтака хддалимкон мавриди тахлил карор гирифтаанд.

Силсилаи корхои илмй-тахкикотии А. Шариповро, ки дар хаммуаллифй бо С. Фатоев, С. Шамсиддинов ва З. Сирочов [41] таълиф гардида, ба сиёсати дохилй ва хоричии Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон бахшида шудаанд, ёдрас шудан ба маврид аст. Дар онхо муаллифон чараёни баркароршавй ва рушди муносибатхои Точикистону Афгонистонро баррасй намудаанд. Аммо бояд кайд кард, ки муаллифони асархои дастачамъй хадафи тахкикоти хосаи масоили хамкорихои сиёсии Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Исломии Афгонистонро надоштанд. Дар ин гуна таълифот дар зимни инъикоси масоили умумй ва самтхои асосии сиёсати хоричии Точикистон, хамкорихои Точикистону Афгонистон низ то андозае мавриди тахлил карор гирифтаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ба чузъ аз асархои дастачамъй, инчунин таълифоте рун кор омаданд, ки ба инъикоси тамоюлхои рушди чамъиятй - сиёсй ва алокахои хоричии Чумхурии Исломии Афгонистон, таъсири вазъи сиёсии он ба амнияти кишвархои Осиёи Марказй, аз чумла ба Точикистон бахшида шудаанд. Асархои Искандаров [8], А. Князев [11], С.М. Акимбеков [3] аз ин кабил таълифот махсуб меёбанд.

Дар боби муносибатхои Точикистону Афгонистон дар риштахои гуногун тахкикоти хоса низ ба анчом расиданд, ки дар онхо сарчашмахои баркароршавй ва рушди ин муносибатхо амикан тахлил ва баррасй гардидаанд. Дар ин росто монографияхо ва маколахои алохидаи мухаккикони точик ва рус - Ш. Имомов [7], Искандаров [9], В. Г. Коргун [12] -ро ёдрас шудан бомаврид аст.

Бояд кайд кард, ки дар катори мухаккикони точик ба омузиши муносибатхои Точикистону Афгонистон дар як вакт мухаккикони афгон низ машгуланд. Масоили мазкур дар таълифоти мухаккикони афгон, аз чумла Абдумачид Надим [20], Фахим Собир [33], А. Мансур [14], Ч.С. Далер [4], ки ба масъалахои чустучуи роххои густариши муносибатхои неки хамсоягй ва накши рохбарони ду кишвар дар тахким ва тавсеаи муносибатхои дучонибаи судманд бахшида шудаанд, мавриди тахлили амик карор гирифтаанд.

Добили зикр аст, ки дар ин самт рисолаи номзадии Р.С. Казаков [10] ва рисолаи доктории Ч. Латифов [13] ба анчом расидааст, ки дар онхо пахлухои гуногуни муносибатхои дучонибаи Точикистону Афгонистон дар замони истиклолият инъикос гардидаанд. Мутаассифона, рисолаи доктории Ч. Латифов инъикоси хамкорихои ду кишварро танхо дар солхои аввали истиклолият фаро мегирад.

Х,амин тавр, сарфи назар аз мамоният ва мушкилоти мавчуда баркарор намудан ва густариш додани муносибатхои дучонибаи судманд бо кишвари дусту бародари Афгонистон аз афзалиятхои сиёсати минтакавии Чумхурии Точикистон буда, айни замон дар холи рушд ва тавсеа карор дорад.

Умуман, Точикистон дар рохандозии сиёсати минтакавй фаъол буда, бахри рушди хамкорихои дучонибаи судманд ва равобити густурда бо тамоми кишвархои минтака пайваста талош меварзад.

АДАБИЁТ ВА САРЧАШМА^ОИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Абдурашитов Ф. М. Феномен таджикского суверенитета.-Душанбе, 2017. - 148с.

2. Абулхаев Р.А. Ирано-таджикское сотрудничество в конце XX - начале XXI вв. - Душанбе,

2017. - 232с.

3. Акимбеков С.М. Афганский узел и проблемы безопасности Центральной Азии. - Алматы, 2003. -

400с.

4. Далери Дж. С. Эмомали Рахмонов - человек мудрый и мыслящий. - Душанбе: Шарки озод, 2003. -

132с.

5. Дубовицкий В. В. Внешняя политика Республики Таджикистан (1991-2010 гг.) // История

таджикского народа. В 6 томах.Т.6.-Душанбе: Дониш, 1998-2011.- С.615-669.

6. Зарифи X. Многовекторная дипломатия Таджикистана. -Душанбе: Офсет, 2010. - 352с.;

Дипломатия Таджикистана вчера и сегодня. Под общей ред. Хамрохона Зарифи. - Душанбе:

Ирфон, 2009. - 296с.; Внешняя политика Таджикистана в годы независимости. - Душанбе,

2011. - 320с.

7. Имомов Ш. Принципы и пути достижения мира и национального согласия в Афганистане. -

Душанбе, 2000. - 184с.

8. Искандаров К. Политические партии и движения Афганистана во второй половине XX века. -

Душанбе: Ирфон, 2014. - 156с.; Афганистан в начале XXI века. - Душанбе, 2010. - 128с.; Влияние афганского кризиса на ситуацию в Таджикистане/Центральная Азия и Кавказ. -2013. - №2(14). - С.18-28.

9. Искандаров К. Взаимоотношения Республики Таджикистан с Исламским Государством Афганистан / Материалы II международной научно-практической конференции «Место Таджикистана в новом международном порядке - Душанбе, 1997. - С. 45-54.; Наркобизнес в Таджикистане: связь с афганским конфликтом / Центральная Азия и Кавказ. - Лулео, 1999. -№ 5 (6). - С. 178-184.

10. Казаков Р. С. Становление и развитие политических, торгово-экономических и культурных отношений между Республикой Таджикистан и Исламской Республикой Афганистан (19912013 гг.).: автореферат диссертации кандидата исторических наук. - Душанбе, 2014. - 26с.

11. Князев А.А. Влияние афганского кризиса на безопасность Центральной Азии (1990-е начало 2000-х годов.). - Бишкек, 2004; Афганский кризис и безопасность Центральной Азии (XIX -начало XX в.). - Душанбе: Дониш, 2004; История афганской войны 1990-х г. и превращение Афганистана в источник угроз для Центральной Азии. - Бишкек: издательство КРСУ, 2002. -137с.

12. Коргун В. Афганский фактор в региональной геополитике // Центральная Азия и Кавказ. -2000. - № 5(11). - С.34-42.

13. Латифов Дж. Таджикско-афганские отношения в 1987-1995гг. (характер и содержание). Диссертация на соискание доктора исторических наук. - М.,1996. - 312с.

14. Мансур Абдул Хафез. Внешняя политика правительства Бурхануддина Раббани //Бохтарон. -2013. - №1. - С.53-58.

15. Мирзоев Н.М. Тоцикистон - Эрон: шоуроуи ^амкорщо. - Душанбе, 1998. - 128с.

16. Мирзоев Н.М. Таджикистан и страны Востока (учебное пособие). - Душанбе, 2010. - 140с.

17. Муртазо Махмуды. Состояние и перспективы сотрудничества Таджикистана и Ирана в конце ХХ - начале XXI веков. (Кандидатская диссертация). - Душанбе, 2012. - 182с.

18. Муртазо Махмуды.. Диалог и дипломатия: таджикско-персидский язык и литература и их влияние на культурное и политическое сотрудничество двух стран // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отдел общественных наук. - Душанбе, 2010. - №3. - С.20-28.

19. Муртазо Махмуды.. Стратегические интересы Ирана и России в Таджикистане // Материалы Республиканской научно-теоретической конференции ««Формирование системы колониальной безопасности государств Центральной Азии в форме региональных союзов».-Душанбе, 2008. -С.98-100.

20. Надим А. Взаимоотношения Афганистана и Таджикистана от распада Советского Союза по настоящее время // Региональные исследования . - 2011. - №22. - С. 118-130.

21. Назаров Т., Сатторзода А. Дипломатияи муосири тоцик.- Душанбе: ««Ирфон», 2006. - 224с.

22.Назаров Т. Таджикистан: политика, экономика, международное сотрудничество. - Душанбе, 2002; Таджикистан: экономический рост, интеграция и региональное сотрудничество. -Душанбе, 2004.; Назаров Т., Сатторзода А. Современная таджикская дипломатия. -Душанбе: Шарци озод, 2006. - 224с.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

23. Назриев Д., Сатаров И. Республика Таджикистан: история независимости. Год 1992-й. -Душанбе, 2005, - С. 56.

24. Неъматов И. Исламский фактор во взаимоотношениях республики Таджикистан и Исламской Республики Иран (конец XX - начало XXI вв.). (Кандидатская диссертация). - Душанбе, 2016.

- 161с.

25. Расулиён К. Ниго^е ба алоца^ои фар^ангии Чумуурии Исломии Эрон ваЦумуурии Тоцикистон.

- Душанбе, 2010.

26. Рахмон Э. Таджики в зеркале истории. Книга первая. От Арийцев до Саманидов.-Лондон, 1999; Тоцикистон: дар роуи цомеаи мутамаддин (Таджикистан: на пути цивилизационного общества). - Душанбе, 1996; Таджикистан: десять лет независимости и национального единства. В 4 томах. - Душанбе: Шарци озод, 2001; Независимость Республики Таджикистан и возрождение нации. В 7 томах. - Душанбе: Шарки озод, 2002-2009; Истицлолияти Тоцикистон ва эуёи миллы (Независимость Таджикистана и национальное возрождение). В 7 томах. - Душанбе: Шарци озод, 2002-2008; Ответы на вопросы великобританского издания ««Мировой государственный деятель» 1996г., январь // Тысяча лет в одну жизнь (сборник выступлений, речей, интервью и статей). - Душанбе, 2003. - 374с.

27. Саидов З.Ш. Внешняя политика Президента Э. Рахмона. - Душанбе, 2000. - 226с.; Актуальные аспекты внешнеполитического механизма и международной деятельности Республики Таджикистан. - Душанбе, 2011; Внешняя политика Республики Таджикистан на современном этапе (1992-2005 гг.). - Душанбе, 2006; Основные внешнеполитические интересы Республики Таджикистан на рубеже веков. - Душанбе, 2011; Сабуров А., Саидов З. Таджикистан на рубеже реализации национальных интересов на международной арене. - Душанбе, 2005.- 86с.; Сайидзода З. Основные тенденции внешней политики Республики Таджикистан на рубеже столетий (1992-2004гг.). - Душанбе, 2009. - 154с.

28. Саидов З. Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики «открытых дверей». - Душанбе, 2015. - 346с.

29. Саидов З., Сабуров А. Таджикистан на рубеже тысячелетий: реализация национальных интересов на международной арене. - Душанбе: Деваштич, 2005.- 432с.

30. Сайидзода З. Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалй Раумон: бозгашти давлати миллии тоцикон ба арсаи сиёсати цауонй. - Душанбе: ««Контраст», 2016. - 216с.

31. Суханрони дар вохури бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоуи бинои нави Вазорати корцои хориции Цумуурии Тоцикистон. -15.03.2013. http://www.president.tj/node/4113.

32. Суханрони дар Конфронси байналмилали вобаста ба 20-солагии бетарафии Туркманистон. -12.12.2015.http://www.president.tj/node/10464.

33. Фахим Сабир. Таджикистан и Афганистан: в поисках стратегии добрососедства. По URL:http://www.rujoumal-neo.com/1/7.09.20/2.

34. Хома Аббасиан. Иран и Таджикистан: пятнацать лет взаимовыгодного сотрудничества. -Душанбе: Ирфон, 2006. -176с.

35. Х,афтеу Казази Мауди Эбрауим. Становление и развитие взаимоотношений Республики Таджикистан и Исламской Республики Иран (конец ХХ - начало XXI вв.). (Кандидатская диссертация). - Душанбе, 2016. - 182с.

36. Х,афтеу Казази Мауди Эбрауим. Становление и развитие взаимоотношений Республики Таджикистан и Исламской Республики Иран (конец XX - начало XXI вв.).: автореферат диссертации на соискание кандидата исторических наук. - Душанбе, 2016. - 27с.

37. Х,афтеу Казази Мауди Эбрауим. Подход Таджикистана к проблемам безопасности в Персидском заливе в контексте отношений с Ираном // Вестник ТНУ. - Душанбе, 2012. -№3/8(101). - С.35-38 (на тадж.яз.).

38. Х,афтеу Казази Мауди Эбрауим. Гражданская война в Таджикистане и роль Ирана в установление мира // Вестник ТНУ. - Душанбе, 2012. - №3/5(93). - С.19-21 (на тадж.яз.).

39. Х,афтеу Казази Мауди Эбрауим. Центральная Азия и крупные державы // Вестник ТНУ. -Душанбе, 2013. - №3/4(115). - С.33-36 (на тадж.яз.).

40. Хафтеу Казази Мауди Эбрауим. Подход Ирана к отношениям с персоязычными странами // Вестник ТНУ. - Душанбе, 2015. - №3/10(188). - С.24-26 (на тадж.яз.).

41. Шарипов А., Фатоев С., Шамсиддинов С., Сироджев З. Э. Рахмон - спаситель. Серия книг. -Душанбе, 1996-1999; Шарипов А. «Э. Рахмон - наш Президент!».- Душанбе, 2006. - 26 с.; Шарифзода А., Косимй З. Эмомалй Раумон ва цомеаи цауон. - Душанбе: ««Ирфон», 2011.-372с.; Шарифзода А., Косимй З., Фатоев С., Шамсиддинов С. Эмомалй Раумон ва огози маруалаи созандагй. (7 китоб) - Душанбе: ««Ирфон», 2011; Шарифзода А., Шамсиддинов С., Косимй З. Президент.-Душанбе: ««Ирфон», 2011.- 372с.; Шарифзода А., Косимй З. Пайвандгар. - Душанбе, 2013.-336с.; Шарифзода А., Косимй З. Бунёдкор. - Душанбе, 2013. - 336с. Шарифзода А., Косимй З. Фархундапай. - Душанбе, 2014. - 336с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.