Научная статья на тему 'АКТУАЛЬНЫЕ ВОПРОСЫ ВНЕШНЕЙ ПОЛИТИКИ ТАДЖИКИСТАНА В ОТЕЧЕСТВЕННОЙ ИСТОРИОГРАФИИ'

АКТУАЛЬНЫЕ ВОПРОСЫ ВНЕШНЕЙ ПОЛИТИКИ ТАДЖИКИСТАНА В ОТЕЧЕСТВЕННОЙ ИСТОРИОГРАФИИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
103
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВНЕШНЯЯ ПОЛИТИКА / МЕЖДУНАРОДНОЕ ОТНОШЕНИЕ / ПОЛИТИЧЕСКИЕ СЕГМЕНТЫ / ТАДЖИКСКАЯ ДИПЛОМАТИЯ / ВЗАИМОВЫГОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО / МЕЖДУНАРОДНЫЕ ОРГАНИЗАЦИИ / СУВЕРЕНИТЕТ / ДИПЛОМАТИЧЕСКИЕ ОТНОШЕНИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мирзоев Дж.

В статье анализируются некоторые вопросы внешней политики независимого Таджикистана в отечественной историографии. Особое внимание уделено освещению основных векторов внешней политики Таджикистана и роли Основоположника мира и национального согласия-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в ее реализации. Важное значение имеет сотрудничество Таджикистана с государствами СНГ, с международными организациями, а также вопросы осуществления региональной политики независимого Таджикистана.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

TOPICAL ISSUES OF FOREIGN POLICY OF INDEPENDENT TAJIKISTAN IN THE NATIONAL HISTORIOGRAPHY

In the article analyzed some aspects of the foreign policy of independent Tajikistan in domestic historiography . Particular attention is paid to highlighting the main vectors of Tajikistan's foreign policy and the role of the Founder of Peace and National Accord - the Leader of the Nation, the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon in its implementation. Of great importance is the cooperation of Tajikistan with the postsoviet countries, with international organizations, as well as the implementation of the regional policy of independent Tajikistan.

Текст научной работы на тему «АКТУАЛЬНЫЕ ВОПРОСЫ ВНЕШНЕЙ ПОЛИТИКИ ТАДЖИКИСТАНА В ОТЕЧЕСТВЕННОЙ ИСТОРИОГРАФИИ»

МАСЪАЛА^ОИ МУБРАМИ СИЁСАТИ ХОРИЧИИ ТОЧИКИСТОН ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ВАТАНИ

Чурабек МИРЗОЕВ,

ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи илмхои Ч,умхурии Точикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рудакй-33; тел: 2217210; E-mail: mirzoev-dzhurabek@mail.ru

Яке аз самтхои афзалиятноки фаъолияти давлати Точикистони сохибистиклол сиёсати хоричи мебошад. Баъд аз пош хурдани Иттиходи Шурави ва ба даст омадани истиклолият Точикистон хамчун субъекти мустакили байналхалки ба низоми муносибатхои чахони ворид гардид, ки ин бозгашти давлати точикон баъд аз садсолахо ба арсаи сиёсати байналхалки хисоб меёбад. Х,ануз солхои аввали истиклолият Точикистон аз чониби зиёда аз 40 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, ба узвияти созмонхои бонуфузи чахони шомил гардид. Аммо ба рушди минбаъдаи муносибатхои хоричии Точикистон чанги шахрванди, ки бахори соли 1992 огоз ёфт, халал ворид намуд. Раванди ташаккулёбии сиёсати хоричии Точикистон дар шароити вазнини чанги шахрванди, бухрони ичтимои-иктисоди, кам будани мутахассисони касбии дипломати ва нарасидани тачрибаи кофи барои муайян намудани дурнамои сиёсати хоричи амали мегардид.

Рушди бемайлони муносибатхои хоричии Точикистон баъд аз ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон огоз ёфт. Асосгузор ва рохбари сиёсати хоричии Ч,умхурии Точикистон - Эмомалй Рахмон, ки он айём ба тозагй Раиси Шурои _Олй интихоб гардида буд, сиёсати «дархои кушод»-ро дар ин самт рохандозй намуд. У эълон дошт, ки дархои Точикистон барои тамоми кишвархои дунё, ки нияти баркарор намудани муносибатхои дустона ва судмандро доранд, кушода аст. Вобаста ба ин 28 -уми декабри соли 1993 дар ичлосияи XVIII Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон вазъи асосии сиёсати хоричии Точикистонро чунин изхор дошт: «Дар вакти тахия сохтани Консепсияи сиёсати берунии кишварамон мо бояд ба назар бигирем, ки Ч,умхурии Точикистон аз руи махалли чугрофй, мавкеи геосиёсй ва манофеи иктисодиаш ба панч хавзаи сиёсй дохил мешавад.

Хдвзаи якум Иттиходи давлатхои мустакил аст, ки бо вучуди душворихои солхои аввали ташаккулаш, ба суи тахкими равобити хамачихата тамоили ботинй дорад.

Хдвзаи дуввум Осиёи Марказист, ки кунун ру ба вахдати иктисодию сиёсй карор

дорад.

Хдвзаи севвум фазои зисту амали давлатхои хамсояи форсизабон аст, ки хануз ба ягон иттиходи муштараки сиёсй ё иктисодй нарасида бошанд хам, онхоро на факат хамбастагии таърихй ва мазхабию фархангй, балки дурнамои вокеии рушди миллй ба хам чалб мекунад.

Хдвзаи чахорум доираи нуфузи давлатхои исломии Шарк аст, ки онхоро на факат ягонагии дину оин ва суннатхои рухонй, балки имконот ва эхтиёчоти рушди миллй низ ба хам мепайванданд.

Нихоят, хавзаи панчум чомеаи байналмилалист, ки хамбастагии зохирию ботиниаш беш аз пеш кувват мегирад ва хам охиставу пайваста ба суи тамаддуни вохиди умумибашарй рох мепаймояд» [1, 4-5].

Сарфи назар аз он, ки оид ба сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол хуччат ва карордодхо хеле зиёданд, ташаккул ва рушди муносибатхои хоричй дар адабиёти таърихии ватанй нокифоя инъикос ёфтааст. Таълифоти мачмуию чамъбастй оид ба ин масъала хануз руи кор наомадааст. Бо вучуди он, дар таълифоти мавчуда пахлухои алохидаи муносибатхои байналхалкии Ч,умхурии Точикистон то андозае тахкик ва баррасй шудаанд. Тахлили нахустини сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол аз тарафи З. Саидов [2], А. Сабуров [3], А. Шарипов [4], К. Юлдошев [5], М.Тоштемиров [6] пешниход гардидааст. Сахми ин муаллифон алалхусус дар

гирдоварии мачмуи зиёди маводи санадй оид ба муносибатхои хоричй буда, дар онхо раванди шаклгирии тамоюлхои асосии сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол дар шароити вазнини чанги шахрвандй (1992-1997) ва вазъи ноороми чахонй инъикос ёфтаанд. Камбудии баъзе таълифоти нахустин, аз чумла асари якчояи А. Сабуров ва З. Саидзода [2] дар он аст, ки харчанд маводи зиёди санадиро рочеъ ба сиёсати хоричии Точикистон ва ахбороти оммавии солхои 1993-1995 фаро гирад хам, дар он тахлил ва хулосахои илмй кам ба назар мерасанд.

Дар таърихнигории сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол асархо, гузориш, дастуру маколахои Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон, ки дар онхо дастовардхои асосии халки точик дар солхои аввали истиклолият тачассум ёфта, самтхои асосии сиёсати хоричии кишвар муайян гардидаанд, мавкеи асосиро ишгол менамоянд [7]. Дар онхо Рохбари давлат масоили консептуалии сиёсати хоричй ва тамоюлхои асосии онро дар муносибатхои байналхалкй возехан муайян намудааст.

Барои вусъат гирифтани сиёсати хоричии Точикистон дар охири солхои 90-ум, торафт баланд шудани нуфузи байналхалкии Президенти кишварамон таъсири халкунанда бахшид. Соли 1999 у аввалин шуда аз чумлаи рохбарони давлатхои ИДМ мачлиси ифтитохии Ичлосияи 54-уми Ассамблеяи Генералии СММ-ро рохбарй кард. Бояд кайд кард, ки дар байни сиёсатмадорони чахон нахустин шуда бо «Ситораи тиллой»-и Алберт Швейтсер мукофотонида шуда, ба дарачаи олии профессори фалсафаи Академияи Умумичахонии Тиб дар сохаи илмхои гуманитарй сазовор дониста шуд.

Дар иртибот ба ин, дар адабиёти таърихй ва илмии кишвар тахкикоте руи кор омаданд, ки ба инъикоси фаъолияти муваффаки сиёсати хоричии Президенти Ч,умхурии Точикистон- Эмомалй Рахмон бахшида шудаанд. Дар байни онхо махсусан асархои З. Сайидзода [8], З. Саидов [9], А. Шарипов [4], М. Тоштемиров [6], К. Юлдошев [5] хеле чолибанд. Дар онхо муаллифон на танхо пахлухои гуногуни фаъолияти асосгузори сиёсати хоричии Точикистон - Эмомалй Рахмонро мавриди тахлили вокей карор додаанд, балки мушкилот ва монеъахоеро, ки давлати тозаистиклоли Точикистон хангоми коркарди сиёсати хоричии хеш дар солхои аввали истиклолият ру ба ру омада буд, инъикос намудаанд. Ин мушкилот бахусус дар китоби Карим Юлдошев «Эмомали Рахмонов - основатель дипломатии и внешней политики суверенного Таджикистана» [5, 34] муфассал тачассум ёфтааст. Дар он муаллиф аз чумла кайд менамояд, ки ташаккули сиёсати мустакили хоричии Ч,умхурии Точикистон яке аз самтхои нав ва комилан норавшани фаъолияти хукумат махсуб меёфт. Дар шароити низоми шуравй Точикистон аз имконияти мустакиман фаъолият намудан дар ин самт махрум буд. Аз ин ру ба ниходхои давлатй, шумораи зарурии дипломатхо ва мутахассисони соха эхтиёч надошт. Муаллиф дуруст кайд намудааст, ки дар тамоми давраи мавчудияти Докимияти Шуравй дар муассисахои таълимии дипломатии Вазорати корхои хоричии Иттиходи Шуравй хамагй 10 нафар намояндагони чумхурй тахсил намуда, дар сафоратхонахои хоричии давлати Шуравй фаъолият мекарданд. Танхо ба даст овардани Истиклолияти давлатй имконияти васеъи наздикшавии дипломатиро бо чомеаи чахонй фарохам овард. Ин нуктаро аксари мухаккикони таърихи муносибатхои хоричии Точикистони сохибистиклол низ дар тахкикоти хеш иброз доштаанд.

Дар тадкикоти дастачамъии З. Саидов ва А. Сабуров [10], инчунин А. Шарифзода ва С. Фаттоев, С. Шамсиддинов, З. ^осимй [11] тамоми самту санадхои мухимтарини фаъолияти сиёсати хоричии Президенти кишвар-Эмомалй Рахмон вокеъбинона тахлил гардидаанд. Дар ин чода китоби А. Шарифзода ва А. Еафуров «Начотбахши миллат» [12] - ро махсус кайд кардан ба маврид аст. Муаллифон ба фаъолияти Президенти мамлакат- асосгузори сиёсати хоричии кишвар бахои баланд дода, кайд кардаанд, ки махз бо ибтикори Рохбари давлат муносибатхои судманд ва дучониба дар минтака ва дар худуди ИДМ, инчунин бо кишвархои хоричи дур тахкиму густариш ёфтаанд. Бояд тазаккур дод, ки яке аз афзалиятхои мухаккикони таърихи муносибатхои байналхалкии Точикистони сохибистиклол дар он аст, ки эшон аксаран

вазифахои давлатиро ба ухда дошта, дар амалй намудани сиёсати хоричии кишвар мустакиман ширкат доранд. Масалан, муаллифи асари «Дипломатияи муосири точик» [13] Т. Назаров, ки хусусиятхои хоси дипломатияи точикро инъикос намудааст, дар солхои мудхиши чанги шахрвандй ва истикрори сулху субот дар Точикистон, солхои вазнини шаклгирии сиёсати хоричй Вазорати корхои хоричиро рохбарй мекард. Дар соли 2010 китоби собик вазири корхои хоричии Ч,умхурии Точикистон Дамрохон Зарифй «Многовекторная дипломатия Таджикистана» [14] аз чоп баромад, ки дар он маколахо, гузоришхо ва солномаи вокеахою ходисахо гирд оварда шудаанд. Муаллифи таълифоти зиёд оид ба сиёсати хоричй З. Сайидзода солхои тулонй рохбари департаменти иттилоотии Вазорати корхои хоричии Ч,умхурии Точикистон, котиби матбуотии Президенти кишвар, директори Агентии ахборотии «Ховар» буда, феълан вазифаи мушовири калони Президенти Ч,умхурии Точикистон оид ба масъалахои робитахои хоричиро ба ухда дорад. Муаллифони номбурда, ки чи тавре ишора рафт, дар рохандозии сиёсати хоричии кишвар бевосита ширкат доранд, санаду сарчашмахои муътамадро васеъ мавриди истифода карор додаанд.

Баъд аз ба даст овардани истиклолият Дукумати Ч,умхурии Точикистон тибки дастуру нишондодхои Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон амал намуда, дар сиёсати хоричии хеш муносибатхои дутарафа ва бисёрсамтаи босуботу судмандро пеш аз хама бо давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил густариш дод. Дануз дар солхои аввали истиклолият Э. Рахмонов дар яке аз мусохибахо бо рузноманигори мачаллаи «Россия» Ю. Кушко инкишофи бемайлони муносибатхои байналхалкиро дар доираи давлатхои пасошуравй барои Точикистон афзалиятнок хисобида, чунин таъкид мекунад: «Точикистон ба тахкими муносибатхои байнидавлатй дар чорчуби Иттиходи давлатхои мустакил, пеш аз хама бо Россия ахамияти хоса зохир менамояд» [15, 253]. Сипас Сарвари давлат Э. Ш. Рахмонов дар ичлосияхои Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттахид дар солхои 1993-1997 баромад намуда, самтхои асосии сиёсати хоричии Ч,умхурии Точикистонро муайян кард. Дамчунин 30-юми сентябри соли 1994 зимни суханронй дар Ичлосияи 49-уми Ассамблеяи Генералии СММ афзалиятнок будани муносибатхои Ч,умхурии Точикистонро бо кишвархои аъзои ИДМ иброз дошта, ахамияти ду самти фаъолияти хукуматро дар чорчуби Иттиходи Давлатхои Мустакил таъкид кард, ки манзури у муносибатхои муштараку судманд бо Россия ва давлатхои Осиёи Марказй буд [10, 128].

Масъалаи тахким ва тавсеаи муносибатхои Ч,умхурии Точикистон бо давлатхои аъзои ИДМ, бахусус Россия дар аксар таълифоти мухаккикони ватанй ва хоричй инъикос гардидааст. Дар ин росто махсусан асару маколахои Р. Масов [16], С. В. Махонина [17], Б. В. Белов [18], Д. Пирумшоев [19], М. Наимов ва А. Сатторов [20], П. А. Пирназарова [21], З. Сайидзода [8] ва бисёр дигаронро ном бурдан мумкин аст. Муаллифони мазкур дар асархои хеш бо назардошти он, ки кишвархои аъзои ИДМ дар гузаштаи начандон дур шомили як низоми вохиди сиёсй ва иктисодй буда, шахрвандони ин чумхурихоро риштахои махками умумияти ичтимоию фархангй мепайвандад, таъкид кардаанд, ки дар ин мархилаи барои Точикистон мураккаб, нигох доштан ва тавсеа бахшидани муносибатхо бо соири давлатхои аъзои ИДМ, хоса бо Федератсияи Россия хеле мухим аст.

Рохбарони давлати тозаистиклоли Точикистон шароитхои таърихии ба вукуъ пайвастаро хуб дарк карда, хануз 21 декабри соли 1991 ба аъзогии ИДМ, ки 8 декабри хамон сол дар зимни як нишасти сарони се давлати собик Шуравй - Россия, Украина ва Белорусия дар бешазори Беловежск созмон ёфта буд, шомил гардиданд. Ч,умхурии Точикистон бо Федератсияи Россия бошад, хануз аз 8 апрели соли 1992 муносибатхои дустонаи дипломатй баркарор кард. Рочеъ ба мухимияти нигохдошти муносибатхои дучониба бо Россия таърихнигори барчастаи точик Д. Пирумшоев бархак кайд кардааст, ки харчанд Точикистони сохибистиклол аз мадди назари созмонхои бонуфузи байналхалкй, махсусан СММ дур намонда бошад хам, дар ин вазъияти барои

чумхурй нихоят вазнин, ки хавфи аз байн рафтани давлат ва якпорчагии худудй ба миён омада буд, нигох доштани хамкорихои зич бо Россия хеле мухим ва такдирсоз буд [19, 252].

П.А.Пирназарова дар таълифоти «Таджикистан-Россия: Сотрудничества во имя будущего» [21] шароитхои таърихй ва омилхои асосиеро, ки Точикистонро бо Федератсияи Россия мепайваст ба инобат гирифта, аз чумла кайд менамояд, ки баркарор намудани муносибатхои дипломатй бо Федератсияи Россия кадами конунй на танхо дар рохи эмин доштани якпорчагии худудй ва дигар хатархои беруние, ки Точикистонро баъд аз ба даст овардани истиклолият пайгирй мекарданд, махсуб меёбад, балки барои тахкими алокахои бисёрасра ва таърихй дар байни халкхои ду давлати бародар низ кумак мерасонад. Махз бо миёнаравй ва ёрии бевоситаи Федератсияи Россия чанги шахрвандй дар Точикистон ба анчом расид, сулх баркарор гардид ва фирориён ба Ватан баргаштанд. Барои Точикистони сохибистиклол Россия иттифокчй ва шарики асосии стратегй ба хисоб меравад [21, 5]. Дар чои дигар муаллиф овардааст, ки дар хамчоягй бо Россия амал карда, Точикистон метавонад аз хатари берунй-тероризми байналхалкй, экстремизм, кочоки маводи нашъаовар ва дахолати харбии гуруххои экстремистй аз чониби Афгонистон эмин бошад, ки хак ба чониби уст [21, 7]. Зеро баъд аз баромадани Артиши Шуравй аз худуди Афгонистон дар соли 1989, кисмати зиёди Афгонистонро гуруххои экстремистй ва ифратгарои «Толибон» ба зери тасарруфи худ дароварданд. Нохияхои шимолии Афгонистонро чангиёни Ахмадшохи Масъуд, Гулбиддин Дикматёр ва генерал Абдурашид Дустум дар ихтиёр доштанд. Мучохидони афгон кайхо орзуи таъсиси давлати «Точикистони Бузург» - ро, ки бояд Афгонистон, Точикистон ва нохияхои точикнишини Узбекистану Чинро фаро мегирифт, доштанд. Бо ин максад дар нохияхои сархадй шумораи зиёди чангиён ва дигар гуруххои экстремистию ифротгаро гирд омада буданд. Ба акидаи Сарвазири онвактаи Точикистон А. Абдуллочонов дар Афгонистон 10 лагер барои тайёр кардани чангиёни точик мавчуд буд [22]. Хавфи дахолати бевоситаи харбии мучохидони афгон ба миён омада буд. Танхо мавчудияти чузъу томхои Артиши Россия харакати минбаъдаи мучохиддинро ба хоки Точикистон нигох медошт.

Бояд тазаккур дод, ки афзалияти ширкати харбии Россияро дар Точикистон хануз соли 1998 академик Р. Масов дар маколаи хеш «Россия и Таджикистан» [16] кайд карда буд. Ба акидаи у хузури чузъу томхои Артиши Россия Точикистонро аз хучуми эхтимолии хоричй эмин дошт [16, 25].

Ба накши ширкати харбии Россия дар солхои аввали истиклолият бахои баланд дода, З. Сайидзода аз чумла чунин кайд менамояд: «Х,узури нерухои хифзи сулхи Россия ва сархадбонони россиягй дар марзи Точикистону Афгонистон боло гирифтани хушунатро дар мамлакат чилавгирй намуд» [8, 74]. У равобити дучонибаи сиёсй, иктисодй-ичтимой ва фархангиро бо давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил яке аз самтхои мухимтарини сиёсати хоричии Точикистон арзёбй намуда, хамкорихои мустаким ва густурдаи Точикистонро бо хар яке аз ин давлатхо мушаххасан инъикос намудааст [8, 72-110].

Самти дигари афзалиятноки сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол хамкорихои Точикистон бо созмонхои бонуфузи байналхалкй ба хисоб меравад. Дамкорй миёни Точикистон ва бонуфузтарин созмони чахонй-Созмони Милали Муттахид (СММ), ки аз 2 марти соли 1992 ибтидо мегирад, сол то сол дар холи рушд ва тавсеа карор дорад. Чи тавре маълум аст, СММ - бузургтарин ниходи чахонй буда, 193 кишвари дунёро муттахид месозад ва ба кавли собик намояндаи доимии Точикистон дар СММ- Рашид Олимов «дар фаъолияти хеш чор хадафро пайгирй менамояд: нигохдории сулх ва амнияти байналмилалй, рушди муносибатхои ахлона дар байни миллатхо, татбики хамкории байналмилалй доир ба халли мушкилоти байналхалкй ва карор доштан дар маркази ба мусолихат омадани миллатхо» [23, 13].

Мавриди кайд аст, ки махз тахти сарпарастии ин ниходи чахонй ва давлатхои кафили минтака, ба хотири ба даст омадани сулху субот дар Точикистон 8 даври

музокирот миёни точикон анчом пазируфт ва билохира, сулхи деринтизор пойдор гардид. Ба акидаи мухаккики сиёсати хоричии Ч,умхурии Точикистон З. Сайидзода: «Бисёре аз сиёсатмадорону тахлилгарони муътабари дунё тачрибаи сулхофаринии точиконро падидаи нодир номида, таъкид кардаанд, ки ин тачрибаро мешавад барои хомуш кардани мунокишахои дохилии кишвархои гуногуни чахон истифода кард» [8, 170]. Дар хакикат тачрибаи сулхофаринии точикон падидаи беназир буда, накши СММ бахри ба даст омадани он хеле арзишманд ва бузург аст. Мухимтарин таълифот, ки оид ба ин масъала ва умуман, хамкории Точикистону СММ бахшида шудааст, китоби «Таджикистан - ООН» [23] ба хисоб меравад. Муаллиф ва мураттиби ин асар собик намояндаи доимии Точикистон дар СММ Рашид Олимов буда, дар он мачмуи маводхое, ки фаъолияти Ч,умхурии Точикистонро дар ин ниходи чахонй аз соли 1992 то соли 2000 инъикос мекунанд, гирд оварда аст. Дар ин таълифот, инчунин баромадхои Президенти Ч,умхурии Точикистон, Вазири корхои хоричй ва Намояндаи доимии Ч,умхурии Точикистон дар СММ дар Ассамблеяи Генералй ва ичлосияхои Шурои Амнияти СММ ворид гардидаанд. Махсусан кушишу талошхое, ки Ч,умхурии Точикистон бо кумаки ин созмони чахонй бахри хотима бахшидани чанги шахрвандй, истикрори сулх ва вахдати миллй дар мамлакат ба анчом расониданд, дар маркази диккат ва таваччухи муаллиф карор ёфтаанд.

Масъалаи дигаре, ки таваччухи мухаккиконро ба худ чалб кардааст, дастовардхои ноилгардидаи Точикистон дар зимни хамкорй бо СММ мебошад, ки аз чониби аксари тахлилгарони сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол хеле возех инъикос гардидааст. Масалан, Зафар Сайидзода хамкорихои Точикистони сохибистиклолро бо тамоми созмонхои бонуфузи байналхалкй, бахусус СММ ботафсил баён намуда, дастовардхои дар ин самт ноилгардидаи Точикистонро гувохи афзоиши обрую эътибори кишвар дар арсаи байналхалкй арзёбй менамояд. Ба акидаи у «дар як фосилаи кутохи таърихй аз чониби ин созмони чахонй пазируфта шудани се ибтикори кишвари мо - эълони Соли байналмилалии оби тоза дар соли 2003, тасдики Дахсолаи амалиёти «Об барои хаёт» барои солхои 2005-2015 ва Соли байналмилалии хамкорй дар сохаи об эълон гардидани соли 2013 - нишонгари обрую эътибори афзуни Точикистон дар арсаи сиёсати байналмилалй мебошад. Ба шарофати ибтикори Точикистон аст, ки хамасола рузи 22 март чун Рузи байналмилалии об чашн гирифта мешавад» [8, 171].

Дастоварди бузурги дигаре, ки Точикистон дар якчоягй бо давлатхои форсизабон ба он ноил гаштааст ва аз чониби кулли мухаккикон инъикос гардидааст, эълон шудани 21 март хамчун Рузи байналмилалии Навруз мебошад.

Бояд зикр кард, ки рочеъ ба хамкорихои Точикистон ва созмонхои чахонй дигар мухаккикони ватанй низ тахкикот бурда, натичахои онро каноатбахш хисобидаанд. Масалан, доктори илмхои таърих Ф. Абдурашитов дар китоби «Феномен таджикского суверенитета» [24] хамкорй ва равобити густурдаи Ч,умхурии Точикистонро бо созмонхои чахонй, махсусан бо Созмони Милали Муттахид хеле арзишманд арзёбй намудааст. Ба акидаи у хамкорихои Точикистон бо чамоаи чахонй тахти сарварии ин ниходи байналхалкй асосан дар се самт - мубориза алайхи терроризм, кочоки маводи мухаддир ва хатархои экологй амалй мегардад [24, 108].

Дигар созмони бонуфузи байналхалкие, ки Точикистон бо он хамкорихои зич дорад, Созмони Амният ва Дамкорй дар Аврупо (САДА) ба хисоб меравад. Вокеан, ин созмон нахустин созмони байналхалкист, ки Точикистон хануз 26 феврали соли 1992 ба он хамрох шуда буд. Дамкорихои судманди Ч,умхурии Точикистон бо ин ниходи чахонй дар китоби «Таджикистан - ОБСЕ: диалог и сотрудничество» [25], ки тахти назари собик вазири корхои хоричй Дамрохон Зарифй соли 2009 ба табъ расидааст, инъикос гардидаанд. Дар таълифоти номбурда маводхое, ки оид ба хамкорихои зичи кишвари мо бо САДА маълумот медиханд, мавриди тахлил карор ёфтаанд. Бояд кайд кард, ки ин асар нахустин таълифоти мачмуи мавод рочеъ ба хамкорихои Ч,умхурии Точикистон бо ин ниходи чахонй ва фаъолияти намояндагии он дар чумхурй буда, аз 5 боб иборат аст. Дар он мархилахои зухур ва фаъолияти САДА, таърих ва самтхои

хамкорихои Точикистон бо ин созмони бонуфуз инъикос гардидаанд. Маводи китоб хеле арзишманд ва нодиранд. Арзишманд будани маводи китоб пеш аз хама дар он аст, ки муаллифони онхо мустакиман дар раванди хамкорихои дучониба ширкат доштанд ва рохандозони сиёсати хоричии кишвар махсуб меёбанд.

Рочеъ ба хамкорихои судманди Точикистону САДА мухаккикони дигар низ, аз кабили Т. Назаров [13], Д. Зарифй [14], З. Сайидзода [8], инчунин асари дастачамъонаи «История таджикского народа» [26] маълумот додаанд, вале бо мучиби он, ки дар хачми як макола мавриди тахлил карор додани хамаи онхо аз имкон берун аст, танхо бо овардани баъзе фикру акидахои З. Сайидзода иктифо мекунем. Муаллиф дар китоби «Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалй Рахмон: бозгашти давлати миллии точикон ба арсаи сиёсати чахонй», ки як боби алохидаи он ба масъалаи хамкорихои байналмилалии Точикистон бахшида шудааст, кайд мекунад, ки Созмони Амният ва Дамкорй дар Аврупо дафтари намояндагии худро дар Точикистон хануз 17 феврали соли 1994 боз карда буд, имруз ин ниходи чахонй «дар Точикистон панч дафтар дорад, ки дар шахрхои Хучанд, Кулоб, Кургонтеппа, Еарм ва Шахритус вокеъ мебошанд» [8, 196]. Ба акидаи у хамкорихои Точикистон бо Созмони Амният ва Дамкорй дар Аврупо «дар се хавза - харбию сиёсй, иктисодиву экологй ва инсонй» амалй мегарданд [8, 197].

Дамкорихои Точикистон бо Созмони Амният ва Дамкорй дар Аврупо имруз дар сатхи баланд карор доранд ва чониби Точикистон дар оянда низ бахри густариши равобит бо ин созмони чахонй ба хотири расидан ба хадафхои рушди устувор талош хохад кард.

Давлати Точикистони сохибистиклол бо дигар созмонхои байналхалкй -Созмони Ахдномаи Амнияти Дастачамъй, Созмони Дамкории Шанхай, Созмони Дамкории Исломй, Созмони Дамкории Иктисодй (ЭКО), Созмони Ахдномаи Атлантикаи Шимолй (СААШ) ва Иттиходи Аврупо хамкорй ва равобити густурда дорад, ки аз чониби мухаккикон ва тахлилгарони сиёсати хоричй хадалимкон инъикос гардидаанд.

Самти дигари афзалиятноки муносибатхои хоричии Ч,умхурии Точикистон рохандозии сиёсати минтакавй мебошад. Дар ин чода Точикистон хам дар чорчуби созмонхои минтакавй ва хам дар чорчуби хамкорихои расмии дучониба сиёсати хешро пеш аз хама бо кишвархои Осиёи Марказй-Узбекистон, ^иргизистон, ^азокистон ва Туркманистон, бо кишвархои форсизабони минтака-Ч,умхурии исломии Эрон ва Ч,умхурии исломии Афгонистон, инчунин бо Ч,умхурии халкии Чин, Ч,умхурии исломии Покистон, Ч,умхурии Туркия ва бо Диндустон амалй месозад.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи татбики сиёсати минтакавии Точикистони сохибистиклол дар таърихнигории ватанй ба таври комил омухта нашудааст. Таълифоти мачмуй ва алохида дар ин чода хануз вучуд надорад. Аммо пахлухои гуногуни ин мавзуъ аз чониби мухаккикон тадкик гардида, дар асархои онхо инъикос гаштаанд. Маълумоти нисбатан_васеъ ва мачмуиро дар ин самт аз асархои З. Саидов пайдо кардан мумкин аст. У хам дар китоби «Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики «открытых дверей» [27] ва хам дар китоби «Фаъолияти байналмилалии пешвои миллат Эмомалй Рахмон: бозгашти давлати миллии точикон ба арсаи сиёсати чахонй» [8] ба ин масъала ру оварда, бо назардошти гузаштаи таърихй, пеш аз хама ба равобити дучонибаи Точикистон ва кишвархои Осиёи Марказй диккати бештар додааст. Муаллиф баркароршавии муносибатхои солим, дустона ва густурдаро бо кишвархои хамсояи минтака низ то як дарача инъикос менамояд. Аммо дар китобхои у, бо мучиби он, ки онхо махз ба ин мавзуъ бахшида нашудаанд ва муаллиф эхтимол дар оянда ин мавзуъро пайгирй намояд, масъалаи рохандозии сиёсати минтакавии Точикистон чукур ва хамачониба баррасй нагардидааст.

Мухаккик Ф. Абдурашитов низ ин масъаларо тадкик намуда, кайд мекунад, ки Ч,умхурии Точикистон дар сиёсати минтакавй мавкеи хос ва тагийрнопазири худро

дорад. Ч,ониби Точикистон ягона рохи халли хама гуна масъалахои бахснок ва мунокишавии Осиёи Марказй, аз он чумла минтакаи чангзадаи Афгонистонро дар гуфтушунид мебинад [24, 109].

Дар боби хамкорихои Точикистон бо кишвархои форсизабони минтака, аз чумла бо Ч,умхурии исломии Эрон низ як катор асархо руи кор омадаанд. Бояд кайд кард, ки Эрон аввалин кишваре буд, ки Истиклолияти давлатии Точикистонро ба расмият шинохт ва намояндагии дипломатии хешро дар Душанбе ифтитох бахшид. Ин икдом пеш аз хама ба умумияти забонй, маданй ва динй доштани ду халки бародар вобастагй дорад. Бо назардошти ин нукта мухаккикони точик низ ба масъалаи хамкорихои Точикистону Эрон таваччухи бештаре зохир намудаанд. Дар байни таълифоте, ки ба ин мавзуъ бахшида шудаанд, асархои мутахассиси таърихи муосири Эрон Н.М. Мирзоевро ёдрас шудан ба маврид аст. У дар таълифоти хеш дар асоси манбаъхои муътамад, адабиёт ва маводхои воситахои ахбори умум равандхои гуногунсохаи хамкорихои ин кишвархоро инъикос намудааст. Китоби аввали муаллиф «Точикистон - Эрон: шохрохи хамкорихо» [28] ном дошта, боби аввали он ба таърихи баркароршавии хамкорихои Точикистони Шуравй ва Эрон бахшида шудааст. Боби дуюм махз масъалаи хамкорихои Точикистону Эронро дар замони муосир инъикос менамояд. Дар ин боб, дар асоси санадхои зиёд ва маводи муътамад, ки аз фондхои гуногуни бойгонихо ва матбуоти даврй ба даст омадаанд, мухаккик тавонистааст, ки мархилахои асосй ва роххои баркароршавию густариши дучонибаи иктисодй ва алокахои илмй-фархангии Точикистону Эронро муайян намояд.

Китоби дуюми Н. М. Мирзоев «Таджикистан и страны Востока» [29] ном дошта, соли 2010 ба табъ расидааст. Муаллиф ду боби охири онро ба масъалаи муносибатхои мутакобилаи Точикистони сохибистиклол ва Ч,умхурии исломии Эрон бахшида, дар асоси сарчашмахои муътамад тавонистааст, ки раванди инкишофи хамкорихои иктисодй, фархангй ва илмй-техникии ин кишвархоро инъикос намояд.

Таълифоти чолиби дигаре, ки фарогири масъалаи хамкорихои дучонибаи Точикистону Эрон буда, тахти унвони «Ирано-таджикское сотрудничество в конце XX - начале XXI вв.» [30] ба табъ расидааст, ба калами мухаккики барчаста Р. А. Абулхаев тааллук дорад. Муаллиф дар асоси нашрияхои каблй, сарчашмахои бойгонй, хуччатхои дар сатхи давлатй ба имзо расида ва маводи воситахои ахбори умум махсусиятхои баркароршавй ва инкишофи хамкорихои иктисодй, тичоратй, илмй-фархангй, инчунин бунёди объектхои саноатию рохсозй ва дигар лоихахои муштараки Эрону Точикистонро дар охири асри XX - ибтидои асри XXI инъикос намудааст.

Умуман, Точикистон дар рохандозии сиёсати минтакавй низ фаъол буда, бахри рушди хамкорихои дучонибаи судманд ва равобити густурда бо тамоми кишвархои минтака пайваста талош меварзад.

Дамин тавр, ба назари мо маводи дар зарфи 25-соли истиклолият фарохамомада ибтидои инъикоси сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол буда, тахлили илмии онхо имконият медихад, ки дар боби таърихнигории сиёсати хоричй тахкикоти комил ва мачмуй анчом дода шавад.

АДАБИЁТ

1.Шарифзода А.Досимй З. Эмомалй Рахмон ва чомеаи чахон. - Душанбе: «Ирфон», 2011.-372с.

2. Саидов З. Политика открытых дверей.- Душанбе, 2003.-224с.; Межгосударственные отношения Республики Таджикистан в двустороннем формате.- Душанбе: Авасто, 2001. - 112с.; Внешняя политика Таджикистана в условиях глобализации. - Душанбе: Авасто, 2004.-592с.; Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004гг.) - Душанбе: Контраст, 2009.; Внешняя политика РТ на современном этапе (1992-2005гг.) - Душанбе, 2006. - 560с.

3.Сабуров А., Саидзода З. Таджикистан: внешняя политика и массовая информация (19931995гг.). - Душанбе: Шарки озод, 1997.-71с.

4.Шарифзода А., Косими З. Эмомали Рахмон и мировое сообщество. - Душанбе: Ирфон, 2011. - 372с.

5.Юлдошев К. Эмомали Рахмонов - основатель дипломатии и внешней политики суверенного Таджикистана. - Душанбе: Ирфон, 2001. - 95с.

6. Тоштемиров М., Саидов З. Президент Рахмонов: человек и политик. - Алмата: КИТК, 1997.-79с.; По меридианам дружбы. Политика открытых дверей Эмомали Рахмона. - Душанбе: Шарки озод, 2010.-247с.

7.Рахмонов Э. Ш. Юбилей независимости и второй форум таджиков. - Душанбе,1993.; Таджикистан на пороге будущего//Сборник выступлений Президента РТ в СМИ России. - М., 1997.; Наша цель - национальное единство. - Душанбе, 1997.; Таджики в зеркале истории. -Душанбе, 1998.; Независимость Таджикистана и возрождение нации (в 8 т.) - Душанбе: Ирфон, 2006.

8.Сайидзода З. Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалй Рахмон: бозгашти давлати миллии точикон ба арсаи сиёсати чахонй. - Душанбе: «Контраст», 2016. - 216с.

9.Саидов З. Внешняя политика Президента Рахмонова. - Душанбе: Сарпараст, 2001. - 396с.

10.Саидов З., Сабуров А. Таджикистан на рубеже тысячелетий: реализация национальных интересов на международной арене. - Душанбе: Деваштич, 2005. - 432с.

11.Шарифзода А., Фаттоев С., Шамсиддинов С., ^осимй З. Президент. - Душанбе: «Ирфон», 2011.-372с.; Эмомалй Рахмон...(10 чилд). - Душанбе: «Ирфон», 2011.; Бунёдкор. -Душанбе, 2013. - 336с.; Пайвандгар. - Душанбе, 2013. - 336с.; 7 соли Эмомалй Рахмон. -Душанбе, 2013. - 336с.

12.Шарифзода А., Гафуров А. Начотбахши миллат. - Душанбе, 2012. - 336с.

13.Назаров Т., Сатторзода А. Дипломатияи муосири точик. - Душанбе: Ирфон, 2006. -224с.

14.Зарифи Х. Многовекторная дипломатия Таджикистана. - Душанбе: Офсет, 2010. - 352с.

15.Рахмонов Э.Ш. Интервью корреспонденту газеты «Россия» Ю. Кушко // Тысяча лет в одну жизнь (сборник выступлений, речей, интервью и статей). - Душанбе, 2003. - С.253.

16.Масов Р.М. Россия и Таджикистан //Россия в исторических судьбах таджикского народа. - Душанбе: Шарки озод, 1998. - 156с.

17.Махонина С.В. Военно-политическое сотрудничество между Россией и Таджикистаном в 1993-1999 годы. - Душанбе, 1999.- 168с.

18. Белов Б. В. Россия и межтаджикское урегулирование // Россия в исторических судьбах таджикского народа. - Душанбе: Шарки озод, 1998.-156с.

19.Пирумшоев Д. Таджикистан - Россия: Исторический опыт сотрудничества в 90-е годы и его перспективы // Концептуальные вопросы истории и историографии таджикского народа. (Сборник статей). Часть 1.- Душанбе: Ирфон, 2014. - 528с.

20.Наимов М., Сатторов А. Россия и Таджикистан. - Душанбе, 2004.

21.Пирназарова П. А. Таджикистан - Россия: Сотрудничества во имя будущего. - Душанбе: «Ирфон», 2011. -200с.

22.Кузьмин А. Проблемы «Ближнего зарубежья». Уроки Таджикистана. [Электроный ресурс].

23.Алимов Р. Таджикистан - Организация Объединнёных Нации: Выступления, документы и материалы 1993-2000 годы. - М.: Международное отношение, 2001. - 376с.

24.Абдурашитов Ф.М. Феномен таджикского суверенитета. - Душанбе, 2017. - 148с.

25. Таджикистан - ОБСЕ: диалог и сотрудничество. - Душанбе: Ирфон, 2009. - 324с.

26. История таджикского народа. ТУ1. (Новейшая история)- Душанбе: «Империал-Групп», 2011. - 688с.

27. Саидов З. Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики «открытых дверей». - Душанбе, 2015. - 346с.

28.Мирзоев Н. М. Точикистон - Эрон: шохрохи хамкорихо. - Душанбе, 1998.

29.Мирзоев Н.М. Таджикистан и страны Востока (учебное пособие). - Душанбе, 2010.- 140с.

30.Абулхаев Р.А. Ирано-таджикское сотрудничество в конце ХХ - начале XXI вв. -Душанбе, 2017. - 232с.

Дар макола баъзе масъалахои умдаи сиёсати хоричии Ч,умхурии Точикистон дар инъикоси таърихнигорони ватанй мавриди тахлил карор гирифтаанд. Дар он муаллиф махсусан ба инъикоси самтхои асосии сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол ва фаъолияти муваффаки байналхалкии асосгузори сиёсати хоричии давлати тозабунёди

точикон, Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон диккати махсус додааст. Илова бар ин ба масъалаи хамкории дутарафаи судманд бо давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва бо созмонхои бонуфузи байналхалкй, инчунин рохандозии сиёсати минтакавии Точикистони сохибистиклол ахамияти хоса дода мешавад.

Калидвожах;о: сиёсати хорицй, муносибат%ои байналхалкй, %авза%ои сиёсй, дипломатияи тоцик, %амкории дутарафаи судманд, созмонхои байналхалкй, истицлолият, муносибат%ои дипломатй.

АКТУАЛЬНЫЕ ВОПРОСЫ ВНЕШНЕЙ ПОЛИТИКИ ТАДЖИКИСТАНА В ОТЕЧЕСТВЕННОЙ ИСТОРИОГРАФИИ

МИРЗОЕВ Дж.,

научный сотрудник отдела новейшей истории Института истории, археологии и

этнографии им. А. Дониша АН РТ

В статье анализируются некоторые вопросы внешней политики независимого Таджикистана в отечественной историографии. Особое внимание уделено освещению основных векторов внешней политики Таджикистана и роли Основоположника мира и национального согласия-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в ее реализации. Важное значение имеет сотрудничество Таджикистана с государствами СНГ, с международными организациями, а также вопросы осуществления региональной политики независимого Таджикистана.

Ключевые слова: внешняя политика, международное отношение, политические сегменты, таджикская дипломатия, взаимовыгодное сотрудничество, международные организации, суверенитет, дипломатические отношения.

TOPICAL ISSUES OF FOREIGN POLICY OF INDEPENDENT TAJIKISTAN IN THE NATIONAL HISTORIOGRAPHY

Mirzoev J.,

scientific employee of the Department of The newest History of the Institute of History,

Archeology and Ethnography Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan

In the article analyzed some aspects of the foreign policy of independent Tajikistan in domestic historiography . Particular attention is paid to highlighting the main vectors of Tajikistan's foreign policy and the role of the Founder of Peace and National Accord - the Leader of the Nation, the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon in its implementation. Of great importance is the cooperation of Tajikistan with the postsoviet countries, with international organizations, as well as the implementation of the regional policy of independent Tajikistan.

Keywords. Foreign policy, international relations, political segments, Tajik diplomacy, mutually beneficial cooperation, international organizations, sovereignty, diplomatic relations.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.