БАЪЗЕ МАСЪАЛА^ОИ ТАЪРИХИ СИЁСИ ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ТОЧИКИСТОНИ СО^ИБИСТИЦЛОЛ
Чурабек МИРЗОЕВ,
ходими илмии шуъбаи навтарини Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ч,Т
Таърихнигории Точикистон як чузъи чудонопазири таърихнигории чахонй махсуб меёбад.Худи мафхуми «таърихнигорй» хамчун илм хануз дар давраи антикй пайдо шуда, мудом бо илми таърих дар хамбастагй рушду нумуъ мекард.Мухаккикон ин мафхумро бо тарзхои гуногун шарху эзох додаанд, вале кисмати зиёди муаррихон бар онанд, ки «таърихнигорй»-фанни ёридихандаи таърих буда, таърихи илми таърихро меомузад.Таърихнигорй то кадом андоза дуруст будани усули илмиро дар таълифи асархои таърихй тахкик намуда, ба муаллиф, манбаъхои истифодабурдаи у, инчунин сабки эчод, майлу рагбати муаллиф ва ба он, ки таълифоти мазкур барои кадом доираи хонандагон навишта шудааст, диккати асосй медихад.
Баъд аз пош хурдани Иттиходи Шуравй дар фазои пасошуравй давлатхои нави мустакил таъсис ёфтанд. Ин давлатхои навтаъсис дар чахорчубаи бунёди давлатдории хеш таърихро ба хайси яке аз воситахои асосии идеологй карор доданд. Дар натича назарияхои нави таърихй, ки ба тахкими давлатхои навтаъсис ва тартиботхои сиёсии тозаэчод мусоидат мекарданд, ба миён омаданд.
Бояд кайд кард, ки ин назарияхои таърихй на танхо характери сирф идеологй доштанд, балки баъзан тахти таъсири равандхои этносиёсй ва ичтимоию фархангй тагийр мехурданд. Таърихнигорони муосири Осиёи Марказй дар чахорчубаи ин назарияхо, сари масъалаи даврахои асосии таърихи Осиёи Марказй миёни хам бахсхои тулонй созмон доданд. Дар чараёни ин бахсхои шадид аз чониби онхо кисман, баъзан ба тамом таърихнигории шуравй инкор карда мешуд, акидахои нави заминахои таърихй надошта эчод мешуданд, баъзе сахифахои таърих аз нав иншо мегардиданд, санадхои мухим ва ба хамагон маълуми таърихй аз диди нав, нодуруст шарху эзох меёфтанд. Дар натичаи ин бахсхо чамъияти илмии чумхурихои Осиёи Марказиро бухрони шадид фаро гирифт ва рушди минбаъдаи вазъи ба амал омада, ногузир ба боз хам доман густурдани бухрони илми таърих дар минтака оварда мерасонд.Барои бартараф намудани ин бухрон ба назари мо муаррихонро лозим меояд, ки на танхо дар сохаи таърих ва фарханг, балки дар сохаи таърихнигорй низ тахкикотхои бунёдй ва хакикатнигорона ба анчом расонанд. Маколаи мазкур кушишест дар самти таърихнигории Точикистони сохибистиклол ва муаллиф ният дорад, ки дар оянда ин мавзуъро пайгирй намояд.
Дар охири садаи XX, ибтидои садаи XXI дар хаёти сиёсй, иктисодй-ичтимой ва фархангии Точикистон дигаргунихои куллй ба амал омаданд. Точикистон Истиклолияти давлатй ба даст дароварда,ба эъмори сохторхои нави хокимият пардохт. Сохаи илму маориф, аз чумла илми таърихнигориро низ дигаргунихои куллй фаро гирифтанд. Асоси назариявй ва усулии таърихнигории Точикистони шуравиро материализми таърихй ва ё коммунизми илмй, асархои асосгузорони марксизм-ленинизм, сарварони ХКИШ ва ХК Точикистон ва арбобони харакати байналхалкии коммунистй ташкил медоданд. Баъд аз пош хурдани Иттиходи Шуравй амалан тамоми карорхои хизбй, санадхо ва баромадхои сарварони Хизби коммунистй мавриди танкид карор гирифтанд.Материализми таърихй ва коммунизми илмй бошад хамчун фанхои таълимй боздошта шуданд. Аммо таърихнигорй, ки хамеша тобеъи идеологияи хукмрони давр буд, дар замони сохибистиклолй низ наметавонист мустакилона рушд ёбад. Аз ин лихоз, асоси назариявй ва усулии таърихнигории замони истиклолиятро сиёсати пешгирифтаи давлати тозабунёду сохибистиклоли Точикистон, карору санадхо ва баромадхои Асосгузори сулху вахдати миллй- Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ташкил додаанд.
Таърихнигории замони шуравй бо вучуди рушди бемайлон ва тахкикотхои фаровон аз костагихо низ орй набуд.Махсусан дар инъикоси таърихи чумхурихои бародари шуравй, аз чумла Точикистон, мухаккикин ба идеологияи хукмрон такя намуда, арзишхои
миллиро кам ба инобат мегирифтанд.Ин буд, ки баъзе пахлухои таърихи кишварамон дар замони шуравй бо костагихо ва камбудихо инъикос меёфтанд.Аз ин лихоз, истиклолият дар илми таърихнигории точик дигаргунии куллй ба миён овард. Акнун мухаккикон ба сиёсати пешгирифтаи давлати сохибистиклол такя намуда, имкон пайдо карданд, ки бо назардошти арзишхои миллй таърихи Ватану миллати хешро хакикатнигорона инъикос намоянд.Муаррихони замони истиклолият дар хошияи шохасархои таърихии Чдноби Олй, мухтарам Эмомалй Рахмон як микдор корхои вокеан илмиро ба анчом расониданд, ки фарогири хамаи чабхахои хаёти сиёсй, иктисодй-ичтимой ва фархангии Точикистони сохибистиклол мебошанд.
Дар масъалаи таърихнигории хар як давлати сохибистиклол даврабандй ва инъикос намудани хусусияти хоси х,ар як давра яке аз вазифахои асосй ба шумор меравад.
Таърихи сиёсии Точикистони сохибистиклолро ба назари мо метавон ба ду давра чудо кард:
1.Давраи ба даст овардани Истиклолияти давлатй (9-уми сентябри соли 1991),чанги шахрвандй (1992-1997), истикрори сулху вахдати миллй (1994- 27-уми июни соли 1997), фаъолияти Комиссияи Оштии Миллй ва расидан ба сулхи комил (1997 - 2001).
2.Давраи рушду нумуъи Точикистони сохибистиклол (соли 2001 - то имруз).
Давраи аввал аз рузи дар Ичлосияи Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон ба имзо
расидани «Изворот дар бораи Истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон» - 9 -уми сентябри соли 1991 огоз ёфта, давраи мушкилот ва муборизахои сиёсй, паст рафтани иктисодиёт,фарханг ва сатхи ичтимоии чомеа, яъне солхои мудхиши чанги шахрвандй (5 майи соли 1992 - 27-уми июни соли 1997), истикрори сулх ва вахдати миллй (27-уми июни соли 1997), инчунин давраи фаъолияти Комиссияи Оштии Миллй (27-уми июни соли 1997 - то 1-уми апрели соли 2000) ва баъди ба даст омадани сулхи комил дар Ч,умхурии Точикистон, яъне то соли 2001-ро фаро мегирад.
Давраи дуюм давраи рушду нумуъи Точикистони сохибистиклол буда, аз соли 2001-ум огоз меёбад.Ин давраест, ки мардуми Точикистони сохибистиклол дар фазои сулху осоиштаи кишвар аз паи татбик ва амалй намудани сиёсати давлатй ва барномахои Х,укумати Ч,умхурии Точикистон, аз чумла барномаи рушд, ки асосан ба се самт: таъмини амнияти озукаворй, рахой аз бунбасти коммуникатсионй ва таъмини истиклолияти энергетикй нигаронида шудааст, мебошанд.Илова бар ин, ин давра - давраи дарёфти дастовардхои назаррас дар тамоми чабхахои хаёти чомеа, давраи рушди демократия ва бунёди чомеаи шахрвандй, давраи амалисозии лоихахои калон дар сохаи ичтимоиёту иктисодиёт,фархангу маориф,тандурустиву ободонии кишвар ба хисоб меравад.
Дар солхои 90-уми асри ХХ аз чониби муаррихони таърихи халки точик, сиёсатмадорон, рузноманигорон, хукукшиносон ва умуман ахли илми Ч,умхурии Точикистон таълифоти зиёде ба табъ расиданд,ки дар онхо хамаи чабхахои хаёти чомеа инъикос гардидаанд. Дар байни онхо, махсусан таълифоте, ки ба инъикоси сахифаи мудхиши таърихи Точикистони сохибистиклол - чанги шахрвандй (1992-1997) бахшида шудаанд, мавкеи мухим доранд.
Бояд тазаккур дод, ки дар инъикоси вокеахои солхои аввали истиклолият-чанги шахрвандй дар Точикистони сохибистиклол, на танхо муаррихон,балки зиёиёни касбу корхои гуногун, аз чумла журналистон, сиёсатшиносон ва шохидони вокеахо низ даст заданд. Асархои аксари онхо характери хикоятй ва ёддоштй дошта, бо сабабхои гуногун ба муаллифон муяссар нашудааст,ки вокеахои таърихиро илман тахлил намоянд. Хддафи таълифи ин гуна асархо танхо инъикоси вокеахои дида ва шунида буда, муаллифон, заминахо, омилхо, сабабу натичахо ва ахамияти вокеахоро пурра мавриди тахкик карор надодаанд. Сарфи назар аз камбудию костагихо ин таълифотхо аз ахамияти илмй бархурдор буда, дар инъикоси таърихи сиёсии солхои аввали Точикистони сохибистиклол манбаи мухим махсуб меёбанд.
Дар баробари ин асархо дар солхои аввали истиклолият як силсила тадкикотхое низ руи кор омаданд, ки дар инъикоси мачмуии бархурди сиёсй дар чумхурй (1991-1997) манбаи асосй ба хисоб мераванд.[1] Муаллифони онхо кушиш намудаанд, ки вазъияти сиёсии Точикистонро дар солхои 90-уми асри ХХ, харакатхои чамъиятй-сиёсй, созмон ёфтани нахустин махфилхои сиёсй, заминахои ба даст омадани истиклолияти давлатй,
сабабхо ва рафти чанги шахрвандй, мархилахои асосии сулхи точикон, накши Русия ва дигар давлатхои хамсояи минтака дар раванди бахамоии точикон, инчунин накши ташкилоту созмонхои байналхалкй дар истикрори сулх ва вахдати миллии точиконро инъикос намоянд.
Оиди таърихи Точикистони сохибистиклол рисолахои докторй ва номзадй низ дифоъ гардиданд, ки дар онхо чабхахои алохидаи бунёди давлати сохибистиклол тахкик шудаанд. Масалан, дар рисолаи номзадии М.Ганчакова[2] масъалахои вазъи сиёсии Точикистон дар солхои 90-уми асри ХХ, муборизахои сиёсй, харакатхои чамъиятй-сиёсй, таъсиси созмону махфилхо ва хизбхои чамъиятй,чанги шахрвандй ва истикрори сулху вахдати миллй инъикос ёфтаанд. Муаллиф ба масъалаи бархурди сиёсй дар Точикистон, ки таи солхои 1991 - 1997 идома дошт, диккати чиддй дода, заминахо ва сабабхои чанги шахрвандй, хадафу мароми чонибхои даргир, инчунин мархилахои ба сулх расидани точиконро бодиккатона тахлил кардааст.У махсусан ахамияти тачрибаи ба сулху вахдат расидани точиконро кайд карда, зарурияти истифодабарии ин тачрибаро дар мунокишахои сиёсии дигар давлатхо таъкид мекунад. Рисолаи М. Ганчакова боз аз он чихат чолиб аст, ки он нахустин тадкикоти мачмуй дар инъикоси вазъияти сиёсии Точикистони сохибистиклол ба хисоб меравад.
Рисолаи номзадии Д.Урунова[3] низ ба вазъи сиёсии Точикистони сохибистиклол бахшида шуда, дар он масъалахои баркароршавии низоми сиёсии Точикистон баъд аз ба даст омадани истиклолият баррасй гардидаанд.
Дар охири солхои 90-уми карни ХХ таълифоте низ руи кор омаданд, ки характери ёддоштй дошта, аз чониби рохбарони созмону махфилхо, хизбхо ва гуруххои муковиматкунанда ба иншо расидаанд. Ба ин гурух маводхо ёддоштхои А. Сохибназаров [4], С. Кенчаев [5], Н. Дустов [6] Б. Каримов [7]) ва гайрахо дохил мешаванд. Аз бисёр чихат муаллифони ин рисолахо аз хакикати таърихй дур шуда, бештар ба ситоиши фаъолияти хизбу созмонхои хеш ва сиёх кардани харифони сиёсии худ машгул мешаванд. Бо вучуди камбудию костагихо ин таълифотхо дар инъикоси баъзе масъалахои таърихи сиёсии солхои 90-уми карни ХХ манбаи асосй ва ягона ба хисоб мераванд.
Дар фаркият аз асархои ёддоштии зикршуда, маколахои Р.Абулхаев (Сабабхои дохилй ва берунии чанги шахрвандй дар Точикистон // Вопросы новейшей истории таджикского народа.(Сборник избранных статей и публикаций).Часть 2.- Душанбе, 2016.-С.38-46; Даврахои гуфтушуниди байни точикон оид ба оштии миллй //Вопросы новейшей истории таджикского народа.(Сборник избранных статей и публикаций).Часть 2. -Душанбе, 2016. - С.47-110.) вокеан чанбаи илмй дошта, муаллиф дар о^хо чанги шахрвандй ва даврахои гуфтушуниди миёни точиконро инъикос намудааст. У сабабхои дохилй ва берунии чанги шахрвандиро бо назардошти методологияи илмй тахкик намуда, яке аз сабабхои сар задани онро дар мансабталошй ва табдил додани низоми давлатдории дунявй ба динй мебинад.
Бояд тазаккур дод, ки дар инъикоси таърихи сиёсии Точикистони сохибистиклол дар радифи мухаккикони ватанй, мухаккикони хоричй, аз чумла муаррихони Русия низ сахм доранд. Масалан, дар тахкикотхои Р.Бобохонов (Бобохонов Р.С. Гражданская война в Таджикистане (1992-1997). Причины, ход, последствия и уроки //Общественные науки и современность.№3. - 2011. Он же. Некоторые вопросы историографии Таджикистана нового и новейшего времени. - М.,2012.), В.В.Дронов ( Дронов В.В. Международное содействие становлению политической системы независимого Таджикистана: автореферат диссертации кандидата исторических наук: - М. - 2011.) ва В.Носов (Гражданская война в Таджикистане) таърихи сиёсии солхои аввали Точикистони сохибистиклол, заминахо ва сабабхои сар задани чанги шахрвандй, рафти чанг ва окибатхои мудхиши он, инчунин зухур ва ташаккулёбии низоми сиёсии Точикистони сохибистиклол инъикос гардидаанд.Аз ин ру бояд маводхои гирдовардаи онхо бо истифодаи усули мукоисавй бо маводхои мухаккикони ватанй мавриди тахкик ва баррасй карор дода шаванд.
Яке аз масъалахои мухим, ки диккати муаррихон ва умуман ахли чамоаи чахониро ба худ чалб карда буд, раванди гуфтушуниди миёни точикон дар солхои 1994 - 1997 ба хисоб меравад. Ин раванд пеш аз хама аз он чихат чолиб аст, ки нахустин тачрибаест дар
таърихи чахонй, ки бо миёнаравии созмонхои бонуфузи байналхалкй ва ширкати давлатхои кафили минтака бомуваффакиятона анчом пазируфтааст.
Дар давоми солхои 1994 - 1997 байни хукумати расмии Точикистон ва иттиходи мухолифин 8 даври мулокот ва якчанд вохурй дар сатхи олй - миёни Президенти Чумхурии Точикистон - Эмомалй Рахмонов ва рохбари иттиходи мухолифин С.А.Нурй баргузор шуданд. Ин гуфтушунидхо тахти назари СММ ва бо ширкати давлатхои кафил - Россия, Эрон, Казокистон, Киргизистон, Покистон, Туркманистон ва Узбекистан сурат гирифта, натичаи мусбат доданд. Оиди ин масъала хам дар худуди чумхурй ва хам берун аз он таълифотхои зиёде руи кор омаданд. Махсусан ба ин масъала муаррихон диккати чиддй зохир намудаанд. Боиси кайд аст, ки дар рисолаи номзадии Е.В.Белов (Белов Е.В. Исторический опыт переговорного процесса по урегулированию межтаджикского конфликта (1993 - 1997гг.) масъалахои раванди гуфтушунидхои байни точикон, махсусиятхои ин гуфтушунидхо, ширкати давлатхои кафил - Эрон, Афгонистон, Киргизистон, Узбекистон, Казокистон ва Покистон дар ин раванд, хадафу мароми онхо ва махсусан накши СММ ва Россия дар раванди бахамоии точикон хеле дакикназарона тахкик гардидаанд.
Ба масъалахои хамкории харбии Точикистон ва Россия дар солхои аввали истиклолият монографияи С.В.Махонина ( Махонина С.В. Военно - политическое сотрудничество Таджикистана и России (1994-1997гг.).- Душанбе, 1998.) бахшида шудааст. Муаллиф дар ин асари худ аз хамкорихои харбии Точикистону Россия сухан ронда, накши Россияро дар пешгирй кардани мунокишахои харбй ва истикрори сулху вахдати миллии точикон инъикос кардааст.
Бояд тазаккур дод, ки гуфтушунидхои миёни точикон, ки бо ибтикори Президенти Чумхурии Точикистон ва бо миёнаравии созмонхои бонуфузи байналхалкй ва давлатхои кафили минтака дар тули солхои 1994 - 1997 сурат гирифта будаанд, натичаи дилхох ба бор оварданд. 27 -уми июни соли 1997 дар шахри Москва Созишномаи истикрори сулх ва ризоияти миллй дар Точикистон ба имзо расид. Чднги хонумонсузи шахрвандй, ки чони хазорхо точик ва точикистониро ба гирдоби фано кашида буд, хотима ёфт. Дар асоси ин Созишнома 4 -уми июли соли 1997 Комиссияи Оштии Миллй дар хайати 26 нафар олимони шинохтаи Точикистон ва тахти сарварии Саид Абдуллохи Нурй созмон дода шуд. Комиссияи Оштии Миллй 15 -уми сентябри соли 1997 дар шахри Душанбе ба кор огоз кард. Максаду мароми Комиссияи мазкур амалй гардонии шартхои Созишнома ва тахкими сулхи деринтизор буд. Комиссия дар тули кариб се сол вазифахои дар наздаш истодаро бомуваффакиятона ба сомон расонида, 1 - уми апрели соли 2000 - ум фаъолияташро катъ кард. Хдмин тарик, гуфтан мумкин аст, ки дар Точикистон сулхи комил ба даст омад.
Хдмаи ин масъалахои зикршуда дар як катор тадкикотхо аз кабили «Дорога мира» ( Дорога мира (Документы межтаджикских переговоров). - Душанбе, 1997.), асархои И.Усмонов ( Усмонов И.К. Роль международных организации в развитии мирного процесса в Таджикистане // Материалы 111 Международной научно-практической конференции «Интеграция Таджикистана в мировое сообщество». - Душанбе, 1997.), М.Тоштемиров ва З.Саидов ( Тоштемиров М., Саидов З. Дорога мира и согласия. -Душанбе, 1997.) ботафсил дарч гардидаанд. «Дорога мира» характери таърихнигорй ва манбаъшиносй дошта, дар он хуччатхои мухим оиди раванди гуфтушунидхои миёни точикон гирд оварда шудааст. Тахкикотхои И.Усмонов, М.Тоштемиров ва З. Саидов асосан ба мунокишаи байни точикон, раванди гуфтушунидхо, истикрори сулх ва ризоияти миллй, инчунин накши созмонхои байналхалкй ва давлатхои ИДМ дар ба даст омадани ин сулх бахшида шудаанд.
Рочеъ ба давраи рушди Точикистони сохибистиклол (соли 2001 - то имруз) низ тахкикотхои алохида, маколахои илмй ва илмй-оммавй, ки фарогири хамаи самтхои Барномаи рушди Дукумати Ч,умхурии Точикистонанд ба табъ расидаанд. Оиди ин мавзуъ махсусан Паёмхои Президенти Ч,умхурии Точикистон ба Мачлиси Олй маводи хукукмуайянкунанда ба хисоб рафта, ба рушди низоми сиёсии чумхурй мусоидат мекунанд. Илова бар ин як силсила тахкикотхои алохида ( Шарифзода А., Косимй З. Фархундапай. - Душанбе, 2014.-336 с.; Пайвандгар. - Душанбе, 2013.-336 с.;Бунёдкор. -Душанбе, 2013.-336 с.),инчунин маколахои илмй ва илмй-оммавй руи кор омадаанд, ки дар
он^о пахлухои гуногуни рушду нумуи Точикистони сохибистиклол инъикос гардидаанд ва ба назари мо бояд мавриди тахкику баррасии мухаккикон карор дода шаванд.
Яке аз самтхои афзалиятноки фаъолияти давлати Точикистони сохибистиклол сиёсати хоричй мебошад. Баъд аз пош хурдани Иттиходи Шуравй ва ба даст омадани истиклолият Точикистон хамчун субъекти мустакили байналхалкй ба низоми муносибатхои чахонй ворид гардид, ки ин бозгашти давлати точикон баъд аз садсолахо ба арсаи сиёсати байналхалкй буд. Хднуз солхои аввали истиклолият Точикистон аз чониби зиёда аз 40 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, ба узвияти созмонхои бонуфузи чахонй шомил гардид. Аммо ба рушди минбаъдаи муносибатхои хоричии Точикистон чанги шахрвандй, ки бахори соли 1992 огоз ёфт, халал ворид намуд. Раванди ташаккулёбии сиёсати хоричии Точикистон дар шароити вазнини чанги шахрвандй, бухрони ичтимой-иктисодй, норасоии маблаг барои нигохдошти муассисахои хоричй, набудани кадрхои баландихтисоси дипломатй ва мавчуд набудани тачриба ва дурнамои давлатии сиёсати хоричй амалй мегардид.
Рушди нави муносибатхои хоричии Точикистон баъд аз ичлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон ба амал омад. Асосгузор ва рохбари сиёсати хоричии Ч,умхурии Точикистон - Эмомалй Рахмон, ки ба тозагй Раиси Шурои Олй интихоб гардида буд, сиёсати «дархои кушод»-ро дар муносибатхои хоричии Точикистон пиёда сохт.У эълон дошт, ки дархои Точикистон барои тамоми кишвархои дунё, ки нияти баркарор намудани муносибатхои дустона ва судмандро доранд, кушода аст. Вобаста ба ин 28 - декабри соли 1993 дар Ичлосияи XVIII-и Шурои Олии Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон вазъи асосии сиёсати хоричии Точикистонро чунин изхор дошт: «Дар вакти тахия сохтани Консепсияи сиёсати берунии кишварамон мо бояд ба назар бигирем, ки Ч,умхурии Точикистон аз руи махалли чугрофй, мавкеи геополитикй ва манофеи иктисодиаш ба панч хавзаи сиёсй дохил мешавад.
Хавзаи якум Иттиходи Давлатхои Мустакил аст, ки бо вучуди душворихои солхои аввали ташаккулаш, ба суи тахкими равобити хамачихата тамоили ботинй дорад.
Хавзаи дуюм Осиёи Марказист, ки феълан ру ба вахдати иктисодию сиёсй карор дорад.
Хавзаи сеюм фазои зисту амали давлатхои хамсояи форсизабон аст, ки хануз ба ягон иттиходи муштараки сиёсй ё иктисодй нарасида бошанд хам, онхоро на факат хамбастагии таърихй ва мазхабию фархангй, балки дурнамои вокеии рушди миллй ба хам чалб мекунад.
Хавзаи чахорум доираи нуфузи давлатхои мусулмоннишини Шарк аст,ки онхоро на факат ягонагии дину оин, балки имконот ва эхтиёчоти рушди миллй низ ба хам мепайванданд.
Нихоят, хавзаи панчум чомеаи байналмилалист, ки хамбастагии зохирию ботиниаш беш аз пеш кувват мегирад ва хам охиставу пайваста ба суи тамаддуни вохиди умумибашарй рох мепаймояд.»[8]
Сарфи назар аз он, ки оид ба сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол Хуччат ва Карордодхо хеле зиёданд, ташаккул ва рушди муносибатхои хоричй дар адабиёти таърихии ватанй нокифоя инъикос ёфтааст. Таълифотхои мачмуию чамъбастй оиди ин масъала хануз руи кор наомадаанд. Бо вучуди ин тахкикотхое вучуд доранд, ки дар онхо пахлухои алохидаи муносибатхои байналхалкии Ч,умхурии Точикистон тахкик ва баррасй шудаанд. Нахустин тахкикотхо оид ба сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол таълифотхои З.Саидов (Саидов З. Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства (1992-2004гг.) - Душанбе:Контраст,2009.;Внешняя политика РТ на современном этапе (1992-2005гг.) - Душанбе,2006.-560с.), А.Сабуров ( Саидов З.,Сабуров А. Таджикистан на рубеже тысячелетий: реализация национальных интересов на международной арене. -Душанбе:Деваштич,2005.-432с.), А.Шарипов (Шарифзода А.,Косими З. Эмомали Рахмон и мировое сообщество. - Душанбе:Ирфон,2011.-372с.),К.Юлдошев ( Эмомали Рахмонов - основатель дипломатии и внешней политики суверенного Таджикистана. -Душанбе:Ирфон,2001.-95с.), М.Тоштемиров ( Тоштемиров М., Саидов З. Президент Рахмонов: человек и политик. - Алмата:КИТК, 1997.-79с.; По меридианам дружбы. Политика открытых дверей Эмомали Рахмона. - Душанбе: Шарки озод, 2010.-247с.) ба хисоб мераванд. Тахлили таърихнигории ин асархо шаходат медихад, ки сахми ин муаллифон пеш аз хама дар гирдоварии мачмуи зиёди маводи санадй оид ба муносибатхои хоричй буда, дар онхо
шаклгирии тамоюлхои асосии сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол дар шароити вазнини чанги шахрвандй (1992-1997) ва вазъи ноороми чахонй инъикос шудаанд.
Дар таърихнигории сиёсати хоричии Точикистони сохибистиклол асархо ва маърузаю суханронихои Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон, ки дар онхо дастовардхои асосии халки точик дар солхои аввали истиклолият тачассум ёфта, самтхои асосии сиёсати хоричии кишвар муайян гардидаанд, мавкеи асосиро ишгол менамоянд[9]. Дар онхо рохбари давлат асосхои консептуалии сиёсати хоричии кишвар ва тамоюлхои асосии муносибатхои байналхалкии Точикистони мустакилро инъикос намудааст.
Илова бар ин дар охири солхои 90-ум як катор вокеахое рух доданд, ки ба болоравии нуфузи байналхалкии Президенти кишварамон боис гардиданд. Дар соли 1999 у аввалин шуда аз чумлаи рохбарони давлатхои ИДМ мачлиси ифтитохии ичлосияи 54-уми Ассамблеяи Генералии СММ-ро рохбарй кард ва дар байни сиёсатмадорони чахон нахустин шуда бо «Ситораи тиллой»-и Алберт Швейтсер мукофотонида шуд.
Дар иртибот ба ин дар адабиёти таърихй ва илмии кишвар тахкикотхое руи кор омаданд, ки ба инъикоси фаъолияти муваффаки сиёсати хоричии Президенти Ч,умхурии Точикистон - Эмомалй Рахмон бахшида шудаанд. Дар байни онхо махсусан асархои З.Саидов, А.Сабуров, А.Шарипов, М.Тоштемиров, К.Юлдошев хеле чолибанд. Дар тадкикотхои якчояи З.Саидов ва А.Сабуров, инчунин А.Шарифзода ва С.Фаттоев, С.Шамсиддинов, ЗДосимй ( Президент. - Душанбе: «Ирфон»,2011.-372с.; Эмомалй Рахмон...(10 чилд). - Душанбе: «Ирфон», 2011.) тамоми вокеахо ва санадхои фаъолияти сиёсати хоричии Президенти кишвар - Эмомалй Рахмон муфассал тасвир ёфтаанд. Дар ин чода китоби А.Шарифзода ва А. Еафуров «Начотбахши миллат» (Душанбе, с.2012) - ро махсус кайд кардан ба маврид аст. Муаллифон дар асархои худ ба фаъолияти у хамчун Асосгузори сиёсати хоричии кишвар бахои баланд дода, кайд кардаанд,ки махз бо ибтикори рохбари давлат муносибатхои судманд ва дучониба дар минтака ва дар худуди ИДМ, инчунин бо кишвархои хоричи дур тахким ва густариш ёфтанд.
Хдмин тавр, ба назари мо маводи дар зарфи 25-соли истиклолият фарохамомада, зиёда аз он тахлили таърихнигории онхо имконият медиханд, ки дар боби таърихнигории Точикистони сохибистиклол тахкикоти комил ва мачмуй анчом дода шавад.
САРЧАШМАХР
1. Бушков В.П., Микульский Д.В. Анатомия гражданской войны в Таджикистане. -М.,1997; Каюмов Н.К. «Локомотивы» преодоления системного кризиса в Таджикистане //Материалы семинара «Проблемы выживания и устойчивого развития Таджикистана». - Душанбе, 1996; Мамадазимов А. Новый Таджикистан: вопросы становления суверенитета. - Душанбе, 1996; Масов Р.М. Россия и Таджикистан //Россия в исторических судьбах таджикского народа. - Душанбе, 1998.
2. Ганджакова М.Г. Политическая история Таджикистана 90-х годов ХХ века.: автореферат диссертации кандидата исторических наук. - Душанбе, 2015. - 26с.
3. Урунова Д.А. Становление новой политической структуры в Республике Таджикистан, 1991-1997гг.: автореферат диссертации кандидата исторических наук.-Душанбе, 1998.-26 с.
4. Сахибназаров А. Рассвет, поглащающий звезды. - Душанбе, 1997. - 310с. (на тадж.яз.).
5. Кенджаев С.К. Переворот в Таджикистане. - Душанбе,1996.
6. Дустов Н. Захм ба чисми Ватан. - Душанбе: Ирфон, 1994.
7. Каримов Б.Б. Дар гирдоби зиндагй. Ёддошт, маколахо, мусохибахо. - М.: ТОО «Можайск - Терра», 1995.- 192 с; он же: Фарёди солхо.-М.: Трансдорнаука, 1997,-1104 с.
8. Шарифзода А., ^осимй З. Эмомалй Рахмон ва чомеаи чахон. - Душанбе: Ирфон, 2011. -С.4-5.
9. Рахмонов Э.Ш. Юбилей независимости и второй форум таджиков. - Душанбе,1993.; Таджикистан на пороге будущего//Сборник выступлений Президента РТ в СМИ России. - М.,1997.; Наша цель - национальное единство. - Душанбе,1997.; Таджики в зеркале истории. - Душанбе, 1998.; Независимость Таджикистана и возрождение нации (в 8 т.) - Душанбе: Ирфон, 2006.
Дар макола баъзе масъалахои умдаи таърихнигории таърихи сиёсии Точикистон дар охири асри ХХ - огози асри XXI мавриди тахлил карор гирифтаанд. Дар он ба инъикоси вокеахои сиёсй, ба монанди ба даст овардани истиклолият, чанги шахрвандй, истикрори сулх ва вахдати миллй дар чомеа, масъалахои баркароркунй ва рушди кишвар баъд аз мунокишахо диккати махсус дода шудааст. Инчунин ба масъалаи даврабандии таърихнигории Точикистони сохибистиклол ва махсусан ба сиёсати хоричии он ахамияти хоса дода мешавад.
Калидвожауо: Таърихнигорй, истиклолият, эъломия, изворот, цанги шахрвандй, созмонхои байналхалкй, мауфилуои сиёсй, бархурди сиёсй, раванди гуфтушуниди байни тоцикон, истщрори сулу ва ризоияти миллй, Комиссияи Оштии миллй, сиёсати хорицй, уавзауои сиёсй.
НЕКОТОРЫЕ ВОПРОСЫ ПОЛИТИЧЕСКОЙ ИСТОРИИ В ИСТОРИОГРАФИИ НЕЗАВИСИМОГО ТАДЖИКИСТАНА
Джурабек МИРЗОЕВ,
научный сотрудник отдела новейшей истории Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша Академии наук Республики Таджикистан.
В статье анализируются некоторые вопросы историографии политической истории Таджикистана конца ХХ-начала XXI вв. Особое внимание уделено освещению таких политических событий как приобретение суверенитета, гражданской войны, достижения мира и согласия в таджикском обществе, постконфликтное восстановление и развитие страны. Важное внимание уделено периодизации историографии независимого Таджикистана и в особенности в его внешней политике.
Ключевые слова: историография, независимость, декларация, заявление, гражданская война, международные организации, политические объединения, политическое противостояние, переговорный процесс, достижение мира и согласия, Комиссия примирения, внешняя политика, политический процесс.
SOME QUESTIONS HISTORIOGRAPHY INDEPENDENCE
OF TAJIKISTAN
Jurabek MIRZOYEV,
research in the Department of the recent history of the A. Donish Institute of history,
archaeology and ethnography AS RT
The article examines some of the issues Tajik political history of the historiography of the late twentieth and early twenty-first centuries. Particular attention is paid at the coverage of political events such as the acquisition of sovereignty, civil war, peace and harmony in Tajik society, post-conflict reconstruction and development of the country. Great attention is paid at the periodization of the historiography of independent Tajikistan.
Keywords: Historiography, independence, the declaration, the civil war, international organizations, political organizations, political opposition, the negotiation process, the achievement ofpeace and harmony, reconciliation commission, foreign policy, political process.