Научная статья на тему 'ОСВЕЩЕНИЕ СОТРУДНИЧЕСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН И РОССИЙСКОЙ ФЕДЕРАЦИИ В КОНЦЕ XX - НАЧАЛЕ XXI ВВ.'

ОСВЕЩЕНИЕ СОТРУДНИЧЕСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН И РОССИЙСКОЙ ФЕДЕРАЦИИ В КОНЦЕ XX - НАЧАЛЕ XXI ВВ. Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
84
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВНЕШНЯЯ ПОЛИТИКА / МЕЖДУНАРОДНЫЕ ОТНОШЕНИЯ / ВОЕННОЕ ПРИСУТСТВИЕ / ВОЕННО-ПОЛИТИЧЕСКОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО / ВЗАИМОВЫГОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО / МЕЖДУНАРОДНЫЕ ОРГАНИЗАЦИИ / СУВЕРЕНИТЕТ / ДИПЛОМАТИЧЕСКИЕ ОТНОШЕНИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мирзоев Джурабек Абдулович

В статье анализируются сотрудничество Республики Таджикистан и Российской Федерации в конце ХХ - начале XXI вв. в освещении отечественных историографов. Особое внимание уделено освещению основных векторов политического, экономического и культурного сотрудничества Таджикистана и России и роли Основоположника мира и национального согласия - Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в этом направлении. Важное значение имеет гуманитарное сотрудничество Таджикистана с Российской Федерацией.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

COVERAGE OF COOPERATION BETWEEN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN AND THE R USSIAN FEDERA TION IN THE LA TE TWENTIETH AND EARL Y TWENTY-FIRST CENTURIES

The article analyzes the cooperation of the Republic of Tajikistan and the Russian Federation in the late twentieth and early twenty-first centuries from the views of domestic historiographers. Particular attention is paid to highlighting the main vectors of political, economic and cultural cooperation between Tajikistan and Russia and the role of the Leader of the Nation and the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon in this direction. Tajikistan's humanitarian cooperation with the Russian Federation is of great importance.

Текст научной работы на тему «ОСВЕЩЕНИЕ СОТРУДНИЧЕСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН И РОССИЙСКОЙ ФЕДЕРАЦИИ В КОНЦЕ XX - НАЧАЛЕ XXI ВВ.»

ИНЪИКОСИ^АМКОРЩОИ МИРЗОЕВ Чурабек Абдулович,

ЦУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини

БО ФЕДЕРАТСИЯИРОССИЯ Институти таърих, бостоншиноси ва

ДАР ОХИрИ АСрИXX- мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ Цумхурии

ИБТИДОИ АСрИХХ1 Тоцикистон, (Тоцикистон, Душанбе).

ОСВЕЩЕНИЕ СОТрУДНИЧЕСТВА МИРЗОЕВ Джурабек Абдулович, РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН И научный сотрудник отдела новейшей истории РОССИЙСКОИфЕДЕрАЦИИ В Института истории, археологии и этнографии КОНЦЕХХ-НАЧАЛЕХХ1ВВ. имени А. Дониша АН Республики Таджикистан,

(Таджикистан, Душанбе).

COVERAGE OF COOPERATION MIRZOEV Jurabek Abdulovich,

BETWEEN THE REPUBLIC OF scientific offiser of the Department of newest History of

TAJIKISTAN AND THE RUSSIAN the Ahmad Donish Institute of history, archaeology and

FEDERATION IN THE LATE ethnography, Academy of Sciences of the Republic of

TWENTIETH AND EARL Y Tajikistan, (Tajikistan, Dushanbe)

TWENTY-FIRST CENTURIES. E-MAIL: mirzoev-dzhurabek@mail.ru

Калидвожа^о: сиёсати хорицй, муносибатуои байналхалцй, ширкати уарбй, уамкориуои уарбй-сиёси, уамкории дутарафаи судманд, созмощои байналхалцй, истицлолият, муносибатуои дипломатй.

Дар мацола уамкориуои фарроху домангустурдаи Чумуурии Тоцикистон ва Федератсияи Руссия дар инъикоси таърихнигорони ватани мавриди таулил царор гирифтааст. Муаллиф махсусан ба инъикоси самтуои асосии уамкориуои муштараки сиёси, ицтисоди ва фаруангии Тоцикистону Россия, ки ибтидои онуо ба умци асруо - давраи мавцудияти давлати Сомониёну Руси Киевй рафта мерасад ва фаъолияти муваффаци байналхалции асосгузори сиёсати хориции давлати тозабунёди тоцикон, Асосгузори сулуу ваудати милли - Пешвои миллат, Президенти Чумуурии Тоцикистон, муутарам Эмомали Раумон дар ин самт дищати махсус додааст. Илова бар ин, ба масъалаи уамкории дутарафаи судманди фаруангии Тоцикистону Россия, ки мавриди таулилу баррасии таърихнигорони ватани царор гирифтааст, ауамияти хоса дода мешавад.

Ключевые слова: внешняя политика, международные отношения, военное присутствие, военно-политическое сотрудничество, взаимовыгодное сотрудничество, международные организации, суверенитет, дипломатические отношения.

В статье анализируются сотрудничество Республики Таджикистан и Российской Федерации в конце ХХ - начале XXI вв. в освещении отечественных историографов. Особое внимание уделено освещению основных векторов политического, экономического и культурного сотрудничества Таджикистана и России и роли Основоположника мира и национального согласия - Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в этом направлении. Важное значение имеет гуманитарное сотрудничество Таджикистана с Российской Федерацией.

Key words: foreign policy, international situation, military presence, military-political cooperation, mutually beneficial cooperation, international organizations, sovereignty, diplomatic relations.

The article analyzes the cooperation of the Republic of Tajikistan and the Russian Federation in the late twentieth and early twenty-first centuries from the views of domestic historiographers. Particular attention is paid to highlighting the main vectors of political, economic and cultural cooperation between Tajikistan and Russia and the role of the Leader of the Nation and the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon in this direction. Tajikistan's humanitarian cooperation with the Russian Federation is of great importance.

Пас аз дастоварди истиклолият, Хукумати Ч,умх,урии Тоцикистон тибки дастуру нишондодхои Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоцикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон амал намуда, дар сиёсати хориции хеш муносибатхои дутарафа ва бисёрсамтаи босуботу судмандро пеш аз хама бо давлатхои аъзои Иттиходи

Давлатхои Мустакил густариш дод. Хануз дар солхои аввали истиклолият Э. Рахмонов дар яке аз мусохибахо бо рузноманигори мачалаи «Россия» Ю. Кушко инкишофи бемайлони муносибатхои байналхалкиро дар доираи давлатхои пасошуравй барои Точикистон афзалиятнок хисобида, чунин таъкид мекунад: «Точикистон ба тахкими муносибатхои байнидавлатй дар чорчуби Иттиходи Давлатхои Мустакил, пеш аз хама бо Россия ахамияти хоса зохир менамояд» [18, 253]. Сипас Сарвари давлат Э. Ш. Рахмонов дар ичлосияхои Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттахид дар солхои 1993-1997 баромад намуда, самтхои асосии сиёсати хоричии Чумхурии Точикистонро муайян кард. Хамчунин 30 сентябри соли 1994 зимни суханронй дар ичлосияи 49-уми Ассамблеяи Генералии СММ афзалиятнок будани муносибатхои Ч,умх,урии Точикистонро бо кишвархои аъзои ИДМ иброз дошта, ахамияти ду самти фаъолияти хукуматро дар чорчуби Иттиходи Давлатхои Мустакил таъкид кард, ки манзури у муносибатхои муштараку судманд бо Россия ва давлатхои Осиёи Марказй буд [20, 10].

Масъалаи тахким ва тавсеаи муносибатхои Ч,умхурии Точикистон бо давлатхои аъзои ИДМ, бахусус Россия, пеш аз хама, дар гузоришу баромадхо ва шохасархои Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон [12-17], асари бунёдии «История таджикского народа», ки як боби он ба сиёсати хоричии Ч,умхурии Точикистон бахшида шуда, аз чониби мухаккики намоён В.В. Дубовитский [2] ба анчом расидааст, инчунин дар аксар таълифоти мухаккикони ватанй ва хоричй инъикос гардидааст. Дар ин росто махсусан асару маколахои Р. Масов [4], В. Махонина [6], Б. В. Белов [1], X,. Пирумшоев [11], М. Наимов ва А. Сатторов [8], Н.М. Мирзоев [7], З. Сайидзода [19], П. А. Пирназарова [9] ва бисёр дигаронро ном бурдан мумкин аст. Муаллифони мазкур дар асархои хеш бо назардошти он, ки кишвархои аъзои ИДМ дар гузаштаи начандон дур шомили як низоми вохиди сиёсй ва иктисодй буда, шахрвандони ин чумхурихоро риштахои махками умумияти ичтимоию фархангй мепайвандад, таъкид кардаанд, ки дар ин мархилаи барои Точикистон мураккаб, нигох доштан ва тавсеа бахшидани муносибатхо бо соири давлатхои аъзои ИДМ, хоса бо Федератсияи Россия хеле мухим буд.

Рохбарони давлати тозаистиклоли Точикистон шароитхои таърихии ба вукуъ пайвастаро хуб дарк карда, хануз 21 декабри соли 1991 ба аъзогии ИДМ, ки 8 декабри хамон сол дар зимни як нишасти сарони се давлати собик Шуравй - Россия, Украина ва Белорусия дар бешазори Беловежск созмон ёфта буд, шомил гардиданд. Ч,умхурии Точикистон бо Федератсияи Россия бошад, хануз аз 8 апрели соли 1992 муносибатхои дустонаи дипломатй баркарор кард. Дар тули солхои 1992 - 2017 миёни Ч,умхурии Точикистон ва Федератсияи Россия анкариб 250 шартномахои байнидавлатй, байнихукуматй ва байнисохавй, ки хамкорихоро дар сохаи харбй-сиёсй, иктисодй ва фархангй ба танзим медароранд, ба имзо расид. Ба акидаи В.В. Дубовитский хуччати муайянкунандаи муносибатхои Точикистону Россия «Шартнома оиди дустй, хамкорй ва ёрии байнихамдигарй», ки 25 майи соли 1993 ба имзо расида, минбаъд дар «Шартнома оид ба хамкории муштарак миёни Федератсияи Россия ва Ч,умхурии Точикистон» аз 16 апрели соли 1999 такмил ёфта буд, махсуб меёбад [2, 620].

Лозим ба зикр аст, ки яке аз самтхои мухими хамкорихои миёни Точикистон ва Россия хамкорихои харбй-сиёсй ба хисоб меравад. Дар ин чода сухан ронда бояд кайд кунем, ки дар зимни таксимоти ^уввахои Мусаллахи Иттиходи Шуравй Точикистон бенасиб монда буд. Ч,ониби Точикистонро лозим омад, ки ба таври фавкуллода, танхо бо ёрии бевоситаи Федератсияи Россия Артиши Миллии хешро созмон дихад. Илова бар ин, ба акидаи академик Р.Масов ширкати харбии Россия барои ташкил ва неруманд намудани куввахои мусаллахи миллй шароитхои мусоид фарохам овард [4, 218].

Бояд тазаккур дод, ки афзалияти ширкати харбии Россияро дар Точикистон хануз соли 1998 академик Р.Масов дар маколаи хеш «Россия и Таджикистан» [5] кайд карда буд. Ба акидаи у хузури чузъу томхои артиши Россия Точикистонро аз хучуми эхтимолии хоричй начот дод [5, 25].

Рочеъ ба мухимияти нигохдошти муносибатхои дучониба бо Россия таърихнигори барчастаи точик X. Пирумшоев бархак кайд кардааст, ки харчанд Точикистони сохибистиклол аз мадди назари созмонхои бонуфузи байналхалкй, махсусан СММ дур намонда бошад хам, дар ин вазъияти барои чумхурй нихоят вазнин, ки хавфи аз байн рафтани давлат ва якпорчагии худудй ба миён омада буд, нигох доштани хамкорихои зич бо Россия хеле мухим ва такдирсоз буд [11, 252].

Ба масъалахои хамкории харбии Точикистон ва Россия дар солхои аввали истиклолият монографияи В. Махонина [6] низ бахшида шудааст. Муаллиф дар ин асари худ аз хамкорихои харбии Точикистону Россия сухан ронда, накши Россияро дар пешгирй кардани мунокишахои харбй ва истикрори сулху вахдати миллии точикон инъикос кардааст.

Ба накши ширкати харбии Россия дар солхои аввали истиклолият бахои баланд дода, З. Сайидзода аз чумла чунин кайд менамояд: «Хузури нерухои хифзи сулхи Россия ва сархадбонони

россиягй дар марзи Точикистону Афгонистон боло гирифтани хушунатро дар мамлакат чилавгирй намуд» [19, 74]. У равобити дучонибаи сиёсй, иктисодй-ичтимой ва фархангиро бо давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил яке аз самтхои мухимтарини сиёсати хоричии Точикистон арзёбй намуда, хамкорихои мустаким ва густурдаи Точикистонро бо хар яке аз ин давлатхо мушаххасан инъикос намудааст [19, 72-110].

П. А. Пирназарова дар таълифоти «Таджикистан - Россия: Сотрудничества во имя будущего» [9] шароитхои таърихй ва омилхои асосиеро, ки Точикистонро бо Федератсияи Россия мепайваст ба инобат гирифта, аз чумла кайд менамояд, ки баркарор намудани муносибатхои дипломатй бо Федератсияи Россия кадами конунй на танхо дар рохи эмин доштани якпорчагии худудй ва дигар хатархои беруние, ки Точикистонро баъд аз ба даст овардани истиклолият пайгирй мекарданд, махсуб меёбад, балки барои тахкими алокахои бисёрасра ва таърихй дар байни халкхои ду давлати бародар низ кумак мерасонад. Махз бо миёнаравй ва ёрии бевоситаи Федератсияи Россия чанги шахрвандй дар Точикистон ба анчом расид, сулх баркарор гардид ва фирориён ба ватан баргаштанд. Барои Точикистони сохибистиклол Россия иттифокчй ва шарики асосии стратегй ба хисоб меравад [9, 5]. Дар чои дигар муаллиф овардааст, ки дар хамчоягй бо Россия амал карда, Точикистон метавонад аз хатари берунй - тероризми байнахалкй, экстремизм, кочоки маводи нашъаовар ва дахолати харбии гуруххои экстремистй аз чониби Афгонистон эмин бошад, ки хак ба чониби уст [9, 7]. Зеро баъд аз баромадани артиши Шуравй аз худуди Афгонистон дар соли 1989, кисмати зиёди Афгонистонро гуруххои экстремистй ва ифратгарои «Толибон» ба зери тассаруфи худ дароварданд. Нохияхои шимолии Афгонистонро чангиёни Ахмадшохи Масъуд, Гулбиддин Хикматёр ва генерал Дустум дар ихтиёр доштанд. Мучохидони афгон кайхо орзуи таъсиси давлати «Точикистони Бузург» - ро, ки бояд Афгонистон, Точикистон ва нохияхои точикнишини Узбекистону Чинро фаро мегирифт, доштанд. Бо ин максад дар нохияхои сархадй шумораи зиёди чангиён ва дигар гуруххои экстремистию ифротгаро гирд омада буданд. Ба акидаи сарвазири онвактаи Точикистон А. Абдуллочонов дар Афгонистон 10 лагер барои тайёр кардани чангиёни точик мавчуд буд [3]. Хавфи дахолати бевоситаи харбии мучохидони афгон ба миён омада буд. Танхо мавчудияти чузъу томхои артиши Россия харакати минбаъдаи мучохиддинро ба хоки Точикистон нигох медошт.

Самти дигари хамкорихои густурда миёни Чумхурии Точикистон ва Федератсияи Россия дар охири асри ХХ - ибтидои асри XXI, ки таваччухи мухаккиконро бештар ба худ чалб кардааст, хамкорихои фархангй махсуб меёбад. Бояд зикр кард, ки дар ин чода низ асару маколоти зиёде руи кор омадаанд, ки пахлухои гуногуни ин хамкорихои фарроху домангустурдаи фархангиро мавриди тахкику баррасй карор додаанд. Дар ин росто, бахусус асару маколоти доктори илмхои таърих Н.М. Мирзоевро ёдрас шудан бамаврид аст. У дар маколаи «Хамкорихои гуманитарии Точикистону Россия дар даврони истиклолият» [7] кайд мекунад, ки дар низоми хамкорихои дучонибаи Точикистону Россия хамкорихои гуманитарй мавкеи хоса доранд. Ба акидаи мавсуф асоси хукукии хамкорихои фархангии Точикистону Россияро Шартнома миёни хукумати Чумхурии Точикистон ва Федератсияи Россия оид ба хамкорихои муштарак дар сохаи фарханг, илм ва техника, иттилоот, варзиш ва саёхй аз 19 сентябри соли 1995, ки бахри нигохдошти фазои ягонаи илму маориф, фарханг ва гуманитарй миёни ин кишвархо равона шудааст, ташкил медихад [7, 48].

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси ин Шартнома муносибатхои муштараки фархангии Точикистону Россия боз хам чонноктар гардида, дахахои фарханг ва адабиёт, ки рисолати муаррифии фархангу адабиёти гании ин кишвархоро бар душ доранд, солхои 1997, 1999, 2004, 2005, 2008, 2014 ва 2016 баргузор гардиданд.

Ба акидаи Н.М. Мирзоев Россия дар тайёр кардани кадрхои баландихтисоси сохаи санъати театрй ва синамо бо Чумхурии Точикистон хамкорихои густурда дошта, шахрвандони ин кишварро барои тахсил кардан дар донишгоххои олии фарханг ва санъати Россия равона месозад [7, 48].

Лозим ба зикр аст, ки ба масъалаи хамкорихои густурдаи Точикистону Россия дар сохаи синамо ва санъати театрй мухаккики чавон П.А. Пирназарова низ таваччух зохир намуда, дар маколаи «Точикистон - Россия: уфукхои хамкории таърихй дар сохаи фарханг» [10] кайд менамояд, ки бо чурми чанги шахрвандй синамои точикро дар охири асри ХХ бухрони шаддид фаро гирифта, чехрахои мондагори синамои точик, аз чумла В. Ахадов, Б. Содиков, Б. Худоназаров, М. Юсупова, П. Ахматов, Ч,. Усмонов, М. ^осимова, Ч. Мансуров, Ф. Абдуллоев, Р. Ахадов ва бисёр дигарон мачбур шуданд, ки Точикистонро муваккатан тарк намоянд. [10, 66]. Дар хакикат, «Точикфилм», ки дар даврони шуравй рисолати истехсоли филмхоро бар душ дошт, амалан дигар филм истехсол намекард. Илова бар ин, базаи техникии «Точикфилм» ба меъёрхои чахонй чавобгу набуд. Холати ба амал омада Президенти кишварро низ ба ташвиш оварда буд, ки у дар зимни вохурй бо зиёиён -

20 марти соли 2001вазъи баамаломадаро таъкид намуда, аз Х,укумати чумхурй котеъона талаб кард, ки чихати баркарор намудани синамои точик пайваста талош варзад.

Ба акидаи П.А. Пирназарова рушди минбаъдаи синамои точик танхо баъд аз таъсис ёфтани киностудиями гайридавлатй, ки аз тачрибаи пешкадами чахонй бархурдор буданд ва хамкории онхо бо ширкатхои синамои Россия, аз чумла «Ввысь» имконпазир гардид [10, 67]. Муаллиф мархилахои рушди синамои точикро дар хамкорй бо ширкатхои синамои Россия баён намуда, кайд менамояд, ки синамогарони точик тули 20 сол дар фестивалхои байналхалкй ва Россия ширкат дошта, сохиби чоизахо гардиданд. Айни замон синамогарони точик кушиш доранд, ки дар хдмкорй бо ширкатхои синамои рус кинофилмхое истехсол намоянд, ки на танхо дар кишвархои пасошуравй, балки дар як катор кишвархои хоричи дур низ макбул гарданд.

Бояд зикр кард, ки яке аз самтхои афзалиятноки хамкорихои гуманитарии Точикистону Россия сохаи маориф махсуб меёбад, ки аз назари мухаккикон дур намондааст. Ба ин масъала мухаккикон В.В. Дубовитский [2] ва Н.М. Мирзоев [7] таваччух зохир намуда, хамкорихои фарроху гуногунпахлуи Точикистону Россияро дар сохаи маориф тахкик ва баррасй намудаанд. Ба акидаи онхо дар заминаи ин хамкорихо хануз дар соли 1996 дар шахри Душанбе Донишгохи славянии Русияву Точикистон ба фаъолият огоз кард, ки алъон чор хазор донишчуро аз руи 13 ихтисос ба тахсил фаро гирифтааст [7, 48]. Омили дигари тахкими хамкорихои густурдаи муштарак дар сохаи маориф, дар Точикистон ба фаъолият огоз кардани филиалхои Донишгоххои пешбари Россия -Донишгохи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов, Донишгохи технологии «МИСИС», Донишкадаи энергетикии Москва ба хисоб меравад.

Х,амин тавр, аз тахлили таърихнигории адабиёти мавчуда чунин хулоса бардоштан мумкин аст, ки хамкорихои муштараки сиёсй, иктисодй ва фархангии Точикистону Россия, ки ибтидои онхо ба умки асрхо - давраи мавчудияти давлати Сомониён ва Руси Киевй рафта мерасад, имруз низ дар холи рушд ва тавсеа карор дорад ва ин робитахоро мархилахои наву созанда дар пеш аст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Белов Б. В. Россия и межтаджикское урегулирование // Россия в исторических судьбах таджикского народа. - Душанбе: Шарци озод, 1998. -156с.

2. Дубовицкий В. В. Внешняя политика Республики Таджикистан (1991-2010 гг.) // История таджикского народа. В 6 томах. Т.6.- Душанбе: Дониш, 1998-2011.- 615-669.

3. Кузьмин А. Проблемы «Ближнего зарубежья». Уроки Таджикистана. [Электроныйресурс].

4. Масов Р. Актуальные проблемы историографии и истории таджикского народа. - Душанбе, 2005. -288с.

5. Масов Р. М. Россия и Таджикистан // Россия в исторических судьбах таджикского народа. -Душанбе: Шарци озод, 1998. - 156с.

6. Махонина В. Военно-политическое сотрудничество между Россией и Таджикистаном в 1993-1999 годы. - Душанбе, 1999. - 168с.

7. Мирзоев Н.М. Российско-Таджикское гуманитарное сотрудничество в годы независимости // Вестник Таджикского национального университета. - Душанбе: «Сино», 2017. - 46-51.

8. Наимов М., Сатторов А. Россия и Таджикистан. - Душанбе, 2004.

9. Пирназарова П. А. Таджикистан - Россия: Сотрудничества во имя будущего. - Душанбе: «Ирфон», 2011. -200с.

10. Пирназарова П.А. Тоцикистон - Россия: уфуцуои уамкории таърихи дар соуаи фаруанг //Вестник Таджикского национального университета. - Душанбе: «Сино», 2017. - 66-71.

11. Пирумшоев X. Таджикистан - Россия: Исторический опыт сотрудничества в 90-е годы и его перспективы // Концептуальные вопросы истории и историографии таджикского народа. (Сборник статей). Часть 1. - Душанбе: Ирфон, 2014. - 528с.

12. Рахмон Э. Таджики в зеркале истории. Книга первая. От Арийцев до Саманидов. -Лондон, 1999.

13. Рах,мон Э. Тоцикистон: дар рохи цомеаи мутамаддин (Таджикистан: на пути цивилизационного общества). - Душанбе, 1996.

14.Рахмон Э. Таджикистан: десять лет независимости и национального единства. В 4 томах. -Душанбе: Шарки озод, 2001.

15.Рахмон Э. Независимость Республики Таджикистан и возрождение нации. В 7 томах. -Душанбе: Шарки озод, 2002-2009.

16. Рахмон Э. Исти^лолияти Тоцикистон ва эуеи милли (Независимость Таджикистана и национальное возрождение). В 7 томах. -Душанбе: Шарки озод, 2002-2008.

17. Рахмон Э. Ответы на вопросы великобританского издания «Мировой государственный деятель» 1996г., январь // Тысяча лет в одну жизнь (сборник выступлений, речей, интервью и статей). -Душанбе, 2003. - 374с.

18. Рахмонов Э. Ш. Интервью корреспонденту газеты «Россия» Ю. Кушко // Тысяча лет в одну жизнь (сборник выступлений, речей, интервью и статей). - Душанбе, 2003. - 374с.

19. Сайидзода З. Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалй Раумон: бозгашти давлати миллии тоцикон ба арсаи сиёсати цауонй. - Душанбе: «Контраст», 2016. - 216с.

20. Саидов З. Таджикистан на рубеже тысячелетий: реализация национальных интересов на международной арене// Саидов З., Сабуров А. - Душанбе: Деваштич, 2005. -432с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.