Научная статья на тему 'On the issue of study the relationship of Tajikistan Republic between Persian-speaking countries in Modern historiography'

On the issue of study the relationship of Tajikistan Republic between Persian-speaking countries in Modern historiography Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
1832
108
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НЕЗАВИСИМОСТЬ / ВНЕШНЯЯ ПОЛИТИКА / ДИПЛОМАТИЯ / ДВУХСТОРОННИЕ ОТНОШЕНИЯ / МЕЖДУНАРОДНЫЕ ОРГАНИЗАЦИИ / ПОЛИТИЧЕСКОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО / ДОБРОСОСЕДСКИЕ ОТНОШЕНИЯ / INDEPENDENCE / FOREIGN POLICY / DIPLOMACY / BILATERAL RELATIONS / INTERNATIONAL ORGANIZATIONS / POLITICAL COOPERATION / GOOD-NEIGHBORLY RELATIONS / ИСТИќЛОЛИЯТ / СИѐСАТИ ХОРИљї / МУНОСИБАТњОИ ДУљОНИБАИ СУДМАНД / СОЗМОНњОИ БАЙНАЛХАЛќї / њАМКОРИњОИ СИѐСї / њУСНИ ТАФОњУМ / МУНОСИБАТњОИ НЕКИ њАМСОЯГї

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Мирзоев Дж.

В статье анализируются различные аспекты взимоотношения Таджикистана с персоязычными странами, которые является приоритетным направлением во внешней политике Республики Таджикистан и были проанализированы и освещены в статьях исследователей. В ней автор уделяет особое внимание на политический, научно-культурный аспекты проблемы, которые исторически связывают народов персоязычного мира и имеют историческую общность. Кроме того, в статье проанализированы труды иранских и афганских исследователей, которые затрагивают различные направления взаимоотношения с Республикой Таджикистан.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Вопросы изучения взаимоотношения Республики Таджикистан c персоязычными странами в современной историографии

The article analyzes various aspects of the relationship between Tajikistan and Persian-speaking countries, which is a priority in the foreign policy of the Republic of Tajikistan and have been analyzed and highlighted in the articles of researchers. In it the author pays special attention to the political, scientific and cultural aspects of the problem, which historically bind the peoples of the Persian-speaking world and have a historical commonality. In addition, the article analyzes the works of Iranian and Afghan researchers who touch on various areas of relations with the Republic of Tajikistan.

Текст научной работы на тему «On the issue of study the relationship of Tajikistan Republic between Persian-speaking countries in Modern historiography»

УДК 9(С53) Ц. МИРЗОЕВ

ББК 63.3

МАСОИЛИ ОМУЗИШИ МУНОСИБАТХОИ чум^УРИИ ТО^ИКИСТОН БО КИШВАР^ОИ ФОРСИЗАБОН ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ МУОСИР

Яке аз самтхои афзалиятноки муносибатхои хоричии Ч,умхурии Точикистон рохандозии сиёсати минтакавй мебошад. Дар ин чода Точикистон хам дар чорчуби созмонхои минтакавй ва хам дар чорчуби хамкорихои расмии дучониба сиёсати хешро дар радифи давлатхои собик шуравии Осиёи Марказй, бо кишвархои форсизабони минтака - Чумхурии исломии Эрон ва Ч,умхурии исломии Афгонистон амалй месозад.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи татбики сиёсати минтакавии Точикистони сохибистиклол дар таърихнигории ватанй ба таври комил омухта нашудааст. Таълифоти мачмуй ва алохида дар ин чода хануз вучуд надорад. Аммо пахлухои гуногуни ин мавзуъ аз чониби мухаккикон тадкик гардида, дар асархои онхо инъикос гаштаанд.

Мавриди зикр аст, ки рохандозии сиёсати минтакавии Ч,умхурии Точикистон баъд аз ба даст омадани истиклолият, пеш аз хама, дар гузоришу баромадхо ва асархои Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, Эмомалй Рахмон (23) инъикос гардидааст. Президенти кишвар баркарор намудан ва тавсеа бахшидани муносибатхои муштараку судмандро бо давлатхои форсизабони минтака зарур хисобида, дар асархои хеш бештар ба гузаштаи таърихии халки точик ва сахми он дар пайдоиш ва рушди минбаъдаи тамаддуни кабилахои ориёй - ачдодони точикон ва эронихо диккати махсус додааст. Сарвари давлат махсусан муносибатхои Чумхурии Точикистонро бо Эрон афзалиятнок хисобида, дар мусохибаи хеш бо нашриёти британии «Арбоби давлатии чахонй» мохи январи соли 1996 чунин кайд мекунад: «Бо назардошти он, ки Эрон неруи басандаи иктисодии таъсиргузорй ба кишвархои минтака дорад ва ин, ки Эрон метавонад яке аз шарикони асосии тичоратй ва иктисодии Точикистон бошад, мо дар оянда низ бахри устуворй ва густариши минбаъдаи муносибатхо бо ин кишвари дусту бародар хамачониба кушиш хохем кард» (23, 263).

Дар боби хамкорихои Точикистон бо кишвархои форсизабони минтака, аз чумла бо Эрон як катор асар руи кор омадаанд. Бояд кайд кард, ки Эрон аввалин кишваре буд, ки истиклолияти давлатии Точикистонро ба расмият шинохт ва намояндагии дипломатии хешро хануз мохи январи соли 1992 дар Душанбе ифтитох бахшид. Ин икдом, пеш аз хама, ба умумияти забонй, маданй ва динй доштани ду халки бародар вобастагй дорад. Бо назардошти ин нукта мухаккикони точик низ ба масъалаи хамкорихои Точикистону Эрон таваччухи бештаре зохир намудаанд. Дар байни таълифоте, ки ба ин мавзуъ бахшида шудаанд, асархои мутахассиси таърихи муосири Эрон Н. М. Мирзоевро ёдрас шудан ба маврид аст. У дар таълифоти хеш дар асоси манбаъхои муътамад, адабиёт ва маводи воситахои ахбори умум равандхои гуногунсохаи хамкорихои ин кишвархоро инъикос намудааст. Китоби аввали муаллиф «Точикистон - Эрон: шохрохи хамкорихо» (17) ном дошта, боби аввали он ба таърихи баркароршавии хамкорихои Точикистони шуравй ва Эрон бахшида шудааст. Боби дуюм махз масъалаи хамкорихои Точикистону Эронро дар замони муосир инъикос менамояд. Дар ин боб, дар асоси санадхои зиёд ва маводи муътамад, ки аз фондхои гуногуни бойгонихо ва матбуоти даврй ба даст омадаанд, мухаккик тавонистааст, ки мархилахои асосй ва роххои баркароршавию густариши дучонибаи иктисодй ва алокахои илмию-фархангии Точикистону Эронро муайян намояд.

Китоби дуюми Н. М. Мирзоев «Таджикистан и страны Востока» (18) ном дошта, соли 2010 ба табъ расидааст. Муаллиф ду боби охири онро ба масъалаи муносибатхои мутакобилаи Точикистони сохибистиклол ва Эрон бахшида, дар асоси сарчашмахои муътамад тавонистааст, ки раванди инкишофи хамкорихои иктисодй, фархангй ва илмию-техникии ин кишвархоро инъикос намояд.

Мушовири президенти Ч,умхурии Точикистон оид ба сиёсати хоричй Зафар Сайидзода низ дар китоби хеш тахти унвони «Фаъолияти байналмилмилалии пешвои миллат Эмомалй Рахмон: бозгашти давлати миллии точикон ба арсаи сиёсати чахонй» хамкорихои дучонибаи Точикистонро бо кишвархои форсизабон, аз чумла бо Эрон мавриди тахлил карор додаст (24, 112-117). Хучанд ин таълифот махз ба масъалаи хамкорихои Точикистону Эрон бахшида нашуда бошад хам, муаллиф тавонистааст, ки баркароршавй ва пахлухои гуногуни рушди

муносибатдои Эрон ва Точикистонро инъикос намояд. У бардак, дамкоридои гуногунсохди Точикистону Эронро хеле арзишманд арзёбй намуда, кайд менамояд, ки рушду тавсеа ёфтани дамкоридо дар оянда низ ба манфиати дар ду чониб аст. Зеро барои Эрон мудим аст, ки «як такягоди форсизабон дар минтакаи Осиёи Миёна, ки умдатан туркзабон аст, дошта бошад. Барои Точикистон низ дамкорй бо Эрон муфид аст, зеро кишвари мо ба сармоягузоридо, аз чумла дар тарддои бузурги зербиной, ниёз дорад» (24, 115). Дар дакикат, Эрон аз назари сармоягузорй дар иктисодиёти Точикистон мавкеи хоса дорад. З.Сайидзода оид ба дамкоридои иктисодии Точикистону Эрон сухан ронда, кайд менамояд, ки «дар чанд соли охир байни ду кишвар беш аз 100 мувофикатнома дар бораи дамкорй дар заминадои мухталиф ба имзо расидаанд. Тарддои бузурге, аз чумлаи неругоди барки обии «Сангтуда-2» ва на;би Анзоб, ки то имруз аз чониби Эрон ичро шудаанд,» (24, 113) нишонгари устувории равобити иктисодии ду кишваранд. Ба кавли муаллиф карор аст, ки дар ояндаи наздик чанд тарди тоза ва мудим аз кабили «неругоди барки обии «Айнй» бо зарфияти 150 МВт ва неругоди хурди барки обй дар руди Искандардарё бо зарфияти 22 МВт сохта шаванд» (24, 114).

Самти дигари дамкоридои Точикистон ва Эрон равобити илмию фардангии ду кишвар мебошад, ки аз чониби З. Сайидзода дар таълифоти мазкур амик тадлил гардидааст. Ба акидаи у, дамкорй дар ин давза бештар дар «табодули тачрибаи пажудишгарон, муаллимон, донишчуён, родандозии барномадои фардангй ва мусикй, ширкати адли илму фарданг дар маросимдои фардангй» (4, 116) амалй магардад.

Таълифоти чолиби дигаре, ки фарогири масъалаи дамкоридои дучонибаи Точикистону Эрон буда, тадти унвони «Ирано-таджикское сотрудничество в конце ХХ - начале XXI вв.» (1) ба табъ расидааст, ба калами мудаккики барчаста Р. А. Абулдаев тааллук дорад. Муаллиф дар асоси нашриядои каблй, сарчашмадои бойгонй, дуччатдои дар сатди давлатй ба имзо расида ва маводи воситадои ахбори умум вижагих,ои баркароршавй ва инкишофи дамкоридои иктисодй, тичоратй, илмию-фардангй, инчунин бунёди объектдои саноатию родсозй ва дигар лоидадои муштараки Эрону Точикистонро дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инъикос намудааст.

Бояд зикр кард, ки муносибатдои фардангии Точикистон ва Эрон низ аз назари мудаккикон берун намонда, дар аксар тадкикот мавриди тадлили вокеъбинона карор гирифтааст. Масалан, мудаккики точик Расулиён тадкикоти худро тадти унвони «Нигоде ба алокадои фардангии Ч,умдурии Исломии Эрон ваЧ,умдурии Точикистон» (22) мадз дар ин мавзуъ ба анчом расонида, дар он маводи зиёд оид ба алокадои фардангии Точикистону Эрон гирдоварй намудааст. Илова бар ин, муаллиф масоили гуногуни марбут ба алокадои фардангии ду кишварро дар содаи санъат, адабиёт ва илм хеле дакикназарона тадлил менамояд. Дар тадкикот инчунин накши нидоддои фардангй ва институтдои Эрон дар рушди дамкоридои фардангии Точикистон ва Эрон дар охири асри XX - ибтидои асри XXI инъикос гардидаанд.

Бояд кайд кард, ки ба тадкики муносибатдои Точикистону Эрон дар як вакт олимон ва мудакикони Эрон низ машгуланд. Дар монографияи мудаккики эронй Хумо Аббосиён «Иран и Таджикистан: пятнацать лет взаимовыгодного сотрудничества»(7) масоили мухталифи дамкории Точикистону Эрон хеле муфассал ва амик инъикос гардидааст. Муаллиф дар таълифоти хеш дар асоси манбаъдо ва маводи гуногун, инчунин адабиёти мавчуда бисёр масъалаи ба дамкории ду кишвар марбутбударо мавриди тадлил карор додааст. Дар катори чунин масъаладои мудим, аз кабили мавкеъ ва накши Ч,умдурии Исломии Эрон дар раванди ба даст омадани сулд ва ваддати миллй дар Чумдурии Точикистон, муаллифи рисолаи мазкур инчунин ба раванди баркароршавй ва рушди дамкоридои тичоратию-иктисодй ва илмию-фардангй дар байни ду кишвар диккати бештар додаст. Вале бояд кайд кунем, ки ин таълифот раванди дамкоридои Ч,ИЭ ва Чумдурии Точикистонро тандо то соли 2006 фаро мегирад.

Лозим ба зикр аст, ки дар масъалаи рушди муносибатдои дипломатй миёни Эрон ва Точикистон рисоладои илмии номзадй низ таълиф гардидаанд. Яке аз чунин рисоладо ба ;алами донишманди эронй Муртазо Мадмудй таалу; дорад, ки ба масъалаи (вазъият ва дурнамои дамкоридои Точикистон ва Эрон дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI) (14) бахшида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки рисолаи мазкур тадкикоти комил ва чиддй буда, дар он тамоми адабиёти фарогири масоили дамкоридои Точикистону Эрон тадлил гардидаанд. Муаллиф дар ин тадкик дар асоси консепсияи нав ва маводу манобеи дастрас, хдмчунин назари интикодй ба адабиёти таърихй хулосаи дурусти илмй бардоштааст. Ба акидаи у, халк ва миллати давлатдои тозаистиклол, аз чумла Точикистон, дар аснои чустучуи дуввияти миллии хеш дар шароити фазои холии гоявй ногузир ба чустучуи арзишдои гоявию фардангй дар таърих, фарданги кадима, анъанадо ва дини хеш пардохтаанд.

Мухаккик М. Махмудй дар боби омузиши масоили марбут ба хамкорихои Точикистону Эрон дар охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI як силсила маколаи илмй низ таълиф намудааст. Яке аз маколахои у ба омузиши масоили таъсири забон ва адабиёти форсй-точикй дар рушди хамкорихои фархангй ва сиёсии Эрон ва Точикистон дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI бахшида шудааст.(15) Маколаи дигари масъалахои манфиатхои стратегии Эрон ва Россияро дар Точикистон, инчунин зарурияти таъмини амнияти минтакаро тахлил намудааст(16).

Бояд тазаккур дод, ки гайр аз умумияти забонй ва фархангй, инчунин умумияти динй низ омили хеле мухим дар баркароршавй ва рушди муносибатхои гуногунчанбаи Точикистону Эрон махсуб меёбад. Ин аст, ки мухаккик И.Неъматов рисолаи номзадии худро махз дар ин мавзуъ: «Исламский фактор во взаимоотношениях республики Таджикистан и Исламской Республики Иран (конец XX - начало XXI вв.)» (21) таълиф намудааст. Дар рисола муаллиф бо далелу асноди раднопазир исбот кардааст, ки умумияти динй чихати рушду устуворшавии минбаъдаи муносибатхои судманди байни ду кишвар мусоидат хохад кард.

Тахкикоти дигаре, ки ба масоили марбут ба хамкорихои Точикистон ва Эрон дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI бахшида шудааст, рисолаи номзадии мухаккики эронй Хдфтех ^азази Махди Иброхим тахти унвони «Становление и развитие взаимоотношений Республики Таджикистан и Исламской Республики Иран (конец XX - начало XXI вв.)» (28) мебошад. Тахкикоти мазкур ба тахлили мачмуй ва баррасии раванди баркароршавй ва рушди муносибатхои байни хамдигарии Точикистон ва дар охири садаи XX ва ибтидои асри XXI бахшида шудааст. Мухаккик дар зимни тахлили муносибатхои ду кишвар бархак ба хулосае меояд, ки рушди бемайлони муносибатхои Точикистону Эрон бештар чанбаи фархангй дошта, ба умумияти забонй ва эхсоси мансубият ба олами форсизабонон асос ёфтааст. Аз чониби дигар, ба акидаи муаллиф, дар Точикистон ва Эрон хам дар сатхи давлатй ва хам дар сатхи чамъиятй худро ворисони фарханги бои кадимаи ориёй мехисобанд. Эрон бо назардошти ин умумияти сарнавишти таърихии ду халки бародар, дар солхои бархурди сиёсй (1991-1997) ва солхои мудхиши чанги шахрвандй (1992-1997) ба Точикистон кумак кард ва аз чониби дигар асоситарин шарики сиёсию-иктисодии Точикистон дар Осиёи Марказй махсуб меёфт (29, 26), ки мо низ ин мавкеи мухаккикро комилан чонибдорем.

Муаллифи таълифоти мазкур масоили хамкорихои Точикистону Эронро дар чорчуби созмонхои минтакавй низ мавриди тахлил карор дода, яке аз фаслхои боби дуюми рисолаи хешро махз ба ин масъала бахшидааст. У кайд мекунад, ки хамкорихои бисёрчанбаи ду кишвар гайр аз муносибатхои дутарафа, инчунин дар чорчуби созмонхои минтакавй, аз чумла Созмони хамкории иктисодй (СХ,И), Созмони конфронси исломй (СКИ - аз соли 2011 Созмони хамкории Исломй - СХ,И), Созмони Хдмкории Шанхай (СХ,Ш) ва муносибатхои сетарафаи давлатхои форсизабон - Ч,умхурии Точикистон, Эрон ва Афгонистон низ амалй мегардад (29, 18).

Точикистон дар чорчуби Созмони хдмкории иктисодй дар сохаи сузишворй ва энергетика бо Эрон хамкории устувор дошта, дар халли масъалахои мухими минтакавй, аз кабили мубориза бо терроризми байналхалкй ва экстремизми динй, ки аз Афгонистон маншаъ мегирад, инчунин таъмини амнияти минтакавй бо шарики стратегии худ - Ч,ИЭ дар якчоягй амал мекунад, ки ин нукта низ аз назари донишманди эронй дур намонда, дар тахкикоти у амикан инъикос гардидааст (29, 18).

Мухаккик хамкорихои Точикистону Эронро дар чорчуби Созмони хамкории исломй низ мавриди тахлил карор дода, кайд менамояд, ки Ч,умхурии Точикистон дар кори ичлосияхои сарони давлатхо, хукуматхо ва вазирони корхои хоричии узви Созмони Х,амкории Исломй фаъолона ширкат дошта, барои амалй намудани накшаи стратегй чихати устувор гардонидани хамкории иктисодй дар байни давлатхои аъзо хамчоя бо Эрон пайваста талош меварзад (29, 19).

Мавриди зикр аст, ки Точикистон ва Эрон дар чорчуби Созмони хамкории Шанхай низ хамкории густурда доранд. Эрон соли 2005 ба Созмони хамкории Шанхай ба хайси мамлакати нозир пазируфта шуд. Ба кавли мухавдщи мазкур хамчун аъзои доимии Созмони хамкории Шанхай пазируфта шудани Эрон, сатхи хамкории давлатхои минтакаро меафзояд (29, 20).

Х,афтех ^азази Махди Иброхим дар таълифоти хеш инчунин ба муносибатхои Точикистону Эрон дар чорчуби давлатхои форсизабон -Точикистон, Эрон ва Афгонистон диккати бештаре зохир менамояд. У комилан дуруст кайд менамояд, ки «махаки муносибатхои байни хамдигарии се давлатро дар хавзахои гуногуни хаёти давлатй ва чамъиятй идеяи «умумияти ориёй» ташкил медихад, ки бештар характери фархангй-тамаддунй дорад, на

чанбаи сиёсй» (29, 19). Аз чониби дигар, ба фикри мудаккик, бунёди заминаи иктисодии дамкоридои се кишвар бештар аз мавкеи Эрон вобастагй дорад, зеро Точикистон ба далли вазифадои стратегии худ - таъмини истиклолияти энергетикй, таъмини амнияти озукаворй ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионй машгул аст, дар Афгонистон бошад, то кунун чанги шадрвандй идома дорад (29, 19-20), ки дар ин чо низ дак ба чониби уст.

Муаллифи рисолаи мазкур низ як силсила маколаи илмй дар ин мавзуъ таълиф намудааст, ки мудимтарини ондо «Подход Таджикистана к проблемам безопасности в Персидском заливе в контексте отношений с Ираном» (30), «Гражданская война в Таджикистане и роль Ирана в установление мира» (31), «Центральная Азия и крупные державы» (32), «Подход Ирана к отношениям с персоязычными странами» (33) мадсуб меёбанд. Мудаккик дар ин маколадо бо истифода аз манобеи муътамад ба тарики фишурда дамкоридои бисёрчанбаи Точикистону Эронро инъикос намудааст.

Дамкоридои густурдаи Точикистон бо дигар кишвари форсизабони минтака -Афгонистон низ назаррас буда, датталимкон мавриди тадлили мудаккикон ва коршиносон карор гирифтааст. Лозим ба зикр аст, ки дар дамаи мардиладои рушди хеш Точикистон ва Афгонистон дамчун дамсоядои карин ба якдигар пайваста кумак мекарданд. Баъд аз фурупошии ЩШС дар заминаи мушкилоте, ки халкдои ин ду кишварро мубтало гардонда буд, Точикистону Афгонистон боз дам каринтар гардиданд. Бо вучуди ин, бо чурми омилдои гуногун дануз аз рузхои аввали ба даст омадани истиклолияти Точикистон масоили чиддие ба миён омаданд, ки ба рушди босуботи муносибатдои дучониба моней эчод мекарданд. Ба акидаи мудаккики муносибатдои сиёсй, тичоратй ва фардангии Точикистону Афгонистон Р. С. Казаков «дануз аз огози мунокишаи дарбй дар Точикистон дар соли 1992 на тандо даддо дазор гурезагони точик, балки дазордо чангиёни мухолифини точик низ дар Афгонистон панод бурданд. Гузашта аз ин мунокишаи дарбии бардавом дар Афгонистон ба рушди муносибатдои неки дамсоягй, мустадкам намудани дамкорй миёни ду кишвар таъсири амики манфй расонд ва расонида истодааст» (9, 3).

Бо вучуди ин, мавкеи чугрофй ва геополитикии Афгонистон дар амалисозии дадафдои стратегии Ч,умдурии Точикистон накши мудим дорад. Илова бар ин, умумияти забонию фардангии халкдои ду кишвар такозо мекард, ки Точикистону Афгонистон муносибатдои густурда дошта бошанд. Ин аст, ки моди декабри соли 1993 дар Душанбе миёни ду кишвари дусту бародар шартнома баста шуда, дамкоридои созанда огоз ёфтанд. Ин дамкоридо дар солдои минбаъда тавсеа ёфта, аз чониби мудаккикони ватанй ва хоричй тадлил ва баррасй гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин самт кабл аз дама гузоришу баромад, паём ва асардои Президенти Ч,умдурии Точикистон, Эмомалй Радмон (23) хеле мудим буда, дар ондо масоили баркароршавй ва чараёни инкишофи муносибатдои дучониба миёни ду кишвар инъикос гардидаанд ва масъаладои асосие, ки ба рушди босуботи ин муносибатдо монеъа эчод мекунанд, муайян шудаанд.

Добили зикр аст, ки дар як катор осори бунёдй ва дастачамъии ба сиёсати хоричии Точикистони содибистиклол бахшидашуда, масоили муносибатдои Точикистон ва Афгонистон низ то андозае тадлил ва баррасй гардидаанд. Яке аз бобдои чилди шашуми асари бунёдии «История таджикского народа», ки ба сиёсати хоричии Ч,умдурии Точикистон бахшида шуда, аз чониби мудаккики намоён В.В. Дубовитский (4) ба анчом расидааст, нахустин тадкикоти мачмуй оид ба сиёсати хоричии Точикистони содибистиклол мадсуб меёбад. Дар он муаллиф кайд кардааст, ки дануз аз солдои аввали ба даст омадани истиклолият афзалиятдои геополитикии мамлакат муайян гардида, самтдои асосии фаъолият дар муносибатдои хоричй ташаккул ёфтанд. Ба акидаи у самти асосй дар сиёсати хоричии Точикистон рушди бемайлони муносибатдои дучониба ва бисёрсамта бо давлатдои узви Иттидоди давлатдои мустакил, пеш аз дама, Федератсияи Руссия ва кишвардои минтакаи Осиёи Миёна: Узбекистон, ^азокистон, ^иргизистон ва Туркманистон, инчунин кишвардои форсизабони минтака ба дисоб меравад (4, 619).

Ба ;атори тадкикоти дастачамъй инчунин асардои «Дипломатия Таджикистана: вчера и сегодня», «Внешняя политика Таджикистана в годы независимости», «Многовекторная дипломатия Таджикистана», ки бо ширкати бевосита ва тадти назари собик Вазири кордои хоричй Х,амрохон Зарифй (5) ба табъ расидаанд, дохил кардан мумкин аст. Дар асардо, маколадои бешумор, баромаддо ва гузоришдои собик Вазири кордои хоричии Точикистон, академик Т.Н. Назаров (20) масоили мухталифи сиёсати хоричй, дипломатия ва муносибатдои судманди дучонибаи Точикистон бо кишвардои дамсоя, аз чумла Афгонистон инъикос гардидаанд.

Ба масъалаи дамкоридои Точикистон бо кишвардои хоричй таълифоти бешумори мушовири президенти Ч,умдурии Точикистон оид ба сиёсати хоричй Зафар Сайидзода (24) бахшида шудаанд, ки дар ондо мардиладои рушди сиёсати хоричй ва дипломатияи Точикистон инъикос гардида, муносибатдои Точикистон бо кишвардои форсизабони минтака датталимкон мавриди тадлил карор гирифтаанд.

Силсилаи кордои илмию-тадкикотии А. Шариповро, ки дар даммуаллифй бо С. Фатоев, С. Шамсиддинов ва З. Сирочов (34) таълиф гардида, ба сиёсати дохилй ва хоричии Президенти Чумдурии Точикистон, Эмомалй Радмон бахшида шудаанд, ёдрас шудан ба маврид аст. Дар ондо муаллифон чараёни баркароршавй ва рушди муносибатдои Точикистону Афгонистонро баррасй намудаанд. Аммо бояд кайд кард, ки муаллифони асардои дастачамъй дадафи тадкикоти хосаи масоили дамкоридои сиёсии Точикистон ва Афгонистонро надоштанд. Дар ин гуна таълифот дар зимни инъикоси масоили умумй ва самтдои асосии сиёсати хоричии Точикистон, дамкоридои Точикистону Афгонистон низ то андозае мавриди тадлил карор гирифтаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ба чуз аз асардои дастачамъй, инчунин таълифоте руи кор омаданд, ки ба инъикоси тамоюлдои рушди чамъиятию - сиёсй ва алокадои хоричии Афгонистон, таъсири вазъи сиёсии он ба амнияти кишвардои Осиёи Марказй, аз чумла ба Точикистон бахшида шудаанд. Асардои Искандаров (8), А. Князев (10), С.М. Акимбеков (2) аз ин кабил таълифот мадсуб меёбанд.

Дар боби муносибатдои Точикистону Афгонистон дар риштадои гуногун тадкикоти хоса низ ба анчом расиданд, ки дар ондо сарчашмадои баркароршавй ва рушди ин муносибатдо амикан тадлил ва баррасй гардидаанд. Дар ин росто, монографиядо ва маколадои алодидаи мудаккикони точик ва рус - Ш. Имомов (6), Искандаров (7), В. Г. Коргун (11) -ро ёдрас шудан бомаврид аст.

Бояд кайд кард, ки дар катори мудаккикони точик ба омузиши муносибатдои Точикистону Афгонистон дар як вакт мудаккикони афгон низ машгуланд. Масоили мазкур дар таълифоти мудаккикони афгон, аз чумла Абдумачид Надим (19, 0), Фадим Собир (26), А. Мансур (13, 2), Ч,.С. Далер (3, 3), ки ба масъаладои чустучуи роддои густариши муносибатдои неки дамсоягй ва накши родбарони ду кишвар дар тадким ва тавсеаи муносибатдои дучонибаи судманд бахшида шудаанд, мавриди тадлили амик карор гирифтаанд.

Добили зикр аст, ки дар ин самт рисолаи номзадии Р.С. Казаков (18) ва рисолаи доктории Ч,. Латифов (12) ба анчом расидаанд, ки дар ондо падлудои гуногуни муносибатдои дучонибаи Точикистону Афгонистон дар замони истиклолият инъикос гардидаанд. Мутаассифона, рисолаи доктории Ч. Латифов (12) инъикоси дамкоридои ду кишварро тандо дар солдои аввали истиклолият фаро мегирад.

Х,амин тавр, сарфи назар аз мамоният ва мушкилоти мавчуда баркарор намудан ва густариш додани муносибатдои дучонибаи судманд бо кишвари дусту бародари Афгонистон аз афзалиятдои сиёсати минтакавии Чумдурии Точикистон буда, айни замон дар доли рушд ва тавсеа карор дорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абулхаев, Р.А. Ирано-таджикское сотрудничество в конце XX - начале XXI вв / Р.А. Абулхаев.-Душанбе, 2017. - 232с.

2. Акимбеков, С.М. Афганский узел и проблемы безопасности Центральной Азии / С.М. Акимбеков. - Алматы, 2003.

3. Далери, Дж. С. Эмомали, Рахмонов - человек мудрый и мыслящий / Дж. С. Далери, Рахмонов Эмомали. - Душанбе: Шарки озод, 2003.

4. Дубовицкий, В. В. Внешняя политика Республики Таджикистан (1991-2010 гг.) / В. В. Дубовицкий // История таджикского народа. В 6 томах.Т.6.- Душанбе: Дониш, 1998-2011.- С.615-669.

5. Зарифи, X. Многовекторная дипломатия Таджикистана / X. Зарифи-Душанбе: Офсет, 2010.; Дипломатия Таджикистана вчера и сегодня. Под общей ред. Xамрохона Зарифи. - Душанбе: Ирфон, 2009.; Внешняя политика Таджикистана в годы независимости. - Душанбе, 2011.

6. Имомов, Ш. Принципы и пути достижения мира и национального согласия в Афганистане / Ш. Имомов. - Душанбе, 2000 . - 184с.

7.Искандаров, К. Взаимоотношения Республики Таджикистан с Исламским Государством Афганистан / К. Искандаров // Материалы II международной научно-практической конференции «Место Таджикистана в новом международном порядке - Душанбе, 1997; Он же: Наркобизнес в Таджикистане: связь с афганским конфликтом / Центральная Азия и Кавказ. - Лулео, 1999. - № 5 (6). - С. 178-184.

8. Искандаров, К. Политические партии и движения Афганистана во второй половине XX века / К. Искандаров. - Душанбе: Ирфон, 2014; Он же: Афганистан в начале XXI века. - Душанбе, 2010; Он же: Влияние афганского кризиса на ситуацию в Таджикистане//Центральная Азия и Кавказ. - 2013. -№2(14).

9. Казаков, Р. С. Становление и развитие политических, торгово-экономических и культурных отношений между Республикой Таджикистан и Исламской Республикой Афганистан (1991-2013 гг.).: автореферат диссертации кандидата исторических наук / Р. С. Казаков. - Душанбе, 2014. - 26с.

10. Князев, А.А. Влияние афганского кризиса на безопасность Центральной Азии (1990-е начало 2000-х годов.) / А.А. Князев. - Бшшсек, 2004; Он же: Афганский кризис и безопасность Центральной Азии (XIX - начало XX в.). - Душанбе: Дониш, 2004; Он же: История афганской войны 1990-х гг. и превращение Афганистана в источник угроз для Центральной Азии. - Бишкек: издательство КРСУ, 2002.

11. Коргун, В. Афганский фактор в региональной геополитике // Центральная Азия и Кавказ / В.Коргун.- 2000. - № 5(11).

12. Латифов, Дж. Таджикско-афганские отношения в 1987-1995гг. (характер и содержание). Диссертация на соискание доктора исторических наук/ Дж. Латифов. - М.,1996.

13. Мансур, Абдул Xафез. Внешняя политика правительства Бурхануддина Раббани / Xафез Абдул Мансур //Бохтарон. - 2013. - №1. - С.53-58.

14. Махмудй, М. Состояние и перспективы сотрудничества Таджикистана и Ирана в конце XX -начале XXI веков. (Кандидатская диссертация) / Махмудй Муртазо. - Душанбе, 2012.

15. Махмудй, М. Диалог и дипломатия: таджикско-персидский язык и литература и их влияние на культурное и политическое сотрудничество двух стран / Махмудй Муртазо // Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отдел общественных наук. - Душанбе, 2010. - №3. - С.20-28

16. Махмудй, М. Стратегические интересы Ирана и России в Таджикистане / Махмудй Муртазо // Материалы Республиканской научно-теоретической конференции «Формирование системы колониальной безопасности государств Центральной Азии в форме региональных союзов».-Душанбе, 2008. - С.98-100.

17. Мирзоев, Н.М. Точикистон - Эрон: шохрохи хамкорихо/ Н.М. Мирзоев. - Душанбе, 1998.

18. Мирзоев, Н.М. Таджикистан и страны Востока (учебное пособие) / Н.М. Мирзоев. - Душанбе, 2010. - 140с.

19. Надим, А. Взаимоотношения Афганистана и Таджикистана от распада Советского Союза по настоящее время / А. Надим// Региональные исследования . - 2011. - №22. - С. 118-130.

20. Назаров, Т. Таджикистан: политика, экономика, международное сотрудничество. / Т. Назаров. -Душанбе, 2002; Он же: Таджикистан: экономический рост, интеграция и региональное сотрудничество. - Душанбе, 2004.; Назаров Т., Сатторзода А. Современная таджикская дипломатия. - Душанбе: Шарки озод, 2006.

21. Неъматов, И. Исламский фактор во взаимоотношениях республики Таджикистан и Исламской Республики Иран (конец XX - начало XXI вв.). (Кандидатская диссертация)/ И. Неъматов.-Душанбе, 2016.

22. Расулиён, К. Нигохе ба алокахои фархангии Чумхурии Исломии Эрон ваЧумхурии Точикистон / К. Расулиён. - Душанбе, 2010.

23. Э. Рахмон. Таджики в зеркале истории. Книга первая. От Арийцев до Саманидов.-Лондон, 1999; Он же: Точикистон: дар рохи чомеаи мутамаддин - Душанбе, 1996; Он же: Таджикистан: десять лет независимости и национального единства. В 4 томах.- Душанбе: Шарки озод, 2001; Он же: Независимость Республики Таджикистан и возрождение нации. В 7 томах. -Душанбе: Шарки озод, 2002-2009; Он же: Истиклолияти Точикистон ва эхеи милли (Независимость Таджикистана и национальное возрождение). В 7 томах.-Душанбе: Шарки озод, 2002-2008; Он же: Ответы на вопросы великобританского издания «Мировой государственный деятель» 1996г., январь // Тысяча лет в одну жизнь (сборник выступлений, речей, интервью и статей). - Душанбе, 2003. - 374с.

24. Сайидзода, З. Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалй Рахмон: бозгашти давлати миллии точикон ба арсаи сиёсати чахонй / З. Сайидзода. - Душанбе: «Контраст», 2016. -216с.

25. Саидов, З.Ш. Внешняя политика Президента Э. Рахмона. / З.Ш. Саидов, - Душанбе, 2000, 226с.; Он же: Актуальные аспекты внешнеполитического механизма и международной деятельности Республики Таджикистан.- Душанбе, 2011; Он же: Внешняя политика Республики Таджикистан на современном этапе (1992-2005 гг.). - Душанбе, 2006; Он же: Основные внешнеполитические интересы Республики Таджикистан на рубеже веков.- Душанбе, 2011; Сабуров А., Саидов З. Таджикистан на рубеже реализации национальных интересов на международной арене. -

Душанбе, 2005.- 86с.; Сайидзода З. Основные тенденции внешней политики Республики Таджикистан на рубеже столетий (1992-2004гг.). - Душанбе, 2009. - 154с.

26. . Фахим, Сабир. Таджикистан и Афганистан: в поисках стратегии добрососедства.По URL:http://www.rujoumal-neo.com/1/7.09.20/2.

27.Хома, Аббасиан. Иран и Таджикистан: пятнацать лет взаимовыгодного сотрудничества / Аббасиан Хома. - Душанбе: Ирфон, 2006

28. Хафтех Кдзази Махди Эбрахим. Становление и развитие взаимоотношений Республики Таджикистан и Исламской Республики Иран (конец ХХ - начало XXI вв.). (Кандидатская диссертация). - Душанбе, 2016.

29. Хафтех Кдзази Махди Эбрахим. Становление и развитие взаимоотношений Республики Таджикистан и Исламской Республики Иран (конец XX - начало XXI вв.).: автореферат диссертации на соискание кандидата исторических наук. - Душанбе, 2016. - 27с.

30. Хафтех Кдзази Махди Эбрахим. Подход Таджикистана к проблемам безопасности в Персидском заливе в контексте отношений с Ираном // Вестник ТНУ. - Душанбе, 2012. - №3/8(101). -С.35-38 (на тадж.яз.).

34. Хафтех Кдзази Махди Эбрахим. Гражданская война в Таджикистане и роль Ирана в установление мира // Вестник ТНУ. - Душанбе, 2012. - №3/5(93). - С.19-21 (на тадж.яз.).

32. Хафтех ^азази Махди Эбрахим. Центральная Азия и крупные державы // Вестник ТНУ. -Душанбе, 2013. - №3/4(115). - С.33-36 (на тадж.яз.).

33. Хафтех Кдзази Махди Эбрахим. Подход Ирана к отношениям с персоязычными странами // Вестник ТНУ. - Душанбе, 2015. - №3/10(188). - С.24-26 (на тадж.яз.).

34. Шарипов, А., Фатоев, С., Шамсиддинов С., Сироджев З., Э.Рахмон - спаситель. Серия книг. -Душанбе, 1996-1999; Шарипов А. «Э. Рахмон - наш Президент!».- Душанбе, 2006. - 26 с.; Шарифзода А., ^осимй З. Эмомалй Рахмон ва чомеаи чахон. - Душанбе: «Ирфон», 2011.- 372с.; Шарифзода А., Крсимй З., Фатоев С., Шамсиддинов С. Эмомалй Рахмон ва огози мархалаи созандагй. (7 китоб) - Душанбе: «Ирфон», 2011.; Шарифзода А., Шамсиддинов С., Крсимй З. Президент.- Душанбе: «Ирфон», 2011.- 372с.; Шарифзода А., Крсимй З. Пайвандгар. - Душанбе, 2013.-336с.; Шарифзода А., Крсимй З. Бунёдкор. - Душанбе, 2013.-336с. Шарифзода А., Крсимй З. Фархундапай. - Душанбе, 2014. - 336с.

REFERENCES:

1. Abulkhayev, R.A. Iran-Tajik Cooperation in the late XX- and early XXI Centuries. Abulkhayev .Dushanbe, 2017. - 232p.

2. Akimbekov, S.M. Afghan Knot and Security Problems of Central Asia / S.M. Akimbekov. -Almaty, 2003.

3. Dalery, JS Emomali, Rahmonov - a Man of Wisdom and Thought / J.S. Dahlery, Rakhmonov Emomali. - Dushanbe: Free Orient, 2003.

4. Dubovitsky, V. V. Foreign Policy of the Republic of Tajikistan (1991-2010) / V. V. Dubovitsky // History of the Tajik people. In 6 volumes. V.6.- Dushanbe: knowledye 1998-2011 .- P.615-669.

5. Zarifi, X. Multi-Vector Diplomacy of Tajikistan / X. Zarifi-Dushanbe: Offset, 2010 .; Diplomacy of Tajikistan Yesterday and Today. Under the general ediforship of. Hamrokhon Zarifi. -Dushanbe:Congnition, 2009; Foreign policy of Tajikistan in the Years of Independence. - Dushanbe, 2011.

6. Imomov, Sh. Principles and Ways of Achieving Peace and National Harmony in Afghanistan / Sh. Imomov. - Dushanbe, 2000. - 184s.

7. Iskandarov, K. Relations between the Republic of Tajikistan and the Islamic State of Afghanistan / K. Iskandarov // Proceedings of the II International Scientific and Practical Conference "Place of Tajikistan in the New International Order - Dushanbe, 1997; Drug trafficking in Tajikistan: connection with the Afghan conflict / Central Asia and the Caucasus. - Lulea, 1999. - No. 5 (6). - P. 178-184.

8. Iskandarov, K. Political Parties and Movements of Afghanistan in the Second half of the XX Century / K. Iskandarov. - Dushanbe: Irfo Cogntion, 2014; Afghanistan at the Beginning of the XXI century. - Dushanbe, 2010; He: The Influence of the Afghan Crisis on the Situation in Tajikistan // Central Asia and the Caucasus. - 2013. - №2 (14).

9. Kazakov, RS Formation and Development of Political, Trade-economic and Cultural Relations Between the Republic of Tajikistan and the Islamic Republic of Afghanistan (1991-2013) .: the author's Abstract of the Dissertation of the Candidate of Historical Sciences / RS Kazakov. -Dushanbe, 2014. - 26c.

10. Knyazev, A.A. Influence of the Afghan Crisis on the Security of Central Asia (1990th early 2000s.) / A.A. Knyazev. -Bishkek, 2004; The Afghan Crisis and the Security of Central Asia (XIX - early XX century). - Dushanbe :knowiesha, 2004; The history of the Afghan War of the 1990 and the Transformation of Afghanistan into a Source of threats to Central Asia. - Bishkek: Publishing House of the KRSU, 2002.

11. Korgun, V. Afghan factor in Regional Geopolitics // Central Asia and the Caucasus / V.Korgun-2000. - № 5 (11).

12. Latifov, J. Tajik-Afghan Relations in 1987-1995. (nature and content). Thesis for the Doctor of Historical Sciences / J. Latifov. - M., 1996.

13. Mansour, Abdul Hafez. Foreign policy of Burhanuddin Rabbani Government / Hafez Abdul Mansour // Bokhtaron. - 2013. - №1. - P.53-58.

14. Маhmudi, М. Status and Prospects of Cooperation Between Tajikistan and Iran in the Late XX-th and the early XXI- th centuries. (Candidate's thesis) /Mahmudi Murtazo. - Dushanbe, 2012.

15. Маhmudi, M. Dialogue and Diplomacy: Tajik-Persian Language and Literature and Their Impact on Cultural and Political Cooperation of the Two Countries / Mahmudi Murtazo // News of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan. Department of Social Sciences. - Dushanbe, 2010. - №3. - P.20-28

16. Маhmudi, M. Strategic Interests of Iran and Russia in Tajikistan / Mahmudi Murtazo // Materials of the Republican Scientific and theoretical Conference "Formation of the system of colonial security of the states of Central Asia in the form of regional unions" .- Dushanbe, 2008. -P.98-100.

17. Mirzoev, N.M. Tohikiston - Aaron: Shoroki and Kamkorio / NM Mirzoev. - Dushanbe, 1998.

18. Mirzoev, N.M. Tajikistan and the Countries of the East (textbook) / N.M. Mirzoev. - Dushanbe, 2010. - 140s.

19. Nadim, A. The Relationship Between Afghanistan and Tajikistan from the Dissolution of the Soviet Union to the Present time / A. Nadim // Regional Studies. - 2011. - №22. - P. 118-130.

20. Nazarov, T. Tajikistan: Politics, Economics, international Cooperation. / T. Nazarov. - Dushanbe, 2002; He: Tajikistan: Economic Growth, integration and Regional Cooperation. - Dushanbe, 2004; Nazarov T., Sattorzoda A. Modern Tajik diplomacy. - Dushanbe: Sharki Ozod, 2006.

21. Nematov, I. The Islamic factor in the Relations Between the Republic of Tajikistan and the Islamic Republic of Iran (late 20th - early 21st centuries). (Candidate's thesis) / I. Nematov .Dushanbe, 2016.

22. Rasuliyon, K. Sjme viens on Cultural Ties between It Istamic Republic of Iran and Tojikiston Republic / K. Rasuliyon. - Dushanbe, 2010.

23. E. Rahmon. Tajiks in the Mirror of History. The first book. From the Aryans to the Samanids.-London, 1999; Tojikiston: the Gift of the Ruhi Choomeai Mutamaddin - Dushanbe, 1996; Tajikistan: Ten Years of Independence and National Unity. In 4 volumes .- Dushanbe: Sharki Ozod, 2001; He: Independence of the Republic of Tajikistan and the Revival of the Nation. In 7 volumes.-Dushanbe: Sharki Ozod, 2002-2009; Istikloliati Tochikiston Wa ei Mii (Independence of Tajikistan and national revival). In 7 Volumes.-Dushanbe: Sharki Ozod, 2002-2008; The same: Answers to

Масоили омузиши муносибатхои Чумхурии Тоцикистон бо кишвархои форсизабон

дар таърихнигории муосир

Вожахои калиди: истицлолият, сиёсати хорицй, дипломатия, муносибатхои дуцонибаи судманд, созмонхои байналхалцй, хамкорщои сиёсй, хусни тафохум, муносибатхои неки хамсоягй.

Дар мацола муносибатхои Тоцикистон бо кишвархои форсизабон, ки яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати хориции Чумхурии Тоцикистон ба хисоб рафта, пахлухои гуногуни он дар таълифоти мухаццицон инъикос ёфтааст, тахлил ва баррасй гардидаанд. Муаллиф дар мацола бештар ба масоили сиёсй ва илмию-фархангй, ки аз умумияти сарнавишти таърихй ва эхсоси мансубият ба олами форсизабонон маншаъ мегирад, таваццухи хоса зохир кардааст. Дар мацола таълифоти мухаццицони эронй ва афгон низ, ки самтхои мухталифи муносибатхои муштараки ин кишвархоро бо Тоцикистон инъикос кардаанд, мавриди тахлили амиц царор гирифтаанд.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Вопросы изучения взаимоотношения Республики Таджикистан с персоязычными странами в современной историографии

Ключевые слова: независимость, внешняя политика, дипломатия, двухсторонние отношения,международные организации, политическое сотрудничество, добрососедские отношения.

В статье анализируются различные аспекты взимоотношения Таджикистана с персоязычными странами, которые является приоритетным направлением во внешней политике Республики Таджикистан и были проанализированы и освещены в статьях исследователей. В ней автор уделяет особое внимание на политический, научно-культурный аспекты проблемы, которые исторически связывают народов персоязычного мира и имеют историческую общность. Кроме того, в статье проанализированы труды иранских и афганских исследователей, которые затрагивают различные направления взаимоотношения с Республикой Таджикистан.

On the Issue of Study the Relationship of Tajikistan Republic between Persian-Speaking

Countries in Modern Historiography

Keywords: independence, foreign policy, diplomacy, bilateral relations, International organizations, political cooperation, good-neighborly relations.

The article analyzes various aspects of the relationship between Tajikistan and Persian-speaking countries, which is a priority in the foreign policy of the Republic of Tajikistan and have been analyzed and highlighted in the articles of researchers. In it the author pays special attention to the political, scientific and cultural aspects of the problem, which historically bind the peoples of the Persian-speaking world and have a historical commonality. In addition, the article analyzes the works of Iranian and Afghan researchers who touch on various areas of relations with the Republic of Tajikistan.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Мирзоев Чурабек, ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илщои Чум^урии Тоцикистон ; (Цумуурии Тоцикистон, ш. Душанбе), E-mail: mirzoev-dzhurabek@mail.ru Информация об авторе:

Мирзоев Джурабек, научный сотрудник отдела новейшей истории Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша Академии наук Республики Таджикистан (Республика Таджикистан, г. Душанбе); E-mail: mirzoev-dzhurabek@mail.ru Information about the author:

Mirzoev Jurabek, Scientific employee of the department of the Institute of History, Archeology and Ethnography name of A. Donish under the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan; (Republic of Tajikistan, Dushanbe city); E-mail: mirzoev-dzhurabek@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.