Научная статья на тему 'Principal Streanlines of foreign policy of Tajikistan Republic at the contemporary stage'

Principal Streanlines of foreign policy of Tajikistan Republic at the contemporary stage Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
6595
263
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВНЕШНЯЯ ПОЛИТИКА / FOREIGN POLICY / ГЕОПОЛИТИЧЕСКИЙ СТАТУС / GEOPOLITICAL STATUS / ПОЛИТИКА ОТКРЫТЫХ ДВЕРЕЙ / OPEN DOORS POLICY / МЕЖРЕГИОНАЛЬНЫЕ И МЕЖГОСУДАРСТВЕННЫЕ ОТНОШЕНИЯ / INTERREGIONAL AND INTERSTATAL RELATIONS / НАЦИОНАЛЬНЫЙ ИНТЕРЕС / NATIONAL INTEREST / ДОСТИЖЕНИЯ ВНЕШНЕЙ ПОЛИТИКИ / ACHIEVEMENTS OF FOREIGN POLICY

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Алимов Ботуржон Хомидович

В данной статье говорится о достижениях внешней политики Республики Таджикистан после обретения государственной независимости. Отмечается, что Республика Таджикистан на современном этапе проводит политику открытых дверей со странами мира и в стратегии развития. Взаимовыгодное сотрудничество является объективным процессом интеграционных связей между странами, и Республика Таджикистан ведёт активную работу, в результате которой двусторонние и многосторонние взаимоотношения имеют тенденцию к постоянному возрастанию и активизации.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Основные направления внешней политики Республики Таджикистан на современном этапе

The article dwells on the achievements of foreign policy in Tajikistan Republic after it obtained national independence. The author marks that Tajikistan Republic pursues open doors policy along the world countries at the contemporary stage, the strategy of development being included as well. Mutually profitable collaboration is an objective process of integrational ties between the countries and the Republic of Tajikistan conduits an active work entailing bilateral and multilateral interrelations which tend towards constant increase and intensification.

Текст научной работы на тему «Principal Streanlines of foreign policy of Tajikistan Republic at the contemporary stage»

УДК 32С

ББК 63.3(543.0)64. А50

Б.%. АЛИМОВ

САМТ^ОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ХОРИ^ИИ ^УМ^УРИИ ТО^ИКИСТОН

ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дар таъини самтхои асосии сиёсати хоричй ва афзалиятхо дар он ба назар гирифтани махсусиятхои мавкеи геополитикии Ч,умх,урии Точикистон бисёр мухим аст. Дар дунё имруз кишваре нест, ки танхо ва бидуни муносибат бо кишвархои дигар арзи хдстй намояд. Чумхурии Точикистон низ истисно намебошад. Аз руи ин гуфта агар Точикистонро дар маркази доирае карор дихем, давродаври онро се халкаи давлатхо печонидаанд.

Халкаи аввал - халкаи давлатхои хамсояи наздик ва хаммарзи он, хосса Чумхурии Исломии Афгонистон, Чумхурии Узбекистан, Чумхурии Мардумии Чин ва Чумхурии ^иргизистон буда, халкаи дувум аз давлатхои ба истилох «хамсояи девордармиён», аз кабили Чумхурии исломии Покистон, Чумхурии Исломии Эрон, Туркманистон ва Ч,умх,урии Кдзокистон иборат мебошад. Ва нихоят халкаи охиринро кишвархои манфиатдоре, мисли Федератсияи Русия, Чумхурияти Туркия, ИМА, Арабистони Саудй ва f. ташкил медиханд.

Чумхурии Точикистон дар мавкеи мухими Авруосиё, ки Осиёи Марказиро бо нимчазираи Хинду Чин мепайвандад, чойгир аст ва дар равандхои чахонии сатххои минтакавию байналмилалй иштироки фаъол дорад. Вале ин ширкати фаъолонаи мо ва ба арсаи чахонй баромадани Точикистон ба осонй ба даст наомадааст.

Сардори давлат ва Хукумати Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар суханронии хеш дар Ичлосияи XVIII Шурои Олии Чумхурии Точикистои дар таърихи 28 декабри соли 1993 зимни зарурати танзими консепсияи сиёсати хоричии кишвар таъкид намуда буд, ки «Чумхурии Точикистон аз руи мавкеи ЧуFрофй, мавкеи геополитикй ва манофеи иктисодиаш ба 5 хавзаи сиёсй дохил мешавад [1, с. 100-101].

Хавзаи якум Иттиходи Давлатхои Мустакил аст, ки бо вучуди душворихои солхои аввали ташаккулаш ба суи тахкими равобити хамачихата тамоили ботинй дорад.

Хавзаи дуввум Осиёи Марказист, ки кунун ру ба вахдати иктисодию сиёсй овардааст.

Хавзаи саввум фазои зисту амали давлатхои хамсояи форсизабон аст, ки хануз ба ягон иттиходи муштараки сиёсй ё иктисодй нарасида бошанд хам, онхоро нафакат хамбастагии таърихй ва мазхабию фархангй, балки дурнамои вокеии рушди миллй бо хам чазб мекунанд. Хавзаи чахорум доираи нуфузи давлатхои мусулмоннишини Шарк аст, ки онхоро на факат ягонагии дину ойин

ва суннатхои рухонй, балки имконот ва эхтиёчоти рушди миллй низ ба хдм мепайванданд.

Нихоят, хдвзаи панчум чомеаи байналмилалист, ки чамъбастагии зохирию ботиниаш беш аз пеш кувват мегирад ва хам охиставу пайваста ба суи тамаддуни вохиди умумибашарй рох мепаймояд» [2, с.69-70].

Дар маркази доираи диккати кишвархо ва минтакахои номбаршуда карор гирифтан Точикистон се омили асосй дорад: иктисодй, низомй ва сиёсй. Диккати он кишвархоро, пеш аз хама, сарватхои зеризаминй ва руизаминии Точикистон - тилло, нукра, пахта, арзиз, мис, охдн, уран, хамчунин мавкеи стратегии он ва равандхои сиёсию ичтимоие, ки солхои охир дар сарзамини мо ба вучуд омадаанд, ба худ чалб намудааст. Илова бар ин Точикистон барои бисёрии ин кишвархо бозори муносибу мувофики фуруши молхояшон мебошад. Махсусан, барои он кишвархое, ки молхояшон дар бозори чахонй ба ракобати сахти кишвархои гарбй ва давлатхои пешрафтаи шаркй рубаруст. Аз ин сабаб хамаи онхо кушиш доранд, ки дар Чумхурии Точикистон нуфуз дошта бошанд, то хостахои сиёсию иктисодй ва низомиашонро бароварда созанд.

Сиёсати хоричии Точикистон дар шароити муосир хусусияти прагматикиро дорост, ки он имконият медихад бо давлатхои чахон бештар муносибатхои дучониба ва бисёрчонибаро ба рох монад. Дар муносибат бо давлатхои хамсархад ва давлатхои сохти демократй дошта Точикистон сиёсати дустй, дахолат накардан ба сиёсати дохилии дигар давлатхо , хал намудани масъалахо бо рохи осоиштаро пурра чонибдорй менамояд.

Вобаста ба сиёсати хирадмандонаи сарвари Точикистон дар сиёсати дохилй ва хоричй андешахои якчанд сарони давлатхои дунё маълум аст, ки чанде аз онхоро зикр менамоем.Чунончй, сарвазири Федератсияи Россия Д. Медведев зикр намудааст, ки Точикистон тайи бист соли гузашта муваффакиятхои назаррас ба даст оварда, обруи худро дар арсаи чахон баланд бардоштааст. Президенти Амрико Барак Обама зикр намудааст, ки ИМА бо Хукумати Точикистон ва халки он барои хамкории кавй дар рохи сулху дустй кор мекунад. Мо имконияти тахким бахшидани равобити дучонибаю минтакавии иктисодй ва хифз аз хавфу тахдиди терроризмро кадр мекунем.Иёлоти Муттахида ба манзури рушди чомеаи бехатар , шукуфон ва демократй ба хамкории худ бо Точикистон содик мемонад [6].

Азбаски кишвархои гуногун нисбати Ч,умхурии Точикистон хостахои гуногун, манфиатхои гуногун доранд ва аксар хостахои онхо бо хостахо ва манфиатхои давлатхои дигар дар тазод мебошад, байни ин кишвархо ракобате вучуд дорад. Ва ин ракобати онхо ба вазъи Точикистон бе таъсир нахохад буд. Чунончй, Покистон ва Эрон хохони онанд, ки дар Афгонистон хукумате дар сари кудрат бошад, ки бо истифода аз он манфиатхояшонро на танхо дар худи он мамлакат, балки дар Точикистон низ харчй тамомтар бароварда созанд.

Барои хамин хам ба ин ва ё он неруи сиёсию низомй ва кавмию миллии дар Афгонистон буда таваччух доранд. Дар навбати худ ба Покистон, Эрон ва Афгонистон кишвархои дигари дунё, ба таври мушаххас ИМА ва баъзе аз давлатхои араб умед мебанданд, то манфиатхои хешро аз тарики онхо дар Ч,умхурии Точикистон хифз намоянд.

Дар чунин вазъият рохи дуруст ва савоб барои Чумхурии Точикистон он аст, ки дар ин халкахои пурпечутоби муносибат бо кишвархои дигар истиклоли сиёсй, иктисодй, фархангй ва низомии хешро хифз намояд ва бо хамаи он кишвархо муносибати хасана дошта бошад. Дар акси хол, худро ба сифати давлати мустакил гум хохад кард ва хайсияти хешро аз даст хохад дод. Хамкорихои густурда ва мутакобилан судманд бо созмонхои бонуфузи байналмилалй ва минтакавй - Созмони Милали Муттахид, Созмони Амният ва Хамкорй дар Аврупо, Созмони Хамкории Исломй, Иттиходи Иктисодии АвроОсиё, Созмони Хамкории Шанхай, Иттиходи Аврупо ва, албатта, Иттиходи Давлатхои Мустакил - аз самтхои афзалиятноки сиёсати хоричии Чумхурии Точикистон мебошад.

Хангоми муайян намудани самтхои асосии сиёсати хоричй ва афзалиятхои он Чумхурии Точикистон ба хадафхо ва манфиатхои миллии худ такя мекунад. Манфиатхои миллии Чумхурии Точикистон дар сохаи сиёсати хоричй дар мархалаи хозира ва дар дурнамои наздик ба карори зайл аст:

Афзалиятхо дар сиёсати хоричй доимй ва бетаFЙир буда наметавонанд, онхо ба сатх ва мухтавои муносибатхои Чумхурии Точикистон бо ин ва ё он кишвар, фазои умумии сиёсй, ичтимой, иктисодй, фархангии минтака ва чахон айният доранд.

Мавкеи геополитикии Чумхурии Точикистон, таркиби кавмию миллии он сатхи рушди иктисодй ва ичтимоии он пеш бурдани сиёсати хоричии фаъол, амалигаро ва мутавозину мутаносибро такозо мекунад. Барори сиёсати хори-чии ин ва ё он кишвар вобаста ба риояи таносуби хадафхои миллй ва имкони-ятхои вокеии он мамлакат мебошад.

Чумхурии Точикистон сиёсати хоричии «дархои кушода»-ро пайгирона дар амал татбик намуда, эчоди воситахои самарабахши ба хам овардани манфиатхои миллй ва кушишхои байналмилалй, муттахид намудани саъю талошхои хамаи давлатхоро барои омода намудани аксуламали муносиб дар баробари тахдид ва хатархои замони муосир имконпазир мешуморад.

Чунин бардошт дар доираи равандхои хаёти ягонаи байналмилалй фарохам сохтани имкониятхои баробар, низоми амниятии фарогир ва макоми сазовори хамаи кишвархо ва халкхоро сарфи назар аз вусъат, накш ва мартабаи онхо дар таксимоти геополитикии нерухо таъмин менамояд. Точикистон, ки бо сабаби мавкеи чугрофии худ дар мехвари манфиатхои геополитикии нерухои муктадири олам карор гирифтааст, дар шароити мавчуда ва дар ояндаи наздик ният дорад сиёсати хадафмандонаро пеш бурда, минбаъд низ стратегияи хамкорихои бисёрчонибаро дунбол намояд.

Хадафхои асосии сиёсати хоричии Чумхурии Точикистон дар дурнамои дарозмуддат, тавре зикр шуд, бо максади хифзи манфиатхои олии кишвар бояд аз фарохам овардани шароити мусоиди берунй барои рушди устувори гуногун-арсаи мамлакат, инкишофи минбаъдаи Точикистон ба хайси давлати сохибис-тиклолу сохибихтиёр, дарёфти ризоият ва манфиатхои мутакобила бо кишвар-хои хоричй ва созмонхои байналмилалй дар чараёни халли вазифахое иборат бошанд, ки онхоро афзалиятхои сиёсати хоричии давлатамон муайян мекунанд.

Мавкеи геополитикии Точикистон, имкониятхои табииву демографии он, инчунин сатхи тараккиёти иктисодиву ичтимоии кишварамон пеш бурдани сиёсати хоричии фаъол, вокеъбинона ва сиёсати дархои кушодро мунтазам амалй мегардонад. Дар баробари ин, таъкид бояд сохт, ки муваффакияти сиёсати хоричй аз бисёр чихат ба тавозуни байни хадафхо ва имкониятхои татбики онхо вобаста мебошад.

Вазифаи мухимтарини сиёсати хоричй эчоди камарбанди эътимоду амният дар тамоми тули сархади кишвар аз тарики рушд ва тахкими муносибатхои неки хдмсоягй бо хамаи мамлакатхои хамчавор мебошад.

Бо ин максад Ч,умхурии Точикистон дар муносибатхои байнидавлатй бо кишварх,ои хаммарз ва минтака сиёсати дустй, хамсоягии нек, мудохила накардан ба корхои дохилии якдигарро пеш мебарад ва дар халли масоили бахснок, аз чумла масъалахои сархадй ва обу энергетика, ба воситаи халли осоиштаи онхо, яъне музокироту гуфтушунид, афзалияти комил медихад.

Мо, минбаъд низ чихати танзими авзои низоъбарангез ибтикороти сулххохона нишон дода, дар халлу фасли осоиштаи онхо иштирок хохем кард. Рохбарияти давлати Точикистон хамкории густурдаи минтакавиро воситаи мухимтарини халли масъалахои иктисодй, ичтимой, экологй ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказй медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тули бист соли охир борхо намоиш додааст.

Калидвожа^о: сиёсати хорицй, мавцеи геополитики, сиёсати даруои кушод, муносибатуои минтацавй ва байнидавлатй,манфиатуои миллй,муваффациятуои сиёсати хорицй.

Пайнавишт:

1. Сайидзода, З.,Саидов, Ф. Сиёсати давлатии Президент Эмомалй Раумон ва рушди устувори Тоцикистон / З. Сайидзода, Ф. Саидов. - Душанбе: Контраст,

2012. -162с.

2. Ризоев, Б.М, Акмалова, М.А. Внешняя политика суверенного Таджикистана / Б.М. Ризоев, М.А. Акмалова. - Худжанд: Ношир, 2008.-223 с.

3. Сиёсати хориции Тоцикистон. (зери таурири %амрохон Зарифй)- Душанбе: Ирфон, 2011. -319 с.

4. Паёми Президенти Чумуурии Тоцикистон Эмомалй Раумон ба Мацлиси Олии Чумуурии Тоцикистон аз 20-уми апрели соли 2013. -Душанбе: Шарци Озод,

2013. - 62с.

6. Стандарт ва сифат. -№ 5,-Душанбе: Орбита, сентябр-октябри соли 2011.- 29с.

Reference Literature

1. Sayidzoda S., Saidov F. State Policy of Emomali Rakhmon and Stable Development of Tajikistan. - Dushanbe: Contrast, 2012. -162pp.

2. Rizoyev B.M., Akmalova M.A. Foreign Policy of Sovereign Tajikistan. -Khudjand: Noshir,2008. -223pp.

3. Foreign Policy of Tajikistan (under the editorship of Khamrokhon Zarifi) - Dushanbe: Irfon,2011. -319pp.

4. Message of Tajikistan Republic President Emomali Rakhmon to Madjlisi Oli (the Tajik parliament) from April 20. 2003. - Dushanbe: Freedom of the Orient, 2013. - 62pp.

5. Standard and Quality. -№5. -Dushanbe:Orbit, September-October 2011. -29pp.

Основные направления внешней политики Республики Таджикистан на современном этапе

Ключевые слова: внешняя политика, геополитический статус, политика открытых дверей, межрегиональные и межгосударственные отношения, национальный интерес, достижения внешней политики В данной статье говорится о достижениях внешней политики Республики Таджикистан после обретения государственной независимости. Отмечается, что Республика Таджикистан на современном этапе проводит политику открытых дверей со странами мира и в стратегии развития.

Взаимовыгодное сотрудничество является объективным процессом интеграционных связей между странами, и Республика Таджикистан ведёт активную работу, в результате которой двусторонние и многосторонние взаимоотношения имеют тенденцию к постоянному возрастанию и активизации.

Principal Streanlines of Foreign Policy of Tajikistan Republic at the Contemporary Stage Keywords: foreign policy, geopolitical status, open doors policy, interregional and interstatal relations, national interest, achievements of foreign policy

The article dwells on the achievements of foreign policy in Tajikistan Republic after it obtained national independence. The author marks that Tajikistan Republic pursues open doors policy along the world countries at the contemporary stage, the strategy of development being included as well. Mutually profitable collaboration is an objective process of integrational ties between the countries and the Republic of Tajikistan conduits an active work entailing bilateral and multilateral interrelations which tend towards constant increase and intensification.

Роцеъ ба муаллиф:

Ботурцон ^омидович, н.и.т.,дотсент, мудири кафедраи муносибат^ои байнал-халции Донишго^и давлатии %уцуц, бизнеси Тоцикистон (Цум^урии Тоцикистон. ш. Хуцанд), e-mail:alimovb@rambler.ru

Сведения об авторе:

Алимов Ботуржон Хомидович, кандидат исторических наук, доцент, заведующий кафедрой международных отношений Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан, г. Худжанд), e-mail: alimovb@rambler.ru

Information about the author:

Alimov Batur Homidovich, chief of the department of international relations under the Tajik State University of Law, Business and Politics (Tajikistan Republic, Khudjand), e-mail: alimovb@rambler.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.