Научная статья на тему 'ВОЛИДАЙН ҲАМЧУН ОМӮЗГОРИ АВВАЛИН: НАМУНА ВА ИБРАТИ ШАХСӢ, ОБРУЮ ЭЪТИБОРИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ'

ВОЛИДАЙН ҲАМЧУН ОМӮЗГОРИ АВВАЛИН: НАМУНА ВА ИБРАТИ ШАХСӢ, ОБРУЮ ЭЪТИБОРИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
Намуна / ибрати шахсӣ / обрую эътибор / волидайн / рафтор / одоб / ахлоқ / тарбия / таълим / оила / хона / муҳит / мусоид / амал / тақлид / нақш / муҳим / зарур / худинкишофёбӣ / таҳсил / омӯзиш / фарзандон / хонандагони хурдсол.

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Носирова Шамсия Аминовна

Дар мақолаи мазкур масъа лаи мубрам ва рӯзмарра таълиму тарбияи хонандагони хурдсол тавассути намуна ва ибрати шахсӣ, обрую эътибори волидайн зери омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудааст. Муаллиф тавассути нишон додан, омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои гуногуни ҳам ватанӣ ва ҳам хориҷӣ кушиш ба харҷ додааст, ки масъалаи мазкурро пурра, дақиқ ва фаҳмо пешкаши хонанда кунад. Ҳамин тавр, муаллифи мақола модели ибрати пешрафтаи волидайн дар таълим ва тарбия, дар ташаккул ва рушди шахсият, ахлоқ ва интизоми фарзандонро пешниҳод ва таҳия намудааст. Ба андешаи муаллиф, бо нишон додани ибрати мусбат дар ҳаёти рӯзмарра, волидайн метавонанд фарзандонашонро барои зиндагии комёб ва боарзиш омода созанд. Тарбияи фарзандони хурдсоли мактабӣ, махсусан аз лиҳози таъсири ибрати шахсии волидайн, яке аз муҳимтарин омилҳои ташаккули шахсият ва ахлоқи кӯдакон ба ҳисоб меравад. Волидайн дар тамоми раванди инкишофи шахсияти фарзандон ҳамчун намунаи аввалин ва доимии тарбиявӣ амал мекунанд. Муаллиф қайд мекунад, ки волидайн бо рафтори худ, ки кӯдакон онро пайгирӣ ва нусхабардорӣ мекунанд, бевосита дар ташаккули шахсияти фарзандон нақши асосӣ мебозанд. Дар хулоса муаллиф барои таҳкими тарбияи ахлоқӣ ва иҷтимоии фарзандон ва беҳтар кардани намунаи ибратомӯзии волидайн, пешниҳодҳо ва тавсияҳоро пешкаш намудааст, ки аз саҳми шахсии муаллиф шаҳодат медиҳад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ВОЛИДАЙН ҲАМЧУН ОМӮЗГОРИ АВВАЛИН: НАМУНА ВА ИБРАТИ ШАХСӢ, ОБРУЮ ЭЪТИБОРИ ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ»

УДК - 37(575.3)

ВOЛИДAЙН XAM4yH OMУЗГOРИ AВВAЛИН: HAMyHA BA ИБРAТИ

ШAXСЙ, OБРУЮ ЭЪТИБOРИ BOЛИДAЙН ДAР ТAЪЛИMУ ТAРБИЯИ XOНAНДAГOНИ СИНФXOИ ИБТИДOЙ

HOCTPOBA ШAMСИЯ AMИНOBНA

ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи Коллеги омузгории ба номи Хосият

Махсумова, Донишгохи давлатии омузгории ба номи САйнй., ш. Душанбе

Дар ма;олаи мазкур масъа лаи мубрам ва рузмарра таълиму тарбияи хонандагони хурдсол тавассути намуна ва ибрати шахсй, обрую эътибори волидайн зери омузиш ва тахлил ;арор дода шудааст. Муаллиф тавассути нишон додан, омузиш ва тахлили сарчашмахои гуногуни хам ватанй ва хам хоричй кушиш ба харч, додааст, ки масъалаи мазкурро пурра, да;и; ва фахмо пешкаши хонанда кунад. Хамин тавр, муаллифи ма;ола модели ибрати пешрафтаи волидайн дар таълим ва тарбия, дар ташаккул ва рушди шахсият, ахло; ва интизоми фарзандонро пешниход ва тахия намудааст. Ба андешаи муаллиф, бо нишон додани ибрати мусбат дар хаёти рузмарра, волидайн метавонанд фарзандонашонро барои зиндагии комёб ва боарзиш омода созанд. Тарбияи фарзандони хурдсоли мактабй, махсусан аз лихози таъсири ибрати шахсии волидайн, яке аз мухимтарин омилхои ташаккули шахсият ва ахло;и кудакон ба хисоб меравад. Волидайн дар тамоми раванди инкишофи шахсияти фарзандон хамчун намунаи аввалин ва доимии тарбиявй амал мекунанд. Муаллиф ;айд мекунад, ки волидайн бо рафтори худ, ки кудакон онро пайгирй ва нусхабардорй мекунанд, бевосита дар ташаккули шахсияти фарзандон на;ши асосй мебозанд. Дар хулоса муаллиф барои тахкими тарбияи ахло;й ва ичтимоии фарзандон ва бехтар кардани намунаи ибратомузии волидайн, пешниходхо ва тавсияхоро пешкаш намудааст, ки аз сахми шахсии муаллиф шаходат медихад.

Калидвожах;о: Намуна, ибрати шахсй, обрую эътибор, волидайн, рафтор, одоб, ахло;, тарбия, таълим, оила, хона, мухит, мусоид, амал, та;лид, на;ш, мухим, зарур, худинкишофёбй, тахсил, омузиш, фарзандон, хонандагони хурдсол.

Намуна ва ибрати шахсй яке аз омилхои асосии тарбияи инсонй ба хисоб меравад. Дар даврахои таърихй ва муосир, ибрати шахсй хамеша дар сарнавишти инсонхо на;ши мухим мебозад. Дар шароити оилавй, волидайн бо рафтори худ хамчун ибрат барои фарзандони худ амал мекунанд, зеро кудакон рафторхои волидайни худро нусхабардорй мекунанд. Бо хамин сабаб, волидайн бояд ахамияти на;ши ибратии худро дар ташаккули шахсият ва ахло;и фарзандон дарк кунанд.

Тах;и;отхои муосир нишон медиханд, ки кудакон бештар аз сухан, бо назар ва рафтори шахсй, яъне бо он чизе, ки мебинанд, тарбия меёбанд. Aз ин ру, волидайн на танхо дар рафтор, балки дар диду назар ва муносибатхои худ бояд намунаи ибрат бошанд, то ки фарзандон низ хамин гуна арзишхоро аз худ кунанд. Эътибор ва обруи волидайн дар назди фарзандон ва чомеа аз мухимтарин унсурхои муносибатхои оилавй мебошад. Oбpyю эътибори волидайн на танхо шахсият ва рафтори фарзандро таъсир мебахшад, балки инчунин ба онхо кумак мекунад, ки дар мухити ичтимой бо дигарон муносибати босалохият дошта бошанд. Волидайн бо рафтори намунавии худ дар оила метавонанд фарзандони худро ба роххои дуруст хидоят кунанд, ки ин дар навбати худ ояндаи фарзандонро боэътимод месозад.

Ма;олаи мазкур ба баррасии на;ши ибрати шахсй ва обруи волидайн дар ташаккули шахсияти фарзандон равона шудааст. Проблемаи асосй ин дарки дурусти таъсири волидайн ба фарзандон ва истифодаи дурусти ин фахмиш барои тарбияи

насли нав мебошад. Ма;ола бо мисолхои мушаххас ва пажухишхои навтарин кушиш мекунад, ки равиши муосири муносибати волидайн бо фарзандонро нишон дихад.

Ибрат ва намунаи шахсй яке аз мафхумхои калидй дар равандхои тарбияи ахло;й ва ичтимоии инсонй ба шумор меравад. Дар асоси таърифи илмй, ибратомузй ин равандест, ки тавассути мушохддаи рафтор, амал ва кирдори дигарон, шахсият омузиш гирифта, ба тацлид кардани он майл мекунад. Дар ин замина, волидайн ба хайси ибрат ба фарзандон хидмат мекунанд, зеро онх,о аввалин шахсоне хастанд, ки кудак рафтори онхоро мебинад ва онро барои худ хамчун меъёри рафтор ;абул мекунад. Аз ну;таи назари психологияи муосир, ибрати шахсй ба мисли оина аст, ки тавассути он кудакон ч,ах,онро мебинанд ва мефах,манд. Аз ин чост, ки волидайн хамчун оинахои ибрат ба фарзандон таъсир мерасонанд ва рафтору дидгохи фарзандонро ташаккул медиханд.

Волидайн хамчун намунаи асосии ахло;й ва ичтимой дар зиндагии кудакон шинохта мешаванд. Рафтор, кирдор ва суханони волидайн на танхо барои омузиши ахло;и кудакон мухим аст, балки инчунин барои ташаккули муносибатхои ичтимой ва шахсиятхои онхо на;ши калидй мебозад. Тахдик;отх,ои навтарин нишон медиханд, ки кудакон асосан тавассути мушохддаи рафтори волидайн ба омухтани арзишхои ахло;й ва ичтимой шуруъ мекунанд.

Волидайн на танхо дар доираи оила, балки дар чомеа низ хамчун намунаи ибратй амал мекунанд. Агар волидайн дар чомеа обру ва эътибори баланд дошта бошанд, фарзандон аз ин холат таъсири мусбат мегиранд. Хдмзамон, агар волидайн дар чомеа муносибати нодуруст дошта бошанд, кудакон метавонанд ин рафторро хамчун меъёри худ ;абул кунанд. Ин нишон медихад, ки на;ши волидайн дар тарбияи ахло;й на танхо дар доираи хонавода махдуд намешавад, балки таъсири васеи ичтимой дорад.

Дар бобати масъалаи "Намуна ва ибрати шахсй, обрую эътибор" дар тад;и;оти олимони точик низ тах;и;оти чолиб ва арзишманд мавчуданд. Харчанд тад;и;отхои муста;им дар бораи ибрат ва намунаи шахсй на хама ва;т бо хамин ном баррасй мешаванд, аммо дар доираи омузиши тарбияи фарзанд, ахло; ва шахсият, олимони точик ба ин масъалахо ру овардаанд.

Б. Мачидова, омузгори маъруфи сохаи психология ва педагогикаи точик, дар кори худ ба на;ши равонй ва ахло;ии волидайн дар тарбияи фарзанд таваччух кардааст. У дар тад;и;отхои худ таъкид мекунад, ки кудакон тавассути мушохидаи волидайн, ки хамчун намунаи ибрат хидмат мекунанд, ба ташаккули худшиносй ва обрую эътибор дар чомеа мусоидат мекунанд [3;с.321].

Пажухишхои охир нишон медиханд, ки муносибати фарзандон ба рафтор ва ахло;и волидайн дар тули солхо тагйир меёбад, вале дар мархилахои ибтидоии зиндагй (аз таваллуд то та;рибан 10-12 солагй) таъсири ибратомузии волидайн дар шакли бевосита ба рафтори фарзандон таъсир мерасонад. Тахлилхои равонй дар бораи муносибати фарзандон ба рафтори волидайн нишон медиханд, ки кудакон на танхо ба суханони волидайн ди;;ат медиханд, балки бештар ба амалхо ва кирдори онхо назар мекунанд. Ба гуфтаи равоншиносон, агар амалхо ва суханони волидайн мувофи;ат накунанд, кудакон бештар ба амалхои онхо такя мекунанд. Ин меъёр на танхо барои омузиши ахло;й, балки барои ташаккули эхсосоти худ низ таъсир мерасонад.

Назарияхои педагогй дар бораи таъсири ибрати волидайн ба инкишофи фарзандон ба таври васеъ тах;и; шудаанд. Назарияи «Омузиши ичтимой» (Social Learning Theory) Алберт Бандура, ки дар солхои 1960 ва 1970-ум ба вучуд омада буд, барои фахмидани на;ши ибрат дар рафтор ва таълим хеле мухим аст. Ба гуфтаи Бандура, кудакон тавассути мушохидаи рафтор ва моделхои ичтимой, ба вижа волидайн, амалхоро меомузанд ва онхоро ба рафтори худ татби; мекунанд [5;с. 102].

Волидайн, хамчун моделхои рафторй, барои фарзандон намунахои аслии амал ва арзишхоро муаррифй мекунанд, ки барои тарбияи шахсият ва ;обилиятхои онхо на;ши мухим мебозад.

Назарияи «Ташаккули ичтимой» (Sociocultural Theory) Лев Виготский низ таъсири ибрати волидайнро дар раванди омузиш ва инкишофи шахсият ба таври ами; тахдил мекунад. Виготский ба таъсири мухити ичтимоии оила ва усулхои тарбияи волидайн дар ташаккули ;абилиятхои когнитивй ва ичтимоии кудакон ди;;ат медихад [9;с. 77]. Ба гуфтаи Виготский, волидайн бо тарзи хаёти худ ва муносибатхо ба кудакон на;ши мухими моделсозиро мебозанд, ки барои инкишофи ;обилиятхо ва рафтори ичтимой асоснок аст.

Тад;и;оти муосир дар сохаи психология ва педагогика нишон медихад, ки намунаи шахсй ва ибрати волидайн ба инкишофи шахсияти фарзандон таъсири ами; мерасонад. Тад;и;оти Диана Баумринд дар мавриди тарзхои тарбия ва таъсири онхо ба фарзандон нишон медихад, ки волидайн бо усулхои гуногуни тарбия метавонанд ба рушди шахсияти кудакон таъсир расонанд. Баумринд бар он аст, ки тарзи авторитетй, ки бо мухаббат, интизом ва масъулият хамрох аст, барои инкишофи шахсияти кудакон муфид аст[6;, с. 65].

Абдучалил Ч,ураев, академик ва доктори илмхои педагогй, дар доираи тах;и;оти худ дар бораи тарбия ва рушди шахсият дар Точикистон на;ши ибрати волидайнро дар ташаккули шахсият мавриди омузиш ;арор додааст. У дар як ;атор ма;олахои илмй ба масъалахои рушди ичтимой ва шахсият тавассути тарбияи оилавй ва ахло;й ди;;ат медихад. Махсусан, Ч,ураев дар тад;и;оти худ "Таъсири мухити оилавй ба тарбияи кудак" (2019) нишон медихад, ки чй гуна волидайн тавассути амал ва эътибори худ кудаконро ба арзишхои ахло;й ва ичтимой водор мекунанд [4;, с. 5].

Тад;и;оти Лоуренс Стайнберг хамчунин ба таъсири ибрат ва намунаи шахсй ба инкишофи шахсияти фарзандон ишора мекунанд. Стайнберг ба на;ши фаъол ва дастгирии волидайн дар тахсил ва рушди шахсият таъкид мекунад, ки ба он мусоидат мекунад, ки фарзандон худро бо эътимод ва муваффа;ият хис кунанд [11;с. 52].

Пажухишхо нишон медиханд, ки тарбияи дуруст, ки бо эхтиром ба хиссиёти кудакон, дастгирии онхо ва таълимоти ахло;й хамрох аст, кудаконро ба шахсиятхои солим, боэхтиром ва масъулиятшинос табдил медихад. Ин кудакон дар оянда метавонанд дар чомеа бо масъулият амал кунанд ва дар хамкории самаранок бо дигарон сахм гиранд. Дар баробари ин, тарбияе, ки бо беэътиной ё рафтори носахех хамрох аст, метавонад шахсияти кудаконро нодуруст ташаккул дихад. Ин метавонад боиси мушкилоти ахло;й ва ичтимой гардад, ки кудакон дар мухити оилавй ва ичтимоии худ рубару мешаванд. Аз ин ру, на;ши волидайн дар тарбияи шахсияти фарзандон мухим аст ва онхо бояд хамеша бо масъулият ва чиддият ба ин вазифаи худ муносибат кунанд.

Волидайн ба сифати педагоги аввалин на;ши мухимро дар ташаккули тарбияи ахло;й ва арзишхои фарзандон мебозанд. Тад;и;оти Сюзан Пейдж (Susan Page) [10; с. 97] ва Патриша Крайн (Patricia Crain) [7; с.88] нишон медиханд, ки волидайн бо таъсири муста;им ва гайримуста;им дар ташаккули хислатхои ахло;й ва арзишхои фарзандон иштирок мекунанд. Волидайн бо рафтори худ ва усулхои тарбия, ки бо мухаббат ва масъулият хамрох аст, метавонанд ба фарзандон арзишхои ахло;й ва ичтимоиро омузонанд.

Профессор М. Давлатов яке аз олимони маъруф дар сохаи педагогика ва психологияи точик ба хисоб меравад. У дар осори худ ба масъалаи тарбияи ахло;й ва ташаккули шахсияти фарзанд тавассути ибрат ва намунаи волидайн ди;;ати махсус медихад. Дар тад;и;оти худ у волидайнро хамчун педагоги аввалин мебинад, ки бо рафтор ва намунаи шахсии худ таъсири бузург ба шахсият ва ахло;и фарзандон

мерасонанд. Давлатов таъкид мекунад, ки надши волидайн дар ташаккули арзишхои ахлодй ва эхтироми шахсият хеле мухим аст [2; с. 148].

Кисмати мухими тарбияи ахлодй низ бо методхои педагогии монанди тарзи «тарбияи интизомй» (disciplinary education) ва тарзи «интихоби натичавй» (result-oriented approach) алодаманд аст. Тарзи тарбияи ахлодй, ки бо назорати мадсаднок ва мухаббати ошкоро бо фарзандон хдмрох, аст, кумак мерасонад, ки фарзандон арзишхои ахлодиро дабул кунанд ва онхо ба рафтори ичтимой ва ахлодй таълим гиранд [8; с. 101].

Рафтори волидайн на танхо дар каломи онхо, балки дар амалхои харрузаи онхо тачассум меёбад. Кудакон аз мушохидаи рафторхои волидайн бештар таъсир мегиранд ва ба нусхабардорй аз онхо шуруъ мекунанд. Рафтори мусбати волидайн, ки бо эхтиром, ростдавлй, саховатмандй ва масъулиятшиносй хамрох аст, намунаи хуб барои кудакон мешавад. Ин рафторхо метавонанд фарзандонро ба самти ахлодии дуруст хидоят кунанд.

Дар баробари ин, рафторхои манфии волидайн низ метавонанд ба фарзандон таъсири манфй расонанд. Агар волидайн дар рафторашон масъулиятшинос набошанд ё бо дигарон муносибати бад дошта бошанд, кудакон метавонанд ин амалхоро нусхабардорй кунанд. Бинобар ин, мухим аст, ки волидайн хамеша бо рафтори намунавии худ бодй монанд, то ки кудакон низ ба рафтори онхо пайравй кунанд.

Кудакон аз волидайн арзишхои ахлодй ва рафтори ичтимоиро меомузанд. Ташаккули арзишхои ахлодй ва ичтимой дар кудакон аз мухити оилавй огоз меёбад, ки дар ин раванд волидайн хамчун сарчашмаи асосй амал мекунанд. Арзишхо ин мачмуи меъёрхо ва доидахо мебошанд, ки рафтори одамонро дар чомеа муайян мекунанд. Ин арзишхо на танхо дар доираи муносибатхои шахсй, балки дар тамоми фаъолиятхои ичтимоии инсон ахамияти хоса доранд.

Доктори илмхои психологй Сабохат Бобочонова дар кори худ ба тахдидоти психологии оила ва тарбия дар Точикистон диддати махсус медихад. Дар як датор таддидотхояш дар мавриди "Психологияи оила" ва «Ибрати волидайн хамчун модели шахсиятсозй» (2020), Бобочонова нишон медихад, ки чй гуна ибрат ва намунаи шахсй метавонад ба ташаккули ахлоди фарзандон таъсир расонад. Ба гуфтаи у, мухити оилавй ва надши шахсй ва ахлодии волидайн дар ташаккули добилиятхои ичтимоии кудакон надши асосй доранд [1; с. 85].

Волидайн бо рафтор ва муносибатхои худ метавонанд кудаконро ба самтхои ахлодй ва ичтимоии дуруст хидоят кунанд. Ин самтхо, ки дар мухити оила ба вучуд меоянд, ба фарзандон кумак мекунанд, ки дар зиндагй бо масъулият, эхтиром ба дигарон ва ахлоди дуруст амал кунанд. Тахдидотхои навтарини равоншиносй нишон медиханд, ки кудакон бештар аз волидайн меъёрхои ахлодиро омухта, онхоро хамчун асос барои ташаккули шахсияти худ истифода мебаранд.

Дар ин чода, мо барои бехтар намудани таъсири намуна ва ибрати волидайн "Модели ибрати пешрафтаи волидайн дар таълим ва тарбия"-ро пешниход мекунем. Волидайн хамчун аввалин ва мухимтарин манбаи тарбияи фарзандон надши халкунанда доранд. Модели ибрати пешрафтаи волидайн ба таъсири бевосита ва гайримустадими онхо дар раванди тарбия ва таълим асос меёбад, ки аз фаъолияти рузмарра ва муносибатхояшон ташаккул меёбад.

Яке аз чанбахои мухим дар модели ибрати пешрафтаи волидайн ахлоц ва арзишъо ба хисоб мераванд. Кудакон дар мухити оила арзишхоеро фаро мегиранд, ки волидайн дар муносибат бо дигарон нишон медиханд. Ба таври назаррас, кудакон рафтори волидайнро нусхабардорй мекунанд.

Дар модели ибрати пешрафтаи волидайн, рафтор ва тарзи муносибати онхо ба тацсил ва худинкишоф ахамияти махсус дорад. Агар волидайн ба тахсил ахамият

диханд ва кудакони худро барои пайваста омyхтан ва инкишоф додан хавасманд кунанд, кyдакон ин модели ибратро пайравй мекунанд. Мухим он аст, ки волидайн ба омузиш ва тахсил таваччух зохир кунанд, зеро таъсири онхо дар ташаккули фарзандон на танхо дар синни хурдй, балки дар тамоми мархалахои рушди шахсият мухим аст. Масалан, ва;те волидайн китоб мехонанд ё фаъолияти омузишй мекунанд, фарзандон аз онхо омузиш мегиранд ва ба ин рафтор пайравй мекунанд.

Волидайн хамчун ибрати ахло;й инчунин дар муносибат ва этироми одамони дигар барои фарзандон намунаи ибрат мешаванд. Тарзи муносибати волидайн бо дигарон, новобаста аз шароити ичтимой ё и;тисодй, барои ташаккули муносибати ахло;ии фарзандон таъсири ами; дорад. Муносибатхои мухити оилавй дар рафтор ва муносибатхои ояндаи фарзандон на;ши бузург доранд. Волидайн, ки бо мехрубонй, хамдардй ва эхтиром бо атрофиён муносибат мекунанд, фарзандони онхоро бо хамин арзишхо тарбия медиханд.

Тах;и;оти пешрафтаи педагогй ва равонй нишон медиханд, ки намунаи ибрати пешрафтаи волидайн дар ташаккули масъулият ва интизом дар кудакон ахамияти бузург дорад. Волидайн, ки масъулиятшинос хастанд ва интизомро дар хаёти худ риоя мекунанд, ин рафторро ба фарзандони худ инти;ол медиханд.

^амин тавр, ба андешаи мо, модели ибрати пешрафтаи волидайн дар таълим ва тарбия, дар ташаккул ва рушди шахсият, ахло; ва интизоми фарзандон на;ши калидй мебозад. Муносибати волидайн ба таълим, ахло; ва муносибат бо дигарон дар ташаккули шахсият ва арзишхои фарзандон таъсири ами; мегузорад. Бо нишон додани ибрати мусбат дар хаёти рузмарра, волидайн метавонанд фарзандонашонро барои зиндагии комёб ва боарзиш омода созанд.

Дар хулоса хаминро ;айд карданием, ки тарбияи фарзандони хурдсоли мактабй, махсусан аз лихози таъсири ибрати шахсии волидайн, яке аз мухимтарин омилхои ташаккули шахсият ва ахло;и кудакон аст. Волидайн дар тамоми раванди инкишофи шахсияти фарзандон хамчун намунаи аввалин ва доимии тарбиявй амал мекунанд. Мо дида баромадем, ки волидайн бо рафтори худ, ки кудакон онро пайгирй ва нусхабардорй мекунанд, бевосита дар ташаккули шахсияти фарзандон на;ши асосй мебозанд. Мухимтарин омилхои таъсири ибрат инхо мебошанд:

- Ахлоц ва арзишхо: Кудакон бештар аз амалхои во;еии волидайн таълим мегиранд ва арзишхои ахло;иро аз онхо меомузанд. Рафтори волидайн барои кудакон намуна ва модели ибратй мегардад, ки онхо дар оянда пайравй мекунанд.

- Пешбурди тахсил ва худинкишофи: Волидайн, ки ба тахсил ва омузиш таваччух зохир мекунанд, ин равишро ба фарзандони худ инти;ол медиханд ва онхоро барои инкишофи шахсй хавасманд месозанд.

- Муносибащо ва эхтиром ба дигарон. Волидайн бо муносибати ахло;й ва эхтиром ба дигарон намунаи ибрат барои фарзандон мешаванд, ки онхо ин рафторро дар мухити ичтимоии худ такрор мекунанд.

- Масъулият ва интизом. Бо нишон додани масъулиятшиносй ва интизом дар рафтор, волидайн кудакони худро дар рохи ташаккули масъулиятпазирй ва интизоми шахсй хидоят мекунанд.

Хамин тари;, волидайн на танхо хамчун тарбиятгар, балки хамчун модели ибратомузи доимй ва муассир амал мекунанд.

Барои тахкими тарбияи ахло;й ва ичтимоии фарзандон ва бехтар кардани намунаи ибратомузии волидайн, пешнщощо ва тавсищои зеринро метавон истифода бурд:

1. Рафтори мутобиц бо сухащо: Волидайн бояд кушиш кунанд, ки рафторашон ба гуфтахои онхо мувофи;ат кунад. Кудакон одатан ба амалхо бештар назар мекунанд, бинобар ин, мувофи;ати рафтор ва калом на;ши мухим мебозад.

2. Таваццу ба таълимва худинкишоф: Волидайн бояд хамеша кушиш кунанд, ки барои тахсил ва омузиши пайваста намунаи ибрат бошанд. Бо нишон додани ахамияти тахсил ва омузиши доимй, онхо фарзандони худро барои омузиш ва рушд хавасманд мекунанд.

3. Муносибати эцтиромона ва цамдардщ ба дигарон. Бо нишон додани эхтиром ва хамдардй дар муносибат бо дигарон, волидайн метавонанд фарзандони худро барои инкишофи эхсоси хамдардй ва эхтиром ба чомеа хидоят кунанд. Ин яке аз чанбахои мухим дар ташаккули шахсияти ахлодй мебошад.

4. Масъулиятва интизом. Волидайн бояд кудаконро дар амалхои рузмарраи худ ба интизом ва масъулиятшиносй таълим диханд. Бо нишон додани рафтори масъулиятнок ва интизомнок, онхо кудакони худро барои татбиди хамин арзишхо дар зиндагй омода мекунанд.

5. Муити тарбиявии мусби: Мухити оилавй бояд чойи ором ва мусбат барои рушди ахлодй ва ичтимоии кудакон бошад. Волидайн бояд кушиш кунанд, ки мухити оилавиро бо мухаббат, дастгирй ва эхтиром пурра кунанд, то ки кудакон ин арзишхоро дар рафтори худ инкишоф диханд.

Дар мачмуъ, волидайн метавонанд дар рушди шахсият ва ахлоди фарзандон бо ибратомузй ва рафтори дуруст таъсири бузург гузоранд. Тарбияи мусбат, муносибати ахлодй ва омузиши пайваста хама якчоя ба тарбияи фарзандон хамчун аъзоёни боарзиши чомеа мусоидат мекунанд.

Адабиёт

1. Бобочонова Сабохат. Психологияи оила: Ибрати волидайн хамчун модели шахсиятсозй / С. Бобочонова. Тахлили психологии надши ибратомузии волидайн дар ташаккули шахсият. (2020) С.115

2. Давлатов Мах,мадулло. Оила ва рушди шахсияти фарзандон /М. Давлатов. Душанбе. Ирфон. 2014. - с.148-150

3. Мачидова Б. Анъанахои халдй ва одатхо ба сифати воситахои ташаккули хислатхои ахлодии кудакон дар оила/Б. Мачидова. Дис. Доктори Илмхои Педагогй. - Душанбе, 2004, -321-323с.

4. Ч,ураев Абдучалил. Мадолаи илмй: Таъсири мухити оилавй ба тарбияи кудак / А. Чураев. 2019, С.15

5. Bandura, Albert. Social Learning Theory /A. Bandura. Prentice Hall, 1977, p. 102. (С.205).

6. Baumrind, Diana. Child Care Practices Anteceding Three Patterns of Preschool Behavior /D. Baumrind. Genetic Psychology Monographs, 1967, p. 65. (С.75).

7. Crain, Patricia. Theories of Development: Concepts and Applications / Patricia Crain. Worth Publishers, 2016, p. 88. (С.433).

8. Dweck, Carol. Mindset: The New Psychology of Success /Carol Dweck Random House, 2006, p. 101. (С.283).

9. Vygotsky, Lev. Mind in Society: The Development of Higher Psychological Processes /L. Vygotsky. Harvard University Press, 1978, p. 77. (C.101).

10. Page, Susan. The Social Dynamics of Family Life /S. Page. Oxford University Press, 2020, p. 97. (C.205).

11. Steinberg, Laurence. Adolescence /L. Steinberg. McGraw-Hill Education, 2016, p. 52. (C.608).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.