Научная статья на тему 'ДОИР БА БАЪЗЕ ТАМОЮЛҳОИ АРЗИШИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҳОИ ИБТИДОӣ ДАРРОҳИ ТАРБИЯИ ФАЪОЛНОКИИ ҷАМЪИЯТӣ'

ДОИР БА БАЪЗЕ ТАМОЮЛҳОИ АРЗИШИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҳОИ ИБТИДОӣ ДАРРОҳИ ТАРБИЯИ ФАЪОЛНОКИИ ҷАМЪИЯТӣ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
245
23
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АРЗИШНОКӣ / ЗЕҳН / ТАМОЮЛ / РУШДИ ТАФАККУР / НАВГОНӣ / қОБИЛИЯТҳОИ ЭҷОДӣ / ШАХСИЯТ / ДОНИШ / ФАЪОЛИЯТИ ФИКРӣ / ОМӯЗГОР / БОЗИҳОИ ДИДАКТИКӣ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Собирова Назира Солиҷоновна

Дар мақола зарурати тавсеаи гароиши арзишии насли наврас аз нигоҳи педагогӣ ва психологӣ асоснок карда шуда, мушкилот ва гароишҳои омӯзиши хонандагон дар мактаби муосир дар баланд бардоштани арзишмандӣ, рушди зеҳнӣ дар ташаккули тамоюли арзишмандӣ зоҳир мегардад, таҳлил карда шудааст. Ҳамчунин талаботи раванди педагогии ба шахсият нигаронида имкон медиҳад, то арзишҳои ягонаи инкишоф ва худинкишофи шахсияти хонандагони синфҳои ибтидоӣ нишон дода шудааст. Қайд мешавад, ки самтҳои баррасии тамоюлҳои арзишии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар роҳи тарбияи фаъолнокии ҷамъиятӣ, зуҳури фаъолнокии иҷтимоии хонандагони синфҳои ибтидоӣ махсусияти худро дорад, ки бо марҳилаи ибтидоии воридшавии кӯдакон ба низоми нави муносибат, низоми ангезаҳо, бозиҳои дидактикӣ ба рушди фаъолнокии иҷтимоии насли наврас равона кардааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ON CERTAIN VALUABLE TENDENCIES OF ELEMENTARY SCHOOL STUDENTS ON THE WAY TO LEARNING PUBLIC ACTIVITIES

The article substantiates the necessity of valuable tendencies development of the younger generation from a pedagogical and psychological point of view and analyzes the problems and tendenciesbeset with educating students in a modern school in order to increase value, mental development in the relevant trends formation. The author lays an emphasis upon the idea of requirements of a personality-centered pedagogical process in order to show the unique values of personal development and self-development of younger students. The streamlines of valuable tendencies of younger schoolchildren on the way of education of social activity, manifestations of social activity of younger schoolchildren have their own characteristics aimed at development of social activity of the younger generation being taken into consideration as well.

Текст научной работы на тему «ДОИР БА БАЪЗЕ ТАМОЮЛҳОИ АРЗИШИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҳОИ ИБТИДОӣ ДАРРОҳИ ТАРБИЯИ ФАЪОЛНОКИИ ҷАМЪИЯТӣ»

ТДУ 373 ТКБ74.200

ДОИР БА БАЪЗЕ ТАМОЮЛХ^ОИ Собирова Назира Солицоновна, унвонцуи

АРЗИШИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФХ^ОИ кафедраи педагогикаи ицтимои ва касбии МДТ

ИБТИДОЙ Дар РОХЦ ТАРБИЯИ "ДДХ ба номи акад.Б^афуров"(Тоцикистон,

ФАЪОЛНОКИИ ЦАМЪИЯТЙ Хуцанд)

О НЕКОТОРЫХ ЦЕННЫХ ТЕНДЕНЦИЯХ Собирова Назира Солиджоновна, соискатель

УЧАЩИХСЯ НАЧАЛЬНОЙ ШКОЛЫ НА кафедры социальной и профессиональной

ПУТИ К ОБУЧЕНИЮ ОБЩЕСТВЕННОЙ педагогики ГОУ «ХГУ имени акад. Б Гафурова»

ДЕЯТЕЛЬНОСТИ (Таджикистан, Худжанд)

ON CERTAIN VALUABLE TENDENCIES OF Sobirova Nazira Solijonovna, applicant of the ELEMENTARY SCHOOL STUDENTS ON department of social and professional pedagogy THE WAY TO LEARNING PUBLIC under the SEI "KhSU named after acad.

ACTIVITIES B.Gafurov"(Tajikistan, Khujand), Email: sobiri.n@mail.ru

Вожа^ои калиди: арзишноки, зеун, тамоюл, рушди тафаккур, навгони, цобилиятуои эцоди, шахсият,дониш,фаъолияти фикри,омузгор, бозщои дидактики

Дар мацола зарурати тавсеаи гароиши арзишии насли наврас аз нигоуи педагоги ва психологи асоснок карда шуда, мушкилот ва гароишуои омузиши хонандагон дар мактаби муосир дар баланд бардоштани арзишманди, рушди зеуни дар ташаккули тамоюли арзишманди зоуир мегардад, таулил карда шудааст. Хамчунин талаботи раванди педагогии ба шахсият нигаронида имкон медщад, то арзишуои ягонаи инкишоф ва худинкишофи шахсияти хонандагони синфуои ибтидои нишон дода шудааст. Цайд мешавад, ки самтуои баррасии тамоюлуои арзишии хонандагони синфуои ибтидои дар роуи тарбияи фаъолнокии цамъияти, зууури фаъолнокии ицтимоии хонандагони синфуои ибтидои махсусияти худро дорад, ки бо маруилаи ибтидоии воридшавии кудакон ба низоми нави муносибат, низоми ангезауо, бозиуои дидактики ба рушди фаъолнокии ицтимоии насли наврас равона кардааст.

Ключевые слова: ценность, интеллект, тенденции, развитие мышления, новаторство, творческие способности, личность, знания, интеллектуальная деятельность, учитель, дидактические игры

В статье обосновывается необходимость развития ценностных тенденций подрастающего поколения с педагогической и психологической точек зрения, анализируются проблемы и тенденции воспитания учащихся в современной школе относительно повышения ценностного, умственного развития в формировании ценностных тенденций. Автор также подчеркивает требования педагогического процесса, ориентированного на личность, чтобы показать уникальные ценности личностного развития и саморазвития младших школьников. Учет ценностных тенденций младших школьников на пути воспитания социальной активности, проявление социальной активности младших школьников имеют свои особенности, направленные на развитие социальной активности подрастающего поколения.

Key-words: value, intelligence, tendencies, development of thinking, innovation, creativity, personality, knowledge, intellectual activity, teacher, didactic games

The article substantiates the necessity of valuable tendencies development of the younger generation from a pedagogical and psychological point of view and analyzes the problems and tendenciesbeset with educating students in a modern school in order to increase value, mental development in the relevant trends formation. The author lays an emphasis upon the idea of requirements of a personality-centered pedagogical process in order to show the unique values of personal development and self-development of younger students. The streamlines of valuable tendencies of younger schoolchildren on the way of education of social activity, manifestations of social activity of younger schoolchildren have their own characteristics aimed at development of social activity of the younger generation being taken into consideration as well.

Мафх,ум дар бораи арзишх,ои шахсиятй мухдмтарини пояи назариявию методологии чудо кардани таркиби фаъолнокии чамъиятии мактаббачагони синфх,ои ибтидой ба шумор меравад. Арзишмандй, ба назари мо, ташкили равоние мебошад, ки ало^аи мута^обила ва ягонагии

сохаи фаъолият, ин ё он пахлуи барои инсон мухим ва тарзхои идрок, чудо кардан ва тасдик намудани худ, мани худро дар низоми муносибат бо атрофиён ифода мекунад. Арзишмандй механизми ибтидой ва зарурии равониест, ки саъю кушиш ва самтияти инсонро ба худтатбиккунии нихой дар он сохди фаъолият, ки барои у мухим хисоб мешавад, машрут месозад. Арзишмандй хамчун ташкилаи равонй дар тамоюлхои арзишй зохир мегардад, ки чун омили низомсози худинкишофёбии шахсият баррасй мегардад. Тавре, ки И.В. Дубровина таъкид менамояд: "Ч,идду чахди инсон ба чустучу ва татбики маънии хаёти худ тамоюли арзишии фикрй аст, ки ба хамаи одамон хос аст ва мухаррики асосии рафтор ва рушди шахсият мебошад" [3, с. 29].

Талаботи раванди педагогии ба шахсият нигаронида имкон медихад, то арзишхои ягонаи инкишоф ва худинкишофи шахсияти хонандагони синфхои ибтидой чудо карда шаванд. Байни тамоюлхои арзишии барои хонандагони муосир мухимтарин мухаккикон (А.В. Зосимовский, В.А.Кан-Калик, В.А. Петровский и др.) мухаббат, озодй, маданият, вичдон, хаёт, зебой, инсон ва муоширатро таъкид намудаанд. Масалан В.Г. Казанская зимни тахкики масъалаи тамоюли мактабиён ба арзишхои мухими ичтимой мукаррар намудааст, ки раванди тамоюли хонандагон ба арзишхои умумиинсонй раванди душвор, пурихтилоф ва дар як ва;т табий буда, барои ташаккули минбаъдаи шахсияти онхо замина фарохам меорад ва то чое сабаби худхаракати онхо мегардад» [4, с.516].

Ба худхосии мавкеи ботинии кудаки синну соли мактаби ибтидоиро, на танхо тагйироти талабот, балки дигаргуншавии сохаи ангезишй мекунад, ки хамчун кисми мухими сохтории фаъолнокии чамъиятй зохир мегардад.

Дар натичаи пажухишхои сершумор маълум гардидааст, ки хангоми мактабравй дар кудак як катор ангезишхои нави пеш аз хама бо фаъолияти нави пешбар - илмомузй алокаманданд пайдо мешавад, яъне дар ин давра ангезаи маърифатй ташаккул меёбад. Бинобар хамин синну соли хурди мактабй бо озодии бештари рафтор тавсиф мегардад, ки бо пайдо шудани зинахои ахлокии ботинй ва асосхои аввалини масъулият алокаманд аст.

Зухури фаъолнокии чамъиятии мактабиёнро низоми ангезахои зерин муайян менамояд:

- ангезахои худмуайянкунй ва худтатбиккунй дар гуруххои чамъиятии гуногун (мактаб, синф, гурухи гайрирасмй, сахни бино, куча ва гайра), ки онхоро ангезахои васеи чамъиятй меноманд;

- ангезахои эътибори шахсй, ки ба кушиши ишголи мавкеи муайян дар чомеа равона гардидааст ва ангезаи худтакмилдихй ба хамин чидду чахд асос меёбад;

- ангезахои муваффакияти шахсятй, ки ба татбики талаботи худифодакунй равона карда шудаанд;

- маърифатй, ки ба конеъ намудани талаботи маърифатй равона гардидааст;

- фардй, ки бо халли ихтилофхое равона гардидаанд, бо сабаби нохамохангии тачрибаи фардй, ангезахои ботинй, меъёр ва коидахои ичтимоию педагогии беруна ба миён меоянд;

- максадхои ахлокй (максади карз, максади маънавй).

Тахкикоти А.В. Запорожетс ва Л.С.Славина исбот намудааст, ки гуногуншаклии муносибатхои талабаи мактаби ибтидой бо вокеияти атроф бо навъи ангезаи ба хам алокаманд, вале пайдоишашон мухталиф муайян мекунад [4, с.402].

Ба гурухи аввал У.И.Рогов ангезахоеро дохил намудааст, ки онхоро тамоми низоми муносибатхои мавчудаи байни кудаку вокеияти уро ихотанамуда ба вучуд меорад. Ин ангезахои чамъиятй пеш аз хама аз вазъи хаёти кудак дар оила, мавкеи у дар мактаб, мавкеи ботинии у нисбат ба мактаб вобастаанд; дар худ он кушиш ва талаботи кудакро тачассум менамоянд, ки аз мачмуи вазъияти хаёти у бар меоянд ва бо самтгирии асосии шахсияти у алокаманд хастанд [10, с.42].

Тавре мушохидахои мо нишон доданд ангезахои чамъиятй хусусиятхои гуногун дошта метавонанд: кушиши талабаи хурдсолро барои сазовор шудан ба тахсин ва таваччухи омузгор, волидайн, ба даст овардани обру ва эътибор байни рафикон, ба худ таъмин кардани макоми муносиб. Чунин ангезахои чамъиятй ба хайси шаклхои зухури фаъолнокии чамъиятй, намудхои мухталифи фаъолияти гуногуни кудакони синни хурди мактабиро фаро мегиранд, зеро хар як фаъолияти чиддии кудак хам барои чамъият ва хам барои худи у ахамияти ичтимой дорад. Азбаски таълим фаъолияти асосии талабаи хурдсол мебошад, ин ангезахо дар он баръало зохир гардида, арзиши бештар пайдо мекунанд, аз ин лихоз дар низоми муносибатхои кудак мавкеи марказй доранд.

Гурухи дуюми ангезахо ба андешаи Л.И. Божович, ангезахоеро дар бар мегирад, ки

бевосита аз худи фаъолияти таълимй сар задаанд. Ба ин гурух шавку рагбати гуногуни маърифатй дохил мешаванд, ки конеъ гардонидани онхо аз кудак саъю кушиши мехратй, фаъолияти зехнии пуршиддат, рафъи мушкилихоро такозо мекунад. Ахамияти ангезахои мазкурро дар фаъолияти таълимй он нукта муайян мекунад, ки худи раванди азхудкунии дониш низ ба мундаричаи фаъолнокии ичтимоии хонандаи хурдсол чавобгу аст, зеро азхудкунии дониш на танхо доираи дониши онхоро васеъ мекунад, акли онхоро бо омузиши далелхои илмй ва конуниятхо бой мегардонад, балки ба ин васила талабаи хурдсолро узви муфиди эхтимолии чамъиятй мегардонад [1, с.116].

Fайр аз ин ангеза худтакмилдихй низ дар ташаккули шахсияти кудак ангезаи мухим аст. Мавриди таъкид аст, ки ангезахои худтакмилдихй ва худмуайянкунй барои хонандаи хурдсол ба сифати «даркшаванда» баромад намуда, бо максадхои дури онхо алокаманд мебошанд. Вале ин хусусият ба ояндаи хеле дур мутаалик аст, хонандаи хурдсол бошад бештар бо андешаи хаминруза зиндагй дорад. Дар иртибот бо он таваччухе, ки хонандагони синфхои ибтидой ба ангезаи худмуайянкунй (касби оянда, идомаи тахсил) ва худтакмилдихй (доно, закй, маданй будан) медиханд, бояд раванди таълим тавре тартиб дода шавад, ки талаба ба пеш харакат намудани худ, хар руз ганй гардонидани донишандузии худ, харакати худро аз бедонишй ба маърифат «мушохида кунад». Ин кор дар он холат имконпазир аст, агар талаба ба худ хисобот дихад, ки чиро у медонад ва чиро алхол намедонад, чиро бояд аз худ намояд, чиро у аз худ мекунад ва дар бораи чй у маълумот хосил мекунад, кадом тарзхои корро у ёд гирифтааст ва кадом тарзхои кор дарси оянда, чоряки оянда аз худ мекунад. Аз ин лихоз гузоштани максадхои дакик ва вазифахои таълим барои ояндаи наздик ва ояндаи дур дар раванди таълим вазифахои аввалиндарача ба хисоб меравад.

Ангезаи вазифашиносй яке аз максадхои асосй буда, бо тарбияи фаъолнокии ичтимоии шахсият бевосита алокаманд аст. Ба андешаи Л.И. Божович, дар синни 6-7 солагй дар кудак пайдо шудани ба ном «макомоти ахлокй» сабаби тагйироти сохтории доираи ангезахои онхо мегардад. Тагйироти мазкур боиси ташаккули эхсоси вазифашиносй - ангезаи асосии ахлокй мегардад, ки бевосита кудакро ба рафтори мушаххас водор мекунад. Зимнан дар мархилаи аввали азхудкунии меъёрхои маънавй, ки кудакро ба рафтори мушаххас водор менамоянд, тахсини калонсолонро таъкид намудан ба маврид аст. Кушиши ба талаботи калонсолон, хамчунин коидахо ва меъёрхои азхуднамуда муносибат кардани кудак дар шакли категорияи чамъбастй зухур мешавад, ки онро ба ибораи «бояд кард» ифода кардан мумкин аст. Махз ана хамин чихат аввалин макоми ахлокй мебошад, ки кудак онро ба рохбарй мегирад ва он барои кудак натанхо дониши дахлдор (бояд чунин рафтор кард) балки эхсоси бевоситаи зарурати махз чунин, на ба тарзи дигар амал намудан фарохам меорад. Ба андешаи мухакики номбурда махз дар хамин эхсос дар шакли ибтидоии хисси вазифашиносй зохир мегардад [1].

Барои кудак хамчун субъекти раванди тарбия зухури баъзе махсусиятхои шахсиятии синнусолй хос мебошанд. Кудаки хурдсол оламро дар асоси предметй-фаъолиятй ва эхсосй дарк менамояд. Худсобиткунии кудак тадричан бо рохи харчй бештар ва хаматарафа ворид гардидани у ба муносибатхои чамъиятй, зохир намудани фаъолнокии эчодй, ичтимой, зехнй ва эхсосотй сурат мегирад. Фаъолнокй чун хислати шахсият пешбинй мекунад, ки талаба субъекти фаъолият гардида, рушди шахсияти худро бо назардошти арзишхои умумиинсонй, талаботи чамъиятй рохбарй мекунад, бинобар хамин фаъолнокй хамчун ташкилаи шахсятй, холати хонанда ва муносибати уро ба фаъолият муайян менамояд. Ин вазъият дар рухияи равонй, фаъолияти у ба монанди: диккат, таваччух, равандхои фикрй, шавку рагбат ба фаъолияти амалинамудаистода, ташаббуси шахсятй ва гайра зохир мегардад. Фаъолнокй муносибати дигаргунсозандаи субъектро нисбат ба объект пешбинй намуда, лахзахои зеринро дарбар гирифта метавонад: интихобй будани тарзи муносибат ба объектхо; пас аз интихоби объект гузоштани максад ва вазифа; дигаргунсозии объект дар рафти фаъолияти минбаъда, ки ба халли муаммо равона гардидааст. Инкишофи фаъолнокии талаба дар тамоми раванди рушди шахсияти у сурат мегирад: аз тазаккурй-таклидй тавассути чустучуй-ичроишй ба дарачаи эчодй. Тагйироти назаррас дар фаъолнокию фаъолият ва рушди шахсият бошад дар холати фаъолнокй зохир мегардад. Агар фаъолият ягонагии хусусиятхои шахсиятии объекту субъект бошад, пас фаъолнокй хамчун субъекти фаъолият на худи фаъолият, балки дарача ва хусусияти он, раванди максадгузорй ва дарки ангезаи роххои фаъолиятро мефахмонад.

Хдр як кудак новобаста аз махсусияти ташаккули фардй ва дарачаи омодагй, хангоми ба синну соли муайян расидан дар мавкее карор мегирад, ки дар хамин чамъият кабул шудааст. Бо

хамин васила у ба низоми шароитхои объективй ворид мешавад, ки хусусияти хаёт ва фаъолияташро дар мархилаи кунунии синнусолй муайян мекунад. Мутоби; будан ба ин шароитхо барои кудак ахамияти аввалиндарача дорад, зеро танхо бо хамин шарт у метавонад худро дар ;уллаи мав;еи ишголнамуда эхсос намуда, осудахол бошад.

Яке аз мухимтарин вазифахои таълим дар синфуои ибтидой ба ичтимоишавии кудак мебошад, дар навбати худ яке аз нишондихандахои ичтимоишавии кудак сатхи фаъолнокии ичтимоии у ба шумор меравад. Айни замон доир ба ичтимоишавии кудак, шароитхои ;онеъ гардонидани шав;у рагбати у ва ошкор сохтани и;тидори эчодии у ми;дори нисбатан зиёди корхои тад;и;отй мавчуданд. Хдмзамон мавриди таъкид аст, ки ди;;ати асосии муха;;и;они муосир ба ташаккули фаъолнокии ичтимоии наврасон ва мактаббачагони синфуои болой равона гардида, масъалаи ташаккули фаъолнокии ичтимоии хонандагони синфуои ибтидой чун дар давраи аввали ворид гардидани кудакон ба низоми нави муносибат бо во;еият аз эътибор андаке дур мондааст. Fайр аз ин нуктае сарфи назар мегардад, ки фаъолияти таълимй барои тамоми категориями толибилмон асосй ба хисоб меравад, барои хонандагони синфуои ибтидой бошад он пешбар аст.

Аз тахлили дарачаи фаъолнокии хонандагони синфуои ибтидой метавон хулоса кард: хар хафтум талабаи синфи ибтидой дарачаи паст ё сифрии ташаккули фаъолнокии ичтимой дорад: 49,3% дорои дарачаи миёнаанд. Сабаби чунин холат чист? Пеш аз хама, бояд таъкид намоем, ки педагог ма;оми нави ичтимоии кудакро, ки аллакай талаба гардидааст, ба эътибор намегирад, ба фаъолнокии у дар шароити нави ичтимой ахамияти зарурй зохир намекунад, ба ворид кардани хонандагони синфхои ибтидой ба намудхои гуногуни фаъолияти ичтимоан мухим, ди;;ат намедихад. Лутфуллозода М. навишта буд, ки: «Кудакй харакат ба пеш аст, раванди ;атънашавандаи калон шудан аст. Кудак калонсол будан мехохад. Хислат, самтияти хаёти рузмарраи у доимо чидду чахди уро ба калоншавй собит менамоянд... Кудакй... рузгузаронй ва ва;тхушй нест. Калонсоле, ки душвор будани хаёти кудак, гуногунпахлуй ва гановати хаёти кудакро дарк карда наметавонад, дар тарбияи онхо метавонад ба хатой рох дихад» [8, с. 234].

Огози давраи мактабии кудак зинаи мухим дар ташаккули ташкилахои ичтимоан арзишманди шахсиятй мебошад, ки дар фаъолияти барои кудак асосй зохир мегардад [7]. Новобаста аз он, ки дар синфхои ибтидой таълим фаъолияти асосй ба хисоб меравад, бозй низ барои кудак мисли пештара ахамияти мухим дорад. Бинобар ин ба рох мондани фаъолнокии ичтимой ба воситаи бозй мувофи;и ма;сад мебошад.

Якчанд намуди бозщо мавчуданд, ки ба рушди фаъолнокии ичтмимоии кудак равона гардидаанд: бозихое, ки мехнати калонсолонро тачассум мекунанд; бозихои дорои мухтавои механпарастй ва интернатсионалистй.

Бозихои серхаракати дорои чунин мухтаво ва ;оидахо, ки на танхо ба рушди чисмонии кудак, балки тарбияи хиссиёти ичтимой онхо мусоидат мекунанд.

Бозихо дар мавзуи мехнат ба ташаккули таасуроти умумй доир ба ахамияти мехнати дастачамъй мусоидат мекунанд. Дар бозихо хисси масъулият барои кори фармуда тарбия гардида, эхсоси ;аноатмандй аз натичаи кор пайдо мешавад. Ичрои на;шхое, ки дар бозй мехнати калонсолонро дар бозихо инъикос мекунанд аз кудакон фаъолнокии зиёд, амалхои хадафманд ва махорати ташкилотчигиро талаб менамояд. Бозии дилхох хаёти атрофро инъикос менамояд, аз ин сабаб барои дарки ахамияти ин ё он намуди мехнат ба кудак кумак мерасонад. Бинобар ин хангоми рохбарй ба бозй омузгор бояд ди;;аташро ба он чалб намояд, ки дар бозй муносибати байни одамони дар хаёти мавчуда хаддалимкон ами;тар инъикос гардад. Вазифаи педагог дар бозй истифода бурдани тамоми воситахои имконпазир барои ба кудак таъсири педагогй расонидан мебошад [11, с.36].

Баъзе кудакон натанхо дар рафти фаъолияти мехнатй, балки дар бозй низ ноустувории шав;у рагбат зохир менамоянд. Онхо даме як на;ш, гохе на;ши дигарро интихоб менамоянд. Дар бозихое, ки мехнати калонсолонро инъикос менамояд, кудакони дигар ба ин рафтор бахои манфй медиханд. Онхо изхор менамоянд, ки набояд сартарош дар ва;ти дилхохаш корро монда ё магоза равад, ё одамон бо айби чиптафуруш, ки ба чое рафтаасту кори худро ба каси дигар насупоридааст, набояд ба ;атора дер монанд. Баробари он нукта, ки мохияти асосии мехнат гамхорй дар бораи одамони дигар аст, кудакон дар бозй ба на;ши интихобнамудаашон бо масъулияти бештар муносибат мекунанд. Ин муносибат дар ичрои боди;;ати кор, эрод гирифтан ба нафарони аз чои кор рафта ё корро дуруст ичро накарда зохир мегардад. Коидахои нави рафтор дар бозй боиси тарбияи ;авииродагии кудакон мешавад. Ба худ на;ши

кало нсолро гирифта, хонандаи хурдсол мекушад аз хама чихат ба намунаи ибрати худ таклид намояд. Омузгорон ва волидон махсусияти касбхои гуногунро барои кудакон бозгуй менамоянд, бо тарзи рафтори шахсй мефахмонад, ки ба кадом намунаи рафтор бояд пайравй кард, то ки бозй хусусияти хаёти хакикиро касб намояд. Кудак ба бозии худ чун ба фаъолияти чиддй муносибат менамояд, бинобар хамин таъсире, ки ба воситаи бозй расонида мешавад, барои ташаккули шахсияти у ахамияти зиёд дорад.

Хисси ватандустй ва интернатсионалистй дар синнусоли хурди мактабй акнун бедор мегардад, харчанд он хануз аз лихози зухурот сода бошад хам, дар ташаккули минбаъдаи шахсияти кудак мухим аст. Бозй хамчунин яке аз воситахои муассири тарбияи хисси ватандустй ва интернатсионалистй мебошад. Он ба ташаккули муносибати муайян ба тамоми мухити атроф ва рухдодхои хаёти чамъиятй мусоидат мекунад. Тасаввурот дар бораи ватан, вижагихои тарзи зист, мехнати халкхои дигар дар бозй натанхо анику дакик ва тахким мегардад, балки ганй мешавад, эчодкорона коркард мешавад ва минбаъд асоси рафтор ва эътикоди онхо мегардад. Барои ин максадхо метавон бозии «саёхат ба кишвари дигар»-ро истифода кард, ки дар ин намуди бозй кудакон бо хоричиёт ошно мешаванд. Хамчунин иштироки кудакон дар чорабинихои идонаи миллй, ки дар онхо либосхои миллй истифода мешаванд мувофики максад мебошад, зеро дар ин гуна чорабинихо кудакон бо анъана ва урфу одатхои миллатхои дигар ошно мешаванд. Хангоми гузаронидани чорабинихои идона, чун дар рафти ташкили бозй метавон унсурхои тарзи зисти миллиро истифода кард, масалан, ба лухтак пушонидани либоси миллй кобили кабул аст. Чунин хиссиёт барои кудакон эхсоси «оилаи ягона»-ро фарохам меорад. Ба мундаричаи чунин бозихои эчодй афсонахои халкй, хикояхои эхсосии педагог дар бораи намояндагони миллатхои гуногун, шиносой бо хунари мусикии халк, тамошои диафилмхо, наворхо, мукотиба бо хамсолони миллатхои дигар таъсири зиёд мерасонад. Тарбияи ватандустона бо рохи шиносой бо табиат, урфу одат, таърихи халки худ «гузаштаи кахрамонона»-и он сурат мегирад.

Х амчунин барои ташаккули фаъолнокии шахсиятй бозихои варзишии дастачамъй мухиманд, ки хусусияти мусобикавии онхо иштирокчиёнро ба фаъолнокй водор мекунад, боиси ташаккули часорат, мардонагй ва матонат мешавад. Аммо бояд дар назар дошт, ки шиддати мусобикахо набояд сабаби чудой байни иштирокчиён гардад. Дар бозихои якчояи серхаракат хар як иштирокчй ба бартарияти саъю кушишхои якчоя ва дастачамъонаро барои рафъи монеахо ва расидан ба максад боварй хосил мекунад. Ихтиёран кабул кардани махдудияти амалхо, ки онхоро коидахои бозихо муайян кардаанд, дар як вакт рагбати беандоза ба бозй иштирокчиёнро боинтизом мегардонад. Ба бозй мукобилистии як бозигар ба бозигари дигар, як команда ба командаи дигар хос аст, ки дар рафти бозй он дар назди бозигарон вазивахои гуногун ба миён меоянд ва онхо халли фавриро талаб мекунанд. Барои ичрои ин амал бояд дар мухлати кутохтарин вазъияти атрофро арзёбй намуда, амали аз хама дурустро интихоб ва ичро кардан лозим аст. Хамин тарик бозихои серхаракат ба хештаншиносии кудакон мусоидат мекунад.

Зухури фаъолнокии ичтимоии хонандагони синфхои ибтидой махсусияти худро дорад, ки бо мархилаи ибтидоии воридшавии кудакон ба низоми нави муносибат бо вокеият алокаманд аст. Солхои аввали мактабй - махз даврае мебошанд, ки самтгирии шахсият, шавк ва майлу рагбати у шакл мегиранд. Асоси мухимтарини назариявию методологии чудо кардани таркиби фаъолнокии ичтимоии хонандагони синну соли мазкур тасаввурот дар бораи тамоюлхои арзишманди шахсият мебошад, ки дар ин маврид зери мафхуми арзишмандй механизми равонии ибтидой ва зарурй фахмида мешавад, ки кушиши самтгирии инсонро барои худтадбиккунии дар ин ё он соха таъмин менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Божович, Л.И.Речь и практическая интеллектуальная деятельность ребенка (экспериментально -теоретическое исследование)/Л .И.Божович/Культурно -историческая психология- 2006.-№3 - С.114-119.

2. Вардомацкий, А.П. Ценностная типология личности и воспитательная практика/ А.П.Вардомацкий / Этика и мораль. - М., 1990. - С. 126 - 137.

3. Дубровина, И.В. Психологические аспекты формирования ценностных ориентаций и интересов учащихся/ И.В.Дубровина,Б.С. Круглов / Ценностные ориентации и интересы школьников/ Отв. ред. Т.Н. Мальковская. — М., 1983. — С. 27 — 35.

4. Запорожец, А.В. Психология действия: Избр. психологические труды/А.В.Запорожец-М.:

Просвещение. Воронеж, 2000.-716 с.

5. Кан-Калик,В.А.Педагогическое мастерство/В.А.Кан-Калик,Н.Д.Никандров.—М.: Педагогика, 1980. — 179 с.

6. Кирилова, Н.А. Ценностные ориентации в структуре интегральной индивидуальности старших школьников /Н.А.Кирилова/ Вопросы психологии. - 2000. - № 4.- с. 28 - 33.

7. Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи маориф" Душанбе: "Шар;и озод"-(22.07.2013,№1004)

8. Лутфуллоев, М. Дидактикаи муосир / Лутфуллоев М.- Душанбе: Маориф ва фарханг, 2010-432 с.

9. Ниёзов, Ф.Модули 1.Низомномаи таълими салохиятнокй(Дастур барои омузгор)./Ф.Ниёзов, М.Зиёев.- Душанбе,2016- 36 с.

10.Рогов, Е.И. Настольная книга практического психолога в образовании/Е.И.Рогов.- М.: Владос, 1995.-528 с.

11.Шарифзода, Ф. Масоили мубрами тах;и;оти педагогикаи муосир/Ф.Шарифзода.-Душанбе:Ирфон, 2016.- 63с.

REFERENCES:

1. Bozhovich L.I. Speech and Practical Intellectual Activity of a Child (experimental and theoretical research) /L.I. Bozhovich // Cultural-Historical Psychology, 2006. - No.3. - P. 114 - 119.

2. Vardomatsky A.P. Valuable Typology of Personality and Educational Practice/ A.P. Vardomatsky / Ethics and Morality. - M., 1990. - P. 126 - 137.

3. Dubrovina I.V., Kruglov B.S. Psychological Aspects of the Formation of Value Orientations and Interests of Students / I.V. Dubrovina, B.S. Kruglov. / Value Orientations and Interests of Schoolchildren / editor-in-charge: T.N. Malkovskaya. - M., 1983. - P. 27 - 35.

4. Zaporozhets A.V. Psychology of Action: Selected Psychological Compositions/A.V. Zaporozhets. - M.: Enlightenment. - Voronezh, 2000.

5. Kan-Kalik V.A., Nikandrov N.D. Pedagogical Excellence/ V.A. Kan-Kalik. - M.: Pedagogika, 1980. - 179 p.

6. Kirilova N.A. Value Orientations in the Structure of Integral Individuality of Senior Schoolchildren/ N.A. Kirilova / Issues of Psychology. - 2000. - No. 4. - P. 28 - 33.

7. Tajikistan Republic Law "On Education" - Dushanbe: Free Orient, (22.07.2013, No. 1004).

8. Lutfulloev, M. Didacticai Muosir/M.Lutfulloev.-Dushanbe:Education and Culture, 2010. - 432 p.

9. Niyozov F. Modules 1. Instruction of Competence Tuition (manual for teacher) / F. Niyozov, M. Ziyoev. - Dushanbe, 2016. - 36 p.

10. Rogov, Ye.I. Handbook of a Practical Psychologist in Education/Ye.I.Rogov.-M.:Vlados,1995.-528 p.

11. Sharifzoda, F. Actual Issues Beset with Exploration of Modern Pedagogy/ F.Sharifzoda. -Dushanbe: Cognition, - 2016. - 63 p

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.