ТДУ 371
DOI:10.51844-2077-4990-2023-4-80-87
АСОС^ОИ НАЗАРИЯВИИ ТАШАККУЛИ ТАСАВВУРОТИ АХЛОЩИ ХОНАНДАГОНИ СИНФ^ОИ ИБТИДОИ ТЕОРЕТИЧЕСКИЕ ОСНОВЫ ФОРМИРОВАНИЯ НРАВСТВЕННЫХ ПРЕДСТАВЛЕНИЙ УЧАЩИХСЯ НАЧАЛЬНЫХ КЛАССОВ THEORETICAL FOUNDATIONS IN THE FORMATION OF MORAL REPRESENTATIONS OFPRIMARY SCHOOL STUDENTS
Султонов Рустам Нозимович, унвонцуи кафедраи педагогикаи ицтимои ва касбии МДТ "ДДХ ба номи акад.Б.Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд)
Султонов Рустам Нозимович, соискатель кафедры социальной и профессиональной педагогики ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)
Sultonov Rustam Nozimovich, research worker of the
department of social and professional pedagogy of the SEI "KSU named after acad. B.Gafurov" (Khujand, Tajikistan), E-mail: rsultonov68@mail.ru
Вожщои калиди: Тасаввуроти ахлоци, тарбияи маънавй, арзишуои ахлоци, инкишофи маънавй, инсондусти, анъанщои милли, тарбияи зеунй
Дар мацола асосцои назариявии ташаккули тасаввуроти ахлоции хонандагони хурдсол аз дидгоци мутафаккирони форсу тоцик мавриди барраси царор дода шудааст. Аз он цумла таъкид шудааст, ки анъанацои тарбияви фарщнги педагогии миллат, маромцо ва расму оищои тарбияро ташкил медщанд. Цущурии соуибистицлол бо риояи тащими мавцеъи инсондусти щмчун арзиши асосии цамъияти, инчунин бо пайрави аз дастурцои ахлоции олимони форсу тоцик дар раванди таусилот,талош меварзад, ки ба инкишофи маънави ва цисмонии кудакон, бо ташаккули неруи захирави ва имконоти окилона щл намудани проблемахои глобалии эъмори мамлакат таъсир расонад. Дар ин росто, иброз шудааст, ки сарчашмацои адаби андешацои олимон, файласуфон, омузгорони форс-тоцикро оид ба масъалацои педагогика инъикос намуда, дар равишуои таълиму тарбия, бахусус дар масъалацои таъсиррасони ба хислат ва рафтори кудакон, дар ощо ташаккул додани уисси инсонпарвари ва майл ба мещат тафсируои умуми медщанд.
Ключевые слова: Нравственные представления, нравственное воспитание, моральные ценности, духовное развитие, гуманизм, национальные тридиции, интеллектуальное воспитание
В статье рассматриваются теоретические основы формирования нравственных представлений младших школьников с позиций персидско-таджикских мыслителей. В том числе подчеркивается, что воспитательные традиции образуют педагогическую культуру этноса, устои и обычаи воспитания. Суверенная республика, придерживаясь укрепления позиций гуманности как основной общественной ценности, а также, следуя нравственным ориентирам персидско-таджикских ученых в образовательном процессе, стремится позитивно влиять на духовное и физическое развитие детей, формируя потенциал и возможности рационально решать глобальные проблемы устройства страны. В связи с этим, утверждается, что литературные источники, отражающие замыслы персидско-таджикских ученых, философов, учителей в вопросах педагогики, приводят общие трактовки в подходах к образованию, в частности, в вопросах воздействия на характер и поведение детей, развития в них гуманизма и тяги к труду.
Key words: moral ideas, moral education, moral values, spiritual development, humanism, national traditions, intellectual education
The article deals with the theoretical foundations of the formation of moral ideas of younger schoolchildren from the standpoint of Persian-Tajik thinkers. In particular, it is emphasized that educational traditions form the pedagogical culture of the ethnic group, the foundations and customs of education. The sovereign republic, adhering to the strengthening of the position of humanity as a basic social value, as well as following the moral guidelines of the Persian-Tajik scientists in the educational process, seeks to positively influence the spiritual and physical development of children, forming the potential and opportunities to rationally solve the global problems of the country's structure. In this regard, it is argued that the literary sources, reflecting the ideas of Persian-Tajik scientists, philosophers, teachers in matters of pedagogy, give general interpretations in approaches to education, in particular in matters of influencing the character and behavior of children, developing humanism in them and craving for work.
Ахло^ манула (категория)-и бисёрчабхди психологию ицтимой ва педагога, инчунин натичаи фаъолияти хдётии чомеаи инсонй мебошад. Дар зери таъсири вижагии он (некуах,волии
и;тисодй, холати мухити ичтимой) принсипхои ахло;й дигаргун гардида, хусусиятхоеро ба худ мегиранд, ки меъёрхои маънавии инсонро тавсиф мекунанд. Вижагихои шахсй ва аломатхои хислатхои инсониро аз худ намуда, ахло; мачмуи ;оидахои ахло;й, ангезахо, ормонхо, вазифахоеро ифода мекунад, ки онхо дар асоси хохишхои фард, афзалиятхо ва дастурхои асосии у ба вучуд меоянд.
Дар ин ;арина вазифаи тарбияи маънавию ахло;ии кудакон аз инкишофи а;идахои ахло;й ва дастурхои маънавй, дарки робитахои байнихамдигарии арзишхои чамъиятй, ичтимой, фархангй ва гайра дар миёни худ ва шахсият, неруи захиравй ва омодагй ба тахаммулу му;овимат ба пайдошавии талошхо ва кирдорхои аз чихати ахло;й манфй иборат мебошад. Тарбияи маънавию ахло;ии хонандагони хурдсол дар шароити оила ва мактаб дар раванди фаъолиятхои дарсй, беруназсинфй, чорабинихои беруназмактабй ва фархангй сурат мегирад [14].
Чдмъбасти шаклхои дар боло зикршуда тарбиядидагии ахлоци мебошад. Б.Т. Лихачёв онро ба хислатхои инфиродии шахе мансуб медорад, ки чомеа ба онхо бахои баланд дода, дар фаъолиятхои гуногун, муошират вахамкорихо зохир мегардад. Дар кудакони 6-10 - сола тарбиядидагии ахло;й дар идроку огохй аз рафтору кирдор, рост;авлй, масъулиятшиносй, адолат, муносибатхои боадабона ва бовичдонона зохир мегардад. Вай идроки шахсро дар бораи ало;амандии ма;улахои маънавию ахло;й, мохияти арзишхои ахло;й, афзалияххои ахло;й, кобилияти баходихй ба амалхои худ, инчунин якпорчагии равандхои чараёндошта, ало;амандй ва вобастагии байнихамдигарии онхоро нишон медихад [7].
Анъанахои тарбиявй фарханги педагогии миллат, маромхо ва расму оинхои тарбияро ташкил медиханд. Аз нигохи Э. Дюркгейм чунин анъанахо дар дарки отифавй, майорат, мулохизахоии Гурухи миллй мавчуд буда, бояд ба насли наврас инти;ол дода шаванд [5].
Ч,умх,урии сохибисти;лол бо риояи тахкими мав;еъи инсондустй хамчун арзиши асосии чамъиятй, инчунин бо пайравй аз дастурхои ахло;ии олимони форсу точик дар раванди тахсилот,талош меварзад, ки ба инкишофи маънавй ва чисмонии кудакон, бо ташаккули неруи захиравй ва имконоти окилона хал намудани проблемахои глобалии эъмори мамлакат таъсир расонад.
Сарчашмахои адабй андешахои олимон, файласуфон, омузгорони форс-точикро оид ба масъалахои педагогика инъикос намуда, дар равишхои таълиму тарбия, бахусус дар масъалахои таъсиррасонй ба хислат ва рафтори кудакон, дар онхо ташаккул додани хисси инсонпарварй ва майл ба мехнат тафсирхои умумй медиханд.
Барои хар як инсон тарбия, омухтани далелхои илмй манфиатхои гуногун меоварад, осонй дар муошират бо одамони дигар, рост;авлй, ;атъият, шучоат, покизагиро инкишоф медихад. Раванди тарбия ва таълими кудакон бояд дар оила ва мактаб бо мусоидати омузгорон ба амал ояд, то ки вазифахои таълиму тарбия бомуваффа;ият амалй карда шаванд.
Идроки ахдмияти баланди чанбаи мазкур дар амалияи педагогии чонибдорони тарбия бо истифода аз методхои суннатии тавсифшуда дар адабиёти форсу точик аз солх,ои 50-уми асри гузашта пажух,ишх,ои олимони гуногун вобаста ба тахкдкивижагихои чанбах,ои ичтимоию сиёсй ва адабию педагогии таълим у тадрис дар асрхои гузашта огоз гардиданд. Ба ин чумла адибону мутафаккирони барчаста Абуабдулло Рудакй, Носири Хисрав, Саъдии Шерозй, Абдурахмони Ч,омй, Ахйади Дониш, Садриддин Айнй ва дигарон дохил мешаванд. Метавон ;айд кард, ки фарханги маорифпарварй, а;идахои ичтимой ва сиёсй решахои ами;и таърихй доранд.
Сайид Нуриддиншохи Неъматуллохи Валй дар таълифоти худ ба чанбахои рушди ахло;й ва тарбияи шахсият ахамияти хоса дода, онхоро хамчун заминаи асосии зухури нахустогози инсонии комил донистааст.
Тавсифномаи масъалаи мазкур бо афкори мутаваккир нисбат ба маориф хамчун сарчашмаи аввалиндарачаи ташаккули нахустогози комили инсонй робитаи зич дорад. Дар ин маврид шоир ишк, муносибати гамхорона, нигохубин, таълиму тарбияи шахсиятро дар назар доштааст.
Оила ва омузгорон бо такя ба ин чихатхо муваззафанд, ки хислатхои кудакро парвариш ваинкишоф диханд, уро таълиму тарбия намуда, ;обилияти зехнй ва хирадмандиашро тахким бахшанд ва дар оянда ба у имкон медихад, ки дар чомеа чойгохи сазоворро ишгол намояд. Пас, фахмида мешавад, ки мохияти тарбия аз амалисозии нигохубин, таъмини хурок, сару либос,
маблаF иборат аст, ки ба тyфайли он чисми мустахкаму солим ташаккyл меёбад. Ба а;идаи шоир, камоли инсон махз дар тарбияи чисми солим ифода меёбад [8].
Шоир рушди чисму рухро дар мухити ичтимой бо раванди тарбия зич ало;аманд мекyнад, дар холе ки хар як шаxсияти барчастаи дорои истеъдоди бузург ба мусоидати молй ниёз дорад. Шоир муъта;ид буд, ки махз дар як зиндагии мавзун ва осудахолона манфиат ва ободии чомеа нухуфта аст ва кирдори зишт боиси марг ва xаробии неъматхои офаридаи инсон мегардад.
Bобаста ба ин, дар раванди тарбияи кудакон дар назди омузгорон шарти хатмй гузошта шудааст, ки дар чараёни таълиму тарбия дар баробари такмили чахонбинии маънавии онхо дастрасии маблаг ба xонандагонро дар назар дошта бошанд.
Раванди тарбия дар ташаккули накукорй ва покй дар кудакон фаъолона мусоидат мекунад, аз ин ру, дар хаёти хар як шаxсе, ки ба а;идаи Шох Неъматуллохи Bалй, бояд аз талоши обруву эътибор даст кашад ва ба чустучуи некй, тозагй ва рушди чисм машFyл шавад, на;ши бузург мебозад.
Дар одамон хамзамон бо xислатxои мусоиди инкишофи шаxсият сифатxои манфии xyл;y xислат ба сабаби набудани тарбияи маънавй ташаккул меёбанд.
Шоир одамонро ба ду гурух чудо кардааст: некон ва бадон. Ш^си дорои арзишхои маънавии баланд бо кирдорхои поку одилона хам ба xyд ва хам ба дигарон нафъ мерасонад. Одамони бади дорои арзишхои маънавии паст ба xyд ва дигарон таъсири манфй мерасонанд. Шоир дар муносибати xyд ба чисми носолим ва ну;сонхои чисмонй ;айд кардааст, ки барои нобино асо лозим аст, барои бино асо ба кор наояд [9].
Дар ин замина обру ва эътибори омузгории Шох Неъматуллохи Bалй ташаккул ёфт, ки бо андешаву гуфторхои пурмазмуни xyд оммаро тасxир намуда, шав;у раFбати мардумро ба мехнат бедор мекард. Аз нуктаи назари мо, ин равиш дуруст ва асоснок буда, дар шароити кунунй мубрам хам мебошад. Сyxанy дониши ин хакимро метавон ифттаори миллии точикон ва дигар xалкхо номид, зеро сулху некуахволймеорад.
Шох Неъматуллох аъмоли ношоистаи омузгорон ва xонандагонро, ки барои зиндагии шоистаи инсон мутла;о лозим нестанд, баxyсyс, тамокукашй ва истифодаи нашъа ва тарёкро махкум мекард. Чунин барxyрд дар замони хозира ба ма;сад мувофи; аст, зеро чавонон майл ба нашъамандй доранд, ки ба фархангу аxло; ва рафтори онхо таъсири манфй расонида, як мушкилии умумии чомеа низ мебошад.
Олимон ва маорифпарварони гуногуни фарханги Шарк ба мутоби;ати инкишофи шаxсият шав;у раFбати фаъолона зоxир менамуданд. Чунин мутафаккиронро метавон камолоти инкишофи мутаносиби инсон номид. Онхо хамзамон чохилонеро, ки шухратпарастй ва накyаxлокиро ба фахмиши xyд маънидод карданй мешаванд ва мардумони бомаърифатеро, ки ба пастй даст мезананд, махкум карданд. Принситаои равиши педагогии Абуалй ибни Синоро баррасй менамоем:
1. Ба кудакон бояд вазифахое пешниход карда шаванд, ки онхо ба ичрои он ;одир бошанд.
2. Мураккабшавии омузиш бояд тадричан аз чизхои осону оддй ба амал оварда шавад.
3. Аз мархилаи ибтидой раванди таълимро бо истинод ба адабиёт айният намедиханд.
4. Тарбияи зехнй ва чисмонй бояд муттасилан хамдигарро иваз намояд.
Мутафаккир ахамияти мухими омузгорро дар раванди тарбия ;айд мекунад, зеро баомузгор сифатхои баланди аетокД, одоби аъло, бофархангй, рост;авлй, мулохизакорй, xислатхои иродавй ва кордонй xос аст.
Абуалй ибни Сино сифатхои маxсyсеро муайян кардааст, ки тарбиятгар бояд дорои онхо бошад, аз чумла, мулохизакорй, рост;авлй, инкишофи гуногунчабха, xyшмyомилагй, покизакорй. Омузгор хангоми муошират бо xонандагон бояд маxсyсан боди;;ат бошад ва хамеша дар xотир дошта бошад, ки чузъхои рухонй ва чисмонй ба хам xеле наздиканд. Bижагихои шаxсият ва xислатхои xоси отифавии тарбиятгирандагон ва имкони та;лиди онхо ба омузгор хатман дар назар дошта шавад. Раванди таълим бояд комплекси равиш ва yсyлxои гуногуни тадрисро пурра фаро гирад.
Дар китоби «Шифо» ин равишу усулхо чунин инъикос ёфтааст:
1. Аёнй: раванди таълим бо намоиши аёнии мисолхо ва намунахо хамрох аст.
2. Эзохй: омузгор бо мисолхо ба xонандагон мазмуни маводи таълимиро мефахмонад.
3. Андарзй: омyxтан (номхо, шеърхо ва f.) бо рохи такрори иттилоот.
4. Таклидй: комилан ва бечуну чаро итоат кардан ба талаботи омузгор.
5. Огохй: тавзехоти аёнй ба xонандагон оид ба холатхои хаётй ва вижагихои табиат бо ма;сади пешгирии холатхои манфй.
Донишманди аллома ба таълиму тарбияи хонагй ба таври хусусй муносибати манфй дошт, зеро дарсхо бо як шогирд нисбат ба раванди таълими дастачамъй ба таври назаррас камбудй доранд, зеро шогирдон донишхо ва тачрибаи хаётиеро, ки дар во;еият ва адабиёт вомехуранд, муб одила мекунанд [ 1].
Абуалй ибни Сино кайд карда буд, ки фаъолияти дастачамъй чандон якранг нест ва дар кудакон майлу хохиши бузурги азхудкунии бисьёр илмхоро ба вучуд меоварад. Муносибатхои эътимодбахш дар байни шогирдон ташаккул меёбад, онхо хамдигарро дастгирй мекунанд, дар хамин хол кудак бояд ва;ти холии фориг аз омузиш дошта бошад.
Ин ва;ти холй ба машгулиятхо бо хохиши кудак бахшида мешавад. Ч,авонон дар синни 14-27-солагй як касби мушаххасро омухта, малакахои касбй пайдо мекунанд. Инкишофи чисмонии писарбачагон ахамияти калон дошт, бинобар ин Абуалй ибни Сино машгулиятхои гуногуни варзиширо (гуштингирй, давидан, рохпаймой, бандкашй ва гайра) дастгирй мекард.
Дар методикаи таълим бояд на танхо маводи марбут ба мафкураи динй, балки дигар фанх,о (саводомузй, адабиёт) низ вучуд дошта бошад, ба х,ар х,ол, бояд ба тарбияи ахлокй бештар такя карда шавад. Омузгор пеш аз дарс бояд мазмуни мавзуъро биомузад, ки ин имкон медихдд, ки мавзуъ аз мавкеи илмй ва истифодаи дурусти нут; ба кудакон пурра ва да;и; расонида шавад.
Шарху тафсироти омузгор бояд бо ифодаи фаъолонаи чехра, ки ба нут; тобиш ва чанбаи даркорй медихад, пайваста бошад. Омузгор бояд нармй ва сахтгириро дар методхои тарбия мутавозин созад, то кудакон дар баробари риояи тартиби зарурии рафтор ва изхори эхтиром аз талаби тад;и; ва равшанй андохтани нуктахои чолиби худ харос надошта бошанд.
Зохир намудани хиссиёти муайян нисбат ба шогирдон, ки бо муносибати гамхорона ва эхтиромомез ало;аманд аст, аз ахамияти калон бархурдор мебошад. Рафтори устод бояд барои шогирдон намуна бошад. Андешахои Абуалй ибни Сино ба инкишофи хам педагогикаи Шар; ва хам Fарб таъсири калон расонда, дар замони хозира низ мубрам аст, зеро дар онхо бисьёр чихатхои мухим ва бунёдии таълиму тарбия мавчуданд.
Мутафаккир ба масъалаи тарбияи оилавии фарзандон таваччухи хоса зохир кардааст, зеро масъулияти асосии ин раванд бар ухдаи сардори оила аст. Аз ин ру, у бояд хуб таълимдида бошад ва чанбахои асосии тарбияро дарк кунад. Тарбияи дурусти фарзандон ба мустахкам шудани некуахволии оила мусоидат мекунад. Ин мавзуъро Абуалй ибни Сино дар рисолаи «Тадбир-ал-манозил» баён кардааст.
Унсуралмаолии Кайковус хадафи асосии раванди тарбияро ба солимии маънавию ва чисмонии кудакон, дар онхо инкишоф додани сифатхои муайяни шахсй, аз чумла ростгуй, зиракй, инсонгарй, хушодобй, адолатпарвариро нисбат додааст, ки ба туфайли онхо инсон метавонад дар чомеа ма;оми сазоворро ишгол намояд [12].
Хддафи афзалиятноки тарбияи насли наврас омода намудани кудакон ба душворихои эхтимолии оянда, дар онхо ташаккул додани эхтиром ба дину эъти;од, меъёрхои ахло;й, аз худ намудани донишу малакахои зарурии дар рохи ояндаи зиндагй зарурбуда мебошад.
Бояд некро аз бад, гунохро аз инсоф да;и;ан фарк кард, аз зиштию бадй даст кашида, ба чониби некй бояд ру овард.
Абу^омид Мухдммад Ал-Газолй (1058-1111) файласуфи машхур буда, оид ба масъалаи тарбияи кудакон асар^ои зиёди худро бахшидааст [1].
Асархои у («Насихат-ал-мулук», «Кимиёи саодат» ва гайра) дар ташаккули анъанаи таълимоти педагогии точику форс таъсири калон расонданд. Дар замони зиндагии файласуф а;идахои у хеле тезу тунд буданд. Хдмин тавр, у чонибдори чунин нуктаи назар буд,, ки хар як инсон бояд сарфи назар аз миллат, чинс, ва сохаи фаъолият ба тахсилот фаро гирифта шавад. Кудаконро барва;т аз айёмихурдсолй тарбия кардан лозим аст, зеро дар ин ва;т хануз рухи онхо аз таъсири бад фосид нашуда, аз андешахои манфй холй аст.
Мутафаккир такя ба аз тарафи кудак такрор карда шудани рафтори одамони калонсолро намудааст ва дар ин робита амалиёти тарбиятгар, ки аз тарафи кудакон ва волидайни онхо тахти мушохида ;арор дорад, ахамияти махсус пайдо мекунад. Омузгор вазифадор аст, ки бо рафтору кирдори шоиста ва арзишхои волои ахло;й ба шогирдон намуна бошад.
Fазолй бар ин бовар буд, ки мах,з ирсият гарави тах,сили бомуваффакияти кудак аст ва омил^ои ба воя расидани у ахдмият надоранд. Дар сурати аз волидайн ба ирс гирифтани ;обилиятхои хуби а;лонй у муваффа; ба зудтар омухтани фанхои таълимй мегардад. На;ши махсус ба ширмаконии тифл дода мешавад, зеро ба воситаи шир кудак хислати манфии
модарро ;абул мекунад, ки он дар ва;ти муайян xyдро нишон медихад. Дар асархои Fазолй ;айд карда шудааст, ки раванди таълим набояд тамоми рузро дар бар гирад, ба шогирдон ва;т барои истирохат ва бозиро фарохам овардан лозим аст. Кудаконе, ки тарбияи дуруст гирифтаанд, ба дигарон хасад намебаранд, ба лофу газоф гуфтан майл надоранд. Bазифаи асосии инкишофи тарбияи аxло;й аз он иборат аст, ки чавонони ба мехнат кушишу Fайратдошта, бо xоксорй, бидуни майл ба кирдорхои дyрyFин парвариш ёбанд.
Хдмин тавр, файласуф дар чараёни таълим пешниход мекунад:
1. Ба кудак ичозати ва;тгузаронй бо кудакони бадсиголро набояд дод;
2. Тарбия ва омузиш, пеш аз хама, ба шарху такрори дуруст асос ёбад;
3. Кудак бояд назарияи азxyдшyдаро дар шакли амалй истифода барад;
4. Ситоишро фаъолона бояд ба кор бурд. Ба кудакон барои рафтору кирдори дуруст бояд мукофот дода, аз сарзаниш барои иштибох ва кирдорхои бад сарфи назар кард, зеро ин имкон медихад, ки кудак инро муста;илона xyдаш дарк кунад ва ислох шавад;
5. Аз синни 10-солагй барои рафтори бад ва кирдори зишт, аз чумла бо истифода аз методхои чисмонй чазо дода шавад.
Кудакон хангоми рафтори шоиста бояд табъи xyби xyдро нишон диханд ва аз чунин xyшхолй махрум кардани онхоро рафтори нодурусти калонсолон донист.
Яке аз суннатхои бостонии шар;й таълифи китобхои вижа барои насли наврас аст, ки муаллифони онхо одамони сохибxирад ва бозаковаттарин буданд. Дар чараёни мутолиаи ин ;абил китобхо дар кудакон дастурхои дурусти аxлокию арзишй ташаккул меёбанд.
Ташаккули сифатхои шаxсии кудак мав;еи уро дар чомеа муайян мекунад. Fазолй рухи тифлро бо замине монанд мекунад, ки дар он чи, поку хамвор кошта шудааст меруяд, тахти хар гуна таъсир ;арор мегирад.
Яке аз файласуфони асри XIII, ки ба масъалахои тарбия ва таълими кудакон асархои гуногун баxшидааст, Хоча Абучаъфар Мухаммад ибни Хдсан Насриддини Тусй мебошад.
Pавишхои пешниходкардаи y дар амалияи педагогии кишвархои Шарки он замон сахми бориз гузоштанд. Тусй файласуфи барчаста буд, илмхои риёзиёт, заминшиносй, нучум ва Fайраро омyxтааст. Асари асосии y оид ба вижагихои таълиму тарбия «Аxло;и Носирй» ба шумор меравад.
Файласуф барои истифодаи дониши андyxтаи инсон дар хаёти во;ей на;ши мухим ;оил мешавад, зеро таълим бидуни татби;и амалй фоида надорад. Донишхои илмй мисли модда ва шакл ба хам пайвастаанд.
Тусй хангоми таълифи асари асосии xyд дар сохаи педагогика, аз осори Ибни Сино, Арасту, Афлотун, Pyзбех истифода кардааст. Дар китоб арзишхои аxло;й ва зиддиятхои он замон баён шудааст. Истифодаи донишхои андyxташyда дар фаъолияти вокей, ба акидаи Тусй, шаъну эътибори шаxсро афзун намуда, сатхи баланди зехниятро ифода мекунад. Барои тафсири пурра ва да;и;ан дарк намудани равандхои дар чахон чараёндошта инсон бояд бисёр фанхоро омузад. Нодонй ба монеа мубаддал шуда, имкони ба таври мусбат xал кардани душворихои зиндагиро аз байн мебарад.
Азxyдкyнии фанхои табий, машгулиятхои варзишй, Fизои солим, тарзи хаёти солим ба чисми инсон xyшбаxтй мебаxшад. Мавкеи инсон дар чомеа ва мехнати y чомеаро саодатманд мегардонад.
Тусй дар раванди тах;и;оти псиxология ва вижагихои табиии инсон бар ин назар аст, ки дигаргунихои мусоиди онхо тавассути раванди тарбия ба даст меояд. Шаxси xyшбаxт ба дyрУF, озордихии дигарон майл надорад, о;илй, xирадмандй ва шучоат зохир мекунад. Мутафаккир се шакли асосии xyшбаxтиро чудо кардааст: маънавй, чисмонй ва ичтимой. Хyшбаxтии рухро фанхои марбут ба омузиши фарханг, риёзиёт, манти; ва Fайра оварда, xyшбаxтии чисмй дар рушди шакли чисмонй ифода меёбад [11].
Pyшди арзишхои аxло;й тахкурсии кори таълиму тарбиявй бо насли наврас мебошад. Тусй бар ин назар аст, ки аз чумлаи чанбахои мухити атроф, ки шадидтар аз хама ба кудакон таъсир мерасонанд, таваччухи одамони дигар аст ва аз ин ру, фазое, ки кудакро ихота кардааст, аз бисёр xислатхои xоси тарбияи y гувохй медихад.
Bолидайн ва омузгорон бояд дар таълиму тарбияи кудакон фаъолона ширкат варзанд, ки дар натича кудак хамчун шаxси арзанда ба камол расида, таъсири манфии омилхои мухити зистро бомуваффа;ият бартараф мекунад.
Дар ин замина файласуф тавсия додааст, нагузоранд, ки кудакон бо одамони бади дорои арзишхои аxло;ии паст муошират кунанд. Bакте ки дар кудакони xyрдсол сифатхои аетокй
ташаккул наёбанд, онхо дар зери таъсири манфй бо тамоюл ба кирдори бад, инчунин дар натичаи иштибохоти волидайн дар муносибат ба тарбия ба воя мерасанд. Бартараф кардани ин гуна мушкилот хеле душвор аст.
Мутафаккир ;оид ахои тарбияи кудакро дар оила тавсия намуда, ;айд мекунад, ки маданияти сарфи таом ин равандро ба манбаи мухими чисми солим табдил медихад.Ба кудакон фахмондан лозим аст, ки маданияти гизохурй шустани дастхо ва обгардон кардани дахонро дарбар мегирад. Бо се ангушт, бо лу;махои хурд ва дахони нимкушода бояд гизо хурд, покиза нигох доштани либос, таомро бу накардан ва бо;имондахои хурокро аз ангуштон набояд лесид [10].
Аз ин ру, гизохурй набояд боиси хушхолии барзиёд ва берагбатй гардад. Ба а;идаи Тусй, кудакро набояд бо нозу неъматхо эрка кард, набояд одати бештар аз зарурат хурок хурданро омузонд, зеро пурхурй ва тамаъро метавон тарбия кард. Дар айни замон, дурустии эътирофи рад кардани хурокхои гуногун душвор аст.
Махдудият дар гизо метавонад ба холати организми кудак зарар расонад. Fизо бояд бо риояи одоб ва фарханги зарурй о;илона бошад. Маслихатхои файласуф бахои баланд гирифта ба принсипхои тарбияи кудакони он давра таъсири калон расонд.
Олим дар асархои худ иштибоххои одамро хангоми харакат тавсиф кардааст. Шахси дорои зехнияти паст пайваста ба ;афо нигох мекунад, бошитоб ва саросема аст. Рохравй бояд мавзун, бо ;омат рост ва мав;еи дастхо дуруст бошад, дар акси хол ин зухури рафтори бад аст. Нишастан бидуни дароз кардан ва ба болои хам гузоштани пойхо дуруст аст, зонухо бояд зери курсй чой дода шаванд. Талаботи мазкур дар шароити муосир низ мубрам мебошанд.
Дар бораи тавсияхои файласуф ами;ан мулохиза ронда, онхоро барои имруз хам ахамиятнок метавон арзёбй кард. Бо вучуди ин, масъалаи истеъмоли хуроки сергизо сахаргохон хангоми ношто бахснок бо;й мемонад, зеро кудакон баъди серй субхона хурдан хондани дарсхо танбалй мекунанд, раванди таваккуру мулохизаронй халалдор мешавад, бинобар ин, хуроки серии шомгохон барои хоби мусоид мебошад.
Тусй бо итминони комил дошт, ки омузгори хуб ба якчанд меъёр чавобгу мебошад: мулохизакорй ва эътирофи дини ха;; фарханг ва гуфтори воло; одамгарй ва сахтгирй; дарки сухан ва арзишхои ахло;ии синфхои гуногун. Файласуф дар «Ахло;и Носирй» ;айд кардааст, ки хушбахтй ма;сади асосии фаъолияти тарбиявй мебошад.
Ташаккули арзишхои ахло;й аз дидгохи Тусй ба тарбияи начибона, хушмуомилагй, поквичдонй ва камолоти чисмонй рост меояд. Раванди таълим бояд ба шартхои зерин чавобгу бошад [13]:
1. Омузгорро зарур аст, ки ;обилияти аклонй ва майлу хохиши шогирдонро ба назар гирад.
2. Дар раванди таълиму дадрис аз мачмуи мукаммали методхои таълим истифода мешавад: тавзех ардани ахамияти адабиёт, такрор кардани дарсхо, намоиши аёниятхо бо истифодаи мисолх,о, ташаккули эътик,од ва шавку рагбат, мучозоти кудакони гуна^кор, ташви; намудани хонандагони барои рафтори шоиста.
Хдр як кирдори дурусти кудакро бояд таърифу ситоиш кард. Бо риояи чунин равиш метавон натичахои хуб ба даст овард.
3. Азёдкунии ашъори дорои мазмунхои баланди хаётй, ки ба шарофати онхо принсипхои ахло;у одоб ташаккул меёбанд.
4. Барои амал^оиношоиста омузгор бояд шогирдро мучозот кунад, аз чумла чора^ои чисмонй, кудак бидуни ашкрезй ва шикоят (дар замони хозира таъсири чисмонй расондан ба донишомуз эътироф карда намешавад) чазоро кабул намояд.
5. Аз дидгохи муаллиф ба хислати кудакона обутоб ва табоварй хос аст. Ин хислатхо бояд дар раванди тарбияи кудак дар оила инкишоф дода шаванд. Дар ва;ти гармо ба кудак набояд ичозати нушидани оби сард дода шавад, дар холати сармо бояд либоси гарм пушад, рахти хоб бояд ба дарачаи муътадил сахт ва хоб кутох бошад.
Бисёре аз панду андарзхои файласуф дар чомеаи кунунй зарур дониста мешаванд, бахусус эх,тироми бузургсолон меъёри асосии тарбия ва хушмуомилагии кудакон аст [6].
Тусй дарсхои инфиродй бо кудаконро ;атъиян рад мекунад, зеро вай чунин дарсхоро гайричолиб ва дилбазан медонист. Дар коллектив мондани кудак раванди тафаккурро хавасманд намуда, дарки фарханги рафторро метезонад.
Тусй аз осори дигар муаллифони пешин босамартарин чанбахои хтаълиму тарбияро баргузида, дар рисолаи «Ахло;и Носирй» онхоро такмил дода ва ба низом даровардааст [15]:
1. Дар раванди таълим, ба таъсири мухити зист дар ташаккули хислат ва шахсияти кудак ахамияти асосй дода мешавад. Ин чихат дар рафти тарбия диккати махсусро талаб мекунад.
2. Тарбияи шоиста бо дарки сифатхои инфиродии кудакон, вижагихои психология ва холати чисмонии онхо зич алокаманд аст.
3. Ташкили дурусти раванди таълим ба рушди иллатхо монеа мешавад.
Дар баробари ин дар тахкикот оид ба татбики тахкикоти илмй дар фаъолияти вокей далелхо оварда шудаанд. «Ахлоки Носирй» дар педагогикаи амалии точикон аз ахамияти калон бархурдор аст.
Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозй (1213-1292) яке аз мутафаккирони барчаста ба шумор меравад. Ба масъалахои тарбияи кудакон, ки гарави ташаккули арзишхои баланди ахлокй мебошад, диккати калон медод.
Шайх Саъдй мардумро ба фарогирии тахсилот даъват намуда, аз абзорхои гуногуне, ки ба амалия, махорат ва дониши у хос буд, истифода мекард. Бо овардани мисолхо аз тачрибаи зиндагии худ фаъолона маслихату тавсияхо медод. Ба акидаи у хар як омузгор бояд равиши дурустро нисбат ба тарбиятгиранда интихоб кунад, то ки раванди тарбия ва инкишофи сифатхои шахсии кудак самараи бештар дошта бошад. Омузгор набояд шакку шубха зохир намояд, сари вакт сахтгирй нишон дода, шогирдонро барои эхтироми худ ташвик кардан лозим аст [4].
Саъдй тарбияро ба 4 намуд чудо кардааст: чисмонй, ахлокй, аклонй, мехнатй. Чунин равиш таълими гуногунчанбаи кудаконро бо омузиши фанхо ва пахлухои гуногуни хаёт таъмин мекард. Сифатхои инфиродии хислат дар овони барвакти кудакй ба вучуд меоянд, аз ин ру шайх пешниход кардааст, ки арзишхои ахлокй дар кудакон аз ин синну сол инкишоф дода шаванд, зеро тагйир додани шахсияти ташаккулёфта душвор аст.
Волидайн дар раванди тарбияи кудак накши аввалиндарача доранд ва накши асосй ба сардори оила хос аст. Шайх дар мурочиат ба волидайни кудак бо истифода аз ;иссахои зиндагй андешахои худро баён кардааст.
Асоси фаъолияти тарбиявй, ба кавли Саъдй, эътикод аст. У дар асархои гуногун, аз чумла дар «Гулистон» вокеахоеро дар бораи кирдор ва рафтори одамон тасвир кардааст, ки боиси шавку зав; ва мафтунии хонанда мешаванд. Хдмчунин, дар асархо иллатхое инъикос ёфтаанд, ки муносибати нафратомезро такозо мекунанд, муаллиф онхоро махкум намуда, мардумро даъват кардааст, ки ба чунин амалхо дар хаёти худ рох надиханд [2].
Шайх кушиш мекард, ки махз дар оилаи кудак равишхои нави раванди тарбияро чорй намояд, методхои таълиму тадриси халкиро хамчун асоси асосии тарбия нишон дихад. Мехнат гарави ташаккули фазилат ва ахлоки воло дар байни чавонон аст, ки Саъдй вобаста ба ин нисбат ба мехнат эхтироми хоса нишон медод [3].
Хдмин тавр, арзёбии мавкеъхои гуногун имкон медихад, ки арзишхои ахлокиро хамчун принсипхои ахлокии чомеа (ростгуй, инсондустй, тамоюл ба мехнат, масъулият, эхсоси вазифа, мухаббат ба Ватан ва гайра) баррасй кунем. Онхоро хонандагони синфхои ибтидой дар сатхи маърифатию отифавй мувофики вижагихои синну солашон аз худ мекунанд ва амалхои кудаконро тахти назорати дигар одамони бонуфуз, инчунин дар танхой худ ба худ идора мекунанд. Арзишхои ахлокй муносибати хонандагони хурдсолро дар коллектив тавассути мукоисаи ухдадорихо ва амалхое, ки аз ичрои онхо худдорй кардан мумкин аст, талаботи озод ва зиддиятнок, махдудиятхо, дастурхо ва мукаррарот тавсиф мекунанд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Айнй, С. Таърихи инкилоби Бухоро / С.Айнй. - Душанбе, 1987. - 240 с.
2. Алиев, P.M. Саади и его «Гулистан»/Р.М.Алиев. - Москва: Знание, 1959. - 39 с.
3. Али-заде, И. Мировоззрение Саади и некоторые художественные особенности его творчества. Автореф. канд. дисс./И.Али-заде.- Душанбе, 1966. - 24 с.
4. Брагинский, И.С. Саади. Жизнеописание/И.С.Брагинский. - Сталинобад: Таджик Госиздат, 1949. - 109 с.
5. Дюркгейм, Э.Социология образования/ Э.Дюркгейм. - Москва: Директ-Медиа, 2007. - 115 с.
6. Имомй, Абулкосим. «Ахлоки Носирй»-и Хоча Насир ва «Тахзиб-ул-ахлок»-и Мушкавайхи Розй. // «Оинаи мерос». С.1, ш.З ва 4. - 1377 ш. - С. 32-36. - З. форсй.
7. Лихачев, Б. Т. Философия воспитания. Специальный курс: учебное пособие для студентов высших учебных заведений/Б.Т.Лихачев.-Москва: Владос, 2010. - С. 19.
8. Нафиси,С. Сборник произведений Шаха Нигматуллаха Вали /С.Нафиси.-Тегеран,1374. -735c.
9. Нафиси, С. Сборник произведений Шаха Нигматуллаха Вали. -2-е изд. / С.Нафиси. - Тегеран, 1387. - 735c.
10.Носириддин, Тусй. Асос-ал-и;тибос// Ахвол ва осори Хочй Носириддини Тусй. - С. 420-421. -З . ф о рсй .
11.Носириддин, Тусй. Ахло;и Мухташамй. Нашри 3. Техрон, 1377 х. - 588 с.
12.Рабеъзаде, А. Красоты Белджувана / А.Рабеъзаде. - Душанбе, 2003. - 30 с.
13.Сабо, Мухсин. Назархои и;тисодии Хоча Носири Тусй дар «Ахло;и Носирй». // Мачмуаи ма;олоти чахорумин кунграи тах;и;оти эронй. Бо кушиши Мухаммад Х^усайн Искандарй. Ч. 2. 1353 ш. - С. 198-217. - З.форсй.
14.Стратегияи миллии рушди маориф дар Ч,умхурии Точикистонбарои давраи то соли 2030. -Душанбе, 2021. - 110 с.
15Даддод Одил, Fуломалй. Му;оисае миёни «Гулистон» ва «Ахло;и Носирй» дар шеваи омузиши фазоили ахло;й//Зикри чамили Саъдй.4.1.-Техрон,1364 ш.;. - С. 405-415. - З. форсй.
REFERENCES:
1. Ami, S. History of Bukhara Revolution / S. Aini. - Dushanbe, 1987. - 240 p.
2. Aliev R.M. Saadi and his "Gulistan". - Moscow: Knowledge, 1959. - 39 p.
3. Ali-zadeh I. Saadi's worldview and some artistic features of his work. Author's abstract. Ph.D. diss. -Dushanbe, 1966. - 24 p.
4. Braginsky I.S. Saadi. Biography. - Stalinobad: Tajik Gosizdat, 1949. - 109 p.
5. Durkheim, E. Sociology of education / E. Durkheim. - Moscow: Direct-Media, 2007. - 115 p.
6. Imami, Abul Qassim. "Akhlaq Nasiri" by Khoja Nasir and "Tahzib-ul-ekhok" by Mushkawayhi Razi // Mirror of heritage. - 1377. № 3-4. - P. 32-36.
7. Likhachev, B. T. Philosophy of education. Special course: textbook for students of higher educational institutions / B. T. Likhachev. - Moscow: Vlados, 2010. - P. 19.
8. Nafisi, S. Collection of works of Shah Nigmatullah Wali / S. Nafisi. - Tehran, 1374. - 735c.
9. Nafisi, S. Collection of works of Shah Nigmatullah Wali. -2nd ed. / S. Nafisi. - Tehran, 1387. - 735c.
10. Nasiruddin Tusi. Asos-al-iqtibas // Status and works of Khwaja Nasir al-Din Tusi. - Tehran, 1365.-S. 420-421.
11. Nasiruddin Tusi. Morality of Mohtashami. Edition 3. Tehran, 1377 AH. - 588 p.
12. Rabe'zade A. The beauty of Beljuvan / A. Rabe'zade. - Dushanbe, 2003. - 30 p.13. Saba, Mohsin. Economic views of Khwaja Nasiri Tusi in "Akhlaqi Nasiri" // Collection of articles of the fourth congress of Iranian studies. With the efforts of Muhammad Husayn Iskandari. Ch. 2. 1353 sh. - S. 198-217.
14. National strategy of education development in the Republic of Tajikistan for the period up to 2030. - Dushanbe, 2021. - 110 p.
15. Haddad Adil, Gholomali. Comparison of "Guliston" and "Akhlaqi Nasiri" in the way of spatial moral studies // Zikri Jamili Saadi. 4.1. - Tehran, 1364. - S. 405-415.