Научная статья на тему 'ВЛИЯНИЕ ИНФОРМАЦИОННО-КОММУНИКАЦИОННЫХ ТЕХНОЛОГИЙ НА ДЕТЕЙ'

ВЛИЯНИЕ ИНФОРМАЦИОННО-КОММУНИКАЦИОННЫХ ТЕХНОЛОГИЙ НА ДЕТЕЙ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
88
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ДОШКОЛЬНЫЕ ОБРАЗОВАТЕЛЬНЫЕ УЧРЕЖДЕНИЯ / ИНФОРМАЦИОННО-КОММУНИКАЦИОННЫЕ ТЕХНОЛОГИИ / ДЕТИ / РОЛЬ ЭЛЕКТРОННОЙ ДОСКИ / ПЕДАГОГ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Ёров Акмал

В данной статье рассматривается вопрос внедрения информационно-коммуникативных технологий в дошкольных образовательных учреждениях и их влияние на развитие детей старшего дошкольного возраста. Также указываются негативные воздействия электронных устройств на детей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE IMPACT OF INFORMATION AND COMMUNICATION TECHNOLOGY ON CHILDREN

This article discusses the implementation of information and communication technologies in preschool educational institutions and their impact on the development of older preschool children. The negative effects of electronic devices on children are also indicated.

Текст научной работы на тему «ВЛИЯНИЕ ИНФОРМАЦИОННО-КОММУНИКАЦИОННЫХ ТЕХНОЛОГИЙ НА ДЕТЕЙ»

Душанбе, улица Рудаки, 139. E-mail: kmayramoy@mail. ru Телефон (+992) 939211350.

Раджабов Равзи Рахмонович - преподаватель кафедры иностранных языков и латинского языка, Таджикский государственный медицинского университета им. Абуали ибни Сино. Адрес: Таджикистан, г. Душанбе, улица Рудаки, 139. Email: ravzi-2005@inbox.ru Телефон (+992) 919703399. About the authors:

Kayumova Mayramoy Abdurahimovna - Senior Lecturer of the Chair of Foreign and Latin Languages of Avicenna Tajik State Medical University. Address: Tajikistan, Dushanbe, 139 Rudaki Street. E-mail: kmayramoy@mail.ru ph: (+992) 939-21-13-50 Rajabov Ravzi Rahmonovich - Lecturer of the Chair of Foreign and Latin Languages of Avicenna Tajik State Medical University. Address: Tajikistan, Dushanbe, 139 Rudaki Street. E-mail: ravzi-2005@inbox.ruph: (+992) 919703399.

УДК: 681.3:373 (575.3) АХДМИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯМИ ИТТИЛООТИ-ИРТИБОТИ БА КУДАКОНИ ХУРДСОЛ

Ёров А.

Донишго^и давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй

Технологиями иттилоотиву иртиботй (ТИИ) ба хусус компютер, як кисми

чудонашавандаи хаёти инсон гардидааст. Ба воситаи онхо фаъолияти корй, дилхушй ва фаъолияти бозии кудакону калонсолон амалй мегардад. Кудакони мо дар замоне зиндагй доранд, ки компютер ва телефонхои мобилй мисли дигар лавозимоти рузмарраи хдёти инсон мисли автомошинахо, телевизион, мошинаи чомашуй хело лозимй ва мухим мебошанд. Чизе, ки дар назари мо бисёр хайратангез менамояд, барои кудакон як чизи мукаррарй ва бозичаеро мемонад, ки метавон бо онхо кулли руз бозй (дилхушй) намуд [6]. Агар ба умки масъала бингарем, кудакон аз синни хурдсолй ба ин бозичаи шавковар ва хамзамон зараровар таваччухи бештар доранд, ки ин вокеан ташвишовар мебошад. Вазифаи хар як волидайн дар халли ин масъала аз он иборат мебошад, ки вак;ти гузаронидаи фарзандро дар назди ин воситаи техникй самаранок ба рох монанд ва усули истифодаи онро зери назорати чиддй карор диханд.

Кулли тачхизотхои электроние, ки моро ихота кардаанд, барои осон намудани кори одамон сохта шудаанд, вале гузаронидани вакти зиёд дар назди онхо чй ба кудакон ва чй ба калонсолон таъсири манфй мерасонад, ки ин аз суст шудани биноии чашм, кач шудани сутунмухра то ба зарари равонй расонидан ба кудакон, аз чумлаи таъсироти манфии он ба хисоб меравад. Гарчанде, бисёре аз волидайн барои таълими фарзандон аз усулхои маъмули кухнагашта ба мисли бозихои руимизй, китобчахо, когазчахои расмдор ва когазчахои харфдор корбарй менамоянд, инчунин хастанд касоне, ки аз воситахои муосири таълим хам истифода мебаранд. Востиахои электронй, аз кабили компютери кисагй (телефони мобилй), руимизй ва хамрох (ноутбукхо), ки истифодаи зиёди онхо ба бадани инсон бетаъсир намемонад, беэътиной кардан нашояд [7]. Бозихои компютерй кобилияти зехнии кудаконро баланд бардошта, хотираи онхоро мустахкам мекунад ва савияи фикрронии мантикии онхоро низ баланд мебардорад. Инчунин кудак дар вакти бозй худро тамоман дар дигар мухит тасаввур мекунад. Масалан, хангоми дуруст хал намудани муаммо ва кашидани расм хис менамояд, ки кори бузургеро ичро намуда истодааст. Бо ин васила у иттилоотро аз мухити атроф бе мушкилй кабул мекунад, дарк мекунад ва онро дар фикри худ тасаввур мекунад. Баъди ичро намудани бозй падар ва ё модар ба кудак "Офарин! Дуруст ичро кардй"-гуён хитоб намоянд, ин ба кудак рухияи халоватбахш меоварад. Барои кудакон азхудкунии харфхои алифбои гуногун бо усули барномавй осонтар мебошад, зеро истифодаи аёният раванди азхуднамоиро дучанд баланд мегардонад [8].

Хдмаи бозихо ба ду гурух чудо мешаванд: динамикй ва гайридинамикй. Бозихое, ки дар раванди он кудак метавонад каме хастагиашро барорад ё ин ки ба дигар кор машгул шавад, онро гайридинамикй меноманд. Бозихое, ки дар раванди он диккати чиддй дар вакт аст ва ба хар амали он ахамият додан лозим бошад, онро динамикй меноманд.

Бозихои компютерй кобилияти зехнии кудаконро баланд бардошта, хотираи ва фикрронии мантикии онхоро мустахкам мекунад. Кудак бо ичроиши фаъолияти бозй ба мухити дигар ворид мегардад, яъне хангоми дуруст намудани муаммо хис менамояд, ки кореро ичро намуда истодааст. Баъди ичро ба итмом расонидани бозй ба кудак "Офарин! Дуруст ичро кардй" гуён хитоб намудани калонсол ба у рухияи каноатмандй, тавонбахшй ва боварй ба кувваю неруи аклии худ мебахшад. Азхудкунии харфхои алифбо, азёд кардани шеър ё тарона (шунидан) бо усули барномавй осонтар мебошад, зеро истифодаи аёният раванди сабт намудан ба хотираро метезонад [9, 37].

Хдмаи бозихо аз тарафи мутахассисон аз чихати ичрои вазифахо ба ду гурух чудо мешаванд: динамикй ва гайридинамикй. Бозихое, ки дар раванди он кудак метавонад каме хастагиашро барорад ё ин ки ба дигар кор машгул шавад, онро гайридинамикй меноманд. Бозихое, ки дар раванди он диккати чиддй дар вакт аст ва ба хдр амали он ахдмият додан лозим бошад, онро динамикй меноманд [7].

Бозихои компютерй-ин барномахои компютерие мебошанд, ки барои ташкили раванди бозй дар компютер бо максади хуш гузаронидани вакт, омузиши мавод, гузаронидани мусобика, баланд бардоштани нутк, инкишофи фикрронй пешбинй карда шудааст. Таърихи бозихои компютерй низ аз ШМА маншаъ мегирад, яъне соли 1948 физикони амрикой Томас Голдсмит ва Эстл Рейдман тачхизоти электрониро сохтанд, ки минбаъд ба пайдоиши бозихои компютерй замина гузошт. Соли 1958 бошад, Уилям Хигинботам бозии теннис барои ду нафарро сохт.

Бозщои компютерй аз цщати намуд ба гуру^^ои зерин цудо мешаванд:

Бозихои варзиши фикрй - ин бозихои мусобикавй мебошад, ки дар он аз хама мухим натичаи ичрои дурусти харакату амалхои фикрй ва чисмонй мебошад. Ба онхо мисол шуда метавонад; бозии шохмот, шашка, футбол, машки пагохирузй, давидан, чахидан ва гайра.

Бозихои муаммой - дар намуди чистон пешниход мешавад. Дар он иштирокчй вазифаеро мегирад, ки бояд фавран хал намояд (аз чубчахо сохтани шаклхои нав, пур намудани сканворд, пурра намудани расми парешон, ёфтани фаркият дар расмхо ва гайрахо).

Бозихои мантикй — чун коида, ин намуди бозихо дилхушкунанда нестанд, чун ки дар ин намуди бозй ба кудак чусту чолокй, хушёрию зиракй зарур аст ва аз у дарачаи баланди фикрронй талаб карда мешавад. Ба мисли бозии компютерии шохмот, шинохтани расми хайвонот, мантикан чобачо гузоштани шаклхо ва гайрахо.

Бозихои тамринй (тренажорй) —кудаконро барои хосил кардани малакахои аввалин кумак мерасонад. Мисли аввалин маротиба ба сари чамбараки мошин нишастан, кашидани расм, аз когазпора сохтани харф ва гайра.

Бозихои омузишй - ин намуди бозй аз чониби педагогон пешниход карда мешавад ва барои тарбия намудани малакахои мехнати фикрй, инкишоф додани амалхои тафаккур, таъмин намудани хушхолй, хисси каноатмандй аз дастовардхои шахсй истифода бурда мешавад.

Бозихои стратегй — дар ин намуди бозй асосан накшагузорй сахми босазо дорад. Масъалагузорй дигар хам бошад, накшаи умумй якранг мешавад. Масалан, аз ашёхои хурд сохтани хонача, мошинча, ва дигар шаклхо.

Бозщои дищатцалбкунандаи компютерй дар асл дорои чанд хусусият^ои мусбй мебошанд:

• Онхо нодир набуда, балки дастраси истифодабарандагон мебошанд.

• Барои нигохдории онхо на он кадар хачм дар хотира лозим аст.

• Гуногунрангии онхо имконият медихад, ки хар волидайн мувофики шавку хаваси хеш ва фарзандаш бозиро интихоб намояд.

• Бо воситаи бозихои дилхушкунанда кудакро бо мухити атроф ошно сохтан мумкин аст, агар ба шарти он, ки тарспазириро дар вучуди рухиву чисмонии кудак чой нанмояд.

• Барои баланд бардоштани фикрронии кудакон, диккати онхо, зехни мантикй, мустахкам кардани хотирот сахми бузург гузошта метавонад.

• Рафъ намудани стресси кудак ва ё ягон намуди дард аз хусусияти бозихои компютерй хам шуда метавонад.

Тибки талаботи биологй кудак бояд то синни 3 — солагй ба технологияхое, ки бо кувваи барк кор мекунанд, наздик нашавад. Инчунин, кудаке, ки бо технологияхои компютерй вакти зиёди худро мегузаронад, уро нисбати омилхои мухит нохуб ва бо одамон нозукбин мегардонад. Баъзеи онхо бо воситаи технологияхои иттилоотй-иртиботй филму сахначахои хосияти зуроварй ва дахшатангездоштаро тамошо мекунанд, ки онхо таъсири манфии худро албатта ба равони кудак мерасонанд. Борхо мутахассисони илми психологияи кудакона таъкид намудаанд, ки кудакон бояд хар чй камтар ба воситахои электронии номувофик ба синну солашон сарукор гиранд, зеро ин таъсиррасонй дар давраи кудакй хангоми инкишофи рухй ва чисмонии кудакон куллан

манфй мебошад. Мусаллам аст, ки дар навбати дуввум, он ба саломатии кудакон зарар мерасонад, ба монанди: нури чашмро кам мегардонад; сабаби пайдоиши дарди сар мегардад; фикрронии кудаконро нисбат ба мухити атроф дигаргун месозад. Тадкикотхои табибон ва равоншиносон собит месозад, ки волидайн бояд кудаконро бо технологияхои муосир, ба хусус телефони мобилй дар синни калони томактабй шинос намоянд, агар ин талабот риоя гардад, дар сини 5 солагй зина ба зина ба манфиати кор хохад буд [5].

Ба саволи он ки технологияхои иттилоотй ба кудакон фоидаи зиёд мерасонад ва ё зарар чавоби амик додан душвор аст. Баъзе бозихои компютерй ва ё наворхое мавчуданд, ки ба рухияи кудак таъсири манфй намерасонанд, аммо аз чихати таъсири манфй расонидан ба чисми кудак ва нашъунамои он сарукор гирифтани аз меъёр зиёди он номумкин аст. Баъзан вакт волидайн худ кудаконро ба чунин амалхои номатлуб водор месозанд ва гумон мекунанд, ки бо усули ин чанд лахзае хам бошанд, аз шараёни кудакон вораста мебошанд, хол он ки ин ворастагй сабаби чараёни шараёни минбаъда мегардад. Бо меъёри муайян истифода бурдани онро албатта калонсолон хуб медонанд ва ба фарзандон талкин намудани шакли дурусти истифодаи компютер ва дигар лавозимоти техникиро вазифаи аввалиндарача бояд хисоб намоянд. Инчунин, дар хучраи кудакон шароити хуби зиндагй фарохам овардан вазифаи асосии волидайн ба хисоб меравад. Барои кудакон чевони хачми хурд барои гузоштани компютер, телевизион ва дигар лавозимоти истифодаи рузмарраи онхо хатмй мебошад. Намоиш додани видеороликхои хосияти омузишй ва тарбиявидоштаро ба кудакон аввалиндарача хисобида, дар баробари он, истифодаи техникаи ба он мувофикро низ омузанд.

Олимони соха иброз медоранд, ки кудаки сини то 5 сола дар як руз на бояд аз 10 дакика зиёд бо компютер сарукор гирад. Дар сини 6-7 солагй ин хад ба 20-25 дакика мерасад ва онро бо гузашти вакт хар руз то 3-4 дакика зиёд кардан мумкин аст. Дар ин миён барои бисёр хаста нашудани кудак бояд то 15 дакика тамрини чашм ва бадан кардан зарур мебошад.

Дар холати истифодаи дуруст ва окилонаи компютер ва дигар техникаи хозиразамон, таъсири манфии он ба кудакон ба сифр баробар мешавад ва фоидаи он нихоят зиёд мешавад. Зери мафхуми компютер хамаи техникаи хисоббарор хисобида мешавад, аз кабили телефони мобилй, планшет, ноутбук ва компютери руимизй ва гайрахо. Дар холати кудак сохиби компютери шахсй гардидан, у охиста-охиста тарзи кор дар компютерро азхуд мекунад, бо техника аз наздик шинос мешавад, кисмхои навро ба компютер аз кабили принтер (чопкунанда), сканер (аксгиранда), микрофон ва гайрахо насб мекунанд. Х,амаи инхо боис мешаванд, ки дар кудак махорату малакахои техникй пайдо шавад. Азбаски техникаи хозиразамон рушд дорад ва кудакон бо навгонихои охирини техника шинос мешаванд, дар оянда бе истифодаи техника кариб ягон фаъолияти инсоният амалй намегардад ва агар кудакони мо аз синни хурдсолй бо компютер ошно бошанд, ба фоидаи кор хохад буд.

Истифодаи мацсадноки технологияи интерактиви дар раванди таълим хеле му^им аст. Имрузхо технологияхои иттилоотй-иртиботй босуръат ба раванди таълими муассисахои томактабй ворид шуда истодааст. Барномахои омузишии зиёде барои сохахои гуногуни раванди таълим пешбинй ва тахия карда шудаанд. Ин намуди

баpномахо вобаста бо хусусиятхои pавонй ва синну сол сохта шyда, ба воситаи онхо метавон омузиши мухити зист, забонхои хоpичй, хисобу китобpо бе омyзгоp амалй намуд.

Тахтахои электpонии интеpактивй (интеpактивная электpонная доска) - ин тачхизоти yнивеpсалие мебошад, ки бо воситаи он хаp як педагог метавонад, pаванди так^^о тавpе ба pох монад, ки шавку pаFбати кудакон ба таълим здад гаpдида, pаванди диккат ва даpчаи фикppонии онхо мустахкам гаpдад. Усули истифодаи он даp муассисахои таълимии томактабй аз худи таpбиядиханда вобастагии калон доpад. У метавонад, аз баpномахои интеpактивии таълимй, ба мисли азхуднамоии хаpфхои алифбо, шинохтани хайвонот, pастанихо, тасвиpи онхо даp тахтаи электpонй ва амсоли инхоpо ба тавpи васеъ истифода бypда, pаванд таълимpо диккатчалбкунанда созад [10]. Инчунин, кyдаконpо баpои пайдо намудани малакахои нав водоp месозад. Татбики технологияи бисëppасонагй (мултимедиа) даp муассисахои таълимии томактактабй то даpачае ба кудакон имкони даpки мухити атpофpо зиëд мегаpдонад ва баpои азхуд намудани маводи таълимии навашон кумак меpасонад, аз ин py, мебояд хамаи муассисахои таълимии томактабй бо тачхизотхои техникии мyосиpи камзаpаppасанда мучаххаз намуд.

Коpкаpд намудани мачмуаи методии бозихои интеpактивй даp асоси таълими таpзи хаëти солим бо истифода аз технологияхои иттилоотй ва иpтиботй асоси коpи коpмандони муассисахои таълимии томактабй мебошад [2]. Гуфтан бамавpид аст, ки имpyзхо ташкили таълим бо истифода аз бозихои интеpактивй pyи коp омада истодаанд ва даp бозихои компютеpй воpид намудани маводхои таълимй сифати таълимpо баланд мебаpдоpад, бо ин васила, азхудкунии маводи таълимй низ тадpичан осон мегаpдад. Ч,ихати дигаpи мусбии истифодаи тахтахои интеpактивй даp муассисахои таълимии томактабй даp он аст, ки кудак хангоми тамошо намудан ба тахтаи элек^онй сайpи виpтyалй менамояд, даp умки хотиpааш мyшохидахояшpо нигох медоpад. Х,амчунин, педагог аз pаванди таълим хаста намегаpдад ва pасонидан ба кудакон низ осон мегаpдад. Баpои истифодаи он даp амал ва азхуд намудани таpзи коpи он мехнати зиëд саpфа намешавад. Махоpати баpномасозй ва ë дигаp намуди малакахо лозим нест, ки аз ухдаи таpзи истифодаи он кифоя аст, ки бо баpномаи амалии он шинос шавй.

Мусаллам аст, ки шyмоpаи зиëде аз кудакони синни томактабй хаpфхои алифбоpо намешиносанд ва шеъp ва ë дигаp намуди матнpо ба воситаи завки узви шунавой азхуд мекунанд. Баpои ба кудакон омузонидани хаpфхои алифбо, хисоби pакамхо ва ë ягон намуди шеъppо таpики тахтаи элек^онй бо иловаи pасми ягон манзаpаи чаззоб тахия намуда, пешкаши кудакон созанд ва сypъати азхудкунии маводpо тезонанд.

Баpои истифодабаpандаи тахтахои элек^онй чунин малакахо лозим аст:

• ^p каpда тавонистан бо компютеp

• Коp каpда тавонистан бо баpномахои Word, PowerPoint

• Истифода бypда тавонистани шабакаи Иш^нет (баpои чустучуи pасми дилхох, файлхои садой ва мултимедавй оиди мавзуъ, ифтитоххо, филмхои мултипликатсионии таpбиявй ва баpномахои омузишй)

Даp муассисахои томактабии давлатхои пешpафтаи Авpyпо аз чумла Олмон, Лахистон ва Руссия дахсолаи охиp аз чунин технологияи инноватсионй васеъ истифода мебаpанд. Исбот шудааст, ки хамчоя намудани методхои анъанавй бо технологияхои навини иттилоотй-иpтиботй даpачаи азхyднамоиpо даp мухассилини муассисахои томактабй батадpич баланд намуда, сифати таълим тибки баpнома, инкишофи нутк, инкишофи малакаи сенсоpй, баланд баpдошта шуд ва сypъати pасонидани иттилоот ба кудакон низ ба сатхи заpypй омада pасидааст.

Таваччухи Пpезиденти Ч,yмхypии Точикистон Пешвои Миллат мyхтаpам Эмомалй Рахмон нисбати кишpи осебпазиpи чомеа-кудакон беандоза калон мебошад. Даp Паëми иpоанамyдаи худ ба Мачлиси олй соли 2010 саpваpи кишваp ибpоз доштанд: "Максади асосии мо даp ин самт аз он ибоpат аст, ки хифзи ичтимоии маpдyм хаpчи бехтаp таъмин гаpдад, сохахои маоpифy тандypyстй pyшди бештаp пайдо намоянд, шабакаи технологияхои иттилоотй тавсеа ëбад, баpои таpбияи кудакону навpасони солим, тахсили чавонон ва ба воя pасонидани мутахассисони ба талаботи замон човобгу шаpоити мусоид мyхайë каpда шавад".

Технологияи нави иттилоотй ва иpтиботй аз педагог дониши техникй ва малакаи баланди истифодаи онpо такозо менамояд. Инчунин баpои даp pаванди машFyлиятхои таълимй истифода каpдани технологияхои навини иттилоотй бояд тавpи дypyст истифода каpдани онхоpо тавонад. Тахти калимаи технологияхои иттилоотй-иpтиботй

на танхо компютер ва таъминоти барномавии онхо, балки истифодаи компютер, шабакаи Интернет, видео, телевизион, технологияи чандрасонагй, хар гуна тачхизотхои аудиовизуалй, DVD, CD ва дигар имкониятхои иртиботй фахмида мешавад.

Педагогро зарур аст, ки истифодаи хамаи намуди технологияхои муосирро тавонад ва дар раванди таълим аз онхо васеъ истифода намоянд. Аз бозихои шавковари математикй огоз намуда, то бозихои гуногунчабхаи шавковари компютериро истифода намудан ба ин васила кудаконро ба донистану ёдгирй шавкманд намояд. Чистону муаммохоро аз наворхои тайёрнамудаи мураббия, ки тарики монитори телевизион нишон дода мешавад, чй тавр сохтани хонача ва дигар намуди шаклхои геометриро ба кудакон фахмонад. Дар навбати худ кудакон ба сохтани онхо аз навор огоз намоянд ва натичаашро ба мураббия пешкаш намоянд [3]. Ба мисоли бозихои компютерии шавковар мисол шуда метавонад: «Х,исоб кардан», «Ч,азираи арифметика», «Математика барои кудакон», «Алифбои ман», «Мусикй месароем», «Х,айвонотро мешиносем», «Рассоми чавон», «Ч,ахони компютер» ва гайра. Мутаассифона на хамаи ин бозихои компютерй вориди барномаи таълимии муассисахои таълимии томактабй гардидаанд.

Технологияхои иттилоотй-иртиботиро метавон хамчун системахои худкори идоракунии раванди таълим истифода намуд. Раванди таълимро тарики шабакаи локалй то чое идора кардан мумкин аст. Аз афзорхои назоратии электронй (видеокамерахо) истифода намуда, назорат, мониторинг, тарзи кори педагогон, табибон ва дигар кормандони муассисаро зери назорат ва тахлил карор додан мумкин мебошад. Дар ин холат технологияи иттилоотй-иртиботй сатхи баланди таълимро дар муассисахои таълимии томактабй таъмин менамояд ва инчунин хангоми таълими кудакон дар шароити тахсилоти инклюзивй васеъ намудани мухити таълимии кудаконро фарохам меоварад.

Х,ангоми кор бо компютер ва дигар техникаи муосир мураббияхо бояд донанд, ки дар назди монитор вакти зиёд гузаронидан ба саломатии кудакон таъсири манфии физикй ва психикй мерасонад. Инчунин, барои ворид намудани технологияхои таълими компютерй масрафи зиёд лозим аст. Барои чудо намудани утокхои мучаххазгардонидашуда ва онро бо шабакаи локалй пайваст намудан, инчунин, бо камерахои назоратй таъмин намудани он ва харидорй кардани барномаи компютерии лозимаи дорои литсензия, на ба хар муассисаи таълимии томактабй имкон медихад [11]. Мушкилоти дигар набудани махорати универсалии педагогон ва кор карда тавонистани онхо бо технологияхои навини иттилоотй, шабакаи Интернет ва сохтани маводхои таълимии электронй мебошад.

Масъалаи ворид намудани технологияхои иттилоотй-иртиботй ба муассисахои таълимии томактабй хануз аз даврони хокимияти Шуравй зери суол монда буд. Олимони ва мутахассисони пешкадами сохаи томактабй (Духанина Л.Н., Волосовец Т.В., Веракса Н.Е., Дорофеева Э.М., Комарова Т.С., Алиева Т.И., Комарова И.И., Белая К.Ю.) акидахои худро нисбати истифода кардан ва ё накардани он дар муассисахои таълимии томактабй иброз дошта буданд. Мукобилони ин акида собит менамоянд, ки муддатхои зиёд нишастан дар назди монитори компютер ба кудакон зарари физикй ва равонй мерасонад. Тачрибахо нишон доданд, ки истифодаи гурухии технологияи навини иттилоотй-иртиботй дарачаи фикрронии кудаконро васеъ намуда, онхоро ба омухтани босуръати маводхои таълимй равона месозад [9].

Иттилоотикунонии чомеа дар назди педагогони муассисахои томактабй вазифаи мухимеро пеш мегузорад. Онхоро мебояд, дар замони технологияхои навин миёни кудакон ва техника рохбалад шаванд, шахсияти онхоро дар чомеаи иттилоотй муайян намуда, фарханги иттилоотии онхоро баланд бардоранд. Дар рушди шахсияти кудакони синни калони томактабй технологияхои иттилоотй-иртиботй сахми калон мегузорад. ^ишри осебпазири чомеаро мебояд чун гавхараки чашм нигох дорем ва хар яки онхоро мисли фарзандони худ дуст дорем. То ин ки як насли солим, худогоху худшиносро ба чомеа ба камол расонем.

АДАБИЁТ

1. Барномаи давлатии компютеркунонии со^аи маориф 2008. 24с

2. Горвиц Ю., Поздняк Л. Кому работать с компьютером в детском саду. Дошкольное воспитание, 1991г., № 5

3. Дадабоева М., ^урбонова Г., Худ бисоз, бо мо бисоз. Маводи таълимй. Душанбе 2009.

4. Новейший самоучитель по работе в Интернете // Под ред. Симоновича С. - М.: Десс, 2000. -228с

5. Симонович С., Евсеев Г., Мураховский В. Интернет: лаборатория мастера. Практическое руководство по эффективной работе в Интернет. - М.: АСТ-ПРЕСС, 2000. -316с. с18.

6. Телефони мобилй: зарар ва фоидаи мошинаи бохуш.//манбаи интернетй. ttps://www.google.com/search?clien=opera&tbm =isch&sxsrf= ACYBGNRBtxShGBOJksD_h-nltLMosgBW6Q %3A1569477380003&sa

7. Усова А.П. Роль игры в воспитании детей. Под редакцией А.В. Запарожца, Москва 1976.

8. Швайко Г. С. Игры и игровые упражнения для развития речи: пособие для практических работников ДОУ. - 4-е изд. - М: Айрис-пресс, 2007. - 176 с. http://festival.1september.ru/articles/649942/

9. Калинина Т.В. Управление ДОУ. «Новые информационные технологии в дошкольном детстве». М, Сфера, 2008

10. Моторин В. "Воспитательные возможности компьютерных игр". Дошкольное воспитание, 2000г., № 11

11. Новоселова С.Л. Компьютерный мир дошкольника. М.: Новая школа, 1997

ВЛИЯНИЕ ИНФОРМАЦИОННО-КОММУНИКАЦИОННЫХ ТЕХНОЛОГИЙ НА ДЕТЕЙ

В данной статье рассматривается вопрос внедрения информационно-коммуникативных технологий в дошкольных образовательных учреждениях и их влияние на развитие детей старшего дошкольного возраста. Также указываются негативные воздействия электронных устройств на детей.

Ключевые слова: дошкольные образовательные учреждения, информационно-коммуникационные технологии, дети, роль электронной доски, педагог.

THE IMPACT OF INFORMATION AND COMMUNICATION TECHNOLOGY ON CHILDREN

This article discusses the implementation of information and communication technologies in preschool educational institutions and their impact on the development of older preschool children. The negative effects of electronic devices on children are also indicated.

Keywords: preschool educational institutions, information and communication technologies, children, the role of the electronic board, teacher.

Сведения об авторе:

Ёров Акмал - аспирант кафедры обшей педагогики Таджикского государственного педагогического университета именни Садриддина Айни, электронная почта: akmalyoron@,gmail.com Тел: (+992) 918120314

About the author:

Yorov Akmal - Graduate Student of the Chair of General Pedagogy, Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni, tel: (+992) 918-12-03-14, E - mail yorov. akmal@;mail ru

АФСОНАХ,ОИ ХАЛЦ ХДМЧУН САРЧАШМАИ ТАРБИЯ ВА ОМОДА НАМУДАНИ ^АВОНОН БА ^АЁТИ ОИЛАВИ

Сарбозова З.

Донишкадаи давлатии омузгории Тоцикистон дар ноуияи Рашт

Халг бузургтарин эходкори дарси {аёт аст. У дар рафти зиндагй худ панд омухт ва ган^инаи мусавй надоштаеро дар бораи инсон ,хусусан симои маънавии у ба вухуд овард. Чунки халг хуяндаи марворид, га{вораи панду {икмат ва сухан буда, дар давоми садсола{о бе{тарин офарида{оро сай^ал ва ма{фуз дошта аз насл ба насл мерос гузошт. Он дар хотири насл{о на^ш баста умри дароз дид. Яке аз ин гуна офаридаи халг - афсона{ои хал^й мебошад. Афсонаи халк1 чун як жанри ганиву пурмазмуни элодиёти шифош" аз тарафи олимони соааи адабиётшинос1 Раьаб Амон, Бааром Шермуааммадов ва дигарон хеле васеъ таакику таалил гардиданд.

Дар афсона{ои хал^й панду {икмат{ои о^илонаи халг бештар инъикос ёфтааст.Бинобарин насл{о ин ган^инаи бузурги ахдоди худро сармаш^и {аёт намуда ,аз он дарси зиндагй меомузанд.Аз ин ру он{о дар таълим ва тарбияи насли наврас ма^оми му{им мебозанд ва дастраси оммаи хонандагон гардондани ин гав{ари ноёб аз а{амияти калони тарбиявй орй,холй нест.

Афсона{ои хал^и то^ик аз хи{ати мазмуну мундари^а ни{оят гуногун ва пуробуранг буда ,{одиса{ои ихтимой,таърихй, маишй-оилавй, ахло^й, ме{натии хал^и то^ик ва дигар па{лу{ои {аёту зиндагй,симои маънавию ахло^й, гамхорй дар {авди инсон, {исси э{тироми бепоён нисбати падару модар, ятимону бенавоён орзую ормон ва дигар мазуъ{ои {аётиро дар бар мегирад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.