Научная статья на тему 'МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОИ'

МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОИ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
807
88
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
УСУЛИ ТАЪЛИМ / СИНФҲОИ ИБТИДОӢ / ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ / МЕТОДҲОИ АСОСИИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ / ТАШАККУЛИ АСОСҲОИ САВОДНОКИИ КОМПЮТЕРӢ / ИНКИШОФИ ТАФАККУРИ МАНТИқӢ / ИНКИШОФИ МАЛАКАҲОИ АЛГОРИТМӢ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Норбобоев Маъруфҷон Олимович

Дар мақола усули таълими технологияҳои иттилоотӣ дар синфҳои ибтидоӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Ҳадафи мақолаи мавриди назар баррасии методҳои асосии таълими технологияи иттилоотӣ дар мактаби ибтидоӣ мебошад, ки рушди салоҳиятҳои хонандагони хурдсолро инъикос намудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

INFORMATIONAL TECHNOLOGY TEACHING METHODS AT PRIMARY SCHOOL

The article analyzes the methods of teaching informational technology at primary school. The purpose of the relevant article is to discuss the main methods of teaching informational technology at primary school reflecting the development of the competencies of primary schoolchildren.

Текст научной работы на тему «МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОИ»

УДК 378 ББК 74.58

МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ Норбобоев Маъруфцон Олимович, унвонцуи ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТЙ кафедраи методикаи таълими математика ва ДАР СИНФ^ОИ ИБТИДОЙ технологияи информатсионии МДТ "ДДХ ба

номи акад. Б.Fафуров"(Тоцикисmон, Хуцанд)

МЕТОДЫ ОБУЧЕНИЯ Норбобоев Маъруфджон Олимович, соискатель

ИНФОРМАЦИОННЫМ кафедры методики преподавание математики и

ТЕХНОЛОГИЯМ информационной технологии ГОУ "ХГУ им. акад.

В НАЧАЛЬНЫХКЛАССАХ Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд )

INFORMATIONAL Norboboev Marufjon Olimovich, claimant for

TECHNOLOGY candidate degree of the department of informatics

TEACHING METHODS under the SEI "KhSU named after acad. B.Gafurov"

AT PRIMAR Y SCHOOL (Tajikistan, Khujand),E-mail:[email protected]

Вожа^ои калиди: усули таълим, синф^ои ибтидои, технологияи иттилооти, методуои асосии таълими технологияи иттилооти, ташаккули асосуои саводнокии компютери, инкишофи тафаккури мантицй, инкишофи малакауои алгоритмы

Дар мацола усули таълими технологиями иттилооти дар синф^ои ибтидои мавриди таулил царор дода шудааст. Х,адафи мацолаи мавриди назар баррасии методуои асосии таълими технологияи иттилооти дар мактаби ибтидои мебошад, ки рушди салоуиятуои хонандагони хурдсолро инъикос намудаанд.

Ключевые слова: методы обучения, начальная школа, информационные технологии, основные методы обучения информационным технологиям, формирование основ компьютерной грамотности, развитие логического мышления, развитие алгоритмических навыков

В статье анализируется методика обучения информационным технологиям в начальной школе. Целью данной статьи является обсуждение основных методов обучения информационным технологиям в начальной школе, которые отражают развитие компетенций младших школьников.

Key words: teaching methods, primary school, informational technology, basic methods of teaching information technology, establishment of computer literacy foundation, development of logical thinking, development of algorithmic skills

The article analyzes the methods of teaching informational technology at primary school. The purpose of the relevant article is to discuss the main methods of teaching informational technology at primary school reflecting the development of the competencies of primary schoolchildren.

Дар тули таърихи инкишофи тамаддуни инсонй фархднги иттилоотй хамеша калиди маърифати олами атроф буд. Малакахои муайяни кор дар компютер ба хар як инсон даркоранд, зеро компютер кисми чудонашавандаи зиндагии харруза мебошад.

Донишу малакахои кор дар компютер кариб дар тамоми касбхо заруранд: мухосиб, хукукшинос, иктисодшинос, хазинадор, меъмор, дизайнер, таррох ва г.

Тахсилоти иттилоотй дар ташаккули шахсият, дар инсон тарбия намудани кобилияти дарки мазмуни масъалаи дар назди у гузошта, махорати фикрронии дурусту мантикй, татбики донишхои хосилшуда дар амалия накши махсус дорад.

Ч,устучуи воситаву методхои таълим барои инкишофи салохиятхои калидй ва ичтимоии мактаббачагон тамоюли мухимтарини тахсилоти муосир мебошад. Инкишоф додани ин салохиятхоро аз синни хурди мактабй огоз намудан зарур аст, чунки махз дар хамин давра огози ташаккули малакахои асосии амалии хар як инсон ба шумор меравад.

Аксарияти педагогу психологхо чунин акида доранд, ки таълими барвакти технологияи иттилоотй кудаконро аз бачагй махрум месозем, вале ба андешаи мо, барвакт инкишоф додани салохиятхои ичтимоии хонандагон чй кадар ки барвакт огоз ёбад, дар симои хар як бача дар интихои таълим шахсияти аз лихози ичтимой хамон кадар бештар мутобикшударо ба даст меорем.

Хддафи кори мазкур баррасии усулхри асосии таълими технологияи иттилоотй дар мактаби ибтидой мебошад, ки рушди салохиятхои хонандагони хурдсолро ба вачхи бехтарин инъикос менамоянд.

Технологияи иттилоотй ба мактаби ибтидой ворид шуд. Аммо хар як педагоги мулохизакор ба худ савол медихад: «Оё хама ин барои кудак хуб аст? Оё мо уро аз фурсате, ки кафлесакхоро дар кулмак мушохида кардан, назди тиреза нишаста, рафтуомади одамонро дар руйи хавлй назорат бурдан мумкин аст, махрум намесозем?». Ба иборати дигар, оё мо кудаконро ба олами «калонсолон» кашида, аз бачагй, мувофики фахмиши худамон (аниктараш, хотиротамон), махрум намекунем?

Бешубха, ин саволхо хеле мухиманд. Ч,авоб ба онхо, ба андешаи мо, зиндагие хохад буд, ки кудакони имруза, хонандагоне бунёд месозанд. Мо бояд пеш аз хама, ба саволхои зерин чавобро чустучуй намоем: Дар дарсуои технологияи иттилоотй ба кудакон чиуоро бояд омузонд? Оё фанни «технологияи иттилоотй» уамчун дарси алоуида метавонад бошад? Ки бояд технологияи иттилоотйро таълим диуад - омузгори синфуои ибтидои ё омузгори технологияи иттилоотй? Аммо саволи асоси: бачагонро чи тавр таълим бояд дод?

Маълум аст, ки низоми методии хама гуна фан мачмуи панч чузъ аст: уадафуо, мундарица, методуо, воситауо ва шаклуои ташкилии таълим [11, с.69]. Низомхои методии фанхои таълимй, ки мундаричаи тахсилоти миёнаи умумиро ташкил медихднд, дар тули дахсолахои зиёд асосан ба таври эмпирй ташаккул ёфта, дар амалияи мактаб санчида мешуд ва тагйироти назаррасро дар давраи 10-15 сол аз сар мегузаронд.

Барои технологияи иттилоотй динамизми тагйирёбии низоми методии таълими он хос мебошад. Дар солхои сипаришуда тасаввурот дар бораи он, ки дар дарсхои технологияи иттилоотй чиро ва чй тарз таълим бояд дод, якчанд маротиба иваз шуд.

Хддафхои таълими технологияи иттилоотй дар синфхои ибтидой асосан бетагйир мондаанд. Педагогхо, психологхо, методистон ин курсро якдилона хдмчун курси пропедевтй дарк мекунанд. Ихтилофи ягона, ки бештар ба муаммои истилохшиносй дахл дорад, ба истилоххои «саводнокии компютерй» ва «фархднги иттилоотй» мансуб аст. Хднуз чанде пеш масъалаи аз чониби хонандагон азхудкунии «саводнокии компютерй» ба миён гузошта мешуд, имруз бошад, зарурати ташаккули «фархднги иттилоотй» дар мактаббача таъкид мегардад. Мутахассисони пешбар таърифхои гуногуни ин мафхумхоро пешниход мекунанд, дурусттараш, дар онхо талаботи нихоии гуногунро нисбат ба махорати хонанда пеш меоранд. Ба андешаи мо, дар мавриди хонандагони хурдсол оид ба омузиши асосхои саводнокии компютерй сухан рондан мувофики максад аст.

Хддафхои асосии курси пропедевтии технологияи иттилоотйро дар мактаби ибтидой чунин ифода кардан мумкин аст:

• ташаккули асосхои саводнокии компютерй;

• инкишофи тафаккури мантикй;

• инкишофи малакахои алгоритмй ва татбики дидгоххои системавй дар халли масъалахо;

• ташаккули малакахои одитарини компютерй (шиносой бо компютер, бо мафхумхои одитарини сохаи технологияхои иттилоотй).

Дарк намудан мухим аст, ки мундаричаи саводнокии компютерии дар раванди таълими мактаби ибтидой ташаккулёбандаро муайян намуда, бо доираи фанни «Технологияи иттилоотй» махдуд набояд шуд. Баръакс, ин масъаларо бо чалби тамоми фанхои мактабй, кори беруназсинфй ва ёрии волидайн хал бояд кард.

Дар огози таълими оммавии технологияи иттилоотй асосхои алгоритмизатсия дар мактаби болой замина гузошта мешуданд. Имруз возех гардида истодааст, ки кори хадафмандонаро оид ба ташаккули тарзи алгоритмии тафаккур дар синфхои ибтидой огоз намудан мувофики максад аст, зеро дар хонандагони синфхои болой тарзи тафаккур аллакай амалан ташаккул ёфтааст, шаклхои нави тафаккурро онхо бо душворй дарк мекунанд.

Синни хурди мактабй барои инкишофи равандхои психикии барои таълиму зиндагии минбаъдаи мактаббача мухим, мисли рефлексия, накшаи ботинии амалиёт, ки дар навбати худ, заминаи ташаккули тарзи алгоритмии тафаккур мебошанд, бештар мусоид аст. Агар ин вакт аз даст равад, дар синни калонтар ин сифатхоро инкишоф додан душвор аст, баъзан хатто гайриимкон мегардад [1, с.22].

Муаммои таносуби таълим бо асосхои технологияи иттилоотйи назариявй ва технологияхои компютерй ба синфхои ибтидой низ дахолат намуд. Зарурати дар мактаб таълим додани истифодаи амалии компютерхоро инкор накарда, умед мебандем, ки таваччух ба таълими технологияхо тадричан аз доираи дарсхои технологияи иттилоотй берун бароварда мешавад.

Таълими истифодаи компютер хамчун асбоб бояд дар тамоми дарсхо, хамчунин дар фаъолияти беруназдарсии хонандагон ба рох монда шавад. Барои ин якчанд сабабхо вучуд доранд.

Солхои охир компютери шахсй дар хонахои хонандагон аз мактаб дида бештар пайдо мешав ад. Нархи ко мпютери дорои захирахои миёна аллакай имруз бо нархи телевизор баробар шудааст. Бо вучуди ин, хатто мактаби бойтарин барои хар як хонанда компютери алохидаро харида наметавонад. Дар шароити хона бачагон бидуни ёрии мактаб аз ухдаи ичрои муаммохои техникй, мисли кор бо муш ва клавиатура, интихоби пункт дар фехрист (меню) ё «хатто» хифзи файл баромада метавонад. Инро тачрибаи бисёр волидайн исбот месозад. Ба гайр аз ин, тачдиди воситахои корбарй имруз бо чунин суръате чараён мегирад, ки чиддй азхудкунии онхо аз синфхои 8-11 барвакттар шояд маъное надорад. Маълум аст, ки истифодабарандаи манфиатдор мухаррири матниро дар дар давоми якчанд рузи корй, яъне 3040 соат аз худ карда метавонад. Агар ангезиши катъй барои натича мавчуд набошаду соатхои барои ин малака чудошуда дар якчанд мох кашол дода шаванд, сатхи самарабахшии азхудкунй хеле паст мешавад.

Мухаккикони ватанй ва хоричй И.И.Антипов, О.А.Боковнев, М.Е.Степанов [1], О.Ф.Брискина [3], А.Ф.Тихомиров [11] ки бо омузиши истифодаи компютерхо аз чониби хонандагони синфхои поёнй машгуланд, якчанд чихатхои манфии ин равандро муайян кардаанд. Истифодаи компютерхо дар таълими мактаббачагони хурдсол метавонад дар вокеияти атроф, катъшавии равандхои ассимилятсия дар ташаккули тафаккур гардад. Хднгоми кор бо компютер дар бачагон кандашавии робитаи байни вокеият ва тахайюл, чизи матлуб ва вокей руй медихад. Бачагон аз руйи инкишофашон барои гирифтани фоида аз кори бевосита бо рамзхо ва иттилооти абстрактй омода нестанд, зимнан малакахои барои кор бо компютер зарурй ба кобилияти амалиётии кудак мувофик нестанд.

Хдмчунин акидае хаст, ки компютерхо метавонанд барои аз чониби бачагон андухтани тачрибаи зарурии амалиёт бо объектхои вокей ва падидах монеа гарданд, ба гайр аз ин, метавонанд фаъолнокии чисмонй ва рушди чисмонии бачагонро махдуд намоянд. Бинобар ин, мухити таълим дар синфхои ибтидой бояд чунин ташкил шавад, ки истифодаи объективй компютерй бо мавчудияти хамарзишии моддии он баробар бошад.

Дар замони хозира гузаштани дарсхо дар заминаи методикахои бозй зимни таълими технологияи иттилоотй дар синфхои ибтидой дар мадди аввал карор гирифтааст. Сабаб дар он аст, ки ин методикахо кариб тамоми шаклхои корро фаро гирифта, барои фаъолияти эчодй, рушди зехнии кудак имконияти васеъро мухайё месозанд.

Маълум аст, ки бозй дар зиндагии рузмарра бо якнавохтии он, ки тарзи хаётро детерминатсияи катъй менамояд, танаффус ворид мекунад.

^ Бозй тартибро чорй мекунад. Низоми коидахо дар бозй мутлак ва раднопазир мебошад. ^оидахои бозиро вайрон карда, дар он будан гайриимкон аст.

^ Бозй имконияти бунёд ва муттахид намудани коллективро фарохам меорад. Ч,олибияти бозй чунон бузург ва тамоси одамон бо якдигар чунон мукаммал ва амик аст, ки иттиходияхои бозикунандагон кобилияти баъди бозй, берун аз доираи он низ бокй монданро зохир мекунанд.

^ Бозй унсури номуайянй дорад, ки зехнро бармеангезад, фаъол мегардонад, ба чустучуи карорхои бехтарин тахрик мебахшад.

^ Бозй дар бобати мафхуми шаъну шараф, худмахдудкунй ва худфидокунй ба фоидаи коллектив тасаввурот хосил мекунонад. Бозй тахайюлро инкишоф медихад, ки барои офаридани оламхои нав, устурахо, вазъият, коидахои бозй зарур аст.

^ Бозй чандирии психологиро инкишоф медихад.

^ Бозй на танхо мусобика, балки санъати театрй, кобилияти ба образ даромадан ва онро то охир расонидан мебошад. Тасодуфй нест, ки барномахои таълимии компютерии муваффактарин бо истифодаи методикахои бозй тархрезй шудаанд. Ба омузгори муосир фарогирии таснифот ва назарияи тарзрезии бозихое, ки дар таълим истифода мешаванд, хеле мухим аст.

^ Таърифи зерини бозиро кабул мекунем: Бозй - фаъолияте, ки ангезаи (мотив) он дар худаш нуууфтааст. Яъне чунин фаъолиятест, ки на ба хотири натича, балки ба хотири худи раванд амалй мегардад.

Бозихое, ки дар таълим истифода мешаванд, ба навъхои зерин чудо мешаванд:

1. Накшдор.

2. Ташкилй.

3. Корй.

Муайянкунии типи бозй мушкилот вучуд дорад, зеро баъзе принсипхои тархрезии бозихои гуногун ба хам монанданд, аммо бо вучуди ин, байни онхо тафовути назаррас, принсипиалй хаст. Тамоми бозихо аз чихати таъсирашон ба иштирокчиён се вазифаи асосиро ичро мекунанд:

•тарбиявй;

• таълимй;

• хушхолкунанда.

Аммо миёни функсияхои бозй худуди аник гузоштан гайриимкон аст. Х,ар як бозй ягон чизро меомузонад, дар бозингарон сифатхои муайянро тарбия мекунад ва дар айни замон, ноилшавй ба хадафи хушхолкуниро таъмин менамояд, ба истиснои бозихои корй.

1. Бозихои ташкили. Бозихои ташкилй-фаъолона (БТФ) хамчун шакли махсуси ташкил ва методи тахрикбахшии фаъолияти фикрии коллективй, ки ба халли муаммохо равона мешавад, хам дар сохаи ичрои вазифахои эчодй, хам дар низомхои зехнии идоракунй васеъ пахн гардидааст.

Дар варианти «классикй» БТФ ба сифати асбоби чустучуи халли бехтарини муаммохои мураккаби техникй, ташкилй ё идоракунй дар шароити вокеии корхонаву муассисахо истифода мешавад. Мохияти БТФ дар он аст, ки бозй мачмуи методикахо ё техникахои хамбаста (фикрй-зехнй, ичтимой-психологй ва г.) таъминкунандаи ивазшавии мантикан асосноки навъхои фаъолияти коллективй, гурухй, микрогурухй мебошад, ки хадафи он бунёди «махсули бозй» -матни дорои халли муаммои гузошташуда ё хатто дар рафти бозй ифодаёфта мебошад. Х,алли муаммо предмети ин бозиро ташкил медихад.

Бозихои ташкилй-таълимй муаммохои таълими касбй ва рушди умумии ичтимоии одамони калонсолро тарики воситахо ва методхое хал мекунанд, ки рушди шахсиятро таъмин намуда, дар инсон кобилияти муносибати тахкикй ва эчодии тагйирдихандаро ба вокеияти атроф ташаккул медиханд.

Таълими калонсолон метавонад хангоми татбики принсипхои таълими инкишофдиханда самарабахш гардад. Ин ба маъноест, ки раванди тахсилот бояд на танхо раванди интиколи донишхо, балки бештар раванди идоракунии рушди шахсият бошад.

2. Бозихои кори.Солхои охир бозщои кори дар сохахои гуногун торафт васеътар татбик мешаванд: асосан дар иктисодиёт ва сиёсат, хамчунин дар чомеашиносй, экология, маъмурй, тахсилот, банакшагирии шахр, таърих. Бозихои корй ё таклидй барои омодакунии мутахассисони сохахои дахлдор, хамчунин барои ичрои вазифахои тахкик, пешгуй, аз санчиш гузаронидани навоварихо истифода мешаванд.

Хднгоми тавсифи ин метод истилоххои гуногун ба назар мерасанд. Маъмулан агар бозиро иктисодшиносон гузаронанд, он бозии корй номида мешавад. Дар сохаи сиёсат, банакшагирии шахр одатан истилохи «бозии таклидй» ба кор меравад. Истифодаи истилохи «бозии таклидй» бо хусусиятхои мухими ин метод алокаманд аст. Бозии таклидй ба вазъияти мушаххас асос ёфтааст, ки аз хаёти вокей гирифта шудаанд ва амсилаи динамикии вокеияти содатар гардонида мебошад. Яъне дар заминаи бозй амсилаи таклидие карор дорад, ки тарики амалхои иштирокчиёни бозй татбик мегардад.

3. Бозихои накшдор.Истилохи бозщои нацшдор сермаъност. Мувофики дидгоххои дар психологияи ватанй кабулшуда бозии накшдор шакли олитарини инкишофи бозии бачагона ба хисоб меравад. Он дар синни томактабй ривоч карда, дар ин давра ба сифати фаъолияти пешбар баромад мекунад ва баъдтар накши пешбарро ба таълим вогузошта, дигар ба сифати кувваи мустакили пешбарандаи рушди минбаъда баррасй намегардад.

Аммо дар ин сурат ба бозихои накшдори бачагони синнашон калонтар (хамчунин ба бозихои калонсолон) чй гана муносибат бояд кард? Таснифоти бозщои нацшдорро (БН) аз руйи нишонахои гуногун анчом додан мумкин аст. БН вобаста ба воситаи бунёди онхо ва чойи гузаронидан, аз руйи сатхи мураккабй ва аломати муваккатй ё хадаф ба синфхо чудо мешаванд. Барои бомуваффакият гузаронидани хатто БН одй ба ташкилкунанда муайян намудани нишонахои мушаххаси таснифотии он зарур аст.

I. Нишонахои худудй (руимизй, павилйонй, дар махал).

II. Сатхи мураккабй (афсонавй, таърихй-этнографй, иттилоотй ва г.).

III. Нишонахои хадаф ва замонй.

1. Бозихои хадафдор (мувофики сенарияи бозй хангоми ба хадафи муайян расидани бозингарон онхо голиб эълон шуда, бозй бо хамин ба итмом мерасад).

2. Бозихо бо интихои кушода (сенарияи бозй аз руйи вакти гузаронидан махдудият дорад, коркарди дакики сенария зарур аст, ки самтгирии имконпазири рафти бозиро пешбинй

менамояд; хар як бозингар хадафи худро дорад, аммо ичрои он барояш хотима нест, пайдо шудани хадафхои навтар, бештар куллй имконпазир мебошад).

3. Нон - стоп (бозихои беист). Сенария бо назардошти он тахия мешавад, ки бозингарон б ар ои идома д одани б озй аз он чое, ки рузи гузашта тамом шуд, имконият пайдо кунанд.

IV. Сатххои иштирок дар бозй

Иштироки бозингаронро дар бозихои накшдор аз руйи «амикии гутавар шудан» таснифот кардан мумкин аст. Сатхи иштирок вобаста ба омодагии бозингар ва тачрибаи у баланд мешавад.

1. Иштироки камфаъол (экскурсант). Дар ин мархала иштирокчиён фаъолона амалиёт надоранд, балки инкишофи сужетро мушохида мекунанд.

2. Иштироки махдуд (пайрав). Иштирокчиён бевосита ба бозй ворид карда шудаанд, аммо ташаббуси онхо бо пешбарон махдуд шудааст.

3. Иштироки озод (бозингар). Барои амалй намудани чунин сатхи иштирок мавчудияти тачрибаи бозингарон ва кори дакики пешбарон заруранд. Бозингарон амалхояшонро мустакилона муайян мекунанд, тавзехоти шахсй ва дастаро коркард менамоянд. Рафти бозй асосан ба худи иштирокчиён вобаста мебошад, пешбарон риояи коидахоро назорат бурда, рафти бозиро танзим мекунанд.

V. Коркарди бозй

Мархалаи аввалини ташкили бозии накшдор коркарди назариявй мебошад, ки чузъхои зеринро дар бар мегирад:

1. манзараи олами амсилашаванда;

2. коидахои бозй;

3. шиносой даставй ва (ё) инфиродй.

Тамоми рафти бозй ба дакик андешидани ин мархалаи бозй вобаста мебошад.

1. Манзараи олами амсилашаванда. Тавсиф намудан шарту конунияти мавчудияти олами амсилашаванда зарур мебошад. Х,ар кадар ки онхо мукаммалу возех тавсиф шаванд, амалиёти бозингарон хамон кадар гуногун ва мулохизакорона мегарданд. Накшаи тавсиф чунин аст: чойи амалиёт; вакти амалиёт; шахсони амалкунанда ва мавкее, ки онхо ишгол мекунанд; ходисахое, ки пеш аз давраи амсилашавандаи замон руй доданд; вазъияте, ки дар огози бозй ба миён омад.

2. ^оидахои бозй конуни асосии бозй мебошанд, бинобар ин, коркарди онхо бо максади тавзехоти гуногун бояд бо дакиккории хукукшиносона анчом ёбад.

3. Шиносой, даставй ва инфиродй аз чониби ташкилотчиён ё худи бозингарон дар мувофика бо ташкилотчиён коркард мешаванд. Шиносой ба иштирокчиён ёрй мерасонанд, то накши худро хубтар дарк намуда, мавкеашонро дар олами амсилашаванда муайян намоянд ва тарзи рафторашонро тархрезй кунанд.

Барои сохтани бозии хуби накшдор дар бораи кисмхои таркибии бозй тасаввуроти дакик доштан зарур аст:

• амсиласозии накшдор;

• алгоритми бозии накшдор;

• заминаи фаъолиятии бозии накшдор;

• одоби устоди бозй;

• стандартхои коидахо ва истифодаи онхо дар бозй.

Кадом типи бозиро хангоми таълими технологияи иттилоотй дар синфхои ибтидой истифода бурдан мувофики матлаб аст?

Дар дарсхои технологияи иттилоотйи синфхои ибтидой омузгор мачбур аст, ки хамеша типи нав, бозихои омехтаро тахия намояд, ки ба бозии накшдор асос меёбад. Масалан, барои мустахкам намудани малакахои фарк кардани предмет аз руйи хусусиятхояш аз мачмуи додашуда дарс-бозии зеринро гузаронидан мумкин аст. Тамоми синф ба гуруххо таксим мешавад. Ба хар як гурух мачмуи расмхо (масалан, гурба, шакар, бинт, намак, кран) таксим мешаванд. Бачагон бояд афсона- бозиро ёфта бароранд, ки дар натичаи ичрои он яке аз предметхои мачмуи пешниходшуда хорич мешавад, зимнан онхо накши «гурба», «шакар» ва гайраро мебозанд. Гуруххои гуногуни бачагон метавонанд чавобхои гуногун диханд, масалан, гурба - махлуки зинда ё шакар - аз ду хичо иборат аст.

Вазифаи омузгор - ёрй додан ба бачагон барои гузаронидани намоиши хурд (бозии накшдор), ки хадафи он - чудо кардани предмет аз мачмуи мазкур аст. Баъди анчоми бозй омузгор бояд онро тахлил карда, кайд намояд, ки кадом гурух масъалаи гузоштаро дуруст хал

(бозй) кард, кй накшашро бомуваффакият ичро намуд, икдоми кй (олами амсилашуда) шавковартар аст ва г.

Кор дар самти халли муаммои мазкур ба хулосае мерасонад, ки методхои бозй ва эвристии таълими хонандагони хурдсол хднгоми омузиши технологияи иттилоотй бештар кобили кабуланд, зеро истифодаи ин методхо шавку рагбати хонандагонро ба омузиши технологияи иттилоотй хдмчун илм инкишоф медихад.

Аз ин чо ба хулосае мерасем, ки таълими технологияи иттилоотйро аз синни хурди мактабй, бо рохи истифодаи методхо, тарзу шаклхои самарабахши таълими огоз бояд кард.

Тарбияи шахсияти аз лихози ичтимой мутобик бидуни таълими технологияи иттилоотй гайриимкон аст.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

ПАЙНАВИШТ:

1. Антипов, И.И. О преподавании информатики в младших классах/И.И.Антипов,О.А.Боковнев, М.Е.Степанов// Информатика и образование1999. -№

5.-С.46-50

2. Болотянский,В.Г. Игровые компьютерные среды учебного назначения /В.Г.Болотянский, В.Е.Рубцов//Информатика и образование, 2000. -№ 5.-55-60

3. Брыксина, О.Ф. Информационные минутки на уроках в начальной школе/О.Ф.Брыксина// Информатика, 2000.- № 6.-С.32-38

4. Булгакова, Н.Н. Знакомство с компьютером в детском саду/Н.Н.Булгакова // Информатика. 2001.- № 18.-С.101-107

5. Габай, Т.В. Педагогическая психология/ Т.В.Табай.- М.: МГУ, 1995.- 165 с.

6. Горячев, А.В.Информатика в играх и задачах. Методические рекомендации для учителя/ А.В.Горячев.-М.: БАЛЛАС, 2008.- С.202-205

7. Каляда, Е.П. Развитие логического и алгоритмического мышления учащихся первого класса / Е.П.Каляда//Информатика и образование, 1995.- № 6.-100-106

8. Коляда, Е.П. Развитие логического и алгоритмического мышления учащихся второго класса /Е.П.Коляда//Информатика и образование, 1996.- № 1.- С.24-29

9. Первин, Ю.А. Зимние вечера. Информатика для начинающих/Ю.А.Первин//Информатика, 2001.-1(14).-С.78-84

10.Талызина, Н.Ф. Педагогическая психология/Н.Ф.Талызина.-М.: Академия, 1998.-288 с.

11.Тихомирова, А.Ф.Развитие логического мышления детей/А.Ф.Тихомирова, А.В.Басов.-Ярославль: Гринго, 2005. -240 с.

12.Хуторской, А.В. Эвристический подход к обучению информатике/А.В. Хуторской,О.Н.Галкина//Информатика и образование. 1996.-№ 6.-С.45-52

REFERENCES:

1. Antipov, I.I. On Teaching computer science in primary school/ I.I. Antipov., Bokovnev O.A., Stepanov M.E. // Informatics and Education, No. 5, 1999.

2. Bolotyansky, V.G., Rubtsov V.E. Gaming computer environments for educational purposes // Informatics and Education, No. 5, 2000.

3. Bryksina, O.F. Information minutes in the classroom in primary school. // Computer Science, No.

6, 2000.

4. Bulgakova,N.N. Acquaintance with a computer in kindergarten. // Computer Science, No. 18, 2001.

5. Gabai, T.V. Pedagogical psychology. M .: Moscow State University.-1995.-165 p.

6. Goryachev, A.V. and others. Informatics in games and tasks. Methodical recommendations for the teacher. M .: BALLAS, 2008.

7. Kalyada, E.P. Development of logical and algorithmic thinking of primary schoolchildren. Informatics and education, №. 6, 1995.

8. Kolyada, E.P. Development of logical and algorithmic thinking of second-grade schoolchildren. Informatics and education, no. 1, 1996.

9. Pervin, Yu.A. Winter evenings. Computer Science for Beginners. // Informatics, No. 1 - 14/2001.

10.Talyzina, N.F. Pedagogical psychology. M .: Academy, 1998.

11.Tikhomirova, A.F., Basov A.V. Development of logical thinking of children. Yaroslavl: Gringo, 2005.

12.Khutorskoy, A.V., Galkina O.N. A heuristic approach to teaching computer science. // Informatics and education, no. 6, 1996.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.