13.00.02.НАЗАРИЯ ВА УСУЛХ,ОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
13.00.02.ТЕОРИЯ И МЕТОДИКА ОБУЧЕНИЯ И ВОСПИТАНИЯ
13.00.02.THEORY AND METHODS OF TEACHING AND UPBRINGING
УДК159,9+37(575.3) ББК 88+74.00(2Т)
ЗАМИНА^ОИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИ ДАР СИНФ^ОИ ИБТИДОИ
ОСНОВЫ ПРЕПОДАВАНИЯ ИНФОРМА ТИКИ В НАЧАЛЬНЫХ КЛАССАХ
THE BASICS OF TEACHING COMPUTER SCIENCE IN PRIMARY SCHOOL
Норбобоев Маъруфцон Олимович, унвонцуи кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи шформатсиоМ; Исломов Озод Азимович, д.и.п., профессори МДТ "ДДХ ба номи академик Б.Fафуров"(Тоцикисmон, Хуцанд)
Норбобоев Маруфджон Oлимoвич, соискатель кафедры методики преподавания математики и информационной технологии; Исломов O3od Азимович, д.п.н., профессор ГОУ "ХГУим. академика Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)
Norboboev МагиЦоп Olimovich, lecturer of the department of informatics; Islomov Ozod Azimovich, Professor of the SEI «KSUmmedafter acad. B. Gafurov» (Tajikistan, Khuj^nd) E-mail:m_maruf@mail. ru
Вожа^ои калиди: информатика, махсусияти таълими информатика дар мактаби ибтидои, инкишофи тафаккур ва хотир, методуои таълими информатика
Дар мацола махсусияти таълими фанни информатика дар мактаби ибтидои, нацши технологияуои иттилооти дар таълим, талабот нисбат ба омузгори информатика мавриди барраси царор гирифтаанд. Цайд мешавад, ки ба омузгори мактаби ибтидои зарур аст, ки мундарица ва методикаи таълими информатикаро аз худ намояд, технологиями компютериро дар сатуе фаро гирад, ки гузаштани машгулиятуои амалиро бо мактаббачагони хурдсол ва истифодаи компютерро ба сифати воситаи муаррифии маълумот имкон медщад. Хамчунин, бояд курсуои такмили ихтисосро дар соуаи информатика ва технологияуои иттилооти фаро гирад. Дар асоси баррасии махсусияти таълими информатика дар мактаби ибтидои муаллиф мацола ба хулосае мерасад, ки дар соуаи информатика зимни раванди омузиш ташаккули маруала ба маруалаи амалиёти зеунии хонандагонро методи самараноки таълим уисобидан мумкин аст.
Ключевые слова: информатика, специфика преподавания информатики в начальной школе, развитие мышления, памяти, методы обучения информатике
В статье рассматривается специфика преподавания информатики в начальной школе, роль информационных технологий в обучении, а также требования, предъявляемые к учителю информатики. Отмечается, что преподавателю начальных классов необходимо освоить содержание и методику обучения, компьютерные технологии на уровне, позволяющем вести практические занятия с младшими школьниками и использовать компьютер в качестве средства представления информации, для чего следует пройти курсы повышения квалификации в области информатики и информационных технологий. На основе рассмотрения особенностей обучения информатике в начальной школе автор статьи приходит к выводу, что в области информатики эффективным методом обучения стандартным видам деятельности можно считать поэтапное формирование умственных действий учащихся в процессе обучения.
Key words: Informatics, specifics of teaching computer science in рита^ school, development of thinking, memory computer science teaching methods
The article dwells on the specifics of teaching informatics in primary school, the role of information technologies in teaching, the requirements for а teacher of informatics being taken into account as well. It is noted Лаt the primary school teacher needs to master the content аnd methods of teaching, computer technologies at а level ^аt Qllows to conduct practical chsses with the pupils school of
primary and to use a computer as a means of information presentation. The teacher has to complete advanced training courses in the sphere of computer science and information technology. Based on the peculiarities of computer science teaching in primary school, the author of the article concludes that an effective method of teaching to the standard types of activities in the sphere of computer science can be considered a gradual development of mental abilities of schoolchildren in the process of teaching.
Асри XXI даврони технологиями компютерй аст. Насли имруза дар олами фарханги электронй зиндагй мекунад. Дар фархднги иттилоотй накши омузгор низ тагйир меёбад: у бояд хамохангсози мачрои педагогй гардад. Аз ин бармеояд, ки омузгор бояд мачмуи усулхои муосир ва технологияхои навро фаро гирад, то ки бо бачагон тавассути як забон муошират намояд. Яке аз вазифахои асосие, ки дар назди омузгори мактаби ибтидой меистад, густариши чахоншиносй, амик гардонидани донишхои бачагон дар бораи олами атроф, тахрикбахшии фаъолияти зехнй ва инкишофи нутки онхост. Рушди пуравчи технологияхои нави иттилоотй ва татбики онхо дар кишвари мо ба инкишофи шахсияти бачагони муосир таъсир мерасонад. Имруз ба накшаи анъанавии "омузгор - хонанда - китоби дарсй" халкаи нав - компютер, ба шуури мактабй бошад - таълими компютерй хамрох мегардад. Ислохоти барномахои таълимй ва таносуби равандхои таълим ва омузиш дар мактаб дар маркази таваччухи чомеаи мо карор доранд. Тахсилоти муттасил, муттахид шудани технологияхои иттилоотй бо методикахои анъанавии тахсилот ва дарки бехамтоии хар як хонанда хадафи ба сатхи сифатан нав баланд бардоштани таълиму тарбия, омодагии онхоро ба хаёту мехнат дар шароити муосир пайгирй менамоянд. Дар бунёди таълими ибтидоии информатика дар мактаб дидгоххои зерини методй нихода шудаанд: тасдики принсипхои тарбияи гуманистй, ки худ бар сари худ арзишманд будани бачагй ва озодии кудакро дар фазои тахсилот эътироф намуда, ба рушди зехнию ахлокии у нигаронида шуда, дидгохи системавй дар ташкили тамоми чанбахои хаёти мактаб ва фарохам овардани шароит барои инкишофи хаматарафаи шахсият ва худомузии у, эътирофи ахамияти умумитаълимии информатика равона гардидааст. Барномаи мушаххаси таълим дар хар як муассисаи таълимй бо назардошти чанбахои зерин коркард мешавад: типи муассисаи таълимй, самти тафрикабахшии мундаричаи тахсилот дар он; фосилаи вакте, ки дар накшаи таълими мактаби мушаххас барои омузиши ин фан чудо мешавад, сатхи мучаххаз будани муассисаи таълимй бо техникаи хисоббарор; мавкеи методии худи омузгор".
Инак, кй дар мактаби ибтидой дарси информатикаро бояд таълим дихад ва ё таълим дода метавонад? Дар ин бобат ду акида мавчуд аст: якум, таълими информатикаро дар мактаби ибтидой бо кувваи омузгорони синфхои ибтидой ташкил кардан мумкин аст. Дувум, дарсхоро омузгори фанни информатика, ки дар мактаби асосй ва синфхои болой кор мекунад, гузашта метавонад.
Барои таъмини таълими босифати информатика дар мактаби ибтидой дар омузгори синфхои ибтидой хохиши омухтан ва таваччухи амик ба сохаи нави донишхо, ки дар шакли хаттй ифода ёфтааст, заруранд, чунки хатто тагйир ёфтани методхо, воситахои баёни маводи аллакай таълимшаванда сарфи неруи психологй, вакт, харочоти моливиро такозо менамояд ва ин дар холест, ки агар дидгоххо тагйир ёбанд хам, комилан дигаргун намешаванд ва омузгор тамоми методхоро пурра фаро гирифтааст. Омузгоре, ки мундаричаи курси информатикаро комилан аз худ накардааст, предмет ва хадафхои онро дарк намекунад, дарсро дар сатхи баланд ташкил карда наметавонад, хатто дар сурати вучуд доштани комплекси хуби таълимиву методй. Агар омузгори мактаби ибтидой хохиши таълими информатикаро дошта бошад, ин чунин маъно дорад, ки у аз худ намудани мундарича ва методикаи таълим, фаро гирифтани технологияхои компютериро дар сатхе, ки гузаштани машгулиятхои амалиро бо мактаббачагони хурдсол ва истифодаи компютерро ба сифати воситаи муаррифии маълумот, пойгохи корй ва гайра имкон медихад, ба ухда мегирад. Вобаста ба ин, омузгори синфхои ибтидой бояд курсхои такмили ихтисосро дар сохаи информатика ва технологияхои иттилоотй гузашта, ба ин васила хукуки таълими информатикаро дар синфи худ ба даст орад.
Барои таъмини таълими босифати информатика дар мактаби ибтидой ба омузгори информатика, ки дар мактаби ибтидой ва синфхои болой кор мекунад, омухтан ва аз худ намудани хусусиятхои хонандагони синфхои поён, усулхои гузаштани дарсхо дар синфхои
ибтидой, лахзаи варзиш, тарзи саволдихй ба бачагон, усулхои ташкили бозихои гуногун зарур аст. Омузгори информатика бояд бо китобхои дарсие, ки бачагон аз руйи онхо кор мекунанд, ошно гардад, то барои ташаккули он чизе, ки бачагон дар дарсхои дигар аз худ намудаанд, вакт сарф накунад, хамчунин ба донишхои онхо такя намуда, хамон чизхоеро илова созад, ки информатикаи мактаби ибтидой фарохам оварда метавонад ва донишхои аллакай андухтаро тахриф накунад. Хдтто ба шарти шиносоии омузгор бо комплекси таълимию методй кори муайянеро чихати мувофик намудани тасаввуроти худ дар бобати барномаи тахсилоти ибтидой бо вазъи вокеии корхо зарур аст. Танхо баъди хамин оид ба таълим додани информатика дар мактаби ибтидой бо дарки масъулият карор кабул бояд кард. Барои таълими самарабахши курси мазкур ба омузгори информатика маслихатхои омузгори синфхои ибтидой ё мудири кисми таълими мактаб заруранд, ки мундарича ва методикаи таълимро дар мактаби ибтидой фаро гирифтаанд. Омузгори синфхои ибтидой метавонад дар дарсхо иштирок намояд, ё ба омузгори информатика дар навиштани накшаи дарс ёрй расонад, аммо муносибатхои онхо бояд таърифбандй шаванд. Тамоми чанбахои таълим барои сифати дарс ва донишхои хонандагон якчоя масъуланд.
Хусусиятуои дарсгузарони барои омузгори мактаби ибтидой. Аз он чихат ки тафаккури хонандагон мактаби ибтидой аз бачагони мактаби асосй ва синфхои болой тафовут дорад, зимни гузаштани дарсхо махсусияти мафхумхо ва дарачабандии вокеиятро дар назар бояд дошт. Дар ин мархалаи инкишоф бачагон дар бораи конунхои бунёдии табиат савол намедиханд. Дар синни мазкур барои онхо сохти компютер ва чихатхои механикии он шавкангез нест. Дар раванди омузиш дар бачагон саволхо оид ба механизмхои кори КШ (компютери шахсй), чараёнхои табий ва гайра пайдо намешаванд. Донишхои дурусти бунёдй ба бачагон имкон медиханд, ки минбаъд мустакилона ё бо кумаки омузгор механизмхои мазкурро омузанд ё дарк намоянд. Вазифаи омузгори мактаби ибтидой тархрезй ва ташаккули низоми ибтидоии тасаввуроти мактаббачаи хурдсол дар мувофикат бо мундаричаи маводи таълим мебошад.
Тадричан тасаввуроти мактаббача хадафмандона густариш меёбанд ва дар охири синфи шашум бачагон тайёранд, ки бахшхои чиддии назариявии информатикаро дарк карда, бе мушкилй технологияхои иттилоотиро аз худ намоянд, зеро дар шуури онхо рочеъ ба муносибати инсону компютер ва имконоти компютер тасаввуроти устувор ташаккул ёфтаанд.
Ба махсусияти таълим дар синфхои поёнй чунин методхои таълимро мансуб донистан мумкин аст: пропедевтика (пешакй омузонидан) - курси мукаддимавие, ки ба таври системавй ва сода баён шудааст, аммо ин чунин маъно надорад, ки дар доираи курс ташаккули тасаввуротисодаву ибтидой, гайриилмй сурат мегирад; дидгохи иттилоотй - акидахо оид ба ашё, падидахо ё чараёнхо аз дидгохи чамъоварй, андухтан, нигох доштан, коркард ва интиколи иттилоот, ки дар ин маврид мундаричаи хабар, матн, расм, яъне маънои мушаххас (худи маълумот) дар навбати дувум баррасй мегардад. Дар мадди назари мо пеш аз хама, чизхои гайримаъмул, аммо хеле мухдми хаёту фаъолияти хар як инсон карор мегиранд: шакли муаррифии иттилоот, конунияти идоракунии низомхои зинда ва гайризинда ва f.
Ба туфайли методикахои мазкур хонандагони синфхои ибтидой на танхо маводи таълимро аз худ менамоянд, балки маводи таълим барои рушди онхо фаъолона мусоидат менамояд. Fайр аз ин, бо андозаи харакат дар фарогирии информатика, маводи таълим барои фанхои дигар "ба кор меояд", зеро бештари мавзуъхо хусусияти инкишофдиханда ва чамъбасткунанда доранд.
Дар мактаби ибтидой бачагон бо раFбат лоихахои на он кадар мураккабро дар гурух ичро намуда, аксаран комилан мустакилона (дар раванди ичрои супоришхои осон) бо фаросат тарххо ва амалиёти иловагиро аз худ менамояд. Ба ин хусусиятхои психологии дарк, хотир ва рафтори бачаи 6-9-сола мусоидат менамоянд. Дар аксари мавридхо ба мактаббачаи хурдсол танхо як бор дидани "чй тавр ичро кардани ин кор" кофист, то у ба осонй ин амалхоро такрор намояд.
Бачагон амалхои омузгорро дар раванди муаррифии ягон чиз дар экрани компютер (тахтаи электронй) осон ба хотир гирифта, бисёр амалхо ва воситахои фаъолиятро тарики объектхои экранй (рамзхо, калимахо, сархатхо, примитивхои графикй, ки бо чудо намудан, таFЙир додани ранг, чойгузории расмхо ва Fайрахо алокаманданд) аз худ мекунанд. Дар
идомаи тахсил, зимни фарохам омадани имкони муста;илона кор кардан, бачагон "махорат"-и тавассути чанбаи "визуалй" хосилшударо фаъолона татби; менамоянд.
Омузгори мактаби ибтидой барои баргузор намудани практикуми компютерй метавонад хонандагони синфхои болой ё омузгори информатикаро чалб намояд.
Инкишофи тафаккур дар синни томактаби ва хурди мактаби. Дар ин мархала зехни бачагон бошиддат инкишоф меёбад ва вобаста ба ин, ;обилияти фиккронй, чамъбаст ва тачрид (гузариш аз тафаккури мушаххас ба абстрактй) такмил меёбанд.
Тафаккури мафууми. Дар таълими бачагони синни хурди мактабй корбарй дар самти муайян кардани аломатхо, ашё, объектхо на;ши мухим дорад. Дар раванди таълим омузонидани на танхо дарёфти аломатхои зохирй, балки аломатхои асосй зарур аст, ки бидуни он предмет ё падидаро ба мафхуми мазкур, ки ифодакунандаи мохияти он буда, аз дигархо тафовут медихад, нисбат додан мумкин нест.
Меъёри аз худ шудани мафхум махорати дуруст истифода бурдани он дар нут; аст.
Раванди фикрронй:
1. Тахлил - амали фикран та;сим намудани чизи том ба ;исмхои таркибии он, аломатхои чудогонаи он аст. Дар раванди омузиш байни мафхумхо робита бар;арор намудан лозим аст: тартиби пайдархамй, тазод, чузъ ва том, муносибати функсионалй ва сабабу натича. Зимнан, дар мавриди чанбаи охирин хонандаи мактаби ибтидой робитаро аз сабаб ба натича нисбат ба раванди баръакс, осонтар меёбад.
2. Синтез - амали зехнй (фикрй)-и баръакси тахлил, ки мохиятан муттахид шудани ;исмхои предмет, аломатхои чудогонаи асосй ба чизи том аст. Дар ин холат дар синни хурди мактабй фаъолияти синтетикй аз одии чамъкунанда (масалан, номбаркунии рустанихо, хайвонот) то системавй (масалан, номбар кардани унсурхои системахои номбаршуда ва баёни муносибати байни унсурхо).
3. Му;оиса - амалиёти зехнй, ки аз му;аррар намудани монандй ва тафовути чизхо аз руйи аломатхои асосй ва гайриасосй иборат аст. Ба мактаббачаи хурдсол зимни му;оисаи чизхои каммаълум тафовутхо ва хангоми му;оисаи чизхои маълум - монандиро дарёфтан осонтар аст.
4. Таснифот - та;сими объектхо аз руйи синфхо, ки дар ин маврид хар як синф чойи доимии худро дорад. Таснифотро аз руйи як чанбаи асосй менамоянд. Таснифоти анчомёфта аз руйи аломатхои мухим - асосй, аз руйи аломатхои гайриасосй - ёридиханда мебошад.
5. Чдмъбаст - муттахид намудани аломатхои асосй ва гайриасосй, робитахо, муносибатхо, предметхо ва падидахост.
6. Инкишофи малакахои чамъбасткунй аз доираи васеъ (масалан, рустанихо, компютерхо) ба торафт фар;кунанда (масалан, рустании хонагй, компютери шахсй) самт мегирад.
Инкишофи диццат. Дар раванди таълими хонандагони синфхои ибтидой навъи асосй ди;;ати гайриихтиёрй мебошад - бачаро чизхои гайримаъмулй, дурахшон, нав чалб менамоянд. Бача холо ди;;аташро идора намекунад, худро барои таваччух ба чизи душвор, бемаро; водор карда наметавонад. Дар раванди таълим дар бачагон ди;;ати ихтиёрй ташаккул меёбад, ки ди;;ати фаъолона буда, бо кушиши ирода танзим мегардад. Зинаи олитарини ихтиёрй будани ди;;ат ;обилияти хонанда барои муста;илона пеш рафтан суйи хадафхои гузошта мебошад. Дар раванди таълим дар бачагон сифатхои ди;;ат- хачм, та;симот, устуворй, ивазшавии самти он инкишоф меёбанд!
Хдчми ди;;ати мактаббачаи хурдсол калон нест, бача дар доираи ди;;аташ он ми;дори объектхоро, ки барои калонсол дастрас мебошад, нигох дошта наметавонад.
Та;сим намудани ди;;ат дар байни навъхои гуногуни фаъолият ба мактаббачаи хурдсол душвор аст. Бача саросема мешавад, агар дар як ва;т хам тавзехоти омузгорро шунавад ва хам супоришро дар дафтар ичро намояд.
Ч,ихати хоси ди;;ати мактаббачаи хурдсол ноустуворй, осон равона шудани он ба чизи дигар мебошад. Мактаббачаи хурдсол ба ягон кор дурудароз машгул шуда наметавонад - у ба корхои дигар шуруъ менамояд. Бинобар ин, навъхои фаъолият бояд иваз шаванд, гуногун бошанд.
Дар раванди таълим ба хонандагон равона кардани ди;;ат аз як объект ба объекти дигар осонтар мешавад, харчанд ки дар огоз онхо душворй мекашанд.
Инкишофи хотир. Дар рафти таълим дар бачагон хотир инкишоф меёбад: накш ва хачми хифзкунии шифохию мантикй ва маъной таквият меёбад.
Бача имкони бошуурона идоракунии хотир ва танзими зухуроти онро фаро мегирад (хифзкунй, такрор, ба хотир овардан). Вобаста ба афзалияти нисбии фаъолияти низоми якуми сигналй дар мактаббачагони хурдсол хотири аёниву образнок бештар инкишоф ёфтааст. Бачагон маълумоти мушаххас - ходисахо, шахсхо, чизхо, фактхоро нисбат ба таърифхо ва тавзехот бехтар дар хотир нигох медоранд. Онхо ба азёди механикй тарики такрори механикй, бидуни дарки робитахои маъной майл доранд.
Онхо аксаран калима ба калима аз ёд мекунанд. Сабаб дар он аст, ки дар онхо хотири механикй хуб инкишоф ёфтааст ва мактаббачаи хурдсол вазифахои хифзкуниро аз хам чудо карда наметавонад (чиро калима ба калима ва чиро мазмунан дар хотир хифз бояд кард), нуткаш хануз ба хубй инкишоф наёфтааст, ба у аз ёд кардан осонтар аст, нисбат ба он ки тавассути суханони худаш такрор намояд. Бачагон хануз наметавонад, ки хифзкунии маъноиро ба рох монад, маводро ба гуруххои маъной чудо созанд, нуктахои такявиро барои хифзкунй муайян карда, накшаи мантикии матнро тартиб дихад.
То гузариш ба халкаи мобайнй дар хонанда бояд кобилияти хифзкунй ва такрори мазмун, мохияти мавод, далелхо, накшахои мантикй, мухокимахо ташаккул ёбад. Мухим аст, ки ба мактаббача дуруст мукаррар намудани хадафхо барои азхудкунии мавод омузонида шавад. Махз ба ангезиш (мотиватсия) самаранокии хифзнамой вобаста мебошад. Агар хонанда маводро бо максаде, ки ин мавод ба наздикй даркор хохад шуд, хифз намояд, мавод тезтар аз худ мешавад, дертар дар хотир мемонад, дакиктар такрор мегардад.
Хдмин тарик, дар раванди омузиш чунин динамикаи инкишофи хотир руй медихад: хифзкунй ба туфайли ташаккули худназорат даркшаванда ва ихтиёрй мегардад. Бачагон воситахои хифзкунй (гузариш аз чандкарата хондани тамоми мавод ба ивазшавии хондану такрор), таксими матн ба кисмхои маъной, мукоиса ва мувофикгардонии кисмхои матнро фаро мегиранд.
Дар ибтидо хонандагони хурдсол маводи аёниро осонтар дар хотир хифз менамоянд. Тадричан дар раванди омузиш накши хифзкунии шифохию мантикй меафзояд. Зимни хифзкунии маводи шифохй бачагон калимахои ифодакунандаи номи ашёро нисбат ба калимахои ифодакунандаи объектхои абстрактй осонтар дар хотир мегиранд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Богомолова, Е.В. Программа курса «Теория и методика обучения информатике на начальной ступени» / Е.В. Богомолова // Информатика и образование. -2007. -№ 1.- С. 8699.
2. Матроса, Д.Ш. Информатизация общего среднего образования: Научно -методическое пособие/ Д.Ш. Матроса.- М.: России, 2004. - 384 с.
3. Макарова, Н.В. Информатика. 10-11 класс / Н.В. Макарова. - СПб.: Питер, 2002. - 304 с.
4. Макарова, Н.В. Информатика. 7-9 класс. Базовый курс. Практикум -задачник по моделированию / Н.В. Макарова. - СПб.: Питер, 2005. - 176 с.
5. Могилев, А.В. Информатика: Учеб. пособие для студ. пед. вузов / А.В. Могилев, Н.И. Пак, Е.К. Хеннер. Под ред. Е.К. Хеннера. - 2 - е изд., стер / Могилев, А.В. - М.: Издательский центр «Академия», 2003. - 816 с.
6. Об организации обучения информатике в 3 -м классе общеобразовательных учреждений, участвующих в эксперименте по совершенствованию структуры и содержания общего образования // Народное образование. 2003. №7. С. 253-256.
7. Первин, Ю.А. Методика раннего обучения информатике: Методическое пособие / Ю.А. Первин. - М.: БИНОМ, Лаборатория знаний, 2005. - 228 с.
8. Роберт, И.В. Кабинет информатики. Методическое пособие / И.В. Роберт, Ю.А. Романенко, Л.С. Босова. - М.: БИНОМ. Лаборатория знаний, 2002. - 125 с.
9. Семакин, И.Г. Преподавание базового курса информатики в средней школе: Методическое пособие / И.Г. Семакин, Т.Ю. Шеина. - 2 - еизд., испр. и доп. - М.: БИНОМ. Лаборатория знаний, 2004. - 540 с.
10.Софронова, Н.В. Теория и методика обучения информатике: Учеб. пособие / Н.В. Софронова. - М.: Высшая школа, 2004. - 223 с.
11.Стариченко, Б.Е. Теоретические основы информатики: Учебное пособие для вузов. - 2-е изд. перераб. и доп. - М.: Горячая линия - Телеком, 2003. - 312 с.
12.Ускова, Н.Н. Конспекты уроков для учителя информатики: нач. шк. / Н.Н. Ускова. - М.: Гуманитар. изд. центр ВЛАДОС, 2004. - 159 с.
REFERENCES
1. Bogomolova, E.V. The Program of the Course "Theory and Methods of Teaching Computer Science at the Initial Stage" / E.V. Bogomolova/Informatics and education. 2007. №1. - P.86-99
2. Matrosa, D.Sh. Informatization of General Secondary Education: Scientific and methodological manual/ D.Sh. Matrosa - M.: Russia, 3004. - 384 p.
3. Makarova, N.V. Informatics. 10-11grade/ N.V. Makarova/ SPB.: Piter,2002. - 304 p.
4. Makarova, N.V. Informatics. 7-9 grade/ Basic course. Workshop-book of problems in modeling / N.V. Makarova / SPB.: Piter,2005. - 176 p.
5. Mogilev, A.V. Informatics. Textbook for students of pedagogical universities A.V.Mogilev, N.I. Pak, E.K. Henner, Edited by Henner - 2- edition/ A.V. Mogilev M.: Publishing Center "Academy", 2003. - 816 p.
6. On the organization of informatics training in the 3rd grade of educational institutions participating in the experiment in order to improve the structure and content of general education // Public Education. 2003. №7. - P. 253-256
7. Pervin, Yu.A. Methods of Early Learning in Computer Science: A Methodical manual/ Yu. A. Pervin- M.: BINOM, Knowledge Laboratory, 2005. - 228 p.
8. Robert, I.V. Cabinet of Informatics. A Methodical manual/ I.V. Robert, Yu. A. Romanenko, L.S. Bosova- M.: BINOM, Knowledge Laboratory, 2002. - 125 p.
9. Semakin, I.G. Teaching a basic computer science course in secondary school: A Methodical manual/ I.G.Semakin, T.Yu. Sheina.- second edition., cor. and sup.- M.: BINOM, Knowledge Laboratory, 2004. - 540 p.
10.Sofronova, N.V. Theory and methods of teaching computer science: Manual/ N.V. Sofronova.-M.: High School., 2004. - 223 p.
11.Starichenko, B.E. Theoretical Foundations of Computer Science: Textbook for universities.-second edition. revised and enlarged.- M.: Goryachaya liniya (Hot line)- Telecom, 2003. - 312 p.
12.Uskova, N.N. Abstracts of lessons for a computer science teacher: pr. school./ N.N. Uskova.-M.: Humanitarian ed.center VLADOS, 2004. - 159 p.