Научная статья на тему 'ВКЛАД УЧЕНЫХ ВОСТОКА В РАЗВИТИЕ ИСТОРИИ ЕСТЕСТВЕННЫХ НАУК'

ВКЛАД УЧЕНЫХ ВОСТОКА В РАЗВИТИЕ ИСТОРИИ ЕСТЕСТВЕННЫХ НАУК Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
71
21
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ / МЕХАНИКА / ФИЗИКА / ХИМИЯ / АСТРОНОМИЯ / ЕСТЕСТВОЗНАНИЕ / МАГНИТ / РЕМЕСЛО / МЕТАФИЗИКА / ЭЛЕМЕНТ / НАУКА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Курбонов Бахром, Саигинова Ракиба

Проведенные исследование в данном статье актуально тем, что она позволяет оценить вклад, внесенный мыслителями Средней Азии, Ирана, Индии, Арабского Востока в прогресс мировой цивилизации. Это в свою очередь, позволяет раскрыть принцип преемственности в науке, которая передавалось от Востока к Западу и наоборот, что привело в конечном итоге к прогрессу общечеловечской цивилизации.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONTRIBUTION OF EASTEN SCTENTIFICS IN DEVELOPMENT OFC NATURAL SCIENC ES

Past research in this important article in that it allows us to estimate the contribution made by the thinkers of Central Asia,Iran, India, the Arab East in the progress of world civilization This, in turn, allows to reveal the principle of continuity in science which is passed from East to West and vice versa, which led eventually to the general progress of humanity.

Текст научной работы на тему «ВКЛАД УЧЕНЫХ ВОСТОКА В РАЗВИТИЕ ИСТОРИИ ЕСТЕСТВЕННЫХ НАУК»

САХМИ ОЛИМОНИ ШАРК ДАР ИНКИШОФИ ТАЪРИХИ ИЛМХОИ ТАБИИ

Бахром КУРБОНОВ,

доктори илмхои таърих, мудири кафедраи таърих ва филологияи Донишгохи давлатии гичорати Точикистон

Ракиба САИГИНОВА,

номзади илмхои филология, дотсенти кафедраи кафедраи таърих ва филологияи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон

Агар мо ба таърихи найдоиш ва инкишофи илмхои табиагшиносй ба монанди илмхои физика, математика, кимиё, нучум, тиб, биология ва гайра назар афканем, вобаста ба маъхазхои мавчуда аён мегардад, ки дар баробари ташаккулёбй ва пайдоишу инкишофи илмхои табий дар чомеа, бахусус илмхои кимиё, тиб ва физика дар байни инх,о чунин зохир мешавад, ки илми кимиё дар аввали ба майдони истеъмол баромадани худ илме будааст, ки ба воситаи рамзхою ишорахо ба таври муглак ифода карда мешуд ва хддафи он ба таври ошкоро ба осонй маълум намегардид. Хамчунин илми физика низ дар мадди аввал аз чунин эхтимому эътибор бархурдор набудааст. Бештари ин илмхо ба асрори пинхонй аз тарики кайхон ва куввахои фавкуттабиат маънидод мешудаанд. Дар хакикат хам окхо як навъ падидахои илмхои кайхонй будаанд. Онхоро факат ба воситаи истифодаи мафхумхои метафизикии бо рамзхои ишорашуда фахмида мегирифтанд.

Бояд гуфт, ки олимони машрикзамин хануз дар ибтидои ташаккулёбй ва инкишофи илмии замони худ то дастовардхои илмии асрхои навин ба илмхои табий ахамияти чиддй медоданд. Махсусан кобили зикр аст, ки онхо илми физикаро як пахлу ё як бахши илми риёзиёт мешумориданд ва чунин мепиндоштанд, ки гуё ин илми моварои табиат, яъне метафизика бошад. Онхо дар хусуси илми физика мулохизаю андешахои худро доштанд ва ин андешахои худро дар шакли китобхои алохида ё худ бобхое аз китобхои дигар ифода намуда буданд.

Илми физика (табииёт) илмест. ки табиат ва конунхои дар табиат бавучудомадаро омухта, сухан дар бораи асбобу олот, илми механика, харорат, магнитхо, вазнхои хос, сукути афтиши чисмхо ва унсурхо, садо, равшанй ва дигар ходисахои табиии дар табиат ба вучуд омада бахсу мунозира мекунад.

Яке аз олимони машхури ин давр Абуисхок Иброхим ан Низом дар китоби худ «Алхайвани чохид» муфассал дар бораи чунин ходисахои табий, ба монанди сузиш, сардй, харорату гармй сухан ронда, кайд намудааст, ки хамин хусусиятхо табиатан ба ин моддахо хос хастанд. Ин сифатхо факат дар хамон вакт зохир мешаванд, ки агар хамон чиз ё ашё дар холати одй карор дошта бошад. Яъне, бевосита таъсири чисмхои беруна ба дигар чисмхо ё марбут ба чисми дар алохидагй мавчудбуда мегузарад.

Муаллиф нисбати ин масъала ба таври мушаххас мисоле овардааст: вакте ки хезумро пора карда истифода мебарем, дар он чунин нишонахо зохир мешаванд: оташ, дуд, хокистар ва инчунин мушохида менамоем, ки оташ хам равшанй дораду хам гармй, чунин хулоса бармеояд, ки сузиши либос, хезум ва пахта хорич шудани оташ аз онхост. Низом ном донишманди дигар дар хусуси аносири арбаъа мегуяд, ки онхо аз як шакл ба шакли дигар мегузаранд. Масалан, об аслан ранг надорад ва ба назари мо хамеша ранги мухити онро ихотакунанда мерасад. Дар Ихвонусафо низ дар хусуси аносири арбаъа, яъне чор унсур иборат аз об, хаво, оташ ва хок айнан ба мисли гуфтаи Юнонихо омадааст. Лекин онхо маънии хаётро чун фахмиши Юнонихо тафсир накардаанд. Пас, он равиши акидаи Юнониёнро, ки ташкилёбии хаёт аз атомхо иборат аст, инкор кардаанд. Ихвонусафо дар асли маъданхо мебинанд, ки унсури арбаъа дар батни замин махлут гашта, аз он гугирд ва симоб пайдо гаштааст. Пас, ба акидаи онхо он мивдори зиёди гугирд ва симоб ба хам омехта, дар муддатхои гуногуни

таърихй тамоми маъданхоро ба монанди: тилло, нукра, мис, кальагй, ох,ан, кургошим, ки аз ощо таркиб ёфтаанд ба вучуд меоварад. Баъзе аз уламои Ихвонусафо маъданхои зиёдеро медонистанд, ки хар яки онхо аз чихати навъ мухталиф будаанд. Масалан: аз чихати табъ, шакл, ранг ва вазни хос, зичии байни заррахо ё молекулахою атомхо ва raíípa.

Хрдисаи чазб шудани муй ба оханро Ихвонусафо ходисаи магнитхо медонистанд, вале барои онхо сабабхои пайдоиши ин ходиса ноаён буд. Онхо иртиботи хароратро бо харакат ва шуоъро бо соиш муайян намуданд ва ба хулосае омаданд, ки харорати офтоб дар хамон вакт шидцат меёбад, ки агар офтоб ба замин коиме сарозер шавад.

Яке аз мутафаккирони барчастаи асри миёнаи Шарк, Абуалй ибни Сино ба илмхои табииёт, хусусан физика аз дидгохи Арасту таваччух менамояд. Ин илми табиат аз назари у чисмхое хастанд, ки вокеиянд ва хамеша майли харакат доранд. Бояд гуфт, ки Абуалй ибни Сино низ аз назарияхои илмии Арасту хамфикр ва аз равишхои у пуштибонй карда, дар иртиботи назарияи чор унсур ба у пайравй намудааст ва акддаи аз заррачахо иборат будани чисмхоро чонибдорй кардааст. Чунин назария баён кардааст, ки чисмхо аз чузъхое таркиб ёфтаанд, ки онхо то дарачаи хотиманопазир аз хдм чудо мешаванд. Шубхае нест, ки сахми Абуалй ибни Сино дар сохаи кашфи илми табииёт бузург асту аз кисмхои мухталифи он ин илмхои манфиатоварро баррасй кардааст.

Дар сохаи садо низ, ки як чузъи чудонашавандаи илмхои табий ба хисоб меравадДЛайхурраис Абуалй ибни Сино мулохизахои дакдки худро баён карда гуфтааст, ки биной (басар) хануз пеш аз шунавой пайдо шудааст. Чашмхо кайд намудааст у замон надоранд, вале шунидан эхт иёч дорад ба як лахза ва дар назари Абуалй ибни Сино дурри (басар) ё худ хачми дарбаргирии чашм аз дарбаргирии чашм васеътар аст. Гайр аз ин аз чихати дигар тазаккур додан лозим аст, ки шунавой эхтиёч дорад ба мавчхои хаво, яъне мавк,еи хаво дар чисмхои сахту моеъ. Яке аз олимони барчастаи илми табий бо номи Ибни Дазм (456х - 1064м.) бисёр кушидааст, ки зидди хурофот ва вахму хароси замони худ изхори нигаронй кардааст. Таъкид намудааст, ки ба вукуъ найвастани ин ё он ходиса иртибот дорад ба сабабхои табиии онхо ва дар ин бора дар китоби худаш бо номи «Ал-милол ва мухам» маълумот додааст.

Баъзан кавме даъво кардаанд, ки гуё ситорахо ва фалак акду тафаккур дошта бошанду ба шунидану дидан кудрат дошта бошанд. Ин даъвохо албатта ягон далеле надоранд. Вок,еияти ran дар кучост, ки харгиз ситорахо фикр намекунанд ва ба фикр кардан хам Худованд ба онхо кудрат надодааст. Хдракати онхо дар як мехвари муайян онхоро харгиз бадал намекунад ва ин сифати моддахои сахтшуда мебошад. Ситорахо харгиз ба кору фаъолияти мо таъсир расонда наметавонанд, онхо харгиз акл хам надоранд, ки моро ба ин ё он кор хидоят диханд. Ситорахо харгиз ба пешомадхо ва ходисоти оянда далолат карда наметавонанд. Яъне, максад ин чо иборат аст аз он, ки онхо мисли чунин неьматхои табиат, масалан: гизо барои хурдан, хаво барои нафас кашидан, об барои нушидан, таъсири офтоб дар аксхо ва болоравии рутубат ва гайрахо мебошад.

Ибни Х,азм хангоми бахсаш дар атрофи сарчашмаи чуйборхою дарёхо тазаккур додааст, ки яхудихо ва баъзан дигар олимон ин масъаларо бе далелхои кофй исбот карданй шуда тасдик менамоянд, ки гуё дарёхои бузург мисли Нил, Дачлаю Фурот ва Ч,айхун гуё аз бихишт меомада бошанду оламро менушонанд. Ибни Х,азм ин гуфтахоро котеъона рад карда фармудааст, ки сарчашмаи вокеии ин дарёхо дар китобхои чугрофй дакик номбар шудаанд.

Дигаре аз донишманди маъруф Имом Мухаммад Газзолй (505х = 1111м.) ба сифати фак,ехи барчаста ба хунчатулислом ном бароварда буд. У якчанд назарияхое дорад, ки дар бораи яке аз онхо истода гузаштан зарур аст. Газзолй дарк кардааст, ки барои ба амал омадани ашёхо ва фаъолияти онхо хам сабабхои зохирй мавчуданду хам сабабхои ботинй ва ба хам пайвастани ин ду зухурот нишонаи он нест, ки яке аз онхо сабаби ба амал омадани дигаре бошад. Мухаммад Газзолй мегуяд: ба хам наздикшавии ду ходиса нишонаи он нест, ки онхо мохиятан наздикй дошта бошанд. Масалан:

гуруснашавй ва хурдан, сухтор ва наздикшавии оташ. Яъне муайян шудааст, ки сухтори пахта иртибог дорад ба наздикшавии оташпора, агарчи Мухаммад Газзодй аз тарики ин мисол хостаасг дар ин чо кудрати худовандро нишон дихад. Вале ин чо як нуктаи мухиме хает, ки иртибот дорад ба илми кимиё ва равоншиноей. Аммо дигаре аз мутафаккирон бо номи Ибни Бочча (533х=1138м.) кобилияти фавкулодае дошт дар илми физика, риёзиёт ва табииёт. Лекин вай ин лаёкати худро бештар истифода мекард дар баён кардани акидахояш дар сохаи иллохиёт.

Донишманди дигар Ибни Туфайл бошад ба чунин фикре омадааст, ки гуё харорат хамрохи шуоъхо пайваста харакат мекарда бошад. Гуё он аз замин фарккунанда бошад. Масалан вай гуфтааст, ки дар илмхои таълимдодашаванда бо бурхонхои котеъ исбот шудааст, ки офтоб мудаввар ва куррашакл буда, замин хам ба он монанд аст ва офтоб аз замин бузургтар аст ва офтоб хамеша дар чунин холате меистад, ки бошандагони руйи замин аз нурхои он бахраманд шаванд. Яъне агар офтоб таносуби худро нисбати замин риоя накунад, ё гармии мутлак; хоким мегардад ё сардй.

Яке аз олимони он замон Ибни Рушт (595х=:Н98м.) хатто дар тадкикотхои илмхои (метафизика) моварои табиат маслаки илмиро пеш гирифтааст ва аксаран у бештар ба вокеияти хаёти инсон хамчун рохи ба даст овардани маърифат акидаи худро баён кардааст. Аз дидгохи Ибни Рушт бармеояд, ки хакикатро бо василахои инсонй ва табий кашф кардан мумкин аст. Х,ар андоза ки инсон аз ин конунхо дур шудан гирад, у ба сарнавишти хаёти биологй аз конунхои табиат низ дур мемонад. Лекин гуфтан зарур аст, ки хамаи масъулияти ба гардан гирифтани олимони дигарро ба зиммаи Ибни Рушт гузоштан мумкин гайриимкон аст. Яъне аз ин гуфтахо чунин хулосае бармеояд, ки Ибни Рушт тафаккур ва аъмоли инсонро бевосита ба мухит алокаманд кардан мехохад.

Закариё Ибни Мухаммад Ибни Махмуд ал К^азвинй соли (1283 м.) дар асараш бо номи «Ачоибул махлукот ва гароибул мавчудот» навиштааст: «Х,ар ракам хайвон хох хурду хох калон, ки набошад, вай дорой ачоиботи бехисоб мебошад, хамаи он маводе, ки дар ин китоб хамчун офаридаи илохй тазаккур ёфтаанд, чй модашутур бошаду чй шутур, ба сифатхои махз ба худамон хос моликанд. Ин холатро мо дар магнит мебинем, ки ба худ онхоро чазб менамояд ва агар шуду магнит оханро ба худ чазб карда натавонад, шумо гумон набаред, ки он хосияташро гум кардааст. Дар чунин холат шумо кушиши зиёд ба харч дихед, ки сирри ин вокеаро кашф намоед». Бар замми он ки К,азвинй болои масъалаи хусусиятхои ашёхо мулохизахо рондааст, вай инчунин илмхои табииро бо фалсафаи назариявй зич алокаманд кардааст. Вай хамчун тадкикотчй ба гуфтаи донишмандони гузашта, хусусан ба Арасту эътимод зохир кардааст.

Яке аз олимони маъруфи хамин давра Ибни Х,алдун (1406 м.) дар асараш бо номи «Ал-мукаддима» нигоштааст: «Дар хусуси пайдо шудани ашхоси кахваранг гуфтан мумкин аст, ки бо сабаби фаровон будани нурхои офтоб ин мардум офтобзада хастанду аз сафедпустон фарк мекунанд. Яъне нурхои офтоб ба сари ин мардум нисбат ба дигарон 2 маротиба сарозер асар мекунад».

Дар бораи мафхуми вазни хос донишмандони карнхои миёна, махсусан арабхо ва форехо маълумотхои зиёде дода, дар хусуси вазни хоси чиемхо сухан рондаанд. Акидахои он мутафаккирон такрибан ба хулосахои олимони имруза наздик шудаанд, агарчи дар он замон сохиби асбобхои ченкунандаи лозимии кимиёвй набуданд. Донишмандони араб аз чумлаи аввалин олимоне буданд, ки масъалаи таносуби хакикии байни вазни чиемхои гуногун ва байни вазни обро кашф кардаанд. Яке аз чунин донишмандон Санад ибни Алй ба шумор мерафт, ки дар замони салтанати Халифаи ал Маъмун зиндагй карда, нахустин бор вазни нисбиро тахкик кардааст. Дар ин риштаи илм машхуртарин мутафаккири асри X Абуалй ибни Сино мебошад, ки тачрибахои зиёди илмй гузаронида ба комёбии назаррас ноил гардидааст.

Аммо барчастатарин олимоне, ки дар ин бобат хизматхои шоиста кардаанд, Абурайхон Мухаммад ибни Ахмад Берунй ва Абдурахмон Алхозик ба хисоб мераванд. Абурайхон Мухаммад ибни Ахмад Берунй (1048 м.) машхуртарин риёзишинос ва олими табиатшиноси замони худ буд, ки масъалаи вазни хосро дакик барраей намуда, ин вазнро хам дар хаво ва хам дар зарфи махсуси даруни об чен кардааст. Алхозик ё худ

Алхозинй, аниктараш Абумансур Абдуфатх Абдурахмон мебошад, ки (тахминан соли 1118м.) дар масъалаи вазнхои нисбй кашфиётхои зиёд гузаронидааст. Ва барои исботи намудани дарёфти хакикат, мо метавонем чадвали зеринро пешниход намоем:

Модда Ракамхои Берунй Алхозини Ракамхои хозиразамон

Тилло 19,05 -19,26 19,5 19,26

Симоб 13,74- 13,59 13,52 13,59

Мис 8,92 - 8,83 8,66 8,85

Миси зард 8,67 - 8,58 8,57 такрибан 8,4

Тазаккур бояд дод, ки донишмандони араб на танхо вазни нисбии маъданхо ва сангхоро кашф кардаанд, балки ин назарияро дар кашфи вазни хоси моеъхо татбик намудаанд. Мухаммад Абурайхони Берунй кашф кардааст, ки фарки вазни хоси оби сард ва оби гарм 0,041677 мебошад ва Абдурахмон Аихозинй бошад, хатто ин таносубро боз хам дакиктар муайян кардааст. Ч,адвали зер, ки аз тарафи Абдурахмон Алхозинй тартиб дода шудааст, махорати баланди донишмандии уро нишон медихад:

Модда Таносуби Алхозини Хисоби замони хозира

Оби ширини сард 1,00 1-00

Оби гарм 0,957 0,9597

Обе, ки ба дарачаи 0 расидааст 0,965 0,9999

Оби бахр 1,041 1,027

Равгани зайтун 0,920 0,91

Шири гов 1,110 1,42-1,04

Хуни одам 1,033 1,075-1,045

Х,ангоми киёси вазни нисбии оби бахрхо (оби бахрхое, ки намакашон зиёд ё кам аст, Алхозинй ба назар нагирифтааст), гайр аз ин мо имруз факат дониста наметавонем, ки Алхозинй оби кадом бахрро ва шири чандто говро чен карда бошад. Дар сохаи илми механика бошад донишмандони мусалмон ба асбобу олот, ба тарзи сохтани онхо мароки зиёд зохир намудаанд. Чункк олимони аввалин ва хусусан, донишмандони сохаи фалакшиносй ба сохтани олоту асбоби ба ин илм зарур буда, эхтиёчи зиёд доштанд. Faftp аз ин илми механика гуфта, мо хамчунин кори олоти худхаракаткунанда, яъне асбоби борбардоранда ва боркашанда, амали кори соатхои мухталифи механикй ва садобароранда, кори асбобхои оташдихандаро дар назар дорем. Дар чахони ислом пеш аз хама китобхои ба хамин фанхо марбутро аз забони Юнонии кадим низ тарчума кардаанд. Ба монанди китоби Евклид дар бораи мафхумхои вазнинй ва сабукй, китоби Архимед, хусусан дар бораи соатхои механикии обй, китобхои Бобоюнуси Назар (дуредгар) таваччух намуда буданд. Бояд тазаккур дод, ки онхо ба гайр аз он китобхое, ки дар боло зикр намудем, ба асархои Х,еродот, Муртис низ марок зохир намуда буданд.

Дигаре аз мутафаккири он замон Абуалй ал-Хусайн Ибни Мухаммад Ал-Одамй дар хусуси neuia намудани касбхо ва дузандагй китобе таълиф кардааст. Кашфиётхо нишон медихад, ки инсоният хануз дар замонхои хеле кадим барои химояи худ хам аз гармй ва хам аз сардй тачрибахои зиёде гузаронида, нисбати онхо чорахо андешидааст.

Ривояте мавчуд аст, ки гуё Х,орунаррашид хамеша хамрохи худ асбоберо гирифта мегашт, ки дар он дар яхро нигох медошт. Ин асбоби яхнигохдорандаро ба у аз шимоли Ирок меоварданд ва дар навбати худ вай бошад хангоми сафархояш ба мулкхои хамсоя онро гирифта мегашт. Ин далолати он аст, ки хануз дар хамон замон асбобхои махсуси яхнигохдоранда вучуд доштааст. Дар илмхои табиии хамон замон чунин ходисае маълум аст, ки намакхои булуринро барои хунук нигох доштани об истифода мебурданд.

Яке аз аввалин олими хамин давра, ки дар илми механика шухрат пайдо кардааст, Myco ибни Шокир мебошад. У дар аввалхои умри худ инсони баттол, яъне шучоъ буд

ва гох - гох дар рохдои корвонгузар рохзанй мекард. Сипае вай ба даргохи Халифа ал-Маъмун иртибот пайдо карда ба сифати муначчим кор мекунад. Аз ин чост, ки уро Мусо ибни Шокири Муначчим хам меноманд. Гумон меравад, ки вай дар замони Маъмун аз дунё даргузаштааст. Мусо ибни Шокири Муначчим сохиби 3 гшеар буд, ки аз хама калониаш Абучаъфар Мухаммад, дувумаш Ахмад ва сеюмаш Ал Хаеан ном доштанд. Фарзандони у дар илмхои риёзиёт, хандаса, механика, илми харакат, илми мусикй ва илми ситорашиносй махорати фавкулода аз худ зохир карда буданд. Онхо сарвати зиёди худро бештар барои харидани асархои гаронбахои илмй сарф мекарданд ва тарчумонхои бисёреро барои ба арабй гардонидани онхо истифода мебурданд. Чунин тарчумонхо ба мисли Ханин ибни Исхок, Собит ибни Курра ва Хдлол ал-Хисамй дар ин кор сахми бузург гузоштаанд. Чунин ривояте хает, ки гуё хар яки онхо мохе беш аз 500 динор маош мегирифтанд. Фарзандони Мусо ибни Шокири Муначчим дар Багдод расадхонаеро низ мучаххаз кардаанд.

Дар мачмуъ гуфта метавонем, ки сахми олимони Шарк, дар ташаккулёбй ва пешрафту тараккиёти таърихи илмхои табий нихоят бузург мебошад. Онхо баъд аз гузашти аерхо тавонистаанд, ки натоичи бузургеро ба мо аз худ ба ёдгор монанд ва албатта барои дастрас кардани корхои илмии онхо, аз худ намудани алифбои ниёгон, донистани забонхои арабй ва форей ба хар як олими ояндадору дурандеш манфиатбахш хохадбуд.

АДАБИЁТ

1. Девонакулов А. Закариёи Розй. Мунтахаби Осор. -Душанбе.: Адиб. -1989. -157 сах,.

2. Диноршоев М. Абу Бакр Ар-Розй. Духовная Медицина. -Душанбе.: -1990. - 86 стр.

3. Джуа М. История химии. -М.: Мир, 1966. -402 с.

4. Хасаналии Шайбонй. Абубакр Мухаммад Закариёи Розй. «Китоб -ул- асрор ё розхои санъати кимиё». -Техрон. «Интишороти донишгох». -1349 630 с.

5. JJJJ (J*îtjb t-JJ-oll Aie. I» ^Jjli £ jjk

6. Iqbol Muhammad / Rubar. Surdey of muslim contributions to chemistry international conférence of science in Islamic polity. - Islamabad, 1983 -286 p.

7. Рабинович В.JI. Алхимия как феномен средневековой культуры, -М.: Наука, 1970,- 350с.

8. Фигуровский Н.А. Очерк общей истории химии от древнейших времен до начало XIX в.-Москва: Наука. 1969. -307с.

САХМИ ОЛИМОНИ ШАРК ДАР ИНКИШОФИ ТАЪРИХИ ИЛМХОИ ТАБИИ

Дар тахкики ин макола нисбати сахми олимони Шарки Наздик ва Миёна ба монанди мамлакатхои Эрон, Арабистон, Хиндустон сухан рафтааст. Маълум мегардад, ки онхо дар тамаддуни чахонй накдш муайянеро гузоштаанд. Ин масъала пеш аз хама аз он шаходат медихад, ки дар пешрафти тараккиёти илмхои табий олимони мамлакатхои зикршуда хиссаи назаррасе гузоштаанд.

Калидвожахо: таърих, механика, физика, химия, астрономия, табиатшиноей, магниты, пешоварй, метафизика, унсур, или.

ВКЛАД УЧЕНЫХ ВОСТОКА В РАЗВИТИЕ ИСТОРИИ ЕСТЕСТВЕННЫХ НАУК

Проведенные исследование в данном статье актуально тем, что она позволяет оценить вклад, внесенный мыслителями Средней Азии, Ирана, Индии, Арабского Востока в прогресс мировой цивилизации. Это в свою очередь, позволяет раскрыть

принцип преемственности в науке, которая передавалось от Востока к Западу и наоборот, что привело в конечном итоге к прогрессу обще-человечской цивилизации.

Ключевые слова: история, механика, физика, химия, астрономия, естествознание, магнит, ремесло, метафизика, элемент, наука.

CONTRIBUTION OF EASTEN SCIENTIFICS IN DEVELOPMENT

ОГС NATURAL SCIENC ES

Past research in this important article in that it allows us to estimate the contribution made by the thinkers of Central Asia,Iran, India, the Arab East in the progress of world civilization This, in turn, allows to reveal the principle of continuity in science which is passed from East to West and vice versa, which led eventually to the general progress of humanity.

Keywords: hisiori mechanics, physics, chemistry, astronomy, science,magnet, craft, metaphysics, sciences.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.