Научная статья на тему 'ПЕРВЫЕ СВЕДЕНИЯ О ЖЕЛЕЗЕ И МЕДИ В ИСТОРИИ НАУКИ И ТЕХНИКИ'

ПЕРВЫЕ СВЕДЕНИЯ О ЖЕЛЕЗЕ И МЕДИ В ИСТОРИИ НАУКИ И ТЕХНИКИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
101
20
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ / ЖЕЛЕЗО / МЕДЬ / СЕРЕБРО / БРОНЗА / КАМЕНЬ / МИНЕРАЛ / СВИНЕЦ / ОЛОВО / РТУТЬ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Курбонов Бахром Рахмонович, Сангова Фируза Холмуродовна, Раджабгул Шоховна

В статье даются сведения по истории появления таких химических элементов, как железо и медь. Еще в священной книге «Коран» в одной из сур говорилось, что «именно железо принесёт обществу огромную пользу». С древних времен во многих странах, таких как Индия, Иран, Египет и др., знали, как обрабатывать железо и медь. Статья представляет интерес не только для химиков или историков, но и для широкого круга читателей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE FIRST INFORMATION ON IRON AND COPPER IN THE HISTORY OF SCIENCE AND ENGINEERING

The article gives information about the history of appearance of such chemical elements as iron and copper. Still in holy book “Qoran” in one of the suras is said, that, Exactly the iron brings the society a great use. From ancient time in many countries as India, Iran, Egypt and others, the people Knew how to process. The iron and copper. The article present interest not only for chemistries and historians but also for the wide range of readers.

Текст научной работы на тему «ПЕРВЫЕ СВЕДЕНИЯ О ЖЕЛЕЗЕ И МЕДИ В ИСТОРИИ НАУКИ И ТЕХНИКИ»

07.00.10 - ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА 07.00.10 - ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ 07.00.10 - HISTORY OF SCIENCE AND TECHNOLOGY

РО ЦЕЪ БА БУРБОНОВ Барром Ра^монович,

АВВАЛИН д.и.т., профессори кафедраи фащои цамъиятшиносии ДДТТ;

МАЪЛУМОТХ,О САНГОВА Фируза Холмуродовна, муаллими калони кафедраи

ОИД БА ОХ,АН фащои цамъиятшиносии ДДТТ; ЗАРИПОВА Рацабгул Шоцовна,

ВА МИСДАР муаллими калони кафедраи фащои цамъиятшиносии ДДТТ,

ТАЪРИХИ (Таджикистан, Душанбе) ИЛМ ВА ТЕХНИКА

ПЕРВЫЕ КУРБОНОВ Бахром Рахмонович, СВЕДЕНИЯ О д.и.н., профессор кафедры общественных наук ТГУК; САНГОВА ЖЕЛЕЗЕ И МЕДИ Фируза Холмуродовна, старший преподаватель кафедры В ИСТОРИИ общественных наук ТГУК; ЗАРИПОВА Раджабгул Шоховна,

НАУКИ И ТЕХНИКИ старший преподаватель кафедры общественных наук ТГУК,

(Тоцикистон, Душанбе)

THE FIRST QURBONOV Bahrom Rahmonovich,

INFORMATION ON Doctor of history, Professor of the department of Social Sciences

IRON AND COPPER TSUC; SANGOVA Firuza Kholmurodovna, senior lecturer of the

IN THE HISTORY Department of Social Sciences TSUC; ZARIPOVA Rajabgul

OF SCIENCE Shohovna, senior lecturer of the Department of Social Sciences TSUC,

AND ENGINEERING (Tajikistan, Dushanbe)

Калидвожацо: таърих, ох,ан, мис, нукра, бирищй, санг, маъдан, кимиё, калъаги, сурб, симоб

Дар макола маълумоти мухтасар дар бораи таърихи пайдоиши элемент^ои кимиёии ох,ан ва мис дода шудааст. Ба гайр аз он иктибос аз китоби мукаддаси Кууръон аз сураи махсус бо номи х,адид, яъне сураи ох,ан ояте нозил шудааст, ки сабабаби пайдоиши ох,ан ва манфиати онро ифода мекунад. Аз давраи кадим дар бисёр мамлакат^о ба монанди: Хцндустон, Эрон, Миср ва f., чигуна коркарди о%ан ва мисро истифода намудаанд.

Ключевые слова: история, железо, медь, серебро, бронза, камень, минерал, свинец, олово, ртуть.

В статье даются сведения по истории появления таких химических элементов, как железо и медь. Еще в священной книге «Коран» в одной из сур говорилось, что «именно железо принесёт обществу огромную пользу». С древних времен во многих странах, таких как Индия, Иран, Египет и др., знали, как обрабатывать железо и медь. Статья представляет интерес не только для химиков или историков, но и для широкого круга читателей.

Key words: history, iron, copper, silver, chemistries, Qoran, bronze, stone, minerals.

The article gives information about the history of appearance of such chemical elements as iron and copper. Still in holy book "Qoran" in one of the suras is said, that, Exactly the iron brings the society a great use. From ancient time in many countries as India, Iran, Egypt and others, the people Knew how to process. The iron and copper. The article present interest not only for chemistries and historians but also for the wide range of readers.

Дар системаи даврии Менделеев, ки зиёда аз 118 элементи кимиёиро дар бар мегирад, оид ба хар як элемент маълумоти мухтасар дода шудааст. Разами тартибй, вазни атомй ва формулаи кимёвии охан 26Fe55 (Ferrum) ва мис (Cuprum) 29Cu63 чунин нишон дода шудааст [4, 43-44]. Дар тамоми кураи замин мавч,удияти элементи охан 4,65 %-ро ташкил додааст. Охан дар бадани инсон ва хайвон бошад 0,02% -ро ташкил медихад. Элементи кимиёии мис бошад дар тамоми кураи замин 0,0047% -ро дар бар мегирад. Гарчанде ки макону замон ва таърихи пайдоиши ин эментхои манфиатбахш то хол маълум набошад хам, лекин истифодаи онхо дар чдмъият хануз аз давраи пеш аз милод маълум буд, ки самараи зиёдеро бахри бехтар гардонидани хаёту зиндагй ва фаъолияти одамон ба майдони истеъмол баровардааст. Ибтидои асри биринч,ро энеолит, яъне асри сангу мис

меноманд. Бо мурури замон олоти рузгор такмил ёфт ва техникаи истехсоли он рушду нумуъ кард. Анъанахои давраи энеолит барои баланд бардоштани сатхи маданияти Осиёи Миёна мусоидат намуд. Тачрибаи бойи сафолпазии кулолгарон барои омузиши охангудозй кумаки калон расонид.

Олими англис Г.Г. Коглен дар тачрибаи гузаронидаи худ нишон дод, ки энеолит ин давраи гузариш аз давраи сангй ба мис мебошад, ки цариб 6 хазор сол пеш аз милодро дарбар мегирад. Дар ин давра гудохтани мис ва истихрочи маъданро одамон азхуд карданд. Вале ашёи он вацт аз мис сохташуда бисёр нарм буданд ва мутаассифона, самараи дилхох надоданд [11, 263-265]. Аввалин ашёхое, ки аз мис сохта ва тайёр карда шудаанд чизхои зебу зинатй ва сузан мебошанд. Дар замоне, ки инсон ба мис дигар металл, ба монанди цалъагй, сурма, сурбро хамрох кард, металли нав, яъне биринчй ба даст омад, ки бартарии технологй дошту сахт буд. Гузаштан аз давраи мис ба асри биринчй давраи сифатноки таърихй номида шудааст. Ф. Энгелс дар масъалаи металлхо чунин навиштааст: «Мухимтарини онхо мис ва цалъагй, инчунин биринчии аз хамбастагии онхо хосилшуда ба шумор мерафтанд; биринчй олоту аслихаи лозимаро ба вучуд овард, лекин олоти сангиро аз байн бурда натавонист; ба ин кор фацат цудрати охан мерасид, аммо хосил кардани оханро холо намедонистанд» [8, 26].

Дар асри биринчй дар Осиёи Марказй конхои мис кашф шудаанд, ки мавриди истифодаи ниёгонамон царор гирифтанд. Аз металли биринчй табар, дос, ханчар, аробаи дучарха, баъдтар арра ва мех сохта шуданд, ки ба воситаи онхо аз чуб харгуна асбобу анчомхо барои хонасозй мавриди истифода царор гирифтааст [13, 5-6]. Дар ин давраи таърихй зироаткорй ва чорводорй соххахои мухим ва асосии хочагии одамон ба шумор мерафт. Хдмзамон аз бошишгоххои одамони цадим, аз макони зисти чупонхои асри биринчии нохияхои шимоли Точикистон, Сирдарё, бахри ^айроццум ва аз гори Оц-Тангаи Шахристон асбобу олотхои сангй, зарфхо, устухони хайвонхои бузургчусса ёфт шудаанд [8, 61-62].

Дар Осиёи Миёна осори бисёр конхои мис ба монанди Навкат, Чатцол, ^урама, Буконтог, ^арнаб дар асри биринчй кашф гардиданд, ки мавриди истифодаи ниёгонамон царор гирифта буданд. ^адимтарин ёдгорихои ахди биринчй дар Точикистони Чднубй ва Марказй кашф шудаанд. Маснуоти мису биринчй, аз чумла табархои мисй, ки онхоро аз дехаи Ёрии Панчакент, дехаи Шаршари нохияи Хуросон ва дехаи Арацчини Варзоб ёфтанд, далели гуфтахои болоист. Материалхои археологй, циёси баъзе мадракхои забонй ва сарчашмахои цадимии хаттии хаёти чамъиятии Осиёи Миёнаи охири хазораи II ва ибтидои хазораи I пеш аз милодро равшан месозанд. Сокинони Осиёи Миёна истехсол кардани оханро аз маъдан дар ибтидои хазораи I ёд гирифта буданд. Охан кори одамонро хеле осон ва босифатар гардонид. Онро инсон ба мацсади кишту кор, дар майдонхои васеъ ривоч додани зироат, инчунин барои тоза кардани бешахои пахновар истифода мебурд. Донишманди машхури чахон Ф. Энгелс ахамияти оханро дар таърихи чамъияти инсонй чунин баён намудааст: «Охан аз тамоми ашёи хоме, ки дар таърих роли револютсионй бозидааст, охирин ва мухимтарин, то худи пайдо шудани картошка навтарин навъи ашёи хом буда, ба одам хизмат мекардагй шуд. Вай ба дасти хунарманд чунон асбоби сахт ва тезе дод, ки хеч як санг ва хеч як металли то он замон маълум ба вай муцобил истода наметавонист» [8, 50-52].

Дар бобати бо тарзи гудозиш ба даст овардани охан, шиносоии худи инсон бо усули аз маъдан истехсол намудани биринчй ёрй расондааст. Мутаассифона, ёдгорихои аввали асри охан дар Осиёи Миёна нисбат ба ёдгорихои асри санг ва биринчй нихоят кам кашф гардидаанд. Охан дар курахои даштй дар харорати 1300-1400° C гудохта мешуд. Ин гуна курахоро солхои 20-уми асри XX М. С. Андреев дар водии Ванчи Вилояти Мухтори Бадахшони Кухй пайдо намуд, ки аз цадимй будани касби охангарй дарак медиханд [8, 60-61]. Дар хаёти инсоният ихтирои охангудозй ва пайдо шудани охангарй падидаи бенихоят мухим ба хисоб мерафт. Охан нисбати мис ва биринч даххо маротиба мустахкамтар буда, барои сохтани асбобу олоти мехнат мусоидат мекард. Инчунин маъдани охан дар табиат нисбат ба мис хеле зиёдтар дучор мешавад ва ин имконият медихад, ки охангарон сохиби эхтирому иззати мардум гашта, дар баъзе нохияхои Вилояти Мухтори Бадахшони Кухй муцаддас дониста мешуданд, чунки аз порчаи санг, яъне маъдани охан муъчиза меофариданд. Вале дар баъзе динхо, охангарон фиристодагони Иблис дониста мешуданд. Хдрчанд азхудкунии техникаи нав барои мардуми охангар хеле душворй дошт, аммо онхо кушиш мекарданд, ки маъдани оханро ба моддаи ёзанда мубаддал гардонида, асбобу олоти рузгор созанд. Нахуст оханро бо мацсади зебу зиннат истифода мебурданд ва минбаъд аз он асбобу аслиха месохтагй шуданд. Дар аввали асри охан барои сохтани асбоб аз охану биринчй баробар истифода мебурданд.

Дар Осиёи Миёна асри охан барвацтар аз давлатхои дигар, масалан, пеш аз Хитой ба вучуд омадааст, ки ин аз он шаходат медихад, ки ихтирои охан ва ба таври васеъ истифода бурдани он дар Осиёи Миёна ба аввали хазорсолаи I пеш аз милод рост меояд. Асри охан дар Точикистон ва Узбекистон осори худро дар масканхои Кучуктеппаи вилояти Сурхондарё, Макони Мори нохияи Фархори вилояти Хатлон, Кдйроццум, дар баъзе сагонахои Помири Шарцй ва дигар бозёфтхоро боцй гузоштааст. Дар чануби Туркманистон баъзе масканхои цадима ёфт шуданд, ки мавчудияти худро аз давраи энеолит то асри охан давом додаанд. Маданияти Анав ба ин мисол шуда метавонад, ки чун маскани аввали асри охан дониста шуда, цадимтарин маснуоти оханй ба монанди досхои оханй, пораи корд ва гайра дар он кашф гардидааст [8, 51-53].

Дар сураи 57-уми Куръони карим «Ал-Хддид» («Охан»), ки аз 29 оят иборат аст, «хадид» мафхуми оханро ифода мекунад. Дар он чунин омадааст: «Х,амоно фиристодем паёмбарони худро бо хуччату муъчизахои равшан ва додем ба онхо китоб ва тарозуро, то амал кунанд мардум ба адлу инсоф ва ато намудем ба онон оханро, ки дар он харбу зарб ва манфиатхои дигар аст, барои мардум ва то ки имтихон кунад Худо, касеро, ки нусрат медихад (дини) Худоро, (яъне чиход мекунад дар рохи Худо) ва паёмбарони уро гоибона. Албатта, Худо тавонову пирузманд аст». Рочеъ аз таърихи ин сураи мубораки Куръон барои он ёдовар шудем, ки дигаргуншавихое, ки дар элементи охан дида мешавад дар табиат, бевосита ба илми кимиё марбут мебошад ва табодулхои кимиёй низ ба тагйирёбии охан алоцамандии чудонашаванда дорад ва онро танхо аз донистани илми кимиё ва он муъчизахое, ки ба ин илм вобаста шудааст, фахмидан мумкин аст [1, 125].

Омузиши таърихи кимиё танхо мачмуи воцеа ва ходисахои ичтимоии замони гузашта набуда, балки раванди инкишофу равнаци фархангу маданият, илму санъат ва махсули эчодии одамон низ аст. Тадцици таърихи илмхои табий, аз он чумла, илми кимиё дар инкишофу тарацциёти илмхои имруза мавцеи хосеро доро мебошад. Зеро чомеаи башарй бе пайванди таърихи кухан ва хаёти имруза пеш рафта наметавонад. Ба фармудаи Мавлоно Чдлолиддини Балхй:

Хдр касе, ки к-у дур монд аз асли хеш, Боз чуяд рузгори васли хеш [10, 41- 43].

Агар инсон таърихи гузаштаро фаромуш менамуд, кашфиёту бозёфти феълй гайриимкон мебуд. Илми кимиё чун дигар илмхои табий даврахо ва шароитхои муайяни ичтимоию ицтисодии тарацциёти худро дар алоцамандй бо дигар раванду хаводиси ичтимой доро мебошад. Чуноне ки аз сахифахои таърих бармеояд, бузургтарин падидахои ичтимоию ицтисодии хаёти чамъиятй аз цабили: инцилоби ичтимой, илмию истехсолй, чангхо ва гайрахо ба пешравию инкишофи илмхо, аз он чумла илми кимиё таъсир ва нуфузи муайяне доранд. Масалан, олимони ачаму араб дар ташаккул ва рушду нумуи илми кимиё сахми босазо гузоштаанд. Дар ин хусус Мавлоно Абдурахмони Ч,омй фармудааст:

Ба хар коре, ки химмат баста гардад, Агар хоре бувад, гулдаста гардад [2, 32- 33].

Герберт Спансер аввалин донишманде ба шумор меравад, ки ба ацидаи у илм дар натичаи мушохидахои зиёд ва расадхои фалакй огоз ёфтааст, ки манзур аз онхо таъйини вацти дацици чашнхои динй будааст. Ин гуна маълумот ва иттилоот хаматарафа хифз шуда, ба унвони мероси динй аз насле ба насли дигар интицол меёфтааст. Ба ацидаи мо чунин назария сахех ва дациц, пурраву мукаммал шуда наметавонад, зеро нисбати ин масъала ягон маводи равшан дастрас нашудааст, ба чузъ гуфторхои зиёду тахмини афзорхои ба даст овардашудаи таърихй. Мумкин аст, ки илм ва донишу тафаккур низ монанди усули кулли маданият бо кишоварзй пайдо шуда бошад. Аз он чумла, илми хандаса хамон гуна, ки аз исмаш бармеояд, андозагирии замин аст. Хдмчунон мумкин аст, зарурати таъйин хангоми кишту дарав, омаду рафти фаслхои мухталифи сол сабаби он шуда бошад, ки мардум ба осмону ситорагон таваччух зохир кардаанд ва тацвиме барои худ сохтаанду ба ин тартиб илми хайат ва нучум пайдо шуда бошад. Пас аз он киштиронй сабаби пешрафти нучум ва тичорат, боиси эчоди риёзиёт, пайдоиши илмхои физика ва санъати кимиёй шуда бошад. Бояд гуфт, ки мафхуми калимаи "кимиё" аз ду манбаъ такомул ёфт, яке тиб буда, дигаре санъат мебошад. Дар бораи бартарии кимиёи Х,индустони бостонй ва дар бораи такомули санъати олй фикрхои гуногун мавчуд аст. Дар ин ахд, хатто императори Рум дар заминаи санъати кимиёй, мисли рангрезй, даббогй, собунпазй, шишагарй ва соручсозии Хдндро босифат ва мохирона хисобида, дар хамон огози царни дуввуми милодй, хатто як мачаллаи комил аз осорашро ба бахс дар бораи мафхуми чева (симоб) бахшидааст [7, 50-52].

Хиндуёни царнхои VI ва VII дар заминаи кимиёи саноатй хеле аз Аврупо пешцадамтар буданд. Онхо дар таклис, тацтир, тасъид, бухор додан, эчоди нур бидуни харорат кашфиётхо

кардаанд ва дар тахияи намакхои охандор ва таркиботy маводхо пешоханг бyдаанд. Дар Хинди бостон гyдохтани охан ба дарачае расида 6уд, ки имруз дар Аврупо ба он дарача расида наомадааст. Овардаанд, ки пешкаши пyрарзише, ки Пурусшох барои Искандар кард, на симу зар, балки охан буд.

Мусалмонон цисмати бисёре аз ин илму санъати кимиёии хиндуёнро ба Ховари Наздик ва Аврупо бурдаанд. Масалан, аз сирру асрори сохтани тегхои димишцй маълум мегардад, ки онхо аз эронихо ва эронихо бошанд аз мамлакати Хинд гирифта будаанд. Дар бораи он, ки маълумоти "Оё инсон кадом вацт ва чй гуна истифодаи металл ва оханро огоз кард", дар ин чо як бори дигар ба дониши амици худ эътироф кунем, танхо чизе, ки ба гумон метавон гуфт он аст, ки ин амал дар назарияхои гуногуни маърифатй сурат гирифта, чун осори цадимтар ва дациц мавчуд нест. Бояд гуфт, ки ин чодаи царнхои охири асри нави сангй, яъне давраи неолит будааст. Агар таърихи охири асри неолитро 4000 сол цабл аз милод тасаввур кунем, дарёфт хохем кард, ки аз асри охан (дар айни хол хамон асри хатнависй ва тамаддун аст) то кунун як давраи кутохи шашхазорсола дар дунболи асри санг воцеъ мешавад. Умри он чихил хазор сол аст, ва худи он дар пайи даврони тулоние аст, ки зиндагии инсон бар руи замин огоз гашта будааст ва худуди як миллион солро дар бар мегирад. ^адимтарин металле, ки мавриди истифодаи инсон царор гирифтааст, мис аст. Ин металлро дар обсарохои гуногуне, ки барои хизмати одамон (тацрибан марбут ба 4000 сол цабл аз милод), дар харобахои чануби Ироц (тацрибан 3100 сол цабл аз милод) дар Америкаи Шимолй, ки таърихи муайян надорад, пайдо намудаанд [6, 22-24].

Ибтидои асри охан он даврае нест, ки инсон онро кашф карда бошад, балки замоне мебошад, ки одам тавонистааст ба воситаи харорати оташ омехтахои металлро нарм ва гудохта карда, аз онхо хар гуна асбобу олот бисозад. Мутахассисоне, ки ба гудохтани металлхо машгул мебошанд, бар он ацидаанд, ки элементи химиявии мис аввалин маротиба ба таври тасодуфй пайдо шудааст. Пас аз такрор ёфтани ин ходиса инсон ба чунин хулоса омадааст, ки аз ин металли нарми чудогудохташаванда метавонад хар гуна силох истехсол намояд. Метавон чунин пиндошт, ки мис нахустин маротиба дар шакли хоми табий ва баъзан дар шакли омехта бо металлхои дигар мавриди истифода царор гирифтааст. Баъдан, дар кишвархои Мовароуннахр ва Хуросон 3500 сол пеш аз милод инсон ба истихрочи металл даст ёфт, яъне чй гуна гудохтани санги маъдани мисро дарёфт намуд. Пас аз он дар худуди 1500 сол цабл аз милод дар Миср одамон тавонистанд, ки металли мисро дар цолиб бирезанд. Металли гудохташудаи мисро дар зарфи гилй ё чинй ба сурати цолиб (ба монанди сарнайза ё табар) мерехтанд ва то сард шуданаш нигох медоштанд. Хамин тариц, инсон тавонист, батадрич металлхои гуногунро дастраси худ намуда, дар саноати бузург муваффац гардида, рохи худро дар замин ва осмон хамвор созад. Фаровонии металли мис дар Шарци Наздик ва Миёна дар фархангхои неруманди чадиди дар хазораи чахоруми цабл аз милод, дар худудхои Мовароуннахр ва Миср ошкор гашта бошад, ки аз он чо ба дигар нуцтахои замин интицол ёфта, авзои хама чоро дигаргун карда бошад [3, 210-215].

Миси холис танхо аз навъи металлест, ки нисбатан нарм ва ба хамин сабаб он барои хамагон истеъмолоти пурраи саноатию истехсолиро дорад. Дар замони муосир сохаи барц бе металли мис вучуд дошта наметавонад, вале барои саноати вазнини металлургй ба таври лозимй, ва ё он цадар мавриди истифода царор гирифта наметавонад. Дар баробари он, ки мис дар табиат омехта бо цалъагй ё рух вучуд дорад, асрхои зиёде гузаштааст, ки ниёгони мо тавонистанд омехтаи онро мавриди истеъмол царор дихад. Дар хама гуна холат, таърихнигорон муайян намудаанд, ки пайдоиш ва инкишофи ин металли кимиёй 5000 сол пеш аз милодро дарбар гирифтааст. Дар осори цадимаи мисриён дуюмин шахре пайдо кардаанд, ки таърихи зиёда 2800 сол пеш аз милодро дорост. Дар он макон дар бораи коркарди металлхои дар боло зикргардида маълумотхои зиёде мавчуд будааст. Бояд тазаккур дод, ки «асри биринчй» дар даврахои гуногун пайдо шудааст ва ба хамин чихат асри биринчй, яъне замони хос надорад. Дар мавриди истифодаи зиёди асбобу олотхои биричй одамон кушиш ба харч додаанд, ки асбобу олотхои сабуктарро дар хаёту фаъолияти хеш истифода баранд. Аз ин ру заминаи пайдоиш ва инкишофи металли охан ба вучуд омад. Ба монанди пешрафт ва инкишофи тамаддунхои Россия, Аврупо, Хиндустон, Америка, Австралия, Япония ва гайра, хамзамон аз тарафи дигар дар бархурди он фархангхо хам мархилаи асри биринчй вучуд дорад. Ин металл барои пешрафти ицтисодиёти кишвархо ахамияти калон дорад ва ба унвони металли чилодиханда онро мешиносанд, ки сайёхон ва кошифон ба он майлу таваччухи зиёде доштаанд [9, 60-66 ].

Соли 1778, хангоме ки Копитен Кук дар Зеландияи нав лангар андохт, бар ивази як мехи оханй тавонист, ки шаш хук аз бумиён бигирад. Сайёхи дигаре аз «чазираи санг» хикоят мекунад,

ки мардуми он чазира ба цадре барои ба даст овардани охан харис буданд, ки хатто меххои киштиро канда мегирифтанд [5, 54-55].

Албатта, мафхуми "биринчй" - махкам ва мустахкаму вайроннашаванда аст. Вале мису цалъагй, ки барои тахияи биринчй лозим аст, чандон фаровон нест ва аз тарафи дигар тарзи царор гирифтани ин ду маъдан нисбат ба якдигар тавре буда, ки биринчй наметавонистааст ниёзмандихои саноатй ва чангии инсонро бароварда, мавриди истифода царор дихад [14, 561]. Дер ё зуд охан дар майдони зиндагй пайдо шавад ва ин худ аз ачоибии таърих аст, ки охан бо ин хама фаровоние, ки дар табиат дорад, пас аз пайдоиши мис ва биринчй вориди сахни зиндагй шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки инсоният хунарро бо сохтани силоххои аз охансангхои шахобй шуруъ кардааст, чунон ки зохиран «охансозон» чунин кардаанд ва баъзе аз милали аввалия низ хануз чунин мекунанд. Дар мархилаи дигаре санги маъдани оханро гудохта, аз он охани ба даст овардаашон бо чаккуш ба ашколи мухталиф сохтаанд. Дар царни цабл аз таърих дар Миср чизхое ёфтаанд ва эхтимол дорад, ки охан металли осмонй бошад. Навиштахои Бобулй хикоят мекунанд, ки охан 2100 сол пеш аз милод пайдо шудааст ва чизи камёб ва гаронбахо будааст. Дар Руминияи Шимолй як коргохи охангудозй ёфтаанд, ки таърихи чахорхазорсола дорад. Дар цисмати шимолии Фаластин цадимтарин ва кухантарин охане кашф шуд, ки он дар чандин чойхо пахн гардидааст. Олим ва фархангшинос Филяндриз Патри таърихи пайдоиши онро 1350 сол пеш аз милод медонад. Як аср баъдтар, дар давраи подшохии Домосаси дуввум, металли оханро дар Миср мавриди истифода царор додаанд. Дар асоси кофтуковхои бостоншиносй, дар наздикии яке аз дарёи худуди Бохтар маълум гардид, ки Аврупо нахустин бор оханро дар артиш солхои 900 пеш аз милод ба кор бурдааст [4, 107-108].

Дар баъзе аз ривоятхои таърихй омадааст, ки 500 пеш аз милод ин маъдани кимиёй, яъне оханро дар корхонахои шахри Лотин Савис истифода мебурданд. Хатто шоханшох ва сарлашкари мохиру машхур Искандари Мацдунй онро бо худ ба Хиндустон, Христофор Колумб бошад ба Амрико бурдааст.

Яке аз намоёнтарин кимиёдон, маъруфтарин табиб ва донишманди бузурги форсу точик, машхуртарин файласуфи мамлакатхои Шарци Наздик ва Осиёи Миёнаи асрхои IX-X Абубакр Мухаммад Закарёи Розй мебошад, ки уро хамчун инкишофдиханда ва поягузори ин илмхо мехисобанд, дар масъалаи тацсим кардани металлхо, роххои тозакунй ва хосил кардани маъданхо, аз охан сохтани асбобхо барои тачрибаи кимиёй сахми босазо гузоштааст. Кимёдони маъруф Мухаммад Закарёи Розй дар «Китоб-ул-асрор ё розхои санъати кимиё» ном асараш моддахои маъданиро аз руи хосияташон ба шаш гурух тацсим намуда, маъдани охан (арабй - «хадид») ва мис (арабй - «нухос») -ро ба дуюмин гурух бо номи филизот, яъне маводи ачсод - чомид ва чисмй -зудгудохтанашаванда, табхирнашаванда, ки он аз тилло, нуцра, мис, охан, цалъагй, сурб ва рух иборат мебошад, чой додааст. У бештар дар озмоишгохаш маъдани охану мис, цалъагй, руху сурб хосил менамуд ва аз асбобхои дар кураи охангарй сохтаи худ ба монанди бута, анбур, чаккуш истифода мебурд [12, 3-5]. Маъдани охан дар табиат нисбат ба мис хеле зиёдтар дучор мешавад ва ин имконият медихад, ки он дар сохахои гуногуни ицтисодиёт, аз чумла сохтмон, нацлиёт, тиб, дузандагй, мошинсозй, кишоварзй, аслихасозй, рузгор ва гайра васеъ истифода бурда мешавад.

Хамин тавр, элементхои кимиёии охан ва мис аз як аср ба асри дигар густариш ёфта, баъдан тамоми кураи Заминро фаро гирифтаанд. Бахусус бояд таъкид созем, ки дар мавриди истифодаи он элементхои кимиёй дар худуди Мовароуннахр ва Хуросон бисёр корхое гузаронида шудааст, ки бояд онхо дар замони муосир аз чониби мухаццицон ва пажухишгарони ин соха тахлилу тахкиц шуда, ба чомеаи имруза муаррифй карда шаванд ва бо хамон восита олимону донишмандон ва мутафаккирони риштаи таърихи илм дар пешрафту тарацциёти сохахои гуногуни ицтисодии кишвари Точикистони сохибистицлол сахмгузор бошанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Алх,оц Амир Аббос Бобогадозода. Куръони карим (бо тарцума ва тавзе^от ба забони тоцикй). -Покистон, Исломобод: Шуцоъ, 2006. -1479 с.

2. Абдуращони Цомй. Осор. Цилди пащум. Душанбе: Адиб, 1988. -609 с.

3. Азимов А. Краткая история химии. - М.: Мир, 1983. -187с.

4. Арбузов А.Е. Казанская школа химиков. - Казань: Тат. кн. Изд-во, 1971. 200с.

5. Али^улов А., Хусейнов К., Ташрифзода А., Мухаммад Закариёи Розй «Дастури тиб» (Руководство по медицине). - Душанбе: изд-во «Авесто», 2002. - 238с.

6. Быков Г.В. История классической теории химического строения. -М.: изд АН СССР, 1960.

7. Возникновение и развитие химии с древнейших времен до XVII века / Всеобщ. Истории химии. - М.: Наука, 1980. - 399с.

8. Гафуров Б.Г.Тоцикон.Таърихи цадимтарин, цадим, асри миёна ва давраи нав. Душанбе. Нашриёти «Ирфон». 1998. -1120 с.

9. Каримов У.И. Неизвестное сочинение ар-Рази «Книга тайны тайн» Ташкент: изд. АН Уз. СССР. -1957. -264 стр.

10. Мавлоно Цалолиддин Мущммади Балхии Румй. Мавснавии Маънавй бо х,афт китоб. Матбаъаи давлатии табъу нашри Кобул, 1362. -890 с.

11.Пейве Я.В. Агрохимия и биохимия микроэлементов /Избр. Тр. - М.: Наука, 1980. - 430с.

12.Х,асаналии Шайбонй. Абубакр Мущммад Закарёи Розй /Шайбонй Х,асаналии «Китоб-ул асрор ё роз^ои санъати кимиё». - Тецрон Интишороти донишгох,. -1349. - 630 с.

13. Раджабова З.Ш. История Таджикской ССР. Душанбе:Маориф, 1981. - 253 с.

14.Фарх,анги забони тоцикй. - Москва, 1969. Цилди 1, - 961с., Цилди 2, -951с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.