Научная статья на тему 'ВКЛАД НАСЕЛЕНИЯ СОВЕТСКОГО БАДАХШАНА В ПОБЕДУ НАД ФАШИЗМОМ'

ВКЛАД НАСЕЛЕНИЯ СОВЕТСКОГО БАДАХШАНА В ПОБЕДУ НАД ФАШИЗМОМ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
134
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОВЕТСКИЙ СОЮЗ / ГОРНЫЙ БАДАХШАН / ВЕЛИКАЯ ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ВОЙНА / ВОСТОЧНАЯ ЕВРОПА / СОВЕТСКАЯ АРМИЯ / ГБАО / ВОЙНА / БИТВА / ОТСТУПЛЕНИЕ / ПОЛЕ БИТВЫ / ПОБЕДА / ГЕРОИЗМ / ВОЕННЫЕ ОРДЕНА И МЕДАЛИ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Хайдаршо Пирумшо

В статье освещается роль жителей ГБАО в победе над фашизмом. На основании свидетельств автор отмечает, что посланцы Горного Бадахшана с начала и до конца Великой Отечественной войны принимали участие в крупнейших сражениях этой войны и проявили героизм при освобождении временно оккупированных територий Советского Союза, Восточной и Юго-Восточной Европы. Факты свидетельствуют о том, что во время Великой Отечественной войны из ГБАО было мобилизовано 2033 человека в ряды Советской Армии. Около тысячи из общего числа воинов региона отважно сражались на поле боя, были убиты и на какое-то время исчезли, унося с собой мечты и чаяния молодости. За отвагу более 600 воинов страны награждены боевыми орденами и медалями.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CONTRIBUTION OF THE POPULATION OF SOVIET BADAKHSHAN TO THE VICTORY OVER FASCISM

The article highlights the role of GBAO residents in the victory over fascism. Based on the testimonies, the author notes that the envoys of the mountain Badakh-shan from the beginning to the end of the Great Patriotic War took part in the largest battles of this war and showed heroism in the liberation of the Soviet Union, Eastern and Southeastern Europe. Facts indicate that during the Great Patriotic War, 2033 people were mobilized from GBAO into the ranks of the Soviet Army. About a thousand of the total number of warriors in the region fought bravely on the battlefield, were killed and disappeared for a while, taking with them the dreams and aspirations of youth. For bravery, more than 600 soldiers of the country were awarded military orders and mdals.

Текст научной работы на тему «ВКЛАД НАСЕЛЕНИЯ СОВЕТСКОГО БАДАХШАНА В ПОБЕДУ НАД ФАШИЗМОМ»

other publications, nevertheless, some aspects of the life of the republic and problematic issues remained unresolved.

Key words: Tajikistan, the Great Patriotic War, history of the war period, historiography, periodization, main periods of study, illumination, reflection, war period, feat, warrior, Tajiks, economy, aid, evacuation, culture, tasks, historical science.

Сведения об авторе: Убайдулло Насрулло Каримзода-доктор исторических наук, профессор, директор Института истории, археологии и этнографии им. А.Дониша Национальной Академии наук Таджикистана. Адрес: 734025, г. Душанбе, проспект Рудаки, 33. Телефон: (+992 37) 2213742, (+992) 938500010, E-mail: nasrullokar-imovich@mail.ru

Information about the author: Ubaydullo Nasrullo Karimzodа-Doctor of Historical Sciences, Professor, A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography National National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: 734025, Dushanbe, Rudaki Avenue, 33. Telephone: (+992 37) 2213742, (+992) 938500010.E-mail: nasrullokarimovich@mail.ru

УДК-9(575.3)

СА^МИ СОКИНОНИ БАДАХШОНИ ШУРАВЙ ДАР ЕАЛАБА БАР ФАШИСТОНИ ИСТИЛОГАР

Хайдаршо ПИРУМШО, узви вобастаи Академияи миллии илмх,ои Точикистон, д. и. т., профессор

Х,учуми ахдшиканонаи Германияи фашистй ба Иттифоки Шуравй 22 июни соли 1941 тамоми миллату халкиятхои ин иттиходия бузургро барои хифзи Ватан бархезонд. Гарчанде Точикистон аз майдони харб хазорхо километр дур бошад, хам сокинони чумхурй ин амали фочиабори душманро чун истилои кишвари худ кабул кардаву барои дифои он якдилона бархостанд. Чунин рухияи баланди талошмандй барои хифзи мамлакат тамоми сокинони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро низ фаро гирифт.

Бо расидани хабари нахси огози чанг дар маркази вилоят-шахри Хоруг бидуни даъвати расмй, хамоиши оммавии сокинони он ва дехоти ба ин чо наздик барпо гардид. Дар хамоиш баромадкунандагон бо катъият барои ба чабха фиристодани онхо изхор дошта, талаби сафарбар намудани тамоми кувваро барои саркуб кардани душман пеш мегузоштанд. Дар карори ин хамоиш аз чумла омадааст, ки "мо худро ба чанг сафарбаргардида хисоб карда, хар як талаби рохбарияти хизбиву давлатиро то хадди ба даст гирифтани ярок ва ба мукобили фашистон барои хифзи Ватани сотсиалистй чангидан тайёрем[1].Бе таъхир, дар рузхои аввали чанг ба тамоми комиссариатхои харбии нохияхои вилоят садхо аризаи ихтиёрй бо талаби ба майдони харб фиристодан ворид гардиданд.

Барои тайёр намудани чанговарон аз рузхои аввали Чднги Бузурги Ватанй дар вилоят курсхои тайёрии харбй ба рох монда шуданд, ки тамоми мардони аз 17 то 50-сола ба онхо чалб гардиданд.

Бояд кайд кард, ки дар давраи аввали чанг гарчанде ба таври хатмй сафарбаркунии умумй дар вилоят расман чараён нагирифта бошад хам, вале ба чанг фиристодани чавонон, ки аксаран ихтиёриён буданд ба хукми анъана даромад. Сафарбаркунии умумии чавонони соли таваллуди 1925 аз ВМКБ факат соли 1943 расман кабул гардида, дар асоси он ба хати фронт беш аз 2 хазор нафар чанговарон фиристода шуданд.

Вале новобаста ба он чанговарони зодаи ин диёр дар нахустин набардхои шадид иштирок намудаву корнамоихо зиёд нишон додаанд. Масалан, корманди макомоти умури дохила Ч,умъа Дустамбаев аз дехаи Шидзи нохияи Рушон, ки дар эскадрони савораи сархадй хизмат мекард аз рузи аввали чанг-22 июни соли 1941 дар мухорибаи зидди хамлаи душман иштирок намудааст. У мохи июли соли 1941 дар набарди назди Смоленск корнамой нишон дода, ба гирифтани нахустин медали "Барои шучоат"ва инчунин ордени "Ситораи Сурх"ва зиёда аз 15 ордену медалх,ои чангй сарфароз гардидааст.Мавсуф яке аз иштирокчиёни фаъоли амалиёти Берлин буда, барои хидматх,ояш бо медали "Барои ишголи Берлин" низ сазовор гардидааст. Баъд аз ба итмом расидани чанг у ба зодгохдш баргашта солх,ои зиёд фаъолияти худро дар Раёсати макомоти корх,ои дохилии ВМКБ ба хдйси мудири мизи шиносномадих,ии вилоятии РКД ВМКБ идома бахшидаст.

Чднговарон аз нох,ияи Кдлъаихумб Салмон Собиров ва Алй ^ахоров, ки аз соли 1939 ифои хизмати харбй доштанд дар аввалин мухорибахои мудофиавии назди Смоленск иштирок намуда, захм бардошта буданд. Дар катори размандагони рузхои аввали чанг чавонписарони ба хизмати харбй хануз соли 1940 даъватшудаи ванчй АДаноатов, Р. Мухаббатов, А.Сияев, Г. Хочаев ва дигаронро ба ёд овардан лозим меояд.

Дар кисмхои харбие, ки дар ибтидои огози чанг дар худуди Точикистон ташкил ёфта буданд, чавонони зиёде аз чумла И.Давронов, Е.Еуломшоев, Г.Назаров, Д. Яшев ва дигар чавонони аз ВМКБ ба хизмат даъват шуда, тачрибаи зарурии харбй гирифта буданд.

Душман барои ишголи пойтахти Иттиходи Шуравй-шахри Москва 64% тамоми кувваи харбии худ, аз чумла 1800 хазор нафар сарбозу офитсерон, зиёда аз 14 хазор тупу миномёт, 1700 адад танк, 1390 адад самолёт сафарбар карда буд. Ба ин кувваи бесобикаи харбии фашистон Х,укумати Шуравй факат 1250 хазор нафар харбиён, 7600 адад тупу миномёт, 990 адад танк ва 680 адад хдвопайморо (самолётро) мукобил гузошта тавонист[2].Вале ба ду баробар бартарии иктидори харбии душман нигох накарда, дар ин мухорибаи шадид, ба шарофати шучоату далерй, кахрамонй ва аз хама мухим, боварии пурра ба шикастнопазирии адолат аввалин маротиба дар таърихи Чднги Дуюми Чдхон машинаи харбии фашистон ба шикасти сахт дучор гардид.

Дар мухорибаи назди Москва (30 сентябри 1941-20 апрели 1942) размандагони точик, аз чумла намояндагони ВМКБ шучоату мардонагй нишон додаанд. Дар ин набард фарзандони диёри баландкухи Помир Б. Давлатов, А. Хочаев, И. Шозодаэронов, Р. Хушвак;тов ва дигарон шучоату диловарй нишон додаанд. Аз мухорибаи назди Москва фаъолияти харбии муаррихи намоён, академики оянда Баходур Искандаров ибтидо гирифтааст.

Дар мухорибаи назди Москва чанговари шучои поршневй, капитан Мастибек Тошмухаммадов (1908-1988) дарси шучоату далерй гирифтаст. Шод барои дар оянда аз точикон аввалин шуда соли 1962 ба рутбаи харбии генерал сохиб гаштанаш аз хамон лахза замина гирифта бошад.

Корнамоии панфиловчиён дар назди Москва ба хар ашхоси ба таърихи Ч,анги Бузурги Ватанй шиносой дошта, пинхон нест. Вале на хама аз хак;ик;ате ки солхои 20-ум Иван Василевич Панфилов ба хайси командири ротаи Отряди сархадии Помир ифои вазифа дошта, дар мустахкам намудани Докимияти Шуравй ва хифзи сархад хизмати босазое намудааст огохй доранд. Дар мухорибаи назди Москва дивизияи генерал-майор И.В. Панфилов дар нук;таи мухофизии хеш бо ивази чонфидоии чанговарони шучоъ, ки беш аз нисфашон чон бохтаанд, пеши рохи душманро гирифта тавонист. Табиист, ки заминаи ин корнамоии ^ахрамони Иттифок;и Шуравй И.В. Панфилов махз аз минтакаи Кухистони Бадахшон (Помир) ибтидо гирифтааст.

Мухосираи Ленинград (10 июли 1941-13 январи 1944) яке аз нишондихандахои мудхишу фочиабору замони чанг хисоб ёфта, корнамоии Фронти Ленинград (холо шахри Санкт-Петербург) барои озод кардани ин шахри овозадор дар сахифаи таърих чун рамзи к;ахрамонй абадан бок;й мондааст. Дар ин набарди харбй, нак;ши чанговарони точик, аз чумла чавонмардони Помир Калон ^урбонови поршневй, ки барои нобуд кардани ну^тахои оташфишонии душман бо ордени "Ситораи Сурх" ва медали "Барои мудофиаи Лениград" мукофотонида шуда, оянда дар хайати Фронти Еарбй дар озод кардани Украина ва Чехословакия чарохат бардоштааст, Махмуд Додобоев, аз Хоруг, ки дар ин мухориба шахид гардидааст, хамчунин мардонагии Ч,. Абдуллоев, Ф. Неъматов, Г. Назаров, Ш. Амирбеков, О. Худобонй ва дигарон дар хотираи таърих накщи равшан гирифтаанд.

Еолибияти Артиши Шуравй дар мухорибаи Сталинград (17 июли 1942 -2 феврали 1943), ки аз огози шикасти Германияи фашистй гувохй медод дар чангномаи умубашарй мак;оми хосса пайдо кардааст. Дар он ширкат ва шучоату мардонагии чанговарони точик, аз чумла зодагони ВМКБ хеле назаррас эхсос мешавад. Дар ин мухориба командири рота, лейтенанти калон А. Еуломхайдаров шучоату мардонагй нишон дод, ки он ба тамоми хайати рота бетаъсир буда наметавонист.Дар ин мухорибаи шадид зодагони вилоят В. Худоёров, Б. Додихудоев, Ф. Неъматов, Н. Зарипов, А. Сияев ва дигарон далерии намунавй нишон дода тавонистанд.

Тобистони соли 1942 беш аз 50 нафар чавонони дар Помир курси семохаи тайёрии харбй гузашта, ба Фронти Сталинград барои иштирок дар ин мухорибаи шадид фиристода шуданд. Онхо ба корнамоии хамярокон шарик шуда, дар ихотаву шикасти душман сахмгузорй доштанд.

Дар мухорибахои ^авкоз (июли 1942 - октябри 1943), Курск (5 июл -23 августи 1943), амалиётхои чангии Смоленск (7 август - 2 октябри 1943), Донбасс (13 август - 22 сентябри 1943), убури дарёи Днепр (сентябри 1943), Новороссийск (9 сентябр - 9 октябри 1943), озод намудани Киев (6 ноябри 1943) ва дигар шахрхои Украина (ноябри 1943 - январи 1944), Белорусия (августи 1944), Назди Балтика (охири 1944-ибтидои 1945) то аз душман пурра тоза намудани худуди Иттиходи Шуравй ва амалиётхо барои озод намудани Аврупои Шаркй ва Чднубй-Шаркд аз асорати фашизм фарзандони шучои Бадахшони Шуравй диловариву кахрамонй нишон додаанд[2]. Табиист, ки доир ба корнамоии хар кадоме аз онхо маълумоти нисбатан пурра овардан, тадкикоти махсусро такозо дорад. Аз ин ру, факат баъзе аз корнамоихои чанде аз намояндагони ВМКБ дар майдони набард алайхи фашистони истилогар ба ёд овардан ба максад мувофик аст.

Дар мухорибахои ^афкози Шимолй сурат гирифта, чанговар Ширин Одинаев-зодаи нохияи ^алъаихумб барои часорати намунавй ба мукофотхои каблиаш медали "Барои мудофиаи ^афкоз" илова гардид. Дар мухорибахои Орёл ва Курск, кахрамонии точикон хеле равшан ба назар мерасид. Махз барои корнамоии нихоят тахсинбахши Курск, ки гардиши халкунанда дар Чднги Бузурги Ватанй буда, комилан ба пешравии галабаовари Артиши Шуравй аз болои госибони фашистй асос гузошта буд, чанговарони точик Исмоил Дамзаалиев ва Додй Кенчаев ба гирифтани унвонии олии харбй - ^ахрамони Иттифоки Шуравй сазовор гардиданд. Ин барои бештар афзудани рухбаландиву часорати чанговарони точик такони чиддй бахшид.

Корнамоихои чангии 18 нафар собик сархадбонони Помир, соли 1942 дар хайати 400 нафараи Отряди сархадии Помир, ки ба ташкилёбии Дивизияи тирандозии осиёимиёнагй асос гузошта буд, дар ин майдони харб мисоли равшан буда метавонад. 18 нафар чанговарон пеши рохи отряди беш аз 200 нафараи ба хучум гузаштаи душманро гирифта тавонистанд. Дар ин задухурд беш аз 80 нафар душман ба халокат расонда шуд. То вопасин нафаси худ мавкеашонро хифз карда, хамлаи девонавори душманро шикаста тавонистанд. Командири взвод Гулмахмад Еуломшоев дар озод кардани шахрхои Болхов ва Орёл, хамдиёронии бадахшонии у К. Назаров, Б. Махмадов, Ч,. Дустамбаев, Р. Хушвактов ва дигарон, дар мухорибаи Курск бо корнамоихои бемислу монанди худ ва шучоату далерй сохибэхтироми хамярокон гардида буданд.

Фаъолияти шучоатмандонаи чангии фарзандони ВМКБ мисли И. Элназаров, Т. Неккадамов, Г. Айдарбеков, Д. Еарибшоев, Т. Шалонгаров, С. Назарбеков, Д. Еарибмамадов, Х. Еуломов, Н. Юсуфчонов, З. Баротов.

Д. Яшев, Б. Искандаров, О. Хусравов, Б. Ванчаков, С. Бандаалиев, Е. Ватаншоев, А. Зайдуллоев, А. Миргандов, К. Мамадамонов, А. Набиев, И. Салимшоев, Н. Азатшоев, А. С. Чаидбеков, А. Рахимчонов, М. Акназаров, М. Мамадбеков, С. Шокамолов, Б. Боймамадов, Ш. Бобошоев, А. Абдукаримов, А. Азизбеков, С. Саиднуриддинов, Г. Мирзодоятов ва бисёр дигарон дар озод кардани шахру дехоти Украина дар осори таърихии ин замони дахшатноки чанг абадан сабт гардидааст. Хдмчунин метавон аз мардонагии хамдиёрони онхо Б. Мухуддинов, Н. Мирзоев, Ч,. Чаваров, П. Нуров, Ш. Давлатов, Х. Бачонаев ва дигарон, дар озод намудани Белоруссия, Карамхудо Назаров, Мамадбек Замиров, Еазо Назаров ва дигарон чоннисорихо намудаанд, ёдовар шуд.

Хдмчунин метавон аз корнамоихои садхо нафар чанговарони далеру шучои вилоят дар озод кардани Аврупо аз вабои фашистй мисоли зиёде овард. Аз чумла, захмати ифтихорбахши К. Азимшоев, М. Ашурмамадов, С. Абдурахмонов, КДадамов,С.Миров, Ч,. Дустамбаев, Б. Шонуриддинов, П. Нуров, Д. Сафаров, Б. Ванчаков, М. Тошмухаммадов ва дигарон дар озод намудани Полша, З. Баротов, Ё. Ватаншоев, К. Кадамов, К. Мамадамонов, Э. Элназаров дар озод намудани Венгрия, Ч. Варваков, Р. Хушвактов, Ё. Ватаншоев, М. Тошмухаммадов, К. Курбонов, Е. Назаров, А. Каххоров ва дигарон х,арф зад, ки эшон далерию шучоат нишон дода, дар тоза кардани шахрхои Аврупо аз кадами нахсу хунолуди фашистон ба ордену медалхои чангй сарфароз гардидаанд.

Барои шучоату мардонагй дар мухорибахои дар худуди давлати чангафруз-Германия (Олмон) сурат гирифта, зодагони Боми чах,он О. Хусравов, К. Айдарбеков, Ш. Одинаев, Д. Ниёзов, М. Мамадисломов, С. Чангиев, И. Салимшоев, Б. Мухиддинов, Р. Чаъфариев, П. Шабонов, Б. Мухудинов, Н. Азатшоев, Б. Шонуриддинов ва дигарон бо ордену медалхо мукофотонида шудаанд. Чанде аз зумраи чунин далерони Помири Точикистон дар катори начотбахшони дунё аз товуни сиёхи фашистй, мисли М. Ашурмамадов, Ч. Дустамбаев, С. Милибеков, Д. Сафаров, Р. Хушвактов, Х. Тоштанбетов, Ф. Неъматов, Д. Яшев ва бисёри дигарон дар мухосираи лонаи фашистон-Берлин иштирок дошта, дар ишголи он сахмгузорй намудаанд. Аз руи маълумоти мавчуда, дар мухориба барои гирифтани Берлин 500 нафар чанговарони бадахшонй бевосита ширкат варзидаанд [3].

Чи тавре маълум аст, Еалабаи беназири Итиходи Шуравй дар Чанги Бузурги Ватанй, ки 9 майи соли 1945 дар Москва бо шукуху шахомати сатхи байналмилалй гузаронда шуда, шикасти бечуну чарои Германия фашистиро ба чахониён нишон дод, нигох накарда, Чанги чахонй хануз идома дошт. Иттифокчиёни ИЧШС аз муохидаи зиддигитлерй, ИМА ва Англия хануз бо иттифокчии Германия - Японияи миллитаристй дар холати чанг карор доштанд. Ин рохбарияти Итиходи Шуравиро водор месохт, ки ба ахди бо иттифокчиён дошта содик монда, 9 августи соли 1945 ба мукобили Япония ба хучум гузарад.

Даp амалиёти xаpбии зидди Япония (9 август - 2 сентябpи соли 1945) даp Mанчypия сypат гиpифта, даp xайати Фpонти Mоваpои Байкал (Забайкалия) Иттщоди Шypавй, ки аз соxили шаpкии даpёи Халхингол ба xyчyм гyзашта, даp Mанчypия, шаxpy деxоти кисмати шимолй-шаpкии Хитойpо аз аpтиши пypкyввати Квантyн озод намуд, зодагони Помиp иштиpок доштанд. Таслими бечуну чаpои Япония (2 сентябpи 1945) ба Чанги дуюми чаxон хотима бахшид. Даp мyxоpибаxои зидди аpтиши пypкyввати Япония чавонмаpдони шучои ВМКБ О. Хyсpавов, К. Айдаpбеков, С. Mиpов, Н. Азатшоев, Ч,. ^одиpов, М. Раxимов, Д. Шозодаэpонов иштиpок намуда, бо оpденy медалxо сазовоp гаpдидаанд.

Аз далелxои даp боло ишоpаёфта хулосае баpмеояд, ки фиpистодагони диёpи кyxсоpи Помиp аз ибтидо то анчоми Чанги Бyзypги Ватанй даp тамоми мyxоpибаxои мyдxиш маpдонавоp чони хyдpо даpеF надошта, манфиати давлати баpои xамаи чyмxypиxои Умумииттифокй мукаддас -ИЧШС-pо xифз намудаанд.

Маълумоти ба дастомада шаxодат баp онанд, ки даp солxои Чанги Бyзypги Ватанй аз ВМКБ ба сафи Аpтиши Шypавии даp чабxа амалкунанда 2033 нафаp сафаpбаp шуда будаанд. Кдоиб xазоp нафаp аз микдоpи умумии чанговаpони вилоят даp майдони набаpд маpдонавоp чангидаву ба шаxодат pасидаанд ва чанде бедаpак шуда, оpзyвy оpмони чавониpо бо худ бypдаанд. Беш аз 600 нафаp чанговаpони диёp, баpои шучоату далеpй ба оpденy медалxои чангй сазовоp гаpдидаанд [4].

Бояд кайд каpд, ки ба ин микдоpи ишоpаёфта зодагони даp он мавpид беpyн вилояти зиндагиву фаъолият дошта (аз чумла, ноxияи ^алъаихумб даp xайати вилояти Fаpм буд), воpид нагаpдидаанд. Аз pyи чунин xисоб нишондиxандаxо якинан бештаp меафзоянд. Шояд аз pyи xамин бошад, ки доиp ба ин масъала маълумоти дигаp низ оваpда шудаанд. Масалан, шyмоpаи даp чабxа кypбоншyдагон 1404 нафаp ва ба оpденy медалxои xаpбй соxибгаpдида зиёда аз 2 xазоp нафаp нишон дода шудаанд [5]. Ин таFЙиpоти фавки омоpиpо мyxаккикон бо назаpдошти ба xисоб гиpифтани шyмоpаи зодагони диёp, ки беpyн аз вилоят зиндагй ва коpy фаъолият доштаанд, воpид намудаанд [6].

Боиси таассуф аст, ки то имpyз шyмоpаи умумии фаpзандони даp набаpдxои Чанги Бyзypги Ватании солxои 1941-1945 аз ноxияxои ВМКБ шиpкат намудаву шучоату каxpамонй нишон дода, мутаассифона то имpyз дакик муайян нагаpдидааст. Кушиши даp баъзе таълифоти ба ноxияxои чудогона бахшида шуда [7] низ чавобгуи пyppавy амики ин масъала буда наметавонад. Аз х,исоби беш аз xазоp нафаpи аз чанг саломату чанде захмбаpдошта баpгаштавy чунин маpдонагиpо даp аpсаи меxнат низ нигоx дошта, даp pyшди иктисодиву ичтимой ва фаpxангии вилояту чyмxypй саxми назаppас гузоштаанд. Аз ин py, ба таpики намуна даp ин pyзxои тачлили чашни 75-солагии Fалабаи ифтихоpбахши халку миллатxои Иттиxоди Шypавй даp Чанги Бyзypги Ватанй алайxи Геpманияи фашистй ва давлатxои дyмpави даp тобеъияти он буда, аз хизмати баъзе

родмардони чабхахои чангу мехнат ёдовар шудан ба максад мувофик аст.

АДАБИЁТ

1. Ниг.: Бадахшони сурх. - 1941. - 24 июн.

2. Вторая мировая война. Краткая история. - М.: "Наука", 1984. - С. 140.

3. Доир ба ширкати фаъоли чанговарони Помир дар ин амалиётхои харбй, пурратар ниг.: Сечкина Л.П. Трудящиеся ГБАО в годы Великой Отечественной войны // Очерки по истории Советского Бадахшана. - Душанбе: "Ирфон", 1981. - С. 281308; Назаршоев Н.М. Горный Бадахшан в годы Великой Отечественной войны и послевоенный период // История Горно-Бадахшанской автономной области. - Т. II. - Душанбе: «Пайванд», 2005. - С.103-117.

4. Ниг. Аламшоев Онхо фаромуш нашудаанд. - Хоруг. 1995 - С. 98.

5. Сечкина Л.П. Трудящиеся ГБАО в годы Великой Отечественной войны. - С.295; Назаршоев Н.М. Горный Бадахшан в годы Великой Отечественной войны и послевоенный период. - С. 113.

6. Саидасанов Ю.Ш. ГБАО в годы Великой Отечественной войны (1941-1945 гг.). Дисс. На соиск. кандидата исторических наук. - Хорог, 2011. - С. 33-34

7. Ниг. ва мукоиса кунед: Аламшоев К. Они не забыты. - Хорог, 1995; Саидасанов Ю.Ш. ГБАО в годы Великой Отечественной войны (1941-1945 гг.). Дисс. На соиск. кандидата исторических наук. - Хорог, 2011. - С. 33-34.

8. Ниг.: Пирумшоев Д. Таърихи Дарвоз. - Душанбе: "Ирфон", 2008. С. 290-292.

СА^МИ СОКИНОНИ БАДАХШОНИ ШУРАВЙ ДАР ГАЛАБА БАР ФАШИСТОНИ ИСТИЛОГАР

Дар ма;ола перомуни на;ши сокинони ВМКБ дар галаба бар зидди фашизм сухан меравад. Муаллифи мавод дар асоси далелхо ;айд мекунад, ки фиристодагони диёри Кухдстони Бадахшон аз ибтидо то анчоми Чанги Бузурги Ватанй дар калонтарин мухорибахои ин чанг фаъолона иштирок намуда, дар озод намудани худуди Иттиходи Шуравй ва Аврупои Шар;й ва Чануби Шар;й корнамоихои зиёд нишон додаанд.

Маълумоти ба дастомада шаходат бар онанд, ки дар солхои Чанги Бузурги Ватанй аз ВМКБ ба сафи Артиши Шуравй дар чабха амалкунанда 2033 нафар сарбозон сафарбар шудаанд. Кариб хазор нафар аз микдори умумии чанговарони вилоят дар майдони набард мардонавор чангидаву ба шаходат расидаанд ва чанде бедарак шуда, орзуву ормони чавониро бо худ ба хок бурдаанд. Беш аз 600 нафар чанговарони диёр, барои шучоату далерй ба ордену медалхои бешумори чангй сазовор гардидаанд.

Калидвожахо: Иттифоци Шуравй, Кууистони Бадахшон, Цанги Бузурги Ватанй, Аврупои Шарцй, Артиши Шуравй, ВМКБ, мууориба, цанг, ацибгоу, майдони набард, галаба, корнамой, ордену медалхои цангй.

ВКЛАД НАСЕЛЕНИЯ СОВЕТСКОГО БАДАХШАНА В ПОБЕДУ НАД ФАШИЗМОМ

В статье освещается роль жителей ГБАО в победе над фашизмом. На основании свидетельств автор отмечает, что посланцы Горного Бадахшана с начала и до конца Великой Отечественной войны принимали участие в крупнейших сраже-

ниях этой войны и проявили героизм при освобождении временно оккупированных територий Советского Союза, Восточной и Юго-Восточной Европы.

Факты свидетельствуют о том, что во время Великой Отечественной войны из ГБАО было мобилизовано 2033 человека в ряды Советской Армии. Около тысячи из общего числа воинов региона отважно сражались на поле боя, были убиты и на какое-то время исчезли, унося с собой мечты и чаяния молодости. За отвагу более 600 воинов страны награждены боевыми орденами и медалями.

Ключевые слова: Советский Союз, Горный Бадахшан, Великая Отечественная война, Восточная Европа, Советская Армия, ГБАО, война, битва, отступление, поле битвы, победа, героизм, военные ордена и медали.

CONTRIBUTION OF THE POPULATION OF SOVIET BADAKHSHAN TO THE VICTORY OVER FASCISM

The article highlights the role of GBAO residents in the victory over fascism. Based on the testimonies, the author notes that the envoys of the mountain Badakh-shan from the beginning to the end of the Great Patriotic War took part in the largest battles of this war and showed heroism in the liberation of the Soviet Union, Eastern and Southeastern Europe.

Facts indicate that during the Great Patriotic War, 2033 people were mobilized from GBAO into the ranks of the Soviet Army. About a thousand of the total number of warriors in the region fought bravely on the battlefield, were killed and disappeared for a while, taking with them the dreams and aspirations of youth. For bravery, more than 600 soldiers of the country were awarded military orders and mdals.

Key words: Soviet Union, Gorno-Badakhshan, Great Patriotic War, Eastern Europe, Soviet Army, GBAO, war, battle, retreat, battlefield, victory, heroism, military orders and medals.

Сведения об авторе: Хайдаршо Пирумшо-доктор исторических наук, профессор, член-корреспондент Национальной академии наук Таджикистана, главный научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Телефон: (+992) 91914-87-36 E-mail: pirumshoev.44@mail.ru

Information about the author: Khaidarsho Pirumsho-Doctor of Historical Sciences, correspondent-member of the National Academy of Sciences of of Tajikistan, senior researcher of the Deapartment of Ancient, Medieval and New History of the A. Donish Institute of History, Archaeology and Ethnography of the National Academy of Sciences of Tajikistan Telephone: (+992) 919- 14-87-36, E-mail: pirumshoev.44@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.