Научная статья на тему 'ВАЗЪИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ АМОРАТИ БУХОРО ВА РУСИЯИ ПОДШОҲӢ (солҳои 20-50-уми асри XIX)'

ВАЗЪИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ АМОРАТИ БУХОРО ВА РУСИЯИ ПОДШОҲӢ (солҳои 20-50-уми асри XIX) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Аморати Бухоро / Русияи подшоҳӣ / муносибатҳои дипломатӣ / сафорат / амир Ҳайдар / амир Насрулло / Александри I / тиҷорат / Бухарский эмират / Царская Россия / дипломатические отношения / посольство / Амир Хайдар / Амир Насрулла / Александр I / торговля

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шарифов Ғайрат Зарипович

Дар мақола муносибатҳои дипломатии Аморати Бухоро ва империяи Русия дар нимаи аввали асри XIX, дар асоси манбаҳои муҳим омӯхта шудаанд. Сабабҳои авҷ гирифтани алоқаҳои дипломатӣ ва таваҷҷуҳи Русия ба Аморати Бухороро дар ин давра бо пурзуршавии муносибатҳои капиталисти дар Русия, таъсири дипломатӣ ва тиҷоратии Англия бо тавассути Афғонистон ва Ҳиндустон ва дигар равандҳо дидан мумкин аст. Қайд карда мешавад, ки сафоратҳои ҳар ду тараф дар ин давра вазифаҳои махсуси сиёсӣ ва иқктисодӣ доштанд. Нишон дода шудааст, ки дар натиҷаи якчанд сафар аз Русия ва Бухоро Осиёи Миёна, махсусан аморати Бухоро мавқеи муҳими стратегӣ барои давлатҳои абарқудрат ишғол кард. Вале, муаммоҳо дар муносибатҳои Русия ва Бухоро вуҷуд доштанд, ки дар мақола таҳлил шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ПОЛОЖЕНИЕ ДИПЛОМАТИЧЕСКИХ ОТНОШЕНИЙ МЕЖДУ БУХАРСКИМ ЭМИРАТОМ И ЦАРСКОЙ РОССИЕЙ (20-50-е гг. XIX в.)

В статье на основе важных источников исследуются дипломатические отношения между Бухарским эмиратом и Российской империей в первой половине XIX века. Причины активизации дипломатических отношений и интереса России к Бухарскому эмирату в этот период можно увидеть в усилении капиталистических отношений в России, дипломатическом и торговом влиянии Англии через Афганистан и Индию и в других процессах. Следует отметить, что перед посольствами обеих сторон в этот период стояли особые политические и экономические задачи. Таким образом, благодаря нескольким посольствам из России и Бухары, Средняя Азия, особенно Бухарский эмират, заняла важное стратегическое положение для сверхдержав. Однако в отношениях России и Бухары существовали проблемы, которые и анализируются в данной статье.

Текст научной работы на тему «ВАЗЪИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ АМОРАТИ БУХОРО ВА РУСИЯИ ПОДШОҲӢ (солҳои 20-50-уми асри XIX)»

ТДУ 93

DOI:10.51844-2077-4990-2023-4-26-33

ВАЗЪИ МУНОСИБА ТХ^ОИ ДИПЛОМАТИИ АМОРАТИ БУХОРО ВА РУСИЯИ ПОДШОХД (сощои 20-50-уми асри XIX) ПОЛОЖЕНИЕ ДИПЛОМАТИЧЕСКИХ ОТНОШЕНИЙ МЕЖДУ БУХАРСКИМ ЭМИРАТОМ И ЦАРСКОЙ РОССИЕЙ (20-50-е гг. XIX в.) DIPLOMATIC RELATIONS^ POSITION BETWEEN THE BUKHARA EMIRA TE AND TSARIST RUSSIA (20-50-s of the

XIX th century)

Шарифов Fайрат Зарипович, омузгори кафедраи таърихи умумии МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров"(Тоцикистон, Хуцанд)

Шарифов Гайрат Зарипович, преподаватель кафедры всеобщей истории ГОУ «ХГУ имени акад. Б. Гафурова»(Таджикистон, Худжанд)

Sharifov Ghayrat Zaripovich, lecturer of the department of general history studies under the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan.Khujand),E-mail:gsharipov-83@mail.ru

Вожщои калиди: Аморати Бухоро, Русияи подшоуи, муносибатуои дипломати, сафорат, амир Хайдар, амир Насрулло, Александри I, тицорат

Дар мацола муносибатуои дипломатии Аморати Бухоро ва империяи Русия дар нимаи аввали асри XIX, дар асоси манбауои мууим омухта шудаанд. Сабабуои авц гирифтани алоцауои дипломати ва таваццууи Русия ба Аморати Бухороро дар ин давра бо пурзуршавии муносибатуои капиталисти дар Русия, таъсири дипломати ва тицоратии Англия бо тавассути Афгонистон ва Хиндустон ва дигар равандуо дидан мумкин аст. К,айд карда мешавад, ки сафоратуои уар ду тараф дар ин давра вазифауои махсуси сиёси ва ицктисоди доштанд. Нишон дода шудааст, ки дар натицаи якчанд сафар аз Русия ва Бухоро Осиёи Миёна, махсусан аморати Бухоро мавцеи мууими стратеги барои давлатуои абарцудрат ишгол кард. Вале, муаммоуо дар муносибатуои Русия ва Бухоро вуцуд доштанд, ки дар мацола таулил шудаанд.

Ключевые слова: Бухарский эмират, Царская Россия, дипломатические отношения, посольство, Амир Хайдар, Амир Насрулла, Александр I, торговля

В статье на основе важных источников исследуются дипломатические отношения между Бухарским эмиратом и Российской империей в первой половине XIX века. Причины активизации дипломатических отношений и интереса России к Бухарскому эмирату в этот период можно увидеть в усилении капиталистических отношений в России, дипломатическом и торговом влиянии Англии через Афганистан и Индию и в других процессах. Следует отметить, что перед посольствами обеих сторон в этот период стояли особые политические и экономические задачи. Таким образом, благодаря нескольким посольствам из России и Бухары, Средняя Азия, особенно Бухарский эмират, заняла важное стратегическое положение для сверхдержав. Однако в отношениях России и Бухары существовали проблемы, которые и анализируются в данной статье.

Key words: Bukhara Emirate, Tsarist Russia, diplomatic relations, embassy, Amir Haydar, Amir Nasrullah, Alexander I, trade.

The article, based on important sources, examines the diplomatic relations between the Bukhara Emirate and the Russian Empire in the first half of the 19th century. The reasons for the intensification of diplomatic relations and Russia's interest in the Bukhara Emirate during this period can be seen in the strengthening of capitalist relations in Russia, the diplomatic and trade influence of England through Afghanistan and India, and other processes. It should be noted that the embassies of both sides faced special political and economic tasks during this period. Thus, thanks to several embassies from Russia and Bukhara, Central Asia, especially the Emirate of Bukhara, occupied an important strategic position for the superpowers. However, there were problems in relations between Russia and Bukhara, which are analyzed in this article.

То ибтидои аcри XIX (то соли 1820), баъди сафари дипломати англис, аввалин Сафири Мухтори Англия дар Русия Энтони Ч,енкинсон (солхои 1858-1859) дар давоми ;ариб 250 сол ба Бухоро сафирони хоричй ;ариб ташриф наовардаанд. Хдйъати сафоратхои хонигарихои Осиёи Миёна аз ибтидои солхои 20-уми асри XIX пайваста ба ;аламрави Русия фиристода мешаванд. Робитахо тавассути Астрахан, Оренбург ва Орску Семипалатинск ба рох монда мешуданд.

Чунончй, хайъати сафорати махсуси Бухоро соли 1825 бо рохбарии Бекназар Абдулкарим бо маншури амир Гайдар ва хадяхо ба Санкт-Петербург фиристода мешавад. Сафирон аз подшохи рус хохиш намуданд, ки бехатарии роххои тичоратиро таъмин намояд, зеро хонигарии

Хева ва кучманчиён корвонхоро талаву тороч намуда, ба савдогарон зарари калон мерасониданд. Сафирон хохиши амир Хайдарро оид ба Бухоро фиристодани хайаъти сафорати Русияи подшохй ба император расониданд. Инчунин, аз давлати рус хохиш намуданд, ки дар Бухор о мадр аса в а д ар Санкт-Петербург барои сафирони бухорой масчид бунёд кунанд.

Дар нимаи аввали асри XIX аз Петербург ба Бухорову Хева хайъати сафоратхои Русия подшохй фиристода мешаванд, ки хадафи асосии онхо ба рох мондани робитахои харбиву сиёсй, иктишоф (разведка) ва робитахои тичоратй буд.

Дар ибтидои асри XIX директори гумруки сархадй ва сардори округи гумрукии махаллии Оренбург П.Е. Величко якчоя бо губернатори Оренбург княз Г. С. Волконский лоихаи Ширкати Русоосиёии тичоратиро бо давлатхои Осиёи Миёна ва Хиндустонро созмон доданд. Ин ширкат мебоист ху;у;и монополиро дар тичорат бо Шар;, аз чумла фуруши охан ва мисро ба ихтиёри худ гирад. Вале ташкили корвони точирон ба Шар; тул мекашад[23,с.28-29].

Русияи подшохй бо ма;сади ба рох мондаи муносибатхои тичоратй, ва омузиши илмии аморати Бухоро хайати сафоратро тахти сарварии Александр Фёдорович Негри созмон медихад. А.Ф. Негри санаи 3 июли соли 1820 сарвари хайъати сафорат ба аморати Бухоро таъин мегардад. У забонхои туркй ва форсиро хеле хуб медонист. Соли 1818 А.Ф. Негри дар хайати сафорати Империяи Русия дар Техрон ба хайси машваратгари калон таъин шуда буд [7,с.186-188].

Ба хайати сафорати А.Ф. Негри супориш дода мешавад, ки дар бораи захирахои табии хонигарихои Осиёи Миёна, дар бораи хукуматдорони он, муносибати байнихамдигарии онхо, инчунин муносибатхои онхо бо Афгонистон, Эрон ва туркияи Усмонй, дар бораи имкониятхои киштирокй дар Амударё ва Сирдарё, эхтиёчоти ахолии Осиёи Миёна ба молу махсулоти Русия маълумот чамъ оваранд. Fайр аз ин ба рисолат (хайати сафорат)-и А.Ф. Негри супориш дода шуда буд, ки оид ба озод кардани асирони рус дар хонигарихо тадбирхо андешад. Хама ин вазифахоро як худи А.Ф. Негри ба сомон расонида наметавонист. Бинобар он, ки хукуматдорони рус ба хайъати ин сафорат табиатшинос доктор Х. Пандер ва Э.А. Эверсман, чугрофидон ва мутахассиси омор - полковник, барон Е. К. Мейендорф, инчунин афсарони Штаби генералй Г. Валховский ва Г. Тимофеев ва хизматчии Вазорати корхои хоричй Л. Яковлев, мухандисони корпуси алохидаи шуъбаи Оренбург подпоручикон К.М. Тафаев ва К. Д. Артюховро дохил намуданд. Хайати сафоратро корвони калони точирон низ хамрохй мекарданд. Хайати сафорат мохи октябри соли 1820 аз Оренбург бо корвони бузург, иборат аз 368 уштур ва 400 асп, тахти химояи 200 казаки рус, 20 пиёдагард, 25 бош;ирд ва 2 туп ба самти Бухоро рахсипор гашт. Корвон 20 декабри соли 1820 ба Бухоро ворид шуд. Сафорат то 10 марти соли 1821 дар Бухоро ;арор дошт ва бо хамон рох ба Русия баргашт [7,с.23].

А.Ф. Негри бевосита бо амир Хайдар ва ;ушбегй Мухаммад Хакимбий муло;от орост. Амир Хайдар ризоияти дод, ки дар робита бо Русия омаду рафти корвони точирони хар ду тараф чоннок карда шавад. Аммо умуман ба амир Хайдар А.Ф. Негри руи хуш надод ва талаб кард, ки ба зудй Бухороро тарк кунад.

Экспедитсияи дигари русхо зимистони соли 1824 аз Оренбург бо дастаи 625 - нафара бо ду туп ва корвони точирон ба самти Бухоро фиристода мешавад. Сарварии ин сафоратро полковник С.Ф.Сиалковский бар ухда дошт. Барои ташкили ин хайати сафирон ва точирон подшох Александри I 223,5 хазор рубл маблаг чудо карда буд. 3 ноябри соли 1824 корвони сафирону точирон аз ;алъаи Орск дар хайъати точирони Оренбургу Троитск дар 169 уштур ва аз 1 то 12 ноябр дар 690 уштури боркаш аз Троитск ба самти чануб равон гашт. Корвонро 250 сарбози пиёдагард ва хамин ;адар казакхои аспсавор, бо ду адад туп хамрохй карданд. Точир Е Кайдалов корвонбошй интихоб гашта буд [14,с.40]. Аммо дар рох хангоми убури Сирдарё корвони онхо дар ^изил;ум ба хамлаи хевагихо ва ;иргизхо (;азо;хо)дучор гашта, ба ;афо баргашт [22,с.46]. Хангоми бозгашт корвон наздик ду хазор уштур, 40 хазор чорвои майда, 2 хазор маркаби боркашонро талаф дод. Инчунин, аз хайати корвон се нафар кушта ва 16 нафар захмдор гаштанд.

Анчоми нобарори кори хайати сафорат дар Комитети Осиёй мавриди мухокимаи чиддй ;арор гирифт.

Бояд зикр кард, ки дар ин давр Бухоро барои тамоми Осиёи Миёна ну;таи тичоратй ва транзитии инти;оли молу махсулот ба шумор мерафт. Дар Бухоро калонтарин бозорхо амал мекарданд. Дар шахр кучахои болопуш - тимхо бо растахои фуруши махсулот (То;и Заргарон,

То;и Саррофон, То;и Телпакфурушон ва г.) фаъолият мебурданд. Хамасола молу махсулоти хоричй ба Бухоро тавассути 12-15 хазор уштури боркаш ворид мегашт [12,с. 103-105].

Робитахои тичоратй бо хонигарихои Осиёи Миёна барои Русияи подшохй ахаммияти мухим дошт.Т.С.Визго таъкид мекунад, ки ба Осиёи Миёна хамрохи корвонхои тичоратй хунармандон, табибон, меъморон низ рахсипор мегаштанд. Аксар ва;т точирони бухорой ба хайси сафир ба Русия фиристода мешуданд [5,с.42].

Мохи августи соли 1830 амир Насруллох сарфармондехи харбии худ Султон;улй Рахматбекро бо хайати 30 нафара, бо маншуру тухфахо ба Петербург мефиристад. Сафирон ба подшохи рус хабар доданд, ки амир Насруллох сиёсати падараш амир Хайдарро дар масъалаи муносибати дустона бо Русия идома медихад.

Бояд зикр намуд, ки амир Насруллох дар масъалаи сиёсати хоричй аз сарварони пешинаи аморати Бухоро ба куллй фар; мекард. У сиёсати кушодро бо Русия ва Англия, ки даъвои бартараф намудани самти и;тисодиро нисбат ба Осиёи Миёна доштанд, пеша кардааст.

Соли 1835 ба Бухоро хайати сафорати англисхо бо сарварии А. Бернс ташриф меорад. Ин сафорат дар ибтидои соли 1831 аз Хиндустон баромада, ба Лохур меояд, сипас тавассути Пешовар, Кобул, ;атрокухи Хинду;уш ва Бомиён то Балх мерасад. Аз ин чо тахти химояи туркманхо ба Бухоро омада, маълумоти зиёд гирд меорад. Бозгашти сафорати А. Бернс бо воситаи Машхад ва Техрон сурат гирифта, ба Бушах ва аз он чо бо воситаи бахр ба Бомбай расид [19,с.25].

Ташрифи сафири Англия ба Бухоро Русияи подшохиро ба ташвиш андохт. Чунончй генерал - губернатори Оренбург В.А. Перовский 17 августи соли 1833 ба директори шуъбаи Осиёи Вазорати корхои хоричии Русия К.К. Родофкин мактуб навишта иброз медорад, ки "Солхои охир савдогарони бритониёй бо хонигарихои Осиёи Миёна робитаи мунтазами тичоратиро ба рох монда истодаанд, ки дар натича Русия аз бозори фуруши махсулот махрум мегардад.

Британиягихо махсулоти худро тавассути Эрон бо воситаи ширкати тичоратие, ки дар Трапезунд (Туркия), яъне на он ;адар дур аз Хева ва Бухоро ;арор дорад, инти;ол медиханд"[15,с.135-137; 18,с.158]. Ба хар хол баъди омадани А. Бернс ба Бухоро, ба муддати кутох бошад хам робита бо Британияи Кабир бар;арор гашт.

Русия намехост, ки таъсири геосиёсии худро дар Осиёи Миёна аз даст дихад. Аз ин лихоз намояндагони харбии худро мунтазам ба Бухоро мефиристод. Русия кушиш мекард, дар рохбарияти Бухоро а;идаи душманона нисбат ба Британияи кабир пайдо шавад.

Бахри амалй намудани хамин ниятхо баъди сафари А. Бернс ба Бухоро профессори забонхои туркй ва форсии Институти забонхои шар;ии Санкт - Петербург, корманди маъмурияти губернияи Оренбург, поручик П.И. Демезон ташриф меорад. Губернатори Оренбург В.А. Перовский дар назди у вазифа гузошта буд, ки доир ба агентхои Британия дар Бухоро, вазъи харбии аморат, холати харбиву сиёсй ва муносибати аморат бо хамсоягонаш маълумот чамъ орад. У аз Оренбургу Орск охирхои соли 1833 бо хамрохии карвони точирон ба рох мебарояд. Азбаски П. Демезон забонхои махаллии Осиёи Миёнаро хеле хуб медонист, либоси мардуми Осиёи Миёнаро ба бар карда, худро хамчун муллои тотор бо номи Мирзо Ч,аъфар муаррифй мекунад. Аз ин лихоз сафари у бехавф анчом мепазирад. П. Демезон ба Бухоро мохи декабри соли 1834 омад ва дар ин чо то июли соли 1835 фаъолият бурд. П. Демезон расму оини равияи суннии исломро хуб медонист. Аз ин лихоз дар масчиду мадрасахо бахсхои шаръй бо муллохои Бухоро анчом медихад ва бо ин васила бо шахсони маъруф шиносой пайдо мекунад [18,с.26-27].

Ма;сади ташрифи П. Демезон мустахкам намудани мав;еи Русияи подшохй дар Осиёи Миёна, рушди тичорати тарафайн (Русия ва хонигарихои Осиёи Миёна), гирд овардани маълумот дар бораи хал;хо ва давлатхои Шар; махсуб меёфт. П. Демезон сабабхои бо душворй рушд кардани тичорат бо хонигарихои Осиёи Миёнаро муайян намуда, рочеъ ба дурнамои робитахои и;тисодй фикру мулохизахои худро баён кардааст.

Соли 1835 ба Бухоро намояндаи дигари русхо, прапоршики баталёни харбии Оренбург Я.В. Виткевич ташриф меорад. Хадафи у низ гирдоварии маълумот, шиносой бо фикри бухороихо бо дар бораи англисхо, чамъоварии маълумоти сахех дар бораи фаъолияти ширкати Ост-Индия, ма;сад ва вазифахои чосусони Британия дар кишвар, нарху навои махсулот ва г. махсуб меёфт [13,с.31]. Я. Виткевич дар хисоботи худ рочеъ ба тартиби ситонидани бочи гумрукй аз точирон дар хонигарихо, вазъи бозорхои Бухоро, масъалаи савдо (хариду фуруш)- и гуломон дар Бухоро маълумот медихад. У ба муносибатхои байнидавлатй дар Осиёи Миёна, инчунин таъсири тезутундшавии муносибатхои тичоратй эътибор додааст.

Я. Виткевич ба Кобул низ сафар мекунад ва бо амири Афгонистон Дустмухаммадхон в омехурад. Ин амали Я. Виткевич боиси ба амал омадани шуру гавго дар байни англисхо гардид. Англисхо (хукумати онхо дар Х^индустон ;арор дошт) аз наздикшавии Русия ба хонигарихои Осиёи Миёна дар хавф буданд. Гуфтушуниди муваффа;онаи Я.В.Виткевич дар Кобул бо фишори хукумати Британияи Кабир ;атъ мегардад. Бо ма;сади тезутунд нагаштани муносибат бо Англия хукумати Русия Я.В. Виткевичро аз Кобул бозхонд намуд ва шартномаи бо Афгонистон басташударо бекор кард.

Сафирони Русия ба ватанашон бидуни натичаи чиддй баргаштанд. Онхо танхо тавонистанд, маълумоти умумиро дар бораи аморат пешниход намоянд.

П. Демезон ва Я. Виткевич аз рохандозии робитахои сиёсии амири Бухоро бо англисхо харф зада, ;айд намудаанд, ки баъзе аз намояндагони Англия бахри чамъоварии маълумот дар бораи Русия дар Бухоро ичозат гирифтаанд.

Дар ин давр вазифахои хайатхои сафорати Русия ва Бухоро танхо ба рох мондани тичорат байни ду давлат буд. Мохи июли соли 1836 ;аровулбегии амир Насруллох Курбонбек Ашурбек дар хайати 15 нафар вакил бо маншур ба номи подшохи рус, хадяхо, мактуби ;ушбегй ба вазири корхои хоричй ва директори департаменти Осиё дар Орск, ва аз он чо ба Петербург фиристода шуд. Хдйати сафирони Бухоро подшохи русро доир ба вазъи робитахои тичоратии ду давлат, муносибати дустона ва сиёсй бохабар карданд ва инчунин ташвиши худро аз воридшавии намояндагони давлати Англия ба Осиёи Миёна иброз намуданд [2,^102].

Инчунин, дар он давр кушиш карда шуд, ки байни Бухорову Русия робитаи илмиву техникй ба рох монда шавад. Масалан, соли 1838 амир Насруллохон ба Русия сафири худ - намояндаи ;абилаи ;ир; Болта;улбек Чигатойбегиро мефиристад ва дар назди у вазифа мегузорад,ки аз хукумати Русия хохиш кунад, то ки ба Бухоро мутахассисони сохаи геологияро бахри омузиши захираи минералхо (тиллову сангхои ;имматбахо) фиристад [8,а7-8]. Ин хайат бо маншуру хадяхо ба номи императори рус Николайи I, мактуби ;ушбегй ба номи вазири корхои хоричии Русия К.В. Несселроде ва генерал-губернатори Оренбург В.А. Перовский, инчунин бо якчанд нафар асири озодшудаи рус ба Петербург омаданд.

Хукумати Русияи подшохй бо хохиши сафорати Бухоро ризоият дод, ки мохи апрели соли 1839 гурухи мутахассисонро бо сарварии мухандиси кухй, капитан Е.П. Ковалевский ба Осиёи Миёна фиристад. Амалан ин экспедитсия на танхо бо дархости аморати Бухоро фиристода мешавад, балки худи Русия мехост, ки робитаи тичоратиро бо аморати Бухоро мустахкам намояд, таъсири Русияро дар Осиёи Миёна боз хам пурзур кунад ва дахолати Британияро дар минта;а заиф гардонад.

Дар назди экспедитсия се вазифа гузошта мешавад: 1. Чдмъоварии маълумот доир ба боигарихои зеризаминй ва савдои сангхои ;имматбахо; 2. Чдмъоварии маълумот дар бораи тичорати берунаи аморати Бухоро; 3) Кам кардани бочи гумрукй барои савдогарони Русия, ташкил кардани консулгарии Русия дар Бухоро, аз гуломй озод кардани таба;ахои Русия дар Бухоро, чамъоварии маълумоти оморй ва топографй дар бораи аморати Бухоро ва давлатхои хамсоя [8,а26].Вале ин фаъолияти сафорат бо нокомй анчомид. Зеро, хукумати аморати Бухоро нагузошт, ки ба русхо маълумоти да;и; пешниход карда шаванд.

Дар ин миён Англия низ аз генерал-губернатори Ост-^индустон талаб мекунад, ки бахри пешгирй намудани наздикшавии Русияи подшохй ба Осиёи Миёна тадбирхо андешад. Дар охири соли 1838 ба Бухоро сафири англис полковник Чарлз Стоддарт фиристода мешавад. Баъди як сол ;уввахои харбии англис ба Афгонистон ворид мешаванд, ин кишварро забт мекунанд ва ба хонигарихои Осиёи Миёна хавфи чиддй эчод мекунанд.

Мохи июли соли 1840 ба Санкт-Петербург хайъати 39 нафараи сафорати амири Бухоро тахти сарварии Мулло Му;имбек Мухаммадсаид фиристода мешавад. Хдйъати сафорат 10 ноябри соли 1840 аз чониби подшохи рус пазирой гашт [8,а84]. Мулло Му;имбек Мухаммадсаид ба подшохи рус дар бораи хавфи ба Осиёи Миёна тахдид кардани англисхоро маълумот дод. Хохиш намуд, ки дар сурати ба Осиёи Миёна хучум кардани англисхо Русияи подшохй химояи хонигарихоро ба зиммаи худ гирад. Инчунин, ба подшохи рус хабар дода шуд, ки муносибат байни Хева ва Бухоро муташаннич гаштааст ва Оллох;улихон (хони Хева) барои талаву торочи шахру дехоти аморати Бухоро пайваста юришхои харбй ташкил мекунад. Аз Русия хохиш карда мешавад, ки дар ин масъала ба сифати миёнарав кумак намояд. Дар сурати набудани имконияти чазо додани хони Хева бо ;увваи харбй, ба амир ичозат дода шавад, ки ба

табодули асирон миёнарав гардад, барои рушди муносибатхои тичоратй ва дустона мусоидат намояд [14,с.28]. Сарвари сафорат Мулло Му;имбек Мухаммадсаид аз подшохи рус дархост намуд, ки барои точирони Бухоро дар ярмаркаи Нижегород 19 дукон чудо намояд. Аз подшохи Русия дархост карда шуд, ки ба Бухоро бахри омузиши канданихои фоиданок, пеш аз хама дарёфту истихрочи тилло, мутахассисон- мухандисони кухиро фиристад.

Чдвобан ба он соли 1841 сафорати Русия бо рохбарии мухандиси кухй, подполковник К. Бутенов ба Бухоро фиристода мешавад. Вазифаи ин сафорат ба ;авли М.М. Соловев "аз лихози и;тисодй ва сиёсй ба тобеияти Русия даровардани Бухоро" буд [20,с.14]. Ба хайати ин сафорат гайр аз ду нафар мухандис ва ду нафар хунарманди сохаи саноати кухй, шар;шинос Н. Хаников, табиатшинос А. Леман, топограф Я. Яковлев ва дигарон дохил буданд.

Намояндагони сафорати Русияро бо рохбарии К. Бутенов мохи октябри соли 1841 амир Насруллох ;абул мекунад. Аммо гуфтушунидхо ба пуррагй анчом наёфтанд. Амир Насруллох бинобар омодагй дидан ба юриши харбй ба му;обили хонигарии Ку;анд, ваколаташро ба ;ушбегй медихад. Гарчанде дар масъалаи кам кардани бочи гумрукй, озод кардани асирони рус, ба Русия инти;ол додани чосусони англис Ч.Стоддарт ва А.Канноли натичаи мусбат ба даст наомад, намояндагони сафорати К. Бутенов то андозае ба муваффа;иятхо ноил гаштанд. Маълумоти мухимми илмй чамъоварй гаштанд, ки баъдтар дар асархои Н. Хаников, А. Леман, А. Богословский ва худи К. Бутенов инъикос гаштанд [3,с.17-206; 4,с.137-148; 21,с.279 с.]. Аммо мутахассисони рус конхои калони тиллоро дарёфт карда натавонистанд [10,с.145]. Зеро амир Насруллох ба онхо барои омухтани хавзаи Амударё ва куххои Нурота ичозат надод. Хайати ин сафорат 8 апрели соли 1842 аз Бухоро баромада, ба самти Русия рахсипор гашт ва 9 июни хамон сол ба Оренбург ворид шуд [7,с.209-211].

Хайати сафоратхое, ки аз Бухоро ба Русия солхои 1848 ва баъдан соли 1856 фиристода шуданд, аз хукуматдорони Русия хохиш намуданд, ки бо ма;сади боз хам мустахкам намудани робитахои дустй намояндаи худро ба Бухоро фиристанд.

Сафорати аморатро дар соли 1848 Мирзохоча Хайрулло мирохур сарварй намуда, бо 20 нафар сафир ба истехкоми Райим (сохили бахри Арал) омаданд. Вале, дар натичаи ин сафар ягон хел шартнома ё созишномахо ба имзо нарасиданд.

Дар ин давр англисхо Хиндустони Fарбиро забт намуда, ба Афгонистон тахдид мекарданд. Инчунин чосусони англис ба Бухоро омада, амирро ба бар;арор намудани муносибатхои дипломатй, дар Бухоро таъсис додани консулгарии Англия, кандани робитахо бо Русия даъват мекарданд. Аз ин лихоз сафирони бухорой хукумати Русияи подшохиро аз ин холат хабардор намуда, дар холати ба Бухоро хамла кардани англисхо аз Русия ёрдам пурсиданд. Сафирон барои бартараф намудани баъзе нофахмихо байни Русия ва Бухоро музокирот анчом доданд. Русия даъват ба амал овард, ки робитахои хуби байнидавлатй ба рох монда шуда, зери химояи тарафайн гирифтани савдогаронро талаб кард [2,с.107].

Дар ин давр рушди сохаи саноат дар Русия талаб мекард, ки бозори фуруши махсулот ва манбаи ашёи хом васеъ гардад. Русия мехост, ки ин эхтиёчот аз хисоби худудхои чанубии мамлакат амалй гардад.

Русия кушиш намуд,ки муносибатро бо Бухоро хубтар ба рох монад, дар ин самт мархилаи навро огоз намояд. Русия наздикшавии худро бо хонигарихои Осиёи Миёна дар ташкили юришхои харбй медид. Ин буд,ки соли 1853 ;уввахои харбии русхо бо рохбарии К. Перовский ;алъаи О;мачитро ишгол намуд. Дар ин давр дар Русияи подшохй ивази вазири корхои хоричй сурат мегирад. Ба чои К. Несселроде соли 1856 А. Горчаков (яке аз дипломатхои машхури асри XIX) ба вазифаи вазири корхои хоричй сохиб мешавад. Ба вазифаи сарвари Департаменти Осиёй низ шахси нав - Е. Ковалевский таъин мегардад У тарафдори рушди робитахои сиёсй ва и;тисодии Русия бо Осиёи Миёна, аз чумла робитахои дипломатй буд.

Мохи ноябри соли 1857 ба Санкт-Петербург хайати сафорати аморати Бухоро тахти сарварии Муллочон Ашурчони мирохур ташриф овард. Ин хайат барои расонидани сугвории амир бинобар вафоти подшох Николайи I ва бо чулуси Александри II фиристода мешавад. Ба хайати сафорати Бухоро яке аз олимони номвар, файласуф, муаррих, табиб, шоир, хаттот, рассом Ахмади Дониш низ дохил мешуданд. [1,с.141; 6,с.449-451]. Хайъати сафорат аз подшохи рус дархост намуд,ки ба Бухоро бо ма;сади анчом додани муносибати дустона ва дипломатй хайъати сафиронро фиристад.

Маълум аст, ки дар ин давр худуди ;азо;хо пурра ба таркиби Русияи подшохй хамрох карда шуда буд ва Русия ба сархади хонигарихои Осиёи Миёна торафт наздик мегашт. Акнун, ки муносибатхои дипломатй муваффа;она давом мекарданд, халли масъалахои и;тисодиву сиёсй

осонтар мегашт. Русия имкони дастрас намудани маълумотро дар бораи аморати Бухоро харчи б ештар пайдо кард.

Солхои 40-уми асри XIX аллакай маълумот доир ба Бухоро ва хонигарихои хамсоя кухна гашта , талаботи хукумати Русияи подшохиро ;онеъ намекард. Дар айни хол робитахои тичоратй байни Русия ва хонигарихои Осиёи Миёна хуб ба рох монда шуда буд, зеро Русия чун анъана аз бозори Осиёи Миёна баромада наметавонист, мачбур буд, ки бо бочи гумрукии хеле гарон тичоратро ба рох монад. Дар ин ва;т Амударё ;исми мухимми манфиатхои и;тисодй ва сиёсии Русия ба шумор мерафт [13,а34]. Дар чунин шароит ба Бухоро фиристода шудани сафорати русхо хеле мухим арзёбй гардид. Зеро бо ин амал Русия метавонист мав;еи худро дар Осиёи Миёна мустахкам намояд. Ин холат сарива;т истифода гашт ва подшохи Русия Александри II соли 1858 бо сарварии полковник Н. Игнатев ба Хева ва Бухоро хайати дипломатхоро мефиристад [25]. Хдйати сафорати Н. Игнатев 15 майи соли 1858 аз Оренбург баромада, ба дашти ;азо;хо ворид мешавад. Аз он чо ба ;исмати гарбии бахри Арал гузашта, аввал ба Хева, сипас ба Бухоро ворид мегардад. Баъдтар дар ин бора Н. Игнатев [11] ва аъзои хайати дипломатй Н. Залесов, ва П. Назаров [9,с421-440; 17,^350-375] маълумот додаанд.

Хдйати дипломатии Н. Игнатев аз 190 нафар иборат буда, аз чумла ба таркиби он Е.Я. Килевейн (котиб), ходими дипломатй дар назди генерал -губернаторихои Оренбург ва Самара М.И. Галкин, афсари штаби генералй, штабс-капитан Н.Г. Залесов, топографхо Яковлев ва Зеленин, лейтенанти флот А.Ф. Можайский, астроном К. В. Струве, намояндаи Академияи илмхо, шар;шинос П.И. Лерх ва дигарон шомил буданд. Дар муддати тулонй дар робитаи дипломатии байни Русия ва Бухоро душвориву монеахо аз ;абили душворихо дар роххои тичоратй, зиёд будани бочи гумрукй, монеахо, дар ташкили тичорати озод, масъалахо вобаста ба асирон ва гуломони рус вучуд доштанд. Ма;сади фиристода шудани хайати сафорати рус бо рохбарии Н. Игнатев дар соли 1858 ба таври мусбат халлу фасл намудани хамин масъалахо ба шумор мерафт [11,е.9-10]. Чй тавре ки сарвари хайати дипломатй таъкид мекунад ин сафорат на танхо барои таъмини тичорати озод барои савдогарон ва шахрвандони рус, балки барои халли масъалахои и;тисодиву сиёсй ва харбй, инчунин бо ма;сади мустахкам намудани мав;еи Русия дар минта;а созмон дода шуда буд [11,^18,214]. Дар рафти гуфтушунидхои сехафтаина бо хонигарии Хева хайати сафорати Н. Игнатев ба натичаи мусбат ноил нагашт. Хосатан, дар масъалаи ичозат ба шино кардани киштихои тичоратии русхо дар Амударё ризоият ба даст наомад. Сипас, хайати сафорат ба самти Бухоро равон мегардад ва 22 сентябри соли 1858 вориди ин шахр мегардад. Хдйати сафоратро амир Насруллох хуш ;абул мекунад. Амир Насруллох ба русхо ваъда медихад, ки бочи гумрукиро барои савдогарони рус аз 10% ба 5% поён фарорад, ба точирони рус ичозат дода мешавад,ки дар кадом ва;т ва фасли сол хоханд, ба ;аламрави аморати Бухоро ворид шаванд. Инчунин амир ба киштихои тичоратии Русия ичозат медихад, ки бе мамониат дар Амударё шино кунанд. У расман эълон кард, ки дар сурати аз чониби хонигарии Хева эчод шудани мамоният дар ин масъала, омода аст якчоя бо Русия бар зидди онхо мубориза барад [11,^227-228]. Дар бораи натичахои кори хайати дипломатии рус Н. Залесов нигоштааст, ки: "Хдма шартхои мо аз чониби амир бо зудй ;абул гашт, бо амри у хама гуломони рус, ва хатто онхое, ки пештар мусулмониро ;абул кардаанд бо ахли оилаашон ба ихтиёри хайати сафорат супорида шуданд"[9,с.430]Дукумати Русия ваъда дод, ки дар сурати аз чониби амири Бухоро ичро гаштани хамаи шартхо, хохишу дархостхои амир дар мавриди ичозат додан ба савдои озоди савдогарони бухорой дар шахрхо ва ярмаркахои тичоратии Русия ва ба даст овардани якчанд ну;таи савдо дар ярмаркаи Нижегород ;онеъ гардонида мешаванд [16,с.123]. Инчунин бо талабу дархости сарвари хайати сафорати Русия Н. Игнатев 11 нафар рус аз асорат озод карда шуданд. Амир ваъда дод,ки минбаъд дар асорат нигах доштани русхоро манъ мекунад, ичозат медихад, ки ба Бухоро намояндаи мува;;атии хукумати подшохй таъин карда шавад. Хдати сафорати русхо тахти сарварии Н. Игнатев ба масъалаи сиёсати Британияи кабир дар Шар; низ таваччух намуданд. Сафир дар бораи бозихои пасипардагии Англия дар хонигарии Ку;анд, чангхо дар Эрону Хитой, исёнхои оммавй бар зидди англисхо дар ^индустон (шуриши сипохиён дар солхои 1857-1858) на;л кард.Баъди ба анчом расидани гуфтушунидхо сафорати Русия бо рохбарии Н. Игнатев мохи декабри соли 1858 ба Оренбург баргашт. Бо хамрохии ин хайат намояндаи амир Насруллох Начмиддинхоча Мухаммадамин хочй ту;сабо ба Русия омад. Бомуваффа;ият анчом ёфтани сафорати Н. Игнатев мав;еи Русияи подшохиро дар минта;аи Осиёи Миёна мустахкам намуд. Савдогарони

рус дар аморати Бухоро ба имтиёзхо сохиб шуданд, гуломону асирони рус ба озодй баромаданд, киштихои Русия дар Амударё ху;у;и озодона шино карданро пайдо карданд.

Аммо ин холат танхо дар давоми ду сол, то вафоти амир Насруллох (1860) риоя гаштанд. Писари Насруллох амир Музаффархон аз ичрои ухдадорихо даст кашид [24,c.16-18].

Умуман тахлили сарчашмахо нишон медиханд, ки Русияи подшохй бо рохандозии робитахои тичоративу дипломатй бо хонигарихои Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри XIX кушиш мекард, ки хачми андозу бочро дар Бухоро кам кунад, дар Бухоро марказхои тичоратй кушояд. Бухоро бошад талаб мекард, ки махдудиятхои тичоратй, ки ба зиммаи точирони бухорой дар Русия гузошта мешуд, бардошта шаванд. Мутаассифона, ин талабхо дар дурнамо ичро нагаштанд. Ба гайр аз ин, ба сафирони Русия озод кардани асирон -хамватанони худро талаб мекарданд, бахри муайян кардани конхои тилло дар ;аламрави аморати Бухоро чорахо меандешиданд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Ахмеджанов, Г.А. Российская империя в Центральной Азии/Г.А.Ахмеджанов.-Тошкент: Фан, 1995. -С.141. -360 с.

2. Баракаев, Ж. Бухоро тарихи (энг ;адимги даврдан улуг Октябр ин;илобигача)/ЙДайдаров, Ж.Баракаев. - Тошкент, 1991. -146 с.

3. Богословский 2-й. Записка о долине Зарафшана и горах ее окружающих// Горный журнал. -1842. Ч.2 Кн. 10. -С. 17-206

4. Бутенов, К. Минеральные богатства Бухарии/К.Бутенов// Горный журнал. -1842. -Ч.4. К.11. - С.137-148.

5. Вызго,Т.С.К вопросу о взаимосвязях узбекской и русской музыкальных культур в дореволюционный период/Т.С.Вызго/Юбщественные науки в Узбекистане.-1961.-№°4.-С.42-47.

6. Гафуров, Б. История таджикского народа в кратком изложении. С древнейших времен до Великой Октябрской социалистической революции 1917 г. Т.1. Изд. 3-е./Б.Гафуров.- М.: Наука, 1955. -544 с.

7. Гуломов, Х.Г. Дипломатические отношения государств Средней Азии с Россией в XVIII -первой половине XIX века/Х.Г.Гуломов. -Ташкент, 2005. -333 с.

8. Залесов, Н. Очерк дипломатических сношений России с Бухарою в 1836 г. по 1843 г./Н.Залесов// Военный сборник. -Т. 27. -1862.- С. 7-37.

9. Залесов, Н. Посольство в Хиву и Бухару полковника Н.Игнатьева в 1858 г./Н.Залесов // Русский вестник. -1871. -Т.91. -№2. -С.421 - 440.

10.Иванов, П.П. Очерки по истории Средней Азии (XVI-середина XIX в.)/П.П.Иванов. -М.: Изд-во вост. лит-ры, 1958.-245с .

11.Игнатьев, Н. Миссия в Хиву и Бухару в 1858 /Н. Игнатьев. -СПб: Б.И.,1897.- 278 с.

12.Исмаилова, Б. И. История Бухарского эмирата (вторая половина XVIII - середина XIX вв.)/Б.И.Исмаилова.-Худжанд, 2005. -296 с.

13.Исроилов, С.Ш. Об отношениях Бухарского эмирата с Российской империей при Насруллахане/С.Ш.Исроилов//Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Гуманитарные науки.2020.-№ 1 (62). -С. 30-37

14.Костецкий, В.А. Руссияне в Узбекистане/ В.А. Костецкий / Авт.-сост. В. А. Костетский; Ред кол.: С.И. Герасимова и др. - Ташкент.: Нихол, 2008. - 336 с.

15.Кушева, Е.Н. Среднеазиатский вопрос и русская буржуазия в 40-х годах XIX века/Е.Н.Кушева // Исторический сборник. -1934. -№ 3. -С. 135-137.

16.Мухаммаджонов, А.Р.Бухоро ва Хеванинг Русия билан муносабатлари/ А.Р.Мухаммаджонов, Т.Неъматов. -Тошкент: Фан, 1957. -320 с.

17.Назаров, П. Воспоминания о степном походе миссии флигель-адъютанта Игнатьева в ханства Хива и Бухару/П.Назаров // Военный сборник. -1864.-№4. -С. 350-375.

18.Неъматов,Т.Хева билан Русия уртасидаги муносабатлар/Т.Неъматов.-Тошкент:Фан,1957.-200 с.

19.Савельев, П.Бухара в 1835 году: С присоединением известий обо всех европейских путешественниках, посещавших этот город до 1835 года включительно. -СПб, 1836. -26 с.

20.Соловьев, М.М. Экспедиция в Бухару в 1841 - 1842 гг. при участии натуралиста А. Лемана/М.М.Соловьев. -М. - Л.: Наука, 1936. -120 с.

21.Ханыков, Н. Описание Бухарского ханства/Н.Ханыков. -СПб: Б.И., 1843.-279 с.

22.Шепелев, А. Очерк военных и дипломатических сношений России со Среднею Азиею /А.Шепелев//Материалы для истории Хивинского похода 1873 года. -Ташкент, 1873. -79 с.

23.Шкунов, В.Н. Торгово-экономические отношения Российской империи с сопредельными странами Востока во второй половине XVIII - первой половине XIX в.: автореф. дисс...докт.ист.наук: 07.00.02. -Саранск, 2009. -58 с.

24. Юдин, М.Л. Положение торговли с среднеазиатскими ханствами до занятия Туркестанского края/М.Л.Юдин//Труды Оренбургской ученой архивной комиссии. Вып.К. -Оренбург, 1902. -С. 1-50.

25.David Gillard. The Struqqle for Asia 1828-1914/ London? 1910. -p. 106-107.-600 p.

REFERENCES:

1. Akhmedzhanov G.A. Russian Empire in Central Asia. -Tashkent: Fan, 1995. -141-360 p.

2. Barakaev J. Haydarov Y. History of Bukhara (from the earliest times to the great October Revolution). - Tashkent, 1991. -146 p.

3. Bogoslovsky 2-nd. A note about the Zarafshan valley and the surrounding mountains // Mining Journal. -1842. Part 2 Book. 10. -17 - 206 p.

4. Butenov K. Mineral wealth of Bukhara // Mining Journal. -1842. -Part 4. B.11. - 137-148 p.

5. Vyzgo T.S. On the question of the relationship between Uzbek and Russian musical cultures in the pre-revolutionary period // Social Sciences in Uzbekistan. -1961. -№ 4.- 42 - 47 p.

6. Gafurov B. History of the Tajik people in brief. From ancient times to the Great October Socialist Revolution of 1917. Ch.1. Ed. 3rd. - M.: Nauka, 1955. -544 p.

7. Gulomov Kh.G. Diplomatic relations of the states of Central Asia with Russia in the 18th - first half of the 19-th centuries. - Tashkent, 2005. - 333 p.

8. Zalesov N. Essay on diplomatic relations between Russia and Bukhara in 1836 to 1843 // Military collection. -Ch. 27. -1862.- 7-37 p.

9. Zalesov N. Embassy to Khiva and Bukhara of Colonel N. Ignatiev in 1858 // Russian Bulletin. -1871. -Ch.91. -. 2. - 421 - 440 p.

10. Ivanov P.P. Essays on the history of Central Asia (XVI- mid - XIX centuries). - M.: Publishing house eastern. liters, 1958.-245 p.

11.Ignatiev N. Mission to Khiva and Bukhara in 1858... - St. Petersburg: B.I., 1897. - 278 p.

12.Ismailova B.I. History of the Bukhara Emirate (second half of the 18 th - mid-19 th centuries). -Khujand, 2005. -296 p.

13.Isroilov S.Sh. On the relations of the Bukhara Emirate with the Russian Empire under Nasrullakhan // Scientific notes of Khujand State University named after academician Bobojon Gafurov. Humanitarian sciences. 2020. -№. 1 (62). -30-37 p.

14.Kostetsky V.A. Russians in Uzbekistan/Auth.-comp. V. A. Kostetsky; Editorial team: S.I. Gerasimova and others -Tashkent: Nihol, 2008.-336 p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

15.Kusheva E.N. The Central Asian question and the Russian bourgeoisie in the 40s of the 19th century // Historical collection. -1934. №-3.-135-137 p.

16.Muhammadjanov A.R., Nematov T. Relations of Bukhara and Kheva with Russia. -Tashkent: Science, 1957. -320 p.

17.Nazarov P. Memories of the steppe campaign of the mission of Adjutant Ignatiev to the khanates of Khiva and Bukhara // Military collection. -1864.-№ 4. - 350-375 p.

18.Nematov T. Relations between Kheva and Russia. -Tashkent,: Science, 1957. -200 p.

19.Savelyev P. Bukhara in 1835: With the addition of news about all European travelers who visited

this city up to 1835 inclusive. - St. Petersburg, 1836. -26 p.

20.Soloviev M.M. Expedition to Bukhara in 1841 - 1842 with the participation of naturalist A. Lehman. -M. - L.: Nauka, 1936. -120 p.

21.Khanykov N. Description of the Bukhara Khanate. - St. Petersburg: B.I., 1843.-279 p.

22.Shepelev A. Essay on military and diplomatic relations between Russia and Central Asia // Materials for the history of the Khiva campaign of 1873. - Tashkent, 1873. - 79 p.

23.Shkunov V.N. Trade and economic relations of the Russian Empire with neighboring countries of the East in the second half of the 18th - first half of the 19th centuries. Author's abstract. diss...doctor of historical sciences: 07.00.02. -Saransk, 2009. -58 p.

24.Yudin M.L. The situation of trade with the Central Asian khanates before the occupation of the Turkestan region // Proceedings of the Orenburg Scientific Archival Commission. Issue IX. -Orenburg, 1902. -1-50 p.

25.David Gillard. The Struqqle for Asia 1828-1914/ London? 1910.-106-107- 600 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.