Научная статья на тему 'ОБ ПЕРВЫХ ИНИЦИАТИВА Х ПО ВОЗРОЖДЕНИЮ МЕЖГОСУДАРСТВЕННЫХ ОТНОШЕНИЙ СРЕДНЕАЗИАТСКИХ ХАНСТВ С ЦАРСКОЙ РОССИЕЙ (НА ОСНОВЕ ИСТОЧНИКОВ)'

ОБ ПЕРВЫХ ИНИЦИАТИВА Х ПО ВОЗРОЖДЕНИЮ МЕЖГОСУДАРСТВЕННЫХ ОТНОШЕНИЙ СРЕДНЕАЗИАТСКИХ ХАНСТВ С ЦАРСКОЙ РОССИЕЙ (НА ОСНОВЕ ИСТОЧНИКОВ) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
25
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КУПЕЧЕСТВО / ЭМИР / ХАН / РОССИЯ / СРЕДНЯЯ АЗИЯ / ФИНАНСИРОВАНИЕ / ЭКСПЕДИЦИЯ / ВОСТОК / ДИПЛОМАТИЯ / ЕВРОПА / ТОВАР / БУХАРА / ХЕВА / НИЖНЫЙ НОВГОРОД / ИСТОРИЧЕСКИЕ ИСТОЧНИКИ / ВЕРБЛЮД / КАПИТАЛ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Саидов Султон Махмадович

Международные отношения в XVIII-XIX вв., между азиатскими и европейскими государствами, нельзя привязать только к дипломатическим экспедициям, которые в этот период совершались чаще других веков. Наряду с дипломатическими контактами совершались также торговые экспедиции; именно большинство решаемые политико-дипломатические задачи, решались именно под прикрытием «торговли» или торговых караванов. Этот метод, был широко распространён и осуществлялась со стороны почти всех стран Востока и прикрывалось высокопоставленными чиновниками государства. Некоторых торговцев со стороны правительства озадачивали вести дипломатические дела, тщательно избирались умные, ловкие и знающие языка, историю и умеющих вести себя в остро-неординарных ситуациях личностей. Торгово-экономические отношение средноазиатских ханств с соседными государствами, особенно с Россией в далёкие времена находилась в режиме постоянного роста и об этом свидельствует творческий труд Абдулкасима Убайдуллах с прозвищем Ибн Хордадбех «Книга путей и стран» которая впервые оповестила о приходе европейских, русских торговцев в северный Хорасан.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

TRADE - ECONOMIC RELATIONS OF THE CENTRAL ASIAN KHANATES WITH RUSSION KINGDOOM(ACCORDING TO HISTORICAL SOURCES)

Politico-diplomatic and trade-economic relations of the Central Asian khanates with neighboring states in the XVII - XIX-centuries reach new heights and many historical sources we meet again those lstvuyut about what " Book of Ways and countries" Abdul to Osim Ubaydullo's with the nickname and BNHurdodbeg first alerted to the arrival of European, Russian traders in northern Khorasan, and the fact that together with the traders and started penetrating into Asia brawlers gangs and robberies.Different kind morodory and lovers of easy prey, which was accompanied by Russian traders coming through the river Volga in the Caspian Sea (Khazar) and further into the sea Aralskoe to Khiva or to the south to the northern provinces of Persia ns.International relations in the XVIII - XIX in to. between Central Asian and European young lion countries were in a state of formation. Mr. osudarstvennye relations can not be tied only to diplomatic expeditions that took place in these periods more often than other centuries. Along with diplomatic contacts, trade expeditions were also made; most of the political and diplomatic tasks to be solved were solved, precisely under the guise of merchants or trade caravans.

Текст научной работы на тему «ОБ ПЕРВЫХ ИНИЦИАТИВА Х ПО ВОЗРОЖДЕНИЮ МЕЖГОСУДАРСТВЕННЫХ ОТНОШЕНИЙ СРЕДНЕАЗИАТСКИХ ХАНСТВ С ЦАРСКОЙ РОССИЕЙ (НА ОСНОВЕ ИСТОЧНИКОВ)»

ТАШАББУСХОИНАХУСТИН ДАР ЭХЁИ САИДОВ Султон Ма^мадоеич, МУНОСИБАТХОИБАЙНИДАВЛАТИИ н.и.ф. дотсенти кафедраи фан%ои ХОНИГАРИХОИ ОСИЁИ МИЁНА цамъиятии Донишго%и давлатии БО РОССИЯИ ПОДШОХИ (БАР тицорати Тоцикистон (Тоцикистон, МАБНОИ САРЧАШМАХО) Душанбе)

ОБ ПЕРВЫХ ИНИЦИАТИВАХ САИДОВ Султон Махмадоеич,

ПО ВОЗРОЖДЕНИЮ к.ф.н., доцент кафедры общественных

МЕЖГОСУДАРСТВЕННЫХ наук Таджикского государственного

ОТНОШЕНИЙ СРЕДНЕАЗИАТСКИХ университета коммерции

ХАНСТВ С ЦАРСКОЙ РОССИЕЙ (Таджикистан, Душанбе) (НА ОСНОВЕ ИСТОЧНИКОВ)

TRADE - ECONOMIC SAIDOVSulton Makhmadovich,

RELATIONS OF THE CENTRAL candidate filological science, dotsent

ASIAN KHANATES WITH CG UT (Tajikistan, Dushanbe) RUSSION KINGDOOM(ACCORDING TO HISTORICAL SOURCES)

Вожа^ои калиди: сарчашма%о, робитаи %амгирой, славян%о, тоцирон, казащо сафирон, муносибат%о, Россия, Шарк, Осиёи Миёна, хощо, тицорат.

Нахустин сарчашма%ое, ки роцеъ ба робитаи %амгирой ва доду гирифти тицоратй миёни славян%о ва мардуми Осиёи Миёна накл мекунанд, асосан нигошта%ои нависанда%ои форс-тоцик ва араб мебошанд. Тибки нигошта%ои он%о тоцирони рус, ки метавон он%оро аввалин ма%аки асосй ва муаррификунандаи славян%о дар сарзамин%ои Шарк номид, навъ%ои гуногуни мол%ои нодир ва гаронба%ои исте%соли ватанашонро бо худ ба самти Шарк, хусусан ба шимолии Эрон ва Осиёи Марказй ба савдо мебурданд Он%о бори аввал ба замин%ои %осилхез ва аз ци%ати иктисодй бойи со%ил%ои ба%ри Хазар (Каспий) руй оварда, бе ицозати хокони Хазар, тавассути пойтахти хазари%о ш. Итил ба со%ил%ои Дон ва Волга ва аз онцо ба ба%р%ои Азов ва Сиё% сарозер мешаванд ва ро%баладони он%о тохту тозу горатгариуо %ам ба амал овардаанд.

Ключевые слова: купечество, эмир, хан, Россия, Средняя Азия, финансирование, экспедиция, Восток, дипломатия, Европа, товар, Бухара, Хева, Нижный Новгород, исторические источники, верблюд, капитал.

Международные отношения в XVIII-XIX вв., между азиатскими и европейскими государствами, нельзя привязать только к дипломатическим экспедициям, которые в этот период совершались чаще других веков. Наряду с дипломатическими контактами совершались также торговые экспедиции; именно большинство решаемые политико-дипломатические задачи, решались именно под прикрытием «торговли» или торговых караванов. Этот метод, был широко распространён и осуществлялась со стороны почти всех стран Востока и прикрывалось высокопоставленными чиновниками государства. Некоторых торговцев со стороны правительства озадачивали вести дипломатические дела, тщательно избирались умные, ловкие и знающие языка, историю и умеющих вести себя в остро-неординарных ситуациях личностей. Торгово-экономические отношение средноазиатских ханств с соседными государствами, особенно с Россией в далёкие времена находилась в режиме постоянного роста и об этом свидельствует творческий труд Абдулкасима Убайдуллах с прозвищем Ибн Хордадбех ««Книга путей и стран» которая впервые оповестила о приходе европейских, русских торговцев в северный Хорасан.

Key words: Russian, khanates , Central Asian, A.Shepelev, trader economic, relations, Western states, migration, diplomatic, XVII- XIX.

Politico-diplomatic and trade-economic relations of the Central Asian khanates with neighboring states in the XVII - XIX-centuries reach new heights and many historical sources we meet again those lstvuyut about what " Book of Ways and countries" Abdul to Osim Ubaydullo's with the nickname andBNHurdodbeg first alerted to the arrival of European, Russian traders in northern Khorasan, and the fact that together with the traders and started penetrating into Asia brawlers gangs and robberies.Different kind morodory and lovers of easy prey, which was accompanied by Russian traders coming through the river Volga in the Caspian Sea (Khazar) and further into the sea Aralskoe to Khiva or to the south to the northern provinces of Persia ns.International relations in the XVIII - XIX in to. between Central Asian and European young lion countries were in a state of

formation. Mr. osudarstvennye relations can not be tied only to diplomatic expeditions that took place in these periods more often than other centuries. Along with diplomatic contacts, trade expeditions were also made; most of the political and diplomatic tasks to be solved were solved, precisely under the guise of merchants or trade caravans.

Аввалин сарчашмае, ки рочеъ ба робитаи хамгирой ва доду гирифти тичоратй миёни славянхо ва мардуми Осиёи Миёна маълумот медихад, дар рисолаи нависандаи араб Абулкосими Убайдуллох, ки бо номи Ибни Хурдодбех маъруф аст, зикр ёфтааст [1, 165]. Дар ин хусус бисёре аз мухаккикин, аз чумла, А.А.Семенов, О.А.Сухарева, П.И.Неболсин ва дигарон дар осори худ зикр кардаанд. Инчунин, шаркшиноси барчаста В.В.Бартолд дар бораи пайванди таърихй доштани халкхои Осиёи Марказй бо халкхои славянй, хусусан русхо таъкид кардааст [1, 165]. Аз ин сарчашмахо маълум мегардад, ки точирони рус, ки метавон онхоро махаки асосй ва муаррификунандаи мардумони славянй ном бурд, навъхои гуногуни муинахои нодир ва гаронбахоро бо худ ба самти Шарк, хусусан ба шимолии Эрон ва Осиёи Марказй ба савдо мебурданд [10, 275] Рохи асосии харакати онхо тавассути об, яъне дарёи Волга ва бахри Каспий (собик Хазар) сурат мегирифт. Хркимони сулолаи Хазар (пойтахташ Итил) аз савдогарони рус хамеша боч меситонданд. Точирони славянй, бо мардумони гуногунмиллати сохилхои бахри Хазар ошной пайдо намуда, бо хамрохии рохбаладонашон охиста-охиста ба суи Шарки Дур харакат мекарданд ва нихоят бо ихтирои силоххои оташфишон ба рохзанихо, горатгарихо ва забткорихо шуруъ мекунанд. Аз сарчашмаи зикршуда бармеояд, ки славянхо, махсусан русхо, пеш аз он ки истикрори давлатй пайдо намоянд, яъне сохибдавлат шаванд, худро аз тарики тичорат, рохзанй, горатгарй, забткорй ва амсоли он ба халкхои Осиёи Миёна ва Шарки Дур муаррифй кардаанд [10, 49-68].

Дар резишгохи дарёи Волга, кисмати шимолии бахри Хазар асосан кавму кабилахои туркй, мисли огузхо, хазарихо, печенегхо, кавму кабилахои имрузаи Догистон ва дар чанубу шарки он кавмхои ориёй (эронй) аз кабили форсхо, осетинхо, толишхо ва гайрахо умр ба сар мебурданд. Мухаккикони осори таърихй, ходисаи кучиши тоифахои ориёии маскуни Осиёи Марказиро ба самти Эрон, сарзамини Аврупо ва самти чануб - кораи Х,инд, таъкид кардаанд [2, 44].

Хдракати аввалини русхо ба самти чанубии бахри Хазар ( шимоли Эрони имруза) тибки ахбори сарчашмахои форс-точик ба охирхои асри 1Х милодй рост омадааст. Таърихнигорони маъруфи асрхои миёна Ал Масъудй ва Ибн ал-Асир, рочеъ ба ду юриши русхо, ки дар нимаи аввали асри Х ба амал омадааст, накл мекунанд.Масъудй зикр мекунад, ки дар солхои 913-914 рохзанхои славянй, ки теъдодашон ба 50 хазор мерасид бори аввал ба заминхои хосилхез ва аз чихати иктисодй бойи сохилхои бахри Хазар (Каспий) хучум оварданд. Онхо аз хокони Хазар ичозат напурсида, тавассути пойтахти хазарихо ш. Итил ба сохилхои Дон ва Волга ва аз он чо ба бахрхои Азов ва Сиёх тохту тоз ба амал овардаанд.Сипас ба сохили Хазар, вилоятхои Боку, Табаристон ва Гелон ворид мешаванд [3, 30]. Аммо, аввалин сайёх ва чугрофишиноси араб Абу Исхок ал-Форизй ал-Истахрй, ки дар нимаи асри Х мелодй ба сарзамини Хоразм ташриф овардааст, дар бораи мавчуд будани теъдоди зиёди гуломони рус дар он чо иттилоъ медихад. Аз ин бармеояд, ки дар огози асрхои миёна, мардумони славянй барои халкхои Осиёи Миёна бештар хамчун мардикор ва хидматгор маъруфият доштанд.Чунин юриш ба самти чануб 30 сол пас, боз аз чониби русхо анчом гирифтааст. Аммо, ин маротиба онхоро кисмхои харбии форсхо шикаст медиханд. Мухаккик А.Шепелев сахван форсхоро озарбойчонй зикр мекунад. Ба акидаи мо, онхо хамон форсхои кисми шимолии бахри Хазар мебошанд, ки дар зери таъсири туркхо забони форсии худро бо яке аз забонхои туркии имруза-озарй иваз кардаанд [10, 2]. Мухаккик И. Срезневский дар тадкикоти хеш дар бораи тавассути точирон ба сарзамини Осиё воридшавии рохзанхо ва горатгарони рус ишора кардааст [8, 49-68 ] Тааччубовар он аст, ки дар забткорихое, ки минбаъд аз чониби русхо ба самти Осиёи Миёна сурат мегирад, асосан гуруххои алохидаи ба хукумати Рус иртибот надошта, мисли кисмхои мусаллах шудаи казакхои рус накши калон мегузоранд.

Бо забт шудани сарзамини Астрахан ва ^азон аз чониби русхо, хукуматдорони Осиёи Миёна аввалин маротиба сафирони худро ба кабули хукуматдорони давлати Москва, бахри дустй ва хамкорию дастгирии точирони хеш ирсол менамоянд. Аз навиштахои муаллифони асархои таърихй бармеояд, ки хокимони рус, нисбат ба кадру манзалати кишвари худ мерасидаанд ва хеле хам хисси баланди ватандустона доштаанд. Онхо ба сафирони хеш маслихатхо медоданд, ки хеч вакт обруи давлати худро дар хорич аз кишвар нарезонанд. Масалан, яке аз хонхои маъруфи давлати Шайбониён Абдуллохони 2 соли 1589 ба шохи рус Федор Иванович ифтихорнома мефиристад, аммо аз сабаби дар он ифтихорнома зикр наёфтани чумлахои хоси муайянкунандаи ба зоти олй тааллукдоштани шохи рус, ифтихорномаро на шох, балки яке аз кормандони хукумат

кабул ва чавоб ирсол мекунад [4, 56]. Вазифахое, ки дар назди сафирон гузошта мешуд, гайр аз баркарорсозй ва мусоидат намудан ба умури тичоратй, инчунин кофта ёфтан ва ба давлати худ баргардонидани асирон, гуломон, ки солхо кабл дар асорат умр ба сар мебурданд гайр аз ин, санчидан ва дакикакорона омухтани вазъи сиёсй, ичтимой, харбй ва иктисодии он давлатхо будааст.

Муносибатхои сиёсй-дипломатии Россия бо хонигарихои ОсиёиМиёна пас аз давраи давлатдории Шайбонихо, шуруъ аз соли 1620 бо икдоми шох Михаил Фёдорович ва фиристода шудани сафири у Хохлов Иван ба назди хони Ч,ониён Имомкулихон, суръати нав касб мекунад.

Соли 1669, хангоми хукуматдории Алексей Михайлович сафирон Иван Фёдотов ва Матвей Муромсев ба хонигарии Хива фиристода мешаванд. Дар номаи шохи Рус ба хони Хива зикр шуда буд, ки давлати Рус бо баркарор кардани робита бо Хивагихо, фоидаи зиёдро чашмдор нест. Бо истифода аз имкони фарохам омада, сафирон дар бозгашт 12 гуломи русро ба 828 рубл аз ин хонигарй харидорй намуда, бо худ ба ватанашон мебаранд [11, 12].

Вакту соате фаро расид, ки мардуми рус, хусусан хукмронони онхо муносиботи хамачонибаро бо сарзамини Х,инд пойдор карданй шуданд. Князи рус Ивани 1 аввалин ташаббускори баркарор кардани робита бо Х,инд буд. Дар солхои 1648-1651 шох Алексей Михайлович ба сарвари могулхои бузург Ч,ахонгир сафирони худро бо номи Никита Серёжикини точир ва чанде пас Василий Шоринро мефиристад. Аммо, Серёжкин ва хам Шорин дар мулки Форс аз чониби шох Аббоси II мавриди бозпурсй карор мегиранд ва ичозати давом додани сафарро нагирифта, ба ватани хеш бармегарданд [11, 283-285].

Соли 1669 тахти сарварии бародарон Борис ва Семён Пазухинхо чунин сафорат ба хонигарии Чрниён, ба кабули хон Абдулазиз ба Бухоро сурат мегирад. Сафирон номаи дустии шохи русро ба Абдулазизхон супорида, аз у хохони озод кардани асирон мешаванд. Хони Бухоро 22 нафар гуломони русро озод мекунад. Шохи рус Алексей аз ахбори аз Бухоро овардаи сафир Пазухин илхом гирифта, ин дафъа тавассути хонигарии Ч,ониён ба суи Х,инд сафорати дигареро омода мекунад. Ин маротиба сафоратро точири астраханй Мухаммад Юсуф ^осимов рохбарй мекунад [9, 37].

М.Ю. ^осимов бо хамрохии сафири дар Бухоро будаи русхо В. Даудов, ба воситаи Бухоро ба Балх, сипас ба Х,инд рох меёбанд ва дар он чо аз чониби афсарони могулхои Х,инд мавриди пурсучу карор мегиранд. Вазъи холро то ба шох Ч,ахонгир мерасонанд. У бошад сафирони русро пазируфтан намехохад ва изхор менамояд, ки «...давлатхои мо дар масофаи дур аз хамдигар карор доранд... русхо бошанд аз мулки мо гайр аз ба даст овардани боигарй, чизи дигареро намехоханд» Х,амин тавр, ^осимов аз Х,инд бебарор (агар харидорй кардани 40 нафар асирони русро ба назар нагирем) бармегардад [9, 286].

Дар соли 1675 сафир Даудов Василий аз Бухоро 35 нафар гуломи русро харидорй карда ба ватанашон мебарад [9, 283-285].

Рахкушоихо ва кушишхои баркарор кардани муносибатхои дипломатй ва тичоратии славянхо танхо бо хонигарихои Осиёи Миёна махдуд намегардид. Онхо дар фикри робита доштан бо Х,инд низ буданд, аммо, кушишхои аввалини онхо бенатича меанчомад.

Дар ин давр, хамзамон кушишхои хукуматдорони Англия барои рох ёфтан ба Х,инд огоз шуд. Аммо хонхои Осиёи Миёна хануз ба мухим будани равобити дипломативу тичоратии байни давлатхо сарфахм намерафтанд ва онро дарк намекарданд. Аз ин чост, ки акибмондагихои мардуми Шарки мусулмонй аз дигар давлатхо хануз садсолахо кабл назаррас буд.

Шепелев А. дар китоби худ мунсифона кайд мекунад, ки махз беахамиятй ва нодида гирифтани амирону хонхои Осиёи Миёна, англисхоро мачбур кардааст, ки аз Осиёи Миёна руй битобанд ва тавассути рохи бахрй худро ба сарватхои хангуфти сарзамини Х,инд расонанд. Масалан, сафире бо исми Ч,енкинсон, ки англис буд ва мехост тавассути хоки Россия ба Шарк сафар кунад, аз чониби маликаи рус Елизаветта ичозати сафар гирифт ва бо максади баркарорсозии робитахои гуногунсамти дучониба, нахуст дар Эрон, дар кабули шохи Форс Тахмоспи 1 ва хам дар Осиёи Миёна, аз чониби сарони он чо хуш пазируфта намешавад [11, 289]. Х,арчанд ки мухаккик Гаспар Друвил аз шохони дурандеш ва ботадбири форсхо будани Шох Тахмосп ёдоварй мекунад [7, 5]. Низоъхои мутадовими дохилии давлатхои Эрон ва Осиёи Миёна, хамеша сайёхон, дипломатхо ва точиронро метарсонд ва аз ин чо дур меандохт.Сарони давлатхои Гарбй бо назари хусни нияти нек хохони баркарории иуносибатхои байнидавлатй бо шоху хонхои Осиёи Миёна ва Эрон мешуданд. Мутаассифона, аз чониби шоху шохзодахои Шарк, чавоби конеъкунандае ба хамтоёни гарбиашон дода намешуд.Эшон аз гурури давлатдории хеш меболиданд ва касерову кишвареро эътироф намекарданд.Харчанд, сарони кишвархои бузурги Аврупой бо камоли эхтироми беандоза мехостанд бо давлатхои Шарки мусулмонй робитаи дустй

баркарор намоянд. Мисол, мyаррихи рус А. Шепелев дар асараш номаи маликаи Англия ба шохи Эронро (бо истифода аз асари «Asie Centrale»^ мyаррихи англис А. Гум6олдт), айнан меорад: «Ба суфии 6узург, императори форсхо, модхо, портхо ва гайрахо...Новобаста аз он ки миëни кишвархои мо бахрхо арзи вучуд доранд, замин ва табиати гуногуне, ки моро чудо нигох медоранд, хисси инсондустй ва хамдигарфахмй миëни халкхои мо ба вучуд хохад омад...» [11, 9]. А.Шепелев дуруст муайян кардааст, ки ба русхо дар хакикат гасби кисматхои шимолии Осдаи Миëна, на аз самти гарбии ин сарзамин, балки аз кисмати шимоли он тезтар ва бехтар амалй гаштааст. Дар ин забткорихо на куввахои харбии давлатй, балки куввахои худгардони казакхо бештар накши бузург доштанд, ки тобеи давлат набуда, озодона фаъолият мекарданд. Таърих гувохй медихад, ки бо гузашти солхо, асрхо, таърих шаходат медихад, ки амалкарди казакхои рус на танхо ба манфиати шахсии онхо, балки бештар ба манфиати давлати бузурги Pyс анчомидааст. Сарзаминхое, ки казакхо тасарруф карда буданд, имруз дар харитаи чугрофдай сиëсй бо номи вилоятхо ва чумхурихои мухтор дар хайати Pоссияи пахновар номгузорй шудаанд. Казакхои госиб одатан, бо забт кардани сарзаминхои нав, пеш аз хама барои буду бош, яъне зиндагонии хеш, истехкомхои муваккатии харбии худро эъмор мекарданд, ки минбаъд дар атрофи ин истехкомот шахракхо пайдо шудаанд. Дар огози забткорихо, казакхо ба даштхои беобу бдабонхои регзори Осиëи Миëна таваччух зохир намекарданд. Бо истилохи Шепелев, хамон вакте забткорихо авч мегиранд, ки казакхо ва савдогарони рус бо кучманч^ни кисматхои шимолии Осдаи Миëна даргир мешаванд ва чунин задухурдхо бо галабаи аввалихо анчом мепазиранд. Танхо пас аз ба сари кудрат омадани ГОтр Алексеевич дар сарзамини Pyс тагйироти чиддй дар хама сохахо ба назар мерасад. Оре, махз русхо сархадро ба руи кучманч^ни шаркй бастанд, ва рохи ба сарзамини давлатхои Fарб воридшавии онхоро гирифтанд. Яъне русхо буданд, ки садди рохи воридшавии кавму кабилахои кучманчии Шарк, хусусан Сибири шаркиро ба самти Аврупо гирифтанд. Дар минтакаи манфиатнок, яъне байни Fарбy Шарк чойгир будани давлати Pyсро шох ГОтр дарк намуда буд, аз ин чост, ки падидахои нахустини ташкил намудани империяи ояндаро махз у, Пëтр гузоштааст.Дар давраи хокимияти ГОтр кушишхои бо давлатхои феодалии Осдаи Миëна ва Х,индустон баркарор намудани робитахои дипломатй, иктисодй - тичоратй давом дода шудааст. У дар соли 1694 сафир, аниктараш точири рус Семëн Маленкоро ба чониби шохи Форс ва тавассути он ба самти Хинд, рохсипор карда, уро бо максади дидор бо хокими могулхои бузург ва баркарорсозии робитахои байнихамдигарй даъват мекунад. Маленко то ба Х,инд тавассути киштй худро мерасонад. Пас аз фурухтани молхои тичоратии хеш, аз хокими могули бузург хамчун тухфа ба шохи Pyс як филбачаро низ бо худ гирифта бо хдмон рох боз пас мегардад, аммо дар рох, дар соли 1699, дар Шамаха вафот мекунад [11, 12].

Шуруъ аз соли 17C дахолати Pоссия ба корхои с^сии давлатхои Осиëи Миëна ба тадрич зиëд мегардад. Тавсеаи дахолати русхо ба Осиëи Миëна, пас аз мурочиати хони Хева тавассути сафираш ба подшохи рус, дар хусуси кумак пурсидан бахри осуда сохтани вазъи сдасию иктисодии хонигарй, хатто хохиши омода будан ба кабул кардани тобеият ба русхоро пешниход мекунад. Чунки хони Хева Шохниëз, аз кудрати русхо ва ярокхои пешрафтаи онхо хабардор буд. Лозим ба ëдоварист, ки ихтирои яроки оташфишон, давлатхои Аврупо ва Pyсро дар хама нукоти олам, аз чумла дар Осдаи Миëна дастболо карда буд. Дар соли 17C3 хони нави Хева Мухаммадндаз сафири худро барои аз русхо кумак ва дастгирй ëфтан ба назди ГОтр мефиристад. Ин маротиба низ мурочиати Хевагихо «хушку холй» ë худсардона кабул мешавад, харчанд ГОтри бузург хохишро кабул намуда буд, аммо он барои бисëрихо дар хукумати рус бе тафовут меанчомад. Магрурии русхо дер намепояд. Пас аз нокомихои давлати Pyс аз туркхо ва шведихо дар бахри Азов ва бахри Сиëх, ГОтр ру ба бахри Каспий меорад, ки дар хамсоягии хонигарихои Осдаи Миëна карор дошт

[11, 13].

Дар соли 1713 ГОтр ба хавзаи бахри Хазар (Каспий) ва самти Сибир ду сафоратро мефиристад. Дар бораи макони зархез (яъне дорои захираи тилло будани Осдаи Мдана туркмани точир бо номи Хоча Нафас ба хукуматдорони рус хабар расонида буд. Дар хусуси дарëхои Аму ва Сир, ба бахри Арал рехтани онхо ва як замон, тавассути дарëе, пайваст будани бахри Хазар (Каспий) бо бахри Аралро низ гушрас мекунад [6, 62]. Дар хусуси пайваст будани бахри Арал бо бахри Каспий акидаи мухаккикон гуногун аст. Ба самти бахри Арал равон будани Амyдарëро муаррихи рус И. Севастянов низ дар китоби худ "Странички прошлого Туркмении.» - зикр мекунад [8, 132]. Тибки ахбори дастрпскардаи у, Амyдарë то асри ХVI на ба бахри Арал балки ба бахри Каспий мерехтааст. Аз сабаби камобй ва вокеахои номаълум, ин дарë самти худро дигар кардааст. Масалан, дар соли 1464 набарди Султон Х,усейн Мирзои Темурй дар наздикии ш. Урганч барои забти пойтахти Хоразмихо дар мавзеи ба карибй хушкшудаи дарëи Аму сурат гирифта будааст. Замони ба самти бахри Каспий равона будани оби Амyдарë, дар сохилхои он шахрхои

Огурча, Адак ва Вазир хам мавчуд будааст, ки бо дигар шудани самти дарё ин шахрхо хам нобуд шуданд [8, 132].

Аз хамон вакт шуруъ карда, шавку хаваси точирон ва корчаллонхои рус ба сарзамини Осиёи Миёна зиёд мегардад.Тибки навиштахои бисёр мухаккикини таърихи сиёсии хамин давр, барои даст ёфтан ба сарзамини зархези Осиёи Миёна аз хама бештар шохи рус Петри бузург саъю кушиш намудааст.Тибки иттилои Хоча Нафаси туркман, дар асрхои кабл, оби бахри Арал тавассути дарёе ба бахри Хазар (Каспий) чорй мешудааст. Аммо, хевагихо аз тарси горатгару рохзанхои обй (асосан славянхои шимолй), мачрои дарёро тавассути сохтани даргот, гуё дигар кардаанд. Дар натича дарёи пайвасткунандаи ду бахр- Арал ва Каспий хушк шуда, чои онро реги биёбон мепушонад, изхор медорад Хоча Нафас ва ба хокимони рус хабар медихад, ки туркманхои Мингкишлок омодаанд, ки дар пайдо кардан ва баркарор сохтани хати обии байни Каспий ва Арал кумак расонанд. Дар хамин вакт губернатори Сибир, княз Гагарин хам ба шохи рус Пётр Алексеевич дар хусуси зархез будани дарёи Аму, махсусан дар наздикии ш. Иркент (Ёрканди имруза) ва дар он чо хамасола чамъоварй кардани микдори зиёди тилло хабар медихад. Ин ахбори княз Гагаринро сафири хони хамонвактаи Хева, Х,очй Мухаммад Ашурбек тасдик мекунад. У соли 1714 ба кабули Пётр Алексеевич омада буд. Сафир ахбори Гагарин ва Хоча Нафаси туркманро тасдик менамояд ва иловатан аз шохи русхо хохиши хони Хеваро дар хусуси сохтани як шахрчаи харбй дар сохили бахри Хазар (Каспий) барои буду боши точирон баён мекунад, ки он баъдан сохта мешавад ва имрузхо бо номи Красноводск (Туркманбошй) машхур аст [11, 7].

Х,амаи маълумоти дар як муддати кутох ба даст омада, Пётрро барои харакат ба самти Осиёи Миёна ва Х,инд дилгарм сохта буд. У дар соли 1714 бо фармони аз 22 май содир намудааш, княз Гагаринро ба суи Ёрканд хидоят мекунад. Княз Гагарин ба сарварии экспедитсияи нав таъсисшуда, подполковник Бухголтсро тайин карда, бо теъдоди муайяни отряди харбй ба суи ш. Ёрканд мефиристад, аммо онхо дар рох ба мукобилияти сахти калмикхо дучор мешаванд ва аз чониби дигар ба касалихои гуногун гирифтор шуда,бозпас мегарданд.

Пётри 1 яке аз шахсони бовариноки худ, князи кабардинй Бекович Черкасскийро дар садри экспедитсияе ба самти хонигарии Хева хануз дар соли 1714 муваззаф карда буд. Максади асосии сафорати мазкур , муайян кардани маълумоти Х,очй Нафас ва княз Гагарин дар хусуси макони тилло доштани Ёрканд буд. Тавассути Астрахан, сафорати мазкур ба Гурйев, сипас тавассути шиноварй ба сохили шаркии бахри Каспий мерасанд. Бо фаро расидани хунукй Бекович-Черкасский ба зодгохи худ-Кавказ бармегардад. Дар соли 1715 бо супориши Пётр, Бекович-Черкасский ду нафар дворянхои худро бо исмхои Зеванский ва Фёдоров ба самти Ерканд, барои пайдо кардани «макони тилло»-мефиристад.Дворянхои зикршуда, хамрох ба Х,очй Нафас дар пайи чустучуи дарёи як вактхо хушкида мешаванд ва пайи онро пайдо карда наметавонанд. Мохи октябри соли 1715 Б.Черкасский ба назди Пётри 1 баргашта, харитаи муфассали чугрофиёи атрофи бахри Каспийро, ки аз чониби афсарони экспедитсия тархрезй шуда буд, тухфа мекунад. Б. Черкаский ба хулоса омада буд, ки он дарёе, ки бахри Аралро бо бахри Каспий мепайваст, дар гулугохи Балхаш ба бахри Каспий мерехтааст.Х,амин тавр, Пётри 1 маълумоти Б. Черкасскийро хуб мепазирад ва изхор медорад, ки харчи зудтар дар резишгохи собик дарёи гумномшуда, калъае бо шахрчаи харбй сохта шавад. У дар орзуи харчй зудтар пайдо кардани Ёрканд бо макони тиллодораш буд. Аз чониби дигар, ба сафорати дар пешистода, лозим меомад, ки хони Хеваро ба тобеияти Россия даъват намуда, барои у дар оянда панохгохи боваринок будани Россияро иттилоъ дихад ва дар ин самт бо ахли хонаводаи хон корхои сиёсй бурдан лозим буд. Пётри 1 хуб медонист, ки хаёти сиёсию иктисодй ва ичтимоии хонигрихои Осиёи Миёна дар холати харачу марач карор дошт. У мехост, ки дар хонигарихои Хева ва Бухоро доштани артиши муназзами русй ба фоидаи кор хохад буд. Бо мустахкам кардани нуфузи сиёсй ва харбй, Пётр орзуи таъсиррасонй ба Х,индро дошт. Аммо, муаррихони рус бо таассуф кайд менамоянд, ки агар он накшахое, ки Пётри 1 барои дар Осиёи Миёна мустакар шудани русхо кашида буд, барвакттар амалй мегардиданд, мумкин буд вазъи мардуми Осиёи Миёна хеле барвакттар дар холати бехтар карор мегирифт. Худи Петр эъзомияи бо тахти рохбарии Б. Черксский ирсол шударо «сулхомез» хонда буд ва ба Б.Черкасский супориш дода буд,ки бо халкхои махаллй муомилаи хуб дошта бошандМутаассифона,аз чониби хони нави Хева Шергозй, аъзои сафорати харбй тахти рохбарии Б. Черксский ба мукобилияти сахти харбии Хевагихо дучор мешаванд ва дар охир бо рохи фиреб кушта мешаванд (29 августи с.1717). Бо хамин, орзухои Пётри 1 амалй нашуда мемонад ва ба Осиёи Миёна рох ёфтани русхо ичро намешавад. Танхо бо гузашти беш аз 100 сол, дар солхои 30-40 асри Х1Х харакати наве бо максади пойдор ва баркарор кардани муносибатхои сиёсию дипломатй ва иктисодию тичоратй бо хонигарихои Осиёи Миёна аз чониби русхо огоз, мешавад, ки мархилаи наверо дар бар мегирад [5, 18]. Пас аз марги фочиавии Б. Черкасский, Пётри 1 аз амалй нашудани накшахояш ноумед

намешавад. Дар хамин айём, хони Бухоро Абулфайз сафири худро бо номи ^улибек ба Петербург мефиристад. Сафир Абулфайз сафорати русхоро ба Бухоро даъват мекунад ва Пётри 1 шахси олим ва шаркшинос Флорио Беневиниро ба Шарк рахсипор мекунад 18 июли соли 1818 сафорат ба сум Бухоро рох пеш мегирад. Сафорат бо чунин ахдоф: фахмидани он ки дар рох кадом шахрхо мавчуданд, дарёхо, иклим, вазъи харбй, хатто шумораи сарбозон, вазъи сиёсй, муносибати хонигарии Бухоро бо хамсоягон чй гуна аст ва гайра. Инчунин мебоист, ки хони Бухоро сафири Руссияро бо тантанаи зиёд нисбати дигар сафирхо кабул мекард. Гайр аз ин, сафир мебоист муайян намояд, ки хонигарии Бухоро бо Туркия дар кадом холат карор дорад. Оё ба хон кумаки харбии русхо зарур аст ё нест ва гайра. Беневинй бояд аник менамуд, ки дар сарзамини Бухоро оё тилло мавчуд аст? Агар конхои тилло бошанд, пас барои истихрочи онхо аз чониби русхо ичозат дода мешавад? Беневенй дар соли 1721 ба Бухоро мерасад. Уро фиристодаи хони Бухоро Кулибек хамрохй мекард. Дар рох, Беневени аз мулки Форс хам дидан мекунад. Уро дар Бухоро бо эхтироми хос кабул мекунанд. Х,арчанд, ки амнияти сафоратро хеч кас ба ухда нагирифта буд, Беневинй ба хар рох, аз хар чониб супоришхои зарурии чониби хукуматашро чамъоварй мекард [11, 22].

Дарёчаи Кулча, ки ба Амударё мерехт, гуё аз захираи тилло бой буд, инчунин дар Бадахшон мавчуд будани сангхои кимматнокро фахмида, барои худ кайд мекард. У хатто ба Пётр нома ирсол намуда, аз парокандагй ва чанчоли дохилидарборй дар Бухоро иттилоъ дод. У харчи зудтар тавассути Аму ва Сир фиристодани эъзомияро хохиш намуд. Х,олати Беневинй соли 1723 бо сабабхои гуногун дар Бухоро бад мешавад ва у ба Пётри 1 аз холи худ хабар медихад. Пётри 1 бо рохи махфй ба у маслихат медихад, ки харчй зудтар бояд худро ба сохилхои Каспий, ба яке аз истехкомхои харбии русхо расонад. Беневини 13 январи с.оли 725 ба Хева меояд. Пас аз мулокот бо хони Хева Шергозй, Беневинй аз максадхои сиёсй ва дипломатии хон нисбати русхо вокиф мешавад.Гап сари он буд, ки оё Шергозй пас аз вокеаи куштори отряди Бекович Черкасский, дар фикри баркарор кардани робитаи дустй бо Россия хаст ё не? То хол аз чониби русхо сафорате ба Хева наомада буд.Шергозй аз Бенавини хохиш мекунад, ки аз чониби хокими рус сафорат ба Хева ояд, ва танхо дар хамин сурат русхои дар асорат бударо рахой хохад кард. Ба хар хол, Беневини аз Хева 40 асири русро харидорй мекунад ва охири соли 1725 ба Астрахан меояд. Пётри I дар хамин вакт аллакай вафот карда буд ва ба чои у Екатеринаи I ба тахт нишаста буд. Аммо, чойнишинони Пётри I мисли у дурандеш ва кавиирода набуданд. Дар давраи хукмрони Екатеринаи I ва ворисони у муносибати тичоратй бо хонигарихои Осиёи Миёна хеле хам дар дарачаи паст карор дошт.[11,24] Албатта, накшахои кашидаи Петри 1 пас аз маргаш дар асрхои оянда амалй шуданд,лекин метавон хадс зад, ки ин ташаббусхои пас аз марги у амалишударо, кадамхои аввалини истеъморгарии Россия дар Осиёи Миёна хисобидан мумкин аст. Ба нокомй дучор шудани эъзомияи Б. Черкасский ва аз изхороти хон Шергозй ба сафир Ф.Беневини, моро водор мекунад ба хулоса оем, ки куштори аъзои сафорат, бесабаб набудааст. Дар вохурии хони Хева Шергозй бо Ф. Беневини хон таъкид менамояд, ки русхо бо нияти ишгол кардани Хева омада буданд, Б. Черкасский бошад, нияти хони Хева шуданро доштааст, аз ин ру онхо (хайати сафорати Б. Черкасский. С.С.) ба чунин чазо лоик шуданд. Аммо, дар сафоратхои пасин, то соли 1858, то сафорати полковник Н. Игнатев ба Бухоро, мо муътадилшавии вазъи сиёсиро миёни ду кишвар мушохида кардан мумкин нест [4, 5-23].

Добили зикр аст, ки хукуматдорони рус аз фочиаи дар Хева баамаломада рухафтода нашуданд. Онхо бо воситаи Сибир, ки макони зисти калмикхо буд, тавонистанд, ки то сарзамини киргизхо таъсир ва нуфузи харбию сиёсии худро гузоранд. Яъне, ба Осиёи Миёна на ба воситаи сохилхои бахри Каспий, балки аз шимол бо воситаи даштхои Сибир мехостанд ворид шаванд.

Дар соли 1726 Субхонкулй ном фиристодаи Хони Хева ба назди малика Екатеринаи I хозир мешавад ва номаи хони давлаташро, ки максади баркарорсозии муносиботи дустона ва тичоратро дошт, мерасонад. Чунонки А. Шепелев дар китобаш зикр мекунад, кушишхои бо мардуми Осиёи Миёна муносибат баркарор кардани русхо, асосан тавассути Сибири Гарбй, кисматхои паси Урал ва сохилхои дарёхои Иртиш ва Урал, ки макони сукунати киргиз-кайсакхо ва калмикхо буд, инчунин аз самти Оренбург, сурат гирифтааст. Лекин, хар як кушише, ки аз чониби хукуматдорони вакти Россия барои баркарор кардани муносибатхо бо хонигарихои Осиёи Миёна аз самти шимол сурат гирифитааст, сафоратхояшон, аз чониби калмикхо ва киргизхо хамеша мавриди хамла ва асоратгирихо шудааст [4, 28].

Кушишхои баркарорсозии муносибати русхо бо хонигарихои Осиёи Миёна дар давраи дар тахти шохй будани малика Анна Ивановна хам тагйири чиддй накардааст. Дар соли ба тахти Россия нишастани Анна Ивановна, хони Хева сафири худ Ёдгорро бо ифтихорномаи хеш ба ташрифи у ирсол менамояд. Дар соли 1736 сафорати дуввуми хевагихо ба хузури маликаи рус сурат мегирад. Сафири ирсолшуда ба Санкт-Петербург нарасида, дар Москва вафот мекунад. Максади

ин сафорат хам кушиши аз хукумати Россия гирифтани ичозати савдо барои точирони хевагй дар Астрахан ва истифодаи киштихои дар бахри Каспий будаи русхо буд. Анна Ивановна ба ном малика буд, лекин кори асосиро дар хукумати Россия ашрофзода Бирон мебурд. Ин шахси белаёкат натанхо бо хонигарихои Осиёи Миёна хохиши муносибат карданро надошт, балки кисматхои чанубу шаркии бахри Каспийро (имруза шимоли Эрон), ки Пётри Кабир бо мушкилихо ба даст оварда буд, ба онхо баргардонд. Сафоратхои бешумори точирони ба самти Осиёи Марказй фиристодаи русхо,чи тавре, ки зикр шуд, хамеша аз чониби киргиз-кайсакхо ва калмикхо горат карда мешуданд [5, 136]. То аз чониби русхо тасхир гардидани Аморати Бухоро ва хонигарихои Хева ва Хуканд, вазъи муносиботи байнидавлатии кишвархои зикршуда, номуайян ва мубхам бокй монд

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Бартольд В.В. История изучения Востока в Европе и в России. - Л., 1925. - 674 с.

2. Бестужев К. Р. Русская история, Ч.1. - СПб., 1872, - 275 с.

3. Гаркави А, Сказания мусульманских писателей о славянах и русских. Книга путей и государств Абулкасима Убайдуллаха. СПб., 1870, - 213 с.

4.Григорьев В. Русская политика въ отношении к Средней Азий //Сборн.госуд.знаний, Т.1., 1874 г.стр.183

5.Небольсин П.И. Очерки торговли России съ Средней Азией. // Ход ташкентских и хивинских караванов. - М., 1865, -321с.

6. Соловьев С. История Росии с древнейших времен. Т. III и V. СПб., 1857. -289 с.

7.Семёнов А.А. Очерк устройства Центрального административного управления Бухарского ханства позднейшего времени // Труды АН Тадж. ССР. Т.26, - Сталинабад, 1954. -106 с.

8.Севастянов И. Странички прошлого Туркмении сопредельных с нею стран. - Ашхабад, 1929. -301с.

9. Срезневский И.И. Следы древнего знакомства русских с Южною Азиею в IX- век // Вестник

имп.Рус. геогр.общ. Т.Х,отд.11.

10. Ханыков Я. Пояснительная записка къ карте Аральского моря и Хивинского ханства. // Зап. имп.русск.геогр.общ. Кн.У., 1851. -370 с.

11. Шепелев А. Очеркъ военных и дипломатическихъ сношении России съ Среднею Азиею // Материалы для истории Хивинского похода 1873 года. Ч.1. - Ташкент,1879. -346 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.