-муаррих-историк-historian-
ТАЪРИХНИГОРЙ ВА МАЪХАЗШИНОСЙ - ИСТОРИОГРАФИЯ И
ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ - HISTORIOGRAPHY AND SOURCE STUDY
-1
УДК - 9(47:575)
ИНЪИКОСИ ЛАШКАРКАШИИ РОССИЯ БА АМОРАТИ БУХОРО ДАР «ТУХ,ФАИ ШО^Й»-И МИРЗО АБДУЛАЗИМИ СОМЙ
УБАЙДУЛЛО Н. К. , АБДУЛЗОДА З. Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Таваччухи Россия ба Осиёи Миёна хануз дар чоряки якуми асри XVII огоз ёфта бошад хам, давраи болоравии он, ки бо истилои худуди он ва тобеъ сохтани давлатхои минтака анчом пазируфт ба асри XIX рост меояд. Осиёи Миёна баробари Россия диккати давлатхои дигари пуриктидор ва дорои мустамликахои бешумор, пеш аз хама империяи Бритониёи Кабир, Туркияи усмонй ва Эрони шохиро низ ба худ чалб менамуд. Ин давлатхо низ аз ибтидои асри XVII ба Осиёи Миёна зери пардаи экспедитсия, тичорат, сайёхй хар гуна чосусону сафирон ва мубаллигони худро мефиристоданд.
Барои донистани роххои рафтуомад онхо бештар аз зоирони Осиёи Миёна маълумот мегирифтанд. Аммо назар ба ин давлатхо барои ба даст овардани Осиёи Миёна Россия бештар манфиатдор ва фаъолтар буд. Зеро Осиёи Миёна сарзамини бой ва дорои сарватхои зиёди зеризаминй буд ва мавкеи стратегии мусоиди он, ки аз ин чо ба Х,индустон, Чин ва дигар мамлакатхо роххои тичоратии хуб вучуд дошт, бештар диккати Россияро ба худ мекашид.
Аз тарафи дигар Россия бо ба даст овардани ин минтака ба сархади мус-тамликахои харифи доимии худ Англия наздик мешуд ва бо ин рох метавонист нуфузи худро дар минтака боз хам баландтар бардорад. Таваччухи точирон, сармоядорон, арбобони сиёсии рус низ дар ба даст овардани Осиёи Миёна хамчун манбаи арзони ашёи хом ва бозори мусоиди фуруши молхои саноатии рус сол то сол зиёдтар мегардид.
Дар ибтидо хама гуна кушишхои Россия барои бо рохи дипломатй ба даст овардани минтака натичаи дилхох надоданд. Барои хамин солхои 1843-1858 Хукумати подшохии рус аз ташкил ва фиристодани сафорат ба давлатхои минтака даст кашида, бештар ба сохтмон ва мустахкамкунии нуктахои гуногуни истехкомй машгул гардид [8,402-469].
Вале дар ин байн, махсусан дар давраи хукмронии амир Насруллохи мангит муносибати Россия бо аморати Бухоро то андозае хусусияти ором ва дипломатиро пайдо намуда буд. Соли 1820 ба Бухоро сафорати дипломатй бо иштироки афсарони штаби генералй, аз зумраи табиатшинос Эверсман ва Пандор тах,ти рохбарии Негрй сурат гирифт. Соли 1834 ховаршинос Демезон аз Оренбург ва соли 1835 чосуси сиёсй Виткевич бо максади озод кардани асирони рус ба Бухоро сафар намуда буданд [6].
Соли 1841 хангоме, ки дастаи пешгарди англисхо дар чанг бо ÄфFOнистон, ба сохили чапи Äмyдарё, ба худуди аморати Бухоро наздик мешавад, аз Россия бо даъвати амири Бухоро намояндагони илмй-сиёсй дар хайати мухандиси кухй Бутенов, шаркшинос Хаников, табиатшинос Леман фиристода шуданд. Ин хайат бо номи экспедитсияи соли 1841 маълум аст, ки дар чодаи сиёсат ба натичаи назаррас ноил нагардид, вале аъзои он аз худ осори арзишманди таъ-рихй, табий ва чyFрофй бокй гузоштанд, ки то хол ахаммияти илмии худро гум накардааст [1- 2, 15].
Русхо дар замони амир Насруллох то сохили Сирдарё омаданд, ончоро обод карда, асбобу аслиха чамъ намуданд ва то амир Насруллох зинда буд, аз Сирдарё нагузаштанд. Муаллифи «Тухфаи шохй» Мирзо Абдyлазими Сомй, ки худ шохиди вокеа ва солноманигори дарбори амирони ма^ит буд, харакати русхоро ба минтака ба таври муфассал, аз чумла дар фаслхои алохидаи «Баёни зухури фитнаи насоро ба диёри ислом ва Fалаба ва тасаллути эшон», «Тахрики маводи дустии насоро ва элчй фиристодани губурнотур ба чаноби олихазрат амиралмуъминин дар Бухоро ва хабс шудани элчии y», «Баёни ходисаи Fазои МайдаюлFyн ва вокеаи шикасти лашкари ислом аз Fайри чанг ба иродаи кодири бечун», «Омадани лашкари насоро дар болои вилояти Ч,иззах ва мухосара намудани он ва гирифтани калъаи мазкур ва шаходати муслимини бисёр ба иродаи кирдигор», «ОFOЗи мухосараи Ч,иззах ва шикастани лашкари насоро он калъаи бемонандро ба зарби туп ва Fалабаи насоро ва гирифтани он мулк...», «Омадани губурнотур бо лашкари насоро дар болои Самарканд ва зухури фитнаи муллоёни Fазоталаб ва катли эшон дар мадрасаи Тиллокор», «Омадани лашкари насоро дар болои Самарканд ва гирифтани он мулкро аз Fайри чанг», «Лашкар кашидани насоро ба тарафи вилояти КаттакyрFOн ва Панчшанбе ва тасхири он ба иродаи маннон» ва амсоли инхо [10, 230-289] тасвир намудааст.
Сомй пеш аз хама,таъкид менамояд, ки муносибат «дар айёми давлати он подшохи точдор (яъне амир Насруллох - У.Н., Ä.3.) аз тарафи Россия элчй омада, изхори мехру дустй кард. Амир сафирро чанд рузе мехмондорй намуда, аз чониби худ низ сафире ба y хамрох фиристод» [9,166а].
Тибки нигоштаи Сомй, дар давраи хукмронии амир Насруллох ба Бухоро ворид шудани Fайримyсалмон манъ ва аз Бухоро ба Россия танхо ба шумораи махдуди савдогарон рафтан ичозат буд. Äз Россия сафорате барои изхори дустй ба Бухоро фиристода мешавад. Х,айати сафорат хеле хуб пазирой шуд, ки ин муаллифро ба хайрат гузоштааст, чун он замон аз Fайри дин касе чуръати ворид шудан ба Бухороро надошт, чун пеш аз ин англисе, ки худсарона ба кишвар омад буд, ба катл расонида шуд. Дар чавоб амир Насруллох сафорате бо рохбарии Муллочон мирохур бо хадоёи зиёде, ки ба он ду фил низ дохил буд, ба Россия равон мекунад. Даврони хукумати Насруллохро чамъбаст карда, Сомй кайд мекунад, ки дар ин давра «Бухоро аз русхо танхо улфату мехрубонихо дидааст» [9, 166б].
Дар таквияти навиштахои Сомй Äхмад Махдуми Дониш овардааст, ки хан-гоме амир Насруллох ва баъзан амир Музаффар ба забту Fорат ва катли
мардуми Х,исори Шодмон, Кухистон, Хева ва Фаргона, Шахрисабз, Китоб, Уротеппаву Хучанд, Зомин, Ч,иззах, Бухорои Шаркй ва дигар вилояту махалхо машгул буд, «Россия аз дарёи Сир тачовуз нанамуда, сохилхои Сирро обод мекард ва кургон дуруст карда, асбобу аслиха чамъ менамуд» [5, 22].
Дар хамин вазъият хам Россия ба кудрату кувваи харбии чангии амир Музаффар боварии калон дошт, чунки дар даврони хукмронии амир Насруллох амирро (Насруллохро - У. Н., А. З.) ба хамаи «хуккому валоти диёри Туркистон кохири голиб медонист ва риояти уро медошт» [5, 22].
Мирзо Абдулазими Сомй дар «Тухфаи шохй»-и худ асосан рафти истилои Осиёи Миёна, чанги русу Бухоро, вазъи сиёсии Хуканд дар арафаи истилои русхо, хучуми кушунхои рус ба Тошканд ва Хучанд, мухорибаи Ч,иззах ва чанги Эрчар, хаводиси Самарканд ва шартномаи Зирабулокро ба таври хеле муффассал тасвир намудааст.
Пеш аз зикри хаводис Сомй мучмалан дар бораи таърихи рус менависад, ки он аз маълумоти сарех надоштани муаллиф доир ба таърихи Россия гувохй медихад. Аз чумла, Сомй менависад, ки то соли 1214/1799-1800 «насронихои Москва» зери хокимияти хонхои ^рим карор доштанд [9,186б]. Муаллиф дар санаи руйдод ва исми шахсиятхои таърихй низ ба хатоихои дагал рох додааст [9, 188а; 12, 29; 3, 27].
Баъд аз чанги ^рим Хукумати подшохй комат рост карда, барои истилои Осиёи Миёна омодагй мегирифт. Солхои 1862 - 1863 низомиёни рус амалиёти чосусй гузаронида, якчанд истехкомхоро забт намуданд. Мохи сентябри соли 1864 лашкари рус дар ду фронт - аз тарафи Оренбург ва Авлиёато тахти фар-мондехии генерал М. Г. Черняев ба хучуми катъй гузашта, Чимкентро ишгол намуд ва ба суйи Тошканд равона шуд. Вале, низомиёни рус шикаст хурда, ба тарафи Чимкент акиб нишаста, бахори соли 1865 аз нав ба хучум гузашта, калъаи Ниёзбекро ишгол карданд [16, 19;11,140]. Онхо дар сохили дарёи Чирчик истехком пайдо карда, пеши нахри Тошкандро бастанд ва шахрро беоб монда, мухосира карданд. Пас аз ду хучуми катъй 17 майи соли 1865 Тошканд ба дасти лашкари рус гузашт.
Вазъи хонии Хукандро пеш аз вуруди низомиёни рус тасвир карда, муал-лифи «Тухфаи шохй» хабар медихад, ки ахолии Хуканд дар он давра аз зулму ситами Худоёрхон ба дод омада, бар зидди у бархестанд. Худоёрхон мачбур шуд ба Бухоро панох бибарад. Русхо аз ин фурсат истифода бурда, соли 1288/1871-1872 Авлиёаторо ишгол карданд. Сокинони шахр мукобилият ни-шон надоданд ва Авлиёато бе мухориба ба дасти лашкари рус афтод [9,189а]. Аммо ин навиштаи Сомй ба вокеият наздик нест, зеро тибки тахкикоти илмй полковник М.Г.Черняев бо лашкари 2500 нафара ва 22 туп хануз соли 1864 ба Авлиёато хучум намуда, баъди задухурди дусоата онро ишгол намуд [11,140].
Дар хусуси галабаву истилои Тошканд, муаллифи асари мавриди тахкик менигорад, ки ахолии Тошканд барои ёрдам ва имдод ба амири Бухоро низ мурочиат карданд. Амир доир ба ин масъала шуро даъват намуда, карор кард, ки аввал ба Хуканд харакат карда, Худоёрхонро бар тахт нишонад [9, 190б].
Муаллиф харчанд мехохад касдхои Fасбгаронаи амирро руйпуш кунад, вале барои хонанда айён аст. Сомй менависад, ки амир ба тошкандихо ваъдаи ёрдам дод, хатто Искандархон, яке аз мулозимони худро бо зумрае аз сарбозон ба Тошканд фиристод. Ахолии Тошканд се маротиба ба амир мурочиат намуданд ва дар охир амир лашкаре бо рохбарии Рахмонкулбек мефиристад, вале он вакт шахрро аллакай русхо забт карда буданд [9,191б].
Аз адабиёти таърихй бармеояд, ки охири мохи апрели соли 1865 баъд аз тирпарронихои шиддатнок лашкари подшохии рус ба ишFOл намудани калъаи Ниёзбек муваффак гардид. Ин калъа дар сохили дарёи Чирчик бино ёфта, барои мудофиаи Тошканд ахаммияти калон дошт, илова бар ин, саргахи оби дохили шахр низ дар наздикии хамин калъа вокеъ буд. Дар натичаи хамлаи сахт ва чангхои шадиди кучагй 15 июни соли 1865 яке аз калонтарин шахрхои Осиёи Миёна сукут кард [4, 889].
Дар хамин вазъият хам амир Музаффар лашкаркашии худро ба вилоят ва мулкхои гуногуни Осиёи Миёна идома медод ва бисёре аз сокинони ин вилоятхоро асиру барда ва берахмона Fасбy Fорат мекард. Дар натичаи ин амал мардуми аморати Бухоро ва вилояту кишвархои забтгардида ба y бегона гардиданд. Аз хамин сабаб мардуми каламрави Тошканд ва баъзе шахру нохияхои атрофи он хангоми чанг ба лашкари Россия кам мукобилият нишон доданд ва он махалхо ба осонй ба Россия пайваст гардиданд. Лашкари рус «ба муддати андак ба болои Тошканд юриш карда ва ба андак таваччух онро мусаххар намуд» [5,22], - менависад Абдулазими Сомй.
Дар миёнахои соли 1865 амир Музаффар ба водии ФарFOна лашкар кашид. Лашкари Хуканд, ки дар мухорибахои шадид ва тулонй бо дастахои Хукумати подшохй хеле заиф гардида буд, ба хучуми лашкари Бухоро муковимат карда натавонист. Ин буд, ки амир Музаффар Хукандро нисбатан ба осонй забт намуда, хукмрони собики он Худоёрхони харис ва золими аз тарафи халки шуришбардошта ронда шударо дубора ба тахт нишонд.
Сомй дар асараш зикр мекунад, ки русхо кушиш доштанд, ки бо Бухоро муносибати дустона баркарор кунанд. Бо ин максад назди амир сафир Чахор Лайлро мефиристанд. Сараввал уро бо иззату икром пешвоз гирифта, дар элчихона, вокеъ дар гузари Окмачит чой доданд, вале баъд аз гузашти ду руз бо маслихати дарбориён ба махбас кашонданд [9, 199б].
Дар таквият ба маълумоти Сомй Ах,мади Дониш менависад, ки «мардуми Русия харчанд касонро барангехтанду рисола ва нома фиристоданд, маъкули умарои давлати баргаштабахти мо нашуд, ё муддаои уро нафахмиданд, ё натавонистанд, ки ба амир маъкул кунанд» [5, 26].
Дар мукобил ба ин лашкари рус ба Ч,иззах хучум намуд. Сомй сарлаш-карони Бухороро дар ин набард, аз чумла, Аллайёр девонбегй (хокими Уро-теппа), Ч,аёнхоча туксабо (хокими Зомин) ва Fайра ном бурда [9, 200а], менависад, ки русхо ба Ч,иззах хучум намуда, амалиёти харбиро яку якбора шуруъ накарданд ва дар махаллаи Нонсангин (як фарсах дур аз Ч,иззах) истехком гирифтанд. Губернатор кушиш намуд, ки амирро бовар кунонад, то сафири
русро аз махбас озод намоянд, вале чавоби рад шунида, амалиётро огоз наму-данд, гарчанде ба мукобилияти сахти бухороихо дучор омада, акибнишинй карданд [9, 201б].
Ин амалиёти бесамар ва «ташаббуси» бехуда чунин натича дод, ки М. Г. Черняев аз вазифа дур карда шуда, ба чойи у Д. И. Романовский таъйин гардид. 8 майи соли 1866 губернатори харбии нав дар мухорибаи Эрчар, дар рохи Ч,иззах ва Хучанд лашкари амирро торумор намуд. Д. И. Романовский пас аз шикасти лашкари Бухоро ба суйи маркази ин давлат харакат накарда, ишголи Хучанд (24-уми майи соли 1866), калъаи Нов ва истехкоми Уротеппаро (12-уми октябри соли 1866) афзалтар донист. Ин карор, зохиран аз он сабаб кабул карда шуд, ки ин махалхо ахаммияти калони стратегй дошта, дар саргахи рохи водии Фаргона карор доштанд. Хучанд, Уротеппа ва Нов аввалин шахрхои точик-нишин буданд, ки ба хайати Россия дохил шудаанд.
Сомй доир ба мухориба ва мухосираи Ч,иззах нисбатан муфассалтар маъ-лумот дода, баъзе ходисахоро мушаххастар тафсир менамояд. Бо нигоштаи у, Якуббикули кушбегй ба амир масири харакати лашкари русро арз кард. Амир Музаффар хокими Уротеппа Аллохёр девонбегй, хокими Зомин Ч,иёнхоча туксабо бо чанд саркардаи Бухороро ба суйи Ч,иззах фиристод. Онхо дохили Ч,иззах шуда, дар тахияи асбоби мудофиа шудаанд. Мухосиршудагон дарвоза-хоро баста, аз болои девор аз тирандозхо ба андохтани тиру туп ва туфанг шуруъ карда, гурухе аз лашкар аз барои горат дар атрофи лашкари русхо мукаррар шуданд [9, 199а].
Лашкари рус Ч,иззахро ба нишони тупу туфанг гирифта, тирборон кард. Аз калъа низ ба тарафи лашкари рус тупу туфанг кушоданд. Аз беруни калъа сипохи савора аз акиби русхо расида, ба миёна гирифта, доди мардонагй ва мукотиларо доданд. Ч,иёнхоча туксабо бо чамъе аз сипохиён аз калъа баромада, ба лашкари русхо хучум овард. Аз хар ду чониб бисёр сарбозон кушта шуданд [9, 200б]. Фармондехи лашкари рус дид, ки галаба аз чониби онхо нест, ночор аз он чо кучида, ба тарафи Чахордара равона шуд. Пас аз ин кушиши нобарор Хукумати подшохй ба чойи генерал М. Г. Черняев Д. И. Романовскийро таъйин кард.
Сомй менависад, ки чун лашкари Россия аз Ч,иззах бенасиб ва шикастхурда рафт, дар лаби Сирдарё дар мавзеи Чанос ва Чахордара лашкари бисёр ва тупу тупхонаи бешумор чамъ карда, омодаи чангу пайкор шуд. Дар хамин вакт донишчуйёни мадориси Бухоро дар хар чо чамъ омада, мардумро ба газо далолат карда, эчоди балво намуданд [9, 201а].
Ташкилкунандагони гавго ва сабабгорони балво ба андешаи Сомй Эшон Мулло Акрамхочаи Хукандй ва Мулло Яъкуби Хатлонй буданд, ки «сурати масъалаи фарзияти чиход ва нафири оммро ба хатти хуб навишта, мухр кунонида, баъд аз мухр кардани уламо, он фатворо дар назди Эшон Султонхоча Аълами Бухорои шариф оварданд, ки мухр кунанд.
Эшон узре баён карда, дар мухр кардан таваккуф кард, вале муллоёни мазкур хучум карда, мухри аъламро ба зур гирифта, дар он фатво пахш карда,
аз он чо баромада, бо чамъияти зиёде ба Регистон омада, дарвозаи арки олиро гирифта, алчиход, алчиход гуфта, FавFO бардоштанд» [9, 190б].
Амир Музаффар барои фуру нишонидани ошуб, Сулаймонхочаро мефи-ристад. Бино ба ахбори Сомй: «Сулаймонхоча чанде аз бузургтарини эшонро мухотаб сохта, гуфт: «Эй ёрон, оре чиход фарз, лекин амри мухориба бо насоро кори сахл ва сарсарй нест. Ин хасм кавй ва душмани зур мебошад. Дар мудофй бо y асбобу олоти бисёр даркор, то аз ухдаи дафъи он муяссар ояд. Шумо пой дар доман кашида, дар тахияи олоти харбия шуда, фурсат дихед, ки чаноби олихазрат асбоб ва яроки сипохро тайёр карда, бо сарришта ва саранчом аз барои чиход саворй намоянд. Муллоён ба мучарради шунидани ин сухан, якбора ба сари y шурида, аз чахор тараф бар сари y рехта, уро ба тахти чубу мушт гирифтанд. Сулаймонхуча ба хазор машаккат гурехта, худро ба дарвозаи арки олй расонид. Муллоён ба арк баромаданй шуданд» [9,203б]. Амир Музаффар ночор онхоро тасаллй дода, ба хозир кардани лашкар фармон дод. Амир дар рузи ваъдашуда бо уламо, сипохиён ва муллоёни ахли балво ба тарафи Самарканд равона шуданд.Чунин як лашкари бешуморе гирди хам омада буд, ки менигорад, Сомй, «дар азминаи солифа дар хеч маврид ин тарика лашкари бешумор ва асбоби мудофеа аз Бухоро мураттаб ва омода нашуда» [9, 202б].
Аз хар вилоят «мучохидини Fазоталаб расида», баъд аз чамъ шудани мардум, аз Ч,иззах, ба мавзеи Сисикул ва Эрчар наздикии Сирдарё лашкаргох сохтанд. Аз барои эхтиёт атрофи лашкарро хандак канонида, тупхонахо баро-варда, истехкомхо сохтанд. Муллоёни Fазоталаб аз «камоли Fайрат як фарсах аз лашкар пештар рафта, дар рохи омади кушуни хукумати подшохй шипанг бардошта, хар кадом дар шинак хафрае аз барои кабри худ канда намуданд, ки дар шинаки худ истода, чонфишонй карда, агар шаходат ёбанд дар хафраи мазкур мадфун бошанд» [9, 203б].
Лашкари рус тахминан ду хазор нафар бо ду зарби туп омодаи чанг гардид. Мардуми узбакии ин диёр аз ин коида ва конун бехабар ва дар умрхо инчунин душмани кавиро надида буданд, ба мучарради шунидани садои туп аз чахор тараф асп монда ба наздики сафи рус расида, милтикхои худро нишон дода, ба тарафи рус тир холй карданд. Генерал Д. И. Романовский фармон дод, ки дахони тупхои оташборро ба тарафи онхо холй кунанд. Каси бисёр кушта, бокимонда аз он хафрахои кандаи худ баромада, ру ба гурез ниходанд.
Дар ин вакт Абдулкаримбй девонбегй, ки ба хайси сардори лашкар буд, гурехта омада, ба амир Музаффар гуфт, ки дигар чойи ист нест. Мухаммад-шакурбий инок ба арз расонид, ки «аслан аз чо чунбидан салох нест, нихоят шикасте шуда, таъомули насоро нест, ки лашкари гурехтаро таъкиб кунад ё дар болои лашкаргох пахш карда ояд. Аммо девонбегии мазкур ба холи чаноби олй намонда, ба аспсавори давлат савор кунонида, чамеи асосии салтанат ва хази-наро бесохиб гузошта, рохи Зомин пеш гирифта, равона шуданд» [9, 205а].
Х,амин тавр, аввалин шикасти лашкари амир Музаффар аз Россия соли 1866 дар наздикии Эрчар сурат гирифт. 20 майи соли 1866 генерал Д. И. Рома-
новский бо лашкари 2 хазор нафара дар сохили чапи Сирдарё аввалин зарбаи халкунандаро ба лашкари Бухоро ворид намуд, ки амиру лашкар бошишгохи харбй, лавозимоти чангй ва хаймаи гаронбахоро ба тамом гузошта, ру ба фирор оварданд.
Ахмад Махдуми Дониш, рочеъ ба мухорибаи Эрчар гузориши муфассалтар дорад: «Дар айёме, ки амир азимати сафари Хуканд дошт, мухаррири сутур, бинобар мухимме дар урдуи султонй буд. Умаро барои маслихат ба хузури амир мерафтанд. Баъд аз итмоми мачлис яке аз вузаро берун шуд. Ман аз муховироти мачлис пурсидам, гуфт: «Баъзе аз умаро саворй болои Тошкандро тарчех намуда, арз карданд марзои амир наяфтода фармуд, ки болои Тошканд он ки галаба овардааст навкаре аз аскари Русия аст, маро ору нанг меояд, ки ба як навкари у мукобил шавам. Ман агар саворй кунам, рост болои Москав меравам» [5, 40].
Аммо, маглубияти сипохи Бухоро дар Эрчар аз чониби генерал Д. И. Романовский хеле ба тарзи мухтасар тасвир ёфта, хамчун шахси голиб онро «вобаста ба хохиши ахолии махаллй» шарх додааст [12, 98].
Сомй менигорад, ки амир Музаффар шабро дар Зомин руз карда, чониби Чиззах ру овард. Дар Чиззах Аллохёр девонбегии мангитро ба чойи Яъкуббй кушбегй хоким карда, кушбегии мазкурро дар фургон хоким таъин намуданд. Дар Чиззах навкарияи Панчакент, Самарканд ва Ургутро дар холати хучум гузошта, дигар сипохиёнро рухсат ба зодгох дода, худ ба Самарканд омад [9, 206а].
Муаллифи «Тухфаи шохй» равиши минбаъдаи ходисаро чунин шарх меди-хад, ки чун фармондехи лашкари русхо дид, ки дар лашкаргохи бузург касе намонда, хама рохи фирор пеш гирифтанд, «пас ба хотирчамъй дар лашкаргох омада, чамъи асбоб, тупу милтик, хайма ва чизхои мондагиро мутасарриф шуда, ахволи бехамиятии вилоятро донист ва дандони тамаъ дар гирифтани мамолики ислом махкам сохта, чониби Чиззах харакат намуданд» [9, 207а].
Тибки нигоштаи Сомй, амир Музаффар ашрофи муктадир, аз кабили Баходурбегбии парвоначй, Яъкуббии кушбегй, Мухаммадхусайнбй, Чиёнхоча туксабо, Искандархони генерал ва чанде дигар аз саркардагонро бо сипохи бисёр барои химояи Чиззах, ба кумаки хокими он Аллохёр девонбегй мефиристонад [9, 208б].
Абдуссатторбий инок бо сипохи кунгурот, ки аз чониби Хазар омад, уро низ ба Чиззах фиристоданд. Амирони мазкур хама дар Чиззах якчоя шуданд. Искандархони генерал, ки марди чангдидаи тачрибакор буд, ба амирон гуфт, ки бо ин душман дар калъа чанг кардан хатост. Салох он аст, ки ба кадри зарур дар калъа одам гузошта, дигар лашкарро ба берун бароранд ва дар вакти мухосираи русхо аз акиб расида, «ба мукобала кушанд то, ки халал дар бунёди азимати у рох ёбад» [9, 208а].
Дигар саркардагон пешниходи уро написандида, гуфтанд, ки ба ин лашкар эътимод нест, агар инхоро аз калъа берун барорем, рохи фирор хоханд кард. Генерал гуфт: «Пас бо лашкаре, ки эътимодро нашояд ва дар чанг наояд, ба
гадом yмед кaлъaдорй мекyнaд. Бa ин мaрдyми пaрокaндa, мyкотaлaи дyшмaни гавиро кaмaр бaстaн, aз нишони хирaдмaндй нест, aз рохи тaдбир бояд, ки бa мyсолихa кyшидa, рохи мyсолaмaт пеш гиред». Онхо aз ин сyхaнхои y бaдгyмонй кaрдa, гyфтaнд, ки y хaйрхохи гyбернaтор бyдa, пинхонй бо y aлокa дорaд. Боз генерaл гуФт: «Акнун, ки гавли мaро нaмекyнед, боре як дaрвозaро хокрез нaкaрдa, кyшодa гузоред, aгaр Худо нaкaрдa кaзияи мaкрyхе пеш ояд, лaшкaрро рохи берун бaромaдaн бошaд» [9, 208б].
Сипохиёни рус ин дaфъa гз рохи Чaхордaрa бa тaрaф Ч,иззaх рaвонa шyдa, онро бa мyхосирa гирифтaнд. Генерaл Д. И. Ромaновский бa aмирони дaр мyхосирa бyдa номa фиристод, ки «кор aз мaдоро гyзaштa, бояд, ки aз кaлъa бaромaдa, бa мaйдон хaрб кунед. Maн як соaт бо шумо дорaм, дaр он соaт гадоме, ки FOлиб ояд, лaшкaри мaFлyбро рохи фироре бошaд» [9, 209б].
Сомй, ки худ шохиди ин вокеa буд, менигорaд: «гyбернaтор лaшкaри худро aмр бa мyхосирa кaрдa, худ бо тyпхонaи отaшбор aз дaрвозaи рaбот дaр бозорчой омaдa, шинaк бaрдошт. Он шaб дaр шинaк оромидa истод. Aввaли тагох,и шaнбе лaшкaри худро бa aндохтaни тупу тyфaнг мaъмyр сохт. Чунон тирборон кaрд, ки дaр бaхорон жолa чунон борaд. Бо вучуди ин чунин тирборон дaр он руз aз aхли ислом aхaде ярaдор нaшyдa, aсбе хaм бa тир татарид» [9, 212б].
Лaшкaри Россия рузи хaштyм тупхои кaлъaшикaнро истифодa кaрдaнд. «Дaр фyрсaти як œa^ - менaвисaд Сомй, - aз он чунон девори мaхкaм микдори ду сaд гaзро aндохтa бa хок бaробaр кaрдaнд. Лaшкaри нaсоро якборa дaвонидa, aз рaхнa бa кaлъa дaромaдaнд вa шaмшерхоро кaшидa бa мaрдyм руй овaрдaнд. Бa мyчaррaди духули нaсоро, хдр кaс бa сaри худ шyдa, бa хaр чониб гyрехтa, як нaфaр бa чониби куффор хaмлa нaкaрд. Бо вучуди мax,кaм бyдaни дaрвозa вa рох, фирор нaбyдaн бa дaрвозaхонaxо болои xaм хaзидa, дaр ихтифо кyшидaнд. Kaдомеро, ки чaшм бa нaсоро aфтод, aз тaрс сaр дaр бaFaли они дигар мехaзид. Бо вучуди шaмшерy соф дaр дaст доштaн, бa рус кор нaфaрмyдa дaр зaмин меaндохтaнд» [9, 213б].
Пaс aз тaсaррyфи кaлъa FOлибон дaст бa кaтлy куштор зaдaнд. Аллохёр девонбегии мaнFит, Aбдyссaтторбийи иток, Одилбий додхохи хитойй, Искaн-дaрхони aфFOн, Myхaммaдхyсaйнбий вa Абдулхоликбий вa Уткурбекбий вa Абдушукурбий вa Ч,иёнхочa тyксaбо вa дигaр фaрмондехон вa сaрдорон кyштa шyдaнд [9, 214a].
Шикaсти aмир Myзaффaр aз чониби лaшкaри Россияро Aхмaди Дониш чунин тaвсиф мекутад: «куштор вa тирaндозии (русхо - У. Н., А. З.) хaмaи ихтиёриёнро бa дaрвозaхои шaхр бyрдaнд, ки онхо хyдaшон бaстa бyдaнд вa зaминро пyшонидaнд. Ba онхо чaсорaте нaдоштaнд, ки бa гафо нигaрaнд, онхо гумон кaрдaнд, ки онхоро якчaнд хaзор нaфaри рус тaъкиб мекyнaнд вa тaнхо чaнде aз онхо бa девор aфтидaнд, бa поён aфтодaнд вa дaстy пойхояшон шикaстaaнд вa сипaс aфтидaнд вa то Сaмaркaнд рaсидa, дaр борaи руйдодхои мудхиш сyхбaт кaрдaнд, ки бaрои нaслхояшон нaмyнa буд... Х,еч кaс дaр борaи XOлaти дyшмaн нaмедонист вa aгaр y дaр борaи он шунид, бовaр нaмекaрд» [9,
216б]. Тибки гуфтахои муаллиф, вакте Чиззахро лашкари Россия ишгол кард, аз мухофизони шахр теъдоди хеле кам бокй монда буданд.
Ин вокеаро ба таври муфассал М. А. Терентев навиштааст: «Се дарвозаи шахр - Самарканд, Уротеппа ва ^амиш-^ургон ё Тошканд комилан хароб карда шуданд, то гарнизон хар гуна рохи бозгаштро катъ кунад, зеро, мувофики фармони амир, шахр то охир бояд мухофизат шавад». Бо шаходати ин муаллиф аз 11000 нафар одамоне, ки шахрро химоя карданд, танхо 2000 нафарашон низомиёни касбй буданд, такрибан 6 000 нафар кушта шуданд [13, 373б]. Иштирокчии дигари чанги Чиззах, полковник М. А. Зиновев низ ба талафоти азими бухороихо ишора мекунад [7, 132].
Бинобар шаходати Сомй, амир Музаффар лашкари рус ва кудрати онро дар хадди хокимони махаллии Мовароуннахр пиндошта, нодида гирифт, ки дар натича русхо ба Тошканд хамла карда, онро ишгол карданд. Он гох ба Чиззах хамла бурда, онро тасхир карда, бисёре аз мардумони онро ба катл расониданд. «Ба тавре ки катли омм се соат ба тул анчомид» [9, 261а].
Ахмади Дониш сабаби дар набарди мохи октябри соли 1866 шикаст хур-дани лашкари Бухороро дар он мебинад, ки «мардуми амир ба корхои низомй омузонида нашуданд ва онхо фикр мекарданд, ки чанг алайхи русхо чуз асп-давонй нест. Сарбозон алайхи русхо чанг кардан намехостанд, зеро онхо музди ночизе мегирифтанд ва ба онхо фармондехони бехирад ва тарсончак рохбарй мекарданд» [5, 49]. Худи амир ба лаззатхои хайма андармон, дар бораи чанг фикр хам намекард.
Тибки навиштаи муаллифи «Тухфаи шохй» амир Музаффар мондан дар Самаркандро чоиз надониста, Шералй инокро барои халлу акди умур дар Самарканд гузошт ва ба хокимияти он нохия мансуб кард, аммо мардуми Самарканд аз хукумати у норозй ва хостори барканории у шуданд. Ба хамин сабаб баъзе аз касон Орифбий ва Муъминчон ба губернатор нома навишта, уро барои ишголи вилояти Самарканд умедвор карданд.
Дар ин байн баъзе муллоёни мутаассиб дар Самарканд фармони чиход дода, шуриш барпо карданд. Шералй инок барои хомуш кардани оташи ин амр чанд тан аз шахсони маъруф аз чумла, Рахматуллоххоча Аврок Махдуми Аъзам, Хоча Судур Ахрорй ва Муъминбег туксабо оксаколи кулли Самаркандро ба мадрасаи Тиллокорй, ки махалли тачаммуи онон буд, фиристод [9,197а]. Чун онхо Муъминбегро ба катл расониданд, Шералй инок ба катли муллоён фармон дод, зеро онхоро мухаррики асосии чанг медонист. Факехони Самарканд аз ин икдоми вай ранчидахотир шуда, ба «химояти дин марду зан бо аскарияи дохили Самарканд ба чанг пардохта, ба тавре ки чуйи хун дар кучахо равон шуд» [5, 56].
Ин вокеа сабаб шуд, то русхо ба тарафи Самарканд омада, ба фикри тас-хири он чо афтоданд. Сомй, ки дар ин айём назди сараскар маъмури навиштани вакоеи лашкар буд, менависад: «чун назми лашкар ба хам хурд ва пароканда шуданд, ман аз бими чон гурехта ва дар манзили мулло Камолиддини куз-фалак, ки он хангом муфтии Самарканд буданд, панох гирифтам» [9, 202б].
Пас аз забти Ч,иззах аз чониби лашкари Россия амир Музаффар ба Бухоро рафт ва чуръат накард, ки дар Самарканд бимонад. Ах,мади Дониш менависад: «Олимон ва уламо бори дигар дар мачлиси умум садо доданд ва мардуми зиёде аз муллохо ва шарикон, ки дар бораи холати аслй тасаввурот надоранд, боз дар Самарканд чамъ шуданд. Инак Шералй, ки хокими Самарканд таъйин шуд, фармони куштани ин ихтиёриёнро дод» [5, 58]. У фармоиши худро бо он далел овард, ки муллохо бо сабаби мунокишаву шуришхо гунахкорони хунрезй шуданд. Аз ин ру, одамон танхо пас аз ичрои он амр ором мешаванд. Дар Самарканд ошубхо бо душворихои сахт хомуш карда шуданд.
Хамлаи лашкари русхо ба Самарканд шуруъ шуд ва 2 майи соли 1868 бидуни муковимат шахр таслим шуд. Дар шахри забтшуда, нирухои Россия такрибан 10 хазор гуломро озод карданд, ки кисми зиёди онхо русхо буданд. Кауфман 16 майи соли 1868 Каттакургонро забт кард. Дар хамин хол, амири Шахрисабз бо лашкари 20 хазор нафара артиши гарнизони русро дар Самарканд мухосира кард. Гарнизон дар холати вазнин карор дошт. Кауфман мачбур шуд, ки хамла ба Бухороро боздорад ва ба Самарканд баргардад, то мухосираро бардорад. 2 июни соли 1868 дар баландихои Зирабулок, дар байни Каттакургон ва Бухоро, байни лашкари Россия ва Бухоро чанги халкунанда баргузор шуд, ки дар натича амир Музаффар пурра шикаст хурд ва мачбур шуд, ки бо К.П. Кауфман сулх бандад.
Бад-ин тартиб сипохи амир Музаффар аз лашкари Россия шикаст хурд. Сабаби он аввалан, он чи ки зарур буд, ба сипох намерасид, дувум ашхоси дур аз сипохдорй ба сипох фармофармо буданд, сеюм иттилои кофй аз вазъи низо-мии русхо надоштанд, агар хам медонистанд бовар намекарданд, зеро кавои неруи русхоро дар хадди мардуми узбек медонистанд ва чанг бо ононро дар хадди чанг бо узбекон талаккй мекарданд; чорум, фармондехи лоик, ки би-тавонад сипохиёнро ба идомаи мубориза ташвик намояд, хатто ба онон ваъдаи зару динор дихад, вучуд надошт. Мухимтар аз хама худи амир Музаффар хам лашкари русро нодида мегирифт ва тасаввур мекард, хатман метавонад онхоро шикаст дихад.
Гувохи ин муддао, гузорише аст, ки Ахмади Дониш меорад: «Ба хар хол муддати ду мох камобеш ба лаби дарёи Сирдарё рафтанд ва дар Сисикул нузул карданд. Дар хамин чо теъдоде аз аскария аз набард пушаймон шуда ба фикри гурез афтоданд. Аз суйи дигар мардуми Россия низ харосон ва розй ба мусолиха буданд; чун сатвати темурй ва шавкати сипохи узбек дар дафотири онон маркум аст. Чун диданд сипохе бо онон хама нафар мисли муру малах хамачоро фаро гирифта, аз тарси ин ки чашмзахме ба онхо расад, рисола ва нома фиристода ва такозои сулх карданд, ки макбули умаро ва амир Музаффар наяфтод. Дар хар хол чанг даргирифт. Сипохиёни рус худуди 1500 нафар то 2000 нафар буданд. Амир Музаффар худ машгули бозии шатранч буд ва мураттабан ба пешхидматони худ дастур медод, ки ба Салимбий - амири тупхона ва Шералй инок - амири аскар бигуед мурокиб бошанд то хазинаи рус ба дасти навкария талаф нашавад. Бисёр мардуми Россияро накушта, зинда
оранд, ки дар зумраи сарбозони мо баъд хидмат кунанд. Яхёхочаи туркмон хам мураттабан фазоили чиходро ба халк талкин кунад, гофил аз он ки сипохи Россия то хамла кард, аскарияи амир Музаффар фирор карданд ва амир Музаффар худ гурехт» [5, 45,47, 56].
Ба андешаи полковники штаби генералии рус А. О. Костенко сабаби ши-касти лашкари амир дар он аст, ки «кушунхои махаллй ба хайси як камбудии чиддие, ки шомили холашон буд, бо вучуди доштани аслихаи мукаммали чахонй бар зидди ракибони аврупоии хеш истодагарй карда наметавонистанд, ин хам набудани интизом аст» [14, 232].
Шикасти дувум аз Россия баъд аз тасарруфи Самарканд, дар Зирабулок рух дод. Бинобар ин, амир Музаффар бо таваччух бо авзое ки пеш омада буд, тасмим гирифт, бо русхо сулх кунад ва бо онон хироч бипардозад, то Бухоро ба дасти онон наяфтад.
Ба гуфтаи Дониш, хайатеро хамрохи фарзанди худ амир Абдулахад дар макоми сафорат ба дарбори Русия фиристод, ки муаллиф низ чузви онон буд, аммо сафири Бухоро надониста, мучиботи ранчиши шохи Россияро фарохам оварда, хостори бозгардонидани вилояти Самарканд, Чиззах ва Тошканд шуд.
Ба андешаи Сомй рафтани амир Абдулахад, валиахд ва фарзанди амир Музаффар ва чанд тан аз умаро чун Рахматуллохбийи додхох ва хочй Абдул-файз хочаи урокро чихати тахнияти чулуси подшохи нави Россия барои оромиши хотири русхо буд [9, 256а].
Мирзо Абдулазими Сомй назари худро доир ба истилои заминхои аморати аз тарафи Россия чамъбаст намуда, менависад, ки ба хар тартиб аз ин хангом, ки русхо ба Бухоро ва Самарканд ва Хуканд тасаллут ёфтанд, дар вокеъ амири Бухоро дастнишондаи Россия шуд. Амир Музаффар соли 1885 вафот карда ва писари бузургаш Абдулахад дар хамон сол ба тахти аморати Бухоро нишаст. Шохи рус барои вай номаи тахният навишт ва хамрохи сафири худ назди у фиристод. Амир Абдулахад аз авоили чавонй майли зиёде ба ислохоти мамлакат дошт. У дар чашни чулуси Александр Николайи II хамрохи Бустони Бухорой ба Москва рафт. Ба гуфтаи Бустони Бухорой ошуб ва фитна дар даврони хукмронии у рахт барбаст ва давлати Россия равияи дустй ва иттиходро пеша кард [9,256а]. Икдомоти нави амир Абдулахад дар тавсиаи тичорат, санъат, рохи охан, телеграф вайро назири амирони мангити гузашта маъруфтар сохт. У барои тахкими равобити дустй бо Россия аз Хукумати Санкт-Петербург дархост кард то як шуъбаи сиёсии рус дар Бухоро таъсис дода шавад. Амир Абдулахад табъи шоъирй низ дошт ва «Очиз» тахаллус мекард, ба мусикй хам алокаманд буд ва танбур менавохт. У пас аз 26 соли хукумат дар синни 53 - солагй даргузашт.
Баъди шикасти назди Зирабулок муборизаи минбаъдаи амир Музаффар бо лашкари рус беаклона буд. Амир Музаффар метавонист аз пойтахти худ шахри Бухоро хам махрум шавад. Бинобар ин амир ба бастани сулх розй шуд. 23 июни соли 1868 дар байни Россия ва Бухоро шартнома баста шуд, ки мувофики он хамаи замину шахрхои лашкари рус забткарда, яъне Зирабулок, Каттакур-
гон, Самарканд, Ургут, Панчакент, Ч,иззах, Уротеппа ва Хучанд ба итоати Россия гузаштанд, ки пеш аз ин ба хайати аморати Бухоро дохил мешуданд. Шартнома амири Бухороро протекторати империяи Россия гардонд, Хукумати амир дигар хукук надошт, ки бо давлатхои хоричй мустакилона робита кунад.
Савдогарони рус дар сарзамини аморати Бухоро хукуки озодона савдо карданро ба даст дароварданд. Амири Бухоро ухдадор шуд ки ба Россия ба маблаги 500 хазор сум товони чанг дихад. Мувофики шартнома савдогарони рус ва сохибони корхона метавонистанд дар кадом шахру дехае набошад, ширкатхои худро таъсис бидиханд.
Мувофики шартнома дар каламрави аморати Бухоро гуломдорй ва асирфурушй бархам хурд. Дар натича танхо дар округи Самарканд зиёда аз 10 хазор нафар гуломон озод шуданд.
Хукумати подшохй бо шартномахои худ хонигарихои Хуканду Бухороро тобеи Россия гардонид ва мавкеи худро дар заминхои истилокардааш мус-тахкам намуд.
Хамин тавр, дар зарфи солхои 1864-1868 ду давлати Осиёи Миёна хони-гарии Хуканд ва аморати Бухоро ба маглубият дучор гардиданд. Аммо Ху-кумати подшохй корро то ба хамрох кардани хоки ин ду давлат ба империяи Россия бурда нарасонид. Хам хонии Хуканд ва хам аморати Бухоро дар зохир хамчун давлати мустакил бокй монданд.
Хамин тавр, дар асари «Тухфаи шохй»-и Мирзо Абдулазими Сомй рафти истилои Осиёи Миёна аз чониби русхо, чанги русу Бухоро (1866-1868), хусусан мухорибахои Ч,иззах, Самарканд, Чупонато, Каттакургон, вазъи сиёсии Хуканд дар арафаи истилои русхо, хучуми лашкари рус ба Тошканд, Хучанд ба таври хеле муфассал тасвир ёфтааст.
Аммо, ба андешаи муаллиф сабабхои асосии шикасти сипохиёни амир дар парокандагии лашкар, фирори хокимон аз майдони чанг, сари таъзим фуруд овардани сарварони кабилахо ба русхо, газавоти муллохо махфуз мебошад. Хамзамон Мирзо Абдулазими Сомй доир ба шартномаи Ширинхотун - Зира-булок ва муайян кардани хатти сархади байни ду давлат - Бухорою Россия низ бештар диккат додааст.
АДАБИЁТ
1.Бутенев К. О минеральных богатствах Бухары, металлургии, монетном деле и т. п//Горный журнал. -1842.- 4.^, кн. X и XI.
2.Бутенев К. Заводское дело в Бухарии. - «Горный журнал», 1842, ч. V, кн, Х1.10.
3.Гребнер А. В. Осады и штурмы Среднеазиатских крепостей и населенных пунктов. Спб,1897.
4^афуров Б. F. Точикон: Таърихи кадимтарин, асри миёна ва давраи нав. -Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. - 976 с.
5.Дониш А. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития.
6.Записки о Бухарском ханстве (Отчёты П. И. Демезона и И. В. Виткевича). -М., Гл. редакция восточной литературы. Из-во «Наука».- 1983.- 143 с.
7.Зиновьев Н. Осада Ура-Тюбе и Джизака. Воспоминания об осенней экспедиции 1866 года в Туркестанской области//«Русский вестник», 1868, № 3-4.- С. 132-351.
8.История таджикского народа. Т.ГУ. Позднее средневековье и новое время (XVI в. -1917 г.). Под.общ. редакцией академика Р.М. Масова. - Душанбе, 2010. - 1124 с.
9.Мирзо Абдулазими Сомй. Тухфаи шохй. Дастхати Маркази мероси хаттии АМИТ, № 786/ГГ.
10.Мирзо Абдулазими Сомии Бустонй. Тухфаи шохй. Тахиягари матн, муаллифи мукад-дима, хавошй Абдулов З. Н. -Душанбе: Дониш.- 364 с.
11.Пирумшоев Х., Маликов М. Россия-Таджикистан: история взаимоотношений. С.140.
12.Романовский Д. И. Заметки по Средне Азиатскому вопросу. Спб,1868.
13.Терентьев М. А. , История завоевания Средней Азии. В 3-х томах. СПб.- 1666с.
14.Туркестанский край. Опыт военно-статистического обозрения Туркестанского военного округа. Материалы для географии и статистики России. Т.Ш. с двумя чертежами. Составитель полковник генерального штаба А.О. Костенко. С.-Петербург, 1880.- 304 с.
15.Ханыков Н. В. Описание Бухарского ханства. СПб,1843.-279 с.
16.Южаков Ю. Д. Шестнадцатилетняя годовщина взятие Ташкента. (Воспоминания старого туркестанца). СПб: в тип. В.В. Комарова, 1881.
ИНЪИКОСИ ЛАШКАРКАШИИ РОССИЯ БА АМОРАТИ БУХОРО ДАР «ТУХфАИ ШОХД»-И МИРЗО АБДУЛАЗИМИ СОМЙ
Дар макола дарачаи инъикоси муносибатхои дучонибаи давлатхои Осиёи Миёна, ба вижа аморати Бухоро бо империяи подшохии рус дар давраи хукмронии амир Музаффар, воридшавии лашкари Россия ва истило шудани мулкхои аморат дар «Тухфаи шохй»-и Мирзо Абдулазими Сомй мавриди тахкик карор гирифтааст. Мирзо Абдулазими Сомй яке аз муаррихон ва донишмандони точики нимаи дуюми асри XIX аморати Бухоро буд, ки муддати тулонй дар дарбори амирон, беш аз хама амир Музаффар ва чанд муддат дар замони хукмронии амир Абдулахад хамчун мирзо ва солноманигор адои вазифа намудааст.
Аз Сомй аз худ чандин таълифот ба мерос мондааст, ки яке аз онхо «Тухфаи шохй» мебошад. Дар ин асар Сомй хамчун шохиди бевосита доир ба бисёр вокеахо маълумот муфид медихад.
Дар китоби «Тухфаи шохй» рафти истилои Осиёи Миёна аз чониби русхо, чанги русу Бухоро (1866-1868), махсусан мухорибахои Чиззах, Самарканд, Чупонато, Каттакургон, вазъи сиёсии Хуканд дар арафаи истилои русхо, хучуми лашкари рус ба Тошканд, Хучанд ба таври хеле муфассал тасвир ёфтааст.
Аз ин ру, ин асар доир ба давраи хукмронии амир Музаффар иттилооти мухим ва пурарзишеро ба мухаккикон дода, яке аз манобеи хаттии дасти аввали хаводиси таърихии нимаи дуюми асри XIX ба шумор меравад.
Калидвожщо: «Тухфаи шоуй», Мирзо Абдулазими Сомй, амир Музаффар, Бухоро, Россия, лашкаркашй, генерал Романовский, аскар, мууориба, Тошканд, Циззах, Эрцар, Чупонато, Хуцанд, Уротеппа, Самарканд.
ОТРАЖЕНИЕ ВОЕННОГО ПОХОДА РОССИИ В БУХАРСКИЙ ЭМИРАТ В КНИГЕ «ТУХФАИ ШОХИ» (ЦАРСКИЙ ДАР) МИРЗО АБДУЛАЗИМА СОМИ
В статье рассматриваются проблемы степени отражения двусторонних отношений стран Центральной Азии, особенно Бухарского эмирата с Российской царской империей в период правления Амира Музаффара, вступления русской армии и завоевания территории эмирата в книге «Тухфаи шохи» Мирзо Абдулазима Соми. Мирзо Абдулазим Соми был одним из видных таджикских историков и ученых второй половины XIX века Бухарского эмирата, долгое время
служившим при дворе эмиров, особенно Амира Музаффара, и некоторое время в период правления Амир Абдулахада, как «мирза» и летописец.
Соми унаследовал несколько работ, одна из которых является «Тухфаи шохи». В этой работе Соми, как непосредственный свидетель, дает полезную информацию о многих событиях.
В «Тухфаи шохи» рассказывается о ходе завоевания Средней Азии русскими войсками, русско-бухарской войне (1866-1868 гг.), особенно о сражениях при Джиззахе, Самарканде, Чупонато, Каттакургане, очень подробно описано политическое положение Коканда накануне русского вторжения, наступление русской армии на Ташкент и Ходжент.
Поэтому, этот труд дает исследователям важную и ценную информацию о правлении Амира Музаффара и считается одним из первых письменных источников исторических событий второй половины XIX века.
Ключевые слова: «Тухфаи шохи», Мирзо Абдулазим Соми, Амир Музаффар, Бухара, Россия, армия, генерал Романовский, солдат, война, Ташкент, Джиззах, Эрджар, Чупонато, Ходжент, Уратюбе, Самарканд.
REFLECTION OF THE ISSUE OF THE RUSSIAN INVASION INTO THE EMIRATE OF
BUKHARA IN THE BOOK «TUHFAI SHOKHI» (THE ROYAL GIFT) BY MIRZO
ABDULAZIM SOMI
The article deals with the problems of the degree of reflection of bilateral relations between the countries of Central Asia, especially the Emirate of Bukhara with the Russian Tsarist Empire during the reign of Amir Muzaffar, the entry of the Russian army and the conquest of the territory of the emirate in the book «Tuhfai shokhi» by Mirzo Abdulazim Somi. Mirzo Abdulazim Somi was one of the prominent Tajik historians and scientists of the second half of the 19th century of the Emirate of Bukhara, who served for a long time at the court of the emirs, especially Amir Muzaffar, and for some time during the reign of Amir Abdulahad, as a «mirza» and chronicler.
Somi inherited several works, one of which is «Tuhfai shokhi». In this work, Somi, as a direct witness, provides useful information about many events.
The «Tukhfai Shokhi» tells about the course of the conquest of Central Asia by Russian troops, the Russian-Bukhara war (1866-1868), especially about the battles at Jizzakh, Samarkand, Chuponato, Kattakurgan, describes in great detail the political situation of Kokand on the eve of the Russian invasion, the offensive of the Russian army on Tashkent and Khujand.
Therefore, this work provides researchers with important and valuable information about the reign of Amir Muzaffar and is considered one of the first written sources of historical events of the second half of the 19th century.
Key words: «Tuhfai shokhi», Mirzo Abdulazim Somi, Amir Muzaffar, Bukhara, Russia, army, General Romanovsky, soldier, war, Tashkent, Jizzakh, Erdzhar, Chuponato, Khujand, Uratyube, Samarkand.
Сведения об авторах: Убайдулло Насрулло Каримзода - директор Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша НАНТ, доктор исторических наук, профессор. Телефон: (+992) 938500010; E-mail: [email protected]
Абдулзода Зиядулло Назар - соискатель отдела древней, средней и новейшей истории Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша НАНТ.
Information about the authors:Ubaydullo Nasrullo Karimzoda - Director of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after A. Donisha NAST, Doctor of Historical Sciences, Professor. Phone: (+992) 938500010; E-mail: [email protected]
Abdulzoda Ziyadullo Nazar is an applicant for the Department of Ancient, Middle and Modern History of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after A. Donishа NAST.