Научная статья на тему 'ДОСТОВЕРНЫЙ ИСТОЧНИК ПО ИСТОРИИ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА КОНЦА XIX НАЧАЛА XX ВВ.'

ДОСТОВЕРНЫЙ ИСТОЧНИК ПО ИСТОРИИ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА КОНЦА XIX НАЧАЛА XX ВВ. Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
56
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ / ИСТОЧНИК / МАНГИТ / СЕКРЕТАРЬ / БУХАРА / РОССИЯ / ВОЙНА / ЭМИР / БУСТАН / КРУЖОК / ПОСОЛЬСТВО / "ТУХФА-И ШОХ-И"

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Абдулов Зиёдулло Назарович

В статье рассматривается, сочиниени Соми «Тухфа-и шох-и» и некоторые обстоятельства биографии ее составителя, освещается общая характеристика данного исторического источника. Начальное образование Сами получил на родине, а затем учился в Бухаре. Он служил секретарем при разных хакимах, а затем в качестве мунши (эмирского секретаря) был привлечен ко двору. В “Тухфа-и шох-и” Сами пишет, что во время войны России с Бухарой он находился при эмирском войске в качестве “наблюдавшего за событиями”- обозреватель. Исторический источник “Тухфа-и шохи” Мирза Мухаммад Азима Сами Бустани является ценным источником по истории таджикского народа и эмиров мангитской династии.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

RELIABLE SOURCE ON THE HISTORY OF THE TAJIK PEOPLE OF THE LATE XIX- EARLY XX CENTURIES

The article examines the composition of Somi «Tukhfa-i shohi» and some circumstances of the biography of its compiler, highlights the general characteristics of this historical source. Primary education Sami received at home, and then studied in Bukhara. He served as secretary at various hakims, and then as a munshi (emir’s secretary) was brought to court. In «Tukhfa-i shohi» Sami writes that during the war of Russia with Bukhara he was with the emir's army as a “observer of events” - a columnist. The historical source of «Tukhfa-i shohi» by Mirza Muhammad Azim Sami Bustani is a valuable source on the history of the Tajik people and the emirs of the Mangit dynasty.

Текст научной работы на тему «ДОСТОВЕРНЫЙ ИСТОЧНИК ПО ИСТОРИИ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА КОНЦА XIX НАЧАЛА XX ВВ.»

07.00.09 - ТАЪРИХНИГОРЙ, МАЪХАЗШИНОСЙ ВА УСУЩОИ ТАЗДЩОТИ ТАЪРИХЙ 07.00.09 - ИСТОРИОГРАФИЯ, ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ И МЕТОДЫ ИСТОРИЧЕСКОГО ИССЛЕДОВАНИЯ 07.00.09 - HISTORIOGRAPHY, SOURCE STUDY AND METHODS OF HISTORICAL RESEARCH

МАЪХАЗИМУЪТАБАР АБДУЛОВ Зиёдулло Назарович,

ОИДБА ТАЪРИХИХАЛК.И унвонцуи Институти таърих, бостоншиноси

ТОЦИКИ ОХИРИ АСРИXIX ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ЦТ

ВА АВВАЛИ АСРИXX (Тоцикистон, Душанбе)

ДОСТОВЕРНЫЙ АБДУЛОВ Зиёдулло Назарович,

ИСТОЧНИК ПО ИСТОРИИ соискатель Института истории,

ТАДЖИКСКОГО НАРОДА археологии и этнографии им. А. Дониша

КОНЦА XIXНА ЧАЛА XXВВ. АН РТ, (Таджикистан, Душанбе)

RELIABLE SOURCE ON THE ABDULOVZiyodullo Nazarovich,

HISTORY OF THE TAJIK Applicant of the of the Ahmad Donish Institute

PEOPLE OF THE LATE XIX- of history, archaeology and ethnography AS

EARLY XX CENTURIES Republic of Tajikistan, (Tajikistan, Dushanbe)

Калидвожа^о: таърих, маъхаз, мангит, мунши, Бухоро, Русия, цанг, амир, Бустон, мщфил, сафорат, "Туцфаи шоуй".

Аз миёни дастнависцои шарции Академияи илщои Тоцикистон осори барцомонда дар бораи мангитиён "Туцфаи шоуй"-и Мирзо Абдулазими Бустони Бухорои асаре дархури таваццуу аст, ки иттилооти гаронбауое дар бораи ин силсила тщти рацами № 786\II дар ихтиёри хонандагон царор медщад. Дар шинохти шахсият ва ацоиди таърихи-сиёсии Мирзо Абдулазими Соми дар байни мущццицини афкори таърихии халци тоцик амсоли З. Рацабов [4,26], И.С. Брагинский [5,24], Г.Н. Чабров [6,23] андешацои мутазод вуцуд доранд.

Ключевые слова: история, источник, мангит, секретарь, Бухара, Россия, война, эмир, Бустан, кружок, посольство, "Тухфа-и шох-и".

В статье рассматривается, сочиниени Соми «Тухфа-и шох-и» и некоторые обстоятельства биографии ее составителя, освещается общая характеристика данного исторического источника. Начальное образование Сами получил на родине, а затем учился в Бухаре. Он служил секретарем при разных хакимах, а затем в качестве мунши (эмирского секретаря) был привлечен ко двору. В "Тухфа-и шох-и" Сами пишет, что во время войны России с Бухарой он находился при эмирском войске в качестве "наблюдавшего за событиями"- обозреватель. Исторический источник "Тухфа-и шохи" Мирза Мухаммад Азима Сами Бустани является ценным источником по истории таджикского народа и эмиров мангитской династии.

Key words: source, mangit, secretary, Bukhara, Russia, war, emir, Bustan, circle, embassy, «Tukhfa-i shohi».

The article examines the composition of Somi «Tukhfa-i shohi» and some circumstances of the biography of its compiler, highlights the general characteristics of this historical source. Primary education Sami received at home, and then studied in Bukhara. He served as secretary at various hakims, and then as a munshi (emir's secretary) was brought to court. In «Tukhfa-i shohi» Sami writes that during the war of Russia with Bukhara he was with the emir's army as a "observer of events" - a columnist. The historical source of «Tukhfa-i shohi» by Mirza Muhammad Azim Sami Bustani is a valuable source on the history of the Tajik people and the emirs of the Mangit dynasty.

Мирзо Мухдммад Абдулазим Сомии Бустонй соли 1838 дар дехди Бустон 40 км ^исмати шимолии Бухоро таваллуд шудааст. Дар ахбори расмии худ "Тухфаи шохД" Сомй зикр мекунад, ки то синни шастсолагй "аз лутфу мархдмати дарбор" бархурдор буд [3, в.4а]. Мирзо Абдулазим дар Бухоро ба тах,сил пардохт ва аз мах,зари шоирон ва нависандагоне чун Ах,мади Дониш ва мулло

Саъдyддини Мохир бахра 6урд ва саранчом аз Мохир тахаллyси "Сомй" гирифт. Вай пас аз поëни тахсилот ба хирфаи муншигарй руй овард ва ба хидмати амир Музаффар ибн Насруллох амири Бухоро даромад ва дар чангхои амири Бухоро бо фармонравоëни узбеки Шахрисабз ва чангхои Pyсия бо амирони Бухоро ширкат кард ва во;еанигори расмии сипохи Бухоро шуд. Чунонки худ менависад: "Дар хангоми чанг болои дарахт менишаста ва чараëни чангро бо чашмони худ назоратгар буда, бар руи коFаз сабт мекардааст" [4, 5].

Мирзо Абдулазими Сомй борхо бо хамрохи сафирони Бухоро ба Pyсия сафар кард. Аз чумла аз тарафи амир Музаффар дар маросими точгузории подшохи рус Александри III дар Санкт-Петербург соли 1881 ширкат кард ва бар он буд, то хотироти худро дар боби ин сафар ба риштаи тахрир дароварад. Вай бо чулуси амир Абдулахад бар тахти салтанат хамчунон дар вазифаи муншй бо;й монд ва тайи 10-11 сол дар дарбори y ба хидмат пардохт. Баъдхо ба сабаби номаълуме аз вазифа барканор шуд. Метавон чунин хадс зад, ки ин хангом вай рафтори дарбордан ва нахваи хукумати онхоро мавриди накухиш ;арор дода ва ба хамин далел дар даврони кухансолй аз дарбор ронда шуд. Берун аз дарбор ба навиштан руй оварда, рузгорро то хангоми марг дар фа;ру тихидастй сипарй кардааст. Шояд яке аз далоили ронда шудани Мирзо Абдулазим Сомй аз дарбор аз натоичи сафархои y ба Pyсия ва ошной бо шеваи мамлакатдорй, вазъияти идораи хукумати онон бояд донист, ки дар таFЙири равия ва навъи тафаккури y таъсири шоëне гузоштааст. Ба хамин далел вай пас аз му;оисаи хукумати хонадони маотития бо русхо фасоди ахло;и амирон, волдан, рyхониëн ва амалдорони Бухороро накухиш карда, дар шеърхои худ ин качтобихои маъмул ва роичи ичтимоиро инъикос кардааст.

Мирзо Абдулазими Сомй дар махфили адабии Садри Зда, ки як зумра зиëиëн табодули афкор намуда, аз илму дониш бахраманд мегардиданд, фаъолона ширкат меварзид. С.Айнй, ки аз чумлаи бахрагирифтагони ин махфил ба хисоб мерафт, во;еоти он солхоро дар асари худ ин тавр тасвир намудааст: "Хонаи Шарифчон махдум дар хар хафта се шаби таътил сешанбе, чоршанбе, панчшанбе одатан ранги анчумани шоирон, шеършиносон, латифагyëн ва ширинкоронро мегирифт" [1,17]. Садриддин Айнй дар баробари адибону фозилони пеш;адами Бухоро аз ;абили Мулло Назруллохи Лутфй, Соди;хочаи Гулшанй, Мулло Pахмати Сартарош, Азизхочаи Азиз иштироки Мирзо Абдулазими Сомии Бустониро низ дар ин махфил зикр мекунад.

Мирзо Абдулазими Сомй пас аз ронда шудан аз дарбор бо таваччух ба он ки сохиби фазлу камол буд ва чунон ки худ дар "Тухфаи шохй" ишора мекунад, осоре чун "Таба;оти Носирй", 'Тавзату-с-сафо", "Мироту-л-олам", "Носеху-т-таворих","Мифтоху-т-таворих", "Таърихи Фаришта" ва "Таърихи вассоф" ро хонда буд, ба навиштан руй овард ва дар боби ахволи салотини Мовароуннахр даст ба таълифи асари "Тухфаи шохй" зад.

Сомй сарфи назар аз "Тухфаи шохй", ки дар боби Аморати Бухоро ва аз рузгори Абдулахадхон (1885-1910) то рузгори худ онро ба риштаи тахрир даровардааст ва ба сабаби гузоришхои айнй, нависанда аз руйдодхои даврони хукмронии амир Музаффар ахамияти махсус дорад, сохиби осори дигаре чун "Таърихи салотини маотития дору-с-салтанаи Бухорои шариф" аст, ки дар он бо баëни хурдагирона рузгори амирони Бухорои асри худро шарх медихад. Ин асар дар соли 1962 бо баргардони русй бо кушиши Епифанова Л.М. интишор ëфт [4].

Асари "Тухфаи шохй"-и Мирзо Абдулазими Сомй аз манобеъи арзишманди даврони маотитияи Бухоро мебошад. Аз он чо, ки муаллиф дар хидмати амир Музаффар (1860-1885) буда ва вокеанигори расмии сипохи Бухороро дошта, аз наздик бисëре аз вакоеъи даврони хукуматаш, чун чангхои амир Музаффар бо хокимони Шахрисабз ва Pyсияро мушохида кардааст, аз даврони хукмронии амир Музаффар иттилооти мухим ва пур;имате ба хонанда медихад ва асари дасти аввал ба шумор меравад.

Дигар хусусияти хоси "Тухфаи шохй" зикри шачараномаи хонадони Аштархондан ва Маюитдани Бухорост, ки онро аз рузгори Убайдулоххон OFOЗ мекунад ва гох ба тафсил ва дар баъзе маворид ба ичмол ба шархи холи чангхои онон мепардозад.

"Тухфаи шохй"-ро Сомй солхои 1898\9-1902\3 ва асари дувумашро "Таърихи салотини маотитияи доруссалтанаи Бухорои Шариф"-ро солхои 1906-1907 навишта аст. Якумин аз 298 сахифа ва дувумин аз 75 сахифа иборат аст [3; 5].

Дар хар ду асар ходисахо ба таври хронологй пай дар пай инъикос ëфтааст. Дар "Тухфаи шохй" зикри хаводис аз охири асри XYII, аз хукмронии Субхон;улихон (1680-1702) OFOЗ ëфта, то 14 соли хукмронии амир Абдулахад солхои 1898-1899 ба анчом мерасад.

Лахни муаллиф дар баëни ва;оеъи таърихй аксаран yрëн ва бепарда аст. Вале дар баъзе маврид чун дигар муаррихони дарборй рохи ифрот паймуда, дар баëни масъалаи Марв, Байрамалихонро фарде исëнгар муаррифй менамояд ва ;асди амир Шохмуродро аз лашкаркашй ба

Марв саркуби у медонад. Ин дар холест, ки Байрамалихон аз тарафи подшохи Кочор хукумати он нохияро дошта ва Марв дар он рузгор яке аз чахор шахри мухими Хуросон махсуб мешуд [3, в. 57а-60б].

Сомй инъикоси вокеахоро на аз хонадони Маотития, балки аз даврони хукмронии Убайдуллоххон ва муборизаи у бо хокими Балх Мухаммад Мукимхон OFOЗ мекунад.

Дар асар шуриши хокимон ба мукобили хукумати марказй, ки боиси харобй ва кашокии зиëди оммаи халк гардид, хеле ботафсил баëн шудааст. Чунончй, собик махрами даргохи Абулфайзхон Иброхимбий тавонист ба мукобили хон кабилахои казок, каракалпок ва хитой-кипчокро равона намуда, мухлати хафт сол заминхои байни Самарканд ва Бухороро ба харобазор мубаддал гардонд. Дар натича кахтии мудхише, ки соли 1735-1736 фаро гирифт, анкариб тамоми ахолии Самаркандро нобуд сохт. "Дар Бухоро бошад, мегуяд Сомй, хамагй ду махалла ахолй бокй монд" [3, в. 65а].

Хучуми Нодиршох ба Осиëи Мдана ва муносибати дустонаи у бо Мухаммад Хаким атолик ва Мухаммад Pахимбий муфассал оварда шудааст.

Муаллиф ошуби Ибодуллохбийи хитоиро зикр мекунад, ки соли 1745 кушиши дар KаттакУрFOн мустахкам кардани хукматро дошт, вале аз чониби Мухаммад Pахимбий фуру нишонда шуд [3, в. 70а-75б].

Сомй ошубхои зиëди даврони хукмронии амир Дондал (1758-1785), хусусан ошуби туркманхои кабилаи ирсарии соли 1762-1763, ки ба ЧорчУй хучум карда, онро Fорат намуданд, ба риштаи тасвир мекашад [3, в. 95б-98а].

Муаллиф даврони хукмронии амир Насруллохро (1826-1860), ки тавонист ба ошубхои феодалони марказгурез хотима дода, хукумати худро аз Уротеппа то Амyдарë ва то Кундузу Бадахшон зери итоати худ даровард ва дар муддати 25 сол 32 маротиба ба Шахрисабз юриш кардааст, хеле ба тафсил меорад [3, 125б-129а].

Сомй хабар медихад, ки дар давраи хукмронии амир Насруллох ба Бухоро ворид шудани Fайримyсалмон манъ ва аз Бухоро ба Pyсия танхо ба шумораи махдуди савдогарон рафтан ичозат буд. Дар ин давра аз чониби русхо Бухоро танхо мехр ва муруват дидааст. Аз Pyсия сафорате барои изхори дустй ба Бухоро фиристода мешавад. Хайати сафорат хело хуб пазирой шуда, ки муаллифро ба хайрат гузоштааст, чун он замон Fайри дин касе чуръати ворид ба Бухороро надошт, чун пеш аз ин англисе, ки худсарона ба кишвар омада, ба катл расонида шуда буд. Дар чавоб амир Насруллох сафорате бо рохбарии Муллочон мирохур бо хадоëи здаде, ки ба он ду фил низ дохил буд, ба Pyсия равон мекунад [3, 146б]

Даврони хукумати Насруллохро чамъбаст карда, Сомй кайд мекунад, ки дар ин давра "Бухоро аз русхо танхо улфату мехрубонихо дидааст" [3, в.166б].

Зимни инъикоси даврони хукронии амир Музаффар муаллиф асосан ба ошубхои хокимони Шахрисабз, Хисори Шодмон бар зидди хукумати марказй таваччух мекунад. Дар ин чо маълумоти хеле ачиб доир ба шурои аъëнy ашроф, ки накшаи хучум бар зидди амирро рохандозй мекарданд, номхои иштирокчдани шуро, акоиди мухталифи дар он иброзшударо ба тафсил меорад [3, в.172-176 а].

Хокими Китоб Зокирбий, дастнишондаи амир оид ба касди шуриш ба амир Музаффар хабар дод, амир талаб кард то ошубгарон ба Бухоро оварда шавад. Хокимони амир хабс ва ба чойи онхо хокимони нав, ки номхои онхоро Сомй зикр мекунад,таъйин шуданд [3,в.174 б].

Сомй инчунин дар бораи муборизаи амир Музаффар бо ашрофони ошубгар ва Fасби ЯккабоFy музафарияти амир, хучуми хони Хуканд Маллахон ба Ч,иззах ва ба ëрдами чиззахиëн шитофтани амир Музаффар накл мекунад [3, в. 175б].

Сомй баъд дар бораи ошубхои феодалии Хисори Шодмон, Шахрисабз дар солхои 1280/1863-64 [3, в. 176б-176а] муфассал хикоя мекунад. Муаллиф инчунин дар мухосираи 30-рузаи Дехнав аз чониби амир ширкат варзидааст.

Муаллиф дар бораи ошуби писари Музаффар Абдумали-тура, ки бозичаи дасти куввахои марказгурез (Шахрисабз ва Хисор) бар зидди хокимияти марказй буд, муфассал накл мекунад [3, в. 229а-275а].

Сабаби ошубро Сомй ранчиши Абдумалик аз падари худ, ки бо ювои хокими Самарканд Шералй аз Самарканд ронда ба Хузор хоким таъйин намуд, мешуморад. [3, в. 230а.] Ин холати рухии Абдумаликро ашрофони вилоятхои зикршуда ба нафъи худ истифода бурданд. Сомй ташаббускорони ин ошуб Хyдоëр эшикбошй, Ибодуллох туксабо ва дигаронро зикр мекунад [3, в. 230б]. Амир бо максади созиш ба Хузор Абдулкарим девонбегиро мефиристад, вале у кариб чонро аз даст дода, махфтена ба Каршй фирор мекунад [3, в. 232а].

Вазъи оммаи хал^ дар Аморати Бухорои нимаи дувуми асри Х1Х-ро Сомй наметавонад пинхон кунад, чун кушиш мекунад, ки хукуматдоронро дар ин чода сафед ва айбашонро рупуш кунад.

Нисбати даврони хукмронии Абдулахад Сомй ащариб чизе намегуяд, хол он ки ^айд мекунад, ки аз давраи ба тахт нишастани у то анчоми асар 14 сол сипарй шудааст [3, в. 298б]. Сомй Абдулахадро шохд одил номида, ки дар даврони хукуматаш шуру ошуб, зулму ситам [3, в. 295а] дида намешуд, тинчию оромй хукмфармо буд [3, в. 298а].

Асари "Тухфаи шохй" гарчанде, ки бо супориши шахсе навишта нашуда, бо хохишу дархости худи муаллиф таълиф шудааст, аз мундаричаи он маълум мегардад, ки ба дарбориён ва шахсан худи амир Абдулахад маълум аст. Чун дар мундаричаи асар Сомй аз корхои дарбор ва "мак;оми баланд" дар давраи амир Абдулахад сабукдуш карданаш шикоят мекунад. Дар охир хар ду амирро бо унвонхои баланд васф карда, илова мекунад, ки сабаби ягонаи таълифи ин асар дар таърих гузоштани номхои бузурги амир Музаффар буда, бар ивази он манфиати моддиро чуё нест.

Маводи Сомй хамчун хамзамон, шохид ва иштирокчии хаводиси нимаи дувуми асри XIX хатто дар инъикоси расмии ходисахои таърихй арзиши баланди илмии худро дар тахкщи ин давра гум намекунад.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Айни С. Ёддоштуо. Цилди 7. - М., 1961. - 319 с.

2. Брагинский И.С. Садриддин Айни. Материалы к биографии и творческой характеристике. -Сталинабад, 1948. -24 с.

3. Мирзо Абдулазими Сомй. Тухфаи шо%й. Дастхати Маркази мероси хаттии АИ Цумуурии Тоцикистон, №786/11.

4. Мирза Абдалазим Сами. История манытских государей, правивших в столице, благородной Бухаре. («Тарих-и салатин-и мангитийа» дар ас-салтана-и Бухараи шариф). Тарцумаи Епифанова Л.М. - ИВЛ, 1962. - 331 с.

5. Мирзо Абдулазими Сомй. Таърихи салотини мангитияи доруссалтанаи Бухорои шариф. Дастхати Маркази мероси хаттии АИ Тоцикистон, №927/11.

6. Рацабов З. Мирзо Азими Сомй ва осори у. - Шарци сурх № 5, 1947. -С. 96-110.

7. Чабров Г.Н. Новый источник по истории Бухарского ханства. Бюлл.АН Уз ССР. Ташкент, 1947, №2. -С. 23-30.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.