ДАВРОНИА^МАДМАХДУМИ ЦУШМАТОВАбдували,
ДОНИШ (АВЗОИ СИЁСИ- д.и.т, профессори кафедраи таърихи дунёи ТАЪРИХИИНИМАИ ДУЮМИ цадим, асрцои миёна ва археологияи факултети
АСРИXIXВА ИБТИДОИ АСРИХХ) таърихи ДМТ, (Тоцикистон, Душанбе)
ЭПОХА АХМАДА МАХДУМА КУШМАТОВ Абдували,
ДОНИША (ИСТОРИКО- д.и.н.,профессор кафедры древней, средневековой
ПОЛИТИЧЕСКАЯ СИТУАЦИЯ ВТОРОЙ истории и археологии Факультета истории
ПОЛОВИНЫ ХХ В. И НАЧАЛА ХХ В.) ТНУ, (Таджикистан, Душанбе)
THE AGE OF AHMED MAKHDOOM DONISH KUSHMATOV Abduvali,
(HISTORICAL AND POLITICAL SITUATION Doctor of History, professor of the department
OF THE SECOND HALF OF THE ХТХ-TH ancient, medieval history and archeology of
AND BEGENING OF ХХ-TH CENTURIES) Tajik National University, (Tajikistan, Dushanbe)
Калидвожа^о: Аморати Бухоро, сулола, амирони Мангития, афкори цамъиятй, цонунгузории исломи, таърихнигорй, Бухорои асримиёнагй.
Нимаи дуюми садаи Х1Х ва ибтидои садаи ХХ - даврони Аумади Махдуми Дониш дар таърихи халцуои Осиёи Миёна ва хосса мардуми тоцик аз давра^ои басо пурнизоъ, пурихтилоф ва нисбатан ноором буда, цангуои дохилии хонигариуо, авзои сиёсй-таърихй, ицтимой-фар^ангй, илмй-адабии минтацаро печидаю нобасомон гардонида буд.
Яке аз ахтарони тобон дар осмони илму адаби ин даврон шоир, нависанда, хаттот, меъмор, наццош, донишманди маъруф ва мутафаккири забардаст, поягузори цараёни маорифпарварй Аумади Дониш маусуб мегардад.
Андешауои маорифпарварй ва ислоуотхоуии ин донишманди тавоно дар асар^ои у «Манозир-ул-кавокиб», «Рисола дар назми тамаддун», «Наводир-ул-вацоеъ», «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Мангития», «Меъёр-ул-тадайюн» ифода ёфтаанд.
Бад-ин тариц, нацши Аумади Дониш уамчун маорифпарвар дар таърихи инкишофи илму адаб ва фар^анги миллати тоцик басо бузург аст.
Ключевые слова: Бухарский эмират, династия, мангитские эмиры, общественная мысль, мусульманское законоведение, историография, патриархально-феодальные устои, средневековая Бухара, феодально-клерикальные силы.
Самым замечательным представителем прогрессивной общественной мысли народов Средней Азии, в том числе таджикского народа во второй половине Х1Х и начало ХХ вв., был Ахмад Дониш.
Ахмад Дониш фигура яркая, многосторонняя, талантливая. Он сочетал в одном лице врача, поэта, музыканта, художника, астронома, ученого и каллиграфа. Его деятельность оставила глубокий след, как в области литературы, так и истории.
В обстановке отсталой средневековой Бухары, когда еще так сильны были феодально-клерикальные силы общества, которые стремились сохранить в неприкосновенности патриархальные феодальные устои в общественной жизни и противились какому бы то ни было прогрессу, А. Дониш смело выступал с новыми политическими убеждениями, ломая старые традиции официальной историографии и заложил основы нового прогрессивного направления в общественной мысли своего времени.
А. Дониш выступает как историк, активно участвующийся в политические дела своей страны. В своем произведении «Трактат или краткая история мангитских эмиров Бухары» дает острую и беспощадную сатиру на историю правления мангитских эмиров Бухары.
Key words: Emirate of Bukhara, dynasty, manghit emirs, social opinion, muslim laws, historiography, patriarchy-feudal foundations, medieval Bukhara, feudal- clerically forces.
The most prominent representative of progressive social opinion of peoples of Central Asia, as well as the tajik people of the second of XlX-th and beginning of XX-th centures was Ahmad Donish.
Ahmad Donish the light and talented figure. He was a doctor, poet, musician, painter, astronomer, scientist and calligrapher. His activities put a deeper mark in the field of literature and history.
In position dark medieval Bukhara, when was strengthen feudal society, which tried to save the patriarchal feudal in social life and pretend to something for progress, Ahmad Donish bravely went with new
political thoughts, broken the old traditional historiography and put the main new progressive direction in social opinion of his epoch.
Ahmad Donish was a historian, actively involved in political life his epoch. In his novel «Short history of manghit Emirs of Bukhara», talk about the history of Emirs of Bukhara.
Нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ дар таърихи халкхои Осиёи Миёна ва хосса мардуми точик аз даврахои басо пурнизоъ, пурихтилоф ва нисбатан ноором буда, чангхои дохилии хонигарихо, авзои сиёсй-таърихй, ичтимой-фархангй, илмй-адабии минтакаро печидаю нобасомон гардонида буд. Х,олоти фавкуззикр дар осори таърихй-илмй, адабй-пажухишй ва хатто дар асархои адабй-хунарии манзуму мансур ва намоишномахо басо амику дакик, пурвусъату серпахно ва бо назардошти чузъият матрасу баррасй шудааст, ки хеле хуб аст. Мушаххасан масоили фавкуззикр дар асархои С. Айнй, Б.Г. Гафуров, С. Улугзода, З.Ш. Рачабов, Р.Х,. Хрдизода, А.М. Мирзоев, Н. Маъсумй, Х. Мирзозода, Т. Неъматзода, С. Амиркулов, У. Каримов, Н. Сайфиев, А. Девонакулов, С. Саъдиев ва дигарон хеле хуб матрах шудааст, ки метавон гуфт барои тахкику тахлили авзои замон, холоти иктисодиёту хаёти илмй, фархангй ва адабии давр басо пурманобеъу арзишманд аст. Аз тарафи дигар, хосса барои тахкику тахлили рузгори миллат дар интихои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ аз даврахои боз хам хассостарини таърихи миллати точик аст, ки метавон онро сарнавиштсоз ном гирифт [1-3; 8-15; 17-19].
Дар ин давра эчодиёти баъзе аз симохои адабй мохияти сирф бунёдй ва бакобахш барои ворисони он осор дорад, ки дар ташаккули минбаъдаи рузгори миллат накши такдирсоз ба чо овардаанд. Чунин рисолати таърихиро дар интихои асри Х1Х Ахмади Дониш ва дар огози асри ХХ Садриддин Айнй ба чо овардаанд.
Нимаи дуюми асри Х1Х бо манзури авзои сиёсй-таърихй мархалаи нав дар хаёти халкхои Осиёи Миёна махсуб мешавад, заминахои ин тахаввулоти сиёсй-таърихй хануз аз ибтидои асри ХУ11 маншаъ мегирад. Бояд таъкид намуд, ки хануз соли 1747 нахустамири мангитихо - Рахимхон охирин намояндаи Аштархонихо - Абулфайзхонро дар мадрасаи Мири Араб ба катл расонида, бо хамин ба хукмронии сулолаи Аштархонй хотима мебахшад.
Рахимхон соли 1758 вафот мекунад ва чойгузини у амакаш Амир Дониёл (1758-1785) шудааст. Баъд аз даргузашти Дониёл (1785) писараш Амир Шохмурод (1785-1800) ва баъд аз у писараш Амир Хдйдар (1800-1826) ба тахт сохиб мешавад. Баъд аз вафоти Х,айдар писари у Насруллох (1826-1860) ва пас аз кушта шудани Насруллох писари ягонааш амир Музаффар (1860-1885), сипас фарзанди у Амир Абдуахад (1885-1910) ва охирин намояндаи сулолаи Мангитихо Амир Сайидолимхон (1910 то 2-юми сентябри соли 1920) хукмронй карданд.
Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккири точик Ахмад Махдуми Дониш ибни Мулло Мирносири Бухорой дар замони се тан аз хукамои фавкуззикр Насруллох, Музаффар ва Абдулахад рузгор ба сар бурдааст. Ахмади Дониш бо ёрии устодаш, ки мухандиси дарбор буд, ба дарбор кашида мешавад ва соли 1855, баъд аз даргузашти устодаш, бо фармони Амир Насруллох Ахмади Дониш сармухандис таъйин карда мешавад.
Аз нигохи сиёсй авзои Осиёи Миёна дар он рузгорон нисбатан вазнин ва басо хассос буд, зеро ду давлати абаркудрат Россия ва Англия ба Осиёи Миёна дастдарозй мекарданд. Х,атто мавриди хамлаи Россия ба Осиёи Миёна, ки дар замони хукмронии Амир Музаффар иттифок афтода буд, ин амири кутохназар хатто амр медихад, ки: «Душманро биронед то худи Фитирбурх ва дар идомаи он супориш медихад, ки аввал бонкхо, алока, дарвозахои шахрхоро ишгол кунед...» [15, 360]. Маълум аст, ки нимаи дуюми асри Х1Х барои халкхои Осиёи Миёна басо вазнин буд, зеро соли 1864 миёни хонигарихои Хуканду Бухоро чанг ба амал омада, холатро боз хам вазнинтар мекард. Дар хамин асно соли 1865 Россия Тошкандро забт кард ва дар андак муддат - миёни солхои 1865-68 нуфузи харбии Россия дар ин каламрав чандин маротиба афзуд. Россияи подшохй Хуканд, Ч,иззах, Уротеппа, Самарканд, Фаргонаро тасарруф карда буд. Беш аз ин, хонигарихои Бухоро ва Хева амалан истиклолияти сиёсй надоштанд ва тобеи Россия буданд. Россия дар шахри Тошканд генерал-губернатории Туркистонро созмон дода буд, ки ин ташкилоти сиёсй-харбй комилан алорагми ворастагии сиёсии кишвар буд.
Соли 1857 шохи Россия Николаи 1 вафот кард ва Александри 1 чойгузини у шуд ва ба ин муносибат хайати сафорат аз Бухоро бо сардории Муллочон Мирохур, бо супориши Амир Насруллох ба Россия фиристода шуд, ки дар он хайат Ахмади Дониш чун мушовир ширкат дошт. Вазифаи сафорат баёни таъзия ва табрики императори нав буд. Аз сабаби он ки хайати сафорат бисёр хатогии сиёсй карданд, кисми дуюми супориши амир баргардонидани мамлакатхо- шахрхои тасарруфшударо Россия ичро накард.
Баъд аз тагйироти сиёсй дар Бухоро ва ба тахт нишасмтани Амир Музаффар, омодагй ба хайати тозаи сафорат ба Россия пеш омад ва Амир музаффар дар ин навбат Ахмади Донишро
котиби сафорати мазкyр таъйин карда 6уд. Сафари хайати сафорати мазкyр соли 1869 иттифок афтодааст. Ахмади Дониш сабаби шахсони нолоикро, ки дар хайати сафорат рох ёфтаанд, дар он мебинад, ки асрори давлат гуё хифз мешуда боша два ин падидаро амир гуё дидаву дониста амалй мекардааст. Чунончи: «Салотини Бухоро дар боби суфаро одамони камтаомул ва бедонишро ихтиёр мекунад, ба эътикоди он ки асрори давлати мо фош нашавад. Яъне, элчй бояд, ки агар суоле кунанд, кодир ба чавоб набошад» [5, 57].
Махз хамин кутохназарихои Амир Музаффар буд, ки Россия ба Бухоро чанг эълон кард. Ин дафъа хам хукумати Бухоро шикаст хурд ва ба шартномаи сулх имзо кард ва бадтар аз хама он аст, ки Бухоро товони чанг дод. Мархалаи сеюми инкилоби фикрии Ахмади Дониш охирхои соли 1973 иттифок афтод, зеро дар ин сол Амир Музаффар хайати нави сафоратро омода сохта, мефиристад, ки сафорати мазкур тули се мох давом намуда, хусусан таваччухи Александри II ба Ахмади Дониш бештар ба мушохида мерасад. Ахмади Дониш хотироти хешро дар ин бора дар асари дигари хеш «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» хеле хуб баён намудааст. Асари мазкур баъдтар ба таркиби «Наводир-ул-вакоеъ» ворид карда шудааст. Аллома дар рисолаи мазкур низ чанд пешниходоти судманд ба Амир Музаффар оид ба усули мамлакатдорй карда бошад хам, он пешниходот аз чониби Амир Музаффар пазируфта нашудааст.
Х,адаф аз тасарруфи Осиёи Миёна аз тарафи Россияи подшохй, ин пеш аз хама, вусъати бозори ашёи хом барои Россия буд. Аз тарафи дигар, Осиёи Миёна барои Россия - кувваи кори муфт ва инчунин манбаи ашёи хом буд [15, 245].
Тасарруфи Осиёи Миёна аз чониби Россия, пеш аз хама, завлонаи гуломдориро гусаст. Осиёи Миёна бо Аврупо каробат пайдо кард ва то андозае корхонахои саноатй дар ин каламрав сохта шуданд. Тасарруфи Осиёи Миёна чангхои дохилии хонигариро аз байн бурд.
Дар каламрави Осиёи Миёна таълими улуми дакик махсусан эхё шуд, ки хануз аз ибтидои асри XII махдуд карда шуда буд.
Дар баробари чанбахои мусбии фавк, тарафхои манфии тасарруф низ вучуд дошт, ки мардум дучори зулми дутарафа гардида, хам аз дохил ва хам аз ачнабиён чафо медиданд.
То андозае ду фарханг бархурд мекард ва яке фарханги русй ё аврупой ва дигаре фарханги исломии форсии точикй.Махсусан, адабиёт нисбатан рушд кард, зеро кисмати назарияи он то андозае таъсирпазирй дошт. Вале ин хама дар киёс бо масоили мехварии хаёти мамлакатдорию давлатдорй андак аст. Мухимтарин гардиш ва ё тахаввулоти сиёсие, ки дар хаёти мардуми точик ва дигар халкхои Осиёи Миёна ба вучуд омада буд, ин он буд, ки мардумони ин каламрав мустамликаи Россияи подшохй шуданд ва сохибихтиёриро аз даст доданд. Дар мачмуъ, хукумати Мангитихо, ки 170 сол давом дошт, кариб ки чанбаи мусбат надорад, зеро ба чуз манфиати фардй барои бехбудии давлат ва мардумони каламрав коре карда натавонистанд [12, 198-199].
Оид ба низоми давлатдории хонигарии Мангития дар сарчашмахои таърихй ва чи дар тадкикоти муаррихон бахсхои судманд рафтааст. Дар хусуси омодагии харбии хонхои мангит профессор Х.М. Мирзозода менависад, ки: «Х,укумати пусида, кушуни бенизоми аз чихати техникаи харбй кухнаи Бухоро, ки дар вай хизмати аксарй хамчун чазо гузошта шуда буд, ба мукобили кушуни нисбатан нагз мусаллахшудаи подшохй истодагарй карда наметавонист» [12, 119].
Аз сарчашмахо бошад оид ба низоми давлатдории мангитихо бехтарин маълумотро Ахмади Дониш, махсусан дар асари «Таърихи амирони Мангития», ки таърихи хос аст, зеро танхо ба зухуру корномаи Мангитихо ихтисос дода шудааст, додааст. Ин аз ду чихат арзишмандтарин аст: аввал ин ки, таърихи хоси сулола аст, сониян, Ахмади Дониш аз дохил ин сулоларо омухта буд ва ягон чихати мусбати фаъолияти онхоро таъкид накардааст.
Аз ин ру, Ахмади Дониш асосан дар се асари худ оид ба усули мамлакатдории Мангитихо бахсхои чиддй сомон додааст. Махсусан, дар «Наводир-ул-вакоеъ», ки асари ёддоштй аст ва инчунин, дар асари дигари хеш «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» низ оид ба назарияи сиёсии мамлакатдорй бахсхои сирф илмй кардааст.
Академик Б. Fафyров оид ба холати рузгори пешомадаи мардумони Осиёи Миёна таваккуф карда, хеле мушохидакорона менависад, ки: «Мехнаткашони точик, узбек ва гайра, ки пештар аз тарафи феодалони махаллй ва рухониёни замондори реаксионй истисмор мегардиданд, акнун ба фишори дутарафа дучор гардида буданд. Ба гуруххои мехнатии ахолй тахкиромезона рафтор кардани табакаи реаксионии амалдорони хукумати подшохй, пора ва ришвахурии онхо беш аз пеш дар байни ахолй норозигй ба вучуд меовард» [9, 366].
Тобеъ шудан ба Россияи подшохй бехбудии ахвол набуд. Ин аз ноухдабарой ва чахолати амирони Мангития маншаъ мегирифт, зеро истиклолияти сиёсй аз дасти давлати Бухоро рафта буд. Ба ин маънй, Ахмади Дониш менависад, ки: «... Филчумла, галабаи Россия дар Самарканд ва тавобеи он дар мохи мухаррами санаи 1285 (баробар ба майи соли 1868 мелодй) вокеъ шуда, обу
таоми мардуми Бухороро захролуд гардонид ва рисолат ба бахонае омада махалли харочот ва исрофоти бемавкеъ мегаштанд ва амир аз тарси ин ки мабодо онхо биранчанд ва мухили ишрату фарогати у шаванд, яке бар сад чизияи мусулмониро ба зулму зачр чамъ карда, ба эшон медод ва худро ба дустй ва итоат менамуд. Чун тансики умимулкии ин диёр ба раъй ва зулми мулки инчост ва мардуми Русия кор ба андозаи низом кунанд ва муомилоти мо бо халк аксар мухолифи эхтисоб менамуданд, ки: «Ту ин кор кардй, мухолифи дустй аст ва ин хукм ба хилофи услуби итоат, магар доияи инхироф ва ихтилофдорй». Профессор Х.М. Мирзозода дар такя ба казовати навбатии Ахмади Дониш, ки окибати давлатдории Мангитияро тахмин карда буд, иктибос оварда менависад: «Заминаи хукмронии амирони Мангитро мушохида ва тахмил кардагй Ахмади Дониш дар китоби «Таърихи амирони Мангития»-и худ ба таъбири хоби яке аз аъзоёни хайати сафоратхонаи Бухоро дар Петербург, чавоб дода, чунин гуфт абуд: «Х,оли ин давлати Мангития дар оянда чй шавад. Рехтани моху ситора чист: осмон бар сари инхо фуруд ояд» [12, 204].
Ана дар чунин холат боз хамоно каломи хунарй-адабиёти бадей аст, ки бакои миллатро тавассути гановати забони миллй нигох дошт ва миллатро аз завол начот бахшид.
Бад-ин тарик, накши Ахмади Дониш хамчун маорифпарвар дар таърихи инкишофи илму адаб ва фарханги точик басо бузург аст.
Дар замони худ, осори гаронбахои Ахмади Дониш дар рохи бедорй ва худшиносии зиёиёни миллй, накши асосй бозидааст.
ПАЙНАВИШТ:
1. Айни С. Ёддоштхо //Куллиёт, ц. 6. —Душанбе: Нашрдавтоцик, 1962. — 415 с.
2. Айни С. Ёддоштхо //Куллиёт, ц. 7. —Душанбе: Нашрдавтоцик, 1962. — 616 с.
3. Айни С. Таърихи амирони мангитияи Бухоро //Куллиёт, ц. 10. - Душанбе, 1966. - С. 5-191.
4. Ахмади Дониш. Порчахо аз ««Наводир-ул-вацоеъ». - Сталинобод:Нашрдавтоцик, 1957. - 247 сах.
5. Ахмади Дониш. Наводир-ул-вацоеъ. Китоби якум. - Душанбе: Дониш, 1988. - С. 172.
6. Ахмади Дониш. Путешествие из Бухары в Петербург. Избранное. Поготовка текста и комм. Р. Хади-заде. Пер с. Тадж. М.Н. Османов и А.Н. Демидчик. - Душанбе: Таджгосиздат, 1960. - 300 с.
7. Ахмади Дониш. Рисола дар назми тамаддун ва таовун. - Душанбе, 1976. - 95 сах.
8. Ахмад Махдуми Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Мангития. Ба саъй ва эхтимому тасхехи А. Мирзоев. - Сталинобод: Нашрдавтоцик, 1960. -193 с.
9. Гафуров Б. Таърихи мухтасари халци тоцик. Цилди 1. - Сталинобод: Нашрдавтоцик, 1947. - 384 с.
10. Гафуров Б. Тоцикон. Китоби 2. Охирхои асри миёна ва давраи нав. - Душанбе: Ирфон, 1985. - 416 сах.
11. Маъсуми Н. Забон ва услуби Ахмади Дониш. - Душанбе: Дониш, 1970. - 73 с.
12. Мирзозода Х. Материалхо аз таърихи адабиёёти тоцик (асрхои ХУ1-Х1Х ва ибтидои асри ХХ). - Сталинобод, 1950. - 250 с.
13. Рацабов З.Ш. Аз таърихи афкори цамъиятию сиёсии халци тоцик дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ. - Сталинобод: Нашрдавтоцик, 1959. - 195 с.
14. Рацабов З.Ш. Маорифпарвар Ахмади Дониш. - Душанбе: Ирфон, 1964. - 307 с.
15. Рипка Ян. История персидской и таджикской литературы. - Москва: Прогресс, 1970. -400 с.
16. Улугзода С. Ахмади Дониш. - Сталинобод: Нашрдавтоцик, 1946. - 88 с.
17. Ходизода Р.Х,. Ахмади Дониш. -Душанбе: Ирфон, 1976. - 293 с.
18. Ходизода Р. Ахмади Дониш. -Душанбе: Маориф, 1967. -156 с.