Научная статья на тему '“УПАНИШАДҲО” САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ ВА ХУДОГОҲӢ'

“УПАНИШАДҲО” САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ ВА ХУДОГОҲӢ Текст научной статьи по специальности «Искусствоведение»

CC BY
62
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
маърифат / ведаҳо / “Упанишадҳо” / худшиносӣ / тафаккур / маънавиёт / фарҳанг / атман / браҳман / шруттӣ.

Аннотация научной статьи по искусствоведению, автор научной работы — Мирниёзов Абдухолик Кудратович

Маърифат ва худогоҳӣ чун мавзӯи асосии фалсафа дар Упанишадҳо мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Баён гардидааст, ки Упанишадҳо шарҳи фарҳанги ведоӣ мебошад. Зикр шудааст, ки ин асарҳо мероси мардумони ориёинажоди муқими Ҳинд буда, бо забони санскритӣ навишта шудаанд. Махсусан, маърифат ва худогоҳӣ ва аҳамияти он ифода ёфтааст. Шинохт ба атман ва браҳман ҳамчун худшиносӣ ва худогоҳӣ таҳлил гардидааст. Худшиносии инсон дар натиҷаи шинохти нерӯи дарунии худ ва хештаншиносии ӯ нишон дода шудааст. Роҳҳои маъно бахшидани худшиносӣ ба зиндагии инсон ва наҷоти ӯ аз бӯҳронҳои сиёсиву маънавӣ ифода ёфтааст. Таъсиргузор будани “Упанишадҳо” дар ташаккули таърихи ирфон ва маънавияти мардуми ориёнажоди Ҳинд баррасӣ гардидааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «“УПАНИШАДҲО” САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ ВА ХУДОГОҲӢ»

УДК: 821.222.8

"УПАНИШАДХ,О" САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ ВА ХУДОГО^Й

МИРНИЁЗОВ АБДУХОЛИК КУДРАТОВИЧ

Филиали МД "Донишгохи байналмилалии сайёхй ва сохибкории Точикистон" дар

вилояти Сугд (ш. Хучанд)

Маърифат ва худогоуи чун мавзуи асосии фалсафа дар Упанишадуо мавриди таллия царор дода шудааст. Баён гардидааст, ки Упанишадуо шаруи фаруанги ведой мебошад. Зикр шудааст, ки ин асаруо мероси мардумони ориёинажоди муцими Хинд буда, бо забони санскрити навишта шудаанд. Махсусан, маърифат ва худогоуи ва ауамияти он ифода ёфтааст. Шинохт ба атман ва брахман уамчун худшиноси ва худогоуи таулил гардидааст. Худшиносии инсон дар натицаи шинохти неруи дарунии худ ва хештаншиносии у нишон дода шудааст. Роууои маъно бахшидани худшиноси ба зиндагии инсон ва нацоти у аз бууронуои сиёсиву маънави ифода ёфтааст. Таъсиргузор будани "Упанишадуо" дар ташаккули таърихи ирфон ва маънавияти мардуми ориёнажоди Хинд барраси гардидааст.

Калидвожах,о: маърифат, ведауо, "Упанишадуо", худшиноси, тафаккур, маънавиёт, фаруанг, атман, брауман, шрутти.

«УПАНИШАДЫ» ЯВЛЯЮТСЯ ИСТОЧНИКОМ ЗНАНИЯ И САМОПОЗНАНИЯ

МИРНИЕЗОВ АБДУХОЛИК КУДРАТОВИЧ

Филиал УД «Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана» в Согдийской области (г.Худжанд)

Просвешение и самосознание были проанализированы как основные философские темы в Упанишадах. Утверждается, что Упанишады — это описание ведической культуры. Отмечается, что эти произведения являются наследием арийского народа, проживающего в Индии, и написаны на санскрите. В частности, выражены просвешение и самоосознание и его важность. Признание атмана и брахмана анализируется как самопознание и самосознание. Самосознание человека проявляется в результате осознания своей внутренней силы и самосознания. Способы придания смысла самопознанию выражаются в жизни человека. Обсуждается влияние Упанишад на формирование истории просвешение и духовности арийского народа Индии.

Ключевые слова: просвешение, Веды, Упанишады, самопознание, мышление, духовность, культура, Атман, Брахман, Шрути.

THE UPANISHADS ARE THE SOURCE OF KNOWLEDGE AND SELF-KNOWLEDGE

MIRNIEZOV ABDUKHOLIK KUDRATOVICH

Branch of the UD "International University of Tourism and Entrepreneurship of Tajikistan" in the

Sughd region (Khujand)

Enlightenment and self-consciousness have been analyzed as major philosophical theme in the Upanishads. It's mentioned that Upanishads is a description of Vedic culture. It is noted that these works are the heritage of the Aryan people living in India and were written in Sanskrit. In particular, enlightenment and self-awareness and its importance are expressed. The recognition of atman and brahman is analyzed as self-awareness and self-consciousness. Self-consciousness of a person is manifested as a result of awareness of one's inner strength and self-evaluation. Ways of giving

meaning to self- consciousness are expressed in human life. The influence of the Upanishads on the formation of the history of enlightenment and spirituality of the Aryan people of India is discussed.

Key words: enlightenment, Vedas, Upanishads, self- consciousness, thinking, spirituality, culture, Atman, Brahman, Shruti.

Маърифат ва худогохй яке аз унсурхои асосии фалсафа мебошад, ки таърихи хеле кухан дорад. Ба таърихи башар назар афканем, мебинем, ки хар як кавму нажод дар даврахои гуногуни таърихй ру ба маърифату худогохй овардаанд. Аз он чумла, мардуми ориёинажод, ки баъд аз мухочират кисме аз онхо дар сарзамини Х,инд мукимй шуданд ва дар он чо фарханги беназири ориёиро бо номи "ведахо" ба вучуд оварда, маърифату худогохиро асоси фалсафаи зиндагии худ карор доданд ва маърифатро сабаби растагорй ва худшиносиро ба растагорй расидан мехисобиданд.

Дар китоби "Мухочирати таърихии эрониён ба Х,инд" зикр шудааст, «Усули куллй ва умдаи оини ведоиро, ки то садаи шашуми пеш аз милод дини роичи мардуми Х,инд буд, мухочирон ва аквоми ориёй бо худ ба он диёр бурдаанд. Пас аз он ки дини ведой холати ифротй ба худ гирифт ва эхтимолан василаи иктидор ва султа гардид, оини ирфонии «Упанишадхо» ру ба рушд ниход ва тагйироти умдае дар шеваи тафаккур ва сарнавишти фалсафаи Х,инд падид овард» [7. 54].

Фархднги ведой тибки андешаи мухаккикон тахминан дар хазораи шашуми кабл аз милод китобат шудааст. Вожаи "веда" аз решаи «вид», яъне донистан ба лотинй (vider) муштак шудааст ва мурод аз он маърифат ва доной мебошад [9, 31].

Шохзода Мухаммади Дорошукух (1624-1659) ведахоро «вахйи мунзал ва каломи осмонй»[2,5-6] каламдод намудааст ва оид ба он таткикоти боарзиш ба анчом расонидааст.

Дар фарханги ведой оид ба ёдгорихои адабии Х,индустон, мифология, космология, муносибатхои ичтимой маълумоти мухим дода шудааст. Китобхои ведой нахустин сарчашмаи афкори мардуми ориёинажоди Х,инд мебошанд. Ин китобхоро "шурутй" низ меноманд. Ин вожа ба маънои дониши масмуъ ва дар мукобили калимаи "самриттй" аст, ки мафхуми он "дониши дар ёд монда" ё "илми махфуз"-ро ифода мекунад. Максад аз "шурутй" "илми мустакиме аст, ки сарчашмаи он хорич аз тафаккури башар буда, дар натичаи омухтан ба даст наомадааст, балки дониши аз чониби Худо нозилшуда мебошад. Манзур аз "самриттй" донишест, ки даст ба даст ва сина ба сина аз насл ба насли дигар интикол ёфта, дар вокеъ мероси муаллимони бостонй мебошад.

Донишманди Х,инд Ауробиндо муътакид аст, ки Веданта, Пурана, Тантаря, мактабхои фалсафй ва динии бузурги Х,индустон буда, аз Ведахо сарчашма мегиранд [11,31].

Ба кавли Дориюши Шойгон "Сарояндагони "Упанишадхо", фарзонагон ва шунавандагони ахкоми Х,ак буданд, ки дар каъри чангалхои бикри Х,инд хилват мегирифтанд ва ба хештанковй мепардохтанд. Ин даврони чангалнишиниро, ки бо рисолахои "Ороникахо" огоз гардид ва ба "Упанишадхо" анчомид, даврони донишгохи чангалй гуфтаанд" [10,97].

Таърихи тафаккури маънавии мардуми ориёинажоди Х,индро мусташрикони ведошинос ба чахор дастаи мухталиф таксим кардаанд: 1. Давраи ведой (аз 1500 то 600) кабл аз милод, ки бо баробари омадани ориёихо аз эронзамин ба Х,инд огоз мегардад. Ин давра густариши фарханг ва тамаддуни ориёихо буда, дар он сурудахои «Ригведа», «Брахманахо» ва «Упанишадхо» ба вучуд омадаанд. Ведошиносон онхоро ба чахор давра таксим менамоянд. Ин давра бо далели ривоч ёфтан ва густариши фалсафаи "карма морго" ё "тарикаи амал" номгузорй шудааст. 2. Давраи хамосй (600 кабл аз милод то 200 баъд аз милод), ки дар он давра густариши "Упанишадхо"-и аввалин, мактабхои фалсафии Х,инд ва хамосахои "Рамаяна", "Махабхарата" ва мактабхои равияи буддой, чайнй, шивой, вишнуй ва оини бхактй равнак ёфтаанд. Ин давра бо номи асри "чонона морго" ё тарикаи маърифат маълум мебошад. 3. Давраи сутрахо баъди соли 200-уми милодй огоз шудааст. Ин давраест, ки бисёре аз рисолахои фалсафй ба риштаи тахрир даромадаанд. 4. Давраи мадрасй, бошад аз карни дувуми

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

милодй огоз мегардад. Бисёре аз файласуфон ва хакимони хиндй ва буддой мутааллик ба ин давраанд. Шорехоне, аз кабили Шанкара ва Раманчй маънохои фархангй ва фалсафии бисёр ами;и фарханги ведоиро шарх додаанд, ки бунёди он то кунун дар оини хиндувон ба мисли як шохкории фархангй аз ахамияти фавкулодае бархурдор аст [14, 9-59].

Дар "Упанишадхо" зикр мешавад, ки одамй имкони расидан ба маърифатро худаш дар натичаи чустучу кардан бояд пайдо кунад. Нависандагони ин осори ирфонй равшанзамироне буданд, ки онхо дур аз хар гуна гаразу таассуб ба чуз Х,ак дар чустучуи доной ва маърифат мекушиданд. Аз ин ру, метавон гуфт, ки максади асосии "Упанишадхо" ин аст, ки начотбахшии маърифатро на танхо дар ин чахон, балки дар чахони дигар низ бар одамй нишон дихад, то одамй ба хубй фахм кунад, ки вусул ба Худо (Брахман) на факат дар амал ва анчоми аркони динй мебошад, балки онро дар маърифат хам метавон пайдо кард. Доктор Абдулхусайни Зарринкуб оид ба зарурати маърифат ишора намуда, зикр кардааст: "Бо вучуди он ки риёзат рохи ба максад расиданро нишон медихад, начоти вокеии инсон ба риёзат нест, ба маърифат аст. Нафсоният вакте ба куллй решакан мешавад, ки инсон ба мадади маърифат вахдати хуввияти "атман" ва "брахма"-ро тахкик бахшад" [3,18].

Чунончи дар брахмани севуми "Упанишадхо" оид ба маърифати Худованд омадааст: "Ва он бузург аст ва ба равшаноии худ равшан аст ва сурати у ба андеша дарнамеояд. Бо он ки аз хар латифе латифтар аст, ба назар дарнамеояд ва у аз хар давре дуртар аст ва аз хар наздике наздиктар. Ноорифонро аз дур дуртар аст ва орифонро аз наздик наздиктар. Уро дар хучраи дили худ мебинанд" [2, 233]. Шинохти Худованд дар "Упанишадхо" танхо ба воситаи маърифат ва дониши холис нишон дода шудааст. Чунончи: "Уро ба чашм натавон дид ва уро ба забон тавсиф натавон кард ва уро ба хеч хиссе дарнатавон ёфт ва уро ба риёзат ва аъмол натавон ёфт, уро аз гиёни (дониш) холис ва маърифати сирф метавон ёфт" [2, 233].

Аз мазмун ва мухтавои "Упанишадхо" маълум мешавад, ки ин асари фархангй дар шаклгирии таърихи ирфон ва маънавияти мардуми ориёнажоди Х,инд таъсири бузург доштааст.

Оид ба таърихи навишта шудани "Упанишадхо" дар байни мухаккикон андешаи ягона вучуд надорад, зеро бештари матнхое, ки ба адабиёти Х,инди бостон тааллук доранд, аз байн рафта, таърихи дакики ин матн аз имкон берун аст. Х,амчунин, ба кавли мухаккики рус А.Я. Сиркин "Муайян намудани жанри асосии "Упанишадхо" низ кори чандон осон нест. Чунки он зиёда аз дусад асарро дарбар мегирад, ки яке аз ин асархо аз як сахифа иборат бошад, дигараш зиёда аз сад сахифа буда, ба тарики назму наср навишта шудааст, ки он хусусияти ахлокй, фалсафй ва маросимиро доро мебошад" [6, 5].

Дар «Упанишадхо» усули содаи расидан ба тавхиди ноб ва макому мартабаи инсони комил ва бомаърифат нишон дода шудааст. Мухимтарин масоили ирфонй ва фалсафй ба адабиёти чахон ва осори ирфонии мутафаккирони форсу точик низ ба василаи адабиёти мардуми Х,инд аз кабили «Панчатантра» (Калила ва Димна), «Х,итопадеша», «Махабхарата», «Рамаяна», «Бахагавад гита», «Упанишадхо» ва гайра ворид шудааст. Бузургтарин асари ирфонй, ки шарху баррасии фарханги ведоиро дар бар мегирад, «Упанишадхо» мебошад.

Асоси фалсафаи фарханги ведоиро тарбияи инсони комил ташкил медихад. Инсони комилро наметавон бе чисми солим, рухи солим ва акли равшан тасаввур кард. Аз ин ру, мардуми ориёинажоди сарзамини Х,инд аз сифатхои барчастаи инсони комил бархурдор буда, тавонистанд як фарханги беназиру волоеро барои башар ба мерос гузоранд. Ризозода Шафак дар пешгуфтори "Гузидаи Упанишадхо" менависад: "Дар вокеъ аввалин хирадмандон хиндувон буданд, ки дар натичаи биниши хос ба як дастгохи вахдати орифона андешиданд ва он фикр аз тарафи ахлафи онон дар тули асрхо дар он диёр пазируфта шуд ва дар хакикат «Упанишадхо» буд, ки ин асли мухими фалсафиро матрах кард, ки заминаи тамоми тафаккуроти фалсафиро ташкил дод» [4, 60]."Упанишадхо" шомили рисолоти мухталифе дар боби адаб, улуми калом, ирфон ва асоси фалсафаи хиндувон аст. "Упанишадхо"-ро "веданта"

ё "поёни ведахо" низ меноманд, зеро он мукаммал буда, усораи таълимоти фалсафй ва тафсири ведахо мебошад.

"Упанишадхо" дар радифи асархое карор дорад, ки мазмуну мухтавои он хеле рамзй буда, дарки мазмуни он басо душвор аст. Дар ин асари нодири фархангй масъалахои мухталиф ба мисли шинохти маърифат аз кабили хастишиносй, худшиносй, худошиносй ва гайрахо матрах шудаанд.

Тибки назари олимони хиндушинос "Упанишадхо" дар солхои 700-ум то 600-уми кабл аз милод китобат шудааст. Олими Х,инд Дас Гупто дар асоси илми забоншиносй ва тахлилй мазмуни ботинии ин асари ирфониро ба ду давра, мутакаддим ва мутааххир таксим намудааст. Аз назари Дас Гупта тахминан 112 Упанишад ба назму наср навишта шудааст.

Мухимтарин хакикате, ки дар "Упанишадхо" матрах шудааст, он пурсиш аз атман (рух, чон) мебошад. Атман хакикате аст фанонопазир, ки сарчашмаи тамоми хакоики ин чахони бебунёд аст. Ин хакикати фанонопазир гохе атман ва гохе Брахман (Худо) ва гохе дар бархе аз "Упанишадхо" вучуд, адам ва сукут хам номида шудааст [14,45-70]. Инпурсишхо мазмуни фалсафй доранд. Ба мисли ин ки одамй аз кучо омадааст? Ба кучо меравад? Ч,ойгохи хакикии у дар ин чахон чй гуна аст? Сарнавишти у пас аз марг чй гуна хохад шуд? Инчунин, пурсишхои дигаре хастанд, ки дар "Упанишадхо" матрах машаванд. Олими ведошиноси Х,инд Радха Кришнан мазмуни ботинии "Упанишадхо"-ро ба назар гирифта, таълими асроромези онро аз мукошифа ва шухуд тавсиф мекунад, на далел ва истидлол. У зикр мекунад, ки "мукошифот дар "Упанишадхо" бештар диди орифона дорад, на файласуфона" [5,47].

Маърифат бори нахуст хамчун роххои расидан ба начот дар фалсафаи Х,инд дар фарханги ведой матрах шудааст. Чунки асли фарханги ведоиро маърифат ва хикмат дарбар мегирад ва он касоне хаким ва ориф махсуб меёбанд, ки ахком ва хакоики фарханги ведоиро фахм карда тавонанд [12,4-7].

Пас аз ведахо маърифат дар "Упанишадхо" баррасй гардидааст. Чунки "Упанишадхо" сарчашмаи боэътимоди маърифат мебошанд. Албатта, амал оид ба расидан ба макоми маърифат ахамияти калон дорад, вале солик то ки ба маърифат бирасад, бояд пеш аз хама ботини худро аз хохишхои нафсонй пок созад, то хакикати фанонопазирро дар даруни чони худ пайдо кунад ва калбаш тачаллигохи ишк ба атман гардад. Аз ин ру, метавон гуфт, ки дар "Упанишадхо" амал заминасози зухури маърифат аст. Маърифат дар "Упанишадхо" ба ду навъ чудо мешавад: якум маърифати бартар ё маърифати ботинй. Дувум, маърифати фурутар, ё маърифати зохирй. Маърифати фурутар маърифате аст, ки аз тамоми улуми тачрибавй хосил мешавад ва он маърифати мукаддасе аст, ки бо лаззатхои нопойдор дар ин чахон марбут буда фарохам меояд. Бар ин асос, хатто ведахо низ дар радифи маърифати фурутар карор мегиранд. Чунончи, дар "Упанишадхо" хикояи рафтани фариштагон ба назди Прачопотй ва талаби маърифат намудани онхо сухан меравад. Чунки хар кас лаёкат ва шоистагии расидан ба маърифати атманро надорад. Дар ин хикоя Прачапотй маърифат ба атманро ба ин чихат ба фариштагон меомузад, ки лаёкат ва шоистагии дарки онро доранд. Аммо ба шаётин хамон чизеро мегуяд, ки хохиши онхо буд. Чунки онхо маърифат ба хамин чисми хокиро маърифат ба атман мехисобиданд [2,6-10].

Маърифати дигар дар "Упанишадхо" маърифат ба атман ё маърифати бунёдии хакикати хастй аст, ки "маърифати бартар" ном дорад. Ин маърифат аз маърифат ба хакикати фанонопазир марбут мебошад. Х,акикате, ки бо он ношунида шунида мешавад, ноандешида ба андеша меояд ва идрокнашуда идрок мешавад. Ин намуди маърифат ба маърифати бунёдй ё хикмати човидонй низ тавсиф меёбад.

Дар "Упанишадхо" ба маърифат аз ду зовия назар карда мешавад: аввал илму дониши расмй ва зохирй аст, ки хакикати аслии ашёро идрок ва кашф менамояд. Дувум, на илму дониши зохирй, балки мартабаи волотар аз тафаккури аклй аст, ки "шухуд" ном дорад.

Тибки таълимоти "Упанишадхо" касе метавонад аз шухуд, ки ошкор шудани хакикат дар ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

дил, мушохидаи хак дар замир мебошад, бархурдор шавад ва ба тахкик барояш равшан мегардад, ки нафси у (атман, рухи фардй) бо Брахман (Худованд) якка ва ягона аст.

Касе, ки ба ин мартаба аз маърифат расад, шодии човидониро дар тафаккур ва вучуди хеш мушохида мекунад. Чунончи, дар "Упанишадхо" омадааст: Ячания Валакия ба хамсараш Майтария мегуяд: "Маърифат ба атман сарчашмаи тамоми шодихост, ки бунёди хакикати вучуди одамист. Яъне он чо ки хама чиз ба шахсияти инсон яке мешавад ва одамй факат хештани худро мебинад, на чизи дигарро" [14,286].

Дар ин матн худшиносии инсони ориф ба мушохида мерасад. Бинобар ин, начот иборат аст аз як навъ тахаввули шинохти маърифат, ки дар асли тафаккур рух медихад, на дар дунёи моддй.

Дар "Упанишадхо" солике, ки аз худуди акл ва тафаккур фаротар равад ба доной расида, аз натичаи неку бади амали худ гузар мекунад. Аммо касе, ки дар мартабаи тафаккури аклй аст, чун аз доной бенасиб бошад, назар бар осор ва натоичи аъмол дорад. Чунки кас бар асоси гузориши "Упанишадхо" дар торикии азим фуру рафта, бе он ки дар талаби тахзиби нафс бошад, аз руи таклид сухани тавхид ва маърифат бар забон меронад.

Маърифат ба атман, ё маърифати бартар чй тавр ба даст меояд? Ба таъбири дигар одамй барои вусул ба маърифат ба атман бояд чй кор кунад ва аз чй умуре бояд ичтиноб варзад, то битавонад дар жарфои чони хеш ба начот даст ёбад.

Маърифат ба атман тибки тафсири "Упанишад" замоне дар чони одамй ба зухур мерасад, ки аз дил хохишхои нафсониро дур кунад ва фахм кунад, ки атман хамон Брахман аст.

Дар "Упанишадхо" гуфта шудааст, ки одамй барои вусул ба маърифат ба атман бояд аз анчоми амалхои нодуруст дурй варзад ва дили худро аз тамоилот ва унсурхои шароратомез пок кунад, то битвонад ба маърифати бартар даст ёбад. Ин аносири шароратомез ба мисли: талаби дунё, сухан гуфтан аз ахкоми ведой барои касоне, ки маърифат надоранд, бадгуй, дуруг, бухтон, гайбат, дуздй, рохзанй, таклид аз дигарон, беэхтиромй ба раият, муртакиби гунохи кабира шудан, афсунгарй, беэътикодй ба охират ва хилофи фарханги ведой амал кардан одамиро аз расидан ба маърифат боз медоранд ва хамчун ресмоне уро дар банди худкомй ва чахолат нигах медорад.

Дар "Упанишадхо" ба ин нукта мукарраран таъкид мешавад, ки инсон наметавонад аз тарики хаввос ва хондани матни мукаддас он хакикати фанонопазирро фахм ва маърифат кунад. Мазмуни ин бахсро "Упанишадхо" дар зимни киссаи рафтани хаввос ва дил назди Прачапотй, ки аз мо кадом зуртар аст, нишон медихад. Дар идомаи хамин достон Прачапоттй ба Х,авос ёдовар мешавад, ки маърифат ба атман ё маърифат ба нафс, яъне парана ё чон аз хамаи аъзо ва хаввоси одамй бештар ахамият дорад [2,1-7].

Дар ин пурсиш матрах мешавад, ки оё начот дар "Упанишадхо" дар хамин чахон ва дар хамин зиндагй рух медихад, ё ин ки баъд аз зиндагии кунунй дар он дунё ба амал меояд?

Аз назари "Упанишадхо" касе, ки ба маърифат восил шуда ба мартабаи "чевана муктй" расидааст, яъне касе, ки дар хамин чахони хокй ба озодй мерасад, у аз банди гирифторихои ин чахон озод мешавад.

Пас начот дар "Упанишадхо" як чизи дастнорас нест, ки баъд аз ин зиндагй имконпазир бошад, балки шинохти маърифат метавонад дар хамин чахони хокй хам барои одамй муяссар шавад. Чунончй дар "Упанишадхо" омадааст: "Маърифат шинохтани худ аст ва растагорй расидан ба худ" [2,191].

Шорехони мутун ва адабиёти упанишадй бар ин боваранд, ки солик, ки дар шинохти атман кушиш мекунад дигар дар кайду банди ин чахон нест ва ба умури дунявй дилбастагй надорад, зеро дилбастагй ба ин дунё дар анчоми амали нек монеа эчод мекунад .

Тибки фалсафаи "Упанишадхо" маърифати фурутар дониши инчахониро ба одамй меомузад, на маърифат ба атманро ва донише, ки ба чахони махсус марбут бошад донишест мубтанй бар вахму хаёл, ки худ хичоби ин чахон аст. Ин дар холест, ки дар макоми маърифати

бартар солик хакикатро аз тарики калби худ дарк мекунад ва чун ба доной мерасад, хеч ниёзе ба улуми расмй намемонад.

Бинобар ин маърифати бунёдй ё маърифат ба атман дар "Упанишадхо" он навъ маърифатест, ки сарчашмаи махз ва хакикати тафаккур хисобида шудааст.

Касе, ки битавонад дар умки ин мартаба аз тафаккури калбй фуру равад озод гашта, асири хеч ранг намегардад. Ончунон ки на аз ранч музтариб мегардад ва на аз шодй ба хаячон меояд.

Дар матн ва адабиёти ирфонии Х,инд мушаххасхои маърифат ба атман, ки ахамияти начотбахшй дорад ба шархи зер тафсир шудааст: фурутанй, ростй, надоштани хушунат, шикебой, шарофат, хидмат ба гуру (устод), покии калб, субот дар амал ва тахзиби нафс ва гайра. Х,ар навъ дониш наметавонад одамиро дар рохи расидан ба начот ёрй расонад, зеро хар гуна дониш ахамият ва арзиши начотбахшй надорад.

Бино ба маълумоти "Упанишадхо" сохибони маърифати фурутар касоне хастанд, ки дар печу хами андешахои бехуда саргардонанд. Ин дар холест, ки натичаи маърифати бартар дар "Упанишадхо" рахой аз хохишхои нафсонй ва шури худхохй аст. Х,амин мартабаи маърифат мебошад, ки ахамияти фарчомшинохтй дорад. Аз ин чо метавон гуфт, вусул ба мукшй (начот) дар "Упанишадхо" як навъ тахаввули маърифатшиносй аст, на вучудй.

Дар "Упанишадхо" маърифати бартар бо вежагй ва мушаххасй, яъне доной ва равшаной хамрох аст, ки тамоми улум ва донишхои дигар дар баробараш беэътибор ва беахамият мебошанд.

Маърифати фурутар хамон дониши зохирй аст, ки дар "Упанишадхо" бо вожаи рачас (rajas), яъне шуру худхохй ва "тамас" (tamas), яъне нооромй ва бекарорй хамрох аст, ифода меёбад [14,555]. Касе, ки аз ин мартабаи дониши козиб бархурдор бошад, барои хамеша асири вахму хаёл, хирс, ошуфтагй, шуру худхохй ва хаввоси зохирй ба хамин далел атманро чудо аз брахман медонад.

Пайравони маърифати фурутар, ки сохиби дониши фурутар мебошанд, дар "Упанишадхо" ба нобиное ташбех шудааст, ки дасти нобиноеро мегирад. Х,амчунин, мутун ва адабиёти упанишадй пайравони маърифати фурутарро, ки илмашон таклидй аст, ба зани нозо ташбех мекунад, ки дар нихоят аз зиндагии худ махрум ва бенасиб хохад монд.

Пас, маърифати фурутар наметавонад одамиро начот бахшад. Чунки натичаи он шакку шубха ва вахму хаёл аст. Ба хамин далел, "Упанишадхо" ошкоро одамиро дар ин чахон ба каламрави фаросуи акл ва тафаккури аклй фаро мехонад. Барои он ки вахму хаёл бино ба гузориши "Упанишадхо" одамиро фиреб медихад ва маърифати соликро тира месозад. Аз ин ру, солик барои вусул ба начот бояд аз муршиде, ки дар арсаи сулук ошност, пайравй кунад [5,52].

Дар "Упанишадхо" пайравони маърифати фурутар (дониши зохирй) дар хакикат бенасиб аз маърифат тавсиф мешаванд. Аз ин чихат, дар "Упанишадхо" касе, ки аз дониши зохирй бархурдор бошад, ба мисли ин аст, ки кас дарахти саршор аз меваро ба фарде нишон бидихад ва аз у бихохад, ки дар зери ин дарахт нишаста, аз сояи он бахраманд шавад, вале он шахс аз сабаби нодонй дарахти пурмеваро гузошта, дар зери буттаи бесоя бошад.

Дар "Упанишадхо" маърифати бартар ба офтоб ташбех шудааст, ки ба дигарон нур мебахшад. Ба хамин далел кодир аст, ки дигаронро хам аз парешонихо ва торикихо ба равшании илму маърифат бирасонад. Метавон гуфт, ки ин мартаба аз маърифат, ки хамон илми тахкикй аст бунёди хамагуна маърифат мебошад.

Хулоса, бар асоси таълимоти "Упанишадхо" касе, ки гайр аз ин маърифати начотбахш дар чустучуи хакикати дигар бошад, гумшуда ва нобиное дар шаби зулмонй аст, ки харгиз умеди начотро надорад. Тибки таълимоти "Упанишадхо" тамоми умур ва хакикат аз тачаллиёти атман (рух) мебошад. Х,амин атман аст, ки имруз бештар аз хама дар вучуди мо ба фаромушй расидааст ва мо аз вучуди истеъдодхои нодири дарунии хеш бехабарем. Аз ин чо тахкикоти мазкур як навъе бухрони маънавии чахони имрузаро нишон медихад, ки аз сабаби дур мондан аз маърифати дарунй, яъне хештаншиносй инсоният ба мушкилоти печида ру ба

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

ру шудааст. Танхо худшиносй аст, ки инсонра ба асли худ мепайвандад ва аз тамаоми бадбахтихо рахой мебахшад. Чунки Худованд тамоми истеъдодхои нодирро барои инсон додааст ва он танхо дар натичаи хештаншиносии инсон зохир мешавад.

Асоси таълимоти фалсафаи "Упанишадхо" дар он аст, ки худогохй, худшиносй ва расидан ба маърифатро ба одамй нишон медихад ва меомузад. Башар, ки дар ин аср гирифторихои зиёд ба мисли бухрони маънавй, сиёсй, иктисодй, экологй ва гайра дар тамоми сохахои хаёт дорад ва уро дар як вартаи халокатбори номаълум карор дааст, возеху равшан нишон медихад, ки танхо худшиносй, худогохй, дониши бартар ва сулху вахдати олами инсонй башариятро аз ин балохо начот дода, рохи ростро барояш муайян мекунад.

АДАБИЁТ:

1. Бонгард - Левин Г.М. Древнеиндийская цивилизация. / Г.М. Бонгард - Левин.- М.: Наука. Издательская фирма «Восточная литература», 1993.-320 с.

2. Дорошукух Мухаммад. Сирри акбар. / М.Дорошукух:- Техрон:1390. - 342 с.

3. Зарринкуб Абдулхусайн. / Абдулхусайн З.-Техрон: Амири Кабир, 1387 - 316с.

4. Шафак Ризозода. Гузидаи Упанишадхо./ Ризозода ш.-Техрон: Интишороти илмй ва фархангй, 1367. - 480 с.

5. Радха Кришнан.Таърихи фалсафаи Шарк ва Гарб. / Кришнан Р. Тарчумаи Хусрави Чахондорй. Ч1Чопи 2. Техрон: Интишороти илмй-фархангй. (Бо забони форсй).

6. Сыркина. А.Я. Упанишады в 3-х книгах. Книга 1/ А.Я. Сыркина. Перевод, предисловие и коментарии. Москва. Наука. 1992.

7. Фарханги иршод. Мухочирати таърихии эрониён ба Х,инд. Таълифи Пажухишгохи улуми инсонй ва мутолиотии фархангй. Техрон. 1379. 238 сахифа.

8. Ч,алолиддин Балхй. Гузидаи газалиёти Шамс. / Балхй Ч,. Бо кушиши доктор Мухаммадризо Шафеии Кадканй. Интишороти байналмилалии Алхудо. 1372.

9. Шойгон Дориюш. Адён ва мактабхои фалсафии Х,инд. - Ч1Чопи 2./ Дориюш. Ш. - Техрон: Муассисаи интишороти Амири кабир, 1356.- 430с.

10. Шойгон Дориюш. Адён ва мактабхои фалсафии Х,инд./ Дориюш Ш. Ч. 2. Чопи 2.- Техрон: Муассисаи интишороти Амири кабир, 1356.-979с.

11. Шри Ауробиндо. Веды, Упанишады, Бахагвад гито./ Ауробиндо Ш. «Адити». 2009.

АДАБИЁТ БО ЗАБОНИ АНГЛИСЙ:

12. Dasgupta. S., 1973, A History of Indian philosophu, Vol 1& 2& 3& Cambridge: Motillal Banatsidass Publishers.

13. Dasgupta., 1996. Hindi Mysticism, Cambridge: Motilal Banarsidass.

14. Rahakrishnan.s., 1991,Indian Philosophy. Vol 1 & 2, Oxford: Oxford University Press.

15. Ramanuja.,1969, The Guta Bhashya, Translated into Englis by M. R.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.