Научная статья на тему 'НАҚШИ ПУБЛИТСИСТИКА ДАР ТАСВИРИ СИМОИ ИНСОНИ БУНЁДКОР'

НАҚШИ ПУБЛИТСИСТИКА ДАР ТАСВИРИ СИМОИ ИНСОНИ БУНЁДКОР Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
109
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
очерк / лавҳа / публитсистика / публитсист / журналист / тасвир / жанр / эљод / таҳаввулот / симо / инсон / ҳодиса / падида / созанда / бунёдкор

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Шарипов Сангимурод Исматуллоевич, Қурбонов Акмал Акрамович

Публитсистика дар инъикос ва баррасии масъалаҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, маърифати ҳодисаву падидаҳои замон ва бозтоби симои инсони бунёдкор нақши калон дорад. Ҳамин аст, ки таърихнигорону сиёсатмадорон ва ҷомеашиносу муҳаққиқон барои муайян намудани ҳолатҳои гуногуни давраҳои таърихӣ ба осори оҳанги публитсистидоштаи адибону публитсистон муроҷиат менамоянд. Дар баробари ин ҳама унсурҳои муҳимми дарки воқеият ва шинохти дурусти ҷанбаъҳои рӯйдоду падидаҳо, тасвири симои инсон маҳз тавассути публитсистика ва осори публитсистӣ, ба вижа жанри очерк амалӣ карда мешавад, ки ин омил низ аз ҷумлаи муҳимтарин масаълаҳои публитсистикашиносӣ ба ҳисоб меравад, ки таҳқиқу арзёбии он тақозои замон мебошад. Ҳарчанд солҳои охир адибону публитсистон барои таъсирнокии асарҳои офаридаашон ҳангоми тасвири симои инсони бунёдкору созанда ба макони корзор, яъне майдони сохтмони иншоотҳои гуногуни азими аср, аз қабили бунёди силсиланерӯгоҳҳои обию барқӣ, роҳу пул ва нақбҳо, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ ва амсоли ин рафта, факту далел ва саҳнаҳои ҷолиби таваҷҷуҳро дидаву омӯхта, ба ин васила дар муаррифии меҳнати суботкоронаи онҳо саҳм мегузоранд. Тасвири симои инсони кор маҳз тавассути жанрҳои лавҳаю очерк дар публитсистика амалӣ карда мешавад, ки дар ин ҳолат аз ҳар адиб ва публитсист маҳорати баланди нигорандагӣ тақозо карда мешавад. Ин ҳолат имкон медиҳад бигӯем, ки маҳз ба василаи тасвири симои инсони кор мо ба тарбияи меҳнатдӯстӣ ва дар маҷмуъ, раванди вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишварамон саҳм гузошта метавонем.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «НАҚШИ ПУБЛИТСИСТИКА ДАР ТАСВИРИ СИМОИ ИНСОНИ БУНЁДКОР»

УДК 007.11.(575.3)

НАКШИ ПУБЛИТСИСТИКА ДАР ТАСВИРИ СИМОИ ИНСОНИ БУНЁДКОР

ШАРИПОВ САНГИМУРОД ИСМАТУЛЛОЕВИЧ

Номзади илмхри филологй, дотсент, мудири кафедраи рузноманигории Донишгохд давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Бохтар, Точикистон

КУРБОНОВ АКМАЛ АКРАМОВИЧ

Магистранти кафедраи рузноманигории Донишгохд давлатии Бохтар ба номи Носири

Хусрав, Бохтар, Точикистон

Аннотатсия: Публитсистика дар инъикос ва баррасии масъалахои мухталифи сиёсивущтисодй, ицтимоивуфархангй, маърифатиходисавупадидщоизамонва бозтоби симои инсони бунёдкор нацши калон дорад. Храмин аст, ки таърихнигорону сиёсатмадорон ва цомеашиносу мухаццщон барои муайян намуданихолатхои гуногуни даврахои таърихй ба осори охангипублитсистидоштаи адибону публитсистонмуроциат менамоянд. Дар баробари ин хама унсурхои мухимми дарки воцеият ва шинохти дурусти цанбащои руйдоду падидахо, тасвири симои инсон махз тавассути публитсистика ва осори публитсистй, ба вижа жанри очерк амалй карда мешавад, ки ин омил низ аз цумлаи мухимтаринмасаълахои публитсистикашиносй ба хисобмеравад, ки тахкщу арзёбии он тацозои замон мебошад.

Харчанд солхои охир адибону публитсистон барои таъсирнокии асархои офаридаашонхангоми тасвири симои инсони бунёдкору созанда ба макони корзор, яъне майдони сохтмонииншоощоигуногуни азими аср, аз цабили бунёди силсиланеругоххои обию барцй, роху пул ва нацбхо, бинохои маъмуриву истщоматй ва амсоли ин рафта, фактудалел ва сахнахои ц олиби таваццухро дидаву омухта, ба инвасила дар муаррифии мехнати суботкоронаи онхо сахм мегузоранд. Тасвири симои инсони кор махз тавассути жанрхои лавхаю очерк дар публитсистика амалй карда мешавад, ки дар ин холат аз хар адиб ва публитсист махорати баланди нигорандагй тацозо карда мешавад. Ин холат имкон медщад бигуем, ки махз ба василаи тасвири симои инсони кор мо ба тарбияи мехнатдустй ва дар мацмуъ, раванди вусъати корхои созандагиву бунёдкорй дар кишварамон саххм гузошта метавонем.

Калидвожацо: очерк, лавха, публитсистика, публитсист, журналист, тасвир, жанр, эчод, таххаввулот, симо, инсон, ходиса, падида, созанда, бунёдкор.

Аннотация: Публицистика играет большую роль в освещении и обсуждении различных политических, экономических, социокультурных вопросов, в просвещении событий и явлений того времени и в переосмыслении образа созидательного человека. Таким образом, историки, политики, социологи и исследователи обращаются к произведениям публицистического тона писателей и публицистов для выявления различных случаев исторических периодов. Наряду со всеми этими важными элементами восприятия реальности и правильного познания жанров событий и явлений, изображение человеческого образа осуществляется именно через публицистику и публицистические произведения, особенно жанр очерка, этот фактор также считается одной из важнейших задач публицистики, исследование и оценка которой является требованием времени.

Несмотря на то, что в последние годы писатели и публицисты пошли на место работ, а именно на площадь строительства различных крупных сооружений века, таких как строительство гидроэлектростанций, дорог, мостов, туннелей, административных и жилых зданий и т.п., И тем самым осознали интересные факты, факты и сцены и тем

самым внесли свой вклад в представление их устойчивого труда. Образ образа работающего человека осуществляется именно через жанры табличек и очерков в публицистике, и в этом случае от каждого писателя и публициста требуется высокий уровень навыков работы. Это обстоятельство позволяет сказать, что именно через образ образа работающего человека мы можем внести свой вклад в воспитание трудолюбия и, в целом, в процесс расширения созидательных и созидательных работ в нашей стране.

Ключевые слова: эссе, табло, публицистика, публицист, журналист, иллюстратор, жанр, творчество, эволюция, образ, человек, событие, явление, создатель, основатель.

Annotation: Journalism plays an important role in the coverage and discussion of various political, economic, socio-cultural issues, in educating the events and phenomena of that time and in rethinking the image of a creative person. Thus, historians, politicians, sociologists and researchers turn to the works of the journalistic tone of writers andpublicists to identify various cases of historical periods. Along with all these important elements of perception of reality and correct cognition of genres of events and phenomena, the image of the human image is carried out precisely through journalism andjournalistic works, especially the genre of the essay, this factor is also considered one of the most important tasks ofjournalism, the study and evaluation of which is a requirement of the time.

Despite the fact that in recent years writers and publicists have gone to the place of work, namely to the area of construction of various large structures of the century, such as the construction of hydroelectric power stations, roads, bridges, tunnels, administrative and residential buildings, etc., and thereby realized interesting facts, facts and scenes and thereby contributed in the representation of their sustainable work. The image of the image of a working person is carried out precisely through the genres of tablets and essays in journalism, and in this case a high level of work skills is required from each writer and publicist. This circumstance allows us to say that it is through the image of the image of a working person that we can contribute to the education of diligence and, in general, to the process of expanding creative and creative work in our country.

Keywords: essay, scoreboard, journalism, publicist, journalist, illustrator, genre, creativity, evolution, image, person, event, phenomenon, creator, founder.

Публитсистика аз чумлаи сох,ах,ои эчодеист, ки хддафи он омузиши пах,лух,ои фаъолияти осори илмиву бадей, вазъи сиёсиву иктисодй, ичтимоиву фархднгии чомеа, тасвири симои инсони касбу кори гуногун ва бах,о додан ба ин масъалах,о иборат мебошад. Публитсистика, ба хусус жанри очерк дар шинохту маърифати вокеаву падидах,ои замон, сатх,и фархангу чах,онбинй ва хдлли проблемами зиндагй накши асосй дошта, хдмеша онро инъикос менамояд. Публитсистика ба навъх,ои дигари эчод, аз чумла адабиёти бадей, таърихнигорй, чомеашиносй, фалсафа ва сиёсатшиносй, рассомию хдйкалтарошй, санъати суруду мусикй ва гайра иртиботи хеле наздик дорад. Барои баррасии як х,одиса ва ё зухурот дар ин самт предмети гунонгун чун чузъи мух,им хизмат менамоянд. Барои дарки унсурхои публитсистика доштани дониш, дарки ами;и касбй, чахонбинии васеъ ва майорату малакаи тахлилу му;оисаи ходисаву руйдодхо ва падидаву зухуротхо мухим мебошад.

Бояд ;айд намуд, ки хануз аз даврахои дуру дарози таърих мо метавонем аломатх,ои публитсистикаро дар асарх,ои мутафаккирону адибони бузурги точику форс ва чахон чун Афлотун, Демосфен, Арасту, Ситсерон, Абуабдуллохи Рудакй, Абул;осим Фирдавсй, Абуаи ибни Сино, Носири Хусрави Кубодиёнй. Убайди Зоконй ва дигарон пайдо намоем. Дар ин давра ва минбаъд дар чомеа хар табаддулоту дигаргунй ва мушкилоту муаммое, ки ба вукуъ меояд, аз мадди назари публитсистон дар канор намемонанд. Равнаки сох,ах,ои чомеа дар давраи эх,ё масъулияти публитсистонро бештар намуда, он ба силохд асосии давр табдил меёбад, ки инъикоси онро мо дар асархои намояндагони

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

барчастаи ин давр низ мушохдда мекунем. Дар маркази таваччухи адибону мутафаккирон махз симои инсон меистад, ки онро хамчун арзиши олй метавон арзёбй кард. Махз чихатхои рузмаррагй, тарбиятгарй, сафарбаркунй ва оммавият доштани осори публитсистика ин сохаи эчодро хамеша пешоханг ва дикдатчалбкунанда намудааст. Минбаъд, публитсистика, ба хусус жанри очерк дар даврахои гуногуни таърихй рушду такомул ёфта, хдмеша барои фаро гирифтани идеалогия ва таргиби хисоили бехтарини инсонй хизмат карда меояд.

Предмети публитсистика тамоми руйдоду вокеахо, падидаю зухурот ва холату амал буда, чй гуна интихобу баррасй шудани он аз чониби адибону публитсистон масъулияту дониш ва чахонбинии хосаи эчодиро тацозо мекунад. Аммо чанбаъи аз хама асосй ва мухим, муносибати хосаи нигоранда ба объект аст. "... предмети инъикоси публитсистй, - менависад донишманди соха А. Саъдуллоев, - ба хайсй далели вокеии чахонбинй дар вокеияти актуалии ичтимой шинохта шудааст ва хадафи аслиаш таъсиррасонй ба шуури одамон барои тагйиротхои баъдй мебошад" [5, с. 55]. Осори публитсистй инъикосгари рухи ичтимой буда, дар шаклгирии шахсияти инсон таъсиргузор мебошад.

Мухаккикону донишмандони шинохтаи точик, аз чумла устод С. Айнй., Б. Гафуров., М. Шакурй., С. Табаров., А. Саъдуллоев., Н. Табаров., И. Усмонов., А. Нуралиев., М. Муродов., А. Азимов., Д. Давронов., П. Гулмуродзода., Н. Солехов., Ч,. Муким., Ш. Рахмонов., М. Абдуллоев., Ш. Муллоев, Б. Кудбиддинов., С. Гулов., С. Шарипов ва дигарон пахлухои публитсистикаро мавриди омузиш ва баррасй карор дода, махсусияти ин навъи эчодро дар хаёти сиёсиву иктисодй, ичтимоиву фархангй ва маънавй муайян кардаанд. Инчунин таваччух намудани адибону таърихнигорон ва рузноманигорон ба осори публитсистй ва истифода бурдан аз имкониятхои ин навъи эчод бесабаб нест. Зеро махз бо имкониятхои ин навъи эчод онх,о тавонистаанд, ки масъалахои мухталифро арзёбй намоянд. Ба ибораи Н. Кучарова «Садриддин Айнй, Мирзо Сирочи Хдким, Сиддикии Ачзй, Абдурауфи Фитрат, Абдулвохиди Мунзим, Махмудхочаи Бехбудй барин намояндагони адабиёти чадидияи точик дар айни хол фаъолияти густурдаи публитсистй доштанд» [1, с. 7], ки дар инъикоси масъалахои ичтимой аз ин навъи эчод максаднок истифода намудаанд. Дар осори адибону публитсистони мазкур тасвири симои инсон, ба хусус шахсони созандаву бунёдкор чойгохи махсус доранд.

Публитсистика, аз чумла жанри очерк омили мухими ташаккулдихандаи шуур, дарки мохияти масъала, парчамбардори гояхои пешкадам, тарбиягари омма, пайвандгари наслхои дируз, имруз ва оянда, хамчунин таргибгари сиёсати давраи худ шинохта мешавад. Ба таъбири мухаккикони публитсистикаи точик Н. Солехов ва А. Саъдуллоев "Публитсистика ба ташаккули афкори чамъият, акида, нуктаи афкор, манфиат ва часпу талош ёрй мерасонад, ба институтхои ичтимой таъсир мегузорад, дар хаёти сиёсй ва идеалогй, дар хаёти чомеа накши муайян дорад, хамчун силохи босалохият дар муборизахои гоявй сахм гирифта, ба тарбияи чамъиятии омма, таблиг ва ташвик, усули ташкил ва интиколи ахбори ичтимой ёрй мерасонад" [7, с. 14]. Дакикат дар чавхари публитсистика нихон аст, зеро он холати имрузи чомеаро дар бар гирифта, ояндаро ба ин восита тагйир медихад. Аз ин ру, сухани публитсист бояд мулохизакорона, сахех, мукаммал, хулосаи амик ва вокеият дошта бошад. Инчунин публитсистика амали бошуурона ва максадноки инсонхоро фаро гирифта, ба он бахои вокей медихад. Яъне, публитсистика ифодагари набзи чомеа мебошад. "Барои он публитсистика таърихи замони хозира номида мешавад, ки бештар ба амалияи фаъолияти инсон мудохила мекунад. Ин дахолат махсусан дар давраи шуравй хеле бакувват буд. Кушиш менамуд, ки кору фаъолияти одам то андозае самарабахш бошад" [7, с. 34]. Агар ба фаъолияти эчодии гузаштагони илму адаби форсу точик назар намоем, нишонахои публитсистикаро аз он бараъло эхсос менамоем. Шояд дар ин самт садхо асари арзишманд таълиф шуда

бошад, аммо мутаасифона аз онхо то давраи мо чизе бокй намондааст. Дарчанд дар даврахои гуногун адибон ба навиштани хикоя, афсона, достон ва гайра майли зиёд намуда бошанд хам, гурухе аз онхо ба таълифи осори охангй публитсистидошта, хусусан ;иссахо таваччух кардаанд. Бештари таълифоти онхо ба адабиёт наздик аст ва он нисбат ба хакикати вокей, чанбаи тахаюлиаш кавитар аст. Аксари донишмандони сохаи публитсистикаи точик "Сафарнома"-и Носири Хусрав, китоби нависанда ва шоири сохибистеъдоди точик Зайниддин Махмуди Восифй "Бадоеъ-ул-вакоеъ" ва асари фалсафию таърихии аллома Ахмади Дониш "Наводир-ул-вакоеъ", "Мактаби кухна"-и устод Садриддин Айнй, "Накби Истиклол"-и Бахтиёри Муртазо ва даххо асархои дигар адибону публитсистонро намунаи бехтарини осори публитсистй шинохтаанд. Пас аз ин, анъанаи эчоди асархои публитсистй аз тарафи адибон идома ёфта, шаклхои гуногуни таъсиргузорй ба мафкураи чомеа ба миён омад.

Насли адибони муосир аз устод С. Айнй шуруъ карда то имруз дар рушду густариши публитсистика накши хоса гузоштаанд. Дар яке ба умки мавзуъи хос фуру рафта, бо нигоштахои худ вокеиятро тасвир намуда, ба ин васила дар кушодани гиреххои дар хаёт ва фаъолият буда, то андозае муваффак хам шудаанд. "... дар солхои 30 ва 40 асри ХХ на факат дар эчодиёти С. Айнй, А. Лохутй, М. Турсунзода, С. Улугзода, М. Миршакар, Алй Хуш, Самад Еанй барин адибон, инчунин дар таълифоти Бобочон Еафуров, Шарифчон Дусейнзода, Холик Мирзозода, Абдулганй Мирзоев барин олимон таълифоти публитсистй мавкеи аввал пайдо намуд" [1, с. 8-9]. Ба таъбири профессор А. Саъдуллоев "Дар боби шинохти публитсистика хамчун як василаи хуби амикрафти нависанда ба муаммохои хаёт, инъикоси вокеияти рузмарра дар накли нависанда, бозтоби авзои замон дар заминаи тасвири реалистии рухдодахои зиндагй" [5, с. 15] ва амсоли он дар тахкикоти олимон ба таври мушаххас баён ёфтааст. Доир ба назария ва амалияи публитсистикаи точик назархо гуногун аст.

Бояд кайд намуд, ки холо хам бахсу мунозирахо оид ба публитсистика миёни олимон идома дорад. Дар кадоме вобаста ба маърифату кобилият, хусусияту вижагихо, вазъи ичтимоиву сиёсй онро ба таври хоса арзёбй кардаанд.

Публитсистика низ чун дигар сохахои эчод дар инъикос ва баррасси симои инсони бунёдкор на;ши арзишманд дорад. Махз тавассути осори публитсистон мо метавонем дар бораи шахсиятхои касбу кори гуногун маълумоти густарда ва комил дастрас намоем. Аз ин ру, метавон гуфт, ки публитсистика хамчун, манбаи илму дониш оид ба ходисаву во;еъах,о, раванду зухурот, шахсиятхои гуногун, балки василаи та;виятдих,андаи кору фаъолияти инсонхо дар бахшу сох,ах,о ва нишон додани на;ши хар фард дар раванди корхои созандагиву бунёдкорй сахми муносиб мегузорад.

Дар замони сохибисти;лолй, ки корхои созандагиву бунёдкорй бо рохнамоиву хидоятхои Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон вусъати тоза касб намудааст, тасвири симои инсони кор ва созанда боз хам ахамияти бештар касб мекунанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ дар ин маврид бо ;аноатмандй изхор доштанд, ки: "Ба шарофати захмати соди;онаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорй бомаром идома ёфта, на;шаву барномахои пешбинигардида чихати таъмин намудани рушди устувори и;тисоди миллй ва баланд бардоштани сатху сифати зиндагии сокинони мамлакат хадафмандона амалй карда шуданд" [13].

Тазаккур бояд дод, ки хамасола бо ибтикори шуъбаи очерк ва публитсистикаи Иттифоки нависандагони Чумхурии Точикистон масъалахои мухимми сохавй, ба хусус тачассуми симои инсони бунёдкор дар замони муосир бо ахли зиё, хусусан адибону публитсистон, тарчумонхо ва журналистон мавриди тахлилу баррасй карор мегирад. Ба тах;и;у арзёбии пажухишгарон бояд масъалаи тасвири симои инсони бунёдкор чун замони Шуравй бештар гардад, зеро махз бо туфайли ин ;ишри фаъоли чомеа мо метавонем, ки бахшу сохахои хочагии худ рушд бахшем. Тамоми сохахои эчод, аз чумла

публитсистика хамкадами замон, пешбарандаи х,амаи самтх,ои хочагии хал; дар чомеа буда, падидаю зухуроти даврро мунъакис мекунад.

Кобили зикр аст, ки иштироки публитсистону эчодкорон дар сохтмонхои азими аср, раванди корх,ои бунёдкориву созандагихои рухдодаистода мухим ва саривактй буда, яке аз талаботи рузмарраи кори эчодй низ ба хисоб меравад. Зеро интихоб, шинохт ва инъикоси кахрамонхои арзанда, тасвири манзарахои чолиби хаёт, баррасии мушкилот ва тарбияи насли худшиносу худогох вазифаи аввалиндарачаи зиёиён, хусусан публитсистон мебошад. Дар во;еъ, эчодкорон, ба хусус рузноманигорон тавассути асари журналистии худ дар тачассум ва маърифати х,одисаву во;еа ва падидаву зухурот сах,ми муносиб мегузоранд. Дар робита ба ин мух,а;к;ик; М. Муродов ;айд намудаанд, ки: "Журналист х,амчун корманди ВАО бо та;озои рисолат х,амеша бо ве;еах,ои рухдодаи ичтимой шарик аст, чараёни онх,оро х,амеша ба мушохдда мегирад, худ маърифат мекунад ва ба маърифати чомеа мусоидат менамояд" [2, с. 13-14]. Кайд намудан зарур аст, ки дар замони муосир бозтоби симои инсони бунёдкору созанда, окилу доно ва дилсузу манфиатовар ба миллату давлат бояд дар мехвари фаъолияти нигорандагии ахли эчод карор дошта бошад. Хдрчанд адибону публитсистон ва журналистон дар нигоштах,ои худ ба масъалаи мазкур таваччух намудаву дар ин чода то андозае ба тасвири симои инсони бунёдкор муваффа; гашта бошан х,ам, х,ануз чехраи шахси бунёдкор ва мех,натдуст ба таври густардаву комил инъикос наёфтааст. Аз ин ру, яке аз омилх,ои тачассуми симои инсони кор, интихоб ва омузиши рузгору фаъолияти ;ах,рамонх,о дар раванди бунёдкориву созандагих,о мебошад, ки он бояд зери таваччу^и доимии адибону публитсистон ;арор гирад.

Аксарияти адибони машхуру сохибистеъдоди муосири точик аз мактаби журналистй ба майдони адабиёт омадаанд ва аз хамин ру дар асархои онхо симои инсони бунёдкору созанда, мехнатдусту кавиирода, муборизу сулхпарвар чойгохи хосса дорад. Очеркнависони сохибистеъдоди точик, аз кабили устод Садриддин Айнй, Чдлол Икромй, Сотим Улугзода, Фазлиддин Мухаммадиев, Аъзам Сидкй, Мутеъулло Начмиддинов, Шодон Хдниф, Мухиддин Хочаев, Бахтиёр Муртазоев, Ато Хдмдам, Рачаб Мардон, Шералй Мусо ва даххо нафари дигар асархое офаридаанд, ки бозгуи фаъолияти пурсамари инсонх,ои созандаву бунёдкор мебошанд.

Ахли эчод, хусусан журналистону публитсистон ба масъалахои ичтимой бояд бештар таваччух намоянд. Барои инкишофи маънавиёти ахли чомеа ва нишон додани зиндагии ибратомузи инсонх,ои мехнатдусту сох,ибилм ба маврид истифода намоянд ва насли имрузи публитсистон аз арсаи мехнат асархои мондагор офаранд. Аз эчодкор ва публитсистон талаб карда мешавад, то дар пахлуи худи мехнаткашон чой гиранд, манзарахои чолибу хаячоновари зиндагй ва фаъолияти мехнатии онхоро бо хакикати мавчуд ва имкониятх,ои санъатх,ои бадей пешниходи хонандагон гардонанд. Имруз, ки дар давраи сохибистиклолй бунёди иншооти хаётан мухим зиёд ба назар мерасад, дар раванди амалигардии онхо чехрахои захматкаш аз кишрхои гуногун дида мешаванд. Пешвои миллат, мух,тарам Эмомалй Рах,мон дар яке аз суханроних,ои худ бо ахли зиёи мамлакат ;айд намуда буданд, ки: "Хонандаи мо имруз зиёдтар ба асархое ниёз дорад, ки дастовардхои даврони истиклолият, корномаи кахрамонони сохтмонхои бузурги кишварамон дар онхо бо хакикатнигорй ва завки баланди бадей инъикос гардида бошанд.

Дар чавоби даъвати мо адибон ва рузноманигорон як микдор асархои хотирмон иншо намуданд. Мисол, романи «Накби Истиклол»-и Бахтиёри Муртазо аз чониби накди адабй ва хонандагон бахои сазовор гирифтааст. Вале ин хануз кам аст. Ба хотири он, ки наслхои оянда аз корномаи бобоён ва падарони шучои худ ба нафъи Точикистони сохибистиклол огох бошанд, асархои арзанда ва мондагор бояд офарид. Дар ин чода бояд хам адибон, хам ходимони кино ва театр, хам рассомону охангсозон

фаъолона сахм гиранд. Ин карзи мукаддаси шахрвандй ва рисолати эчодии онхост" [14, с. 26-27]. Баъд аз ин вохурй адибону публитсистони фаъоли точик ба тасвири симои инсони кор ва раванди корхои созандагиву бунёдкорй бештар майлу таваччух намуда, дар ин самт даххо асархои хурду бузург офариданд, ки аз талошхои хастагинопазири мардуми мехнатцарини халци азизамон дарак медихад. Дар ин асархо, пеш хама дастовардхои замони сохибистицлолй бо хацицатнигорй инъикос гардиданд.

Публитсистика натанхо хамкадами замон, балки тагйирдихандаи афкору андеша, амалу рафтор ва заминагузори инсони комил шинохта шудааст. Дар асархои публитсистй рузгори вокеии инсонхо ба таври густурда тачассум меёбад. Метавон гуфт, ки махз тавассути публитсистика, ба хусус очерк симои инсони бунёдкор инъикос ёфта, роху равиши зиндагй ва фаъолияташ омухтаву баррасй мегардад, ки ин барои дигарон метавонад чун идеал бошад. Дар ин хусус профессор И. Усмонов дуруст цайд намуданд, ки: "Очерк жанри кашшоф буда, нисбат ба жанрхои адабиёт ва воциахои мухими руз дафъатан хамовоз мешавад, симои одамони бунёдкорро дар хамон рузхое, ки кори худро идома медиханд, бо хамон тавре, ки дар зиндагй хаст, нишон медихад" [8, с. 90].

Дар давраи чахонишавии фархангу тамаддун, пуршиддат гардидани муносибатхои сиёсй, иктисодй, ичтимоиву фархангии миллату давлатхо аз публитсистон такозо мешавад, ки масъулияти худро бештар эхсос намуда, асархои мондагор ва мукаммалу ба талаботи имруз чавобгу тахия намоянд. Публитсистика рухи замона буда, он рохнамо ва такондиханда ба самти комёбихои мехнатй пазируфта шудааст. Пас агар, вазифаи публитсистика аз як чихат тарбия бошад аз чониби дигар манбаи асосии донишу илм низ шинохта шудааст. "Вазифаи асосии публитсист ин тасвиру ташаккули нуктаи назари афкори чамъият, бедор кардани хусни таваччухи аудитория ба кору пайкор, чалбу чазби онхо ба вазифа ва халлу фасли проблемахои хозиразамон аст. Бинобар ин, хадафи публитсист ба усулхои дарёфти ахбори аз тачриба руида (сухбат, пурсиш, мусохиба, мушохида, тафсили аснод) ва аз хама мухимаш - ба даст овардани хулосахои муттахидкунонии тафсиру тахлилу тавзехи методхои ичтимой ва маърифати тасвирхои илмй-бадей мебошад" [7, с. 31].

Дарчанд дар давраи муосир радиову телевизион, агентихои иттилоотй, сомонахои интернетй, телефонхои мобилй ва гайра дар инъикоси фаврии руйдоду падидахои замон хеле фаъол бошанд хам, матбуот, хоса публитсистика, масъалахои хаётиро хамачониба омухта, тахлилу натичагирй намуда, бо шакли мушаххас ва ба завки хонанда мувофик тахияву пешниход менамояд. Хусусияти дигари осори публитсистй дар шинохти асолати миллй, мехнатдустиву фидокорй, хайрхохиву адолатпешагй, хисси масъулиятшиносиву ватандустй ва амсоли ин ифода меёбад. Аз ин лихоз, таваччух ба ин соха аз мухимтарин масъалахои тахкикот, таърихи назариву амалии адабиёт, публитсистика, журналистика ва гайра ба хисоб меравад.

Публитсистика аз замони пайдоиш то ба имруз, дар раванди ягонашавии маданият, муносибатхои байнидавлатй, татбики бисёрсамтаи барномахои хукуматй ва инъикоси чунин масъалахо макоми бештар касб намуда, рисолати худро сарбаландона ичро карда меояд. Умуман, публитсистика дар инъикосу баррасии симои инсони кору пайкор, арзёбии масъалахои мухталифи чомеа, ташаккули донишу чахонбинии сокинон, дарки оламу одам ва маърифати воцеаву падидахо ахамияти зиёд дорад.

РУЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАХОИ ИСТИФОДАШУДА

1. Кучарова Н. Публитсистикаи Абдулхамид Самад // Н. Кучарова. - Душанбе, 2016. -192 сах.

2. Муродов М. Асосх,ои эчоди журналистй / М. Муродов. - Душанбе, 1995. - 256 с.

3. Саъдуллоев, А., Гулмуродзода, П. Хдмосаи инсони кор / А. Саъдуллоев., П. Гулмуродзода. - Душанбе, 1995. - 64 с.

4. Саъдуллоев, А. Тахаввул ва инкишофи жанрхои насри мустанади муосири точик (солхои 60-80): Рис.д-ри.илм.филол / А. Саъдуллоев. - Душанбе, 1996. - 333 с.

5. Саъдуллоев, А. Хосияти адабиёт (Бунёди пайванди каломи бадеъ бо ичтимоъ) / А. Саъдуллоев. - Душанб: Адиб, 2000. - 256 с.

6. Саъдуллоев, А., Оханг, К. Очерк. Хдмосаи кору пайкори кдхрамони вок;ей / А. Саъдуллоев., К. Оханг. - Кобул: матбааи давлатй, 1365. - 112 с.

7. Солехов Н., Саъдуллоев А. Муаммои назарияи публитсистика // Н. Солехов., А. Саъдуллоев. - Душанбе, 2015. - 184 сах.

8. Усмонов, И. Назарияи публитсистика / И. Усмонов. - Душанбе, 1999.- 100 с.

9. Усмонов, И, К. Журналистика Ч,. 1 / И. К. Усмонов. - Душанбе, 2001. - 480 с.

10. Усмонов, И, К. Журналистика. Ч- 2 //И. К. Усмонов. - Душанбе, 2008. - 200 с.

11. Усмонов, И. Жанрхои публитсистика / И. Усмонов. -Душанбе, 2009. - 139 с.

12. Усмонова, Н. Х,ак;ик;ати таърихй ва оханги публитсистии романи Чумъа Одина «Гузашти айём»: Рис.ном.илм.филол / Н. Усмонова. - Душанбе, 2012. - 161 с.

13. Эмомалй Рах,мон Паёми Президенти Чумхурии Точикистон мух,тарам Эмомалй Рах,мон "Дар бораи самтх,ои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй" // "Фуруг" аз 28 декабри соли 2022, № 31 (496).

14. Эмомалй Рах,мон Забон нигахбони хувияти миллист (Матни суханронии Президенти Чумхурии Точикистон, Чаноби олй Эмомалй Рахмон дар мулок;от бо ахли зиёи мамлакат. Мураттиб: Ато Дамдам. Мухаррири масъул: Саидмурод Фаттоев.). -Нашриёти «Адиб», -Душанбе, 2008. - 111 саш.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.