Научная статья на тему 'ТАШАККУЛИ МАЛАКАИ ЗАБОНОМЎЗИИ МАКТАББАЧАГОНИ ХУРДСОЛ ДАР МУЊИТИ ГУНОГУНФАРЊАНГЇ'

ТАШАККУЛИ МАЛАКАИ ЗАБОНОМЎЗИИ МАКТАББАЧАГОНИ ХУРДСОЛ ДАР МУЊИТИ ГУНОГУНФАРЊАНГЇ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
63
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
тамаддун / гуногунфарњангї / муњити таълимии бисёрфарњангї / арзишњои умумибашарї / малакаи забономўзї / падидаи бисёрфарњангї

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Ќодирова Муњайё Абдуљабборовна, Азимова М. Х.

Маќолаи мазкур оид ба роҳњои асосии рушди таълими забони модарї дар зинаи таҳсилоти умумии замони муосир, ба гуманизатсияи мундариҷаи таълим дар асоси ѓояњои худшиносии шахсияти хонанда, ҳуқуқи ӯ ба худмуайянкунї, татбиқи пурраи қобилият ва конеъ гардондани талаботи таълим бахшида шудааст. Шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ, дарки афзалияти ҷаҳони ботинии ӯ, кашф ва таъмини фаъолияти асосиву эҷодкорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби ошкор кардани қобилият, талабот ва имконият, таъмини ҳамоҳангӣ бо худ ва ҷомеа, аз синни хурди мактабї дарки маънои гуманизатсияи (инсонгарої) фаъолияти педагогї ва ѓайра мавриди тањќиќи муаллиф ќарор гирифтааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАШАККУЛИ МАЛАКАИ ЗАБОНОМЎЗИИ МАКТАББАЧАГОНИ ХУРДСОЛ ДАР МУЊИТИ ГУНОГУНФАРЊАНГЇ»

ТДУ811.222.8,22 ТКБ -81.2 ТОЛ К -76

ТАШАККУЛИ МАЛАКАИ ЗАБОНОМУЗИИ МАКТАББАЧАГОНИ ХУРДСОЛ

ДАР МУ^ИТИ ГУНОГУНФАРХДНГИ

^ОДИРОВА МУХДЙЁ АБДУ^АББОРОВНА

Донишгох,и давлатии Хучанд ба номи академик Боболон Гафуров, сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарй

АЗИМОВА М.Х. - номзади илмх,ои педагогй Донишгох,и давлатии Хучанд ба номи акдемик Боболон Гафуров

Аннотатсия

Маколаи мазкур оид ба ро^хои асосиирушди таълими забони модарй дар зинаи та^силоти умумии замони муосир, ба гуманизатсияи мундарицаи таълим дар асоси гояхои худшиносии шахсияти хонанда, цуцуци у ба худмуайянкунй, татбщи пурраи цобилият ва конеъ гардондани талаботи таълим бахшида шудааст. Шинохти инсон х,амчун арзиши от, дарки афзалияти ца^они ботинииу, кашф ва таъмини фаъолияти асосиву эцодкорй, фарох,ам овардани шароити муносиби ошкор кардани цобилият, талабот ва имконият, таъмини %амо%ангй бо худ ва цомеа, аз синни хурди мактабй дарки маънои гуманизатсияи (инсонгарой) фаъолияти педагогй ва гайра мавриди тахкики муаллиф карор гирифтааст.

Калидвожахо: тамаддун, гуногунфархангй, мухити таълимии бисёрфархангй, арзишхоиумумибашарй, малакаизабономузй, падидаи бисёрфархангй_

КОДИРОВА МУХАЙЁ АБДУЖАББАРОВНА

Худжандский государственный университет имени академика Б. Гафурова, старший преподаватель кафедры теории и методики преподавания родного языка.

АЗИМОВА М.Х. - кандитат педагогических наук Худжандский государственный университет имени акдемика Бободжон Гафурова

Аннотация.

Данная статья посвящена основным направлениям развития преподавания родного языка в современном общем образовании, гуманизации содержания образования на основе идей самопознания личности учащегося, его права на самоопределение, полное применение своих способностей и удовлетворение образовательных требований. Признание человека высшей ценностью, понимание приоритета его внутреннего мира, раскрытие и обеспечение основной и творческой активности, создание подходящих условий для раскрытия способностей, потребностей и возможностей, обеспечение гармонии с собой и обществом, понимание смысла гуманизации педагогической деятельности с младшего школьного возраста, которое исследовано автором.

Ключевые слова: цивилизация, мультикультурализм, поликультурная образовательная среда, общечеловеческие ценности, языковые навыки, поликультурный феномен.

KODIROVA MUKHAYO ABDUJABBAROVNA

Khujand State University named after academician Bobojon Gafurov, lecturer at the department of

theory and methods of teaching the mother language.

AZIMOVA M.H. - Candidate of Pedagogical Sciences Khujand State University named after Academician Bobojon Gafurov

Annotation.

This article is devoted to the main directions of the development of teaching the native language in modern general education, the humanization of the content of education based on the ideas of self-knowledge of the student's personality, his right to self-determination, the full use of his abilities and the satisfaction of educational requirements. Recognition of a person as the highest value, understanding the priority of his inner world, disclosure and provision of basic and creative activity, creation of suitable conditions for the disclosure of abilities, needs and opportunities, ensuring harmony with oneself and society, understanding the meaning of the humanization of pedagogical activity from primary school age, which is investigated by the author .

Key words: civilization, multiculturalism, multicultural educational environment, universal values, language skills, multicultural phenomenon.

Дар шароити хамзистии навъхои гуногуни тамаддунхо ба чихатхои педагогии масъалаи забономузй эътибори бештар зохир намудан лозим аст. Хангоми

баходихии вазъи маорифи бисёрфархангй бояд эътироф кард, ки он муаммои асосии маориф ва илми педагогика нест. Дар изхороти сиёсй ва асархои педагогй дар рухияи гуногунфархангй тарбия намудани насли наврас таблиг карда мешаванд, вале онхо на хамеша ва на дар хама чо амалан татбики худро меёбанд. Олимон — педагогон, навоварону мухаккикон ва омузгорони мактабхо оид ба «саволхои ногувор» ба монанди низоъхои байни миллатхо, хурофоти диниву мазхабй, миллатчигиву махалгарой аксар вакт хомуш мемонанд. Баробари ин, чоизи кайд аст, ки бисёрфархангии инсон ба хеч вачх падидаи ирсй набуда, он аз чихати ичтимой муайян ва бояд тарбия карда шавад. Дар чунин шароит омузиш ва истифодаи эчодкоронаи тачрибаи чахонии таълими гуногунфархангй барои педагогика ва маорифи замони муосир ахамияти хоса пайдо мекунад.

Мухити таълимии бисёрфархангй хамчун раванди мацсадноки таъсироти махсус ташкилшудаи педагогй ба хонандаи хурдсол баррасй мешавад, ки дар он муаллим маълумоти тайёрро не, балки дар зехни онхо доир ба чахони бисёрфархангй тавассути тачриба ва хамкории фаъол хонандагони хурдсолро хамрохй мекунад. Субъектхои мухити таълимии бисёрфархангй худи мактаббачагони хурдсол мебошанд, ки ин дар саъю кушиши онхо ба худшиносии гуногунфархангй, барцарор намудани муносибатхои хамоханг бо чахони беруна, азхудкунии бошууронаи арзишхои умумибашарй зохир мегардад.

Дар чараёни таълим баркарор намудани робитахои гумшудаи инсони муосир бо забону фарханги худ, омузиши фарханги халкхои дигар (минтакахо, давлатхои дигар), муайян намудани роххои шиносой бо онхо равона шуда, зиддиятхои зерин мукаррар карда мешаванд:

а) тамоюли тахсилоти гуногунфархангй, ки дар назария ва амалияи татбики чузъи миллй - минтакавй дар муассисахои таълимии шароити нави ичтимоию фархангии рушди чомеа мавчуд аст;

б) дарки зарурати кор карда баромадани роххои таълими бисёрфархангй дар мактаби миллй ва тахияи усулхои нави татбики онхо.

Таълими гуногунфархангй сохаи нисбатан наву чавони илми педагогика мебошад. Падидаи бисёрфархангй аз солхои 60-уми асри ХХ инчониб мавзуи тадк;ик;оти махсуси педагогикаи чахонй гардида, илми педагогии чахонй оид ба ин масъала захираи бузургу мустахками илмиро гирд овардааст. Олимони рус ба таджику тахкик ва чустучуи рушди таълими гуногунфархангй ба наздикй - дар солхои 90-уми карни ХХ шуруъ намуданд. Пас, метавон гуфт, ки таълими бисёрфархангй дар мархилаи ташаккул карор дорад. Маколаву маводхои илмие нашр шудаанд, ки дар онхо масъалахои алохида доир ба предмет, вазифа, мазмун ва максадхои таълими гуногунфархангй мавриди тадкику омузиш карор дода шудаанд. Ба гайр аз мафхуми «тарбияи гуногунфархангй» мафхумхои дигар низ истифода мешаванд: тарбияи байнифархангй, тарбияи бурриши фархангй, тарбияи бисёрфархангй, тарбияи дуфархангй ва гайра.

Яке аз аввалин таърифхои меъёрии мафхуми «тарбияи гуногунфархангй» -ро соли 1977 чунин шарх дода буданд: раванди педагогие, ки дар он ду ё зиёда фархангхо аз руи хусусиятхои забонй, этникй, миллй ё нажодй фар; мекунанд.Бархе аз олимон -педагогон, аз кабили профессор Ле Тхан Кхой бар ин назаранд, ки дар истилохи илмй ва амалй истифода бурдан мафхуми «тарбияи байнифархангй» дурусттар аст, зеро ин мафхум дар педагогика ахамияти муколамаи байни миллатхоро таъкид мекунад. [1, 87]

Муаммои ташкилу рохандозй намудани таълими гуногунфархангй хеле мухим ва асосй махсуб меёбад. Яке аз роххои асосии ташкили таълими гуногунфархангй дуруст ба рох мондани омузиши ин ё он фанхои таълимй мебошад. Таргибгарони таълими гуногунфархангй чунин мешуморанд, ки мавчудияти чузъи бисёрфархангй дар чараёни омузиши фанхои таълимй имкон медихад, ки ду вазифаи таълим хал карда шавад: таваччухи кудакон барои сохиб шудан ба донишхои нав ва хамзамон пешниходи нуктаи назари гуногун дар бораи мухити ихотакарда.

Дар баробари ин, тахсилоти дузабона ва бисёрзабона (забони модарй, забони миллатхои бартаридошта, забонхои хоричй) пешсаф бо;й мемонад ва афзалияти бештарро касб мекунад. Бинобар ин, ба ба таълими фанхои филологй диккати махсус дода мешавад. Олимон дуруст кайд мекунанд, ки омузиши забонхои хоричй на танхо барои муошират хидмат мекунад, балки имкон медихад, ки ба тарзхои гуногуни тафаккур, эхсос, рафтор ва дигар арзишхои инсонй ташаккул ёбад. Тарбияи бисёрфархангй гуногунсоха буда, дар рафти татбики он гайр аз омузиши забонхо доираи васеи фанхои гуманитарй, эстетикй ва табиатшиносй омухта мешаванд. Соня Нието (ИМА), Ле Тхан Тхой (Фаронса) дар ин маврид бар он андешаанд, ки таълими бисёрфархангй бояд тамоми фанхои барномаи таълимиро фаро гирад. [1, 64]

Хамин тари;, олимон пешниход менамоянд, ки фанхои адабиёт, таърих ва чомеашиносй бидуни гараз таълим дода шуда, аз чараёни евросентристиву шаркгарой канорачуй карда шавад. Масалан, дар омузиши илми чомеашиносй бояд дуруст фахмонида шавад, ки чаро бунёдгароии исломй давлатдории дунявии гарбро кабул намекунад. Фанни адабиёт бояд омузиши шохасархои тамаддунхои гуногуни чахониро дар бар гирад ва омузонад. Таълими адабиёт, ки дар асоси принсипхои мукоисавй сохта шудааст, бо таваччух ба бехтарин намунахои адабиёти чахонй, мохияти умумибашарй ва боигарии тобишхои табиати инсониро равшан мекунад. Омузиши таърих бошад, робитаи байни халкхо ва фархангхо, ахамияти робитахои фархангиро бо чахони атроф дар бунёд ва ганй гардонидани тамаддунхои бузургтарин нишон дихад (масалан, на;ши буддизмро, ки аз Хиндустон ба Чину Ч,опон интикол шуда, дар хаёти маънавии онхо накши мухим гузошт). Вале набояд фикр кард, ки таълими гуногунфархангй шаклу усулхои хоси педагогиро сохиб аст. Дар таълими мазкур усулхои фаъолеро истифода мебаранд, ки аллакай самаранокии худро собит кардаанд ва дар педагогика эътирофи худро пайдо кардаанд: муколама, мубохиса, моделсозй, бозихои дидактикй, на;шофарй,

усулхри рефлексионй ва гайра. Истифодаи чунин усулро бо назардошти х,адафх,о, вазифах,о ва мазмуни таълими гуногунфархангй мавриди истифода карор медиханд. Аз чумла барои ташаккули ичтимоию фархангии шахс киссаву афсонахои таърихй, омузиши расму оинхои махал, одобу ахлок хеле муассир аст; хангоми азхуд кардани мафхумхои гуногунфархднгй — лекцияхо, сухбатхои эвристикй, кор бо манбаъхо; хангоми ташаккули малаках,ои муоширати байни фарх,ангй - диалог, мубохиса, муколама ва гайраро истифода намудан мувофики максад мебошад.

Тарбияи гуногунфархангй дар доираи тахсилоти институтсионалй ва муттасил суръат мегирад. Аз ин ру, он бояд на факат муассисахои таълимй, балки марказхои маданию маърифатй, оилахо, ташкилоти чамъиятй, воситахои ахбори омма низ фаъолият баранд. [6, 90]

Тарбияи шахсияти бофарх,анг мисли дигар сифатхои инсонй раванди тулонй мебошад. Муаллим ва кудакон дар чараёни рушди фарх,ангии худ аз якчанд марх,ила ва сатх,х,о мегузаранд:

• Тах,аммулпазирй;

• Фах,мидан ва цабули забону фарх,анги дигар;

• Эх,тироми фарх,анг ва тасдици тафовути фарх,ангй.

Бархе аз пажухдшгарон бар ин назаранд, ки забон ва фарх,анг х,амчун як чузъи том иртибот дорад, бархе аз онхо бар он акидаанд, ки забон танх,о як шакли баёни фарх,анг аст ва бархеи дигар бар ин назаранд, ки забон на шакл аст ва на унсури фарх,анг. Ба гуфтаи Эю Сепира, "фарх,ангро метавон х,амчунон муайян кард, ки чомеа чй кор мекунад ва чй фикр мекунад, дар х,оле ки забон инъикоси тафаккури инсон аст". «Муносибати байни маданият ва забонро, — менависад Н. И. Толстой метавон х,амчун чузъи фарх,анг ва олоти фарх,анг (ки як чиз нест) дарк кард, махсусан вацте сухан дар бораи забони адабй ё забони фолклор меравад. Аммо, забон дар баробари фарханг дар мачмуъ мустакил аст ва онро метавон чудо аз фарханг (ки хамеша анчом дода мешавад) ва ё дар мукоиса бо фарханг хамчун падидаи гуногунмаъно ва баробарарзиш баррасй кард.

«Забон, ба кавли В.Гумболдт, симои халк буда, манзараи оламро, ки хоси як чомеаи фархангй мебошад («гурухи хамзабонон») инъикос ва нигох медорад». Дар сурати мавчудияти чузъх,ои умумии мундарича, "майдонх,ои консептуалии х,ацицат" забонх,о ва фарх,ангх,о ангорахои гуногун доранд, ки пахлух,о ва чанбах,ои гуногуни чах,они бених,оят рангин ва объективиро инъикос мекунанд. Аз ин ру, инсон тавассути донистани забонхои мардумй ва забонхои хоричй мансубияти худро ба таърихи чахонй мустакиман эхсос карда, дар айни замон хусусияти фархангию таърихии миллии худро амиктар дарк мекунад.

Ба акидаи Д. С. Лихачёв «забон х,амчун як навъ тамизгари (консентратсия) фарх,анги миллат амал мекунад, ки дар гурух,х,ои гуногуни чомеаи фарх,ангй ва забоншиносй тачассум ёфтааст». Он дар робита ба интернационализатсияи фарх,ангх,о, ча^онишавии муоширати байнифарх,ангй, муколамаи фарх,ангх,о дар асоси тарчумаи мутацобилаи лексикй-семантикй нацши х,алкунанда мебозад. Алокаи фархангхои гуногун дар забон дар шакли вожахои лугавй ифода меёбад. Ба кавли С.Г. Тер -Минасова «...забон оинаи маданият буда, вай на танхо олами вокеии атрофи одам, на танхо шароити вокеии хаёт, балки худшиносии миллй, хислат, тарзи зиндагй, урфу одат, расму оин, ахлок, системаи арзишхо, муносибат, чахонбинй, яъне менталитети миллии инсонро инъикос мекунад». Хамин тариц, забон чунин баррасй мешавад:

• хамчун омили фархангй, зеро он чузъи чудонашавандаи он аст ва ба мо аз ниёгон мерос мондааст;

• олоти асосие, ки тавассути он мо фарх,ангро меомузем;

• мухимтарин падидахои фархангй. Вай чузъи таркибии фарханг ва олоти он буда, дар шакли урён хусусиятхои хоси тафаккури миллиро ифода ва механизмхои майдони шуурро ошкор мекунад.

• хамчунин, робитаи забон ва фархангро метавон хамчун робитаи кисману том номидан мумкин аст. Азбаски забони модарй хамчун ифодакунандаи фарханг аст, аломатхои забонй кобилияти ичрои вазифаи аломатхои фархангро пайдо намуда, бо хамин васила хамчун ифодакунандаи асосии фаъолияти нутк хизмат мекунанд.

Забон, пеш аз хама, воситаест, ки ба ёрии он шахс дар бораи маданияти моддй ва маънавии чамъият маълумот мегирад, яъне дар хастии инсон аз фарханг чй аст? Дарачаи инкишофи забон, накш ва макоми он дар хаёти мамлакат, дуньёи одамоне, ки сохиби забонанд доираи вусъат ва хачму андозаи вазифахои онро муайян мекунад.

Хднуз дар синни хеле барва;т, кудак унсурхои аввалини забонхои дигарро аз худ мекунад. Вай ба фаъолияти забонй машгул шуда, махорат пайдо мекунад, меъёрхои баходихиро азхуд мекунад, аз афсонахои аввалин а;идахои гуногунфархангиро меомузад, дар на;шофарй вазифахои забонро азхуд мекунад ва андешахои у тадричан ташаккул меёбанд, як манзараи ибтидоии кудаконаро оид ба хаёти гуногунфархангй месозад. Дар ин давра метавон супоришхои амалй пешниход намуда, фаъолияти забонии кудаконро инкишоф дод.

Вазифаи мухими АФТ (асосхои фаъолияти таълимй) ташкили хамкории байни омузгору кудакон ва кудакон бо хамдигар мебошад. Дар айни замон мафхуми «технологияи педагогй» ба зтаркиби лугавии педагогй сахт ворид шудааст. Лугати тафсирй ин мафхумро чунин шарх медихад: «Технология мачмуи техникаест, ки дар хама гуна тичорат, махорат... истифода мешавад». Технологияи педагогй усули мунтазами эчод, татби; ва муайян кардани тамоми раванди таълим ва шароити дониш мебошад.

Яке аз технологияхои асосй ин технологияхои ба рушди талаба нигаронидашуда мебошад, ки шахсияти кудакро дар маркази тамоми системаи таълим гузошта, шароити барохат, бидуни низоъ ва бехатари рушди он, татбики имкониятхои табиии уро фарохам меорад.

Дар доираи технологияхои ба рущди шахсият нигаронидашуда боз чанде дигар технологияхои мустакилро чудо мекунанд, ки дар байни онхо технологияхои хамкорй низ мебошад.

Технологияи хамкорй шарикиро дар муносибати байни муаллим ва кудак татбик мекунад. Муаллим ва кудакон якчоя дар холати хамкорй хадафхо, мундаричаи корро тахия мекунанд, бахо медиханд, якчоя эчод мекунанд. Технологияи муаммогузорй ва чустучуй - имруз, омузиши мушкилот хамчун як усули АФТ фахмида мешавад, ки бо рохбарии муаллим эчод кардани вазъиятхои мушкилот ва фаъолияти мустакили кудаконро барои халли муаммо дар бар мегирад ва дар натичаи он эчодкорона азхуд намудани дониш, махорат, малака ва инкишофи кобилиятхои зехнй ба назар гирифта мешавад.

Кор бо кудакон хамчун шарикони баробархукук, шахсияти алохида, ё гурухи шахсият метавонад дониши амалии гуногунфархангиро таъмин намуда бошад, гарчанде доираи махдуд дошта бошанд. Бояд гуфт, ки яке аз мархилахои хама гуна технология ин эчоди ангеза ё мархилаи тавлиди таваччух аст, ки имконияти шавкмандии кудаконро ба вучуд меорад. Холатхое ба вучуд меоянд, ки кудак "тачассумгар"-и образи асосй мешавад. Сухан дар бораи усулхое , ки холатхои муоширати вокеии нуткро "нумуъ" мекунанд, яъне технологияи бозй меравад.

Максади истифодаи технологияи мазкур:

- дидактикй — васеъ кардани чахонбинй, ташаккули ДММ (дониш, махорат, малака) дар фаъолияти амалй;

тарбиявй - тарбияи мустакилиятнокй, хамкорй, коллективизм, муоширатпазирй;

- инкишофдиханда - инкишофи диккат, хотир, нутк, тафаккур, мукоиса, малакаи мувофиковарй;

- ичтимой - мутобицшавй ба шароити мухити зист, омухтани муошират.

Технологияи омузиши компютерй, ки бо ёрии он расмхои нусхабардоришуда,

наворхои видеой, презентатсияхо, сабтхои овозй намоиш дода мешаванд.

Тибци Стандарти тахсилоти давлатй хадафи асосии таълими ибтидой ошкор намудани шахсияти хонанда ва рушди фаъолияти таълимии у мебошад. Муносибати кудакони синни хурди мактабй ба фаъолияти таълимй хассос буда, фаъолияти равонии онх,о ба такрор, цабули ботинй, тацлид, омухтани амалхо ва баёни муаллим нигаронида шудааст. Дар баробари ин, кудакони синни хурди мактабй тафаккури абстрактй доранд, онх,о ба визуализатсия ниёз доранд. Компютер хамчун асбоб амал мекунад, зеро ворид намудани унсурхои мушаххаси визуалй ба раванди таълим барои бартараф кардани мушкилот мусоидат мекунад. Вацте ки, кудакон дар экрани компютер расмхои рангоранг, диаграммахо, тасвирхои мутахаррикро мебинанд, онх,о маводи нави мураккабро бехтар дарк мекунанд ва аз худ менамоянд.

Компютеркунонии раванди АФТ ва истифодаи самараноки воситахои техникии таълим рох,и нави чолиби омузишро пешниход мекунад, ки барои кудакон чолиб буда, вацти муаллимро сарфа мекунад. Сабабхои муваффацияти раванди азхудкунии таълими гуногунфархангй аз чониби кудакони хурдсол:

• ба шахсияти кудак таъсир расонида, эхсосот, эхиссиёт ва шавки уро ба АФТ чалб менамояд, кобилияти нуткронй, маърифатй, эчодии уро ташаккул медихад;

• мухите мухайё месозад, ки дар он кудак худро барохат ва озод х,ис кунад; майлу хохиши худро дар амалан истифода бурдани фаъолияти гуногунфархангй инкишоф дихад;

• кудакро фаъол карда, уро цахрамони асосии АФТ мегардонад, бо дигар иштирокчиёни ин раванд фаъолона хамкорй мекунад;

• вазъиятеро ба вучуд меоварад, ки муаллим симои марказй намебошад;

Хамаи ин барои ташкили пурмахсули фаъолияти кудакон дар шароити истифодаи технологияхои инноватсионии таълим шароити мусоид фарохам меорад. Хангоми таълими забонхои хоричй дар муассисаи таълимй, бештар истифодаи усулхое тавсия дода мешавад, ки хусусиятхои психофизиологии тафаккури кудакони синни хурди мактабиро ба назар гирифта, ба рушди тафаккури мантицй ва шифохии кудакон мусоидат мекунанд. Омузиши забонхои хоричй дар мархилаи ибтидой ба омузиши босифати якчанд забонхо мусоидат мекунад, ки ба кудакон имкон медихад тахсили худро дар кишвархои хоричй идома диханд ва ба фазои чахонии тахсилот ворид шаванд.

Шахсияти кудаки синфхои ибтидой хеле нозук буда, дар раванди рушди доимй ва муттасил царор дорад. Он на танхо дар чараёни таълиму тарбия, балки дар раванди хаёт бо таъсири мухити атроф, чомеа ва мухити зист ташаккул меёбад. Кудак аз лахзаи таваллуд дар мухитхои гуногун зиндагй мекунад, ки хар кадоми онхо бо мурури замон ба у таъсири худро мерасонанд. Инхо мухити ичтимой, мухити этникй, мансубияти динй ва бисёр чизхои дигар мебошанд. Барои раванди таълими бисёрфархангй дуруст истифода бурдани мухити табии кудак хеле муфид аст.

РУЙХАТИ АДАБИЁТ:

1. Артюхова И.С. Формирование толерантности в ходе проведения вне-классной работы / И.С. Артюхова // Начальная школа. - 2008. - №9. - С. 41-44

2. Асмолов А.Г. О смыслах понятия «толерантность» / А.Г. Асмолов, Г.У. Солдатова, Л.А. Шайгерова// Век толерантности: Научно - публицистический вестник, 2001, № 1С. 8-18.

3. Байбородова Л.В. Воспитание толерантности в процессе организации деятельности и общения школьников / Л.В. Байбородова// Ярославский педагогический вестник. -2003. - № 1. - 89 с.

4. Беловолов В.А. Введение в методологию педагогического исследования: учеб. Пособие / В.А. Беловолов, С.П. Беловолова. -Новосибирск: Изд-во НГПУ, 2002. - 117 с.

5. Бобинов С. Приёмы восприятия толерантности / С. Бобинов// Педагогическая техника. - 2008. - №5. - С. 39-49.

6. Болотина Т.В. Культура мира, права человека, толерантность и миролюбие / Т.В. Болотина, Т.Г. Новикова, Н.К. Смирнов. - М.: АПК и ПРО, 2002 - С. 4.

7. Белогуров А.Ю. Идеи поликультурности в образовательном процессе / А.Ю. Белогуров// Высшее образование в России. 2005. -№3. — С. 109-112.

8. Берулава М.Н. Состояние и перспективы гуманизации образования / М.Н. Берулава// Педагогика. 1996. — №1. - С. 9-11.

9. Бодалев А. А. Восприятие и понимание человека человеком / А. А. Бодалев. - М., 1982.199 с.

10. Большая российская энциклопедия / Гл. ред. В.А. Тишков. -М., 1994.-456 с. 59

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.