Научная статья на тему 'РАВИШҲОИ ТАРБИЯ ВА АФКОРИ ПАНДУАХЛОҚИИ МУҲАММАД ҒАЗЗОЛИ (ДАР МИСОЛИ ТАРҶУМАИ ИЭҲЁ АЛ-УЛУМ” ВА ШАРҲИ “АЙЙУҲА- Л-ВАЛАД”)'

РАВИШҲОИ ТАРБИЯ ВА АФКОРИ ПАНДУАХЛОҚИИ МУҲАММАД ҒАЗЗОЛИ (ДАР МИСОЛИ ТАРҶУМАИ ИЭҲЁ АЛ-УЛУМ” ВА ШАРҲИ “АЙЙУҲА- Л-ВАЛАД”) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
304
31
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МУХАММАД ГАЗЗАЛИ / НАСТАВЛЕНИЕ / МОРАЛЬ / УЧЕНИЕ / ВОСПИТАНИЕ / ПЕРЕВОД / "ЭХЁ-АЛЬ-УЛУМ" / "ФАРЗАНДНАМЕ" / "АЙЙУХ-АЛЬ-ВАЛАД" / "НАСИХАТ-УЛЬ-МУЛУК" / НИЗОМУЛЬМУЛЬК / MUHAMMAD GHAZZALI / ADMONITION / MORALITY / EDUCATION / UPBRINGING / TRANSLATION / "REVIVAL" / "CHILDHOOD" / "AYYUH-AL-WALAD" / "NASIHAT-UL-MULUK" / NIZAMULMULK / МУҳАММАД ГАЗЗОЛӣ / ПАНД / АХЛОқ / ТАЪЛИМ / ТАРБИЯ / ТАРҷУМА / "ЭҳЁ-АЛ- УЛУМ" / "ФАРЗАНДНОМА" / "АЙЙУҳ-АЛ-ВАЛАД" / НАСИҳАТ-УЛ-МУЛУК" / НИЗОМУЛМУЛК

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Ҳамробоев Насимҷон Абдуллоҷонович

Мақола ба таҳқиқи масъалаи таъсири осори панду ахлоқии асримиёнагӣ ба эҳёи усулҳои нави таълиму тарбияи инсон бахшида шуда, дар он раванди тагйирёбии равиши усули таълиму тарбия дар мисоли гуфтаҳои панду ахлоқии Муҳаммад Газзолӣ баррасй шудааст. Асарҳои “Эҳё ал-улум”, “Насиҳат-ул-мулук”, “Фарзанднома” ва дигар муаллафоти Муҳаммад Газзолӣ дар соҳаи таълиму тарбия аз китобҳои появӣ ба шумор рафта, дарвоқеъ, муаллифи он ҳамчун ислоҳотчӣ, таҷдидгар ва назарияпардози илми таълиму тарбияи шарқӣ шинохта шудааст. Зеро бо раъйу андешаҳои инқилобӣ ва бозгӯ намудани афкори фалсафию ахлоқӣ ва ирфонии худ санги бинои илми тарбия ва ахлоқу одоби некӯро дар тамаддуни миллӣ гузошта, онро истиҳкому қувват бахшидааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

MUHAMMAD GHAZZOLLIS EDUCATIONAL TENETS AND MORAL IDEAS (TRANSLATION OF «EHUO AI-UIUM» AND COMMENTARY OF «AIYUHA-I-VAIAD»)

The article is dwells on the study beset with an impact of medieval moral heritage on new methods revival of human education, he discusses the process of changing the method of teaching and education on the example of Muhammad Ghazzoli's tenets. The works of "Ehyo al-ulum", ";Nasihat-ul-muluk", “Farzand-Name” and other works of Muhammad Ghazzoli in the field of education are among the basic books and, in fact, the author is known as a reformer and theorist of oriental education. Because he laid the foundation stone of the science of education and good morals and ethics in the national civilization and strengthened it with his revolutionary ideas and reflection of his philosophical, moral and spiritual thoughts.

Текст научной работы на тему «РАВИШҲОИ ТАРБИЯ ВА АФКОРИ ПАНДУАХЛОҚИИ МУҲАММАД ҒАЗЗОЛИ (ДАР МИСОЛИ ТАРҶУМАИ ИЭҲЁ АЛ-УЛУМ” ВА ШАРҲИ “АЙЙУҲА- Л-ВАЛАД”)»

УДК82,09 ББК83,3(0)4

РАВИШХОИ ТАРБИЯВА АФКОРИ ПАНДУАХЛОЩИ МУХАММАД FАЗЗОЛИ (ДАР МИСОЛИ ТАРЦУМАИ "Э^Ё АЛ-УЛУМ" ВА ШАРХЦ "АЙЙУХА-

Л-ВАЛАД")

МЕТОДЫ ВОСПИТАНИЯ И МОРАЛЬНО -ЭТИЧЕСКИЕ ВЗГЛЯДЫ МУХАММАДА ГАЗЗАЛИ (на примере перевода "Эхё-аль-улум" и комментария к "Аййух-аль-валад")

MUHAMMAD GHAZZOLLI S EDUCATIONAL TENETS AND MORAL IDEAS (Translation of «Ehuo ai-Uium» and Commentary of «Aiyuha-i-Vaiad»)

Хамробоев Насимцон Абдуллоцонович, доктори илмцои филология, дотсенти кафедраи забон ва адабиети тоцики факултаи забощои шарци МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд),

Хамробоев Насимчон Абдуллочонович, доктор филологических наук, доцент кафедры таджикского языка и литературы факультета восточных языков ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Hamroboyev Nasimjon Abdullojonovich, Dr. of

Philology, Associate Professor of the department of Tajik language and literature attached to the Faculty of Oriental Languages under the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov (Tajikistan, Khujand) E-mail: [email protected]

Вожщои калиди: Муцаммад Газзоли, панд, ахлоц, таълим, тарбия, тарцума, "Эцё-ал- улум", "Фарзанднома", "Аййуц-ал-валад", Насщат-ул-мулук", Низомулмулк

Мацола ба таццици масъалаи таъсири осори панду ахлоции асримиёнаги ба эцёи усулцои нави таълиму тарбияи инсон бахшида шуда, дар он раванди тагйирёбии равиши усули таълиму тарбия дар мисоли гуфтацои панду ахлоции Муцаммад Газзоли барраси шудааст. Асарцои "Эцё ал-улум", "Насщат-ул-мулук", "Фарзанднома" ва дигар муаллафоти Муцаммад Газзоли дар соцаи таълиму тарбия аз китобцои появи ба шумор рафта, дарвоцеъ, муаллифи он цамчун ислоцотчи, тацдидгар ва назарияпардози илми таълиму тарбияи шарци шинохта шудааст. Зеро у бо раъйу андешацои инцилоби ва бозгу намудани афкори фалсафию ахлоци ва ирфонии худ санги бинои илми тарбия ва ахлоцу одоби некуро дар тамаддуни милли гузошта, онро истицкому цувват бахшидааст.

Ключевые слова: Мухаммад Газзали, наставление, мораль, учение, воспитание, перевод, "Эхё-аль-улум", "Фарзанднаме", "Аййух-аль-валад", "Насихат-уль-мулук", Низомульмульк

Статья посвящена изучению вопроса о влиянии средневековых поучительных произведений на возрождение новых методов воспитания личности. В ней рассматривается процесс трансформации методов воспитания на примере наставительных высказываний Мухаммада Газзали. Отмечается, что "Эхё-аль-улум" (Возрождение наук), "Насихат-уль-мулук" ("Назидание царям"), "Фарзанднаме" и другие сочинения Мухаммада Газзали по образованию считаются фундаментальными трудами, а их автор признан реформатором, новатором и теоретиком науки о воспитании на Востоке. Автор статьи приходит к такому выводу, что Мухаммад Газзали своими революционными воззрениями и изложением своих философских, моральных и гностических взглядов заложил основу здания науки о хорошем воспитании в национальной культуре, чем способствовал её укреплению и упрочению.

Key words: Muhammad Ghazzali, admonition, morality, education, upbringing, translation, "Revival", "Childhood", "Ayyuh-al-Walad", "Nasihat-ul-Muluk", Nizamulmulk

The article is dwells on the study beset with an impact of medieval moral heritage on new methods revival of human education, he discusses the process of changing the method of teaching and education on the example of Muhammad Ghazzolfs tenets. The works of "Ehyo al-ulum", "Nasihat-ul-muluk", "Farzand-Name" and other works of Muhammad Ghazzoli in the field of education are among the basic books and, in fact, the author is known as a reformer and theorist of oriental education. Because he laid the foundation stone of the science of education and good morals and ethics in the national civilization and strengthened it with his revolutionary ideas and reflection of his philosophical, moral and spiritual thoughts.

Адабиëти оламшумули Шар; дар тули мавчудияти таърихии хеш бо хузури тафаккури ;авии фалсафию адабй, ирфонию динй ва афкори хоси инсонпарварона шохаи бузурги адабдати чахониро ба вучуд овардааст. Аз ин ру, дар доираи ин адабдати пуршукух чой доштани тафаккури ирфонй, бахусус ташаккули андешахои ахло;й ва дар ;олаби донишхои сyфиëна тахаввули адабиëти ирфонй добили таваччух мебошад. Пайванду пайдоиши ин адабдат ба зухури шахсиятхои алохидаи маърифатию ирфонй хатто ба паëFамбарон ва китоби осмониву аходиси шариф такя мекунад. Бино ба андешаи баъзе аз муха;;ик;он, пайдоиши ин адабдат хамчун манбаи фикриву фалсафй, хамчунин шохаи пурнуфузи чараëни ирфонй ба даврони пайдоиши ислом пайванд мегирад. Аз ин ну;таи назар аз аввалин даврони руи кор омадани адабдати форсй-точикй ва хам арабй нуфузи чараëни тасаввуф дар он афзалият дошта, барои арзи хастй намудани шохахои зиëди дигар таъсир гузоштааст. Агар дар OFOЗ бештари матлабхо дар гуфтори суфдан ва шарху басти истилохоти ирфонй ифода мешуданд, дар даврони баъдй ташаккули чахоншиносии исломй аз як тараф барои падид омадани мактабхои хоси тасаввуфи назарй сабаб гардид ва аз чониби дигар бораи таълиф шудани осори здади ирфонй ë худ панду ахло;й шароити муосидро фарохам овард.

НобиFаи бузург, аллома Абухомид Мухаммад ибни Мухаммади Fаззолии Тусй (с.т.1058 -ваф.1111) ба хайси асосгузори усули нави тарбия ва таълими замони худ дар рушди маънавият ва асархои панду ахло;й на;ши назаррас гузоштааст. У дар замони худ, яъне ;арни Х1 яке аз бехтарин тарFибгарони бузурги илму маърифат, донишу хирад ва яке аз равшанфикрон ба шумор рафта, дар назди хокимону амирон ва вазирону донишмандон сохиби о6руву эътибор ва ма;ому манзалати шоисти будааст. Дар доирахои адабиву марказхои илмй Уро хдмчун бузургтарин алломаи улуми инсоншиносй, сохиби зухду та;вои ха;и;й, донишманди фарзонаи зуллисонайн ва бехтарин мусаннифи асархои панду ахло;ии Хуросони бузург мешинохтанд. Бо Низомулмулк муосир ва хаммаслаку хамнишин будани Fаззолй пахлухои ихтилофангези хаëти Fаззолй ва сатхи дониш, ма;ому манзалати уро бозгу мекунад. Махз кушишу химмати бузурги вазири фарзона ва хирадпарвари хокими Салчу;й - Низомулмулк сабаб гаштааст, ки дар Хуросони бузурги он даврон улуми мухталиф, аз чумла улуми адабй, ирфонй, таърихй ва илмхои табииву рдазй тара;;й гардад. Уламову донишмандони бисëр аз хар гушаву канор зухур карданд ва таълиму тарбият, таълифу таснифи китобу рисолахо беандоза пешрафт намуд (ниг.:8,79;9,112).

Рочеъ ба вазъи замон, рушди илм ва хаëтy фаъолияти Мухаммад Fаззолй, баррасии мавзуъхои алохидаи осори панду ахло;ии у аз чониби олимони шинохтаи ватаниву хоричй, аз чумла, Ч,алолуддин Х^умой, Аббос И;боли Оштданй, Саййид Х^усайни Хидеви Ч,амй, Азизуллох Азизй, Абдулхусайни Зарринкуб, Насруллохи Пурчаводй, Абдуррахмони Бадавй, Мухаммад Умари 4yë, Абдуррахими Ч,авохирфурушзода, АлиасFари Хдлабй, Е.Э.Бертелс РДодизода, М. Хдзрат;улов, А.Ахмадов, Ш.Имомов, К.Олимов, А.Сатторзода, А.Насриддинов ва дигарон пажухишот ва тах;и;и зиëд ба анчом расидааст. Бо вучуди ин, пахлухои тарбиявй ва ахло;ии то имруз ношинохтамондаи муаллафоти Fаззолй, бо монанди "Тарчумаи «Эхë ал-улум», «Фарзанднома», «Насихат-ул-мулук» ва Fайра муха;;и;онро водор месозад, ки ба сари ин масъала бозгарданд ва аз хирмани маънавиëти ин аллома хушачинй намоянд. Зеро Fаззолй дар асоси назарияхои мустанади худ самти таълиму тарбияи роичи давра ë худ замони худро таFЙир дода ва гуфтан мумкин аст, ки дар пояи ахло;и исломй назарияи нави таълиму тарбияи инсони комилро асос гузоштааст. Аз ин чо, андешахои ахло;й ва таълимиву тарбиявй дар осори Fаззолй махсусиятхои адабиву бадей ва шеваи баëнy сабки нигориши ин осор мавзуи тах;и; ба шумор меравад.

Мухаммад Fаззолй, дарво;еъ, аз зумраи донишмандону нависандагони «касируттаълиф»-и зуллисонайн (7,169) буда, такя бар ;авли тазкиранигорон "дар мдани мутафаккирони исломй, хеч кас ба андозаи Мухаммад Fаззолй таълиф ва таснифоти здад надоштааст. Муха;;и;он муаллафоти уро шумор карданд ва бар рузхои умраш та;сим намуданд, дар натича ба хар рузи хаëташ чор чузъй таълиф мувофи; омадааст"(2,79).

Айнул;уззоти Хдмадонй низ дар мадху ситоиш, пурмахсул будани у ва арзишу ахамияти осори ахло;иву ирфонии Fаззолй сухаронй намуда, аз чумла, мегуяд: "Кадри илм чунонки Хоча Имом Fаззолй донистааст, дар кулли олам, илло мошоаллох, касе надонад, ки у оши; илм будааст лизотихй....Бидон эй бародар, ки Хоча Имом Fаззолй дар кутуби худ бисëр овардааст, ки ахло; таFЙир пазирад, чунонки бахил худро батакаллуф сахй тавонад кард ва бадзахраро

(тарсуро) мумкин аст, ки батакаллуф далер гардад ва хамчунин чохил олим шавад ба касб... (1,ч.2, 126)"

Fаззолишинос, донишманди мисрй - Абдуррахмони Бадавй соли 1960 дар асоси тад;и;оти ховаршиносони ;аблй, китоби «Муаллафот ал^аззолй»-ро таълиф намуда, дар он аз 457 номгуи китобхои аслй ва мансуб ба Fаззолиро номбар мекунад. Муха;;и; аз ин ми;дор 72 номгуи онро бетардид мутаалли; ба Fаззолй дониста ва дар сиххатии осори бо;имонда тардид намудааст (5,ч.1,71). Дар исботи фикри хеш Абдуррахмони Бадавй нут;и худи Fаззолиро, ки ду сол пеш аз маргаш дар номае ба Султон Санчар навиштааст ба шуохидй меорад: «Бидон кй, ин банда дар улуми динй хафтод китоб карда...» (6,23).

Аз мухимтарин асархои панду ахло;й, ë худ асари тарбиявие, ки Fаззолй дар ;олаби китобхои ирфонй навиштааст, китобхои "Эхë улум", "Кимдаи саодат", "Насихатнома" ë худ "Насихат-ул-мулук", "Фарзанднома" ë худ рисолаи "Аййух-ал-валад" мебошад, ки яке ба забони арабй ва дигаре ба забони форсй-точикй таълиф шудааст.

Китоби «Эхë улум ад-дин»-ро Fаззолй зимни сафари дахсолаи худ дар асоси ахло;и назариву амалй ба забони арабй ба ;олаби китоб рехтааст. Улуме, ки Fаззолй тавассути ин китоб мехохад эхë кунад, илмхои марбут ба худшиносиву худошиносй, илми тари;ат, илми чавонмардй аст, ки аз назари Fаззолй барои инсони комил заруру ногузир аст (3,55).

Аз асархои ахло;ии ба забони точикй таълифнамудаи Fаззолй, ки шухрати чахонй дорад китоби «Насихат-ул-мулук» мебошад. Муаллиф онро ба Султон Санчар писари Маликшохи Салчу;й эхдо намудааст.(9,5) Кадиматарин нусхаи ин асарро аввалин шуда, Ч,алолуддин Хумой тасхех ва ба нашр расонидааст. Ин китоб дорои ду бахш буда, муаллиф дар бахши дуюм бештар ба на;ли ашъори фаровону зикру матолиби подшохони эронй, аз чумла Анушервону Бузургмехр ва а;воли мансуб ба Са;ароту Арасту пардохтааст. Ба хамин далел Ч,алолуддин Хумой низ ба Fаззолй мансуб будани ин бахши китоб тардид дорад(4,16).

Осори дигари Fаззолй «Панднома», «Фарзанднома», ë худ «Айюх-ал-валад» аст, ки ба а;идаи аксари муха;;и;он ин асар гyë худи хамон давр ба забони арабй бо унвони «Айюх-ал-валад» ба арабй тарчума шуда, дар оянда бо хамин ном машхур гаштааст (6,91). Fаззолй ин рисоларо ба яке аз шогирдону муридони худ дар ;олаби саволу чавоб навишта, шогирдашро «Эй фарзанд^^н хитоб мекунад,(6,90;12,35) ки ин амр худ аз панду ахло;й будани асар хабар медихад. Ин рисола хамчун посух ба суолхои шогирд ва оини олиму мутааллим навишта шуда, харчанд сурати комили хамаи суолхо дар матн оварда нашудааст, аммо лахн ва каломи Fаззолй нишон медихад, ки масоил дар бораи сайри сулук ва паймудани рохи шариату тари;ату ха;и;ат баëн ëфтааст. Ин «Фарзанднома» бо оëтy аходис ва ашъори ноби форсиву арабй музайян гардидааст, ки муаллифи матолиби арабиро ба забони форсй тарчума накардааст. Ин худ нишон ва далели он аст, ки мухотаби ин рисола забони арабиро ба хубй медонистааст.

Ин рисолаи бо номхои мухталиф, аз чумла "Аййух-ал-валад", «Эй фарзанд», "Фарзанднома", "Нома ба фарзанд" «Насихатномаи Fазолии Тусй» «Хулосат-ут-тасониф» ва Fайра дар акнофи олам чандин маротиба тарчума, на;л ва нашру бознашр гаштааст(7,126).

Умуман, дар кулли осори Fаззолй тахаввули тафаккури ахло;ии инсонии у равшан баëн мегардад. Андешахои Fаззолй перомуни ахло;и нек сирату сурати нек бо андешахои хакимони мо;абли худ якхела аст, аммо усули тарбия ва таълими инсони комил аз назари у бояд дигар бошад.

Ин чо ;абл аз он ки сухан перомуни ахло; OFOЗ шавад, гуфтан зарур аст, ки: «Ахло;» чамъи «хул;» ва «хулу;» аст ва ба гуфтаи сохиби китоби «Муфрадот» PоFиби Исфахонй ин ду вожа дар асл ба як реша боз мегарданд, яъне «хал;» ба маънии хайъат, шакл ва сурате аст, ки инсон бо чашм мебинад ва «хул;» ба маънии ;увва, ангеза, чавхар ва сифоти дарунй аст, ки бо чашми дил дида мешавад. Бино бар ин, метавон гуфт, ки «Ахло; мачмуи сифоти рух,й ва ботинии инсон аст»(3,366).

Хамин маъниро Файзи Кошонй низ дар китоби «Ха;ои;»-и хеш чунин баëн доштааст: «Бидон, ки хуй иборат аст аз хайате устувор бо нафс, ки афъол ба осонй ва бидуни ндаз ба фикру андеша аз он содир мешавад» (3,337).

Fаззолй бошад ха;и;ати хул;и некуро чунин медонад: «Бидон, ки одамиро аз ду чиз офаридаанд: яке колбаде, ки ба чашми сар метавон дид ва дигаре рух, ки чуз ба чашми дил наметавон ба он рох ëфт. Хар яке аз ин дуро некуй ва зиштй аст. Якеро «хусни хул;» гуянд ва он дигарро «хусни хал;». Хусни хул; иборат аз сурати ботин аст, чунонки хусни хал; иборат аз сурати зохир аст. Ва хамон тавр, ки сурати зохир неку набошад, магар он ки чашм неку бувад ва

ë бас дахон некy бyвад ва бас, ë... то он гох, ки бинй ва чашмy дахон чумла некy набyвад ва андарxyри якдигар набyвад. Хдмчунин сyрати ботил неку набyвад то он гох, ки чахор кувват андар вай неку набyвад: кувват илм, куввати хашм, куввати шахват ва кувват адл мдан ин хар се» (5,ч,2,18).

Хдмчунин, Fаззолй дар дебочаи «Кимдаи саодат» таъкид мекyнад, ки: «Чун гавхари одамй дар аввали офариниш нокис ва хасис аст, мумкин нагардад вайро аз ин нуксон ба дарачаи камол расонидан, илло ба мучохадат ва муолачат»(5,ч.2,5). Инчунин, дар идомаи матлаб боз шарх медихад, ки: «Ва чунонки он кимда, ки мису биринчро ба сафои зари холис расонад, душвор бувад ва хар кас нишносад. Хдмчунин ин кимиë, ки гавхари одамиро аз хисати бехиммат ба сафову нафосати малакият расонад, то бад-он саодати абадй ëбад, хам душвор бувад ва хар касе надонад ва хамон тавр, ки кимдаро наметавон дар ганчинаи хар пиразане ëфт, зеро чойи он дар хизонаи мулук аст. Ч,ойи кимдаи саодати абадй низ дар хизонаи рубубият аст ва чойи ин хизона дар осмон, чавохири фариштагону дар замин дили пайгамбарон мебошад. Пас хар, кй ин кимда чуз аз хазрати нубувват чуяд, рох галат карда бошад ва хосили кори вай чуз пиндору гумон чизи дигаре нест...». (5,ч.2,6).

Fаззолй ба ичмол, максуди кимиëро хулки некуи одамй мепиндорад ва дар ин замина мефармояд, ки «одамй аз хар чй менабояд, яъне сифоти накс, пок ва барахна шавад ва ба хар чй мебибояд, яъне сифоти камол, ороста гардад» (5,ч.2,6). Сарчумлаи ин кимиëро руйгардонй аз кирдорхои бад ва руйоварй ба суи Офаридгор ва корхои шоистаи инсонй медонад. Аз ин ру, сифоти наксу ахлоки нописандида, монанди хашм, бухл, хасад, кибр, учб ва рдаву нифокро «мухликот» меномад ва онхоро дар колаб дах китоб дар рубъи сеюми китоби «Эхëъ улум-уд-дин» шарх медихад.

Тарики оростани дил бо ахлоки писандида, ба монанди сабру шукр, мухаббату ризо ва рачову таваккулро низ тахти унвони «мунч^т» дар дах китоб шарх додааст. Аз ин ру, Fаззолй танхо ба баррасии маншаъ айбу нуксонхои нафсонй басанда намекунад, балки ба чорачуй ва рафъи беморихои ахлокй низ пардохта, муътакид аст, ки «хамон тавр, ки хадаф аз саркашиву нофармонй аз нафс, танхо аз байн бурдани шахвати нафсонй нест, балки таъдили онхост»(3,556) ва «дар тарбият ва адаб низ сухан аз тагйир нест, балки сухбат аз ислох аст ва таъмини адолат аст, ки хадафи дин аст...» (3,557).

Аз назари Fаззолй хулки неку саодате аст, ки се сабаб дорад: яке асли фитрат, ки он ато ва фазл илохй аст, ки баъзе афрод дар асли фитрат некухулк, масалан сахй, мутавозеъ ва гайра таваллуд мешаванд. Дуюм, ин ки инсон ирода кунад ва худро мукаллаф намояд, ки корхои неку анчом медихад ва дар ин кор ба кадре кушиш намояд, то ин хулки неку одату малакаи y гардад. Сеюм, хамсухбатй бо касоне, ки ахлоку афъоли неку доранд, низ хулки неку дар инсон мешавад, харчанд худ аз он бехабар бошад (3,589) «...харкас, ки ба кори неку одат кунад, ахлок неку дар у падидор мешавад ва сирри он ин аст, ки шариат кори неку фармуда. Хдмин аст, ки максуд аз ин, гардидани дил аз сурати зишт ба сурати некуст (3,369). Хдр касе, ки ин се насибаш гардад, ба дарачаи камоли ахлокй мерасад ва хар, ки аз ин хар се махрум монад, дар шаковати комил аст (3,592).

Ч,ои таъкид аст, ки Мухаммад Fаззолй аз байни муаллифони пешин ягона донишмандест, ки ба чараëнy вазъи таълиму тарбия таваччухи бештар дода, беш аз хама, дар ин бора таълиф кардааст. Шояд у аввалин нафарест, ки то ин ахд дар адабдати форсу точик, дар бораи тарбияти кудак муфассал сухан ронда, дар ин бора пояи илмй гузошта бошад ва имруз ин масъала яке аз бахшхои мухимми илми инсоншиносй, илми таълиму тарбияти чомеа шуморида мешавад.

Fаззолй самти таълиму тарбияи роичи давра ë худ замони худро тагйир дод, яъне улуми бефоидае, ки асосу маншаи таклиду таассуб ва худхохй буд, аз чумла, фанни мунозараву чадал ва хилофро танкид кард ва истифодаи онро дар рохи худнамоиву галаба шудан ба хариф ин амалхоро ва фаро гирифтани онро зиштарин ва бадтарин корхо донист.

Fаззолй дар китобхои худ аз таълиму тарбият хатман ëдовар мешуд, хоса дар китоби «Эхë» боби махсусеро ба илму уламо ва одоби таълиму тадрис бахшида, гарази аслии у бо ин кор бархам задани вазъи нохинчори замони хеш буд. У собит намуд, ки танхо илму маориф барои такмили инсон кофй нест, зеро чунонки барои аз худ карани илму маърифат муаллиму рахнамо лозим аст, барои ахлоку маърифати хакикии инсонй ва камоли маънавй низ устоди мураббй лозим ва зарур аст. Дар ин бора мегуяд: «Мурги чонро ду пар бояд, яке илм ва дигаре амал. Мурги якпар бар фазои олами улвй парвоз натавонад кард» (3,362;7,93). Аммо мухолифонаш ин

назари уро бархам задани асоси дин ва мазхаб дониста бар у иттихомоти зиëдеро илхо; намуданд.

Бо вучуди ин, Fаззолй тарбияро тазминкунандаи саодати дину душ медонист ва назари хешро бар ин а;ида нигох медошт, ки бояд барои осоиши башар аз чангу FавFO дида, фикри бехтар кард ва нахуст хештан баъд дигаронро бо рохи таълиму тарбия пок ва хушбахт сохт. У мегуяд: «Агар кудакро ба амалхои хайр одат кунонанд ва он кудак ба хамон хислат рушд ëбад, дар душ ва дар охират хушбахт мешавад. Падару модар ва муаллиме, ки уро таълим медиханд, дар савоби у шариканд. Ва агар уро ба корхои зишт одат кунонанд ва уро ба холи худ гузоранд, чун гунахкор шуд ба гунохи у шарик хастанд» (3,366;7,94).

Аз ин чо, дар назарияи Fаззолй тарбияи хуб ба унвони мухимтарин омили саодати инсон ва тарбияи бад сабаби ша;овати башарият шинохта шудааст.

Ин чо саволе ба мшн меояд, ки Oë тарбият ë назаре, ки Fаззолй онро мояи саодат ва ë ша;овати инсон мехисобад, фитрй аст ë и;тибосй. Дар ин замина у мегуяд: «Дили поки кудак гавхари нафис аст ва аз хамаи на;шхову суратхо холист ва ;абулкунандаи хамаи на;шхост. Агар ба корхои хайр одат ва таълим дода шавад, нумуяш хуб мешавад. Агар дар душву охират некбахт шавад, падару модари у, хамчун тарбиякунанда, дар савобаш шарик хастанд» (3,350;11,93)^аззолй дар ин мшн ба тарбияпазирии инсон ва на;ши он дар зиндагии хозира ва ояндаи у ишора мекунад, то он чое, ки хушбахтй ва бадабахтиро мутаалли; ба тарбияи вай медонад ва онро амри и;тибосй медонад на Fаризй. Fаззолй фитрати одамиро пок ва беолоиш ва пазирандаи хамагуна тарбия медонад. Аз ин чо, у на;ши тарбия дар ташаккули ахло;и некуро зинаи аввали саодати инсонй дониста, барои ба камоли одамй расидани фарзанд, шогирд ë нафаре, сахми се созмони тарбия, хона, мактаб ва мадрасаро асосй ва зарурй мехисобад. Махз зарурат ва бушд доштани хамин андеша дар асархои панду ахло;ии асрмиëнагии дигар низ мавчуд буд, аммо ин андешахо бо назардошти хусусиятт ва вежагихои худ танхо аз чониби Мухаммад Fазоолй дастабандй шудааст (ниг.:10,11,12).

Дар навиштахояш, пеш аз хама, ба устод хитоб намуда, вежагихои устоду шогирдро ëдовар мешавад ва таъкид мекунад, ки дар мактабу мадраса устод бояд аз вежагихои хоссе бархурдор бошад.Аз чумла, ба ахло;у илм мусаллах бошад ва ба он амал намояд, дорои ви;ору матонат бошад, дар рафти сухбат бо шогирд кушодаруй бошад ва бо онхо муросо кунад, суоли шогирдони сустхонро ислох намояд, агар шогирд матлаберо гуфта натавонад ба у кумак намояд ва калимаи намедонамро асло истифода накунад. Хангоме, ки хонанда саволро аз руи ихлос бипурсад, ба у чавоб бидихад ва таоруфу такаллуфро канора гузорад.

Хамчунин Fаззолй дар навиштахояш робита ë худ вежагихои фарзанду шогирдро низ баëн сохта, аз чумла такид мекунад,ки дар таълими эхтироми устод аз падар беш аст, шогирд дар назди устод бояд орому бо эхтиром ва ихтисор сухан бигуяд. Дар ва;ти сухбат шарти адабро нигах дорад, дар хузури устод аз бузургманишии дигарон, фазлфурушии устодони дигар сухан ва ë савол накунад, дар бораи масъалае раъюу андешаи шахси дигарро аз устодаш пеш нагузорад, хангоми беморй бо у бисëр рафту омад накунад ва ха;;и устодро дар хама чой бояд нигох дорад (3,412;7,97). Афзун бар ин, Fаззолй шартхо ва одоби омузгорро баëн намудааст. Аз чумла мегуяд, ки омузгор нахуст худро ислох намояд, зеро шогирдон ба рафтори у чашм доранду ба гуфтораш гуш.Он чиро,ки мекунад ва мегуяд, кудакон низ онро айнан такрор мекунанд.Дар назди онон хомуш ва бо чашми пурхайбат нанишинад,суханхои баду ночо нагуяд,балки бо суханони хуш онхоро таълиму тарбия намояд.Инчунин дар баробари онон бо дигаре мазох нанамояд ва аз онхо хадя напазирад ва он чиро, ки ба у медиханд ;абул накунад. Бадгуиву Fайбатро назди эшон нописанд намояд ва аз дyрУFy суханчинй онхоро боз дорад...

Fаззолй барои ташаккули ахло;и одамй,дар баробари мактабу мадраса, мухити хонаводагиро асос ва амри зарурй медонад.У ибтидо робитаи фарзанд бо падарро шарху тавзех намуда, чанд шарту омилхои онро баëн месозад.Аз чумла, мегуяд, ки:фарзанд бояд назди волидай адабро нигах дорад, сухани волидайнро бишнавад ва хар гох уро бихонанд, биравад. Чун бархезанд бархезад ва бо онхо исëн накунад ва хар коре, ки манъ кунанд аз он бипархезад. Хар кор ва ë амри эшонро анчом дихад,миннат нанихад ва ба онхо бо дидаи Fазабнок нигох накунад. (8,429)

Дар ру ба руи ин, робитаи падар бо фарзандонро низ мавриди баррасй ;арор дода мегуяд: Падар бояд бо некй ба фарзандонаш кумак намояд ва онхоро амр ба тоат намояд ва чун ношикебо ва малул бошанд бо онхо такаллуф наварзад ва онхоро аз хизмати Худову хал; манъ нанамояд ва бар тарбияи эшон миннат нагузорад. Падар дар тарбияи худ, бояд хайбаташро

нигох дорад ва гох-гох уро сарзаниш намояд. Уро танбал напарварад, балки ба хушунати либос, фарш ва хурок одат кунонад.Дар баробари мухити хонаводагй, мухити беруна ва атрофи фарзандро низ Fаззолй аз шартхои зарурии ахлоки некуй фарзанд хисобида, дар ин бобат,пеш аз хама, ба волидайн таъкид мекунад,ки тарбияи кудак бояд ба шоистагй ва сарпарастии беминнат бояд анчом ёбад, ба хамсухбат ва рафики фарзандаш ахамияти хоса бояд дихад, зеро хамаи фасодихо аз хамсухбат ва рафики бад бармехезад. Вай одат додани кудакро ба содагй дар гизо, либос ва истирохатро чузъи заруроти парвариши у медонад.Ду омили асосй дар омузиш ва парвариши кудакро ном мебарад ва мегуяд: «Чун кудак кори нек кунад ва хуи нек дар у падид ояд, падар бояд уро тахсин гуяд ва барои хушнудии у хадя бидихад ва дар назди хамагон уро сано гуяд» (3,452). Бо ин шарт ва шарху тавзехот Fаззолй бар фарзандон масъул будани волидайнро равшан баён месозад.Хулоса, аз ин чо метавон, Мухаммад Fазолиро саркарда ва намояндаи мутафаккирону назарияпардозони илми таълиму тарбия донист, зеро у бо раъйу андешахои инкилобй ва бозгу намудани афкори фалсафию ахлокй ва ирфонии худ санги бинои илми тарбия ва ахлоку одоби некуро дар тамаддуни миллй гузошта, онро истихкому кувват бахшидааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Айнулкуззот, Абдуллох ибни Мухаммад. Номахои Айнулкуззоти Хамадонй. - Техрон: бунёди фарханги Эрон, 1348.-387 с.

2. Fаззолй Абухомид, Мухаммади. Кимиёи саодат. Дар 2 чилд/ Тахияи Дустмухаммади Дуст, Кудратбек Элчибеков. - Душанбе: ЭР-граф, 2008. -Ч, .1.-672 сах. - Ч2. - 668 с.

3. Fаззолй, Абухомид. Эхё улум ад-дин. Тарчумаи Муаййидуддин Мухаммади Хоразмй. Ба кушиши Хусайни Хидеви Чам. - Техрон: Интишороти илмию фархангй, чопи дувум, 1368.

4. Fаззолй, Мухаммад ибни Мухаммад. Насихат-ул-мулук. Мусаххех Азизуллох Ализода. Техрон: Фирдавс, 1361. - 176 с.

5. Fаззолй, Абухомид. Кимиёи саодат. Тасхехи Хусайни Хидеви Чам. Техрон: Интишороти илмию фархангй, чопи якум, 1361.-246 с.

6. Макотиби форсии Fаззолй ба ном «Фазоил-ул-аном мин расоили Хуччатулислом». Гирдоваранда яке аз мансубони Fаззолй. Ба тасхехи Аббос Икбол. - Техрон: Нашри Донишгохй, 1333. -116 с.

7. Пурчаводй,НасруллохЛззолй ва маохизи суфиёнаи у/Н.Пурчаводй//Маориф.-1353.- №3.-С.52-94 .

8. Хамробоев, Н.А.Тарчумахои форсии Эхё улум-ад-дин/Н.А.Хамробоев//Ахбори ДДХБСТ. 2016.- №2.-С.78-85.

9. Хамробоев,Н.Насируддини Тусй ва тарчумаи, ал-Адаб ал-вачиз ли-л-валад-ас-сагир'/Н.Хамробоев//Номаи Донишгох,.Силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй.-2016.- № 2 (47).-С.101-109.

10. Хамробоев, Н. Муруре ба кухднтарин тарчумаи форсии "Рабеъ-ул-аброр"-и Замахшарй/Н.Хамробоев//Ахбори ДДХБСТ (70)2017. -№ 1.- С.115-126.

11. Хамробоев, Н. Сарчашма^ои тахкики зндагинома ва корнома^ои Оли Бармак/Н.Хамробоев// Ахбори ДДХБСТ. 2016. - № 3, (68).- С.50-58.

12. Хамробоев, Н. Тарчума ва шархдои форсии, Ши^об ул-ахбор' /Н.Хамробоев// Номаи Донишгох,.Силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй.- 2016. - №3(48).-С. 97-104.

REFERENCES:

1. Aynulquzzot, Abdullah ibn Muhammad. Aynulquzzoti Hamadoni's Letters. - Tehran: Foundation of Iranian Culture, 1348.-387р.

2. Ghazzoli, Abu Hamid. Kimyoi Saodat. Under the editorship of Hussain Khidevi Jam. - Tehran: Scientific and Cultural Publications, The first edition, 1361.-246 р.

3. Ghazzoli, Abu Hamid. Religion Studies Revival. Translated by Muayyiduddin Muhammad Khorezm: under the editorship of Hussain Khidevi Jam. - Tehran: Scientific and Cultural Publications, The second edition, 1368 hijra.

4. Ghazzoli, Muhammad ibn Muhammad. Nasihat-ul-muluk. Musahheh Azizullah Alizoda. - Tehran: Firdaws, 1361 hijra. - 176 p.

5. Ghazzoli Abu Hamid Muhammad.Kimyoi Saodat. In two volumes/under the editorship of Dustmuhammad Dust,Qudratbek Elchibekov.-Dushanbe:ER-Graph,2008.-V.1.-672p.;-V.2.-668p.

6. Ghazzoli's Persian Tenets named after "Fazail-ul-anom min rasoili Hujjatulislam". A collector is one of Ghazoli's followers: under the editorship of Abbas Iqbal. - Tehran: University Press, 1333 hijra. -116 p.

7. Purjavadi, Nasrullah. Ghazzali and his Sufi Traces // "Education" Magazine, № 3, - Tehran, 1353 hijra. - P. 52 - 94.

8. Khamroboev, N.A. Persian Translations of Science and Technology Revival /N.A.Khamroboev //Bulletin of TSULBP. №2, Publisher, 2016. -№2.- P. 78 - 85.

9. Khamroboev, N.A.Nasiruddin Tusi and Translation of al-Adab al-wajiz li-l-valad-as-saghir / N. Khamroboev// Scientific of Notes. Series of humanities and sociology. - 2016.- 2 (47). - P. 101 - 109.

10.Khamroboev, N.A Review of the Oldest Persian Translation of Zamakhshari's Rabi 'al-Abrar / N. Khamroboev // Bulletin of TSULBP, - (70) 2017. - № 1. - P. 115 - 126.

11.Khamroboev, N. Sources for the study of the biography and works of Oli Barmak / N. Khamroboev // Bulletin of TSULBP. 2016. - № 3, (68). - P. 50 - 58.

12.Khamroboev, N. Persian Translation and Commentary to Shikhob ul-akhbor / N. Khamroboev // Scientific Notes.. Series of humanities and sociology. - 2016. - №3 (48). - P. 97 - 104.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.