УДК 378.4 ББК74,58
ТАШАККУЛИ ХУДОГО^ИИ МИЛЛИИ ДОНИШЦУЁНИ МАКОТИБИ ОЛИВА БАЪЗЕ ЦАНБА^ОИ ОМОДАГИИ
КАСБИИ ОН^О
ФОРМИРОВАНИЕ НАЦИОНАЛЬНОГО САМОСОЗНАНИЯ СТУДЕНТОВ ВЫСШИХ УЧЕБНЫХ ЗАВЕДЕНИЙ И НЕКОТОРЫЕ АСПЕКТЫ ИХ ПРОФЕССИОНАЛЬНОЙ ПОДГОТОВКИ
THE FORMATION OF NATIONAL CONSCIOUSNESS OF STUDENTS OF INSTITUTES OF HIGHER EDUCATION AND SOME RELATED ISSUES IN THE PROCESS OF PROFESSIONAL TRAINING
Насриддинова Майсара Муйдиновна,
унвонцуи кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, шауриХуцанд)
Насриддинова Майсара Муйдиновна,
соискатель кафедры социальной и профессиональной педагогики Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд).
Nasriddinova Maysara Muidinovna, claimant for candidate degree of the department of social and professional pedagogy under Khujand State University named after academician B.Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-MAIL: [email protected]
Вожахои калиди: тарбия, таълим, фаъолият, раванди таълиму тарбия, донишго низоми та%силот, ташаккул, худого%ии милли, омодагии касбии донишцуён
Дар мацола баъзе масоил%ои мубрами ташаккули худого%ии миллии донишцуён дар раванди таълиму тарбия дар донишго% барраси гардидааст. Муаллиф цайд менамояд, ки раванди таълиму тарбияи мактаби оли яке аз омил%ои му%ими ташаккули худого%ии миллии донишцуён мебошад. Омузиш ва цамъбасти мундарицаи раванди таълиму тарбияи донишго% дар заминаи та%лили илми %амчун субъекти фаъоли ташаккули шахсияти донишцуён дар замони муосир а%амияти махсусро касб менамояд. Таулили уолати муосири раванди таълиму тарбия дар донишгоу аз он далолат мекунад, ки ташаккули низоми таъсири педагоги ба худогоуии миллии донишцуён хеле зарури ва воциб аст.
Ключевые слова: воспитание, обучение, деятельность, учебно-воспитательный процесс, университет, система образования, формирование национального самосознания, профессиональная подготовка студентов.
В статье рассматриваются некоторые вопросы формирования национального самосознания студентов в процессе профессиональной подготовки. Автор отмечает, что учебно-воспитательный процесс вуза является одним из факторов формирования национального самосознания студентов. Изучение и обобщение содержания учебно-воспитательного процесса вуза на основе научного анализа как активного субъекта в формировании личности студентов в современных условиях приобретает особую актуальность. Анализ современного состояния учебно-воспитательного процесса вуза указывает на то, что разработка системы педагогического воздействия на национальное самосознание студентов просто необходима в наше время.
Keywords: upbringing, tuition, activity, educational-upbringing process, university, system of education, formation, national self-consciousness, professional training of students
The article under consideration dwells on certain issues beset with the formation of national self-consciousness of students in the process of professional training. The author notes that the educational process of the university is one of the factors shaping the national consciousness of students. The study and generalization of the content of the teaching and educational process of the university on the basis of scientific analysis as an active subject in the formation of the personality of students in modern conditions acquires particular urgency. The analysis of the modern state of the teaching and educational process of the university point outs to the fact, that the development of the system ofpedagogical impact on national self-consciousness of students is the essential issue nowadays.
Дар шароити ислох,оти амалишавандаи низоми тах,силоти Ч,умх,урии Точикистон яке аз масъалах,ои мухдми оила, мактаб, донишговдо, хдмчунин тамоми чомеа ва давлат ин тарбияи насли нав шуморидан чоиз аст. Вайрон шудани низоми пештараи тарбия ба
пайдоиши бисёр муаммохои ташаккули ахлоки чавонон замина гузошт. Зарурати шадиди бунёди низоми нави тарбия, ки ба замони нав мувофик аст, ба миён омад. Ва ин низоми нави тарбия бояд ба тарбияи шахсияте нигаронида шавад, ки сатхи баланди худогохии миллиро доро бошад. Ин хадаф дар «Консепсияи миллии тарбия» (5) ва ^онуни Ч,Т «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (6) инъикос ёфтааст, ки сиёсати имруза ва ояндаи давлатро дар сохаи тарбияи оммаи васеи ахолй, алалхусус, насли наврас таин мекунад.
Раванди таълиму тарбияи мактаби олй яке аз омилхои мухими ташаккули худогохии миллии донишчуён мебошад. Омузиш ва чамъбасти мундаричаи раванди таълиму тарбияи донишгох дар заминаи тахлили илмй хдмчун субъекти фаъоли ташаккули шахсияти донишчуён, ба андешаи мо, ахамияти махсусро касб менамояд.
Дар назария таксимоти шартии раванди таълиму тарбия ба фаъолияти таълимй ва беруназтаълимй кабул шудааст, ки хар яке аз онхо дорои вижагихои ба худ хос мебошад. Дар махсусияти раванди таълиму тарбия вазифахои бартаридоштаи фаъолияти таълимию тарбиявй ва беруназтаълимй мукаррар шудаанд. Х,алкаи асосй дар низоми тахсилоти донишчуён, чуноне ки маълум аст, раванди таълим мебошад. Он асосан ба маърифат нигаронида шудааст. Х,адафи тарбия ташаккули сифатхои шахсият аст.
Дар тахкики мо истилохи «раванди таълиму тарбия» ба «чараёни педагогй» баробар аст. Дар ин маврид мо ба таърифи Б.Д.Паригин такя мекунем, ки категорияи «чараёни педагогй»-ро чунин муайян мекунад: «...дар мачмуъ раванди таълиму тарбияи муташаккил (дар мувофикат бо талаботи педагогика), фаъолияти якчояи педагогхо ва тарбиятгирандагон » (7, 267). Мухаккики назарияи раванди педагогй Н.Д.Хмел кайд менамояд, ки дар асархои педагогии В.А.Сухомлинский истилоххои «педагогй» ва «раванди таълиму тарбия» баробархукук хастанд (8, 61).
Дар тадкики масъалахои марбут ба шахсият инкишофи фаъолиятро бояд дар назар дошт, зеро раванди педагогй ба принсипи ягонагии шуури шахсият ва фаъолият асос ёфтааст (8,44).
Ф.Шарифзода мафхуми «раванди тарбия»-ро ба кор бурда, онро хамчун чараёне муайян мекунад, ки дар он мувофик бо хадафу вазифахои чомеа таъсироти муташаккили тарбиявй сурат гирифта, натичаи нихоии худро ташаккули шахсияте пешбинй менамояд, ки барои чомеа зарур ва манфиатовар аст (10).
Х,амин тарик, омузонидан вазифаи асосии раванди таълим аст. Аммо дар чараёни таълим накши тарбиявии он зухур меёбад, зеро хама шаклхои раванди таълим ахамияти тарбиявй доранд. Гузашта аз ин, тарбия вазифаи ба таълим хамрох мебошад, яъне дар раванди таълим фаъолияти маърифативу тарбиявй амалй мегардад. Айни хамин холат дар раванди тарбия низ руй медихад. Вазифаи асосии тарбия худи тарбия аст, аммо ба тарбия унсурхои омузонидан низ хос мебошанд, вазифаи иловагии тарбия аст, яъне ин раванди тарбиявию маърифатй мебошад. Аммо таксимоти таълим ва тарбия танхо дар назария имконпазир аст, дар раванди вокеии таълим дар мактаби олй бошад, онхо ягона буда, хамдигарро пурра мекунанд.
Дар рафти тахкики назариявй аз чониби мо тавзехоти гуногуни мафхумхои «кори беруназтаълимй», «корхои беруназаудиторй», «кори тарбиявии беруназаудиторй», ки аз чониби олимон (Т.В.Балахничева, М.С.Кобзев, Н.Н.Азизхочаева, И.Я.Фарбер, К.Мурзаев, Р.Х.Шаймарданов ва диг.) дода шудаанд, муайян ва баррасй гардид. Дар таърифоти олимон мавкеи ибтидоиро мундаричаи кор (омузиш ва холати берун аз он) ва чое, ки он амалй мегардад (аудитория ва холати берун аз он), ташкил медиханд.
В.Н.Бабий таксим кардани кори мустакилонаи донишчуёнро ба аудиторй, беруназаудиторй ва худомузй мувофики максад мешуморад (1).
Гуногунии дидгоххо дар муайян кардани самтхои раванди таълиму тарбия аз чигунагии фахмиши кор (фаъолият)-и беруназтаълимй ва беруназаудиторй сар мезанад. Чунончи, Т.С.Деркач ба мундаричаи кори беруназтаълимй инхоро мансуб медонад: кори мустакилона, фаъолият дар махфил, шугл ба варзиш, сайёхй, ширкат дар корхои оммавии фархангй (3). Аммо таърифхои мазкур ба назари мо нопурра ва кухнашуда менамоянд, зеро баъзе навъхои фаъолияти донишчуён имруз вучуд надоранд. Гайр аз ин, ба андешаи мо, мансуб донистани кори тадкикотй ба фаъолияти беруназтаълимй кобили кабул нест, зеро он бо кори таълимй робитаи мустахкам дорад.
А.С.Бикашев мундаричаи мафхуми «кори беруназтаълимй»-ро баррасй намуда, ба хулосае мерасад, ки он дар вакти фориг аз дарсхо будани донишчуён ташкил гардида, фаъолияти ташвикотй, оммавии фархангй, чамъиятй-сиёсй, омодагй ба машгулият,
факултети касбхои чамъиятй (ФКЧ,), кор дар дастахои донишчуён, тарбияи ахлокй ва эстетикиро фаро мегирад (2). Дар таърифи мазкур омехта шудани шаклхои ташкилй ва самтхои мундаричавии кор ба назар мерасад.
Асоси баррасии аз чониби Р.Х.Шаймарданов анчомёфтаи мундаричаи мафхуми «фаъолияти беруназтаълимй»-ро таксими он ба тагйирнопазир ва озиод ташкил медихад. Аз вакти беруназтаълимй мухаккик вакти барои корхои тагйирнопазир сарфшавандаро чудо мекунад: хурокхурй, хоб, корхои хонаву хочагй, рох то манзил ва аз он чой ва г. Ба фаъолияти озодонаи донишчуён мухаккик фаъолияти беруназаудиторй ва фарогатро мансуб медонад. Фаъолияти беруназаудиторй, ба андешаи Р.Х.Шаймарданов навъхои гуногуни корро дар бар мегирад: хониши адабиёти илмию бадей, махфилхои илмй, олимпиадахо, экскурсияхо, намоишгоххо, ёрии сарпарастона, чамъомади ботантана, хамоишхо ва г. (6). Ба фикри мо, таърифи мазкури фаъолияти беруназтаълимй аз хад зиёд мураккабу вазнин аст. Дохил кардани фаъолияти тагйирнопазирро ба фаъолияти беруназтаълимй зарур намешуморем, зеро он чараёни хатмие дар хаёти инсон мебошад.
Дидгохи М.С.Кобзев рочеъ ба масъалаи баррасишаванда, ба андешаи мо, бештар вокеиву мусбат мебошад. Чунончи, М.С.Кобзев хангоми муайян кардани мундаричаи кори беруназаудиторй онро ба панч самти тарбия таксим мекунад: гоявию сиёсй, ахлокй, эстетикй, чисмонй, мехнатй (4).
Х,амин тарик, гуногунии таърифхои мундаричаи мафхуми «фаъолияти таълимй», «беруназтаълимй», «беруназаудиторй», ки аз чониби мо нишон дода шуд, барои ибрози назари хеш оид ба ин масъала, бо назардошти хадафхо ва махсусияти самтхои раванди таълиму тарбия ва татбики амалии мундаричаи ин мафхумхо дар мактаби олй, водор менамояд. Вобаста ба ин, чадвали муаллифии «Самтхо ва шаклхои асосии раванди таълиму тарбияи донишгох» пешниход мегардад (расми 1).
Тибки чадвали пешниходшуда, мо аз чихати назариявй тафрикаи раванди таълиму тарбияи донишгохро ба фаъолияти таълимй хамчун фаъолияти маърифатию тарбиявй ва фаъолияти беруназтаълимии тарбиявиро хамчун тарбиявию маърифатй эътироф менамоем. Фаъолияти таълимй ва беруназтаълимии донишгох дар ташаккули худогохии миллии донишчуён унсурхои низоми томе мебошанд, ки дар хамбастагии диалектикй карор доранд.
Расми №1. Самтхр ва шаклхои асосии фаъолияти раванди таълиму тарбия дар мактаби олй
Фаъолияти таълимй <- > Фаъолияти тарбиявии беруназтаълимй
J J t
Раванди маърифатию тарбияв
КМД
Ичрои супоришх корхои санчишй дар хона
Омодагй б
машгулия
(лаборатс
Таълим
Лексияхо
Семинархо
Ч,араёни тарбиявию маърифатй
КИТД
Маълумоти шифохй
Ч,амъиятиюси и
Маърузахо
Мехнати
Хукуки
Икти-содИ
Экологи
Ватан-дуст -
Баррасии раванди таълим ва тарбия дар донишгох ба сифати асоси муайянкунандаи чараёни ташаккули худогохии миллии донишчуён имкони мукаррар кардани меъёрхои тахлили раванди таълиму тарбияи донишгохро фарохам овард, ки барои ошкор намудани нишондихандахои сифативу микдории он дар ташаккули худогохии донишчуён равона гардидаанд: хадафмандии раванди таълиму тарбия барои ташаккули худогохии миллй; мавчудияти унсурхои миллию фархангй дар мундаричаи фанхои педагогй ва дар кори тарбиявии беруназтаълимй, тавсифи сифатй ва микдории онхо; сатхи омодагии омузгорон барои ташаккул додани худогохии миллии донишчуён.
Методхои асосии муайян кардани меъёрхои мазкур чунинанд: тахлили барномахо ва китобхои дарсии силсилаи педагогй, тахлили доираи мавзуи супоришхои КМД, КИТД, тахлили хисоботи тачрибаомузии педагогии донишчуён, тахлили истифодаи матбуоти педагогй, тахлили хуччатгузории кори тарбиявй, анкетагирй, пурсиши афкор, иштирок дар машгулият, соатхои кураторй, сухбатхо бо омузгорон ва чонишинхои деканхо оид ба кори тарбиявй, кураторхо, намояндагони дигар зершуъбахои мактабхои олй ва г.
Дар хотима чамъбаст кардан мумкин аст, ки ба чараёни рушди худогохии миллй омилхо ва шароити гуногун таъсир гузошта метавонанд. Ба омилхои беруна ирсият, мухит (биогенетикй ва ичтимой), тахсилоту тарбия, худи фаъолияти амалии инсон, ба омилхои дохилй - талабот, шавку рагбат, мотивхои шахсият мансубанд. Механизми ташаккули худогохии миллии шахсияти донишчуй дар раванди таълиму тарбияи донишгох тибки назарияи диспозитсионии шахсият, ки В.А. Ядов пешниход кардааст, аз руйи формулаи Т—>Д<—В муайян мешавад. Дар ин чо Т- талабот, Д-диспозитсия (моил будан), В - вазъият ё шароити фаъолият аст.
Аз мулохизоти болой чунин натичагирйкардан мумкин аст, ки барои ташаккули худогохии миллии донишчуёни макотиби олй бояд дар мундаричаи фанхои педагогй унсурхои милливу фархангиро бештар чой дода, раванди таълимро низ барои амалй гардидани ин хадаф равона намуд. Худогохии
миллии донишчуйро на танхо дар чараёни таълими ин ё он фан балки дар корхои тарбиявИ, дар супоришхои КМД, КИД, чорабинихои умуми донишгохиву беруназдонишгохИ низ тавсеа бахшидан ногузир аст. ЧахонишавИ ва густариши бемайлони фазои мачозИ як андоза ба раванди худогохии миллали донишчуёни макотиби олИ таъсири манфи мерасонад. Вале ба назари мо, фазои мачозИ, мисли сомонахо шабакахои ичтимоИ, торнамохо ва гайриро дар шаклгирИ ва тавсеан худогохии миллии донишчуён метавон самарабахш истифода намуд. Аммо то хануз дар ин замина кори намоёне ба назар намерасад, ки ин албатта ба раванди ташаккули худогохии миллии донишчуён беасар намемонад.
Тахлили вазъи имрузаи раванди таълиму тарбияи мактаби олй зарурати коркарди низоми таъсироти педагогиро ба худогохии миллии донишчуён такозо мекунад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Бабий, В.Н. О соотношениях аудиторных и внеаудиторных занятий в системе профессиональной подготовки будущего учителя / В.Н. Бабий // Психология. XXVII Герценовские чтения. Научные доклады ЛГПИ, - Л., 1974. серия XI, N 1.-С. 3-7.
2. Бикашев, А.С. Содержание, формы и методы коммунистического воспитания студентов / А.С.Бикашев. - Казань, 1986. - 118 с.
3. Деркач, Т.С. Внеучебная работа в педвузе и ее влияние на формирование профессиональной направленности будущих учителей /Т.С.Деркач // Собрание научных трудов Ярославского пединститута. - Ярославль, 1974. - N° 128,- С. 47-52.
4. Кобзев, М.С., Страхов В.И. Психолого-педагогические основы внеаудиторной работы в педагогическом вузе /М.С.Кобзев. - Саратов, 1985, - 132 с.
5. Консепсияи миллии тарбия дар Чумхурии Точикистон. -Душанбе: Ирфон. 2006.
6. Крнуни Ч,Т «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». -Душанбе: Ирфон. 2011.
7. Парыгин Б.Д. Основы социально-психологической теории. - М.: Мысль, 1971.-348 с.
8. Хмель, Н.Д. Теоретические основы профессиональной подготовки учителя/ Н.Д.Хмель. - Алматы: Гылым, 1998. - 320 с.
9. Шаймарданов, Р.Х. Интенсификация внеаудиторной профессиональной подготовки будущих учителей: Дис. канд. пед. наук. - Казань, 1989. - 153 с.
10. Шарифзода, Ф.,Миралиев А.М. Педагогикаи умумй ва касбй. Китоби дарсй барои донишгоххо. /Ф.Шарифзода.-Душанбе: Ирфон. 2012. - 562 с.
REFERENCES:
1. Babiy, V.N. On the Ratio of Classroom and Extracurricular Activities in the System of Vocational Training
of the Future Teacher / V.N. Babiy // Psychology. XXVII Herzen's readings. Scientific reports of the Leningrad State Pedagogical University, - L., 1974. seq. XI, No. 1.- P. 3-7.
2. Bikashev, A.S. The Content, Forms and Methods of the Communist Students' Aspirations / A.S. Bikashev. -
Kazan, 1986. - 118 p.
3. Derkach, TS. Extracurricular Work in the Pedagogical College and its Influence on the Formation of the
Professional Orientation of Future Teachers / T.S. Derkach // Collection of scientific works of the Yaroslavl Pedagogical Institute. - Yaroslavl, 1974. - No. 128, - P. 47-52.
4. Kobzev, MS, Strakhov V.I. Psychological and Pedagogical Basis of Extracurricular Work in a Pedagogical
College / MS Kobzev. - Saratov, 1985, - 132 p.
5. National Conception of Education in the Republic of Tajikistan. -Dushanbe: Cognition, 2006.
6. The Law of RT "On the Obligations of Parents in the Upbringing of Children". -Dushanbe: Cognition, 2011.
7. Parigin, B.D. Bases of Social and Psychological Theory. - M.: Misl, 1971. - 348 p.
8. Khme,l N.D. Theoretical Bases of Vocational Training of the Teacher / N.D. Khmel. - Almaty: Gylym,
1998. - 320 p.
9. Shaimardanov R.Kh. Intensification of Extracurricular Vocational Training of Future Teachers: candidate
dissertation in pedagogy. - Kazan, 1989. - 153 p.
10. Sharifzoda F., Miraliev A.M. General and Professional Pedagogy: manual / F.Shariffzoda.- Dushanbe: Cognition, 2012. - 562 p.