13.00.00.илм^0и ПЕДАГОГИ 1З.ОО.ОО.ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ НАУКИ I3.OO.OO.PEDAGOGICAL SCIENCES
13Ж01ЛЕДАГОГИКАИ УМУМЙ, ТАЪРИХИ ПЕДАГОГИКА ВА МАОРИФ 13.00.01.ОБЩАЯ ПЕДАГОГИКА, ИСТОРИЯ ПЕДАГОГИКИ И ОБРАЗОВАНИЯ 13.00.01.GENERAL PEDAGOGICS, THE HISTORY OF PEDAGOGY AND
EDUCATION
НЕКОТОРЫЕ ТЕОРЕТИЧЕСКИЕ ПРОБЛЕМЫ ИННОВАЦИОННОЙ ТЕХНОЛОГИИ И ФОРМИРОВАНИЕ ИНТЕЛЛЕКТУАЛЬНЫХ СПОСОБНОСТЕЙ ШКОЛЬНИКОВ В СОВРЕМЕННОЙ ПЕДАГОГИЧЕСКОЙ
ЛИТЕРАТУРЕ
УДК 891.550 ББК 83,3(0)5
БАРХЕ АЗ МУШКИЛОТИНАЗАРИЯВИИ Шаропов Шавкатцон А^мадович, доктори ФАНОВАРИХОИНАВОВАРОНА ВА илмуои педагоги,, профессори кафедраи ШАКЛГИРИИ ТАВОНОИХОИ ФИКРИИ педагогикаи ицтимой ва касбй, директори МАКТАББАЧАГОН ДАР АДАБИЁТИ Институти илмй-тадцицотии илм^ои МУОСИРИ ПЕДАГОГЙ педагогии назди Донишгоуи давлатии
Хуцанд ба номи Б. Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд). Юсуфцонова Дилбар Холикцоновна, унвонцуи кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи Б. Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд).
Шаропов Шавкатджон Ахмадович, доктор педагогических наук, профессор кафедры социальной и профессиональной педагогики, директор Научно-исследовательского
института педагогических наук при Худжандском государственном
университете имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд). Юсуфджонова Дилбар Холикджоновна,
соискатель кафедры социальной и профессиональной педагогики Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд).
Sharopov Shavkatjon Ahmadovich, Dr. of
Pedagogy, Professor of the department of social and professional pedagogy, director of the Scientific Research Institute of Pedagogical Sciences under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand). E-MAIL:
Yusufdzhonova Dilbar Holikjonovna,, claimant for candidate degree of the department of social and professional pedagogy under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand). E-MAIL: dilbar [email protected]
Вожауои калидй: технологиям инноватсионй, таълим, ташаккул, маориф, цобилияти зе^нй, тар^резй, раванди таълим, дидго^и педагогй, парадигма, тафаккур
Дар мацола баъзе масъала^ои назариявии технологияи инноватсионй ва ташаккули цобилияти зе^нии мактаббачагон дар адабиёти муосири педагогй баррасй мешаванд. Таъкид мегардад, ки дар адабиёти муосири педагогй технологияи инноватсионй %амчун раванди махсуси
SOME THEORETICAL PROBLEMS OF INNOVATIVE TECHNOLOGY AND THE FORMA TION OF INTELLECTUAL ABILITIES OF SCHOOLCHILDREN IN MODERN PEDAGOGICAL LITERATURE
ташкили фаъолияти маърифатие маънидод мешавад, ки ба эцоди дониш^ои воцеъи муназзам ва асоснок дар бораи олам нигаронида шудааст. Доир ба ин масъала нуктаи назари гуногуни илмии му^аццицон мавцуд аст ва дар мацола мазмуни асосии ощо оварда шудаанд. К/айд карда мешавад, ки корбасти технологиями инноватсиони имкон меди^ад, ки аз як тараф инкишофи илм суръат бахшида шавад, аз тарафи дигар, сифати фаъолияти таълимиву тарбияви бе^тар гардад, ба ташаккули цобилият^ои зе^нии мактаббачагон фавран мусоидат карда шавад. Хулоса мешавад, ки масъалаи технологиями инноватсиони дар ташаккули цобилият^ои зе^нии мактаббачагон дар адабиёти илми таъкид шуда, он дар фарогирии дониш^о тарици инкишофи фар^анги зе^нии мактаббачагон амали мегардад.
Ключевые слова: инновационная технология, формирование, развитие, образование, интеллектуальные способности, культура, проектирование, учебный процесс, педагогический подход, парадигма, мышление
В статье рассматриваются некоторые теоретические проблемы инновационной технологии и формирования интеллектуальных способностей школьников в современной педагогической литературе. Отмечается, что в современной педагогической литературе главная и важная роль в содержании современного образования выстводитя инновационной технологии, ее использованию в содержании обучения школьников. Приведены различные точки зрения исследователей В отношении этого вопроса в статье приводится содержание этих взглядов. Констатируется, что использование инновационных технологий позволяет, с одной стороны, интенсифицировать развитие науки, а с другой стороны, повысить качество учебно-воспитательной деятельности, оперативно способствовать развитию интеллектуальной культуры школьников. Делается вывод о том, что в научной литературе проблема влияния инновационной технологии обучения в формировании интеллектуальных способностей школьников занимает важное место и играет ведущую роль в усвоении знаний через развитие интеллектуальной культуры учащихся.
Keywords: innovative technology, formation, development, education, intellectual abilities, culture, design, educational process, pedagogical approach, paradigm, thinking
The article dwells on certain theoretical problems beset with innovative technology and the formation of intellectual abilities of schoolchildren in modern pedagogical literature. It is underscored that in modern pedagogical literature, the main and important role in the content of modern education occupies innovative technology, its resorting to in the content of teaching students. In regard to the relevant issue, there are different points of view of researchers and the article contains the content of these views. It is stated that the use of innovative technologies makes it possible, on the one hand, to intensify the development of science, and on the other hand, to improve the quality of educational activities and promptly contribute to the development of the intellectual culture of schoolchildren. It is concluded that in the scientific literature the problem of the influence of innovative teaching technology in the formation of intellectual abilities of schoolchildren occupies an important place and plays a leading role in the assimilation of knowledge through the development of intellectual culture of students.
Дар шароити муосир барномаи рушди тахсилот ва неруи зехнии захирахои инсонй хдмчун меъёри сатхи инкишофи чомеа, кудрати иктисодй ва амнияти миллии кишвар ба таври назаррас пеш рафтааст. Дар мух,тавои тахсилот накши асосй ва мухим ба технологияи инноватсионй ва истифодаи он дар мундаричаи таълими мактаббачагон равона гардидааст. Технологияи инноватсиониро мо ба унвони як вижаи раванди ташкили фаъолияти маърифатие маънидод менамоем, ки ба эчоди донишхои Со;ей, муназзам ва асоснок дар бораи олам нигаронида шудааст.
Ба акидаи мух,а;;и;он, М.В. Кларин(22) ва В.В. Гузеев(37) вижагих,ои аслии технологиями инноватсионии таълим предметнокй ва айният, ташкили муназзами раванди таълимию-маърифатй мебошанд. Агар истилохи «технология»-ро маънидод намоем, он хдмчун раванди бунёди низомхои бехтарини таълим ва тархрезии равандхои таълим муайян мегардад (75). Ба ибораи дигар онро чун " фановарих,ои навоварона" низ метавон ифода намуд.
Технология, ба андешаи В.А.Сластенин ва Л.С.Подимова, раванди педагогии тархрезй, ташкил ва бо ироаи раванди омузиш бо таъмини хатмии шароити ;улай барои омузгор ва хонандагон аст (57)
Дидгохи технологй дар се мархала инкишоф ёфтааст:
- мархалаи тачрибавй (эмпирикй) - равиши тадкикие, ки ба тасвири мубтанй бар аснод бидуни хулосахо ва чамъбастхои назариявй асос ёфтааст;
-мархалаи алгоритмии инкишоф - тархрезии алгоритмхои ба таври дак;щ детерминатсияшудаи (ки конунмандии айнии падидахои табиат ва чомеаро эътироф мекунанд) фаъолияти омузгор ва хонандагон;
- мархалаи стохастикии инкишоф - тархрезй ва мувофик гардонидани алгоритмхои эхтимолии идоракунй дар ташкили фаъолияти таълимию маърифатии хонандагон. Онхо дорои наслхои технологиями ба худашон мувофик хастанд.
Истилохи «технологияи инноватсионй» дар сохаи маориф метавонад хамчун «технология» васеъ маънидод шавад. Мо тадкики технологияи раванди таълимро афзалтар мешуморем ва гузашта аз ин, истилохи «технологияи инноватсионй»-ро махз ба хамин маънй корбаст менамоем.
Инноватсия истилохест, ки ашьё, хднчарх,о, арзишхо, парадигмахои аввалин бор пайдошуда ё аз дигар сохахои илм ва фарханг иктибосшударо мефахмонад (67).
Хдмин тарик, технологияи инноватсионй дар каринаи тадкикоти мо хамчун раванди ворид кардани воситахои нави таълим ба ташкили фаъолияти маърифатй бо максади баланд бардоштани сатхи донишхои хонандагон муайян мегардад.
Ю.К.Бабанский (1), М.В.Кларин (9) дар бораи назарияхои муосири созмони раванди таълим сухан ронда, онхоро оморй (коркард ва омузиши нишондихандахои сифатии рушд барои хулосахои илмй ва амалй) меноманд. Сабаби чунин маънидод на дар он аст, ки сохтори хама гуна дарс аз теъдоди зиёди унсурхо фарохам меояд, балки аз номуайянии усулии равиши хар як унсур бармеояд. Бинобар ин, натичаи нуфузи беруна наметавонад ба таври яхнавохт пешгуй гардад, балки танхо дар шакли мачмуи эхтимолият, холатхои имконпазири раванди таълим дода шудааст. Танхо як (ё якчанд) аз ин холат ба самти зарурии раванди технологй мувофикат мекунад. Аммо барои тархрезии механизмхои эхтимолии технологияи раванди таълим хамин кофй мебошад. Дар сурати риоя гардидани тартиби зарурй созмони назариявии раванди таълим имкони пешакй хисоб кардани эхтимолияти натичаи банакшагирифтаро имкон медихад.
Акидаи Т.С.Назарова (11) ва А.Г. Гранитскаяро (4) дар он бобат овардан мумкин аст, ки ба туфайли технологияхои муосири пешрафта микропротсессорхо тайёр мешаванд. Онхо ба моделхои назариявии самташон техникй асос ёфтаанд. Эхтимолияти муваффакияти чунин махсулот танхо 3%-ро ташкил медихад. Вактхои охир назарияхои омории падидахо ва равандхо ба мавчудияти номуайянихо асос ёфтаанд, онхо холатхои ашёро тавсиф намуда, ба таркиби низомхои омухташаванда дохил мешаванд. Чунин назария назарияи эхтимолй (стохастикй) меноманд.
Стохастика (аз забони юнонии stochazomai буда, маънояш «фарз кардан» аст) хамчун хусусияти раванд ё хама гуна пайдархамии ходисахо маънидод мегардад, ки метавонанд бо истифода аз назарияи эхтимолият тавсиф шавад (15, 27). Дар илми педагогй назарияи эхтимолият имкони дарёфти конунхои айниро дар падидахои тасодуфие, хусусияти оморй доранд, фарохам меорад. Хусусияти эхтимолй доштани падидаву ходисахо сифати айнии онхост, на ин ки натичаи мушохидаи мо бар руи онх,о.
Модели назариявие, ки заминаи бунёди онхоро ташкил медихад, аз моделхои пуё усулан фарк мекунад. Бинобар ин, дар бораи ивазшавии модели назариявии тархрезй ва ташаккули парадигмаи стохастикй, ки моделиронии эхтимолии падидахои олами атрофро афзалтар мехисобад, сухан рондан мумкин аст. Технологияхои ба назарияи тархрезии эхтимолй асосёфтаро стохастикй (ё инноватсионй) номидан мувофики максад аст.
В.В. Гузеев (5, 122) асосхои консептуалии дар назарияи таълим афзалият доштаро баррасй намуда, се парадигмаи педагогиро мукаррар намуд. Онхо паси хам пайдо мешаванд: хар як парадигмаи сонй дар дохили парадигамаи каблй, яке дигареро танг накарда, баробар инкишоф меёбанд.
1. Парадигмаи эмпирикй. В.А.Якунин (16), В.Окон (12) дидгохи анъанавии хусусию методиро хамчун ифодаи номуайяни хадафи таълим, ки аз руи талаботи барнома, бо тасаввуроти норавшан дар бораи холати таълимгирандагон, ки дар мафхуми «пешрафт» нухуфтааст, муайян кардаанд.
Раванди педагогй дар заминаи чамъбаст, мукаррар ва тахлил кардани тачрибаи омузгорони бештар муваффакро, ки дар педагогика мавкеи хозиразамон ва пешрафтаро ишгол карда, тачриба ва илмро бо хулосаву пешниходхои нав ганй мегардонанд. Барои хар як холати мушаххас намунаи фаъолияти педагогии омузгори пешрафта дарёфт шуда, ба омузгори дигар тавсия мегардад. Методистон тачрибаи педагогиро чамъ овардаанд. Татбики тачрибаи бегона пешрафти сифатй ва микдориро кафолат намедихад, бинобар ин
пешгуии инкишофи низом ахамият пайдо мекунад, то ки хднгоми дур шудан аз самти матлуб сари вакт дахолат карда шавад. Бо хамин сабаб унсури калидии дидгохи анъанавии хусусию методй пешгуй мебошад, ки барои он маълумоти робитаи акс зарур аст, зеро пешгуй яке аз навъхои фаъолияти таълимист, ки ба кавли С.Л.Рубинштейн (31). бо хусусияти «махсули асосй» ва хадафи он таъйин мегардад. Донишхо, малакаву майорат «махсули асосй»-и фаъолияти маърифатии пешгуиро ташкил медиханд, хадафи он ба даст овардани пешгуй дар бобати донишхо, малакаву махорат аст, яъне дар ин муносибати схоластикй ба назар мерасад:
- аз ёд кардан;
- татбики механикй дар амалия;
- чавобхои якхелаи хонандагон дар дарсхо.
Озмудану хато кардан хусусияти умдатарини дидгохи хусусии методй мебошад. Тачрибаи андухта имкон медихад, ки хатохои типии омузгорони «муваффак» ва хатохое, ки дар мавриди амалиёти ба андозаи беш ё камкатъй таъйиншуда мухиманд, мукаррар гарданд.
В.И.Загвязинский (6) ва Б.С.Гершунский (3, 32) хусусиятхои хоси дидгохи хусусию методиро муайян карда, тачрибаи андухтаи омузгорони «муваффак»-ро тасниф намудаанд. Ин тачриба, ба андешаи онхо чузъи асосии технологй ва хдтто технологияи томи дохили дидгохи хусусии методй мебошад. Ин технологияхоро бо назардошти махдуд будани доираи масъалахое, ки онхо хал мекунанд, технологияхои таълим номидан мувофики максад аст.
Технологияхои «самараноки» таълим хамчун воситахои ташкили муназзами фаъолияти хонандагон ва педагогхо дар доираи низомхои ичтимоию фархангии тахсилотй метавонанд бо асбобу абзорхои махсуси таълим бунёд гузошта шаванд. Омили мухими истифодаи асбобу абзори таълим инхоянд:
- дарки нопурраи технологияхо;
- технология хамчун алгоритми ичрои фаъолияти муайяни омузгорй (хамчун раванд);
- назарияи маориф (мундаричаи он ба назар гирифта намешуд);
- технологияи педагогй хамчун микросистема бо максади хосил намудани донишхо, малакаву махорати мактаббачагон.
Асбобу абзори таълим бо мундарича, методхо ва шаклхо, хамчунин бо мухити иттилоотию ашёвии таълимробитаи зич дорад, ки дар он воситахои моддии таълим мавкеи назаррасро ишгол мекунанд.
Ба технологияхои хусусии ашёвии педагогй технологияи такмили махорати умумитаълимии В.Н. Зайтсевро (7, 67) мансуб донистан мумкин аст. Барои ноил шудан ба ин хадаф у чунин унсурхои технологиро татбик намуд: машкхо, тренингхо, ки ба гуруххои зерин муттахид мешаванд - омода намудани мактаббачагон бароиинкишофи нутк, хониши дуруст, афзоиш додани суръати хондан, баланд бардоштани саводи имлой, такмили малакахои хисоб, хифзи махорату малакахои хосилшуда дар давраи таътил.
Ин робита идома дорад, аммо олимони сохаи маориф (В.В.Гузеев,Т.Т.Галиев) торафт бештар чунин акидаро дастгирй мекунанд, ки замони методикахои хусусй гузашт ва хеч гуна чамъбасти тачрибаи педагогхои бехтарин имкон намедихад, ки таълими самарабахши ба инкишофи фарханги зехнии хонандагон таъсиргузор муназзаму хадафмандона ба рох монда шавад.
Х,ар як омузгор дар усули таълим муносибати прагматикии худро дорад, ки ба корбасту татбики механикии донишхои илмй дар методикаи таълим равона мегардад. Чунин конунхои омузиш риоя намегарданд:
-ёдгирй
- идомат;
- якпорчагй (таълим, тарбия, инкишоф).
Парадигмаи эмпирикии тахсилот дар ташкили раванди таълим норасоихо дорад:
- дар фаъолияти омузгорй ба муносибати якмаром рох дода мешавад, яъне таълим дар як самт чараён дорад (такрори амалхои якхела);
- даршахсияти педагог хассосият мушохида мегардад, ки уро аз объекти асосии таълим дур месозад;
- усули каломй (вербалй) мушохида мешавад (сухбат, тавсиф, мушохида, тавзехот, фахмондадихй);
- маводи таълимие истифода мешавад, ки ба мавзуи дарс мувофик нест;
- таносуби фаъолияти омузгор ва фаъолияти хонандагон риоя намегардад, фаъолияти мактаббачагон ба «сифр» наздик аст;
- зимни парадигмаи эмпирикй таълим хусусияти амалй дорад, ки аз чихати илмй асоснок нест;
- педагогхои тачрибадор дар аксари маврид коркардхои назарияшиносонро сарфи назар мекунанд, зеро дарк наменамоянд, ки гояи онхо метавонад дар вокеият истифода гардад. Онхо чунин мешуморанд, ки назарияхо барои халли масъалахои мушаххаси дар кори харруза пайдошаванда ёрй намедиханд.
Дар мархалаи хозираи инкишофи чомеа вазифах,ои асосии донишхои илмй ва малакахои амалй аз руйи хадаф ва хусусияти зохиршавй ба хам мувофикат намекунанд, бинобар ин заминахои таквияти максадноки таъсироти мутакобили онхо фарохам намеоянд. Ин имкон медихад, ки аз як тараф рушди илмро суръат бахшида шавад, аз тарафи дигар -сифати фаъолияти таълимиву тарбиявй бехтар гардида, ба инкишофи фарханги зехнии фавран мусоидат карда шавад.
Раванди таълиме, ки зимни он вазифаиасосии омузгор хабар додани донишхои тайёр, вазифаи хонанда - дарк намудан, хифз кардан ва аз нав баён кардани донишхои гирифтааш мебошад, дар хонандагон фаъолияти маърифатии айнан такрор карданро ташаккул дода, ба рушди фарханги зехнии онхо мусоидат намекунад.
Педагоги-мухаккик Э.В. Иленков дар бобати хавфи осебпазирии зехни мактаббачагон изхори ташвиш менамояд: «Маъюб кардани узви тафаккур нисбат ба узвхои дигар хеле осонтар аст, сихат карданаш - душвор. Дертар бошад, тамоман гайриимкон мегардад. Ва яке аз воситахои «боэътимоди» маслук кардани майнаву зехн - азёдкунии руякии донишхост. Махз бо хамин рох одамони «кундфахм», яъне одамони кобилияти фикррониашон сустшуда пайдо мешаванд. Тутивор аз ёд кардан, ки бо такрори беохир таквият меёбанд, майнаи сар ва зехнро маъюб мекунад» (8, 16).
Муаллиф ин танокузро (парадокс) бо он маънидод мекунад, ки хакикати «мутлак» ба хонанда бехаракат менамояд ва хеч гуна «майна об карданро» такозо намекунад, бинобар ин, барои майнаи сар як навъ рохи охани поезд мегардад. Майна ба он одат мекунанд, ки бо роххои аз тарафи майнаи сари дигарон хамворшуда харакат намояд. Бо вучуди ин, парадигмаи эмпирикй хангоми ташкили фаъолияти маърифатй чой хохад дошт, зеро айнан такрор кардан ва дар хотир нигох доштани маводи таълим кисматхои зарурии раванди таълимро ташкил медиханд.
Нуктахои зикршударо чамъбаст намуда, мо ба чунин хулоса омадем: дар парадигмаи эмпирикй мафхуми фановарй (технология) бо амалиёти якранг алокаманд дониста мешавад, ки ба таври механикй ичро мешаванд. Дар ин парадигма оид ба инкишофи донишхои илмй, рушди фарханги зехнй, огохии васеи хонанда ва омузгор сухан рондан гайриимкон аст.
2. Парадигмаи алгоритмй.
Консепсияе, ки дар заминаи теъдоди зиёди фановарихои парадигмаи алгоритмй (технологияи азхудкунии пурра, технологияи таълими модулй, технологияи силсилахои таълимй)бунёд гардидааст, аз чониби П.Я. Галперин пешниход гардид (2, 228).
Мувофики парадигмаи мазкур мактаби анъанавй дар хонандагон дидгохи алгоритмиро нисбат ба фахмидан ва дарк кардани олам ташаккул медод ва медихад. Тафаккури алгоритмй фикрронй бо категорияхои катъй (ё мутлако дуруст, ё мутлако нодуруст), ки ба конунхои мантики расмй такя менамояд. Х,ам омузгор ва хам хонанда хакикатро дар шакли тайёр, нихой эътироф мекунанд. Онхо нисбат ба тамоми чизхои атрофашон чунин дидгохеро зохир мекунанд, ки алтернативаро намепазирад. Ин болоравии алгоритмй аз як зинаи даркшуда ба дигараш мебошад. Он чизе, ки омузгор дар заминаи барнома ва китоби дарсй мегуяд, ба сифати хакикати ягона ва нихой баррасй мешавад. Бачагон маводи таълимро такрор карда, ба хотир мегиранд, масалан бо ёрии нуктахои такявй. Азёдкунии мачбурй аз руйи амалиёти муайян камсамар буда, сабабгори хаста шудани бачагон мешавад. Х,ангоми амалиёти якчояи пешниход ва айнан такрор кардан масъалаи номувофикатии пешниходи мавод ва сатхи дарки мавод аз чониби бачагоне, ки бо инкишофи фарханги зехниашон фарк мекунанд, ба миён меояд. Хонандагон дар ин холат вазифахоро тибки алгоритми додашуда ичро мекунанд ва махорати тахлил намудан, мустакилона дарёфтани роххои халли ин ё он масъалаи таълимиро надоранд.
Хднгоми омузиши парадигмаи алгоритмй падидахои манфии зерин мукаррар шуданд:
- тартиб аз руйи алгоритмхои катъиян муайяншуда тавлид мегардад, ки дар амалия ба низоми манъкунихо табдил меёбад. Ва ин низоми манъкунихо бояд эхтиром ва эътироф шавад;
- алгоритмхои катъиян муайяншуда инъикоси робитахои якмаънои сабабу натича мебошанд, ки бояд хамчун бунёдиву ибтидой баррасй шаванд. Табиат алтернативахоро эътироф намекунад;
- низомхои сарбаста афзал дониста мешаванд, зеро онхо аз таъсироти тасодуфии мухит мухофизат менамоянд;
- низомхоро пайваста ва катъй идора кардан лозим аст, дар айни хол бесарусомонй ва бетартибй ба миён меоянд.
Ба андешаи Ю.К.Бабанский (1, 72). ба бачагон мухокима намудани фактхо, пешниходи фарзияхо, версияхо, кушиши чамъбастро омухтан лозим аст. Мухокимаи фактхоро дар зинаи ибтидой асосан дар сатхи тасаввуроти образдор тархрезй бояд кард. Фактхоро пароканда пешниход кардан мумкин нест, зеро бача намефахмад, ки онхо барояш бо кадом максад лозиманд. Аммо агар фактхо дар хамбастагй, дар каринаи манзараи умумй, дар алокамандй бо фарзияхо ва чамъбастхо баррасй гарданд, дар бача мотиватсияи мусбати ботинии омузиши онхо пайдо мешавад, у бидуни кушишхои махсус хачми назарраси маводи фактологиро аз худ намуда, ба ин васила зехнашро инкишоф медихад.
Дар парадигмаи алгоритмй боз як нуктаи мухимро кайд бояд кард. Омузгор дар дарсхо ба бачагон донишхоро медихад, аммо ягон чизеро аз онхо барои худаш намегирад (агар вокуниши эмотсионалиро ба хисоб нагирем). Дар парадигмаи нав (стохастикй) омузгор барои инкишофи фарханги зехнии хонандагон кор мекунад ва баробар бо ин, дар чараёни фаъолияти якчоя бо онхо худаш низ инкишоф меёбад. Омузгор дар дарс пиндорхои шавковар, маълумоти гайриинтизор,фарзияхои гайримаъмулиро интизор аст, ки хонандагон шояд ба у пешниход намоянд. Фаъолияти пурмахсул дар парадигмаи стохастикй на танхо барои хонандагон, балки барои худи омузгорон афзал мебошад.
Парадигмаи стохастикй дар низоми маориф самти инноватсионй аст. Назарияи мазкур, ки ба эътирофи хусусияти эхтимолии раванди тахсилот, хамчунин таваччух ба субъект будани хонандагон асос ёфтааст, дар корхои зерин ифода меёбад: технологияи ба шахсият нигаронидаи И.С.Якиманская, таълими проблемавии И.Я. Ларнер, М.И. Махмутов, технологияи якчояшудаи В.Г. Храпченков.
Х,амин тарик, хангоми тадкики масъалаи мазкур дар назар бояд дошт, ки асоси педагогии технологияхои инноватсиониро мундаричаи он ташкил медихад, ки аз он методхои (ё воситахои) ба рох мондани таълим хосил мешаванд. Накши пешбари таълим дар фарогирии донишхо тарики инкишофи фарханги зехнии хонандагон амалй мегардад.
Низоми анъанавии маориф то хол ба инкишофи коллективй ва ташкили фаъолияти коллективии хонандагон нигаронида шудааст. Дар кишвархои ИДМ ва аз он чумла, дар Точикистон, ки вазифахои бузурги азнавсозии низоми маориф амалй мегарданд, илми педагогй назарияи тахсилот ва таълимро меомузад, тачрибаи инноватсионии тарбияи инсонгароёнаи хонандагонро чамъбаст мекунад. Бо тачрибаи аз дидгохи гносеологй ва аксиологй андухта махдуд нашуда, дурнамои пешгуишавандаи рушди чомеаро дар назар бояд дошт.
ПАЙНАВИШТ:
1. Бабанский Ю.К. Избранные педагогические труды./ Ю.К. Бабанский. - М.: Педагогика, 1989.-560 с.
2. Гальперин П.Я. Введение в психологию./ П.Я. Гальперин. - М.: Учпедгиз, 1960. - 328 с.
3. Гершунский Б.С. Прогностика управления решений в образовании/ Б.С. Гершунский. -// Советская педагогика. - 1988. - №1. - С. 50-56.
4. Границкая А.Г. Научить думать и действовать: Адаптация - система обучения в школе./
A.Г. Границкая. - М.: Просвещение, 1991. - 173 с.
5. Гузеев В. Лекции по педагогической технологии. - М.: Знание, 1992. - 60 с., ил.: Гузеев
B.В. Системные основания образовательной технологии./ В. В. Гузеев - М.: Знание, 1995. -135 с.
6. Загвязинский В.И. К вопросу о диалектике коллективного и индивидуального в учебном процессе./ В.И. Загвязинский. -Казан. // Уч. Зап. Казанский пед. институт, 1972. -с.120.
7. Зайцев В.Н. Педагогический поиск // Составитель И.Н. Баженов - М., 1988.
8. Ильенков Э.В. Учитесь мыслить смолоду. Новое в жизни, науке, технике. Серия "Молодежная"./ Э.В. Ильенков.- М.: Знание, 1977. -64с.
9. Кларин М.В. Инновации мировой педагогики: обучение на основе исследования, игры и дискуссии (Анализ зарубежного опыта). / М.В. Кларин. - Рига: НПЦ «Эксперимент», 1995.138 с.
10. Коджаспирова Г.Н., Коджаспирова А.Ю. Педагогический словарь: для студентов высш. и сред.пед. учеб. заведений./ Г.Н.Коджаспирова. - М.: Издательский центр «Академия»,2003.-176с.
11. Назарова Т.С. Педагогическая технология: Новый этап эволюции // Педагогика. - 1997. -№3. - С. 20-27.
12. Оконь В. Введение в общую дидактику/ В. Оконь. - М.: Высшая школа, 1990. - 381 с.
13. Рубинштейн С.Л. Основы общей психологии./ С.Л. Рубинштейн. - М.: Учпедгиз,1957.-704 с.
14. Сластенин В.А., Подымова Л.С. Педагогика: инновационная деятельность./ В.А. Сластенин. - М., 1997.
15. Энциклопедический словарь по культурологии. - М.: Центр, 1997. - 477 с. - С. 150.
16. Якунин В.А. Обучение как процесс управления./ В.А. Якунин. - СПб.: ЛГУ, 1980. - 160 с.
REFERENCES:
1 Babansky Yu.K. Selected Pedagogical Works. / Yu.K. Babansky. - Moscow: Pedagogy, 1989.-560 P.
2 Galperin P.Ya. Introduction to Psychology. / P.Ya. Halperin. - M .: Uchpedgiz, 1960. - 328 p.
3 Gershunsky BS The Forecast of Decision Management with Education. Gershunsky. - M .: // Soviet pedagogy. - 1988. - №1. - P. 50-56.
4 Granitskaya A.G. To Teach to Think and Act: Adaptation - the System of Teaching in School. / A.G. Granitskaya. - Moscow: Education, 1991. - 173 p.
5 Guzeev V. Lectures on Pedagogical Technology. - M.: Knowledge, 1992. - 60 p., Ill .: Guzeev V.V. Systemic Foundations of Educational Technology. / VV Guzeev - M.: Knowledge, 1995. - 135 p.
6 Zagvyazinsky VI To the Issues Concerned with the Dialectic of the Collective and Individual in the Educational Process. Zagvyazinsky. -Kazan. // Uch. Zap. The Kazan ped. Institute, 1972.-P.120.
7 Zaitsev V.N. Pedagogical Search // Compiled by I.N. Bazhenov - M., 1988.
8 Ilyenkov E.V. Learn to Think from a Young Age. New in life, science, technology. A series of "Youth" ./ E.V. Ilyenkov .- M .: Knowledge, 1977.- 64p.
9 Clarin M.V. Innovations of World Pedagogy: Learning on the Basis of Research, Games and Discussions (Analysis of foreign experience). / M.V. Clarin. - Riga: NPC "Experiment", 1995.-138 p.
10 Kozhaspirova GN, Kodzhaspirova A.Yu. Pedagogical Dictionary: for Students of Higher Education. and av. Training. Institutions / G.N. Kodzhaspirova. - Moscow: Publishing Center "Academy", 2003. - 176 p.
11 Nazarova TS Pedagogical Technology: A New Stage of Evolution // Pedagogy. - 1997. - № 3. - P. 20-27.
12 Okon V. Introduction to General Didactics. / V. Okon. - Moscow: Higher School, 1990. - 381 p.
13 Rubinshtein S.L. Fundamentals of General Psychology. / S.L. Rubinstein. - M .: Uchpedgiz, 1957. - 704 p.
14 Slastenin VA, Podymova LS Pedagogy: Innovative Activity. / VA. Slastenin. - M., 1997.
15 Encyclopedic Dictionary of Cultural Studies. - Moscow: Center, 1997. - 477 p. - P. 150.
16 Yakunin VA Training as a Process of Management. / VA. Yakunin. - St. Petersburg: Leningrad State University, 1980. - 160 p.