10.01Л0.РУЗНОМАНИГОРЙ 10.01.10. ЖУРНАЛИСТИКА lO.Ol.lO.JOURNALISM
ТДУ 654.19 (575.3)
DOI:10.51844-2077-4990-2022-2-99-108
УНСУРЦОИ ХАМГИРОИ ВА ИРТИБОТИ РЕПОРТАЖИ ТЕЛЕВИЗИОНИ БО ЖАНР^ОИ ДИГАРИ ТЕЛЕВИЗИОН
ЭЛЕМЕНТЫ ИНТЕГРАЦИИ И КОММУНИКАЦИИ ТЕЛЕВИЗИОННОГО РЕПОРТАЖА С ДРУГИМИ ЖАНРАМИ ТЕЛЕВИДЕНИЯ
ELEMENTS OF INTEGRA TION AND COMMUNICATION OF TELEVISION REPORTAGE WITH OTHER GENRES OF TELEVISION
Хамидиён Ил^омцон Иномзода, н.и.ф., дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ; Ражими Карим, унвонцуи кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети режиссура, кино и телевизион Донишкадаи давлатии фар^анг ва санъати Тоцикистон ба номи Мирзо Турсунзода(Тоцикистон,Душанбе ) Хамидиён Илхомджон Иномзода, к.ф.н, доцент кафедры телевидения и радиовещания ТНУ; Рахими Карим, соискатель кафедры телевидения и радиовещания факультета режиссуры, кино и телевидения Таджикского государственного института культуры и искусств имени Мирзо Турсунзаде (Таджикистан, Душанбе) Hamidiyon Ilhomjon Inomzoda, candidate of philological sciences, Associate Professor of the department of television and radio broadcasting attached under the TNU, E-
mail:[email protected].; Rahimi Karim, claimant for candidate degree of the department of television and broadcasting attached to the faculty of cinema and television under the Tajik State institute of Culture and Art named by Mirzo Tursunzoda, (Tajikistan, Dushanbe) E-mail:[email protected]
«Душанбе»,
Вожа^ои калиди: Тоцикистон, репортажи телевизионй, телевизиони «Ча%оннамо», жанр, анонс, стенд-ап, барраси, унсур, талаботи жанри, %амгирои
Мацола ба мавзуи нисбатан нав - уамгирой ва алоцаи репортажи телевизиони бо жанрцои дигари телевизион дар илми журналистикаи ватани бахшида мешавад. Цайд мешавад, ки репортаж цисми таркиби барнома%ои мукаммали иттилооти буда, доир ба воцеаву руйдод%ои актуали, масъала%ои %алталаб ва па%лу%ои норушани цараёноти му%имми ицтимои маълумот меди%ад. Зимни та%лили мавзуъ муаллифон ба хулоса меоянд, ки кормандони телевизиони "Ча%оннамо" ва "Душанбе" барои инъикоси воцеияти ицтимои аз имконоти жанр%ои гуногуни ахбори истифода менамоянд. Имконоти жанри бошад, дар ин шабака%о яксон нест ва %ар рузноманигор бо диду салица ва бардошт%ояш аз нишондоди жанр%о матлаб омода менамояд. Маъмулан, репортаж ва %исобот нисбатан бештар истифода мешаванд. Ба ин маъни, репортажро жанри серистеъмол дар шабака%ои телевизионии кишвар номидан ба воцеият наздик аст. Мусо%иба метавонад нуктаи назар оид ба як %одисаи муайян бошад. Афзалият дар ин бобат он аст, ки манбаи субъективи ба тамошобинони телевизион аён мегардад ва тамошобинон фикри худро дар бораи эътимоднокии ин манбаи маълумот тагйир меди%анд. Дар мацола бо мисол%ои мушаххас %амгироии ин жанр бо дигар жанр%ои хабари барраси мегардад.
Ключевые слова: Таджикистан, телевизионный репортаж, телевидение «Душанбе», «Джахоннамо», жанр, анонс, стендап, анализ, элемент, жанровые требования, интеграция
Статья посвящена относительно новой теме в науке - отечественной журналистике. Следует отметить, что отчет является составной частью комплексной информационной программы и предоставляет информацию о текущих событиях, проблемах и неоднозначности важных социальных процессов. Анализируя тему, автор приходит к выводу, что сотрудники ТВ «Джахоннамо» и «Душанбе» используют возможности разных новостных жанров для
отражения социальной действительности. Возможности жанра на этих каналах неодинаковы, и каждый журналист готовит материал исходя из своего взгляда и восприятия жанров. Как правило, отчетность используются чаще. В этом смысле ближе к реальности назвать репортаж популярным жанром на телеканалах. Интервью может быть взглядом на конкретное событие. Преимущество в этом плане состоит в том, что субъективный источник раскрывается телезрителям, и зрители меняют свое мнение о достоверности этого источника. На конкретных примерах в статье рассматривается интеграция данного жанра с другими новостными жанрами.
Key words: Tajikistan, TV reportage, television «Dushanbe», «Jahonnamo», genre, announcement, stand-up, analysis, element, genre requirements, integration
The article dwells on a relatively new topic in the science of domestic journalism. It should be noted that the report is an integral part of a comprehensive information program and provides information about current events, problems and ambiguities of important social processes. Analyzing the topic, the author comes to the conclusion that the employees of TV "Jahonnamo" and "Dushanbe" use the possibilities of different news genres to reflect social reality. The possibilities of the genre in these channels are not the same, and each journalist prepares material based on his own view and perception of genres. As a rule, reporting is used more often. In this sense, it is closer to reality to call a reportage a popular genre on TV channels. An interview can be a look at a specific event. The advantage in this regard is that the subjective source is revealed to viewers, and viewers change their opinion about the reliability of this source. Using concrete examples, the article discusses the integration of this genre with other news genres.
Истифодаи жанр ва риояи талаботи он дар замони муосир яке аз самтхои мухим ба хисоб меравад. Тавре аз тачрибе маълум мегардад, ин талабот на хамеша аз чониби рузноманигорон риоя мешавад. Дар сурати дарки амики мохияти жанр ва хамчун рохнамо истифода намудани он хамеша ба манфиати кормандони расонахо аст. Бо ишора ба ин нукта, мухаккик Мурод Муродй менависад: «фаъолияти эчодии рузноманигориро бе жанр тасаввур кардан гайриимкон аст» [3, с.88].
Ба таври умумй дар журналистика жанрхоро ба се гурух чудо намудаанд ва ба дурустии он аксари олимони соха низ хамфикранд. Жанрхо аз руи объект ва мохияти инъикоси он аз хам тафовут доранд, вале аломатхои умумиро низ доро мебошанд, ки ин раванд хамгироии онхоро ба миён меорад.
Мо бештар ба хамин мавзуъ таваччух менамоем. Зеро дар амалияи журналистикаи телевизион мушохида мешавад, ки хамаруза зимни тахияи репортаж ё хисобот унсурхои дигар жанрхои хабариро низ мушохида менамоем ва кормандон аз он истифода намудаанд. Вале ин ба он маъно нест, ки жанрхо такрори хамдигаранд. «Жанрхои хабарии журналистикаи телевизион бо хусусиятхои хоси худ аз жанрхои хабарии матбуот ва радио фарк мекунанд» [7, с. 18].
Х,ар жанр бо унсуру нишондоди хоси худ фарк мекунад ва истифодаи онхо бо риояи талаботи жанрй барои рангоранг ва чолиб шудани барномаи телевизион замина фарохам менамояд. Илова бар ин, огохй аз талаботи жанр ва истифодаи бамавриди он нишондихандаи касбияти журналист аст. Бо ин максад дар риштахои журналистии муассисахои олии таълимй омузиши жанр дар сатхи васеъ ба рох монда шудааст.
Хдмзамон, аксари муха;ки;они соха бо таваччух ба мухиммияти жанр ва истифодаи он дар журналистикаи муосир адабиёти гуногуни илмй ва сохавиро таълиф намудаанд, ки мутолиаи он барои журналистони чавон ба манфиат аст.
Равандхои гуногуни чомеа, таъсири суръати тези хаёт боиси ба вучуд омадани навъхои дигари жанрхо, аз чумла репортаж гардидааст. Агар дар солхои 90-ум репортажи классикии мавзуй маъмул бошад, пас, имрузхо гузориши тахлилй бештар маъмул аст ва дар он чузъхои тахлилй зиёд мушохида мешавад.
Талабот ба истифодаи ин намуди репортажи телевизионй бештар шудааст, зеро баррасии мушкилоти гуногун дар хаёти рузмарраи сокинон аз рузноманигорон тахлил мехохад. Дар ин маврид, барои у зарур меояд, ки дар чараёни кори худ унсурхои дигар гурухи жанрхоро низ истифода намояд.
Ба ибораи Абдусаттор Нуралиев «жанрхои публитсистика на хамеша дар шакли холис дучор меоянд. Аксаран ин ё он жанр унсурхои жанри дигареро истифода мебарад» [10,с.8].
Хднгоми пажухиши ин мавзуъ маълум гардид, ки дар журналистикаи амалии телевизион дар як маводи тахиягардида хусусиятхову имкониятхои жанрхои гуногун ба хам омезиш ёфтаанд. Инро метавон ба он маънидод намуд, ки дар чунин холат робитаи устувор миёни жанрхо ба
миён омадааст. Мо дар ин кисмат бештар хамгироии репортажро бо дигар жанрхо мавриди ковишхои илмй карор додем.
Репортаж, ки имрузхо онро дар шабакахои телевизионии мо маъмyлан сюжет ё гузориш ном мебаранд, кисми таркиби барномахои мукаммали иттилоотй буда, доир ба вокеаву руйдодхои актуалй, масъалахои халталаб ва пахлухои норyшани чараёноти мухимми ичтимой маълумот медихад. Тафовути гузориш аз хабар он аст, ки дар гузориш на танхо аз вокеаву руйдод иттилои саривактй пешниход мегардад, инчунин мушкилоту масъалахои руз, бахсу мунозирахои оммавй дар атрофи мавзуи муайян низ инъикос карда мешавад. Вобаста ба ин холат низ метавон хамгироиро миёни хабар ва репортаж ба мушохида гирифт.
Дар мавриди дигар монандии шарх ва репортажро мебинем. Шарх яке аз шаклхои маводи тахлилии оперативй, ки маънои чараёнро шарх медихад, ходисаи чамъиятию сиёсй, хуччат ва гайра тафсир меёбад, хамчун жанр бахо ва тахлили ошкорои муаллиф аст. Шарх яке аз жанрхое мебошад, ки бо он бештар метавон омезиши гузориши телевизиониро мушохида намуд. Хднгоми омода намудани репортаж ба унсурхои шарх ё ташрех бештар рузноманигорон таваччух менамоянд. Гуфтан мумкин аст, ки онхо хамдигарро пурра менамоянд ва дар натича, матлаби комили журналиста барои тамошобини телевизион омода мегардад ва мехвари онро расонидани иттилоъ ё баррасии он дар пасманзари хаводиси бамиёномада ташкил медихад.
Шархи телевизионй дар гузориш аксар вакт истифода мешавад. Илова бар ин, дар телевизион ин жанр хамчун матни овозй (шархи берун аз экран) амал мекунад. Х,амин тарик, паёми ходиса руй медихад, ки тасвир шудааст ва наворхои махсус интихобшуда. Азбаски тафсир як жанри журналистикаи тахлилй аст, дар ин сурат он истифода бурда мешавад, бо инъикоси кофии вокеахо шархдиханда аз паи максади асосии он, пеш аз хама муносибат, сабабу натичаро кайд мекунад, байни ходисахо аз окибатхои эхтимолии вокеахои руйдода сухан меронад. Тавре мушохида мешавад, дар чунин холат хамгироии се жанри гуногуни телевизиониро мо мушохида намудем. Дар амалияи кори рузноманигорони «Телевизиони Ч,ахоннамо» ва «Телевизиони Душанбе» низ дидан мумкин аст.
Дар чараёни омодасозии гузориш доир ба мавзуи чамъоварии маблагхои гуногун аз хонандагон дар муассисахои таълимии шахр рузноманигор ^иёмиддин Х,омидов бо сокинон дар кучахои шахр назарпурсй гузаронида, бо масъулини соха ва омузгорон сухбату мусохиба анчом додааст ва илова бар ин, пахлухои дигари ин мавзуъро бо истифода аз шархи сокинон дар шабакаи ичтимоии фейсбук зери эълони сахифаи расмии Сарраёсати маорифи шахри Душанбе тафсир намудааст. Натичаи он як репортажи тахлилй бо фарогирии 6 дакика аст. Ин матлаб 7 марти соли 2021 тавассути барномаи иттилоотии «Вакт»-и «Телевизиони Душанбе» пешниходи бинанда гардид.
Дар баробари чонибдории чунин андеша баъзе мухаккикон ба он назаранд, ки иттилоъ бояд бешарху тавзех ба бинанда расонида шавад. Пажухишгари телевизион Зулфиддин Муъминчонов менависад: «бояд хабар бе тахлил ва шарху эзох пешниходи бинанда гардонида шавад. Мутаассифона, имрузхо дар барномахои иттилоотии шабакахои телевизионии Точикистон хабар бо тахлилу шарху эзох пешниходи бинанда мегардад» [7,с.19]. Номбурда барои таквияти андешаи худ дар ин маврид далел дорад. «Дар ин холат ба бинанда имкони андеша кардан дода намешавад. Бо ин завки бинанда паст гашта, аз андешакунй боз мемонад» [7,с.19].
Дар мисоли дигар корманди идораи барномахои иттилоотии телевизиони «Чдхоннамо» Сафархуча Ризоев 8 апрели соли 2020 хангоми тахияи матлаб дар робита ба истифода додани як нуктаи забхи чорво дар нохияи Фирдавсй гузориш медихад: «Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур дар доираи дастгирихои давлатии фаъолияти сохибкорй ва хамкории давлат бо бахши хусусй аз чониби сохибкорй ватанй Умаралй Алиматов сохта шуда, аз чойи парваришу нигохдории чорвои хурду калон, нуктаи забхи чорво ва бинои маъмурият иборат мебошад... Мавриди зикри хос аст, ки сардхонаи тозабунёд дар нохияи Фирдавсии пойтахт дар баробари иншооти дигар хамзамон дорои сардхонаи замонавй мебошад, ки бино ба иттилои масъулин он гунчоиши 40 тонна гуштро доштааст. Мувофики коидахои санитарию гигиенй дар салоххона чорвои калону майда забх гардида, мухлати муайян то ба нуктахои фуруш интикол додан дар ин сардхона нигохдошта мешавад. Сардхона бо максади таъмини бехатарй ва сифатнокии гушт сохта шудааст ва он яке аз иншооти асосии салоххона дар нохияи Фирдавсии пойтахт мебошад». Мохияти асосии репортаж бо хамин пораи матн ва чой намудани фикри масъулини
сохаву сохибкор хамчун синхрон хyлоса мешавад. Вале мyаллиф хамзамон вобаста ба мавзyъ ва ахаммияти ин иншоот шархи васеъро низ дар дохили гузориш цой намудааст: «Тибки талаботи амалкунанда хар як чорвои барои забх парваришёфта бояд солим бошад. Ин цо хам мутахассисон аз ниходхои марбутаи шахрию цумхуриявй солимии чорворо кабл аз забх, муайян мекунанд ва агар чорвое, ки харорати баланд дошта бошад ва ё дорои дигар оризахои ба беморихои сироятй монандро дошта бошад, аз забх боз дошта шуда, дар цойи алохида ва дур аз дигар чорвохо нигохдорй мешавад. То замоне, ки холати чорво хуб гардида, барои забх аз цониби мутахассис ризоият дода шавад...». Дар кисмати дигари матлаб сархати зерин цой дода шудааст: «Лозим ба таъкид аст, ки дар асоси дастуру супоришхои Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Тоцикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ва тадбирхои муассири Раиси шахри Душанбе мухтарам Рустами Эмомалй бобати хифзи солимии истеъмолкунандагон, дар пойтахт бунёди ин кабил иншоот вусъат меёбад. Дар ин иншоот шароити зарурй бо гузоштани яхдонхо ва ташкили сардхонахои хурд барои сохибкороне ки ба фуруши гушт ва махсулоти гуштй машгуланд, фарохам шудааст». Ба андешаи мо чунин корбурди мавзуъ истифодаи шарх дар дохили репортаж аст. Вале на хама мухаккикони соха инро дуруст мешуморанд, ки намунаи онро дар боло баён доштем. Х,амин мухаррири телевизион дар мавриди дигар танхо бо пешниходи иттилои мавцуда гузориши хамсонро тахия намудааст. Яъне бе цой додани шарху тафсир аз цараёни ифтитохи як маркази хизматрасонй дар нохияи Синои шахри Душанбе репортаж тахия мекунад: «Дар доираи накша-чорабинихои тасдикгардида ба муносибати омодагй ва сазовор истикбол гирифтани цашни 30-солагии Истиклоли давлатй имруз дар нохияи Синои шахри Душанбе Маркази хизматрасонии "Аминцон" мавриди бахрабардорй карор гирифт». Бо ин цумла репортажи мавриди назари мо огоз мешавад. Дар идома доир ба самтхои фаъолияти марказ маълумот пешниход мегардад: «Иншооти мавриди назар аз цониби сохибкор Мухаммадисо Ахмадов бунёд шудааст. Бинои марказ аз таххона ва 3 ошёна иборат буда, бо истифодаи масолехи босифати сохтмонй ва тархи хос бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ташкил шудааст. Ошёнаи дуюм аз сартарошхона ва кошонаи хусн иборат мебошад, ки дар он шароити зарурии хизматрасонй барои муштариён фарохам шудааст...". Доир ба шумораи таъсиси цойхои нави корй накшахои сохибкор барои оянда ва корхои иловагии ицрошуда, аз кабили ободонии атрофи иншоот ва мумфаршкунии рохи канори он то дохили махаллаи 33-юми пойтахт бо чанд цумла ва цой додани мусохибаи сохибкор маълумот манзур шудааст. Ин репортаж санаи 8 апрели соли 2021 тавассути барномаи "Хабар"-и телевизиони "Чдхоннамо" пахш гардидааст.
Тавре аз тахлил ва мушохидахо бармеояд, дар хар ду холат хам бо истифодаи имкониятхои жанр ва хамгироии он рузноманигори телевизион матлаб тахия намудааст. Аз ин нигох, метавон ин равандро на заъфи фаъолияти онхо, балки талабот ба мавзуъ ва мухиммияти он маънидод намуд. Зеро дар мисоли аввал, ки мавзуъ ва объекти он ахаммияти бештари ицтимой дошт, хабарнигор шархро низ цой намуд. Дар мавриди дигар чунин тарзи пешниход амалан сурат нагирифт. Яъне чунин зарурат дар миён набуд.
Тавре маълум аст, тафсир дар гузориш мисли дигар шаклхои нутк ба огози иттилоот, яъне руйдод тобеъ аст. Дар ин холат унсурхои умумй, воситахои ифодаи субъективии репортажи телевизионй низ мушохида мегардад. Чунин холат на хамеша ба миён меояд, вале дар мавридхои цудогона ин хамгироии жанрхоро метавон мушохида намуд.
Мехвари асосии фаъолияти журналисй факт ба хисоб меравад. Ин ченак хам дар жанрхои хабарй ва хам тахлилй ба таври васеъ истифода мешавад, ки он як навъ умумияти жанрхоро нишон медихад, вале тарзи пешниход тафовути онхоро дар миён мегузорад. Яъне дар жанрхои хабарй руйдод ва ходисаи мухимме хамчун факт ба бинанда расонида мешаванд.
Журналисти дигар бо нишондоди жанрхои тахлилй сабабу омил ва окибатхои он руйдодро баррасй менамояд. Барои мисол, санаи 14 октябри соли 2021 цараёни баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест-2021» тавассути барномаи «Хабар»-и телевизиони «Ч,ахоннамо» дар шакли гузориш пешниходи аудитория гардонида шуд. Дар репортажи журналист Иброхими Неъмат ин чорабинй ба таври оцил инъикос ёфт, вале шумораи шартномаву созишномахои баимзорасида, маблаги фарогирии ин созишномахо, миёни кадом корхонахои ватаниву хорицй ва даромади умумии он ба гардиши савдои кишвар дар гузориш мушохида нагардид.
Дар барномаи дигар, ки шоми 15 октябри соли 2Q21 тавассути ин шабакаи телевизионй пахш гардид, омилхои зикргардида пурра дарц шуданд ва он мавриди тахлили коршиносону муаллифи барнома карор гирифт.
Бо чунин мисолхо дар мавриди тахкики мавзуъ мо бештар ру ба ру мешавем, ки рузноманигорон дар амалияи журналистикаи телевизион бо истифодаи хамгироии жанрхо матлаб тахия менамоянд. Яъне «хар гуна жанр ин ё он чиз, яъне предмети инъикосро тасдик ё инкор мекунад»[3,с.91].Ин андешаро мухаккикон И.Х,амидиён ва Б.Абдурахим низ чонибдорй мекунанд [15].
Дар гузориши телевизионй мусохиба бештар дар шакли кутох истифода мешавад. Як пораи устувори матн, ки дар сюжет тавассути мусохиб ошкор мешавад. Мусохиба низ яке аз жанрхои серистифода дар журналистикаи телевизион аст. «Х,оло мусохиба аз маъмултарин жанри ВАО махсуб мешавад. Мусохиба бо такозои замон аввал дар матбуот ташаккул ёфта, сипас бо пайдоиши воситахои электронй ба радио ва телевизион гузаштааст [4,с.3].
Хддафи мусохибаи телевизионй ба бинанда аз забони мусохиб иттилоъ додан аст. Аз ин ру, дар гузориш низ як чузъи мухимми иттилоъ тавассути масъули сохтори дахлдор бояд пешниход гардад, ки он бе анчом додани мусохиба бо у гайриимкон мебошад. Гузоришгар дар ин сурат ба талаботи жанри мусохиба мурочиат мекунад. Мо хамгироии онро бо репортаж ба мушохида мегирем. Бояд гуфт, ки пурсиш на танхо дар журналистика, балки воситаи хубу тачрибашудаи омузиши фактхои маърифатй ва ба даст овардани донишхои нав мебошад.
Аз ин ру, он дар хама холат, яъне хох барои тахия гузориш ва ё мусохибаи алохида бояд барои берун овардани андешаи асосй аз забони мусохиб мусоидат карда тавонад. Истифодаи самараноки мусохибахо дар гузориши телевизионй мухим аст. Зимни муошират иттилооти сифатан нав ба миён меояд. Ч,ой додани он дар гузориш ба фикру мулохизахо ахаммияти хоса дорад. Дар ин холат мусохиба бояд садо дихад, яъне вай табий ва боварибахш сурат гирад. Мусохибахо як рохи хуби илова кардани факт ё маълумот ба гузориши телевизионй мебошанд.
Дар Иттифоки синомагарони Точикистон махфили хунарие доир ба хаёт ва фаъолияти эчодии дорандаи мукофоти давлатии Чумхурии Точикистон ба номи Абуабдуллох Рудакй, Х,унарпешаи халкии Точикистон Убайдулло Рачабов баргузор гардидааст, ки мухтавои он гузориши телевизионии хабарнигори идораи барномахои иттилоотии «Телевизиони Душанбе» Мохнисо ^урбоноваро фаро мегирад.
«Сахни бинои Иттифоки смнамогарони Точикистон имруз серодам буд. Зеро мухлисони хунарпешаи халкии Точикистон, хачвнигори шинохтаи точик Убайдулло Рачабов ва коршиносони сохаи санъат ба хотири баргузории махфилии адабии у, ки ба 75-солагиаш бахшида шудааст, омодагй медиданд. Гуфта мешавад, ки накши ин хунарманд дар рушди киною театр, бахусус хачвнигории точик хеле бузург аст». Бо чунин сархат гузориш огоз мешавад ва дар ин кисмат пораи мусохибаи шогирду хамкори кахрамон, яъне Асланшо Рахматуллоев бамаврид чой дода шудааст. Ч,умлаи боло, ки робита ба фаъолияти хачвнигории Убайдулло Рачабов дошт, бо синхрон пурра мегардад. Зеро номбурда дар пораи мусохиба ин пахлуи фаъолияти хунармандро бо мисолхои мушаххас муаррифй менамояд. Интихоби мусохиб низ мувофик омадааст. Зеро Асланшо Рахматуллоев давоми солхои зиёд дар намоишу сахнахои хачвй бо Убайдулло Рачабов накшофаринй ва хамкорй намудааст. Дар идомаи репортаж муаллиф ин чумларо истифода намудааст. «Дар солхои сохибистиклолй сахми Хунарпешаи халкии Точикистон Убайдулло Рачабов дар тахия ва пешниходи намоишхои калони театришуда назаррас дониста мешавад. Тахти рохбарии у аз соли 1994 то инчониб (дар назар дошта шудааст то соли 2016) бахшида ба чашнхои бузурги миллию байналмилалй намоишномахои театришуда, барномахои консертй дар сатхи баланди сиёсию фархангй гузашта истодаанд, ки далели равшани сохибтачриба будани у дар ин соха мебошад. Шоир Гулназар Келдй дар сухбат бо мо аз хамкорихояш бо Убайдулло Рачабов дар тахияи барномаихои хунарии шахри Душанбе ёдовар шуд». Дар ин кисмат аз пораи мусохибаи Гулназар Келдй истифода шудааст. Номбурда зимни ибрози андеша доир ба пешниходи суруду таронахояш дар чашнхои чумхуриявии наврузй ва солгарди Истиклолу Вахдати миллй сухбат мекунад ва ба маънишиносиву сохибкасбии кахрамон махсус ишорахоро ба миён мегузорад. Дар ин мисол низ касбй ва мохирона аз мусохиб муаллиф дар тахияи репортаж истифода намудааст, ки бурди у аст. Инчунин, дар матлаб вобаста ба фаъолияти хунармандии Убадулло Рачабов дар синамову театр кисме аз пораи баромади хунарманд Марям Исоева низ истифода мешавад. Дар мисоли боло мо намунаи хуби истифодаи мусохиба дар чараёни созмондодани репортажро ба мушохида гирифтем, ки он дар заминаи хамгироии жанрхо ба гунаи касбй ва
огохона корбурд шудааст. Репортажи мазкур 26 марти соли 2016 тавассути барномаи «Вакт»-и «Телевизиони Душанбе» дар эфир пахш шудааст.
Мусохиба метавонад нуктаи назар оид ба як ходисаи муайян бошад. Афзалият дар ин бобат он аст, ки манбаи субъективй ба тамошобинони телевизион аён мегардад ва тамошобинон фикри худро дар бораи эътимоднокии ин манбаи маълумот тагйир медихднд.
Мутаассифона, имрузхо хднгоми тахияи репортаж интихоби мусохиба ва цой додани фикри у ба таври дурусту дакик сурат намегирад. Чунин холат танхо бо айби рузноманигор ба миён намеояд. Зеро на хар мутахассис ва кормандни ин ё он идораву ташкилот розй мешавад, ки дар мавзуи вобастаи ихтисосаш ибрози андеша намояд. Новобаста ба ин, хабарнигор бояд кори худро касбй ва дар доираи нишондоди дастуру воситахои маъмул ва ё стандартхои кабулшуда созмон дихад.
Мухаккик Ч,овид Муким тавсияи зерро пешниход намудааст. «Агар сарчашмаи имконпазири маълумот аз додани мусохиба даст кашад, якчанд роххои дигари ёфтани сарчашмахои хуб, ки ба саволхои шумо цавоб мегардонанд, мавцуд аст. Агар мансабдори хукумат дар бораи мубориза зидди малах мусохиба додан нахохад, онхо метавонанд ягон коршиносро тавсия намоянд: коршинос дар навбати худ масалан, дар бораи усулхои гуногуни нест кардани хашароти зарарасон накл мекунад» [4,с.18].
Зимни тахлили репортажхои омоданамудаи хабарнигорони шабакахои телевизионии «Ч,ахоннамо» ва «Душанбе», инчунин сухбат вобаст ба мавзуъ бо онхо маълум гардид, ки бо чунин сабаб, яъне аз мусохиба даст кашидани кормандони сохтору макомоти гуногун матлаби тахиянамудаашон якцониба баромадааст ва ё пурра мавзуи интихобй баррасй намешавад. Бо ин максад, зарур аст, ки онхо аз усулхои дар боло зикршуда истифода намоянд. 25 октябри соли 2021 тавассути барномаи «Вакт»-и «Телевизиони Душанбе» доир ба мушкилоти сохаи наклиёти пойтахт репортаж омода шудааст. Дар он хабарнигор фикри ронанда, мусофиронро истифода намуд, вале бо сабаби розй нашудани кормандони сохторхои наклиётии шахр бо онхо натавонистааст мусохиба анцом дода, сабабу омил ва чорацуии масъулинро ба миён гузорад. Дар ин холат хабарнигори идора метавонист, ки аз масъулини Комиссияи доимии Мацлиси вакилони халки шахри Душанбе оид ба наклиёт, коммуникатсия ва бехдошти роххо ё коршиносони мустакил, ки дар лоихахои гуногун фаъолият менамоянд, мусохиба гирифта, мавзуъро хамацониба ба баррасй мегирифт.
Аз масъалахои дигари мухим барои мусохиба, хосатан барои мусохибае, ки он дар дохили репортаж истифода мешавад, саволгузорй аст. Ба андешаи мухаккикон, «саволхо бояд мушаххас ва фахмо бошад. Саволхои умумй мусохибро ба рахгумй мебарад. Мутаассифона, баъзан маврид мусохибакунандагон гирифтори фазлфурушй гардида, саволхои дарози пур аз ибороти зиёдатиро истифода мебаранд, ки дуруст нест» [3,с.109].
Хабарнигорон бояд дар цараёни тахияи репортаж бо саволхои мушаххас ба мусохибон муроциат намоянд ва аз онхо маълумоти мухимро дар шакли кутох, вале хадафрас ба даст оранд. Х,оло баъзе аз рузноманигорони цавон гумон мекунанд, ки тартибдихй ва пешниходи савол нисбат ба цавоб додани он осонтар аст. Ин андешаро бештари мухаккикони сохаи телевизион дар кишвари мо галат донистаанд ва барои исботи онхо далел доранд.
«Мусохиба эцодиёти муштарак аст.Саволхои журналист бояд гайриоддй ва барои бинандагон наву оригиналй бошанд. Барои ин мусохибагиранда бояд омодагй бигирад, адабиётро мутолиа кунад, аз маводи интернетй огохй дошта бошад, хаёти шахси мусохибро хуб донад» [12,с.51]. Чунин талабот барои рузноманигороне, ки репортаж омода менамоянд, мухим аст. Онхо дар баъзе маврид вазифадоранд, ки бо 3-4 нафар мусахибахои кутох анцом диханд. Ин навъи мусохибаро кисме аз мухаккикон мусохибаи ахборй ном бурдаанд.
«Мусохибаи ахборй аз намудхои машхури муколамаи телевизионй махсуб мегардад. Дар нашрхои ахбор журналистон бо одамони касбу кори гуногун мусохиба ороста, аз онхо роцеъ ба мавзуъхои зарурй маълумот мегиранд» [12,с.51]. Ин тарзи мусохиба бештар ба пурсиш монанд аст. Дар фаъолияти журналистй ва хамчунин дар тахкикотхои сотсиологй пурсиш аз маъмултарин методи цамъоварии иттилоот ба хисоб меравад, зеро табиати ин усул имкон медихад, ки муносибати мардумро ба руйдод, вокеа, цараён, вазъият, холат фахмем ва ба ин васила доир ба мавзуъоти мухталиф иттилоот ва маълумоти рангоранг ба даст орем. Хдмчунин усули мазкур имкон медихад, ки тарики телефон, интернет, анкета, мусохибаи ру ба ру иттилооту маълумот ба даст орем. Махсусияти методи пурсиш, пеш аз хама, дар он ифода меёбад, ки сарчашмаи маълумотдихандаи ахбори ибтидой инсон мебошад. Инсоне, ки мавриди пурсиш интихоб мешавад, бо истилохи сотсиологй «респондент» ном дорад. Маъмулан, ба сифати респондент шахсе интихоб мегардад, ки иштирокчй ва ё шохиди вокеа аст, назари тоза
дорад, сохибфикру мустакиландеша мебошад. Барои интихоби чунин шахс масъалаи шинохти респондент ба миён меояд, ки дар тачаммуи омузиши сотсиологй ва журналистй чойгохи мухим дорад.
Дар аксари нашрхои хабарии шабакахои телевизионии мавриди назари мо аз усули парусиш, ки монанд ба мусохибаи ахборй аст, хамаруза истифода менамоянд. Барои мисол, мухаррир Мохинисо ^урбонова дар пайгирии мавзуии «Пешгирии зуроварй дар оила» аз чунин тарзи мусохиба истифода намудааст. Нахуст, бо 3 чумла мавзуъро ба миён мегузорад ва назари 2 сокини шахррро мепурсад. Дар идома, аз тадбирхои рохандозинамудани сохторхои шахрй маълумот медихад: «Бо максади пешгирии хушунати хонаводагй, бартарафсозии сабабу шароитхои ба он мусоидаткунанда ва химояи хукуку озодихои шахрвандон дар мухити оила кормандони Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шахри Душанбе» фаъолият дошта, дар хамкорй бо сохторхои дигари шахри Душанбе дар ин самт чорачуй менамоянд. Х,оло дар шахри Душанбе 3 хучраи кории нозирони оид ба зуроварй дар оила ташкил карда шудааст, ки дар хамкорй бо нозирони минтакавй дар ин бахш бо ахолй корбарй менамоянд». Дар ин кисмат ду пораи мусохиба масъулони соха - яке Зухро Мирзоева,- муовини директори МД «Маркази худшиносии бонувон дар шахри Душанбе» ва дигаре - Манзура Муродалиева, нозир оид ба зуроварй дар оилаи ШВКД дар нохияи Шохмансур пайдарпай истифода шудааст. Бо вучуди он ки мусохиби дуюм фикри авваларо таквият мебахшад ва ба манфиат аст, вале каме дарозии хачми он чолибияти гузоришро халалдор менамояд. Дар идомаи гузориш кайд карда шудааст: «имрузхо дар чомеа бештар зуроварии чисмонй ва рухй ба мушохида мерасад. Х,оло омузиш, тахлил ва тадкикотхо оид ба масъалахои пешгирии зуроварй дар оиларо макомоти давлатй, худидоракунии шахраку дехот, шахсони хукукй ва муассисахои илмй-тадкдкотй анчом медиханд, ки максади он кохиш додани ин падида дар миёни чомеа мебошад». Ин сархат кисмати чамбастии гузоришро дар бар мегирад.
Як нукта махсус чойи таъкид дорад, ки мусохиба аз маъмултарин жанрхои журналистика аст, ки бо репортаж иртиботи бештар дорад ва унсурхои онро дар аксари навъхои гузориш метавон мушохида намуд. Ё худ мусохибаи телевизионй яке аз васеътарин жанрхоест, ки бо репортаж истифода мегардад. Гуфтан мумкин аст, ки ин махз синхронхо аст, ки маводи аудио ва видеоро хамоханг месозанд. Х,ангоми пажухиши мавзуъ бо баъзе мисолхо низ ру ба ру шудем, ки истифодаи синхрон бемавкеъ ва дур аз мавзуъ аст. Х,ифзи сихдтии модару кудак яке аз масъалахои афзалиятноки сохаи тандурустй ва хифзи ичтимоии ахолй ба хисоб меравад. Маълумотхои оморй нишон медиханд, ки фавти модару кудак нисбат ба солхои каблй то андозае кохиш ёфтааст. Вобаста ба ин мавзуъ 9 апрели соли 2017 дар барномаи иттилоотии «Вакт»-и «Телевизиони Душанбе» мавод нашр шудааст. «Тавре дар Паёми Президенти кишвар ба Мачлиси Олии мамлакат кайд гардид, нишондихандахои фавти модарон дар солхои охир 1,8 баробар ва фавти кудакон ба 2,7 баробар кам шудааст. Мувофики маълумоти омории пешакй, дар чумхурй дар 6 мохи соли 2017-нишондоди фавти кудакони синни то 1 сола 14,0 дар 1000 зиндатаваллудшударо ташкил медихад, ки ин нишондод нисбат ба соли 2016 2,8 % кам гардидааст. Дар шахри Душанбе бошад, дар нимсолаи аввали соли 2017 шумораи фавти кудакони то синни 1 сола дар 1000 зинда таваллудёфта 14,8 %-ро ташкил медихад, ки ин ракам нисбат ба солхои каблй то андозае камтар аст». Дар ин кисмати гузориш синхрон чой дода шудааст, ки он бояд дар робита ба сабабу омилхои чунин холат бошад. Вале мусохиби интихобшуда доир ба рушди сохаи тандурустй бо суханхои умумй андешаронй мекунад. Дар идома низ бо истифодаи чунин сархат» «дар 6 мохи соли 2017 дар шахри Душанбе тахлили фавти кудакон гузаронида шуда, муайян гардид, ки сабабхои асосии фавти кудакони синни то 1 сола беморихои роххои нафас, аз он чумла илтихоби шуш-21,5 %, беморихои сироятй-20,1% ва нуксонхои модарзодии инкишоф-19,1%-ро ташкил медихад» ба синхрони дигар мегузарад, ки он низ ба мавзуъ вобаста нест ва бештар бо тавсияи табиб ба сокинон дар робита ба беморихои дигар сурат мегирад. Дар чунин маврид хабарнигорро зарур аст, ки мавзуъро ба пурагй омухта, онро бо иштироки табибони сохавй, ки дар ин росто тачрибаи ганй доранд ва андешахояшон корсоз аст, бояд сухбат намояд.
Репортажи телевизионй дар баъзе мавридхои чудогона бо дигар жанрхои публитсистика, монанди очерк ва лавха бо хам муошират мекунад. Бо вучуди оне, ки дар ин жанрхо тасвир ба иттилоот бартарй дорад. Ин жанрхои журналистика баъзан дар гузориши телевизионй хамчун тасвири акс истифода мешавад, ки ягонагии муайяни чорчубахои ба хам алокамандро таъмин
мекунад. Лавха арзиши бадей дорад, вале дар навбати дигар он низ як нав гузориши телевизионй аст. Ин асосан дар кори наворбардор зохир мегардад. Он бояд кунч ва нури ифодакунандаро бодиккат интихоб намояд. Дар раванди хамохангсозй ва гузоришдихй, талаботи махсус вучуд дорад. Ба лавха матн бо садои зебо пешниход карда мешавад, ки дар он муаллиф бояд аз иттилооти хушк, расмй дур шавад ва кушиш намояд, ки воситахои гуногуни забониро образнок истифода барад.
Дар эчоди лавха талаботи асосй дарёфти мавзуъ аст. Вале унсурхои дигарро низ бояд ба назар гирифт. «Эчоди лавха танхо бо дарёфти мавзуъ муяссар намешавад. Мавзуъ бояд тасвир шавад. Онро тавре бояд тасвир кард, ки хонанда ё бинандаву сомеъ ба зиндагй дилгармй пайдо кунад, дар дил амалхои неки одамият, мухнатдустй, ватанпарвариро парварад ва хамеша ба амали хайр кушад» [3,с.180]. Аз ин нуктаи назар, телевизион имконияти бештари офаридани лавхаро дорад, ки баъзе хусусиятхои он яъне дарёфти вокеа аз нигохи жанрй бо репортаж хамгирой дорад.
Ч,ойи таъкид аст, ки репортажи телевизионй аз маъмултарин жанрхои журналистика аст, ки робита бо жанрхои дигари журналистика дорад. Ин холат бештар барои ифшои амик ва тахлили муфассали вокеа хизмат мекунад. Ба ибораи дигар унсурхои дигар жанрхо аз кабили шарху табсира, сухбат ва мусохиба чун чузъхои сохтории гузориши телевизионй истифода мешаванду омузиши сабабу окибатхои ходисахои дар чомеа ба амаломадаро ба таври возех инъикос менамоянд. Вале макоми мусохиба дар ин маврид махсус ба гуфтан аст. Мусохиба хамон вакт муваффак мегузарад, ки журналист дар атрофи мавзуи интихобнамуда маълумоти зиёд дорад ва пахлухои норушани масъаларо зимни пурсиш тарзе саволгузорй мекунад, ки кахрамон барои аз чавоби аник канорагирй кардан имкон намеёбад. Баъдан, журналисте, ки аз ин жанр кор мегирад, махорати равоншиносй низ доштанаш зарур аст. Зеро одамон вобаста ба хислат ва мизочашон гуногун мешаванд. Журналист махз бо истифода аз малакаи равоншиносй метавонад аз мусохибон иттилои сахехро ба даст орад. Бояд ишора намоем, ки хар як жанри журналиста шаклу навишт ва коидаи хоси худро дорад. Вале дар баъзе маврид хамгироии онхо ба чолибияти матлаби журналиста мусоидат менамояд. Журналист ва донишманди рус Валерий Аграновский дар хусуси фарки байни жанрхои журналиста аз жанрхои адабй чунин назар дорад: «Жанри журналиста аз роман, хикоя, повест бо он фарк мекунад, ки дар он вокеа дакик инъикос меёбад ва муаллиф хакки дигар намудани онро надорад» [1,с.89]. Умумияти жанрхо дар бештари маврид ба эчод вобаста будани он аст. Яъне дар натичаи кори эчодй матлабхои гуногун дар колаби жанрхо тархрезй мешаванд.
Репортаж жанрест, ки вокеаро фавран тасвир менамояд. Аз ин ру, дар маркази репортаж вокеае меистад, ки хабарнигор шохид ва иштирокчии он аст. Чунончи Эдуард Политаев навиштааст: «гузориш ин тасвири факт, амри вокеии ходисахо ва зухурот аз руйи дарки бевоситаи рузноманигор ва ё шахси ширкаткунандае, ки дар макони ходиса аст, мебошад» [11, с. 34]. Аз ин таъриф бармеояд, ки хамгироии жанрхои дигар хангоми тахияи репортаж амри мухим аст. Тавре дар амалияи журналистика ба мушохида мерасад, репортажро стендап ва синхрон чолиб менамоянд. Вобаста ба чашни Навруз ва ахаммияти он дар таърихи мардумони ориёй санаи 15 марти соли 2015 дар Академияи миллии илмхои Ч,умхурии Точикистон хамоиши имлй ташкил мешавад. Мухаррири идораи барномахои иттилоотии телевизиони «Чдхоннамо» Парвиз Аминов аз чараёни он репортаж омода менамоянд. Мисли аксар гузоришхои ин шабакаи телевизионй ин матлаб танхо дар толор ва ин хамоиши илмй махдуд намешавад. Нахуст, кутох дар бораи Навруз андешаи муаллиф баён мешавад. Инчунин, сухбати хабарнигор бо Президенти Академияи миллии илмхои Ч,умхурии Точикистон Фарход Рахимй чой дода шудааст ва баъдан, як ишора ба хамош мешавад. Дар идома бо истифодаи навори хазина ва матни паси кадр ахаммияти таърихии чашн бозгуй мегардад. Дар репортаж ду синхрони дигар низ бамавкеъ истифода шудаанд. Пораи сухбати академик Фарход Рахимй доир ба чанбахои илмиву пажухишии чашни Навруз нишонрас мебошад. Х,амгироии жанрй, истифодаи унсурхои хоси тасвир ва наворхои чолиб дар гузориш мохирона чобачогузорй шудааст. Набудани стендапи хабарнигор каме ноустувории аносири жанро ба миён мегузорад.
Дар мисоли дигар матлаби хабарнигори барномаи «Вакт»-и «Телевизиони Душанбе»-ро мебинем. Соли 2014 тавассути ин барнома дар пайи мурочиати сокинони шахраки 192-и нохияи Шохмансур гузориш омода шудааст. «Бо максади бехтар намудани таъминоти неруи гармй дар фасли зимистон давоми сол аз чониби сохторхои шахрй тадбирхои зиёди сохавй амалй карда шуд. Дар ин миён иваз намудани кубури интиколи гармй дар шахраку махаллахо яке аз бахшхои мухим буд. Кор дар аксар маврид дар ин самт анчом ёфтааст. Вале ба холати аввала баргардонидани роху рохравхои дохили шахраку махаллахо дар бархе маврид ичро карда
нашудааст. Ин амалро мо зимни наворбардорй дар шахраки 192-и нохияи Шохмансур мушохида намудем». Дар идомаи матлаб назари сокинон истифода шудааст. Инчунин, барои пурра намудани андешаи сокинон чумлахои зерин дар маводи хабарнигор илова шудааст: «Дар идомаи сухбат сокинон афзуданд, ки аз анчоми корхои васлу насби кубурхои гармидихй дар ин кисмати шахр 2 мох сипарй шудааст. Вале то хол таъмири роххо, ки як бахши аъзами фаъолияти сохтмончиён аст, ичро нагардидааст. Рафтуомади воситахои наклиёт дар бештари маврид гайриимкон аст. Аз ин ру, масъулини татбиккунандаи корхои таъмириро зарур аст, ки дар асоси талаботи мавчуда ин мавзеъро ба холати аввалаи худ баргардонанд ва мушкилоти сокинонро низ хал намоянд».
Дар ин кисмати гузориш назари чониби дигари масъала-намояндаи Шабакаи гармидихии шахри Душанбе истифода шудааст. Гарчанде мусохиб танхо бо ваъдаи ичрои корхо дар муддати кутох фикрашро чамъбаст намуд, вале ба хотири риояи принсипи бетарафй чо додани андешаи у мухим аст. Хабарнигор бо стендапи худ ва пешниходи санаи дакики ичрои корхои бокимонда бо такя ба маълумоти масъулин матлабро чамбаст менамояд. Тавре мушохдда шуд кутох, вале нишонрас мавзуъ дар доираи репортаж ва хамгироии жанрхои дигар баррасй шудааст.
Х,амин тарик, тахлилхо нишон доданд, ки кормандони шабакахои телевизионии "Чахоннамо" ва "Душанбе" барои инъикоси вокеияти ичтимой аз имконоти жанрхои гуногуни ахборй истифода менамоянд. Аммо имконоти жанрй дар ин шабакахо яксон нест ва хар рузноманигор бо диду салика ва бардоштхояш аз нишондоди жанрхо матлаб омода менамояд. Маъмулан, репортаж ва хисобот нисбатан бештар истифода мешаванд. Ба ин маънй мо репортажро жанри серистеъмол дар шабакахои телевизионии кишвар медонем. Вале то кучо истифода намудани унсурхои хоси жанр ба дониши хабарнигор ва объекти инъикоскунандаи он вобаста аст. Ин холат ба омилхои гуногун иртибот дорад. Омили асосй касбияти журналист бошад, омили дигар ба маърифати журналист ва имконияти эчодии у вобаста аст.
Махз махорати журналист имкон ба вучуд овардааст, ки вокеияти ичтимой дар шакл ва сабкхои гуногун инъикос гарданд ва он дар заминаи хамгироии жанрхо таъсирнокиаш бештар бошад.Дар хама гуна фаъолияти чамъиятй чараёни кор тавре ба низом дароварда мешавад, ки тагйироту дигаргунй ва инкишофи он зина ба зина сурат гирад. Фаъолияти амалии журналисти телевизион низ хамин гуна аст ва ин самти он бештар дар хамгироии жанрхо мушохида мешавад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Аграновский, В.А. Вторая древнейшая/В.А.Аграновский. - Москва, 1999. - 226 с.
2. ^уддус, Ч,. Асосхои журналистикаи телевизион/Ч,Дуддус. - Душанбе, 2008. - 82 с.
3. Муродов, М. Асосхои эчоди журналистй/М.Муродов. -Душанбе, 2014. - 256 с.
4. Муким, Ч. Мусохиба ва техникаи тахияи он/Ч.Муким. - Душанбе, 2014. - 160 с.
5. Муким Ч. Макоми жанрхо дар радиои Озодй/ Ч.Муким. - Душанбе, 2000. - 55 с.
6. Муким Ч., Нуъмонов А. Дастур барои радиожурналистони чавон/Ч.Муким, А.Нуъмонов. -Душанбе, 2008. - 96 с.
7. Муъминчонов, З. Махсусияти жанрхои иттилоотию тахлилии телевизион/ З.Муъминчонов. -Душанбе, 2015. - 120 с.
8. Муъминчонов, З. Жанрхои хабарии журналистикаи телевизион/ З.Муъминчонов. -Душанбе, 2011. - 66 с.
9. Мирзоалй, С. Хабар: аз Машрик то ба Магриб/С.Мирзоалй. - Душанбе, 2019. - 196 с.
10.Нуралиев А. Жанрхои ахбории матбуот/А.Нуралиев. Душанбе, 2004. - 146 с.
11.Полетаев, Э. Рузноманигории байналхалкй: рохнамо барои муаллифон аз Осиёи Марказй/Э.Полетаев. - Душанбе, 2005. - 300 с.
12.Саъдуллоев, А.Асосхои журналистикаи телевизион/ А.Саъдуллоев, М.Шоев. - Душанбе, 2010. - 112 с.
13.Саъдуллоев А.Жанрхои журналистикаи радио/ А.Саъдуллоев,С.Гулов.-Душанбе,1997. - 47 с.
14.Сафарзода, М.А. Барномасозй дар телевизион/М.А.Сафарзода. -Душанбе, 2021. - 100 с.
15.Хамидиён, И. И. Содержательное и жанровое многообразие на таджикском телевидении / И. И. Хамидиён, Б. А. Абдурахим. - Душанбе, 2019. - 248 с.
16.Цвик, В. Л. Телевизионная служба новостей/ В. Л.Цвик. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2008. - С.300.
Манбаъ:
1. Барномаи «Вакт» // «Телевизиони Душанбе» // 2022, 7 март.
2. Барномаи «Хабар» // Телевизиони «Ч,ахоннамо» // 2021, 14 октябр.
3. Барномаи «Дар мавзуъи руз» // Телевизиони «Ч,ахоннамо» // 2021, 15 октябр.
4. Барномаи «Хабар» // Телевизиони «Ч,ахоннамо» // 2020, 18 ноябр.
5. Барномаи «Вакт» // «Телевизиони Душанбе» // // 2021, 25 октябр.
6. Барномаи «Вакт» // «Телевизиони Душанбе» // // 2018, 15 июн.
7. Барномаи «Хабар» // Телевизиони «Ч,ахоннамо» // 2020, 8 апрел.
8. Барномаи «Хабар» // Телевизиони «Ч,ахоннамо» // 2021, 7 апрел.
9. Барномаи «Вакт» // «Телевизиони Душанбе» // 2016, 26 март.
10. Барномаи «Вакт» // «Телевизиони Душанбе» // 2016, 26 феврал.
11.Барномаи «Вакт» // «Телевизиони Душанбе» // 2017, 9 апрел.
12.Барномаи «Вакт» // «Телевизиони Душанбе» // 2014, 15 март.
13.Барномаи «Хабар» // Телевизиони «Ч,ахоннамо» // 2014, 18 ноябр.
REFERENCES:
1. Agranovsky, V.A. The second oldest. - Moscow, 1999. - 226 p.
2. Kuddus, J. Fundamentals of television journalism. - Dushanbe, 2008. - 82 p.
3. Murodov, M. Fundamentals of journalistic creativity. -Dushanbe, 2014. - 256 p.
4. Mukim, J. Interview and the technique of its preparation. - Dushanbe, 2014. - 160 p.
5. Mukim, J. The status of genres on Radio Liberty. - Dushanbe, 2000. - 55 p.
6. Mukim, Zh., Numanov A. Manual for young radio journalists. - Dushanbe, 2008. - 96 p.
7. Muminzhonov,Z.Features of information and analytical genres television.-Dushanbe,2015-120 p.
8. Muminzhonov, Z. News genres of TV journalism. - Dushanbe, 2011. - 66 p.
9. Mirzoali, S. News: from East to West. - Dushanbe, 2019. - 196 p.
10.Nuraliev, A. Information genres of the press. Dushanbe, 2004. - 146 p.
11.Poletaev, E.International Journalism: A Guide for authors from Central Asia.-Dushanbe, 2005. -300 p.
12.Sadulloev A., Shoev M. Fundamentals of TV journalism. - Dushanbe, 2010. - 112 p. 13.Sadulloev A., Gulov S. Genres of radio journalism. - Dushanbe, 1997. - 47 p. 14.Safarzoda M.A. Television programming. - Dushanbe, 2021. - 100 p.
15.Hamidiyon, I. I. Content and genre polygamy on Tajik television / I. I. Hamidiyon, B. A. Abdurahim. - Dushanbe, 2019. - 248 p.
16.Tsvik V. L. Television news service. — Moscow: UNITI-DANA, 2008. — P.300.
Sources:
1. The program "Time" // TV "Dushanbe" // March 7, 2022
2. The program "Khabar" // TV "Jahonnamo" // 2021, October 14.
3. The program "For the spite of the day" // TV "Jahonnamo" // 2021, October 15.
4. The program "Khabar" // TV «Jahonnamo» // 2020, November 18.
5. The program "Time" // TV "Dushanbe" // // 25 October 2021
6. The program "Time" // TV "Dushanbe" // //, June 15, 2018
7. The program "Khabar" // TV "Jahonnamo" // 2020, April 8.
8. The program "Khabar" // TV «Jahonnamo» // 2021, April 7.
9. The program "Time" // TV "Dushanbe" // March 26, 2016
10.The program "Time" // TV "Dushanbe" // February 26, 2016
11.The program "Time" // TV "Dushanbe" // April 9, 2017
12.The program "Time" // TV "Dushanbe" // March 15, 2014
13.The program "Khabar" // TV «Jahonnamo» // November 18, 2014.